Научная статья на тему 'ТАВСИФИ ҶУҒРОФИЁӢ ТАЪРИХИИ СИСТОН ДАР САРЧАШМАҲОИ ТАЪРИХӢ'

ТАВСИФИ ҶУҒРОФИЁӢ ТАЪРИХИИ СИСТОН ДАР САРЧАШМАҲОИ ТАЪРИХӢ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
46
5
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
область / провинция / Систан / Хорасан / Хильменд / река / устье / долина / Керман / Саффариды / халифат / границы. / region / province / Sistan / Khorasan / Helmand / river / mouth / valley / Kerman / Saffarids / caliphate / borders.

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Сафарзода Некруз Шоди

Систон ҳамчун сарзамини таърихӣ ҳудуди густардаеро дар ҷанубу шарқи Хуросони Бузург фаро гирифта, дар шарқ бо Синд, дар шимол бо Тахористон, дар ҷануб бо Балуҷистон ва баҳри Умон ва дар ғарб бо Кирмон ҳаммарз буд. Ин вилояти таърихӣ дар таърихи миллати тоҷик ва дигар қавмҳои ориёитабор ҷойгоҳи бисёр муҳим дорад, зеро зодгоҳи паҳлавони «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ — Рустами Дастон ба ҳисоб меравад. Ин сарзамин ҳамчунин макони сукунати қабилаҳои сакоӣ дониста мешавад, ки яке аз қабоили бузурги ориёӣ буданд. Систон сарзамине буд, ки дар асри IX забони тоҷикӣ (форсӣ) аз ҷониби Саффориён мавриди пуштибонӣ дар сатҳи давлатӣ қарор гирифт ва минбаъд мақому ҷойгоҳи бисёр шоистае касб кард. Муаллиф бо таҳлили ахбори сарчашмаҳои муътамади таърихӣ ва таълифоти муосири илмӣ, инчунин бо дарназардошти таъсири омилҳои ҷуғрофиёӣ ва сиёсӣ масъалаи ҷуғрофиёи таърихии Систонро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Калидвожаҳо: вилоят, вилоят, Сиистон, Хуросон, Ҳилманд, дарё, даҳон, водӣ, Кирмон, Саффориён, хилофат, марзҳо.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ИСТОРИКО-ГЕОГРАФИЧЕСКОЕ ОПИСАНИЕ СИСТАНА В ИСТОРИЧЕСКИХ ИСТОЧНИКАХ

As a historical land, Sistan covered a wide area in the southeast of the Great Khorasan, bordering Sindh in the east, Takhoristan in the north, Baluchistan and the Sea of Oman in the south, and Kerman in the west. This historical region has a very important place in the history of the Tajik nation and other Aryan tribes, because it is considered the birthplace of the wrestler «Shahnoma» of Ferdavsi Rustam Daston. This land is also considered to be the place of settlement of the Sakai tribes, which were one of the great Aryan tribes. Sistan was the land where the Tajik (Persian) language was supported at the state level by the Saffarians in the 9th century, and later gained a very worthy position. The author has investigated the issue of historical geography of Sistan by analyzing information from reliable historical sources and modern scientific writings, as well as taking into account the influence of geographical and political factors.

Текст научной работы на тему «ТАВСИФИ ҶУҒРОФИЁӢ ТАЪРИХИИ СИСТОН ДАР САРЧАШМАҲОИ ТАЪРИХӢ»

♦--

УДК 911.37 (5-17) "634"

ТАВСИФИ Ч,УГРОФИЁЙ - ТАЪРИХИИ СИСТОН ДАР САРЧАШМА^ОИ ТАЪРИХЙ1

САФАРЗОДА Н.Ш., Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Допиши Академияи миллии илмхои Точикистон

Систон номи сарзамини таърихиест, ки худуди он имруз вилоятхои чанубу шаркии Эрон, чанубу гарбии Афгонистон ва чанубу гарбии Покистонро фаро ги-рифтааст.

Кухантарин номи ин сарзамин ба шакли «Х,аитумант» дар Авасто [фаргарди 1, банди 14; 5, 30] дида мешавад. Дар лавххо ва катибахои замони давлатхои Аккад (хазораи 3 то милод) ва Элом (солхои 2400-550 то мелод) ба шаклхои «Заранго», «Серонко» ва дар катибахои шох Дориюши аввал (522-486 то милод) дар Бесутун ба гунаи «Зарко» ва «Зарнако» хонда шудаанд [9:2, 1571, 1656; 5, 30-31].

Хама номхои зикршуда ишора ба чугрофиёи табиии макон доранд. Яъне вожаи Заранко ё Заранк аз пахлавии «зрая» реша гирифта, маънии дарё (бахр)-ро дорад ва хадаф аз он дарёчаи Зара (х) ё кули Х,омун аст [18:1, 847].

Ба кавли баъзе донишмандон кавмхои сакой дар давраи Ашкониён аз шимолу шарки Эрон ба худуди Систон хичрат карданд ва ба хамин сабаб ин сарзамин Са-кистон ном гирифт [20, 11; 21, 185-186; 1, 82; 5, 32].

