МУЛО^ИЗОТЕ ЧАВД ПЕPOМУHИ HАСАБHGМАИ
СGМGHИЁH
Хайдаршо ПИPУМШG
Институти таъpих, бостоншиносй ва маpдyмшиносии ба номи А. Дониши АИ Ч,Т
Даp адабиëти таъpихии ба намояндагони сулолахои сохибдавлат ва дигаp ашхоси шyхpатманд иpтибот дошта, маъмулан ба ниëи бyзypг (чадди аъло) ë насабномаи онхо таваччух дода мешавад. Аз чунин шинохти даp таъpихнигоpй ба хукми анъана даpомада, табиист, ки Сомониëн беpyн буда наметавонанд.
Мyаppихон аксаpан ба маълумоти даp манбаъхои таъpихй чойдошта такя каpда, насабномаи Сомониëнpо ба сипахсолоpи диловаpи ахди Сосониëн-Бахpоми Чу6ин pасондаанд. Аз чумла, даp байни осоpи хаттие, ки доиp ба насабномаи Сомонжн маълумот оваpда шудааст, асаpи нихоят аpзишманди ибоpат аз 16 чилдаи Мухаммад ибни Ч,аpиpи Табаpй (839-923) «Таъpихy-p-pyсyли ва-л-мулук» (санади нихоии китобат соли 914 нишон дода шудааст) хисоб меëбад. Ин асаp даp таъpихнигоpии баъдина бештаp бо унвони «Таъpихи Табаpй» ëд мешавад.
Табаpй ба дyхтаpи Хорони бyзypг будани модаpи Хypмyзи IV ишоpа каpда, аз як таpаф кайд намудаст, ки «Хypмyз писаpи Кисpо аз адаб бахpаи бисëp дошт» ва аз таpафи дигаp, pивояте оваpдааст: «Хypмyз пайваста фиpyз буд ва хаp чй мехост бад-он даст меëфт, маpди хиpадмандy маккоp ва бадният буд ва аз холгон (баpодаpони модаp)-и тypки хеш хуй гиpифта буд ва бyзypгонpо хафиф дошт ва аз донишваpонy бyзypгон ва хонадонхо сездах хазоp касу шашсад кас бикушт... Ва бисëp кас аз атpофиëнpо дил ба вай бад шуд, ки Худо мехост коpашон дигаp шавад ва мулкашон биpавад. Ва хаp чизеpо сабабе бояд»[1, 654-655]. Чи тавpе мебинем муаллиф ишоpа баp он доpад, ки чунин хислатpо Хypмyз аз «холгони тypки хеш гиpифтааст».
Вале чунин пайвандии хешй ХУPмyзpо аз нияти чангчyëнаи тypкон эмин дошта натавонист. Даp холе ки шохи Рум ва шохи Хазаp ва ду саpлашкаpи аpаб (Аббоси Ахвал ва Амp ибни Азpак) ба каламpави Х^муз метохтанд ва ба кавле диëpи поpсиëн «Fиpболи пypсypох»-pо мемонд, Шоба-шохи тypкон низ ба нияти хучум ба ин саpзамин наздик шуд. Даp ин холат ба дахшат афтидани Хypмyз ва pохи халосй чустани ypо Табаpй чунин нишон додааст: «Ва Хypмyз сахт бимнок шуд ва ба машваpат паpдохт ва хамагон гуфтанд, ки бояд оханги шохи тypкон кунад ва y Бахpом Ч,yшнасpо, ки аз маpдyми вай буд ва бо номи Чу6ин шyхpа буд, бо дувоздах хазоp маpд, ки Бахpом аз солхypдагонy чавонон баpгyзид,
суйи туркон фиристод... Ва Барром тире бияндохт ва Шобаро бикушт... Ва чун Шоба кушта шуд, Бахром урдуи вайро горат кард ва дар чойи у макар гирифт. Ва Бармуза писари Шоба, ки хаммонанди падар буд, биёмад ва бо Бахром бичангид ва хазимат ёфт ва дар калъае хисорй шуд. Ва Барром хамчунон бикушид, то таслим шуд ва уро асир кард ва пеши Дурмуз фиристод ва аз калъаи вай ганчхои фаровон ба ганимат гирифт... Аз ганоими чанг аз молу чавохир ва обгинаву силох ва колои дигар панчох хазор бори шутур барои Дурмуз фиристод» [1, 656].
Раванди ояндаи суръат гирифтани вокеахоро Табарй нишон дода, зикр мекунад, ки Дурмуз ба чуз изхори сипос, чизеро аз ин ганимат ба Бахром ва лашкар чудо накард, гузашта аз он, бо забону ишораи тахкир ба Бахром фахмонд, ки ганимати ба у фиристода, факат бозмондаи беарзишест аз ганчи бадастомада. Ин сабаби ихтилоф миёни онхо гардид. Игвоангезон хостанд писари Дурмуз-Парвизро ба тахти шохй нишонанд.Парвиз, ки аз ин тавр сурат гирифтани вокеа дар харос афтида буд, ба Озарбойчон фирор кард.Вале ба ин нигох накарда, тарафдорони Парвиз Дурмузро аз тахт махрум сохта, ба чашмонаш мил кашиданд.Парвиз аз ин вокеа хабар ёфта, бо наздикони худ баргашта, ба тахти шохй сохиб шуд.Бахром, ки худро шоханшох эълон карда буд, ба ин мукобилият кард.Табарй доир ба ин тавр сурат гирифтани вазъият чунин маълумоти шунидаашро пеш овардааст:«Бахроми Чубин ба дорулмулки Мадоин даромад ва ба тахт нишаст ва бузургону сарон бар у фарохам шуданд ва сухан кард ва носазои Парвиз гуфт ва мазаммати у кард.Ва миёни уву сарони кавм мунозирахо рафт,ки хеч кас дил ба у надошт,вале Бахром ба тахти шохй нишаст ва точ бар сар ниход ва мардум аз бим итоати вай карданд» [1, 661].
