Научная статья на тему 'Масоили рушди мурофиаи судии маъмурӣдар Тоҷикистон'

Масоили рушди мурофиаи судии маъмурӣдар Тоҷикистон Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
230
63
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
административное судопроизводство / административная юстиция / административные процедуры / административное дело / стороны и другие участ- ники административного процесса / нормы административного судопроизводства / administrative legal proceedings‚ administrative justice‚ administrative procedures‚ administrative case‚ parties and other participants of administrative process‚ norms of administrative legal proceedings

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Рањматова Заррина Мирзобековна

Право на судебную защиту является важным конституционным правом гражданина в любом демократическом государстве. Поэтому в рамках разработки концептуальных проблем административного судопроизводства, весьма актуальнымявляется исследование проблем рассмотрения судами дел об административныхправонарушениях, а также проблем обеспечения защиты прав граждан от неправомерного привлечения к административной ответственности.Статья посвящена исследованию проблем развития и особенностям административного судопроизводства, которое, как и иные виды судопроизводства (конституционное, гражданское, уголовное), характеризуется общими родовыми чертами, присущими процессуальной форме вообще, и особенностями, обусловленными характеромадминистративно-правового спора. Делается акцент на выявление особенностейадминистративно-процессуальной формы осуществления правосудия, регулирование инеобходимость их кодификации. На современном этапе развития судебной власти вТаджикистане в рамках проведения судебно-правовой реформы принимаются определенные меры по реализации концепции обособления административного судопроизводства и кодификации законодательства, регулирующего рассмотрение и разрешениеадминистративных споров.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

PROBLEMS OF DEVELOPMENT IN REGARD TO ADMINISTRATIVE LEGAL PROCEEDINGS IN TAJIKISTAN

The right for court defense is an important constitutional one of a citizen in any democratic state. Therefore‚ in the frames of an elaboration of conceptual problems related to administrative legal proceedings rather actual is a study of the problem concerned with the cases dealing with administrative rule breakages and of those ones which refer to an insurance of citizens` rights defense from non-lawful pursuance beset with administrative answerability. The article dwells on a research of the problems of development and peculiarities of administrative legal proceedings which‚ just as other types of the latters (constitutional‚ civil‚ criminal ones)‚ are characterized with general gender features inherent in a processual form‚ in general‚ and with the specifities preconditioned with a character of an administrative debate on law issue‚ in particular. Accent is done upon the elicitation of an administrative-processual form of legal proceedings effectuation‚ regulation and for their codification. At the contemporary stage of forensic power development in Tajikistan they adopt certain measures in the frames of court-law reforms on realization of the conception of isolation of administrative legal proceedings and codification of legislation regulating consideration and settlement of administrative disputes.

Текст научной работы на тему «Масоили рушди мурофиаи судии маъмурӣдар Тоҷикистон»

12 00 14 АДМИНИСТРАТИВНОЕ ПРАВО; АДМИНИСТРАТИВНЫЙ ПРОЦЕСС 12 00 14 ADMINISTRATIVE LAW. ADMINISTRATIVE PROCESS

УДК 34С6

ББК 67.401.061.5 (2Т)

Раҳматова Заррина Мирзобековна-

сармуаллимаи кафедраи хукуки конститутсионии ДДҲБСТ (Тоцикистон, Хуцанд)

Рахматова Заррина Мирзобековна,

ст.преподаватель кафедры конституционного права Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики (Таджикистан, Хуцанд)

Rakhmatova Zarrina Mirzobekovna,

senior teacher of the department of constitutional law under the Tajik State University of Law, Business and Politics;

(Tajikistan, Khujand)

E-mail:Rakhmatova. 78@ maiI.ru

Ключевые слова: административное судопроизводство, административная юстиция, административные процедуры, административное дело, стороны и другие участники административного процесса, нормы административного судопроизводства

Право на судебную защиту является важным конституционным правом гражданина в любом демократическом государстве. Поэтому в рамках разработки концептуальных проблем административного судопроизводства, весьма актуальным является исследование проблем рассмотрения судами дел об административных правонарушениях, а также проблем обеспечения защиты прав граждан от неправомерного привлечения к административной ответственности.

