5.9.9. [10.01.10] ИРТИБОТИ РАСОНАЙ ВА РУЗНОМАНИГОРЙ 5.9.9. [10.01.10] МЕДИАКОММУНИКАЦИЯ И ЖУРНАЛИСТИКА 5.9.9. [10.01.10] MEDIACOMMUNICATION AND JOURNALISM
ТДУ 07(575.3)
DOI:10.51844-2077-4990-2022-4-143-150
Х^амидиён Ищомцон Иномзода, н.и.ф., дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултаи журналистикаи Донишгоуи миллии Тоцикистон; Саидзода Шодонаи Ибро^им, аспиранти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултаи журналистикаи Донишгоуи миллии Тоцикистон, (Тоцикистон, Душанбе)
Хамидиён Илхомджон Иномзода, к.ф.н. доцент кафедры телевидения и радиовещания факультета журналистики Таджикского национального университета; Саидзода Шодонаи Иброхим, аспирантка кафедры телевидения и радиовещания факультета журналистики Таджикского национального университета (ТаджикистанДушанбе) Hamidiyon Ilhomjon Inomzoda, candidate of philological Sciences, Associate Professor of the department of television and radio broadcasting of the faculty of journalism under the Tajik National University, (Tajikistan, Dushanbe), E-mail: [email protected]; Saidzoda Shodonai Ibrohim, postgraduate student of the department of television and radio broadcasting of the faculty of journalism under the Tajik National University (Tajikistan, Dushanbe), E-mail: [email protected] Вожа^ои калиди: Тоцикистон, телевизиони "Сафина", аносири жанрсоз, барномауои цавонон, очерк, мусоуибаи портрети, репортаж, жанр, ток-шоу, талаботи жанри, барномауои ихтисоси
Мацола ба мавзуи нисбатан нав дар илми журналистикаи милли -масъалаи цавонон ва унсуруои жанрсоз дар барномауои телевизиони бахшида мешавад. Пажууиш дар заминаи ин мавзуъ нишон нишон дод, ки масъалаи цавонон ва аносири жанрсоз уануз ба баррасщои бештар ниёз дорад. Аз нигоуи роуандозии сиёсати давлати дар ин самт цадамуои цидди гузошта шуда, чорчубаи тасмимуои амалиро барномарези ва танзим мекунанд. Аз контексти сиёсати давлатии цавонон бармеояд, ки мавцеи давлат ба уаёти цавонон ва неруи цисмониву ацлонии ощо дар асоси принсищои волои башари ва шаурванди муайян шудааст. Телевизиони "Сафина" тауаввулоти амици телевизиониро дар кишвар асос гузошт. Хануз дар моууои аввали таъсисаш бо услубу шеваи фарцкунанда барномауои цолибу диданиро пешкаши тамошобин намуд. Аз таулили муутавои намоишуои ба мавзуи мо дахлдор низ бармеояд, ки шеваву нигориши ощо цолибу таъсирбахш буданд, ки тауияи хоси барномасозиро бармало сохтанд. Мауз аз ин цщат уаводоронашон дар аввал хеле зиёд буда, рациби арзанда надоштанд. Солуои баъди, ки чанд шабакаи нав ба фазои иттилооти ворид шуд, то уадде ба аудтиторияи телевизиони "Сафина" бетаръсир набуд, аммо дида мешавад, ки эцодкорони он талош доранд, то усулуои нави барномасозиро ба кор баранд.
Ключевые слова: Таджикистан, телевидение «Сафина», жанрообразующие элементы, молодежные программы, очерк, портретное интервью, репортаж, жанр, ток-шоу, жанровые требования, специализированные программы
Данная статья посвящена относительно новой теме в отечественной журналистской - науке. Исследования в контексте данной темы показали, что вопрос о молодежи и жанрообразующих элементах все еще нуждается в дополнительном рассмотрении. С точки зрения реализации государственной политики в этом направлении сделаны серьезные шаги, программируются и регламентируются рамки практических решений. Из контекста государственной молодежной политики следует, что позиция государства в отношении жизни молодых людей, их физических и душевных сил определяется на основе высших принципов гуманности и гражданственности. Отмечается, что телевидение "Сафина" заложило основу для глубокого развития телевидения в стране. Уже в первые месяцы своего существования данный телеканал представил зрителям интересные программы с характерным стилем. Из анализа содержания передач, относящихся к
АНОСИРИ ЖАНРСОЗ ДАР БАРНОМАХОИ МАРБУТ БА ЦАВОНОНИ ТЕЛЕВИЗИОНИ «СА ФИНА»
ЖАНРООБРАЗУЮЩИЕ ЭЛЕМЕНТЫ В МОЛОДЕЖНЫХ ПРОГРАММАХ ТЕЛЕВИДЕНИЯ
"САФИНА"
GENRE-FORMING ELEMENTS IN YOUTH PROGRAMS ON TV «SAFINA»
нашей теме, также видно, что их стиль и подход были интересными и впечатляющими, что создало особое развитие программирования. Именно из-за этого у них в начале было много поклонников и не было достойного соперника. Автор подчеркивает, что в последующие годы вхождение в информационное пространство нескольких новых каналов не повлияло на аудиторию телеканала «Сафина», чему способствуют усилия его создателей, использующих новые методы программирования.
Keywords: Tajikistan, TV "Safina", genre-forming elements, youth programs, essay, portrait interview, reportage, genre, talk show, genre requirements, specialized programs
The given article is devoted to a relatively new topic in the domestic journalistic science. Research in the context of this topic has shown that the issue of youth and genre-forming elements still needs additional consideration. From the point of view of the implementation of state policy, serious steps have been taken in this direction, the framework of practical solutions is being programmed and regulated. It follows from the context of the state youth policy that the position of the state in relation to the lives of young people, their physical and mental strength is determined on the basis of the highest principles of humanity and citizenship. TV ««Safina» laid the foundation for the deep development of television in the country. Already in the first months of its existence, it presented interesting programs with a characteristic style to the audience. From the analysis of the content of the programs related to our topic, it is also clear that their style and approach were interesting and impressive, which created a special development of programming. It is because of this that they had a lot of fans in the beginning and did not have a worthy opponent. In subsequent years, when several new channels entered the information space, this did not affect the audience of the TV ««Safina», but it is clear that its creators are trying to use new programming methods.
