Научная статья на тему 'Журналистикаи конвергенти ва иртиботи он бо онлайн-журналистика'

Журналистикаи конвергенти ва иртиботи он бо онлайн-журналистика Текст научной статьи по специальности «СМИ (медиа) и массовые коммуникации»

CC BY
542
91
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
журналистикаи конвергентй / онлайн-журналистика / технологияҳои иттилоотию коммуникатсионй (ТИК) / интернет / дастрасй ба иттилоот / ҳукумати электронй / фарҳанги интернетй (Internetculture) / конвергентная журналистика / онлайн-журналистика / информационнотехнологические коммуникации (ИТК) / интернет / доступ к информации / электронное правительство / интернеткультура / convergent journalism / online journalism / information and technological communications (ITC) / Internet / access to information / electronic government / Internet culture

Аннотация научной статьи по СМИ (медиа) и массовым коммуникациям, автор научной работы — Абдуҷалилов Фирдавс Низомович

Стремительный прогресс в сфере компьютерных технологий, появление и развитие интернета вносит существенные изменения в современную информационно-коммуникативную среду Интернет превратился в мощное информационное пространство, охватывающее в той или иной степени все аспекты общественной жизни. В новой среде активно развивается и играет существенную роль сектор интернет-СМИ.Анализируется влияние конвергентной журналистики (convergence journalism) в Таджикистане, которая является результатом слияния и интеграции информационных и коммуникативных технологий в единый информационный ресурс. Сегодня современные компании расширяют свой спектр информационных и развлекательных продуктов и используют при этом «новые» формы подачи своего продукта: он-лайн газета, радио в интернете, веб-телевидение. В широком смысле конвергенция может пониматься не только как взаимное влияние явлений, но и взаимопроникновение технологий, стирание границ между ними, слияние.Раскрыта специфика сетевых СМИ, рассматриваются основные аспекты функционирования интернет-медиа в современной системе массовых коммуникаций страны, представляются сведения по использованию интернет-технологий в работе журналиста.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

CONVERGENT JOURNALISM AND ITS COMMUNICATION WITH ONLINE JOURNALISM

Prompt progress in the sphere of computer technologies, emergence and development of the Internet makes essential changes to the modern information and communicative environment. The Internet turned into the powerful information space covering in a varying degree all aspects of public life. In the new environment actively develops and plays an essential role sector of internet mass-media. Article analyzes influence of convergent journalism (convergence journalism) in Tajikistan which is result of merge and integration of information and communicative technologies into a uniform information resource. Today the modern companies expand the range of information and entertaining products and use thus "new" forms of giving of the product: the online newspaper, radio on the Internet, web television. In a broad sense convergence can be understood not only as mutual influence of the phenomena, but also interpenetration of technologies, deleting of borders between them, merge. In article specifics of network mass media are opened, the main aspects of functioning of Internet media in modern system of mass communications of the country are considered; data on use of Internet technologies in work of the journalist are submitted. Article is intended for laymen.

Текст научной работы на тему «Журналистикаи конвергенти ва иртиботи он бо онлайн-журналистика»

НОМАИ ДОНИШГОХ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 3(44)2015

УКД 07(576.4) Ф.Н.АБДУҶАЛИЛОВ

ББК 76.14 (2т)

ЖУРНАЛИСТИКАИ КОНВЕРГЕНТИ ВА ИРТИБОТИ ОН БО ОНЛАЙН-ЖУРНАЛИСТИКА

Вожаҳои калидй: журналистикаи конвергентй, онлайн-журналистика, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионй (ТИК), интернет, дастрасй ба иттилоот, ҳукумати электронй, фарҳанги интернетй (Internetculture).

Бо афзудани нақши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионй (ТИК) дар самту сатҳҳои мухталифи ҳаёти башар таъсири бевоситаи он ба низоми журналистика низ эҳсос мешавад. Ин тамоюлро дар илм бо мафҳумҳои журналистикаи онлайнй, интернет-журналистика, журналистикаи конвергентй ва амсоли инҳо ёд мекунанд, ки асоси онҳоро ихтирооти технологй ташкил медиҳад.

