Научная статья на тему 'РАСШИРЕНИЕ ТЕРРИТОРИИ ГОСУДАРСТВА САМАНИДОВ ПРИ ПРАВЛЕНИЯ ИСМАИЛЕ СОМОНИ'

РАСШИРЕНИЕ ТЕРРИТОРИИ ГОСУДАРСТВА САМАНИДОВ ПРИ ПРАВЛЕНИЯ ИСМАИЛЕ СОМОНИ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
167
15
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ГОСУДАРСТВО САМАНИДОВ / ГЕОГРАФИЯ / ОБЛАСТЬ / ХОРАСАН / МАВЕРАННАХР / ИСМАИЛ САМАНИ / ГОСУДАРСТВЕННЫЕ ГРАНИЦЫ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Сафаров Некруз Шодиевич

Территория государства Саманидов занимало огромную площадь, которая начиналась с долины реки Талас в северо-востоке и заканчивалась в Центральных провинциях Ирана на западе. Эта территория признается ареалом формирования и местом проживания таджикского народа в средние века и в последующих столетий и занимает почти 3 млн кв. км.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

EXPANSION OF THE TERRITORY OF THE SAMANID STATE UNDER ISMOIL SOMONI

The territory of the Samanid state occupied a huge area that began from the Talas valley in the northeast ending in the central provinces of Iran in the west. This territory is recognized as the area of formation and the place of residence of the Tajik people in the Middle Ages and the following centuries and occupies almost 3 million square kilometers.

Текст научной работы на тему «РАСШИРЕНИЕ ТЕРРИТОРИИ ГОСУДАРСТВА САМАНИДОВ ПРИ ПРАВЛЕНИЯ ИСМАИЛЕ СОМОНИ»

ТАЪРИХИ ЕАТАНЙ-ОТЕЧЕСТЕЕННАЯ ИСТОРИЯ-NATIONAL HISTORY

4-♦

УДК-341.22

ГУСТАРИШИ Х,УДУДИ ДАВЛАТИ СОМОНИЁН ДАР ЗAМOHИ ДУКУМАТИ ИСМOИЛИ COMOHH (892-907)

СAФAPOB Н. Ш., Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Бо вучуди он ки таъpихи давлати Сомониён аз чониби донишмандони дохил ва хоpичи кишваp ба тавpи гyстypда тахдик шудааст, аммо масъаладои вобаста ба дудуди давлати Сомониён ва гyстаpишy кодиши каламpави он то хднуз мавpиди омузиши бунёдй каpоp наёфтааст. Осоpy маколадои нашpшyда даp ин хусус тандо фаpогиpи маълумоти умумй ва нисбатан тахминй мебошанд.

Тадкикоти диссеpтатсионии мо, ки ба чу^офми таъpихии давлати Сомониён бахшида шудааст, ба масъалаи зикpшyда то чое pавшанй андохт. Даp зимни идомаи тадкикоти худ тасмим гиpифтем, ки ба масъалаи чyзъитаp - яъне гyстаpиши каламpави давлати Сомониён даp адди Исмоил ибни Адмад (892-907) таваччуд кунем ва даp ин мавpид маколаи тадкикие ба нашp pасонем.

Даp тадкикоти каблии худ ибpоз намуда будем, ки гyстаpиши каламpави давлати Сомониён аз соли 893, яъне аз замони pасман ба тахти дукумати Моваpоyннадp нишастани Исмоил ибни Адмад (892-907) шypyъ шудааст. Вале як нукта кобили таваччуд аст, ки OFOЗи ин pавандpо метавон каме пештаp ба дисоб гиpифт. Даp пайи ихтилофи Яъкуб ибни Лайс бо халифаи Багдод, Хypосон аз итоати хилофат комилан беpyн шуд. Аммо чангдо миёни Яъкуб ва Рофеъ ибни Хдосама боиси хаpобидои зиёд шуда буданд. Ба кавли Наpшахй "Бyхоpо хаpоб мешуд аз ин фитнадо"[1,145]. Маpдyми Бyхоpо бо саpваpии Абуабдуллоди Факед ба Насp ибни Адмади Сомонй (874-892) нома навишта, аз y даpхост мекунанд, ки нафаpеpо ба дукумати Бyхоpо гyмоpад, то оташи фитна хомуш гаpдад.

