Научная статья на тему 'The role of civil society in anticorruption policy of Tajikistan: conditions and perspectives'

The role of civil society in anticorruption policy of Tajikistan: conditions and perspectives Текст научной статьи по специальности «Политологические науки»

CC BY
201
25
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
АНТИКОРРУПЦИОННАЯ ПОЛИТИКА / КОРРУПЦИЯ / ГРАЖДАНСКОЕ ОБЩЕСТВО / ГОСУДАРСТВО / ПРЕОДОЛЕНИЕ КОРРУПЦИИ / ТРАНСПАРЕНТНОСТЬ / ANTICORRUPTION POLICY / CORRUPTION / CIVIL SOCIETY / STATE / OVERCOMING / TRANSPARENCY

Аннотация научной статьи по политологическим наукам, автор научной работы — Солиев Шарофиддин Холович

Рассматривается роль гражданского общества в реализации антикоррупционной политики в Республике Таджикистан. Подчёркивается, что сегодня коррупция является одной из актуальных проблем Таджикистана. Считается, что всестороннее привлечение гражданского общества является одним из важных и эффективных механизмов преодоления и снижения уровня коррупции в Таджикистане. Участие гражданского общества в борьбе против коррупции в стране оценивается как неудовлетворительное. Приводятся некоторые причины неактивности поведения гражданского общества в антикоррупционной политике страны. Также изложены определенные усилия гражданского общества Таджикистана в антикоррупционном направлении. В заключении приводятся некоторые рекомендации для активизации участия гражданского общества в борьбе против коррупции в Таджикистане.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The article examines the role of civil society in realization of anticorruption policy in the Republic of Tajikistan. The author emphasizes that today corruption is considered as an actual problem of Tajikistan. Comprehensive involvement of civil society into a combat with the shameful phenomena is looked upon as one of important and effective mechanisms in overcoming corruption and reducing its level in Tajikistan. Participation of civil society of Tajikistan in anticorruption policy of thes country is assessed as unsatisfactory. The author adduces some factors accounting for inactivity of civil society in anticorruption policy of the country. The author expounds how certain endeavours on the part of civil society of Tajikistan are still undertaken somehow against corruption in Tajikistan in anticorruption direction. In conclusion, the author gives some recommendations to intensify a participation of civil society in combat against corruption in the Republic of Tajikistan.

Текст научной работы на тему «The role of civil society in anticorruption policy of Tajikistan: conditions and perspectives»

23 00 00 ПОЛИТИЧЕСКИЕ НАУКИ 23 00 00 POLITICS SCIENCES

23.00.02 ПОЛИТИЧЕСКИЕ ИНСТИТУТЫ, ПРОЦЕССЫ И ТЕХНОЛОГИИ 23 00 02 POLITICAL INSTITUTES, PROCESSES AND TECHNOLOGIES

УДК 32.001 ББК 66.3,123

НАКЩИ ЧОМЕАИ ШАХРВАНДЙ ДАР СИЁСАТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ ТОЦИКИСТОН: Х,ОЛАТ ВА ДУРНАМО

РОЛЬ ГРАЖДАНСКОГО ОБЩЕСТВА В АНТИКОРРУПЦИОННОЙ ПОЛИТИКЕ ТАДЖИКИСТАНА: СОСТОЯНИЕ И ПЕРСПЕКТИВЫ

THE ROLE OF CIVIL SOCIETY IN ANTICORRUPTION POLICY OF TAJIKISTAN: CONDITIONS AND PERSPECTIVES

Солиев Шарофиддин Холович,

ассистенти кафедраи сиёсатшиносии ДДХ,БСТ (Тоцикистон, Хуцанд)

Солиев Шарофиддин Холович,

ассистент кафедры политологии ТГУПБП (Таджикистан, Худжанд)

Soliev Sharofiddin Kholovich,

Lecturer of the Political Science Chair under the TSULBP (Tajikistan, Khujand) E-MAIL: sharof55@yahoo.com

Калидвожа^о: сиёсати зиддикоррупсиони, коррупсия, цомеаи шаурванди, давлат,

пешгирии коррупсия, шаффофият

Дар мацола нацши цомеаи шаурванди дар амалигардонии сиёсати зиддикор-рупсионии Чумуурии Тоцикистон мавриди барраси царор гирифтааст. Муаллиф цайд намудааст, ки дар шароити имруза коррупсия яке аз масъалауои мууими Тоцикистон мебошад. Изуори ацдида шудааст, ки цалби уамацонибаи цомеаи шаурванди яке аз механизмуои мууим ва самараноки пешгирй ва паст намудани сатуи коррупсия дар Тоцикистон мебошад. Ширкати цомеаи шаурванди дар мубориза бар зидди коррупсия дар кишвар нокофи ва гайрицаноатбахш арзёбй шудааст. Муаллиф якчанд омили гайрифаъол будани цомеаи шаурвандиро дар сиёсати зиддикоррупсионии кишвар овардааст. Дар мацола уамчунин баъзе аз кушишуои цомеаи шаурвандии Тоцикистон дар самти сиёсати зиддикоррупсиони барраси гардидааст. Дар хулоса муаллиф барои беутар намудани иштироки цомеаи шаурванди дар мубориза бар зидди коррупсия дар Тоцикистон тавсияуо намудааст.

