Научная статья на тему 'The system of personality-oriented iearning and its role in the formation of cognitive activity of students'

The system of personality-oriented iearning and its role in the formation of cognitive activity of students Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
176
17
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ЛИЧНОСТНО ОРИЕНТИРОВАННОЕ ОБУЧЕНИЕ / ПОЗНАВАТЕЛЬНОСТЬ / ОБУЧЕНИЕ / ВОСПИТАНИЕ / ФОРМИРОВАНИЕ / ДИФФЕРЕНЦИАЦИЯ ОБУЧЕНИЯ / ИНДИВИДУАЛИЗАЦИЯ / ЛИЧНОСТЬ / УЧАЩИЕСЯ / УЧИТЕЛЬ / PERSONAL ORIENTED TRAINING / COGNITION / TRAINING / EDUCATION / FORMATION / DIFFERENTIATION OF TRAINING / INDIVIDUALIZATION / PERSONALITY / STUDENTS / TEACHER / ТАЪЛИМИ ФАРДӣ ДОНИШАЗХУДКУНї / ОМӯЗИШ / ТАРБИЯ / ТАШАККУЛ / ТАФРИќАБАХШИИ ТАЪЛИМ / ФАРДИКУНОНї / ШАХСИЯТ / ХОНАНДА / ОМўЗГОР

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Каримова Д. А., Ахмедова М. А.

В статье рассматривается актуальная проблема современной педагогики-система личностноориентированного обучения, сущность которой составляет индивидуализация и дифференциация обучения и показано их влияние на в формирование познавательной деятельности учащихся. Авторы отмечают, что система личностно-ориентированного обучения, основанная на глубоком знании учителем индивидуальных особенностей личности, духовного мира каждого ученика, способствует достижению единства воспитания и обучения и формированию познавательной деятельности учащихся.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Система личностно-ориентированного обучения и еѐ рольв формировании познавательной деятельности учащихся

The current problem of modern pedagogy is a system of personality-oriented learning, the essence of which is individualization and differentiation of teaching and their influence in the formation of cognitive activity of students is shown. The authors note that the system of personality-based learning, based on the teacher's profound knowledge of the individual characteristics of the personality, the spiritual world of each student, contributes to the achievement of the unity of education and training and the formation of cognitive activity of students.

Текст научной работы на тему «The system of personality-oriented iearning and its role in the formation of cognitive activity of students»

УДК 373.01 ББК 74.202.2

Д.А. КАРИМОВА М.А. АХМЕДОВА

НИЗОМИ ОМУЗИШИ ФАРДЙ ВА НАКЩИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ ДОНИШАЗХУДКУНИИ ХОНАНДАГОН

Бо назардошти тагйирот дар низоми ватании тахсилот метавон гуфт, ки имруз мактаб фарохам овардани шароити мусоидро барои инкишофи мукаммали шахсияти наврас дар маркази фаъолияташ карор дода, он арзишхои маънавии умумибашариро афзал мешуморад, ки ба арзишхои миллй созгоранд ва ба хамин васила дар заминаи демократикунонй ва инсонгарой тачдид меёбад.

Дар шароити муосир зарур аст, ки дар раванди таълиму тарбия маркази диккат аз таълимдихй ба омузиш кучдода шавад, худи омузиш на хамчун интиколи маълумот, балки хамчун воситаи фаъолгардонй ва тахрикбахшии (ба истилохи равоншиносони инсонгаро - «фасилитатсия», яъне дар як вакт тахрик бахшидан ва озод намудан) равандхои омузиши бошуурона ба рох монда шавад.

Дар адабиёти педагогй баробари истилохи «муносибати фардй» истилохи «фардикунонй» ба кор меравад. Муносибати фардй, ба андешаи Е.С.Рабунский, принсипи мухимтарини тарбияву таълим аст, дар холе, ки фардикунонии омузиш - ба таври махсус ташкил намудани раванди таълим дар каринаи муносибати фардй мебошад (6, 15-18).

