В статье рассматриваются притязания представителей некоторых этнических групп бывшего Советского Союза вокруг знаменитой песни 60-ых годов «Я встретил девушку».
Автор напоминает историю песни, написанной на слова таджикского поэта Мирзо Турсунзаде, приводит оригинальный текст и утверждает, что всякие споры, вокруг известной на весь бывший СССР песни, являются необоснованными.
Ключевые слова: телевидение, программа, М.Турсунзаде, песня, Таджикистан, Россия, искусство.
THE DISPUTE OVER THE AUTHOR'S RIGHT OF THE SONG OF "I MET A GIRL"
ON THE AIR OF RUSSIAN TELEVISION
Safarov Khurshed
The claims of various representatives of some ethnic groups of the former Soviet Union around the famous song of the 60s - "I met a girl" is reviewed in the article.
The author reminds the history of a song written by the words of the Tajik poet, Mirzo Tursunzoda, brings the original text and confirms that any controversy around the famous song are unfounded.
Keywords: TV, program, Tursunzade, song, Tajikistan, Russia, culture.
Сведения об авторе: Сафаров Хуршед - аспирант кафедры международной журналистики Таджикского национального университета, Тел: (+992) 918 214444 e-mail: [email protected]
Information about the author: Safarov Khurshed, postgraduate, Chair of International Journalism, Tajik National University, tel.: (+992) 918 214444 e-mail: [email protected]
ТЕЛЕВИЗИОН ВА ВАЗИФАДОИ РЕКРЕАТИВИИ ОН
Абдура^имов Б.А.
Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи Садриддин Айни
Рекреатсия аз калимаи лотинии «recreation» гирифта шуда, маънояш баркароршавй аст, яъне ин истилох фарогат, баркарории кувваи одамоне, ки дар чараёни кор харч шудааст, маънидод менамояд. Аксарияти барномахои рекреативй тибки мохияташон берун аз журналистика карор доранд. Муаллифони китоби «Журналистикаи телевизион» низ ба хамин андешаанд.1
Кдхрамонхои асосй тавассути намоишхои телевизионй тарзи зиндагй ва фикррониро ба мо ошкоро намоиш медиханд ва бо ин восита, махаки арзишхои маънавй ва рафтори ичтимой мегарданд. Ин тасаввуроти моро перомуни пахши фарогатй васеътар мекунад. Пъесахои телевизионй, ки дар он хунармандон вокеаро аз зиндагй бозй мекунанд, хамзамон, ба тамошобин лахзаи фарогат ва илхом мебахшад.
Таърихи бою рагини телевизионхои давлатии Точикистон (хосатан Шабакаи якум) чихати фарогатбахшии бинандагони худ аз ибтидо то ба имруз садхо барномахои чолиб ва диданй тахияву пахш намудаанд, ки хар яке аз ин намоишхо метавонад дар алохидагй кори мукаммали илмй бошад, зеро дар вакти муайян ба доираи муайяни тамошобинон таъсири амик ва гуногунпахлу расонидаанд.
Аз таърихи телевизион Точикистон мисолхои фаровон маълум аст. Ба гунаи намуна метавонем аввалин журнали танкидии телевизиониро бо номи «Дотами хамабин» (мухаррир Асадулло Саъдуллоев, коргардон Шодибек Отамбеков), ки идораи адабй ба рох мондааст, биорем. Дар он камбудию норасоихои чамъият ба таври айёнй ба намоиш
1 Телевизионная журналистика. 5-е издание, переработанное и дополненное. Классический университетский учебник. - М., 2005. - С. 284.
гузошта мешyданд ва ба сифати шахсони танкидшаванда нафаpони вокей баpомад мекаpданд. Данчанд ин баpнома yмpи зиёд надида бошад xам, тавонист даp чомеа тамошобини хyдpо паёдо созад.
Спектакли телевизионии «Умаpи Хайём» бо ташаббycи Шоxмyзаффаp Ёдгоpй, Шодибек Отамбеков, Наpимон Бакоев, Раxимчон Kypбонов ва Вафо Назаpов бyнёд гаpдида, симои мyтафаккиpи миллат Умаpи Xайёмpо чилва менамyд. Дyнаpманди боистеъдод Маxмyд Tоxиpй накши Xайёмpо самимй ва хотиpмон бозидааст. Тамошобинони cобикадоpи телевизион xyнаpнамоии Мyxаммадчон Халилов, Дабибулло Абдypаззоков ва K^^pñ Миpзоевpо ху6 даp ёд доpанд.
