Научная статья на тему 'Масоили таҳкими адолати судии маъмурӣдар Ҷумҳурии Тоҷикистон'

Масоили таҳкими адолати судии маъмурӣдар Ҷумҳурии Тоҷикистон Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
176
55
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
административная юстиция / административное судопроизводство / административный процесс / гражданское и экономическое судопроизводство / иск / обращение / заявление / публично-правовой спор / њуқуқи маъмурї / адолати судии маъмурї / мурофиаи судии маъмурї / истењсолоти гражданию иќтисодї / даъво / ариза / administrative justice / administrative justice proceedings / administrative process / civil and economy justice proceedings / lawsuit / appeal / application

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Рањматова Заррина Мирзобековна

Статья посвящена исследованию проблем формирования административного судо-производства как одной из форм осуществления судебной власти в Таджикистане. Дляреализации целей и задач административной юстиции как института правовогогосударства автор считает необходимым развивать административно-процессуальнуюформу судебной защиты публичных прав и свобод граждан. Анализируется граж-данская и экономическая процессуальная форма рассмотрения публично-правовыхспоров. Делается акцент на выявление особенностей административно-процессуальнойформы осуществления правосудия по публичным делам. Неоднократно обращаетсявнимание на противоречия административно-процессуальных норм в трех кодексах –АПК РТ, ГПК РТ, КоЭС РТ и АПК АПРТ и на трудности, возникающие из-за этого всудебной практике.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

PROBLEMS OF FORMATION OF ADMINISTRATIVE JUSTICE PROCEEDINGS IN TAJIKISTAN REPUBLIC

The article dwells on the exploration of the problems concerned with a formation of administrative justice proceedings as one of the forms of implementation in reference to forensic power in Tajikistan. As the author deems, in order to realize aims and goals of administrative justice as the institute of a law-abiding state one ought to develop an administrative-procedural form of forensic defence in regard to public rights and freedoms of citizens. She analyzes civil and economic procedural forms of canvassing public-legal controversies. An emphasis is laid upon elicitation of peculiarities referring to administrative-procedural form of implementation of justice procedures associated with public affairs. Multiple times the author draws attention to the contradictions of administrative-procedural norms between three codes – APC of TR, CPC of TR (civil-procedural code), TR ESC, (Code of Economic Justice Procedures), because difficulties rise in forensic practice due to it.

Текст научной работы на тему «Масоили таҳкими адолати судии маъмурӣдар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

12 00 14 АДМИНИСТРАТИВНОЕ ПРАВО; АДМИНИСТРАТИВНЫЙ ПРОЦЕСС 12 00 14 ADMINISTRATIVE LAW; ADMINISTRATIVE PROCESS

УДК 34С6 ББК 67.99(2Т)90

Раҳматова Заррина Мирзобековна,

сармуаллимаи кафедраи хукуки конститутсионии ДДҲБСТ (Тоцикистон, Хуцанд)

Рахматова Заррина Мирзобековна,

ст.преподаватель кафедры конституционного права Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики (Таджикистан, Хуцанд)

Rahmatova Zarrina Mirobekovna, senior teacher of the constitutional law department under the Tajik State University of Law, Business and Politics (Tajikistan, Khujand) E-mail:Rakhmatova. 78@ maiI.ru

Ключевые слова: административная юстиция, административное судопроизводство, административный процесс, гражданское и экономическое судопроизводство, иск, обращение, заявление, публично-правовой спор

Статья посвящена исследованию проблем формирования административного судопроизводства как одной из форм осуществления судебной власти в Таджикистане. Для реализации целей и задач административной юстиции как института правового государства автор считает необходимым развивать административно-процессуальную форму судебной защиты публичных прав и свобод граждан. Анализируется гражданская и экономическая процессуальная форма рассмотрения публично-правовых споров. Делается акцент на выявление особенностей административно-процессуальной формы осуществления правосудия по публичным делам. Неоднократно обращается внимание на противоречия административно-процессуальных норм в трех кодексах -АПК РТ, ГПК РТ, КоЭС РТ и АПК АПРТ и на трудности, возникающие из-за этого в судебной практике.

