Научная статья на тему 'Socio-political factors of combating corruption under the conditions of contemporary Tajikistan'

Socio-political factors of combating corruption under the conditions of contemporary Tajikistan Текст научной статьи по специальности «Политологические науки»

CC BY
111
19
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
КОРРУПЦИЯ / БОРЬБА С КОРРУПЦИЕЙ / НЕПРИЯТИЕ КОРРУПЦИИ / АНТИКОРРУПЦИОННАЯ ПОЛИТИКА / ЭФФЕКТИВНОСТЬ АНТИКОРРУПЦИОННОЙ ПОЛИТИКИ / ПРЕОДОЛЕНИЕ КОРРУПЦИИ / ПРИНЦИПЫ АНТИКОРРУПЦИОННОЙ ПОЛИТИКИ / CORRUPTION / COMBAT WITH CORRUPTION / NON-TOLERANCE TO CORRUPTION / ANTICORRUPTION POLITICS / EFFICIENCY OF ANTICORRUPTION POLICY / PREVENTING FROM CORRUPTION / PRINCIPLES OF ANTICORRUPTION POLICY / КОРРУПСИЯ / МУқОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ / ТАҳАММУЛНОПАЗИРӣ БА КОРРУПСИЯ / СИЁСАТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӣ / САМАРАНОКИИ СИЁСАТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӣ / ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ / ПРИНСИПҳОИ СИЁСАТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӣ

Аннотация научной статьи по политологическим наукам, автор научной работы — Джононов Сайдамир, Солиев Шарофиддин Холович

Рассматриваются социальные и политические аспекты противодействия коррупции в современных условиях Таджикистана. Уделено особое внимание факторам оптимизации антикоррупционной политики. Подчеркнуто, что развитие демократической формы правления, выявление оптимальных механизмов преодоления и предотвращения коррупции, экономическое и социальное развитие страны, воспитание законопослушности и культуры неприятия коррупционных проявлений и другие важные политические и социальные факторы могут повысить эффективность антикоррупционной политики в Таджикистане. Показаны достижения Таджикистана в борьбе с коррупцией. Сделан вывод, что несмотря на осуществленные антикоррупционные меры, проблема остается актуальной и требует решения. Изложено мнение, что самоконтроль является важным фактором преодоления коррупции и что религиозные и культурные факторы имеют важное значение в воспитании самоконтроля у граждан в противодействии коррупции.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Социально-политические факторы борьбы с коррупцией в условиях современного Таджикистана

In this article the authors dwell on the social and political aspects of combat with corruption under contemporary conditions of Tajikistan. They pay special attention to optimization of anticorruption policy. It is emphasized that the development of a democratic form of governance, elicitation of optimal mechanisms serving prevention and overcoming of corruption, economic and social development of the country, instilling a law-abiding spirit and a culture of non-tolerance to all types of corruption just as other important political and social factors can enhance an efficiency of anticorruption policy in Tajikistan. The article shows the achievements of Tajikistan in combat against corruption. The conclusion is made that despite an implementation of anticorruption measures, the problem remains actual and needs to be solved. The authors believe that the spirit of self-control is an important factor in prevention from corruption. According to them, religious and cultural factors have an important role in surmounting corruption and upbringling a spirit of self-control among citizens in counteracting corruption.

Текст научной работы на тему «Socio-political factors of combating corruption under the conditions of contemporary Tajikistan»

УДК 32.001 ББК 66.3,123

ОМИЛХ,ОИ ИЧТИМОИЮ СИЁСИИ МУЦОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР ШАРОИТИ ТОЧИКИСТОНИ МУОСИР

СОЦИАЛЬНО-ПОЛИТИЧЕСКИЕ ФАКТОРЫ БОРЬБЫ С КОРРУПЦИЕЙ В УСЛОВИЯХ СОВРЕМЕННОГО ТАДЖИКИСТАНА

SOCIO-POLITICAL FACTORS OF COMBATING CORRUPTION UNDER THE CONDITIONS OF CONTEMPORARY TAJIKISTAN

Чононов Сайдамир, д. и. фал., профессори кафедраи фалсафа ва таърихи Донишкадаи соуибкорй ва хизмат (Тоцикистон, Душанбе); Солиев Шарофиддин Холович, ассистенти кафедраи сиёсатшиносии ДДХ,БСТ (Тоцикистон, Хуцанд)

Джононов Сайдамир, д. филос. н., профессор кафедры философии и истории Института предпринимательства и сервиса (Таджикистан, Душанбе); Солиев Шарофиддин Холович, ассистент кафедры политологии ТГУПБП (Таджикистан, Худжанд)

Jononov Saidamir, Dr. of Philosophy, Professor of philosophy and history chair under the Institute of Entrepreneurship and Service (Tajikistan, Dushanbe) Soliev Sharofiddin Kholovich, lecturer of the Political Science chair under the TSULBP (Tajikistan, Khujand) E-MAIL: sharof55@yahoo.com

тауаммулнопазири ба коррупсия, зиддикоррупсионй, пешгирии

Калидвожа^о: коррупсия, муцовимат бо коррупсия, сиёсати зиддикоррупсионй, самаранокии сиёсати коррупсия, принсищои сиёсати зиддикоррупсионй

Дар мацола циуатуои ицтимой ва сиёсии муцовимат бо коррупсия дар шароити Тоцикистони имруза мавриди баррасй ва омузиш царор дода шудааст. Муаллифон ба омилуои самаранок намудани сиёсати зиддикоррупсионй таваццууи хосса додаанд. Муаллифон чунин цайд намудаанд, ки тацвият бахшидани низоми идораи демократй, дарёфти механизмуои муассири пешгирй ва рафъи коррупсия, рушди ицтисодй ва ицтимоии кишвар, тарбияи уисси цонунмеуварй, фар^анги тауаммулнопазирй ба х,ар гуна зуууроти коррупсионй ва дигар омилуои мууими сиёсй ва ицтимой метавонанд самаранокии сиёсати зиддикоррупсионии Тоцикистонро боло баранд. Дар мацола дастовардуои Тоцикистон дар самти муцовимат бо коррупсия нишон дода шудаанд. Аммо муаллифон ба чунин хулосае расидаанд, ки новобаста аз коруои ба анцом расида дар самти муцовимат бо коррупсия масъала уалталаб боцй мондааст. Муаллифон рууияи худназоратиро чун омили мууим дар гирифтор нашудан ба амалуои коррупсионй медонанд ва дар тарбияти он нацши омилуои динй ва фар^ангиро мууим мешуморанд.

