Д. Самадова
ИХТИЛОФИ НАЗАР ОИД БА ЖАНРХ.ОИ ЖУРНАЛИСТИКА (дар мисоли жанри мусохиба)
Вожатой калидй: журналистика, васоити ахбори омма, жанрхои ахборй, жанрхои таулилй, мусохиба
Дигаргуншавихои сиёсиву фархдш й ва пешрафтхои босуръати технолога боне шуд, ки дар сох,ах,ои гуногуни илм тагйироти мухталиф ба вучуд биёяд. Журналистикаи замони истикдол низ бо фарорасии раванди чахонишавй аз чанд дидгох ба тагйироти куллй рубару гардид. Ин тагйирот натанхо ба мазмун ва мундаридаи маводи журналистй таъсир расонид, балки ба тахаввулоти жанрхои журналистй низ мусоидат намуд. Агар ба таърифхое, ки ахли илм ба мафхуми жанр додаанд мутаваччех шавем, бо камтарин бархурд маълум мешавад, ки жанрхои журналистй аз назари шакл ва сохтор ба тагйирот дучор гардидаанд. Кабл аз он ки ин нуктаро равшантар баён намоем, ба таърифхое, ки олимон ба жанр додаанд, таваччух менамоем. Перомуни жанр мухаккикони рус М. Черепахов, В Учёнова, Ю. Д. Бараневич, В. Д.Пелт, В. Смирнов, М. Н. Ким изхори назар намудаанд (11).
М. Черепахов жанрро хамчун «василаи тасвири вокеият» донистааст (11,24). Андешаи мазкур дар тахкикоти олимони тодик низ такрор шудааст. Бахусус дар навиштахои А. Нуралиев, А. Саъдуллоев ва Ч,. Муким хамин нукта чонибдорй шудааст (4; 6; 8). Аммо, дар ин маврид байни андешахои профессор И. Усмонов ва А. Саъдуллоеву С. Гулов ихтилофи назар мавдуд аст. Ба андешаи И. Усмонов «жанр матнест, ки аз матни дигари хамон ё хамдинс бо вохидхо, воситахои дохилии худ фарк мекунад. Воситахои дохилй, яъне имкон ё заруратхое, ки хар кадом жанр дорад, мебошанд. Яъне тарзи баён, имкони истифодаи воситахои муассиркунандаи баён.
василахои зебокунандаи баён, кутох ё дароз будани шакли баён, имконияти шахсияти муаллиф дар матн ва гай pax,о (9, 5).
Бо назардошти назархои мухаккикон ва талаботи сохтор метавон изхор дошт, ки жанр восита ва колабест. ки эчодкор, аз чумла журналист аз он барон тасвири хаёт нстнфода мебарад.
Дар гурухбандии жанрхои журналистика низ дигаргунй ба амал омадааст. Агар дар огозиташаккулёбии журналистика 16-17 жанрро ба се гурух (хабарй, тахлилй ва бадей-публистистй) чудо карда бошанд, имруз мухаккикони рус ба ин се гурух беш аз 30 жанрро мансуб медонанд. Андешахои В. Корконесенко, М. Н. Ким, Л. Е. Кройчик, А. А. Тертичний тасди ккунандаи ин нуктаанд. Аз чумла, В. Смирнов микдори жанрхои радиоро 23-то мехисобад (7).
Каблан жанри хисоботро ба гурухи жанрхои хабарй мансуб медонистанд. Имруз мухаккикон жанри хисоботро ба ду гурухи жанрхо- хам хабарй ва хам тахлилй нисбат дода, ду навъи он-хисоботи хабарй ва хисоботи тахлилиро мешиносанд.
Дар байни мухаккикони точик низ таксимбандиии ягонаи жанрхо вучуд надорад. Аслан ба тахкики назарияи жанрхо мухаккиконе чун И. Усмонов, А. Саъдуллоев, А. Нуралиев, П. Гулмуродзода, М. Муродов, Ч,. Мукимов, С. Гулов, С. Хочазод 3. М^ъминчонов ва дигарон даст задаанд. Вале дар андешахои аксари ин мухаккикон дар гурухбандии жанрхо ва номи жанрхо ихтилоф ба мушохида мерасад. Агар профессор Иброхим Усмонов хабар, мухбирнома, репортаж, хисоботро ба гурухи жанрхои хабарй мансуб донад, профессор Абдусаттор Нуралиев мухбирномаро аз ин гурух намехисобад (6, 4). А. Саъдуллоев ва С. Гулов жанрхои тахлилии радиоро бо номи жанрхои таблигй-публитсистй номидаанд, вале Усмонов ба ин андешаи мухаккикон розй нест: «Дар ин тахлилхо дурравй аз шинохти жанрхо дар ду холат ба чашм мерасад: фарк нагузоштан байни фаъолияти ё имконоти техникии журналистика; сарфи назар кардани он ки мафхумхои «жанрхои таблигй-публитсистй» хаммаъно мебошанд» (9, 12).