Статья посвящена исследованию проблем развития и особенностям административного судопроизводства, которое, как и иные виды судопроизводства (конституционное, гражданское, уголовное), характеризуется общими родовыми чертами, присущими процессуальной форме вообще, и особенностями, обусловленными характером административно-правового спора. Делается акцент на выявление особенностей административно-процессуальной формы осуществления правосудия, регулирование и необходимость их кодификации. На современном этапе развития судебной власти в Таджикистане в рамках проведения судебно-правовой реформы принимаются определенные меры по реализации концепции обособления административного судопроизводства и кодификации законодательства, регулирующего рассмотрение и разрешение административных споров.

МАСОИЛИ РУШДИ МУРОФИАИ СУДИИ МАЪМУРӢДАР ТОҶИКИСТОН

ПРОБЛЕМЫ РАЗВИТИЯ АДМИНИСТРАТИВНОГО СУДОПРОИЗВОДСТВА В ТАДЖИКИСТАНЕ

PROBLEMS OF DEVELOPMENT IN REGARD TO ADMINISTRATIVE LEGAL PROCEEDINGS IN TAJIKISTAN

- 174 -

Rakhmatova Z.M. Problems of Development in Regard to Administrative Legal Proceedings in Tajikistan

Key words: administrative legal proceedings, administrative justice, administrative procedures, administrative case, parties and other participants of administrative process, norms of administrative legal proceedings

The right for court defense is an important constitutional one of a citizen in any democratic state. Therefore, in the frames of an elaboration of conceptual problems related to administrative legal proceedings rather actual is a study of the problem concerned with the cases dealing with administrative rule breakages and of those ones which refer to an insurance of citizens' rights defense from non-lawful pursuance beset with administrative answerability.

The article dwells on a research of the problems of development and peculiarities of administrative legal proceedings which, just as other types of the latters (constitutional, civil, criminal ones), are characterized with general gender features inherent in a processual form, in general, and with the specifities preconditioned with a character of an administrative debate on law issue, in particular. Accent is done upon the elicitation of an administrative-processual form of legal proceedings effectuation, regulation and for their codification. At the contemporary stage of forensic power development in Tajikistan they adopt certain measures in the frames of court-law reforms on realization of the conception of isolation of administrative legal proceedings and codification of legislation regulating consideration and settlement of administrative disputes.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиаи судии маъмурӣ аз тарафи судҳои юрис-диксияи умумӣ ва судҳои иқтисодӣ амалӣ карда мешавад. Меъёрҳои мурофиавии маъмурӣ дар Кодекси мурофиавии гражданӣ (дар оянда КМГ), Кодекси мурофиавии судии иқтисодӣ (КМСИ), Кодекси расмиёти маъмурӣ (КРМ) ва тартиби пешбурди мурофиаи судӣ доир ба шикоятҳо аз натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайрон-кунии маъмурӣ, ки ба адлияи маъмурӣ алоқамандие надоранд, дар Кодекси муро-фиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (КМҲМ) ба танзим дароварда шудаанд. Дар адабиёти ҳуқуқии ватанию хориҷи кишвар борҳо оид ба мухолифат ва норасоиҳои меъёрҳои мурофиавии маъмурӣ ва душвориҳои тарзи истифодабарии онҳо қайд карда шудааст [15].

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», таҳрири соли 2001, дар қ.4, мод.2 пешбурди мурофиавии судии маъму-риро пешбинӣ намуда, қайд карда буд, ки яке аз роҳҳои ба амалбарории ҳокимияти судӣ мурофиаи судии маъмурӣ мебошад [1, м.490]. Зеро ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳамчун зерсоҳаи ҳуқуқи маъмурӣ бо падидаи ҷавобгарии маъмурӣ амалӣ гардонида мешавад, аз ин лиҳоз мурофиаи маъмурӣ пешбурди мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар бар гирифта метавонад, на баръакс. Мутаассифона Қонуни консти-тутсионии номбурда дар қ.3, мод.2 қайд намудааст, ки ҳокимияти судӣ фаъолияти худро тавассути, аз ҷумла, мурофиаи ҳукуқвайронкунии маъмурӣ амалӣ менамояд [6, с.26] .