Ключевые слова: коррупция, борьба с коррупцией, неприятие коррупции, антикоррупционная политика, эффективность антикоррупционной политики, преодоление коррупции, принципы антикоррупционной политики

Рассматриваются социальные и политические аспекты противодействия

коррупции в современных условиях Таджикистана. Уделено особое внимание факторам оптимизации антикоррупционной политики. Подчеркнуто, что развитие демократической формы правления, выявление оптимальных механизмов преодоления и предотвращения коррупции, экономическое и социальное развитие страны, воспитание законопослушности и культуры неприятия коррупционных проявлений и другие важные политические и социальные факторы могут повысить эффективность антикоррупционной политики в Таджикистане. Показаны достижения Таджикистана в борьбе с коррупцией. Сделан вывод, что несмотря на осуществленные антикоррупционные меры, проблема остается актуальной и требует решения. Изложено мнение, что самоконтроль является важным фактором преодоления коррупции и что религиозные и культурные факторы имеют важное значение в воспитании самоконтроля у граждан в противодействии коррупции.

Key words: corruption, combat with corruption, non-tolerance to corruption, anticorruption

politics, efficiency of anticorruption policy, preventing from corruption, principles of

anticorruption policy

In this article the authors dwell on the social and political aspects of combat with corruption under contemporary conditions of Tajikistan. They pay special attention to optimization of anticorruption policy. It is emphasized that the development of a democratic form of governance, elicitation of optimal mechanisms serving prevention and overcoming of corruption, economic and social development of the country, instilling a law-abiding spirit and a culture of non-tolerance to all types of corruption just as other important political and social factors can enhance an efficiency of anticorruption policy in Tajikistan. The article shows the achievements of Tajikistan in combat against corruption. The conclusion is made that despite an implementation of anticorruption measures, the problem remains actual and needs to be solved. The authors believe that the spirit of self-control is an important factor in prevention from corruption. According to them, religious and cultural factors have an important role in surmounting corruption and upbringling a spirit of self-control among citizens in counteracting corruption.

Дар шароити имрузаи рушди Точикистон масъалаи мубориза бо коррупсия ва паст намудани таъсири он ба чомеа яке аз дадафдои мудими низоми идории кишварро ташкил медидад. Мудим он аст, ки Хукумати Чумдурии Точикистон мавчудияти коррупсияро дар кишвар дамчун яке аз масъаладои далталаб ва доги руз эътироф намудааст ва ба хотири паст намудани сатди коррупсия барномадои мухталифро амалй намуда истодааст. Чуноне ки Президенти Чумдурии Точикистон дануз соли 2005 баён намуда буд: «Чунин як падидаи манфй дамчун коррупсия дар пешрафти чомеаи мо яке аз монеадои хеле чиддй мебошад. Мо бояд тамоми омилдо ва сабабдои зудури коррупсияро дамачониба омухта, тадлил намоем ва тамоми куввадои солими чомеаро барои пешгирии ин зудур ва поён овардани шиддати он сафарбар намоем» [1].

Дар мавриди дигар Президенти кишвар перомуни зарурати мубориза бо коррупсия чунин ибрози андеша намудааст: «Бо дарназардошти он, ки коррупсия дар ;атори дигар зухуроти хавфноки ча^они муосир асосх,ои давлатдориро суст карда, садди рох,и инкишофи чомеа мегардад, мо ба масъалаи мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатх,и он ди;;ати чиддй медих,ем ва гузашта аз ин,

мубориза бо кирдорх,ои коррупсиониро яке аз самтх,ои афзалиятноки сиёсати давлатй эълон кардаем» [2].

Агарчанде дадсолаи охир дар масъалаи мубориза бо коррупсия ва рафъи он чорабинидои мухталиф пеш гирифта шуданд, аммо то ба дол сатди он дар Точикистон нигароникунанда бок,й мондааст. Мувофики Индекси дарки коррупсияи (Corruption Perception Index) Созмони шаффофияти байналмилалй (Transparency International) дар панч соли охир сатди коррупсия дар Точикистон зиёд арзёбй шудааст. Агар кишвар дар соли 2012 дар зинаи 157-ум чой дошт, пас соли 2017 он 4 зина поён рафта, дар чои 161-ум карор гирифтааст [3].

Х,амчунин тадлили омори дадсола нишон медидад, ки дамасола содиршавии чиноятдои коррупсионй тамоюли зиёдшавй дорад. Аз чумла, агар соли 2007 дамагй 464 чиноят ошкор карда шуда бошад, ин ракам соли 2016 кариб ба 1900 адад расидааст [4]. Имруз Х,укумати кишвар сиёсати зиддикоррупсионии худро дар самтдои мухталиф ба род мондааст ва самаранокии он метавонад аз омилдои гуногун, аз он чумла, омилдои сиёсй ва ичтимой вобастагй дошта бошад. Ба андешаи мо таквият бахшидани низоми идораи демократа, дарёфти механизмдои муассири пешгирй ва рафъи коррупсия, рушди иктисодй ва ичтимоии кишвар, тарбияти дисси конунмедварй, фарданги тадаммулнопазирй ба дар гуна зудуроти коррупсионй ва дигар омилдои мудими сиёсй ва ичтимой метавонанд самаранокии сиёсати зиддикоррупсионии Точикистонро боло баранд.

Ба андешаи мо самаранокии сиёсати зиддикоррупсионй дар шароити Точикистон пеш аз дама ба мустадкам намудани принсипдо, арзишдо ва механизмдои демократа пайванд дорад. Низоми идорй ва мардуми кишварро зарур аст, ки ба мустадкам намудани арзишдои демократа дар Точикистон даматарафа таваччуд намуда бошанд. Мустадкам гаштани низоми демократа дар Точикистон тадричан метавонад сатди коррупсияро паст гардонад ва таквияти онро дар чомеа пешгирй намояд. Тадлили меъёрдои дукукии зиддикоррупсионй, ки то ба имруз дар кишвар кабул гардидаанд, метавонанд ин андешаро таквият бахшад.