Мачаллаи телевизионии «Баxоpиcтон» таxти мyxаppиpии Меxмон Бахтй давоми чил дакика чанд мавзyи адабй-фаpxангиpо баppаcй менамyд ва бинанда аз мyxимтаpин pyйдодxои ин cоxаxо огоxй пайдо мекаpд. Чдоаёни баpнома аз киpоати шеъpи ин ё он шоиp OFOЗ мегаpдид. Баъдан, аз омодагии ягон театp баpои намоишномаи нав cyхан меpафт. Даp кисмати дигаpи намоиш аз коpгоx ягон pаccом гyзоpиш пахш мешyд. Даp охиpи баpнома бинандаpо бо фаъолияти ягон мyаccиcаи маданй-фаpоFатй ошно мегаpдониданд. Чунин баpномаcозй чолиби диккат бyда, xамвоpа фаpоFат мебахшид. Ин 6уд, ки «Баxоpиcтон» аз даpозyмpтаpин намоиши телевизиони точик гаpдида, каpиб сй сол бе танаффуз манзypи бинандагон шуд ва наттоки шиpинcадои pадио Абдypашид Xyчамкyлов акcаp вакт онpо баpандагй намудааст. Баъд аз xодиcаxои маъмули cолxои 1990 ин баpнома дигаp ба эфиp набаpомад, вале даp таъpихи жypналиcтикаи телевизиони Точикистон яке аз намунаи беxтаpини баpномаxои фаpоFатбахш то xанyз маxcyб мешавад.
Мачаллаи танкидй-телевизионии «Нештаp»-pо, ки xаp моx то 45 дакика аз камбудщои xаёти чомеа бо миcолxои аёнй накл менамуд, тамошобинон хуб даp ёд доpанд. Масалан, намоиши нахустин аз се кисмат ибоpат буд: 1. Сабзавот ё тухми анко -оид ба камбуди сабзавот даp бозоpxои пойхатх. 2. Дyлобиxои Куло6 - пеpомyни cохтмонxои гушти yштypхypдаи шаxpи Куло6. 3. Кам-кам аз xаp чо - даp хусуси ноpаcоиxои cоxаxои гуногун аз гушаи каноpи чyмxypй. Бо вучуди он ки ин намоиши телевизионй аз идоpаи чамъиятй-сиёсй пахш мегаpдид, бо завкбахшии худ табъ xазоpон тамошобинонpо шод гаpдонид.
Даp боpаи «Чойхонаи дилкушо» cобикадоpони телевизион то xанyз ёд мекунанд. Ин баpномае буд, ки xyнаpпешагони мазxака даp чойхонаи телевизионй cаpи як пиёла чой маxфили xачв оpоcта, табъи бинандагонpо шод менамуданд. Мyдиpи чойхона Маxкам Дочикулов, чойхоначй Раxим Kодиpов мекушиданд чамъомадагон тули як соат маxфилpо гаpм нигоx доpанд. Коpгаpдон Мyзаффаp Fаниев тавонист як намоиши шавкангезеpо pyйи коp оpад, ки cолxои тулонй давом каpд2.
Солxои истиклолият даp муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» бо кушиши коpгаpдони моxиpy чиpадаcт Далими Сангин ду баpномаи монанд ба «Чойхонаи дилкушо» таxия ва муддати муайян пахш гаpдид, ки ощо «Маxфили театpй» (муаллиф ва баpанда Оpтики Kодиp» ва «Гуем ё нагуем» буданд. Даpдy намоиш ба хотиpи фаpоFатбахшии бинандагон таъсис ёфта буд, xаpчанд баpномаи аввалй бештаp хусусияти ёддоштиpо дошта, даp боpаи ходимони баpчаcтаи театpy кинои точик сухан меpонд ва даp доиpаи баppаcии ин ё мавзуъ аз онxо xамешагй ёд мекаpд. Ин баpнома бо мусоидати молиявии Ч,СК «Оpиёнбонк» xашт маpотиба пахш гаpдидааcт.
«Гуем ё нагуем» нисбатан даp доиpаи жанpxои xачвй таxия ва пахш мегаpдид. Xотиpмон он буд, ки даp xаp як намоиш ин ё он xyнаpманди маъpyф (cаpоянда, актёpон) бозй каpда, ба xycни баpнома зебоие зам менамуданд. «Fyp-Fyp»^ маpдxо ва суханбофщои занxо бо cаxнаxои xаётй тавъам буданд. Ин баpнома вокеан диданй ва хотиpмон буд.
Мавpиди зи^ аст, ки таxияи чунин намоишxо маблаFи зиёдpо такозо мекунанд ва шояд xамин сабаб буд, ки баъд аз чанде дигаp ин баpномаxо pyйи мавчpо надиданд.