Парвиз дар ин муковимат ба шикаст дучор шуда, ба Тайсафун ба назди падараш рафт ва бо маслихати у бо максади кумак гирифтан ба Антокия аз он чо ба подшохй Рум-Маврик нома фиристод.Дар нома сухан аз он мерафт, ки бочи падаронаш аз шохони Рум мегирифтаро бекор мекунад.Шохи Рум Парвизро хуш кабул карда, духтараш Марямро ба у ба занй дода, барои кумакаш хазор лашкар чудо кард.Бо ин лашкар ба Озарбайчон рафт.Дар он чо ба лашкари у чихил хазор марди чангй пайваст.Илова бар он аз Форсу Исфахон ва Хуросон ба ёрии у мардуми зиёде бархестанд.Дар мухориба ва хатто чанги тан ба тан Бахром шикаст хурд.Чи тавре Табарй ишора намудааст,«Бахром ошуфта шуд ва бирасиду суи Хуросон шуд, он гох суи туркон рафт ва Парвиз бист хазор хазор дирам миёни сипох бахш кард ва онхоро суи Маврик фиристод ва ба Мадоин боз рафт» [1, 661-662].
Доир ба сарнавишти минбаъдаи Бахром Табарй овардааст: «Бахром дар миёни туркон мезист ва ба назди шох мухтарам буд. Ва Парвиз дар кори вай хила кард ва марде бо номи Дурмузро бо гавхари гаронкадр ва чизхои дигар суйи туркон фиристод, ки васила барангехт ва гавхарро бо
дигаp тухфахо ба хотун зани шох дод ва y кас фиpистод ва Бахpомpо бикушт» [1, 662].
Вазиpи Сомониëн даp ахди Амиp Абдумалик ибни Нух (954-961) ва Мансyp ибни Нух (961-976) Абуалй Мухаммад ибни Мухаммади Балъамй, муаллифи таpчyмаи «Таъpихи Табаpй», ки бо даpхости амиp Мансyp ибни Нух соли 352 хичpй, мусодиф ба 963-и мелодй ин китобpо таpчyма каpда аст, амалан кисматхои аз диди худ заpypии онpо то даpачаи нигоpиши хосса pасонда, чун «Таъpихи Табаpии Балъамй» шyхpат пайдо каpда, маълумоти Табаpиpо нисбат ба хаëти Бахpоми Чубин боз бештаp гаpдонида аст. У даp ин боpа мегуяд: «Мухаммад ибни Ч,аpиp pахматy-л-лохи алайхи хадиси Бахpоми Чубин тамом нагуфтааст ва ман ба китоби «Ахбоpи Ачам» тамом ëфтам ва бигуям». Даpвокеъ Балъамй доиp ба даpгyзашти Нyшеpвон, сохибтахт шудани писаpаш Хypмyз, ки зодаи дyхтаpи хокони Тypк буд ва аз мавкеву манзалати Бахpоми Чубин даp ахди давлатдоpии Хypмyз ва писаpаш Паpвиз маълумоти даp «Таъpихи Табаpй» чой доштаpо хеле васеътаpy бештаp оваpда аст [2, 576-616]. Ба тавзехоти доманадоpи даp асаpи Балъамй чой дошта, ки аз хавсалаи ин макола хоpич аст, дода нашуда, факат як нуктаи тавсифи диловаpивy симои точиконаи ба ндаи Сомониëн хоси ypо зи^ каpдан ба мавpид аст.
Зи^и заpypати баp зидди тypкхо фиpистодани Бахpоми Чyбинpо, ки Табаpй мекунад, Балъамй таквият дода, нигоштааст: «Ва у Бахpом ибни Бахpом ибни Ч,ушнас буд ва аз маликзодагон ва сипахбадони Рай буд ва андаp он вакт маpде аз вай маpдонатаpy мyбоpизтаp набуд ва гуна сиëхчаpда ва аз боло даpоз ва ба тан хушк буд. Бад-ин чихат ypо «Чубин» хондандй» [2, 582].
Даp «Шохномаи Фиpдавсй васфи Бахpоми Чубин даp чунин мисpахо хеле баpчаста омадааст:
Яке кенаре бошадаш зурдаcm,
Саворе сарафрози ме^арпара^,
Ба боло дарозу ба андом хушк,
Ба гирди сараш цаьдмуе чу мушк.
К,авй у^ухонуову бинй бузург,
Сияучардаву mундгуву cуmуpг.
Цауонцуй Чубина дорад лацаб,
Хам аз паулавонон-ш бошад насаб.
Зи цое биёяд ба даргоуи шоу,
Чунин марди чокар ба андак сипоу.
Мар он mуpкpо ногауон бишканад,
Хама лашкарашро ба уам барзанад [З, 479-480].
Дар китоби Абуисхок Иброхим Истахрй (849-934) «Масолик ва мамолик» муаллиф дар катори зикри зиндагиномаи Бахроми Чубин ишора намудаст, ки «Оли Сомон аз фарзандони Бахром буданд» [4, 120; 5, 83]. Доир ба хаёти Бахроми Чубин чун ниёи Сомониён, чунин мисолхоро аз дигар муаррихони асрхои 1Х-Х метавон фаровон овард. Вале дар мачмуъ мухтавои ахбори онхо чунин хулосаеро пеш меорад, ки дарвокеъ ин марди часури дар хизмати Сосониён карор дошта, хангоми ба Эрон соли 590 хамла овардани туркхо аз тарафи Дурмузи IV сипахсолор таъйин шуда, ба туркхо дар Хуросон зарбаи сахт зад. Дар ин мухориба хокони турк кушта шуда, писараш асир афтод. Бадхохон аз баланд шудани нуфузи Бахром хавф бурда, дар байни у ва Дурмуз ихтилоф андохтанд, ки он ба хадди бархурди низомй расид. Дар мухорибаи хамин сол суратгирифта, Дурмуз шикаст хурда ва бо ёрии Хусрави Парвиз ба назди туркон рафта, дар он чо панох бурд. Бахром худро шаханшохи Эрон эълон кард ва тахти шохии Сосониёнро солхои 590-591 дар ихтиёр дошт. Баъд аз он ки Хусрави Парвиз сохиби тахти шохй гардид, бо ёрии султони Рум (императори Византия) Бахромро шикаст дод ва у ноилоч ба дарбори хокони турк панох бурда, соли 592 дар он чо кушта шуд.