Дар «Энсиклопедияи педагогй» мафхуми фардикунонй чунин тавсиф ёфтааст: «... ташкили раванди таълим, ки дар он интихоби воситахо, тарзхо, суръати омузиш бо назардошти гуногунии фардии хонандагон, сатхи инкишофи кобилияти онх,о ба омузиш сурат мегирад. Фардикунонии таълим, ки ба донишхои амики омузгор дар бораи хусусиятхои фардии шахсият, дунёи маънавии хар як хонанда асос ёфтааст, барои ноил гардидан ба ягонагии тарбия ва таълим мусоидат мекунад» (5, 201). Ин харгиз чунин маъно надорад, ки хар як хонанда ба таври фардй, новобаста аз дигарон таълим мегирад, харчанд чунин равиши таълим низ имконпазир аст.

И.Э.Унт мафхуми «фардикунонй»-ро чунин тафсир менамояд: «Фардикунонй - дар раванди таълим ба хисоб гирифтани хусусиятхои фардии хонандагон дар тамоми шаклхо ва методхои он, новобаста аз он, ки чй гуна хусусиятхо ва то кадом андоза, ба хисоб гирифта мешаванд» (7, 8). Ин таъриф мохияти мафхуми «фардикунонй»-ро пурратар ифода мекунад, аммо хангоми истифодаи ин мафхум дар назар бояд дошт, ки дар мавриди корбурди амалии он на дар бораи фардикунонии мутлак, балки нисбй сухан меравад. Дар амалияи вокеии мактаб фардикунонй хамеша нисбй мебошад, ки сабабхои зерин дорад: одатан хусусиятхои фардии на хар як хонандаи алохида, балки дар гурухи хонандагон, ки дорои хусусиятхои такрибан хаммонанд мебошанд, ба хисиб гирифта мешаванд; танхо хусусиятхои маълум ё мачмуи онхо ба назар гирифта мешаванд, ва махз хамонхое, ки аз дидгохи омузиш мухимманд (масалан, кобилияти умумии фикрй); дар баробари ин, метавонанд як катор хусусиятхое мавчуд бошанд, ки ба хисоб гирифтани онх,о дар шакли мушаххаси фардикунонй гайриимкон ё хатто на он кадар зарур аст (масалан, хислатхои гуногуни характер ё мизоч); гохе ба назар гирифтани баъзе хислатхо ё холатхо танхо дар мавриде руй медихад, ки агар махз хамин чиз барои хонандаи мазкур мухим аст (масалан, истеъдод дар ягон соха, носозии саломатй); фардикунонй на дар тамоми хачми фаъолияти таълимй, балки лахзавй ё дар ягон навъи кори таълим татбик гардида, бо кори гайрифардй пайваст мешавад (7, 8-9).

Х,амин тарик, фардикунониро аз дидгоххои раванди таълим, мундаричаи тахсилот ва бунёди низоми мактаб баррасй метавон кард. Нахустини ин дидгоххо ба интихоби шаклхо, методхо ва роххои таълим, дувум - ба сохтани накшахо, барномахои таълим, китобхои дарсй ва тартиб додани супоришхои ба хонандагон пешиниходшаванда, севум - ба ташаккули типхои мухталифи мактабхо ва синфхо дахл дорад.

Баррасии мафхумхои «фардикунонй» ва «фардикунонии таълим», ба андешаи мо, имкон медихад, то бигуем, ки фардикунонй мафхуми нисбатан умумитаре мебошад, гарчанде ин ду мафхум дар бисёр мавридхо хамчун муродиф истифода мешаванд. Х,адафхои махсуси фардикунонй инхоянд: такмили донишхо, малакаву махорати хонандагон бо воситахои фардикунонй, мусоидат ба татбики барномахои таълим, баланд бардоштани савияи донишхо, малакаву махорати хар як хонанда дар алохидагй ва ба ин васила, кам кардани кафомонии мутлак ва нисбии у, умку вусъат бахшидани донишхои хонандагон бо назардошти майлу рагбат ва кобилияти махсус; ташаккул ва

инкишоф додани тафаккури мантикй, эчодкорй ва махорат ба мехнати омузиш бо такя ба сатхи инкишофи наздиктарин; тарбияи шахсият ба маънои васеи ин мафхум.