Заминаи мудимми дукукй ва сиёсии муковимат бо коррупсия дар Точикистон, Конститутсияи Чумдурии Точикистон мебошад, ки бунёди давлати демократа ва ама-лй намудани арзишдову механизмдои демократиро кафолат додааст. Ба родбарй ги-рифтани меъёрдои конститутсионй ва амалй намудани ондо дар чомеа, ба андешаи мо, метавонад заминаи пешгирй аз дар гуна чинояткорй, аз он чумла, аз коррупсия гардад.

Дар Конститутсия Точикистон давлати ичтимой эълон гардидааст, ки ба дар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фародам меоварад. Ин асли конститутсионй баёнгари он аст, ки бо бедтар шудани вазъи молиявии давлат дифзи ичтимоии шадрвандони он бедтар мегардад. Яъне, агар шадрвандон, хусусан хизматчиёни давлатй софдилона фаъолият намоянд ва ба рушди иктисоди давлат садм гузоранд, албатта некуадволии ондо бедтар мегардад. Асли мазкур шароити зиндагии арзандаро ба шадрвандон кафолат медидад, то ондо ба хотири таъминоти рузгор ба дар гуна чиноятдои коррупсионй даст назананд.

Меъёри дигари зиддикоррупсионии Конститутсияи Чумдурии Точикистон манъ намудани дамагуна гасби докимият ва ё тасарруфи салодиятдои он мебошад. Дар Точикистон деч як иттидодияи чамъиятй, дизбдои сиёсй, гуруди одамон ва ё фарде дукук надорад, ки докимияти давлатиро гасб намояд. Еасб намудани докимият ва тасарруфи салодиятдои он амали муддиши коррупсионй мебошад, ки заминаи су-

истеъмоли онро фародам мекунад. Эътироф гардидани халк чун сарчашмаи ягонаи докимияти давлатй меъёри мудими чомеаи демократй буда, дама гуна гасбу суи-истеъмоли докимиятро мадкум менамояд. Дамчунин дар Конститутсияи кишвар меъёри тачзияи докимияти давлатй ба шохадои конунбарор, ичроия ва судй оварда шудааст, ки механизми демократии амалй намудани докимият мебошад. Максади асосии тачзияи докимияти давлатй пешгирии суистеъмоли он, хусусан пешгирии таъ-сири докимияти ичроия ба шохадои конунбарор ва судй аст. Принсипи тачзияи докимият дар чомеадои демократй мустакилияти шохадои конунгузор ва судиро ка-фолат медидад, то тавозуни миёни шохадои докимиятй таъмин гардад ва имкони суистеъмоли докимият аз миён бурда шавад. Барои таквияти низоми демократй дар Точикистон зарур медонем, ки принсипи мазкур ба пуррагй ба родбарй гирифта шавад.

Конститутсияи Чумдурии Точикистон баробарии дамаро дар назди конун ва суд кафолат додааст. Ин меъёри конститутсионй низ чидати зиддикоррупсионй дорад ва дама гуна табъизро дар чомеа мадкум менамояд. Амалй намудани меъёри мазкур метавонад заминаи мусоид барои рушди шоистасолорй дар чомеаи мо гардад ва зудури непотизм, протексионизм ва фаворитизмро пешгирй намояд.

Дар меъёрдои конститутсионии Точикистон дамчунин мавчуди механизмдои зиддикоррупсионй ба мушодида мерасанд. Мувофики меъёри конститутсионй дар Точикистон ба дар кас озодии сухан, нашр, дукуки истифодаи воситадои ахбор кафолат дода мешавад. Сензураи давлатй ва таъкиб барои танкид манъ карда шудааст. Дар шароити имруза фаъолияти озоди воситадои ахбори омма чун механизми мудими пешгирй ва рафъи коррупсия шинохта шудааст. Албатта, таъмини озодии сухан ва фаъолияти озоди воситадои ахбори омма яке аз арзишдои мудими чомеаи демократй мебошад.

Дамчунин ба хотири пешгирии суистеъмоли маком ва салодиятдо дар содаи иктисодй ва содибкорй Конститутсияи Чумдурии Точикистон меъёри маддудкунан-даи машгул шудани Президент, вакилони Мачлиси намояндагон, аъзои Дукумат, судядо ва прокурордоро ба фаъолияти содибкорй мукаррар намудааст. Албатта, меъёрдои зиддикоррупсионии Конститутсияи Чумдурии Точикистон бо индо ба ит-мом намерасанд ва ондо хеле фарогир мебошанд. Ч,идати мудими меъёрдои зиддикоррупсионии Конститутсияи Чумдурии Точикистон ба самти низоми демократй тамоюл доштани ондо мебошад.

Дар Конуни Ч,умдурии Точикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» мубориза бар алайди коррупсия чун таъмини талаботи санаддои меъёрии дукукии Чумдурии Точикистон оид ба муковимат ба коррупсия, тадия, кабул ва амалисозии чорадои пешгирй ва муковимат бо коррупсия, ошкор ва бартараф намудани омилдои бавучудорандаи коррупсия дар санаддои меъёрии дукукй ва лоидадои санаддои меъёрии дукукй, ташаккули фазои оштинопазир нисбат ба коррупсия ва чадонбинии зиддикоррупсионй, баланд бардоштани фарданг ва маърифати дукукии зиддикор-рупсионй дар чомеа ва таъмини иштироки фаъоли нидоддои чомеаи шадрвандй дар раванди муковимат бо коррупсия муайян карда шудааст [5].

Конуни мазкур принсипдои асосии сиёсати зиддикоррупсиониро дар кишвар муайян намудааст, ки бо бунёди низоми идории демократй тавъам мебошанд. Тадкими арзишдо ва механизмдои низоми идории демократй метавонад ба амалй гаштани принсипдои сиёсати зиддикоррупсионй мусоидат дошта бошад [5].

Дар Конуни Чумдурии Точикистон «Дар бораи хизмати давлатй» низ бархе принсипдое дарч ёфтаанд, ки бевосита ба далли масъаладои коррупсия пайванд доранд ва бо меъёрдову арзишдои демократа тавъам мебошанд. Аз он чумла, принсипдои зерини хизмати давлатй метавонанд ба сиёсати зиддикоррупсионии кишвар мусоидаткунанда бошанд:

- шаффофият дар хизмати давлатй, ба чуз фаъолияте, ки сирри давлатй ва дигар сирри бо конун дифзшавандаро ташкил медидад;

- касбият ва салодиятнокии хизматчии давлатй;

- дисоботдиданда будани хизматчии давлатй;

- баландравии мансабии хизматчии давлатй дар асоси кобилият, истеъдод, тайёрии касбй ва талаботи тахассусй;

- бадодидй ба фаъолияти хизматчии давлатй дар асоси дастоварддои хизматй [6].

