Научная статья на тему 'Доир ба заминаҳои иҷтимоӣ-ҳуқуқии таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон'

Доир ба заминаҳои иҷтимоӣ-ҳуқуқии таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
280
71
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
законность / правопорядок / защита / справедливость / противодействие / гарантии / принцип / коррупция / legitimateness‚ law order‚ advocacy‚ justice‚ counteraction‚ guarantees‚ principle‚ corruption

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Ќаландарова Мањбуба Дадољоновна

Статья посвящена анализу эффективности механизмов защиты прав и свобод человека и гражданина в постсоветском Таджикистане, необходимости разработки егоосновополагающих теоретических положений и путей их реализации. В условиях социально-правовых реформ в Таджикистане особое значение приобретают теоретические ипрактические вопросы совершенствования механизмов охраны и защиты прав и свободличности. С учетом происходящих перемен автором рассматриваются социально-правовые основы укрепления законности и правопорядка в Республике Таджикистан, обосновываются выводы о небходимости совершенствования механизма защиты прав исвобод граждан, обеспечения законности в стране с учетом судебно-правовой реформы.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ON SOCIAL-LEGAL BASIS OF STRENGTHENING IN REGARD TO LEGITIMATENESS AND LAW ORDER IN TAJIKISTAN

The article presents an analysis of advocacy mechanism effectiveness concerned with rights and freedoms of man and citizen in post-Soviet Tajikistan‚ necessity of elaboration of its major theoretical provisions and the ways of their realization. Taking into account the changes in the society the author considers social-legal grounds of strengthening legitimateness and law order in Tajikistan Republic‚ substantiates the necessity of improving a mechanism of advocacy of citizen`s rights and freedoms‚ insurance of legitimateness in the country; forensic-legal reform being taken into consideration as well.

Текст научной работы на тему «Доир ба заминаҳои иҷтимоӣ-ҳуқуқии таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон»

УДК 34С6 ББК 67.042 (2Т)

ДОИР БА ЗАМИНАҲОИ ИҶТИМОӢ-ҲУҚУҚИИ ТАҲКИМИ ҚОНУНИЯТ ВА ТАРТИБОТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Қаландарова Маҳбуба Дадоцоновна,

ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ (Тоҷикистон, Хуцанд)

О СОЦИАЛЬНО-ПРАВОВОЙ Каландарова Махбуба Дададжановна,

ОСНОВЕ УКРЕПЛЕНИЯ ЗАКОННОСТИ И ПРАВОПОРЯДКА В ТАДЖИКИСТАНЕ

ассистент кафедры судебного права и прокурорского надзора Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики (Таджикистан, Худжанд)

ON SOCIAL-LEGAL BASIS OF Kalandarova Makhbuba Dadajanovna,

STRENGTHENING IN REGARD TO LEGITIMATENESS AND LAW ORDER

IN TAJIKISTAN

assistant of the department offorensic law of the juridical faculty under the Tajik State University of Law, Business and Politics (Tajikistan, Khujand)

E-MAIL: raksana.tjulibm @mail.ru

Ключевые слова: законность, правопорядок, защита, справедливость, противодействие, гарантии, принцип, коррупция.

Статья посвящена анализу эффективности механизмов защиты прав и свобод человека и гражданина в постсоветском Таджикистане, необходимости разработки его основополагающих теоретических положений и путей их реализации. В условиях социально-правовых реформ в Таджикистане особое значение приобретают теоретические и практические вопросы совершенствования механизмов охраны и защиты прав и свобод личности. С учетом происходящих перемен автором рассматриваются социально-правовые основы укрепления законности и правопорядка в Республике Таджикистан, обосновываются выводы о небходимости совершенствования механизма защиты прав и свобод граждан, обеспечения законности в стране с учетом судебно-правовой реформы.

Key words: legitimateness, law order, advocacy, justice, counteraction, guarantees, principle, corruption

The article presents an analysis of advocacy mechanism effectiveness concerned with rights and freedoms of man and citizen in post-Soviet Tajikistan, necessity of elaboration of its major theoretical provisions and the ways of their realization. Taking into account the changes in the society the author considers social-legal grounds of strengthening legitimateness and law order in Tajikistan Republic, substantiates the necessity of improving a mechanism of advocacy of citizen's rights and freedoms, insurance of legitimateness in the country; forensic-legal reform being taken into consideration as well.

