Научная статья на тему 'THE VALUE OF PSYCHOLOGICAL KNOWLEDGE IN SHAPING THE IDENTITY OF THE ATHLETE'

THE VALUE OF PSYCHOLOGICAL KNOWLEDGE IN SHAPING THE IDENTITY OF THE ATHLETE Текст научной статьи по специальности «Психологические науки»

CC BY
17
10
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
АКТИВНОСТЬ / ВЛИЯНИЕ / ЛИЧНОСТЬ / ЦЕЛЬ / СПОРТСМЕНЫ

Аннотация научной статьи по психологическим наукам, автор научной работы — Саидов А.Р., Нарзуллоев Х.С.

Обучение цели спортсменов имеет не только культурное значение, также имеет практическое значение. В статье отмечается, что если спортсмен с самого начало выбирает главную и важную цель для выбранного вида спорта, тогда сможет психологически подготовит себя к этому вида спорта. Задачи спортсмена всегда тесно связаны с целю. Для того чтобы глубже понять проблему и анализировать психологической активности человека и осуществлять цель и задачу.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ЗНАЧЕНИЕ ПСИХОЛОГИЧЕСКИЕ ЗНАНИЕ В ФОРМИРОВАНИЕ ЛИЧНОСТИ СПОРТСМЕНА

Training targets athletes not only has cultural significance, also is of practical importance. The article notes if an athlete from the very beginning a central and important goal of chooses for a selected sport, then be able to psychologically prepare yourself for this kind of sport. Objectives the athlete always closely associated with the object. In order to better understand the problem and to analyze the psychological human activity and realize goals and tasks.

Текст научной работы на тему «THE VALUE OF PSYCHOLOGICAL KNOWLEDGE IN SHAPING THE IDENTITY OF THE ATHLETE»

АХДМИЯТИ ДОНИШ^ОИ ПСИХОЛОГИ ДАР ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТИ

ВАРЗИШГАРОН

Саидов А. Р., Нарзуллоев С.

Донишкадаи давлатии забонуои Тоцикистон ба номи С. Улугзода

Дар таърихи психология принсипи муайяни илмй таъкид карда мешавад, ки он фаъолият мебошад. Фаъолият шарти зухурот ва тараккиёти психикаи инсон аст. Фаъолияти варзиш низ метавонад системаи муносибатхои чамъиятиро ифода кунад, зеро максаду мароми варзишгар хадафхои чомеаро низ дар бар мегирад. Доир ба ин масъала психологи машхури рус А.Н. Леонтев кайд мекунад: «Инсон дар чамъият зиндагй карда истода, хадафхои ин чамъият метавонад максад, маром ва воситахои фаъолияти он инсон шуда монад» [1].

Аз ин чо бармеояд, ки дар фаъолияти варзиш маром ва максадхои варзишгар нихоят мухим будааст. Аз ин хотир, лозим медонем, ки доир ба маром ва максадхои фаъолият тахлили психологй намоем.

Дангоми омухтани рафтори варзишгар бояд маромхои рафтори уро тахлил кунем, яъне куввахои водоркунандаеро донем, ки ба зохир шудани чунин амалхо сабаб шудаанд. Дар асоси донистани маромхои рафтори одам дар вазъияти додашуда ба хулоса омадан мумкин аст, ки ин рафтори варзишгар тасодуфй ё конунй аст. Одатан, маромхои амал дар шаклхои гуногун зохир мешаванд. Масалан, ду варзишгари чавон дар мусобика иштирок накардан ду рузи дароз дар дарёчаи назди майдон оббозй карданд ва инро аз падару модарашон пинхон нигох доштанд. Варзишгари якум ин рафторро аз он сабаб кард, то ки модаркалони беморашро хафа накунад ва варзишгари дуюм бошад хохиши гирифтани тухфаи ваъдакардаро дошт.

