Научная статья на тему 'АРШАКИДЫ И ИХ УСИЛИЯ В ПРЕКРАЩЕНИИ ЧУЖЕЗЕМНОГО ГОСПОДСТВА НА АРИЙСКИХ ЗЕМЛЯХ'

АРШАКИДЫ И ИХ УСИЛИЯ В ПРЕКРАЩЕНИИ ЧУЖЕЗЕМНОГО ГОСПОДСТВА НА АРИЙСКИХ ЗЕМЛЯХ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
85
50
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПАРНИ / АРШАКИДЫ / АШК / ПОРТ / НИСА / АРИЙЦЫ / ИМПЕРИЯ / ОТНОШЕНИЯ / ПОЛИТИКА

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Хамза Камол, Сайнаков Сайнак Парпишоевич

В данной статье авторы рассматривают вопросы этнического происхождения Аршакидов, время прихода к власти, вклад династии Аршакидов в освобождение исконных территорий Ирана от греко-македонских (селевкидских) завоеватели, а также наряду с этими вопросами, в статье изложены проблемы формы правления, развитие культуры, религиозная политика парфянов и взаимоотношения империи Ашканидов с другими странами.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE ARSHAKIDIS AND THEIR EFFORTS IN TERMINATING THE ALIEN DOMINANCE IN THE ARYAN LANDS

In this article, the authors examine the issues of the ethnic origin of the Arshakids, the contribution of the Arshakids to the liberation of the ancestral territories of Iran from the Greco-Macedonian (Seleucid) invaders, and along with these issues, the problems of the form of government, the development of culture, the religious policy of the Parthians and the relationship of the Ashkanid empire with other countries.

Текст научной работы на тему «АРШАКИДЫ И ИХ УСИЛИЯ В ПРЕКРАЩЕНИИ ЧУЖЕЗЕМНОГО ГОСПОДСТВА НА АРИЙСКИХ ЗЕМЛЯХ»

ТАЪРИХ ВА АРХЕОЛОГИЯ ИСТОРИЯ И АРХЕОЛОГИЯ

АШКОНИЁН ВА ТАЛОШХРИ ОНХО ДАР БАРЧИДАНИ ХУКУМАТИ БЕГОНАГОН ДАР САРЗАМИНХОИ ОРИЁЙ

Хамза К., Сайнаков С.

Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Ашкониён аз хонадони хукуматгари ориёие буданд, ки аз соли 250 пеш аз милод то соли 226 милодй бар кисмати аъзами каламрави кавмхои ориёй хукумат карданд. Давраи хукумати онхо дар мукоиса бо даврахои кабл (Хахоманишиён) ва баъд аз онхо (Сосониён) тулонитарин буд. Аммо бо камоли таассуф дар таърихнигории шуравии точик дар бораи ин хонадон ва давлати онхо бисёр андак навиштаанд [5; 6, с. 119 - 123; 14, с.41 - 42]. Шояд ба ин далел бошад, ки чуноне академик Б. Гафуров менависад: «Таърихи давлати Порт, ки хамагй 500 сол тул дорад, дар нимаи дуюми мавчудияти худ асосан дар хоки Эрон ва Байнаннахрайн чараён гирифта, аз доираи таърихи ачдоди халкхои Осиёи Миёна кисман берун мемонад» [7, с.163]. Ба якин ин нуктаи назар бархоста аз идеологияи ахди Шуравй буда, хам акнун наметавонад далели мувассак барои наомухтани таърихи Ашкониён бошад. Дигар ин ки яке аз пойтахти маъруфи Ашкониён шахри Нисо (Мехрдодгард -харобахои он дар 18 километрии Ашкободи имруза карор доранд) буд, ки дар натичаи ковишхои бостоншиносй аз ин мавзеъ асноди фаровони хаттии ахди Ашконй пайдо гардид. Сониян Ашкониён он кабилахои ориёие аз навохии Хоразм ва сарзаминхои шимоли он буданд, ки пас аз мухочират дар шимолу шарки Эрон-Хуросон сукунат ихтиёр карданд ва бо аквоми дигари ориёй таърихи ягона доранд. Мухимтар аз хама таърихи давлатхои таъсиснамудаи ориёихо дар каламрави Эрон, Хуросон ва Мовароуннахр аз ахди кадим то садаи шонздахум бо такозои консепсияи миллии тахкики таърихи халки точик шомили таърихи халки точик гаштаанд ва зарурат пеш омадааст то таърихи Ашкониёнро ба таври густурда тахкик намуда, онро шомили барномахои илмй ва таълимй гардонем.

Дар ду асри охир ковишхои бостоншиносй, омузиши катибахо ва сиккахои Ашконй ба муаррихон мусоидат кард, то битавонанд шинохти бештаре аз ин силсила ба даст оваранд.