Дар илми ҳуқуқи мурофиаи маъмурӣ исбот карда шудааст, ки мурофиаи маъмурӣ соҳаи мустақили ҳуқуқ буда, аз мафҳуми мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ васеъ мебошад, зеро мурофиаи маъмурӣ воқеан, падидаи (институти) адлияи маъмурӣ буда, тартиби судии баррасии шикояти шаҳрвандонро аз болои санад, амали (беамалии) и мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ танзим менамояд. Ҳамчун зерфасли падидаи (институти) адлияи маъмурӣ тартиби аз тарафи судҳо баррасӣ намудани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ,

- 175 -

Раҳматова З. Масоили рушди мурофиаи судии маъмури дар Тоҷикистон

зиёда аз он тартиби баррасии судии мавриди баҳс қарор додан ё шикоят овардан аз болои қарорҳои мақомот ва шахсони мансабдоре, ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ кардаанд, эътироф гаштааст [8, с.12].

Мазмун ва мӯҳтавои мурофиаи маъмуриро қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷи-кистон хеле хуб танзим намудааст. А ҷумла, соли 2007 Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар байни давлатҳои собиқи шӯравӣ Кодекси расмиёти маъмуриро қабул на-муд, ки боби 6-и он феълан мурофиаи судии маъмуриро тасдиқ намудааст [2, м.101.]. Чунончӣ, дар мод. 114, боби 6-и Кодекс тартиби аз ҷониби судҳои салоҳияти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва ҳал намудани баҳсҳоро вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқие, ки Кодекси мазкур пешбинӣ мекунад, танзим менамояд [3,м.114]. Ҳамчунин дар мурофиаи маъмурӣ дар суд муқаррароти Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд, агар ин боб тартиби дигареро муқаррар накарда бошад. Яъне қонунгузор бо гузориши охирин бартариятро ба мурофиаи маъмурӣ дода, такроран қайд намудааст, ки агар ҳамин боб тартиби дигареро муқаррар накарда бошад,пас муқаррароти КМГ ҶТ татбиқ карда мешавад. Зерфасли III бобҳои 23 ва 24 КМГ ҶТ, низ ба мурофиаи маъмурӣ бахшида шуда, қонунгузор онро мурофиаи парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, номидааст ва муқаррар намудааст, ки парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, мутобиқи қоидаҳои умумии мурофиаи судии гражданӣ, бо хусусиятҳои муқаррарнамудаи бобҳои 24, 25, 26 ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва ҳал карда мешаванд [4]. Ҳамзамон Кодекс муқаррар намудааст, ки суд парвандаҳои зеринро, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, бар-расӣ мекунад: а) оид ба аризаҳо дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарор ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ; б) оид ба аризаҳо дар бораи ҳифзи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳуқуқи иштирок дар раъй-пурсӣ; в) оид ба аризаҳо дар хусуси мавриди баҳс қарор додани қарори мақомот ва шахсони мансабдоре, ки барои баррасии мавод оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ваколатдор мебошанд; г) дигар парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд ва тибқи қонун ба салоҳияти судҳои юрисдиксияи умумӣ мансуб мебо-шанд. (мод.249 КМГ ҶТ). Ҷуноне ки маълум гашт, дар банди «в»- и моддаи мазкур қонунгузор аз тарафи судҳо баррасӣ намудани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро зерфасли мурофиаи маъмурӣ эътироф менамояд, на ин ки баръакс.

Дар фасли III, боби 22- и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ тартиби баррасии парвандаҳо, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи маъмурӣ ва дигари оммавӣ бармеоянд, мавриди танзим қарор дода шудааст.Тибқи муқар-рароти ин боб парвандаҳо оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои гайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор, ки ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони дар соҳаи соҳибкорӣ ва фаъолияти дигари иқтисодӣ дахл мекунанд, аз тарафи суди иқтисодӣ аз рӯи тартиби умумӣ бо истеҳсолоти даъвогӣ, ки Кодекси мазкур пешбинӣ кардааст, бо хусусиятҳои муқарраркардаи боби мазкур баррасӣ карда мешаванд. Яъне қонунгузор боз таъкид менамояд, ки баррасии ин парвандаҳо хусусияти хос дорад, ки тартиби пешбурди онҳо танҳо дар ҳамин боб муқаррар карда шудааст (мод. 187 КМИ ҶТ) [5].

