Научная статья на тему 'ГЕОГРАФИЧЕСКОЕ РАСШИРЕНИЕ ГОСУДАРСТВА САМАНИДОВ'

ГЕОГРАФИЧЕСКОЕ РАСШИРЕНИЕ ГОСУДАРСТВА САМАНИДОВ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
81
16
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ГОСУДАРСТВО САМАНИДОВ / ГЕОГРАФИЯ / ОБЛАСТЬ / ХОРАСАН / МАВЕРАННАХР / ИСМАИЛ САМАНИ / ГОСУДАРСТВЕННЫЕ ГРАНИЦЫ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Сафаров Некруз Шодиевич

Территория государства Саманидов занимало огромную площадь, которая начиналась с долины реки Талас в северо-востоке и заканчивалась в Центральных провинциях Ирана на западе. Эта территория признается ареалом формирования и местом проживания таджикского народа в средние века и последующие столетия и занимает почти 3 млн кв. км.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

GEOGRAPHICAL EXPANSION STATES OF SAMANIDES

The territory of the Samanid state occupied a huge area that began from the Talas valley in the northeast ending in the central provinces of Iran in the west. This territory is recognized as the area of formation and the place of residence of the Tajik people in the Middle Ages and the following centuries and occupies almost 3 million square kilometers.

Текст научной работы на тему «ГЕОГРАФИЧЕСКОЕ РАСШИРЕНИЕ ГОСУДАРСТВА САМАНИДОВ»

ГУСТАРИШИ СА ФАРОВ Некруз Шодиевич,

ЦУГРОФИЕИИ аспиранти Институти таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии

ДАВЛАТИ ба номи А.Дониши АИ Цумх,урии Тоцикистон (Тоцикистон, Душанбе) СОМОНИЁН

ГЕОГРА ФИЧЕСКОЕ СА ФАРОВ Некруз Шодиевич,

РАСШИРЕНИЕ аспирант Института истории, археологии и этнографии имени

ГОСУДАРСТВА А. Дониша АН Республики Таджикистан, (Таджикистан, Душанбе) САМАНИДОВ

GEOGRAPHICAL SAFAROV Nekruz Shodievich,

EXPANSION STATES post-graduate student of the Ahmad Donish Institute of history, OF SAMANIDES archaeology and ethnography, Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan. (Tajikistan, Dushanbe)

Калидвожацо: давлати Сомониён, цугрофиё, вилоят, Хуросон, Мовароуннахр, Исмоили Сомони, марз^ои давлати.

Давлати Сомониён х,удуди густардаеро фаро мегирифт, ки каламрави он дар шимолу шарк аз водии дарёи Талас огоз шуда, дар цанубу гарб то Эрони Маркази ва Цанубй доман густарда буд. Ин ^удуди ташаккул ва сукунати мардуми тоцик дар асрцои миёна ва давра^ои баъдии таърихи дониста мешавад, ки х,оло кариб 3 млн км2-ро дар бар мегирад.

Ключевые слова: государство Саманидов, география, область, Хорасан, Мавераннахр, Исмаил Самани, государственные границы.

Территория государства Саманидов занимало огромную площадь, которая начиналась с долины реки Талас в северо-востоке и заканчивалась в Центральных провинциях Ирана на западе. Эта территория признается ареалом формирования и местом проживания таджикского народа в средние века и последующие столетия и занимает почти 3 млн кв. км.

Key words: Samanid state, geography, region, Khorasan, Maverannahr, Ismail Samani, state borders.

The territory of the Samanid state occupied a huge area that began from the Talas valley in the northeast ending in the central provinces of Iran in the west. This territory is recognized as the area of formation and the place of residence of the Tajik people in the Middle Ages and the following centuries and occupies almost 3 million square kilometers.

