Научная статья на тему 'ИНЪИКОСИ НАВГОНИҲОИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ҚОЛАБИ ЖАНРҲОИ ХАБАРИ'

ИНЪИКОСИ НАВГОНИҲОИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ҚОЛАБИ ЖАНРҲОИ ХАБАРИ Текст научной статьи по специальности «СМИ (медиа) и массовые коммуникации»

CC BY
276
20
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ГАЗЕТА "ОМУЗГОР" / ОБРАЗОВАНИЕ / ЖАНР / НОВОСТИ / РЕПОРТАЖ / ИНТЕРВЬЮ / РЕФЛЕКСИЯ / АНАЛИЗ / РЕЗУЛЬТАТ / NEWSPAPER ENTITLED AS "ОMUZGOR" / EDUCATION / GENRE / NEWS / REPORTING / INTERVIEW / REFLECTION / ANALYSIS / RESULT / НАШРИЯИ "ОМӯЗГОР" / МАОРИФ / ХАБАР / ГУЗОРИШ / ҳИСОБОТ / МУСОҳИБА / ИНЪИКОС / ТАҳЛИЛУ ТАҳЦИЦ / НАТИЦА

Аннотация научной статьи по СМИ (медиа) и массовым коммуникациям, автор научной работы — Нурализода Ноилшоҳ

Дар мацола инъикоси навгониҳои соҳаи маориф дар цолаби жанрҳои хабарй дар нашрияи «Омӯзгор» мавриди барасй царор дода шудааст. Заминаҳои таърихии ба вуцуд омадани жанрҳои хабари дар нашрия таҳлил шуда, ба таври мушаххас ощо даврабандй гардидааст. Таъкид мешавад ки, дар замони шӯравй навиштацоте, ки хусусияти хабарй дошта бошад, дар саҳифаҳои ҳафтанома кам мушоҳида мешавад, ки аз як тараф, аз дастрасй надоштан ба сарчашмаи иттилоъ бошад, аз цониби дигар, ба рушд надоштани техникаву технология иртибот мегирад. Қайд мегардад, ки дар замони соҳибистицлолй циҳати иттилоъррасонии нашрия цавй шудааст, ки бевосита аз рушди техникаву технология ва фаъол гардидани мухбирон ҳисоб меёбад. Собит мешавад, ки махсусиятҳои ахбории ҳафтаномаи «Омӯзгор» дар замони соҳибистицлолй вусъат ёфта, аз соли 2007 инцониб саҳифаҳои алоҳидае таъсис дода шудаанд, ки дар ощо навиштацоте ба чоп мерасанд, ки хусусияти хабарй доранд ва аз ҳама жанри маъмултарин хабар аст. Муаллифи мацола ҳисобот ва мусоҳибаро, ки ба гурӯҳи жанрҳои хабарй шомиланд, мавриди баррасй царор надода, бар ин андеша аст, ки шакли пешниҳоди ҳисоботу мусоҳибаҳо дар нашрияи мазкур фарц дошта, дар ощо хусусияти таҳлилй бештар ба мушоҳида мерасад. Хулоса мешавад, ки дар нашрияи «Омӯзгор» жанрҳои хабари ҳамчун яке аз воситаҳои муҳимми сереҳияти иттилоърасонй мавцеи меҳварй доранд ва дар муаррифии соҳа мусоидат мекунанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

NEWS OVERVIEWEDUCATION IN THE FORM OF NEWS GENRES

The article dwells on coverage of innovations in the field of education as a form of news genres in “Omuzgor ” publication. In the field of extensive research, the researcher conducts an analysis beset with the historical prerequisites for appearance of news genres in publications and specially rounded them. In conformity with the researcher's opinion, in Soviet times, news articles were rarely published on the pages of the weekly which on the one hand, to the lack of access to sources of information, and on the other, to the lack of technology as well. In the year of independence, the publication has become more informative, which is directly related to the development of technology and activation of correspondents. The researcher's analysis shows that the news capabilities of “Omuzgor” weekly have expanded since independence, and since 2007 separate pages of “Rezaakhbor”, “Akhbor”, “Navid”, “Navgoni”, “Hadisi Ru”z and “Payomi Haf” have appeared. etc. which publishes articles of a news nature being the most popular news genre, upon the whole...The article dwells on coverage of innovations in the field of education as a form of news genres in “Omuzgor ” publication. In the field of extensive research, the researcher conducts an analysis beset with the historical prerequisites for appearance of news genres in publications and specially rounded them. In conformity with the researcher's opinion, in Soviet times, news articles were rarely published on the pages of the weekly which on the one hand, to the lack of access to sources of information, and on the other, to the lack of technology as well. In the year of independence, the publication has become more informative, which is directly related to the development of technology and activation of correspondents. The researcher's analysis shows that the news capabilities of “Omuzgor” weekly have expanded since independence, and since 2007 separate pages of “Rezaakhbor”, “Akhbor”, “Navid”, “Navgoni”, “Hadisi Ru”z and “Payomi Haf” have appeared. etc. which publishes articles of a news nature being the most popular news genre, upon the whole. The researcher did not discuss reports and interviews in the news genre in the article and believes that the form of reporting and interviews in this publication is different and more analytical naturally. On the whole, considering innovations in the field of education in the form of news genres, the researcher comes to a specific scientific conclusion that in the relevant publication news genres are one of the most important means of visibility of information and orientation to presentation.

Текст научной работы на тему «ИНЪИКОСИ НАВГОНИҲОИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ҚОЛАБИ ЖАНРҲОИ ХАБАРИ»

10.01.10.РУЗНОМАНИГОРЙ

10.01.10.ЖУРНАЛИСТИКА

10.01.10.JOURNALISM

УДК 002,7 ББК76,12

ИНЪИКОСИ НАВГОНИХ,ОИ Нурализода Ноилшоунвонцуи кафедраи

СО^АИ МАОРИф матбуоти даврии Донишгоуи миллии

ДАР ЦОЛАБИЖАНРЦОИ ХАБАРИ Тоцикистон (Тоцикистон, Душанбе)

ОБЗОР НОВОСТЕЙ ОБРАЗОВАНИЯВ ФОРМЕ НОВОСТНЫХ ЖАНРОВ

NEWS OVERVIEWEDUCATION IN THE FORM OF NEWS GENRES

Нурализода Ноилшосоискатель кафедры периодической печати Таджикского национального университета (Таджикистан, Ду шан бе )

Nuralizoda Noilshoh, applicant of the department of periodical press under the Tajik National University E-mail: [email protected]

