Научная статья на тему 'Самтҳои афзалиятноки рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон'

Самтҳои афзалиятноки рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
811
197
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
налоговая реформа / приоритеты налоговой политики / налоговая нагрузка / налоговое администрирование / налоговые поступления / ислоњоти андоз / авлавиятњои сиёсати андоз / бори андоз / маъмурикунонии андозї / воридоти андоз / tax reform / priorities of tax policy / tax charge / tax administering / tax entries

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Салимова Муњайё Музаффаровна

На современном этапе социально-экономического развития Республики Таджикистанреформирование налоговой системы и развитие налогового администрирования взависимости от его целей и задач, определенных государственной политикой в областиналоговых отношений, в основном рассматривается в качестве потенциального резерваснижения налоговой нагрузки на экономику, основы повышения собираемости налогов, атакже основы развития международных экономических процессов в условиях вступленияреспублики в ВТО. В статье рассмотрены первые итоги налоговой реформы, проа-нализирована динамика налоговых поступлений в госбюджет, обоснованы некоторыеаспекты налогового администрирования, а также предложены основные направлениясовершенствования налоговой политики.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

PRIORITY STREAMLINES OF DEVELOPMENT IN REGARD TO TAX ADMINISTERING IN TAJIKISTAN REPUBLIC

At the modern stage of social-economic development of Tajikistan Republic reformation of tax system and development of tax administering, respective of its aims and goals determined by the state policy in the field of tax relations, are considered mainly as a potential reserve of tax charge reduction in reference to economy‚ basis for tax collection increase and a ground for a development of international economic processes accompanied with republic entrance into WTO as well. The author canvasses the first results of the tax reform‚ analyzes a dynamics of tax entries into the state budget of the country, substantiates some aspects of tax administering; she proposes also basic streamlines concerned with tax policy perfection.

Текст научной работы на тему «Самтҳои афзалиятноки рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

УДК 33.1/5 ББК 65.261.41-212.1

Салимова Муҳайё Музаффаровна,

н.и.и., дотсенти кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ (Тоцикистон, Хуцанд)

Салимова Мухайё Музаффаровна,

к.э.н., доцент кафедры финансов и кредита Таджикского государственного университета коммерции (Таджикистан, Худжанд)

Salimova Mukhayo Muzaffarovna,

candidate of economy sciences, Associate Professor of the department offinances and credit under the Tajik State University of Commerce; (Tajikistan, Khujand)

E-MAIL: [email protected]

Ключевые слова: налоговая реформа, приоритеты налоговой политики, налоговая

нагрузка, налоговое администрирование, налоговые поступления

На современном этапе социально-экономического развития Республики Таджикистан реформирование налоговой системы и развитие налогового администрирования в зависимости от его целей и задач, определенных государственной политикой в области налоговых отношений, в основном рассматривается в качестве потенциального резерва снижения налоговой нагрузки на экономику, основы повышения собираемости налогов, а также основы развития международных экономических процессов в условиях вступления республики в ВТО. В статье рассмотрены первые итоги налоговой реформы, проанализирована динамика налоговых поступлений в госбюджет, обоснованы некоторые аспекты налогового администрирования, а также предложены основные направления совершенствования налоговой политики.

Key words: tax reform, priorities of tax policy, tax charge, tax administering, tax entries

At the modern stage of social-economic development of Tajikistan Republic reformation of tax system and development of tax administering, respective of its aims and goals determined by the state policy in the field of tax relations, are considered mainly as a potential reserve of tax charge reduction in reference to economy, basis for tax collection increase and a ground for a development of international economic processes accompanied with republic entrance into WTO as well. The author canvasses the first results of the tax reform, analyzes a dynamics of tax entries into the state budget of the country, substantiates some aspects of tax administering; she proposes also basic streamlines concerned with tax policy perfection.