Дар хамбастагии масоили чавонон дар барномахои телевизиони "Сафина" тамоми гурухи жанрхо истифода мешавад. Ин яке аз фар;хои ин телевизион дар му;оиса бо шабакаи телевизиони "Точикистон" мебошад. Масалан, дар телевизиони "Точикистон" жанрхои иттилоотй дар мавзуи мавриди назар кам ба чашм мерасанд, аз «Сафина» намунахои зиёдеро метавон ба мисол овард.
Дар натичаи ковишхо мо дарёфтем, ки гурухи жанрхои тахлилй ва бадей-публитсистй дар баррасии масоили чавонон мав;еи устувор доранд.
Жанрхои тахлилй бинандаро аз тафсилу тахлили масоил огох карда, мазмунан афкорсоз мебошанд. Чдвхари жанхои публитсистию бадей чун дигар анвои ;олабхои эчоди журналистй аз масоили ичтимой сарчашма мегирад. Дар айни замон, ин хусусияти фар;кунандаи телевизиони «Сафина» дар ;иёс бо телевизиони "Точикистон" дар инъикоси сиёсати давлатии чавонон аст.
Дар журналистика проблемагузорй ба маънои маърифат кардани масъалахои рузмарра дар шакли тахлилу ташхис фахмида мешавад. Аз ин нуктаи назар, проблема-масъалаи мухим ва мураккабест, ки бояд нишонрасу хадафмандона пайгирй ва пешниход шавад. Масъалагузорй дар журналистика бо роххои гуногун сурат мегирад. Аз тахлилгар дар хама холат огохии комил ва маълумоти зиёд оид ба мушкилот ва тарзи дурусту муттаассири он талаб мешавад. Масалан, барномаи «Шом ба хайр» дар жанри мусохиба тахия мегардад. Намоишхои телевизионй нозукихоеро нихон доранд. Хдмаи ин дар назди кормандони намоиш масъулияти бузургеро талаб мекунад. Аз ин ру, кори телевизионро коллективй гуфтаанд. Вале ин захматхо ба як самт равона шудаанд, ки он хам бошад, ба зав;и тамошобини худ расидагй кардан, бар олами андешахои онхо таъсири хешро гузоштан аст. Бо ин ма;сад роху усулхое матраханд, ки барои ба ма;сад расидан кормандони телевизион аз онхо истифода мебаранд. Яке аз онхо усули муколама (мусохиба) аст, ки коргирии васеъ аз он дар тамоми ВАО ба чашм мерасад.
Яке аз унсурхои халкунанда дар сухбаторой дар тарзи саволгузорй зохир мегардад. Ба кадом самт равона намудани мусохиб ё худ хамсухбат ба ;удрати эчодй, дарки мавзуъ ва шинохти мусохиб аз чониби сухбатнигор рабт мегирад. Рафоат Абдусаломова бар он аст, ки мусохиба гузаронидан, хотираи мустахкам доштан, эхтиёткору мушохидакор буданро талаб мекунад. "Тасаввурот доштан, муассирона эхсос кардан, нозуксанч будан, омодагии хаматарафа аз чихати психологй, устуворй, дилёбиву истодагарй, тезфахмй ва инсондустй барин хислатхоро бояд дошта бошад. Махорати мухбир дар чараёни мусохиба аён мегардад" [2, с. 96].
Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» хамчун телевизиони фархангй дар доираи аксар жанрхои публисистикаи телевизионй мавзуъхоро бозтоб медиханд, ки ба тамошобинони чавони ин шабака бетаъсир нест. Таъсиррасонй ва ахаммияти ичтимоии ин барномахо ба хунари барномасозй, истифодаи бамавриди унсурхои жанрй, эффектхои чолиби барномахои тасвирии
компютерй ва баррасии бомахоратонаи жyрналистони телевизиони "Сафина" вобастагии зич д орад.
Барномаи «Шом ба хайр» дар мохи марти соли 2017 бо муаллифии Саиданвар Умарзода бо иштиро ки таррохи чавон Макнуна Ниёзова пешниходи бинанда гаштааст, ки аз руйи шакл гирифтани рафти барнома мо онро ба жанри мусохиба мувофик донистем [16]. Бо назардошти навъхои ин жанр ба мусохиба-лавха ё мусохибаи портретй монандии зич дорад, зеро сухбатнигор на танхо ба хунари дyзандагй, балки фаъолияти мусохиб дахл мекунад.
Дар мусохибахои портретй талаботи асосй огохии калбии мусохибагар аз шахсияти мусохиб, кору фаъолияташ, махсули хунару дарачаии маълумотнокии y афзалият пайдо мекунад, то тамошобинро каноат дода тавонад. Аз ин ру, барномаи зикршуда, бо интихоби мусохиб, мавзyъ ва тарзи саволгузории журналист ба мусохибаи портретй мувофик аст. «Мусохибаи портретй, як навъ хоси мусохиба аст. Барои ифшои шахсияти мусохиб истифода мешавад. Ба он ташхиси хислатхои ичтимоию равонии мусохиб мухим аст. Вай гохо чун як кисми таркибии очерки телевизионй истифода мегардад» [10, с.54].