Сохибназарон давраи хукумати сулолаи Сомониёнро асри тиллоии таърихи мардуми точик донистаанд. Зеро дар ин давра сиёсату ицтисод, ичтимоиёту фарханг, илму хунар ва адабиёт ба рушди бесобицаи худ расидаанд. Густариши цаламрави давлати Сомониён аз соли 893, яъне аз замони расман ба хукмронии Мовароуннахр расидани Исмоил ибни Ахмад (892-907) шуруъ шудааст. Дар ин сол Исмоил барои бартараф кардани хатари хамлахои туркон ба шахри марказии Туркистон - Тироз (Тарози кунунй дар ^азоцистон) лашкар кашид. Дар чанг Исмоил хони туркро маглуб карда, уро хамрох бо 10 хазор надимону сипохиёнаш асир гирифта, калисои бузурги онро ба масчиди чомеъ табдил доданд ва ба номи халифа Муътазид хутба хонданд. Бад-ин восита туркон муддати тулонй ба марзхои Мовароуннахр хучум карда натавонистанд [1, 157; 2, 334].

Пас аз ин галаба Исмоил цаламрави худро то водии Талас васеъ намуда, минтацаи хеле пургановатро, ки дорои маъданхои гуногуни гаронарзиш буд, дар ихтиёр гирифт. Коркарди ин маъданхо ахамияти минтацаро боз хам афзуда, дар умум барои рушди ицтисоди Мовароуннахр заминаи мусоид фарохам меовард.

Соли 893 Исмоил Усрушанаро аз нав ба цаламрави давлати худ хамрох карда, хукумати Сайр ибни Абдуллохро сарнагун намуд ва барои хамешагй Усрушана аз зери хукумати афшинхои сулолаи Ковусиён берун рафт.

Афзудани цудрати Сомониён дар Мовароуннахр ва Саффориён дар Хуросон дар маркази хилофат - Багдод тахлука меафканд. Бо мацсади заъиф кардани хар ду сулолаи точикй халифахои Аббосй ба хулосае омаданд, ки Амр ибни Лайсро бо Исмоили Сомонй чанг андозанд. Бо ин мацсад соли 892 халифа Муътазид фармони хукуматдории Хуросонро ба номи Амри Лайс фиристод. Бо ин рох халифа мехост аз волии амалкунандаи Хуросон - Рофеъ ибни Хдрсама халос шавад. Соли 896 Амри Лайс бо шикаст додани Рофеъ ибни Хдрсама умури Хуросон ва пас аз як сол

Райро хам дар ихтиёр гирифт. Марзхои давлати Амри Лайс дар шимол то руди Чдйхун гyстаpиш ёфт.

Фурсате, ки халифа барои ба хам шурондани Амри Саффорй ва Исмоили Сомонй интизораш буд, фаро расид. Соли 898 халифа Муътазид фармони барканории Исмоилро аз хукумати Мовароуннахр ва ба ихтиёри Амри Лайс супурдани онро бо хадяхои гаронбахо ба Амр фиристод. Инчунин фармони ба Исмоил супурдани хукумати Мовароуннахру Хуросон ва дастгир кардани Амр низ аз чониби Муътазид барои Исмоил фиристода шуда буд [3, 94]. Ин амал сабаби низоъ байни Исмоил ва Амри Лайс гардид. Амр интизор дошт, ки халифа ба y барои мубориза бо Исмоил лашкар хам мефиристад, ки чунин нашуд.

Чун Исмоил тасмими чанг доштани Амри Лайсро эхсос кард, бо сипохаш ба муцобили Амр харакат кард [4, 452]. Дар мухорибаи аввал, ки соли 899 дар наздикихои Нисо ва Абевард рух дод, лашкари Амр шикаст хурда, чанд фармондехи y ба дасти Исмоил асир афтоданд. Исмоил бо иззату икром онхоро суи Амр бозпас фиристод ва ин амал сабаби эхтироми гурухе аз лашкари Амр нисбат ба Исмоил шуд.

Соли 900 Амри Лайс барои чанги дуюм бо Исмоили Сомонй аз Нишопур сипох фарохам карда, суи Чдйхун харакат кард. Дар чанги дуюм, ки дар наздикихои Балх рух дод, Исмоил лашкари Амрро шикаст дода, худи уро асир гирифт ва ба Багдод фиристод. Пас аз ин галаба тамоми цаламрави давлати Саффориён дар тобеияти Исмоили Сомонй царор гирифт [2, 334].

