Научная статья на тему 'О соблюдении профессиональных этических норм в электронных СМИ'

О соблюдении профессиональных этических норм в электронных СМИ Текст научной статьи по специальности «СМИ (медиа) и массовые коммуникации»

CC BY
164
26
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ЭЛЕКТРОННЫЕ СМИ / ЖУРНАЛИСТ / ТЕЛЕВИЗИОННЫЕ СЕТИ / САЙТЫ / СИТУАЦИЯ / ПРИВЕРЖЕННОСТЬ / ЭТИЧЕСКИЕ СТАНДАРТЫ / ELECTRONIC MEDIA / JOURNALIST / RETENTION / SITUATION / COMMITMENT / ETHICAL STANDARDS / ВАО-И ЭЛЕКТРОНӣ / ШАБАКАҳОИ ТЕЛЕВИЗИОНӣ / СОМОНАҳО / ВАЗЪ / МЕЪЁРҳОИ АХЛОқӣ

Аннотация научной статьи по СМИ (медиа) и массовым коммуникациям, автор научной работы — Рахимджонов Хушдилджон Умаркулович

В статье автор акцентирует внимание на одном из наиболее важных вопросов журналистской деятельности на стандартах профессиональной этики в электронных СМИ -телевизионных сетях и сайтах. Говорится о необходимости признать профессиональную этику профессиональным требованием. Подчеркивается, что соблюдение профессиональной этики является важным средством для достижения успеха журналиста. Продолжая статью с конкретными примерами из национальных телевизионных сетей и веб-сайта одной из зарубежных радиостанций в нашей стране, автор выделил несколько этических вопросов, в числе которых ненадлежащее поведение, несовместимое поведение, невежество граждан, незнание позиции, неправильный выбор интервьюируемого, незнание этики вопросов, неподготовленность к разговорам, заблуждение, неуважение к аудитории.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

SITUATION OF COMPLIANCE WITH PROFESSIONAL ETHICAL STANDARDS IN ELECTRONIC MEDIA

The article dwells on one of the most important issues concerned with journalistic activity the relationship with the standards of professional ethics in electronic media television networks and sites. Initially, the author of the article speaks about the need to recognize professional ethics as professional requirements. The author of the article lays an emphasis upon the idea that adherence to professional ethics is considered to be an important means for the success of a journalist. Continuing the article with specific examples from national television networks and the website of one of the foreign radio stations in our country, the author identifies several ethical issues. Including improper behavior, incompatible behavior, ignorance of citizens, ignorance of the position, improper choice of the interviewee, ignorance of the ethics of questions, unpreparedness for conversation, delusion, disrespect for the audience.

Текст научной работы на тему «О соблюдении профессиональных этических норм в электронных СМИ»

УДК 002+07+371+330.82+17 ББК 76.01+76.02

НИГОХЕ БА ВАЗЪИ РИОЯИ Рах,имцонов Хушдилцон Умаркулович, н.и.ф.,

МЕЪЁРХ,ОИ АХЛОКЙДАР ВАО-И дотсенти кафедраи телевизион варадиои факултети

ЭЛЕКТРОНЙ журналистикаи ДМТ (Тоцикистон, Душанбе)

О СОБЛЮДЕНИИ Рахимджонов Хушдилджон Умаркулович,

ПРОФЕССИОНАЛЬНЫХ к.ф.н., доцент кафедры радиовещания и ТВ

ЭТИЧЕСКИХ НОРМ В факультета журналистики ТНУ

ЭЛЕКТРОННЫХ СМИ (Таджикистан, Душанбе)

SITUATION OF COMPLIANCE Rahimjonov Khushdiljon Umarqulovich, candidate of

WITH PROFESSIONAL philological sciences, teacher-colleague in the TV and

ETHICAL STANDARDS radio departаment of the faculty of Journalism under the

IN ELECTRONIC Tajik National University (Tajikistan, Dushanbe),

MEDIA E-mail: khushdil_09@list.ru

Вожа^ои калиди: ВАО-и электроны, журналист, шабака%ои телевизионй, сомона%о, вазъ, меъёр%ои ахлоцй