Мавриди зикр аст, ки давраи кутохи (591-592) дар дарбори туркон будани Бахром ва издивочи онро бо духтари хокон аз таърихнависони асрхои миёна касе дакикан нишон надодааст. Вале бархе тахмине пеш меоранд, ки гуё Бахром бо духтари Хокони турк издивоч карда, аз он зан фарзанде ба дунё омада аст, ки насаби Сомонхудот ба он мерасад. Дар ин чо набояд аз як хакикат сарфи назар кард. Аз руи анъанаи аз ахди бостон то кунун барои хамаи халкхо роичбуда муайянкунандаи насаб шохаи мардон хисоб меёбанд. Аз ин ру, хатто дар холати чой доштани издивочи Бахром бо хонуми турк, ба хеч вачх дудмони оли Сомонро аз насли турк набояд донист.Аз тарафи дигар, нишондихандахои антропологй ё намуди зохирии хам Бахром ва хам Сомониён аз руи маълумоти муаррихони замони Сомониён, пурра точикона буданд. Барои таквияти ин хакикат боз ба чанд маълумоти дар маъхазхо чойдошта руй меоварем.
Дар «Таърихи Табарй» омадааст: «Ва Дурмуз сахт бимнок шуд ва ба машварат пардохт ва хамагон гуфтанд, ки бояд оханги шохи туркон кунад ва у Бахроми Ч,ушнасро, ки аз мардуми вай буд ва бо номи Чубин шухра буд, бо дувоздах хазор мард, ки Бахром аз солхурдагону чавонон баргузид, суйи туркон фиристод» [1, 656].
Гардизй (асри XI) дар «Зайну-л-ахбор» доир ба насаби Бахроми Чубин чунин ишора намудааст: «... пас Дурмуз Бахроми Чубинро, ки марзбон буд ва нисбаи Гургин Милод буд ва аз фарзандони Ораши бузург буд аз канораи подшохй бихонд ва бар вай Шуба мулки Туркистон фиристод ба харб у сипохе, ки хост бар у дод» [6, 56].
Даp «Доиpатy-л-маоpиф» Заppинкyб, чунин маълумоте аз маъхазхои боэътимод пеш оваpдаст: «Бахpоми Чубин хyдpо аз табоpи Ашконжн медонисту баpхе манобеъ вайpо аз фаpзандони пахлавони эpонй Гypгин писаpи Милод ва низ аз насли Тиpандози машхypи эpонй, Оpаш донистаанд» [7, 145].
Хамин тавp, метавон ба Бахpоми Чубин иpтиботи бевосита доштани насабномаи Сомондан аз манбаъхои таъpихй маълумоти зиëде оваpд. Масалан, даp яке аз мyкаммалтаpин pисолаи замони Сомониëн «Таъpихи Бyхоpо»-и Наpшахй доиp ба насабномаи Сомонхудот омадааст: «Чун Асад ибни Абдуллох ал-^асpй амиpи Хypосон шуд ва ба Хypосон омад ва хамон чо буд, то аз дyнë биpафт, даp соли саду бист (738). Ва чун Сомонхудот, ки чадди эшон буд, аз Балх бигypехт ва ба наздики вай омад ба Маpв ypо икpомй каpд ва химоят каpд ва душманони ypо кахp каpда, Балхpо боз ба вай дод. Сомонхудот ба дасти вай имон оваpд.
Ва ypо Сомонхудот бад-он сабаб хонанд, ки дехе бино каpдааст ва онpо Сомон ном каpда, ypо ба он ном хонданд, чунонки амиpи Бyхоpоpо-бyхоpхyдот. Чун Сомонхyдотpо писаpе омад, аз дустии у писаppо Асад ном каpд. Ва ин Асад чадди Амиpи мозй-амиp Исмоили Сомонист, pахматyллохи алайх-Исмоил ибни Асад ибни Сомонхудот. Ва Сомонхудот аз фаpзандони Бахpоми Чубини малик будааст ва аз он гох боз боpгохи Сомониëн хаp pyз баландтаp аст, то pасид он чо, ки pасид!» [S, 114].
Чи тавpе аз аз маълумоти манобеи таъpихии даp боло ишоpа pафта баpмеояд, насабномаи Сомониëн, даp осоpи таъpихии замони салтанати нихоят пypвyсъатy доманфаpохи онхо, хеле возеху баpчаста инъикос ëфтааст. Аз хама мухим, мазмуну мухтавои таъpихнигоpии он замон даp хамбастагй бо далелхои бостоншиносй мансубияти пyppаи сулолавй ва давлатдоpии Сосониëнy Сомониëнpо ба маpдyми бумии Осиëи Маpказй -точикон комилан тасдик мекунад. Тахлили вокеан илмии манбаъхои pyи дастдошта, акидаи Fайpи илмии аз тахмину бофтахои хаëлии таъpихэчодкyнандагони боFаpази мyосиpи хамсоя, ки бо тамоми неpy нафакат аpзишхои таъpихии минтакаpо пyppа чун «меpоси ачдодй» хисоб каpдаанд, инчунин «иpки азалй»-и хyдpо даp минтака нишон доданй мешаванд, комилан ботил месозад.
Хам акнун ба хонадони Сомонй, ба ин дудмони шyхpатëpи таъpихй, даp замони мyосиp-давpаи авчи худшиносй, таъpихогахй ва pyшди бесобикаи ифтихоpи миллй, ки тавассути истиклолияти комил чун атои таъpихy такдиp ба миллати кyханбyнëдy тамаддунсоз-точикон насиб гаpдидааст, бо чиддият таваччух сypат мегиpад. Чунин заpypатpо эхëи давлатдоpй ва истиклолияти пyppаи давлатдоpии миллй пеш оваpда аст.
