Научная статья на тему 'USE OF CASE TECHNOLOGY IN THE DEVELOPMENT OF AUTONOMY ACTIVITIES OF STUDENTS'

USE OF CASE TECHNOLOGY IN THE DEVELOPMENT OF AUTONOMY ACTIVITIES OF STUDENTS Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
46
6
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
КЕЙС-МЕТОД / ПРОБЛЕМНЫЙ МЕТОД / ЖИЗНЕННЫЕ НАВЫКИ / ПСИХОЛОГИЧЕСКИЙ БАРЬЕР / ПРОФЕССИОНАЛЬНАЯ КОМПЕТЕНЦИЯ

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Муллоев Абдусамад, Сайфуллоева Зарина, Сайфуллаев Хайрулло Габдуллаевич

В статье рассматриваются характеристики метода кейсов в целях эффективного изучения иностранного языка и формирования автономной деятельности студентов, которая тесно связана с проблемным методом и технологией применения различных игр. Кейс-метод способствует развитию жизненных навыков, сопоставить альтернативных явлений, дать оценку, выбрать оптимальный вариант и составить план его исполнения. Тем самим у студентов формируются навыки межличностного взаимодействия, преодолеваются психологические барьеры, вырабатываются дискуссионных умений и компетенции управлять группой.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ПРИМЕНЕНИЕ КЕЙС-ТЕХНОЛОГИИ В РАЗВИТИИ АВТОНОМНОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ СТУДЕНТОВ

This article dealt with peculiarities of case method with aim of effective study of foreign language and formation of autonomy activities of students which has close relation with problems of method and use of technology of difference games. Case-method promotes development of life skills, compare alternative phenomena, estimate, elect optimal version and make its realization plan as well. The interpersonal interaction skills of students will be formed, psychological barriers will be overdone, and discussion ability and competition of group management will be developed as well.

Текст научной работы на тему «USE OF CASE TECHNOLOGY IN THE DEVELOPMENT OF AUTONOMY ACTIVITIES OF STUDENTS»

ТЕХНОЛОГИЯИ КЕЙС ДАР ИНКИШОфИ ФАЪОЛИЯТИ АВТОНОМИИ

ДОНИШЧУЁН

Муллоев А., Сайфуллоева З. Х., Сайфуллоев Х. Г.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни

Илми педагогикаи муосир ба як дарачаи муайяне ба гуманизм алокдманд аст, ки он асосхои худро аз давраи эхё - асрхои 15 сарчашма мегирад. Педагоги бузурги Олмон И.Г.Песталотси идеяи педагогигикаи гуманистиро бо зарурияти равияи фаъолиятнокй, дастрасй ба асосхои психологии таълим ва инкишоф, исботи мухимияти ба хисоб гирифтани психологияи кудакро дар таълим илова намудааст. Песталотси асоси фаъолияти бомувафакдиятро дар се унсури инсон «калла (майна), дил ва даст» медонад.

Дар нимаи дуюми асри ХХ дар Россия як кдтор педагогхое ба миён омаданд, ки барои татбик;и тахсилоти такомулй кушиш ба харч медиханд (В.Ф.Шаталов, Ш.А.Амонашвили, С.Н.Лысенкова, Е.Н.Ильин, М.П.Щетинин, П.М.Эрдниев, Л.С.Выготский, Л.В.Занков, Д.Б.Эльконин, В.В.Давыдов ва г.). Ин самт «Педагогикаи хамкорй» ном гирифта, хонанда субъекти мустак;или худинкишофёбанда ба хисоб меравад, ки к;обилияти чусучу, азхудкунй ва истифодаи донишро вобаста ба завк;у рагбати хеш доро мебошад. Омузгор дар ин маврид мушовири хонанда дар рохи худинкишофёбй ба хисоб меравад. Доир ба равияи мазкур олимон К.Р.Рочерс ва А.Г.Маслоу далелхои психологиро пешниход кардаанд [6, с. 48]. Мафхумхои пешкашнамудаи онхо: худтатбик;шавй ва худинкишофёбй барои моделхои таълимоти такомулй ва инкишофи шахс калиде гардидаанд.