Ключевые слова: антикоррупционная политика, коррупция, гражданское общество,

государство, преодоление коррупции, транспарентность

Рассматривается роль гражданского общества в реализации антикоррупционной политики в Республике Таджикистан. Подчёркивается, что сегодня коррупция является одной из актуальных проблем Таджикистана. Считается, что всестороннее привлечение гражданского общества является одним из важных и эффективных механизмов преодоления и снижения уровня коррупции в Таджикистане. Участие гражданского общества в борьбе против коррупции в стране оценивается как неудовлетворительное. Приводятся некоторые причины неактивности поведения гражданского общества в антикоррупционной политике страны. Также изложены определенные усилия гражданского общества Таджикистана в антикоррупционном направлении. В заключении приводятся некоторые рекомендации для активизации участия гражданского общества в борьбе против коррупции в Таджикистане.

Key words: anticorruption policy, corruption, civil society, state, corruption,overcoming,

transparency

The article examines the role of civil society in realization of anticorruption policy in the Republic of Tajikistan. The author emphasizes that today corruption is considered as an actual problem of Tajikistan. Comprehensive involvement of civil society into a combat with the shameful phenomena is looked upon as one of important and effective mechanisms in overcoming corruption and reducing its level in Tajikistan. Participation of civil society of Tajikistan in anticorruption policy of thes country is assessed as unsatisfactory. The author adduces some factors accounting for inactivity of civil society in anticorruption policy of the country. The author expounds how certain endeavours on the part of civil society of Tajikistan are still undertaken somehow against corruption in Tajikistan in anticorruption direction. In conclusion, the author gives some recommendations to intensify a participation of civil society in combat against corruption in the Republic of Tajikistan.

Муковимат бо коррупсия ва рафъи он дар шароити имруза яке аз масъалахои мухдмтарини рушди Чумхурии Точикистонро ташкил медихдд. Дар ин самт то имруз корхои назаррас ба анчом расонида шудаанд, ки хам хосияти пешгиркунанда ва хам хосияти ошкоркунанда доранд. Бо вучуди ин, алхол сатхи коррупсия дар Точикистон баланд мебошад, ки мавкеъгирии кишвар дар раддабандии Индекси дарки коррупсияи Созмони шаффофияти байналхалкй барои соли 2015 дар ин бобат шаходат медихдд [1]. Х,арчанд кишвар дар ин индекс соли 2015 назар ба солхои пешин мавкеи каме хубтарро ишгол карда буд, аммо соли 2016 дар Индекси дарки коррупсияи Созмони шаффофияти байналхалкй Точикистон боз ба раддаи солхои пешинаи худ баргашт [2], ки аз бад шудани холати коррупсия дар мамлакат огахй медихад. Сару садохои охир дар Точикистон дар мавриди гирифтории кормандони зинахои болоии макомоти махсуси зиддикоррупсионии кишвар ба амалхои коррупсионии калонмикёс [3] бори дигар бахсро дар мавриди механизми самараноки мубориза алайхи ин масъала дог намуд. Аз ин ру, зарурат пеш омадааст, ки механизмхои муассири муковимат бо коррупсия андешида ва амалй карда шаванд.

Яке аз чунин механизмхои таъсирбахш фаъолияти самараноки чомеаи шахрвандй дар самти муковимат бо коррупсия шинохта шудааст. Аз ин сабаб баррасии масъаларо дар доираи сиёсати зиддикоррупсионии Точикистон мухим медонем. Ба андешаи мо амали фаъоли чомеаи шахрвандй дар самти сиёсати зиддикоррупсионии кишвар метавонад ба рафъи коррупсия таъсири назаррас дошта бошад.

Накши чомеаи шахрвандй дар муковимат алайхи коррупсия аз чониби созмонхои байналхалкии мубориз бо коррупсия, мухаккикони алохида ва дар сиёсати амалии зиддикоррупсионй мавриди эътироф карор гирифтааст. Хусусан созмонхои байналхалкие, ки бар зидди коррупсия мубориза мебаранд, мавчудият ва фаъолияти чомеаи шахрвандии рушдёфтаро омили мухими сиёсати зиддикоррупсионии киш-вархо мешуморанд. Масалан, Конвенсияи Созмони Милали Муттахид бар зидди коррупсия дар моддаи 13-уми худ накши чомеаи шахрвандиро дар мубориза алайхи коррупсия эътироф намудааст, ки дар он аз хукуматхо боло бурдани шаффофият, бехтар сохтани дастрасии чомеа ба иттилоот ва мусоидати чамъиятй ба раванди кабули карор такозо карда мешавад [4].

Мавчудият ва амали чомеаи шахрвандии фаъолро дар умури мубориза бо коррупсия созмонхои байналхалкй, аз чумла Ассосиатсияи байналхалкии зиддикоррупсионй, Созмони амният ва хамкорй дар Аврупо, Барномаи рушди Созмони Милали Муттахид, Созмони хамкории иктисодй ва рушд, Созмони шаффофияти байналхалкй мухим талаккй мекунанд. Созмонхои номбурда тавассути баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии мардум, ташкил ва баргузории тахкикоти илмй, баргузории мониторинги ичроиши стратегияи зиддикоррупсионй ва дастгирии чомеаи шахрвандй дар самти сиёсати зиддикоррупсионй сахми худро гузошта истодаанд.

Дар ин маврид фаъолияти Созмони хамкории иктисодиро, ки дар халли мушкилоти коррупсия дар Точикистон ба таври васеъ чалб шудааст, мисол овардан мумкин аст. Созмони мазкур фаъолияти зиддикоррупсионии чомеаи шархрвандиро як механизми мухимми муборизаи зидди фасод медонад. Гузашта аз ин созмон барои чомеаи шахрвандй чихати мониторинги сиёсати зиддикоррупсионй ва ироаи тавсияхои амалй рохнамоеро тахия ва нашр намудааст [5].