- 165 -

Қаландарова М.Д. Доир ба заминаҳои иҷтимои-ҳуқуқш таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон

Зарурати таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро дар Тоҷикистон, ки яке аз ҳадафҳои асосӣ ва муҳими таъмини истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад, вазъияти сиёсиву иҷтимоӣ дар кишвар, ҳанӯз аз вақти қабул гардидани Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон (1991) тақозо мекард. Лекин бо сабабҳои маълум дар кишвар пурра таъмин кардани риоя ва иҷрои қонунҳо ва тартиботи ҳуқуқӣ имконнопазир гардид.

Таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар солҳои нахустини истиқлолияти давлатӣ аз ҳар ҷиҳат аз сифати фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста буд. Бино-бар ин, вазъияти сиёсии дар ҷумҳурӣ ба миён омадаро ба назар гирифта, ҳанӯз 31 декабри соли 1992 Э.Раҳмон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро вазифа-дор карда буд, ки фаъолияти худро дар бобати пурзӯр намудани муқовимат зидди ҷинояткорӣ дар ҳама самтҳо (хусусан зидди горатгарӣ, роҳзанӣ, талаву тороҷ кардани амволи давлатӣ ва ҷамъиятӣ, фасод, ифротгароӣ, терроризм), инчунин дар самти таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳр-вандон, пурзӯр намоянд [14]. Чунки таъмини сулҳу ваҳдат, хомӯш кардани алангаи ҷанги гражданӣ дар кишвар, барқарор кардани сохторҳои фалаҷгардида, тамоми соҳаҳои халқ ва ниҳоят барпо кардани заминаҳои давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ҳимоя ва танзими боэътимоди ҳуқуқии тамоми муносибатҳои ҷамъиятиро тақозо мекард.

Таҳия ва қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994) яке аз дастовардҳои муҳими миллӣ буд, ки муқаддасоти миллӣ, собиқаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеи арзишҳои умумибашарӣ, анъанаҳо ва осори таърихии милли-ро эълон кард, онҳоро таҳти ҳимоя ва мавриди амал қарор дод [11, с.2].

Минбаъд, мақомоти қонунгузор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила қонунҳои ҷавобгӯи талаботҳои меъёрҳои байналхалқиро қабул кард.

Ақидаҳои назариявӣ нисбат ба мафҳуму моҳияти қонуният ва роҳҳои таъмин намудани он низ дигаргун гаштанд. Мутахассисони соҳа доир ба ин масъалаҳо анде-шаҳои гуногунро пешниҳод ва асоснок мекунанд [5, с.10] .

Байни ақидаҳои мухталиф оид ба мафҳумҳои тартиботи ҳуқуқӣ, қонуният ва роҳҳои таҳкими қонуният [6, с.124] нуқтаи назари профессор Сотиволдиев Р.Ш. хеле ҷолиб мебошад. Хусусан, дар робита бо андешаи қонуни ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон мафҳуми «қонунияти ҳуқуқӣ», пешниҳод ва асосонок шудааст, ки ҷоизи дастгирӣ аст [14]. Ин ақидаҳоро минбаъд Р.Д. Ғоибов тақвият бахшида қайд мекунад, ки яке аз шартҳои рушди қонунгузории ҳуқуқӣ беҳтар намудани сифати татбиқи ҳуқуқ аз ҷониби мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад [7, с.22].

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шаклҳои давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд. Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон кард (м.1), ки ҷавобгӯи ҳадаф ва талаботи инкишофи ҷомеаи демократӣ дар ҷаҳони мутамаддин буда, ҳоло дар конститутсияҳои ҳамаи давлатҳои демократии дунё ифода гаштааст.

Дар Тоҷикистон мазмуни қонунҳоро ҳуқуқи инсон ташкил дода, риоя, иҷрои меъёрҳои он ба таъмин намудани ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии инсон

- 166 -

Kalandarova M. D. On Social-Legal Basis of Strengthening in Regard to Legitimateness and Law Order in Tajikistan

равона шуданд. Сифати дар амал, воқеан татбиқ шудани онҳо (ҳуқуқи инсон) дар муқоиса бо мувофиқати онҳо (санад ва ё амали татбиқ) ба адолат ва ба арзиши олӣ доштани ҳуқуқи инсон муайян карда мешавад.