Муаллиф дар мацола ба яке аз масъалацои му%им дар фаъолияти журналисты - муносибат бо меъёр%ои ахлоци касбй дар ВАО-и электронй - шабакацои телевизионй ва сомонацо таваццу% зо%ир намудааст. Таъкид мешавад, ки риояи меъёр%ои ахлоци касбй василаи му%имме барои муваффац будани журналистон аст. Бо мисол%ои мушаххас аз шабакацои телевизионии мамлакат ва сомонаи яке аз радиоцои хорицие, ки дар кишвари мо хонандаи зиёде дорад, муаллиф чанд масъалаи ахлоцй, аз цумла, рафтори номуносиб, щракатуои ноцо, гайри хо%иши шацрвандон ба навор гирифтани ощо, надонистани мавцеъ, интихоби нодурусти мусо%иб, надонистани одоби саволгузорй, омода набудан ба су%бат, ба %ангома дода шудан, сарфи назар намудани э%тироми аудитория ва монанди ищоро мавриди баррасй царор додааст.

Ключевые слова: электронные СМИ, журналист, телевизионные сети, сайты, ситуация, приверженность, этические стандарты

В статье автор акцентирует внимание на одном из наиболее важных вопросов журналистской деятельности - на стандартах профессиональной этики в электронных СМИ -телевизионных сетях и сайтах. Говорится о необходимости признать профессиональную этику профессиональным требованием. Подчеркивается, что соблюдение профессиональной этики является важным средством для достижения успеха журналиста. Продолжая статью с конкретными примерами из национальных телевизионных сетей и веб-сайта одной из зарубежных радиостанций в нашей стране, автор выделил несколько этических вопросов, в числе которых ненадлежащее поведение, несовместимое поведение, невежество граждан, незнание позиции, неправильный выбор интервьюируемого, незнание этики вопросов, неподготовленность к разговорам, заблуждение, неуважение к аудитории.

Key word: electronic media, journalist, retention, situation, commitment, ethical standards

The article dwells on one of the most important issues concerned with journalistic activity - the relationship with the standards of professional ethics in electronic media - television networks and sites. Initially, the author of the article speaks about the need to recognize professional ethics as professional requirements. The author of the article lays an emphasis upon the idea that adherence to professional ethics is considered to be an important means for the success of a journalist. Continuing the article with specific examples from national television networks and the website of one of the foreign radio stations in our country, the author identifies several ethical issues. Including improper behavior, incompatible behavior, ignorance of citizens, ignorance of the position, improper choice of the interviewee, ignorance of the ethics of questions, unpreparedness for conversation, delusion, disrespect for the audience.

Дар фаъолияти журналиста меъёрх,ои этикаи касбй яке аз аркони мухдм ба шумор меравад, зеро хдмчун унсури та^виятбахши меъёрх,ои касбй шинохта мешаванд. Шоистаи тазаккур аст, меъёрх,ои ахлоцй бояд иртиботи дучонибаро таъмин кунанд, тавассути риояи меъёрх,ои этикаи касбй робитаи муста^ими идораи воситах,ои ахбори омма ва мах,сули эчоди онх,о бо аудитория тах,ким меёбад. Профессор И. Усмонов менависад, ки "хдзорх,о, миллионхо сум пулро барои воситах,ои ахбори омма ва таблиг барои он сарф мекунанд, ки вай аудиторияро бовар кунонад, ба худ кашад ва аз паси худ барад. Вагарна пул намедоданд.

Эълондиханда вакте хис кард, ки рузнома, мачалла, радио ва телевизиони интихобкардааш муассир нест, харидор намеояд ё хеле кам меояд, манбаи ахборашро тагйир медихад" (4, 71).