Умуман дар рафъи коррупсия мухаккикон мустахкам намудани меъёрхои демократй ва таъмини механизми демократии рушди чомеаро, ки яке аз унсурхои зарурии он чомеаи шахрвандй дониста шудааст, хеле мухим арзёбй мекунанд [6]. Дар чомеахои кушода коррупсия аз чониби ниходхои чомеаи шахрвандй пешгирй ва ошкор шуда, натичахо тавассути васоити ахбори мустакил ва озод ба самъи мардум расонида мешаванд.

Мухаккики масъалахои коррупсия дар Точикистон Халифаев М. андешаи боло бурдани фаъолии ахолиро дар талаби хукукхои худ ба хотири рафъи коррупсия ва рушди масуният аз коррупсия пешниход намудааст. Дар ин самт зарур донистааст, ки Хукумати Точикистон рушди бемамониати чомеаи шахрвандиро дастгирй намояд.

Халифаев М. хамчунин кайд намудааст, ки кушиши махдуд намудани коррупсия бо чорахои пахшкунанда ва тактикаи «мубориза», хамчунин боло бурдани шумори макомоти назоратй бе таъсиргузорй ба арзишхо ва огохии омма аз масъала наметавонад самараи дилхох дошта бошад. Дар ин самт чомеаи шахрвандй

метавонад дар боло бурдани огохии мардум перомуни масъала ва талаби хукукхои худ дар муносибат ба макомоти давлатй накши мухим бозад. Созмонхои чомеаи шахрвандй бо огохй аз холати мавчудаи коррупсионй дар ин ва ё он соха ва хамчунин дарки омил ва заминахои рушди коррупсия метавонанд бохабарии мардумро аз масъала боло баранд. Х,ам ниходхои расмию хукукй ва хам ниходхои анъанавии чомеаи шахрвандй метавонанд дар ин самт фаъол бошанд [7].

Зарурати чалби васеи чомеаи шахрвандй дар сиёсати зиддикоррупсионии Точикистон солхои охир пайваста таъкид мегардад. Аз чумла зарурати иштироки фаъоли чомеаи шахрвандй дар икдомхои зиддикоррупсионй дар хамаи меъёрхои хукукии ба ин масъала нигаронидашудаи кишвар инъикос ёфтаанд. Дар ^онунхои Чумхурии Точикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукукй ва лоихахои санадхои меъёрии хукукй» ва Стратегияи муковимат ба коррупсия дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2013-2020 ниходхои чомеаи шахрвандй чун унсурхои мухимми сиёсати зиддикоррупсионй дар Точикистон дониста шудаанд. Х,амчунин дар паёмхои худ ба Мачлиси Олй дар мохи январи соли 2016 ва дар мохи декабри хамон сол Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон мухимияти таъмини чалби фаъоли чомеаи шахрвандиро дар сиёсати зиддикоррупсионии кишвар махсусан кайд кард [8]. Дар суханронии худ ба муносибати 10-солагии таъсиси Агентии назорати давлатии молиявй ва мубориза бо коррупсия дар соли 2017 низ Президенти кишвар ба масъалаи чалби чомеаи шахрвандй дар сиёсати зиддикоррупсионй таваччух зохир намуд. Аз чумла таъкид шудааст, ки Точикистон дар самти сиёсати зиддикоррупсионй ба хамкории ниходхои чомеаи шахрвандй ва мардуми кишвар ниёз дорад ва бо чалби чомеаи шахрвандй метавонад ба натичахои дилхох ноил гардад [9].

Хусусан дар шароити Точикистон омилхои зайл боз хам фаъолтар будани чомеаи шахрвандиро дар сиёсати зиддикоррупсионй талаб мекунанд: аввалан, фаъол набудани ракобати хизбй ва мавкеи назаррас надоштани хизбхои сиёсии кишвар дар самти сиёсати зиддикоррупсионй; дувум, фаъол набудани мардум дар хаёти сиёсй ва чандон эътибор надодан ба масъалахои сиёсй ва ичтимоии рушди чомеа аз чониби онхо; севум, дар мухочирати мехнатй карор доштани шумораи зиёди шахрвандони чавон, ки онхоро аз ширкати фаъол дар хаёти сиёсии кишвар канор гузоштааст.

Чи хеле ки мебинем дар Точикистон барои иштироки фаъоли чомеаи шахрвандй дар сиёсати зиддикоррупсионй заминаи хукукй ташаккул ёфтааст. Дар ин чо мумкин аст перомуни накши амалии чомеаи шахрвандй дар сиёсати зиддикоррупсионй дар кишвар чанд суол ба миён ояд. Омилхои таъсиррасон ба фаъолияти зиддикоррупсионии созмонхои чомеаи шахрвандй дар Точикистон кадомхоянд? Оё барои фаъолияти самарабахши чомеаи шахрвандй дар мубориза алайхи коррупсия мухити мувофик мавчуд аст? То кадом андоза чомеаи шахрвандй дар Точикистон ба сиёсати зиддикоррупсионй чалб карда шудааст? Оё давлат хамкории созандаро б о чомеаи шахрвандй бахри мубориза бо коррупсия ба рох мондааст ё на? Оё ниходхои чомеаи шахрвандй худ намуна барои пайгирй дар сиёсати зиддикоррупсионй шуда метавонанд?