Фаъолияти бонизом ва самараноки мақомоти давлатӣ, таъмини маоши кор-мандони давлатӣ, ҳифзи соҳаҳои иҷтимоиёт ва таъмини амнияти дохиливу берунии ҳар кишвар мустақиман аз ҷамъоварии андозҳо вобастагӣ дорад. Барои афзудани

САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ РУШДИ МАЪМУРИКУНОНИИ АНДОЗ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ПРИОРИТЕТНЫЕ НАПРАВЛЕНИЯ РАЗВИТИЯ НАЛОГОВОГО АДМИНИСТРИРОВАНИЯ В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН

PRIORITY STREAMLINES OF DEVELOPMENT IN REGARD TO TAX ADMINISTERING IN TAJIKISTAN

REPUBLIC

- 22 -

Salimova M.M. Priority Streamlines of Development in Regard to Tax Administering in Tajikistan Republic

самаранокӣ ва беҳтар намудани сифати ҷамъоварии андозҳо масъалаи аввалиндараҷа маъмурикунонии андоз ва пайваста такмил ва содагардонии он аст.

Дар робита ба ин, муҳимияти ҳалли масоили баланд бардоштани самаранокии маъмурикунонии андоз дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.04.2011 таъкид мегардад, ки: «Масъалаҳои сода намудани низоми андозбандП ва оммафаҳм гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба андозситонП метавонанд ба рушди минбаъдаи иқтисоди миллП ва таҳкими имкониятҳои буҷети давлатП мусоидат намоянд» (3, с. 15).

Маҳз бо ҳамин мақсад Ҳукумати кишвар ба дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, солҳои охир як силсила ислоҳотеро, ки ба содагардонии раванди бақайдгирӣ ва низоми андозбандии фаъолияти соҳибкорӣ равона шудаанд, амалӣ гардонид.

Бешубҳа, самаранокии низоми маъмурикунонии андоз яке аз шартҳои асосии воридоти пурра ва саривақтии андозҳо ва пардохтҳо ба буҷет буда, зарурати беҳтар намудани он дар шароити муосир аҳамияти хоссаро ба худ касб менамояд. Зеро такмили минбаъдаи маъмурикунонии андоз қабл аз ҳама, ба афзоиши сатҳи ҷамъоварии андозҳо ва пардохтҳо, ҳатталимкон аз иқтисодиёти пинҳонӣ баровар-дани соҳибкорӣ, коҳиши хароҷоти андозсупорандагон ҳангоми иҷрои ӯҳдадории андоз, баландшавии сифати назорати давлатӣ ба даромадҳо оварда мерасонад.

Бо дарназардошти ин, ба самарабахшии маъмурикунонии андоз аз рӯи сатҳи ҷамъоварии андозҳо баҳо дода, ба назар гирифта мешавад, ки сатҳи воридоти пардохтҳои андозӣ ва таъмини саривақтии онҳо ба буҷети давлат ҳамчун нишон-диҳандаи асосии сифати низоми маъмурикунонии андоз арзёбӣ мегардад.

Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ислоҳот дар мақомоти андоз, аз ҷумла дар қисмати маъмурикунонии андоз дар асоси қарори худ аз 3.12.2012, №626 “Барномаи рушди маъмурикунонии андозро барои солҳои 2011 -2015” қабул намуд, ки он бо назардошти таҷрибаи пешқадаму бисёрсолаи ҷаҳонӣ дар самти ислоҳоти соҳаи андоз, инчунин бо назардошти хусусиятҳои хоси кишвари мо таҳия шудааст (6).

Барномаи мазкур пеш аз ҳама, ба гузаронидани ислоҳот ва сода намудани маъмурикунонии андоз, зиёд намудани воридоти андоз ба буҷети давлатӣ ва боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ равона гардида, дар асоси муқаррароти он самтҳои афзалиятноки рушди соҳа муайян гардиданд. Ба самтҳои афзалиятноки мазкур аз чумла дохил мешаванд:

> азнавсозии сохторӣ ва функсионалӣ;

> таҳия ва чорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ;

> таъмини назорати самарабахши ичрои қонунгузории андоз дар асоси принсипи худандозбандӣ;

> ташкили низоми самарабахши коҳиши бақияи қарзи андозу пардохтҳо ва дигар чорабиниҳо, ки давра ба давра амалӣ намудани онҳо имкон медиҳад фаъолияти соҳа дар сатҳи замонавӣ ба роҳ монда шуда, боздеҳи кори он афзун гардад.