Давлати Ашкониён дар садаи сеюми пеш аз милод тавассути Ашк - бунёдгузори дудмони Ашкониён пас аз фатхи сатрапи Порт ва сипас киём бар зидди давлати Селевкихо дар шимолу шарки Эрон таъсис гардид. Бояд зикр кард, ки пас аз марги Искандари Макдунй фармондехони сипохи у бар сари кудрат ба чанг бо якдигар пардохтанд. Бинобар ин то муддатхо каламрави бисёр густурдае, ки Искандар ба кумаки сипохиёнаш фатх карда буд, сахнаи чангу кашмакаш миёни фармондехони сипохаш шуд. Соли 323 пеш аз милод фармондехони сипохи Искандар барои интихоби пешво дар Бобул анчуман меороянд ва Пердикаи макдуниро сарвари хеш интихоб мекунанд. Аммо мубориза барои кудрат байни фармондехони сипох идома меёбад ва дар анчумани дуюми онхо, ки соли 321 пеш аз милод дар Трапарадиз баргузор шуд, Антигон шохи тамоми Осиё, Селевк шохи Бобул, Филип сатрапи Порт ва Стасанор сатрапи Бохтару Сугд таъйин шуданд. Соли 315 пеш аз милод Антигон Селевкро аз хокимияти Бобул барканор мекунад, вале чанде баъд Селевк бо ёрии хокими Миср -Птоломей ба Бобул хучум карда, онро ишгол менамояд ва баъдан Мод ва Шушро ба чанг тасхир карда, худро бо номи Селевки фотех фармонравои мустакил хонда, соли 312 пеш аз милод дар Бобул хокимияти худро таъсис медихад. Баъдан Миёнрудон (Байнаннахрайн) бахшхое аз Осиёи Сагир, Сурия ва гарби Эрон зери фармони у рафтанд, Бохтарро хам тасхир карда, аз руди Синд гузашт ва ишголи сарзаминхои Синду Панчобро, ки накши пойи Искандар ба ин чойхо расида буд, душвору бефоида дид. Дар натичаи музокироти сулхомез бо подшохи Хивд бо гирифтани 500 фили чангй иктифо карда, ин сарзаминхоро ба ихтиёри у гузошт ва баргашт. Селевк чанде баъд дар сохили гарбии дарёи Дачла шахри Селевкияро бунёд ниход ва онро ба пойтахти худ баргузид, вале чанд сол баъд пойтахти худро ба шахри Атокия, ки дар сохилхои руди Нахрулосй дар Сурия сохта буд, интикол дод. Аммо шахри Селевкия тахтгохи валиахди Селевкиён интихоб шуд. Сипас Селевк чанд шахри мучовир бо хам сохт, ки онхо баъдан Мадоини Касро хонда шуданд ва Тайсфун - пойтахти Ашкониён хам аз чумлаи онон буд. Огози фармонравоии Селевк баъдхо асоси даврае аз таърих гардид, ки таърихи Селевкиён ё таърихи Макдунй ном гирифт. Хангоми чулуси расмии у, ки дар соли 306 пеш аз милод сурат гирифт, Селевк 52 сола буд ва у мисли Искандар худро фотех ва аз нажоди худоён мехонд [9, с.136]. Бад-ин тартиб силсилаи шохони Селевкй дар ин

сарзамин падид омад ва ба Селевкиён машхур шуд. Селевкиён дар ин каламрави васеъ ба тадрич беш аз 60 шахр бино карданд ва бо кyчонидaни юнониён ба ин шахрхо саъй доштанд на танхо сутунхои истикомати давлати худро мустахкам намоянд, балки фарханги юнониро низ дар каламрави зери фармони худ ривоч диханд. Баъди Селевки I писари y Aнтиохи I (281-261 пеш аз милод), ки модараш Aпaмa - духтари Спитамени cyFдй буд, ба тахт менишинад. Дар давраи хукмронии Aнтиохи II (261-246 пеш аз милод) Селевкиён кисмати аъзами мулкхои шаркии худ -Порт, Бохтар, СyFдро аз даст медиханд ва дар ин чо давлатхои мустакил ташкил шуданд.

Хукумати Селевкиён камтар аз як аср буд. Aз замони Aнтиохи аввали Селевкй давлат ру ба парокандагию тачзия менихад ва дар айёми хукумати Aнтиохи дувум нохияхои Бохтар, ки он замон конуни хаёти фарханги юнонй буданд, бо сарварии хокими он Диодот даъвои истиклолият намуда, соли 255 пеш аз милод бо кумаки хокими СyFдy Maрв он сарзаминро аз каламрави Селевкихо чудо мекунад. Пояхои хокимияти сиёсй ва низомии Селевкиён ба далели ин ки аквоми гуногунро ба зур тахти фармони худ нигох дошта буданд, сусту ларзон мегашт, то саранчом дар соли 250 пеш аз милод дар Хуросон кабилахои доха (даха) ва апарнй ё парнй, ки бо тоифахои сакой хамсоя буданд, бар зидди фасоду тачовузи макдунихо даст ба шуриш заданд ва нохияхои Хуросон ба василаи хонадони Aршaк аз каламрави Селевкихо чудо шуд.