Дар баробари мафхуми «фардикунонй» дар адабиёти педагогй истилохи «тафрика» истифода мешавад. Дар амалия аксаран корбурди истилохи «фардикунонй» ба сифати муродифи истилохи «тафрика» ба назар мерасад. Х,амин тарик, бо айни як маъно дар бораи муносибати фардй ва тафрикавй ба хонандагон дар вакти дарс сухан меронанд.

Таърифи ба таври кофй пурраи таълими тафрикавй аз чониби коллективи муаллифон зери рохбарии М.А.Данилов ва М.Н.Скаткин дар боби «Тафрикаи таълим дар мактаби миёнаи тахсилоти умумй» дода шудааст: «Раванди таълиму тарбияро, ки ба он назардошти фаркияти типии фардии хонандагон хос мебошад, маъмулан тафрикавй меноманд, омузиш дар шароити ин раванд -таълими тафрикавй унвон дорад» (1, 24).

Дар баъзе мактабхо тафрика аз руйи савияи донишхо имкон дорад, яъне аз хонандагони «бокувват» як синф, аз хонандагони «миёнахол» - синфи дигар, аз хонандагони «суст» - синфи севум ташкил мешавад. Чуноне ки тачриба нишон медихад, дар ин маврид чихатхои хам мусбат ва хам манфй буданду хастанд. Ба чихатхои мусбат инхоро мансуб донистан мумкин аст: ба омузгор кор кардан осонтар аст, у метавонад маводеро интихоб намояд, ки ба сатхи донишхои синф мувофик аст; зарурати фардикунонй дар дохили синф кам мебошад; ба кор чалб кардани хонандагони «бокувват» осонтар аст. Чдхдти манфй аз он иборат аст, ки дар хонандагони «бокувват» хдсси бартарй нисбат ба дигарон пайдо мешавад, дар хонандагони «суст» метавонад «мачмуи эхсоси номукаммалии худ» шакл мегирад. Байни хонандагоне, ки аз руйи нишонаи пешрафти нисбатан суст дар як синф муттахид шудаанд, поён рафтани мотиватсияи маърифатй, хамчунин мотиватсияи омузиш низ мушохида мешавад.

Мафхуми тафрика аз чониби В.М.Монахов, В.А.Орлов, В.В.Фирсов (4) ва олими точик, академик У.Зубайдов (2) низ хаматарафа баррасй шудааст. Онхо хадафхои асосии тафрикабахширо аз нуктаи назари равоншиносию педагогй муайян кардаанд: фардикунонии таълим, ки ба фарохам овардани шароити муносиб барои ошкор намудани нишонахои кобилият, инкишофи майлу ратбат ва кобилияти хар як хонанда; аз дидгохи ичтимой - таъсироти хадафмандона ба шаклгирии неруи эчодй, зехнй, касбии чомеа бо максади истифодаи окилонаи имконияти хар як узви чомеа дар муносибатхои мутакобили у бо сотсиум; аз нуктаи назари дидактикй - халли масъалахои ногузири мактаб тарики бунёди низоми нави методии таълими тафрикавии хонандагон, ки ба тахкурсии нави мотиватсионй асос ёфтааст. Муаллифони мазкур тафрикаи дохилй ва берунаро мукаррар кардаанд.