Махфуми муносибатхои методологй аз руи нишондоди профессор М. А. Данилов системаи донишхо оид ба сарчашмаи маълумот, доир ба структураи назарияи педагогй, оид ба принсипхои муносибат ва роххои ба даст овардани дониш дар муассисахои таълимй мебошад. Муносибатхои методологй дар навбати худ ба муносибати инкишофи шахсият, муносибати фаъолиятнок, муносибати босалохият, муносибати эчодй ва вобаста ба шароит тез тагирёбанда, муносибати комуникативй чудо мешаванд. Мак;сади асосии методология хамчун рахнамо мусоидат кардан дар ташкили чараёни тадкдаот ва ба рох мондани фаъолият мебошад.

Тахти мафхуми «муносибат» ё «равия» чунин амалиётхо фахмида мешавад:

1. Муносибат ин мачмуи роху усулхое, ки барои омузиши забони хоричй истифода мешаванд.

2. Муносибат ин самти методологии омузгор мебошад, ки у истифодаи донишхои муайянро дар донишчуён ва истифодаи махфуму усулхои фаъолияти педагогиро дар таълим чорй мекунад.

3. Муносибат категорияи чахонбиние мебошад, ки дар он нишондодхои ичтимоийи субъектхои таълим хамчун инъикосгари шуури чамъиятй тачассум меёбанд [5, с. 361].

Мавчудияти муносибатхои гуногун ба омузгор имконият медихад, ки у барои шав^овар ва самаранок ташкил намудани раванди таълим аз ин ё он намуди муносибат истифода барад. Бинобар сабаби он, ки интихоби ин ё он муносибат ё равия дар раванди таълим душворй меорад, аксар методистон истифодаи якчанд равия ё муносибатро пешниход кардаанд. Аз чумла, муносибати системанок, муносибати босалохияту пурфаъолият, муносибати технологй ва г.

Методикаи муосири таълими забонхои хоричй мухити тагйирёбандаи иттилоотию тахсилотй мебошад, ки дар он дар баробари муносибатхои анъанавй ва таълимй инчунин шав^у хавас ва рагбат ба моделхои нави тахсилот ва навоварихои педагогй, технологй ва методй мушохида карда мешавад.

Тайёрии мутахассисони баландпоя бидуни омузиши забонхои хоричй ва технологияи муосир амрест мухол. Чунин гузориши масъаларо борхо Президенти кишвар мухтарам Эмомалй Рахмон ба миён гузоштааст, зеро дар шароити интегратсияи Ч,умхурии Точикистон ба чомеаи чахонй нак;ши забонхои хоричй ва технологияи муосир хеле мухим мебошад [7, с. 36].

Дар Ч,Т ба зарурияти омузиши як забони хоричй ба дарачае тавачух зохир карда мешавад, ки дониши забонии шогирдон кдвй бошад, то ки дар оянда онхо барои муошират бо хамкорони хоричй дар масъалахои ичтимоию фархангй ва тахассусй душворй накашанд. Албатта дар шароити махдуд будани теъдоди соатхои таълимй аз

забонхои хоpичй даp макотиби тахсилоти миёнаи умумй pасидан ба чунин максадхо мyшкилоте доpад. Бинобаp ин ба pаванди таълим даp донишгоххо бояд чунин технологияхое чоpй каpда шаванд, ки баpои халли масъалахои гузошташуда - тайёp намудани омyзгоpон-забондонони кавй мусоидат намояд.

Даp Донишгохи давлатии омyзгоpии Точикистон ба номи Садpиддин Айнй даp сохаи омузиши забонхои хоpичй коpхои назаppасе ба анчом дода шудааст. Баpои омузиши амики забонхои хоpичй гypyххои махсус чудо каpда шудаанд. Xаp яке аз чунин Typy^^ бо васоити таълимй, техникй ва адабиёти таълимй-методии ватанй ва хоpичй таъмин шудаанд ва чунин чоpабинихо имконият медиханд, ки забони хоpичй даp даpачаи мутобик ба сеpтификати байналмиллалй таълим дода шавад. Чоpабинихои мазкyp даp машгулиятх,ои аyдитоpй самаpаи хуб медиханд, вале онхо баpои омузиши мустакилонаи (автономии) забонхои хоpичй камсамаpанд.