Наршахй навиштааст, ки чун амир Исмоил Амри Лайсро наздики халифа фиристод, халифа маншури Хуросон ба вай фиристод ва аз Ацабаи Хулвон ва вилояти Хуросон ва Мовароуннахру Туркистон ва Синду Хинд ва Гургон хама уро шуд [1, 165].

Дар охири соли 900 амир Исмоил ба Табаристон лашкар кашида, хокими он Мухаммад ибни Зайдро, ки бо 20 хазор лашкар муцобили сипохи Исмоил ба чанг омада буд, шикаст дод ва худи Мухаммад ибни Зайд дар чанг кушта шуд. Дар Табаристон хануз аз замони Тохириён (соли 864) харакатхои чудоихохй огоз шуда, боиси таъсиси давлати алохида гардида буданд. Хокимони ин давлат, ки бо номи Алавиён шинохта мешуданд, пайравони мазхаби шиа буда, мухолифони сиёсии хилофати Аббосй ва мусалламан давлати Сомониён ба хисоб мерафтанд. Бо бархам додани давлати Алавиён, Исмоил хатари мухолифони сиёсй ва мазхабии худу Аббосиёнро бартараф карда, цаламрави давлати худро дар самти гарб густариш дод [3, 97].

Соли 901 халифа Муътазид фармони хукумати Хуросон ва Гургону Табаристонро бо хадяхои бисёр барои Исмоил фиристод ва аз ин вацт Хуросон расман хайати давлати Сомониён шумурда мешуд [5, 502]. Бо марги Муътазид дар соли 902 писари у Муктафй (902-908) фармони хукумати Исмоилро дубора таъйид карда, хукумати Рай, ^азвин ва Занчонро низ ба у супорид.

Дар замони хукумати Исмоил ибни Ахмад худуди чугрофиёии давлати Сомониён сарзаминхои васеъро фаро гирифта, аз шимол - водии дарёи Талас, дар чануб то Сиистон, аз шарц - марзхои Туркистони Шарцй ва Синд, дар гарб то Эрони Марказй мерасид. Дар умум ин худудро бо андозахои имрузй баён кунем, он 2,8 млн км2-ро ташкил мекард. Исмоили Сомонй бо дароят ва хирадмандй тавонист дар ин сарзамини пахновар давлати цудратманду мутамарказро таъсис дихад. Тамоми талошхои Исмоил чихати таъмини бехатарии дохилй ва хоричии мамлакат натичаи мусбат доданд ва у имкон ёфт, ки ба ташкили дастгохи идории муташаккил ва сипохи муназзам пардозад.

Ба ин восита кулли сарзаминхои точикнишин муттахид шуда, давлати мустацил таъсис дода шуд. Бархам хурдани чангхои дохилй, рафъи хатари хучумхои горатгаронаи цабоили турк шароити мусоиди ицтисодй фарохам оварда, барои рушди илму фарханг замина мухайё карданд. Исмоил бо ташкили лашкари доимй ва муназзам, сохтмону таъмири деворхои мудофиавии пурхарчро, ки андозхои бештар бар сари омма бор мекарданд, манъ кард. Тахцицоти бостоншиносии охир нишон доданд, ки деворхои мудофиавии маъруфи Варахша махз аз замони Сомониён дигар таъмиру бозсозй нашуданд, харчанд худи шахр хеле обод ва цобили зист буд. Зеро дар шароити мавчудияти сипохи нируманд ва дигар ниходхои давлатй ба иншоотхои мудофиавии серхарч эхтиёч намонда буд [2, 336].

Пойтахти давлати Сомониён - Бухоро дар ин давра яке аз ободтарин шахрхо ва бузургтарин маркази илмию фархангии чахони он руз буд. Мустацилияти ицтисодию сиёсй ва цудрати кофй ба Исмоил имкон дод, ки забони форсии дариро забони расмии давлатй эълон намояд.

