Научная статья на тему 'Механизмҳои таъмини шаффофият дар низоми хизмати давлатии Тоҷикистони муосир'

Механизмҳои таъмини шаффофият дар низоми хизмати давлатии Тоҷикистони муосир Текст научной статьи по специальности «СМИ (медиа) и массовые коммуникации»

CC BY
299
62
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
транспарентность / государственная служба / коррупция / средства массовой информации / гражданское общество / мониторинг / информация / шаффофият / хизмати давлатї / коррупсия / васоити ахбори омма / љомеаи шањрвандї / мониторинг / иттилоот / transparency / public service / corruption / mass media / civil society / monitoring / information

Аннотация научной статьи по СМИ (медиа) и массовым коммуникациям, автор научной работы — Солиев Шарофиддин Холович

В последние десятилетия принцип транспарентности рассматривается какважный принцип антикоррупционной политики и развития эффективного правления.Автор рассматривает механизмы обеспечения транспарентности в государственнойслужбе Республики Таджикистан. Автор подчёркивает, что обеспечение принципатранспарентности может способствовать снижению уровня коррупции в стране.Автором особо подчёркиваются достижения правительства страны в областиобеспечения транспарентности. Содействие развитию свободных средств массовойинформации, развитие электронных СМИ, поддержка журналистских расследований,мониторинг политических процессов, в особенности в антикоррупционной политике,укрепление внутреннего самоконтроля в государственных органах, активное участиемеждународных организаций и гражданского общества в антикоррупционной политике,широкое вовлечение граждан в политическую жизнь, улучшение государственныхзакупок и т.п. меры считаются важными механизмами повышения транспарентностив деятельности государственных органов. Предлагается ряд рекомендаций дляповышения транспарентности в сфере государственной службы.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

PROVISION OF TRANSPARENCY MECHANISM IN THE PUBLIC SERVICE SYSTEM OF MODERN TAJIKISTAN

In recent decades the principle of transparency is considered as an important principle of anticorruption policy and development of effective governance. In this article the author examines the mechanism of transparency in the public service system of Tajikistan. The author emphasizes that a provision of transparency principle may promote a reduction of the level of corruption in the country. The author pays special attention to the achievements of the Tajik government in the provision of transparency. Promotion of the development of free mass media, electronic ones inclusive, support of journalistic investigations, monitoring of political processes‚ especially in anti-corruption policy, strengthening of internal self-control bodies, active participation of international organizations and civil society in anticorruption policy, wide involvement of citizens into political life, improvement of state procurement and etc. are considered as important mechanisms of transparency enhancement in the activity of state institutes. The author proposes a number of recommendations in order to improve transparency in public service system.

Текст научной работы на тему «Механизмҳои таъмини шаффофият дар низоми хизмати давлатии Тоҷикистони муосир»

УДК 32.001 ББК 66.033.141.3

МЕХАНИЗМҲОИ ТАЪМИНИ ШАФФОФИЯТ ДАР НИЗОМИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОНИ МУОСИР

МЕХАНИЗМЫ ОБЕСПЕЧЕНИЯ ТРАНСПАРЕНТНОСТИ В СИСТЕМЕ ГОСУДАРСТВЕННОЙ СЛУЖБЫ СОВРЕМЕННОГО ТАДЖИКИСТАНА

PROVISION OF TRANSPARENCY MECHANISM IN THE PUBLIC SERVICE SYSTEM OF MODERN TAJIKISTAN

Солиев Шарофиддин Холович,

ассистенти кафедраи сиёсатшшосш ДДҲБСТ (Тоҷикистон, Хуцанд)

Солиев Шарофиддин Холович,

ассистент кафедры политологии ТГУПБП (Таджикистан, Худжанд)

Soliev Sharofiddin Kholovich,

lecturer of the Political Science Chair under the TSULBP(Tajikistan, Khujand) E-MAIL: [email protected]

Ключевые слова: транспарентность, государственная служба, коррупция, средства массовой информации, гражданское общество, мониторинг, информация

В последние десятилетия принцип транспарентности рассматривается как важный принцип антикоррупционной политики и развития эффективного правления. Автор рассматривает механизмы обеспечения транспарентности в государственной службе Республики Таджикистан. Автор подчёркивает, что обеспечение принципа транспарентности может способствовать снижению уровня коррупции в стране. Автором особо подчёркиваются достижения правительства страны в области обеспечения транспарентности. Содействие развитию свободных средств массовой информации, развитие электронных СМИ, поддержка журналистских расследований, мониторинг политических процессов, в особенности в антикоррупционной политике, укрепление внутреннего самоконтроля в государственных органах, активное участие международных организаций и гражданского общества в антикоррупционной политике, широкое вовлечение граждан в политическую жизнь, улучшение государственных закупок и т.п. меры считаются важными механизмами повышения транспарентности в деятельности государственных органов. Предлагается ряд рекомендаций для повышения транспарентности в сфере государственной службы.