Мухаккиктаъкид мекунад, ки А. Саъдуллоев ва С. Гулов хангоми таснифи жанрхои тахлилии радио ба иштибох рох додаанд, яъне ба назари И. Усмонов «мафхуми жанрхои таблигй- публитсистй» дорой маънии мафхум ва дуруст нест. Добили зикр аст, ки натанхо перомуни жанрхои иттилоотй, балки дар шинохт ва таксимбандии жанрхои тахлилии журналистика низ ихтилофи назар вучуд дорад.
Мулохизоти мутанокизи мухаккикон М0Р° водор сохт, ки перомуни назарияи жанрхои журналистика ва тагйироту тахаввулоти дар онхо рухдода изхори назар намоем. Дар мисоли жанри мусохиба муайян намудани бахси мухаккикон ва заминахои пайдоиши афкори ихтилофангез барои равшан намудани дигар жанрхо ва боз шудани самти нави тахкик, аз ахамият холй нахохад буд. Дар маколаи хозир тасмим шудааст, мулохизоти бахсангезе, ки дар бобати мусохиба ироа шудаанд, тахлил ва баррасй гарданд.
Жанри мусохибаро дар матбуоти имруз олимон хар гуна тавзех дода, ба таври мухталиф шинохтаанд. Андешахои мухаккикон, ки дар мавриди мусохиба ва хусусиятхои он баён шудаанд, хонандаро ба гумрохй хохад бурд. Зеро мавчуд набудани назари ягона дар атрофи як жанр боиси нофахмй мешавад. Аз чихати дигар консепсияи илмии шинохти жанрхои журналистика аз чумла мусохиба нокомил мемонад.
Оид ба назария ва шинохти вокеии жанри мусохиба тахкикоти комил руи кор наомадааст. Имруз низ ин зарурат вучуд дошта, халли ин масъала ба тахкики густарда ниёз дорад. Бояд ёдовар шуд, ки дар мархилаи огози ташаккули жанрхои журналистика аксари жанрхо ва истифодаву фарогирии онхо махдуд буд. Мусохибаро низ олимон яке аз жанрхои иттилоотй махсуб медонистанду бас. Аммо бо гузашти замон, густариши афкор ва пешрафти журналистика мусохиба аз назари фарогирии маълумот ва хусусиятхои ба худ хос инкишоф ёфт, бино бар ин алхол танхо ба гурухи жанрхои иттилоотй мансуб доштани он кобили кабул нест.
Дар журналистикаи Эрон низ перомуни шинохти жанри мусохиба ихтилофи назар миёни андешамандони сохаи журналистика вучуд дорад. Чунончй, донишманди эронй Козими Муътамаднажод дар мавриди мусохиба муътакид ба он аст, ки: "Мусохиба яке аз анвои хабарии мустаким аст, ки ба василаи он акоид ва афкори шахсиятхои мухими чомеа ё назархои мардуми одии куча ва бозорро дар бораи мавзуоти мухталиф ва вежаи масоили руз ба даст меоварад" (3, 187).Ба назари мо, ин андешаи мавсуф хеле умумй ва бахсангез мебошад. Зеро Козими Муътамаднажод жанри "пурсиши афкор"-ро ба мусохиба омехта карда, хусусияти иттилоотй доштани мусохибаро бештар таъкид намудааст. Бояд дар назар дошт, ки пурсиши афкор жанри махсуси
С-—- л __
УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ 77 —
ёридиханда аст, ки барои пурра кардани ин ё он жанри телевизионй, ба монанди ток шоу, мубохиса. мусохиба. очерки телевизионй ва гайра мавриди истифода карор мегирад. Ин жанр дар алохидагй низ корбаст гардида, бештар хусусияти чамъиятй дорад. Зеро барои муайян намудани вазъи гуногуни чомеа, давлат ва дигар сохторхову равандхои замон бештар корбаст мегардад. Мусохиба бошад жанри махсусе аст, ки дар он барои гузаронидани пурсиши афкор журналист комилхукук аст.