Ҷолиби қайд аст, ки масоили таҳқиқшаванда ҳам дар назария ва ҳам дар амалия ба душвориҳои зиёди ташкилӣ ва баҳсу мунозираи мутахассисони соҳа дучор

- 176 -

Rakhmatova Z.M. Problems of Development in Regard to Administrative Legal Proceedings in Tajikistan

омадааст, ки он то ҳол ҳалли ягонаи худро наёфтааст. Масалан, тибқи қ.2- и мод 118 Конститутсияи Федератсияи Русия, адолати судӣ дар ин кишвар, аз ҷумла тибқи мурофиаи маъмурӣ ба амал бароварда мешавад. Меъёрҳои мурофиавии маъмурӣ дар Кодекси мурофиавии гражданӣ ва Кодекси мурофиавии арбитражии Русия ҷой доранд, ки дар фасл ва бобҳои махсус чудо карда шудаанд. Ба мақсади дар як кодекс ё қонун чамъ овардани меъёрҳои мурофиавии маъмурӣ Суди Олии ФР 19 сентябри 2000 сол ба Думаи давлатии ин кишвар барои муҳокима ва қабул намудан лоиҳаи қонунгузорӣ дар бораи судҳои маъмуриро пешниҳод намуд, ки он аз тарафи Дума 22 ноябри соли 2000, дар хониши аввал қабул карда шуд. (Тибқи Конститутсияи ФР, Суди Олӣ ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад -З.Р.) [7, с.].Дертар, моҳи ноябри соли 2006 дар асоси Қарори Пленуми Суди Олии Русия лоиҳаи Кодекси истеҳсолоти судии маъмурии ФР пешниҳод гашт. [9]. Ин лоиҳа аз тарафи Парлумони Русия баррасӣ нагашт, гарчанде муҳокимаи он ба 17 июни соли 2013 таъин шуда буд. Сабаби аз тарафи Суди Олии ФР баррасӣ нагаштани лоиҳа ,бозхонд кардани он буд. Зеро Президенти Федератсияи Русия ба Дума лоиҳаи нави Кодекси истеҳсолоти судии маъмурии Федератсияи Русияро пешниҳод намуд, ки зарурати муҳокимаи лоиҳаи соли 2006-роаз байн бурд [11] .

Ташаббуси чандинсолаи олимон дар бораи ба низом даровардан, дар як қонун-гузорӣ муттаҳид ва кодификатсия намудани меъёрҳои мурофиаи маъмурӣ дар Анчу-мани VIII Умумирусиягии судяҳои ФР, ки 18 декабри 2012 шуда гузашт рӯҳи тоза пайдо намуд. Дар Анчуман, ки бо иштироки Президенти Русия гузашт, намояндаго-ни илм, амалия ва судяҳо зарурати қабул намудани Кодекси истеҳсолоти судии маъ-муриро асоснок намуданд ва онро дар радифи ислоҳоти судии ин кишвар самти самарабахш ва афзалиятнок шумориданд. Шояд ин муҳокима такони чиддие бах-шида бошад, ки моҳи марти соли 2015 Думаи давлатии Мачлиси Федералии Русия Кодекси истеҳсолоти судии маъмурии ФР- ро муҳокима ва қабул намуд.

Консепсияи адлияи маъмурии замони муосир, ҳамчун қисми таркибӣ таъсис додани судҳои маъмуриро дар назар дорад, ки онҳо баҳсҳои ҳуқуқии шаҳрвандонро бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Аммо ҳам дар илм ва ҳам дар амалия ақидаҳое вучуд доранд, ки тибқи онҳо дар зинаи ҳозираи инкишофи давлатдории Точикистон ва ҳаёти чамъиятии кишвари мо ҳамаи парван-даҳои баҳсие, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии маъмурӣ ва дигари оммавӣ бармеоянд метавонанд аз тарафи судҳои умумӣ баррасӣ шаванд [12,с.61-62] .

Бояд тазаккур дод, ки шаклҳои мурофиавие, ки дар мод.2 Қонуни консти-тутсионии ҶТ «Дар бораи судҳои ҶТ» номбар карда шудааст ва тавассути онҳо адолати судӣ амалӣ карда мешаванд, ба як мақсад равона карда шудааст: Бо роҳи судӣ таъмин намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд . Аз ин лиҳоз бояд шаклҳои мурофиаи судӣ дар ҳамбастагии функсионалӣ баррасӣ гарданд. Зеро ҳамчун натича, шаклҳои мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, чиноятӣ ва маъмурӣ мачмӯи фаъолияти судҳо мебошанд, ки кафолати пурраи ҳифзи судии ҳуқуқи шаҳрвандонро таъмин менамоянд [13, с.12] .

