Научная статья на тему 'THE IMPORTANCE OF PROSE IMOMUDDIN ISFAHONI FROM THE POINT OF VIEW OF ANCIENT AND MODERN SCIENTISTS'

THE IMPORTANCE OF PROSE IMOMUDDIN ISFAHONI FROM THE POINT OF VIEW OF ANCIENT AND MODERN SCIENTISTS Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
17
3
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ЛИТЕРАТУРА / УСПЕХ / СОВРЕМЕННЫЙ / ИССЛЕДОВАНИЯ / РАЗВИТИЕ / ВАЖНОЕ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Раджабова Мархабо Тухтасуновна

В данной статье автором рассмотрены значимость прозы знаменитого ученого, историка и писателя ИмодуддинаИсфахани с точки зрения древних и современных ученых. Исследуя данный вопрос автор приводит оценку различных средневековых историков и литераторов о значении прозы ИмодуддинаИсфахани и также результатов исследований современных ученых. Исследователем выявлены, что поистине проза Имодуддина Исфахани имела большой успех и играла важный роль в развитии истории и литературы двенадцатого века.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ЗНАЧИМОСТЬ ПРОЗЫ ИМОДУДДИНА ИСФАХАНИ С ТОЧКИ ЗРЕНИЯ ДРЕВНИХ И СОВРЕМЕННЫХ УЧЕНЫХ

In given article the author considers the importance of prose of the well-known scientist, the historian and writer ImoduddinaIsfahani from the point of view of ancient and modern scientists. Investigating the given question the author results an estimation of various medieval historians and writers about value of prose Imomuddin Isfahoni and also results of researches of modern scientists. By the researcher are revealed, that really prose Imomuddin Isfahoni made the big success and played important a role in development of history and the twelfth century literature.

Текст научной работы на тему «THE IMPORTANCE OF PROSE IMOMUDDIN ISFAHONI FROM THE POINT OF VIEW OF ANCIENT AND MODERN SCIENTISTS»

STRUCTURE AND CONTENTS OF THE DIVAN OF IMLO BUKHARAYI

The article is devoted to the analysis and research of the volume and genre of various poetic creation of poet of sofii direction Imlo Bukharayi. On the basis handwritten of No. 668 kept in the handwritten department of Institute of language, literature, orientalist, and written heritage of the Academy of Science of Tajikistan, the author of the article proves that the creation heritage of Imlo consists of ghazel, ruboi, and masnavi.

Key words: literature, handwritten, genre, poet, ghazel, ruboi, masnavi.

Сведения об авторе: Махмуд-заде Обиджони Бекназар, аспирант кафедры таджикской литературы Таджикского государственного педогогического университета имени С. Айни, e-mail: оbid-26@mail.ru

Information about the author: Makhmud-zade Obidjoni Beknazar, post-gradute student of the chair of Tajik literature, Tajik State Pedagogical University named after S. Aini

АРЗИШИ НАСРИ ИМОДУДДИНИ ИСФАДОНИ АЗ ДИДГОДИ ДОНИШМАНДОНИ МУТАЦАДДИМ ВА МУОСИР

Рацабова М.

Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б. Гафуров

Абу Абдуллох Имодуддин ибни Сафиуддин Абулфарач Мухаммад ибни Нафисуддин Абуррачо Домид ибни Мухаммад ибни Абдуллох ибни Алй ибни Махмуд ибни Дибатуллох ибни Алух маъруф ба Имоди Исфахонии Котиб (519/1125 - 597/1201), ки дар кутуби таъриху адаб бо алкобу унвонхои фахрии факщу донишманд, муншии суханвар, вазири аллома, рукнуддавла, имодуддавла, к;озй, имом, аллома муфтй хонда шудааст, яке аз чехрахои барчастаи чахони ислом дар карни дувоздахум ба шумор меравад.

Яке аз вижагихои шахсияти Имод дар он буд, ки у аз ду тамаддуни бостонй -форсиву арабй бахрамандии комил дошта, онро тавассути суханони баландмазмун ва маъниофаринй дар назму наср ба кор мебурд. Дар канори хифзи "^уръон"-и мачид ва аходис, хифзи девонхои шеъри араб ва хитобахо чихати тарассуми намунахои олии балогй барояш мусоидат мекард. Фузун бар ин, у захираи калони улуми исломй, маърифати таворих ва айёми халкиятхоро сохиб буд, ки чунин имтиёз дар фанни китобат чихати иртифоъ ёфтанаш миёни бузургони давр аз мулуку вузаро то ба улумову удабо барояш кумак мекард. Аз ин хотир, аглаби мутарчимону муаррихон зимни бахогузорй ба ин донишманду адиби забардаст ба махсули азими фархангии у ишора кардаанд. Дар пайгирй аз ин, уро дар шумори олимони барчастаи фикху акида ва ривояти аходис, фусахои Арабу Ачам, арбоби фазлу балогат ва маърифат карор додаанд. Афзун бар ин, Имодро дар назму наср ба касрат васф кардаанду дар забону нахв ва девонхои араб, маърифати тавориху айёми халкиятхо тарчех додаанд, то чое ки хатто бархе уро "аз махосини дунё ва мислашро чашмон надида" [8, c. 180] бахогузорй кардаанд. Бешубха, Имод сохиби осори барчастаест, ки шаходати такаддуми у дар назму наср буда, онро муосирон ва муаррихони баъдй низ таъйид сохтаанд.

Ч,ихати таъйин намудани чойгоху манзалати вокей ба ин мутафаккири барчаста к;арор додем, ки афкори бузургону таърихнигоронро дар ин маврид бозгу намоем.