Аммо донишмандони эронй Мусавии Хрчй ва Ризо Мехрофарин бар ин наза-ранд, ки хузури сакоихо дар Систон тибки тахкикоти бостоншиносй таъйид нашудааст ва ба хамин сабаб аз номи Сакистон реша гирифтани Систонро намета-вон пазируфт [22, 80-96].

Андешаи дигар хам вучуд дорад, ки Сакистон маънии хостгохи сарбозони шучоъ ва ё неруи низомиро дорад [9, 1656; 20, 153; 5, 32-34].

1 Мацола дар асоси лощаи «Таърихи халки точик (асри Ш-аввали асри XX), разами кайди давлатии 0121ТЛ211 навишта шудааст.

Аз давраи Хусрави Анушервон (531-579) каламрави давлати Сосониён дар умум ба чахор бахш - шимол, чануб, гарб ва шарк таксим шуд ва бахши шаркии он Хуросон ном гирифт. Систон бахше аз Хуросон шуд, вале чун дар чануби Хуросон буд, ба номи Нимруз (яъне чануб) маъруф гардид. Дар сарчашмахои арабии замони баъди густариши ислом ин сарзамин бо номхои — Сичистон, —

Сагистон, —Сакистон ва дар манобеи форси бештар ба шакли —

«¿1!„^»Сиистон ба чашм мерасад [7; 10; 11; 13; 14; 15; 16; 19].

Дар осори илмии донишмандони Точикистон номи ин сарзамин ба шаклхои Сиистон ва Систон навишта шудааст [3, 186-188; 4, 275-279], ки мо тарики дувумро ба кор бурдем.

Бо вучуди он ки Систон хамчун зодгохи Рустами Дастон - пахлавони миллии мардумони ориёИ дар навиштахои асотирИ бисёр васф мешавад, тахкикоти бо-стоншиносИ кадимтарин осори тамаддунии ин сарзаминро марбути асри IV то ми-лод маънидод кардаанд. Тахкикоти бостоншиносИ дар каламрави Систони таърихИ асосан дар худуди харобахои Шахри Сухта (такрибан 60 километрии чанубу гарби Зобули имрузИ) сурат гирифтаанд. Осори дар пайи тахкикот ёфтшуда далели чой-гохи мухим доштани Систон дар давраи Х,ахоманишиён, Селевкиён ва Ашкониён мебошанд [20, 11-12; 22, 25-33].

Ахаммият ва чойгохи Систон дар давраи Сосониён боз хам афзунтар гашт, зеро валиахди тахти шохИ ё яке аз намояндагони хонадони шох дар ин сарзамин волИ таъйин мешуд [6:1, 156-162; 5, 33, 35].

Замони густариши ислом маъмулан навохии болооби руди Х,ирмандро, ки асосан кухистонИ буд, Зобулистон ва навохии поёноби онро, ки дашту хамворИ буд, Систон ва Нимруз мегуфтанд [17,358]. Дар сарчашмахои таърихИ истифодаи номи як бахши ин сарзамин барои ифодаи хама каламрави он хам дида мешавад [10; 13; 19]. Аммо аз давраи Газнавиён истифодаи вожаи Нимруз бар Систон бартарИ касб кард ва номи тамоми бахшхои Систон гашт [5, 37]. Минбаъд Систон асосан мин-такаи поёноби руди Х,ирманд ва навохии атрофи шахри Заранчро ифода мекард. Зеро дар осори чугрофиёнависони асримиёнагии мусулмон дида мешавад, ки зимни овардани номи вилоятхо дар баробари Систон хамчунин Рухач, Фарох, Буст низ зикр мешаванд, дар холе ки инхо худ бахше аз Систони таърихИ буданд [15, 297, 299; 19, 252-254]. Шояд каламрави ин сарзамин амдан ба дасти волиёни Хуросон таксим шуда бошад, то хукмронИ бар он осонтар гардад. Дар осори чугрофиёнави-сони ин давра хамчунин ихтилофхо зимни навиштани ному шумораи шахрхо ва рустохои Систон низ дида мешавад. Дар хар сурат шахрхо ва вилоятхои мухимм-тарини Систон дар ин давра аз гарб ба шарк инхо будаанд: Заранч, Чувайн, Фарох, Хош, Зобулистон, Заминдовар, Буст, Фирузканд, ^андахор, Руххач [10, 281; 13, 50; 19, 252-253].

Агар ба навиштахои муаллифи «Таърихи Систон» таваччух кунем, кабл аз фатхи Систон ба дасти лашкари мусулмонон, бар замми минтакахои зикршуда хамчунин Кобул, Бачастон, Лаволистон, Гур ва Кашмир низ аз нохияхои тобеи Систон будаанд [7, 24-26].

Дар замони лашкаркашихои мусулмонон ба навохии Систон шахри Заранч ба чойи Ромшахристон маркази маъмурии ин сарзамин мешавад. Навиштаи ТабарИ,

ки фатхи Систонро ба дасти мусулмонон соли 23 хичрй / 643 милодй гуфтааст, бо дигар сарчашмахои таърихй, ки ин руйдодро соли 30 хичрй / 650 мелодй гуфтаанд, ихтилоф дорад [8,1837-1838]. Фатхи Систон дар замони волии ин чо будани Рабеъ Х,орисй ва Абдуррахмон ибни Самура давоми солхои 650-670 сурат гирифта ва ба анчом расидааст [16, 554-558; 10, 66-70; 7, 84-85, 89-94; 5, 18-21].