Дар пажухишхои донишмандон зимни додани маълумот дар хусуси худуди давлати Сомониён, вилояти Fyp дар цатори Хирот ва Fаpчистон аз тавобеи ин давлат гуфта шудааст [6, 47; 2, 341, 354]. Аммо дар тамоми харитахои осори илмии марбут ба давлати Сомониён вилояти Fyp

берун аз ин давлат нишон дода мешавад. Вилояти Fyp харчанд сокинонаш ба ислом нагаравида буданд, аммо аз лихози маъмурй тобеи волии Хирот буданд. Ходисаи хуручи Бубилол дар ин навохй ва пахш шудани исён тавассути лашкари амир Исмоил далели собити тобеияти Fyp ба давлати Сомониён аст.

25 ноябри соли 907 амир Исмоил вафот кард ва ба чои у писараш Ахмад ибни Исмоил (907914) амири давлати Сомониён шуд. Амир Исмоил аз худ давлати мутамарказ, сипохи цудратманд ва аз лихози ицтисодй ва фархангй рушдакардаро ба мерос гузошт.

Баъди ба тахт нишастани Ахмад ибни Исмоил дар чанд шахру навохй исёнхо бархоста, ба нохияхои марзй низ аз чониби хамсоягон дастандозихо ба назар мерасид. Ахмад мехост бо лашкар суи Рай равад ва хокимони исёнкардаи онро шикаст дода, тасаллути худро бар Табаристону Рай собит созад. Нахуст у ба Самарцанд рафт ва амаки худ - Исхоц ибни Ахмадро, ки дар сар фикри мустацилият дошт, боздошт кард [7, 148]. Чун Ахмад аз мушкилоти дохилии хонаводагй фориг шуд, мацсад гузошт, ки вилоятхои шуридаро аз нав тобеъ кунад. Бо ин сабаб худ ба Нишопур омад ва аз он чо ба Рай рафта, лашкаре барои фатхи Гургону Табаристон фиристод. Волии Рай ва Табаристон - Бориси ^бир, ки замони аморати Исмоил аз чониби у таъйин шуда буд, аз Рай фирор кард ва ин вилоятхо дар ихтиёри амир Ахмади Сомонй боз гаштанд. Ахмад хукумати вилоятхои мазкурро ба Абдуллох ибни Нух супорид. Солхои 910-911 аз самти шимоли бахри Хазар русхо пайваста ба вилоятхои сохили чануби он (асосан ба бандари Обаскун) хамла карда, молу мулки мардуми махаллиро тороч мекарданд. Абдуллох ибни Нух соли 911 лашкари худро фарохам карда, русхоро гофилгир намуд ва шумори зиёде аз ононро нобуд кард. Аммо пас аз вафоти Абдуллох ибни Нух (911) хамлахои русхо болои мардуми махаллй авч гирифт.

Дар хамон соли 911 хабари исён дар Сиистон бо рохбарии бародарзодаи Яъцуби Лайс -Муъаддал ибни Алй ба амир Ахмад расид. У аз Нишопур ба Хирот омада, барои саркуб кардани исёни Сиистон лашкари худро бо сарварии Хусайни Марврудй, Ахмад ибни Сахл, Мухаммад ибни Музаффар ва Симчури Давотй фарохам кард. Амир Ахмад сипохи Муъаддал ибни Алиро шикаст дода, шахри Бустро фатх карда, Мансур ибни Исхоцро волии Сиистон таъйин кард. Аз ин вацт, Сиистон аз ихтиёри Саффориён берун рафт [8, 139].

Пас аз ин пирузихо дар Табаристону Сиистон, Ахмад ибни Исмоил ба халифаи Багдод нома навишта, аз у хукумати ^рмону Форсро талаб кард ва танхо ^рмон ба у дода шуд [9, 1253].

