Научная статья на тему 'THE PLACE OF "TIRAZ" RADIO IN TAJIK MEDIA'

THE PLACE OF "TIRAZ" RADIO IN TAJIK MEDIA Текст научной статьи по специальности «СМИ (медиа) и массовые коммуникации»

CC BY
24
6
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
РАДИО / ПОЛИТИКА / ИНФОРМАЦИЯ / БЕЗОПАСНОСТЬ / КУЛЬТУРА / ЭФИР / АУДИТОРИЯ / СЛУШАТЕЛИ / ЯЗЫК / РЕДАКТОР

Аннотация научной статьи по СМИ (медиа) и массовым коммуникациям, автор научной работы — Азимов Аьзамджон, Мавлонов Азизбек

В статье анализируются предпосылки становления и развития одной из успешных радиостанций Согдийской области - радио «Тироз». На конкретных примерах констатируется, что данная радиостанция является первой независимой радиостанцией в нашей стране, которая по сей день работает на ее благо и развитие.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

МЕСТО РАДИО "ТИРОЗ" В СИСТЕМЕ СМИ ТАДЖИКИСТАНА

The article is dealt with preconditions of formation and development of one of the successful radios of Sugd region - “Tiraz”. It is indicated in examples that this radio station is the first independent station in our country and is working so far.

Текст научной работы на тему «THE PLACE OF "TIRAZ" RADIO IN TAJIK MEDIA»

ЗНАЧЕНИЕ РЕДАКТИРОВАНИЯ И ПРАВОПИСАНИЯ В ЖУРНАЛИСТИКЕ

Роль редактирования неизбежно во всех видах сочинений, таких, как литературные и пресс-сочинения. Так пресса имеет много адресатов и роль редактирования в них очень важна. Как отмечает автор статьи, журналисты должны быть знакомы с этими принципами и нормами журналистики и принципов редактирования.

Ключевые слова: редактирование текста, правописание, журналистика, профессиональная деятельность журналиста.

THE VALUE OF EDITING AND SPELLING IN JOURNALISM

Role editing is inevitable in all kinds of works, such as literary works and the press. So the press has a lot of destinations and the role of editing them is very important. As the author points out, journalists is needed to be familiar with these principles and the norms and principles of journalism editing.

Keywords: text editing, your spelling, journalism, journalists' professional activities.

Сведения об авторе: Золфагари А., соискатель отдел иностранных языков Академии наук Республики Таджикистан, е-mail: zolfaghari_info@yahoo.com

About author: Zolfaghari А., researcher of the Department of Foreign Languages of the Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan

ЧОЙГО^И РАДИОИ «ТИРОЗ» ДАР СИСТЕМАИ ВАО-И ТО^ИКИСТОН

Азимов А., Мавлонов А.

Донишгоуи миллии Тоцикистон

Аввалин радиои хусусй дар Точикистон радиои «Тироз» буд, ки 1 марти соли 2001 дар шахри Хучанди вилояти Сугд ба фаъолият шуруъ кард. Радиои «Тироз» нахустин ширкати телевизион ва радиорекламавии мустакил аст, ки пахши барномахои худро дар формати (шакли) FМ ба рох мондааст. Муассис ва таъсисдихандаи радиои «Тироз» дар шахри Хучанди вилояти Сугд Хуршед Улмасов мебошад. Радио кори худро дар формати (шакли) ахборй-иттилоотй (кулли радиохои хусусй ё мустакили Ч,умхурии Точикистон дар хамин формат аст. - А. А., А. М.) бо рох мондааст. Мухаккики журналистикаи точик А. Азимов дар бораи радиохои гайрихукуматй, бахусус доир ба радиои «Тироз» ибрози назар карда, минчумла навишта буд: «Тироз» аз нигохи шаклу колаб радиои ахборию мусикй буда, барномахои он бо забони русй- точикй тахия ва пахш мегарданд. Дар фазои ахбории шахри Хучанд ба гайр аз радиохои расмй ё хукуматй ин ягона радиои хусусй аст, ки фаъолият мекунад. Барномахои он аксар мустакиман пахш гардида, шунавандагонаш аксарият чавононанд» [1, с. 11].