Журналист бо мусохиби худ тари;и саволхои омоданамудааш атрофи хунару хунармандй, таъсири кй ва чй барои таррохиро интихоб намудани мусохиб, дар бораи кобилият барои муваффа; шудан дар ин ё он касб, рисолати зани хунарманд, фаъолияти мусохиб хамчун рохбари маркази таълимии тренингии муди «Чаманоро», нияту накшахои Макнуна Ниёзова дар соли чавонон хамчун чавони сохибхунар мусохиба гузаронидааст. Саволхои журналист дар мавриди мусохибаи хуб гузаронидан на он кадар мувофики матлаб бошад хам, аммо y кушиш намудааст, ки маълумотро аз мусохиб муайян ва да;и; ба бинанда расонад. Масалан, муаллиф савол медихад: - «Хунар инсонро машхур месозад ё инсон хунарро?», мусохиб чавоб медихад: -«Инсон хунарро сай;ал медихад ва хунар инсонро машхур месозад, харду вобастаи хамдигаранд?». Ё дар чойи дигар савол: - «Орзухои калб чй гуна аст?», чавоб: - «Хушбахтии хал;, ободии диёрам ва рушду инкишофи хама сохахо». Матрах намудани савол аз чахонбинии журналист ва дарки шахсияти мусохиб ва мавзуи баррасишаванда вобаста аст. Аз нигохи равонй хам бо дидани таррох дар мафкураи бинанда аллакай накши либосу тархи он пайдо мешавад. Аммо дар барномаи «Шом ба хайр», ки мусохиб бо либос сару кор дорад ва асоси ба барнома даъват шуданаш хам дар муваффак будани y дар офаридани мачмуи либосхо ва пешниходи он ба дигар давлатхо аст, сухан аз атрофи либос хамчун тачассумгари симои миллат дур мондааст. Журналист метавонист чихати баррасии мавзуи либосхои миллй ва чалби таваччухи чавондухтарон ба либосхои шинами миллй мекард ва бо вучуди портретй будани мусохиба таъсирбахшии онро зиёд намуда, ахаммияти ичтимоияшро бармалотар созад.
Дар нашри дигари барномаи «Шом ба хайр» рассоми чавон Мехриддини Абдусаид сухбат мекунад. Ин мусохиба июли соли 2017 пешкаши тамошобинон гардидааст. Мусохиба дар коргохи рассомии y сабт гардидааст. Ин мусохиба низ портретй буда, бештар шахсият ва фаъолияти уро дар бар гирифтааст. Мусохиба бо рассоми чавон дар доираи рисолати рассомй, фаъолияти эчодии y дар филмхо хамчун рассом-тахиягар, чй гуна будан ва чиро писандидани санъати рассомй, хисси зебоипарастй, бахои рассом ба навкаламон хамчун омузгори Донишкадаи санъати тасвирй ва дизайн, иштироки y дар намоишхо бо асархои офаридааш ва ниятхои Мехриддини Абдусаид дар "Соли чавонон" ва гайра сурат гирифтааст [17].
Харчанд хар ду мусохибаи журналист бо мусохибони даъватнамудааш 11 дакикаро дар бар гирифтааст, мусохибаи дуюм бо вучуди саволхои такрор аз чониби журналист нисбатан бехтар ба мушохида мерасад, чунки саволхо вобастаи якдигар ва муайянкунандаи чавобхои мушаххас мебошанд. Бояд гуфт, ки дар хар ду маврид хам мусохибахо ахаммияти тарбиявию ахлокй ва фархангиву ичтимой доранд, ки ба насли чавон гиромй доштани фарханги миллати худро талкин месозад. Ба ин тартиб, мусохибаву сухбатхое, ки дар телевизиони "Сафина" омода мешаванд, аз руйи таъинот асосан ба чавонон ва фархангиён равона мегарданд. Сухбатхои Нигинаи Муъмин дар барномаи фархангии "Вожазори маонй", ки бештар бо намояндагони адабиёт, санъат, хунар ва дигар сохахои эчод барпо мегардад, махорати хубу сухбатороиро ифшо месозад. Дар мусохибаву сухбатхои Рахматуллои Камол дар барномаи "Хукм" шакли нави матрах кардани мавзуъхои ичтимоии рафтори чавонон мушохида мешавад. Журналист пеш аз муаррифии мехмонон ва мавзуи сухбат сахнаи кутохеро бо иштироки хунармандон пешкаш месозад. Мохиятан сахначахо чун сархату мундаричаи мавзуъ маъно медиханд. Барои шунаванда ва иштирокчиён маълум мегардад, ки идомаи сухбат атрофи кадом масоили
ичтимоию фархангии чавонон сурат мегирад. Ба таъкиди дигар, усул хамчун факт истифода мешавад, ки ба тахлил ниёз дорад.