Дар солхои охири хукумати Ахмади Сомонй вазъи сиёсии вилоятхои Табаристон ва Сиистон боз ошуфта шуд. Солхои 913-914 волии нави Сомониён дар Табаристон - Мухаммади Суълук барои цатъи горатгарии мунтазами русхо махорати кофй надошт ва хам натавонист ба дастгирии мардуми махаллй ноил шавад. Чунин вазъи ногувори мардум заминаи сар задани ошуби навбатиро фарохам мекард. Мубаллигони шиа бо сарварии Хасан ибни Алии Утруш (Носир ^бир), ки дар замони амир Исмоил хукумати Табаристонро аз даст дода буданд, фурсати муносиб барои барцарор кардани хукумати худро ёфтанд. Сипохе, ки Ахмади Сомонй барои чанг бо Носир ^бир фиристода буд, дучори шикаст шуд. Амир Ахмад сипохи 40 хазорнафарие гирд оварда, мехост худ ба Табаристон биравад. Ин замон, писари амаки Ахмад - Мансур ибни Исхоц, ки волии Сиистон таъйин буд, бо рафтори ношоистааш сабабгори сар задани исёни навбатй дар соли 913 шуд. Ахмади Сомонй Хусайни Марврудй ва Симчури Давотиро боз ба Сиистон фиристод, ки исёнро хомуш карданд. Мансур ибни Исхоц аз умури Сиистон маъзул ва ба Нишопур хоким таъйин шуда, ба чои у Симчури Давотй волии Сиистон шуд. Ин амал норозигии Хусайни Марврудиро ба бор овард. Дар чунин амир Ахмад ба дасти чанд нафар аз гуломони худ кушта шуд [1, 169].

Ахмад ибни Исмоил давлати орому мутамарказеро, ки аз падар ба мерос гирифт, дар давоми хафт сол барои пойдорию тамомияти арзии он кушиш намуд. Самараи кушишхояш буд, ки вилояти Kиpмон ба цаламрави давлати Сомониён хамрох шуд. Хамрохшавии Kиpмон ба хайати давлати Сомониён марзхои ин давлатро дар чануб то Халичи Форс густариш дода, рохро барои тичорати бахрй боз кард. Аммо ахамияти роххои бахрй аз самти Халичи Форс дар он рузгор ба хадди имрузй бузург набуд. Зеро нацши калидиро дар он вацт бандархои бахри Миёназамин сохиб буданд ва барои давлати Сомониён Рох,и Бузурги Абрешим мухимтар аз роххои бахрии цаламравхои чанубиаш буд.

Исёнхое, ки Табаристон ва Сиистонро дар замони фавти амир Ахмад фаро гирифтанд, эхтимоли аз даст рафтани вилоёти мазкурро бештар мекарданд. Аммо вориси тахти Сомониён писари Ахмад ибни Исмоил - Наср ибни Ахмад (914-943) муваффац шуд пойдории давлати худро нигох дорад. Замоне ки Наср (Насри II) амири давлати Сомониён шуд, хамагй хашт сол дошт. Зимоми кори давлатро вазири донишманди Сомониён - Абдуллох ибни Ахмади Чдйхонй дар

ихтиёр гирифта, Хамуя ибни Алй сипахсолор таъйин гардид. Чдйхонй олими забардасти сохаи чугрофиё, фалсафа, муначчими асри Х точик ба шумор мерафт. У таввасyти дониши баланд ва кордонии хеш тавонистааст, ки ба мyборизаxои дохилии хонадони Сомониён хотима дода, исёнхоеро, ки заминдорону амалдорон дар махалхои гуногун бардошта бyданд, пахш карда, аз нав замони давлатдории Исмоилро эхё намояд. Ахмади Чдйхонй ва Хамуя ибни Алй бо хидматхои бузурги худ тавонистанд давлати Сомониёнро бо марзхои густурдааш хифз намоянд.

Дар тули шаш соли аввали хукумати Насри дуюм (914-920) кушишхои баъзе фармонравоёни махаллй барои касби мустацилият аз амири Сомонй, ба хусус дар Самарканд, Фаргона, Хирот ва Нишопур ба шикаст дучор шуд. Аммо аз соли 915 хукмронии фаъоли Сомониён дар Сиистон ба мушохада намерасад [10, 326].