Бояд тазаккур дод, ки барномахои радиои «Тироз» хамаруза аз соати 6:00 то соати 3:00 субхи дигар, яъне, 21 соат аз мавчи 103 FМ пахш мешаванд. Барномахои радиои мавриди пажухишро дар сар то сари вилоят зиёда аз 1 миллион нафар сокинони шахру нохияхо имконияти кабул ва шунидан доранд. Барномахои радиои «Тироз», асосан, бо забонхои точикй ва русй тахия шуда, бештар мустакиман ва тарики сабт пахш карда мешаванд. Дар тачриба ва омузиш бори аввал барномахои интерактивии «Хушбаён», «Сухбаторо», «Радиовикторина» манзури мухлисони радиои навтаъсис гардид. Ин барномахо саривактй ва кобили писанди шунавандагон шуд. Ба хамин маънй, соли 2005 ташкилоти байналхалкии Созмони амнияту хамкорй дар Аврупо байни сокинони вилояти Сугд дар мавзуи «ВАО-и бехтарин» пурсиш-афкор гузаронд, ки дар натича ширкати телевизион ва радиорекламавии «Тироз» бехтарин расонаи хабарй дониста шуд. Мухаккик, профессор Асадулло Саъдуллоев ба барномахои радиои «Тироз» таваччух намуда, навишта буд: «Барномаи чанд рузи радиои «Тироз»-ро гуш кардам. Фикр мекунам, ки баъди бо иктидори пурра ба кор сар кардани радиохои гайрихукуматии пойтахт, «Азия-плюс» холигихои иттилоотии чумхурй ба маротиба кам мешавад» [4, с. 10].

Баробари таъсиси радиои «Тироз» кормандон кушиш намуданд, ки бо баъзе радиохои хамтои худ дар мамлакатхои хоричии дуру наздик хамкорихои судмандро ба рох монанд. Аз ин чо, дар огози фаъолият бо радиостансияхои «Алмаз»-и Ч,умхурии

Киргизистон, «УА№> -и Ч,умхурии Арманистон ва баъзе радиохои пойтахт хамкорй шуруъ шуда буд. Дар бораи хамкории радиои «Тироз» ва радиои пойтахт «Азия-плюс» мухаккики таърихи журналистикаи точик, А.Азимов тахкикоте ба анчом расонида, аз чумла навишта буд: «Радиохои «Тироз» ва «Азия-плюс» харду радиои ахборию мусикй буда, аз нигохи вакту фазо, пахши барномахо кариб якранганд. Дар хар ду радио ба ахбор диккати чиддй медиханд. Яъне, ахбор чои мухимро ишгол мекунад. Ин албатта хайратовар нест, зеро дар вакти мо, яъне ахбор имруз мол аст, ки кимати баланд дорад» [1, с. 12].

Журналистон ва кормандони эчодию техникии шуъбахои гуногуни радиои хусусии «Тироз» кушиш мекунанд, ки барномахои чолибу диккатчалбкунанда омода намуда, ба аудиторияи худ пешкаш намоянд. Мудирон ва ходимони адабии шуъбахои иттилоотй-тахлилй, шуъбаи фархангй-фарогатй, шуъбаи продюсерй ва шуъбаи техникй пайваста кушиш мекунанд, ки барномахо рангорангу макбули муштариён ва дардхурди замон пешкаш шавад. Барномахое, ки коллективи эчодии радиои «Тироз» тахия ва пешниход мекунанд, бештар хусусияти ичтимой дошта, бахри баланд бардоштани савияи донишу маърифати хукукии шахрвандон нигаронида шудааст. Дар барномахо мавзуъхои сиёсй, иктисодй, ичтимой, хукукй, фархангй ва варзишй инъикос меёбанд. Гуфтор ва барномахои радиои «Тироз» вобаста ба мохияти он ба аудиторияи муайян тахияву пахш карда мешавад. «Донистани аудитория - ин яке аз таркибхои донистани касби журналистй аст, ки бе вай журналист наметавонад фаъолияти мунтазам намояд. Донистани аудитория барои журналист имкон медихад, ки самти максадноки масъаларо (проблемаро), мавзуъро муайян кунад, бо факту далелхои амик ба нуктаи муайян расад ва дар як вакт кайфияти шунавандагонро дониста гирад» [3, с. 385].