Ба ин хотир, дар илм солҳои ахир ибораи тоза бо номи “ТИК барои рушд” қабул гардидааст. Моҳиятан, тамоми сабукиҳо дар зиндагии инсон ин натиҷаи ихтироот ва корбурди босамару ҳадафноки ТИК аст.

Тамоюли дигаре, ки имрӯзҳо барои Тоҷикистон, ки дар ҳоли гузариш аст, ин корбурди ТИК дар низоми коргузорию ҳуҷҷатнигорй ва хизматрасониҳои давлатй мебошад. Инро шартан бо истилоҳи “ҳукумати электронй” ифода мекунанд. Амалан ба таври табий истифода бурдани ТИК мавқеи иттилоотро дар ҷомеа баланд мебардорад ва имкон фароҳам меорад, ки як “ҳукумати электронй” ба маънои воқеияш рушд кунад. Сохтори “ҷомеаи иттилоотй” дар сатҳи ҷаҳон ҳанӯз ба таври комил шакл нагирифтааст, олимону муҳаққиқони соҳа низ дар ин маврид фикрҳои яксон надоранд. Ин сохторест, ки бо дигаргуниҳои ҷаҳони муосир ҳамқадам буда, доиман дар ҳоли дигаргунист. Расидан ба ин гуна ҷомеа пас аз рушди кофии саноату иқтисодиёт амалй мегардад.

Аз ин ҷост, ки онро “ҷомеаи посииндутриалй” ё “баъдисаноатй” ҳам меноманд. Дар донишномаи озоди интернетии Википедия дар шарҳи «Ҷомеаи иттилоотй» омадааст: «Ҷомеаи иттилоотй ин ҷамъияти дорои заминаҳои бузурги истиеҳсолию корй, муҳофизатгари манфиатҳо, коркард ва бавуҷудоварандаи иттилоот буда, муҳимтар аз ҳама асоси онро дониш ташкил медиҳад. Барои марҳилаҳои рушди он чунин пешравиҳои ҷамъиятй ва иқтисодй заруранд:

» Боло бурдани нақши иттилоот, маълумот ва технологияи иттилоотй дар ҳаёти ҷамъиятй;

» Зиёдшавии шумораи одамон, машгулияти технологияи иттилоот, коммуникатсия ва коркарди захира ва хизматрасонии иттилоот ва афзоиши умумии маҳсулоти дохилй;

» Иттилоотонии ҷамъиятй бо истифодаи телефон, радио, телевизион, шабакаҳои итнернет, ВАО-и анъанавй ва электронй; сохтани фазои глобалии иттилоотй ва таъминамоии умумй, яъне:

- босамаргардонии иттилоот дар ҳамкории одамон; дастрасии онҳо ба захираҳои иттилоотии ҷаҳонй; қонеъ кардани талаботи онҳо бо маҳсулот ва хизматрасониҳои иттилоотй; рушди демоктарияи электронй, иқтисодй иттилоотй, давлат ва ҳукумати электронй, бозорҳои рақамй, шабакаҳои электронии иҷтимой ва гурӯҳй» (5).

Ниҳоят, дар чунин ҷамъият дониш нақши асосй дошта, меҳнати бошуурона афзалият дорад. Тоҷикистон барои расидан ба ҷомеаи иттилоотй ва корбурди босамари ТИК барои рушд, амалан қадамҳои ҷиддй гузошта истодааст. Ин раванд ҳанӯз аз охири солҳои 90-уми асри гузашта ва аввали асри XXI дар кишвари мо шурӯъ гардид. Тайи ин солҳо як қатор санади меъёриву ҳуқуқию ба тавсиб расиданд, ки заминаи рушди ҷомеаи иттилоотиро ифода мекунанд. Аз чумла, Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионй барои рушди Ҷумҳурии Точикистон» аз 5 ноябри соли 2003, “Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионй дар Ҷумҳурии Точикистон” аз 3 декабри соли 2004, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Точикистон аз 30 апрели соли 2008, Стратегияи ислоҳоти системаи идораи давлатии Ҷумҳурии Точикистон аз 15 марти соли 2006, Стратегияи Ҷумҳурии Точикистон дар соҳаи илм ва технология дар солҳои 2007-2015 аз 1 августи соли 2006, Барномаи тартиби талаботи ягона барои вебсайт ва шабакаҳои маҳдуди баҳисобгирии идораи давлатй аз соли 2011 ва ниҳоят, моҳи октябри соли 2011 Консепсияи ташаккули ҳукумати электронй дар Ҷумҳурии Точикистон барои солҳои 2012-2020 қабул гардид.