Ҳадафи асосии барнома ин ислоҳоти соҳаи андоз, баланд бардоштани самара-нокӣ ва маҳсулнокии фаъолияти мақомоти андоз, зиёд намудани воридоти андоз бо ҳадди ақалли харочот (харочоти маъмурикунонии андоз ва андозсупорандагон), ҳамчунин мунтазам беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон мебошад (2, с. 13).

- 23 -

Салимова М. М. Самтхри афзалиятноки рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушди амалиёти

ЧузъиЗ___■

Технологияи

иттилоотИ

2.1. Назорат ва аудити дохилй

2.2. Таҳлили сиёсати андоз

2.3. Аудити андоз ва назорати андоз

2.4. Афзоиши пардохти андозҳо

2.1. Назорат ва аудити дохилй

2.1. Назорат ва аудити дохилй

3.1. Низоми назорати андоз

3.2. Марказҳои коркард ва нигоҳдории маълумот

3.3. Таъмини барномавй

Расми 3. Самтҳои афзалиятноки рушди маъмурикунонии андоз тибқи Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011- 2015

Дар давраи аввал татбиқи барномаи рушди маъмурикунонии андоз аз ҳисоби маблагҳои махсуси Кумитаи андоз ба роҳ монда шуда, дар ин раванд оид ба такмили қонунгузории андоз, рушди сохтор, таҳия ва мавриди амал қарор додани барномаҳои компютерй як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд, ки онҳо дар маҷмӯъ барои ислоҳот дар соҳа ва рушди минбаъдаи он заминаҳои мусоид фароҳам оварданд. (2, с.5).

Бояд қайд намуд, ки «Стратегияи ислоҳоти маъмурикунонии андоз» ҳанӯз соли 2010 бо дастгирии техникии ширкати фаронсавии консалтингии «СОФРЕКО» ва дастгирии молиявии гранти Фонди институтсионалии рушди Бонки Умумиҷаҳонй таҳия шуда буд.

Ҳадафи асосии стратегияи нав ташаккули низоми муосиру самарабахши андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, дар ин раванд ноил гардидан ба матлабҳои зерин пешбинй шудаанд:

У тақвият бахшидани вазифаҳои асосии мақомоти андоз;

У таҷдиди низоми технологияи иттилоотй ва низоми мубодилаи иттилоот;

У таъсиси нозироти андозсупорандагони миёна;

У такмили ҳавасмандй ва хизматрасонй ба андозсупорандагон;

У такмили қонунгузории андоз;

- 24 -

Salimova M.M. Priority Streamlines of Development in Regard to Tax Administering in Tajikistan Republic

S чудо намудани маблагҳо ҷиҳати амалӣ намудани ислоҳот.

Минбаъд, барои вусъат бахшидан ба раванди татбиқи Барнома, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз чониби Бонки Умумичаҳонӣ дар асоси «Лоиҳаи ислоҳоти идораи андоз дар солҳои 2013-2018» маблагҳои грантӣ чудо карда шуда, Лоиҳаи мазкур аз моҳи феврали соли 2013 расман ба кори худ шурӯъ намуд.

Дар идомаи амалӣ намудани ислоҳот дар бахши андоз дар асоси супориши паёмии Сардори давлат дар таҳрири нави Кодекси андоз номгӯи андозҳо то 50 фоиз кам, меъёрҳои қонунгузории андоз аниқтар гардида, низоми андози чумҳурӣ такмил дода шуд.

Ҳамзамон, бо мақсади ичрои супориши Сардори давлат маъмурикунонии андоз дар лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Точикистон дар таҳрири нав сода, ҳачми умумии матни он ва меъёрҳои аз як модда ба моддаи дигар ва ба дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҳаволакунанда кам карда шуд, аз чумла шумораи эъломияҳои андоз то 41 фоиз, шумораи ҳисоботи андозӣ то 86 фоиз ва шумораи умумии пардохтҳои андозӣ то 43 фоиз кам карда шуд.

