Научная статья на тему 'THE WAYS OF REALIZATION OF DIFFERENTIATION TEACHING IN THE PRIMARY CLASSES'

THE WAYS OF REALIZATION OF DIFFERENTIATION TEACHING IN THE PRIMARY CLASSES Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
48
8
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
УРОВНЕВАЯ ДИФФЕРЕНЦИАЦИЯ / ИНДИВИДУАЛЬНАЯ КАРТОЧКА / ЭТАПЫ УРОКА

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Зубайдов У.З., Джалилова М.Н.

В статье рассматривается сущность понятия дифференцированного обучения, её основные виды, опыт передовых стран по применению этой технологии в условиях начальных школ. Раскрыта цель уровневой дифференциации, определены способы дифференциации и реализации дифференцированного обучения на различных этапах урока в начальных классах.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ПУТИ РЕАЛИЗАЦИИ ДИФФЕРЕНЦИРОВАННОГО ОБУЧЕНИЯ В НАЧАЛЬНЫХ КЛАССАХ

The article deals with the essence of concept of differential teaching and it’s main views, experience of different countries according to this technology in the condition of primary schools. The ways of the level of differential is disclosed as well. The ways of differential and realization of differentiation teaching on the different stages of lesson in the primary classes were also determined in this article.

Текст научной работы на тему «THE WAYS OF REALIZATION OF DIFFERENTIATION TEACHING IN THE PRIMARY CLASSES»

ИЛМ^ОИ ПЕДАГОГИКИ (ПЕДАГОГИЧЕСКИЕ НАУКИ)

РО^ОИ ИСТИФОДАБАРИИ ТАЪЛИМИ ТАФРИЦАВИ ДАР

СИНФ^ОИ ИБТИДОИ

Зубайдов У. З., Цалилова М. Н.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни

Дангоми ба рох мондани корхои таълимию тарбиявй дар мактаби ибтидой омузгор на танхо бо хонандагони алохида, балки бо коллективи хонандагони синф муносибати фардию психологиро баркарор мекунад, зеро хар як хонанда аз хонандаи дигари синф бо хусусиятхои такрорнашавандаи фардию психологии худ фарк мекунад. Аз ин ру, зарурат ба миён меояд, ки хангоми фаъолияти хеш омузгор бояд муносибати фардию психологиро бо хар як хонанда ва коллективи синф дуруст ба рох монда тавонад ва дар ин холат у метавонад сифати кори таълиму тарбияро баланд бардорад. Омузиш ва дуруст муайян кардани хусусиятхои фардию психологии хар як хонанда ба муаллим имконият фарохам меоварад, ки бо хислатхои мизоч, кобилияту истеъдод, шавку хавас, талабот, хохишу маром, хиссиёту ирода ва сатхи инкишофи равандхои маърифатии хар як хонанда аз наздик шинос гардад ва минбаъд дар таълим, тарбия ва инкишофи онхо сари вакт чорахои судбахши психологию педагогй андешад.

Имруз масъалаи кобилият, истеъдод, лаёкат, хусусиятхои инфиродй, имконият ва роххои ташхису инкишофи он диккати равоншиносон, педагогхо ва омузгорони пешкадаму навоварро ба худ чалб намудааст. Махз хамин гурухи олимони сохаи равоншиносй, педагогика ва омузгорон бар он акидаанд, ки танхо истифодаи таълими тафрика ва фардикунонии таълим дар тадриси фанхо имконият фарохам меоварад, ки хусусиятхои фардию психологй ва табиии хонанда ба хисоб гирифта шавад.

Тафрика хамвожаи калимаи русии «дифференциация» (аз забонхои фаронсавй differentiation ва лотинй differentia - гуногун, фаркият) буда, маънои якхелаи чудо кардан, таксим кардани кисми бутун ба кисматхои гуногун, шаклхо ва зинахоро доранд [7, с. 397]. Дар зери мафхуми тафрикакунонй бошад, ба кисмхо чудо кардан, фарк кардани чизи алохида, омузиши ягон чизро мефахманд [8, с. 168]. Дар «Энсиклопедияи педагогй» дар зери мафхуми таълими тафрика омадааст, ки он ба мактабхои хамагонй мувофик гардонида шудааст, чудо кардани накшахо ва барномахои таълимй дар синфхои болоии мактабхои умумиро мефахмонад. Таълими тафрика имконияти интихоби касб ва сохаи донишро вобаста ба шавку хохиш ва кобилияти хонандагон кушода медихад, шароити мувофикро барои дар онхо инкишоф ёфтани шавки устуворро ба машгулиятхо ва фанхои равиявии ихтисоси интихобнамуда ба миён меорад, имконияти инкишофи чукур ва мустахками шавкро ба илм ва техника фарохам оварда, шароитро барои муайян кардани хонандагони кобилиятнок ва ташкили кори системанокро бо онхо ба вучуд меоварад [6, с. 760].

