Научная статья на тему 'The true values of ethics and professional ethics in the modern Tajik journalism'

The true values of ethics and professional ethics in the modern Tajik journalism Текст научной статьи по специальности «СМИ (медиа) и массовые коммуникации»

CC BY
798
47
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ЖУРНАЛИСТ / ВАО / АХЛОЦИ КАСБИИ ЖУРНАЛИСТ / МЕЪЁРХОИ АХЛОЦИ / ШАЪНУ ШАРАФ / ЭЪТИБОРИ КОРИ / ХАМРАЪЙИ КАСБИ / ВИЦДОН / СМИ / ПРОФЕССИОНАЛЬНАЯ ЭТИКА ЖУРНАЛИСТА / ЭТИЧЕСКИЕ НОРМЫ / ЧЕСТЬ И ДОСТОИНСТВО / ПРОФЕССИОНАЛЬНАЯ СОЛИДАРНОСТЬ / СОВЕСТЬ / JOURNALIST / MEDIA / PROFESSIONAL JOURNALIST ETNICS / PROFESSIONAL ETNICS / HONOR AND DIGNITY / PROFESSIONAL SOLEDARNOST / CONSCIENCE

Аннотация научной статьи по СМИ (медиа) и массовым коммуникациям, автор научной работы — Бабаджанова М.С.

В статье рассмотрены и исследованы проблемы соблюдения норм профессиональной этики. Вопрос соблюдения профессиональной этики в современной журналистике является одной из первостепенных задач. В связи с тем, что в последнее время в большинстве материалов СМИ наблюдается игнорирование норм профессиональной этики, определение истоков и основ данного явления, изучение и исследование аспектов, связанных с этикой в журналистике, является актуальным. На основании материалов государственных и частных изданий рассмотрен именно данный аспект, где автор, опираясь на материалы научных и публицистических источников и нормативных актов, связанных с этикой, сделала несколько примечательных выводов.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Истинные ценности этических норм и профессиональной этики в современной таджикской журналистике

The article describes the ethics standards of professional journalism. It should be noted that the theme of contemporary journalism ethic is considered as one of the first grade theme, because in the majority of press issues, regardless of journalism ethic standards you can observe that determining its origin and educational research related to ethic in journalism is very useful and important. In this article the same question related private and state press materials has been researched and the author has reached to an interesting results in regard to scientific and general sources, etnic and standards relate to journalism.

Текст научной работы на тему «The true values of ethics and professional ethics in the modern Tajik journalism»

10.01.10. ЖУРНАЛИСТИКА 10.01.10. JOURNALISM

УДК 002.6 М. С. БОБОЧ,ОНОВА

ББК 76.12

АРЗИШ^ОИ АСЛИИ МЕЪЁР^ОИ АХЛОЦЙ ВА ОДОБИ КАСБЙ ДАР ЖУРНАЛИСТИКАИ МУОСИРИ ТО^ИК

Вожщои калиди: журналист, ВАО, ахлоци касбии журналист, меъёруои ахлоци, шаъну шараф, эътибори кори, щмраъйи касби, вицдон.

Маълум аст, ки бояд хар журналист аз меъёрхои одоби касбй вокиф бошад,зеро муносибат бо чомеаи шахрвандй тавассути фарханги касбй чараён мегирад. Кохиш ёфтани ин муносибат ба обруи журналист ва расонаи хабарие, ки рузноманигор дар он фаъолият мебарад, таъсири манфй мерасонад. Имруз дар асри рушди технологияи иттилоотй одоби журналистй бо кулли вижагихояш дар фаъолияти журналист мавкеи мухимро касб мекунад. Дар таквияти ин андеша мухаккик Сангин Гулов мегуяд: «Барои риоя ва ичро кардани талабот ва принсипхои этикаи касбй журналист бояд назди вичдони худ масъулият эхсос намояд. Вагарна хеч асноде уро наметавонад дар ин самт мачбур созад» (2, 9).