Дар илми ҳуқуқи маъмурии замони муосир нисбати фаҳмиши «маҳдуд» ва «ва-сеъ»-и мурофиаи маъмурӣ вучуд дорад, аммо баъзе муаллифон мурофиаи «гайри-судӣ», «то судӣ» ва «судӣ»-ро низ пешниҳод менамоянд [10]. Аммо асоси ин баҳсҳоро масоили ба соҳаи мустақил чудо намудани мурофиаи маъмурӣ ташкил медиҳад. Дар доктринаи илмӣ номуайян мондани мафҳуми «мурофиаи маъмурӣ» ва айни замон дар

- 177 -

Раҳматова З. Масоили рушди мурофиаи судии маъмури дар Тоҷикистон

амалияи қонунэҷодкунӣ ва риояи қонун истифода намудани истилоҳи «мурофиаи маъмурӣ» ҳамчун камбудии ҳуқуқӣ боқӣ мемонад.

Ба баҳси олимон дар бораи фаҳмиши «маҳдуд» ва «васеъ» -и мафҳуми мурофиаи маъмурӣ ворид нашуда, қайд менамоем, ки муҳаққиқон асосан се аломати мурофиаи маъмуриро қайд менамоянд: якум, хусусияти оммавӣ доштани муносибатҳои ҳуқуқии маъмурӣ, ки баҳсро ба миён меоранд; дуюм худи баҳси маъмурӣ, ки тавассути он масоили ҳуқуқ ҳал карда мешавад. Доир ба ин олими шинохтаи Русия Н.Г.Салищева навиштааст, ки агар дар байни иштирокчиёни муносибати ҳуқуқии маъмурӣ баҳс дар бораи истифодаи маҷбуркунӣ, маҳдудкунӣ ва ё таъсиррасонии дигар вуҷуд надошта бошад, мурофиаи маъмурӣ низ ҷой дошта наметавоанд [13, с.12] .Яъне, агар дар ҷараёни муносибатҳои маъмурӣ-ҳуқуқӣ баҳс ба миён наояд, мурофиаи маъмурӣ низ огоз намегардад. Аломати сеюми мурофиаи маъмурӣ дар ҷараёни он иштирок доштани се тараф мебошад: ду тарафи баҳскунанда ва довар. А.А.Демин менависад, ки хусусияти сетарафа доштани муносибатҳои маъмурӣ аломати асосии мурофиаи маъмурӣ мебошад. Ин аломат мурофиаи маъмуриро бо мурофиаҳои дигари судӣ ҳаммонанд мегардонад, гарчанде, ки моҳияти онҳо гуногун аст [6, с.26]. Масалан дар мурофиаи маъмурӣ як тараф ҳатман мақомоти ҳокимияти давлатӣ буда, нисбати дигар тараф нобаробарӣ эҷод менамояд, аз ин лиҳоз қонунгузор, бо мақсади таъмин намудани кафолати баробарҳуқуқии мурофиавӣ, ӯхдадории исбот карданро ба зимаи вай гузоштааст. Аз тарафи дигар, ба суд ҳуқуқи бо хоҳиши худ талаб кардани далелҳо дода шудааст, ки хусусияти фарқкунандаи мурофиаи маъмурӣ аз мурофиаи гражданӣ мебошад. Дар мод. 253 КМГ ҶТ қайд карда шудааст, ки ӯҳдадории исбот кардани ҳолатҳои барои қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ асосгардида, қонунӣ будани онҳо, инчунин қонунӣ будани қарор, амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, ки мавриди баҳс қарор гирифтаанд, ба зиммаи мақомоти чунин санади меъёрии ҳуқу-қиро қабулкарда, инчунин мақомот ва шахсоне гузошта мешавад, ки қарори мавриди баҳсро қабул кардаанд ё амали (беамалии) мавриди баҳсро анҷом додаанд. Ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, суд бо ташаббуси худ ва бо мақсади ҳалли дурусти парванда метавонад далелҳоро талаб намояд. Шахсони мансабдоре, ки талаботи судро оид ба пешниҳоди далелҳо иҷро на-мекунанд, ба андозаи то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ мешаванд.