Таҳлилҳо муайян карда шудааст, ки қонуният ҳамчун принсип, гоя, усул, низом ва талабот дар фаҳмиши васеъ ифода ёфта метавонад. Тартиботи ҳуқуқӣ бошад бо ҳуқуқ алоқаманд буда, натиҷаи амалӣ гаштани меъёрҳои ҳуқуқиро ифода мекунад.

Айни замон, агар ба унсурҳои сохтори дохилии қонуният диққат диҳем, онҳо паҳлуҳои ҷудогонаи қонуниятро инъикос мекунанд:

- қабул гардидан ва мавриди амал қарор дода шудани маҷмӯи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ (қонунҳо) аз ҷониби мақомоти олии қонунбарор;

- мазмуни санадҳои меъёрию ҳуқуқиро ташкил додани ҳуқуқи инсон;

- хусусияти ҳатмӣ доштани риоя ва иҷрои меъёрҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ барои ҳама;

- ба меъёрҳои муқарраркардаи қонун мутобиқат кардани санадҳои зерқонунӣ;

- боиси ҷавобгарии ҳуқуқӣ гаштани риоя ва иҷро нашудани меъёрҳои муқарраркардаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ;

- таҳти назорати мақомоти давлатӣ қарор дода шудани ҷараёни риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо.

Аз ин рӯ, ба хулоса омадан мункин аст, ки унсурҳои номбаршуда танҳо дар алоқамандӣ бо ҳамдигар метавонанд моҳияти қонуниятро пурра ифода ва таҷассум намоянд. Минбаъд, қонуният ифодагар, нишондиҳандаи сатҳи риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи нишондодҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ (ки мазмуни онҳоро эътироф, риояи амалӣ ва таҳти ҳимояи давлат қарор доштани ҳуқуқи инсон ташкил медиҳанд), аз тарафи тамоми мақомоти давлатӣ, ташкилот, муассиса, корхонаҳо, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо эътироф мешавад. Риоя, иҷро ва татбиқи дурусту одилонаи меъёрҳои ҳуқуқӣ - унсурҳои дохилии амалигардии меъёрҳои ҳуқуқӣ, нишондод ва талаботи ҳуқуқӣ ба шумор рафта, дар ягонагӣ меҳвари принсипи қонуниятро ташкил доданд. Тартиботи ҳуқуқӣ бошад натиҷаи амалӣ гаштани қонуният, сатҳи иҷрои талаботи меъёрҳои ҳуқуқиро таҷассум менамояд.

Қонуният - принсипи умумиҳуқуқӣ эътироф гардида, аз Конститутсияи амалку-нандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Моддаи 10 Конститутсияи ҶТ волоияти Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқиро дар қаламрави ҷумҳурӣ қатъиян тасдиқ намуда, эътибори умумиҳуқуқӣ, умумиҳатмӣ ва қатъӣ доштани онҳоро муайян кард.

Дар раванди бунёди давлати нав, давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал қарор гирифт, сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ низ баланд гардид. Қонун ба ҳифзу ҳимояи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ равона карда шуд, мавқеи шахс дар ҷомеа мустаҳкам гардид, барои истифодаи нерӯи моддиву маънавии вай, зиндагии осуда ва озоду шоистаи шаҳрвандон дар ҷомеа мусоидат намуд, ба ташкили фазои мӯътадили соҳибкорӣ ва фаъолияти муназзами мақомоти давлатӣ, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо замина гузошт.

