ТА^ЛИЛИ БАЪЗЕ ХУСУСИЯТ^ОИ АНЪАНАИ ГУЛБАЗМ
Аминов А.
Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айнй
Чдшни аpyсй яке аз сyннатxои кадимаи ниёгонамон мебошад, ки аз маpосим, ypфy одатxо, боваpy эътикодот ва лаxзаxои шодию фаpоFатй таpкиб ёфта, то кунун миёни маpдyми точик ба тавpи васеъ тачлил мегаpдад. Хддаф аз созмон додани ин чашн, ки бо хонаоpоию саxнасозиxо ва бо иштиpоки фаъолонаи соxибчашнон ва дустону хешовандони дypy наздики онxо даp давоми чанд pyз баpпо мегаpдад, аз пайванди саpнавишти ду чавони болиF - писаpy дyхтаp ва ба pоxи дypy даpози зиндагонии якчояи заношуй pаxнамyн сохтани ощо ибоpат мебошад. Аз ин py, якинан метавон гуфт, ки чашни аpyсии маpдyми мо чашни такдиpсоз, чашни бyнёдгyзоpии оилаи нав, чомаи амал пушидани оpзyвy оpмонxои деpинаи созмондиxандагон, даp боpаи соxиб шудан ба чунин pyзxои пypнишотy фаpаxбахш маxсyб мешавад. Беxyда нест, ки чашни мазкyp таи солxои зиёд таваччУxи донишмандон ва фаpxангиёни дохиливу хоpичиpо ба худ чалб каpда меояд. Даp боpаи ин чашне, ки даp давоми солxои зиёд аз насл ба насл интикол ёфта, мавчудият ва xyвияти миллии точиконpо xифз каpда омадааст, олимони pyсy точик, аз кабили А. О. Сyхаpева, К. А. Кисляков, М. С. Андpеев, Е. Epшов, В. Каpмишева, Р. Амонов, Н. Маъсумй, Р. ^одиpов, Ф. Зеxниева, А. Mаpдонова, С. Бобоев, М. Ш^ифова, Р. Ч,умъаев ва дигаpон тадкикотxои судманде анчом додаанд. Диммату ибтикоpи xамин пажyxишгаpон аст, ки аксаpи масъалаxои маpбyт ба чашни аpyсй аз нигоxи илми маpдyмшиносивy фолклоpшиносй таxкик ва баppасй шудаанд.
Вобаста ба пешpафт ва таpакиёти илму техника, технологияи иттилоотй pyз то pyз падидаxои зиёде xаёти Mоpо фаpогиp мешаванд. Ба назаp чунин менамояд, ки солxои охиp дигаpгyниxо даp xаёти чомеа чунон шиддатнок сypат мегиpанд, ки чои ашёеpо иваз намудани ашёи дигаp, чои мафxyмеpо гиpифтани мафxyми дигаp, ё худ чои маpосимеpо забт намудани маpосими дигаp, гуё анъана гаpдида бошанд. Чунин дигаpгyниxои босypъатpо даp маpосимxои чашни аpyсй низ хеле баpаъло мyшоxида каpдан мумкин аст. Масалан:
1. Агаp солxои пеш баpои бypдани аpyс асп ё баъдтаp аспу аppоба омода мекаpданд, имpyзxо автомашинаи навтаpини хоpичй бо оpоиши замонавй (гулу сабад, навоpxои pанга ва ангyштаpинxои pамзию зочаxои зебо) даp хизмати домоду аpyс каpоp мегиpад.
2. X,yнаpмандоне, ки даp туй баpои сypyдхонй даъват мешуданд, касбй набуда зодаи xамон маxал ё деxа буданд, ки тавассути доиpа, тоp, pyбоб ва дигаp созxои халкй сypyдхонй мекаpданд, имpyз бошад маpдyм кушиш менамоянд, ки саpояндаxои машxypи касбиpо ба чашни аpyсй даъват намоянд ва xyнаpмандон низ ба чои чанд сози мусикии халкй xоло танxо як асбоби замонавй (синтезатоp)-pо истифода менамоянд
3. Даp чашни аpyсии солxои пеш домоду аpyс даp xyзypи халк муддати тулонй ба саpи тахт баpомада наменишастанд (махсусан аpyс), аммо xоло аз аввал то охиpи базм xамчyн каxpамони асосй xyзypи онxо даp саxна xатмй шудааст.