Насp дамон соли 874 баpодаpи худ Исмоилpо ба Бyхоpо фиpистод ва y докими дастнишондаи Яъкуби Лайс-Хусайни Хоpичиpо беpyн каpда, баp Бyхоpо мусаллат шуд. Аз навиштаи Наpшахй баpмеояд, ки Бyхоpо то тасаллути Сомониён даp ихтиёpи Яъкуби Лайс будааст. Ин матлаб андешаи маъму^о, ки даp баъзе аз навиштадои мудаккикон даp мавpиди мустакил будани Бyхоpо гуфта шудааст, pад мекунад.

Хулосаи матлаб он ки гyстаpиши дудуди давлати Сомониён дануз замони Насp ибни Адмад шypyъ шудааст. Хдочанд матлаби асосии макола гyстаpиши дудуди давлати Сомониён даp адди Исмоил аст, вале чун

тасаллут бар Бухоро бевосита ба худи Исмоил рабт дорад, лозим донистем, ки масъалаи мазкур ин чо оварда шавад.

Исмоил пас аз нишастан ба тахти давлати Сомониён (892) тавсеаи худуди давлати худро аз самти шимол OFOЗ кард. У хамон сол барои бартараф кардани хатари хамлахои туркон ба яке аз шахрхои асосии Туркистон - Тироз (холо Тараз дар Чумхурии ^азокистон) лашкар кашид ва хони туркро маFлyб карда, уро хамрох бо 10 хазор надимону сипохиёнаш асир гирифт. Туркон, ки то ин дам мунтазам ба шахрхову мавозеи ободи вохаи Бухоро хамла мекарданд, минбаъд муддати тулонй ба шахрхои Мовароуннахр хучум карда натавонистанд [1,157; 2, 334].

Баъди ин пирузй амир Исмоил худуди давлати худро дар самти шимол то водии Талас густариш дода, минтакаи хеле ободу пурсарватро, ки маъданхои зиёди гаронарзиш дошт, тахти тасарруф гирифт. Истифодаи захирахои ин маъданхо ахаммияти минтакаро боз хам афзуда, дар умум барои рушди иктисоди Мовароуннахр заминаи мусоид фарохам меовард.

Соли 893 Исмоил Истаравшан (Усрушана)-ро бори дигар ба хайати давлати худ хамрох карда, хукумати Сайр ибни Абдуллохро сарнагун намуд ва барои хамешагй Усрушана аз зери хукумати афшинхои сулолаи Ковусиён берун рафт. Дар бораи сабаби бори дувум Уструшанаро фатх кардани Исмоил дар манбаъхои дастрас ба мо маълумоте пайдо нашуд. Академик Н.Н. Неъматов х,ам ин матлабро бидуни истинод зикр кардааст [б, 25].

Пас аз футухоти худ дар кисмати шимоли Мовароуннахр Исмоил ба таквияти марзхои чанубй пардохта, барои ин кор лашкаре муназзам таъсис намуд [1,159]. Амри Лайс, ки кисме аз Хуросон тахти идораи y карор гирифт, ба чанде аз хокимони манотик, аз чумла ба хокимони Балху Ч,узчон ва ба Исмоил хамчун хокими Мовароуннахр номаву хадяхо фиристода, аз онхо дархост намуд, ки ба фармони y тобеъ бошанд. Хокимони Балху Чузчон дархости Амрро пазируфтанд, аммо Исмоил онро кабул накард. Ин кор ба чанги байни онхо замина гузошт. Аммо омили асосй, ки сабабгори чанг миёни Исмоил ва Амр гашт, дигар буд.

Афзудани иктидори давлати Исмоил дар Мовароуннахр ва Амри Лайси Саффорй дар Хуросон дар пойтахти Аббосиён -шахри БаFдод боиси изтироб мешуд. Барои кохиши кудрати хар ду саркардаи точик хулафои Аббосй касд карданд, ки Амри Лайсро бо Исмоили Сомонй бишуронанд. Бо ин хадаф соли 892 халифа Муътазид маншур (фармон)-и хукумати Хуросонро ба номи Амри Лайс фиристод. Бо ин рох халифа мехост аз волии амалкунандаи Хуросон-Рофеъ ибни Харсама халос шавад. Соли 896 Амри Лайс бо шикаст додани Рофеъ ибни Харсама идоракунии Хуросон ва пас аз як сол Райро низ дар ихтиёри худ гирифт. Худуди давлати Амри Лайс ин хангом дар шимол то руди Ч,айхун густариш ёфт.