Ичрои принсипдои зикршуда дар хизмати давлатии Точикистон заминаи

пешгирии зудури коррупсия мебошад. Дар шароити имруза шаффофияти хизмати давлатй яке аз рукндои асосии пешгирии дар гуна суистеъмоли ваколатдои вазифавй шинохта шудааст.

Конуни дигари мудиме, ки дар самти пешгирии коррупсия ва аз байн бурдани заминадои зудури ин падида мусоидати бештар дошта метавонад, ин Конуни Чумдурии Точикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санаддои меъёри-ву дукукй ва лоидадои санаддои меъёрии дукукй» мебошад. Конуни мазкур асосдои дукукй ва ташкилии гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санаддои меъёрии дукукй ва лоидадои санаддои меъёриву дукукиро бо максади дар ондо ошкор намудани омилдои бавучудорандаи коррупсия ва андешидани чорадо чидати барта-раф намудани ин омилдо ва дар мачмуъ низоми пешгирии коррупсияро дар дамаи содадои даёти чомеа танзим менамояд [7].

Дар Точикистон мувофики конуни зикршуда экпертизаи давлатй ва чамъиятии зиддикоррупсионии санаддои меъёрии дукукй ва лоидадои санаддои меъёрии дукукй гузаронида мешавад, ки метавонад шаффофияти амалро дар ин самт таъмин намояд. Амалй намудани конуни мазкур метавонад ба пешгирии амалдои коррупсионй тавассути рафъи омилдои зудури он мусоидат намояд.

Дар самти мубориза бо коррупсия дар Точикистон то ба имруз ду стратегияи зиддикоррупсионй кабул гардидааст. Дар ин стратегиядо тадкими низоми демократа чун заминаи пешгирй ва рафъи коррупсия шинохта шудааст, ки инро мо метавонем дар принсипдои зиддикоррупсионии ин дуччатдо бараъло мушодида намоем.

Мудлати стратегияи аввалин, ки барои солдои 2008-2012 муайян гардида буд ба итмом расид. Стратегияи нави зиддикоррупсионй нисбат ба стратегияи каблй васеъ ва фарогиранда даст. Стратегияи муковимат ба коррупсия дар Чумдурии Точикистон барои солдои 2013-2020 бо дарназардошти стандартдои байналмилалй дар дамкорй бо макомоти давлатй ва чомеаи шадрвандй тадия гардида, дар дамбастагй бо ташкилотдои байналхалкй дар содаи мубориза бо коррупсия амалй шуда истодааст.

Максади асосии Стратегияи зиддикоррупсионй дар Чумдурии Точикистон ин паст намудани сатди коррупсия дар чумдурй, мунтазам бартараф намудани монеадо ва фародам овардани шароит барои рушди иктисодиёт, мустадкам намудани низоми демократа ва бедтар намудани некуадволии мардуми кишвар мебошад [8].

Бояд дарч намуд, ки самаранокии амалигардии стратегияи зиддикоррупсионй

дар шароити Точикистон, пеш аз дама, аз риояи пурраи принсипдои ин сиёсат вобастагй дорад. Дар долати вайрон намудани принсипдои сиёсати зиддикоррупсионй пас самараи он низ кодиш меёбад ва то як андоза нобоварии мардумро ба фаъолиятдои зиддикоррупсионй ба миён меорад. Принсипдои сиёсати зиддикоррупсионй, ки дар Стратегияи муковимат ба коррупсия дар Чумдурии Точикистон барои солдои 2013-2020 дарч ёфтаанд, аксаран тамоюл ба мустадкамсозии арзишдо ва механизмдои демократа доранд [8].

Чуноне, ки дар баррасии худ ошкор намудем, заминадои конунй ва дукукии мубориза бо коррупсия дар Точикистон аксаран принсипдо ва арзишдои демократиро чун заминаи пешгирй ва рафъи корупсия фарогир мебошанд. Аз ин ру, ба андешаи мо тадкими низоми демократа, аз он чумла амалй намудани арзишдо, принсипдо ва механизмдои демократа метавонад омили мудими сиёсие дар самти пешгирй ва кам намудани таъсири коррупсия дар Точикистон гардад.

Омили дигари сиёсй дар самти муковимат бо коррупсия мустадкам намудани заминаи нидодии сиёсати зиддикоррупсионй мебошад. Зарур аст, ки нидоддои давлатй ва чамъиятй дар кишвар дар самти муковимат бо коррупсия фаъол ва функсионалй бошанд. То ба имруз дар самти рушди нидодии сиёсати зиддикоррупсионй кордои назаррас ба анчом расонида шудаанд. То як андоза заминаи муайяни нидодй дар мубориза бо коррупсия шакл гирифтааст.

Х,ануз 2-юми июни соли 2004 бо фармони Президенти Чумдурии Точикистон Э. Радмон дар сохтори Прокуратураи Генералии Ч,умдурии Точикистон Раёсати мубориза бо коррупсия таъсис дода шуда буд. Кадами дигар ва хеле мудим дар рушди нидоддои махсусгардонидашудаи мубориза бар зидди коррупсия дар кишвар ин ташкили Агентии назорати давлатии молиявй ва мубориза бо коррупсияи Чумдурии Точикистон мебошад, ки аз 10 январи соли 2007 бо Фармони Президенти Чумдурии Точикистон тадти № 143 сурат гирифт.

Таъсиси агентии мазкур нишондидандаи иродаи катъии сарвари давлат дар самти мубориза бар зидди коррупсия мебошад. Хдмчунин дар соли 2011 дар Точикистон Палатаи дисоб таъсис дода шуд, ки вазифадои асосии онро санчиши истифодаи маблагдои пулй ва воситадои моддии давлатй, андешидани чорадои конунй чидати ошкор намудани долатдои истифодаи гайримаксадноки маблагу воситадо ва баркарор кардани ондо ташкил медод. Еайр аз нидоддои махсусгар-донидашуда дар як макомоти давлатй дар Точикистон муваззаф карда шуданд, ки вобаста ба хатари зудури коррупсия дар содадои худ чорабинидои зиддикор-рупсиониро амалй созанд. Ч,алби макомоти мухталифи давлатй дар самти муковимат бо коррупсия аз он чидат зарур аст, ки дар як нидоди содавй хатари зудури коррупсияро дар доираи фаъолияти худ бедтар дарк намуда метавонад ва чорабинидои самарабахшеро метавонад ба род монда бошад.