Маъсулони радиои «Тироз» кушиш мекунанд, ки аудиторияи худро муайян намоянд, викторинаи радиой пешниход кунанд, тадкикотхои сотсиологй гузаронанд, умуман ба хар роху восита нуфузи радиои худро муайян кардан мехоханд, ки ин хуб аст. Тахия ва пахши чунин барномахои омузишй ба кормандони эчодии радиои «Тироз» имкон медихад, ки аудиторияи худро пайдо кунанд ва дар як вакт гирандагони ахбори худро муайян намоянд. Чунин барномахо дар мавчи радиои «Тироз» хеле зиёд аст. Имрузхо теъдоди барномахои радио зиёда аз 30-ро ташкил медихад, ки онхо дар ду шабакаи радиои «Тироз»- мавчи 103,7 БМ ва «Тироз-плюс» мавчи 106,7 БМ пахш мешаванд.

Барномахои хабарии «Экспрес-хабар», «Экспрес-новости», «Ахбор», «Новости», «Хабархои дигар», «Другие новости» хамаруза аз вокеаву ходисахои навини махаллию чумхуриявй ва хоричй хабар дихад, барномахои «Ташрех», «Марзи конун» хафтае як маротиба пахш шуда, масъалахои мухими руз шарху эъзох ёфта, конунхои ба тавсиб расида ба чомеа маънидод карда мешавад. Барномахои иттилоотй бошад хар соат пахш мешаванд ва ходисаву вокеахои охирини рузро инъикос мекунанд. Дар бораи ахбори радиохои гайрихукуматй мухаккик А.Азимов менависад, кй: «Боз як чизро кайд кардан лозим аст, ки радиохои хусусй аз жанрхои гуногуни журналистика истифода мекунанд.Ба хусус жанрхои ахборй бештар ба назар мерасанд.

Фикр мекунам, ки харчи теъдоди радиои хусусй зиёд шавад хамон кадар сайкалёбии жанрхо мушохида мешавад. Истифодашавии жанрхои ахборй бештар дар ин радиохо ба назар расида, ба такмилёбии жанрхои ахборй мусоидат мекунад. Андозаи радио ин бозгукунандаи нуфузи радио аст, радиохои хусусй андозаи муайяни худро дошта бошад ва он риоя бояд шавад. Максади асосии радиохои хусусй харчй бештар чалб кардани шунавандагон ё аудитория аст. Ба ин восита вакти реклама зиёд шуда, онро фурухта метавонанд. Хдмин тарик, алокаи байни андозаи радио ва муваффакияти тичоратй дида мешавад. Мухим интихоби окилонаи андоза ва риояи он аст. Барои ин вазифа ва имкониятхои худро андозу баркаш кардан лозим меояд» [1, с. 14].

Ба гайр аз хабархои тозатарини махаллй инчунин дар сомонаи радио (www.tiroz.org) бо забонхои точикй ва русй хамаруза иттилоот пахш мешаванд. Барномахои «Дунёи маърифат», «Забони мо - чахони мо», «Марзи конун» ва гайра чанбаи пуркуввати тарбиявй доранд. Бахши «Андеша»- и барномаи «Паёми Тироз» хам, махз ба хотири баланд бардоштани сатхи маънавиёту ахлоки чомеа тахия ва пахш мешаванд. Ба барномахои радиои «Тироз» чавонон, алалхусус мактабиёну донишчуён таваччухи хоса доранд. Зеро, барномахое, ки хаёту фаъолияти онхоро инъикос мекунад, дар радио хеле зиёд садо медихад. Ба назардошти хамин барномахои «Хдмроз»,

«Дозирчавоб», «Шанс», «Шабоханги Тироз», «Алло» махз барои чавонону наврасон, мактабиён пахш мешавад. Бояд тазаккур дод, ки бахри боз хам пурра сохтан ва хифзи иттилоотии шимоли кишвар радиои «Тироз» накши мухим дорад, зеро шунавандагонаш асосан чавононанд ва аз ин ру аксар барномахо барои хамин гуна табакаи чамъият равона карда шудааст. Радиои «Тироз» дар тарбияи маънавии наврасону чавонон, мактабиён сахми беандоза дорад. Ва сурудхое, ки пахш мегардад афкори хамин табакаи чомеа, яъне чавононро фарогир аст.