Тафрикаи дохилй ба тарзи гуногун таълим додани бачагонро дар синфи аз руйи аломатхои тасодуфй ташкилшуда тавсиф менамояд. Ин шакл ба назардошти нисбатан пурраи хусусиятхои фардй ва гурухии хонандагон асос ёфтааст. Он дигаргуншавии суръати омузиши мавод, тафрикаи супоришхои таълимиро дар назар дорад. Махсусияти тафрикаи дохилй аз он иборат аст, ки он хам ба хонандагони пешрафташон суст ва хам ба хонандагони боистеъдод нигаронида шудааст.

Тафрикаи беруна дар асоси принсипхои муайян (майлу ратбат, хохиш, кобилият ва натичахои ба даст омада) бунёд кардани гуруххои нисбатан устуворро дар назар дорад, ки дар онхо мундаричаи тахсилот ва талаботи ба хонандагон пешниходшаванда аз хам тафовут доранд. Тафрикаи беруна метавонад ё доираи низоми селективй (катъй), ё дар доираи низоми элективй (яъне интихоби озоди фанхои таълимй дар заминаи ядрои умумй) амалй гардад (4, 43). Дар намуди умумй шаклхои тафрикабахширо дар чадвал нишон додан мумкин аст (чадвали 1).

Тафрикаи таълим, яъне гурухбандии хонандагон дар заминаи хусусиятхои алохидаи онхо барои таълим аз руйи накшахо ва барномахои гуногун ба ташкили гуруххои нисбатан якхела (синфхо, мактабхо) оварда мерасонад. Дар мактаби тахсилоти миёнаи умумй то имруз акида дар бораи ду типи синфхо/мактабхои якхела густариш дорад: 1) онхое, ки асосан дар заминаи кобилияти махсус, майлу ратбат, ниятхои касбй созмон ёфтаанд; 2) онхое, ки дар заминаи сатхи инкишофи тафаккур ва вазъи саломатй. Гурухи аввалро дар навбати худ ба ду навъ таксим кардан мумкин аст: а) онхое, ки аллакай дар отози таълими мактабй ташаккул ёфтаанд (санъати тасвирй ва амалй, забонхои хоричй, мусикй); б) онхое, ки дар синфхои 10-11 ташкил шудаанд. Ин навъ, дар навбати худ, ба ду хел тасниф мешаванд: синфхое, ки дар асоси самти тарбияи мехнат созмон ёфтаанд ва синфхо барои омузиши фанхои чудогона (4, 38).

Ташкили синфхои махсус бо омузиши фанхои алохида маъмулан аз синфхои 10-11 отоз меёбад. Ин шояд синни мувофик барои чунин тайёрй мебошад, зеро махз дар хамин давра завки маърифатй ва хадафу ниятхои касбй, ки ба масъалахои назариявй нигаронида шудаанд, ташаккул меёбанд (3). Дар ин гуна синфхои махсус якхелагй (гомогенй будан) хусусияти нисбй дорад.

Мушохидахо нишон медиханд, ки аз руйи фанхои ихтисосй чунин синфхо маъмулан якхела хастанд ва хар кадар, ки озмун барои кабул ба ин синфхои чиддитару густурда бошад, якхелагй хамон кадар бештар эхсос мешавад. Аз руйи фанхои тайриихтисосй якхелагй одатан сатхи пасттар

дорад. Ба гайр аз ин, махз дар хамин синфхо аксаран хонандагонеро дидан мумкин аст, ки дорои кобилияти махсусан барчастаанд.