Чунин фурсатро халифа барои ба хам шурондани Амри Саффорй ва Исмоили Сомонй дар вокеъ интизор буд ва он хам фаро расид. Соли 898 халифа Муътазид фармони аз хукумати Мовароуннахр барканор кардани Исмоил ва ба ихтиёри Амри Лайс супурдани онро бо хадяхои гаронбахо ба Амр ирсол дошт. Дар баробари он аз чониби y фармони ба Исмоил ибни Ахмад супурдани хукумати Мовароуннахру Хуросон ва дастгир кардани Амр низ барои Исмоил фиристода шуд [3, 94]. Ин амал сабаби ба миёни омадани ихтилоф миёни Исмоил ва Амри Лайс мегардад. Амр умед дошт, ки халифа Муътазид ба y барои мухориба бо Исмоил сипох хам равон мекунад. Аммо чунин коре сурат нагирифт.

Вакте тасмими чанг доштани Амри Лайс ба гуши Исмоил расид, бо лашкари худ ба мукобили Амр харакат кард [4, 452]. Дар мухорибаи аввал, ки соли 899 дар наздикихои Нисо ва Абевард рух дод, лашкари Амр шикаст хурда, чанд фармондехи y ба дасти Исмоил асир афтоданд. Исмоил бо иззату икром онхоро суи Амр бозпас фиристод. Ин амали y сабаби афзудани эхтиром ва обруи Исмоил дар миёни гурухе аз лашкариёни Амр гардид.

Соли 900 Амри Лайс барои чанги дуюм бо Исмоили Сомонй аз Нишопур лашкар чамъоварй карда, суи Ч,айхун харакат кард. Дар чанги дуюм, ки дар наздикихои Балх рух дод, Исмоил лашкари Амрро шикаст дода, худи уро асир гирифт.

Дар осори таърихй, аз чумла сарчашмахои дасти аввал матолиби зиёде перомуни муросилоти Исмоил бо Амр пас аз асорати дувумй мавчуд аст [1,162-164]. Мазмуни он номахо чунин аст, ки гуё Исмоил ба Амр пешниход мекунад, ки хангоми ба БаFдод фиристода шудани Амр, Исмоил уро бо рохи Систон мефиристад ва агар Амр мехохад, ба одамони худ хабар дихад, то уро аз рох бигиранд ва бад-ин тарик аз асорат ба дасти халифа эмин монад. Вокеият доштани чунин кор аз эхтимол дур нест. Зеро дар чандин хабари манобеи таърихй ба такрор зикр мешавад. Исмоил хамчун давлатмарди боистеъдоду хирадманд аз таъриху казоёи хамтаборонаш чун Абумуслим ва Бармакиёну Тохириён огахй дошт ва шояд намехост як нафаре аз ашрофи хуросонй ба дасти y ба асорати халифа гирифтор шавад.

Аммо Амр пешниходи Исмоилро напазируфт ва ба Исмоил танхо чунин гуфт: "фарзандони маро неку дор" [1,164]. Дар нихоят Исмоил Амри Лайсро ба БаFдод фиристод.

Баъди Fалабаи Исмоил бар Амри Лайс тамоми каламрави давлати Саффориён дар тобеияти Исмоили Сомонй карор гирифт [2, 334].

Наршахй навиштааст, ки чун амир Исмоил Амри Лайсро наздики халифа фиристод, халифа маншури Хуросон ба вай фиристод ва аз Акабаи Хулвон ва вилояти Хуросон ва Мовароуннахру Туркистон ва Синду Хинд ва Гургон хама уро шуд [1,165]. Дар чанде аз адабиёти таърихй ирсоли