Чунин холатро ба муносибати байни ношир ва кормандон низ нисбат додан мумкин аст. Дар ин сурат масъалаи одоби касбй ба миён меояд. Яъне, он ки журналист бо манбаъ кор карда, вазифаи асосии худ - баёни вокеият ва хакикатро бе валвала, бо андеша ва боодобона ичро менамояд, ё ин ки намекунад. "Максад аз ахлок на танхо хакикатро гуфтан, балки ба хакикат омода кардан, дар рохи хакикат тарбия намудан, хадаф аз ахлок ба боварии гирандагон сазовор шудан, онхоро аз пайи худ бурдан, зеро ба журналист бовар кардан ин бовар кардан ба манбаи ахборест, ки у намояндааш мебошад. Ахлок намунаи рафтору кирдор аст" (3,78).

Ахлок ва масъалахои ахлокй хамчун мухимтарин талаботи касбй дар хама навъхои фаъолияти воситахои ахбор мавкеи хос доранд. Ин нуктахоро назарияи касбй бо суханонхои мушаххас ва эътимоднок собит менамояд, ки зикрашон рафт. Ин чо лозим медонем, доир ба як нуктае, ки имрузхо хислати мубохисавй пайдо кардааст, изгори назар кунем.

Он ки бидуни хангома ва ё сенсатсия наметавон дар чомеаи имруза хонанда пайдо кард ва ё таваччухи аудиторияро ба худ чалб кард, имруз ба хакикати фаъолияти матбуоти ба истилох, мустакил гардидааст. Аз нигохи аввал, ин мавкеъ дуруст аст, яъне, чалби хонанда бо ин васила имкон дорад. Аммо аз нигохи ахлокй, ин гуна мавкеъгирй нодуруст аст, зеро ахлок хангомаро аслан кабул надорад, онро валвала ва зиёдаравй мешуморад, яъне, монеи раванди табиии фаъолият медонад. Ин мавкеи моро акидаи Алла Кувватова таквият мебахшад. У менависад, ки бархе журналистон хангоми нашри маълумоти сенсатсионй риояи меъёрхои ахлокиро зарур намедонанд, хол он ки ин холат эътироф накардани масъулияти касбй ба шумор меравад (1, 16).

Мухиммияти меъёрхои ахлокй он аст, ки дар навбати аввал махдудият пеш мегузорад ва барои нафари солимфикру дурандеш маълум аст, ки ин махдудкунй барои манфиати минбаъда аст. Дар мавриди хангома низ хамин суханро метавон гуфт. Ахлок сенсатсияро манъ карда, ба ин восита огох менамояд, ки дар идомаи фаъолият ночурихо ва зарурате ба вучуд меояд, ки баъзан нахоста, мачбур мешавед, кореро анчом бидихед. Яъне, вакте бовар доред, ки гайри хангома бо маводи дигаре диккати хонандаро чалб карда наметавонед, пас дар холи мавчуд набудани маводи сенсатсионй аз паси сохтани он бо воситахои дигар мешавед, ки ин амал аз назари аудитория пинхон намемонад (ночор мондани шуморо эхсос мекунад).

Як нуктаи дигар шоистаи таъкид аст, ки хеч як хонанда сатхи худро ошкор намекунад; хама худро "хонандаи хушсифат" нишон медихад. Дар шумораи 1000-умини рузномаи "Точикистон" дар ин бора факти чолибе хаст: ба мансабдоре яке аз рузномахоро медиханд ва бо наворбардор (камера) амали уро пинхонй наззора мекунанд, ки чй кор мекунад. У ба расмхои хусусияти эротикидошта таваччух мекунад ва дигар маводи рузномаро танхо назар меандозад, аммо вакте аз у мепурсанд, ки чй чизи чолибе хаст, мегуяд, хабари сиёсие диккатамро чалб намуд (5).

Ба воситахои электронии ахбор таваччух мекунем. Дар муаррифии барномахое, ки ба Маросими чоизасупории "Бехтарин" пешниход шудаанд, барандахои маросим тавре рафтор мекунанд, ки гуё хамин холо аз "Лото спорт" хона бурд кардаанд (аслан, хамон рафтори актёрони ин реклама низ аз нигохи ахлокй, кобили мулохиза аст). Яъне, рафтори номуносиб ба мазмуни лоиха, харакатхои ночо аслан дуруст нест ва меъёри ахлок инро таъкид мекунад (6).