Баъди қабули Конститутсияи кишвар ва ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидани суд, аз ҷониби давлат ҷиҳати таҳкими асосҳои он пайваста таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд. Чунки инсоният дар ҳама марҳилаҳои таърихӣ дар ҷустуҷӯи роҳҳои самаранок ва мақсадноки таъмину барқарор кардани адолати

- 167 -

Қаландарова М.Д. Доир ба заминаҳои иҷтимои-ҳуқуқш таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон

иҷтимоӣ, такмил додани шаклҳои ба амалбарории он буд. Шакли судии таъмини адолати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон яке аз дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ гардид, ки минбаъд бо воситаи низоми мустақили мақомотҳои судӣ ва ҳокимияти судӣ амалӣ гашта, чун воситаи асосии таъмини кафолатҳо ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд эътироф мешавад. Моҳияти маънавӣ доштани адолат, чун ифодакунандаи сатҳи мӯьтадили ҳаёти иҷтимоӣ, ки шароити мусоиди ором, арзанда ва осиштаи ҳаёти инсонро таҷассум мекунад, аз меьёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (м.1) сарчашма гирифтааст. Таьмини адолат аз ҷониби мақомоти судӣ он гоҳ ногузир мегардад, ки агар зарурати бо дахолати давлат маҳдуд кардани ҳуқуқу озодӣ (м.14), ба танзим даровардани низоьҳо дар муносибатҳои ҷамьиятӣ ба миён оянд. Давлат бо ин роҳ кӯшиш мекунад, тартиботи ҳуқуқӣ ва меьёри рафтори аьзои ҷамьиятро, ки ҷорӣ кардааст, аз таҷовуз ҳимоя кунад, низоьро ҳал ва ҳуқуқи вайроншударо барқарор намояд. Яьне, адолати судӣ хусусияти давлатӣ-ҳуқуқӣ гирифта, бо нақш ва таьиноти иҷтимоии он алоқамандии бевосита пайдо кард, одилона ҳал кардани ҳама гуна баҳсҳо аз ҷониби суд талаботи асосии фаьолияти онҳо муқаррар гардид [9, с.8].

Дар ин раванд, давра ба давра татбиқ шудани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва дар доираи он такмилу таҳким бахшидан ба сохтор ва фаьолияти мақомоти судӣ, мустаҳкам намудани асосҳои моддиву техникии онҳо ва беҳтар кардани вазьи ҳуқуқиву иҷтимоии судяҳо, иштирокчиёни мурофиаи судӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд [8]. Аз ҷумла, як қатор қонунҳо қабул шуданд, ки ба баланд бардоштани сифати баамалбарории адолати судӣ равона шудаанд.

Дар ҷараёнии пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ тамоми иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ, аз ҷумла хешовандони наздики онҳо таҳти ҳимояи давлатӣ қарор дода шуданд. Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ (инчунин хешо-вандони наздики онҳо) аз татбиқ намудани чораҳои амниятие, ки ба ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва (ё) молу мулки онҳо равона гардидаанд, инчунин чораҳои дастгирии иҷтимоии шахсони номбурда бо сабаби иштироки онҳо дар мурофиаи судии ҷиноятӣ иборат мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ гардонида мешаванд. Чораҳои ҳимояи давлатӣ, инчунин метавонанд то огоз намудани парван-даи ҷиноятӣ нисбат ба арзкунанда, шоҳид ё ҷабрдида аз ҷиноят ё шахсони дигар, ки барои пешгирӣ ва кушодани ҷиноят мусоидат мекунанд, татбиқ шаванд [11, с.11] .

Дар навбати худ ҳокимияти судӣ вазифадор карда шуд, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро меҳвари фаьолияти худ қарор дода, тавассути қабули санадҳои одилонаву қонунӣ татбиқи дурусти меьёрҳои Конститутсия ва қонунҳо, адолати судиро таьмин намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат бо муомилоти гайриқонунии маводи нашъао-варро ҳамчун қисми таркибии мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ҷиноят-кории муташаккили трансмиллӣ ҳисобида, ҳанӯз солҳои 1995-1996 ба Конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид дар бораи воситаҳои нашьаовар ва моддаҳои психо-тропӣ ва дар бораи мубориза бо воситаҳои нашьаовар ва моддаҳои психотропӣ ҳамроҳ гардид. Дар кори Иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Г енералии Созмони Милали Муттаҳид сарвари давлати Тоҷикистон Э.Раҳмон баромад намуда, дар бораи ташкили низоми бисёрзинаи ҳамкории байналмилалӣ, чун воситаи пурсамари муқовимат ба ин таҳдиди муосири глобалӣ ва таьсиси «ҳалқаи амният» дар атрофи Афгонистон таклиф пешниҳод карда буд. Ин чораҳо барои минбаьд вусьат ва

- 168 -

Kalandarova M. D. On Social-Legal Basis of Strengthening in Regard to Legitimateness and Law Order in Tajikistan

густариш додани ҳамкории давлатҳо бар зидди ин зуҳуроти фоҷеабор мусоидат намуданд [4].