Цадвали№1Шаклх;ои тафрищбахшй:Фардикунонии таълим - ХАДА Ф, Тафрицаи таълим -ВОСИТАИ расидан ба %адаф

Тафрикаи дохилй (бидуни чудо кардани гурухдои устувор) Тафрикаи беруна (бо чудо кардани гурухдои устувор)

Муносибати тафрикавй нисбат ба хонандагон Тафрика вобаста ба сатх Тафрикаи элективй (чандир) Тафрикаи селективй (катъй)

Сатхи давлатии омодагии умумитаълимй Факултативхо дар заминаи интихоби озод Синфхои ихтисосй (сохавй)

Сатхдои баландтари омодагй Курсхо дар заминаи интихоби озод Синфхо бо сатхи омузиши амиктар

Дастаи озоди фанхо дар асоси ядрои инвариативй (тагйирпазир)

Шаклхои беруназсинфии фаъолият

Дар натичаи хамаи ин дар синфхои махсус низ зарурати фардикунонии дохилисинфй бокй мемонад. Нисбат ба синфхои маъмулй хонандагони синфхои зикршуда аз руйи тамоми фанхо пешрафти бештаре доранд. Ба ин хонандагон хамчунин муносибати бештар борагбат ба омузиш, завку хохишхои бештар инкишофёфта, камолоти ичтимой хос буда, дар синф ягонагии кавитари тамоюлхои арзишй мушохида мешавад. Ин маълумот гувохи онанд, ки дар синфи нисбатан якхела ба кори омузиш ба гайр аз омилхои зехнй, боз омилхои зиёди дигаре, аз чумла, ичтимоию равонй таъсир расонида метавонанд.

Аз байни низомхои гуногуннавъи педагогие, ки хадафи онх,о татбики таълими ба фардият нигаронида мебошад, таълими модулии дар солхои 60-уми асри гузашта пайдошуда сазовори таваччух аст.

Мохияти таълими мазкур аз он иборат аст, ки таълимгиранда метавонад бо барномаи таълимии фардие, ки ба у пешниход шудааст, нисбатан мустакилона ё комилан мустакилона кор кунад. Ин барнома накшаи максадноки амалхо, бонки маълумот ва дастури методии расидан ба хадафхои дидактикии пешгузоштаро дар бар мегирад. Вазифахои педагог метавонанд аз иттилоотию назоратй сар карда, то машваратию хамохангсозй тагйир ёбанд. Таъсири мутакобили педагог ва таълимгиранда дар раванди таълим дар заминаи усулан дигаргунае амалй мешаванд: бо ёрии модулхо аз чониби таълимгирандагон бошууронаву мустакилона расидан ба сатхи муайяни омодагии пешакй таъмин мегардад. Муваффакияти таълими модулиро риояи муносибатхои баробархукук байни педагог ва хонандагон таъйин мекунад. Ба гайр аз ин, шаклхои тафрикабахшй, аз кабили машгулияти факултативй, синфхо бо омузиши амиктари фан, махфилхо истифода мешаванд.

Машгулиятхои факултативй навъи аз хама мутахаррики таълими тафрикавй мебошанд. Онхо робитаи фанхоро бо хаёт, ба хисоб гирифтани кобилияти фардии хонандагонро дар назар доранд. Дар аксари мавридхо хадафи назариявии факултатив бо чанбаи амалй иртибот дорад. Ин фаъолият аз худ кардани маълумот, машки малакахо, мустахдам кардани натичахои бадастомада, мусоидат ба ташаккули махорати эчодиро дар бар мегирад. Дар курсхои факултативй муаллим равандхои фардиро амик дарк намуда, ба рушди минбаъдаи мактаббачагон фаъолона мусоидат мекунад.

Аммо машгулиятхои факултативй норасоихо низ доранд. Норасоии асосй дар он аст, ки ин машгулият баробар бо фанни асосй чараён мегиранд ва аксаран ба хам мувофик кардани ин ду курс хеле мураккаб ва душвор аст. Норасоии дигар дар вазъиятест, ки на хамаи хонандагон дар айни як

факултатив иштирок мекунанд, бинобар ин, дар синф чудошавии номатлуби хонандагон ба кабатхо ба миён меояд, ки ба поляризатсия (чамъшавй) тамоюл дорад. Норасоии охирин факте мебошад, омузиши курсхои факултативй аксаран на ба амикрафти курси асосй, балки ба густариши он боис мегардад.