Барномаи «Шабхангом» дар доираи талаботи репортаж тахия мегардад. Телевизионхои давлатии мо новобаста аз таъйиноташон хамеша сиёсати давлатро чихати хаёти беосеб доштани насли чавон пуштибонй мекунанд ва барномахои гуногунжанру гуногунмазмунро омода месозанд. Ин ба маънои эхтироми шаъну шарафи хама ;ишрхои чомеа бояд фахмида шавад. «Шаъну эътибор ва ;адру ;иммат категорияхои мухимтарини маънавй ва ахло;ие мебошанд, ки муносибати боэхтиромонаро ба хар як одам, сарфи назар аз хизматхо, мав;еи чамъиятй, мансубияти миллй ё эъти;одмандихо аз чониби дигар одамон, хамчунин чомеа ва давлат дар назар дорад. Дар давлатхое, ки бехокимиятй, ;ашшо;й, бе;онунй хукмронанд, дар бораи шаъну шараф ва ;адру ;иммати инсон сухан гуфтан нашояд» [15, с. 178-179]. Ба ин мазмун, фаъолияти шабонаи корхонахои давлатию гайридавлатй аз мадди назари масъулини телевизиони "Сафина" дур намонда, бо барномаи махсуси ихтисосёфта бозтоб меёбад. Аксари намоишхо дар замина ва дар ;олаби жанри репортажи телевизионй манзури тамошобин мегарданд. Репортаж аз чумлаи жанрхои серистифодаи ин шабака буда, дар баробари барномаи иттилоотии "Навид" барномахои муаллифй бо унсурхои фаъоли он сабт мешаванд. Ба мо унсурхои таркибии репортаж аз барномахои мавриди назар дар барномаи "Шабхангом"-и журналист Фирузи Азиз возехтар аён шуд. Хдмаи нашрхои барномаи "Шабхангом" репортажи телевизионй мебошанд, зеро аз руйи самту равиш он асосан аз фаъолияти басти шабонаи корхонахое, ки шабу руз дар амал хастанд, омода мешавад. Сабти барнома шабона сурат гирифта, аз масъулият ва кунчкобии журналист дарак медихад. Муаллиф наворхоро на дар шакли муста;им пешкаши бинанда намуда, балки онхоро баъди банду баст ва омода намудани матни паси кадрии ба он мувофи;, аз шабакаи «Сафина» пахш гардонидааст. Барнома ди;;атчалбкунанда буда, во;еиятро инъикос мекунад. Дар банду басти барнома реалй будани иштироки журналист дар объекти мавзуъ аён мегардад, ки аз талаботи аслии жанри репортаж махсуб меёбад. Ба а;идаи муха;;и;они ин жанр: «...дар репортажи телевизионй пеш аз хама хаёт, руйдод чй хеле ки хаст, нишон дода шуда, ба ха;и;ати реалй наздик аст. Аз тарафи дигар, руйдод аз нигох, фахмиши субъективии журналист ба чойи аввал баромада, журналист аксаран хамчун шохид, баъзан хамчун иштирокчии руйдоди пешниходшаванда хувайдо мегардад» [9, с. 45]. Гуфтан мумкин аст, ки дар ин барнома журналист ба хайси шохид, тах;и;гар ва хамчунин иштирокчй мав;еъ нишон додааст, чунки мавзуъ масъалаи ичтимой буда, аз журналист хар се мав;еи номбаршударо талаб менамояд ва репортажро боварибахш месозад.
Мо ин барномаро аз руи шакл репортажи сабтшудаи видеой ва аз руйи технология ба репортажи мавзуй мансуб донистем, зеро дар он во;еахо нав нестанд. Маълум аст, ки муаллифи барнома мавчудияти сенарияро дар репортажи мавзуии сабтшуда ба инобат гирифта, самти тах;и;и масъаларо медонад ва дар ин маврид у матни мувофи; ба кадрро омода намудааст.
Кисмати асосии барнома, ки мо онро «репортаж» номидем, ин сабти чавонону наврасони беназорат дар интернет-кафехо, ки ба бозихои зараровари компютерй, ки чангу кушторро таргиб менамоянд, машгуланд, сабти кудакони беназорат, ки кормандони милитсия бо волидонашон сухбат менамоянд, гаштугузори чавонону наврасон дар нимашаб, сабти талбандагони чавон дар хиёбонхо ва чанде дигар мебошад.
Журналист бо овардани факту ра;амхо майлонхои чинояткорй ва самараи фаъолияти ма;омоти дахлдорро бозгу мекунад. Ин маълумотхо аз як чониб волидонро барои масъулият доштан хушдор дихад, аз чониби дигар талаботи репортажро пурра месозад, ки масъулияти асосиро журналист ба душ дорад. Ба ибораи муха;;и; С. Гулов "муносибати жанр бо факт гуногун аст. Агар барои баъзе жанр (хабар) факт асос бошад, пас барои дигар жанр (ма;ола) тахлили факт мухим аст. Арзишдихй ба руйдод, во;еа ва факт низ аз вазифахои жанр бармеояд. Аз ин маълум мегардад, ки хар жанр ба факт бо тарзи хос муносибат мекунад" [3, с. 286]. Барнома аз нигохи ахаммияти ичтимой, ифодаи ;олабхои эчодй ва усулхои пайгирии мавзуъ нисбатан касбй ва нишонрас омода гардидааст. Мав;еи жанри репортаж дар масоили вобаста ба пажухиши мо бо воситаи телевизиони "Сафина" мачмуан мавзуй хастанд. Репортаж ё гузоришхои очилй мохиятан иттилоотй хастанд, дар дохили барномахои хабарй пахш мегарданд [14, с. 106]. Ток-шоу аз жанрхое унвон мешавад, ки дар ;олаби худ имруз доираи васеи барномахоро фаро гирифтааст ва дар телевизионхои давлатии мо на;ши махсус дорад. Чун ба таърихи телевизиони «Сафина» назар афканем, барномахо дар мисоли «Нигохи дигар»-и Зевар Давлатова ва «Паймон»-и Талабшо Му;имов аз ;абили ток-шоухое буданд, ки дар