Аз соли 671, ки Рабеъ Х,орисй аз вилоятдории Систон барканор шуд, волиёни минбаъдии ин сарзамин дар аксари мавридхо то 3 сол хукумат мекарданд, аммо сиёсати умумии хилофат дар масъалаи чангхои пайваста бо Рутбили Занбил (хоки-ми Кобулшохиён) барои густариши каламрави хукумати хилофат дар самти шимо-лу шарк ва шарк (яъне дар худуди Синд) бетагйир монд. Яъне агар аз дидгохи сиёсй назар кунем, Систон дар ин давра вилояти марзии хилофат дар шарк буд.

Дар пайи лашкаркашихои арабхо мухочирати баъзе кабилахои араб ба Систон сурат гирифта, аз замони волии Ирок таъйин шудани Хдччоч ибни Юсуфи Сакафй ва шикасти хаворич дар Ирок, пайравони ин тоифа ба Систон панох бурданд ва са-бабгори ошуфтагй дар вазъи ин вилоят гаштанд. Х,амчунин, ихтилоф миёни кабилахои арабии дар Систон сокиншуда ноамнии вазъро шиддати бештар мебахшид. Ахолии бумии минтака хам ночор чонибдори волиёни халифа ё мухолифони онхо (маъмулан хаворич) мешуданд. Омили дигар дахолати хокими давлати Кобулшохиён буд, ки бахше аз сарзаминашро дар минтака аз даст дода буд ва ба ота-ши ихтилофи дохилии хокимони Хуросон равган мерехт.

Аз мушохадаи хаводиси таърихие, ки дар Систон кариб давоми сад сол (680780) чараён доштаанд, дида мешавад, ки ин сарзамин як муддати тулонй амнияти комил надоштааст. Дар масъалаи таксимоти маъмурй, ин вилоятро дар давраи Умавиён волиёни Хуросон идора мекарданд. Аз соли 758 халифа Мансури Аббосй икдом кард Систонро аз тобеияти хокимони Хуросон чудо ва ба он чо волии алохида таъйин кунад. Сабаби чунин тасмим дар сарчашмахо дида намешавад, вале эхтимол чунин таксими «ичборй» ба сабаби хавф аз истиклолхохии Хуросон бошад, зеро ин кор вакте сурат гирифтааст, ки аз катли Абумуслим замони бисёре нагузаштааст.

Аммо ин икдом хам натавонист Систонро зери итоати Багдод нигох дорад, ки нихоят халифа Х,орунаррашид (786-809) аз соли 794 Систонро аз нав дар тобеияти маъмурии волии Хуросон карор дод. Аммо ин икдом хам натавонист ошубхои му-довими Систонро хомуш кунад.

Волиёну хокимони таъйинкардаи халифахои Умавй ва хам Аббосй хама бархо-ста аз кабилахои арабй буданд ва касе аз бумиён ба чунин мансаб таъйин намешуд. Нотавонии волиёни хилофат дар масъалаи таъмини амният, сабаби зухури табакае харбиёни махаллй бо номи «айёрон» дар охирхои асри хаштуми милодй гашт. Бо вучуди хидматхои шоён дар чангхо ба мукобили душманони хилофат, айёрон ната-вонистанд сохиби хукук ва имтиёзхои баробар бо сипохиёни араб шаванд. Чунин табъиз сабаби тадричан ба душмани халифа ва волиёни у табдил шудани айёрон гашт ва онхо пас аз чанд ошуб, дар нихоят хукумати Систонро дар ихтиёри худ ги-рифтанд.

Дар миёни худи айёрон ду гурух барои сохиби хукумат шудан мубориза ме-бурданд, ки яке дар Заранч ва дигар дар Буст фаъолият доштанд. Соли 864 айёрони Заранч бо сарварии Яъкуби Лайс шахри Бустро фатх карда, саранчом давлати

Саффориёнро таъсис доданд. Ин давлат нахустин давлати комилан мустакили точикон (эрониён) пас аз забткорихои арабхо буд. Дар пайи хукумати Систонро дар ихтиёр гирифтани хонадони бумй ин сарзамин ба маркази давлати бузурге табдил шуда, дучори пешрафту равнаки бесобикае гашт.

Дар давраи хукмронии Яъкуби Лайс (864-869) худуди Систон аз лихози маъмурй дар самти шарк ва шимол густариш ёфта, то водии Кобулро фаро гирифт. Дар хусуси густариши давлати Саффориён дар замони Яъкуб маколаи дигаре хам таълиф кардаем ва ба хамин лихоз тафсилоти бештар дар ин маврид ин чо лозим намедонем.

Соли 900 Исмоили Сомонй (892-907) амири давлати Саффориён Амри Лайсро (879-901) дар чанг шикаст дод ва дар пайи ин руйдод Систон тобеи давлати Сомо-ниён шуд. Аммо соли 913 дар пайи ошубе ин вилоят аз итоати Сомониён баромад. Аммо пас аз дарёфти хакки худидоракунй дар соли 923 аз нав тобеи давлати Сомониён шуд ва то соли 963 сулолаи махаллие бо додани хироч ба Бухоро бар он хукумат мекард.