Лозим ба ёдоварист, ки имруз муассисаи ширкати телевизион ва радиорекламавии «Тироз» Хуршед Улмасов, идоракунанда Махмудчон Абдуллоев, менечер Акбар Рофиев, масъули барномахо Аслиддин Очилов, сармухаррири радио Мунаввара Мирзоумарова, мудири шуъбаи барномахои иттилоотй-тахлилй Сарфароз Юнусов, коргардони пахш Муъминчон Рахматчонов ва дигар кормандони эъчодиву техникй хамаруза бахри рушди корхои эчодиву техникй ва тичоратии радиостансия кушишу гайрати зиёд мекунанд. Барномахое, ки ходимон ва кормандони эчодии радиои «Тироз» тахия мекунанд, тамоми тарафхои зиндагии мардумро фаро мегирад ва бештар хислати ичтимой касб мекунад. Дамаи барномахои радиои «Тироз» дар жанрхои гуногуни публитсистй-хабар, репортаж, мухбирнома, мусохиба, сухбат, шарх, нигориш, радиокомпозитсия ва гайра тахияву омодаи пахш мешавад. Гуфторхои радио вобаста ба мохияту мазмун ба аудиторияи муайян равона карда шудааст. Ин тарзу тарикати тахия ва пахши барномахо манфиатхои зиёдро молик аст.

Дар натичаи захмат, ковишхо, чустучу ва андешахо имруз барномахои радиои «Тироз» зиёда аз 40-то аст. Ин аз он гувохй медихад, ки кобилияти дарки эчодии кормандони адабии радио хеле баланд аст. Яъне, онхо талаботи рузро ба пуррагй ба инобат мегиранд ва мувофики талаботи вакту замон пеш мераванд. Асри бисту як асри иттилоот аст ва ин барои кормандон ва журналистони радиои «Тироз» хамчун шиор хизмат мекунад. Дамин масъаларо ба хисоб гирифта, масъулони радиои «Тироз» барномаи зиёдеро барои шунавандагони худ пешкаш мекунанд, ки эътибори хоси худро дорад. Аз ин чо, ру меорем ба тахлили баъзе барномахои радио, ки махсусияти хосе барои шунавандагон доранд.

Нахуст, барномаи «Навои дил», ки хар субх ба мавч (эфир) баромада 30-40 дакикаро ташкил медихад. Барномаи «Навои дил» шабохате ба барномахои радиои «Насталжи»-и сохили дарёи Нева, Санкт-Питербург дорад ва он низ барои калонсолон тахия мешавад. Ин барнома барномаи фарогатй буда, асосан барои пиронсолон ва калонсолон тахия ва пахш мешавад. Аз дигар тараф, барнома фарогири сурудхои классикй, панду андарзхои ниёгон, шахсони адабпарвару фархангдуст аст. Барномаи мазкур бо хадафи шинос намудани шунавандагон аз дурдонахои назми адабиёти классикию муосири точик ва ба ин васила, талкин намудани адабу рафтори хамида, баланд бардоштани маънавиёту фарханги шунавандагон тахия шудааст. Ин барнома аз нигохи банду баст ва таъсирнокй хеле чолиб мебошад.

Барномаи дигари радиои «Тироз» - ин барномаи «Башорати субх» мебошад, ки хусусиятхои хоси худро дорост. Номи зебо ними хусн мегуянд-дар урфият. Номи дилчасп ва зебои барнома худ хидояткунандаи маърифати баланди тахиягарони барнома аст. Барномаи «Башорати субх»- барномаи мусикй-фарогатй буда, он хар субх дар давоми як соат ба мавч мебарояд. Барномаи мазкур фарогири бахшхои гуногун, аз чумлаи «Хабар», «Мехмони барнома», «Пурсиши афкор», «Гулрези сухан», «Толеънома», «Руз дар таърих», «Ачоиботи олам», «Сухбати сарирохй» ва гайра мебошад. Дар яке аз ин бахшхои барнома, мавзуъхои мубрам ва мушаххаси худро дорад, ки тахиягарон бо камоли майл ба шунавандагон онро пешкаш мегардонанд.