муддати кутох тамошобини худро пайдо намуданд ва миёни аудиторияи телевизионхои давлатй нуфуз ба даст оварданд. Шухрати бесоби;а касб намудани телевизиони "Сафина" дар низоми телевизионии кишвар асосан ба шарофати шоу-барномахо ба даст омада буд. Аз чониби дигар омили аслии м ахбубияти журналистони он хам аз намоишхои наздик ба шоу маншаъ мегирад. Ба таърифи пажухишгарон, ток-шоу бахс аст, ток шоу матрахи масоилхои доги руз аст, ток-шоу фарогат аст, ки чанбахои маърифатй ва хамзамон, омузишй низ дорад [13, с. 252]. Дар вобастагии ин шарх мо барномаи «Мумтоз»-ро барои тахлил интихоб намудем, ки мохи сентябри соли 2011 аз телевизиони «Сафина» пахш гардидааст. Ин барнома солхои аввали таъсисёбии шабакаи мазкур бо номи «Паймон» пахш мегардид. Иваз шудани ном, мухтаво ва сохти барнома тагйир наёфт ва ма;сади намоиш чун барномахои ;аблй бо;й монд [18]. Мехмони асосии барнома аз хунармандон, сарояндагон, таррохон ва нафарони муваффа; дар ин ё он соха буд. Барнома бо таргиби чехрахои намоён миёни тамошобинон тез маъруфият пайдо намуд ва дар жанри ток-шоу то андозае муваффа; шуд. Дар ин намоиш журналист на;ши мухим бозида, рафти барномаро ба ма;садаш мувофи; месозад ва бо малакаи худ хатти бахс ва андешахои иштирокчиёну ;ахрамонони барномаро ба тартиб медарорад. Ба андешаи муха;;и;он аз руйи мохият, ток-шоу пайвастшавии журналистика бо услубхои сахнавй аст, ки хисслати фарогатбахшии барномаро таъмин мекунад. "Ин чо на танхо сухбат, балки муколама бо унсурхои гайриинтизор, гайричашмдошт, лу;мапартой, шухй ва афкори гуногун на;ши басо бориз дорад" [13, с. 256]. Барномаи интихобнамуда мавзуи зебоиро мавриди андеша ва бахси иштирокчиёну ;ахрамонони барнома ;арор додааст. Мухтавои барнома ба андешахои муха;;и;он дар мавриди ин жанр мувофи;ат мекунад. Ба таъкиди профессор М.Муродов, "Ток-шоу- ток- гап задан, изхори а;ида намудан, мулохиза рондан, бахс кардан ва шоу- нишон додан, намоиш додан, пешкаши омма гардонидан, хангомабозй, барномаи мубохисавй бо иштироки намояндагони аудиторияи хамагонй, маънидод шудааст" [6, с. 363].
«Зебой дар чист?»-аввалан журналист бо ин савол ба фархангшинос Абдулхамиди ^иёмзода, ки дар студия хамчун мехмон таклиф шудааст, мурочиат намуда, посухи онро мешунавад ва ин чавобро ба донишчуёне, ки дар барнома иштирок доранд, чун а;идаи бахсталаб пешниход менамояд ва хамин тавр мавзуи интихобнамудаашро чолиб ва диданй ба тамошобинон муаррифй месозад. Ба таъкиди муха;;и; З.Муъминчонов, дар ток-шоу хатман гайр аз баранда шахсони шинохта, машхур, начиб, хушрафтор, сохибандеша иштирок мекунанд, ки яке аз компонентхои асосии ин жанр мебошад. "...Ва хатман иштироки даххо бинандахои оддй ва экспертхои бо салохият шарт аст..." [9, с. 81]. Пас аз ошно намудани тамошобинон бо мавзуъ, журналист сюжетеро дар хачми 3 да;и;а дар экрани студия барои иштирокдорони барнома ва тамошобинони телевизион пахш менамояд, ки дар бораи ороишгари касбй Мичгона Носирй омода шудааст. Ин сюжет бо ва;ти камро дар бар гирифтан ва наворхои чолиб доштанаш аз рафти фаъолияти пардозгарии ороишгар, ди;;атчалбкунанда ва муассир аст. Пас аз ин сюжет Мичгона Носириро ба студия даъват менамоянд ва вобаста ба фаъолияти у ва дар атрофи андешахои ин ороишгар журналист бо мехмонони барнома ва донишчуёни иштирокдошта, бахсро ташкил медиханд.Табиатан, иштирокдорони ток-шоу ба чузъ аз модератор чун ;ахрамонони намоиш ё коршиносони соха иштирок мекунанд, ки онхо салохияти тахассусй доранд ва махорату тарзи фаъолият ва ё андешаашон мухим мебошад. Дар шоу-барномаи мазкур сухбат асосан аз чониби иштирокчиён (;ахрамонон) ранг мегирад ва а;идахо бар зидди андешахои онхо ба миён омада, бахсро ташкил медихад ва журналист баъди хар як сухбат мав;еи онхоро нисбат ба мавзуи барнома пурсон мешавад. Вижагии асосии он дар он зохир мегардад, ки вобаста ба мавзуъ ихтисосмандон изхори а;ида мекунанд. Хам зав;, хам фарханг ва хам хунар тафсир шудани зебой а;идахои мухталифро эчод месозад.Дар ин барнома услубхои журналистие, ки дар ток-шоу истифода мешаванд ва барнома бо он мав;еи хоса пайдо менамояд, аз чониби муаллифи истифода шудааст. Ин услубхо аз чониби муха;;и;он Илхомчон Хамидиён ва Бахтиёр Абдурахимов ба тари;и зерин номгузорй шудааст: "масъала бо далелхои мушаххас, дар мисоли хаёти нафарони ани; баррасй ва хал мешавад; сухбат дар студия дар мавридхои зиёд бо сюжахои видеой тавъам мегардад; барнома сохт ва таркиби чиддй дорад; баъзе ;исматхои маъной чудо хастанд; коркарди сенария хатмист: огоз, ташаккул, авчи аъло, чамъбаст; хулосаи зарурй" [13, с. 256].Бояд гуфт, ки барномаи «Мумтоз» ба ин услубхо такя намуда, бо коркарди сенария ва риояи талаботхои жанри ток-шоу, ки то андозаи муайяне ба чашм мерасад, маводи хуби телевизионй махсуб ёфта, бештар миёни чавонон ;обили ;абул дониста шудааст. Ток-шоуи номбурда бо сухбат, мубохиса, шухию лу;мапартой чараён