Ибн ас-Соъй ал-Багдодй (593/1197 - 674/1275) дар асари худ "ал-Ч,омиъ ал-мухтасар" махорати баланди Имодро дар китобат чунин бозгу намудааст: "У сохиби карехаи баланд, назми баландмазмун ва гуфтори фаровон мебошад. У тарассули малех ва китобати балег дорад" [9, с. 61].

Бино ба ахбори ас-Субкй(727/1328 - 771/1370) яке аз мухаддисону адибони машхур Абу Абдуллох Мухаммад ибни Махмуд ибн ал-Дасан маъруф ба Ибн ан-Наччор ал-Багдодй аш-Шофеъй (578/1183 - 643/1246) дар китоби худ "ан-Нузхат (ё ад-Дуррат) ас-

самина фи ахбоp ал-Мадина" гyфтааст: "Имод аз зyмpаи олимони даp улуми фивд, акида, усул, наxвy лугат, таъpих собиткадам буда, монанди ypо чашмон надидаанд" [8, c. 180].

Мyxаддисy мyаppих ва олими забаpдасти улуми аpабии каpнxои дyвоздаxyм ва сенздаxyм Закиуддин ал-Мyнзиpй (581/1185 - 656/1258) даp тавсифи Имод чунин оваpдааст: "Имод тамоми фазилатxои волоpо даp фикxy адаб, шеъpи баландмазмун даp худ тачассум намудаву даp назму насp дасти тавоно дошт ва даp ин замина осоpи аpзишманде таълиф каpдааст" [29, c. 393].

Мyxаммад ибни Саид ибн ад-Дубайсй (558/1163 - 637/1239) даp "ал-Мyхтасаp ал-мyxточ илайx мин Таъpих ал-Дофиз Абй Абдyллоx Мyxаммад ибни Саид ибни Мyxаммад ибн ад-Дубайсй" ба осоpи устоди хеш чунин баxогyзоpй каpдааст: "У соxиби ашъоpи багоят баландмазмун, гyфтоpи фаpовон ва таpассyли балег мебошад" [7, c. 122]. Мyаppихи мавсуф даp китоби дигаpи худ "Зайл Таъpих Багдод" низ фикpи хyдpо таквият бахшида,_чунин гуфтааст: " Имод олими фозил, соxиби маъpифати баланд даp адабу фикx буд. У доpои каpеxаи асил,ашъоpи багоят баландмазмун, pасоили малеxy латиф ва китобати балег мебошад" [6, c. 51].

Баp мабнои ахбоpи Ибни Халликон (608/1211 - 681/1282) таъpихнигоpy донишманди маъpyфи аxди кадим Ибн ал-Бyзypй даp китоби "Таъpих"-и худ даp таxсини Имод ба муболига pоx додаву чунин гуфтааст: "Имод пешвои сyханваpон, офтоби шоиpон ва баpчастатаpин намояндаи донишмандону фозилон маxсyб меёбад. Нypи фазоили y дypахшидy боз хомуш гаpдид. Вай даp сyханваpй пештози замони худ ва даp балогат фасеxтаpини асpаш ба шyмоp меpафт. У даp назму насp куллан баpтаpият дошт" [5, c. 348].

Мyаppихи забаpдаст Ибн ал-Асиp (555/1160 - 630/1233) даp таъpифи Имод гуфтааст: "Имод нависандаи баpчаста ва даp гyфтоp кyдpатманд аст" [4, c. 276].

Шамсуддин аз-Заxабй (673/1275 - 748/1348) гyфтоpи забоншиносу лyгатнигоp ва мутакаллиму файласуфи баpчаста Абдуллатиф ибни Юсуф ибни Мyxаммад ибни Алй ибни Саъд Муваффакуддин ал-Багдодй аш-Шофеъй ан-Наxвй мулаккаб ба Точуддин ал-Киндй ма^уф ба Ибни Лабод (555/1161 - 629/1232)^ даp тавсифи Имод чунин сабт намудааст: "У даp китобат доимоамал, даp лугат соxиби дониши фаpох ва даp назму насp фаpиди давpонаш буд" [16, c. 1124].

Абдyppаxим ал-Аснавй (704/1304 - 772/1370) даp "Табакот аш-шофеъият" Имодpо чунин ситоиш намудааст: "Манзалату эътибоpи y даp маxофили фазоил дypахшонy мадxy санояш саxаpгоxон ва даp тиpагии шабxо тобон аст. У даp адаб пештоз буда, даp он yстyвоpона гом ниxодааст" [3, c. 185].

Точуддин ас-Субкй (727/1328 - 771/1370) даp "Табакот аш-шофеъият ал-кyбpо"донишy фазилати Имодpо даp улуми адабй чунин баён доштааст: "Имод аз зyмpаи он нафаpонест, ки xам даp назм ва xам даp насp xyнаpи воло нишон дода, исми y шyxpати баланд пайдо каpдааст" [8, c. 179].

Ибн ал-Фуватй (642/1244 - 723/1323) ба Имод чунин баxогyзоpй каpдааст: "У аз фyсаxои Аpабy Ачам ва нависандае xадафpас ва баландмаpтаба мебошад" [10, c. 160].

Даp пайгиpй аз ин, Ибн ал-Имод ал-Данбалй (1032/1623 - 1089/1679) даp мавpиди Имод чунин изxоpи андеша каpдааст: "У китобату таpассyл ва назмpо ба xам пайванд дода, аз xамасpонаш баpтаpият пайдо каpд ва макоми аввалpо соxиб гаpдид.У даp девони иншо адои хидмат намуда, бо бадеиёти назму насpи хеш кишваppо баxpаманд сохт" [15, c. 332].