Кодекси андози Ҷумҳурии Точикистон дар таҳрири нав барои рушди соҳибкорӣ фазои боз ҳам мусоидтар фароҳам овард, зеро илова ба имтиёзҳои қаблан муқарраргардида ба соҳибкорон сабукиҳои иловагӣ пешбинӣ шуданд. Чунончӣ, аз номгӯи андозҳо андоз аз фурӯши чакана хорич карда, супорандагони андози содакардашуда аз пардохти андози арзиши илова озод гардиданд, то соли 2017 давра ба давра 2 фоиз кам намудани меъёри андози фоида, соли 2015-ум 50% коҳиш додани меъёри андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва аз соли 2017 аз номгӯи андозҳо хорич намудани он муқаррар карда, низомҳои махсус ва имтиёзноки андозбандӣ такмил дода шуданд.

Дар қисмати андози арзиши илова ҳадди даромад барои мақсадҳои бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андози арзиши илова то 500 ҳазор сомонӣ баланд карда шуда, инчунин аз андози арзиши илова ва бочҳои гумрук пурра озод намудани воридоти тачҳизот пешбинӣ гардид. Ин имтиёзро минбаъд на танҳо шахсони ҳуқуқӣ, балки соҳибкорони инфиродӣ низ метавонанд мавриди истифода қарор диҳанд.

Инчунин, барои мутобиқ намудани муқаррароти Кодекси андоз ба тачрибаи байналмилалӣ чиҳати дар амал дуруст муқаррар намудани андози арзиши илова, ҳамчун андози ғайримустақим дар назар дошта шудааст, ки маҳдудиятҳо нисбати баҳисобгирии андози арзиши илова бекор карда, давра ба давра барои ҳамаи намуди молҳо чорӣ намудани меъёри сифрии андозбандии содироти мол муқаррар карда мешавад (4, с.196)

Муқаррароти дигари фарқкунандаи таҳрири нави Кодекси андоз дар ин аст, ки дар он низомҳои алоҳидаи андоз, аз чумла, низомҳои махсус ва имтиёзноки андоз, ки тартиби андозбандии дахлдорро аниқ ва шаффоф менамояд, пешбинӣ шудаанд. Танзими фаъолияти субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва аниқ намудани тартиби андозбандии онҳо бо истифодаи боби алоҳидаи Кодекси андоз амалӣ меша-вад. Тасодуфӣ нест, ки маҳз баъди дар муқаррароти боби 49 Кодекси андози Ҷумҳурии Точикистон мушаххас намудани тартиби андозбандӣ ва имтиёзоти андоз барои субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ, кори субъектҳо дар минтақаҳои мазкур фаъолтар гашта, дар онҳо субъектҳои нав ба қайд гирифта шуда истодаанд, ки дар ояндаи наздик ба истеҳсолот шурӯъ менамоянд. Танҳо соли 2013 дар ин минтақаҳо

- 25 -

Салимова М. М. Самтхри афзалиятноки рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 41 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли 2012-ум 2,4 баробар афзоиш ёфтааст ва миқдори ҷойҳои корӣ 80 фоиз зиёд шудааст.

Низомҳои махсуси андозбандӣ дар қиёс ба низоми умумӣ гаронии андози субъекти соҳибкории хурдро аз рӯи ҳисобу китоби пешакӣ, 2,5 - 3 маротиб паст мена-мояд. Бешубҳа, чунин низоми андозбандӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ ҷолиб буда, барои буҷети давлат зоҳиран талафоти намоён аст. Бо вуҷуди ин давлат ба хотири дастгирии соҳибкории хурд чунин имкониятҳо фароҳам оварда, дар баробари ин итминон дорад, ки талафоти даромади буҷет тавассути баланд бардоштани маъри-фати ҳар як андозсупоранда, васеъ намудани заминаи андозбандӣ, таъмини иҷрои пурраи ӯҳдадориҳои андозсупорандагон дар назди буҷет бояд ҷуброн карда шавад.

Ҳамзамон, дар таҳрири нави Кодекси андоз бо мақсади халалдор нагардидани фаъолияти соҳибкорон гузариш ба усули арзёбии хавфҳо ба роҳ монда шуда, дар боби 6 Кодекси андоз аввалин маротиба низоми идораи хавфҳои андоз, ки ҳамаи хадамоти андози давлатҳои мутараққӣ истифода мебаранд, пешбинӣ гардид (4, с. 69).