Мухаккики дигари эронй Махдии Мухсиниёни Род дар китоби "Равишхои мусохибаи хабарй" таъкид медорад, ки "мусохиба гузориш ва хосилесг. ки аз фарогирди иртибот миёни ду суи иртибот ва манзури дастёбй ба вокеияте, ки дорой як ё якчанд арзиши хабарй бошад" (5, 36).
Агар мулохизаи мухаккикро андак тавзех дихем. чунин маънй пайдо мешавад, ки мусохиба махсули иртиботи ду тараф мебошад, ки бо максади даст ёфтан аз мухимтарин матолиб сурат мегирад. Яъне бо истифода аз жанри мусохиба андешахои ду нафар ё ду гурух ба василаи пурсиш ва посух пешкаши умум мегардад. Ба андешаи мухакик мухим он аст, ки мавзуъ ва матолиби гузоришии тарафхо мухим бошанд, ки арзиши иттилоъ намудор гардад. Дар мавриди мансуб донистани мусохиба ба гурухи жанрхои иттилоотй ё тахлилй назари мавсуф ин аст, ки мусохиба ба хар ду гурухи жанрхои журналистика- иттилоотй ва тахлилй шомил мегардад. Аз андешахои мухакик метавон маънй гирифт, ки мусохиба жанри сархадй аст, ки хам ба гурухи жанрхои иттилоотй мансуб мешавад ва хам шомили гурухи жанрхои тахлилй мебошад. Аз хамин лихоз, унвони яке аз китобхои худро махз "Равишхои мусохибаи ахборй" гузоштааст. Дар ин маврид дар назар бояд дошт, ки "арзиши хабарй дорад" гуфтани Махдии Мухсиниёни Род на ин ки хусусияти иттилоотй доштани мусохибаро таъкид мекунад, балки бештар арзиши иттилоотй доштани мавзуи мусохибаро ба мадди аввал мебарорад. Мулохизоти Махдии Мухсиниёни Род кобили кабул буда, мо низ ба андешаи у розй хастем.
Дар журналистикаи точик хамин гуна гуногунандешй перомуни шинохти жанри мусохиба чараён дорад. Андешахои марбут ба мусохибаи олимонро И. Усмонов ба гарики хулоса чунин тафсир намудааст: "Дар бораи хислати мусохиба акидахои зиёду гуногуни олимон мавчуд аст. Яке онро жанри хабарй мегуяд, дигаре тахлилй
ва сеюмй дои онро дар харду и гурухд жанрхо cypoF мекунад. Ва чунин андешахо ба он асосанд, ки он аслан жанри хабаррасон аст, хамчунон тахдили шахси хамсухбати мухбирро дорад. Ана хамин холати охирин гумонеро бор овардааст, ки мусохдба жанри тахдили дониста шавад, аммо ин сахех нест" (6, 51).
Бо пешрафти замон жанри мусохиба аз назари колаб ва мундарида тагйир ёфта, ба дигаргунй ва фарогирии бештар дучор шудааст. Бинобар ин ба акидаи И. Усмонов розй шудан мушкил аст. Матолиби бархе аз мусохдбахо шаходат медиханд, ки мусохдба метавонад мавзуеро баррасй ва тахдил намояд. Аз хамин назар, мусохибаро метавон ба гурухи жанрхои хам иттилоотй ва хам тахдилй ворид кард. Аз назари мазмун ва мундарида мусохиба комилан тахдилй ва сирф иттилоотй шуда метавонад. Х,ангоми тахдили мусохибахо равшан гарЩд, ки бо вучуди мавдудияти мусохдбахои иттилоотй, ки оид ба рузгор ва фаъолияти шахсиятхои баруманд бахшида шудаанд, родеъ ба мухимтарин масоили ичтимой, фархангй, сиёсй ва иктисодй тарики жанри мусохдба матолиб ба нашр расидаанд. Барои тасдики ин матлаб метавон аз рузномаи «Хдкикати Сугд» мисол овард. Дар шумораи № 40 (1694) 31.03.2012 мусохибае ба нашр расидааст, ки аз назари интихоби мавзуъ ва баррасии