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим дар раванди таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ки ҷомеаи моро ба ташвиш овардаанд, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ифротгароӣ ва коррупсия мебошанд. Таъмини мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи-кистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», Консепсияи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуку-мати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда-аст, барномаҳои ҷумҳуриявӣ ва нақшаҳои идоравӣ дар ин соҳа ба роҳ монда шудааст. Инчунин, тибқи созишномаҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои заруриро андешида истодааст, ки дар қаламрави худ ба фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ (ифротгароӣ), ки муқобили манфиатҳои давлатҳо ва шаҳрвандони онҳо нигаронида шудааст, роҳ надиҳад, ба террористон паноҳгоҳ фароҳам наорад, низоми самарабахши муборизаро зидди маблаггузории терроризм ва экстремизм (ифрот-гароӣ) таъсис диҳад ва таблиготи террористӣ ва экстремистиро (ифротгароиро) бо роҳу услубҳои ҳам ҳуқуқӣ ва ҳам бо тарзу воситаҳои пешқадами иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавӣ пешгирӣ кунад. Лекин таҳдиди терроризм ва экстремизми (ифротгарии) имрӯза бар хилофи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз байн нарафтааст.

Аз ин лиҳоз, аз ҷониби мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва ҳокимияти судӣ, субъектҳои бевоситаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), дигар субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) иштироккунанда, мақомоти худидораи маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешидани тадбирҳои фаврии хусусияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, маънавӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ зарур ва ногузир аст. Дар кишвар зидди ин зуҳуроти хавфноки номатлуб аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муборизаи беамон давом дорад [12, с. 12-17].

Ҳарчанд, ки дар ин самт натиҷаҳои мусбат ба даст омада бошанд, ҳам, вале то ҳол чораҳои андешида шуда, кофӣ нестанд. Фаъолият дар соҳаи муқовимат зидди ҷинояткорӣ ба мусоидат ва ҳамкории тамоми табақаҳои ҷомеа ниёз дорад, зеро маводи мухаддир ба генофонди миллат зарба зада, ахлоқи ҷомеа, махсусан ҷавононро коҳиш медиҳад ва гузашта аз ин, чунонки борҳо сардори давлат Э.Раҳмон таъкид карда буд, [3, с.124] яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризм ва эҷоди хатар ба амнияти давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Ҳоло барои беҳтар намудани сатҳи риояи дақиқ ва якхелаи қонунҳо, тақвияти мавқеи Шӯрои адлия, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон [13]. Шӯрои миллии муқови-мат бо коррупсия, Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткорӣ, мустаҳкам карда-ни қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, баррасӣ ва ҳалли одилонаи арзу шикоят ва муроҷиатҳои зиёди шаҳрвандон, таъмини кафолатҳои мурофиавии иштирокчиёни мурофиаи судӣ, бартарияти чораҳои пешгирии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкунӣ дар фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, хусусан мақомотҳое, ки фаъолияти опреративӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ менамоянд, беҳтар кардани сифати ҳамкориҳои мақомотҳои ҳифзи

- 169 -

Қаландарова М.Д. Доир ба заминаҳои иҷтимои-ҳуқуқш таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон

ҳуқуқ байни ҳамдигар, инчунин бо мақомотҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ногу-зир мебошанд.

Доир ба таъмини риояи қонунҳо як нуқтаро қайд кардан зарур аст, ки арзу ши-кояти шаҳрвандон низ сатҳи риоя ва иҷро шуда истодани қонунҳоро инъикос карда метавонанд. Лекин, чи хеле, ки маводи омории мақомоти прокуратура шаҳодат медиҳанд, дар амалия арзу шикояти шаҳрвандон нисбати амал ё санадҳои гайри-қонунӣ, аксар вақт аз ҷониби шахсони ваколатдор ҳамчун «таҳқири шахсӣ» нисбати шахсияти худ фаҳмида мешавад ё шахсони мансабдор онро мисли «танқиди шахсӣ» қабул мекунанд [2].