Key words: administrative justice, administrative justice proceedings, administrative process, civil and economy justice proceedings, lawsuit, appeal, application

The article dwells on the exploration of the problems concerned with a formation of administrative justice proceedings as one of the forms of implementation in reference to forensic power in Tajikistan. As the author deems, in order to realize aims and goals of administrative justice as the institute of a law-abiding state one ought to develop an administrative-procedural form of forensic defence in regard to public rights and freedoms of citizens. She analyzes civil and economic procedural forms of canvassing public-legal controversies. An emphasis is laid

МАСОИЛИ ТАҲКИМИ АДОЛАТИ СУДИИ МАЪМУРӢДАР ҶУМҲУРИИ

ТОҶИКИСТОН

ПРОБЛЕМЫ ФОРМИРОВАНИЯ АДМИНИСТРАТИВНОГО СУДОПРОИЗВОДСТВА В РТ

PROBLEMS OF FORMATION OF ADMINISTRATIVE JUSTICE PROCEEDINGS IN TAJIKISTAN REPUBLIC

- 137 -

Раҳматова З. М. Масоили таҳкими адолати судии маъмур'1 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

upon elicitation ofpeculiarities referring to administrative-procedural form of implementation of justice procedures associated with public affairs.

Multiple times the author draws attention to the contradictions of administrative-procedural norms between three codes - APC of TR, CPC of TR (civil-procedural code), TR ESC, (Code of Economic Justice Procedures), because difficulties rise in forensic practice due to it.

Адлияи маъмурӣ ё адолати судии маъмурӣ падидаи давлати ҳуқуқбунёди демократа буда, баҳри пайдо намудани тарзу усулҳои самараноки ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои субъективии хусусияти оммавӣ доштаи инсон ва шаҳрванд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пайдо шудааст. Муносибат ва анъанаҳои аврупоии инкишофи соҳаи ҳуқуқи маъмурӣ нисбати адлияи маъмурӣ мӯътадил, мақсаднок ва доимоамалкунанда мебошанд, аз ин лиҳоз тадқиқоти илмии соҳа низ мукаммал ва боэътимоданд, аммо чунин ҳолат дар муносибат ва анъанаҳои замонавии давлатҳои аврупоӣ ва осиёию собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон дида намешавад. Аз ин лиҳоз зарурати тадқиқоти илмии падидаи конститутсионии адлияи маъмурӣ ҳамчун ниҳоди воқеии давлати ҳуқуқбунёди замони муосир мубрамии хоса дорад.

Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки таъсис ва инкишофи падидаи адлияи маъмурӣ ҳамчун қонуният баъд аз завол ёфтани низоми тоталитарии давлатдорӣ сурат мегирад. Масалан, адлияи маъмурии Фаронса (трибуналҳои маъмурӣ) баъди инқилоби соли 1848 ташкил гаштаанд, судҳои маъмурии Олмон, Белгия ва Итолиё баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз нав барқарор шудаанд (4 , с. 97). Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз сабабҳои асосиии таъсиси судҳои маъмурӣ дар давлатҳои назди Балтика, Украина ва Гурҷистон маҳсуб меёбад. Дар Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ адлияи маъмурӣ дар шакли нав, яъне бо роҳи ба салоҳияти судҳои умумӣ ва иқтисодӣ вогузор намудани баррасии парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, таъсис дода шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар кадом шакле набошад, ҳастии адлияи маъмурӣ, на танҳо аҳамияти умумиҷамъиятии иҷтимоӣ, балки аҳамияти ғоявӣ (идеологӣ) низ дорад. Вай ҳамчун падидаи демократӣ, кафили ҳифзи ҳуқуқи инсон аз давлат буда, бо воситаи дастгоҳи расмиётиву мурофиавӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро аз эҳтимоли вайронкунӣ аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ муҳофизат мекунад (6 , с. 97). Яъне ба сифати ҳимоятгари ғояи эҳтироми қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд баромад менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пойдор намудани давлати воқеан ҳуқуқбунёди демократӣ, мувофиқ намудани низом ва падидаҳои ҳуқуқӣ ба стандартҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, шомил шудан ба ҷараёни ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии манотиқӣ кӯшиш намуда истодааст. Ин имконият медиҳад, ки дар ҷомеаи тоҷикистонӣ волоияти қонун дар асоси стандартҳои муосири таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла аз вайронкуниҳои онҳо аз тарафи давлат ва мақомоти маъмурӣ пойдор бошад. Чунин ҳолат, бешак зарурат ба адлияи маъмуриро рӯи кор меоварад, ки вай дар асоси илм ва инкишофи қонунгузорӣ бояд мавқеъ ва нуфузи худро ҳамчун падидаи демократитарини адолати судӣ пайдо намояд.