2 Xочазод С. Tаъpихи телевизиони Точикистон. - Душанбе, 2007. - С. 75.
Аксарияти барномахои телевизиони «Сафина» ва «Бахористон» хусусияти маърифатй-фарогатбахшй доранд. Бо назардошти он ки телевзиони «Сафина» аз руйи таъиноташ фархангй аст, метавонем намоишхое чун «Субхи якшанбе», «Хонадон», «Этикет», «Аржанг», «Чилваи хунар», «Сафдар», «Созу роз», «Кашшоф», Толори оинахо», «Фарзия», Нози хаёл», «Чорсу», «Мумтоз», «Завк», «Сиришт», Гулшани адаб», «Раво», «Дид», «Вожазори маонй», «Дазлнуш», «Иртибот», «Рисолаи таърихй»-ро ном барем, ки ба тамошобинон истирохати хуб мебахшанд.
Аз руйи хунари тахиявй, пешниходи мухтаво барномахое аз забили «Тахкики журналистй», «Гирех», «Манзар», «Русто», «Лахзахои гуворо», «Дониш талабу....», «Маъво», «Созхои рангин», «Як пиёла чой», «Дурри маънй» аз Шабакаи якуми телевизиони Точикистон комилан аз намоишхои пешин фарк мекунанд. Вусъати фарогирии минтакахо, «тахияи шоу-барномахо, истифода аз технологияи муосир»3 дар мадди назари кормандони телевизион буд ва холо хам хаст.
Ин барномахоро собикадори телевизион Ч,умъа ^уддус «намоишномахои сюжетдори хачвй»4 низ мегуяд. Ба андешаи у, ба ин катор барномахои «Бегараз панд», «Чойхона», «Ойина» ва баъзе намоишхои махсуси солинавию наврузй дохил мешаванд. Ин барномахо дар баробари он ки аз сахнахои хачвй, сурудхои алохидаи хачвй таркиб меёбанд, байни худ бо як сюжет ва иштирокчиёни доимии мушаххас пайванди мантикй меёбанд. Чунин ашхос аз кахрамони асари дрмавй бо он фарк мекунад, ки як навъи накши барандаро ичро менамояд ва хар дафъа вобаста ба мазмуни сахнахои нав ё махсус барои мавзуи асосии пешакй интихобшуда амалиёт мегузаронанд. Одатан, барои чунин барномахо кахрамонони машхури адабиёти хаттию шифохй истифода мешаванд.
«Чойхонаи Мушфикй»-ро то хануз наслхои гуногун ёд доранд. Ин барнома замоне руйи кор омад, ки дар чумхурй давраи бозсозй пуршиддат чараён гирифт. Дар хаёти чомеа мушкилоти ичтимой вучуд дошт ва хизби хокими коммунист барои ислохи онхо бозсозй эълон намуда буд. Дар матбуот ва радиою телевизион охиста-охиста бахсхо мушохида мешуданд, танкиду худтанкидкунй ба маънои том вусъати тоза пайдо карда буд. Мубориза на танхо бо майхорагию бадмастй, балки бо дигар иллатхои бад ва халалрасони ташаккули чомеа ба шакли оммавй сурат гирифт.
Дар хамин давра ба хачву мутоиба таваччух намудани дастандаркорони «Чойхонаи Мушфикй» бехуда набуд, зеро аз пардаи телевизион пайваста ба таври ошкоро танкид намудани шахсе ё гурухе метавонист ба иззиати касе бирасад. Барномаи хачвй-танкидй бошад рохи бехтарини ишфои камбудихои чомеа буд. Ходимони идораи адабй-драмавй дар якчоягй бо кормандони хафтаномаи «Адабиёт ва санъат» хачвнигорон ва ширинкоронро аз гушаю канори чумхурй дар «Чойхонаи Мушфикй» гирд оварданд ва эшон тавонистанд бо хушгуихои худ дили бинандаро шод намоянд. Коргардон Иззатулло Самадов, адиб Додохон Эгамзод ва дигар тахиягарони барнома ба хадаф расиданд. Дар ин чойхона ширинкорон Амиршо Ибронов, Дочибой Точибоев, Почохон Ашуров, Нуриддин Насриддинов, Фатхулло Абдуллоев ва дигарон аз аввалин имтихони хунар гузаштанд.
Баргузории чандин «Шаби хачв» бо ширкати ширинкорон ва хачвнигорони шинохта Махкам Дочикулов, Саидмурод Мардонов, Киёмиддин Чакалов, Амонулло Кодиров, Фотима Еуломова, Шодй Солехов ва дигарон бо лутфу мутоиба ба дили ахли завк хам сурур мебахшиданду хам норасоихои чомеаро тамасхур мезаданд, ки хеле нишонрас ва хотирмон сурат мегирифт.