Чуноне ки додахои сатхи коррупсия дар Точикистон дар солхои охир нишон медиханд сиёсати зиддикоррупсионй чандон самаранок нест ва накши чомеаи

шахрвандй низ дар он тира ба назар мерасад. Ба андешаи мо омилхои чандон фаъол набудани чомеаи шахрвандй дар мубориза бо коррупсия дар Точикистон ба таври зайланд:

1. Тачрибаи кофй надоштан. Чун чомеаи шахрвандии Точикистон ба монанди давлати мо чавон аст, холо дар самти фаъолияти зиддикоррупсионй тачрибаи зарурй надорад. Аз ин ру, танхо созмонхои ангуштшуморе ба ин раванд чалб шудаанд. Ч,омеаи шахрвандии нав ташаккулёфта то як андоза дар ин раванд аз худэхтиёткунй кор мегирад. Аз ин ру, дурй чустан аз масъала ба тачрибаандузии онхо дар ин раванд таъсири манфии худро мегузорад.

2. Мутамаркизии низоми идорй. Метавонем гуфт, ки тули садсолахост, ки мардуми мо дар низомхои мутамаркиз зиндагй мекунанд. Замони пеш аз Шуравй ва дар давраи Шуравй низоми сиёсй комилан хосияти мутамаркизй дошт. Ин мутамаркизият то як андоза ё тамоман накши хама гуна созмонхои чомеаи шахрвандиро дар хаёти чамъиятй ба хеч табдил дода буд. Дар низомхои мутамаркиз хама гуна мухолифат ва ё фаъолияти чамъиятии берун аз назорати макомоти давлатй инкор карда мешуд. То ба имруз таъсири ин рухия дар миёни мардуми мо хам дар макомоти давлатй ва хам дар созмонхои чомеаи шахрвандй ба мушохида мерасад. Х,амчунин солхои охир низоми идории кишвар ба худ тамоюли мутамаркизиятро касб намуда истодааст. Дар чунин низоми мутамаркиз дар амалияи сиёсй давлат чандон накши мухими созмонхои чомеаи шахрвандиро эътироф намесозад ва ниходхои чомеаи шахрвандй низ намехоханд, ки бо низоми идорй ишкол дошта бошанд. Зеро дар чунин низом мухолифат бо низоми идорй маънии катъ шудани фаъолиятро дорад.

3. Сат\и пасти худкифоии молиявии ни\од\ои чомеаи шахрвандй дар кишвар.

Вобастагии ниходхои чомеаи шахрвандй аз грантхои хоричй, ки мувофики конунгузории кишвар аз чониби макомоти дахлдори давлатй зери назорат гирифта шудааст, имкон намедихад, ки ниходхои чомеаи шахрвандй харфи дили худро гуфта бошанд. Дар ин маврид ба чолиш бурдани макомотхои давлатй дар масъалаи коррупсия аз чониби ниходхои чомеаи шахрвандй маънии ба чолиш кашидани худи онхо мебошад. Ч,омеаи шахрвандии Точикистон аксаран аз заминаи худкифоии рушд махрум аст. Синфи миёна, ки чун кишри асосии дастгирикунандаи фаъолиятхои чомеаи шарвандй шинохта шудааст, дар кишвари мо чандон рушд наёфтааст. Чун аксари ниходхои чомеаи шахрвандй дар кишвар худкифо нестанд, онхо дар интихоби бартариятхои худ низ озод намебошанд ва асосан ба амалисозии лоихахои мушаххаси донорхо машгуланд.

4. Махдуд ва бесамар шудани ниходхои анъанавии чомеаи шахрвандй. Ин омил аксаран чихати таърихй дорад. Махдуд шудани ниходхои анъанавии чомеаи шахрвандй дар мо асосан замони шуравй зери таъсири идеологияи ягона ва тоталитарй ба миён омад. Аксари ниходхои анъанавии чомеаи шахрвандии мо дар ин замон фано шуданд ва ё махдуду бесамар гаштанд. Барои мисол дар аввалхои зухури давлати шуравй харакати чавонмардон ва ба он монанд унсурхои дигари анъанавии чомеаи шахрвандй, ки дар худуди Осиёи Миёна фаъолият менамуданд, чун бокимондахои унсурони феодаливу кухнапарастй шинохта шуданд ва комилан аз байн рафтанд. Ё худ сиёсати атеистии ин замон фаъолияти масчидхоро чун ниходи

мухимми анъанавии чомеаи шахрвандй, ки мушкилоти чомеаро дар сатхи махаллй баррасй менамуданд, тамоман махдуд ва корношоям гардонид.

Мухаккики масъалахои коррупсия Л. Шелли дар як тахкикоти худ перомуни сафарбарии чомеаи шахрвандй бар мукобили коррупсия дар Русия ва Украина чунин кайд намудааст, ки махз ташкили хокимияти болшевикй ва яккахизбй дар мухити шуравй боис шудааст, ки чомеаи шахрвандии анъанавй шикаста гардад [10].

5. ^олати бухронии солхои аввали сохибисти^лолй дар Точикистон. Чунин холати бухронй, ки омили низои дохилй гардид, пас аз ба итмом расидан низ ба рушди коррупсия ва нофаъолии ниходхои чомеаи шахрвандй бетаъсир намонд. Аввалан ин омил ба худи накши иттиходияхои навтаъсис дар солхои аввали сохибистиклолй иртибот дорад, ки то як андоза на ба халли осоиштаи холати бухронй, балки дар тезутунд шудани вазъияти сиёсй накш доштанд. Баъдан пас аз халли мочаро низ ду алтернатива пешоруи чомеаи мо, хусусан чомеаи шахрвандй карор гирифт - амнияту субот ва ё рушди демократии кишвар. Чун такяи асосй сари масъалахои амниятй намуда шуд, ниходхои чомеаи шахрвандй низ ин алтернативаро дастгирй намуданд ва демократикунониву таъмини шаффофият ба накшаи дуюм гузашт.