Бояд тазаккур дод, ки адлияи маъмурии Тоҷикистон ҳоло дар зинаи ташаккул қарор дошта,ҳиссаи он дар танзими муноқишаҳои шаҳрвандон ва мақомоти маъмурӣ, ки хусусияти ҳуқуқи оммаро доранд, начандон зиёд аст. Сабаб дар он аст, ки дар Тоҷикистон қаблан ва имрӯз адлияи маъмурии комилҳуқуқ ё судҳои маъмурӣ вуҷуд

- 138 -

Rahmatova Z.M. Problems of Formation of Administrative Justice Proceedings in Tajikistan Republic

надоранд. Дар иртибот ба ин нукта, пешбурди мурофиавии баррасии баҳсҳои маъмурӣ-ҳуқуқӣ мавқеи ягонаи худро ишғол накардааст. Меъёрҳои мурофиавии адлияи маъмурӣ танзим ва кодификатсия карда нашудаанд, онҳо дар қонунгузориҳои мухталифи моддиву мурофиавии соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ пароканда мебошанд. Зиёда аз он, баъзе санадҳои зерқонун низ меъёрҳои ба адлияи маъмурӣ хос бударо дар бар гирифтаанд (масалан, Низомномаи комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи кӯдак» (с. 2008). Низомномаи хизмати зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ (с.2010) ва ғ.

Айни замон қайд кардан лозим аст, ки Тоҷикистон пеш аз Русия ва давлатҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ кӯшиши танзими пешбурди расмиётиву мурофиавии адлияи маьмуриро пеш гирифта, соли 2007 Кодекси расмиёти маъмуриро (дар оянда КРМ ҶТ) қабул намуд, ки боби алоҳидаи он ба танзими пешбурди мурофиавӣ-судии баррасии баҳсҳои хусусияти омма дошта бахшида шудааст (1). Кодекси мурофиаи гражданӣ ва Кодекси мурофиаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2008 қабул шудааст, дар бобҳои махсус (мувофиқан, 23, 24 ва 22) падидаҳои мурофиавии адлияи маъмуриро мустаҳкам намудааст. Ҳамин тариқ дар КРМ ҶТ, КМГ ва КМИ ҶТ миқдори зиёди ҳолатҳои нави консептуалӣ мустаҳкам карда шудааст, ки ба шарҳу тавзеҳ, таъини моҳият ва хусусиятҳои падидавӣ, мурофиавию ҳуқуқии адлияи маъмурӣ ниёз доранд. Масалан, баррасии парвандаҳо марбут ба адлияи маъмурӣ аз тарафи судҳои умумӣ ва иқтисодӣ проблемаи чудо намудани тобеияти идории баҳсҳои ҳуқуқи оммаро ба миён овард.