маншypи фаpмонpавой баp Хypосон аз чониби халифа ба Исмоили Сомонй ба мазмуни тобеият аз халифа фадмида мешавад, ки ба андешаи мо нодypyст аст. Халифадои Багдод дyкyматдоpии вокеии хyдpо даp Хypосон дануз аз замони Тодиp ибни Хусайн аз даст дода буданд, аммо дамчун пешвои pyдонии тамоми мусулмонон номашон даp хутбадо бypда мешуд. Яъне халифадои Багдод тандо аз дидгоди маpтабаи pyдонй накш доштанд ва даp pаванддои сиёсй вобаста ба натичаи ин pаванддо ва иктидоpи фаpмонpавоёни мадаллй ба ондо маншyp мефиpистоданд. Даp дамин асос метавон гуфт, ки маншypи халифа ба Исмоил на ба мазмуни тобеияти Исмоил аз халифа аст, балки навъе аз дилчуии халифа аз Исмоил аст. Чунин долат минбаъд низ мушодида мешавад, ки халифадои Багдод интизоp мешуданд, то кадом яке аз саpлашкаpон голиби мyбоpизадо мешаванд ва пас аз он маншypе ба номи ондо мефиpистоданд. Хулосаи матлаб ин ки Исмоил аз дидгоди мустакилияти сиёсй тамоман тобеи хилофати Аббосй набуд.

Хамзамон бо саp задани низоъдо миёни Исмоил ва Амpи Лайс баъзе аз наводии нисбатан дypдастy кудистоние, ки каблан даp ихтиёpи фаpмонpавоёни Хypосон ё халифадои Аббосй буданд, бо истифода аз фypсат эълони истиклол намуданд. Аз чумлаи яке аз чунин минтакадо Табаpистон буд. Ин минтака даp содилдои чанубу шаpкии бадpи Хазаp (Каспий) вокеъ буд.

Даp Табаpистон дануз аз замони Тодиpиён (соли 864) даpакатдои чудоиходй огоз шуда, боиси таъсиси давлати алодида гаpдида буд. Хокимони ин давлат, ки бо номи Алавиён шинохта мешуданд, пайpавони pавияи зайдияи маздаби шиа буда, мухолифони сиёсии хилофати Аббосй ва мусалламан давлати Сомониён ба дисоб меpафтанд. Даp охиpи соли 900 амиp Исмоил ба Табаpистон лашкаp кашида, докими он Мудаммад ибни Зайдpо, ки бо 20 дазоp лашкаp мукобили сиподи Исмоил ба чанг омада буд, шикаст дод. Худи Мудаммад ибни Зайд даp pафти чанг кушта шуд. Бо баpдам додани давлати Алавиён, Исмоил хатаpи мухолифони сиёсй ва маздабии худу Аббосиёнpо баpтаpаф каpда, каламpави давлати хyдpо даp самти Fаpб гyстаpиш дод [3, 97].

Баъди ин Fалабаи Исмоил соли 901 халифаи Аббосй ал-Муътазид бо иpсоли маншypи дукумати Хypосон ва Typro^ Табаpистон ба номи y дамpод бо дадядои бисёp тасаллути Исмоилpо баp манотики номбypда эътиpоф намуд. Аз ин вакт Хypосон pасман дамчун дудуди давлати Сомониён шyмypда шуд [5, 502]. Бо маpги Муътазид даp соли 902 писаpи y Муктафй (902-908) дукумати Исмоилpо баp наводии номбypда дyбоpа таъйид каpда, маншypи дукумати Рай, ^азвин ва Занчонpо низ ба номи y навишт.

Дар замони хукумати Исмоил ибни Ахмад худуди давлати Сомониён сарзаминхои васеъро фаро гирифта, аз шимол - водии дарёи Талас, дар чануб то Систон, аз шарк - марзхои Туркистони Шаркй ва Синд, дар Fаpб то Эрони Марказй мерасид. Дар умум ин худудро агар бо андозагирихои имрузй дарч кунем, он 2,8 млн км2-ро ташкил медихад. Исмоили Сомонй бо махорати хуби сиёсй ва хирадмандии худ тавонист дар чунин худуди пахновар давлати кудратманду мутамарказро таъсис дихад. Тамоми талошхои Исмоил чихати таъмини бехатарии дохилй ва хоричии мамлакат натичаи мусбат доданд ва y имкон ёфт, ки ба ташкили дастгохи идории муташаккил ва сипохи муназзам пардозад.