Вожа^ои калиди: нашрияи «Омузгор», маориф, жанр, хабар, гузориш, цисобот, мусоциба, инъикос, тацлилу тацциц, натица

Дар мацола инъикоси навгоницои соцаи маориф дар цолаби жанрцои хабари дар нашрияи «Омузгор» мавриди бараси царор дода шудааст. Заминацои таърихии ба вуцуд омадани жанрцои хабари дар нашрия тацлил шуда, ба таври мушаххас онцо даврабанди гардидааст. Таъкид мешавад ки, дар замони шурави навиштацоте, ки хусусияти хабари дошта бошад, дар сацифацои цафтанома кам мушоцида мешавад, ки аз як тараф, аз дастраси надоштан ба сарчашмаи иттилоъ бошад, аз цониби дигар, ба рушд надоштани техникаву технология иртибот мегирад. Цайд мегардад, ки дар замони социбистицлоли цицати иттилоъррасонии нашрия цави шудааст, ки бевосита аз рушди техникаву технология ва фаъол гардидани мухбирон цисоб меёбад. Собит мешавад, ки махсусиятцои ахбории цафтаномаи «Омузгор» дар замони социбистицлоли вусъат ёфта, аз соли 2007 инцониб сацифацои алоцидае таъсис дода шудаанд, ки дар онцо навиштацоте ба чоп мерасанд, ки хусусияти хабари доранд ва аз цама жанри маъмултарин хабар аст. Муаллифи мацола цисобот ва мусоцибаро, ки ба гуруци жанрцои хабари шомиланд, мавриди барраси царор надода, бар ин андеша аст, ки шакли пешницоди цисоботу мусоцибацо дар нашрияи мазкур фарц дошта, дар онцо хусусияти тацлили бештар ба мушоцида мерасад. Хулоса мешавад, ки дар нашрияи «Омузгор» жанрцои хабари цамчун яке аз воситацои муцимми серецияти иттилоърасони мавцеи мецвари доранд ва дар муаррифии соца мусоидат мекунанд.

Ключевые слова: газета «Омузгор», образование, жанр, новости, репортаж, репортаж, интервью, рефлексия, анализ, результат

В статье обсуждается освещение инноваций в сфере образования в виде новостных жанров в издании «Омузгор». В области экстенсивного исследования исследователь проанализировал исторические предпосылки появления новостных жанров в публикации и специально их округлил. По словам исследователя, в советское время статьи новостного характера редко публиковались на страницах еженедельника, что было связано, с одной стороны, с отсутствием доступа к источникам информации, а с другой - с отсутствием технологий. За время независимости издание стало более информативным, что напрямую связано с развитием технологий и активацией корреспондентов. Анализ исследователя показывает, что новостные возможности еженедельника «Омузгор» расширились с момента обретения независимости, а с 2007 года появились отдельные страницы «Резаахбор», «Ахбор», «Навид», «Навгони», «Хадиси Руз» и «Пайоми Хаф». и т. д., в котором публикуются статьи новостного характера, что является самым популярным жанром новостей.Исследователь не обсуждал отчеты и интервью в жанре новостей в этой статье и считает, что форма отчетности и интервью в этой публикации отличается и носит более аналитический характер. В целом исследователь, рассматривая нововведения в сфере образования в форме новостных жанров, приходит к конкретному научному выводу, что в публикации

«Омузгор» новостные жанры являются одним из важнейших средств наглядности информации и ориентации на презентацию.

Key-words: newspaper entitled as «Omuzgor», education, genre, news, reporting, interview, reflection, analysis, result

The article dwells on coverage of innovations in the field of education as a form of news genres in "Omuzgor " publication. In the field of extensive research, the researcher conducts an analysis beset with the historical prerequisites for appearance of news genres in publications and specially rounded them. In conformity with the researchers opinion, in Soviet times, news articles were rarely published on the pages of the weekly which on the one hand, to the lack of access to sources of information, and on the other, to the lack of technology as well. In the year of independence, the publication has become more informative, which is directly related to the development of technology and activation of correspondents. The researchers analysis shows that the news capabilities of "Omuzgor" weekly have expanded since independence, and since 2007 separate pages of "Rezaakhbor", "Akhbor", "Navid", "Navgoni", "Hadisi Ru"z and "Payomi Haf" have appeared. etc. which publishes articles of a news nature being the most popular news genre, upon the whole. The researcher did not discuss reports and interviews in the news genre in the article and believes that the form of reporting and interviews in this publication is different and more analytical naturally. On the whole, considering innovations in the field of education in the form of news genres, the researcher comes to a specific scientific conclusion that in the relevant publication news genres are one of the most important means of visibility of information and orientation to presentation.

Жанр колаби муайянест, ки рузноманигор навиштаашро ба низом медарорад. Мухаккикони точик мафхуми «жанр»-ро ба таври гуногун тавзех додаанд. Профессор И.Усмонов бо такя ба маълумоти «Энсиклопедияи советии точик» истилохи «жанр»-ро чунин шарх додааст: «Жанр, жанри бадей (франс. gonre- чинс, намуд), ба гуруххо таксимшавй ва таснифи дохилии хамаи намудхои санъат, ки таърихан сурат гирифтааст, мебошад» (6,4). Ба таъбири доктори илмхои филологй М.Муродов, «Шаклхои гуногун ва мухталифи инъикоси вокеа, холату руйдод, чараён ва вазъият, ки аз чихати аломат, хусусият ва сохт унсурхои умумй, такроршаванда ва хоса доранд, жанр номида мешавад» (2, 89).

Пажухишгарон жанрхои публитсистикаро ба се гурух чудо кардаанд; хабарй, тахлилй ва публитсистию бадей. Ба гурухи жанрхои хабарй: хабар, хисобот, мусохиба, репортаж; ба жанрхои тахлилй: мухбирнома, макола, нигориш, такриз, хулосаи матбуот, мактуб; ба жанрхои публитсистию бадей: очерк, лавха, фелетон, памфлет, пародия, лукма ва гайраро дохил намудаанд. Азбаски «хар гуна таксимбандй нисбй сурат мегирад» (2,93), дар тахкикоти мо гохо хисобот ва мусохиба, ки жанри хабарй дониста мешаванд, хусусияти тахлилй пайдо кардаанд. Бинобар ин, хангоми пажухиш аз истилохоти маколаи хисоботй ва сухбати ихтисосй кор гирифта шуд. Дар таксимбандии жанрхо байни мухаккикон ихтилофи назар вучуд дорад. М. Муродй низ ба жанрхои хабарй - хабар, хисобот, мусохибаро шомил кардааст.