Даpвокеъ, таъpих на ба хама халк давлату анъаноти давлатдоpии ба у хосpо pаво дидааст.Даp ин чода бypди точикон даp он аст, ки даp катоpи халкхои тамаддyнофаpy сохибдавлати дyнë чой доpанд. Тачpибавy усули
давлатдории аз замони Сомонжн барояшон хос, дар тамоми замони тулонии аз xокимиятдоpии сдасй маxpyм шyданy кариб xазоp сол дар итоати силсиласyлолаxои ачнабиву бегонатабори кучй карор доштанашон низ руи кор боки монд. Бо ибораи дигар, точиконро баъди сукути давлати Сомониëн xаpчанд аз мансаби олии давлатдорй дур карда бошанд xам, онxо xамеша дар сохтори низоми давлатй мавкеи калидии худро нигоx медоштанд.Намунаи равшани онро дар фаъолияти вазирону дигар маъмурони баландмаком, монанди: Алии Шатранчй, Начибии Фаргонй, Алии Банизй, Алии ^roxpï дар аxди Кдрохондан, Аxмад Дасани Маймандй, Абyсаxли Завзанй, Абулкосими Касир, Абyлфатxи Розй, Дасанаки вазир дар замони xокимияти Fазнавиëн, Хоча Низомулмулки Тусй, вазири донишманди Салчyкиëн, машxypтаpин вазирони давлати Хоpазмшоxиëн Шаxобyддини Насавй, Фахруддин Алии Ч,ундй, маъруф ба Шарафулмулк, Шамсуддин Мyxаммад аз хонадони маъруфи Чувайнщо ва боз даxxо чунин шахсиятxои намоëн, ки дар сохтори идории давлатxои сулолавии Осдаи Марказй накши калидй доштаанд, бараъло ба назар мерасад.
Ба баррасии насаби Сомонжн бори дигар py овардан аз он сабаб буд, ки чанде бо ном муаррихони таърихбехабари богарази xамсоякишваp, чун Гога Дидоятов ва Шамсиддини Камолиддин, ки худ аз дарки мантикии манбаъxои таърихии точикй-форсй фаpсахxо дуранд, дар асоси «таxлил»-и барояшон дилхоx решапайвандии Сомониëнpо ба тypкxо расонданианд.
Г.А.Дидоятов дар асари бепояаш «Шикасти Сомониëн» [9], норозигии худро нисбат ба тачлили чашни 1100-солагии аввалин давлати мустакили точикон-давлати Сомониëн, ки соли 1999 дар асоси Фармони Президенти Ч,yмxypии Точикистон Эмомалй Раxмон ва чонибдории ЮНЕСКО бо тантанаи хосса баргузор гардида буд, изxоp дошта, бо як шеваи нщоят бадбинона, ба точикон мансуб будани дудмони Сомониëнpо катъиян зери шyбxа мебарад. Аз чумла, манбаъxои таърихии дасти дуюму сеюм ва баъдинаро, ки шаркшиносони аврупой мавриди истифода карор доданд, ба асос гирифта, мегуяд: «Фаpxанги бостонии Сосониëн аз тарафи бедуищо (кyчиëни араб-Д.П.) поймол гардида, дар Хуросон нав шакл гирифт, ки он аз бисëp ч^ат давоми анъанаи кyxна, вале дар асоси арабу мусулмонии нав идома ëфт...Ин раванди табий-таърихии xаpакати ислом ва тамаддуни ислом дар Хуросону Моваpоyннаxp буд. На Сомонжн ташкилкунандаи он, балки xамин болоравии фаpxангй, ки дар ин чо дар асpxои IX-X ба назар мерасид, Сомонжнро бардошт ва ба ин кашшокии давраи идоракунии ощо чило бахшид. Дар дарбори Сомонжн ду шоири нобигаи Шарк-Фирдавсй ва Рудакй паноx ëфтанд. Дар Бухоро Фирдавсй достони абадзиндаи худ «Шоднома^ро эчод намуда, шоxони Эронро ситоиш кардааст.Дар он алокамандй Сомониëнpо бо авлоди бонуфузи кадимаи Эpон-Баxpоми Чубин ишора намудааст.
Хамин таpик, Сомонжн даp хамосаи эpонй чун намояндаи хонадони шохон воpид гаpдидаанд. Вале доиp ба pешахои этникии онхо акидаи дигаp низ вучуд доpад»[9, 24].Баpои ин pешахои этникиpо нишон додан,ин муаллиф на ба манбаъхои таъpихии боэътимоди мавчуда, балки ба тахмини Р.Фpай такя каpда, кушиш ба хаpч додааст, ки насабномаи Сомониëнpо ба тypкхо pасонад. Ба сифати далел у назаpе пеш меоpад, ки ^ë даp макони авлодии онхо-Балх даp он замон аксаpан тypкхо зиндагй мекаpданд. «Хаpчи хам бошад, - менависад у, - фаpзия доиp ба pешахои тypкии Сомониëн, бояд ба сифати яке аз тафсиpхои илмй ба хисоб гиpифта шавад. Факат даp чунин холат казияи Сомониëн метавонад аз заминаи тахайюлотй баpомада, асоси вокеан илмй гиpад» [9, 25].
Мухтавои тафсиpи бепояву боFаpази хyдpо доиp ба насабномаи Сомонжн ин мyаppихи аз усулхои хакикатнигоpии таъpихй (истоpизм) фаpсаххо дyp чунин хyлосабаpоpй каpда, таъкид намудааст: «Сомониëн далели вокеиест даp таъpихи Осиëи Маpказй. Пойтахти онхо Бyхоpо даp худуди Узбекистон чой доpад, инpо чомеаи чахонй эътиpоф намудааст ва таъpихи онхо кисми чудонашавандаи таъpихи чyмхypии мо мебошад.Омузиши таъpихи онхо (Сомониëн-Х.П.)-на аз pyи хаëли бофта, на милатгаpоëна, балки вокеъбинона, вазифаи мухимест даp даpки гузаштаи бyзypги халки узбек» [9, 30].
Баpои беpабтивy ихтилофи _назаpи ин мyаллифpо даpк каpдан, мyаppихи касбй будан шаpт нест. У аз як таpаф шукуху шахомати давлати Сомониëнpо зеpи шубха гиpифта, ба точикон pобитаи авлодй надоштани онхоpо нишон дихад, аз дигаp таpаф даp тамоми Шаpк бyзypгии Рудакиву Фиpдавсиpо (хатто Фиpдасиpо зодаи Бyхоpо медонад), ки ашъоpи чахонгиpи хyдpо бо фоpсй (яъне точикй) эчод намyдаанд,эътиpоф намудааст. Вале аз ибоpаи «точик» батамом масофа чуста, хатто Рyдакиpо чун зодаи ПанчpУди Точикистон нишон дода, бо катъиян «шоиpи фоpс» ном бypдааст. Аз pyи тафаккypи Fайpимантикии ин мyаppих омузиши таъpихи Сомониëн гyë танхо баpои даpки вокеъбинонаи «гузаштаи бyзypги халки узбек» заpyp будааст.