Одоб ва ё ахлок намунаи рафтору амалест, ки дар асоси меъёрхои чамъиятй, инсонй ба зухур меояд, дар ин чода масъулияти ичтимоии журналист зохир мегардад. Профессор Иброхим Усмонов кайд мекунад: «Ба вучуд омадани масъулияти ичтимой ва масъул кардани воситахои ахбор ба сухан низомеро та;озо мекард, ки он бояд, аз як тараф, воситахои ахборро вазифадор кунад, ки аз валвалагуй, умумигуй, фахшгуй, дуруггуй худдорй намояд, аз тарафи дигар, озодии воситахои ахбори омма махдуд нашавад, ;атъ нагардад, балки густариш ёбад» (8, 4). Риояи одоби журналистй дастури амали фаъолияти рузноманигор аст ва ин меъёрхо хукми хукукй надоранд. Мухаккики соха Ч,овид Муким ин андешаро чунин хулоса мекунад: «Одоби касбии журналист ин коидахои асосие мебошанд, ки онхоро рузноманигорон дастури фаъолияти худ карор додаанд. Дар хамин хол меъёрхои мазкур хукми хукукй надорад, яъне ичрои онхо аз нигохи конунй хатмй нест» (2, 10).

Табиати журналистикаи муосир бар он асос ёфтааст, ки муассис ё мухаррир мустакилона аз руйи хостаи худ, хатто забону услуби ВАО-и худро муайян мекунад. Имрузхо хатто рузномахое нашр мешаванд, ки бо услуби истифода аз лахча ё гуфтори кучабозорй таваччухи аудиторияро ба худ чалб кардаанд. Барои таквияти ин фикр маводи хафтаномаи «СССР» -ро зери сарлавхаи «Дузанахо Хучанданда»(3) ки ба калами Эркин Икромов тааллук дорад, аз назар мегузаронем.

Хабари хафтаномаи «Нигох» (5) бо номи «Ришваситонии афсари хадамоти тиббии госпитали Чкаловск» зери гушаи «Коррупсия» дар хусуси порагирии полковник Одилчон Хрдибоев аз Фаррух Шарипов ном шахрванд маълумот медихад. Муаллиф Х,алим Сохиб ин далелро аз забони сардори маркази матбуоти ВКД-и чумхурй Махмадулло Асадуллоев чунин баён менамояд:

«Пас аз гирифтани маблаги пурсидашуда, полковник боз бо уамин мицдор пора тамаъ карда, зимни гирифтани ришва дар утоци кории худ аз цониби кормандони раёсат бо далели шайъи боздошт мегардад», - гуфт Махмадулло Асадуллоев.

Баъдан чи хеле ки моуи декабри соли 2009 оцонсии иттилоотии Азия Плюс хабар медщад айбдоршаванда Одилчон Хрдибоев пурра сафед карда мешавад, аммо дар ин хусус дар ягон аз шуморахои рузномаи номбурда маълумот дарч нашудааст.

Дар ин холат банди 15-уми «Меъёрхои ахлокии фаъолияти журналистй дар Точикистон» -«Ислохи хато» куллан риоя нашудааст.

^ол он ки «Ислохи хато яке аз усулхои мухдми худтанзимкунии фаъолияти воситахои ахбори омма буда, барои таъмини муста;илияти касбии онхо накши мухим мебозад. Ислохи

хато инчунин гувохи масъулиятшинос будани воситаи ахбор буда, эътиборашро дар байни хонандагон баланд мебардорад, зеро ислохи хато хонандагонро гумрох намесозад.

Ислохи хаторо бо усулхои гуногун, аз чумла бо роххои интишор кардани тасхех, эзох, нашри такрории мавод, эълони ислохи хатогии техникй, нашри чавоб, раддия ва гайрахо ба амал баровардан мумкин аст» (4, 36).

Сарлавхаи мазкур на танхо хилофи одоби касбй, балки тахкиромез ба назар мерасад. Аз хондани мавод мефахмем, ки як нафар марди хучандй аз хамсараш чудо шудан мехохад.

Дар ин мавод банди ду-юми «Меъёрхои ахлокии фаъолияти журналистй дар Точикистон» - «Сарехияти ахбор» сарфи назар карда шудааст. Сарлавха ва акс ба матн мувофи;ат намекунад. Чунин амали рузнома ба хотири чолиб шудани мавод истифода шудааст. Акси мавод аз интернет буда, сарчашмаи он зикр нашудаст, ки ин хилофи банди 14-ум -«Асардуздй» (плагиат) махсуб меёбад.

«Х,ангоми ба ма;ола гузоштани сарлавха идораи воситаи ахбори омма, сармухаррир, мухаррир ва журналист бояд чунин меъёрро ба назар гиранд, ки сарлавха ва акси макола бояд ифодакунандаи мундаричаи асосии он бошад. Сарлавхаи нодуруст ва тасвири ночо боиси озурдагии хотири кахрамонони макола ва дар нихояти кор таъкиботи судии журналистон мегардад» (4,12).