Дар бисёр мавридҳо, шикоят, аслан нисбати шаъну шарафи шахс ё касбии шахси мансабдор пешниҳод намешавад. Шикоят нисбати амал ё қароре, ки шахси ваколатдор ё суд бар хилофи тартиби муқарраркардаи қонун анҷом додаст ё қабул кардааст, оварда мешавад. Бинобар ин, арз кардан, ё пешниҳод шудани шикоят аз ҷониби шаҳрванд дар асл «фоҷеаи мудҳиш» нест. Аз як тараф, шахси шикояткунанда набояд бевосита ё бавосита ба хотири ҳимояи «шарафи рутба, идора ё мақомот» мавриди таъқиб қарор дода шавад, ки бевосита инкор кардани меъёри Конститутсияи ҶТ мебошад. Аз ҷониби дигар, арзу шикоят барои саривақт ошкор ва бартараф карда шудани вайроншавии қонун, барқарор кардани ҳуқуқҳои вайроншуда; қонунӣ, асоснок ва одилона ҳал гаштани масъалаҳои ба миён омада ёрӣ мерасонад; масъулиятшиносии кормандони ваколатдори давлатиро то дараҷае баланд мебардорад; яке аз имкониятҳои воқеии иштироки намояндаҳои аҳли ҷамъиятро дар баамалбарории идоракунии давлатӣ таъмин менамояд.

Ҳамин тариқ, таҳлили масъалаҳои мазӯъ нишон медиҳад, ки сабаби асосии арзу шикоятҳои мардум дар он аст, ки дар амал татбиқ шудани қонун дар бисёр соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, бинобар омилҳои субъективӣ ва манфиатдории баъзе шахсони мансабдори мақомотҳои давлатӣ ба мӯҳлатҳои гуногун «мавқуф» гузошта мешаванд ё то ворид шудани фармони дахлдори роҳбари болоии соҳавӣ татбиқи қонунҳо «боздошта» мешаванд. (Баракс татбиқи фармон ё амри роҳбари идораи болоӣ назар ба санади меъёрию ҳуқуқӣ (қонун) саривақт ҷараён мегирад, ки ин хел муносибат ба қонун қувваи қатъӣ ва амали бевоситаи меъёрҳоро коҳиш медиҳад). Сатҳи пасти ташкили корбарӣ, нокифоягии маърифати ҳуқуқӣ, бемасъулиятӣ, «интизории» фармони махсуси роҳбари идораи болоӣ ё «намоишкории садоқат нисбати роҳбари идораи болоӣ», беэътиноӣ нисбати татбиқи қонунҳо ва гайраҳо аз қабили омилҳои паҳнгаштае мебошанд, ки ба татбиқи воқеии қонунҳо ва амалӣ гаштани ҳуқуқҳои шаҳрвандон, аксар вақт монеъ мешаванд, инчунин боиси норозигӣ ва нобоварии мардум ба қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ мегардад.

Аз ин рӯ, қайд кардан ҷоиз аст, ки ба фаъолияти мақомотҳои назоратбаранда, таъқиби ҷиноятӣ ва прокуратура набояд танҳо аз рӯи шумораи аризаҳои воридшуда ё парвандаҳои ба суд ирсолшуда баҳо дода шаванд, ё ба фаъолияти суд аз рӯи парванадҳое, ки нисбати онҳо танҳо ҳукми айбдоркунанда бароварда шудааст. Миқдор дар ин сурат сифати корро ифода карда наметавонад. Фаъолияти мақо-мотҳои номбаршуда дар роҳи таргибу ташвиқоти қонунҳо, ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо оиди баррасии арзу шикоят, пешгирии ҷиноят, дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ва оқибатҳои он бештар мақсаднок аст ва набояд сарфи назар карда шаванд.