Key words: transparency, public service, corruption, mass media, civil society, monitoring, information

In recent decades the principle of transparency is considered as an important principle of anticorruption policy and development of effective governance. In this article the author examines the mechanism of transparency in the public service system of Tajikistan. The author emphasizes that a provision of transparency principle may promote a reduction of the level of corruption in the country. The author pays special attention to the achievements of the Tajik

- 161 -

Солиев Ш.Х. Механизмҳои таъмини шаффофият дар низоми хизмати давлатии Тоҷикистони муосир

government in the provision of transparency. Promotion of the development of free mass media, electronic ones inclusive, support of journalistic investigations, monitoring of political processes, especially in anti-corruption policy, strengthening of internal self-control bodies, active participation of international organizations and civil society in anticorruption policy, wide involvement of citizens into political life, improvement of state procurement and etc. are considered as important mechanisms of transparency enhancement in the activity of state institutes. The author proposes a number of recommendations in order to improve transparency in public service system.

Дар шароити имрӯза шаффофият яке аз принсипҳои муҳимми амал ва фаъолияти самараноки низоми идорй шинохта шудааст. Хусусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни ҳол коррупсия дар ниҳодҳои хизмати давлатӣ васеъ паҳн шуда асту он масъалаи муҳим ва ҳалталаб аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст, ба масъалаи таъмини шаффофият ҳамчун роҳи рафъи коррупсия диққати махсус дода мешавад. Хусусан масъалаи мубориза бар муқобили коррупсия ва рафъи он дар хизмати давлатӣ мавриди таваҷҷӯҳи хосаи Президента кишвар қарор гирифтааст. Сарвари кишвар дар роҳи мубориза бар муқобили коррупсия ҳамаҷониба амалӣ намудани принсипи шаффофиятро дар низоми идории давлатӣ дар паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ва дигар баромадҳояш махсусан қайд намудааст [5]. Дар ин бобат саволҳои асосии зерин ба миён меоянд: шаффофияти амали низоми идории давлатӣ чи гуна ва то кадом андоза метавонад ба рафъи коррупсия мусоидат дошта бошад? Чи гуна мо метавонем шаффофиятро дар низоми идории давлатӣ ба роҳ монем? Кадом механизмҳои таъмини шаффофият дар низоми идории давлатӣ вуҷуд дошта метавонанд ва дар шароити кишвар ин механизмҳо то кадом андоза мавриди истифода қарор гирифтаанд?

Кӯшишҳо барои мусоидат ба шаффофият ба хотири беҳтар намудани идоракунӣ дар ду даҳсолаи охир зиёд ба назар мерасанд, ки аксаран ҷанбаи ниҳодиро (институтсионалиро) ба худ касб намудаанд. Муассисаҳои махсус ва гурӯҳҳое русух намуданд, ки ҳадафи онҳоро мусоидат ба шаффофият ташкил медиҳад. Дар масъалаи мубориза бар муқобили коррупсия намунаи ин гуна муассисаҳо метавонад Созмони байналмилалии шаффофият* бошад, ки ҳамчун созмони меҳварии баҳогузоранда ба ҳолати коррупсия дар кулли кишварҳои ҷаҳон шинохта шудааст. Принсипи шаффофият ҳамчунин ба амалияи кории созмонҳои байналхалқӣ табдил ёфтааст, ки намунаи онро метавонем дар оинабандии утоқҳои корӣ, вақт ва шароитҳои гирифтан ва ё додани кӯмакҳо, ҷалби шоҳидон ва васоити ахбори умум ҳангоми баргузории фаъолият ва г. мушоҳида кард.

Ба масъалаи таъмини шаффофият чун усули рафъи коррупсия ва механизмҳои мухталифи он муҳаққиқони зиёде таваҷҷӯҳ кардаанд. Метавонем чанде аз онҳоро дарҷ намоем, ки механзимҳои мухталифи таъмини шаффофиятро мавриди баррасӣ ва тадқиқу таҳлил қарор додаанд. Дар таҳқиқоти худ перомуни озодии матбуот ва коррупсия муҳаққиқон Брунеттӣ А. ва Ведер Б. исбот намуданд, ки озодии матбуот ба паст шудани сатҳи коррупсия мусоидат мекунад [7]. Дар таҳқиқи худ онҳо

Созмони байналмилалии шаффофият (Transparency International) ҳар сол раддабандии индекси коррупсияро (Corruption Perception Index - CPI) таҳия мекунад. Соли 2014 Тоҷикистон миёни 175 кишвар бо гирифтани 23 бал дар чои 152 қарор дошт.

- 162 -

Soliev Sh. Kh. Provision of Transparency Mechanism in the Public Service System of Modern Tajikistan

дарёфтанд, ки ҳатто дар андозаи махдуд беҳтар намудани озодии матбуот метавонад коррупсияро миёни нишондодҳои 0.6 ва 0.9 балл паст намояд (дар нишондоди аз 0 то ба 6 балл).