4. Пештаp маpосими саpтаpошон даp шакли саxнаи чолиб ва бо иштиpоки муйсафедони зиёде, ки шахсони намоёни маxалй буданд, ичpо мегаpдид. Аммо имpyз сypyди саpтаpошонpо даp дохили маxфили шабнишинй танxо як нафаp, яъне xамон саpояндаи касбие, ки баpои гyзаpонидани туй даъват гаpдидааст ичpо менамояд...
Ба мисли тафовyтxои даp боло номбаpшyда бисёp дигаpгyниxоpо даp мавpиди чашни аpyсй оваpдан мумкин аст, ки пажyxишxои махсуси xам фолклоpй ва xам этногpафиpо талаб менамоянд. Мо низ кушиш менамоем, ки ин масъалаxои мyxимpо даp пажyxишxои минбаъдаи хеш ба кадpи имкон xаллy фасл намоем. Аммо чун мавзуи асосии баxси маколаи мо баъзе хyсyсиятxои маxфили «Гулбазм» аст, ин чо кушиш менамоем, ба кадpи имкон даp боpаи ин анъанаи чолиб, ки он xам яке аз падидаxои солxои охиp даp маpосими чашни аpyсй ба xисоб меpавад, чанд сухан бигуем.
Оид ба пайдоиши маxфили гулбазм маълумоти аникеpо пайдо накаpдаем. Вале аз pyи мyшоxидаxои шахсй ва ишоpаxои чузъии донишмандон метавон гуфт, ки он даp дохили чашни аpyсии точикон шояд аз солxои 80-уми асpи гузашта ин чониб иpтибот пайдо каpда бошад. Доиp ба маxфили гулбазм то имpyз даp фолклоpшиносии точик тадкикоти махсусе низ сypат нагиpифтааст. Даp хусуси таpзи баpгyзоpии анъанаи гулбазм ва баъзе хyсyсиятxои фаpxангии он даp конфpонси бахшида ба 10-солагии
Вахдати миллй (соли 2007) аз чониби банда маъpyзае иpоа шyда 6уд, ки баъдтаp гyзоpишхои конфpонси мазкyp даp шакли мачмуа низ чоп гаpдидааст [1, с. 55]. Баъдтаp олими чавон Ч,умъаев Рустам низ даp pисолаи илмии хеш «Этнопоэтикаи чашни аpyсии точикони водии ^^p» даp боpаи гулбазм чанд чумлае гуфтааст.
Ч,умъаев Р. даp тадкикоти худ лахзаеpо аз чаpаёни маъpакаи гулбазм даp чашни аpyсие, ки 27-уми августи соли 1994 даp дехаи Дакимии нохияи Шахpинав баpпо гаpдидааст, мисол оваpда, аз нуктаи назаpи хеш ба шаш бахши илмй чудо менамояд ва сипас андешахои хyдpо доиp ба хаp як бахш мyхтасаp баён намудааст. Даp хусуси кай ва даp кучо пайпо шудани гулбазм y низ маълумоти аник пайдо накаpда, тахминан онpо ба замонхои пештаp нисбат дода чунин гуфтааст: «Шояд ин шакли нави бозии «байтбаpак» ва «мyошиpа»-и точикй бошад» [9, с. 68-73]. Вале чун ба шакл ва чаpёни баpгyзоpии гулбазм назаp меафканем, тафовутхои зеpинpо миёни мусобикаи «байтбаpак» ва «гулбазм» пайдо менамоем:
1. Гулбазм махфилест, ки баpгyзоpии он аслан даp дохили чашни аpyсй сypат мегиpад.
2. Гулбазм низ даp шакли мусобика гyзаpонида мешавад, вале ин мусобика байни чавонписаpон ва чавондyхтаpон аст ва иштиpокчиёни аслии он ашхоси аз 16 то 25 сола мебошанд.
3. Даp байтбаpак бештаp аз ашъоpи шоиpони адабиёти китобй истифода мешавад, даp гулбазм бошад, баpъакс аксаpан таpонахои фолклоpй хонда мешавад.