Тахлилхо нишон медиханд, ки дар сарчашмахои муосири педагогй вобаста ба фаркият истилоххои «таълими тафрика», «муносибати тафрикавй», «тафрикаи сатхй», «муносибати фардй» ва «фардикунонии таълим» васеъ истифода бурда мешавад. Вобаста ба хамин олимони соха кушишхои зиёде ба харч додаанд, ки мафхуми «таълими тафрикавй»-ро тафсир диханд.

Чунончи, олимони рус, масалан И. Унт пешниход менамояд, «тафрика ин бахисобгирии хусусиятхои фардй дар хамон шакле мебошад, ки агар хонандагон дар асоси ягон хусусиятхояшон барои омузиши алохида гурухбандй карда шаванд [9, с. 8]. В. М. Монахов, В. А. Орлов ва В. В. Фирсов бошанд, дар зери мафхуми тафрика чунин шакли ташкили чараёни таълимиеро мефахманд, ки «дар он хар як хонанда як кисми тайёрии умумии таълимиеро аз худ намудааст ва он дорои ахамияти умумй буда, имконияти мувофиккунониро дар шароити доимотагирёбанда таъмин месозад, хукук пайдо мекунад ва имконияти кафолатнокро сохиб мегардад, то ки диккати асосиашро ба хамон самте равона созад, ки ба дарачаи шавку хаваси у чавоб дода тавонад» [5]. Г. А. Кувшинова бошад, кайд кардааст, ки «таълими тафрикавй ба методология, талабот ва нишондодхои инсонгароии (гуманизатсия) маълумот чавоб медихад, зеро дар он хамчун меъёр ба назар нагирифтани хонандаи миёнахон дида шуда,

баxисобгиpии хyсyсиятxои шахсй даp чаpаёни таълиму таpбия ва пешбинии инкишофи y ва сохтани баpномаxои заpypй баpои ин ба назаp гиpифта мешавад» [3, с. 11-12].

Даp ин pадиф олимони соxаи педагогикаи точик низ нуктаи назаpи хyдpо ибpоз намyдаанд. Масалан М. Лyтфyллоев кайд мекyнад, ки «таълими тафpика гуфта даp асоси кобилият, лаёкат, дониш, пешpафт, имконият ва шавку xаваси бачаxо ба pоx мондани тадpисpо гуянд» [4, с. 137]. У. З. Зyбайдов таъкид намyдааст, ки «таълими тафpика ба кобилият ва истеъдоди шахс такя каpда, шаpоит фаpоxам меоpад, ки онxо аз имкониятxои табий ва шахсии худ истифода баpанд. Ин шакли омузиш кабл аз xама даp асоси талаботи xаматаpафаи кобилияту истеъдодxо ба даст меояд. Таълими тафpика баpои интихоби касб ва таpбияи мутахассисони ваpзида шаpоити зеxнй ва pyxï мyxайё месозад» [2, с. б].

Бояд зи^ каpд, ки вобаста ба дигаpгyнсозиxои сохти чамъиятй даp ибтидои солxои 90-уми асpи XX низоми маоpифи Ч,yмxypии Точикистон, бахусус мактабxои таxсилоти миёнаи умумй низ навгонй ва таFЙиpотxои мyxимpо такозо мекаpд. Хдмин буд, ки соли 1994 даp Пажyxишгоxи pyшди маоpифи Академияи таxсилоти Точикистон (собик Институти таxкикотии илмxои педагогй) лабоpатоpияи таълими тафpика ва xамгиpо таъсис дода шуд. Максади он асоснок каpдани таълими тафpика аз нигоxи назаpй, пешниxод намудани накшаxои тафpикавии таълим ва татбики амалии онxо буд. Таxкикоти олимони муассисаи мазкyp pавшан сохт, ки паст pафтани сатxи дониши амалию назаpиявии хонандагон даp таълими фанxо набуда, балки ба эътибоp нагиpифтани кобилият ва шавку pаFбати хонандагон ба таълим ва фан аст.