Дар даврони истиклолият намоишхое чун «Лахзахои гуворо», «Шухихои Аловуддин», «Шакарханд», «Биёед, бихандем», «Хандоханд», «Хандаборон», «Лаззат» ва дигарон хеле чаззоб ва нишонрас буданд. Дар як барномаи зикршуда ин ё он камбудии чомеаро ошкор намуда, ба он писханд мезад. Кахрамонхои асосии ин намоишхои хачвй
3 Искандар Ф. Степашки глаз в смеляшку телевизора // Борезкий Р. Осторожно, телевидение. -С. 335.
4 Куддус Ч,. Асосхои журналистикаи телевизион. - Душанбе, 2008. - С. 33
М., 2002. -
хунармандони касбии театру кино хастанд, ки асосан, рафтору кирдори ахолиро дар чойхои чамъиятй ва баргузории тую маъракахо ба маъраз мегузоранд.
Натичаи хамин талошхо буд, ки барои хизматхои шоёни бисёрсола ва таргиби пайвастаи тарзи хаёти солиму росткориву поквичдонй бо Фармони Президенти Ч,умхурии Точикистон ба хайати эчодии барномаи телевизионии «Лахзахои гуворо» дар пойтахт манзили истикоматй хадя карда шуд.
Дануз соли 1987 дар сахифаи аввали худ рузномаи фаронсавии «Mond» навишта буд: «Телевизион ба як василаи фарогатй табдил шудааст, ки фикри мардумро аз бекорй, болоравии нарх ва аъмоли террористй дур менамояд, зеро худи чомеа ба фарогат мубаддал гаштааст ва ин (телевизион) чомеаи зохирист. Дар ин шоу-барномахои сиёсй чойгузинии хамагуна бахсхо мегарданд. Шакхсиятхои саршиноси сохахои тиб ва дин намоишномахоеро дар мавзуи ахлок, ки чомеа дар баробари он карор дорад, омодаву пахш месозанд. Фарк ба «навигарй» табдил меёбад. Рузномахои телевизионй, мачаллахои иттилоотй шакли намоишномаро ба худ мегиранд»5.
Мухаккики телевизион Манро Прайс6 низ бар ин андеша аст.
Агар таъсири телевизионро дар солхои пешин як шабака таъмин кунад, солхои охир, ба фаро расидани интихоб ва ракобат дар бозори ахбор ин амр ба маротиб афзудааст. Доло дар баробари телевизиони Точикистон (шабакаи якум) телевизионхои «Сафина», «Бахористон», «Пойтахт», «Чдхоннамо», СМТ ва телевизионхои ба ном музофотй фаъолият карда, имконияти интихобан тамошо кардани барномахоро пайдо кардаанд.
Манзури мо он аст, ки вазифахои рекреативй ё ба истилох фарогатбахшии телевизион хамеша сарчашмаи серталаб барои тахияи намоишхо буд. Яке аз сабабхои бартаридоштае, ки кормандони телевизион ба мавзуъхои истирохатй таваччух мекунанд, зуд маъруфият пайдо кардани намоиш ва бо ин восита, ба даст овардани манфиат (фоида) мебошад. Дамзамон, ба тамошобин бахшидани муассирият камтар ба эътибор гирифта мешавад. Ва баъдан, мавзуъхои рекреативй метавонанд хадафхои зерин дошта бошанд:
- Ч,алб намудани диккати тамошобинон ва бо ин рох таъмини комёбии тичоратй;
- Накши махсус сохташударо ба хотири таъсир расонидан ба бинанда хамчун накши
мукаррарй бозидан;
- Ташаккул додан ва маърифатнок намудани тамошобин.
Вакте ки мо омилхои мавзуй, услубй, иктисодй ва хадафи истифодабарии фарогатро дар телевизион баррасй намемоем, он се шаклро барои мо маълум менамояд: а) идорашаванда; б) инсонпарварона (гуманистй); в) прагматизм. Фарзияи он ки стратегияи татбики хадафхои рекреативй бевосита аз шакли моликияти ВАО вобаста аст, то андозае тасдикй худро меёбанд.
Дар натичаи татбики хадафхои рекреативй мо бояд натанхо таъиноти фарогатбахшанда ва таъсири равонии онхоро ба инобат гирем, балки як катор маънихои иловагй (идеологй, ташаккулдихандаи фарханг) хам бояд аз мадди назар дур набошанд. Бешубха, дар шароити феълии ичтимой-иктисодии моликияти воситахои ахбор на хамеша аз руйи фахмиши замонавй метавон кор гирифт. Аз ин ру, аксарияти ВАО мавзуъ ва унсурхои рекреативиро истифода мебаранд, ки аз тачрибаи «журналистикаи зард» даромади зуд ва маъруфиятро ба даст меорад. Аммо як омил аз эътибор дур мемонад -хар чизе ки хангоми татбики вазифахои рекреативй ба як гурухи ичтимой манфиатовар аст, метавонад ба гурухи дигар зараррасон ё нофорам бошад.