Бар иловаи ин сарлавхди ма;ола - «Дузанахо Хучанданда» бо лахчаву шеваи шимоли Точикистон гузошта шудааст, ки бо мавзуи асосии мавод робита надорад, фа;ат як навъ валвалагуи ва хангоматалабии муаллифи он асту халос. Гузашта аз ин ба ин тари; баргузидани сарлавха як навъ тах;ири барандагони шеваи шимоли Точикистон аст, ки ба ягон меъёрхои ахло;и инсонй ва касбй созгор нест.

Хдфтаномаи «Неруи сухан» (6) бо номи «Юлдуз - ситораи Сугд» зери гушаи «Мулохиза» маводе дарч намуда буд. Муаллифи мавод Набиюллохи Суннатй дар бораи маънию оханги сурудхои хофизон ибрози андеша кардааст. Дар огоз аз чамъбасти «Суруди сол» ва ба шахри Хучанд омадани хофизаи номии Узбекистан Юлдуз Усмонова сухан меравад. Муаллиф хофизони дохили кишварро бо хофизони бурунмарзй киёс кардааст, аммо дар бораи ин, на хамеша одоби касбиро риоя намудааст. Якчанд чумлаи аз доираи одоби журналистй берунро мисол меорем: «...Масалан, Райуонаи Хуцандй, ки худро чун Бритни Спирз нимурёну шауватангез нишон дода, гоу ба шодравон Наргис Бандишоева тацлиди бецо мекунад...». Боз поёнтар дар хакки Райхона чунин навишта: «... ба фикрам, аз ин суруд ваццоси цурбоцца беутар аст. Чунки табиист...» (6).

Дар зимни ин чумлахо тах;ири руирости хофиза аён буда, муаллиф аз руи эхсос ва бардошти шахсй ибрози назар кардааст.

Поёнтари макола дар хусуси гурухи «Икбол» бошад, муаллиф чунин гуфтааст: «...Хонандаи арцманд, худ хулоса барор, ки замбуруги «Соли эстрада» чй гуфта истодааст...» (6).

Дар бораи сароянда Сухроб Отаев чунин менигорад: «Сууроб Отаев, ки худро уамеша муцаллиди Мистер Кредо мегирад, мисли тарошаи аз бом афтида бонг мезанад. На вазн, на мазмуни воло, фацат аробаи холиро ба чор тараф тозондан».

Муаллиф ба сарояндагон чунин тавсия медихад: «.Аз баури тору гитор бароед, ба китф каланд гирифта, мардона ба мардикорбозор ё киштзор равед, бештар фоида меорад. Бахтиёру Аумад (Исфарагй), ки хеле мусицидузди моуир ва муцаллиди бузурганд, «Боло»-е, ки цуз номи боло чизе недорад, «Арш»-е, ки бо ин мауорати паст сазовори фарш аст, «Пайрав-А»-е, ки гайри пайравй навоварие надорад. «Фариз»-е, ки дар як суруд 248 бор «Эй дил» мегуяд, низ аз зумраи харобкорони санъати миллианд» (6).

Муаллиф бо лафзи кабех дар бораи ашхоси фархангй беибо менависад ва иборахоеро меорад, ки як навъ оханги тах;ир доранд. Масалан, дар мавод вожахои «нимурён», «шахватангез», «занбуруг» ки маънои манфии тахкиромезу масхара доранд истифода шудааст, ки ба иззати нафси сарояндагон мерасад.

Калимаи «мусикидузд» бошад, мувофики «Меъёрхои ахлокии фаъолияти журналистй дар Точикистон» - «тухмат» махсуб меёбад. Муаллифи мавод мебоист «мусикидузди мохир» будани Бахтиёру Ахмадро бо овардани чанд мисол ё аснод асоснок мекард.

Муаллиф аз санъати киноя, масалу макол низ истифода кардааст. Масалан, «тарошаи аз бом афтода» ё ки иборахои кинояомези «махорати паст доштан» ва «сазовори фарш будан» ва «харобкори санъати миллй»- ро кайд кардан мумкин аст, ки як навъ мазоху тамасхур аст.

Х,амин тавр, муаллиф дар мавод обрую эътибори хофизонро паст задааст. Дар маколаи мазкур унсурхои тухмат ва тахкирро дидан мумкин аст. Инчо банди 7-уми «Меъёрхои ахлокии фаъолияти журналистй дар Точикистон» вайрон шудааст. Дар ин банд чунин омадааст: «Паст задани шаъну шараф ва эътибори шахс бо алфози кабех, калимаю иборахои тахкиромез ва аксу тасвири номуносиб, хамчунин тухмат ва ситоиши нобарчо хилофи одоби касбии журналист аст» (4, 21).