Маълум аст, ки жанрхои хабарй дар пешниходи итттилои сареъ имкони бештарро доро мебошанд ва дар мехвари онхо «факт» карор дорад. Мухаккик М. Муродов истилохи «факт»-ро ба таври зайл мушаххас намудааст: «Факт аз калимаи лотинии factum - зухуроти вокеан мавчуда, руйдоди хакикатан дар вакту замони муайян рухдодаи ба маърифати назарй асосноккардашуда мебошад» (2,73). Ба гуфти профессор А. Нуралиев, «хачми хабар дар асоси маълумотхое, ки бояд дар он сабт шаванд, васеъ мегардад» (3,11) ва фактро асоси хабар мешуморад.

Баъди ба даст овардани Истиклолияти давлатй дар нашрияи расмии Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон - «Омузгор» жанрхои хабарй мавкеи барчаста пайдо карданд. Аз ин ру, дар ин макола хусусиятхои инъикоси жанрхои хабарй дар нашрияи мазкур мавриди тахлилу баррасй карор дода мешавад. Аксари мухаккикони бар он назаранд, ки хабар бояд ба саволхои чй? кай? дар кучо? чавоб дихад. Аз ин чост, ки «талаботи асосй дар навиштани хабар кутох, муассир ва фаврй баён намудани вокеа ва ё нишондиханда мебошад» (2,98). Мухаккик И. Усмонов жанри хабарро чунин шарх додааст: «Жанри хабар, дарвокеъ, хам хабар мерасонад, ки фалон вокеа руй дод ё руй доданаш мумкин аст... Хабар бояд ба саволхои чй руй дод, кай, дар кучо, ба кадом сабаб, дар кадом шароит ба амал омад ва чй натича дод, посух гуяд» (6,1314). Ба андешаи инчониб, шархи якум шакли нисбатан мухтасар ва фахмо ба хисоб меравад ва мухаккикони русу хорича, аз чумла, Е. П. Прохоров (5), М. Н. Ким (1) низ андешаи мазкурро чонибдорй кардаанд.

Аз тахилилу баррасй маълум гардид, ки дар замони шуравй дар нашрияи «Омузгор» навиштахое, ки хусусияти иттилоърасонй дошта бошанд, кам ба назар мерасад. Бештари

маводи хафтанома фарогири жанрхои тахлилй ва пу6литсистию бадей бyда, масъалахое баррасй гардидаанд, ки ба сохаи маориф иртибот надоранд.

Масалан, дар шумораи №27 (аз 3 июли соли 1991), ки аз 16 сахифа иборат аст, дар 9 сахифаи он маводе нашр шудааст, ки ба масъалахои адабй, забон, забономyзй, хикоя, шеър, гуфторхои бузургон рабт доранд, ки ин 60%-и хачми нашрияро ташкил медихад. Вобаста ба масъалахои сохаи маориф дар 4 сахифа 12 хабару макола бахшида шудааст, ки беш аз 30%-и хачми хафтаномаро фаро мегирад ва аксар хабархо хусусияти маърифатию тафрехй доранд. Дар ин шумора як макола«Ту ëри кистй, муаллим?» - бевосита ба таълиму тарбия иртибот дорад. Ба ин монанд, шумораи №29 (17 июли соли 1991), ки ба - Рузи забони давлатй-22 июл бахшида шудааст, 12 сахифааш ба масъалахои забон иртибот дошта, аз 14 маколаи калон иборат мебошад. Доир ба сохаи маориф ягон макола чоп нагардидааст ва чанд хабаре, ки нашр шудааст, ба сохаи маориф алокаманд намебошад. Бояд гуфт, ки баъди дигаргунихои с^сии мохи августи соли 1991 ба мазмуну мундаричаи хафтаномаи «Омузгор» тагйири чузъй ба амал омад. Аз чумла, дар шумораи №35 (аз 28 августи соли 1991) 7 сахифаи (сахифахои 1 - 7) он ба масъалахои маориф бахшида шудаанд. Яъне, таносуби мавзуъхои сохаи маориф ва гайрисохавй мутаносибан баробар аст.

Аз солхои навадум инчониб, жанрхои хабарй дар хафтаномаи «Омузгор» мавкеи барчаста пайдо мекунад. Таъкид кардан бамаврид аст, ки яке аз хадафхои таъсиси матбуот расонидани иттилоъ мебошад ва нашрияхои аввалини чахон бо хадафи расонидани иттилоъ руи кор омада буданд ва кисме аз онхо дар номашон чузъи калимаи «ахбор», «хабар», «навигарй», «иттилоот»-ро доштанд ва холо хам доранд. Масалан, то пайдоиши рузномахои чопии «Боллладас оф нюс» («Балладаи навигарихо») дар асри ХУ1 дар Англия, варакахои дастнависи «Нюс», ки бештар оид ба омадани киштихои тичоратй хабар медод, арзи вучуд кардааст (4,32).

Дар шумораи шумораи №34 (21 августи соли 1991)-и "Омузгор" хабархои сиëсии зтед чоп гардидааст ва дар се сахифа хуччатхои расмй, фармонхое чой дода шудаанд, ки вобаста ба вокеахои сиëсии 18 августи соли 1991 (ташкили митинг, рохпаймой ва намоишхо) мебошанд. Дар шумораи мазкур хабархо асосан расмй: мурочиатнома, изхорот, фармону карорхо вобаста ба истеъфои M.С.Горбачëв аз вазифаи Президенти собщ ИЧ,ШС ва эълон гардидани вазъияти фавкулода дар баъзе шахру давлатхои ИЧ,ШС мебошанд. Дар хамин шумора оид ба сохаи маориф вобаста ба баргузории намоишгох (ярмарка)-и мактабй хабар чоп шудааст. Дар шумораи №43 (аз 23 октябри соли 1991) ду хабар оид ба сохаи маориф ба нашр _расидааст. Дар хабари якум вобаста ба баргузори озмуни «Омузгори эчодкор», ки дар шахри Уротеппа (холо Истаравшан - H. Н.) баргузор гардидааст ва дар он 20 нафар омузгор иштирок кардаанд, иттилоъ дода шудааст. Дар хабари дигар бо номи «Натичаи таълими шашсолахо», ки ин масъала дар замони сохибистиклолй низ мавриди бахсу мунозира карор гирифтааст, маълумот пешниход гардидааст.