Шщобуддин ал-Умаpй ад-Димашкй (700/1301 - 749/1349) даp "Масолик ал-абсоp фи мамолик ал-амсоp"Имодpо чунин тавсиф намудааст: "У факеxи баpчаста , олими фозил, адиби соxибистеъдод, нависанда, шоиp, нозим ва носиpи сyханваp, даp калом сеxpофаpин, даp сухан мyъчизаофаp мебошад" [24, c. 254].

Аxмад ибни Алй ал-Макpизй (766/1365 - 845/1441) даp "ал-Мукаффо ал-кабиp" тавсифи Имодpо чунин оваpдааст: "Даp шахсияти Имод фазоили улуми фивду адаб ва

шеъри ноб ба хам тавъам афтода буд. У дар назму наср дасти тавоно дошту дар расоилу касоид кудратманд буд" [28, c. 115].

Дарвокеъ хам чунин суханони саршори самимият инъикосгари эътирофу эхтироми ахли илму адаб нисбати Имод ва осори y мебошад. Бо таваччух ба насри Имод пажyхишгарони муосир онро ба се кисмат таксим намудаанд:

1. Насри девонй

2. Насри адабй

3. Насри таърихии мусаччаъ

Насри девонй. Имод дар таснифоти мухталифи хеш, ба вижа таълифоти таърихй аз расоили девониаш ба касрат истифода намудааст. Mисоли равшани онро дар бархе аз расоилаш, ки дар девони Азиз чихати ирсол ба Багдод нигошта буд, метавон пайдо намуд [22].

Насри адабй. Донишмандони куруни вусто ва мухаккикони муосир дар пажухишоти хеш аз мутуни баргузидаи тазкираи "Харидат ал-каср ва чаридат ал-аср" зимни шархи холи адибону шуаро истифодаи фаровон намудаанд. Имод онро бо услуби вохиди мушобех иншо намуда, дар баъзе аз онхо таъбирхои худро ба кор бурдааст.

Насри таърихии мусаччаъ. Дар осори олимони мутакаддим ва пажyхишгарони муосир хамзамон истифодаи фаровон аз баргузидаи осори таърихии Имод дар тасвири хаводиси мухталиф ба мушохида мерасад. Дар робита ба сабки нигоришй ва забони каламии Имод метавон таъйид сохт, ки он пур аз сачъ, мувозана, ташбех, талмехот ва дигар саноеи бадей, истидлолхои куръониву аходисй, амсол ва ашъори арабй аст. Mуаллиф дар мусаннафоти таърихии хеш бо услуби мусаччаъи адабй баёни андеша намудааст. Cачънависй хатто дар ановини китобхо низ ба назар мерасанд. Аз ин чо метавон гуфт, ки таснифоти y тамоми хусусиятхои насри фанниро доро аст. Дамин хасоис дар ду китоби у-"ал-Фатх ал-куссй фи-л-фатх ал-Кудсй"ва "ал-Барк аш-шомй" равшан ба мушохида мерасад. Бадехист, ки Имод дар радифи таърихнигорй ба адабиёт низ дилбастагии зиёд дорад. Аслан таърихнигорй яке аз арсахоест, ки y хунари адабиву шеърии хешро арза кардааст. Ба кавли донишманди сохибназари эронй Исмоил Дасанзода вокеият он аст, ки Имод адиби муаррих буд, на муаррихи адиб [14, c. 51].

Нуктаи мазкур дар пешгуфтори Имод бар"ал-Фатх ал-куссй фи-л-фатх ал-Кудсй"низ тасбити худро пайдо намудааст: "Дар ин китоб эхтимом варзидам, то миёни адибоне, ки аз бехтарин нукоти чолиби диккат иттилоъ медиханд ва байни хабарнигороне, ки ба киссаи хаводиси арзишманд таваччух доранд, карор гирифта бошам. Дар кадоме аз ин ду тоифа ба андозаи карехаву тафаккури хеш маънибардорй мекунад. Тавфики хабарнигор дар истимоъ фармудан ва тавфики адиб дар гуфтор аст. Пас дар вокеъ хам он алфози ба вучудомада чашмае аз чашмахои чавохир аст, ки мо онро ба зухур овардем ва аз гароиби вокеот гуфторест аз гуфторхои ачоиб, ки мо онро ворид сохтем " [22, c. 3].

Шоёни таваччух аст, ки ало рагми гуфтахои Имод бархе аз муаррихон санъатгароии Уро мучи6и дилгирй ва малоли хотири хонандагон мутазаккир шудаанд. Ин нукта дар нигоштахои Абу Шома(599/1203 - 665/1267) мисдоки худро пайдо намудааст: "Вокеан хам Имод дар ин ду китоби худ васфу мусаччаъро ба дарачаи олй расондаву мучиби тангдиливу гирифтагии хотири хонанда гардидааст. Пас он сачъхоро ба истиснои каме аз онхо хазф намудам ва дар маворидаш ба кор бурдам. Аммо аз доираи хадафи таъриф ба хаводису вокеот хорич нагаштам ва максудро аз он расоили тивол ва сачъхои дилгиркунанда барчидам, то ки гуфтори он ба хосу омм фахмо бошад" [11, c. 5].

Mиёни адибони мутакаддим Cалохуддин ас^афадй (б9б/129б - 764/1363) низ ба насри Имод бо назари интикодй бахогузорй кардаву аз зухури такаллуф дар услуби у изхори нигаронй намудааст. Ба андешаи у Имод дар насри худ истифодаи тачнису ташбехро ба дарачаи игрок расонидаву аз хадди худ гузар кардааст, мисли он ки дуову азоим мегуфта бошад. ^пас бо овардани бархе аз намунахо таъкид медорад, ки дар сурати холй будан аз тачнис онхо гушнавозу дилчасптар садо медоданд [19, c. 120].