Муҳаққиқ Ислом Р. бо баррасии ҳисоботҳои ироашуда ба созмонҳои байнал-халқӣ чун СММ, Созмони ҷаҳонии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ индекси шаффофиятро созмон дод. Ӯ ҳамчунин ба идроиши меъёрҳои озодии дастрасӣ ба иттилоот таваҷҷӯҳ дошт ва чандин санҷишҳоро перомуни он масъала баргузор намуд, ки то кадом андоза шаффофият бо дигар чораҳои сифатии идоранамоӣ ва самаранокии он пайванд дорад. Ӯ дарёфтааст, ки кишварҳои бо нишондоди баланди шаффофият ҳамчунин идораи беҳтар доранд [8]. Ин ёфтаҳо аз дониби муҳаққиқон Беллвер ва Кауфман, ки индекси ҳаммонанди шаффофиятро созмон доданд, тасдиқи худро ёфт. Ошкор гардид, ки шаффофият сатҳи коррупсияро паст менамояд ва бо натидаҳои беҳтари иқтисодӣ ва рушди инсонӣ алоқамандӣ дорад [9]. Ҳамчунин муҳаққиқон Лидерман Д., Лойаза Н. ва Соарез Р. исбот намудаанд, ки озодии матбуот ва демократия дар якдоягӣ нақши муҳиммеро дар рафъи коррупсия мебозанд [10]. Муҳаққиқи дигар Аҳренд Р. бо истифода аз додаҳои солҳои 1984-1995 ба дарёфти алоқаи назарраси миёни коррупсия ва озодии матбуот чандон мушарраф нагар-дидааст. Аммо ӯ далелҳоеро дармеёбад, ки ҳар чи қадаре сатҳи озодии матбуот боло бошад, он боиси сатҳи пасти коррупсия мегардад [6]. Бояд дард намуд, ки озодии матбуот унсури муҳимми таъмини шаффофият дар низоми хизмати давлатӣ аст.

Чи хеле ки зикр гардид, принсипи шаффофият яке аз принсипҳои муҳим дар низоми идораи давлатӣ маҳсуб меёбад. Саволе ба миён меояд, ки муҳиммияти он дар чист? Чи гуна ин принсип метавонад ба самаранокии низоми идории давлатӣ саҳмгузор бошад? Дар воқеъ шаффофият боиси рушди эътимод ва боварӣ гашта, ба мустаҳкам шудани алоқаи миёни низомҳои идорӣ ва мардум, амали самараноки бозорҳо, мустаҳкамшавии ниҳодҳои мухталифи давлативу дамъиятӣ, иштироки васеи мардум дар равандҳои сиёсӣ, ҳисоботдиҳандагии хизматчиёни давлативу дамъиятӣ, боло рафтани машрӯъияти равандҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҳамчунин машрӯъияти ҳокимияти давлатӣ мусоидат мекунад. Дар ҳолати доштани иттилооти зарурӣ мардум метавонанд дар ташкил ва татбиқи сиёсати дамъиятӣ нақши худро гузоранд. Онҳо имкон пайдо мекунанд, ки дар равандҳои сиёсӣ ва ҳалли мушкилоти мавдуда, аз он думла рафъи коррупсия фаъолона иштирок кунанд ва ташаббуси шаҳрвандиро дар ҳалли масъалаҳои ҳалталаби домеа тақвият бахшанд.

Баръакс набудани шаффофият эътимоди мардумро бар низомҳои идорӣ мекоҳонад ва имкон намедиҳад, ки фаъолияти хизматчиёни давлативу дамъиятӣ аз дониби мардум арзёбӣ ва назорат карда шавад. Албатта чунин ҳолат ба сар задани амалҳои коррупсионӣ, ки дар фазои пинҳон ва пӯшида сурат мегиранд, мусоидат мекунад. Набудани шаффофият ба хизматчиёти давлатӣ ва дамъиятӣ чунин имконеро фароҳам меорад, ки молиёти давлатӣ ва дамъиятиро барои мақсадҳои шахсӣ истифода намоянд ё онро чи гуна, ки мехоҳанд тақсим карда, ҳамчунин рушди непотизмро тақвият бахшанд. Набудани шаффофият ташаббуси шаҳрвандонро дар самти ҳалли мушкилоти домеа ба нобудӣ мебарад ва нобоварии мардумро ба низоми идорӣ афзун мекунад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар роҳи таъмини шаффофият дар низоми хизмати давлатӣ ва дамъиятӣ гомҳои мустаҳкаме гузошта шаванд.