Дар баробари хабархои сдасй ва расмие, ки дар огози истиклолият шумораашон бештар гардидааст, шакли нави сухбат зери рубрикаи «Пурсед, чавоб медихем» чорй шудааст, ки шумораи он низ здад мебошад. Чунин шакли пешниходи иттилоъ солхои 1991-1992 дар хар шумора ба мушохида мерасад ва ин икдом имруз хам дар нашрия роич аст. Дар он нахуст суол иборат аз як чумла бо харфи сиëх омадааст, сипас, дар ду-се чумла чавоби он чоп шудааст. Чунончй, дар шумораи аввалини он №43 (аз 23 октябри соли 1991) омузгорон оид ба масъалахои аттетстатсия, категория ва гайра суол додаанд. Дар гушаи мазкур дар хар шумора ба чор-панч суоли омузгорон чавоб дода шудааст. Дар шуморахои соли 1992 микдори саволу чавоб здад шудааст. Ба бештари саволхо шорехи гуша, мактабшинос Х,.Искандаров ва баъзан мутахассисони дигар чавоб гуфтаанд. Хусусияти мухими ин гуша аз он иборат аст, ки саволу чавобхо содаву фахмо ва мухтасаранд. Бо максади расидагии бештар ба дархости омузгорон, соли 2014 идораи «Омузгор» гушаи ба хамин монанд «Пурсишу посух»-ро таъсис дод, ки масъули он рузномангор Саида Набиева буд ва холо бошад, масъули гуша журналист Х,отам Хрмидов мебошад. Дар ин гуша омузгорон ба масъалахои ичтимоиву хукукии соха саволхои барояшон номафхумро ироа мекунанд. Рузноманигор чавобхоро аз номи мутахассисон пешниход мекунад. Масалан, дар шумораи №15 (аз 11 апрели соли 2014) ба саволи ^ë омузгорон дар масъалаи андози замин имтдаз доранд?» сардори раëсати банакшагирии Вазорати маориф ва илм И. Донахонов посух додааст.

Ч,авобхо баъзан хеле васеъ ва баъзан мухтасар буда, гохо хонандаро каноатманд карда наметавонанд. Аз чумла, дар чавоби «Квота гайб назадааст» дар шумораи №28 (аз 12 июли соли 2013) аз номи сармутахассиси Вазорати маориф ва илм Р. Сангов факту ракамхои здад зикр шуда бошад хам, аëн аст, ки суолдиханда - сокини нохияи Кухистони Масчохро

каноатманд карда наметавонад. Зеро дар суол хадафи шахрванд дар бораи тарзи таксими квота, боадаолатона будан ë набудани он сукан меравад. Ма^з аз ин сабаб оид ба ин масъала муддати чанд сол аз нохияи мазкур ба унвони нашрияи «Омузгор» мактубхои шикоятй ирсол гаштаанд.

Аз шумораи №43 (аз 23 октябри соли 1991) - и хафтанома рубрикаи нав бо номи «Номах,ои шумо» рохандозй шудааст, ки хар мох дар он шакли иxтисораи мактубхо бо се-чор чумла ва имзои муаллиф ба чоп мерасад. Маълум мегардад, ки гушаи мазкур байни xонандагон шухрат пайдо кардааст, ки ин ба здад ворид шудани мактубхои xонандагон ба идораи нашрия мусоидат кардааст. Ба ин мазмун дар xyлосаи гушаи мазкур дар шумораи №6 (аз 5 феврали соли 1992) чунин зикр шудааст: «Ба ин гуша («Номах,ои шумо» - H. Н.) соли гузашта (1991) бештар аз 240 нома расид. Шорехи хафтанома ва дигар мyтаxассисони соха ба хамаи пурсишхои муаллифон сари вакт посyx доданд» (7). Х,амин тарик, истифодаи мактубхои xонандагон дар шакли xабар ва xyлосаи xабархо яке аз шаклхои бехтарини робитаи ахли калами нашрия бо xонандагон аст. Ташаббуси мазкур солхои 2013 - 2014 дар шакли нав дар нашрия фаъол гардид. Дар xyлосаи мактубхо, ки аз чониби масъули сахифа, рузноманигор Шодй Рачабзода омода карда мешавад, пургуйи мушохида мешавад, ки ин омилро аз хачми калони мавод мушохида кардан мумкин аст. Шакли бехтару назарраси истифодаи xyлосаи мактубхои xонандагон «Сатрхо аз номахо»-ст. Дар ин шакли пешниход навиштахои омузгорон бе сарлавха, ду-се чумлаи кутох ва номи муаллиф чоп мешавад, ки дар ду сутун метавон 15-20 номаро нашр намуд.

Бори аввал дар даврони истиклол ба масъалаи баланд бардоштани ставкахо (меъëрхо) -и маоши коркунони маориф иттилоъ дода шудааст, ки ба жанри xабари васеъ созгор аст. ^ми xабар низ ба назар чолиб аст: «1x2=2», ки дар шумораи №3 (аз 15 январи соли 1992) дарч гардидааст ва дар шархи Фармони Президенти мамлакат мебошад. Аз тарафи идора эзох дода шудааст, ки «ин яке аз вокунишхои давлат ба Мурочиати раиси Кумитаи иттифоки касабаи коркунони маориф ва илм В. Hаимова ба Президенти чумхурй мебошад», ки дар шумораи №49 (аз 4 декабри соли 1991) дар хафтанома чоп шуда буд. Дар замони сохибистиклолй мyxбирони махалхо дар пешниходи xабар фаъол шуда, аз чумла, дар шумораи №3 (аз 15 январи соли 1992) дар як сахифа бо номхои таваччухбарангез xабархое чоп шудаанд, ки проблемавй мебошанд: «Oë шурохои мактаб мустакиланд?» аз нохияи Муъминобод, «Мушовиронро кй дастгирй мекунад?» аз шахри Хучанд. Дар xабари сеюм «Музд мувофик нест» аз шахри Хучанд таъкид шудааст, ки «ба муаллимони синфхое, ки 13-16 нафар xонанда доранд ва синфхое, ки дар онхо 30-38 нафар xонанда меxонанд, баробар (як ставка (меъëр - H. H) - 16 соат) хак дода мешавад, ки ин ноадолатист» (8). Чопи чунин xабархои проблемавй минбаъд ба хукми анъана даромадааст. Масалан, дар як сахифаи шумораи №8 (аз 19 феврали соли 1992) xабархое ба чоп расидааст, ки дар онхо мушкилоти гуногуни соха баррасй шудааст. «Давлати мустакилро мактаби мустакил мебояд»; «^онуни маориф кай кабул мешавад?»; «Дарси когазбозй. Oë муаллим аз колабпарастй xалос мешавад?»; «Дард бисëрy даст кутох». Мохияти чунин xабархо дар он зохир мегардад, ки номхои онхо чалбкунанда буда, факт ва масъалахои мyшаxxасро фаро мегиранд.