Марбутан ба мурофиаи маъмурӣ дар қонунгузориҳои номбурдае, ки дар Ҷум-ҳурии Тоҷикистон муносибатҳои адлияи маъмуриро ба танзим медароранд, масоили номувофиқии меъёрҳо ё мухолифати онҳо ташвишовар мебошад. Зеро ин норасоиҳо садди роҳи инкишофи қонунгузорӣ ва рушди падидаи мурофиаи маъмурӣ мегарданд. Сухан дар бораи қ.3 , мод. 250 КМГ ҶТ ва қ.2, мод.116 КРМ ҶТ меравад. Дар меъёри аввала омадааст, ки ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, меъёрҳои мурофиаи даъвоӣ оид ба эътирофи даъво, даъвои муқобили даъво, тадбирҳои таъмини даъво, созиши оштии тарафҳо татбиқ наме-гарданд. Аммо қ.2, мод 116 КРМ, ки принсипи диспозитивии мурофиаи маъмуриро тасдиқ менамояд, қайд кардааст, ки мақомоти маъмурии дар мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд иштироккунанда метавонад парвандаро бо созиши оштии тарафҳо ба анҷом расонад, аз даъво даст кашад ё даъворо танҳо дар сурате эътироф намояд, ки ин хилофи қонун набошад.

- 178 -

Rakhmatova Z.M. Problems of Development in Regard to Administrative Legal Proceedings in Tajikistan

Мавриди зикр аст, ки ҳолати ҳуқуқии падидаи (института) оштии тарафҳо ё со-зиши оштӣ бештар дар радифи ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ, ҷиноятӣ ва иқтисодӣ предмети омӯзиш, муҳокима ва натиҷагирӣ қарор гирифтааст [14, с.12-13].

Яъне бартариятҳои соҳавии созиши оштӣ дар мурофиаи гражданӣ бешак зиёдтар ба чашм мерасад. Аммо ин мазмуни онро надорад, ки тарафҳо дар мурофиаи маъ-мурӣ аз ин ҳуқуқ истифода набаранд. Ин падидаи самараноки истифодаи ҳуқуқҳои мурофиавии тарафҳо мебошад ва хусусияти диспозитивӣ дорад. Яъне ҳар як тараф, даъвогар ё ҷавобгар ҳуқуқҳои худро дар он ҳаҷм истифода мебарад, ки ба он қонун ба вай иҷозат додааст. Агар қонун ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки санади баҳсиро қабул кардааст, ҳуқуқи тагйир додан ё бекор кардани онро надода бошад, ин мақомот наметавонад доир ба ин санад ба созиши оштӣ равад. Сухан дар бораи он санадҳои мақомоти идоракунии давлатӣ меравад, ки баҳри иҷроиши қонунҳо қабул карда шудааст ва ин санади маъмурӣ ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро вайрон ё маҳдуд менамояд. Тагйир додан ё бекор кардани он талаботи қонунгузории асосиро вайрон намекунад. Дар ин бора профессор В.В. Ярков хеле хуб қайд менамояд, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои маъмурӣ, бинобар хусусияти оммавӣ доштани онҳо, расмиёти судии созиши оштии тарафҳо хеле кам истифода карда мешаванд, маз-мунан, агар мақомоти санади маъмуриро қабул карда,ба талаби даъвогар розӣ шавад, суд талаби аз даъво даст кашидани даъвогарро ҷонибдорӣ менамояд ё ин ки қонеъ кардани даъворо рад мекунад. Дар чунин ҳолат ҳар ду тараф қонеъ мегарданд, мақомот санадро тагйир медиҳад ё бекор мекунад, шаҳрванд аз шикоят даст мека-шад. Дар акси ҳол, агар ҷавобгар ба созиш наояд ва тақдири санадро суд ҳал кунад, оқибат ин санад бо қарори суд гайриқонунӣ эътироф шуданаш мумкин аст, ки нис-бат ба мақомот оқибатҳои ташкилию ҳуқуқӣ ба бор оварда метавонад [18, с.236-237] .

Калидвожаҳо: мурофиаи судии маъмурӣ, адлияи маъмурӣ, расмияти маъмурӣ, парвандаи маъмурӣ, тарафҳо ва дигар иштироккунандагони мурофиаи маъмурӣ, меъёрҳои мурофиаи судии маъмурӣ

Пайнавишт:

1. Ахбор Маджлиси Оли Республики Таджикистан 2001, №7,ст.490

2. Ахбор Маджлиси Оли Республики Таджикистан 2007, № 2, ст. 101

3. Кодекс о административных процедурах Республики Таджикистан /Ахбор Маджлиси Оли Республики Таджикистан 2007, №2, ст.101. ст 114

4. Гражданско-процессуальный кодекс Республики Таджикистан, ст.250/ АМО РТ 2008, №1, ст.6

5. Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2007, №11 ст.905.