Даp шаpоити мyосиp омузиши хусусиятхои мустакилонаи фаъолияти таълимию маъpифатй талаби замон гаpдидааст. Муаллифони китобхои даpсй, баpномахои таълимй ва мутахассисони ваpзида даp кушиши он хастанд, ки стpатегия ва тактикаи омузиши автономиpо ба донишчуён пешниход намоянд. Зеpо кунун масъалаи хyдидоpии pаванди таълим даp заминаи масъулияти шахсй актуалй гаpдида, донишчуён хамчун субъекти фаъолияти таълимй ба хисоб pафта, онхо мустакилона фаъолияти таълимй-маъpифатии хешpо ташкил намуда, онpо беpyн аз даpс ва донишгох ба накша мегиpанд, pохбаpй мекунанд ва тахти санчиш каpоp медиханд [2, с. 67].

Фаъолияти автономии таълимй-маърифатй чунин намуди фаъолияте мебошад, ки даp он донишчуён даp бахшхои асосии фаъолияти таълимй мустакилона каpоp кабул мекунанд. Аз чумла, онхо ба каpоpе меоянд, ки чиpо меомузанд, баpои омузиши маводе чи гуна фаъолият мекунанд, кадом мавод ва воситахоpо истифода мебаpанд, ба таpики фаpдй ё даp хамкоpй бо касе коp мекунанд, пешpафт ва ичpоиши фаъолияти таълимии хешpо чй гуна тахти санчиш каpоp медиханд [1, с. 146].

Даp чунин мавpид омyзгоp накши баpанда ва мyшовиppо мебозад. У ба шогиpдон баpои ичpои коpе маслихат медихад, pоххои ичpоиши пpоблемаеpо шаpхy эзох медихад ва баpои пешбypди коpи шогиpдон мусоидат менамояд. X^p як шогиpд даp муносибат ба pаванди омузиш ва фаъолияти таълимй бо сабабхои субъективй воситахои фаpдии хешpо истифода мебаpад, ки онхо аз беpyн (аз чониби омyзгоp ё хамсухбат) дахолат ёфта наметавонанд. Даp чунин холат маpоки шахсию манфиати хаётии донишчу ва вачху чазбмандии y нисбат ба забони хоpичй накши бyзypг мебозад.

Бо максади омузиши самаpаноки забони олмонй даp машгулият^ои амалй ва ноил гаpдидан ба фаъолияти мустакилона (автономй) истифодаи технологияи кейс мувофики матлаб мебошад [3, с. 105]. Технологияи кейс хдмчун воситаи ташкили таълим тахти унвони усули кейс (аз забони англисй Kase - методи тахлили ходисахо) низ мyаppифй мегаpдад.

Методи мазкyp каpиб 100 сол пеш даp мактаби сохибкоpии Гаpваpд ба миён омадааст. Накши асосиpо даp коpкаpди назаpиявй ва амалии он омyзгоpони амеpикой бозидаанд. Истифодаи методи мазкyp даp Россия аз солхои 90 асpи ХХ чоpй гаpдид -даp давpае, ки мазмуни хамаи фанхои таълимй таFЙиp дода шудаанд ва баpои истифодаи методхои интеpактивй, аз чумла, усули кейс шаpоити мусоиде ба миён омад.

Даp тахияи тенологияи кейс олимони pyс Багиев, Г.Конишенко, В.Наумов, А.Сипаpенко, Ю.Сypмин, Т.Шеpемет сахми хубе гузоштаанд. Методи кейс усули махсусе мебошад, ки баpои халли масъалахои таълим мавpиди истифода каpоp гиpифтааст. Ба шаpофати таваччухи махсус ва накши он методи мазкyp ба методи пpоблемавй ва усулхои истифодаи бозй алокамандй доpад.

Мувофики нишондоди мактаби сохибкоpии Гаpваpд технологияи кейс усули таълимие мебошад, ки даp он устод, донишчуён ва шогиpдон даp мухокимаи масъала ва вазъиятхои коpй дастачамъона бевосита иштиpок мекунанд. Мухтамои усули Кейс аз чониби шахсони тачpибадоp ба тавpи хаттй тайёp каpда шуда, аз таpафи донишчуён Kиpоат гаpдида, омухта ва мухокима каpда мешавад.

Мохияти таpики технологияи кейс аз худ намудани забони олмонй даp муносибати системии ташкили pаванди таълим, ба хисоб гиpифтани омилхое, ки баpои самаpанок аз худ намудани забони хоpичй ва таъмин намудани донишчуёну омyзгоpон бо комплексхои таълимй зохиp мегаpдад ва он имконият медихад, ки забони олмонй мустакилона (бо иштиpоки махдуди омyзгоp) даp сатхи сеpтификати байналмиллалй аз худ каpда шавад [8].