Вобаста ба ичpои самтxои асосии таълими тафpика, накшаxои таълимии гунонгуннусха пешниxод гаpдиданд. Баъдтаp мутахассисони Пажyxишгоxи pyшди маоpиф даp xамкоpй бо устодони мактабxои олй баpномаxои таълимй мypаттаб намуда, вобаста ба ин маколаву pисолаxои илмии донишмандони соxа М. Лутфуллоев, Ф. Шаpифзода, С. Ёкубов, Н. Бозpикова, У. Зубайдов, С. Алимов, А. Хyшназаpова ва Д. Саидамадова ва дигаpон pyи коp омаданд.

Чунон ки таxлилxои тадкикотxои олимони хоpичию ватанй (Б. Г. Ананев,

B. П. Беспалко, И. Д. Бутузов, А. А. Киpсанов, А. Н. Конев, А. Н.Леонтев, Б. Ф. Ломов, Г. И. Шукина, С. Д. Шевченко, И. Э. Унт, У. З. Зубайдов, М. Лутфуллоев,

C. Ш. Алимов, Д. Л. Сайдамадова ва дигаpон) нишон медщанд, таълими тафpика ташхиси доимии шахсияти хонанда, фаъолияти мактаб, гyзаpиш аз маълумоти умумй ба маълумоти амику инфиpодии хонандагон, инкишофи мазмуни он ва шакга,ои ташкилии коpкаpди нyсхаxои накшаxои таълим, баpномаю китобxои даpсии гyногyндаpачаpо такозо мекунад.

Пеш аз xама таълими тафpика даp ташкил ва сохтоpи мактаби мyосиp таFЙиpотxои сифатй воpид сохта, онpо ба даpхостxои чомеа, талаботи pyxï ва маънавии шогиpдон мувофик хоxад каpд. Яъне чомеа баpои конеъ намудани талаботи ис^^лот, илм ва фаpxангy маънавиёт шаpоитxои мусоид фаpоxам оваpда, насли навpасpо даp мактабxои типи нав, синфxои тамоюлй мувофики кобилият ва истеъдодxо ба таxсил бояд фаpо гиpонад.

Таълими тафpика ба кобилият ва истеъдоди шахсият такя каpда, шаpоити мусоид фаpоxам меоpад, то ки онxо аз имкониятxои табий ва шахсии худ истифода бypда тавонанд. Ин шакли омузиш, кабл аз xама, ба талаботи xаматаpафаи кобилияти истеъдодxо ба даст меояд. Таълими тафpика баpои интихоби касб ва таpбияи мутахассисони ваpзида низ шаpоити аклй ва pyxï фаpоxам меоваpад.

Таълими тафpика имконият медщад, ки даp шаpоити имpyзаи pyшди мактаби миллй аз дастоваpдxои илми ниёгон ва yмyмибашаpй мувофики максад ва манфиатxои чомеаи Точикистон васеътаp истифода бypда шавад, мазмуни таxсилот ба стандаpти yмyмибашаpии таxсилот мутобик гаpдад.

Яке аз шаpтxои мyxими xалли пpоблемаxои мавчудаи таълими тафpика ин омузиши тачpибаи дигаpон, аз чумла мамлакатxои пешpафтаи Fаpбy Шаpк, мебошад.

Таxлили адабиётxои педагогй нишон медщанд, ки таълими тафpика даp аксаpи кишваpxои Fаpб пpинсипи асосии такмили мактабxои xамагонй ба шyмоp меpаванд ва ин таpзи таълим даp ин чо даp давоми солxои зиёде татбик гаpдида, якpанг нестанд. Инчунин назаpияxои баpои максадxои мазкyp чалбшаванда ва мyносибатxои амалие, ки истифода мегаpданд, баъзе аломатxои yмyмиpо ба мисли баxисобгиpй ва инкишофи пyppаи имконоти инфиpодии хонандагон доpанд.

Тафpика каpдани хонандагон даp мамлакатxои пешpафтаи чаxон (Иёлоти Myттаxидаи Амpико, Олмон, Фаpонса, Канада, Ч,опон, Инглистон) xанyз аз синфxои ибтидой OFOЗ мегаpдад, ки моxияти он ба таpики мyхтасаp чунин аст:

- даp синфи I xама баpобаp мехонанд ва навиштанpо меомузанд ва охиpи соли таxсил аз онxо имтщон мегиpанд ва вобаста ба натичаxои ба даст оваpда онxоpо ба се Typyx чудо мекунанд;

- даp синфи II хонандагони ба гypyxxо чудо шуда, даp синфxои - 2«а» (4 ва 5 -хощо), 2<<б» (4 ва 3 - хощо) ва 2«в» (3 ва 2 - хощо) таxсилpо идома медиxанд [4, с. 137];

- даp синфи III тавассути тест дониш, кобилият, имконият ва шавку xаваси хонандагон такмил меёбад;

- даp синфи IV таълими забони модаpй ва аpифметика амиктаp амалй мешавад [2, с. 111].