масъала комилан чавобгуи талаботи мусохибаи тахдилй аст. Ин мусохиба ба калами Гулноза Назмиддинова тааллук дошта, 'Ардгузорй ба арзи миллй "номгузорй шудааст. Дар мусохиба оид ба вазъи асъори миллй сухан меравад. Дар ин мусохдба вазъияти асъори миллй ва омилхои пастравии курби он нисбат ба асъори хоридй мавриди тахдил карор гирифтааст. Тахдилй будани мусохдбаро мухтавои саволхои журналист собит месозад: "Фарсудашавии пули миллй ва асъори хоридй аз чй сабаб cap мезанад?". "Шарх медодед, ки имруз вазъи пули миллй дар чомеа чй гуна аст?", "Мавкеь ва ахамияти истифодаи асъори хоридй дар муомилоти харрузаи шахрвандон чй гуна аст?", " Фарсудашавии пули миллй чй окибатхо дорад?" ва гайра. Ин гуна саволхои журналист мусохибро водор месозад, ки иттилооти у танхо хусусияти хабарй надошта, балки гуфтахо махсули тахдил ва баррасии мушаххас ва мантикй бошанд. Аммо бояд дар назар дошт, ки мусохдбаи мазкур аз якчанд камбудихо ва норасоихо низ орй нест. Журналист метавонист аз ин хам бехтар саволхоеро пешкаши мусохдб намояд, то чанбаи тахдилии мусохдбааш таквият ёбад.
Мусохдбаи дигар бо унвони "Бакалавр" низ маълумоти олй аст" дар шумораи № 25 (16925) 25.02.2012 -и рузномаи "Хдкикати С'угд*" ба чоп расида, хам аз назари тарзи ифода ва хам аз лих,ози мухдавою матлаб мусохдбаи иттилоотй аст. Аз саволхои мусохдбагиранда Гулчахон Махуамова "Усгод ба магистратура дохил шудан хатмист ё ихтиёрй; роххои кабул ба магистратура чй гуна аст?" ва гайра ва мухтавои посуххои мусохдб равшан мегардад, ки мусохдбаи мазкур бештар хусусияти иттилоотй дорад.
Аз хамин нуктаи назар метавон гуфт, ки хднгоми мансуб донистани жанри мусохиба ба ин ё он гурухи жанрхои журналистика бояд мохдяти мавзуъ ва тарзи баррасии он дар мусохиба ба назар гирифта шавад.
Дигар аз андешахои бахсангези И. Усмонов ин аст, ки у жанри сухбатро як навъи мусохиба медонад ва ин аст, ки дар китоби «Жанрхои публитсистика» онро ба таври алохида зикр накардааст. Бояд ба назар гирифт, ки жанри сух,бат аз мусохдба бо чанд хусусият тафовут дорад. Х,амчунин жанри сух,бат аз назари колаб ва мундаридаву талабот ба гурухд жанрх,ои тахдилй шомил мегардад. Дар жанри сух,бат журналист бо мусох,иб х,укуки баробар ва имконияти инкор ва истикболи андешах,ои мусохдбро дорад. Дар мусохдба бошад, журналист гапх,о хосторх,ои худро тарики савол пешних,од мекунад ва ба андешах,ои мусох,иб наметавонад чонибдорй ё мухолифат изх,ор намояд. Дар мусохдба чавхдри матлаб дар сухани мусох,ибадих,анда аст, на журналист. Метавон хдде зад, ки мухдккик ба сабаби аз як реша будани ин ду калима ба чунин хулоса расида бошад.
Марями Олидой мух,аккики сохли журналистика дар рисолаи илмии худ тах,ти унвони «Мавкеи жанрх,ои публисистй дар телевизиони Чумх,урии исломии Эрон" андешах,ои И. Усмоновро такрор карда, худ низ мучиби пайдо гардидани як назари бахсангез гаштааст. Ба андешаи у "мусохдба жанри матбуотй аст, ки аз тарики сух,бат кардани як хабарнигор бо як фард ё гурухд ашхос ба даст меояд (2, 27).