Чунин масъала, яъне беадабона паст задани обрую эътибори шахс дар китоби «Журналистика дар Точикистон» чунин шарх ёфтааст: «Шакли беадабонаи бадномкунии чабрдида маънои онро дорад, ки ба шахсияти у бешармона, аз руи он тарзи муомилае, ки хилофи одоби чамъиятй мебошад, бахо дода мешавад. Ин, пеш аз хама, алфози кабех, мукоиса кардан бо персонажхои маъмули таърихй ва адабй мебошад» (1,126).

Ё мисоли дигарро, ки риояи хамин банди меъёрро халалдор мекунад, дида мебароем:

Дар хафтаномаи «Х,амсояхо» (7) маводе бо номи «ХАНД-ин - КАМОН» дарч шудааст. Муаллифони ин мавод Дилошуб Тохириён ва Назокати Иброхим буда, дар бораи хунари хачвнигорони вилояти Сугд ибрози назар намудаанд. Дар аввали мавод чунин омадааст:

«Сулаймон мард аст ё ... муру муру муру кай мур». Ханда %ам доруст, инсонро табобат мекунад. Ин гуфта%о то кадом андоза дуруст аст.

Баромади %ацвнигоронро мебиниву мешунавй, го% хандаат меояд, го% нафрат. На %амаи %унармандон бо %унари хеш механдонанд. Хунари ощо на касбист, балки як навъ муцаллидкорй мебошад.

«Магар ин аз руи одоб аст, ки либоси занро мард ба бар кунад? Бо ин кор ин защоро масхара карданймешаванд ё...»

Баъдан муаллифон истифодаи лахчаро дар барномахои «Хандинкамон» зери тазиёнаи танкид гирифтанд. Дар охири мавод чунин омадааст: «Хандинкамон дустдоштаи мардум ва «Хандакамон» мубаддал гаштаву гащои адабй ва %азл%ои намакин бо ла%ца%ои кучагй цои хешро иваз хо%ад кард. Сулаймонро бо либоси мардонаи зебди%андаи са%на хо%ем дид» (7).

Ин иктибос дар бораи дур аз одоби касби журналист будан боз аз нигохи забон ва услуб вайрон аст, ки он аз гайрихирфавй будани муаллифон гувохй медихад.

Аз тарафи журналистон ва ё воситаи ахбори омма паст задани шаъну шараф ва эътибори шахс бо алфози ;абех ва калимаю иборахои тах;иромез на танхо боиси вайрон гардидани одоби касбй, балки хилофи талаботи ;онун мебошад, ки мутобики он шахрванд хукук дорад ба воситаи суд раддияи маълумотхоеро, ки обруи эътибор ё шарафи хизматии уро паст задаанд, талаб намояд, агар шахси чунин маълумотро пахнкарда ба хакикат мувофик будани онхоро исбот накунад.

Зимни ин омузиш ва тахлил метавон натичагирй кард, ки истеъдод ва махорати журналист хамон вакт арзиши ба худ хос пайдо мекунад, ки агар у рафтору гуфтори намунавй дошта, аз меъёрхои ахлокии фаъолияти журналистй бархурдор бошад, зеро ин рафтору кирдори журналистро ба низом дароварда, ба фаъолияти эчодиаш таъсир мекунад ва бо чомеа дар тамос ва хамоханг буданро таъмин менамояд.

Корманди ВАО дар сурате сазовори эхтирому эътикоду эътимоди хонанда, шунаванда ва тамошобин мегардад, ки агар махсули ранчи эчоди у ифодакунандаи муаммохои дар чомеа чойдошта бошад, баёни ин мушкилот бегараз ва бидуни вайрон кардани одоби журналистй чараён гирад. Албатта вазифаи журналистика дар объективона инъикос кардани хаёти во;ей, ки дар асоси омухтани ;онунхои чамъият ба ву;уъ мепайвандад, зохир мегардад. Лекин инъикоси объективона бояд дар доираи риояи ахло;и журналистй сурат гирад. Во;еан, меъёрхои ахло;й хусусияти тавсиявй доранд ва барои риоя нашудани онхо чазои ;онунй пешбинй нашудааст. Аммо чавобгариро дар назди чомеа ва вичдон, барои вайрон шудани ахло;и чомеа касе аз байн набурдааст.