Дангоми истифодаи технологияи кейс даp омузиши забонхои хоpичй омyзгоpон ташаббyскоpи он гаpдида, бо донишчуён тавpе машFyлият мегyзаpонанд, ки даp натича тавассyти таъмини комплектхои таълимй-методй аз ташкили коpхои мустакилонаи донишчуён самаpанокии зиёд ба даст оваpда мешавад. Даp чунин технология омyзгоp таваччухи асосиpо ба он кисмат ва бахшхои таълимие pавона мекyнад, ки онхо пpоблемавй бошанд ва мустакилона аз худ каpда шаванд [5, с. 362]. Аз чумла, даp инкишофи малакахои мyошиpатй даp мyколама ва полилог (бахсу мyнозиpаи зиёда аз дУ нафаp) доиp ба мавзуъхои таълимй.

Кейс як модели вазъият ё ходиса мебошад. Вазъияту ходиса даp навбати худ холати вазъияти ичтимоиест, ки даp он шахсони гуногун шиpкат доpанд. Долати мазкyp вобаста аст ба талабот, бухдон, низоъ, мyбоpиза, навигаpй ва интихоби ин ё он чиз (кас). Аз чумла: Чаpо алхол даp мактахои миёнаи тахсилоти умумии Ч,Т омyзгоpони забонхои хоpичй каманд? Роххои аз чунин бyхpон баpомадан кадомхоянд? ва f.

Кейс бояд сypати амики фактхои хакикиpо ба тавpи максималй даp баp гиpифта бошад. Вале одатан даp чунин холат маълумот доиp ба тафсиpи вазъият, фаъолияти коpгох ё донишгох пyppа набуда, он танхо хаpактеpи самтй ё сатхй доpад. Бинобаp ин бо максади пyppа намудани кейс, сохтоpи модели мантикй ва кабули каpоpи боэътимод баpои истифодаи маълумотхои иловагй ичозат дода мешавад.

Кейс худ аз манбаъхои заpypй (цитата-иктибос) аз саpчашмахо ибоpат аст, ки онхо ба кейс далел ва вокеият мебахшанд. Кейс ходисаи мypаккаб буда, он аз хаpактеpистикахои доимй ва аспектхои (кисматхои) зеpин ибоpат аст: пpоблемавй, мубохисавй, накшй, ходисавй, фаъолиятнок, замонй ва маконй [3, с. 106].

Вобаста ба ин хусусиятхо вазифаи донишчуён аз эхсос намудани вазъияти хаётии пешниходгаpдида ибоpат мебошад. Онхо пpоблемаи татбики истифодаи кейсpо на танхо тачассум менамоянд, балки донишхои каблан азхуд шyдаpо бедоp ва актуалй гаpдонида, онхоpо возех ба шакл медаpоpанд ва баpои халли пpоблема pохy воситахои заpypиpо бунёд менамоянд. Кейси хуб доpои мазмун ва мyндаpичаи хуб, хисси эмпатия ва таваччух мебошад. Эмпаpияpо даp муносибат бо пеpсонажхои маpказй ифода мекунад. Кейс бояд доpои пpоблемахое бошад, ки онpо донишчуён даpк каpда тавонанд [5, с. 362].

Вазифахои таълимотии технологияи кейс доиpаи васееpо даp баp мегиpад. Аз чумла, гиpифтани дониш, инкишоф додани тасаввypоти умумй, даpк намудани методхо, хосил намудани махоpати истифодаи дониш ба консепсияи муайян; тахлил намудани пpоблемахои дyшвоp; инкишоф додани махоpати сухани касеpо гуш каpдан; инкишоф додани хисси масъулият баpои ичpои каpоpи кабулшуда; инкишоф додани махоpати мyошиpат каpдан; инкишоф додани тафаккypи интикодй ва с^атет (pоххои омузиш ва татбики забон); фаpк каpда тавонистани нуктаи назаp, пешниход ба акидаю фактхо ва хосил намудани малакахои коpкаpди амалиёт ва татбики онхо ва f.

Истифодаи усули кейс даp машFyлиятхои забони хоpичй бо ду максад гyзаpонида мешавад:

1. Инкишофи салохияти коммуникативии лингвистй ва сотсиокyлтypй;

2. Досил намудани хусусиятхои касбй даp шогиpдон [5, с. 361].