Синфхо (мактабхо) бо омузиши амики гурухи фанх,о нисбат ба маштулиятхои факултативй як катор афзалият доранд. Ин пеш аз хама, дар он зохир мегардад, ки тамоми хонандагон фанхои мавриди таваччухашонро амик меомузанд. Дар ин синфхо ба кабатхои чудо шудани хонандагон ба назар намерасад ва масъалаи ба хам мувофик намудани курсхои мувозй (параллелй) вучуд надорад: маштулият тибки барномаи дакик матрахшуда чараён мегиранд.

Бар замми ин, дар синфхо бо омузиши силсилаи фанхо шароити мусоиди таълим, ки ба майлу ратбати хосаи хонандагон ба фанхои ихтисосй асос ёфтааст, фарохам оварда мешавад.

Х,амин тарик, татбики принсипх,ои асосии таълими ба шахсият нигаронида дар педагогикаи чахониву ватанй дар низомхои гуногуни ташкилй (педагогй) инъикос ёфтааст. Ч,ихати умумии тамоми низомхоро нуктахои зерин ташкил медиханд: эхтиром ба кудак хамчун шахсият, бовару эътимод ба у, пазируфтани хадафхои шахсй, эхтиёчот ва майлу ратбати у; барои хар як хонанда мухдм будани кобилият ва имкони интихоби озод, худтакмилдихй, омузиши эчодй ва нишотбахш; хамчунин, ба хонандагон додани озидиву мустакилияти бештаре барои худтатбиккунй бо назардошти хадди них,оии фардикунонй, яъне кудак дар тамоми низомхои ташкилй хамчун халкаи марказии таълим баррасй мегардад. Ба иборати дигар, хама гуна низоми педагогй ба инсонгароёна намудани муносибатхои байнишахсй ва ташаккули донишазхудкунии хонандагон нигаронида шудааст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Дидактика средней школы. Под.ред. М.Н.Скаткина.-М.: Просвещение,1982. - 319 с.

2. Зубайдов, У. Таълими тафрика: проблема, мулохдза, вокеият./У.Зубайдов. Душанбе:Ирфон, 2005. -242с.

3. Кон, И.С. Психология ранней юности. / И.С. Кон .- М.: Просвещение, 1989. - 255 с.

4. Монахов В.М., Орлов В.А., Фирсов В.В. Дифференциальное обучение в средней школе// Советская педагогика.-1990.- № 8.- С.42-47.

5. Педагогическая энциклопедия/Гл. ред. И.А. Каиров и др.: В 4-х т. - М.: Советская энциклопедия, 1965.- Т.2. - 912 с.

6. Рабунский, Е.С. Индивидуальный подход в процессе обучения школьников (На основе анализа их самостоятельной учебной деятельности). / Е.С.Рабунский. - М.: Педагогика. 1975.-184 с.

7. Унт, И.Э. Индивидуализация и дифференциация обучения. /И.Э.Унт.-М.: Педагогика, 1990.-192 с.

REFERENCES:

1. Didactics of high school. Sub. M.N.Skatkina. - Moscow: Education, 1982. - 319 p.

2. Zubaidov, U. Talimi tafriya: the problem, the muloise, the war. / U. Zubaydov. Dushanbe: Irfon, 2005.-242s.

3. Kon ,I.S. Psychology of early adolescence. I.S. Kon-M .: Enlightenment, 1989. - 255 p.

4. Monakhov, V.M., Orlov V.A., Firsov V.V. Differential education in secondary school. / Soviet pedagogy. -1990.-№ 8.- P.42-47.

5. Pedagogical Encyclopedia. /Ch.Ed.I.A. Kairov et al .: In the 4th volume - Moscow: Soviet Encyclopedia, 1965.- Vol.2. - 912 sec.