Силсилабарномахои «Экспресс-хабар», «Экспресс-новости», «Ахбор», «Новости», «Руйдодхои хафта» ва «Панорама недели» -барномахои иттилоотй-тахлилй буда, хамаруза ба мавч мебароянд. Мухаррирон ва кормандони эчодию техникй кушиш мекунанд руйдодхои мухим ва хабархои охиринро пешкаши шунавандагони радио гардонанд. Барномахои мазкур хар соат дар мавчи 103, FМ пахш мешавад ва ходисаву вокеахои охирини рузро мунаккис мекунанд. Ин силсилабарномахои ахбор нашри чамъбастй дорад, ки хар хафта рузи шанбе бо шархи муфассал ба мавч мебарояд ва хаводисхои зарурй, мухими зандагй бозгу ва тахлил мегардад. Барнома шунавандагони худро дорад, ки кобили таваччух аст.

Дар барномаи «Нури саломатй», ки хеле мухлисони зиёд ва хаводорон дорад, сухану сухбат, маслихату машварат аз вазъи саломатй ва тандурустии аъзои чомеа ва

кулан чомеа, шахpвандон меpавад, чолиб садо медихад. Ин баpномаи мухим ва маслихатй ба хотиpи мусоидат намудан ба таpзи хаёти солими шахpвандон тахия ва пахш мешавад. Даp баpномаи «Нypи саломатй» сухан, гyфтоp аз боби ягон навъи бемоpй меpавад ва мутахассиси ваpзидаи соха ба идоpаи pадио даъват шудааст, ё сyхбати жypналист бо y доиp гаштааст, доиp ба ин ё он таpафхои масъала, бемоpй маслихату машваpат медихад, суханхои судманд мегyяд, pоххои пешгиpй ё сабабхои пайдоиши даpдpо мефахмонад. Дамин баpномаи чолиби «Нypи саломатй» даp як мох як маpотиба тахия ва пахш каpда мешавад. Сохаи тандypyстй ва бехдошту саломатии маpдyм, сyхбатхои пypмаънои воpисони Сино маpомy максади асосии тахиягаpони баpнома ^p0p гиpифтааст.

Даp як баpномаи нахyстpадиои хусусии Точикистон, pадиои «Тиpоз» чахони навест баpои шунавандаи худ аст. Аз ин py, баpномахои «Савти навин», «Pадиовиктоpина», «Инсон ва конун», «Ташpех», «Настальжи», «СИС-пpезент», «Садои дил», «Султони шеъp», «Чдвонй», «Забони мо-чахони мо», «Pадиф» ва Fайpахо асолати pадиои «Тиpоз» -pо ташкил медихад. Дамаи ин баpномахо максад, хадаф, маpом, хислати гуногуни хyдpо доpад ва хаp яки он аyдитоpияи хyдpо доpост. Дамин аyдитоpия бакои баpнома аст, ки солхои сол тахияву пахш мегаpдад. Масалан, баpномаи «Савти навин» ба максади даpёфт каpдани истеъдодхои нав ва мусоидат намудан ба pyшдy инкишофи санъати эс^адии точик тахия шудааст. Ин баpнома бо студияи «Садо» хамкоpию хамдастй дошта, ба мавч мебаpояд. Яъне, муносибати таpафайни pадиои «Тиpоз» даp мисоли баpномаи «Савти навин» ва студияи «Садо» паи даpёфти чавонони боиттеъдод мусоидат менамояд.