Бояд тазаккур дод, ки ҳар яке аз қонунгузориҳои номбурда дар танзими пешбурди мурофиавии парвандаҳо, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, мавқеи муҳимро доранд. Хамзамон меъёрҳое низ мавчуданд, ки дар танзими хусусиятҳои мурофиавии адлияи маъмурӣ рақобати ҳуқуқиро эчод менамоянд. Масалан, дар қ.2 мод. 116 КРМ ҶТ, қайд карда шудааст, ки мақомоти маъмурии дар мурофиаи маъмурӣ дар суд иштироккунанда метавонад парвандаро бо созиши оштии тарафҳо ба анчом расонад, аз даъво даст кашад ё даъворо танҳо дар сурате эътироф намояд, ки ин хилофи қонун набошад. Аммо қ.3 мод.250 КМГ ҶТ, муқаррар намудааст, ки ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, меъёрҳои мурофиаи даъвоӣ оид ба эътирофи даъво, даъвои муқобили даъво, тад-бирҳои таъмини даъво, созиши оштии тарафҳо татбиқ намегарданд.

Чунин ихтилофҳои меъёрӣ муносибати гуногун ва нодурусти ҳуқуқи истифода-барандагон ва проблемаи амалияи судиро ба миён меоранд, ки онҳоро бо роҳи чорӣ намудани тачрибаи якхелаи баррасии парвандаҳо ё тавассути тавзеҳоти суди болоӣ ҳал кардан ғайриимкон буда, қабули меъёрҳои қонунии ислоҳкунандаи ягонамаз-мунро талаб менамояд. Дар ягон қонунгузории амалкунандаи Точикистон мафҳуми падидавии «мурофиаи маъмурӣ» оварда нашудааст. Моддаи 1, КРМ ҶТ, қайд наму-дааст, ки Кодекси мазкур, аз чумла, тартиби мурофиаи маъмуриро дар суд муайян менамояд. Аммо дар моддаи 2, ки мазмуни мафҳумҳои асосии дар Кодекс исти-фодашударо шарҳ медиҳад, истилоҳи «мурофиаи маъмурӣ» умуман вучуд надорад. Ногуфта намонад, ки дар қ.1 мод. 114 ба доираи танзими КРМ тартиби мурофиавии аз чониби судҳои салоҳияти умумии Ҷумҳурии Точикистон баррасӣ ва ҳал намудани баҳсҳо вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқие, ки Кодекси мазкур пешбинӣ мекунад, дохил карда шудааст. Аммо ин меъёр мафҳуми «мурофиаи маъмурӣ»-ро ошкор накардааст (2).

- 139 -

Раҳматова З. М. Масоили таҳкими адолати судии маъмур'1 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чунин ҳолат иштибоҳ ва норасоии хеле ҷиддии қонунгузорӣ мебошад, зеро Қонуни конститутсионӣ мавҷудияти мурофиаи маъмуриро яке аз шакли амалигардонии адолати судӣ тасдиқ намояд ҳам, бинобар бо таври қонунӣ муайян набудани мазмун ва моҳияти ин падида қонунгузориҳои дигар, аз ҷумла КРМ, КМГ ва КМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби мурофиаи маъмурӣ ба амал баровардани адолати судиро эътироф накардаанд. Масалан, тибқи б.1, мод. 250 КМГ ҶТ, парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, мутобиқи қоидаҳои умумии мурофиаи судии гражданӣ, бо хусусиятҳои муқаррарнамудаи ҳамин боб, бобҳои 24, 25, 26 ҳамин Кодекс, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва ҳал карда мешаванд. Тибқи б.1 мод.187 КМИ ҶТ, парвандаҳо оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои гайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор, ки ба ҳукуқу манфиатҳои қонунии шахсони дар соҳаи соҳибкорӣ ва фаъолияти дигари иқтисодӣ дахл мекунанд, аз тарафи суди иқтисодӣ аз рӯи тартиби умумӣ бо истеҳсолоти даъвоӣ, ки Кодекси мазкур пешбинӣ кардааст, бо хусусиятҳои муқарраркардаи боби мазкур баррасӣ карда мешаванд (3).