Хдмин тавр масъалаи риояи ахло;и касбии журналистй дар воситахои ахбори чопй масъалаи доги чомеаи журналистй бо;й мемонад, ки ислохи он аз андешидани мачмуи тадбирхои судманд вобаста аст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Журналистика дар Точикистон. - Душанбе, 2006, - 136 с.

2. Журналистикаи байналхалкй - Душанбе, 2014, - 142 с. VI4

3. Икромов, Э. Дузанахо Хучанданда / Э. Икромов // СССР. - 2008. - 4 декабр.

4. Иноятов И. Тафсири «Меъёрх,ои ахлокии фаъолияти журналиста дар Точикистон» / И. Иноятов, Н. ^аршибоев. - Душанбе, 2011. - 40 с.

5. Сохдб, X,. Ришваситонии афсари хадамоти тиббии госпитали Чкаловск / X,. Сохдб// Нигох,. - 2009. -30 сентябр.

6. Суннатй, Н. Юлдуз - ситораи Сугд / Н. Суннатй // Неруи сухан.- 2004. - №24.

7. Тохириён, Д. ХАНД-ин-КАМОН / Д. Тохдриён, Н. Иброхдм // Хамсоях,о.-2008.- №8.

8. Усмонов И.К. Шархд «Меъёрх,ои ахлокии фаъолияти журналистй дар Точикистон» / И.К.Усмонов. - Душанбе, 2011. - 64 с.

REFERENCES:

1. Journalism in Tajikistan. - Dushanbe, 2006 - 136 p.

2. International journalism №VI. - Dushanbe, 2014 -142 p.

3. Ikromov, E. Bigamists in Khujand/ Ikromov E // "SSSR" (weekly newspaper). - 2008 - December 4.

4. Inoyatov I. Comments to "Ethical standards of journalism in Tajikistan". / I. Inoyatov, N. Karshiboev. - Dushanbe, 2011. - 40p.

5. Sokhib, Kh. Bribery of officer of Chkalovsks military hospital / Sokhib Kh. - Nigoh (weekly newspaper). - 2009 - September 30.

6. Sunnat , N. Yulduz - Sogds star / N. Sunnat // Power of the Word .- 2004 - №24.

7. Tohiriyon D/ Khandinkamon (television broadcast program) / D. Tohiriyon, N. Ibrohim // Хамсояхо (Neighbours).-2008- №8.

8. Comments to Usmanov I. "Ethical standards of journalism in Tajikistan." / I.K.Usmonov // -Dushanbe, 2011. - 64 р.

Истинные ценности этических норм и профессиональной этики в современной таджикской журналистике

Ключевые слова: журналист, СМИ, профессиональная этика журналиста, этические нормы, честь и достоинство, профессиональная солидарность, совесть

В статье рассмотрены и исследованы проблемы соблюдения норм профессиональной этики. Вопрос соблюдения профессиональной этики в современной журналистике является одной из первостепенных задач.

В связи с тем, что в последнее время в большинстве материалов СМИ наблюдается игнорирование норм профессиональной этики, определение истоков и основ данного явления, изучение и исследование аспектов, связанных с этикой в журналистике, является актуальным. На основании материалов государственных и частных изданий рассмотрен именно данный аспект, где автор, опираясь на материалы научных и публицистических источников и нормативных актов, связанных с этикой, сделала несколько примечательных выводов.

The true values of ethics and professional ethics in the modern Tajik journalism

Keywords: journalist, media, professional journalist etnics, professional etnics, honor and dignity , professional soledarnost, conscience.

The article describes the ethics standards of professional journalism. It should be noted that the theme of contemporary journalism ethic is considered as one of the first grade theme, because in the majority of press issues, regardless of journalism ethic standards you can observe that determining its origin and educational research related to ethic in journalism is very useful and important.

In this article the same question related private and state press materials has been researched and the author has reached to an interesting results in regard to scientific and general sources, etnic and standards relate to journalism.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Бобцонова Мутриба Султоновна, унвонцуи кафедраи журналистика ва назарияи тарцумаи Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Гафуров (Чумуурии Тоцикистон, ш. Хуцанд), Е- mail: mbobojonova1987@mail.ru

Сведения об авторе:

Бободжонова Мутриба Султоновна, соискатель кафедры журналистки и теории перевода Худжандского государственного университета имени академика Б. Гафурова(Республика Таджикистан, г. Худжанд), Е- mail: mbobojonova1987@mail.ru

Information about the author:

Bobojanova Mutriba Sultanovna, a Resercher the Department of journalism and translation theore Khujand State University named after academician B. Gafurov ( Republic of Tajikistan, Khujand), Е- mail: mbobojonova1987@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.