Аз ин бармеояд, ки татбики вазифахои рекреативии телевизион на танхо бо бунёди «махсулот»-и сердаромад бастагй дорад, зеро оддитарин мисол - дар чунин холат махсулоти журналистй пастсифат истехсол шуда, ба доираи васеъ дастрас мегардад ва дар тамошобин эхсоси нафрат ва бадбиниро ба хамин «махсулот»-и журналистй тавлид менамояд, ки ин аллакай бар зарари истехсолкунанда аст.
5 Рузномаи «Mond» // 1987. - 18 апрел.
6 Прайс М. Телевидение, телекоммуникации и переходный период. - М., 2000. - С. 77.
Яке аз омилхои дигаре, ки дар телевизион ба мардум фараху шодй, хаячону илхом мебахшад ва бо ин рох чихати амалишавии вазифахои рекреативии телевизион мусоидат менамояд, бе шакк, мусикй аст.
Бидуни мусикй телевизион тасаввурнашаванда аст. Аз асоситарин барнома -«Ахбор» то хурдтарин намоишхои телевизонй мусикй корбаст мешавад. Тахиягарону коргардонхои барномахо мекушанд хар як намоиш мусикии махсуси худро дошта бошад. Ин, албатта, ба шуури тамошобин бетаъсир намемонад. Мо аксар вакт барномаро аз мусикиаш мешиносем. Ин хам дар суратест, ки метавонем ба телевизор нигох накунем. Мусикихое, ки дар барномахои шабакахои давлатии телевизионии Точикистон истифода мегарданд, дар шакли садои холй (минусовка) буда, аз фиттахо ва ё дискхои махсус нусхабардорй шудаанд. Барои барномахои калон, намоишхое, ки аз чониби ягон ширкате маблаггузорй карда мешаванд, барои барномахои сирф хачвй мусикии махсус фармоиш шуда, ба кулохи барнома гузошта мешавад. Масалан, барномаи «Депозит-плюс» аз телевизиони «Сафина», «Лото» ва «Лахзахои гуворо» аз Шабакаи якум мусикии ба худ хос доранд, ки ба мо аз огози намоиш дарак медиханд.
Баъзе намоишхое хастанд, ки мавзуъ мусикиро такозо дорад. Масалан хангоми чоизасупорй ба кормандони хифзи хукук мусикии мутантан бояд садо дихад. Накли рузноманигор аз сафари у фарзан ба Диндустон бо мусикии хиндй басо тавъам хохад буд.
Дар олами телевизионхо сахми мусикй акнавохт нест, -менависанд мухаккикон А.Саъдуллоев ва М.Шоев7. Масалан, то солхои 70-уми асри гузашта мусикии телевизионй дар Олмон 34-45 фоиз, Мачористон 24-48 фоиз, Лахистон 50-60 фоиз ва дар Иттиходи Шуравй 10-20 фоизи барномахоро ташкил медод.
Мусикй дар таърихи тамаддуни башарй мавкеи махсус дорад. Ба воситаи мусикй инсон вазидани бод, муътадил будан гарм ё хунук будани хаво ва гайраро эхсос мекунад. Ин падида аз нигохи классикони шарку гарб ба тарзхои гунонгун шарх ёфта бошад хам, аммо маъно хамоно якест.
Дуруст аст, ки мусикй миллат надорад ва мусикии хуб аз чониби нафаре офарида мешавад ва он шахс албатта зодаи миллатест, аммо офаридаи у агар чахонй бигардад, он таалук ба миллате дигар нест. Масалан, офаридахои Бетховен, Мотсарт, Чайкоский, Рахманин, Гектор Луи Берлеоз, Себастян Бах, Эмануел Бах, Янни Хрисомалис, Паганинй, Шопен, Штраус, Чузепа Верди, Ричард Вагнер, Георг Фридрих Гендел, М.И. Глинка, К.В. Глюк, Генри Прёсел, Франсис Пулинк, Менделсон Бартолд, Джорж Гершвин, Борбад, Накисо, Зебо, Хушнавоз, Мулло-Далим, Леви Бобоча (Левича) Зиёдулло Шахидй ва гайра бо офаридахои худ сутуни мусикии классикии чахониро пойдор намуданд.
Рисолаи мусикии Мавлоно Абдурахмони Чомй доир ба илми мусикй яке аз бехтарин рисолахои адабиёти классики форс-точик аст. Ин рисола бо номи «Рисолаи мусикй» маъмул аст.
Перомуни ин мавзуъ мухаккики соха, санъатшиноси варзидаи рус Наталя Ефимова дар китоби худ «Садо дар эфир»8 хеле муфассал ва чолиб накл кардааст, ки барои пажухандагони мусикй дастури хубест.