Қадами муҳим ва аввал дар таъмини шаффофият дар низоми хизмати давлатӣ ин мустаҳкам намудани ин принсип дар қонунгузорӣ ва дигар меъёрҳои ҳуқуқии кишвар

- 163 -

Солиев Ш.Х. Механизмҳои таъмини шаффофият дар низоми хизмати давлатии Тоҷикистони муосир

аст. Дар шароити Тоҷикистон принсипи шаффофият ҳамчун принсипи муҳимме дар қонунгузории хизмати давлатӣ, қонунгузории иттилооту иттилоотонӣ ва ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ва қонунгузории зиддикоррупсионӣ махсусан дарҷ ёфтааст. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» шаффофият яке аз принсипҳои муҳимми хизмати давлатӣ ҳисобида шудааст, ба ҷузъ дар фаъолиятҳое, ки сирри давлатӣ ва дигар сирҳои бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад [3]. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» низ принсипи шаффофият ва ошкорбаёнӣ дарҷ карда шудааст [2]. Ҳамчунин чанде аз иқдомҳои Президенти кишвар ба рушди заминаи меъёриву ҳуқуқии таъмини шаффофият дар хизмати давлативу ҷамъиятӣ мусоидат намудааст. Бо мақсади боло бурдани шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва осон намудани дастрасӣ ба иттилоот бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005 № АП-1677 ҳамаи вазоратҳо ва мақомот вазифадор карда шудаанд, ки роҷеъ ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти ҳар семоҳа нишасти матбуотӣ бо иштироки воситаҳои ахбори умум баргузор намоянд. Аз ҳамон замон инҷониб нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти мухталифи давлатӣ баргузор мешаванд, ки он яке аз механизмҳои самараноки таъмини шаффофият дониста шудааст. Ҳамчунин Фармони Президенти кишвар Э. Раҳмон аз 7 феврали соли 2009 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» қадами муҳимме дар самти таъмини шаффофият дар хизмати давлатӣ мебошад [11]. Бо фармони мазкур тамоми шахсони мансабдор, ки фаъолияти онҳо ба таҳлил ва танқиди васоити ахбори омма кашида мешаванд, вазифадор мегарданд, ки ба масъалаҳои баррасишуда равшанӣ бахшида, камбудиҳои самти фаъолияташонро ислоҳ намоянд. Иқдоми дигари Раиси ҷумҳур дар самти таъмини шаффофияти хизмати давлатӣ ва ҷамъиятӣ ин дастгирии фаъолияти рӯзноманигорон ва фароҳам овардани шароити муносиби ҳуқуқии фаъолият ба онҳо мебошад. Дар суханронии худ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик 10 марти соли 2012 Президенти кишвар ба масъалаи гузаронидани моддаҳои 135 ва 136-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи онҳо рӯзноманигорон барои таҳқиру тӯҳмат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуданд, ба қонунгузории гражданӣ таваҷҷуҳи хосса намуд [12]. Ин иқдом ба рушди рӯзноманигорӣ ва боло рафтани таъмини шаффофият мусоидат менамояд.

Дар таъмини шаффофият дар низоми хизмати давлатӣ нақши воситаҳои ахбори умуми давлатӣ ва хусусӣ хеле барҷаста мебошанд. Васоити ахбори умум дар таъмини шаффофият вазифаи дуҷонибаро иҷро мекунанд. Пеш аз ҳама тавассути ВАО, хусусан матбуоти даврӣ, телевизион ва радио мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ иттилоотро оид ба ҳолати фаъолияти худ ба шаҳрвандон мерасонанд. Мардум аксаран тавассути ВАО-и давлативу хусусӣ аз фаъолияти мақомоти давлатӣ огоҳ мегарданд ва фаъолияти онҳоро арзёбӣ мекунанд. Агар ВАО аз як тараф ҳолати фаъолият ва истифодаи молиёти давлатиро аз ҷониби мақомоти давлатӣ ошкор намоянд ва имкони таҳлилу баҳогузориро аз ҷониби шаҳрвандон фароҳам кунанд, аз тарафи дигар, вазъи мардум ва фаъолияти мақомот ва ниҳодҳои мухталифи давлативу ҷамъиятиро ба масъулони зинаҳои болоии ҳокимияти давлатӣ дар “боло” ва шаҳрвандон дар “поён” мерасонанд. Қайд намудан зарур аст, ки ВАО, махсусан матбуоти даврӣ дар Тоҷикистон яке аз абзорҳои асосӣ барои ироаи ахбори мухталифи сатҳи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошанд. Дар ҳолати тавассути мақомоти давлатӣ ҳаллу фасл нашудани мушкилоти шаҳрвандон онҳо метавонанд мушкилоти

- 164 -

Soliev Sh. Kh. Provision of Transparency Mechanism in the Public Service System of Modern Tajikistan

худро тавассути матбуоти даврӣ ба мақомоти болоӣ, мақомоти дахлдор ва ё шахсони алоҳидаи зинаи болоии ҳокимияти давлатӣ бирасонанд.