^абилахои ориёии доха (дахд), ки шохае аз кабилаи ориёии парнй (апарнй) бо онхо дар як иттиходия ба хам пайваста буд, пас аз мухочират аз навохии Хоразм ва сарзаминхои шимолии он [9, с.152] дар шимолу шарки Эрон, дар фосилаи байни Гиркония (Гургон) ва Maргиëн (ТИарв) сокин шуданд. Сарзамини Дахастон, ки тибки накшаи чyFрофиëии «Шохнома» дар шимоли Гургону руди Aтрaк ва шарки бахри Хазар карор дорад [15, с.25 - 26], то муддатхо баъд номи кабилахои ориёии дахаро ба худ дошт. Myхaккики амрикой Н. К. Дибвойз, ки дар тахкики таърихи Эрони бостон ва Байнаннахрайн сохибназар аст, баромади нажодии Aшкониëнро, ки бахше аз кабилаи парниро ташкил дода, дар навбати худ шомили гурухе, ки назди юнониён бо номи даха маъруф буданд, медонад ва менависад: «Бори нахуст мо бо онхо дар сохили руди Ох (Тачан) дучор мешавем, бо ин ки шояд ин чой ватани нахустини онхо набошад. Ин халк то замоне ки ба чануб, ба вилояти Парта накли макон накарданд, чун портхо маъруф набуданд ва ин дар соли 250 п.м. рух дод» [8, с. 29]. Бостоншиноси англис К. Maлколм бо иттико ба ахбори сарчашмахои юнонй менависад, ки кабилаи парнихо, ки дар умури давлати Селевкихо накши мухим мебозиданд, аз шумори се кабилаи хурде буданд, ки иттиходи дакхоро ташкил намуда, дар кисмати шаркии Каспий зиндагй мекарданд ва баъд аз марги Искандари Maкдyнй ба вилоёти Порту Бохтар мухочират карда, дар ин сарзаминхо сукунат ихтиёр карданд [11, с.19]. Ин тоифа, ки ба сабаби хамсоягй бо баъзе тоифахои сакой бо шохахои чанде аз он аквоми сахронавард пайванди хешй пайдо карда буданд, мисли онхо мардумони чодарнишин ва зиндагии сахронавардй доштанд. Ин тарзи зиндагй ононро тайи асрхо ба чобуксаворй, тирандозй ва чангу гурези доим дар сахро одат дода, ки «баъдхо хаданги портй ва камони портй дар каломи шоирони Рум номи онхоро ба хотир меовард, аз ин чо буд» [9, с. 152].

Густурдаи дакике, ки портиён номашонро аз он гирифтаанд, хануз хам равшан нест. Дар сангнавиштахои Бесутуни давраи Дориюши якум аз сатрапии Парту (Порт) ном бурда мешавад, ки бахши аъзами Хуросони имрузии Эронро дар бар мегирифт. Aлбaттa бояд вусъати сатрапии Парту чандин бор тaFЙир карда, баъдхо бо Порт маъруф шуда бошад, ки аз Faрб бо ДомFOн ва сохилхои чанубу шаркии бахри Хазар, аз машрик бо руди Тачан ва аз чануб бо Систон мучовир буд. Aшконихо-портихо - бунёдгузорони шоханшохии Aшконй номи Портро бар асоси сукунаташон дар ин минтака дарёфт карда, сипас худро чунин номидаанд. Бинобар ин номи Парту дар OFOЗ номи ЧyFрофиëй буда ва баъдан хангоме ки доманаи хукуматашонро бар дигар минтакахо густариш доданд, Порт ба номи кавм бадал шудааст.

Дар мавриди нажоди мардуми сокини ин сарзамин, ки портхо номида мешуданд, байни донишмандон ва таърихнигорон ихтилофи назар мавчуд аст. Баъзе ин кавмро аз нажоди ориёй ва гурухе аз нажоди зарди чинй ва мyFyлй дониста ва билохира иддае онхоро омезише аз нажоди ориёй ва зард навиштаанд. Aммо имруз аксари шаркшиносон ба ин акидаанд, ки портхо ориёй буда, ба сабаби мухочирати кабилаи нимакучии ориёии парнихо ба вилояти Порт бо онхо омезиш ёфтанд. Хангоми хучуми Искандари Maкдyнй ба Осиё парнихо бо чонибдорй аз порсхо дар Aрбил алайхи лашкари юнониву макдунй чангида [8, с.32], баъдан онхо накши калидие дар таъсиси давлати Порт-Aшкониëн бозиданд. Myхaккики эронй A.Зaрринкyб таъкид мекунад, ки нажоди парнихо ориёй, забони онхо эронй ва ойини онхо маздоии роич дар Эрони шаркй буд [9, с.152]. Macъyдй дар ин иртибот менависад: «Myхaммaд ибни Хишоми Калабй аз падараш ва дигар уламои араб ривоят

карда, ки гуфтаанд: «сари мулуки чахон Aшкониëн буданд ва онхо хамон подшохони табакаи аввали Эронанд то Доро писари Доро» [12, с.228].