Чуноне ки дида мешавад, таълими тафpикавиpо новобаста ба синну сол даp синфxои гуногун ташкил намудан мумкин будааст. Аз чумла даp мактаби ибтидой, ки он мyxимтаpин давpаеpо даp баp мегиpад, ки ба он инкишофи синнусолй ва баpкаpоpшавии шахсияти хонандагон pост меояд. Вале бояд кайд сохт, ки ташкили ин rap ниxоят пypмашаккат буда, аз омyзгоp заxмат, xавсала ва тайёpии зиёдеpо талаб менамояд.

Вобаста ба xамин ду намуди тафpикаpо чудо менамоянд: сатxй (дохила) ва pавиявй ^pyra). Тачpибаxои солxои охиp нишон медщанд, ки ташкил каpдани тафpикаи дохилисинфй даp мактаби ибтидой, яке аз pоxxои асосии фаpдикyнонии таълим аст. Вобаста ба xамин тафpикаи сатxй (дохилисинфй, дохилигypyxй) бо он ифода мегаpдад, ки ташкили восита, шакл ва методxои омузиш бо баxисобгиpии хyсyсиятxои фаpдии кудакон даp асоси чудо каpдани даpачаxои гуногуни азхудкунии дониш xангоми аз таpафи xамаи хонандагон азбаpнамоии даpачаи тайёpии базавии xатмй мегyзаpад [10, с. 68].

Яке аз максадxои тафpикаи сатxй даp pаванди коp ин ба накшагиpии натичаxои омузиш мебошад, ки он имконият медщад натичаxои ягонаи омyзишpо ба xисоб нагиpанд, балки онxоpо вобаста ба имконият, баpои xаp як хонанда фаpдй муайян намоянд [1, с. 16]. Мумкин аст, ки тафpикаи сатxй xангоми баxисобгиpии хyсyсиятxои фаpдии хонандагон даp шакли анъанавй низ ичpо шавад.

Тафpикаи сатxй имконият медиxад, ки омyзгоp xам бо хонандаи алоxида ва xам бо гypyx ^p кунад, даp ин xолат коллективи кудакон нигоx дошта мешавад, зеpо даp он инкишофи шахсият мегyзаpад.

Хyсyсиятxои асосии тафpикаи сатxй ищоянд: талаботxои кушода додани имконият ба хонандагон, интихоб намудани азхудкунии мавод, гузаштан аз як сатx ба сатxи дигаp ва Fайpаxо.

Системаи коpи омyзгоpи синфи ибтидой аз pyйи ин технология якчанд даpачаxоpо даp баp мегиpад: муайян каpдани кафомонй; баpxам додани ин кафомонщо; баpтаpаф каpдани сабабxои аз худ накаpдан; ташаккули шавку pаFбат ба омузиш; тафpика каpдани (бо сатxи мypаккабй) масъалаxои таълим ва баxо додан ба фаъолияти хонанда.

Бо максади истифодаи технологияи гyногyнсатxии таълим омyзгоpон бояд ташхиси чаpаёнxои даpккyнии xаp як хонандаpо даp давоми тамоми давpаи омузиш даp мактаб гyзаpонанд ва вобаста ба натичаxои ташхиси гyзаpонида синфpо ба чунин сатxxо чудо намояд:

ГypУxи 1. Ба ин ^pyx хонандагоне дохил мешаванд, ки кобилияти баланди омузишй, нишондиxандаxои баланди азхyдкyниpо аз фащои муайян доpанд ва хуб ^p каpда метавонанд. Онxо диккат ва хотиpаи yстyвоp доpанд. Дангоми омузиш чамъбаст каpда, хулоса баpоваpда, маводи таълимиpо бомуваффакият аз худ менамоянд. Захиpаи лyFавии зиёдеpо доpоанд.