Барномае, ки дар таърихи телевизион хаводорони зиёд пайдо карда буд, «Ситорахои Шарк» ном дошт. Муаллиф ва барандаи он журналисти зиндаёд Мухиддин Олимпур солиён ба чамъоварии мавод дар бораи бехтарин сарояндагони мамолики Шарк шугл варзида, барои дастраси умум гардонидани он кушиш намуд. Мухаррири идораи чавонии телевизион Чобир Азизмуродов ва коградон Далим Сангинов ба у хамдастй намуданд ва «Ситорахои Шарк» омодаи пахш шуд. Бинандагон бо хаёту фаъолияти ситорахои чахонй чун Ахмад Зохир, Саттор, Амитабх Баччан, Махмудчон Вохидов ва дигарон ошноии комил пайдо намуданд.
7 Саъдуллоев А., Шоев М. Асосхои журналистикаи телевизион. - Душанбе, 2005. - С. 36.
8 Ефимова Н. Звук в эфире. - М., 2005. - 142 с.
Солхои истиклолият дар шабакахои давлатии телевизиони Точикистон низ барномахои хамсон ба миён омаданд. Масалан, «Созу роз» аз идораи барномахои чавонй, зебой ва варзиши телевизиони «Сафина» лоихаи чадиди телевизионй буда, майдони завку хунар, сухбати озоду ошкорои хунармандон бо тамошобинон аст. Барнома аз бахшхову шартхои чолиб иборат буда, муаллиф Мохлико Шарифова ва коргардон Зиё Сафаров бо такя ба талабу хохиши тамошобин онро тахия месозанд.
Барномаи "Созу роз" барномаи нав дар соли 2012 мебошад. Барнома дар жанри ток-шоу тахия шуда, мохе ду маротиба пешкаши бинанда мегардад. Дар хар як барнома як хунарманди машхури кишар даъват гардида, дар хузури мухлисон сухбати самимиву ошкорро доир месозад, хамзамон чанд суруди худро месарояд. Барои чолибияти барнома муаллифони он бахшхои зеринро пешниход намуданд:
- Расми хотиравй. Дунарманде, ки дар барнома ширкат мекунад бояд ягон расмро кашида зераш соядаст гузорад.
- 10-суол. Мехмони барнома бояд ба 10 суоли сарбаста посух бигуяд, аммо на бо сухан, балки бо истифодаи асбоби садодех.
- Мауорати мусщй. Дунарманд бо истифода аз чанд зарфи гуногуншаклу гуногунхачм ягон мусикиро менавозад.
- Бозй бо мухлисон. Аз миёни тамошобинони дар толор нишаста ду нафар ихтиёрй интихоб мегардад. Ин ду бо навбат сифатхои хунарманд ва ё сурудхои уро номбар мекунанд. Яке аз онхо голиб гардида сохиби тухфа мегардад.
- Ла^заи илуом. Якчанд мисраи як шеър аз_ чониби барандаи барнома интихоб гардида ба хунарманд пешниход мешавад. У дар муддати як дакика мебояд фикр карда ба ин шеър оханг бубандад.
Муаллифу мухаррир ва барандаи барнома дар хамбастагй бо тасвирбардорон Фируз Сафаров, Маснавй Зайниддинов, Фахриддин Одинаев, Еаничони Дусейнзод, Фарход Меликов, коргардони овоз Ибодат Далимова, бо банду баст ва дизайни Бахром Сатторов онро тахия месозанд.
Шабакаи якуми телевизиони Точикистон бо пешниходи Орзу Исоев дар соли 2010 барномаи мусикавии «Мутриб»-ро манзур намуда буд, ки дар он одатан ду навозандаи асбобхои мусикии халкй ё аврупой вориди сабкат мешуданд ва тамошобинони телевизион дар пахши мустаким тавассути паёмхои телефонии худ (смс) ба ин ё он навозанда овоз медоданд ва бо хамин тарик, голиби барнома муайян мегардид.
Бо натичагирй аз ин макола бояд гуфт, ки бо вучуди ин, дар мачмуъ, пешниход мегардад, ки ба сифати истифодаи мусбати вазифахои рекреативии телевизион на манфиату даромад, балки арзишхои умумиинсониро бояд мадди аввал гузошт. Ин вазифахо хаёти маънавй, эхсосй ва чисмонии инсонро ба танзим дароварда, баробарвазнии рухиро якнавохт нигох медорад, фаъолияти моро ба самти мусбат ба рох мемонад, авзои мукаррарии рухиро таквият мебахшад, барои зиндагии фаъолона холати эхсосй-рухиро ташаккул медихад.
Вазифахои рекреативй дар мухайёсози шароити барои зиндагй муносибу мувофик ширкати фаъолона меварзад. Ин вазифахо дар системаи хадафхои воситахои азбори омма хеле мухим ва арзишманд маънидод мешаванд, ки бидуни мавчудияти онхо фарогатбахшй дар телевизион гайриимкон аст. Вазифахои рекреативй яке аз се вазифаи аслии телевизион - фарогатбахширо хуб ичро менамояд.