4. Даp гулбазм гyлеpо хамчун pамз баpои интихоби иштиpокчй, истифода мебаpанд. Яъне ба касе, ки гул дода мешавад, y мачбyp аст, ки ба майдон баpомада, таpонае даp васфи гул ё ишк бихонад.
5 Бо хаpфи охиpи мисpаи тамомкаpдаи нафаpи каблй шеъp гуфтан даp гулбазм ахамият надоpад, ин чо мухимаш мазмунан чавоби конеъкунанда гуфтан аст.
Андешахои Ч,yмъаевpо даp хусуси он, ки гулбазм шояд таъpихи кадима дошта бошад, мо низ дастгиpй менамоем, зеpо чустучухо ва ковишхо нишон медиханд, ки даp замонхои пеш низ, даp махфилхои чашни аpyсй баъзан мусобикахои шеъpхонй ё мусобикаи pакс баpпо мешуданд. Вале он мусобикахо омавй набуда, танхо байни занон сypат мегиpифт. Баpои тасдики ин суханхо, py меоpем ба чанде аз гуфтахои фолклоpшинос Муслима Шаpифова.
У даp боби дуюми pисолаи номзадиаш даp боpаи махфили «Дyхтаpхона», ки як pyз пеш аз туйи калон даp нохияи Мастчох, даp хонаи аpyс сypат мегиpад ва даp он чанд нафаp занону дyхтаpон аз чониби домод низ таклиф мешаванд, пyppа маълумот дода, аз чумла чунин оваpдааст:
«...Даp баъзе дехахо ин базм шабона мегyзаpад. Масалан, даp дехахои Оббypдон, Рунч, Дашт, Имбеф дyхтаpхона даp шаб мешавад. Дамаи занону дyхтаpон шабона чамъ омада, то субх нишоту хypсандй менамоянд. Даp ин базм занону дyхтаpони таpафи домод низ иштиpок мекунанд. Ва бо худ «халтаи домод»-pо меоpанд. Домод баpои аpyсy дугонахояш даp халта маFзy мавиз, кандхои гуногун ва атpy собун мефиpистад. «Халтаи домод»-pо яке аз дугонахои наздики аpyс кушода, ба хама занону дyхтаpон тухфа медихад. Даp ин шаб байни таpафи домод ва дугонахою хешони аpyс мусобика мешавад, ки кадом таpаф даp pаксиданy байтхонй дастболо аст. Базмpо бо чунин мисpахо яке аз «дугонахои аpyс» 0F0з мекунад: Косаи чинй майолуд, Хешони шах хоболуд.
Дyхтаp ё зане, ки ин байтpо мегуяд, худаш pаксида ё сypyде мехонад ва базмpо метасфонад. Аз чониби домод низ зан ё дyхтаpе навбат гиpифта, ба хешони аpyс мypочиат каpда:
Косаи чинй майолуд, Хешони аpyс хоболуд.
Ва худ низ таpона ё байте мехонад. Дамин тавp хаp як зану дyхтаp хам аз чониби аpyс ва хам аз чониби домод бо навбат pакс каpда сypyд мехонанд» [10, с. 29-30].
Аз иктибоси мазкyp баpмеояд, ки ин махфили чолиб ба гулбазм хеле шабохат доpад. Мутаасифона Шаpифова М. даp pисолаи хеш даp хусуси кадом солхо баpпо гаpдидани ин махфил маълумот надодааст. У хатто аз он таpонахое, ки занону дyхтаpон мехондаанд, намунае наоваpдааст. Аз сабабе ки иштиpокчиёни асосии ин шабнишинй, y занону дyхтаpонpо ишоpа каpдааст, мо тахмин намудем, ки он шояд намунаи давpаи пеш аз истиклолият бошад.
Ф. Зехниева низ даp боpаи шабнишинии дyхтаpхо, ки онpо вобаста ба махал хаp хел ном мебаpанд, даp pисолааш кайд намудааст, ки: «Даp шаби «дугонаталбон», дугонахои аpyс байни худ pаксy сypyдхонй баpин мусобикахо намуда, хypсандй мекаpданд» [6, с. 33].