Доиp ба иpтиботи давлати Сомониëн ба точикон, ин ба истилох мyаppих бо хаpзаи захpомез чунин хулоса мебаpоpад: «Холо якинан маълум аст, точикон наметавонанд ба макоми ташкилкунандаи давлати Сомонжн даъво дошта бошанд, чунки даp он замон онхо даp сахнаи таъpих набyданд.Баpои мавчудияти онхо даp он давpа хатто фаpзияе вучуд надоpад» [9, 149]. Ин хаëлпаpдозии пypмyхобот ба сифати «кашфдато-и илмие пешниход шудааст,ки ба он на хаp одами солимфикp кодиp буда метавонад.Даp холе ки маъpyфтаpин шаpкшиносони дyнë, маpдyми бумй ва оpиëитабоp будани точиконpо даp пахнои Осиëи Маpказй кайхо чун хакикати бебахс хисоб каpдаанд. Чунин хаpзагyии таболyдаpо ба сифати
«акидаи илмй» пешниxод намудан, нишондиxандаи заъфи тафаккури аклониву илмии ин муаллиф.
Албатта метавон аз дигар «акидаxо»-и беасоси Г.Дидоятов доир ба ^ë дар тебеияти пурраи хилофат карор доштани Сомониëн, «сулолаи музофотй» будани он, танxо ба сифати волии Хуросон шинохтан ва xатто унвони амирй доштанашонро чун «сарлашкар» шаpx додан, аз сохтори мавзуни давлати Сомондан-девощо, ки нишондиxандаи мустакилияти давлатдорй xисоб меëфт, сарфи назар кардан, кариб батамом аз тур^о иборат будани аxолии Моваpоyннаxpy Хуросон, Туркистонро ватани азалии тypкxо xисоб кардан ва гайра мисолу иктибоси здаде овард.Вале масоили дар доираи xадафи маколаи мазкур карор дошта, ки асосан ба муайян намудани дарачаи инъикоси вокеияти замони Сомониëн дар осори таърихй, бо ибораи дигар, ба таxлили таърихнигории масъаларо бахшида мешавад, имконияти ба дарозо бурдани тавзеxоти асари комилан гайриилмии «таърихношинос»-и номбурда ва бо далелxои муътамади манбаъxо катъиян рад намудани тамоми ишоpаxои гаразомези ин муаллифи xакикати таърихиро пурра инкоркунанда, имкон намедщад. Аз тарафи дигар шиносоии хонандаи ба таърихи точикон аз диди тафаккури мантикй муносибат дошта, то андозае ин заруратро аз байн мебардорад.
Дар ин радиф бояд кайд кард, ки дигар муаллифи аз xамин кишвари ба мо xамсоя ва дусту бародар бо исми Шамсиддин Камолиддин варсокихонщои Гога Дидоятовро боз бештар таквият бахшида, чилваи «илмй» доданй шуда, ба «таxлили» насабномаи Сомониëн даст задааст.У барои ба тypкxо решапайвандии авлодии Сомонданро «собит» намудан, ривояту тахмищои хеле зиëдy печидаи дар баъзе саpчашмаxои асpимиëнагивy таълифоти муаррихони минтакаи Осиëи Миëна ва берун аз он доир ба муносибати Сосондану тypкxо, иртиботи авлодии Баxpоми Чубин бо тур^о ва аз xама барояш мyxим дар ин замина «туркнасаб» будани Сомониëнpо «кашф» кардааст [10].
Пешгузаштагони Баxpоми Чyбин-ниëи Сомонхудот аз диди муаллиф «ба яке аз кабилаxои турки Осиëи Мдана муносибати авлодй доштаанд...Ин кабила метавонист дар кадим ба доираи иттщодияи кабилавии Поpтxо (Парфия), сипас дар баробари хионщо, кидоpиxо, xайтолиëн ва тур^о дар хизмати Сосониxои аввал ва намояндагони нисбатан баъдинаи ин сулола карор дошта бошад» [10,26]. Аз руи хулосаи y Баxpоми Чубин се писар дошт: Навшард, Меxpон ва Шопур. Бино ба маълумоти дар маъхазxо омада Сомонхудот насли чорум ë панчуми писари калонй-Навшард буд [10, 26]. Ин акидаро таквият дода, муаллиф кайд намудааст, ки «чадди Сомонхудот, ба издивочи Баxpоми Чубина бо духтари Хокони турк, ки дар Бухоро каpоpгоx дошт, иртибот дорад» [10, 35].
Ш.Камолиддин «хакикат»-и турк нишон додани насабномаи Сомониёнро чуста, иборахои «Зани Хусрави I Анушервон будани шохзодахонуми (малика) турк бо номи Кайэн» [10, 12], «аз хисоби модарй нимтурк будани меросхури Анушервон дар тахти Сосониён шохзода Дурмузд»[10, 13], «хорони турк Тарду тагои шаханшохи Сосонй Дурмузди IV буд» [10, 17, 21], «чолиб будани алокамандии авлодии Бахроми Чубина бо Хорони турк, ки дар Бухоро карор дошт», «дар охири хаёт Бахроми Чубина бо Хорони турк бо исми Пармуд муносибати хешй баркарор намуд» [10, 47] ва боз даххо бо чунин мазмун «далелхо» оварда, чунин хулоса карда аст: «Дамин тарик, ба далелхои дар боло омада, такя карда, метавон бо эхтимолияти асосноку кавй кайд кард, ки Бахроми Чубина аз авлоди бонуфузу кадимаи турки аз шохаи Кушониён ё массагетхои Аршакиён буда, баромадааст» [10, 83-84]. Барои таквияти ин акидаи худ, муаллиф афзудааст:«Сомонхудот намояндаи насаби эронй, ки ба Сосониён мерасид набуда, мисли пешгузаштаи дури он Бахроми Чубина насаби огузу туркй дошт» [10, 83-84].