мегирад, ки инхо аз унсурхои дигари жанри ток-шоу мебошанд. Муаллиф бо даъвати мехмонон дар барномааш худро чун «мизбон»-и мехрубон нишон дода, сухани хар яки онро самимй, дуруст ва дар навбати худ зарурй ;абул мекунад ва бахсро идора карда метавонад. Хдрчанд, мо нисбат ба сохтори маъноии барнома ба сохтори жанриаш бештар таваччух кардем, аммо махорату касбияти ;ахрамонон ва бахсу баррасии мутахассисони фархангшиносу эстетик ва хулосаву бардоштхои дигар иштирокдорон бегумон ба зав;и зебоипарастиву эстетикии аудитория бесамар нест.Дар телевизион чехрахо, масъалахо, руйдодхо бо тасвири омехта бо бадеият баррасй ва тахия мешаванд, ки дар бештарин маврид ба жанрхои публисистй-бадей мансуб мебошанд. Аз руйи самт ва таъинот дар телевизиони «Сафина» барномахое низ омода мегарданд, ки мазмун ва сохти бадей доранд. Симои шахсиятхои муътабари адабиёту санъат аслан дар шаклу услуби очерки телевизионй бозгу мегардад. Нишон додани чехраи адабию инсонии Лои; Шералй, шоири маъруфи точик мавзуи яке аз очеркхои телевизиони "Сафина" мебошад, ки мохи апрели соли 2006 руйи мавч омада буд. Аз нигохи сохтори жанрй ба очерки портретй шабохат дорад. Очерк аз руйи та;симбандии маъноиву сохтории жанрхо ба гурухи публисистй-бадеии дар назарияи журналистика шомил шуда, образи бадей яке аз унсурхои очерк мебошад. Аз ин ну;таи назар, барномаи ихтисосёфта ба зиндагй ва фаъолияти эчодии Лои; Шералй ба сифати очерки портретй тах;и; мешавад.Очерк дар телевизоин бо истифодаи наворхои харакатхои табиии ;ахрамон, бо дар кадр пайдо шудани журналист ва дар баъзе холат бо истифодаи интершум аз очерки радиову матбуот бартарй дорад. Аз ин ру, бештари муха;;и;он бар он назаранд, ки очерки телевизион таъсирбахш ва нишонрас аст. Муха;;и;он очеркро ба се навъ-портретй, проблемавй ва сафарй чудо намудаанд. Аз ин се навъ очерки портретй хусусияти таъсиррасонии бештар дорад, ки аз тамошои он ба бинанда маълум мегардад. Ин навъи очерк аст, симои ;ахрамонро дар рафтор, фаъолият, шахсият ва хаёти у муаррифй намуда, хосияти чехракушоиро дорост [8]. Дар очерки портретй факту аснод аз хаёти ;ахрамон да;и;, вале бо тарзи бадей ифода мегардад, ки аз жанри бадей будани он дарак медихад.Журналистро зарур аст, барои очерки хуберо омода намудан, ;ахрамони арзанда ва намунаи ибрати дигаронро интихоб намояд, то маводи омоданамудааш таваччухро чалб кунад ва бинанда онро то охир тамошо кунад. Чунки очерки телевизионй дар аксар маврид аз 20 то 40 да;и;аро дар бар мегирад ва тамошобинро дар ин муддат дар назди телевизион нигох доштан кори сахл нест. Хусусан очерки портретй бадеияти таъсирбахш ва лахзахои табииро аз хаёти ;ахрамон талаб менамояд.Маъмулан, очеркхои портретй вобаста ба мав;еи ;ахрамон хусусияти кухнанашавнда доранд, ки ин хислат ба табиати анвои дигар жанрхо, ба хусус жанрхои иттилоотй ва тахлилй мутоби; нест [7]. Бисёре аз очеркхои портретй бо гузашти замон чун моли арзишманди таърихй ахаммияти бештарро сохиб мешаванд. Албатта, ин марбут ба шахсияти ;ахрамон аст, ки то кучо фаъолияти у ахамияти чамъиятй ва дар айни замон таърихй дорад. Очерки мавриди назари мо - "Илхоми Лои;" метавонад дар хазинаи тиллоии шабакаи мазкур хифз шуда, холо низ такроран пахш шавад. Хдрчанд соли 2006 аз телевизиони «Сафина» манзури бинандагон гаштааст, вале то хол мав;еаш устувор, мазмуни кухнанашаванда ва бадеияти баландаш таъсирбахш бо;й мондааст. Муаллифи очерк шахсияти ;ахрамонро аввалан аз нигохи худаш ва баъдан шахрвандон, аз чумлаи муха;;и;ону хамкасбон, пайравон, нафарони дустдори шеъри у ва хамчунин, аз нигохи оилааш бозкушой карда, бо бадеият тахлил намудааст. Журналист хамсари шоирро бо ма;сади ифшои хислатхои у дар оилаву оиладорй, муносибаташ бо фарзандону наздикон, бо хамсару хешовандон, хусусан, бо модараш, барои фахмидани хиссиёти шоир хангоми маргу андух ва хурсандии пайвандону хамкасбони у ва нафарони маъруфи чомеа, барои фахмидани кай ва чй гуна бедоршавии илхоми эчодии шоир ва умуман маълумот додан аз хаёти шахсии у барои тамошобин, мусохиби худ ;арор дода, бо у ботамкин ва дар як мухити ором сухбат гузаронидааст, ки он табий ва нишонрас хосил шудааст. Дар ин маврид муха;;и;он Б.Кутбиддинов ва Ч,. Рахмонова дуруст мегуянд: «.дар назди офарандаи очерки портретй вазифаи хеле масъуле меистад, у бояд ;ахрамонеро барои очеркаш интихоб кунад, ки ашхоси во;еан барчаста буда, тамоми пахлухои хаёти ;ахрамон боиси пайравй гардад. Умуман ;ахрамони очерки портретй бояд шахси огох, мубориз, масъулиятшинос, сарсупурдаи манофеи чомеа, сохиби хаёти маънеяш баланд бошад» [4, с. 97].