Дар мавриди марзхои маъмурии Систон дар самти шимолу гарб дар сарчашмахои таърихй ва осори чугрофиёии асримиёнагй баъзе ихтилофи назархо дида мешавад. Аз чумла, Истахрй дар чое рустои «Дара»-ро аз чумлаи нохияхои тобеъ ба Х,ирот мегуяд, аммо дар чойи дигар на танхо Дара, балки русто ва шахрхои ши-молтар аз он - ^астон ва хатто Фарохро, ки маъмулан тобеи Хирот махсуб мешу-данд, аз чумлаи Систон гуфтааст [1, 84; 19, 252, 262].

Бояд гуфт, ки аз лихози сиёсй марзхои Систон дар замонхои мухталиф пайва-ста тагйир ёфтаанд. Вале аз дидгохи чугрофиёй аксари донишмандон водихои рудхои Фарох, Хилманд ва Хошрудро, ки дар нихоят ба кули Хомун мерезанд, каламрави Систон донистаанд [1, 84-85; 10, 66-67].

Дар давраи Махмуди Газнавй (998-1030) ва пас аз у Систон дар пайи лашкар-кашй ва ошубхои мунтазам, инчунин дар пайи чангхои Газнавиён ва Салчукиён барои тасаллут бар ин сарзамин дучори харобй ва ноамнй гашт. Хатто баъзе донишмандон мегуянд, махз дар пайи чангхои Салчукиён ва Газнавиён Заранч хамчун шахри марказии Систон аз миён рафт ва дар чойи он шахри кучаки дигаре бо номи «шахри Систон» маркази маъмурии ин вилоят шуд [22, 80-96].

Вале дар хусуси мунтазам хароб гаштани шахрхои Систон баъзе донишмандо-ни дигар омилхои табий - чугрофии минтакаро асос овардаанд. Истахрй аз бодхои башиддате дар Систон ёдовар мешавад, ки неруи онхо барои гардондани осиёбхо ба кор бурда мешуд [19, 258]. Хамчунин хокборишхои бузурге дар пайи таъсири ин бодхо бархоста, киштзорхоро хароб мекарданд. Борон дар ин минтака низ гохе чунон бошиддат меборид, ки сабабгори обхезихо гашта, шахру дехахоро хароб мекард. Баъзан вакт аслан боришоте сурат намегирифт, ки дар пайи он бисёр киштзо-рхо хароб мешуданд ва сокинон ночор тарки махалли каблии сукунат карда, дар чойхои наве маскан мегирифтанд [1, 86-87].

Бахше аз руди Хдлманд, ки миёни Буст ва Заранч вокеъ буд, кобили кишти-ронй буда, амирони Саффорй чандин пул руйи он сохта буданд. Садде хам болотар аз шахри Заранч бунёд шуда буд, ки Банди Рустам ном дошт ва соли 1383 Темур онро хароб кард [1, 88; 19, 253-254].

Рохи 6узурги тичорaтй дaр чaнyб Эрон бa Х,индустон as ^ну6и шaхри Буст мегyзaшт. Дaр ду чониби руди X,илмaнд aз мaвзеи Хочaaлй то кули Х,омун xa-робaхои чaндин кaлъa Ba осори бокимондaи корезхои як зaмон вyчyддоштa дидa мешaвaд. Яке aз xaробaхо ^aлъaи Фaтх ном дорaд, ки тибки ривоятхо гуё romaxra дaвлaти Кaёниён бyдaaст [1, 90].

Дaр нaздикии Буст руди АрFaндоб бa X,илмaнд мерезaд, ки рУдxонaи онро бa шоxобхояшро донишмaндон вилояти тaъриxии Арaxозия медонaнд [1, 91]. Дaр ин мaкон ду рохе, ки aз Осиёи Faрбй бa Х,инд мерaфтaнд, бa хaм пaйвaстa, яке бa ши-мол - кисмaти шимолии Пнчоб Ba дигар бa чaнyб - бa сaмти Мултон Ba резишгохи руди Х,инд мебyрдaнд.

Дaр aсри Х ин вилоятро чyFрофиёнaвисон бо номи «Pyxxa4» ёд кaрдaaнд, ки бa aндешaи донишмaндон бaрxостa aз номи кaдимии он - «X^axyBa (и) ти» мебошaд [1, 91; 17, 359] Ba юнониён онро бa шaкли «Арaxозия» сaбт кaрдaaнд. Дaр рох aз ^aндaхор бa Х,ирот нaздик бa гyзaргох aз руди X,илмaнд кaлъaи Гиришк вокеъ aст, ки дaр aсрхои миёнa дaр чойи он шaхри Фирyзвaнд вокеъ буд Ba нaxyстин мaнзил-гох миёни Буст Ba Зaминдовaр Ba Faзнa мaхсyб мешуд [19, 258, 260; 17, 360]. Исми ^aндaхорро бa шaкли имрузй aз миёни чyFрофиёнaвисони aсримиёнaгй тaнхо Бa-лозурй, Яъкубй Ba Мaсъyдй зикр кaрдa, дигарон aз шaхре бо номи Тaкинобод ёдо-вaр мешaвaнд, ки донишмaнди aнглис Андерсон мегуяд, он хaмон ^aндaхор aст, ки зaмони Faзнaвиён бa шaхри мухимме тaбдил шyдa Ba чунин ном гирифт [1, 91; 10, бб, 72, 74; 1б, 434].