Самарабахшии ВАО-ро дар таъмини шаффофияти амали мақомоти давлативу ҷамъиятӣ таҳқиқоти иқтисодшиносони шведӣ Рейник ва Свенсон собит месозад, ки перомуни барномаи маблаггузории сарикасӣ дар мактабҳои Уганда баргузор шудааст. Муайян карда шудааст, ки танҳо 24% молиёти аз ҷониби ҳукумат ҷудокарда ба мактабҳо расидааст. Ҳукуматдорон тасмим гирифтанд, ки маъракаи интишори иттилоотро роҷеъ ба дастрас шудани маблаг ба ноҳияҳо шурӯъ намоянд. Ҳар моҳ дар матбуоти даврӣ додаҳо перомуни он, ки чи қадар маблаг ба ҳар ноҳия равона карда шудааст, нашр мешуд. Дар натиҷаи ин маърака аллакай то ба 82%-и молиёт ба маблаггирандагон дастрас шудааст. Самараи бештар дар ноҳияҳое мушоҳида карда мешуд, ки теъдоди фурӯшгоҳи газетаҳо дар он ҷо зиёд буд. Дар ин ноҳияҳо боло рафтани шумораи мактаббачагон ва сифати таълим ба назар мерасид [1].

Чи қадар, ки сатҳи озодии матбуот боло бошад, ҳамон андоза дастрасии мардум ба иттилоот зиёд гашта, бо ин васила ҳисоботдиҳандагии мақомоти давлатӣ дар ҷомеа таъмин мегардад. Чунин ҳолат ба таъмини шаффофият, назорати низоми идораи давлатӣ аз ҷониби мардум мусоидат карда, ба рушди низоми идории корошояму муассир ва рафъи коррупсия замина фароҳам меоранд. Ҳар сол созмони гайриҳукуматии байналмилалии Хонаи озодӣ раддабандии озодии матбуоти ҷаҳониро амалӣ мегардонад. Сатҳи озодии матбуот дар кишварҳои мухталиф аз рӯи се категория: муҳити ҳуқуқӣ, муҳити сиёсӣ ва муҳити иқтисодӣ муайян карда мешавад. Баҳогузорӣ бо усули додани аз 0 то ба 100 балл сурат мегирад, ки дар он баҳои паст нишонаи дар сатҳи боло будани озодии матбуот аст. Дар раддабандии соли 2014 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гирифтани 80 балл ҳамчун кишваре шинохта шуд, ки матбуоташ озод нест [13]. Новобаста аз ин дар соҳаи матбуоти кишвар тадриҷан дигаргуниҳои мусбат ба вуқӯъ мепайванданд. Барои мисол дар шароити имрӯза аксари мақомоти давлатӣ дорои ҳафтаномаҳои худ мебошанд, ки дар онҳо маводи вобаста ба фаъолияташонро ба нашр мерасонанд. Ҳамчунин дар кишвар мувофиқи маълумотҳои расмӣ то моҳи январи соли 2015 339 рӯзномаву ҳафтанома, аз ҷумла 86 давлатӣ ва 253 гайридавлатӣ ба қайд гирифта шудаанд [14], ки дар расонидани иттилоотҳои мухталиф ва таъмини шаффофияти амали мақомоти давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Василаи дигари таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ин истифодаи технологияҳои муосири коммуникатсионӣ ва иттилоотӣ мебошад, ки ин амал яке аз қисматҳои муҳимми бароҳмонии ҳукумати электронӣ аст. Тавассути воситаҳои электронӣ расонидани иттилоот дар шароити имрӯзаи рушди техноло-гияҳои коммуникатсионӣ хеле қулай ва арзон мебошад. Дар ин замина хусусан шабакаи ҷаҳонии Интернет метавонад мақоми хоси худро дошта бошад, ки имрӯз дар тамоми гӯшаву канори кишвар мавриди истифода қарор мегирад ва яке аз абзорҳои асосии расонидани иттилоот ба мардум ба ҳисоб меравад. Тавассути шиносоӣ бо иттилооти зарурӣ дар интернет мардум метавонанд фаъолияти мақомоти давлатиро арзёбӣ намоянд. Зеро дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон матбуоти даврӣ, аз ҷумлаи рӯзнома ва маҷаллаҳо аксаран дар шаҳрҳо ва маркази ноҳияҳо дастрас буда, қисми зиёди аҳолии кишвар, ки дар деҳаҳо зиндагӣ ба сар мебаранд, аз мутолиаи онҳо маҳруманд. Истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон рӯз аз рӯз дар афзоиш мебошанд ва онҳо метавонанд, ки иттилооти заруриро аз сомонаҳои хабарӣ,

- 165 -

Солиев Ш.Х. Механизмҳои таъмини шаффофият дар низоми хизмати давлатии Тоҷикистони муосир

сомонаҳои интернетии нашрияҳои мухталиф ва мақомоти давлатй дарёфт ва мутолиа намоянд. Ҳамчунин шаҳрвандоне, ки ҳамасола дар муҳоҷират қарор доранд, метавонанд иттилооти лозимиро перомуни фаъолияти мақомоти давлатии кишвар тавассути интернет дастрасй намоянд. Технологияҳои коммуникатсионй расонидани иттилоотро ба маротиб осон намуда, ба рушди шаффофият ва дар як вақт огоҳии мардум аз сиёсати зиддикоррупсионии кишвар мусоидат мекунанд. Тавассути воситаҳои электронии коммуникатсия мардум метавонанд шикояти худро оид ба фаъолияти мақомоти мухталифи давлатй ва шахсони алоҳидаи мансабдор ба шахсони мансабдори зинаи болои ҳокимияти давлатй расонанд ва бо ин роҳ шаффофияти амали хизматчиёни давлатиро дар назди мансабдорони зинаҳои болой таъмин кунанд. Аз ин рӯ, ба рушди ояндаи онҳо дар кишвар ҳамчун абзори таъмини шаффофият таваҷҷуҳ намудан лозим аст.