Дигаргуние, ки дар пешниходи иттилоърасонй соли 1992 дар хафтанома ба вучуд омад, дар сахифаи аввал созмон додани рубрикаи «Дар хафтае, ки гузашт» мебошад. Дар он xабархои мухими оxирини расмию сиëсй, ки дар чумхурй ва чахон рyx додааст, чой дода шудааст. Маxсyсияти он бесарлавха ва кутох будан аст. Аз чумла, «Дар Минск мулокоти сарони давлатхои ИДМ барпо шуд»; «Дар Душанбе протоколи хамкории байни Вазорати маорифи Ч,умхурии Точикистон ва Вазорати маълумоти олии Ч,умхурии Афгонистон ба имзо расид» (9). Тавре мебинем, ин xабархо асосан аз як ë ду чумла иборатанд. Чунин xабархоро мухаккикон xроника номида, кайд кардаанд: «Хроника кутохтарин шакли xабар аст... Хроника xабарест, ки аксаран вокеахои расмиро дар бар мегирад ва лихозо, сабку забонаш хам расмии идоравй буда метавонад» (6,20-21). Бояд гуфт, ки аз соли 2014 то инчониб истифодаи жанри мазкур дар нашрияи «Омузгор» ба хукми анъана даромадааст. Дар кисмати поëнии сахифахо (сах. 2 - 15 ) xабархои оxирин, ки ба сохаи маориф ва илм иртибот доранд, дар шакли xроника дарч шудаанд. Ба монанди: «Шумораи кудакистонхо дар чумхурй ба 527 адад расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 19 адад здад шуд» (2014, 22 август), «Дар кафедраи журналистикаи факултаи филологияи точики ДДХ ба номи Б. Fафyров студияи телевизионй ба кор шуруъ менамояд» (2014, 5 сентябр), «Соли тахсили 2014-2015 дар асоси рохxат 3826 нафар мyтаxассиси чавон ба муассисахои тахсилоти умумй фиристода шуданд» (2015, 10 июл), «Дар «Лотос»-и пойтаxт дар мавзуи <Шизоми тахсилоти кредитй»: дастовардхо ва мушкилот мизи мудаввар доир гардид»

(2015,25 декабр).Ч,амъи чунин хабархо дар як шумора 14 ададро ташкил медихад ва гирдоварандаи онхо котиби масъули нашрия Насруддин Охунзода мебошад.

Бояд таъкид кард, ки аз соли 1999 теъдоди жанрхои хабарй дар «Омузгор» афзоиш ёфтааст. Чунончй, дар шумораи №12 (16 июни соли 1999) дар сахифаи 1 шаш хабари хурд оид ба сохаи маориф чоп шудааст.

Соли 2002 теъдоди маводи сохаи маориф бештар шуда бошад хам, дар ин сол ва чанд соли баъд чопи шархи барномахои телевизион ва толеъномахо бештар гардидааст. Метавон гуфт, ки нашрия аз соли 2010 пурра ба масъалахои мактабу маориф ва таълиму тарбия таваччух ва самти худро равона намудааст.

Соли 2002 истифодаи жанри хабар дар нашрия зиёд гардида, дар шумораи №12 ( аз 20 марти соли 2002) дар сахифаи аввал 6 хабари хурди мухбирони махсус ва АМИТ «Ховар» чоп шудааст. Чунин хабархо дар сахифаи 7-и нашрия 5 адад буда, хамаи онро муаллифони худй таълиф кардаанд. Дар шумораи №16 (аз 19 апрели соли 2002) низ танхо дар сахифаи 1 шаш хабари АМИТ «Ховар» чой дода шудааст. Дарвокеъ, сохаи маориф дар сахифахои хафтаномаи «Омузгор» то ба ин вакт васеъ инъикос намегардид.

Дар нашрияи «Омузгор» ба монанди нашрияхои дигар барои чоп намудани навиштахои мухбирони махаллй аз жанрхои махсус истифода мегардад. Ба ин монанд силсилаахбори «Ч,ашни булбулакон» дар тахияи рузноманигор Абдурауф Муродй мебошад. Мавсуф дар зери як сарлавха се хабари ба як мавзуъ иртиботдоштаро (дар бораи муассисахои тахсилоти томактабй) гирд овардааст. Аз чумла, дар шумораи №1-2 ба чунин шакл пешниход шудааст: «Дар бораи баргузор гаштани чашни «Алифбо» М. Куганова хабар медихад: «Дар чашни «Алифбо»-и хонандагони синфи 1-и мактаби миёнаи №50 -и нохияи Рудакй муаллифи китоби «Алифбо», олими маъруф М. Лутфуллоев ширкат дошт ва хонандагону устодони онхоро табрик гуфт. 22 нафар шогирди муаллима С. Урокова, ки «Алифбо»-ро хатм намудаанд, хондаву навишта метавонистагй шуданд, аз китобхониву хисобдонй ва суханварии хеш гуё назди иштирокдорони чашн имтихон доданд ва аз ин имтихон сарбаландона гузаштанд» (10). Бо максади бештар чой додани хабару маколахои мухбирон шаклхои дигари пешниходи навиштахо низ истифода гардидааст. Аз соли 2004 бо номи «Сатрхои мухтасар» навиштахои муаллифон аз чоп баромадааст. Инчунин, дар шумораи №1 (аз 1 январи соли 2004) тахти сарлавхаи умумии «Дар Донишкадаи сохибкорй ва хизмат» 6 хабар оид ба мавзуъхои гуногун аз як муассисаи тахсилоти олии касбй чамъ оварда шудааст. Минбаъд низ рубрикаи ба ин монанд бо номи «Ду - се хабар аз як донишкада» истифода гардидааст. Х,амин тавр, аз соли

2004 то инчониб дар нашрия шумораи хабархо бештар гаштааст. Дар байни онхо хабархое низ мавчуд аст, ки дар онхо талаботи жанр риоя нашудааст. Ба гунаи мисол хабари «Ч,ашни варзиш дар мактаб»-ро тахлил мекунем. Дар хабари мазкур ба саволхои «чй, кай, дар кучо?» чавоби мушаххас дарёфт кардан мушкил аст: «Хазинаи «Шафкат» яке аз ташкилотхои гайридавлатии байналмилалии ИМА буда, аз соли 1994 дар Точикистон фаъолият дорад». Сипас, зикр мешавад, ки «Аз чониби ин ташкилоти накукор толори варзиши мактаби миёнаи №2-и н. Нуробод таъмир карда шуд» (11). Дар жанри хабар танхо пешниходи иттилоъ дар асоси факт мебошад ва бахои муаллиф дар ин самт ахамият надорад. Аммо муаллиф бо овардани номи иштирокдорону баромадкунандагон конеъ нагардида, ба чузъиёти масъала пардохтааст, ки ба гумони инчониб, хеч ахамият надорад. Чунин пешниходи хабархо кам бошанд хам, дар сахифахои нашрия ба мушохида мерасад.