Насаби бунёдгузори давлати Aшкониëн Aршaк ё Aшки аввал бино ба ахбори Табарй аз ин карор аст: «^шк писари Хара писари Расбиён писари Aртaшок писари Хурмуз писари Сохим писари Разон писари Исфандиёр писари Буштосб» [13, с.464]. Дар чойи дигар хамин муаллиф менависад: «Порсиён пиндоранд, ки Aшк писари Доро буд» [13, с. 464]. Aммо Табарй боз аз кавли дигарон менависад, ки «^шк писари Aшкони Бузург буд ва вай аз фарзандони Кайбия писари Кайкубод буд» [13, с.464]. Фирдавсй низ менависад: «Нахуст Aшк буд аз нажоди ^убод...» [1, с.170]. Гардезй насабномаи Aшкро аз ин карор меорад: «Aшк ибни Балош ибни Шопур ибни Балош ибни Aшкон ибни Aшмaхин ибни Сиёвуш ибни Кайковус» [4]. Берунй насаби бунёдгузори силсилаи Aшкониëнро аз Кайковус медонад: «Чунон ки сарсилсилаи эшон Aшк ибни Aшкон, ки лакаби у AфFyршох аст, писари Балош ибни Шопур ибни Aшкон ибни Осойканор ибни Сиёвуш ибни Кайковус хисоб мешавад» [3, с. 135].

Дар хусуси номи Aшкониëн низ ду акида вучуд дорад: Гурухе ба ин назаранд, ки чун ниёгони ин хонадон дар Acaк мезистанд, бинобар он подшохи Aшконй номи силсилаи худро аз номи ватани худ гирифтаанд. Иддаи дигаре мегуянд, ки шохони Aшконй худро аз насаби Aрдaшери дуюм (Aршaк) медонистанд ва ба Aршaкониëн ва ё Aшкониëн маъруф шуданд. Дар зимн Саолибй менависад: «Aшкон аз фарзандони Дорои бузург буд. Бархе гуянд у аз фарзандони Aшкон пури Кайораш писари Кайкубод будааст. Чуз ин хам гуфтаанд. Aз ин ру гумонмандихое дар нажоди Aшкониëн рух додаст. Лекин дар ин, ки онон аз нажоди шохони гузашта будаанд, ихтилофе нест» [2, с. 233].

Хамин нохамгунй дар табори Aшкониëн дар сарчашмахои таърихй ба номхо ва пешу пас будани замони фармонравоии онон низ сабаб шудааст, ки аз он Саолибй низ ёд мекунад [2, с. 233].

Табарй [13, с. 463], Macъyдй [12, с. 229 - 230], Саолибй [2, с. 233] ва Берунй [3, с. 134 - 135] онхоро бо номи мулуку-т-тавоиф ёд кардаанд. Дар зимн Фирдавй мегуяд:

Чу бар тахташон шод биншонданд:

Мулуки тавоиф уаме хонданд [1, с. 170].

Усулан дар манобеи таърихй давраи мулуку-т-тавоифй давраи баъд аз хукумати Искандари Maкдyнй то ба сари кудрат омадани Сосониён дар назар аст. Дар ин маънй Берунй менигорад: «Ва дар ин муддат мулуку-т-тавоиф, яъне мулке, ки Искандар эшонро дар мамлакатхои фатхкардаи худ хукумат дода буд ва хеч кадом аз якдигар фармон намебурданд, хукумат карданд» [3, с. 134 - 135]. Myлyкy-т-тaвоиф ба ин сабаб гуфтанд, ки дар тули хукумати Aшкониëн подшохони манотике хамчун Aрмaниcтон, Озарбойчон ва Порс аз истиклоли дохилй бархурдор буданд ва факат хангоми чанг ба кумаки шохони Aшконй меомаданд. Берунй менависад: «^ш^нтен яке аз мулуку-т-тавоиф буданд ва дигарон эшонро итоат накарданд ва факат барои ин ки аз хонаводаи эрониён буданд, эшонро таъзиму такрим менамуданд» [3, с. 135].

Aшк бо кордонй кабилаи худро муттахид намуда, нахустин бор андешаи истиклол (баъд аз истилои Искандар) дар баробари бегонагон - Селевкиён кард ва онро чомаи амал пушонид. Дар холе ки Селевкиён 70 сол аз салтанат бар Эрон пушти сар гузошта буданд, Aшки аввал бо истифода аз чанговарони кабилахои Хуросон, аз чумла парнихо ва дахахо, ки дар саворагй ва тирандозй бо камон махорати беандоза доштанд, сипохи варзидаеро ташкил дод. Соли 256 пеш аз милод киёми Aшк Селевкиёнро ба нишон додани аксуламал водошт ва бар хилофи тасаввур сипохи Селевкихо пас аз чанд навбат набард бо сипохи Aшк соли 250 пеш аз милод ба шикаст гирифтор шуд, ки ин пирузии Aшк дар сатрапии макдунии нохияхои вилояти Нисо ва дараи Aтрaк ба даст омад [9, с. 153]. Ин аввалин пирузии расмии Aшкониëн ва муттахидонашон дар баробари хонадони бегонаи хукуматгар дар Эрон буд. A^ баъдан вилояти Портро ба каламрави худ афзуд ва давлаташ ба номи он вилоят давлати Порт ном гирифт. Бино ба назари мухаккики эронй A.Зaрринкyб «бунёдгузори давлати Порт дар шахраки кучаки Aшок (Aршaкобод-Ишкобод) аз вилояти Нисо салтанати худро эълом кард» [9, с. 153].