Мaрзхои чaнyбy шaркии Систон дaр aсрхои миёнa, тaвре aз тaвсифи сaрчaш-мaхои тaъриxй дидa мешaвaд, дaр худуди шимолу шaрки Бaлyчистон бо биёбоне, ки имруз Кaловaли ном дорaд, мaхдyд мешaвaд. Пaс aз он худуди сaрзaмине бо номи Турон OFOЗ мешaвaд, ки мулки мyстaкиле бо мaркaзияти шaхри Хуздор дошт [1, 92].

Дaвоми солхои 1037-1225 хyкyмaти Систонро сyлолaи Нaсриён (ё подшохони Нимруз) дaр иxтиёр гирифтa, бо созиш кaрдaн бо хyкyмaти Сaлчyкиён Ba бaъдaн Хорaзмшохиёнy Fyриён тaвонистaнд ин сaрзaминро дaр aмнy тaрaккй нигох дорaнд [7, 3б2-3б5].

Соли 1225 хокими дaстнишондaи Хорaзмшохиён дaр Кирмон - Янолтaгин бa Систон хaмлa кaрдa, оxирин нaмояндaи xонaдони Нaсриёнро бa кaтл рaсонд Ba кaлaмрaви Систонро тaхти тaсaррyф дaровaрд. Пaс aз дaх сол мyFyлхо бо хaмлaхои пaй дaр пaй Янолтaгинро кyштa, шaхри Систонро xaроб кaрдaнд Ba 100 хaзор нaфaр aхолии онро бa Kara рaсонидaнд [3, 628-б31].

Бaъди хaмлaи мyFyлхо хокимият дaр Систон дaр шaкли вохид вучуд нaдошт. Хдтто соли 1255 aмири Х,ирот Шямсуддини Курт бо ризояти Мaнгyко он бa Систон хaмлa кaрдa, хокими он чоро кaтл Ba минтaкaро тaсaррyф кaрд. Аммо хокимони Курт хaм нaтaвонистaнд бa сyрaти комил Систонро дaр тобеияти xyд нигох дорaнд. Нихоят соли 1370 Темyрлaнг Хуросон Ba дaр пaйи он Систонро бa тaсaррyф дaро-вaрд. Соли 1409 дaр зaмони хyкyмaти Шохрyxи Темурй хокими Систон ^утбуддин эъломи истиклол кaрд. Чун лaшкaркaшии Шохрyx нaтичa нaдод, y сaддхоеро, ки мaчрои руди X,ирмaндро бaстa, зaминхоро обёрй мекaрдaнд, xaроб гард, то он ки бисёр киштзорхои aтрофи шaхри Систон бa дaштхои нокорaм тaбдил шyдaнд Ba минтaкaро кaхтии aзим фaро гирифт. Дaр пaйи ин ходисa ^утбуддин ночор тобеият

ба Темуриёнро пазируфт, аммо шахри каблии Систон дигар баркарор нашуд ва мардум дар макони дигаре сокин шуданд ва он чо шахри нав бунёд карданд [4, 282285; 7, 392-395].

Дар даврахои баъдй Систонро Шайбониён ва пас аз он Сафавиён тобеи худ карда, волиёни худро он чо гумошта буданд. Аз чумла, шох Исмоили Сафавй (1501-1524) вакте Хиротро аз дасти Шайбониён дар соли 1510 гирифт, барои идо-раи он чо ва сарзаминхои мучовир хазор нафар кизилбошхоро фиристод. Дар пайи истисмори мардуми Систон аз чониби кизилбошхо сокинони ин вилоят ба таври оммавй ба Хиндустон хичрат карданд. Хамчунин чангхо байни Сафавиён ва Шай-бониён, инчунин ихтилофхои дохилии байни хокимон ва аквому сокинони махалхои алохидаи Систон ин сарзаминро ба як харобазор табдил дода буд [5, 149151].

Тахминан аз огози хукмронии шох Аббоси II Сафавй (1642-1667) Систон мавриди хамлахои горатгаронаи кабилахои балуч ва афгон карор гирифта, тадричан тасаллути онхоро дар ин вилоят дар пай дошт. Дар замони Нодиршохи Афшор (1736-1747) хокимони махаллии Систон чунон заиф шуда буданд, ки дигар наметавонистанд аз хамлахои афгонхо ва балучхо худро мухофизат кунанд.

Аз замони вафоти Нодиршох ва хукумати минтакахои шаркии давлати уро дар ихтиёр гирифтани яке аз сарлашкаронаш Ахмадшохи Дурронй (1747) аввал сарзаминхои шимол ва гарби Хиндустон ва сипас Хуросон ва Систон (1752-1754) тобеи давлати Дурронихо шуданд.

Заминаи тасаллути балучхо ва афгонхо бар Систон аз икдомоти Махмуди Газнавй сарчашма мегиранд, ки зимни тасаллут бар сарзаминхои ин ду кавм хан-гоми лашкаркашихояш ба Хинд, бисёре аз онхоро чун асирони чангй ба Газна овард ва ба ин тарик рохе барои зиндагй ва тохтутози онхо боз кард [12, 67-68].