Аз қисми хотимавии диспозитсияи ҳар ду меъёри овардашудаи кодексҳо маълум мегардад, ки хусусияти муҳими мурофиавӣ доштани баррасии парвандаҳои баҳсҳои маъмурӣ-ҳуқуқӣ, ҳамчун аломати асосӣ ва фарқкунандаи мурофиаҳои судии гражданӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ эътироф гаштааст, аммо қонунгузориҳои номбурда бо таври мушаххас муайян накардаанд, ки ин хусусиятҳои мурофиавӣ дар чӣ зоҳир мегардад ва барои чӣ онҳоро ба инобат гирифтан зарур аст. Ба андешаи мо ҷавоби саволҳои мазкурро аз мазмун ва мӯҳтавои меъёрҳои боби 23 ва 24 и КМГ ҶТ ва боби 22 КМИ ҶТ дарёфт ва онҳоро бо таври зайл гуруҳбандӣ кардан мумкин аст:

1. Вобаста аз моҳияти баҳс: а) аризаҳо дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарор ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ; б) аризаҳо дар бораи ҳифзи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсӣ; в) аризаҳо дар хусуси мавриди баҳс қарор додани қарори мақомот ва шахсони мансабдоре, ки барои баррасии мавод оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ваколатдор мебошанд; г) дигар парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд ва тибқи қонун ба салоҳияти судҳои юрисдиксияи умумӣ мансуб мебошанд.

2. Вобаста аз хусусиятҳои мурофиавии судӣ: а) ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, қоидаҳо оид ба мурофиаи гоибонаи (боби 22 КМГ) татбиқ карда намешавад; б) ҳангоми баррасӣ ва ҳалли ин парвандаҳо меъёрҳои мурофиаи даъвоӣ оид ба эътирофи даъво, даъвои муқобили даъво, тадбирҳои таъмини даъво, созиши оштии тарафҳо татбиқ намегарданд; в)ҳангоми баррасӣ ва ҳалли чунин парвандаҳо суд метавонад ба маҷлиси судӣ ҳозир шудани намояндаи мақоми ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахси мансабдор ё хизматчии давлатиро ҳатмӣ эътироф кунад ва ҳангоми ҳозир нашудани шахсони зикргардида онҳоро ба андозаи то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ кунад.

3. Вобаста аз меҳвари ариза: а) қадом қарор, амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти оммавӣ ва б) кадом ҳуқуқу озодиҳои мушаххаси шахс тавассути онҳо вайрон карда шудааст. Дар ин ҷо бояд дар назар дошта шавад, ки тибқи мод. 255

- 140 -

Rahmatova Z.M. Problems of Formation of Administrative Justice Proceedings in Tajikistan Republic

КМГ ҶТ танҳо он қарор, амали (беамалии) дастҷамъӣ ё инфиродии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ, мавриди баҳс қарор дода мешаванд, ки дар натиҷаи он: а) ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд вайрон шудааст; б) барои аз ҷониби шаҳрванд татбиқ намудани ҳуқуқ ва озодиҳояш монеа вуҷуд дорад; в)ба зиммаи шаҳрванд гайриқонунӣ ин ё он ӯхдадорӣ гузошта шудааст ё ӯ гайриқонунӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

4. Вобаста аз мӯҳлати мурофиавП ба муроҷиат ва мӯҳлати баррасП: а) шаҳрванд ҳуқуқ дорад бо ариза дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарор, амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахси мансабдор ва хизматчии давлатӣ дар мӯҳлати се моҳ, ки ӯ аз вайрон гардидани ҳуқуқ ва озодиҳояш огоҳ шудааст, муроҷиат кунад. Гузаронидани мӯҳлати семоҳаи муроҷиат ба суд барои рад намудани қабули ариза асос шуда наметавонад: б) Аризаро суд дар мӯҳлати як моҳ бо иштироки шаҳрванд, роҳбар ё намояндаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахси мансабдор ва хизматчии давлатӣ, ки қарор, амали (беамалии) он мавриди баҳс қарор гирифтааст, баррасӣ менамояд.