Аз чониби психологхои сохаи варзиш тадкикотхои муайян гузаронида шуданд. Муайян карданд, ки фаъолияти варзиш дорои маромхои ба худ хос мебошад. Ин маромхо додашуда нестанд, балки ташаккул ва инкишоф меёбанд. Рафти ташаккули шахсияти варзишгар аз хусусиятхои синнусолй, аклй, ахлокй ва тачрибаи сохди варзиш низ вобаста аст. Бо ин гуфтанй хастем, ки писарбача ё духтарбача бо чй гуна маромхои аввалин ва машгулиятхои варзишй ру овардааст. Инро маромхои аввалини варзишгар меноманд, ки бахисоб гирифтани онхо мухим мебошад. Масалан, мароми зерин химоя намудани эътибори варзиши точик дар мусобикахои байналхалкй аввалин хисобида намешавад.. Ин масъаларо психологи сохаи варзиш А.Ц. Пуни дар китоби худ «Очеркхои психологияи варзиш» низ таъкид менамояд [2].

Тадкикотхои психологии ба ин соха бахшидашуда чунин маромхои аввалини варзишгарро муайян карданд:

- мароми чозибияти эмотсионалии машкхои чисмонй, ки асоси онро талаботи инсон бахаракатхо ташкил медихад. Ин он маъноро дорад, ки системаи харакатхои дар ин ё он машк ичрошаванда диккати шахсро ба худ кашидааст ва шавку хавасро ба он бедор кардааст;

- мароми зарурати машгул шудан бо машкхои чисмонй.

Психологи сохаи варзиш Ю.Ю. Палайма 13 гурухи маромхои фаъолияти варзишгаронро муайян кардааст ва: маромхо ахлокй (адои карз, коллективизм, ватандустй); кушиши худмуайянкунй намудан; маромхое, ки бо зухуроти муносибати варзишгар бо ракиб, мураббй ва тамошобинон алокаманданд, маромхое, ки бо мусобика намудан алокаманд, аз кабили хохиши кувваозмой намудан бо шахс ва гайра, маромхои эстетикй, маромхое, ки бо хохиши ноил шудан ба ягон бартарй, мартаба, мукофот ва гайра алокаманданд.

Дамаи маромхои зикршуда фаъолияти варзишгарро идора менамоянд. Чй тавре ки Ю.Ю. Палайма мукаррар намудааст, маромхои аввалиндарача, дуюмдарача мавчуданд, ки онхо ба фаъолияти варзишгар таъсир мерасонанд. Аз ин чунин талаб бармеояд, ки бояд варзишгар маромхои мухим ва номухимро фарк карда тавонад, зеро ин метавонад ба чараёну натичаи мусобика таъсири худро расонад. Мушохидахои психологй нишон доданд, ки маромхои ноилшавй дар варзишгарон бисёр равшан ифода меёбанд, вале онхо бо имкониятхои чисмонии худи варзишгар мувофикат намекунанд [3].

Омузиши сохаи мароми варзишгарон на танхо ахамияти маърифатй, балки амалиро низ сохиб аст. Агар варзишгар аз ибтидо маромхои мухимро барои варзиши

интихобкаpдааш мyайян кyнад, он гох ин имконият медихад, ки хyдашpо аз назаpи психологйба ин намyди ваpзиш омода созад.

^p як фаъолият, хох он давидан бошад ва хох аз худ каpдани дониш, даp натичаи амалхои зиёди бахам алокаманд сypат мегиpад. Системаи хаpакатхое, ки ба пpедмет бо максади аз худ каpданy таFЙиp додани он pавона каpда мешавад, амал ном доpад. Даpакат даp мукоиса амал бо Функсияхои хаpакатии онанизм алокаманд аст. Аммо ба монанди фаъолият сохти психологии хyдpо доpад: максад-маpом таpзи амал-натича.

Бояд зи^ каpд, ки даp фаъолияти одам чанбаи беpyнй (чисмонй) ва ботинии он (психикй) бо хам алокаи чудонашаванда доpанд. Чднбаи беpyнй - хаpакат аст, ки одам бо ёpии он ба олами гиpдy атpоф таъсиp меpасонад ва бо олами ботинй (психикй) муайян ва идоpа каpда мешаванд. Аз таpафи дигаp, чунин фаъолияти ботинии психикй тавассути амали беpyнй назоpат каpда мешавад.