Чихати дигари ахлокй, ки дар яке аз бахшхои барномаи "Субх ба хайр, Точикистон!" ва барномаи "Шоми Душанбе" ба назар расид, ин гайри хохиши шахрвандон ба навор гирифтани онхост. Ба назари мо, як нуктаи нозукро бояд ба инобат гирифт; хангоми тахияи барномахои тахлилй ва тахкикй вакте журналист ба нафаре масъул мурочиат мекунаду у аз посух гуфтан сарпечй менамояд, дар ин холат гуфтан чоиз аст, ки мо ба ин нафар мурочиат кардем, вале у аз чавоб гуфтан канорагирй кард. Хатто дар хамин хол низ раванди пурраи аз хамсубатй канорачуйй карданро нишон додан дуруст нест, танхо барои собит намудан як лахза пахш кардани навор кифоя аст. Аммо дар барномахои мазкур нафароне, ки сухбат кардан намехоханд, пурра нишон дода мешаванд. Холатхое ба назар расиданд, ки духтарон аз ровии барномаи "Шоми Душанбе" руй пинхон мекунанд, вале хамин рафтори онхо нишон дода мешавад ва барандаи барнома бо табассум онхоро гусел мекунад. Аз нигохи аввал, дар ин барномахо чихати нигаронкунандае нест, саволхои барандахо низ оддист, хатто пеш аз суол ба он худ посух мегуянд (ин чо як масъалаи ахлокии дигар - одоби суол, максади он зухур мекунад), вале вазъи хар як нафари сохибихтиёрро ба инобат гирифтан зарур аст, ки нахостанаш албатта, бесабаб нест (6).

Масъалаи ахлокии дигар надонистани мавкеъ ва интихоби мусохиб аст. Дар барномахои "Дунё пур аз чавонист..." ва "Нигохи нав" донишчуёне, ки холо оиладор нестанд, доир ба ин масъалаи нозуки рузгор изхори назар ва хатто казоват мекунанд, ки аз нигохи меъёри ахлок дуруст нест (6).

Шоистаи таъкид аст, ки раванди тахияи барнома аз барномаи мукаммал фарк дорад. Инро бояд тахиягарон хуб донанд ва хамчун талаботи касбй риоя кунанд. Мутаассифона, баъзан чунин ба назар мерасад, ки ин холат хамчун чихати чолиби барнома шуморида мешавад. Инро мо дар рафтори барандаи барнома ва такрор гардидани он дар барномахои минбаъда мебинем. Ба назари мо, роххои дигари чолибсозии барномаро пайдо кардан ба чойи нишон додани ин холатхо бехтар мебуд.

Масъалаи ахлокии дигар, риояи коидахои сухбаторой ва хавасманд гардонидани хамсухбат ба чолиб чараён гирифтани барнома мебошад. Барои ин журналистро зарур аст, ки мавзуъро хуб аз худ намуда, холатро дарк намояд. Дар барномаи "Сухбаторо"-и Телевизиони Точикистон чунин холати ногувор ба назар расид; ровй пас аз чамъбасти озмуни чумхуриявии "Фурути субхи доной..." аз хамсухбати худ - яке аз доварони даври чумхуриявии озмун мепурсад, ки "мехостем мохият ва мазмуни ин озмуни чумхуриявиро кушода медодед...". Ин дар хам дархолест, ки озмуни мазкур тавассути шабакахои телевизионй ба таври густурда таргибу инъикос ёфта буд ва "мохият ва мазмун"-и он барои бинандахо маълум аст. Мехмони барнома - адиб ва мухаккик Мухтарам Хртам харчанд худро гум накард, аммо эхсос мешуд, ки чунин сатхи фахмишу суолгузориро интизор набуд. Ба назари мо, ин чо бояд доир ба таассуроти довар, бардоштхои у сухан огоз мегардид(7).