Даp каноpи ин,Точуддин ас-Субкй низ аз коpбypди фаpовони тачнису мyшобаxа изxоpи дилгиpй намудаву чунин баён доштааст: "^исми ифтитоxии абвоби "Хаpидат"-pо мавpиди мутолиа каpоp додам, ки даp он тачнис ба касpат мyшоxида мешуд. Пас нотавонй вучуди маpо фаpо гиpифт. Валекин бо ин xама даp он тачниси матбуъ низ мавчуд мебошад" [8, c. 180].

Фузун баp ин, миёни мyаppихон даp таъйин сохтани xyнаpи нависандагии Имод ихтилофи назаp низ чой доpад. Мисоли pавшани онpо даp мисоли яке аз pасоили y метавон ба мyшоxида гиpифт. Рисолаи мазкyppо муаллиф xангоми даp сафаpи xач каpоp доштани ал-^озй ал-Фозил (529/1136 - 596/1200) соли 564/1164 баpояш иpсол каpда буд. Даp номаи мазкyp Имод бо истифода аз саноеи бадеъй сафаpи xачи Крзй ал-Фозилpо таxсин намудааст, ки он даp "аp-Равзатайн" низ ба кайд омадааст [11]. Ибни Халликон xyнаpи нависандагй ва эчодкоpии Имодpо даp ин pисола таxсин намудааст [5, c. 151]. Аммо Абу Мyxаммад Абдyллоx ал-Ёфеъй (698/1298 - 768/1366) даp "Миpъот ал-чинон" pисолаи мазкyppо аз назаpи интикодй баxогyзоpй намудаву чунин оваpдааст: "Аммо pисолаи иpсол доштаи y ба ал-^озй ал-Фозил xини бозгашташ аз сафаpи xач, ки Ибни Халликон онpо таxсин намудааст, на аз нигоxи динй ва на услуби баён аpзишманд намебошад. Даp асл муаллиф даp он мyболигакоpиpо пеша намуда, тасвиpи маpосимxои муназзами Оллоx таъолоpо ба xадди беэxтиpомй pасонидааст" [30, c. 373].

Андешаxои фавкyззикpи донишмандони аxди бостон даp андешоти баpхе аз мyxаккикони мyосиp низ ба чашм меpасад. Даp миёни мyсташpикони Fаpбй Каpл Бpоккелман (1868-1956) даp китоби "Таъpих аш-шууб ал-исломия" ба сабку услуби Имод назаpи интикодй духтаву даp мисоли "ал-Фатx ал-куссй фи-л-фатxал-KУдсй" истифодаи мyxассаноти лафзиpо боpи гаpони китоб хондааст: "Мутаассифона Имод ин китоби хyдpо бо мyxассаноти лафзй гаpонвазн каpдааст, ки баpои хонанда чониби забониpо пеш мегyзоpад, даp xоле ки баpои муаллиф аз назаpи мавзуъ доpои аxамият аст" [12, c. 216].

Афкоpи интикодии донишманди фаpxехтаи мисpй Аxмад Амин (1886 - 1954) низ даp боби сабку услуби Имод даp "Хаpидат ал-касp" идомабахшу таквиятбахши гyфтаxои фавкyззикpи Бpоккелман мебошад: "Аммо аз xайси таъpиф баp шyаpо ва таxлили осоpи эшон услуби муаллиф даp китоб маpо мyассиp насохт. Зеpо y голибан ба коpбypди сачъ иноят зоxиp каpдавy даp шакли баpои xаp як шоиp мувофик онpо аpзёбй каpдааст. У поягyзоpи мактаби сачънигоpист, ки шогиpдонаш коpи ypо пайгиpй каpдаанд. Даp сypати аз сачъу кофия озод намудан ва тааммук ваpзидан даp таxлили pyзгоpи шоиp ва аpзиши осоpи y аxамияти он бештаp мегаpдид. Баp андешаи ман, муаллиф назаp ба маъонй бештаp даp оpоишy зинати зоxиpй саъй намудааст. Ман аз пайpавони ин чаpаён нестам ва маънигаpоиpо баp зинати зоxиpй тафзил мениxам. Аз ин хотиp, pавияи Ибни Халдун ва мактаби ypо баp Имод ва мактаби y, монанди Фазлyллоx ал-Умаpй ва аш-Шиxоб ал-Хафочй ва дигаpон таpчеx медиxам" [21].

Мунаккиду олими забаpдасти мисpй Шавкй Зайф (1910-2005) зимни таxкикy бозгуи кисми шyаpои мисpии тазкиpа санъатгаpоии Имодpо даp он чунин аpзёбй каpдааст: "Шояд тачнис мyxимтаpин васоити оpоиши насpи Имод бошад, ки y даp насpи худ ба таpвичи он таваччyx зоxиp каpдааст. Нафаpоне, ки чузъи мазкyp ва ба вижа, аxволy осоpи ал-Крзй ал-Фозилpо ба мутолиа мегиpанд, метавонанд даpк намоянд, ки ба кадом андоза Имод даp сачъи худ ба коpбypди тачнис саъй намудаву онpо ба дyшвоpбаёнивy печидагй сук додааст. Хосатан xини таpдиди охиpи абёт баp садpи он ин хасоис pавшан ба зyxyp омадааст, то чое ки xатто чунон ки мегуянд, баъзе ибоpоташ ба дуову азоим табдил ёфтааст" [21].