6. Демин А.А. Понятие административного процесса и Административно-процессуальный кодекс РФ. //Вестник МГУ, серия «Право». -1998. -№4. -С.26.

7. Конституция Российской Федерации от 12.12.1993.

8. Постановление Пленума Верховного Суда РФ от 19 сентября 2000 г.№ «О представлении в Государственную Думу Федерального Собрания проекта Конституционного закона «Об административно-федеральных судах», внесении изменений и дополнений в Конституционный закон «О судебной системе Российской Федерации» и внесении изменений и дополнений в Конституционный закон «О военных судах РФ» //{ Электр. опт. диск (CD-ROM)- СПС «Консультант Плюс», 2012.

- 179 -

Раҳматова З. Масоили рушди мурофиаи судии маъмури дар Тоҷикистон

9. Постановление Пленума Верховного Суда РФ от 16 ноября 2006, № 55 «О представлении в Государственную Думу проекта Судебно-производственного административного кодекса в РФ» {Электр. опт. диск (CD-ROM) - СПС «Консультант Плюс», 2012.

10. Коломоец Т.А. Терминология административного процесса: проблемы определенности смежного терминологического ряда //Административное право и процесс. 2013. № 4

11. Проект № 246960-6 Кодекса административного судопроизводства (регулирование порядка осуществления судами общей юрисдикции административного судопроизводства) (Внесен Президентом РФ) {Электр. опт. диск (CD-ROM)- СПС «Консультант Плюс», 2012.

12. Серков П.П. Административная юстиция в России: проблемы теории и практики // Российский судья. - 2012.- № 12.

13. Салищева Н.Г. Административный процесс в СССР. -М., 1964

14. Толчиева Т.В. Досудебное соглашение о сотрудничестве в российском уголовном

процессе: дис. канд. юрид. наук. СПб., 2013; Кочергин К.В. Мировое соглашение в арбитражном процессе: дис.канд. юрид. наук. -СПб., 2011; Семашкин Ю.Н.

Посредничество как международно-правовое средство мирного разрешения споров: дис. канд. юрид. наук. -М., 2010; Спиридонов С.А. Посредничество как комплексный институт гражданского права РФ: Дис. канд. юрид. наук. -М., 2007; Ясеновец И.А. Мировое соглашение в арбитражном процессе: актуальные проблемы теории и практики: дис.канд. юрид. наук. -М., 2001 и др.

15. Иброҳимов С.И. Адлияи маъмури дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: падидаи ҳифзи судии ҳуқуқ

ва озодиҳои шаҳрвандон. Душанбе: Ирфон 2011; Марифхонов Р.Н. Проблемы правового регулирования административных процедур в Республике Таджикистан. Душанбе. ТНУ. 2014. -С.134-138; Абдуҷалилов А. Законодательный процесс. Государство и право. -№2. -2003. -С.16; Апарина И.В. Административно- судебный процесс в системе

юрисдикционного процесса: /дисс.канд.юрид.наук. -М., 2010.; Серков П.П.

Административная юстиция в России: проблемы теории и практики // Российский судья. 2012. № 12.; Слепченко Е.В. Административное судопроизводство: понятие, единство и дифференциация // Российская юстиция. 2009. № 3.

16. Демин А.А. Понятие административного процесса и кодификация административнопроцессуального законодательства Российской Федерации.// Государство и право. 2000г. №11; Зеленцов А.Б. Административная юстиция как форма административной юрисдикции. /Проблемы административной юстиции: Материалы семинара. -М.2002. -С.107-127; Зомерман К.П., Старилов Ю.Н. Административное судопроизводство (юстиция) в Германии: История развития и основные черты. // Государство и право. -1999. -№7 и др.

17. Иброҳимов С.И. Основные направления формирования и развития института административной юстиции в государствах Центральной Азии. -Душанбе: Дониш, 2012.

18. Ярков В.В. Арбитражный процесс: Учебник (4-е издание, переработанное и

дополненное). -М., 2010.-880 с.

Reference Literature:

1. Tidings of the Majlisi Oli (Supreme Council) of Tajikistan Republic. 2001, №7, p.490.

2. Ibidem. 2007, №2, p.101.

3. The Code on Administrative Procedures of Tajikistan Republic / Tidings of the Majlisi Oli of Tajikistan. 2007, №2, -pp. 101, 114.