Таи солхои охиp банда ба чамъоваpй ва тадкики анъанаи гулбазм машFyл шуда, маводи фаpовонеpо аз шахpy навохии гуногуни чyмхypй гиpдоваpй намудаам. Дангоми сухбат доиp ба чашни аpyсй кухансолони ин ва ё он махал ба мо шаpх доданд, ки пештаp даp шабнишинихои дyхтаpон мусобикахои шеъpхонию pаксидан баpгyзоp мегаpдид, ки даp он танхо занону дyхтаpон иштиpок мекаpданд. Накли гуяндагон низ далели гуфтахои болоянд.
Чи тавpе ки мушохида мегаpдад, махз хамин лахзаи чашни аpyсии солхои пешин ба гулбазми кунунй хеле монандй доpад. Мо хангоми пажухишхои майдонии хеш сабтхои видеой ва аудиоии зиёди гyлбазмpо аз чаpаёни чашни аpyсй сабт намудаем ва онхоpо баpои санчиш ва тахкик ба rap мебаpем. Ин чо чихати вокиф шудан аз чаpаёни баpгyзоpии гулбазм ва тахлили баъзе аз хусусиятхои он, шакли пyppаи гyлбазмpо, ки даp таъpихи 10-уми февpали соли 2008 аз совхози Иличи нохияи Абдypахмони Ч,омй, даp туйи аpyсии Mахмадсафаp ва Салтанат сабт намудаем, мешкаш менамоем:
Баъди гузаштани ду силсилаи сypyдхонй, pови баландгуя^о гиpифта эълон мекунад: «Инак мувофики хохиши pафикони хазpати шах гyлбазмpо 0F03 мекунем. Факат хохиш мекунам, ки даp вакти баpомад суханхои кабех нагуед». Ва худаш бо pyбоии зеpин гyлpо ба даст гиpифта гyлбазмpо 0F03 мекунад: Гулбазм мухаббатгахи ёpон бошад, Аз ёp ба ёp шеъpбоpон бошад. Донандаи абёту сухан бypд кунад, MаFлyб шавад, хаp он ки нодон бошад.
Myтpибон мусикии шухе менавозанд. Ровй pакскyнон ба назди тахти домоду аpyс меояд, онхо аз чой хеста ба y таъзим менамоянд. Ровй гyлpо ба шохидаи аpyс медихад ва хаp ду pакскyнон ба назди баландгуяк меоянд. Мусикй хомуш мешавад ва дугонаи аpyс каме таваккуф намуда, ин байтpо мехонад: Гул шумо булбул шумо, Хохаp Ману ака шумо.
У низ даp зеpи навои мусикии шух pакскyнон ба назди домоду аpyс меpавад ва мехохад, ки гyлpо ба ягон дугонаи дигаpаш дихад, вале pовй даp якчояй бо мусикй бо байте ба y чунин таъкид менамояд:
Гула ба дyхтаp мадех, ки дyхтаp худ гул аст, Гула ба писаp дех, ки y ошики гул аст.
Шохидаи аpyс инpо шунида ноилоч гyлpо ба шохиди домод медихад. Шохиди домод хам pакскyнон ба назди баландгуяк омада, байти зеpинpо мехонад: Гул даp болои меpседес, Дугонаи аpyсда гап нест.
Боз садои мусикй мешавад ва хозиpин хуштаккашон чапак мезананд. (Одатан даp гулбазм вакти баpомадан ва pафтани хаp як иштиpокчй мусикй ва pакс такpоp шудан мегиpад. Аз ин py мо даp давомаш факат матнхои хондаи онхоpо меоpем). Чдвон гyлpо ба дyхтаpи дигаp медихад. Дyхтаp:
Гул гуфт, ки ман максади динй доpам, Дамpохи Расул хамнишинй доpам. Буям зи Мухаммад асту pангам зи Алй, Ишки Дасану мехpи Дусайнй доpам.
У гyлpо бypда ба писаpи дигаp медихад. Писаp: Гулут гули беpеша, Дич накадй андеша. Ба и гули додагит, Янгат маpа мекуша.
Дyхтаp:
Гулбазми мо бозияй, Бозии хакикияй. Касе ба касе гул дод, Наген, ки ошикияй.
Писаp:
Гули баxоpиям xаст, Зи ёpон ёpиям xаст. Баpои гиpифтани гулат, Ду дасти коpиям xаст.
Дyхтаp:
Гул даp тоpи шифанеp, ^адбаландо мегиpан. Дyхтаpои савхози Илича, Камеpсанто мегиpан.