ГypУxи 2. Ба ин гypyx хонандагоне дохил мешаванд, ки кобилият, нишондиxандаxои омузишй, коpшоямй, зеxнй ва шавки миёна доpанд. Аз чиxати хyсyсиятxои психикии беpyна саpосемаанд, бедиккатанд ва тасаввypоти хуб надоpанд. Баpои чунин кудакон сyпоpишxо баpои чамъбаст каpда, хулоса баpоваpдан мушкил аст, чунки даpачаи фикppонии таxлилиашон пасттаp мебошад.

Гypyxи 3. Ба ин гypyx хонандагоне шомиланд, ки кобилияти омузишй, шавки даpккyнй, нишондиxандаxои азхудкунии паст доpанд, тез монда мешаванд, пpоблемаxои зиёде даp азхудкунии дониш доpанд, сyпоpишxоpо ба эътибоp намегиpанд. Ощо ба гypyxи сyстхонxо мансубанд.

Барои ташкили раванди таълими тафрикаи сатхй синф ба се гурух таксим карда мешавад (шумора ва хайати гурух метавонад иваз шавад). Дар гурух 6 - 7 нафар дар дилхох дарс бо муаллим аз 7 то 10 дакика (ин муддат барои кори самаранок мувофик аст) кор мекунанд. Дар муддати 45 дакика хар гурух (инчунин хар кудак) имконияти бо муаллим кор карданро, пайдо менамояд.

Омузгор дар ин холат метавонад диккати худро ба хамаи гурух ва аъзоёни он равона созад. Дар холати бо як гурух кор кардани омузгор ду гурухи дигар метавонанд мустакилона кор кунанд ва ё ба корбарии муаллим бо онхо омода шаванд. Дар чунин тарзи корбарй вакт сарфа мешавад, хусусияти пешниходи маводи навро гуногун менамояд, суръати азхудкунй, микдори вазифа, суръати кор душворй намеорад. Ташкили чунин дарсхо ба инкишофи малакахои кори мустакилона равона гардида, барои хонандагоне, ки ба ёрии омузгор бештар ниёз доранд, имконият фарохам меорад.

Таълими тафрикавии гуногунсатхро дар хамаи даврахои чараёни таълим истифода бурдан мумкин аст: омузиши маводи нав; вазифаи хонагии тафрикавй; бахисобгирии дониш дар дарс; санчиши азхудкунии маводи гузашта; ташкили кор бо галатхо; мустахкамкунии дарс.

Омузиши мавзуи нав:

- ба назар гирифтани кобилиятхои азхудкунии хонандагон. Баъзе хонандагон ба супоришхои нисбатан осон ниёз доранд. Гурухи дигар имкон дорад, ки омузиши маводи навро дар вобастагй бо донишхои каблй ба рох монанд;

- хангоми омузиши мавзуи нав ба эътибор гирифтани махоратхои таълимй ва кобилиятхои фикрй низ зарур аст. Чунин тарзи кор барои муайян кардани талаботи хонанда ва конеъ кардани он зарур мебошад;

- дар пешниходи мавзуи нав ба назар гирифтани кобилиятхои зехнй ва вобаста ба он истифода намудани ангезандахои гуногун накши мухим дошта ва барои дарку фахм ва мустахкамкунй кумак менамояд.

Мустахкамкунй:

- муносибати тафрикавй хангоми мустахкамкунй ва истифодаи донишхо накши мухим дорад. Хонандагон ба мустахкамкунй бо супоришхои сатхи гуногун ва гуногунмикдор эхтиёч доранд;

- хангоми ичрои вазифахои таълимии ин давра азхудкунии донишхои назариявй чанбаи амалй мегирад. Омузгор ба он кушиш ба харч бояд дихад, ки сатхи супоришхо гуногун бошанд, ба мисли супоришхои гуногун вобаста ба сатхи хатмй; супоришхо барои пешгирии галатхои маъмулии хонандагон; супоришхои нисбатан мураккаб барои хонандагони кобилияташон хуб.

Вазифаи хонаги:

- супоришхои иловагй барои хонандагон;

- тахияи супоришхои махсус барои хонандагони гуногунзехн (супоришхои тафрикавй);

- шарх ва мазмуни вазифа.

Хонандагонро омухта омузгор шаклхои гуногуни пешниходи вазифаи хонагиро тахия месозад. Дар синфе, ки хонандагон тайёрии пухта доранд ва ё ба хонандагони кобилиятнок эълони мавзуъ ва раками вазифа кифоя аст. Аммо барои хонандагони кобилияти миёна ва сустдошта барои тайёрии вазифаи хонагй роххои гуногуни ёрй расонидан вучуд дорад.