Дар масъалаҳои таъмини шаффофият дар шароити имрӯза хусусан нақши рӯзноманигории таҳқиқотй муассир арзёбй мегардад. Рӯзноманигорони таҳқиқотгар бо ковиши паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти мақомоти давлатй ва хизматчиёни алоҳидаи давлатй метавонанд ҷанбаҳои манфй ва, хусусан, ба фаъолияти коррупсионй даст доштани онҳоро ошкор созанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки барои рушди таҳқиқотҳои рӯзноманигорй дар кишвар мусоидат карда шавад, ки он сатҳи муайяни озодии суханро металабад. Дар Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 принсипи озодии сухан ҳамчун ҷанбаи муҳимми сиёсати зиддикоррупсионии кишвар махсусан дарч ёфтааст. Амалисозй ва иҷроиши принсипи озодии сухан ба рушди таҳқиқоти рӯзноманигории амалҳои коррупсионй дар мақомоти мухталифи давлатй мусоидат намуда, дар як вақт боло рафтани шаффофияти амали мақомоти давлатиро таъмин мекунад.

Яке аз механизмҳои дигари муҳимме, ки шаффофиятро дар раванди ичроиши барномаҳои мухталиф ва стратегияҳои давлатй таъмин менамояд, баргузории мониторинг мебошад. Аз чумла баргузории мониторинги сиёсати зиддикоррупсионй шаффофияти низоми идории давлатиро метавонад ошкор намояд. Мониторинги пайдарҳам ва даврагии сиёсати зиддикоррупсионй дар кишвар камбудҳои мавчударо дар ин самт ошкор мекунад, то дар заминаи мушкилоти ошкоршуда чораҳои муассир ва ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои зиддикоррупсионй дуруст ба роҳ монда шаванд. Дар навбати худ, баргузории мониторинги фаъолияти мақомоти мухталифи давлатй барои ошкор намудани чигунагии фаъолияти онҳо нақши муҳим дорад. Тавассути мониторинг камбудҳои чойдошта дар фаъолияти ниҳодҳои давлатй ошкор шуда, ба самъи субъектҳои зиддикоррупсионй, хусусан чомеаи шаҳрвандй ва аҳолй пешниҳод мегардад, то аз ҳолати фаъолият ва амалкарди ниҳодҳои мухталифи давлатй ва мавчудияти хатарҳои коррупсионй дар онҳо огоҳ бошанд ва баҳри рафъи коррупсия иқдом намоянд. Ҳамчунин арзёбй ва таҳлилу ташхиси хатари коррупсия дар соҳаҳои мухталифи хизмати давлатй метавонад сиёсати зиддикоррупсиониро дар самтҳои мухталиф самаранок намояд ва заминаи таъмини шаффофият гардад. Тавассути арзёбиҳо ва таҳлилу ташхис омилҳои мавчудаи коррупсионй ва камбудиҳои мавчуда, ки метавонанд ба рушду нумӯи амалҳои коррупсионй замина фароҳам оваранд, ошкор мешаванд. Дар натича имкон пайдо мешавад, ки оид ба рафъи онҳо тадбирҳо андешида шаванд ва мардум, чомеа ва ниҳодҳои давлатй аз шарри онҳо огоҳ бошанд.

- 166 -

Soliev Sh. Kh. Provision of Transparency Mechanism in the Public Service System of Modern Tajikistan

Коршиносони байналмилалие, ки ба арзёбии сиёсати зиддикоррупсионии Тоҷикистон мувофиқи меъёрҳо ва ӯхдадориҳои байналмилалии кишвар машгул ҳастанд, перомуни старатегияи нави зиддикоррупсионӣ паҳн намудани иттилоот ва амалисозии онро муҳим медонанд. Онҳо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандиро дар раванди сиёсати зиддикорупсионӣ, аз ҷумла татбиқ, мониторинг ва назорати иҷроиш, таҳлил ва навоварии стратегияи зиддикоррупсионӣ махсусан дарҷ мекунанд то ин раванд ҳамкории якҷояи мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои гайриҳукуматӣ бошад.

Механизми дигари таъмини шаффофият ва кам намудани сатҳи коррупсия ин беҳтар намудани раванди харидҳои давлатӣ ва ҷалби ширкатҳо барои хизматрасонии давлатӣ мебошад. Дар ин самт зарур аст, ки барои ҷалби ширкатҳо ва компанияҳои мухталиф ба хизматрасонӣ ва таъминоти таҷҳизотӣ тендер эълон ва баргузор карда шавад. Дар ҷумҳурӣ нашри эълонҳои баргузории тендерро дар матбуоти даврӣ мушоҳида намудан мумкин аст. Албатта то кадом андоза боадолат ва орӣ аз коррупсия будани ин тендерҳо ва ҷалби ширкатҳо ба хизматрасонии давлатӣ баҳси таҳқиқоти алоҳида ва назорати мақомоти зиддикоррупсиониро металабад.