Вазъи пахши реклама дар шабакахои телевизионй як масъалаи ахлокии дигар аст. Он ки вакти зиёде барои пахши он сарф мешавад, хукуки конунии шабакахо будааст. Мо танхо ба чихати ахлокии баъзе рекламахо ишора мекунем. Таваччух ба сифати рекламахо, аз нигохи мо, бояд дар мадди назари рохбарияти воситахои ахбори омма бошад. Масалан, рекламаи хадамоти муросилотии "Почтаи аср" аз Телевизиони Точикистон: ба 220 кишвари чахон саривакт ва дар муддати кутох расонидани лавозимоти фиристодашаванда, хизматрасонии боварибахш ба онхое, ки "вакт ва маблаги худро сарфа мекунанд", яъне дар рекламаи кариб якдакикай сатхи баланди тавсифи ширкат ба назар мерасад. Мо хам аз он ки як ширкати хуб (аз руйи реклама) ба вучуд омадааст, хушхолем, хадамоти муросилотй холо хам мухиммияти худро нигох доштааст. Аммо шикояти як корафтода, ки хадамоти мазкур хуччатхои уро ба чойи Малайзия ба Олмон ва баръакс, аз они нафари дигарро бояд ба Олмон мерафт, ба Малайзия фиристодааст, ба рекламаи ширкат умуман мувофикат намекунад. Ин сокини пойтахт тавассути шабакаи ичтимоии Facebook шикояти худро арз карда, чараёни мурочиати худ ба ширкат ва вокуниши онхоро низ муфассал тазаккур дод: натича он шудааст, ки ширкат ваъда кардааст, ки хатои худро ислох мекунад, аммо накардааст, корафтодагон мачбур шудаанд, ки ин корро худ анчом диханд. Яъне, вокеияти фаъолияти ширкат ва таблити он ба хам мувофикат намекунанд. Нархи хизматрасонй низ дар шароити Точикистон, ба назари мо, чандон арзон нест (масалан, барои расонидани хуччатхо ба Малайзия 71 доллар (такрибан 700 сомонй) хакки хизматрасонии ширкат будааст). Ин масъала дар ду гурухи серхонандаи Facebook - Мо Точикистониён (бештар аз 120 хазор иштирокчй) ва Ахбор барои афкор (бештар аз 43 хазор нафар иштирокчй) ба миён гузошта шуд. Табиист, ки хазорон нафар аз камбудии ширкати мазкур огох шуданд. Дар ин миён кормандони шабакахои телевизионй низ хастанд. Ба назари мо, ин масъала бояд бо рекламадиханда ба миён гузошта мешуд. Танхо дар бораи маблаге, ки аз реклама ба даст меояд, фикр кардан беэхтиромй ба аудитория аст. Хдмин хулосаро ба рекламахои табобати чинй низ нисбат додан мумкин аст(7).

Як холати нигаронкунандаи дигар, ки дар матолиби сомонахо ба назар мерасад, ин печидагии матлаб ва дар як вакт вайрон намудани меъёрхои хукукию ахлокй мебошад. Масалан, дар матлабе, ки сомонаи Радиои Озодй зери унвони "Зани дувум хамеша маъшука мемонад" нашр кардааст, масъалаи хукукй дар печидагии ахлокй зухур карда, хамзамон, талаботи хар ду меъёр вайрон гардидааст. Матлаб тахлилй аст, масъалагузорй дорад, масъалаи рузро мавриди баррасй карор медихад, вале дар он ноаён меъёри конун вайрон мешавад, харчанд тазаккур меёбад, ки "Крнуни чиноии Точикистон чандхамсарй дар кишварро мамнуъ карда, барои бисёрзанй чарима ё то ду сол корхои ислохиро пешбинй кардааст". Аз ин матлаб чунин бармеояд, ки гуё хукуки занхои дуюм накз мешавад ва онхо аз хеч гуна химояи хукукй бархурдор нестанд. Дар чунин шакл ба миён гузоштани мавзуъ ва хосил кардани чунин рухия аз нигохи хукукй нодуруст аст ва меъёри ахлок чунин амалро нораво мешуморад.