Баpномаи дигаpе, ки таваччУхи шyнавандагонpо чалб менамояд, ин «Pадиовиктоpина» аст. Баpномаи «Pадиовиктоpина» ба хотиpи баланд баpдоштани савияи дониш ва сатхи маъpифатнокии шунавандагон ва васеъ гаpдонидани чахонбинии онхо хамаpyза пахш каpда мешавад. Инчунин даp хамин баpнома бо шунавандагон доиp ба сохахои гуногуни хочагии халк савол гузошта мешавад ва сипас хаp шунавандаи аввалин, ки чавоби дypyст мегyяд, метавонад салому табpикоти хешpо тавассути pадиои «Тиpоз» ба шунавандагонаш pасонад. «Инсон ва конун» баpномаи хукукй буда, даp он намояндагони институтхои кyдpатй баpомад мекунанд ва миёни намояндагони хифзи хукук ва шунавандагону жypналистон саволу чавоб даp боpаи ин ё он чиноятхои содиpшyда сухан ме^янд. Дамчунин он ба саволхои ба миёнгузоштаи жypналист посух медиханд.

«Ташpех» баpномаи доимии pадиои «Тиpоз» буда, даp он маводхои даpчгаpдидаи pyзномахои чyмхypиявй, вилоятй, нохиявй ва шахpй мавpиди тахлилу баppасй каpоp гиpифта, шунавандагони хyдpо бо мазмуну мyндаpичаи онхо шинос менамояд. Даp баpномаи «Настальжи» агаp мусикии солхои 70-80 -ум садо дода, хотиpи муйсафедон ва калонсолонpо болидаву хотиpмон созад, даp баpномаи «Чдвонй» бошад сухан аз таpFибy ташвики баpномаи сиёсати давлатии чавонон, дастгиpии чавонони лаёкатманду боистеъдод ва накшу чойи онхо даp пешбypди кишваp, инъикоси муваффакиятхо, дастоваpдхо тахия мегаpдад. Баpномаи «Чдвонй» даp давоми 30 дакика садо дода, вай хаp хафта pyзи якшанбе пахш мешавад.

«Забони мо- чахони мо» бехтаpин, махбyбтаpин баpномаи pадиои «Тиpоз» буда, бахpи мукаммал омyхтани забони адабии точик ва ба ин васила бахpи баланд баpдоштани савияи дониши шунавандагон тахия ва пахш мешавад. Ба баpнома забоншиносон, адабиётшиносон, зиёиёни забондон даъват шуда, доиp ба масъалаи мyбpами забони адабии точик ва умуман пахлyхои забони точикй сухан ме^янд. Ин баpнома ба муносибати соли забони точикй эълон шудани соли 2008 тахия шудааст ва то имpyз хаp хафта як маpотиба ба эфиp меpавад.

Таъкид бояд каpд, ки баpномахои тахияшудаи pадиои «Тиpоз» хеле чолиб ва пypмазмyн сypат мегиpад ва яке аз чунин баpномахо ин баpномаи «Паёми Тиpоз» аст. Баpномаи «Паёми Тиpоз» мухлисон ва хаводоpони зиёд доpад. Баpои тасдики фикp мо 0F0зи яке аз чунин баpномахоpо меоpем. Жypналист ва баpанда Шyхpат Pахимов бо лахни гyвоpо баpномаpо 0F03 мекунад: «Паёму самимияти мехpбоpи мо нисоpатон бод шунавандагони азиз. Фаpоpасии боз як субхи босафо ва 0F03и хафтаи навинpо бо шумо мyбоpакбод мегyем. Хотиppасон мешавем, ки имpyз Душанбе, санаи 17 янваpи соли 2О11 мебошад. Даp хафтаи нав баpоятон бypдбоpию муваффакиятхои нав ба нав таманно доpем. Дамеша хyppамy дилшод, некбахту хушу обод, шyкyфонpyю хандон, саpбаландy некном, хyppамy хyшpyзy фиpyз бошед, азизони дил! Бо чунин таманниёти

нек ва як чахон лутфу самимият ба барномаи субхгох «Паёми Тироз» хусни огоз мебахшем, то дар ин субхи диловезу фархунда табъи шунавандагони хешро шод гардонем. Дар барномаи «Паёми Тироз» мухлисони азизро бахшхои «Руз дар таърих», «Шахри ман», «Донистан муфид аст», «Дар мехмонии «Паёми Тироз»», бахши хачвии «Андеша» интизор аст. Бо мо бошед, мо барои истирохати хуш, болидатабъй, шодмониву фарогати шумо, азизони дил, бехтарин таронахои рухнавозу дилнишинро чун армугони субхгохй аз мавч такдим хохем кард. Доло бошад, дар огози барнома чун хамешагй ба маълумоти обухавосанчон назар меафканем, то бубинем, ки чй гуна вазъи хаво дар ин руз навбати хукмрониро гирифтааст.