4. The Civil Processual Code of Tajikistan Republic. Article 250. / TR Majlisi Oli Tidings (MOT).

2008, №1, p.6.

- 180 -

Rakhmatova Z.M. Problems of Development in Regard to Administrative Legal Proceedings in Tajikistan

5. TR MOT. 2007, №11, p. 905.

6. Dyomin A.A. The Conception of Administrative Process and TR Administrative-Processual Code / MSUBulletin, «law» series. 1998, №4, p.26.

7. Constitution of Russian Federation from 12.12.1993.

8. RT Supreme Court Plenum Enactment from September 19, 2000 «On Submission of Constitutional Law Project «On Administrative-Federal Courts» into the State Duma, on Introduction of Alteration and Addenda into the Constitutional Law «On Court System of Russian Federation» and introduction of Alteration and Addendum into the Constitutional Law «On RF Marshal-Courts // Electric optic disk (CD-Rom) - «Consultant Plus» law reference site (LRS). 2012.

9. Enactment of the Plenum of RF Supreme Court from November 16, 2006, №55 «On Submission of the Project of Forensic-Productive Administrative Code in RF to the State Duma». Electronic-optical disc (CD-ROM) «Consultant Plus» Reference Legal Servic (RLS), 2012.

10 Kolomoyets T.A. Terminology of Administrative Process. Problems of Certainty in Regard to Adjacent Terminology Row // Administrative Law and Process. 2013, №4.

11. Project №246960-6 of the Code of Administrative Legal Proceedings (regulation of the procedures of effectuation of general juridical auspices over administrative legal proceedings) (introduced by RT President // Electric optimal disk (CD-ROM) - Consultant Plus RLS, 2012.

12. Serkov P.P. Administrative Justice in Russia: Problems of Theory and Practice // Russian Judge. 2012, №12.

13. SalitschevaN.G. Administrative Process in the USSR. -M., 1964.

14. Tolchiyeva T.V. Preforensic Agreement on Cooperation in Russian Trial. Candidate dissertation in jurisprudence: SPb, 2013; Kocherghin P.V. World Agreement in Arbitrary Process. Candidate dissertation in jurisprudence. SPb, 2011; Semashkin Yu.N. Mediation as International Law Medium of Peaceful Settlement of Debates. Candidate dissertation in jurisprudence. M., 2010; Spiridonov S.A. Mediation as a Complex Institute of RT Civil Law. Candidate dissertation in jurisprudence. M., 2007; Yasenovets I.A. World Agreement in Arbitrary Process: Actual Problems of Theory and Practice. Candidate dissertation in jurisprudence. M., 2001 et alia.

15. Ibrokhimov S.U. Administrative Justice in TR: Phenomena of Legal Defense and Advocacy of Citizens' Freedom. - Dushanbe: Cognition. 2014; Martkhonov R.N. Problems of Law Regulation in Regard to Administrative Procedures in Tajikistan Republic. Dushanbe. TNU. 2014., - pp. 134 -138; Abdudjalilov A. Legislative Process. «State and Law», №2, 2003. - p. 16; Aparina I.V. Administrative-Forensic Process in the System of Jurisdictive Process. // Candidate dissertation in jurisprudence. M., 2010; Serkov P.P. Administrative Justice in Russia: Problems of Theory and Practice // Russian Judge. 2012, №12; Slepchenko Ye.V. Administrative Legal Proceedings: Notion, Unity and Differentiation //Russian Justice. 2009, №3.

16. Dyomin A.A. Conception of Administrative Process and Codification of Administrative-Processual Legislation of Russian Federation // State and Law. 2000, №11; Zelentsov A.B. Administrative Justice as a Form of Administrative Juridical Auspices // Problems of administrative justice. Seminar materials. M., 2002, pp.107-127; Zomerman K.P., Starilov Yu.N. Administrative Legal Proceedings (Justice) in Germany: History of Development and Basic Features // State and Law. 1999, №7 et alia.

17. Ibrokhimov S.I. Basic Streamlines of Formation and Development in Regard to Administrative Justice Institute in Central Asian States. Dushanbe: Knowledge, 2012.

18. Yarkov V.V. Arbitrary Process: manual (the 4-th edition, revised and enlarged) //M.: 2010. -

880 pp.

- 181 -

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.