Дар хафтанома хабархои АМИТ «Ховар» зиёд истифода шудааст, ки баъди тахрир мувофик ба талаботи идораи нашрия дарч гардидааст. Масалан, дар сахифаи 1-и шумораи №8 (аз 13 феврали соли 2004) 6 хабар чой дода шудааст, ки аз АМИТ «Ховар» ва мухбирони нашрия мебошанд. Соли 2006 дар нашрия аз хабархои АМИТ «Ховар» бештар истифода шудааст. Аз чумла, дар сахифаи аввали шумораи №3 (аз 13 январи соли 2006) се хабари расмии агентии мазкур чоп шудааст. Дар яке аз хабархо дар бораи муаррифии китоби нави Президенти кишвар, Эмомалй Рахмон «Эхёи миллат ва истиклолияти Точикистон» итттилоъ дода шудааст: «Дар чорабинии мазкур рохбарони вазорату корхонахо, сафирони кишвархои хоричй ва намояндагони ВАО иштирок намуданд» (14). Дар хабари дигар омадааст, ки «Дар ДДОТ бахшида ба машварати умумичумхуриявии кормандони сохаи маориф, ки мохи декабри соли

2005 бо иштироки Президенти чумхурй Э. Рахмонов баргузор гардида буд, чамъомад доир гардид» (14). Хусусияти истифодаи хабархои расмии АМИТ «Ховар»-ро метавон чунин мушаххас кард: 1) онхоро идораи хафтанома мувофики мазмун ва вобаста ба сохаи худ номгузорй мекунад. Чунончй, ба хабари дуюми зикршуда сарлавхаи «Ислохи раванди таълиму тарбия - дар маркази таваччух» гузошта шудааст, хол он ки дар асл сарлавха чунин нест; 2)

хабару гузоришхои АМИТ «Ховар» тахрир карда шуда, сана, муаллифи мавод ва масъалахое, ки ба соха дахл надоранд, ихтисор карда шудаанд.

Аз соли 2006 мухбирони нашрия низ дар таълифи хабару гузоришхои хурд фаъол шудаанд. Бартарияти хабару гузоришхои мухбирони худй дар он аст, ки онхо мувофик ба талаботи жанр навишта шуда, бо сабки махсус фарк мекунанд. Дар шумораи №45 (аз 10 ноябри соли 2006) дар як гуша ду хабари мухбири нашрия А. Муродй ба табъ расидааст, ки яке дар бораи аз тарафи хукумати чумхурй бунёди муассисахои таълимй ва дигараш мадади як ширкати Федератсияи Россия дар сохтмони мактаби нав иттилоъ додааст.

Соли 2005 дар хафтаномаи «Омузгор» нишастхои матбуотй инъикос гардидаанд. Хабархо аз ин нишастхо бо номхои чолиби худ фарк мекунанд, ба монандй: «Доктор Асозода: Хохиш мекунам, вокеиятро бинависед» (12). Бояд таъкид кард, ки нишастхои матбуотй ба жанри хабар мувофиканд ва кисме аз онхо ба маколахои тахлилй монанданд. Масалан, дар хабари нишасти матбуотии Вазорати маориф бо номи «А. Рахмонов: «Танхо бо кушиши ахлона комёб мешавем» муаллиф А.Муродй, пеш аз он, ки дар нишаст чй масъалахо баррасй шуданд, хабар бидихад, дар огоз холати нишастро бо нишастхои пешина ба киёс гирифта, тахлил кардааст: «Мушохида мешавад, дар хар нишасте, ки вазири маорифи Ч,умхурии Точикистон А. Рахмонов баргузор менамояд, теъдоди рузноманигорон афзоиш меёбад. Дар нишасти матбуотии хафтаи гузашта оростаи вазири маориф шумораи боз хам бештари рузноманигорон гирд омада буданд. Ин худ далели рушани рузафзун будани таваччухи ВАО ба сохаи маориф буда, низ аз он дарак медихад, ки тозакорихои вактхои охир дар соха рухдодаву азму талошхои пайгиронаи вазорат, ба вижа вазири он, диккати ахли каламро ба худ кашидаанд» (13).