Ч,идати нидодии мубориза бар зидди коррупсияро дар Точикистон ба гайр аз макомоти давлатй дамчунин нидоддои чомеаи шадрвандй ташкил медиданд. Чуноне ки имруз мушодида мегардад, нидоддои чомеаи шадрвандй низ метавонанд дар мубориза бар зидди коррупсия накши мудим дошта бошанд. Ч,алби нидоддои чомеаи шадрвандй дар мубориза бар зидди коррупсия яке аз чидатдои мудими конунгузории миллй ва «Конвенсияи Созмони Милали Муттадид бар зидди коррупсия» мебошад.

Дар ин самт дар асоси Конуни Чумдурии Точикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» Шурои миллии муковимат ба коррупсияи Чумдурии Точикистон таъсис дода шудааст. Шурои миллии муковимат бо коррупсия макоми умумимиллии машваратй, мутобиксозанда ва дамодангсозандаи фаъолияти макомоти давлатй ва чомеаи шадрвандй чидати амалигардонии чорадои пешгирй ва муковимат бо коррупсия аст. Шурои мазкур макоме мебошад, ки нидоддои чомеаи шадрвандиро барои пешгирй ва муковимат бо коррупсия дар кишвар чалб месозад. Ба дайати Шурои миллии муковимат бо коррупсия родбарони аввали вазорату идорадо ва макомоти давлатй, дизбдои сиёсй, ташкилотдои чамъиятй ва дигар нидоддои чомеаи шадрвандй дохил мешаванд, ки масъулияти пешгирй ва мубориза бо коррупсия, дамодангсозии самти фаъолияти муковимат бо коррупсия ба зиммаи ондо вогузор аст [9].

Дар самти муковимат бо коррупсия дар Точикистон дамчунин нидоддои байналхалкй васеъ чалб карда шудаанд. Аз чумла, дар ин самт садми Ассосиатсияи байналхалкии зиддикоррупсионй, Созмони Амният ва Х,амкорй дар Аврупо, Барномаи рушди Созмони Милали Муттадид, Созмони Х,амкории Иктисодй ва Рушд, Ташкилоти Шаффофияти байналхалкй назаррас аст.

Албатта, худи далели мавчудияти нидоддо наметавонад самаранокии сиёсати зиддикоррупсиониро таъмин намояд. Агарчанде Агентии махсусгардонидашудаи муковимат бо коррупсия аз замони ташкили худ то ба имруз кордои назаррасеро ба ан-чом расонид, аммо дар умум ин сохтор натавонист сатди коррупсияро дар кишвар паст намояд. Якчанд омилдоеро кайд намудан мумкин аст, ки метавонанд самаранокии нидодии муковимат бо коррупсияро дар Точикистон боло баранд. Пеш аз дама зарур мешуморем, ки дар макомоти махсусгардонидашудаи муковимат бо коррупсия шахсони поквичдон ва масъулиятшинос ба фаъолият чалб намуда шаванд. Солдои охир даст доштани як катор кормандони баландпояи ин макомот ба коррупсия боиси таквияти нобоварии мардум ба фаъолияти он гашт. Кормандони макомоти махсусгардонидашудаи муковимат бо коррупсияро зарур аст дар масъалаи бовичдонй намунаи дигар хизматчиёни давлатй бошанд.

Зарур мешуморем, ки макомоти махсусгардонидашудаи муковимат бо коррупсия тандо чун макомоти кудратй маддуд нагардида, фаъолияти он васеъ ва фарогир карда шавад. Ч,алб намудани доираи коршиносони мухталиф барои тадлили хавфи коррупсия дар содадои даёти чамъиятй, ба род мондани фаъолияти рузноманигории тадкикотй дар доираи ин нидод метавонад самаранокии кори онро боло барад. Дар дама долат зарур мешуморем, ки фаъолияти ин макомот озод ба род монда шавад.

Дар умум гуфта метавонем, ки поядои нидодии сиёсати зиддикоррупсионй дар Точикистон тадричан мустадкам мегарданд. Ч,алби дамаи макомотдои давлатй дар ичрои стратегияи зиддикоррупсионй, дамкорй бо созмондои чомеаи шадрвандй ва созмондои байналхалкй, бедтар намудани базаи кадрии макомот аз ин дарак медидад. Барои мисол солдои охир дар самти хариди давлатй мутахассисоне омода намуда шудаанд, ки ба ондо механизмдои зиддикоррупсионй дар раванди хариди давлатй омухта шудааст.

Чуноне ки аз пурсишдои сотсиологии Маркази тадкикоти стратегии назди Президенти Чумдурии Точикистон бармеояд, боварии мардуми кишвар нисбат ба нидоддои давлатй ба нидоддои чамъиятй дар мавриди гирифтори коррупсия набудани ондо бештар аст [10; 11]. Хусусан, боварии мардум ба иттидодиядои чамъиятй бештар аст. Аз ин ру, зарур мешуморем, ки дар самти муковимат бо

коррупсия нидоддои чамъиятй низ васеъ чалб карда шаванд ва дамкории созандаи миёни нидоддои давлатй ва чамъиятй ба род монда шавад.

Омили дигари паст намудани таъсири коррупсияро дар чомеа доштани иродаи мустадками муковимат бо коррупсия ташкил медидад. Ин омили ичтимоиву равонй метавонад тафаккури тадаммулнопазириро бар алайди дамагуна зудуроти корруп-сионй рушд бахшад. Мубориза бо коррупсия на тандо чидати эъломиявй, балки амалй доштанаш зарур мебошад. Иродаи сиёсии мубориза бо коррупсия тандо бо эътирофи мавчудияти он маддуд нагардад, балки бештар чидатдои амалй ва пешгиркунандаро дошта бошад.

Ба андешаи мудаккик Расма Карклинз аксари низомдои пас аз шуравй дар барод мондани сохтордои демократа, аз он чумла конундо ва чорадои маддудкунии коррупсия муваффак шудаанд. Аммо то ба дол он механизмдо аз сабаби тавон набахшидан ва ё набудани иродаи сиёсй корношоям мебошанд. То як андоза ин мудаккик набудани ирода ва котеиятро ба накши шабакадои коррупсионй ва одатдои пешинаи пушидани камбуди якдигар ва гурез аз масъулият алокаманд медонад [12].