Даp хаp гуна фаъолият зинахои муайяни ичpои онpо чудо каpдан мумкин аст: -зинаи гyзоpиши максад (pавшанва бо шyypона донистани вазифаи конкpетй); -зинаи ба накша даpоваpдани коp; -интихоби таpзи аз хама дypyсти ичpои амал; - зинаи ичpокyнии фаъолият;

-баъд аз ин натичахоpо санчида, хатохоpо ^rap онхо чой дошта бошанд) ислох каpдан;

-натичахои ба даст оваpдаpо бо вазифахои гузошташуда мукоиса каpдан; -инчунин натичаи коppо чамъбаст намудан.

Заpyp аст, ки хонандагон даp хаp гуна фаъолияти худ ин зинахоpо чудо каpда, хангоми ичpо намудани сyпоpишхои таълимйонхоpо татбик каpда тавонанд. Агаp ваpзишгаp максад ва маpомхои хyдpо муайян кунад ва сипас даp асоси зинахои ичpои амали даp боло зикpшyда фаъолият намояд, он гоху метавонад ба муваффаккиятхои ваpзишй ноил гаpдад.

Аз тахлилхои боло баpмеояд, ки фаъолият аз хаpакат, амал ва опеpатсияхои муайян ибоpат будааст. ^p яке аз ин yнсypхои фаъолият даp асоси машк намудан инкишоф меёбад. Машк - ин такpоpи бисёpкаpатаи ин ё он амал мебошад, ки даp асоси накшаи муайян ба pох монда шудааст.

Даp адабиёти психологй оваpда мешавад, ки азхудкунии дониш, махоpат ва малака якбоpа ба амал намеояд, балки ичpои амалхои мyайянpо талаб мекунад. Аввалан, даp инсон дониш ба амал меояд. Дониш фаъолиятpо ба даpачаи баланд мебаpдоpад, фаъолиятpо бе дониш тасаввyp каpдан мумкин нест. Акнун дида мебаpоем, ки чй тавp донишхо ба махоpатy малакаи ваpзишгаp табдил ёфта метавонанд. Инpо аввал аз назаpи психологй дида мебаpоем. Одам сохиби дониш шуда, кушиш мекунад, ки онpо даp амалиёти худ истифода баpад. Даp асоси донишхо махоpат ташаккул меёбад. Махоpат ин таpзхои мустахкамшудаи фаъолияти амалан татбик намудани донишхо мебошад. Баpои он ки ваpзишгаp сохиби махоpат шавад, яъне давидан, шино каpдан, чахидан ва Fайpаpо ёд гиpад, бояд дониш дошта бошад. У баъди дониш хосил каpдан даp фаъолияти амалии худ татбик намудани онхоpо ёд мегиpад ва хамин тавp даp ваpзишгаp махоpат ташаккул меёбад. Махоpат даp pафти машкхои дypy даpоз заминаи фаъолияти амалй такмилу ташаккул меёбад. Агаp донишхо даp амал дypyст татбик каpда шаванд, он гох имконияти такмилу yстyвоp гаштани онхо ба миён меояд ва ин даp навбати худ ба ташаккули махоpат мебаpад.

Баpои такмили фаъолияти таълимй ташаккули малакаи ваpзишгаpон заpyp аст. Малака амале мебошад, ки баъзе yнсypхои он даp натичаи машки бисёpкаpата автоматй гаpдидаанд. Одам, даp ибтидо, хангоми азхудкунии ягон амал, одатан кисмхои таpкибии онpо бошyypона ичpо мекунад, сипас даp натичаи машкхои пай даp пай даpачаи баланди ёд гиpифтани ин кисмхои таpкибии амал таъмин мегаpдад ва ичpои онхо акнун назоpати баланди шyyppо талаб намекунад, онхо ба тавpи автоматй ичpо каpда мешаванд.

Одам одатан доpои малакаи кухна низ мебошад. Агаp малакахои кухна даp ташаккули малакахои нав мусоидат намоянд, он гох пpотсесси кучонидани малакахо ба амал меояд. Масалан, ваpзишгаp бо пои чап чахиданpо ёд гиpифта бошад, он гоху бидуни машки баpдавом бо пои pосташ ин амалpо ичpо каpда метавонад. Ё худ, агаp ваpзишгаp даp ягон намуди ваpзиш малакаи ^pñ дошта бошад, он гохёд гиpифтани намуди дигаpи ваpзиш ба y то андозае осон мегаpдад.