Ба андешаи Сусан Роуз-Акерман давлатхои навбунёд набояд ба болоравии коррупсия имкон диханд ва онхоро зарур аст аз ичозатдихй ба элитахои махдуд барои монополияи иктисодиёт ва имкониятхои сиёсй рохи дурй чуянд. Аммо дар шароити Точикистон аз сабаби зухури мочарои дохилй ва муддати тулонй давом ёфтани он ин масъала халли худро дар фурсати зарурй наёфт. Ч,омеахои пас аз мочаро, ба андешаи Сусан Роуз-Акерман, дорои шаффофият низ намешаванд. Зеро гуруххое, ки пас аз мочаро молиёти зиёд ба даст овардаанд, мехоханд молиёти худро нигох доранд ва хамчунин аз бозсозй фоида ба даст биёранд [11].

Дар давраи пасазмочарой созмонхои байналхалкй ва ахли чомеаи Точикистон низ хостгори хифзи сулхи бо мушкилй бадастомада шуда, ба масъалахои амният ва оромиш дар баробари сохтмони чомеаи демократа ва ниходхои давлатии хисоботдиханда ва шаффоф афзалият доданд, ки чунин холат накши чомеаи шахрвандиро дар сиёсати зиддикоррупсионй махдуд кард.

6. Гирифтории них,одх,ои чомеаи шах,рвандй ба коррупсия. Аз сабаби худкифо набудан ва камию норасоии манобеъ, ки тамоми чомеаро то хадде фарогир аст, эхтимоли даст доштани кисме аз ниходхои чомеаи шахрвандй ба амалхои коррупсионй низ рад намегардад. Албатта, мо бо эътимоди комил гуфта наметавонем, ки механизми маблаггузории созмонхои чомеаи шахрвандй ва лоихахои мухталифи он орй аз коррупсия мебошанд. Дар фаъолияти онхо низ мавчуд будани амалхои коррупсионй мавриди тардиду шубха карор намегирад. Зеро чомеаи шахрвандии мо, ки таъминоти дарунй надорад ва заминаи ичтимоии худй дар он заиф аст, метавонад гирифтори схемахои коррупсионй гардад. Дар холи худ гирифтори коррупсия будан ин гуна созмонхои чомеаи шахрвандй чи гуна метавонанд ба сиёсати зиддикоррупсионии кишвар мусоидат дошта бошанд?

7. ^исси нобоварП ба ниходхои чомеаи шахрвандй ва онхоро чун омили носуботй тала^й намудан. Дар Точикистон маблаггузории аксари ниходхои чомеаи шахрвандй аз чониби донорхои байналхалкй сурат мегирад. Аз ин ру, бархе доирахо мехоханд симои ниходхои чомеаи шахрвандиро чун "дасти хоричй" ва барорандаи манфиатхои бегонагон паст бизананд. Чунин навъи муносибат ба ниходхои чомеаи

шахрвандй симои онхоро дар чомеа кохиш дода, дастгирии чамъиятиашонро аз миён мебарад. Хамчунин ин муносибат хамкории миёни давлат ва чомеаи шахрвандиро ба мушкилй дучор намуда, хама гуна кушишхои зиддикоррупсионии чомеаи шахрвандиро барбод медихад. Дар шароити имрузаи Точикистон муносибатхои миёни давлат ва чомеаи шахрвандй то як андоза ду лагери бо хам нопайвандеро мемонад, ки хар яке ба кори худ машгул аст ва нисбати фаъолияти дигаре беэътино аст.

8. Мушкилии дигари иштироки ниходхои чомеаи шахрвандй дар сиёсати зиддикоррупсиониро метавон дар худи заифии чомеаи шахрвандй чуё шуд. Аз як чихат аксари ниходхои чомеаи шахрвандй дар Точикистон мустакилияти молиявй надоранд ва аксаран дар онхо иродаи муковимат бо коррупсия низ мушохида намегардад. Пеш аз хама дар самти муковимат бо коррупсия ниходхои чомеаи шахрвандии кишварро зарурат пеш меояд, ки худ намуна барои пайгирй бошанд. Мутаассифона дар мухити чомеаи шахрвандй низ порадихй, протексионизм, непотизм, аз худ кардани маблаги лоихахо ва дигар навъхои амалхои коррупсионй мушохида мешавад, ки чунин холат сахмгузории чомеаи шахрвандиро дар сиёсати зиддикоррупсионй зери суол мебарад. Аз ин ру, зарурате пеш омадааст, ки дар фаъолияташон ниходхои чомеаи шахрвандй содикияти худро ба принсипхои шаффофият ва хисоботдихандагй ба пуррагй нишон дода бошанд.