5. Вобаста аз ӯҳдадории мурофиавии суд ва иштиркчиён: а) ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, суд бо ташаббуси худ ва бо мақсади ҳалли дурусти парванда метавонад далелҳоро талаб намояд. Шахсони мансабдоре, ки талаботи судро оид ба пешниҳоди далелҳо иҷро наме-кунанд, ба андозаи то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ карда мешаванд; б) ӯҳдадории исбот кардани ҳолатҳои қонунӣ будани қарор, амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, ки мавриди баҳс қарор гирифтаанд, ба зиммаи мақомоти чунин санади меъёрии ҳуқуқиро қабулкарда, инчунин мақомот ва шахсоне гузошта мешавад, ки қарори мавриди баҳсро қабул кардаанд ё амали (беамалии) мавриди баҳсро анҷом додаанд;

6. Вобаста аз хусусияти ҳалли баҳс дар қарори суд: а) аризаро асоснок эътироф менамояд ва барои пурра аз байн бурдани вайронкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ё монеаҳо ҳалнома қабул мекунад; б) суд, агар муайян кунад, ки қарор ё амали мавриди баҳс қароргирифта мутобиқи қонун, дар доираи ваколати мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахси мансабдор ва хизматчии давлатӣ бароварда ё иҷро шудааст ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро вайрон намекунад, қонеъгардонии аризаро рад менамояд.

7. Вобаста аз мӯҳлатҳои иҷроиши ҳалнома: а) нусхаи ҳалномаи суд барои иҷроиш ва аз байн бурдани вайронкунии қонун ба роҳбари мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахси мансабдор ва хизматчии давлатӣ дар мӯҳлати се рӯз аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома ирсол мегардад; б)мӯҳлати иҷроиши ҳалнома то як моҳ дар назар дошта шудааст, тибқи б.3 мод. 258 КМГ ҶТ, мақомот ё шахси мансабдор доир ба иҷрои ҳалнома ба суд ва аризадиҳанда бояд дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ аз рӯзи гирифтани ҳалнома иттилоъ диҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки КМИ ҶТ умуман бо тартиби истеҳсолоти даъвогӣ ҳал намудани баҳсҳои хусусияти муносибатҳои ҳуқуқии маъмурӣ доштаро эътироф намуда, феълан баъзе хусусиятҳои хоси ин парвандаҳоро бо тариқи дигар муайян намудааст. Масалан, доир ба истифодаи падидаҳои истеҳсолоти даъвогӣ дар бораи эътирофи даъво, даъвои муқобили даъво, тадбирҳои таъмини даъво, созиши оштии

- 141 -

Раҳматова З. М. Масоили таҳкими адолати судии маъмур'1 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

тарафҳо, кодекси мазкур меъёри манъкунанда надорад, яъне ин падидаҳои мурофиаи гражданӣ дар мурофиаи судии иқтисодӣ қобили истифода шуда метавонанд. Ё ин, ки тибқи б.5 -и мод.191 КМИ ҶТ ҳалномаи суди иқтисодӣ оид ба парвандаҳои мавриди баҳс қароргирифтаи санадҳои гайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор фавран бояд иҷро карда шаванд, агар дар ҳалномаи судӣ мӯҳлати дигар муқаррар карда нашуда бошад.

Ҳамин тариқ, судҳои умумӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳиятҳояшон адолати судиро пайваста ба муноқишаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма ва дигар муносибатҳои маъмурию ҳуқуқӣ бармеоянд, амалӣ намуда, мақсад ва вазифаҳои падидаи адлияи маъмурии Тоҷикистонро иҷро менам оянд, ки онҳо дар маҷмӯъ низом ва сохтори адлияи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Бо баробари ҳамин падидаи адлияи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ниёз ба тадқиқоти илмии комплексӣ дошта, ҳамзамон такмили қонунгузориҳо, қабул намудани қонунҳои нави падидавиро тақозо менамояд. Дар ин кор омӯзиши таҷрибаи адлияи маъмурии давлатҳои Англия, Фаронса, Олмон, Ҷумҳурии исломии Эрон, инчунин таҷрибаи таҳия ва қабули қонунгузориҳо марбут ба адлияи маъмурӣ, бахусус, дар давлатҳои назди Балтика, Украина, Гурҷистон, Арманистон ва Озарбойҷон аз манфиат холӣ нест (5, с. 137.).