Барои иҷрои бомувафақияти вазифаҳо оиди саривақт ва пурра ошкор кардани ҳуқуқвайронкунӣ, ҷиноят ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ҷиноят ё дигар

- 170 -

Kalandarova M. D. On Social-Legal Basis of Strengthening in Regard to Legitimateness and Law Order in Tajikistan

ҳуқуқвайронкунӣ содир карда на танҳо дониши ҳуқуқӣ, инчунин интизоми қатъӣ ва намунавии хизматӣ, истифодаи самараноки услубҳои пешқадам, такмили шаклҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият, татбиқи воситаҳои илмӣ-техникӣ ногузир ва ҳатмӣ мебошанд. Ҳангоми пешбурди парвандаҳо ё баррасии баҳсҳои ҳуқуқӣ риоя накардани талаботи қонун, сарфи назар аз он кӣ дар кадом асос роҳ дода шудааст, қатъиян ва набояд иҷозат дода шаванд, масъулияти муқаррарнамудаи қонун сарфи назар нагардида, санадҳои гайриқонунӣ қабулшуда беэътибор дониста, саривақт бекор карда шаванд.

Бо ҳамин мазмун сарвари давлат роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, аз ҷумла Вазорати мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Сарраёсати Қушунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва сохторҳои дигарро вазифадор кардааст, ки доир ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, риояи савганди ҳарбӣ, сатҳи касбӣ, омодагиии ҷисмонӣ ва рӯҳию равонии хизматчиёни ҳарбӣ, интизоми ҳайати шахсӣ, риояи ойинномаҳои ҳарбӣ ва волоияти қонун, инчунин тарбияи кадрҳои баландихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии кишварамон ва давлатҳои пешрафтаи хориҷӣ чораҳои иловагии доимӣ андешанд; ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои соҳа, баланд бардоштани сатҳи донишу тахассуси онҳо, пешбарӣ кардани ҳуқуқшиносони пуртаҷриба ба ишголи вазифа, иҷрои саривақтии санадҳои судӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар фаъолияти судяҳо, инчунин ҳалли дигар масъалаҳои ташкилии фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, инчунин баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.

Ҳамин тариқ, ташаккули давлати ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон аз таҳкими қону-ният, тартиботи ҳуқуқӣ, аз такмилёбӣ ва воқеан дар амал татбиқ шудани қонунҳо, сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии кишварамон вобастагии калон дорад [10].

«Бунёди ҷомеаи пешрафта қабл аз ҳама эҳтироми қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва умуман таъмини волоияти қонунро тақазо мекунад. Мо бояд эҳтирому саҷда карданро ба қонун омӯзем, аз чаҳорчӯбаи Конститутсия берун набароем, ки қонуну қонуният мизони воқеии зиндагӣ, пойдевори ҳаёти ҳаррӯза ва низоми ҳамешагии давлатдории мо гардад» [1, с.41] .

Калидвожаҳо: замина, принсип, цонун, ҳуқуқ, қонунгузорӣ, коррупсия, мақомот, ҳимоя, адолат, муқовимат, қонуншиканӣ, кафолат.

Пайнавишт:

1. Ализода З. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва вазъи ҳукуку озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Давлат - кафили ҳукуку озодиҳои шаҳрванд // Минбари халқ. №16 (8309) аз 19 апрели соли 2012.

2. Раҳмон, Э. Муқовимати пурсамар ба таьдиди муосири глобалӣ. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 10 солагии таъсисёбии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.30 майи соли 2009. // Садои мардум. №71 (2447). 2 июни соли 2009

3. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 -2017аз 5 январи соли 2015 № 327

- 171 -

Қаландарова М.Д. Доир ба заминаҳои иҷтимои-ҳуқуқии таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар Тоцикистон

4. Ғоибов Р.Д. Судебное правоприменение в условиях судебно-правовой реформы в постсоветском Таджикистане: общетеоретический аспект: автореф... дисс.к.юр.н. -Душанбе, 2012.- 288 с.

5. Искандаров З.Ҳ. Роль органов прокуратуры в обеспечении защиты прав и свобод человека в уголовном процессе // Қонуният.- №2, -2004, - 127 с.

6. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоцикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» //Ахбори Мажлиси Олии Ҷумҳурии Тоцикистон соли 2001, №7, мод.490; соли 2003, №12, мод.685; соли 2004, №5, мод.347; соли 2006, №3, мод.143; соли 2007, №7, мод. 651;соли 2008, № 3, мод. 181; №6, мод. 443; №12, ыисми 1, мод. 982. -20 с.