Бо гузашти чанд аср мебинем, ки афгонхо бар сокинони бумии Систон аз лихози шумор бартарии бештар пайдо карда, дар замони хукмронии Зандихо (17531794) хатто хокими вилоятхои Кирмон ва бахши гарбии Систонро аз миёни афгонхо таъйин карданд, ки минбаъд дар замони Фатхалишохи ^очор (1797-1834) аз итоат ба хокимони марказии Эрон сарпечй намуда, эълони истиклол карданд. Машгул будани Фатхалишох ба чанг бо русхо (1804-1813) имкон надод, ки у дар мавриди Систон икдоми чиддие бигирад ва ба ин сабаб дасти горати кабилахои балуч ва афгон ба Систон бештар боз шуд. Шикасти Эрон дар мукобили Русия (1813) ва таваччухи Бритониё ба тасаллут бар Хинд сабаби афзудани ихтилофоти дохилй дар Систон ва дар нихоят таксими ичбории он гашт. Дар сатхи махаллй Систон масъалаи бахсй миёни хокимони ^андахор ва Хирот буд [1, 89].

Аз омузиши маълумоти чугрофй - таърихии сарчашмахо дар бораи Систон ме-тавон чунин хулоса кард:

- Систон чун хостгохи пахлавони «Шохнома» - Рустами Дастон дар адабиёти мардуми ориётабор накши маънавии шоистае дорад;

- Аз кадим кабилахои сакой маскун дар минтакаи мазкур буданд ва бо часо-рату далерии хосе дар замони Хахоманишиён, Ашкониён ва Сосониён аз онхо ёд шудааст;

- Ба сабаби рухияи баланди истиклолхохй ва озодимехварии мардуми Систон арабхо чанд хонавода аз кабилахои Тамим ва Бакр ибни Воилро ба ин чо мухочир

кaрдaнд Ba aз миёни онхо хокимони Систонро тaъйин нaмyдaнд, то тaсaллyтaшон бaр минтaкa тaъмин шaвaд. Baле дaр нихоят миёни xyди ин кaбоили aрaб бaрои рaсидaн бa хyкyмaт мyборизaхои тулонй OFOЗ шуд, ки дaр нихоят сaбaби Систонро дaр иxтиёр гирифтaни тaбaкaи «aйёрон» бо рохбaрии Яъкуби Лaйс гaрдид;

- Дaврaи шукуфоии Систон дaр тaмоми тaъриxи он зaмони хyкyмaти Сaффо-риён (861-901) бa шумор мерaвaд. Дaр ин дaврa ин вилоят бa мaркaзи дaвлaти кyдрaтмaнде тaбдил шyдa буд, ки aз Ирок то Хиндро зери итоaт дошт.

- Taбиaти носозгор, aз чyмлa, xоки номуносиб, боронгaрихои пyршиддaт, бодхои сaxт Ba нихоят чaнгхои доxилии мyнтaзaм сaбaбгори ру бa xaробй овaрдaни бисёре aз шaхрхои кaдимии Систон Ba мyхочирaти кисме aз aхолии мукимии он гaштaaнд;

- Taдричaн дaр шyморa бaртaрй пaйдо кaрдaни aфFOнхо бaр aхолии бумии Систон (сичзиён), нотaвонии волиёни Кирмон Ba Хуросон, инчунин хокимони мaркa-зии Эрон низ дaр хифзи мaрзхои чaнyбии xyд aз хaмлaхои кaбоили бaлyч боиси сaрнa-вишти минтaкaро бa иxтиёри xyд гирифтaни aфFOнхо Ba бaлyчхо гaрдидa, хичрaти систонихои бумиро бa минтaкaхои шимолтaр, aз чyмлa, Хирот Ba Hишопyр дaр тай дошт.

- Oxирхои aсри XIX дaвлaти Бритониё бaр Хинд Ba АфFOнистон тaсaллyт пaйдо кaрд Ba кaлaмрaви тaъриxии Систонро бa тафъи xyд миёни АфFOнистон, Эрон Ba Хинд (холо Покистон) тaксим гард. Чунин тaксимот сaбaби чaнд бaрxyрди мaрзй миёни дaвлaтхои номбyрдa гaштa, хaмчyнин тaксими дурусти оби руди Хирмaндро бa мaсъaлaи бaхсие тaбдил дод, ки то имруз хaлтaлaб aст.

- Холо бaxши aсосии Систони тaъриxй миёни чумхурихои АфFOнистон Ba Эрон тaксим шyдaaст, ки дaр якумй вилояти Hимрyз Ba дaр дувумй устони Систон Ba Бa-лучистон номидa мешaвaнд.

АДАБИЁТ

I.Бaртольд В.В. Paботы по исторической геогрaфии и истории ИрaнaIIСоч. T.7. M., Hayкa, 1971. - 661 с. 2^фуров Б. Считан. Taъриxи кaдимтaрин, кaдим Ba aсрхои миёш. Дyшaнбе, 1998. -413 с.

3.Амиршохй Hyрмyхaммaд. Дaвлaтдории точикон дaр aсрхои IX-XIV. Дyшaнбе, 1998. -1008 с.

4.Хaмзa Kaмол. Авомили бa сaри хокимият омaдaни Сомониён. Бaррaсии хaводиси тaъриxии сaдaхои VII-IX-и Хуросони Бузург дaр aсоси мaнобеи тaъриxй. Дyшaнбе, 2022. -324 с.