Бояд гуфт, ки рочеъ ба тули шоханшохии Aшкониëн миёни таърихнигорони асрхои миёна ихтилофи назар аст. Берунй дар ин маънй менависад: «Баъзе аз муаррихини Эрон миёни давраи салтанати Искандар ва аввалин подшохи Aшкониро ба хам муттасил камуда, нуксони фохише содир кардаанд. Ва баъзе мегуянд, ки Aшкониëн пас аз Искандар ба хукумат расиданд ва баъзе дигар аз муаррихин бе хеч гуна шиносоии хакикат ин кавлхоро ба хам махлут намуданд» [3, с. 135]. Табарй муддати шоханшохии Aшкониëнро 266 сол мегуяд [13, с. 463]. Дар чойи дигар менависад, ки:

«Мyддaти подшохии Искандар ва подшохии дигар мyлyкy-т-тaвoиф дар навохии мyхтaлиф понсаду 6исту ce сол буд» [13, с. 466]. Масъудй ба ин назар аст, ки: «Подшохии тавоиф ба назари биcёpe аз алокамандони ахбори салаф панчсаду хафдах сол буд ва ин муддат аз подшохии Искандар буд то зухури Apдaшep писари Бобак писари Сосон, ки ба мулуку-т-тавоиф истило ёфт ва Лрдавоншохро дар Ирок бикушт ва точи уро ба сар ниход. Уро дар як чанги тан ба тан бар сохили Дачла бикушт ва OFOЗи подшохии Apдaшep аз ин руз ба шумор аст, ки бар дигар мулуку-т-тавоиф истило ёфт ва кишвар ба подшохии Apдaшep истикрор шрифт ва бaъзe аз мулуку-т-тавоифро Apдaшep писари Бобак бикушт ва бaъзe дигар мyтeи подшохии y шуданд ва даъваташро пазируфтанд» [12, с. 229]. Дар идома ин муаллиф аз вучуди ихтилоф дар тули муддати шоханшохии Aшкoниён таъкид мeкyнaд: «Дар хусуси муддати мулуку-т-тавоиф низ чуз он чи мо гyфтeм, сухан хаст, ки муддаташон аз он чи мо oвapдeм, камтар будааст, вaлe бо вучуди ихтилоф ва тафовуге, ки дар мундаричоти таворих хаст, дар бораи муддати салтанати онон хамон гуфтори аввал дурусттар ва машхуртар аст, ки мо гуфтаи хeшpo аз донишварони Эрон гиpифтaeм ва диккату мурокибате, ки эрониён дар бораи таърихи салаф мeкyнaнд, дигарон нaмeкyнaнд, зepo эрониён ба гуфтору кирдор дилбастаи ин суханонанд ва дигарон факат cyхaнe гуянд ва ба кирдор пойбанд набошанд...» [12, с. 230].

Ин ихтилофи назархо дар мaнoбeи таърихй сабаби миёни муаррихон ба вучуд омадани чандназарй poчeъ ба соли таъсиси давлати Aшкoниён гардидааст. Aкaдeмик Б.Faфypoв poчeъ ба таърихи таъсиси давлати Aшкoниён мушаххасан 4œe нагуфта ва танхо тули мавчудияти ин давлатро 500 сол зикр карда [6, с. 123], мeнaвиcaд, ки ба дасти Apдaшepи Бобакон соли 224 ё 226 давлати Aшкoниён сукут кард [6, с. 193]. Пас, хулоса мeшaвaд, ки Б. Faфypoв соли таъсиси давлати Aшкoниёнpo солхои 276-274 п.м. тахмин кардааст. Н. К.Дибвойз ба ин назар аст, ки кaмe кабл аз соли 247 п.м. портхо алайхи Сeлeвкихo киём карданд ва ин сол OFOЗи даврони хукумати портхо хисобида мeшaвaд [8, с. 33]. Кoллeч Малколм соли таъсиси ин давлатро аз соли 247 п.м., ки Apшaк ба тахт нишаст, мeдoнaд [11, с. 19]. Р.Фрай мeнaвиcaд, ки соли аввали ахди хукумати Aшкoниён мусодиф ба соли 247 п.м. аст [16, с. 246].

Чуноте ки дар боло зикр шуд, Aшкoниён аз соли 256 п.м. алайхи Сeлeвкиён дар нохияхои вилояти Нисо ба мубориза бархоста, соли 250 п.м. дар шахраки Лшoк (Aшкoбoди имруза) хокимияти махаллии худро ташкил карданд. Баъд аз он ки вилояти Портро, ки хадс зада мeшaвaд, худуди соли 247 п.м. ба каламрави худ хамрох намуданд, давлати мустакили худро дар шарки Эрон-Хуросон таъсис доданд.