Дар таъмини шаффофият дар хизмати давлатии Тоҷикистон фаъолияти зиддикоррупсионии созмонҳои байналхалқии амалкунанда дар Тоҷикистон ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ метавонад муҳим бошад. Хусусан яке аз талабҳои муҳимми созмонҳои байналхалқии алоқаманд бо мубориза бар зидди коррупсия ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ин таъмини шаффофияти амали мақомоти давлатӣ мебошад. Ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар иҷрои Нақшаи истанбулии фаъолият дар мубориза бар муқобили коррупсия талаб мекунад, ки кишвар дар самти таъмини шаффофияти низоми идории давлатӣ ва ҷамъиятӣ иқдом намояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳисоботдиҳандагии онҳо созмонҳои байналхалқӣ лоиҳаҳои мухталифро ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла Барномаи рушди СММ тавассути арзёбии хавфи коррупсия дар соҳаҳои мухталиф дар ин самт саҳмгузор аст. Инчунин Барномаи рушди СММ ба Ҳукумати кишвар дар ворид намудани низоми назорати дохилии ниҳодҳо ва дигар чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ кӯмак менамояд. Ҳамчунин аз ҷониби Созмони ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ (OECD) мониторинги пешрафти сиёсати зиддикоррупсионии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад, ки мониторинги охир соли 2014 гузаронида шуд. Аз чумла дар мониторинги соли 2014 оид ба механизми таъмини шаффофият тавсияҳои нав ба Точикистон ироа карда шуданд [4].

Ҳамчунин барои таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳандагии мақомоти давлатӣ дар Точикистон зарур аст, ки субъектҳои алоқаманд бо ин механизм фаъол бошанд. Пеш аз ҳама ба мардум ва ниҳодҳои чомеаи шаҳрвандӣ, ки субъектҳои талабкунандаи шаффофият дар хизмати давлатӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошанд, зарур аст маданияти баланди ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дошта бошанд, то битавонанд дар заминаи донишҳои ҳуқуқӣ ва сиёсияшон ҳолати шаффофият ва дурустии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва хизматрасонии давлатиро таҳти назорат ва арзёбӣ қарор бидиҳанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар раванди сиёсати зидди-коррупсионӣ ба баланд бардоштану беҳтар намудани фаҳму дарки ҳуқуқӣ ва сиёсии мардуми кишвар таваччӯҳ карда шавад. Ҳама гуна гапфурӯшӣ ва пахши иттилооти носаҳеҳ ва якчонибаву манфиатхоҳонаи гурӯҳӣ метавонад мардумро ба самти нодуруст равона созад ва механизми таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳандагиро вайрон намояд. Дар натича назорат ба мақомоти давлатӣ ва чамъиятӣ ба заъф дучор

- 167 -

Солиев Ш.Х. Механизмҳои таъмини шаффофият дар низоми хизмати давлатии Тоҷикистони муосир

шуда, боиси халалпазирии низоми идорӣ ва номувофиқати он ба талаботи босуръат ивазу мураккабшавандаи олами мутамаддин мешавад. Албатта чунин ҳолат ба рушди давлатдории миллӣ, инкишофи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардум таъсири зиёди манфӣ расонида метавонад.

Дар шароити имрӯза масъалаи таъмини шаффофият дар низоми идораи давлатии Тоҷикистон кӯшиш ва иқдомҳои зиёди амалиро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, ироаи якчанд тавсияҳоро барои беҳтар намудани ҳолати таъмини шаффофият дар низоми хизмати давлатӣ зарур мешуморем:

- тақвияти низоми худназоратии мақомоти давлатӣ бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти онҳо, махсусан тавассути баррасии ҳисоботи молиявӣ бо иштироки кормандони зинаҳои мухталифи мақомот;

- дастгирӣ ва таҳрики таҳқиқоти рӯзноманигорӣ ба хотири ошкор намудани мушкилоти мавҷуда дар соҳаҳои мухталифи низоми идораи давлатӣ;

- мустаҳкам намудани фаъолияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар роҳи мубориза бар муқобили коррупсия ва ҷалби бештари шаҳрвандон дар иқдомҳои зиддикоррупсионӣ;

- мусоидат ба рушди матбуоти озод дар кишвар ва кафолати амнияти рӯзноманигороне, ки баҳри ошкор намудани масъалаҳои доги рӯз ва марбут ба коррупсия фаъолият мебаранд;

- мустаҳкам намудани ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти таъмини шаффофият ва боло бурдани эътимоди мардум ба низоми идорӣ дар кишвар;

- ба роҳ мондани мониторинги фаъолияти мақомоти давлатӣ аз ҷониби мақомоти намояндагии кишвар ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Калидвожаҳо: шаффофият, хизмати давлатӣ, коррупсия, васоити ахбори омма, ҷомеаи шаҳрвандӣ, мониторинг, иттилоот