Мyxаккики мумтози иpокй Мyxаммад Беxчат ал-Асаpй (1902-1996) акидаи хешpо чунин иpоа доштааст: "Имод даp китобати хеш чодаи дyшвоpбаёнй ва гyфтоpи ба xам печидаpо пеша сохта, тавассути он таъpихи фаpxангивy сиёсй-xаpбии асp ва pасоили девонии хешpо нигоштааст. У насpи мусаччаъ ва кофиядоp, санъатxои бадеиpо ба тавpи гyстypда ба коp бypдааст. Дамин алвони бадеияти таъpихнигоpии y сабаб

шудааст, ки зимни кироати осораш хонанда дарк карда наметавонад, ки вай таърих хонда истодааст, ё худ адабиёт. Бо такя ба ин,боризтарин хусусияти сабки уро донишмандони мутакаддим дар тасаннуъ ва истифодаи анвои бадеиёт дар осори насрй таъйин кардаанд" [20, c. б1].

Бино ба тасрехи донишманди араб Умар Myœ Пошо (тав.1925) дар китоби "Адаб ад-дувал ал-мутатобаъа" ин услуб дар асри Имод ривочи тамом дошту хонандагон онро хуш истикбол мекарданд ва нависандагон ба он таваччухи афзун доштанд. Дар робита ба ин, хар асаре, ки холй аз алвони бадеиёт, ба вижа, сачъ таълиф мегардид, аз чониби нокидони он аср мавриди эътироф карор намегирифт [25, c. 85].

Пажухишгари соири араб Нахла Абдулкарим ал-Дартонй дар китоби худ "ал-Имод ал-Исфахонй: хаётух ва осорух" зимни баррасии хасоиси фаннии насри Имод изхор менамояд, ки осори Имод инъикосгари завку саликаи асраш буда, истихдоми алвони бадеъиёт, сачъ , тачнис ва монанди он аз хамин чо сарчашма мегирад [13, c. 84].

Олиму мунаккиди мисрй Mухаммад Заглул Cалом (ваф. 2013) сабку услуби Имодро чунин баррасй сохтааст: "У бо услуби хоси ахди хеш осорашро тасниф менамуд, ки бар мабнои афзунии сачъ ва мухассаноти бадеъй бунёд гаштааст" [18, c. 190].

Mухаккики китоби "ал-Бустон ал-чомиъ" Mухаммад Алй ат-Таъонй дар мавриди мазхаби тасаннуъ ва корбурди он аз чониби Имод чунин андешаронй намудааст: '^азхаби тасаннуъ бар асоси сачъ ва мухассаноти бадеъй дар китобат, расоили девонй, мукотиботи расмй, ки мухимтарин рукнхои ин услуб махсуб мешавад, ташаккул ёфтааст. Пас Имод дар таърихнигории худ зимни баёни хаводис як, ду ва ё зиёда аз он расоилро хамчун моддахои таърихй ба кор гирифтаву худ низ бо услуби онхо нигоштааст" [23, c. 18].

Ба акидаи мухаккики эронй Ахмади Фуругбахш Имод дар таърихнависй сабки хосе дошт. Истифода аз алфозу таркибхои адабии гомиз сабаб шуда буд, то хонандагони осораш ба захмат афтанд ва матолиби таърихй гох дар зери ибороту алфози мушкил пушида бимонад [2б, c. 58].

Mусташрики маъруф Д.А.Р.Гибб (1895-1971) арзиши таърихномахои Имодро баланд арзёбй кардаву чунин мутазаккир шудааст: "Имодуддин аз Исфахон таърихнигори забардасти ахди худ ба шумор мерафт. Дануз аз овони чавонй у бо хидмати хукамои салчукии Ирок фаро гирифта шуда, баъдан ба Димишк интикол гардид. Дертар дар он чо ба хайси котиби асосии Cалохуддин рочеъ ба аъмоли Шом фаъолият намудаву дар дар тамоми юришхояш бо у хамрохй мекард. Дар радифи корномахо ва хасби холи Cалохуддин у таърихномаи сохибони аввалии хеш-Cалчукиён ва таърихи умумии ахдашро (ки кисмати аъзами он аз байн рафтааст) нигоштааст. Кулли таърихномахои мазкур бо услуби нихоят печ дар печ ва сарбаста, ки хоси китобати расмии он ахд буд, тасниф гардидаанд" [2, c. 89].

^ири ховаршиноси номвари аврупой Р.А.Николсон (1868-1945) низ Имодуддини Исфахониро дар шумори таърихнигорон ва адибони забардасти барчастаи карни дувоздахум ба кайд овардааст [31, c. 348,355].

Донишманди олмонй Йорг Кремер таърихномахои Имоди Котибро дар киёс бо таснифоти таърихнигорони Fарбй мавриди тахкик карор дода, онхоро маъхази аввалиндарача дар шинохти вокеоти хуруби салибкашон ба калам додааст [32, c. б0].

Пажухишгари машхури рус В. В. Бартолд (18б9-1930) дар мисоли "Нусрат ал-фатра" арзиши баланди таърихнигории Имодро ба хайси манобеи дастиаввали вокеоти замонаш чунин коил гардидааст: "Mухтасари "Нусрат ал-фатра" ба калами Бундорй тааллук дошта, муаллиф кушиш намудааст, ки кулли аснод, чанбахои таърихй ва хатто тарзи баён, фасохату суханпардозии Имодуддинро риоят намояд. Аз ин ру, хатто дар тахрири Бундорй низ китоб бар асари каринасозиву сачъ ва истифодаи луготи нодир хеле душворфахм гаштааст. Аммо ба хайси мадорики комилтарин ва кадимтарини таърихи Cалчукиён он арзиши баландеро доро мебошад. Mо дар он асноди зиёдеро дармеёбем, ки дар соири маохиз ба мушохида намерасад. Датто перомуни таърихи

кисми шаркии салтанати Салочика ва вилоятхои ба он хамчавори Мовароуннахр низ ахбори судманде дарч гардидааст, харчанд ки таваччухи муаллиф ба он манотике, ки худаш сукунат дошт, ба Эрони Еарбй, Ирок ва Сурия равона гардида буд" [1, с. 74].