X^n^e ки Aшкoниён аз каламрави Эрон макдунихоро бepyн мeкapдaнд, хукумати нepyмaнди румихо дар Лвpyпo ба вучуд омад. Румихо илова бар фатхи Юнону Миср дар Осиёи СaFиp низ тешравй карданд ва бакоёи давлати Сeлeвкихopo аз миён бардошта, бад-ин тартиб бо Лшкoниён хамсоя шуданд. Дepe напоид, ки миёни ду давлат - Лшкoниён ва румиён мушкилоге пeш омад, зepo румихо дар фикри густариши калаврави тасарруфкардаи худ дар Осиё буданд. Ин ракобат ва душманй бо румихо дар саросари даврони Aшкoниён ва Сосониён, яъте худуди 700 сол идома пайдо кард. Дар тули ин муддат ду кишвар бо якдигар бисёр чангиданд, ки дар ин чангхо гoхe эрониён ва гoхe румиён пируз мeшyдaнд. Сарзамини Apмaниcтoн якe аз мухимтарин масоили мавриди низоъ миёни Лшкoниён ва румиён буд. Илова бар масъалаи Apмaниcтoн тохтутозхои доимии кабилахои сокин дар шарки давлати Aшкoниён низ давлатмардони Aшкoниpo низ гоху гyзope гирифтори мушкил карда буд.

Aшки аввал пас аз Faлaбa бар Сeлeвкихo ба тарафи Бохтар лашкар кашид ва дар якe аз ин чангхо кушта шуд. Ин подшох мавриди эхтироми якояки лашкариён ва кавми порт гардида буд. Apшaк ё Лшки аввал дар шимолу шаркии Эрон хонадони худро ташкил намуд. Муддати подшохии Aшки аввалро Табарй дах сол гуфтааст, аммо Саолибй даврони подшохии уро бисту як сол зикр кардааст [13, с. 463; 2, с. 233].

Пас аз кушта шудани Amm аввал бародараш Тиридод ба тахт нишаст ва Am™ дуюм номида шуд. Тиридод соли 238 теш аз милод Гургонро ба каламрави худ хамрох кард, аммо дар мукобили хам^, ки Сeлeвки дувум барои ишFOли дубораи Порт кард, тоб наёвард ва ба он суи Aмyдapё панох бурд. Ano чaндe баъд ба кумаки сакоихои он сарзамин ва ба дунболи чалби иттиход бо подшохи юнонинажоди Бохтар Диодоти дувум Тиридод ба сарзамини худ бозгашт. Тиридод каламрави зepи хукумати Aшкoниёнpo густариш дод ва ба ин тартиб тешравии онон аз самти шарк ба самти Fapб OFOз гардида, ба ин васила руз ба руз кудрати Лшкoниён мeaфзyд ва хукуматашон

тахким меёфт. Вай дар сиккае, ки зарб кард, худро «шохи бузурги Aршaк» номид [9, с. 153] ва сиюхафт сол фармонравой кард.

Замони хашмат ва шавкати давлати Aшкониëн ин замони хукумати AmRM нухум ё Mехрдоди Кабир (124-76 пеш аз милод) аст. Mехрдоди Кабир яке аз подшохони бузурги Aшкониcт, ки пас аз марги падараш Aрдaвони дуюм ба тахт нишаст ва кисмате аз Систону Балучистонро ба фармони хеш дароварда, то марзхои Хиндустон пеш рафта, дар ин чо Fa^a карда, то худуди куххои Химолой наздик шуд. Mехрдоди дувум пас аз нишастан ба тахти шохй, Бобулро аз арабхо пас гирифт ва сипас ба Aрмaниcтон лашкар кашида, ин сарзаминро соли 120 пеш аз милод зери итоати худ овард.

Дар замони Mехрдоди дуюм Aшкониëн бар кабилахои сахрогард, ки аз тарафи шимол ба онх,о фишор меоварданд, пируз шуданд ва чунон шикасте ба ин кабилахо доданд, ки то муддатх,ои тулонй онхо ба суи давлати Aшкониëн дастдарозй накарданд. Дар шарк сакоихо ба марзхои давлати Aшкониëн, аз чумла ба Балх тохтанд, Порту Гургон низ зери суми аспони сакоихо монд. Гурухе аз онон ба Систон рафта, хукуматеро таъсис доданд ва аз он пас сарзамини Заранг Сакистон (Систон) номида шуд. Aммо Mехрдоди дувум шикасти сангине ба сакоихо ворид карда, Порту Хиротро озод намуд ва хукумати сакоихои Систонро вобастаи давлати худ гардонид. У хамчунин Maрвро зери итоати худ овард ва дар Вароруд то бахри Aрaл пеш рафта, чилави хучуми тоифахои сахроградро дар ин нохияхо гирифт. Дар даврони у вусъати каламрави Aшкониëн ба нихояти худ расид.

Mехрдоди дувум аз нахустин шохони Aшкониcт, ки худро шоханшох хонд ва иддао кард, ки хонадони Aшконй аз насли Aрдaшери дувуми Хахоманишист. Ин икдоми у огохона буд, зеро бо ин амал мехост собит кунад, ки Aшкониëн аз табори шохони гузаштаанд ва хамин тавр ин икдом хукумати Aшкониëнро дар партави иртибот ёфтан бо дудмони Хахоманишй бархак чилва дод ва ба давлатдории дудмони онхо машруият бахшид.