6. Rabunsky, E.S. Individual approach in the process of teaching students (Based on the analysis of their independent learning activities). E.S.Rabunsky.-M.:Pedagogy. 1975.-184 p.

7. Unt I.E. Individualization and differentiation of training. / I.E.Unt.- M.: Pedagogic, 1990.-192 p.

Низоми омузиши фарди ва нацши он дар ташаккули донишазхудкунии хонандагон

Вожщои калиди: таълими фарди донишазхудкунй, омузиш, тарбия, ташаккул,

тафрицабахшии таълим, фардикунонй, шахсият, хонанда, омузгор Дар мацола масъалаи мубрами педагогикаи муосир-низоми таълими фарди ки гояи онро таълими фардият ва тафрица ташкил менамояд, баррасй гардида, нацши он дар ташаккули донишазхудкунии хонандагон нишон дода шудааст. Муаллифон цайд менамоянд, ки низоми таълими фарди аз донишуои амици омузгор дар бораи хусусият^ои фардии шахсият, дунёи маънавии %ар як хонанда асос ёфта, барои ноил гардидан ба ягонагии тарбия ва таълим, ташаккули донишазхудкунии хонандагон мусоидат мекунад.

Система личностно-ориентированного обучения и её роль в формировании познавательной деятельности учащихся

Ключевые слова: личностно - ориентированное обучение, познавательность,

обучение, воспитание, формирование, дифференциация обучения, индивидуализация, личность, учащиеся, учитель В статье рассматривается актуальная проблема современной педагогики-система личностно-ориентированного обучения, сущность которой составляет индивидуализация и дифференциация обучения и показано их влияние на в формирование познавательной деятельности учащихся. Авторы отмечают, что система личностно-ориентированного обучения, основанная на глубоком знании учителем индивидуальных особенностей личности, духовного мира каждого ученика, способствует достижению единства воспитания и обучения и формированию познавательной деятельности учащихся.

The System of Personality-Oriented learning and its role in the Formation of Cognitive Activity of Students

Key words: personal - oriented training, cognition, training, education, formation, differentiation of

training, individualization, personality, students, teacher The current problem of modern pedagogy is a system of personality-oriented learning, the essence of which is individualization and differentiation of teaching and their influence in the formation of cognitive activity of students is shown. The authors note that the system of personality-based learning, based on the teacher's profound knowledge of the individual characteristics of the personality, the spiritual world of each student, contributes to the achievement of the unity of education and training and the formation of cognitive activity of students.

Маълумот дар бораи муаллифон:

Каримова Дилбар Абдуллоевна, сармуаллимаи кафедраи умумидотшгоуии забон^ои хориции Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Гафуров (Чумуурии Тоцикистон, ш.Хуцанд), Email: [email protected]

Ахмедова Мухрима Абдугаффоровна, муаллимаи кафедраи умумидонишгоуии забони русии Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Гафуров (Чумуурии Тоцикистон, ш.Хуцанд), Email: [email protected] Сведения об авторах:

Каримова Дилбар Абдуллоевна, старший преподаватель межфакультетской кафедры иностранных языков Худжандского государственного университета имени академика Б.Гафурова (Республика Таджикистан,г.Худжанд), E-mail: [email protected] Ахмедова Мухрима Абдугаффоровна, преподаватель общеуниверситетской кафедры русского языка Худжандского государственного университета имени академика Б.Гафурова (Республика Таджикистан,г.Худжанд), E-mail: [email protected] Information about authors:

Karimova Dilbar Abdulloevna, senior lecturer of the inter-faculty department offoreign languages of the Khujand State University named after academician B.Gafurov (Tajikistan Republic, Khujand), E-mail: dilbar_karimova@list. ru

Akhmedova Mukhrima Abdugafforovna, teacher of the All-Russian Department of the Russian Language of the Khujand State University named after Academician B. Gafurov (Tajikistan Republic, Khujand), E-mail: [email protected]

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.