Ба назар чунин мерасад, ки тасаввурот дар бораи зарурати иштироки чомеаи шахрвандй дар сиёсати зиддикоррупсионй дар Точикистон тадричан боло меравад. Аммо мо он далелхоеро низ инкор намуда наметавонем, ки аксаран хостахо ва чорахои чалби чомеаи шахрвандй ба сиёсати зиддикоррупсионй хосияти расмй доранд ва дастгирии чамъиятиро барои самаранокии муковимат бо коррупсия доро нестанд. Барои мисол намояндагони сохаи гайридавлатй дар сохтори Шурои миллии зиддикоррупсионй, ки назорати ичрои стратегияи зиддикоррупсионй ба он вогузор аст, дар мукоиса бо намояндагони хокимияти давлатй хеле махдуд аст. Албатта дар чунин холат таъсири намояндагони сохаи гайридавлатй ба фаъолияти Шурои миллии зиддикоррупсионй махдуд мегардад. Чунин вазъият такроршавии ухдадорихо ва ваколатхои зиддикоррупсионии макомоти давлатй ва намояндагони онро ба ёд меорад, ки албатта дар хеч холат накши фаъоли чомеаи шахрвандиро инъикос карда наметавонад.

Дар шароити имруза дар Точикистон дар таркиби чомеаи шахрвандй ташкилотхое зухур намудаанд, ки максади онхоро муковимат бо коррупсия ташкил медихад. Аксари икдомхои ин созмонхо хосияти пешгиркунанда аз коррупсияро доро аст. Дар ин радиф ташкилоти чамъиятии байналхалкии «Хукук ва бехбудй», ташки-лоти чамъиятии чумхуриявии «Маркази маърифат ва таблиготи зиддикоррупсионй», ташкилоти чамъиятии чумхуриявии «Чдвонони асри нав» ва дигар созмонхоро номбар кардан мумкин аст, ки максади онхо омузиши мушкилоти коррупсия, ба самъи ахолй расонидани мазмуну мухтавои меъёрхои байналхалкй ва миллии мубориза бар зидди коррупсия, зарархо ва паёмадхои коррупсия, ташаккули мафку-раи зиддикоррупсионй ва фазои токатнопазирй дар байни ахолй тавассути баргу-зории семинару конференсияхо ва вохурихову сухбатхо дар миёни кишрхои гуногуни ахолй мебошад.

Тадричан икдомхои чомеаи шахрвандиро мо дар ошкорсозй ва рафъи коррупсия низ мушохида менамоем, ки бевосита ба фаъолияти сохахои мухталифи хаёт дахл мекунанд. Мисолхоеро низ овардан мумкин аст, ки сохаи гайридавлатй дар таъмини шаффофияти фаъолиятхои давлатй дар кишвар икдом намудааст ва чунин икдом ба сиёсати зиддикоррупсионии кишвар алокаи бевосита дорад. Барои мисол ниходхои чомеаи шахрвандй дар Точикистон дар пайвастани кишвар ба Ташаббуси шаффофияти сохахои истихроч (Extractive Industries Transparency Initiative) накши мухимро бозидаанд. Чумхурии Точикистон раванди хамрохшавй ба Ташаббусро мохи июни соли 2011 огоз намуд. Мохи августи соли 2011-ум 21 ташкилоти чомеаи шахрвандй чонибдории худро аз ТШСИ изхор намуда, Иттифоки ташкилотхои чомеаи шахрвандии «Шаффофият барои рушд»-ро ташкил намуданд. 26-27 феврали соли 2013 дар шахри Ослои Шохигарии Норвегия чаласаи 22-юми Раёсати Ташаббуси шаффофият дар сохахои истихроч баргузор гардид, ки дар он дархости Чумхурии Точикистон барои гирифтани макоми мамлакати номзад ба Ташаббуси шаффофият дар сохахои истихроч (ТШСИ) маъкул дониста шуд [12]. Соли 2014 якумин хисоботи миллй оид ба амалисозии Ташаббуси шаффофияти сохахои истихроч дар Чумхурии Точикистон ба нашр расида буд. ^арор аст хисоботи дуюмини миллй оид ба амалисозии Ташаббуси шаффофияти сохахои истихроч дар Чумхурии Точикистон дар соли 2017 ба нашр бирасад [13].

Х,ангоми амалисозии стандартхои ТШСИ дар Точикистон натичахои назаррас ба даст омадаанд - бо шарофати он ширкатхои истихрочии Точикистон ба раванди пешниходи хисоботхо иштироки фаъол доштанд, макомоти давлатй бо хамдигар, бо чомеаи шахрвандй ва ширкатхо муносибатхояшонро ба рох монда, дар самти ошкор намудани пардохтхо самараноктар кор бурданд [13]. Амалисозии ин ташаббус дар Точикистон кадами мухим дар рушд ва бехтарсозии фазои сармоягузорй дар Точикистон шинохта шудааст.

Х,амчунин дар айни хол Бахши точикистонии Институти чомеаи кушода дастгирии ду лоихаро ба рох мондааст, ки амалишавии онхо кадами дигари мухимме дар самти фаъолияти чомеаи шахрвандй дар сиёсати зиддикоррупсионии кишвар хоханд гашт. Ин ду лоиха "Дастгирии мудирияти молияи давлатй" ва "Тадкикоти илмй дар масъалаи шаффофият дар бучетхои махаллй" мебошанд [14]. Мо чунин мепиндорем, ки таъмини шаффофият тавассути амалй намудани чунин лоихахо метавонад кадамхои мусбате дар рафъи коррупсия дар Точикистон бошанд.

Албатта, чалби чомеаи шахрвандй дар сиёсати зиддикоррупсионии кишвар метавонад самараи мухимме дар ин самт дошта бошад. Ниходхои чомеаи шахрвандй дар кишвар метавонанд чун химоякунандагони хукуки сохибкорон ва сохаи хусусй баромад намоянд, ки ин метавонад ба рушди соха ва муносибатхои мавзуни миёни давлат ва сохаи хусусй мусоидат намояд. Созмонхои чомеаи шахрвандй метавонанд чун абзори мухиме дар хифзи хукук ва озодихо дар холати ба коррупсия гирифтор будани макомоти хифзи хукук ва дигар макомоти нозиротии давлатй хизмат кунанд.