Дар радифи такмили минбаъдаи ҳокимияти судии кишвар, аз ҷумла нақши адлияи маъмуриро ба назар гирифта Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш бахшида ба ҷашни 20-солагии қабули Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 5- ноябри соли 2014 қайд намуд, ки таҳкими минбаъдаи ҳо-кимияти судӣ ҳамзамон барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар, таҳкими ризоияти ҷомеа, баланд гардидани обрӯву эътибори мардуми тоҷик дар сатҳи байналмиллалӣ, пойдории кишвар, таъмини қонунияту адолати иҷтимоӣ ва эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд нақши муҳиму арзанда мегузорад. Бинобар он сарва-ри давлат таъкид дошт, ки судяҳо бояд барои мунтазам беҳтар кардани фаъолияти касбӣ, баланд бардоштани донишҳои назариявию амалии худ кӯшиш карда, барои баррасии одилона ва саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон чораҳои зарурӣ андешанд ва ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки рисолати аслии хизмати онҳо пойдории адолати судӣ мебошад (7).

Вожаҳои калидӣ: ҳуқуқи маъмурӣ, адолати судии маъмурӣ, мурофиаи судии маъмурӣ, истеҳсолоти гражданию иқтисодӣ, даъво, ариза

Пайнавишт:

1. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2007. - № 2, мод. 101.

2. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2007. - № 3, мод. 164,165.

3. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2008. - № 1, қ. 1, мод.4, мод.6-7.

4. Зеленцов А.Б. Административная юстиция как форма административной юрисдикции // Материалы семинара “Проблемы административной юстиции ”. -М.: Статут, 2002. - С.34-40.

5. Панова И.В. Понятия административной юстиции, административного судопроизводства, административного процесса // Материалы семинара. - М.: Статут, 2002.- С. 114-126.

- 142 -

Rahmatova Z.M. Problems of Formation of Administrative Justice Proceedings in Tajikistan Republic

6. Старилов Ю.Н. Административная юстиция. Проблема теории. - Воронеж, 1998. -392 с.

7. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоцикистон Эмомали Рахмон дар мацлиси тантанавй бахшида ба тацлили 20-умин солгарди Конститутсия (Сарцонуни) Ҷумҳурии Тоцикистон 5 ноябри соли 2014// Садои мардум. № 130 (3276) аз 6 ноябри соли 2014.

Reference Literature:

1. Tidings of Majlisi Oli (parliament) of Tajikistan Republic. 2007, #2, article 101.

2. Tidings of Majlisi Oli (parliament) of Tajikistan Republic. 2007, #3, articles 164, 165.

3. Tidings of Majlisi Oli (parliament) of Tajikistan Republic. 2008, #1, p.1.; articles 4, 6, 7.

4. Zelentsov A.B. Administrative Justice as a Form of Administrative Jurisdiction. // Materials of the seminar «Problems of Administrative Justice. - M.: Statute, 2002. - pp. 34 - 40.

5. Panova I. V. Nations of Administrative Justice, Administrative Justice Procedures, Administrative Process // Materials of the seminar « Problems of Administrative Justice». M. : Statute, 2002. - pp. 114 - 126.

6. Starilov Yu. N. Administrative Justice. Problem of Theory. Voronezh, 1998. - 392 pp.

7. The Speech of TR President Emomali Rakhmon at the Solemn Meeting Devoted to the 20-th Anniversary of Tajikistan Republic Constitution (Principle Law) on November 5, 2014// SadoiMardum (The People's Voce), # 130 (3276), November 6, 2014.

- 143 -

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.