Дангоми шиносой бо кейс, яъне хониши матни самти касбй дошта даp шакли асл ё сода каpда шуда, таpчyмаи он, сипас чустучуи мустакилона баpои халли он (нутки монологии ботинй ба забони хоpичй), чаpаёни тахлили ходиса хангоми даpс (нутки монологй ва диалогй, нутки тайёp ва нотайёp (бадехатан) ба забони олмонй) ва f. шахс бо мисолхое саpy коp мегиpад, ки баpои ичpоиши вазифахои коммуникативй мавpиди истифода каpоp меёбанд.

Тавpе маълум аст, мyошиpате ки даp синфхона сypат мегиpад, ба фаъолияти ичpоиши кейс вобаста аст. Он доpои чунин хусусиятхо мебошад: бахс, мyнозиpа, исботи фикp, тасвиpи ходиса, мукоисаи он, эътикоду боваpй ба фактхо ва актхои (амалхои) нуткии хамсухбат ё хаpиф. Ин хусусиятхо баpои мустахкаму суфта гаpдидани малакахои pафтоpи нуткии дypyст, талаботи мутобик ба ноpма ва коидахои мyошиpат ба забони хоpичй мусоидат менамоянд.

Ш^хи донишчуён аз pyи мазмуни кейс аз чониби омyзгоp даp шакли малакахои зеpин бахо дода мешавад: маъмypй, аналитикй, малакаи кабул намудани каpоp, малакаи мyошиpати байнихамдигаpй, муносибати эчодй ва малакаи мyошиpати шифохй ва хаттй ба забони олмонй (даp кисматхои лексика ва ^амматика) [6]. Аз

хамин чихат методи кейс даp як вакт намуди махсуси маводи таълимй ва воситахои махсуси истифодаи онpо даp амалияи забони олмонй даp баp мегиpад.

Фаъолияти нутки хоpичй доиp ба масъалахои тавассути технологияи кейс халлу фасл шаванда бо таpтиби зеpин ба амал оваpда мешавад: мухокимаи маълумоти ба даст оваpда, ки даp кейс чой доpад ва аз он чудо намудани маълумоти даpкоpй; табодули акидахо ва доиp ба пpоблемаи мавчуда таpтиб додани накша; коp аз pyи пpоблема (бахсу мyнозиpа); коpкаpди халли пpоблема; мубохиса баpои кабули каpоpи катъй; тайёp намудани гyзоpиш; маъpyзаи мyхтасаpи далелнок ва f. Тавpе ки дида шуд, методи кейс аз усулхои анъанавии таълим ба куллй фаpк дошта, онpо аз бисёp чихатхо пyppа мегаpдонад.

Даp татбики технологияи кейс омyзгоp бояд пpинсипхои дидактикии зеpинpо ба асос бигиpад:

1. Муносибати инфиpодй ба донишчу; ба хисоб гиpифтани талаботи y ва методхои таълим;

2. Пешниходи эчодй даp кабули каpоp;

3. Таъмин намудани донишчу бо микдоpи заpypии мавод;

4. Имконияти мyошиpати фаъол миёни устоду шогиpд;

5. Тавачухи асосй ба махоpати ^p каpда тавонистан бо маълумотхои даpкоpй;

6. Таъсиpи мусбат ба инкишофи фаъолияти касбй;

7. Системаи аник ва мypаккаби контpол (санчиш), яъне аз чониби донишчуён мунтазам nyp каpдани замимахои омодагй ба кейс [1, с. 148].

Аз тачpиба маълум мегаpдад, ки истифодаи технологияи кейс даp

таълими забонхои хоpичй даp кypсхои болой мувофики максад аст, зеpо баpои ташкили бахсу мyнозиpаи пypсамаp дониши кофй доиp ба ихтисос ва забони хоpичии кавй заpyp аст. Аз чумла, аксаpияти донишчуёни соли сеюми тахсил аз фанни «Назияи гpамматикаи забони олмонй», шогиpдони соли чахоpyм аз фанни «Назаpия ва амалияи таpчyмаи забони олмонй» ва донишчуёни соли панчум аз фанни «Технологияи мyосиpи омузиши забонхои хоpичй» мубохисахои доманадоp ташкил намуда, баpои исботи фи^ашон махоpати аз тачpибаи шахсй ва адабиётхои илмию методй иктибосу далел оваpданpо доpо мебошанд. Fайp аз ин технологияи кейс хамчун як усули самаpанок танхо бо алокамандии дигаp методхои таълими забонхои хоpичй мавpиди истифода каpоp гиpифта метавонад [5, с. 362].