Ҳамчунин, як қатор қонунҳои алоҳида, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Точикистон “Дар бораи ҳуччати электронй”, Қонуни Ҷумҳурии Точикистон “Дар бораи имзои электронии рақамй”, Қонуни Ҷумҳурии Точикистон “Дар бораи дастрасии иттилоот”, Қонуни Ҷумҳурии Точикистон

140

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 3(44) 2015

“Дар бораи иттилоотонӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврй ва дигар ВАО” ва гайра қабул гардидаанд, ки аз ҳар ҷиҳат заминаи рушди ҷомеаи иттилоотиро фаро мегиранд.

Дар ҳошия ин талошҳо агар сохтори назариявии ҷомеаи иттилоотро ба эътибор гирем, дар Тоҷикистони рӯ ба рушд бошад, ҳоло кӯшишҳо дар пояи сохтани “ҳукумати электронӣ” ва рушди журналистикаи конвергентӣ (ё интернетӣ) қарор дорад, ки ҳарду заминаи “ҷомеаи иттилоотӣ”-ро ба вуҷуд меоранд.

Дар тасаввури умум, иҷроиши “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон” як низоми коргузории электронист, ки ба хизматрасониҳои давлатӣ маҳдуд мешавад, вале он ба сохтани “ҷомеаи иттилоотӣ”, низоми иттилоотӣ дар кишвар ва ҳамин гуна, шакл гирифтани обзори ватании журналистикаи онлайнӣ замина гузошта метавонад.

Афзалияти ҳукумати электронӣ зиёд буда, дар умум як коргузории муосирро ба миён меорад. Ҳукумати кишвар ҳам гузаштан ба ин навъ қаринаи муосири хизматрасониро пеш гирифтааст. Президенти мамлакат дар ин бора гуфта буд: “Дар марҳалаи имрӯза бо истифода аз усулҳои «Ҳукумати электронӣ» ҳарчи васеътар ҷорӣ намудани коргузорӣ ва ба сатҳи сифатан нав бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад” (3).

Он ҳамчун муҳити иҷтимоию-технологӣ фарогирандаи низоми иттилоотист ва ҳукумати электронӣ ин “муҳити иҷтимоиву техникие мебошад, ки дар он ТИК барои таъмини ислоҳоти сохтори давлатӣ истифода бурда мешавад”. Агар бо формула “Ҳукумати электронӣ”-ро ифода намоем, чунин мешавад: низоми иттилоотӣ+равандҳо+одамон (1).

Умуман, ҳукумати электронӣ низоме мебошад, ҳамаи мақомоти давлатиро муттаҳид намуда, ба онҳо шароит фароҳам меорад, ки бо истифода аз шабакаи компютерӣ гардиши ҳуҷҷатҳои электронии байниидоравиро таъмин созанд, ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хизматрасониҳои давлатӣ пешниҳод кунанд ва ё арзу шикоятҳои онҳоро баррасӣ намоянд (4).

Раванди амалӣ намудани талабот дар “Консеписияи ташаккули ҳукумати электронӣ”, ки муҳлати ниҳоии он то соли 2020-ро дар бармегирад, вобаста ба имконоти кишвар қонеъкунанда аст. Ҳоло марҳилаи дуюм (2014-2018)-и татбиқи он идома дорад, ҳарчанд талаботи мариҳлаи аввал ба пуррагӣ иҷро нашудааст. Дар ин давра аксар мақомоти давлатӣ соҳиби сомонаҳои расмӣ дар интернет гардиданд ва шабакаи ягона миёни 47 мақомоти давлатӣ пайваст шуд. Ин ҳама зинаҳои хеле оддӣ ва ибтидоии ин коргузорист.