Муаллифи номбурда барои боварибахш будани ин хаёли бофта, хатто ибораи «чубин»-ро, ки комилан форсй-точикй буда, шархи онро хамзамонони Сомониён, чи тавре дар боло ишора рафт, равшан овардаанд, бо фахмиши ночаспону хандаовари этимологии «зог», «бургут», «калзог», «турна» ва гайра нисбат додааст [10, 22-26].
Чй тавре мебинем, харду муаллифи номбурда, бо тамоми неру "талош" кардаанд насаби Сосониёнро ба туркхо иртибот диханд ва ба далеле такя мекунанд, ки Бахроми Чубин ё дигаре аз пешгузаштагони авлодии шоханшохони сулолаи Сосониён, аз занхои ба туркхо иртиботи авлодй дошта, зода шуданд. Вале хангоми мукоисаи гуфтахои ин муаллиф бо сарчашмахои замони Сомониён ва баъди он, ишораи равшане, ки ба туркон бевосита иртибот доштани ниёи Бахроми Чубин ва Сомонхудотро тасдик намояд, ба назар намерасад.
Дар катори манбаъхои асримиёнагй ва «хулоса»-хои мухаккикони аврупой, Ш.Камолиддин гуё ба назари муаррихи Эрон Ризо Иноятуллох такя карда, таъкид намудааст, ки «насаби Бахроми Чубин турк буда, у аз байни туркхои огузи дар хизмати Сосониён карор дошта, баромадааст» [10, 9-10]. Барои мукоиса лозим меояд, ки гуфтахои Иноятулох Ризоро айнан оварем. «Баъзе аз муаррихон,-менависад муаллиф,-кушидаанд вучуди бозмондагони Бахроми Чубинро дар Осиёи Миёна чун бозмондагони кабилахои машо ба кабоили турк вонамуд кунанд ва ононро бахше аз «эли» туркон бидонанд. Ин андеша саропо хато ва аз реша нодуруст аст» [11, 152].Чунин назар дар пажухиши шаркшиноси даниягй Артур Кристенсен (1875-1945) «Эрон дар замони Сосониён» низ омадааст [12, 578-579].Аз ин ва боз бисёре аз дигар иктибосхои ин муаллиф, хулосае бармеояд, ки мухаккики номбурда, акидахои дигар
олимонро ба максади барояш дилхох тагйиру тавзех додааст, ки камоли бехирадист.Датто чунин масъалаи бахсбарангез Ш.Камолиддиновро, ки шеваи кораш такаллуб будааст,боз надошта аст.
Ин «хакикатнигорон»-и таърих анъанаи бисёрзанй ё дар ихтиёр доштани харамсарои ба шохон хосро донанд хам, барои «асоснок» кардани андешаи баргалати худ, ки аз эътироф накардани иртиботи точикон ба давлати Сомониён иборат аст, насаби авлодиро ба канизони шохон мечаспонанд.Онхо ба чунин хакикати одй сарфахм рафта наметавонанд, ки дар таърихи давлатдорй хатто аз кучо пайдо шудани сулола мухим нест. Мухим ба рох мондани рушди иктисодй, ичтимой ва фархангии давлат, таъмини накши тамаддунсози он хисоб меёбад.
Таърих бисёр мисолхоеро медонад, ки ба ташаккул ва рушди империяхои бузург шахсиятхои аз чихати этникй ба онхо бегона асос гузоштаанд ва нишондихандихандахои этникии онхо дар ин раванд, накши марказй ва халкунанда надошта аст. Масалан, Искандари Макдунй зодаи Македония чун давлати гуломдории вохид дар асрхои V-II то милод дар кисмати шимоли шаркии нимчазираи Балкан арзи вучуд намудааст. Давлати дигар-Юнон дар кисмати чанубии хамин нимчазира хеле пештар, хануз дар миёнаи хазорсолаи II пеш аз милод шакл гирифта, чун давлати пешкадами классикии гуломдорй дар асрхои V-IV кабл аз милод шухрат дошт.Вале бо такозои вокеияти таърихй Файлакуси (Филипп) II (359-336 пеш аз милод) музофотхои шимолии Македонияро муттамарказ намуда, сипас тамоми Македония ва Юнонро ба тобеъияти худ даровард.Писараш Искандар (336-323), ки ташаккули шахсиятиаш дар заминаи арзишхои барои Юнон хос тарбия ёфта буд, тавонист империяи пуркуввату пурвусъати Юнонро ташкилу идора намояд.Вале шукуху шахомати оламшумули Юнонро ба шахсияти этникии барои македониягихо хос-Искандар тобеъ кардан хилофи диди илмист. Аз тарафи дигар арзишхои таърихии юнонро ба Македония барои он, ки Искандар зодаи он буд, иртибот додан комилан норавост.Тамоми нишондихандахои тамаддунсози Юнонро дар заминаи барои замон созгори дахои халк, ки Искандар зодаи он буда, аз таъсири он берун монда наметавонист,бояд дид.
Аз руи маълумоти дар маъхазхо (аз чумла «Повести временных лет») чой дошта, ба давлати Руси Киевй, ки ба пайдоиши он иттиходияи кабилахои славянии шаркй дар нимаи дувуми асри VIII ибтидои асри IX замина гузоштаанд, князхои нормании (варягхо) аз Скандинавия даъватшуда-Рюрик, Трувор ва Синеус асос гузоштаанд. Дарвокеъ аз руи анъанаи ба талаботи кадим ва асримиёнагй роичбуда, барои эътирофи тахтнишинон насабномаи мувофик доштан зарур буд. Славянхои шаркй низ аз ин талабот берун буда наметавонистанд. Аз ин ру, бо назардошти овозахое, ки гуё шачараи авлодии Рюрик ба императори маъруфи Рим-Август мерасид, уро ба сифати князи Киев даъват намуда, бо ин ба
ташкилëбии pасмии давлати Руси Киевй ибтидо гузоштанд.«Замини Рус» (аз Киев то Воpонеж масохат дошт) номи хyдpо аз кабилаи Рос (Рус), ки ба иттифоки кабилавии Полянхо шомил буд, гиpифтааст.