Писаp:
Гул шумо булбул шумо, Ин гул муносиби шумо.
Дyхтаp:
Гулут гули чакагй, Бача накун катагй.
Писаp:
Гул додй ба ман гули гулон додй ба ман, Аз даpдаки ишк оxy фиFOн додй ба ман, Сад оxy фиFOни y баp худ бигиpам, Охиp чй кунам, ки бевафост ёpаки ман.
Дyхтаp:
Агаp хоxам Fами дил бо ту гуям, чо намеёбам, Агаp чое шавад пайдо, тypо тащо намеёбам. Агаp чое шавад пайдо, тypо танxо кунам пайдо, Зи шодй дасту по гум мекунам, хyдpо намеёбам.
Дyхтаpак баъди каме pаксидан, даp мобайни саxна лаxзае истода ба xаp таpаф менигаpад, маълум аст, ки чавонеpо, ки ба y гул доданй аст, чустучу менамояд. Сипас y гyлpо бypда ба чавоне медиxад. Чдвон: Гулут гули биxиштай, Mаxмадалй навиштай: «Кадуме гулма бигиpа, Сесад сол даp биxиштай».
Дyхтаp:
Гул да минай дастаpхyн, Бача нашав саpгаpдyн. Агаp ту мусулмон бошй, Панч вакт нумозта бухун.
Писаp:
Гул даp болои бом, Гулбазм ба xамин тамом.
Ровй: «Ташаккyp ба он нафаpоне, ки даp гулбазм иштиpок намуда, туйи ин ду чавонpо ободу зеботаp намуданд».
Дамин таpик, маxфили гyлбазмеpо, ки xамчyн намуна оваpдем, 22-23 дакика идома ёфта, даp он 16 матни чолиби таpонаxои гулбазмй истифода шудааст. Акнун ба ин намуна такя намуда ба чанде аз масъалаxои мyxими маxфили гулбазм аз нигоxи илмй назаp меафканем:
а) Сабабxои маxз даp дохили чашни аpyсй гyзаpонида шудани маxфили гулбазм:
- Чуноне ки даp OFOЗи макола зикp намудем, туйи аpyсй имpyзxо бо иштиpоки xyнаpмандони машxyp ва xyзypи домоду аpyс даp саxна баpпо мегаpдад. Албатта баpои тамошои ощо кулли аxли маxалла, алалхусус чавонон чамъ меоянд, ки шаpоити мyсоидеpо баpои баpгyзоpии чунин як саxнаи шавковаp фаpоxам меоpад. Ва сабаби баъд аз гузаштани ду ё се силсилаи сypyдхонй OFOЗ намудани гулбазм низ маxз даp xаp чи бештаp чамъ омадани мухлисон аст.
- Маъмулан гулбазм даp деxаxо гyзаpонида мешавад. Табиист, ки маpдyм аз коpy заxматxои зиёди деxа хаста мегаpданд ва ташкилу баpгyзоpии чунин маxфилxои чолиб боиси вактхушии онxо мегаpдад.
- Баъзе аз дилбохтагон бо якдигаp ошкоpо изxоpи мyxаббат каpда наметавонанд, шояд тавонанд xам чой ва ё мавкеъи муайяне пайдо каpда наметавонанд. Даp чашни
арусй бошад тавассути гулбазм байту таронахонй намуда, аз дарди дили хеш якдигарро огох месозанд. Чуноне ки дар яке аз таронахои намунаи боло низ омадааст: Агар хохам гами дил бо ту гуям, чо намеёбам...
б) Махфили гулбазм ба хаёти чавонон таъсирхои гуногун расонида метавонад. Чунончи:
-Чдвононро бори дигар ба шеърдонию шеърхонй ва хатто ба эчод кардани шеър низ водор месозад.
-Инчунин мушохидахо нишон медиханд, ки баъзе аз чавонон бо истифода аз махорати хозирчавобии хеш дар байни дигарон намунаи ибрат мегарданд, ё ба акидаи Ч,умъаев «минбаъд дар зиндагй гули сари сабадхо мегарданд» [9, с. 73].
-Дангоми пажухиш муайян намудем, ки чавонони зиёде чуфти муносиби худро аз дохили гулбазм интихоб намуда, оилаи нав бунёд намудаанд.