Барои муковимати самаранок бо коррупсия дар Точикистон боло бурдани тафак-кури конунмедварй мудим аст. Яке аз мушкилоти асосии чомеаи мо дар он аст, ки аксари мардум ба шикаста шудани конун беэътиной зодир менамоянд. Албатта, чунин долат дар миёни хизматчиёни давлатй низ зиёд ба назар мерасад, ки таъсири конунро дар чомеа кодиш медидад. Аз ин ру, зарур мешуморем, ки амалй намудани якхелагй ва баробарии ичроиши конундо дар кишвар таъмин гардад, то боварии мардум ба конунмедварии чомеа боло равад. Амалй нагардидани ичроиши якхела ва баробари конундо миёни шадрвандон рудияи конунмедвариро мешиканад ва ондоро нисбати ичроиши конундо беэътино мегардонад. Ба андешаи мудаккикон С. Липсет ва Г. Алмон агар арзишдои аклонии бозаргонй ва конуният дар кишвардои пас аз коммуниста голиб гарданд, пас имкони кам намудани коррупсия фародам мешавад, он гунае ки дар Х,онконг, Сингапур ва дигар кишвардои «Палангдои Осиёи шаркй» пештар чунин долат сурат гирифта будааст [13].

Дар самти мубориза бо коррупсия дар Точикистон ба омили ичтимой низ таваччуди хоса дода шудааст. Бедтар намудани вазъи ичтимоии хизматчиёни давлатй, чалби мардум ба сиёсати зиддикоррупсионй, таваччуд намудан ба чидатдои фардан-гиву маънавии мардум, андешидани чорадо бадри бедбуд бахшидани рушди иктисодй ва гайра аз чумлаи омилдои ичтимоии мусоидаткунанда дар самти муковимат бо коррупсия дар кишвар мебошанд. Дар шароити Точикистон зарур мешуморем, ки кабул намудани конундо ва дама гуна мукаррарот вобаста ба долати ичтимоии чомеа ба род монда шавад. Хусусан зарур аст, ки сатди пардохтдо ва чаримадои мукарраршаванда вобаста ба долати ичтимоии шадрвандон бошад. Аксари долат мушодида мегардад, ки микдори пардохтдо ва чаримадои мухталиф ба сатди ичтимоии мардуми кишвар мувофикат намекунад ва хеле баланд аст. Албатта, чунин долат эдтимоли зудури коррупсияро зиёд мегардонад. Чун пардохтдои расмй барои шадрвандон вазнинй мекунад, ондо роддои гайрирасмй ва гурез аз онро мечуянд, ки он ба нафъи чомеа ва давлат буда наметавонад.

Дар Точикистон тадричан сатди зиндагии мардум ва хусусан хизматчиёни давлатй бедтар шуда истодааст. Бо бедтар шудани вазъи молиявии давлат дастгирии ичтимоии хизматчиёни давлатй низ боло меравад. Солдои охир пешнидоди имтиёздо

ба як гуруд хизматчиёни давлатй дар самти таъмини ондо бо манзили истикоматии хизматй ва ё заминдои наздидавлигй далели бедтар шудани дастгирии ичтимой дар низоми хизмати давлатй мебошад. Аммо чунин икдомдо фарогирии васеъ надоранд ва бедтар мешуд, ки дар оянда ба дастгирии ичтимоии хизматчиёни давлатй тавач-чуди бештар дода шавад.

Ба андешаи мо омили мудими ичтимой дар кам намудани таъсири коррупсия ба даёти чомеа ин рушду нумуъ бахшидани иктисоди кишвар мебошад. Дар сиёсати амалии Точикистон ба рушди иктисодиёт чун заминаи пешгирии коррупсия таваччуди хоса дода шуда истодааст. Хусусан кордои зиёде дар самти рушди содибкорй ба анчом расида истодаанд. Барои мисол санаи 16-уми январи соли 2018 Фармони Президенти Чумдурии Точикистон "Дар бораи эълон намудани мораторий ба дама намуди санчишдои фаъолияти субъектдои содибкорй дар содадои истедсолй" ба имзо расид, ки максади асосии он бартараф намудани санчишдои беасосу такрорй ва фародам овардани фазои мусоид барои содибкорй мебошад. Мувофики ин фармон ба дама гуна санчишдои фаъолияти содибкорони истедсолй, ба истиснои санчишдои накшавии макомоти андоз, Прокуратураи генералй, Палатаи дисоб, Агентии назорати давлатии молиявй ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллй дар давоми ду соли минбаъда мораторий эълон карда шуд. Дар Паёми навбатии худ дар 26 декабри соли 2018 Президенти Точикистон Эмомалй Радмон чунин пешнидод намуд, ки солдои 2019-2020 тамоми навъи санчишдо дар содаи истедсолй манъ карда шавад ва мукаррароти Конуни Чумдурии Точикистон "Дар бораи мораторий ба санчишдои фаъолияти субъектдои содибкорй дар содадои истедсолй" ба дамаи макомоти санчишу назорат ва дифзи дукук татбик карда шавад [14]. Эълони мораторий як икдоми мудиме барои пешгирии амалдои коррупсионй аз чониби кормандони макомотдои назоратй ва мусоидат ба фаъолияти содибкорй дониста мешавад.

Дар самти рафъи коррупсия ба мо зарур аст чунин фадмишеро таквият бахшем, ки роди сирф кудратии мубориза бо коррупсия наметавонад натичадои дилходро таъ-мин намояд ва мо бештар ба пешгирии амалдои коррупсионй дар чомеа ниёз дорем. Аз ин ру, дар шароити кунунй дар чомеаи мо дарчй бештар зарур аст, ки механизм-дои самараноки пешгирии коррупсияро пайдо намуда бошем. Чунин фазоеро ба вучуд овардан зарур аст, ки одамон аз гирифтор шудан ба амалдои коррупсионй худдорй намоянд ва дар ондо тафаккури токатнопазирй ба навъдои мухталифи коррупсия ривоч дошта бошад. Ба андешаи Даниэл Кауфман, тамаркузи зиёд руи усулдои иктишофй ва пайгирии коррупсия монанд ба стратегияи тандурустии чамъиятй мебошад, ки ба шадрвандон пас аз бемор шудан таваччуд мекунад, на ба он тавре, ки ба чорабинидои профилактики (пешгиркунанда) чалб шуда бошад [15].