5.Босворт. К.Э. Myсyльмaнские динaстии. M.: Hayra, 1971. - 324 с.

6.Mинхоч Сирочи Чузчонй. Taбaкоти Hосирй. Tехрон, 1363 х. -49Л с.

7.Taъриxи Систон. Дyшaнбе: «Бyxоро», 2014. - 352 с. ISBB 978-9975-42-40-3.

8.Taбaрй, Myхaммaд ибни Чдрир. Taъриxy-р-рyсyл Ban мулук. Дaр 8 китоб. Китоби 3. Дyшaнбе. 2014. -758 с.

9.Хaсaни Пирниё. Taъриxи Эрони бостон. -Гехрон, 1375 х. ш. 907 с.

ЮАх^д ибни Абиъкуб ибни Возех an-Яъкубй. Ал-Булдон. Taрчимaи доктор Myхaммaдиб-рох,ими Оятй. Бaргaрдонкyнaндa aз xaтти форсй бa кириллй Шкруз Сaфaрзодa. Сaрредaксияи илмии Энсиклопедияи миллии точик, Дyшaнбе, 2022. -220 с. ISBN 978-99986-0-013-6.

II.Абyсaъид Абyлхaй ибни Зaххок ибни Maхмyди Гaрдезй. Зaйнy-л-axбор. Бa эхтимоми PaK^H Pизозодaи Maлик. - Tехрон: Анчyмaни осор Ba мaфоxири фaрхaнгй, 1384 х. -708 с. ISBN 964-7874-98-7.

12.Август Mюллер. История ислaмa: от мyсyльмaнской Персии до шдения мyсyльмaнской Испaнии. Пер. с нем. ^м 2, - M.: ООО «Издaтельство Астрель», 2004. - 894 с.

13.Ибни Хурдодбех Убaйдyллох ибни Абдуллох. Maсолик Ba мaмолик. Taрчyмaи Сaъид Хокрaнд. Бaргaр-донкyнaндa aз xaтти форсй бa кириллй Шкруз Сaфaрзодa. Сaрредaксияи илмии Энсиклопедияи миллии точик, -Дyшaнбе, -2022. -232 с. ISBN 978-99986-0-012-9.

14.Хyдyдy-л-олaм минa-л-Maшрик илa-л-MaFриб. Дyшaнбе, 2015. -415 с.

15.Myкaддaсй, Myхaммaд ибни Ах^^д. Ахсaнy-т-тaкосим фй мaърифaти-л-aколим. Taрчyмaи Алинaкии Myнзaвй. Tехрон, 1361 х.ш. -286 с.

16.Балозурй. Футуху-л-булдон. Техрон: Интишороти илмию фархангй. 1371 хш. -322 с.

17.Ле Стренч Гай. Чугрофияи таърихии сарзаминхои Хилофати Шаркй. Мутарчим Махмуди Ирфон. Техрон, 1393 хш. - 609 с.

18.Мухаммад ибни Х,асан ибни Халафи Бурбон. Бурхони котеъ. Чопи Мухаммад Муъин. -Техрон, 1342 х.ш. -252 с.

19.Истахрй, Абуисхок Иброхим. Масолик ва мамолик. Тарчумаи Мухаммад ибни Асад ибни Абдуллохи Тустарй. Бо эхтимоми Эрачи Афшор. Техрон, 1373 хш. -579 с.

20.Кристенсен А.Э. Эрон дар замони Сосониён. Тарчумаи Еуломризо Рашид Ёсамй. -Техрон, 1385 хш. -464 с.

21.Фрай Р.Н. Мероси Осиёи Марказй. Тарчума аз англисй Б. Ализода. Душанбе, 2000. -274 с.

22.Расул Мусавии Х,очд ва Ризо Мехрофарин. Чусторе дар чугрофиёи таърихии Систон: аз огоз то садаи нухуми хк. - Зохид, 1388 хш. -166 с.

23.Неъматов Н / Давлати Саффориён. Энсиклопедияи Советии Точик, чилди 2, с. 197-198.

ТАВСИФИ Ч,УГРОФИЁЙ . ТАЪРИХИИ СИСТОН ДАР САРЧАШМАХ.ОИ ТАЪРИХЙ

Систон хамчун сарзамини таърихй худуди густардаеро дар чанубу шарки Хуросони Бузург фаро гирифта, дар шарк бо Синд, дар шимол бо Тахористон, дар чануб бо Балучистон ва бахри Умон ва дар гарб бо Кирмон хаммарз буд. Ин вилояти таърихй дар таърихи миллати точик ва дигар кавмхои ориёитабор чойгохи бисёр мухим дорад, зеро зодгохи пахлавони «Шохнома»-и Фирдавсй - Рустами Дастон ба хисоб меравад. Ин сарзамин хамчунин макони сукунати кабилахои сакой дониста мешавад, ки яке аз кабоили бузурги ориёй буданд. Систон сарзамине буд, ки дар асри IX забони точикй (форсй) аз чониби Саффориён мавриди пуштибонй дар сатхи давлатй карор гирифт ва минбаъд макому чойгохи бисёр шоистае касб кард. Муаллиф бо тахли-ли ахбори сарчашмахои муътамади таърихй ва таълифоти муосири илмй, инчунин бо дарназа-рдошти таъсири омилхои чугрофиёй ва сиёсй масъалаи чугрофиёи таърихии Систонро мавриди тахкик карор додааст.