Журналист дар матлаби омоданамудааш бо Абдумачид Достиев, Сорбон, Сайдалй Маъмур, Гулназар Келдй, Бахриддин Алавй, Камол Насрулло, Салими Зарафшонй, Абдулхамид Самадов ва Валй Самад, ки аз чумлаи шоирону нависандагони тавонои муосири мо мебошанд, хамсухбат шуда, аз хар кадоми онхо аз пахлухои гуногуни фаъолияту эчод ва характери у
пурсон шудааст. Аз суханронии мусохибон аён аст, ки маълумот ё шархе, ки аз ин ё он пахлуи хаёту фаъолияти шоир медиханд, аз пурсиши муаллифи очерк ба миён омадааст. Муаллиф танхо дар лахзаи ;ироати яке аз шеърхои шоир, гул гузоштан дар оромгохи у ва хангоми сухбат б о хамсари шоир руи навор омадааст, ки аз фаъолмандии у чун муаллифи очерк дарак медихад. Хамчунин, банду баст ва пайдархамии чанбахои рузгор ва эчоди Лои; Шералй манти;и барномаро пурзур кардааст. Очерк жанри печида ва банду басташ мураккаб аст. Вай аз намоишхои хуччатй бо чузъиёти образнокаш фар; карда меистад. Дар сенария ва стендаппхои журналист обуранги бадей мушохида мешавад, ки ба барнома рухияи тоза бахшида, хусусияти очерки портретиро та;вият додааст. Бадеият дар очерк агарчй принсипи мехварй нест, обуранги бадей таъсирбахшии онро афзун месозад. Дар баробари матни барнома, сухбатхои мусохибон низ бадеияти баланду тасвирхои зебо сурат гирифтааст. Тарзу услуби навиштани шеър аз чониби Абдумачид Достиев, хислати хоксориву ватандустдорй ва забондонй аз чониби Сорбон, тахлили шеърхои ба модар бахшидаи шоир аз чониби Саидалй Маъмур, мазмуни шеърхои у ва дар равияи шоирони миллатхои дигар эчод шудани мачмуахои шеъриаш бо забони точикй аз чониби Гулназар Келдй, шинохту эътирофи фаъолияти шоирии у дар миёни давлатхои форсзабон аз чумлаи Афгонистону Эрон аз чониби муха;;и; Бахриддин Алавй, хамдард будан бо дарди миллат ва рухияи ориёй доштанаш аз чониби Валй Самад, ва зид будани у чихати миллатгарой аз чониби Абдулхамид Самадов, хирадмандию бебокй ва часорати адабй доштани шоир аз чониби Камол Насрулло ва Салими Зарафшонфар ба таври мушаххас тахлил шудааст. Очерки портретии телевизионй бо тахлилу фахмонидани хусусият ва фаъолияти шоири арзанда Лои; Шералй ба чавонон, пеш аз хама, дарси инсонгарй, масъулияти мардонагй, дур будан аз а;лгарой ва эътирофи забону фарханг ва гурури ориёй, часорату бебокй, якдиливу якзабонй, дарки мазмуни баланди шеъру шоирй ва маънавиёти пургановати миллати худро меомузонад. Журналист ба ма;сади худ чихати тарбияи насли наврасу чавон аз тари;и воситаи очерки омоданамудааш то хадди муайян расидааст ва ин барнома солхои сол хамчун маводи тарбиявй ва публитсистию бадей дар ёди бинандагон бо;й хохад монд.
Дар поёни тах;и; вижагихои истифодаи жанрхои бадей-публитсистиро дар барномахои телевизиониии "Сафина" ба таври зерин метавон чамъбаст намуд:
1. Дар ;олаби жанрхои журналистикаи телевизион мавзуъхои баррасишаванда умумияти камтар доранд. Телевизиони "Точикистон" руйи мавзуъхои сиёсй таваччухи хоса дошта, тахияи барнома дар ;олаби жанрхои публитсистй-бадей мушохида мешавад, ки масоили сиёсиву ичтимоии чавонон гунчоиш ёбад. Дар онхо бештар ба сиёсати давлат нисбат ба чавонон таъкид мешавад. Дар ;олаби жанрхое, ки дар барномахои чавонии телевизиони "Сафина" истифода мегарданд, масоили ахло;й ва маданй авлавият доранд. Ин равиш табий буда, аз таъиноти шакабахо бармеоянд.
2. Матолиби телевизионии хабарй вобаста ба фаъолияти чавонон, дастовардхои онхо ва хунару истеъдодашон дар барномаи иттилоотии "Навид" ва барномаи субхгохии "Сабох"-и телевизиони "Сафина" нисбатан зиёд аст. Талоши кормандони телевизион барои эчоди омили хабарй аз фаъолияту истеъдодхои чавонон ва бозтоби он дар ;олаби жанрхои иттилоотй эхсос мешавад.
3. Тахлилу му;оисагузорй нишон медихад, ки як омили кам будани матолиби иттилоотй доир ба чавонон дар ин телевизионхо набудани лоихахои чиддй ва дарозумр дар ;олаби мачаллахои телевизионй мебошад. Аз руйи шакл барномахои "Ахбор", "Навид" ва намоишхои субхгохй мачаллаи телевизионй хастанд, аммо онхо аз руйи мавзуъ та;симбандй намешаванд. Бинобар ин, таъсиси мачаллахои телевизионии махсусгардонидашуда заминаро барои рангорангии жанрй ва шаклй дар бахши чавонон та;вият медихад. Пурсишу ковишхои мо бар он ишора мекунанд, ки мачаллаи телевизионй хайати эчодии бисёрнафара ва захмати бештар дорад, аз ин хотир дар харду телевизион хавасмандй камтар аст.