Аз чумлаи дигар масоили бахсй дар мавриди худуди давлати Сомониён, дар тобеияти ин давлат будани вилояти Fyp мебошад. Зимни чустучу ва мушохида барои мо муайян шуд, ки дар ин маврид хулосаи ягонаи дакик ва собите аз чониби донишмандони соха ироа нагардидааст. Дар тахкикоти чанде аз донишмандон зимни додани маълумот дар хусуси худуди давлати Сомониён, вилояти Fyp дар катори Xиpот ва Fаpчистон аз тавобеи ин давлат гуфта шудааст [6,47; 2, 341, 354]. Аммо дар тамоми харитахои осори илмии марбут ба давлати Сомониён вилояти Fyp берун аз ин давлат нишон дода мешавад. Ин вилоят аз лихози чyFpофиёй дар саргахи руди Xаpй (дарёи Xиpот) вокеъ буд. Дар чанде аз осори мухаккикони соха, аз чумла дар китоби академик Б^. Fафypов [4, 552] ва асари академик H.H. Неъматов [6,39] гуфта мешавад, ки вилояти Fyp тобеи амирони Хуросон набуд ва сокинонаш ба ислом нагаравида буданд. Аммо тахлили ахбори сарчашмахои таърихй нишон медихад, ки кисме аз сокинони Fyp ва хатто як хонаводае аз ашрофи ин сарзамин хануз замони Бармакиён ба ислом гаравида, кисми дигар эътикодоту анъаноти кадимии худро хифз карда буданд. Вале аз лихози маъмурй тобеи волии Xиpот будани худуди Fyp чои тардид надорад. Ин сарзамини кухистонй тавре болотар ишора шуд, дар саргахи Xаpиpyд вокеъ буд ва рохи асосии алока доштани он бо манотики дигар аз Xиpот мегузашт, яъне он амалан як кисме аз вилояти Xиpот буд. Xодисаи хуручи Бубилол дар ин навохй ва пахш шудани исён тавассути лашкари амир Исмоил, аз чумла бо рохбарии волии Сомониён дар Xиpот далели собити тобеияти Fyp ба давлати Сомониён аст.

Дар мачмуъ, ба сабаби талошхову икдомоти дурусти сиёсии амир Исмоил кулли сарзаминхои точикнишин муттахид шуда, давлати мустакилу тавоно таъсис дода шуд. Бархам хурдани чангхои дохилй, рафъи хатари хучумхои Fоpатгаpонаи кабоили турк шароити мусоиди иктисодй фарохам оварда, бад-ин восита барои рушди илму фарханг замина мухайё карда шуд.Исмоил бо ташкили лашкари доимй ва муназзам, сохтмону таъмири деворхои мудофиавии пурхарчро, ки

андозхои бештар бар сари омма бор мекарданд, манъ кард. Тахкикоти бостоншиносии охир нишон доданд, ки деворхои мудофиавии маъруфи Варахша махз аз замони Сомониён дигар таъмиру бозсозй нашуданд, харчанд худи шахр хеле обод ва кобили зист буд. Зеро дар шароити мавчудияти сипохи нируманд ва дигар ниходхои давлатй ба иншооти мудофиавии серхарч эхтиёч намонда буд [2, 336].

Пойтахти давлати Сомониён-Бухоро дар ин давра яке аз ободтарин шахрхо ва бузургтарин маркази илмию фархангии чахони он руз буд. Мустакилияти иктисодию сиёсй ва кудрати кофй ба Исмоил имкон дод, ки забони форсии дариро забони расмии давлатй эълон намояд.

25 ноябри соли 907 амир Исмоил вафот кард ва аз худ давлати мутамарказ, сипохи кудратманд ва аз лихози иктисодй ва фархангй рушдакардаро ба мерос гузошт.

АДАБИЁТ

1. Наршахй, Абубакр Мухаммад ибни Чаъфар. Таърихи Бухоро. Тахияи F.Fоибов ва Н. Амиршохй. Душанбе, 2012.-736 с.

2. История таджикского народа. Том 2. Эпоха формирования таджикского народа. Душанбе, 1999.-790 с.

3. Ночй М. Фарханг ва тамаддуни исломй дар каламрави Сомониён. Душанбе, 2011. -1295 с.

4. Fафуров Б. Точикон. Таърихи кадимтарин, кадим ва асрхои миёна. Душанбе, 1998.-413 с.

5. Ибни Асир. Ал-Комил фи-т-таърих. Дар 13 чилд. Баргардони Х,амид Ризо Ожир. Техрон: Асотир, 1382. Ч,. 7. -514 с.