Тибки маълумоти идораи обухавосанчй имруз дар шахри Хучанд хавои тагйирёбанда дар назар дошта шудааст. Даво ду дарача гарм шуда, фишори атмосферй 727 мм сутунчаи симобиро ташкил медихад. Намнокй 60 фоиз аст. Шамол аз самти шимолу гарб 1-3 метр дар хар сония мевазад. Дарчанд ин лахзахо хаво сард аст, вале агар бо барномаи мо бимонед, эхсоси сардихои зимистон аз шумо дур мегардад. Зеро ин бахшхои чолиб ва таронахои дилошуб бароятон танхо гармй мебахшад» [4, с. 10].

Дар байни ВАО сареътарин расонаи ахборй ин радио аст. Аз ин ру, радио имруз воситаи асосии дастрасй ба иттилоот аст. Дар хар давру замон нак;ши радио дар бедории шуур ва андешаи шунавандагон бенихоят бузург аст. Радио манбаи асосй барои гирифтани ахбор буда, радиохои чй марказй, чй вилоятй, чй нохияву шахрй барои мардум, халку чамъият чун манбаи ахборй хизмат менамояд. Радио бо фаъолият ва сареияташ назаррас аст.

Хулоса, радиои «Тироз» нахустрадиои хусусии Ч,умхурии Точикистон буда, дар маркази вилояти Сугд, шахри Хучанд, таъсис ёфта, барои пур кардани фазои иттилоотии вилояту чумхурй ва амнияти иттилоотии кишвар кушиш намуда истодааст. Барномахои он чолиб буда, бо чалби мухлисон ва хаводорони зиёде дар пешрафти афкори мардум хиссагузор мебошад.

Адабиёт:

1. Азимов А. Проблемахои радиои гайрихукуматй / Боли сухан. - Душанбе: Сино, 2004.

2. Барномаи «Паёми Тироз», 2011, 17 январ.

3. Радиожурналистика / под. ред. А. А. Шереля. - М.: МГУ, 2000. - 478 с.

4. Саъдуллоев А. Назаре ба ВЭА-и Точикистон / Боли сухан. - Душанбе: Сино, 2004.

5. Усмонов И. К. Журналистика. 3. - Душанбе, 2008. - 376 с.

МЕСТО РАДИО «ТИРОЗ» В СИСТЕМЕ СМИ ТАДЖИКИСТАНА

В статье анализируются предпосылки становления и развития одной из успешных радиостанций Согдийской области - радио «Тироз». На конкретных примерах констатируется, что данная радиостанция является первой независимой радиостанцией в нашей стране, которая по сей день работает на ее благо и развитие.

Ключевые слова: радио, политика, информация, безопасность, культура, эфир, аудитория, слушатели, язык, редактор.

THE PLACE OF "TIRAZ" RADIO IN TAJIK MEDIA

The article is dealt with preconditions of formation and development of one of the successful radios of Sugd region - "Tiraz". It is indicated in examples that this radio station is the first independent station in our country and is working so far.

Keywords: radio, politics, information, security, culture, ether, auditorium, audience, language, editor.

Сведение об авторах: Азимов Аъзамджон, профессор кафедры телевизион и радиовещания Таджикского национального университета, e-mail: azam.0807@mail.ru

Мавлонов Азизбек, аспирант факултета журналистики Таджикского национального университета, e-mail: nurhon1847@mail.ru

About authors: Azimov A'zamjon, professor, Department of Television and Broadcasting, Tajik National University

Mavlonov Azizbek, post-graduate student, Journalism Faculty of Tajik National University

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.