Миёни солхои 914-928 Рай ва Табаристону Гургон вазъи хеле ошуфта доштанд. Хдмлаи хокими Озарбойчону Арманистон - Юсуф ибни Абисоч аз як тараф, чангхои хокимиятталабии алавиён аз тарафи дигар, ин минтацаро ба макони бархурди манфиатхо табдил дода, онро аз зери итоати Сомониён берун карда буд. Ба ин сабаб амир Наср барои муътадил кардани вазъ дар манотици гарбии давлаташ муддате дар Нишопур зиста, сипохи мучаххазро бо сарварии Хдмуя ибни Алй барои тобеъ кардани Рай ва Гургону Табаристон фиристод. Илова бар ин, амир Наср аз зиддиятхои байнихамдигарии сардорони махаллии манотици мазкур истифода карда, хокимияти Сомониёнро мустахцам мекард. Вацте дар чангхои байнихудии сардорони Табаристону Гургон Асфор ибни Шеруя (бо дастгирии амир Наср) голиб шуд, дар Рай, Табаристон, ^азвин, ^уму Кошон хутба ба номи амир Наср хонда шуд [10, 328].

Соли 930 замони дар Нишопур будани Наср, дар Бухоро фитнае рух дод, ки дар он исмоилиён ва баъзе аз чонибдорони хуруфия дар он даст доштанд. Бародарони Наср хам, ки вай онхоро аз бими шуриш дар кухандижи шахр хабс карда буд, ба ин мочаро пайвастанд. Бародарони Наср - Яхё, Мансур ва Исхоц хамрох бо зиндониён, аз шумули дайламиёну алавиён хазинахо ва коххои Насрро горат карда, дастае аз сарбозонро ба сохили Чдйхун фиристоданд, то нагузоранд амир Наср суи Бухоро ояд [3, 105]. Бо тадбири вазири донишманд Абулфазли Балъамй мочаро хотима ёфт, амир ба Бухоро омад ва бародаронаш Мансуру Иброхим бо y созиш карданд. Аммо Яхё фирор карда, аввал ба Балх, сипас ба Марву Нишопур рафта, бо хамрохии Мухаммад ибни Илёс исён бардошт. Вале амир Наср ин иттиходро шикаст дод ва сарони он - Мухаммади Илёс ба Кирмон ва Яхё ба Сиистон фирор карданд. Баъдан Яхё аз чониби амир Наср афв гардид ва муттафици y - ^аротакин ба вилояти Балх хоким таъйин шуд.

Гардезй навиштааст, ки дар рузгори амири Наср ибни Ахмад воцеахои бешумор рух додааст, ки «...бо зикри хар кадоми онхо дафтар ба татвил анчомад» [7, 154].

Муборизахо барои дастёбй ба хукумати Гургон, Табаристон ва Рай, ки миёни гумоштагони халифаи Багдод, сипахсолорони Сомонй ва фармондехони махаллй чараён дошт, дар умум ба нафъи Сомониён анчомид. Аммо Гургон на аз чониби волиёни гумоштаи амири Сомонй, балки тавассути сардорони махаллй идора мешуд. Дар Гургон сулолаи нави махаллй - Зиёриён, ки худро аз табори Сосониён мепиндоштанд, зухур кард. Онхо дар умури дохилй худмухтор буда, аммо солона ба хазинаи давлати Сомониён хироч мепардохтанд.

Соли 939 Абубакри Чагонй бо сабаби беморй аз сипахсолории Хуросон канор рафт ва писараш Абуалии Чагонй аз чониби амир Наср ба чои y таъйин шуд. Абуалй тавонист нобасомонихои вилоёти гарбии давлати Сомониёнро ба низом оварад ва нуфузи Сомониёнро дар ин навохй хифз кунад [3, 182]. Солхои охири хукумати Насри дуюм Абуали Чагонй дар самти гарб Ироци Ачам (Ч,ибол)-ро хам фатх намуда, ба цаламрави Сомониён хамрох кард, вале бо шунидани хабари фавти амир Наср ба Хуросон бозгашт [11, 359, 369-370, 388-389].