Метавон аз таҷрибаи ватанӣ дар ҳукумати электронӣ ҳарф зад, ки ба пешниҳоди хизматрасониҳо ва мубодилаи ҳуҷҷат ва шикоятҳо хизмат мекунанд. Аз қабили онҳо:

» Равзанаи ягонаи бақайдгирии соҳибкорон

» Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.president.tj)

» Қабулгоҳи маҷозии (виртуалии) мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд (www.khujand.tj)

» Лоиҳаи «Мо метавонем» (www.mometavonem.tj) (2)

» Лоиҳаи Дастрасӣ (вилояти Хатлон, www.dastrasi.tj)

Бо вуҷуди ин, то ин давра лозим буд, ки мо ба дараҷаҳои баландтаре ноил шавем. Ба андешаи коршиноси масоили ТИК Асомуддин Атоев, барои рушд омилҳои иҷро нашудани ҳуҷҷатҳое, ки татбиқи ҳукумати электрониро ифода мекунанд: «таҳия шудани лоиҳаҳои бидуни таҳлили амиқи масъалае, ки барои ҳалли он лоиха пешбинӣ шудааст. Паҳлӯи дигар метавонад раванди пуршиддати рушди ТИК бошад. Сеюм, заъфимандии инсон дар лоиҳае, ки бояд амалӣ гардонад. Чорум, ҳавасманд набудани ҷонибҳое, ки лоиҳаҳоро амалӣ мегардонад» медонад. Ба гуфтаи мавсуф, ягон кишвари муқтадири дунё дар танҳоӣ ҳукумати элетронӣ насохтаанд, яке аз омилҳо барои ҳамкории ҳукумат бо ташкилоти хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандист (8).

Ҳамин тавр, вижагии ҳукумати электронӣ ба ҳадафҳои касбии худ (журналистика) баҳо диҳем, дар меҳвари ин консепсия иттилоот қарор дорад. Самтбахшӣ тариқи иттилоъ яке аз ҳадафҳои марказии он ба ҳисоб меравад ва ба таъмини маълумоту иттилооти электронию виртуалӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

Дар шароите, ки интернет ба воситаи муҳими алтернативии пахши иттилоъ зуҳур намудааст, ин масъала аз ҳар ҷиҳат аҳамияткон менамояд. Табиист, ки дар ин ҳолат муносибати нави иттилоотӣ низ бояд ба амал ояд. Муҳимтарин нақши “Консепсияи ташаккули ҳукумати элетронӣ дар Тоҷикистон” дар он ифода меёбад, ки дар назди мақомоти давлатӣ вазифа мегузорад, то таъмини иттилооти электрониро ба роҳ монанд. Таъсиси сайтҳои ҳукуматии ҳамаи вазорату идораҳои кишвар дар шабакаи ҷаҳонии интернет, ки дар оянда дар шакли портали ҳукуматии иттилоотӣ-ахборотии ягонаи ҳукумат муттаҳид мешаванд, рушди сайтҳои интернетии идоравӣ, ки

141

НОМАИ ДОНИШГОХ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 3(44)2015

пуррагӣ ва саривақт ҷойгирнамоии маълумоти дахлдорро дар онҳо таъмин мекунад, аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад ва дар ин маврид дар қисми 4-уми банди 24-и консепсия ишора рафтааст (6).

Ҳамаи ин ба он сабаб хоҳад гашт, ки мо ба сохтани “ҷомеаи иттилоотӣ” наздик шуда, ҳамзамон интернет-журанлистика аз нигоҳи таъмини иттилооти расмӣ рушд мекунад ва маводи публитсистӣ дар сомонаҳои мақомоти давлатӣ афзоиш меёбад. Ин дар навбати худ ба шаффофияти кори мақомоти давлатӣ назди кормандони ВАО мусоидат мекунад ва то андозае, амнияти иттилоотиро таъмин мегардонад.