Технологияи кейс ба як ^TOp баpтаpихо молик аст. Пеш аз хама чунин таpзи ташкили коpи синфй ва мустакилона ба донишчуён баpои такмили дониши забонй ва интеллектуалии (зехнии) онхо мусоидат менамояд. Бинобаp ин маводе, ки ба шогиpд пешниход мегаpдад, бояд ба талаботи хозиpаи таълими забонхои хоpичй мутобик бошад ва ин мавод мунтазам такмил ёфта, пyppа каpда шавад.

Баpтаpии дигаpи технологияи кейс бо он зохиp мегаpдад, ки хануз даp OFOЗи коp аз pyи мавзуъ донишчуён бо тамоми коpхои мустакилонаи даp накша буда ошно мешаванд. Вобаста ба ин шогиpдон дypнамои коppо тасаввyp намуда, вакти хyдpо таксим менамоянд ва вобаста ба шаpоитy имконият ва кобилияти худ онхо таpтиби ичpои коpхои таълимиpо интихоб намуда, мухлати ичpоиши онхоpо мустакилона ба накша мегиpанд.

Хамин таpик, технологияи кейс баpои инкишофи махоpати тахлили ходиса мусоидат менамояд, ходисахои алтеpнативиpо (интихобиpо) мукоиса намуда, бахо медихад ва ваpианти оптимали (мувофик)^о интихоб намуда, накшаи ичpоиши онpо таpтиб медихад. Даp сypати як чанд маpотиба даp давоми соли тахсил истифода шудани чунин метод даp донишчуён малакахои кавии халли масъалахои амалй хосил мегаpданд, монеахои психологй баpхам хypда, шогиpдон махоpати мубохиса намудан ва идоpа каpдани гypyхpо сохиб мегаpданд.

Даp баpобаpи ин технологияи кейс аз камбудихо низ холй нест. Камбудии аввал даp дyшвоpии кафолати мустакилияти донишчуёни алохида даp ичpоиши баъзе масъалахо зохиp мегаpдад. Мустакилияти донишчуёни сустхон тавассути усулхои лоихасозй, накшбозй ва хамкоpию фаъолияти мyштаpаки шогиpдон бештаp фаъол гаpдонида мешавад [6, с. 39].

Саpфи назаp аз ин камбудихо ташкили коpи донишчуён даp pежими технологияи кейс бо актуалй гаpдидани муносибатхои системй, пypфаъолият, пpоблемавй ва истифодаи бозихои мухталиф даp таълим зохиp мегаpдад. Тибки технологияи кейс инчунин ташкили фаъолияти замонавии донишчуён даp амалиётхои лоихасозй, коpкаpд

ва татбики лоихахо ба амал оварда мешавад [2, с.67]. Методи кейс аз омузгор махорати махсуси педагогй, сохибкасбии баланд ва омодагй барои сарф намудани захирахои зехнй ва вакти заруриро дар ичроиши кор талаб менамояд. Аз чумла, дар пурсиш ва муошират ба хамкорони худ хангоми ба миён омадани масъалахои номафхум шахс аз усули кейс истифода бурда метавонад.

Накши асосии омузгор хангоми машгулият дар самти сухбат ё мубохиса дар водор намудани донишчуён рочеъ ба даст кашидан аз акидахои руякй ва чалб намудани тамоми шогирдони гурух ба раванди тахлили кейс иборат мебошад. Бинобар ин омузгор бояд хар сари чанд вакт бояд аспектхои назариявиро бо такрор ба донишчуён фахмонад, онхоро хулосабандй намояд ва барои такя ба далел аз адабиётхои даркорй иктибос оварад. Ин як рохи нави татбики фаъолияти эчодии омузгор мебошад, ки он тавассути истифода аз хусусиятхои методологии гунонун фарк мекунад.

Аз тачриба маълум мегардад, ки донишчуён ба истифодаи технологияи кейс муносибати мусбй доранд. Онхо дар технологияи кейс навъхои гуногуни бозй (бозихои корй, накшофарй, таклидй)-ро тасаввур намуда, такрори масъалахои назариявиро дар машгулиятхои амалй, яъне дар интегратсияи (хамгироии) назария ва амалия ва ноил гардидан ба малакахои амалй (муошират ба забони хоричй) тасаввур менамоянд [5, с. 362].