Лашкаркашихои пай дар пай барои пахши исёнхо ва саркубии исёнгарон харчи зиёдро талаб мекард. Аз ин ру дар солхои охири хукумати Наср ибни Ахмад давлат ба мушкилоти молй дучор омад. Хамзамон, сарварони харакати царматия, ки ба дарбори Наср рох ёфта буданд, 40 хазор дирхами хазинаро, ки барои товони цатли Хусайни Марвазй мебоист ба халифаи Фотимй фиристанд, аз худ карданд [4, 459]. Барои чуброни хисороти воридшуда соли 942 ду маротиба аз ахолй андоз ситонида шуд, ки боиси норизогии сахти онхо гардид. Иловатан, сарбозони давлат муддати зиёд маош нагирифта буданд ва норозигии онхо амнияти мамлакатро ба хатар андохта буд. Дар пайи ин воцехо гурухе аз фармондехони сипох бо иттифоци рухониён ба чони амир Наср суицасд ташкил карданд, ки он ноком анчомид. Аммо бо фишори онхо Наср ночор аз тахт даст кашид ва писараш Нух ибни Наср (943-954), вориси тахти Сомониён мешавад.

Баъд аз Исмоили Сомонй дурахшонтарин даврони фармонравоии оли Сомон даврони хукумати Насри II мебошад, ки сй сол бар Мовароуннахру Хуросон амирй кард. Бо он ки падари у тайи як суйцасд кушта шуд, химояти ахли девон ва саъю тадбири вазироне чун Абуабдуллохи Чайхонй ва Абуфазли Балъамй огози фармонравоии вайро аз нооромй ва бесуботй эмин нигах дошт. Насри II ба кумаки ин вазирон дар химояти ахли адаб ва эхёи фарханги точ,икии форсй кушишхо кард.

Хулоса, дар муцоиса бо давраи хукумати амир Исмоили Сомонй ва Ахмад ибни Исмоил, худуди давлати Сомониён дар замони Насри II ба таври назаррас тагйир наёфт. Танхо соли 917 Сиистон аз итоати Сомониён берун шуда, дар соли 928 Гургон дар умури дохилй мухторият ба даст овард, дар холе, ки дар ахди Исмоил ва Ахмад ин ду вилоят бевосита аз Бухоро идора мешуданд. Дар ин давр сипахсолорони Хуросон имтиёзи бештаре ба даст оварда, баъзан саркашии онхо то хадде мерасид, ки миёни хам барои касби хукумат ба мухолифат мепардохтанд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Наршахй, Абубакр Мухаммад ибни Цаъфар. Таърихи Бухоро. Тахияи Г.Гоибов ва Н. Амиршохй. Душанбе, 2012. -736 с.

2. История таджикского народа. Том 2. Эпоха формирования таджикского народа. Душанбе, 1999. -790 с.

3. Ноцй М. Фарханг ва тамаддуни исломй дар цаламрави Сомониён. Душанбе, 2011. -1295 с.

4. Гафуров Б. Тоцикон. Таърихи цадимтарин, цадим ва асрхои миёна. Душанбе, 1998.-413 с.

5. Ибни Асир. Ал-Комил фи-т-таърих. Дар 13 цилд. Баргардони Хламид Ризо Ожир. Техрон: Асотир, 1382. Ц. 7. -514 с.

6. Неъматов Н. Давлати Сомониён. Тоцикон дар асрхои 1Х-Х. Душанбе: Ирфон, 1989. -280 с.

7. Гардезй, Абусаъид Абдулхай ибни Заххок ибни Махмуд. Зайну-л-ахбор. Бо муцобалаву тасхех ва тахшияву таълици Абдулхаййи Хабибй. -Техрон: Интишороти Бунёди фарханги Эрон, 1347, х. ш. -733 с.

8. Хиравй Ц. Эрон дар замони Сомониён. Шероз 1371 хш. -536 с.

9. Табарй, Мухаммад ибни Царир. Таъриху-р-русул вал мулук. Дар 8 китоб. Душанбе. 2014. Китоби 8. -808 с.

Ю.Амиршохй Нурмухаммад. Давлатдории тоцикон дар асрхои 1Х-Х^. Душанбе, 1998. -1008 с. 11.Ибни Асир. Ал-Комил фи-т-таърих. Дар 13 цилд. Баргардони Хамид Ризо Ожир. Техрон: Асотир, 1382. Ц. 8. -413 с.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.