Дамин тавр, хосил намудани малака имконият медихад, ки одам вактро сарфа кунад, суръати корро тезонад, сифати онро такмил дихад ва диккаташро ба зинахои ояндаи фаъолият ва натичаи он равона кунад.

Аз андешаронихои боло бармеояд, ки барои бомуваффакият ичро намудани супоришу машкхои варзишйнакши донишхои психологй хеле бузург аст. Барои ин доир бахамон навъи варзиш ё худ машки варзишй дониш, сипас майорат ва баъдан малака зарур аст. Яъне аввалан нисбат ба ин ё он машк дониш бояд хосил намуд ва дар нихоят дар асоси ичрои бисёркаратаи онмалакахои варзишйпайдо кард.

Барои амалй намудани чунин максадхо накши психологии сохаи варзиш мухим аст. Бояд кайд кард, ки дар шароити кунунии Точикистон чунин хадамоти психологй дар сохаи варзиш ба рох монда нашудааст, ки халли таъхирнопазири худро мехохад.

Адабиёт:

1. А. Леонтьев. Деятельность. Сознание. Личность. - М, 1974.

2. Пуни А. Ц. Роль внимания в непосредственной подготовке к исполнению упражнений в соревновании. Сб.: Психологические вопросы спортивной тренировки. - М., ФиС, 1967.

3. Палайма, Ю.Ю. Опыт исследования относительной силы мотива и формировании есоревновательной установки у спортсменов / Ю.Ю. Палайма // Психология современный спорт. - М. : Физкультура и спорт, 1973. - С. 86-99.

4. Пуни А. Ц. «Процесс и система звеньев формирования сосотояния психической готовности к соревнованиям в спорте». Изд. ГДОИФК им. П.Ф. Лесгафта - Л., 1979.

5. Пуни А. Ц. Роль внимания в непосредственной подготовке к исполнению упражнений в соревновании. Сб.: Психологические вопросы спортивной тренировки. - М., ФиС, 1967.

6. Психология физического воспитания и спорта: Учеб.пособие для ин-тов физ. культ. / Под.ред. Т.Т. Джамгарова, А. Ц. Пуни. - М.: Физкультура и спорт, 1979.

7. Миралиев А. М., Давлатов М. Педагогика ва психология. - Душанбе: Ирфон, 2007.

ЗНАЧЕНИЕ ПСИХОЛОГИЧЕСКИЕ ЗНАНИЕ В ФОРМИРОВАНИЕ ЛИЧНОСТИ

СПОРТСМЕНА

Обучение цели спортсменов имеет не только культурное значение, также имеет практическое значение. В статье отмечается, что если спортсмен с самого начало выбирает главную и важную цель для выбранного вида спорта, тогда сможет психологически подготовит себя к этому вида спорта. Задачи спортсмена всегда тесно связаны с целю. Для того чтобы глубже понять проблему и анализировать психологической активности человека и осуществлять цель и задачу.

Ключевые слова: активность, влияние, связь, виды, субъект, личность, цель, спортсмены.

THE VALUE OF PSYCHOLOGICAL KNOWLEDGE IN SHAPING THE IDENTITY OF THE

ATHLETE

Training targets athletes not only has cultural significance, also is of practical importance. The article notes if an athlete from the very beginning a central and important goal of chooses for a selected sport, then be able to psychologically prepare yourself for this kind of sport. Objectives the athlete always closely associated with the object. In order to better understand the problem and to analyze the psychological human activity and realize goals and tasks.

Keywords: activism, influence, connection types, entity, identity, purpose, athletes.

Сведения об авторах: Саидов А. Р., кандидат педагогических наук, доцент кафедры педагогики, психологии и методики преподавания Таджикского государственного института языков имени С. Улугзода, e-mail: ahmadsho1984@list.ru

Нарзуллоев Х. С., старший преподаватель кафедры информатики и естественных наук Таджикского государственного института языков имени С. Улугзода, e-mail: khabibullo79@ mail.ru

About authors: Saidov A. R., candidate of pedagogical science, Associate Professor of the chair of pedagogy, psychology and teaching methods, Tajik State Institute of Languages named after S. Ulugzoda

Narzulloev H. S., senior teacher of chair of informatics and natural sciences, Tajik State Institute of Languages named after S. Ulugzoda

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.