Таҷрибаи дигар давлатҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки истифодаи усули арзёбии хавфҳо, аз як тараф, дахолати беасосро дар фаъолияти андозсупорандагон маҳдуд намояд, аз тарафи дигар, ба интизоми андозсупории андозсупорандагон таъсири мусбат мерасонад. Тартиби арзёбии хавф имкон медиҳад, ки санҷишҳои андоз, пеш аз ҳама, нисбат ба он соҳибкороне амалӣ карда шавад, ки сатҳи хавф дар фаъолияти онҳо баланд буда, эҳтимоли ба буҷети давлат зарари калон расонидани онҳо мавҷуд аст. Баробари ин, бо назардошти арзёбии хавф, ташкили назорати андоз, тибқи таҷрибаи байналмилалӣ барои андозсупорандагони бомасъулият шакли дастгирӣ ва ҳавасмандкунӣ ба ҳисоб рафта, гузаронидани санҷишҳои андозро дар фаъолияти онҳо маҳдуд месозад. Ин аст, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ нақшаи санҷиши андози фаъолияти андозсупорандагон бо назардошти арзёбии хавфҳо таҳия ва тасдиқ гардида, натиҷаи татбиқи он нишон дод, ки дар маҷмӯъ андозсупорандагон аз он қаноатманд буда, истифодаи тартиби мазкур барои пешгирии қонунвайронкуниҳо ва ҳимояи манфиати буҷети давлат чораи самаранок маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон, бо мақсади ҷорӣ намудани низоми баҳисобгирии хавфҳо ҳангоми банақшагирии санҷишҳои андоз фармоиши раиси Кумитаи андоз аз 23 январи соли 2012, таҳти №12 ба имзо расонида шуда, тибқи он 18 меъёри хавф муайян карда шудааст. Аз ҷумла, гаронии андоз нишондиҳандае мебошад, ки аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор то кадом андоза дуруст ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо ва дар баробари ин, ба фаъолияти онҳо то кадом андоза мусоидат намудани муқаррароти қонунгузории амалкунандаи андоз муайян карда мешавад.

Тибқи фармоиши раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.07.2014, №202 ва мутобиқи муқаррароти моддаи 89 Кодекси андоз ҳадди миёнаи гаронии андоз барои соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла алоқа - 35 фоиз, бонкҳо - 12 фоиз, нақлиёт - 10 фоиз, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо - 20 фоиз, энергетика - 22 фоиз, савдо - 7 фоиз, сохтмон - 10 фоиз ва дигар соҳаҳо - 10 фоиз пешбинӣ гардидааст (6).

Қисмати дигари таркибӣ ва муҳимми Барномаи рушди маъмурикунонии андоз ба ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ вобаста буда, бо ин мақсад Нақшаи стратегии рушди технологияи иттилоотии Кумитаи андоз барои давраи солҳои 2013 - 2016 тасдиқ карда шудааст.

Имрӯзҳо дар фаъолияти мақомоти андоз мавриди амал қарор додани барномаҳои компютерӣ ва созмон додани шабакаҳои дохилисоҳавӣ ва бисёрсоҳавӣ имкон

- 26 -

Salimova M.M. Priority Streamlines of Development in Regard to Tax Administering in Tajikistan Republic

медиҳад, ки фаврияти бақайдгирӣ ва баҳисобгирии андозсупорандагон ва андозҳо, дар сатҳи замонавӣ анҷом додани коркарди маълумот таъмин гардида, ба андозсупорандагон дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ ва бо сифати баланд хизмат расонида шавад. Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва шаҳрвандон дар доираи барномаи ташаккули ҳукумати электронӣ, мақомоти андоз барномаи махсуси компютерии «Утоқи шахсии андозсупоранда» - ро таҳия намудаанд, ки тавассути он андозсупорандагон имконияти бе рафтуо ба мақомоти андоз ба Нозироти андоз пешниҳод намудани ҳисобот, назорати маълумоти дар ҳисобварақаи худ мавҷудбуда ва тартиб додани санади муқоисавӣ бо мақомоти андози маҳалли қайди худро пайдо намуданд.

Айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 5000 андозсупорандагон ҳисоботи андозии худро бо истифода аз ин тартиб пешниҳод менамоянд (1).

Дар баробари ин, татбиқи амалии «Барномаи рутттди маъмурикунонии андоз», ки зимни он боз ҳам содатар намудани маъмурикунонии андоз, такмили минбаъдаи қонунгузории андоз, таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои нави компютерии андоз, дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон пешбинӣ шудааст, барои дар давраҳои минбаъда низ таъмин намудани қисми даромади Буҷети давлатӣ заминаҳои устувор мегузорад.

Ҳиссаи андозҳои дохилӣ, ки ҷамъоварии онҳо ба зиммаи мақомоти андоз гузошта шудааст, дар натиҷаи таъмин гардидани рушди истеҳсолот, инчунин такмил додани қонунгузорӣ ва содатар намудани маъмурикунонии андоз, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, пурзӯӯр намудани корҳои назоратӣ, таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои компютерии Низоми иттилоотии андоз, умуман дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани сиёсати андозу буҷет пайваста афзоиш ёфта, дар панҷ соли охир аз 52,9 фоизи соли 2008 то 62,3 фоизи соли 2014 расонида шуда, ҳаҷми воридот ба буҷети давлат нисбат ба соли 2010 2,0 маротиба зиёд гардидааст (2,с.5)

2010 2011 2012 2013 2014

В1 Нақшаи воридоти андозҳо • 2 Воридоти аелии авдозҳо

Расми 3. Динамикаи воридоти андоз дар солҳои 2010 - 2014

Яке аз омилҳои асосие, ки ба ворид шудани маблағҳои пешбинишуда ба будети давлат мусоидат менамояд, фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ мебошад (1).

- 27 -

Салимова М. М. Самтхри афзалиятноки рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишондиҳандаҳо оид ба рушди истеҳсолот ба он далолат менамоянд, ки аз як тараф, ҳаҷми воқеии истеҳсолоти дохилӣ бемайлон афзоиш меёбад, аз дигар тараф, иқтисоди пинҳонӣ кам мешавад.

Дар баробари дигар омилҳо ба раванди коҳиши иқтисоди пинҳонӣ содагардонии маъмурикунонии андоз, такмили қонунгузории андоз ва дар он нигоҳ доштани имтиёзоти амалкунанда ва пешбинӣ намудани имтиёзҳои нави андоз таъсири мусбат мерасонад.

Мутобиқ ба муқаррароти Кодекси андози амалкунанда:

>35% - и соҳибкорони дар қайди мақомоти андоз буда, тибқи патент фаъолият дошта, танҳо ду намуди андоз - андози даромад ва андози иҷтимоӣ пардохт менамоянд ва аз пешниҳоди ҳама гуна ҳисоботи андоз озоданд;

>31% - и хоҷагиҳои деҳқонии бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ аз фаъолияти кишоварзиашон танҳо андози ягона пардохт намуда, андози иҷтимоӣ барои як саҳмдор 10 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шудааст (дар заминҳои лалмӣ - 7 моҳ);

>32% - и андозсупорандагон дар низомҳои содакардаю имтиёзноки андозбандӣ буда, аз фаъолияти асосиашон андозҳоро танҳо тибқи низоми дахлдор пардохт менамоянд.

Бинобар ҳамин, танҳо боқимонда 2% - и андозсупорандагон дар низоми умумии андозбандӣ ҳамчун супорандаи андози арзиши илова фаъолият дошта, вобаста ба хусусияти фаъолият аз 4 то 6 намуди андозҳоро ҳисоб ва пардохт менамоянд.

Маъмурикунонии андозро метавон ҳамчун механизми ташкил ва амалишавии сиёсати андози давлат арзёбӣ намуд. Маҳз сиёсати андоз самтҳои ҳадафманди маъмурикунонии андозро муайян месозад.

Аз ин нуқтаи назар, қайд кардан зарур аст, ки хатову галатҳо дар сиёсати андоз ва носаҳеҳиҳо дар консепсияи рушди низоми андоз метавонанд дар маҷмӯъ маъмурикунонии андозро бе натиҷа ва бесамар гардонанд.