4. Таваччухи бештар ба барномахои хислати илмй-оммавй аз падидахои то хадде тоза ва нишонрас дар телевизион махсуб мешавад, ки гуногунрангиро дар фарогирии мавзуъхо ба вучуд меорад. Ин тамоюл дар телевизиони "Сафина" бо рохандозии барномахои ихтисосёфта ва бештар намудани пайгирии мавзуъхои вобаста ба илму маърифат ба мушохида мерасад.
ПАЙНАВИШТ
1. Азимов, А.Махорати журналистии тахлилгари телевизион/А.Азимов.-Душанбе, 2013.- 86 с.
2. Абдусаломова, Р. Телевизион оинаи зиндагист/Р.Адусаломова -Душанбе, 2002. - 143 с.
3. Гулов, С. Жанр: назария ва амалия/С.Н.Гулов//Паёми Донишгохи миллии Точикистон-2014 . -№4/1 (129).- С. 286-292.
4. Кутбиддинов,Б.Хосияти публитсистика/Б.Кутбиддинов,Ч.Рахмонова.-Душанбе, 2018. - 164 с.
5. Миралиев, К. Татбщи сиёсати давлатии чавонон/ К. Миралиев. -Душанбе, 2014. - 214 с.
6. Муродов, М. Донишномаи фарханги рузноманигорй/ М.Муродов. - Душанбе, 2016. - 480с.
7. Му^им, Ч,. Журналистикаи мултимедиявй/ Ч. Му^им. - Душанбе, 2016. - 128 с.
8. Мухтори, К. Социальная коммуникация и СМИ: формирование общественного мнения / К. Мухтори. - Душанбе, 2021. - 140 с.
9. Муъминчонов, З. Махсусияти жанрхои иттилоотию тахлилии телевизион / З.Муъминчонов.
- Душанбе, 2015. - 120 с.
10.Саъдуллоев А.Асосхои журналистикаи телевизион. Бахши дуюм/А. Саъдуллоев, М. Шоев. -Душанбе, 2010. - 112 с.
11.Сафарова, М. Барномасозй дар телевизион (Дастури таълимй)/ М. Сафарова. - Душанбе, 2021. - 100 с.
12.Ходибоев, Ф. Место и роль молодёжи в социальной структуре таджикского общества. Автореф. дис. ... канд. филос. наук. 09 00 11 / Ходибоев Фаридун. - Душанбе, 2016. - 24 с.
13.Хамидиён, И. Содержательное и жанровое многообразие на таджикском телевидении / И. Хамидиён, Б.Абдурахим. - Душанбе, 2019. - 256 с.
14Дамидиён, И. И. Унсурхои хамгирой ва иртиботи репортажи телевизионй бо жанрхои дигари телевизион / И. И. Хдмидиён, Рахими Карим // Номаи донишгох (Паёми Донишгохи давлатии Хучанд ба номи акад. Б^афуров). Силсилаи илмхои гуманитарй ва чомеашиносй. -Хучанд, 2022. - №2 (71). - С. 99-108. 15Дасанов, Ш.К.Худшиносии миллй ва худогохии чавонон/ Ш. ^асанов.-Душанбе, 2017.-392 с.
Манбаъ:
16. Барномаи «Шом ба хайр» // Телевизиони «Сафина» 10.03.2017
17. Барномаи «Шом ба хайр» // Телевизиони «Сафина» 12.07.2017
18. Барномаи «Мумтоз» // Телевизиони «Сафина» 21.09.2011
REFERENCES:
1. Azimov, A. Journalistic skills of a television analyst [Text] / A. Azimov. - Dushanbe, 2013. - 86 p.
2. Abdusalomova R. Television is a mirror of life [Text] / R. Adusalomova - Dushanbe, 2002. - 143 p.
3. Gulov S. Genre: theory and practice [Text] / S.N. Gulov // Bulletin of the Tajik National University.
- No. 4/1 (129). - Dushanbe, 2014. - P. 286-292.
4. Kutbiddinov,B.The nature of journalism [Text]/B.Kutbiddinov, J.Rahmonova.-Dushanbe,2018. -164 p.
5. Miraliev K. Implementation of state youth policy [Text] / K. Miraliev. - Dushanbe, 2014. - 214 p.
6. Murodov M. Knowledge of journalism culture [Text] / M. Muradov. - Dushanbe, 2016. - 480 p.
7. Muqim J.Multimedia journalism (Educational manual) [Text]/ J.Muqim. - Dushanbe, 2016. - 128 p.
8. Mukhtori K. Social communication and mass media: formation of public opinion [Text] / K. Mukhtori. - Dushanbe, 2021. - 140 p.
9. Muminjonov Z. Peculiarities of informative and analytical genres of television [Text] / Z. Muminjonov. - Dushanbe, 2015. - 120 p.
10.Sadulloev A., Shoev M. Basics of television journalism. The second part [Text] / A. Sadulloev, M.
Shoev. - Dushanbe, 2010. - 112 p. 11.Safarova M. Programming on television (Educational manual) [Text] / M. Safarova. - Dushanbe, 2021. - 100 p.
12.Khodibaev F. The place and role of youth in the social structure of Tajik society. Autoref. dis. ... sugar. philosophy science 09 00 11 / Khodibaev Faridun. - Dushanbe, 2016. - 24 p.
13.Hamidiyan I. Content and genre diversity of Tajik television [Text] / I. Hamidiyan, B. Abdurahim. -Dushanbe, 2019. - 256 p.
14.Hamidiyan, I. I. Elements of integration and connection of television reporting with other genres of television / I.I. Hamidiyan, Rahimi Karim // Scientific Notes. Series of Humanities and Social Sciences. - Khujand, 2022. - #2 (71). - 99-108 p.
15.Hasanov Sh. K. National self-awareness and creativity of youth [Text] / Sh. Hasanov - Dushanbe, 2017. - 392 p.
Source:
16."Good evening" program // "Safina" TV 10.03.2017
17."Good evening" program // "Safina" TV 12.07.2017
18."Mumtoz" program // "Safina" TV 21.09.2011