Дар пайгирй аз ин, бархе аз пажухишгарони муосир низ ба насри Имод бо назари тангбинона бахогузориву аз он интикод кардаанд. Накди эшон сачъу тачнис ва соири анвои бадеъиро ба чуз мазмуну маъонй ва афкори у фаро мегиранд. Муаллифи "Кунуз ал-ачдод" дар накди хеш чунин овардааст: "Иншои у сачъ аст ва "ал-Фатх ал-куссй" аксар иборат аз тачнису бадеиёт мебошад. ал-^озй ал-Фозил уро ба тундаре шабохат додааст, ки зохираш хунук асту ботинаш оташи сузон ва мо мегуем, ки шухрати вай аз вокеияташ бештар аст. Бешубха у чун дар забон тавоно буд, ба он гунае, ки хостааст, дар истифодааш саъй намудааст" [27, с. 317].

Мухаккики фархехта Бехчатал-Асарй андешахои фавкуззикри Мухаммад Курд Алиро мавриди интикод карор дода, аз чумла чунин изхор доштааст: " Адабиёти кадим ва услуби онро бо адабиёти муосир ба риштаи мукоиса кашидан мутлакан сахех нест . Фузун бар ин, мисоли ягона дар тасхехи даъво санади мунсифона шуда наметавонад ва бар мабнои он наметавон хукм кард, чуноне ки мухдккики маъруф Мухаммад Курд Алй аз руи "ал-Фатх ал-^удсй" ин корро анчом додааст. Бар он ки ин хукм танхо бар шакли зохирй ё услуби насри Имод иртибот дорад, ахдофи маъониву афкори уро фарогир шуда наметавонад. Он чанбаест, ки накди вокеиро талаб менамояд. Бароямон равшан аст, ки насри Имод хеле зиёд буда, танхо девони расоилаш дар чанд мучаллад омода шудаву пайгири ахдофу макосиди мухталифи ба хаёти сиёсиву ичтимоии замонаш зич алокаманд мебошад. Пас чихати хукм ва натичагирй бо риояи адолат нисбати он осор бояд хамаи онхо мавриди киёс карор гиранд. Мурод аз гуфтахои болой дар он аст, ки бар асоси назароти осемасарона ва андешахои нафарони чудогона наметавон бар арзиши ин ва ё он асар дуруст хукм кард ва бахои вокей гузошт [20, с. 65-66].

Таваччух ба ахамият ва чойгохи осори таърихии Имод хамин нуктаро бозгу менамояд, ки сабки нигориши у ба гунае аст, ки хонанда бо хар бори хондан матолиби тозае аз он ёд мегирад. Аз ин лихоз, бо "Таърих"-и ал- Байхакй ва "Тачоруб ал-умам"-и Мискавайх, ки аз таърихномахои бузурги он ахд махсуб мешаванд, кобили мукоиса аст. Яке аз вижагихои таърихнигории Имод дар он аст, ки у саъй намудааст, то ба руйдодхо аз манзархову дидгоххои мухталиф бингарад. Он чй ахамияти осори таърихии Имодро нисбат ба манобеи мушобех дучандон мекунад, иртиботи кавии муаллиф бо дастгохи идорй ва хукуматии замони мавриди бахс мебошад. У аглаб бевосита шохиди зиндаи вокеоти мухими давраш ба шумор мерафт, ё худ аз ашхоси вокей истимоъ намудаву онхоро дуруст казоват намудааст. Аз ин хотир, маълумоти у то кунун ба унвони казовати дуруст мавриди таваччух карор гирифтааст. Тавре ки камтар китобе дар бораи хукумати Зангия ва Салохия метавон ёфт, ки тахти таъсири мустакими таърихнигории у набошад. Мисоли равшани он "ар - Равзатайн"-и Абу Шома махсуб мешавад.

Бо натичагирй аз назароти донишмандони ахди кадим ва пажухишгарони муосир дар мавриди арзиши насри Имоди Котиб хамин нуктаро бояд изофа намуд, ки он дар бехтарин вачх вижагихои адабиёти ахди мазкурро тачассум сохтааст. Истифодаи хунармандонаисанъатхои бадеъй, маънибардорй аз оёти ^уръони мачид ва аходис зимни баёни ахдофу макосиди матрахшаванда худ шаходати возехи камолоти адабии ин нависандаи забардаст ба шумор меравад. Имоди Котиб на танхо худро ба мухити адабии давраш созгор сохт, балки дар он ончунон устуворона гом ниход, ки муосирону пасояндагон ва сохибони забонро то кунун дар хайрат гузоштааст.

Адабиёт:

1. Бартольд В. В. Сочинения. Том 1. Туркестан в эпоху монгольского нашествия. Издательство Восточной литературы. - М., 1963. - 763 с.

2. Гибб А. Р. Арабская литература. Классический период / перевод с англ. А. Б. Халидова. -М.: Издательство восточной литературы, 1960. - 113 с.