Бо назардошти махсусияти онхо, метавон гуфт, ки вазифахои рекреативии телевизион натанхо барои татбики фаъолони дигар вазифахои ВАО мусоидат менамояд, балки метавонад дар хаёти чомеа вазифахои умдатаринро низ ичро намоянд.
Тахлили вазифахои асосии журналистикаи телевизион дар мисоли шабакахои давлатии телевизионй моро ба хулосахои зерин овард:
1. вазифаи иттилоотии телевизион дар асоси талабот ба барномахои телевизионй (пеш аз хама намоишхои иттилоотй) дар ин ё он давлат вобаста ба сохти он мукарар карда мешавад.
2. функсияи иттилоотии телевизион дар шароити муосир нисбат ба дигар навъхои воситаи ахбор мукаддамтар аст, зеро он нисбатан чолиб, таъсиргузор ва фавритар мебошад. Имкониати пахши мустакими телевизионй накши аввал доштани телевизионро дар иттилоърасонй бебахс мегардонад ва онро ба як василаи таъсир доштан дар андеша ва завк табдил медихад.
3. яке аз омилхое, ки чихати татбики пурраи вазифахои иттилоотии телевизион дар Точикистон халал эчод мекунад, норасоии техникаи пуриктидори мавчпахнкунанда ва омода набудани кадрхои журналистй мебошад.
4. ба вазифахои ичтимой-маърифатии телевизион мустахкам кардани нуктаи назари мардум ба кори умумй ворид мешавад, яъне идораи телевизион ба он муваффак мегардад, ки бо иродаи худ бо ахли чомеа хамфикру хамдаму хамкор шавад.
5. маълум мешавад, ки вазифахои ичтимой-маърифатии телевизион бо гурухи вазифахои иттилоотй хамсархад аст. Мутобикшавии ахолй ба тагйиротхои хаётй мухимтарин вазифаи ичтимой-маърифатй махсуб меёбад. Рузноманигоре, ки дар ин самт фаъолият менамояд, аввалан бояд психология, одат ва арзишхои инсониро дарк намояд. Баъдан, самти андешаронии ахолиро ба манфиати худ низ мутобик гардонад. Вазифаи асосиро таргибот касб менамояд, яъне чудокунй ба «худй»-ю «бегона» нихоят махкумшаванда аст. Махз дар ин замина вазифахои ичтимой-маърифатии телевизион бо вазифахои иттилоотй тавъам мебошад.
6. аксарияти барномахои рекреативй тибки мохияташон берун аз журналистика карор доранд.
7. мавзуъхои рекреативй дар телевизион хадафхои зерин доранд: чалб намудани диккати тамошобинон ва бо ин рох таъмини комёбии тичоратй; накши махсус сохташударо ба хотири таъсир расонидан ба бинанда хамчун накши мукаррарй бозидан; ташаккул додан ва маърифатнок намудани тамошобин.
8. фарзияи он ки стратегияи татбики хадафхои рекреативй бевосита аз шакли моликияти ВАО вобаста аст, то андозае тасдикй худро меёбанд.
9. дар натичаи татбики хадафхои рекреативй мо бояд натанхо таъиноти фарогатбахшанда ва таъсири равонии онхоро ба инобат гирем, балки як катор маънихои иловагй (идеологй, ташаккулдихандаи фарханг) хам бояд аз мадди назар дур набошанд.
10. вазифахои асосии журналистикаи телевизион чун инъикоскунандаи вокеият ва ичтимоъ дар шабакахои давлатии телевизион тайи солхои истиклолият ин масъулиятро ба кадри имкон амалй гардонидааст.
ТЕЛЕВИДЕНИЕ И РЕКРЕАТИВНЫЕ ФУНКЦИИ
Абдурахимов Б. А.
В статье автор исследует проблуму функционирования рекреатвных программ в таджикских государстенных телеканалов. Автор пишел к выводу, что культурно-воспитательные программы имеют многочисленные положительные стороны, а также существует ряд недостатков. Автора дает ряд рекомендации для улучшения качества рекреационных программ в таджикском телевидении.
Ключевые слова: функция, информация, культурный, музика, программа, телевидения, журналистика, Таджикистан.
RECREATIVE FUNCTIONS OF TELEVISION Abdurakhimov B. A.
In this article the author investigates problems of functioning of recreative programs in Tajik state TV channels. The author revaaled that cultural and educational programs in Tajik state TV have numerous positive sides, and also there a number of shortcomings. Author guives a number of recommendation for improvement of quality of recreational programs in the Tajik state television.