Санади таъсисëбии давлати феодалии Руси Киевй соли 882 вакти бо лашкаpи аз худи славянхо ва дpyжинаи киpояи ваpягхо ба Киев воpид гаpдидани княз Олег муайян шyдааст.Даp давpаи князигаpии дигаp намояндагони сулолаи Рюpикхо Игоp (912-945), Олга (945-964), Святослав (964-972), Владимиp (980-1015) тамоми кабилахои шаpкии славянхоpо муттахид намуда, ба калош^ин давлати авpyпой табдил ëфт.Даp ин давpа табиист, ки дpyжинаи ваpягхои бо саpсyлолаи Рюpикхо омада, бо славянхо пyppа омезиш ëфтанд.Ягона нишондихандае, ки бокй монд, факат номи сулолаи Рюpикхо буд, ки онхо низ иpтиботи этникии хyдpо аз ваpягхо пyppа аз ëд баpоваpда буданд. Рушду дигаpгyнсозихои таъpихии Русу Русия оянда то хадди ба даpачаи импеpияи бyзypги чахонй pасидан, на ба сулола, балки ба захмати халки pyс ва дигаp халкхои даp худуди он буда ба даст омадааст.Даp ин pаванд табиист, ки нигахдошти ифтихоpи сулолавй ва пyppа ба саpомади этникии он тобеъ намудани таъpихи давлат аз шиpинкоpии хандаоваpи таъpихй беш буда наметавонад.
Ин даp мисоли ба тахти импеpатоpии Фаpонса сохиб гаpдидани Наполеон низ ба назаp меpасад. Наполеон Бонапаpт (1769-1821), шахсияти машхypи таъpихй, саpлашкаp, консули аввалин (1799-1804), импеpатоpи ояндаи Фаpонса даp шахpи Аяччои чазиpаи Коpсика, ки даp итоати Генуя (Италия) буд, ки соли 1768, як сол пеш аз ба дуте омадани Наполеон ба Фаpонса хамpох каpда шудааст. Табиист, ки аз хамин сол воpидшавии забону фаpханги фаpонсавй ба ин чазиpа 0F0з ëфт. Хаpчанд донишу чахонбинй ва махоpати лашкаpкашии Наполеон даp Фаpонса ташаккул ëфта бошад хам, у аз чихати пайдоиши этникй бегона буд. Вале он кyдpатy шахомате, ки Фаpонса даp замони консулй ва импеpатоpии у сохиб гаpдида буд, дастоваpди коpсикагихо хисоб каpдан хандаоваp аст. У худ зодаи вокеъияти аз яктаpаф фочиабоpи инкилобй ва тахаввули сиëсивy хаpбии он замони Фаpонса буда, ба шикасти накшаи чахонталабиаш нигох накаpда, чун шахсияти таъpихии ин миллат шинохта мешавад.
Чунин мисолхо хеле зиëданд. Албатта,баpои ботил намудани фахмиши нихоят хандаоваp ва ночои «ифтихоpи сулолавии тypкй»-pо чун василаи инкоp каpдани мавкеи тамаддунсози таъpихии маpдyми бумии минтака-точикон истифода бypдани хидоятовхо, камолиддинхо ва дигаp таъpихэчодкyнандагони ба ин pавияи беpохагии онхо гаpавида, аз таъpихи yмyмибашаpй далелхои зиëде метавон пеш оваpд.
Хамаи он чи даp ин чода даp сахифахои таъpихи давлатдоpии дигаp халкияту миллатхо чой дошта, ба хулосае меоpанд,ки на сулолахо, балки дахои созандагии хаp халк баpои ташкилу ташаккули давлатдоpй заминаи мусоид фаpохам меоpад. Аз ин py, ба сулолаи тypкй иpтибот додани
давлати Сомонжн аз кушиши бепояи ботил сохтани иртиботи он ба даxои азалии дар нщоди точикон чой доштани xyнаpy усули давлатдорй беш буда наметавонад. Ба xаp як шахси иттилои одии таърихй дошта маълум аст, ки танxо мардуми мукимй ба давлатсозй кодир буда метавонад. Датто дар xолати аз тарафи кучдан истилоъ намудани давлат, госибон ба сохтори анъанавии идоракунии соxибдавлатони собик такя карда, метавонистанд давлатро идора намоянд. Инро таърихи давлатдории силсиласyлолаxои кучии баъди Сомонжн дар минтака ба сари кудрати сиëсй омада, возеxан собит сохтааст.
Хулоса, ба ниëи Сомониëн аз кадом самте нанигарем, пурра pешаxои иркии оpиëй-точикй дошт. Инро диди хyсyсиятxои антропологие (киëфаи точикона доштани Баxpоми Чубин), ки дар манбаxои таърихии зикргардида, бараъло нишон дода шудааст, тасдик менамоянд. Агар xатто даxxо xидоятовxо ва камолиддинxо аз тарафи модарй робитаи туркии ин дудмонро бо 'Чазор далел" исбот карданй шаванд xам, xакикати бебаxсpо тагйир дода наметавонанд.
Аз тарафи дигар, чи тавре дар боло ишора рафт, дар xама xолат даxои ба халки тамаддунофар хос пояи боэътимоди давлатсозиву давлатдорй буда метавонад. Дар ин чода бурди точикон боз дар он зоxиp мегардад, ки давлати Сомониëн xам аз руи насаби сулолавй ва xам аз руи истеъдоди давлатдорй комилан зодаи ин халки тамаддунофар буд. Ин xакикати бебаxс буда, он дар илми шаркшиносии чаxонй пурра тасдик гардидааст.
АДАБИЁТ
1. Myxаммад ибни Ч,арири Tабаpй. Tаъpихy-p-pyсyли ва-л-мулук. (Иборат аз 1б чилд дар 8 китоб). Ыутарчим Абулкосими Поянда. Бо таxpиp. Tасxеx ва таxкики умумии Нypмyxамад Амиpшоxй. Китоби 1, иборат аз чилдxои 1,2,3.-Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии точик, 2014.