3. 2-flj^Vl aac 1987 /1407 JjVl A-.U .jtul j^jjj .AjAkll y"^ jA.Aail^l cAIL .^jajJl a^ jjAll JU^ ^j^Vl

406-^jljll fj—ll

4. AxjljJl A»..Ull 4ja1*J| y&l| jIa .jisaii • *^jj j ^i jai^ii .jjAll jc cjjj^i jjJ

519-10 fj—ll d1-fl>Vl aac 2003/1424

5. 'jjl^ jlJ .^Ajc. jlut^J jj"£a1| 4iii..jlAjll »ljj| »ljj| ^i jlieVI jj aa^.i jJjll ^iaui ^iljall jjl 'jlSli jjJ

439- ^Aill jl^ll i8 ^I'lr^ii jjc .jljjl-^jjjj

6. ^Ij^l A*jLll.j1''jl Mj*ll jlj .^jj*AjljC jlnj .^^^ll AJliJa ¿Jjl" JjA . Jjti h jj '^^JJjll jjJ

598- 2 »>ll'5-»l>Vl jjc 2006/1427

7. ^iL^A Asia. .^^jjjll j Jjti h jj ^Ijjc ^jl ¿il^ll ¿Jjl" jA Aj1J j. .Jjtin jj '^uujjll jjJ .<^> 290 -2 »j^ll '2 »Ij^Vl jjc 1951 '^uaji atl - ^alj*ll ¿a^aji

8. 'ja^a j jlaJl ^l"ill A.c .^jSlI AjTiliMl *" 'ta .L .^il£l| JjC jj jj ^lAjJl JjC j^aj ^jl jJjll ^ij '^Sjulll

560- 6 »j^ll '6 »Ij^Vl JJO.1964/1383 'Aj^l M^Sll »t-H JJ.^AjUJl a^a

9. sj^jj ^jc .jj^ill jjjcj ¿jjlj"Jl jljjc ^i j."'i«j| ¿ai—.ll.jjAll ^ij y—ji jj yJlL ^jlijjLkll ^cU jjl 390- 9»j^ll.1934/1353 -^ljVl A*jLllij..Aj i^ji*a1i jia .aij^. ^¿U.« A^jl^i jacj Ajuilj^. <jji«jj 4j;^." ^^^Jj

10. Jlnjl j ^jAji ^jljj CiljLuSjl 'jlj^" '^¿l&ll Aa^-a jjS^j '^ISlVl ^i mIjVI ¿a^-a .jJjll JIaS '^¿jill jjl

591-2 »>ll '6 »I>Vl JJ^1374 '^A^^l

11. j|j A^^^all J Ajjjjjll jjiljjll jljil ^i ^Jl^jjjl .^i^Ajll ^^jsaji JjC jjjll yl^ n! 'aai^ Jjl 384- 1 '5 jjc .jlj^l .AJA1*JI

12. ujj^aij jij jjjlA j ^jli ^jai ajjj^ji ^lJ .a^^^vi ^jjl^.JjlS '^iaisjjj

911- 1973'^jjJj

13. 1992 jlA^-jlAc j|j"sjlii J ^jl^i^Vl jia*ji .^jjsii Jjc AJ^j '^j13j^ll

14. ^jl^ ^i ^^j ^nAjj^^A^ ^^jnj jjjli jiac ^jt^j ^jji^ j ^j^^ ¿jj^" .jj^ia^j 'sjij ^^^ 56-21 65 sjia^ 1386 -ljajll st^njij ^¿i^ul

15. 1986 'jJjS jjJ jIj .LjjljjVl jjlill Jjc AiS^ .^Aj jA jljil ^i yAill ^ijjn .jIa*J| jj ^ll Jjc ^^ill jjl '^Jjj^ll

600- 6 .E / 10-1

16. jlJ Jljc jlnj .^^c^l j jjai^aii ^l^j j ^^^Vl ¿jj^^ .jl^c jJ aa^i jj aa^a jjAll ^A^i^jAill

1328-12 .E <13 ^^^ ^^J^l 2003/1424 i ^a^^vi

17. jl' . Jjl^j (^jjj^j jj AjT^ll aa^aj?1a jj| jjLjU^A ^jc 4 U.. u j AaS^.3 ll .JJ^ j« JJ^ ^i JJ»ll . jjAll ^A^i^jAill

^ 410-3 ^j—ll i4 ^lj^Vl aac1985/1405jljjl jjjj ysSl

18. 1990 ^i MJ^l .aa^a 595 -1 jj^

19. »^^J jlJ ^Sj" 'LjjljjVl Ja^.I »lj"cJj .^jljijUj ^iljll Ajc jj ^Jjl jj JjJi jjAll ^^^ i^Aa^all

284-JjVl ^j—Jl 29 -*l>Vl 'Ac .2000/1425 ^ljVl A-jLSl .jljjl jjjj '^jj^ll ^ijtfl

20. aajua i'lAij .^Jj^l ^ — aajsa j .^iljall j^axjl '¿AjJ^1 j . jjAll jiac

559-JjVl ll 4-^lj^Vl jac 1955/1375 i^Slj^ll ¿a—All

21. l j L ^Sj^ ijj«l Oj^j j^a ^ij»^ ^^S .J^»l| O^J^ j J^Ql| ¿^J^ . ^'l^a^yi jj^l jiac

322-JjVl fjlll 2-^lj^Vl JAc2005/1426''ijAlSllj ajajsii jj^jll j m"s1i jij.^ijc

22. .<^> 352- 2004 ijljAll jij .^^asii ^"¿ji ^i ^Sll ^"¿ll .y"l^!l ^jl^i^Vl jjAll jiac

23. ^i^ijaij '¿jIa^. a^^ja.^ji^i Aa^a .jlAjll jai ¿jjlj" ¿JA—j ¿ai—ll y"l^ll jjAll aIac

498- 2003-jJjVliijjjill j j^jJl j aj^ai—ji

24. ^jAljjJ fl^j^l jt . ^aVI ^H«« ^i jl^aJ^l J^a jj jj Aa^I jjAll > ^ i^jA*Jl

535 - J^c ^jiui Ji^ll2002 i^il^ll ¿A—All jjl.^H^

25. 1967 iJ^AA i^jA^ll j^ill jIa .A».1""'a!| JjAll ^Al ^^ja Jac

26. 59 j 58sj1a*' 1381 jjjj^^ j aiaja "i^iji^ j ¿jjl" oia jUl j y"is aiac aa^i i^ij ^jji