Яке аз дадафдои мудими сиёсати зиддикоррупсионй дар Точикистон тагйири рафтори нафарони майлдошта ба амалдои коррупсионй мебошад, то дар ондо эдсоси тадаммулнопазирй ба ин падида ба вучуд ояд. Дар ин самт, арзишдои маънавй ва фардангии чомеа метавонад накши муассир дошта бошанд. Чуноне ки Президенти Чумдурии Точикистон дар суханронии худ дар мачлиси Шурои чамъиятй кайд намудааст, "истифодаи максадноки боигарии маънавии мардуми мо яке аз воситадои асосии мубориза бо коррупсия ба дисоб меравад, ки шадрвандон, бахусус, чавононро ба шукру каноат ва далолкориву меднатдустй дидоят менамояд" [16].

Дар самти пешгирии коррупсия ва кам намудани таъсири он накши омили динй низ метавонад муассир бошад. Таълимоти дини мубини Ислом дамачониба амалдои

коррупсиониро мадкум намуда, одамонро ба далолкориву покизагй, адлу инсоф, нахурдани дакки дигарон, ришва надодан ва нагирифтан ва, мудимтар аз дама, ба амонатдорй даъват менамояд. Ба андешаи мо эдтиром ба конундо ва арзишдои маънавии дар чомеа мавчуда, пайравй намудан ба арзишдои динй метавонад миёни мардум тафаккури худназораткуниро таквият бахшад, ки инсонро аз дар гуна индирофот ва качравидо эмин нигод медорад.

Мудаккикон чамъиятй намудани сиёсати зиддикоррупсионй ва бохабар намудани мардумро аз паёмаддои он чун кадами мудиме дар равонасозии мардум бар алайди он медонанд [17, с. 3]. Барои тадким бахшидани сиёсати зиддикоррупсионй дар Точикистон дастгирии адли чомеа мудим ба шумор меравад. Аз ин ру, зарур аст, ки бо баланд бардоштани фарданги сиёсиву дукукии чомеа, огод намудани ондо аз паёмаддои дадшатбори коррупсия чалби мардум дар сиёсати зиддикоррупсионй фародам оварда шавад. Зарурати пешгирй ва рафъи коррупсия дар Точикистон таъсиси коалитсияи зиддикоррупсиониро бо иштироки давлат ва макомоти давлатй, дизбдои сиёсй, созмондои чамъиятй ва адли чомеа талаб дорад.

Дар мавриди огодонидани адли чомеа аз паёмаддои дадшатбори коррупсия зарур аст тавозуни шиносонидани коррупсия ва равонасозии мардум дар муковимат бо он ба дисоб гирифта шавад. Набояд шеваи шиносонидани коррупсия ба мардум боиси нигоди шубданок ва пессимистии ондо ба барномадои зиддикоррупсионй гардад.

Дар Точикистон сатди иштироки чомеа ва мардум дар муковимат бо коррупсия чандон назаррас намебошад. Барои мисол дар пурсиши сотсиологии соли 2011 тандо 36%-и мусодибон омодагии худро дар муковимат бо коррупсия баён намуда буданд. Дар ин пурсиши сотсиологй 34 %-и мусодибон баён доштанд, ки дар муковимат бо коррупсия иштирок кардан намеходанд ва 30%-и мусодибон ба чавоб додан мушкилй кашида буданд [18]. Барои чалби таваччуди мардум ба сиёсати зиддикоррупсионй ба род мондани чорабинидои фадмондадидй ва маърифатй метавонанд мудим бошанд. Дар Точикистон дар самти боло бурдани маърифати зиддикоррупсионии мардум чорабинидои мухталиф, ба монанди баргузории курсдои омузишй, семинару конфе-ренсиядо ва вохуридо ба назар мерасанд. Президенти кишвар Эмомалй Радмон низ ба масъалаи чалби чомеа дар муковимат ба коррупсия таваччуди хосса зодир намуда, аз он чумла чунин кайд кардааст: "Ч,идати ба адолии кишвар сари вакт ва дуруст расонидани модияти сиёсати давлат дар самти муковимат ба коррупсия, зарур аст, ки дар воситадои ахбори омма силсилаи барномадои махсус ташкил карда шаванд. Дар ин раванд, тавассути барномадои фардангй бо роди нишон додани падлудои манфии кирдордои коррупсионй, окибатдои номатлуби ичтимоиву иктисодй, ахлокиву маънавй, дукукй ва зиёни он ба саломатй, манфиати оила ва фарзандон, метавон ба раванди мубориза ва муковимат ба коррупсия таъсири мусбат расонид" [4].

Х,ангоми интихоби механизмдои муковимат бо коррупсия зарур аст ба он чидат таваччуд намуда шавад, ки худи усули муковимат ва рафъи коррупсия ба мушкил ва монеаи рушди содадо табдил наёбад. Аз ин ру, дангоми интихоби усул ва роддои муковимат бо коррупсия зарур мешуморем, ки паёмаддои эдтимолии он дамачониба мавриди баррасй ва омузиш карор бигиранд.

Х,амин тарик, дар асоси баррасй ва тадлил мо ба чунин хулоса расидем, ки дар шароити Точикистон барои муковимат бо коррупсия кордои зиёдеро ба анчом расонидан зарур аст. Бахусус зарур аст, ки муковимат бо коррупсия фарогир бошад

ва дар амалй намудани он аз дамаи имконият ва зарфиатдои мавчудаи иктисодиву

ичтимой, фардангиву маънавй, сиёсиву дукукй, давлативу чамъиятй, нидодй ва гайра

истифода намуда шавад.

Пайнавишт:

1. Раумонов Э.Ш. Баури волоияти цонун, манфиатуои давлат ва ууцуци шадрвандон. Маъруза дар цамъомади кормандони мацомоти уифзи ууцуц бахшида ба 80 солагии мацомоти Прокуратураи Чумуурии Тоцикистон // Народная газета, соли 2005, №1.