6. Неъматов Н. Давлати Сомониён. Точикон дар асрхои IX-X. Душанбе: Ирфон, 1989. -280 с.

7. Гардезй, Абусаъид Абдулхай ибни Заххок ибни Махмуд.Зайну-л-ахбор. Бо мукобалаву тасхех ва тахшияву таълики Абдулхаййи Х,абибй. -Техрон: Интишороти Бунёди фарханги Эрон, 1347, х. ш.-733 с.

8. Х,иравй Ч. Эрон дар замони Сомониён. Шероз 1371 х.ш. -536 с.

9. Табарй, Мухаммад ибни Чарир. Таъриху-р-русул вал мулук. Дар 8 китоб. Душанбе. 2014. Китоби 8.-808 с.

10. Амиршохй Нурмухаммад. Давлатдории точикон дар асрхои IX-XIV. Душанбе, 1998. -1008 с.

11. Ибни Асир. Ал-Комил фи-т-таърих. Дар 13 чилд. Баргардони Х,амид Ризо Ожир. Техрон: Асотир, 1382. Ч. 8.-413 с.

ГУСТАРИШИ Х.УДУДИ ДАВЛАТИ СОМОНИЁН ДАР ЗАМОНИ ДУКУМАТИ ИСМОИЛИ СОМОНЙ

Давлати Сомониён худуди густурдаеро фаро мегирифт, ки каламрави он дар шимолу шарк аз водии дарёи Талас огоз шуда, дар чанубу гарб то Эрони Марказй ва Чанубй доман густурда буд. Ин худуди ташаккул ва сукунати мардуми точик дар асрхои миёна ва даврахои баъдии таърихй дониста мешавад, ки холо кариб 3 млн км2-ро дар бар мегирад.

Калидвожа^о: давлати Сомониён, цугрофиё, вилоят, Хуросон, Мовароуннаур, Исмоили Сомони, марзуои давлати.

РАСШИРЕНИЕ ТЕРРИТОРИИ ГОСУДАРСТВА САМАНИДОВ ПРИ ПРАВЛЕНИЯ ИСМАИЛЕ СОМОНИ

Территория государства Саманидов занимало огромную площадь, которая начиналась с долины реки Талас в северо-востоке и заканчивалась в Центральных провинциях Ирана на западе. Эта территория признается ареалом формирования и местом проживания таджикского народа в средние века и в последующих столетий и занимает почти 3 млн кв. км.

Ключевые слова: государство Саманидов, география, область, Хорасан, Мавераннахр, Исмаил Самани, государственные границы.

EXPANSION OF THE TERRITORY OF THE SAMANID STATE UNDER ISMOIL SOMONI

The territory of the Samanid state occupied a huge area that began from the Talas valley in the northeast ending in the central provinces of Iran in the west. This territory is recognized as the area of formation and the place of residence of the Tajik people in the Middle Ages and the following centuries and occupies almost 3 million square kilometers.

Key words: Samanid state, geography, region, Khorasan, Maverannahr, Ismail Sa-mani, state borders.

Сведения об авторе: Сафаров Некруз Шодиевич - кандидат исторических наук, научный сотрудник отдела древней, средневековой и новой истории Института истории, археологии и этнографии им. А.Дониша НАНТ. Адрес: 734025, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Ак. Раджабовых, 7. E-mail: nekruz [email protected]

Information about the author: Safarov Nekruz Shodievich -Candidate of Historical Sciences, Researcher of the Department of Ancient, Medieval and Modern History of the Institute of History, Archeology and Ethnography named after V.I. A. Donisha NANT. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, st. Ak. Radjabovs, 7. E-mail: [email protected]

УДК-351.74 (575.3)

ПРОЦЕССЫ ЗАВЕРШЕНИЯ ОРГАНИЗАЦИОННОГО СТАНОВЛЕНИЯ МИЛИЦИИ В ТАДЖИКИСТАНЕ

ИМОМЁРБЕКОВ А., Институт истории, археологии и этнографии имени А. Дониша

Завершение организационного становления таджикской милиции в истории таджикского народа, имеет некоторые особенности, в частности 30 июля 1924 г. Президиум ЦИК советов Туркестанской Республики принял постановление об образовании в составе Общепамирского ревкома административного и других отделов. После этого организация и руководство деятельно-

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.