Дар шумораи №2 (аз 12 январи соли 2007) бо номи «Котиби матбуотй таъйин гардид» иттиллоъ дода мешавад, ки дар чаласаи назди вазири маориф баробари масъалахои дигар карори мухимме кабул гардид: «Дар сохтори вазорат котиби матбуот ворид карда шуд. Ба ин вазифа рузноманигор Ноилшо Нуралиев таъйин гардид. Минбаъд кормандони ВАО бо у дар тамос шуда, аз фаъолияти вазорат огохии бештар пайдо хоханд кард» (15). Минбаъд яке аз аз манбаъхои дастраси иттилоъ аз котиби матбуоти Вазорати маориф ба хисоб меравад, ки фаъолияти пешниходи маълумот ва инъикоси масъалахои сохаро бехбуд бахшид. Аз чумла, аз номи котиби матбуотй хабар дода мешавад, ки «Дар мачлиси фаъолони нохияи Х,исор оид ба чамъбасти солонаи хочагии халки нохия дар соли 2006» вазири маорифи Ч,умхурии Точикистон А. Рахмонов иштирок варзид... У дар баромадаш барои бартараф кардани камбудихои сохаи маориф андешахои судманд баён кард» (15). Хабархои дигар низ аз номи котиби матбуотй чоп шудааст. Онхо хачман хурд буда, дар бораи навгонихои Вазорати маориф ва сохторхои он маълумот медиханд. Чунончи, дар хабари «Мачлиси назоратй» омадааст, ки 10 январ бо иштироки муовини аввали вазири маориф Ф. Рахимов, муовин И. Каримова чаласаи назоратй доир гардид. Дар он масъалаи фаъолияти муассисахои тахсилоти миёнаи касбй мухокима шуд. «Барои бартараф кардани камбудихои чойдошта масъулон вазифадор карда шуданд» (15). Таъсиси вазифаи котиби матбуотй дар сохтори вазорат ва аз номи он чоп шудани як кисми навгонихои сохаи маориф халои мавчударо оид ба иттиллоърасонй дар сохаи маориф пур кард. Дар умум, соли 2007 теъдоди хабархо дар нашрия хеле афзуд. Чунончй, дар шумораи №2 (аз 12 январи соли 2007) дар сахифахои 1-3 24 хабар чоп шудааст. Илова бар ин, аз шумораи мазкур сар карда, сахифаи махсуси «Резаахбор» таъсис ёфтааст, ки асосан дар сахифаи дуюм чой дода мешавад. Дар шумораи аввалини сахифаи мазкур 15 хабар дарч шудааст, ки аз хачман хурд будани навиштачот гувохй медихад. Ч,ихати назаррас он аст, ки хабархо аз тарафи мухбирон чолиб тахия гардидаанд ва яке аз хабархо чунин шуруъ шудааст: «Мудири шуъбаи маорифи шахр Солеха ^осимова дар тараддуди ба кудакистонхо рафтан буд, ки яке шухикунон пурсид: -Барои гарм шудан» (15). Аз чумлаи баъдина маълум магардад, ки дар хакикат, дар шароити он солхо ягона чойи гарм дар зимистон кудакистонхо будаанд, яъне, аз хамон солхо хукумати чумхурй ва хукуматхои махаллй ба зинаи тахсилоти томактабй таваччухи бештар медоданд. Сипас, дар ин хабари хурд, ки сухан дар бораи кудакистонхои шахри ^ургонтеппа (холо шахри Бохтар - Н. Н.) меравад, санадхои мухим хамчун далели авлавияти сохаи маориф пешниход гардидааст. Дар ин хабар ва баъзе намунахои дигар бадеият мушохида мегардад. Бояд таъкид кард, ки И. Усмонов дар «воситахои эхсосии баёни фикр (6, 21)-ро дар хабар рад мекунад. Ба андешаи инчониб, барои чаззобу диккатчалбкунанда ва шавковару хонданбоб шудани хабар истифодаи бадеият, охангнокии сухан хатто дар сарлавха имконпазир мебошад. Мухаккик И. Усмонов, «огози матни хабар бояд чозиб бошад» (6,21)-ро дастгирй менамояд. Дар шумораи №2 (аз 12 январи соли 2007) 43 хабар, дар шумораи №5 (аз 2 феврали соли 2007) 39 хабар ба нашр расидааст.

Дар нашрия хамеша шаклу усулхои нави жанри хабар истифода гардидааст. Яке аз дигаргунихое, ки аз феварали соли 2009 дар нашрия рохандозй шудааст, гушаи «Набзи маорифи сайёра» аст. Дар гушаи мазкур навгонихои сохаи маорифи кишвархои хорича инъикос ёфтааст, ки ахамияти баланди иттилоотиву омузишй дорад. Баъдан, илова бар ин, гушаи «Маорифи Шарк» низ чорй карда шуд. Дар шумораи №38 (аз 3 сентябри соли 2010) дар гушаи «Набзи маорифи сайёра» 7 хабар чой дода шудааст, ки хамаи онхо муъчаз ва хонданианд. Ин гуша имруз хам фаъол аст ва аз чониби хонандагон хуш пазируфта шудааст.

Шакли дигари хабар, дар «Омузгор» сахифаи махсуси «Хазинаи хирад» аст, ки бо максади муаррифии китобхои нав таъсис ёфтааст. Аз чумла, дар шумораи №6 (аз 5 феврали соли 2010) чопи 8 китоби нав муаррифй шудааст. Дар нашрия китобхое муаррифй мешаванд, ки ба сохаи таълиму тарбия ва умуман ба ахли маориф иртиботманданд. 9 апрели соли 2010 вобаста ба талаботи замон, дар хафтанома рубрикаи нави «Навигарихои нанотехнология» низ ташкил гардидааст. Дар баробари ин, сахифа ва рубрикахои махсуси хабарй, чун «Резаахбор», «Ахбор», «Навгонй», соли 2010 сахифаи махсуси «Хддиси руз» ва соли 2013 «Навид» низ созмон дода шудааст, ки дар ин сахифахо ахбори охирини сохаи маорифи кишвар инъикос гардидааст. Бояд гуфт, ки унвонхои гуногун, аз як тараф, ба гуногунрангии сахифахо мусоидат карда бошад, аз чониби дигар, ба риоя нашудани тартиби муайян дар таксими хабархо оварда расондааст. Илова бар ин, дар шумораи №1 ( аз 1 январи соли 2011) рубрикаи «Мархалахои рушди мо» низ ба назар мерасад, ки дар он 7 вокеаи мухими як давраи таърихй бозгу гардидааст.

Дар истифодаи жанрхои хабарй баъзе камбудихо ба мушохида мерасанд. Чунончй, дар шумораи №2 (аз 7 январи соли 2011) як сахифаи пурра бо номи «Розу ниёз» созмон дода шудааст. Онхоро чй бояд ном гузошт? Мактубхо ё хабархо? Зеро дар байни ин мавод навиштахое хастанд, ки хусусиятхои макола ё гузоришро доро мебошанд. Ба таври пароканда чой додани жанрхои гуногун дар сахифахои унвондор ва мувофикат накардани мазмуни мавод ба сахифа ё рубрика дар нашрия мушохида мегардад. Дар сахифаи «Баррасй»-и шумораи №46 (аз 11 ноябри соли 2011) маколаи «Сарчашмаи сухан ё оинаи таърих»-и Ф. Ёрова, омузгор аз нохия Синои пойтахт ба чоп расидааст. Дар маколаи мазкур перомуни чй тавр ба рох мондани мавзуи таълими «Ривояти сугдй»-и нависанда Сотим Улугзода сухан меравад. Маколаи мазкур аслан, ба сахифа ё худ рубрикаи «Методикаи таълим» мувофик аст. Хуб мешуд, ки хабархо дар як чо пайихам чойгир карда шаванд ва дар гушаи алохидаи доимй чоп шаванд. Ин раванд имруз дар нашрия ба таври васеъ амалй мешавад ва жанрхои хабарй асосан дар сахифахои алохида бо унвонхои дар боло зикршуда чоп мешаванд.