Журналистикаи конвергентӣ бошад, дар муҳити илми тоҷик истилоҳи нав аст. Он зинаи хеле баланди рушди онлайн-журналистика ё интернет-журналистикаро мефаҳмонад, ки интернет ба маънои воқеӣ вориди низоми иттилоот гардида, нақши он дар ҷомеаи иттилоотӣ, аз қабили шакл гирифтани журналисткаи шаҳрвандӣ ва чандрасонаӣ бориз мегардад. Аз замони зуҳури интернет дар кишвар ва чун воситаи мухобиротӣ истифода шудани он то ҳоло намунаҳои ин нав журналистика пайдо гардиданд. Аммо ба таври хеле содда, ки аксаран чун журналистикаи интернетӣ ёд мешавад. Бештар аз як даҳаи охир, низоми иттилоотии Тоҷикистон шоҳиди муносибатҳои нави иттилоотӣ гардид, ки он ҳам ба таври алтернативаи хабаррасонӣ хизмат намудани интернет мебошад.

Дар навбати худ, ин тамоюл ба фаъолияти ВАО-и анъанавӣ таъсири амиқ гузошт ва сарпарастони ВАО-ро маҷбур намуд, ки худро ба шароитҳои нав мутобиқ созанд ва интернетро дар баробари манбаи иттилоотӣ истифода намудан ба воситаи пахши иловагӣ шиносанд. Ин муносибат аксаран ба расонаҳои гайриҳукуматӣ дахл дорад, ки пуштибони онҳо бозори онҳост. Акнун дар Тоҷикистон раванди аз имконоти интернет чун ВАО истифода намудан ҷараён дорад. Ин марҳила барои журналистикаи тоҷик як марҳилаи гузариш аст, ки ба як қолаби пухта ва босамар расидани он ба омилҳои гуногун вобаста аст.

Ҳавасмандии расонаҳои ҳукуматӣ кушодани қаринаҳои интернетӣ, ба маънои воқеӣ дар хизматрасонӣ ва иттилоотонӣ истифода шудани сомонаҳои расмӣ (дар тобеи сохторҳои давлатӣ), фаъолмандии ҷомеаи шаҳрвандӣ, бозори худро дар интернет пайдо намудани ВАО-и анънавӣ (хонанда ва даромади молӣ) дар баробари рушди журналистикаи конвергентӣ қарор мегирад.

Чунин омилҳо сабаби ҳамбастагии ҳукумати электронӣ бо журналистикаи конвергентиро ба миён меоранд. Чун хулоса зарур аст дар ҳар ду самти аз фарҳанги интернетӣ ё фарҳанги иттилоотӣ ёд кард. Фарҳанги интернетӣ (Internetculture) истилоҳи нав дар илм буда, истифодаи интернетро барои рушд, муносибатҳои иттилоотӣ, ақоиди пахши иттилоъ, гирифтани иттилоъ ва дигар амалиёти созанда маънидод мекунад. Дар ҳоле, ки мо аз корбурди интернет дар ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва иттилоотӣ харф мезанем, фарҳанги интернетӣ ба қисмати бузург дахл мегирад: ҳукумат+ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои хусусӣ+ҷомеа (истифодабарнадагон). Яъне ҳукумат, дар мисоли сохтори давлатӣ бояд манфиати интренет ва ТИК-ро дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ дарк намоянд, шароитҳои амалӣ муҳайё созанд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои хусусӣ вобаста ба ҳуқуқҳои қонунӣ имконоти худро амалӣ созанд ва ниҳоят, ҷомеа бояд истифодаи мақсаднокро дарк ва фаъолмандии бештар нишон дода, ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба қадамҳои ҷиддитар водор созанд. Ҳамбастагӣ надоштани инҳо рушди гайритавозунро ба миён меоранд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Атоев, А. Алифбои ҳукумати электронӣ / А. Атоев// Реҷаи дастрасӣ: http://www.ispa.tj/

2. Атоев, А. Ҳукумати электронӣ ва мавқеи Тоҷикистон дар ҷомаеи донишбунёди ҷаҳонӣ / А.Атоев// Реҷаи дастрасӣ: http://www.ispa.tj/

3. Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020. Реҷаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj/base/show_doc.fwx?rgn=11590 1

4. Қурбонов, А. Ҳукумати электронӣ - рушди идорасозӣ ё таҳдид ба амнияти кишвар? / А.Қурбонов// Реҷаи дастрасӣ: http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=11533

5. Информационное общество. Реҷаи дастрасӣ: http://ru.wikipedia.org/

6. Пажӯҳиши омадагии электронии Тоҷикистон. - Душанбе, 2010. -109 с.

7. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 26 апрели соли 2013.

8. Радиои Тоҷикистон. Барномаи “Дурахш” аз 11. 05. 2015.

REFERENCES:

1. Atoev, A. Alphabet of the electronic government. http://www.ispa.tj/ Atoev А. Electronic government and position of Tajikistan in the global knowledge society. Access mode: http://www.ispa.tj/

2. Conception of development electronic government in the Tajikistan for years 2012-2020 Access mode: http://www.adlia.tj/base/show_doc.fwx?rgn=11590 1

142

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES» № 3(44) 2015

3. Qurbonov, A. Electronic government- administrative development or security threat to state. Access mode: http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=n533

4. Informational society. Access mode: http://ru.wikipedia.org/

5. Research electronic readiness of Tajikistan. - 109 p.

6. Message President of the Republic of Tajikistan to the Majlisi Oli (Parliament) of the Republic of Tajikistan. April 26, 2013

7. Radio “Tajikistan”. Programme “Duraksh” ("Flashlight") from 11.05.2015.

Конвергентная журналистика и её связь с онлайн-журналистикой

Ключевые слова: конвергентная журналистика, онлайн-журналистика, информационнотехнологические коммуникации (ИТК), интернет, доступ к информации, электронное правительство, интернеткультура.

Стремительный прогресс в сфере компьютерных технологий, появление и развитие интернета вносит существенные изменения в современную информационно-коммуникативную среду Интернет превратился в мощное информационное пространство, охватывающее в той или иной степени все аспекты общественной жизни. В новой среде активно развивается и играет существенную роль сектор интернет-СМИ.

Анализируется влияние конвергентной журналистики (convergence journalism) в Таджикистане, которая является результатом слияния и интеграции информационных и коммуникативных технологий в единый информационный ресурс. Сегодня современные компании расширяют свой спектр информационных и развлекательных продуктов и используют при этом «новые» формы подачи своего продукта: он-лайн газета, радио в интернете, веб-телевидение. В широком смысле конвергенция может пониматься не только как взаимное влияние явлений, но и взаимопроникновение технологий, стирание границ между ними, слияние.

Раскрыта специфика сетевых СМИ, рассматриваются основные аспекты функционирования интернет-медиа в современной системе массовых коммуникаций страны, представляются сведения по использованию интернет-технологий в работе журналиста.

Convergent journalism and its communication with online journalism

Keywords: convergent journalism, online journalism, information and technological communications (ITC), Internet, access to information, electronic government, Internet culture.

Prompt progress in the sphere of computer technologies, emergence and development of the Internet makes essential changes to the modern information and communicative environment. The Internet turned into the powerful information space covering in a varying degree all aspects of public life. In the new environment actively develops and plays an essential role sector of internet mass-media.

Article analyzes influence of convergent journalism (convergence journalism) in Tajikistan which is result of merge and integration of information and communicative technologies into a uniform information resource. Today the modern companies expand the range of information and entertaining products and use thus "new" forms of giving of the product: the online newspaper, radio on the Internet, web television. In a broad sense convergence can be understood not only as mutual influence of the phenomena, but also interpenetration of technologies, deleting of borders between them, merge.

In article specifics of network mass media are opened, the main aspects of functioning of Internet media in modern system of mass communications of the country are considered; data on use of Internet technologies in work of the journalist are submitted. Article is intended for laymen.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Абдуҷалилов Фирдавс Низомович, аспирант кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Цумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе), E-mail: [email protected].

Сведение об авторе:

Абдуджалилов Фирдавс Низомович, аспирант кафедры телевидения и радиовещания факультета журналистики Таджикского национального университета (Республика Таджикистан, г. Душанбе), E-mail: [email protected].

Information about the author:

Abdujalilov Firdavs Nizomovich, postgraduate student of Department television and broadcasting faculty of journalism Tajik National University (Republic of Tajikistan, Dushanbe), E-mail: [email protected].

143

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.