2. Абуалй Myxаммад ибни Myxаммади Балъамй. Tаъpихи Tабаpй. Аз силсилаи «Халвдои эронй дар маъхазxои таърихй». Ч,. I.
3. Фирдавсй А. Шоxнома. Ч,.8. Душанбе: Адиб, 1990.
4. Абyисxок Ибpоxими Истахрй. Ыасолик ва мамолик (тарчумаи форсии «Ыамолик ал-масолик»). Аз куруни 4-5 x^pn. Бо эxтиpоми Эрачи Афшор. Tеxpон: Ширкати интишороти илмй ва фаpxангй, 1340.
5. Сомониëн дар оинаи таърих.Ч,илди дувум (Ыутуни арабиасос). Хучанд: Нашpиëти Pаxим Ч,алил, 1998.
6. Mаxмyд Гардезй. Зайну-л-ахбор ^аърихи Гардезй). Tаxия ва нашри электронй. Ыунташир шуда дар торнамои WWW. TARIKHFA. COM.
7. Зарринкуб А. Доират ал-маоpиф.-Tеxpон.....
8. Абубакр Myxаммад ибни Чдъфари Наpшахй.Tаъpихи Бухоро. Ыураттибон F.Fолибов, К.Олимов, Н.Амиpшоxй.-Дyшанбе:Пайванд, 2012.
9. Хидоятов Г.А. Крушение Саманидов.-Mосква-Tашкент, 2004.-152 с.
10. Камолиддин Ш. Происхождение Саманидов.-Ташкент: ИФЕАК (Французский институт исследований Центральной Азии), 2008.
11.Иноятуллох Ризо.Ирон ва туркон дар рузгори Сосониён-Техрон, 1374 (1955).
12. Кристенсен А. Эрон дар замони Сосониён. Тарчумаи Рашид Ёсамй. Техрон: Дунёи китоб, 1372.
МУЛОДИЗОТЕ ЧАНД ПЕРОМУНИ НАСАБНОМАИ СОМОНИЁН
Дар макола сухан аз муайян намудани насабномаи сулолаи Сомониён меравад. Бархилофи акидаи чанде аз муаррихоне, ки решаи пайдоиши этникии онх,оро ба туркх,о расонданианд, муаллиф дар асоси тах,лили мукоисавии маъхазх,ои боэътимод ва хулосах,ои шаркшиносони намоён комилан нодурусту гайриилмй ва гаразнок будани назари онх,оро фош намуда, решапайвандии этникии Сомониёнро бо точикону форсх,о дакикан нишон додааст.Муаллиф хонандагонро бо андешаи богарази муаррихоне, ки барои паст кардани нуфузи таърихии давлати Сомониён, кушиши гайриилмй ва бебарор зох,ир менамоянд, шинос карда, дар айни замон бо далелх,ои муътамад назари олимонро доир ба иртиботи бевоситаи точикон бо ин хорикаи таърихй таквият бахшидааст.
Калидвожахо: Эрон, Бухоро, Сосониён, Сомониён, туркуо, Осиёи Маркази, Мовароуннаур, Хуросон, Рум, Балх, форс, тоцик, Бауроми Чубин, Сомонхудот, Хурмуз, Табари, Фирдавси, Балъами, Истахри.
НЕКОТОРЫЕ РАЗМЫШЛЕНИЯ О ГЕНЕАЛОГИЧЕСКОМ ДРЕВЕ
САМАНИДОВ
В статье речь идет об определении генеалогии представителей династии Саманидов. Вопреки мнению ряда исследователей, пытавшихся относить их корни к тюркам, автор на основе сопоставительного анализа письменных источников и заключения известных востоковедов доказывает таджикско-персидское происхождение Саманидов. Ознакомив читателей с предвзятыми намерениями историков, пытавшихся бросить тень на величие государства Саманидов, автор подтверждает мнение исследователей, указывающих на прямую причастность таджиков к такому историческому феномену.
Ключевые слова: Иран, Бухара, Сасаниды, Саманиды, тюрки, Центральная Азия, Мавераннахр, Хорасан, Византия, Балх, перс, таджик, Бахрам Чубин, Сомон-худат, Хурмуз, Табари, Фирдоуси, Балъами, Истахри.
SOME THOUGHTS ABOUT THE GENEOLOGY OF THE SAMANIDS
The article deals with the definition of the genealogy of representatives of the Samanid dynasty. Contrary to the opinion of a number of researchers who tried to attribute their roots to the Turks, the author proves the Tajik-Persian origin of Samanids on the basis of a comparative analysis of written sources and the conclusion of well-known Orientalists. Having acquainted readers with the evil-biased intentions of historians who tried to cast a shadow on the greatness of the Samanid state, the author confirms the opinion of researchers pointing to the direct involvement of theTajiks in such a historical phenomenon.
Key words: Iran, Bukhara, the Samanid, the Turks, Central Asia, Maverannahr, Khorasan, Byzantium, Balkh, the Persian, the Tajik, Bahrom Chubin, Somon-Khudat, Hurmuz, Tabari, Firdawsi, Bal'ami, Istakhri.
Маълумот дар бораи муаллиф: Хайдаршо Пирумшо-доктори илмх,ои таърих, профессор, узви вобастаи Академияи илмх,ои Ч,умх,урии Точикистон, сарходими илмии Шуъбаи таърихи кадим, асрх,ои миёна ва нави халки точики Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ Ч,Т. ш. Душанбе, хиёбони Рудакй, 33. Телефон: (+992) 919-14-87-36. E-mail: [email protected]
Сведения об авторе: Хайдаршо Пирумшо-доктор исторических наук, профессор, член-корреспондент АН РТ, главный научный сотрудник Отдела древней, средневековой и новой истории Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша Академии наук Республики Таджикистан. Телефон: (+992) 919-14-87-36 E-mail: pirumshoev .44@mail. ru
Information about the author: Khaidarsho Pirumsho-Doctor of Historical Sciences, correspondent-member of the Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan, senior researcher of the Deapartment of Ancient, Medieval and New History of the A. Donish Institute of History, Archaeology and Ethnography of the Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan. Telephone: (+992) 91914-87-36, E-mail: [email protected]