Як масъалаи ахлокии дигар дуюмдарача нишон додани максади асосй мебошад. Ин хол низ дар гузоришхои иттилоотии радиои "Озодй" ба назар мерасад. Шеваи кор бо сарлавха дар ин гуна гузоришхо кобили мулохиза аст; дар сарлавха, ки мазмуни хабарй дорад, чихати нигаронкунандае ба назар намерасад, аммо дар дохили мавод хостахои муаллифон дар маводи иттилоотй мавкеъ пайдо

мекунад, яъне онхо муносибати худро ба руйдод дар аввали матн пушиш медиханд, ки номуносиб ба меъёрхои этикаи касбист. Масъалаи ахлокии дигар ба миён гузоштани мавзуест, ки чомеа нисбат ба он хассос аст ва ба гунае ташрех додани он ки гуё яке аз мухимтарин масъалахои руз мебошад. Хамчинсгарой аз чумлаи зухуротест, ки чомеаи Точикистон аз нигохи эътикодй онро махкум мекунад ва дар ин бора сухан гуфтанро аслан кабул надорад. "Хамчинсгароён дар фехристи "гуруххои осебпазир"(8)-и Точикистон", "Созмони хомии хамчинсгароён корашро дар Точикистон катъ кард"(9) аз чумлаи матлабхое хастанд, ки давоми камтар аз як мох интишор ёфтаанд. Аз онхо чунин рухияе бармеояд, ки муаллифон аз катъ гардидани фаъолияти чунин як созмоне изхори таассуф мекунанд ва аз он ки хамчинсгароён ба гуруххои осебпазир ворид гардидаанд, норохатанд.

Профессор М. Муродов дар "Донишномаи фарханги рузноманигорй" мазмуни ахлокро чунин тавзех медихад: "ниходи ичтимой, низоми рафтор, мучозот, арзиш, дастур"(2, 27). Ба назари мо, риоя нагардидани меъёрхои ахлок боиси дигаргун гардидани ниходи ичтимой ва бенизом гардидани рафтор мегардад, ки окибатхои ногувор дорад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Актуальные проблемы журналистики (сборник научных статей). - Душанбе, 2015. - 276 с.

2. Муродов, М. Донишномаи фарханги рузноманигорй / М. Муродов.-Душанбе,2016.- 401 с.

3. Усмонов, И. Журналистика. Ч,. 4 / И. Усмонов. - Душанбе, 2011. - 474 с.

4. Усмонов, И. Назарияи публисистика / И. Усмонов. - Душанбе, 1999. - 100 с.

Сарчашмщо:

5. Точикистон, 2013. - 28 феврал

6. ТВС, 2019. - 22-29 октябр

7. Телевизиони Точикистон, 2019. - 24-25 декабр

8. www.ozodi.org(www.ozodi.org/a/homosexual-in-tajikistan/28799575.html

9. www.ozodi.org//a/activists-defending-homosexuals-halt-their-work/28833766.html

REFERENCES:

1. Actual Problems of Journalism. - Dushanbe, 2015. - 276 p.

2. Murodov, М. Encyclopedia of Journalism / M.Murodov. - Dushanbe, 2016. - 401 p.

3. Usmanov, I. Journalism. -V. 4/ I. Usmonov. - Dushanbe, 2011. - 474 p.

4. Usmanov, I. Theoryof Publistics / I. Usmonov . - Dushanbe, 1999. - 100 p.

Resources:

5. Tajikistan, 2013. - February 28.

6. TVS, 2019. - October 22-29

7. Television of Tajikistan, 2019. - December 24-25

8. www.ozodi.org (www.ozodi.org/a/homosexual-in- Tajikistan/28799575.html

9. www.ozodi.org//a/activists-defending-homosexuals-halt-their-work/28833766.html

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.