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоцикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» аз 29 декабри соли 2010 №644. Душанбе. «МАТН» 2011. -25 с.

8. Раҳматулоев А.Э., Шарифов Ф.М. Заминаҳои ицтимоӣ-ҳуқуқии ташаккули давлати ҳуқуқбунёд дар Тоцикистон - Душанбе: 2012.-124 С.; Алексеев С.С. Теория государства и права-М.: Норма, 2004. -С.84; Раянов Ф.М. Проблемы теории государства и права-М. :Право,2003. -с.292.

9. Раҳмон, Э. Истщлолияти Тоцикистон ва эҳёи миллат./ Раҳмон, Э./ цилди 5. -Душанбе, Ирфон 2005.- 501с.

10. Раҳмон, Э. Матбуот ёвари давлату ҳукумат аст. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоцикистон дар мацлиси тантанавӣ бахшида ба 100 солагии матбуоти тоцик //Минбари халқ. 2012.№11(834).

11. Раҳмон, Э. Масъулият барои фардои миллат. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоцикистон ба Мацлиси Олии Ҷумҳурии Тоцикистон аз 4 апрели 2003.

12. Тохиров Ф.Т. Ведущая роль основного закона // Народная газета. -2011-№47.

13. Шаропов С.Ш. Правовые вопросы борьбы с терроризмом //Гос.и право. -№3.2000.118 С.

Reference Literature:

1. Rakhmon Emomali. Independence of Tajikistan and Rebirth of Nation / Emomali Rakhmon. V.5. - Dushanbe, 2005. -p.41. 501pp.

2. Rakhmon Emomali. Press Is State's and Government's Assistant. Tajikistan Republic President's Speech at the Sitting Devoted to the 100-th Anniversary of the Tajik Press // SadoiMardum (The People's Voice), 2012, № 11 (824). -8pp.

3. Rakhmon Emomali. Responsibility before the Nation's Future. Tajikistan Republic President's Message to Majlisi Oli of Tajikistan Republic from April 4, 2003. Tajikistan Republic President's Speech at the Meeting with the Officers of the Bodies of Law Order and Force Frameworks on February 9, 1999 and May 31, 2002. Djumkhuriyat. - pp. 3, 16.

4. Rakhmon Emomali. Resultative Withstanding and Modern Global Challenges. Tajikistan Republic President's Speech Devoted to the 10-th Anniversary of the Agency on Combat with Illegal Circulation of Narcotic Drugs under the President of Tajikistan Republic from May 30, 2009 // Sadoi Mardum. № 71 (2447) from July 2, 2009. - pp. 4,16.

5. Iskandarov Z.Kh. The Role of Procurator’s Office Bodies in Insurance of Man's Rights and Freedoms in Trials on Crimes // Konuniyat(Legitimatenese) № 2, 2004. - p. 78; Isoyev M.Sh. Theoretical-Legal Grounds of Respect for Individual at the Stage of Preliminary Investigation in Tajikistan Republic. - Dushanbe, 2005. - pp. 10, 302.

- 172 -

Kalandarova M. D. On Social-Legal Basis of Strengthening in Regard to Legitimateness and Law Order in Tajikistan

6. Rakhmatulloyev A.E., Sharifov F.M. Social-Legal Prerequisites of the Formation of a Law-Abiding State in Tajikistan Republic. - Dushanbe, 2012. - 124 pp.

7. Sotivoldiyev R.Sh. Problems of the Theory of State and Law. Text-book. V.2. - Dushanbe, 2010. - pp. 642-650; - 760 pp.

8. Goibov R.D. Forensic Law Application under the Conditions of Forensic-Legal Reform in post-Soviet Tajikistan: General Theoretical Aspect. Synopsis of the candidate dissertation in jurisprudence. - Dushanbe, 2012. - 22 pp.

9. Zukhurov Sh. The Role of Forensic Power in Insurance of Law Priorities and Social Justice // Sadoi Mardum. №№ 60-61 (2585-2586) from May 29, 2010. - 16pp.

10. Constitutional Law of Tajikistan Republic «On Tajikistan Republic Courts» // Tidings of RT Majlisi Oli. 2000, № 7, - p. 490.

- 173 -

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.