Аз ин ру, давлатро зарур аст, ки фаъолии шахрвандон ва ахли чомеаро дар муковимат бо коррупсия тавассути мустахкам намудани мавкеи чомеаи шахрвандй ба рох монад. Фаъолии шахрвандон метавонад дар ташаббуси онхо дар таъсиси ниходхои чомеаи шахрвандй ба хотири талаби хукук ва озодихои худ инъикос гардад.

Дар шароити Точикистон дар заминаи фаъолии гайриканоатбахши хизбхои сиёсй, хусусан хизбхои аз хокимият берунбуда ва камтаваччухии шахрвандон ба хаёти сиёсй ниходхои чомеаи шахрвандй метавонанд хамчун абзори талаби хисобот-дихандагй ва шаффофияти фаъолияти макомоти давлативу чамъиятй гарданд. Дар шароити имрузаи кишвар ниходхои чомеаи шахрвандй танхо ниходхое хастанд, ки аз ухдаи ин кор баромада тавонанд. Дар ин самт накши васоити ахбори оммаи озод бузург ва мухим аст. Танхо мавкеи мустахкам доштани ниходхои чомеаи шахрвандй ва мустакилияти молиявй ба онхо имконият медихад, ки хисоботдихандагй ва шаффофиятро дар фаъолияти макомоти давлатй ба дарачаи зарурй талаб намоянд.

Дар шароити Точикистон дар самти сиёсати зиддикоррупсионй фаъолияти чомеаи шахрвандй бояд ба таври хатмй чалб карда шавад. Аз ин ру, барои мусоидат намудан ба кушишхои зиддикоррупсионии чомеаи шахрвандй амалй намудани тавсияхои зеринро зарур мешуморем:

- мустахкам намудани замина ва чорчубаи хукукие, ки барои ташаккул ва рушди озоди чомеаи шахрвандии фаъол имкон фарохам меорад. Дар ин маврид зарур мешуморем, ки механизми мусоидаткунанда ба фаъолияти зиддикоррупсионии чомеаи шахрвандй шакл дода шавад.

- ба рох мондан ва мустахкам кардани муносибатхои созанда ва хамкории миёни давлат ва ниходхои чомеаи шахрвандй, хусусан дар самти муковимат бо коррупсия. Дар самти мубориза бар зидди коррупсия зарур аст, ки макомоти давлатй ва чомеаи шахрвандй хамкории хамачонибаро ба рох монда бошанд ва хусусан кушишхои зиддикоррупсионии созмонхои чомеаи шахрвандй эътироф ва кадр карда шавад.

- таквият бахшидани дастгирии чамъиятии ниходхои чомеаи шахрвандй ва мусоидат намудан ба бунёди симои хуб аз чомеаи шахрвандй дар миёни мардум;

- мусоидат ба чалби самараноки чомеаи шахрвандй дар мубориза зидди коррупсия дар хама сатххо ва дар хама сохахои хаёти чамъиятй дар Точикистон;

- ба нашр расонидани солномаи фаъолияти ниходхои чомеаи шахрвандй бо нишон додани ичрои лоихахо ва маблаггузории созмонхои чомеаи шахрвандй. Дар ин холат хакамии фаъолияти чомеаи шахрвандй дар кишвар ба ахли чомеа дода мешавад ва шаффофияти фаъолияти чомеаи шахрвандй таъмин мегардад.

Пайнавишт:

1. Дар Индекси дарки коррупсияи Созмони шаффофияти байналхалцй дар соли 2015 Тоцикистон бо балли 26 (аз 100 - озод аз коррупсия) дар цои 135-ум царор гирифтааст. 2015 Corruption Perception Index www.transparencyinternational.org (санаи муроциат 20.05.2017)

2. Дар Индекси дарки коррупсияи Созмони шаффофияти байналхалцй дар соли 2016 Тоцикистон бо балли 25 (аз 100 - озод аз коррупсия) дар цои 151-ум (176 кишвар) царор гирифтааст. 2016 Corruption Perception Index www. transparencyinternational. org (санаи муроциат 20.05.2017)

3. Антикоррупсия: Холмуродзода и Камолзода уволены за деяния прочашие честь сотрудников Агенства // Информационная агенство Азия-плюс, www.news.tj, (санаи муроциат 16.05.2017)

4. United Nations (UN): Convention against corruption // Source: International Legal Materials, Vol. 43, No. 1 (January 2004), pp. 37-73

5. Практическое руководство: как проводить мониторинг со стороны гражданского общества. Стамбульский план действий по борьбе с коррупцией. ОЭСР, 2014. (электронный ресурс), www.oecd.org/corruption/acn/ACN-Civil-Society-Monitoring -Practical-Guide-R US.pdf (санаи муроциат 26.08.2017)

6. Фурман Дмитрий. Общее и особенное в политическом развитии постсоветской России и других стран СНГ // Прогнозис. 2006. № 3.; Robert Klitgaard, Controlling Corruption. Berkley: University of California Press, 1988; A. J. Heidenheimer, M. Johnston, Political corruption, concept and contexts, 2002; Brunetti, Aymo & Weder, Beatrice "A free press is bad news for corruption " // Journal of Public Economics. - 2003. No. 87 (7-8). - PP. 1801-1824.