Пайнавишт:

1. Гуриев С. Роль экономики в становлении современных общественных институтов. http://www.polit.ru/lectures/2007/03/29/guriev.html (санаи мурол>иат: 06.10.15)

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар муқобили коррупсия», 25 июли соли 2005, № 100. /манбаи электронӣ: www.mmk. tj (санаи муроҷиат: 09.10.15)

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», 5 марти соли 2007, № 233. www.mmk.tj (санаимуроҷиат: 09.10.15)

4. Организация Экономического Сотрудничества и Развития. Сеть по борьбе с коррупцией для стран Восточной Европы и Центральной Азии, антикоррупционные реформы в Таджикистане. 3-ий раунд мониторинга Стамбульского плана действий по борьбе против коррупции, Отчёт. (18 апреля 2014)

5. Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии

Тоҷикистон, 23 январи соли 2015, / манбаи электронӣ: www.president.tj (санаи

муроҷиат: 20.09.15)

6. Ahrend, Rudiger. Press freedom, human capital and corruption. DELTA Working Paper, No. 2002-11, February, Retrieved October 21, 2015 from SSRN Database.

7. Brunetti, Aymo & Weder, Beatrice “A free press is bad news for corruption” // Journal of Public Economics. - 2003. -N. 87 (7-8). - PP. 1801-1824.

- 168 -

Soliev Sh. Kh. Provision of Transparency Mechanism in the Public Service System of Modern Tajikistan

8. Islam, Roumeen “Does More Transparency Go Along with Better Governance?” // Economics and Politics. - July 2006. - Vol. 18 .-No. 2. - PP. 121-167

9. Kaufmann, Daniel & Bellver, Ana “Transparenting Transparency: Initial Empirics and Policy Applications”, World Bank Policy Research Working Paper./Retrieved October 21, 2015 from SSRN Database.

10. Lederman, D., Loayza, N.V., & Soares, R.R. Accountability & corruption: Political institutions matter. //Economics & Politics, March 2005, Vol. 17, issue 1, pp. 1-35.

11. Манбаи электронӣ: www.president.tj/node/2889 (санаимуроҷиат 02.06.2015)

12. Манбаи электронӣ: www.president.tj (санаимуроҷиат дар 02.06.2015)

13. Манбаи электронӣ: https://freedomhouse.org/report/freedom-press/freedom-press-2014 (санаи муроҷиат 07.05.2015)

14. Манбаи электронӣ

www. vfarhang. tj/index.php?view =about_the_ministry&link=shahodatnomai_haeti _farhangi (санаи мурол>иат 20.05.2015)

Reference Literature:

1. Guriev S. The Role of Economy in the Development of Modern Social Institutes. http://www.polit.ru/lectures/2007/03/29/guriev.html (date of addressing: 06.10.15)

2. The Law of the Republic of Tajikistan “On Combat Against Corruption ”, 25 July 2005, № 100. www.mmk.tj (date of addressing: 09.10.15)

3. The Law of the Republic of Tajikistan “On Public Service”, 5 March 2007, № 233. www. mmk. tj

4. Organization for Economic Cooperation and Development, Network on Combat with Corruption for the Countries of Eastern Europe and Central Asia, Anticorruption Reforms in Tajikistan. The third Monitoring Round of Istanbul Plan of Actions in Combat against Corruption. Report. (18 April, 2014)

5. The Message of Tajik President Emomali Rahmon to the Tajik Parliament (Majlisi Oli), 23 January, 2015, www.president.tj

6. Ahrend, Rudiger. Press Freedom, Human Capital and Corruption. DELTA Working Paper, No. 2002-11, February, Retrieved October 21, 2015 from SSRN Database.

7. Brunetti, Aymo & Weder, Beatrice “A Free Press is Bad News for Corruption” // Journal of Public Economics, 2003, No. 87 (7-8), pp. 1801-1824.

8. Islam, Roumeen “DoesMore Transparency Go Along with Better Governance?” //Economics and Politics. - July 2006. - Vol. 18 .-No. 2. - pp. 121-167

9. Kaufmann, Daniel & Bellver, Ana “Transparenting Transparency: Initial Empirics and Policy

Applications”, World Bank Policy Research Working Paper. Retrieved October 21, 2015 from SSRN Database.

10. Lederman, D., Loayza, N.V., & Soares, R.R. Accountability & corruption: Political institutions matter. //Economics & Politics, March 2005, Vol. 17, issue 1, pp. 1-35.

11. www.president.tj/node/2889 (date of addressing: 02.06.2015)

12. www.president.tj (date of addressing: 02.06.2015)

13. https://freedomhouse.org/report/freedom-press/freedom-press-2014 (date of addressing: 07.05.2015)

14. www.vfarhang.tj/index.php?view=about_the_ministry&link=shahodatnomai_haeti_farhangi (date of addressing: 20.05.2015)

- 169 -

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.