Калидвожахо: вилоят, вилоят, Сиистон, Хуросон, Х,илманд, дарё, дауон, води, Кирмон, Саффориён, хилофат, марщо.

ИСТОРИКО-ГЕОГРАФИЧЕСКОЕ ОПИСАНИЕ СИСТАНА В ИСТОРИЧЕСКИХ ИСТОЧНИКАХ

Как историческая земля, Систан занимал большую территорию на юго-востоке Великого Хорасана, гранича с Синдом на востоке, Тахористаном на севере, Белуджистаном и Оманским морем на юге и Керманом на западе. Этот исторический регион занимает очень важное место в истории таджикского народа и других арийских племен, поскольку считается родиной борца «Шахнаме» Фирдавси - Рустами Дастона. Эта земля также считается местом расселения сак-ских племен, которые были одними из великих арийских племен. Систан был землей, где таджикский (персидский) язык был поддержан на государственном уровне саффаридами в 9 веке, а впоследствии занял весьма достойное положение. Автор исследовал вопрос исторической географии Систана путем анализа информации достоверных исторических источников и современных научных трудов, а также с учетом влияния географических и политических факторов.

Ключевые слова: область, провинция, Систан, Хорасан, Хильменд, река, устье, долина, Керман, Саффариды, халифат, границы.

HISTORICAL AND GEOGRAPHICAL DESCRIPTION OF SISTAN IN HISTORICAL SOURCES

As a historical land, Sistan covered a wide area in the southeast of the Great Khorasan, bordering Sindh in the east, Takhoristan in the north, Baluchistan and the Sea of Oman in the south, and Kerman in the west. This historical region has a very important place in the history of the Tajik nation and other Aryan tribes, because it is considered the birthplace of the wrestler «Shahnoma» of Ferdavsi - Rustam

Daston. This land is also considered to be the place of settlement of the Sakai tribes, which were one of the great Aryan tribes. Sistan was the land where the Tajik (Persian) language was supported at the state level by the Saffarians in the 9th century, and later gained a very worthy position. The author has investigated the issue of historical geography of Sistan by analyzing information from reliable historical sources and modern scientific writings, as well as taking into account the influence of geographical and political factors.

Key words: region, province, Sistan, Khorasan, Helmand, river, mouth, valley, Kerman, Saffa-rids, caliphate, borders.

Сведения об авторе: Сафарзода Некруз Шоди - кандидат исторических наук, старший научный сотрудник отдела древней, средневековой и новой истории Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша НАНТ. Адрес: 734025, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. А

к. Раджабовых, 7. Тел.: (+992) 985880810. E-mail: nekruzjj @mail.ru.

Information about the author: Safarzoda Nekruz Shodi - Candidate of Historical Sciences, Senior Researcher of the Department of Ancient, Medieval and Modern History of the Institute of History, Archeology and Ethnography named after A. Donish NAST. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, st. Ak. Rajabovs, 7. Mobile phone: (+992) 985880810. E-mail: nekruz_tj @mail.ru. ♦-♦

УДК 94 (571.1/.8) "19"

АЛЕКСАНДР ЛЮДВИГОВИЧ КУН ВА НАЦШИ У ДАР ТАЗДЩИ ТАЪРИХ ВА ФАРХДНГИ ТОЧДКОН ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX1

ОДИНАЕВ А.Н.,

Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Допиши АМИТ

Дар нимаи дуюми асри XIX дар Осиёи Миёна, ки он вакт бештари каламраваш зери итоати империяи Россия буд, дигаргунихои азиме ба амал омаданд, ки ба сар-навишти точикон низ бетаъсир намонд. Дар ин давра мухаккикон, аз чумла шаркшиносон дар омузиши таърих ва фарханги ин минтака сахми мухимме гузо-штанд. Яке аз олимони барчастае, ки осори у дар фахмиши таърихи халки точик дар нимаи дуюми асри XIX таъсири назаррас гузоштааст, А.Л. Кун мебошад.

А.Л. Кун шаркшинос ва мухаккики барчастаи рус буд, ки фаъолияти самара-бахши у дар нимаи дуюми асри XIX дар таърихнигории мо ва дигар манотики Осиёи Миёна осори амике гузоштааст. Тахкикот, нашрияхо ва корхои бойгонии у дониши моро дар бораи руйдодхои таьрихй, хусусиятхои фархангй ва дигаргу-нихои ичтимоие, ки дар ин давраи ин минтака ба амал омадаанд, васеь мегардо-нанд. Дар ин макола мо сахми назарраси А.Л. Кунро дар омузиши таърихи халки точик дар нимаи дуюми асри XIX мавриди баррасй карор хохем дод.

Муаррих, бостоншинос, коллексионер, забоншинос ва шаркшиноси рус Александр Людвигович Кун (1840-1888)1 бо тахкикот ва чамъоварии ашёи кадима, аз

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

1 Мацола дар асоси лощаи «Таърихи халки точик» (асри III- аввали асри XX) разами кайди давлатй 0121TJ1211 навишта шудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.