Бо назардошти ин баррасӣ гардидани масъалаҳои зеринро ба мақсад мувофиқ мешуморем:

- зарур аст, ки давлат ва бахши хусусӣ ҷиҳати таъмин намудани самаранокии низоми андозбандӣ масъулияти баробар дарк карда, ҳар ду ҷониб вазифаву ӯҳдадориҳои худро тибқи қонунгузории амалкунанда иҷро намоянд. Бинобар ин ҳангоми аз ҷониби мақомоти давлатӣ андешидани чораҳо бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, бахши соҳибкорӣ бояд ӯҳдадориҳои худро оид ба сари вақт гузаштани бақайдгирии давлатӣ, пешниҳоди эъломияҳо ва сари вақт пардохт намудани андозҳо таъмин намояд;

- бо мақсади осон намудани пардохти андоз ба таври нақдӣ ё гайринақдӣ тариқи терминалҳои пулӣ ё интернет-бонкдорӣ ё телефон-бонкдорӣ маблаги корҳои ташкилоти хизматрасон аз ҳисоби буҷети давлатӣ пӯшонида шавад, маълумот оид ба маблагҳои андозии бо тартиби мазкур пардохташуда ба мақомоти андоз бевосита дар шакли электронӣ дастрас гардонида шаванд;

- барномаҳои таълимӣ ва мавзӯъҳои дарсии донишгоҳҳо ва донишкадаҳое, ки мутахассисони соҳаи иқтисод ва бевосита мутахассисони соҳаи андозро тайёр мена-моянд, бо назардошти эҳтиёҷоти вазоратҳо ва мақомоти давлатии соҳавӣ, аз ҷумла эҳтиёҷоти мақомоти андоз таҳия ва бо он мутобиқ карда шаванд;

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

- усулҳои хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон дар дигар дав-латҳо аз ҷониби мақомоти андоз ва дигар мақомоти давлатӣ мавриди омӯзиши

- 28 -

Salimova M.M. Priority Streamlines of Development in Regard to Tax Administering in Tajikistan Republic

ҳаматарафа қарор дода, бобати истифодаи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷуи карда шавад.

Калидвожаҳо: ислоҳоти андоз, авлавиятҳои сиёсати андоз, бори андоз,

маъмурикунонии андозӣ, воридоти андоз

Пайнавишт:

1. “Боҷу хироҷ” - нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.01.2015, №4 (945).

2. Паёми андоз // Маҷаллаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (нашри махсус). -Душанбе, 2013. - №2. - С. 6-9.

3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.04.2011. -Душанбе, 2014.

4. Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон. Матни расмӣ - Душанбе, 2012. - С. 335.

5. Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.07.2014, №202. [манбаи электронӣ] www.andoz.tj (Санаи муроҷиат: 21.06.2015).

6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдици Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011 - 2015» аз 03.12.2010, №326.

7. www.andoz.tj - сомонаи расмии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. (Санаимуроҷиат: 21.06.2015).

Reference Literature:

1. «Bodgu Khirodge» (Tax Collection) - the newspaper of the Tax Committee under the Government of Tajikistan Republic from 22.01.2015, #4 (945)

2. Tax Bulletin // the Journal of the Tax Committee under the Government of Tajikistan Republic (special issue). Dushanbe, 2013. #2. -pp. 6-9.

3. The Message of Tajikistan Republic President to the Majlisi Oli of Tajikistan Republic from 20.04.2011. Dushanbe, 2014.

4. Tax Code of Tajikistan Republic. Official edition - Dushanbe, 2012. - 335 pp.

5. The Fiat of the Tax Committee Chairman under the Government of Tajikistan Republic from 14.07.2014, #202. Source: www.andoz.tj (Date of addressing: 21.06.2015)

6. The Enactment of Tajikistan Republic Government «On Validation of the Programme of Tax Administering Development for 2011-2015» from 03.12.2010, #326.

7. www.andoz.tj official site of the Tax Committee under the Government of Tajikistan Republic (date of request: 21.06.2015)

- 29 -

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.