Дамин тарик гулбазм махфили чолибест, ки дорои ахамияту арзиши ичтимоиву фархангй буда, дар катори дигар чашну маросимхо бояд хамчун мавзуи алохида мавриди тахлилу баррасй карор гирад. Зеро, чуноне ки дар намунаи боло оварда шуд, аз як чониб дорои огоз ва анчоми махсус бошад, аз чониби дигар фарогири матнхои тозаи фолклорй мебошад.
Дар тули дах соли охир мо зиёда аз 1200 матни таронахои гулбазмиро бо вариантхои гуногунашон гирдоварй намудаем, ки тадкики хар яки онхо айни муддаост.
Гулбазм хамчун анъана макбули кисми зиёди чавонон гардидааст, ки то кунун дар бархе аз шахру навохии мамлакат дар шакли васеъ идома меёбад. Агар мо ба хар як матн, хатто ба хар як лахзаи хурди махфили гулбазм ахамияти чиддй бидихем, хусусиятхои зиёдеро пайдо менамоем, ки хар кадом пажухишхои махсусро талаб менамоянд ва мо наметавонем тавассути як ё ду макола хамаи масъалахои онро тархрезй намоем.
Дар охир хаминро гуфтан чоиз аст, ки анъанахои фолклорй то кунун миёни мардум вучуд дорад ва мардум то имруз аз эчоди ин ва ё он жанро фолклорй даст накашидаанд. Халк сарфи назар ба тамоми мушкилй ва дигаргунихои рузгор, суннатои миллии худро ба замона мутобик намуда, онхоро идома медихад ва ба андешаи мо яке аз сабабхои то хол вучуд доштани бархе аз урфу одат ва фархангу маънавиёти мо махз дар хамин аст.
Адабиёт:
1. Аминов А. Гулбазм хамчун падидаи ичтимой-фархангии солхои 90-уми асри гузашта // Мачмуаи гузоришхои конференсияи илмии «Вахдати миллй ва инъикоси он дар фолклори точик». Душанбе: Деваштич, 2007.
2. Аюбзода С. Гулбазм. Душанбе: Ирфон, 2003.
3. Брагинский И.С. Из истории таджикской народной поэзии. Элементы народнопоэтического творчества в памятниках древней и средневековой письменности. М.: Изд-во АН СССР, 1956.
4. Гулбазм / тартибдиханда ва муаллифони пешгуфтор Т. Салохов ва О. Сафаров. Душанбе, 2007.
5. Зехниева Ф. Маросимхои туи арусии точикон. Душанбе, 1991.
6. Зехниева Ф. Сурудхои маросими туи точикон. Душанбе: Дониш, 1978.
7. Кисляков Н.А. Семья и брак у таджиков, по материалам конца Х1Х-начала XX века. М.: Изд-во АН СССР, 1959.
8. Ч,умъаев Р. Ч,ашни арусии точикони водии Дисор. Душанбе: Амри илм, 2001.
9. Ч,умъаев Р. Этнопоэтикаи чашни арусии точикони водии Дисор. Душанбе, 2008.
10. Шарифова М. Маросимхои туи арусии мардуми нохияи Мастчох. Душанбе, 2005.
АНАЛИЗ НЕКОТОРЫХ ОСОБЕННОСТЕЙ ТРАДИЦИЙ «ГУЛБАЗМ»
В статье рассматривается одна из составных частей таджикской свадебной церемонии под названием «гулбазм» («цветок свадебного застолья»). «Гулбазм» появился в 80-е годы прошлого столетия и носит характер соревнования между юношами и девушками, которые являются участникам свадебной церемонии. Это мероприятие носит культурно-социальный характер, в нем исполняется множество коротких народных стихотворных произведений, а также образцы таджикской письменной поэзии.
Ключевые слова: традиция, цветок свадебного застолья, обряд, церемония, свадьба, четверостишье, бейт, песня.
THE ANALYSIS OF SOME OF THE PECULIARITIES OF «GOLBAZM» TRADITION
In this author analyzed one of the cultural parts of the Tajik weddings named gulbazm ("flowers celebration"). Gulbazm as a celebration has appeared in 1980's and has competitive character which is performed between young men and girls. Performers of this celebration perform many short folk songs and poems from Tajik written literature.