Яке аз императорони хонадони Хон дар Чин сафире ба дарбори Mехрдоди дувум фиристод, ки мавриди истикболи гарми шоханшохи Aшконй карор гирифт. Mехрдод ба хангоми бозгашти сафири Чин сафири Aшкониëнро хамрохи у ба Чин фиристод ва бо ин амал муносиботи байнидавлатиро бо Чин баркарор кард. Дар замони у буд, ки рохи бозаргонй ба Чин, ки дар таърих ба Рохи абрешим маъруф аст, кушуда шуд. Aз ин пас мубодилоти молхо миёни Чин, Хинд, Aрaбиcтон ва бархе сарзаминхои дигар боиси шукуфоии иктисоди давлати Aшкониëн гардид.

Mехрдоди дувум пояхои хукумат ва аркони дохилии онро чунон мустахкам намуд, ки хатто пас аз марги вай низ бо вучуди муддаиёни тахти шохй ва ихтилофоти дохилй давлати Aшконй аз хам напошид ва кудрати худро хифз намуд. Тадбирхое, ки дар назми хукумат андешид, сабаб шудааст, ки мухаккикон уро ёдовари Дориюши Бузург хонда, ба вай лакаби Mехрдоди Кабир диханд. Mехрдоди дуюм пас аз 48 сол подшохй дар соли 76 пеш аз милод вафот кард.

Хамин тавр яке аз паси дигаре аз ин силсила ба сакуи кудрат менишастанд, то расиданд ба даврони подшохии Балоши чахорум ё Aшки бистухафтум, ки аз соли 191 то 208 мелодй подшохй кард. Пас аз марги у ду писари Балош - Балоши панчум ё Aшки бистухаштум ва Aрдaвони панчум ё Aшки бистунухум даъвогари салтанат шуданд. Aз сиккахои Aшконй маълум мешавад, ки хар ду бародар ба муддати 18 сол подшохй карданд. Aрдaвони панчум дар Faрби Эрон подшохй кард ва Балоши панчум дар шарки Эрон.

Дар замони хукумати Aрдaвон Aшкониëн чангх,ое бо румиён доштанд. Румиён дар ин чангх,о гуристонхои шохони Aшкониро вайрон карда, устухонхои ононро аз гурхо берун оварданд, ки ин кор сабаби хашми дарбори Aшкониëн гардид. Ч,ангх,ои пайдарпай идома ёфт ва сипохи хар ду чониб хаста шуданд. Ин буд, ки кайсари Рум шароити пешниходшудаи сулхро, ки Aшкониëн таъйин карданд, пазируфт ва хозир ба пардохти товони чанг ба Aшкониëн шуд. Дар замони Aрдaвон буд, ки Aрдaшер писари Бобак алайхи давлати Aшкониëн киём кард.

Aрдaшер писари Бобак бо истифода аз заиф гаштани давлати Aшконй дар миёни солхои 220 ва 226 милодй ба сарзамини Aрдaвони панчум хучум кард. Он замон Aрдaшери Бобакон яке аз хокимони дастнишондаи Aшкониëн буд ва дар Порс хукумат мекард. Пас аз он ки Aрдaшер Кирмон ва Исфахонро ба даст овард, дар Дашти Хурмуз миёни Бехбахон ва Шуштар байни у ва Aрдaвон чанг даргирифт ва подшохи Aшконй кушта шуд. Бо вучуди шикаст яке аз писарони Aрдaвон бо номи Ортобоз худро шохи Порт хонда, ба номи худ дар соли 227 сикка зад ва ба кумаки вай шохи Aрмaниcтон Хусрав омад, вале Aрдaшери Бобакон ба онхо пируз гардида, соли 230 Ортобоз асир афтод. Уро ба Тайсафун оварда, ба катл расониданд ва бо марги Ортобоз силсилаи Aшкониëн аз миён рафт. Пас аз чанд сол Aрдaшер бар саросари Эрон подшох шуда, дигар шохзодагону

бозмондагони хонадони Aшкoниpo ба халокат расонид. Бад-ин тартиб давлати Лшкoнй пас аз 476 сол подшохй ру ба инкироз ниход.

Пойтахтхои Aшкoниёнpo шахрхои мухталиф навиштаанд, аммо шахрхои Нисо (дар наздикии Aшкoбoд), Саддарвоза (дар наздикии ДoмFOн) ва Тайсафун (дар наздикии БaFдoд) маъруфтарини онхо ба хисоб мepaвaнд.

Дар замони Aшкoниён илова ба шахрхои кадим, мисли Бобул, Рай, Хамадон, Марв ва Балх, шахрхои дигape монанди Канговар ва Тайсафун низ бозсозй ё сохта шуданд. Дар кухи Хоча дар Систон низ бакоёи як шахри Aшкoнй кашф шудааст. Шахрхои асри Сeлeвкихo ба усули шатранчй сохта мeшyдaнд, яънe мураббай буданд ва хиёбонхои онхо якдигарро мeбypидaнд. Дар давраи Aшкoниён сохтани шахрхои доирашакл ривоч ёфт, яъда шaхpхoe, ки ба шакли доира буданд, гирдогирди онхоро дeвope аз хишт мухосира мeкapд.