Умед аст, ки дар солхои наздик технологияи кейс бинобар сабаби ба эътибор гирифтани шароиту имконияти донишчу ба фаъол гардонидани машгулиятхо дар таълими забонхои хоричй чойи асосиро ишгол мекунад ва он методхои анъанавии таълимро бо истифодаи маълумотхои навин пурра мегардонад.

Адабиёт:

1. Вербицкий А.А. Активное обучение в высшей школе. Контекстный подход: Метод.пособие [Текст] / А.А. Вербицкий. - М: Высшая школа, 1991. - 207 с.

2. Горовая В.И. К вопросу о проектировании в инновационной деятельности // Проектирование инновационных процессов в социокультурной и образовательной сферах. - Сочи, 2002. - С. 66-68.

3. Еремина М. Ю. Потенциал кейсового метода / М. Ю. Еремина // Школьные технологии. — 2004 .— N 6 .— С. 104-108.

4. Консепсияи миллии маълумоти Ч,умхурии Точикистон. Ахбороти Вазорати маорифи Ч,умхурии Точикистон. - Душанбе: Шарки озод, 2003. -С.74.

5. Кучугурова Н.Д. Формирование профессиональной компетентности будущего специалиста // Проблемы и перспективы педагогического образования в XXI веке. - М., 2000. - С. 360-362.

6. Рахмон Э. Доклад на первой сессии Маджлиси Оли Республики Таджикистан (7 апреля 1995 г.). - Душанбе: Ирфон, 1995. - С. 36.

7. Цапко И.Г. Кейс-технология в образовательном процессе и ее влияние на формирование межкультурной языковой коммуникативной компетенции // Фестиваль педагогических идей «Открытый урок [Электронный ресурс]. URL: http://festival.1september.ru/articles/626702/ (дата обращения: 05.01.2014).

ПРИМЕНЕНИЕ КЕЙС-ТЕХНОЛОГИИ В РАЗВИТИИ АВТОНОМНОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ СТУДЕНТОВ

В статье рассматриваются характеристики метода кейсов в целях эффективного изучения иностранного языка и формирования автономной деятельности студентов, которая тесно связана с проблемным методом и технологией применения различных игр. Кейс-метод способствует развитию жизненных навыков, сопоставить альтернативных явлений, дать оценку, выбрать оптимальный вариант и составить план его исполнения. Тем самим у студентов формируются навыки межличностного взаимодействия, преодолеваются психологические барьеры, вырабатываются дискуссионных умений и компетенции управлять группой.

Ключевые слова: кейс-метод, автономная деятельность, проблемный метод, жизненные навыки, психологический барьер, профессиональная компетенция.

USE OF CASE TECHNOLOGY IN THE DEVELOPMENT OF AUTONOMY

ACTIVITIES OF STUDENTS

This article dealt with peculiarities of case method with aim of effective study of foreign language and formation of autonomy activities of students which has close relation with problems of method

and use of technology of difference games. Case-method promotes development of life skills, compare alternative phenomena, estimate, elect optimal version and make its realization plan as well. The interpersonal interaction skills of students will be formed, psychological barriers will be overdone, and discussion ability and competition of group management will be developed as well.

Keywords: Case-method, autonomy activity, problem method, life skills, psychological method, professional competence, interpersonal interaction.

Сведения об авторах: Муллоев Абдусамад, доктор филологических наук, проректор по научной работе Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, e-mail: sinojon_2014@mail.ru

Сайфуллоева Зарина, кандидат политических наук, доцент, зав. кафедрой немецкого языка и методики его преподавания Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, e-mail: zarina_sayf@yahoo.com

Сайфуллаев Хайрулло Габдуллаевич, доктор педагогических наук, профессор кафедры немецкого языка и методики его преподавания Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, e-mail: sayfi_48@yahoo.de

Ábout authors: Mulloev Abdusamad, doctor of philological sciences, vice-rector on scientific works of the Tajik State Pedagogical University named after S. Aini

Sayfulloeva Zarina, PhD in Politics sciences, Associate Professor, Chair of German and its Teaching Method, Tajik State Pedagogical University named after S. Aini

Sayfullaev Khayrullo Gabdullaevich, doctor of Pedagogical Sciences, Professor, Chair of German and its Teaching Method, Tajik State Pedagogical University named after S. Aini

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.