7. Халифаев М. Н. Политико-правовые аспекты противодействия коррупции в Таджикистане: диссертация на соискание ученой степени кандидата политических наук. - Душанбе, 2009. - 159 с.

8. Паёми Президенти Чумуурии Тоцикистон Эмомали Раумон ба Мацлиси Олии Чумуурии Тоцикистон 20.01.2016, ш. Душанбе. www.president.tj (санаи муроциат 26.05.2017); Паёми Президенти Чумуурии Тоцикистон Эмомали Раумон ба Мацлиси Олии Чумуурии Тоцикистон 22.12.2016, ш. Душанбе. www.president.tj (санаи муроциат 26.05.2017)

9. Суханрони ба муносибати 10-солагии таъсиси Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия // Сомонаи расмии Президенти Чумуурии Тоцикистон www.president. tj, (санаи муроциат 16.05.2017)

10.Louise Shelley. Civil society Mobilization against Corruption: Russia and Ukraine / Civil society and Corruption. Mobilizing for Reform. Edited by Michael Johnston, 2005, University Press of America

11.Susan Rose-Ackerman, Corruption in the Wake of Domestic National Conflict / Corruption, Global Security and World Order, edited by Robert I. Rotberg, World Peace Foundation and American Academy of Arts and Sciences, PP. 66-96.

12.1-й Национальный отчёт о реализации инициативы прозрачности деятельности добывающих отраслей в Республике Таджикистан - 2014 (электронный ресурс), www.osiaf.tj/2016/01/28/isoboti-mill-tshsi (санаи муроциат 28.08.2017)

13. Четыре года реализации ИПДО в Таджикистане.

http://www. news. tj/ru/news/tajikistan/economic/20170222/chetire-goda-realizatsii-ipdo-v-tadzhikistane (санаи муроциат 20.05.2017)

14.Сомонаи расмии Бахши Тоцикистонии Институти Чомеаи Кушода www.soros.tj (санаи муроциат 20.02.2017)

Reference Literature:

1. In 2015 according to Corruption Perception Index of Tajikistan with point 26 (from 100 -free from corruption) was placed under number 135 among ranked countries. 2015 Corruption Perception Index www.transparencyinternational.org (date of addressing: 20.05.2017)

2. In 2016 according to international Corruption Perception Index Tajikistan with point 25 (from 100 - free from corruption) was placed under number 151 among ranked countries (176 contries). 2016 Corruption Perception Index www.transparencyinternational.org (date of addressing: 20.05.2017)

3. Anticorruption: Kholmurodzoda and Kamolzoda were fired for the conduct defaming the honor of Agency employees // Information agency Asia-Plus, www.news.tj, (date of addressing: 16.05.2017)

4. United Nations (UN): Convention against Corruption // Source: International Legal Materials, Vol. 43, No. 1 (January 2004), pp. 37-73

5. Practical Guidance: how to Conduct Monitoring on the Part of Civil Society. Istanbul Plan of Actions in Combat against Corruption, OECD, 2014. (electronic resource) www. oecd. org/corruption/acn/A CN-Civil-Society-Monitoring -Practical-Guide-R US.pdf (date of addressing: 26.08.2017)

6. Furman Dmitry. Commonalities and specificities in Political Development of post-Soviet Russia and other countries of CIS // Prognosis. 2006. № 3.; Robert Klitgaard, Controlling Corruption. Berkley: University of California Press, 1988; A. J. Heidenheimer, M. Johnston, Political Corruption, Concept and Contexts, 2002; Brunetti, Aymo & Weder, Beatrice "A Free Press is Bad News for Corruption" // Journal of Public Economics. -2003. No. 87 (7-8). - PP. 1801-1824.

7. Khalifaev M.N. Political and Legal Aspects of Combat against Corruption in Tajikistan. Candidate dissertation in political sciences. - Dushanbe, 2009, 159 pp.

8. The Message of Tajikistan President Emomali Rahmon to the Tajik Parliament (Majlisi Oli), 20 January, 2016, www.president.tj (date of addressing: 26.05.2017); The Message of Tajikistat President Emomali Rahmon to the Tajik Parliament (Majlisi Oli), 22 December, 2016, www.president.tj (date of addressing: 26.05.2017)

9. Speech of the President of Tajikistan Devoted to the 10th Anniversary of the Formation of the Agency of State Financial Regulation and Combat against Corruption // Official website of the President of the Republic of Tajikistan www.president. tj, (date of addressing: 16.05.2017)

10.Louise Shelley. Civil Society Mobilization against Corruption: Russia and Ukraine / Civil Society and Corruption. Mobilizing for Reform. Edited by Michael Johnston, 2005, University Press of America

11.Susan Rose-Ackerman, Corruption in the Wake of Domestic National Conflict / Corruption, Global Security and World Order, edited by Robert I. Rotberg, World Peace Foundation and American Academy of Arts and Sciences, PP. 66-96.

12. The 1st National Report on Realization of Extractive Industry Transparency Initiative in the Republic of Tajikistan 2014, (electronic resource), www.osiaf.tj/2016/01/28/isoboti-mill-tshsi (date of addressing: 28.08.2017)

13.For Years of EITI Realisation in Tajikistan. http://www.news.tj/ru/news/tajikistan/economic/20170222/chetire-goda-realizatsii-ipdo-v-tadzhikistane (date of addressing: 20.05.2017)

14.Official Website of Tajik Branch of Open Society Institute www.soros.tj (date of addressing: 20.02.2017)

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.