2. Суханронй дар цаласаи Шурои амнияти Чумуурии Тоцикистон, 17.02.2015, шаури Душанбе, сомонаи расмии Президенти Чумуурии Тоцикистон www.president.tj (санаи муроциат 20.05.2018)

3. Transparency International (CPI) www.transparencyinternational.org (санаи муроциат 16.06.2018)

4. Суханронй ба муносибати 10 - солагии таъсиси Агентии назорати давлатии молиявй ва мубориза бо коррупсия. 10.01.2017, шаури Душанбе, сомонаи расмии Президенти Чумуурии Тоцикистон www.president.tj (санаи муроциат 18.02.2018)

5. Конуни Чумуурии Тоцикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», сурогаи дастрасй www.mmk.tj (санаи муроциат 24.05.2017)

6. Конуни Чумуурии Тоцикистон «Дар бораи хизмати давлатй», сурогаи дастрасй www.mmk.tj (санаи муроциат 12.05.2018)

7. Конуни Чумуурии Тоцикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадуои меъёриву ууцуцй ва лоиуауои санадуои меъёрии ууцуцй», сурогаи дастрасй www.mmk.tj (санаи муроциат 22.09.2018)

8. Стратегияи муцовимат ба коррупсия дар Чумуурии Тоцикистон барои солуои 2013-2020, аз 30 августи соли 2013, № 1504, www.anticorruption.tj (санаи муроциат 18.10.2016)

9. Низомномаи Шурои миллии муцовимат ба коррупсияи Чумуурии Тоцикистон аз 14 декабри соли 2010 таути № 968, www.anticorruption.tj (санаи муроциат 25.12.2017)

10. Коррупсия дар Тоцикистон. Андешауои цомеа. - Душанбе, 2006. 192с.

11. Коррупция в Республике Таджикистан. Общественное мнение. - Душанбе, 2010, - 73с.

12. Karklins, Rasma. The system made me do it: corruption in post-communist societies. New York, 2005, - 219 pp.

13. Липсет Сеймур Мартин, Габриэль Алмонд, Коррупция, культура и рынки //Культура имеет значение. - М.: Московская школа политических исследований, 2002. Вып. № 26.

14. Паёми Президенти Чумуурии Тоцикистон ба Мацлиси Олии Чумуурии Тоцикистон, 26 декабри соли 2018, ш. Душанбе, http://www.president.tj/node/19088Ulakhsh, (санаи муроциат 22.01.2019)

15.Daniel Kaufman "Revisiting Anti-Corruption Strategies: Tilt towards Incentive-Driven Approaches" in United Nations Development Program, Corruption and Integrity Important Initiatives in Developing Countries (1998), ch 4.

16. Суханронй дар мацлиси Шурои цамъиятии Чумуурии Тоцикистон, 27.01.2017, ш. Душанбе, сомонаи расмии Президенти Чумуурии Тоцикистон, www.president.tj (санаи муроциат 20.06.2018)

17.Peter Langseth "Empowering the Victims of Corruption Through Social Control Mechanisms", paper presented at IACE meeting, Prague, Oct. 9, 2001.

18. Отчет. Социологический обзор по восприятию и отношению к коррупции и борьбе против коррупции в Таджикистане. Центр стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан. - Душанбе, 2011. - 80с.

Reference Literature:

1. Rahmonov E. Sh. For the Rule of Law, State and Citizens* Interest. Speech at the Meeting of Employees of Enforcement Agencies Dedicated to the 80th Anniversary of the Tajik Republic Prosecution Office//Narodnaya Gazeta (People\s Newspaper), 2015, No.1.

2. Speech at the Meeting of Security Council of the Republic of Tajikistan, 17.02.2015, Dushanbe, official website of the President of Tajikistan www.president.tj (date of addressing: 20.05.2018)

3. Transparency International (CPI) www.transparencyinternational.org (date of addressing: 16.06.2018)

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

4. Speech in Honour of the 10th Anniversary Devoted the Formation of the Agency of State Financial Control and Combat with Corruption. 10.01.2017, Dushanbe, official website of the President of Tajikistan www.president.tj (date of addressing: 18.02.2018)

5. Law of the Republic of Tajikistan "On Combat against Corruption", www.mmk.tj (date of addressing: 24.05.2017)

6. Law of the Republic of Tajikistan "On State Service", www.mmk.tj (date of addressing: 12.05.2018)

7. Law of the Republic of Tajikistan "On Anticorruption Expertise of Normative Legal Instruments and Drafts of Normative Legal Acts », address www.mmk.tj (date of addressing: 22.09.2018)

8. Strategy of Combat against Corruption in the Republic of Tajikistan for 2013-2020 years, from 30 August of 2013, No. 1504, www.anticorruption.tj (date of addressing: 18.10.2016)

9. Regulation of National Council Concerned with Combat against Corruption in the Republic of Tajikistan from the 14th of December 2010, No. 968, www.anticorruption.tj (date of addressing: 25.12.2017)

10. Corruption in Tajikistan. Public opinion. - Dushanbe, 2006. -192 pp.

11. Corruption in the Republic of Tajikistan. Public Opinion. - Dushanbe, 2010, - 73 pp.

12. Karklins, Rasma. The System Made me Do it: Corruption in post-Communist Societies. New York, 2005, - 219 pp.

13.Lipset Seimur Martin, Almond Gabriel, Corruption. Culture and Market // Culture Has Essence. M., Moscow School of Political Research, 2002. Vol. No. 26.

14.Appeal of the President of the Republic of Tajikistan to Majlisi Oli (the Parliament) of the Republic of Tajikistan, 26th of December 2018, Dushanbe http://www.president.tj/node/19088Ulakhsh, (date of addressing: 22.01.2019)

15.Kaufman, Daniel "Revisiting Anti-Corruption Strategies: "Turn towards Incentive-Driven Approaches" in United Nations Development Program, Corruption and Integrity as Important Initiatives in Developing Countries (1998), ch 4.

16.Speech at the Meeting of the Public Council of the Republic of Tajikistan, 27.01.2017, Dushanbe, official website of President of the Tajikistan, www.president.tj (date of addressing: 20.06.2018)

17.Peter Langseth "Empowering the Victims of Corruption Through Social Control Mechanisms". The Paper Presented at IACE meeting, Prague, October 9, 2001.

18.Report. Sociological Review on Perception of Attitude to Corruption and Combat against Corruption it in Tajikistan. Strategic research center under the Auspices of the President of Tajikistan. - Dushanbe, 2011, - 80 pp.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.