27. 440- 1950 iJ^AA 4».UA aia^^i jjjS aa^a ^jc ajs

28. aac1991/1411^jjVl 4»..Uil ^jiAll jlA j" .^j^^l AA^A jjs^j .jjjsji ^iiAll .^Jc jj aa^i i^^jiAll

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

576-6 fj—Jl .6-flj-Vl

29. A^iuija -AjJ1jJ| A»..Ull .^jj»a Aljc jl^j .A-lijJl ^jljijl A!aS"J| .^jill A.c jj Aa^a jjl jjAll ^Sj i^jiJAJl

472-1 fj—Jl 4 flj^Vl aac 1984/1405iAJlujll

30. y&ll jlA .jlAjll ^Alj^. jA J."^ 1a Aij»A ^i jt^'jll '¿J^c j jlj—Jl sijA .jlAjlu jj a*ui jj ^ A.c aa^a jjl i^^l^l

382- ^lljll fj—Jl i4- flj^Vl aac 1997/1417^^1 A»Uljljjl -^jjjj i A^l

31. Reynold A. Nicholson, M.A. A Literary History of the Arabs. London T.FisherUnwin Adelphi Terrace, 1907-536 pages.

32. J. Kraemer. Der Sturz des Königreiches Jerusalem (583/1187) in der Darstellung des Imad ad-Din Al-Katib Al-Isfahani ("Падение Иерусалимского королевства в работах Имодуддина ал-Исфахани"). Wiesbaden, 1952.

ЗНАЧИМОСТЬ ПРОЗЫ ИМОДУДДИНА ИСФАХАНИ С ТОЧКИ ЗРЕНИЯ ДРЕВНИХ И

СОВРЕМЕННЫХ УЧЕНЫХ

В данной статье автором рассмотрены значимость прозы знаменитого ученого, историка и писателя ИмодуддинаИсфахани с точки зрения древних и современных ученых. Исследуя данный вопрос автор приводит оценку различных средневековых историков и литераторов о значении прозы ИмодуддинаИсфахани и также результатов исследований современных ученых. Исследователем выявлены, что поистине проза Имодуддина Исфахани имела большой успех и играла важный роль в развитии истории и литературы двенадцатого века.

Ключевые слова: литература, успех, современный, исследования, рассматривает, авторы, развитие, важное.

THE IMPORTANCE OF PROSE IMOMUDDIN ISFAHONI FROM THE POINT OF VIEW OF

ANCIENT AND MODERN SCIENTISTS

In given article the author considers the importance of prose of the well-known scientist, the historian and writer Imoduddinalsfahani from the point of view of ancient and modern scientists. Investigating the given question the author results an estimation of various medieval historians and writers about value of prose Imomuddin Isfahoni and also results of researches of modern scientists. By the researcher are revealed, that really prose Imomuddin Isfahoni made the big success and played important a role in development of history and the twelfth century literature.

Key words: literature, success, modern, researches, considers, writers, development, important.

Сведения об авторе: Раджабова Мархабо Тухтасуновна, кандидат филологических наук, докторант кафедры арабской филологии Худжандского государственного университета имени ак. Б. Гафурова, е-mail: rajabova.marhabo@mail.ru

Information about the author: Rajabova Marhabo Tukhtasunovna, PhD of philological sciences, doctoral student in chair of Arabian philology Khujand State University named after academician B. Ghafurov

БАРОБАРИИ ИЧ,ТИМОИ АЗ НУЦТАИ НАЗАРИ АБДУРРАДМОНИ ^ОМИ

Салимое А. И.

Донишкадаи давлатии забонуои Тоцикистон ба номи С. Улугзода

Абдуррахмони Ч,омй аз зумраи мутафаккирони инсоншиносу чомеашиносоне махсуб меёбад, ки чехраи онхо дар таърихи бани башар ангуштшумор аст. Тасвири чомеаи идеалиро пеш аз у Афлотуну Арасту дар марзи Юнонзамин мухокимаронй менамуданд, ки орзуяшон шохони фалсафидон буд. Зимнан «аз чихати сотсилогию психологй утопияро метавон василае донист, ки тавассути он ашхоси мутафаккир як олами маънавй офарида, худро аз дунёи хастй дур меандозанд ва дар сарои фарохи он озодона нафас мегиранд, зеро дунёи хдстй, ки аз азал дунхимату сифлапарвар будааст, усулан ахли хиссу холро намеписандад» [4, c. 117].

Андешахои баробарии ичтимоиро мо кушиш менамоем аз достони машхури мутафаккир Мавлоно Ч,омй «Хирадномаи Искандарй» дида бароем. Адолат барои Ч,омй дар асосй идеалхои ахлокй ва принсипхои маънавие бунёд мешавад. Вокеан, муносибатхои кулли чомеа зимни бархурди андешаи озодихохй суръат мегиранд. Як хакикати зиндагиро Ч,омй собит месозад, яъне изхор дорад, ки бо суханпардозихои фалсафй шароитхои моддиро таъмин намудан берун аз имкон аст. Файласуфон аз азал тархи чомеаро сохтан мехоханд, ки одамон фарханги бо хам зистанро омухта, дар ин сарои дурушт ризо аз кисмату рузгор бошанд. Одамон дар хусуси такдиру толеъ, пешомади хаёти минбадаашон мудом андеша меронанд. Дар калби хар як инсон орзуву

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.