Адабиёт:

1. Дорофеев Г. В. Дифференциация в обучении математике // Математика в школе. - 1990. -

№ 24. - С. 15-21.

2. Зубайдов У. З. Таълими тафрика ва мактаби муосир. - Душанбе, 2013. - 304 с.

3. Кувшинова Г. А. Дифференциация обучения в отечественной педагогике (1946-1991гг.):

автореф. дис. канд. пед. наук. - Владикавказ, 2006.

4. Лутфуллоев М. Дарс. - Душанбе, 1995. -192 с.

5. Монахов В. М., Орлов В. А., Фирсов В. В. Дифференциация обучения в средней школе //

Сов. педагогика. - 1990. - № 8. - С. 42-47.

6. Педагогическая энциклопедия. - М.: Советская энциклопедия, 1964. - 832 с.

7. Советский энциклопедический словарь / Главн. ред. А. М. Прохоров. Издание третье. -

М.: Советская энциклопедия, 1984. - 1600 с.

8. Толковый словарь русского языка / Сост. С. И. Ожегов, Н. Ю. Шведова. - М.: Изд.

Азбуковник, 4-изд., 1999. - 944 с.

9. Унт И. Индивидуализация и дифференциация обучения. - М.: Педагогика, 1990. - 192 с.

10. Уровневая дифференциация обучения. Из опыта работы. Выпуск 2 / Сост. О. Б. Логинова. - М.: Образование для всех, 1994. - 125 с.

ПУТИ РЕАЛИЗАЦИИ ДИФФЕРЕНЦИРОВАННОГО ОБУЧЕНИЯ В НАЧАЛЬНЫХ КЛАССАХ

В статье рассматривается сущность понятия дифференцированного обучения, её основные виды, опыт передовых стран по применению этой технологии в условиях начальных школ. Раскрыта цель уровневой дифференциации, определены способы дифференциации и реализации дифференцированного обучения на различных этапах урока в начальных классах.

Ключевые слова: дифференцированное обучение, уровневая дифференциация, индивидуальная карточка, этапы урока, распределение учащихся.

THE WAYS OF REALIZATION OF DIFFERENTIATION TEACHING IN THE PRIMARY CLASSES The article deals with the essence of concept of differential teaching and it's main views, experience of different countries according to this technology in the condition of primary schools. The ways of the level of differential is disclosed as well. The ways of differential and realization of differentiation teaching on the different stages of lesson in the primary classes were also determined in this article.

Keywords: differentiation of teaching, the level of differential, individual cards, stages of lesson, dividing of pupils.

Сведения об авторах: Зубайдов У. З., д.п.н., профессор, заведующий кафедрой методики преподавания химии Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, e-mail: mseddiq@mail.ru

Джалилова М. Н., старший преподаватель кафедры методики начального образования Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, e-mail: jmavluda@inbox.ru

About authors: Zubaidov U. Z., doctor of pedagogical science, professor, head of chair of methods of chemistry teaching, Tajik State Pedagogical University named after S. Aini

Jalilova M. N., senior teacher of the chair of method of beginner education, Tajik State Pedagogical University named after S. Aini

ПО ЗАКОНАМ КРАСОТЫ: ЭСТЕТИЧЕСКОЕ ВОСПИТАНИЕ КАК ПРИОБЩЕНИЕ К ТВОРЧЕСТВУ И НАЦИОНАЛЬНОЙ КУЛЬТУРЕ

Абдуллаева Р. Х., Базарова С. Ш.

Таджикский государственный педагогический университет имени С. Айни Таджикский государственный институт языков имени С. Улугзода

Важной задачей современной высшей школы является подготовка высокообразованных, эрудированных специалистов с развитым эстетическим вкусом и художественно-эстетическими способностями. ВУЗ должен так формировать сознание будущих специалистов, чтобы они могли осмысливать свой жизненный путь во всей сложности трудовых, эстетических и художественных взаимосвязей. При этом в первую очередь, следует раскрывать эстетику труда и созидания. Необходимо воспитывать у молодёжи убеждение в том, что человек труда прекрасен, а бездельник, лодырь -отвратителен.

ВУЗ не ставит задачу сделать каждого выпускника специалистом в области какого-либо художественного творчества, но воспитывать слушателя, зрителя он обязан. Именно ВУЗ должен научить молодое поколение стремиться к самосовершенствованию, к преобразованию мира по законам красоты. Красота вдохновляет и духовно обогащает человека, способствует ощущению красоты, даёт

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.