Key words: function, information, cultural, music, program, television, journalism, Tajikistan.
Сведения об авторе: Абдурахимов Бахтиёр Абдурахимович - главный редактор газеты «Омузгори джавон» Таджикского государственного педагогического унивеситета имени Садриддина Айни, тел.: (+992) 904 1085856 e-mail: [email protected]
Information about the author: Abdurakhimov Bakhtiyor Abdurakhimovich - chief editor of "Omuzgori Javon" newspaper of Tajik State Pedagogocal University named after Sadriddin Aini, tel: (+992) 904 1085856 e-mail: [email protected]
ПУШКИН ДАР АДАБИЁТИ ТО^ИК
Холов Холма^мад Рацабович
Донишгоуи Славянии Россия ва Тоцикистон
Александр Сергеевич Пушкин хамчун шоири и намоёи бо ашъори дилангез хануз дар айёми зиндагиаш диккати ахли адабро ба худ кашида буд. Эчодиёти ин абармарди сухан дар таърихи инкишофи тамаддуни пешкадами рус як давраи махсус аст. В.Г.Белинский, Н.Г.Чернышевский, Н.А.Добролюбов А.С.Пушкинро аз пешвоёни маърифати рус дониста, бо таъсири эчодиёти шоир шеъру манзума ва асархои насрии зиёде эчод кардаанд. Дар Точикистон ба эчодиёти Пушкин бисёр мухаккикон таваччух зохир намуда, мохияту арзиш ва мухимтарин масъалахои эчодиёти уро дар маколаву асархояшон нишон додаанд. Аввалин мухаккикони осори Пушкин аксаран шоирони машхури точик чун А.Лохутй, Х,.Юсуфй, М.Турсунзода, М.Рахимй, Лоик Шералй буданд, ки баъди тарчумаи шеърхову манзумахои шоир андешахои худро дар маколахои илмй баён кардаанд. Аз адабиётшиносон Ш.Х,усейнзода, Х,.Шодикулов, В.Самад ва дигарон ба ашъори Пушкин мурочиатшамуда, оид ба сифати тарчумахои шеърхои Пушкин, мавзуъ ва мундаричаи шеърхои шоир, шеърият ва образофарии у андешахои хеле чолиб баён кардаанд.
Соли 1949 Ш.Х,усейнзода навишта буд: «Пушкин дохие буда дар санъати худ... у бо асархои худ дили миллионхоро ёфта буд. Овози Пушкин овози як миллати бузурги бедоршуда ва озодхох буд» (5, 206-207). Бинобар ин хар миллате, ки ру ба истиклолият ва озодихохй мекард, албатта, ба эчодиёти Пушкин ру оварда, аз он ба саволхои озодихохию мазлумии худ ччавоб ёфта, ба даъвати озодихохии шоир хамовоз шуд.
Бештар аз 100 сол асархои Пушкин ба забони точикй тарчума гардида, ба шакли мунтахабу мачмуа, чилдхои алохидаи шеъру достон нашр мешавад. Адибони машхур чун А.Лохутй, Х,.Юсуфй, М.Турсунзода, М.Рахимй, С.Улугзода, Лоик Шералй М.Фархат дар мархилахои гуногуни инкишофи адабиёти муосири точик ба тарчумаи ашъори Пушкин машгул шудаанд.
Афсонаи Пушкин «Киссаи модигир ва мохй» дар рузхои чашни 100-солагии шоир (1899) ба точикй тарчума гардида, (мутарчим Ачзй), дар мактаби усули нави Шакурй омузонда мешуд. Ин тарчумаи аввалин аз ашъори Пушкин аз руи баъзе сарчашмахо аз забони тоторй ё узбекй ба забони точикй баргардонида шудааст. Дар ин бора дар «Таърихи ада-биёти советии точчик» навишта шудааст: «Нахустин шиносоии зиёиёни мутаравдии точик бо намунахои адабиёти рус ба воситаи тарчумаи узбекй, тоторй ва озари вокеъ шуда, дар охири асри XIX сурат гирифтааст» (1). Дар хакикат, дар ин давра адабиёти туркзабон Дар тарчумаи адабиёти Еарб нисбат ба адабиёти мо пешкадамтар буданд. Ин хусусият бештар ба адабиёти озари хос буд, вале хама зухуроти адабй, аз чумла тарчумаи адабиёти рус ба забони узбекй баробари адабиёти точик ба вукуъ омадааст. «Аввалин асархои адабиёти классикии рус, ки ба забони узбекй тарчума шуда буданд, - навиштааст профессор Кррй Ниёзй, - асархои Л.Толстой «Инсон» ба чй зинда?», асархои Пушкин «Киссаи мохигир ва мохй», «Фонтани Богчасарой» ва «Шоир» (1899) мебошанд» (2).