Мухаккикон репортажро низ ба жанрхои хабарй дохил кардаанд ва истифодаи он дар сахифахои «Омузгор» хеле кам ба назар мерасад. Ба хар хол, онхо дар нашрия вучуд доранд ва бештар ба мавзуъхои чашнй, чараёни дарсхо дар муассисахои таълимй ва гайрахо бахшида шуда, зери рубрикаи «Лахзахои нотакрор», «Х,икояти суратхо», «Сурат махкум мекунад», «Аз хазинаи суратгир» дарч гардидаанд. Масалан, дар шумораи №19 (аз 26 октябри соли 1994) ба муносибати чашни 70 - солагии пойтахт бо номи «Дируз ва имрузи Душанбе» расмхои суратгир М. Яхёев истифода шудааст, ки хиёбону муассисахои таълимии Душанбеи солхои 30 - юм бо Душанбеи имруза мукоиса мешавад. Ё ин ки зери рубрикаи «Х,икояти суратхо» дар шумораи №24 (аз 15 июли соли 2012) расмхои суратгир, мухбири махаллй М. Ризвонов аз фаъолияти филиали Донишгохи давлатии омузгори Точикистон ба номи С.Айнй чой дода шудааст.

Х,исобот аз мушовараю чаласахои Вазорати маориф ва зерсохторхои он, ки дар хафтанома чоп гардидаанд, бо чихатхои тахлилии худ фарк мекунанд. Дуруст аст, ки «хадаф хамоно дар хисобот ин аст, ки дар мачлис кадом масъала матрах шуд, чй гуна баррасй гардид ва чй хулоса ба амал омад» (6,42). Дар хисобот ва мусохибахои хафтанома бошад, чанбаи тахлилй пуркувват аст.Хдмин тавр, баъди тахлилу баррасии жанрхои хабарй дар инъикоси навгонихои сохаи маориф метавон чунин хулоса кард:

1. Дар даврони Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон хусусияти ахбории хафтаномаи «Омузгор» такмил ёфтааст ва ин жанрхо мавкеи мехварй касб кардааст.

2. Аз соли 2004 инчониб хабархои зиёд аз Агентии миллии иттилоотии Точикистон «Ховар» баъди тахрир ва мувофик гардонидан ба талаботи хафтаномаи«Омузгор» истифода шудааст.

3. Дар нашрия аз соли 2007 сахифахои алохидаи «Резаахбор» «Ахбор», «Навид», «Навгонй», «Х,адиси руз», «Паёми хафта» ва гайра таъсис дода шудааст. Аз тахлилхо бармеояд, ки махз дар ин давра хабархои кутох (43 хабар дар як шумора) бештар ба мушохида мерасад ва пешниходи хабархо аз чониби мухбирони нашрия бо бадеияту хонданй будан фарк мекунанд.

4. Х,исоботи чопшуда дар хафтаномаи «Омузгор» аз жанрхои маъмулии хабарй фарк доранд. Дар онхо хусусияти тахлилй бештар ба мушохида мерасад, аз ин ру, дар тахкикоти мазкур хисоботу гузоришхои мушовараю чаласахои Вазорати маориф ва илм ва зерсохторхои онхо ба гурухи жанри тахлилй шомил карда шудааст. Бояд гуфт, ки аз 16 июни соли 1999 мушоварахои Вазорати маорифи Ч,Т дар хафтанома ба таври васеъ инъикос гардидаанд, ки дар он гайр аз мухтасари суханронии вазир, баромади музокирачиён, хулосаи мухбир низ пешниход гардидааст.

5. Дар зери рубрикаи мусохиба навиштахое чоп гардидаанд, ки дар онхо чанбаи тахлилй кавй аст. Аз ин ру, дар ин макола мусохиба мавриди тахлилу баррасй карор дода нашуд. Х,амчунин, мухаккикон И. Усмонов хусусияти тахлилй доштани мусохибаро рад накардааст ва М. Муродй сухбатро аз чумлаи жанрхои тахлилй номидааст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Ким, М.Н. Основы творческой деятельности журналиста / М. Н. Ким. - Питер: 2011. - 400 с.

2. Муродов, М. Асосхои эчоди журналиста / М. Муродов. - Душанбе: Ирфон, 2014. - 256 с.

3. Нуралиев, А. Жанрхои ахбории матбуот / А. Нуралиев. - Душанбе, 2004. - 146 с.

4. Нуралиев, А. Таърихи журналистикаи кишвархои хоричй (кисми 1)/А.Нуралиев.-Душанбе, 2001. - 87 с.

5. Прохоров, Е.П. Введение в теорию журналистики / Е. П. Прохоров. - Издательство: Аспект, 2011. - 351 с.

6. Усмонов, И. Жанрхои публитсистика / И. Усмонов. - Душанбе, 2009. - 180 с.

Манбаъ

7. Омузгор, №6. - 5 феврали 1991.

8. Омузгор, №3. - 15 январи 1992.

9. Омузгор, №8. - 19 феврали соли 1992. 10.Омузгор, №1-2. - 1 январи 2004.

11.Омузгор, №5. - 16 январи соли 2004. 12.Омузгор, №33, 5 августи соли 2005. 13.Омузгор, №44, 28 октябри соли 2005 14.Омузгор, №3, 13 январи соли 2006. 15.Омузгор, №2. - 12 январи соли 2007.

REFERENCES:

1. Kim, M.N. Grounds of Journalist's Creative Activity / М.Н. Kim. - Peter: 2011. - 400 p.

2. Murodov^.Grounds of Journalistic Creativity/M.Murodov. - Dushanbe: Cognition, 2014. - 256 p.

3. Nuraliev, А. Press News Genres / А. Nuraliev. - Dushanbe, 2004. - 146 p.

4. Nuraliev, А. The History of Foreign Journalism (part 1) /A.Nuraliev. - Dushanbe, 2001. - 87 p.

5. Prokhorov,E.P.Introduction to Theory of Journalism/E.P.Prokhorov.-Publisher:Aspect,2011.-351p.

6. Usmonov, I. Genres of Journalism / I. Usmonov. - Dushanbe, 2009. - 180 p.

Source

7. Teacher, №6. - February 5, 1991.

8. Teacher, №3. - January 15, 1992.

9. Teacher, №8. - February 19, 1992.

10. Teacher, №1-2. - January 1, 2004.

11. Teacher, №5. - January 16, 2004.

12. Teacher, №33, August 5, 2005.

13. Teacher, №44, October 28, 2005

14. Teacher, №3, January 13, 2006.

15. Teacher, №2. - January 12, 2007.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.