Мухдккик мусохдбаро гапх,о жанри матбуотй донистааст, ки он кадар сах,сх, нест. Зеро мусохдба мисли дигар жанрх,ои журналистика ба туфайли рушди технологияи чах,онй ба монанди радио, телевизион, телефон, интернет истифодаашон на гапх,о дар матбуот, балки дар воситах,ои мазкур низ мавриди истифодаи х,амачопиба
кароржегирад. Аз хамин нуктаи назар олимон мусохибаро ба телевизионй, телефонй, радиой, онлайнй ва гайра дудо мекунанд. Аммо бояд дар назар дошт, ки ин таксимбандй бо назардошти тарзи истифодаи мусохиба дар воситахои техникй буда, ба сохтор ва талаботи жанри мазкур он кадар мутассир нест. Зеро аз назари меъёри жанрй мусохибаи телевизионй ё радиой хамон мусохиба аст. Ба ибораи дигар хангоми корбурди мусохиба дар телевизион ва ё радио хусусиятхое. ки пайдо намешаванд, ба сохтор ва мундаридаи жанр дигаргунй ва халале ворид созанд.
Аз баррасии мавзуи мазкур метавон ба чанд хулоса омад:
- дар шинохт ва таъйини меъёрхои жанрхои журналистика миёни олимон ва мухаккикони журналистика ягонагии оро вучуд надорад, ки дар натида зарурати беш аз пеши тадкики амики ин масъала ва муайян намудани колабхои жанрхои журналистика ба миён омадааст.
- дар журналистикаи тодик барои шинохти жанрхои алохида рисола ва маколоти зиёде ба чоп расида бошанд хам, хануз норавшанй ва нофахмихо дар таърифу таъини жанрхои иттилоотии журналистика вучуд доранд, ки мисоли равшани он жанри мусохиба махсуб мешавад.
- бо назардошти афкори ахли тахкик ва мутахассисони сохаи журналистика, хамчунин тахаввулоти техникй бояд изхор дошт, ки жанри мусохиба бо гузашти замон аз назари сохтор ва мазмун ба дигаргунихо дучор гардида хусусиятхои ба худ хос пайдо кардааст. Аз ин ру, дар замони пеш агар мусохибаро ба гурухи жанрхои иттилоотй нисбат диханд, имруз хамчун жанри иттилоотиву тахлилй пазируфтани он бештар кобили кабул аст.
ПАЙНАВИШТ:
1. Асадуллои Саъдулло, Пайванди Гулмурод. Жанрхои тахлилии матбуот. - Душанбе 1994
2. Марями Олидой. Мавкеи жанрхои публитсистй дар Телевизиони Чумхурии исломии Эрон,- Душанбе-2010
3. Муътамаднажод К. Рузноманигорй: бо фасле чадид дар бознигарии рузноманигории муосир,- Техрон : Сипехр, 1368
4. Муким Ч,. Макоми жанрхо дар радиои «Озодй». - Душанбе: Сино, 2000
5. Мухсиниёни Род Махдй. Равишхоимусохибаихабарй,- Техрон 1382
6. Нуралиев А. Жанрхои ахбории матбуот. -Душанбе: Деваштич, 2004
7. Смирнов В.В. Жанры радиожурналистики. - М.:Аспект Пресс, 2002
8. Саъдуллоев А., Гулов С. Жанрхои радио. Бахши 2: Жанрхои таблигй-публитсистй. -Душанбе: Эчод
9. Усмонов И. К. Жанрхои публитсистика. - Душанбе, 2009
10. Усмонов И.К. Назаре ба тахкикот дар сохаи журналистика. -Душанбе: Эчод, 2008
11. Черепахов М. Проблемы теории публицистики,- Москва: Мысль, 1973
Некоторые аспекты определения жанров в современной журналистике (на примере жанра интервью)
Д. Самадова
Ключевые слова: журналистика, средства массовой информации, интервью, специфика жанра
В статье характеризуется специфика жанров журналистики и их эволюция за последние десять лет. Автор, обобщая опыт и научные труды отечественных и зарубежных ученых по исследуемой теме, приходит к выводу, что до сих пор среди ученых нет единого мнения относительно особенностей жанров журналистики, в частности, жанра интервью. Вопросы, рассматриваемые в статье, относятся к числу актуальных проблем современной журналистики, открывая дальнейшие перспективы исследования в данной области.
D. Samadova
Some Aspects of Genre Definition in Modern Journalism, (on the example of interview genre)
Key words: journalism, mass media, interview, specificity of genre
The article dwells on the specificity of journalism genres and their evolution for the latest ten years. Generalizing the experience and scientific works of home and foreign scientists on the theme in question the author comes to the conclusion that up to now there is no unified opinion among scientists as to the peculiarities of journalism genres, that one of interview, in particular The issues dealt with in the article refer to actual problems on modern journalism opening further perspectives for researches in this realm.