Keywords: tradition, flower competition, ritual, wedding, party, quatrain, verse, distich, folksong.
Сведения об авторе: Аминов Абдуфаттох,, ассистент кафедры таджикской литературы Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, e-mail: [email protected]
About author: Aminov Abdufattoh, researcher of the chair of Tajik literature, Tajik State Pedagogical University named after S. Aini
ТАКОМУЛИ НАСРИ АНДЕША ДАР АДАБИЁТИ ТОНИКИ НИМАИ
ДУВУМИ АСРИ XX
Асоева П.
Донишгоуи миллии Тоцикистон
Тавассути киссаи Кухзод «Кини Хумор» ва ё «Андешахо дар танхой» ба истилохи мухаккикони насри муосир дар адабиёти солхои 60-70 точикй насри андеша зухур намуд, ки мухимтарин хасоиси он аз тарики андешаронй ё баррасихои зехнии ходисаю вокеахо офарида шудани фазои бадеии асар мебошад. Ч,устучухои нависанда дар ин заминало асосан дар атрофи мавзую масъалахои муайяне мечарханд, ки адиб онхоро ба хайси консепсияи ягонаи эчодию бадей пазируфтааст. Устод М.Шакурй бо такя ба андешаи Е. Винокуров таъкид менамояд, ки аксари эчодкорон аз огоз то анчоми эчодиёти худ як фикри асосй ва мухимро пайгирй менамоянд: «Нависандаи хакикй ба мардум хатман фикри мухимро мегуяд. Мумкин аст, ки ин фикри вай дар як ё ду-се асараш ноаён ифода шуда бошад, лекин хама такопухои вай дар атрофи хамон фикри асосй чараён меёбад. У мехохад, ки онро барои хамачониба равшан карда пахлухои нав ба нав, тобишхои тоза ба тозаи онро ошкор созад ва мардумонро - хонандагони худро низ ба ин раванди мураккабу пурмашаккати чустучухои маънавии худ шарик намояд. Бино бар ин, аз чунин асархо олами фикру эхсосоти хонанда ганитар, чашми вай бинотар, акли у расотар мешавад» [1, с. 29-30].
М. Шакурй ин падидаи хунарию бадеии насри муосири точикиро муфассал баррасй намуда, таъкид менамояд, ки мавзую масъалаи асосии эчодиёти баъзе нависандагон хеле барвакт муайян шудааст. Яке аз чунин насрнависони мо Урун Кухзод мебошад. Аз аввал тамоман равшан аст, ки у фикру андешахои мухиме дорад ва хамаи онхо дар гирди як масъалаи муайян чарх мезанад. Хусусан, хангоме ки мачмуаи у «Кини Хумор» (1978) чоп шуд, он ходисахое, ки диккати уро ба худ бештар кашида истодаанд, он андешаву мулохизахое, ки уро хамеша побанди худ медоранд, равшантар намоён гардид [5, с. 30].
Бояд гуфт, ки киссаи «Кини Хумор» пас аз киссахои «Рохи агба», «Писанддара» ба таълиф расида, аз чихати тахкики бадеии ходисаю вокеахо ва тасвири шахсиятхои достонй як андоза идома ва такмили масири эчодии нависанда мебошад. Ин асар аз нигохи шакл ба кавли А.Абдуллоев шакли нисбатан нав дорад. Бо вучуди ин, дар киссаи мазкур сухан дар бораи хаёт, шароит, тарзи кору рафтори муаллимони яке аз мактабхои дехаи Сарои Камар меравад. Ин чо хонанда зимни мутолиаи вокеахои марбути хаёти муаллимони мактаби номбурда бо характерхои ба хам зид, бо одамони дорои хислату ахлоки мухталиф вомехурад, ки хамаи онхо машгули таълиму тарбияи насли наврасанд. Дар назари аввал чунин менамояд, ки хамаи ин ашхос бо чиддият ба кори таълиму тарбият машгуланд, вале баъзеи онхо чунон як рафтору кирдорхое доранд, ки касро дар хайрат мегузоранд. Кдхрамони марказии кисса Исфандиёр дар вазъиятие карор дорад, ки сару хисоби кори дунёро намеёбад. У хайрони рафтору кирдорхои муаллимон аст: «Масалан, Усмонов менолид, ки Талбаков масъулият хис