Мeхpдoди якум (176-138 пeш аз милод), ки дар замони 37 соли подшохияш давлати Aшкoниёнpo аз як хукумати махаллй дар шарки Эрон ба як подшохии бузург ва кудратманд табдил дода, ба икдоми y каламрави Портиён ба ифтихори номи муассиси ин давлат - Apшaк ё Лшк Aшкoнй хонда шуд, дар мачлиси бузургони Лшкoнй эълон кард, ки бояд кишвараш дорои як конуни асосй шавад, то хукуки хама дар он муайян гардад. Ин пeшнихoди y мавриди кабули бузургони Лшкoнй карор гирифт ва давлати Aшкoниён дорои ду мачлис гардид: якe мачлиси аъзои хонадони шохй ё шохзодагон ва дигape иборат аз ашрофу бузургон, рухониён ва намояндагони кабилахо, ки харду бо номи Мачлиси Мeхиcтoн маъруф аст. Равиши хукумати Aшкoниён ба гyнae буд, ки Мачлиси Мeхиcтoн шохро аз насли Apшaк таъйин мeкapд.

Интихоби валиахд аз миёни шохзодагон, эълони чанг ва тешниходи сулх, барканории шох дар сурати бeмopй ва корношоямй, муайян намудани мсьёри молиётх,о, судури дастури зарби сикка, таъйини шохони Apмaниcтoн ва фapмoндeхи кули сипохи Aшкoниён барои як давраи муайян аз чумлаи ихтиёроти Мачлиси Мeхиcтoн буд.

Тамаддун ва фарханг дар замони Aшкoниён тaFЙиpaги асосй намуд. Дар ин замон мазхабхои гyнoгyнe падид омад ва пайравй аз ин ва ё он дин озод буд. Дар ибтидои хукумати Aшкoниён мeхpпаpаcтй (мстроизм) дар каламрави ин давлат ривоч дошт. Дар ин замон мeхpпapacтй монанди гузашта ойини coдae набуд, ки танх,о шомили парастиши хуршсд ва курбонй кардани хайвонот бошад, балки дорои течидагии бисёр шуда буд. Ба тaвpe ки барои тарбияти пайравони худ мapхaлaхoepo бояд сипарй мeкapд ва ба онон омузиши ахлок ва одоби пахлавонй мсдод. Дар ин давра мугхо, ки аз бузургони кишвар ба хисоб мepaфтaнд, ухдадори идораи оташкадахо ва корхои маъбадхо буда, дар Мачлиси Мсхистон низ хузур мeёфтaнд.

Aз чумлаи мaъбaдх,oe, ки дар ин давра мавриди таваччух карор гирифт, маъбади Aнoхитo -худои обхо буд, ки ба эътикоди мардум сурати як занро ба худ дошт. Дар аввалхои хукумати Aшкoниён дини яхуд дар Fapби Эрон пaйpaвoнepo дошт. Бо зухури мaceхият ин дин дар киcмaтх,oe аз Эрон, бавижа Apмaниcтoн пайравони худро ёфт. Aммo дар нохияхои шаркии давлати Aшкoниён ойини буддой густариш пайдо кард.

Aз он чо ки давлати Aшкoниён ба корхои динй мудохилаи зиёдe нaмeкapд, заминаи муноси6с барои афзоиши пайравони магехият ва ойини буддо фарохам шуд. Мубадони зардуштй аз ин сиёсати динии Aшкoниён норизоятй мeкapдaнд. Онхо ба ин назар буданд, ки давлати Aшкoниён бояд аз дини зардуштй химоят кунад. Чунон ки баъдан ба назар мepacaд, якс аз сабабхои сукути давлати Лшкoниён норизоятии хамин гурух аз усули давлатдории Aшкoниён буд.

Дар каламрави давлати Aшкoниён шахрхои обод ба вучуд омаданд, тичорати озод равнак гирифт ва сиккахои тилло, нукра ва мис дар муомилот маъмул шуданд. Дар бозорхо анвои матоъхои aбpeшимй ва пахтагин, ашёи филиз ва мисию нукра ва чавохирот дар маърази доду ситад карор гирифтанд. Роххои тичорат ба Чину Хивд аз Бадахшону дараи Вахон ва Хайбар, Ёрканд ва Систон, ФapFOнa, КoшFap равнак ёфтанд. Содироти мол шомили чавохирот ва сангх,ои киматбахо ва воридот шомили матоъхои гуногун, тилло ва нукра буданд. Санъати филизкорй ва чубкорй авч гирифт.

Дар ахди Aшкoниён хар як аз аквому халкиятхои мухталифи сокин дар каламрави давлати онхо ба забонхои вижаи худ сухан мeгyфтaнд, монанди портх,о, юнонихо ва яхудиён. Aз ин даврон сангнавишта ва пустнавиштахо ва низ нaвиштaхoe ба руи зарфхои сафолин бокй мондаанд, ки нишондихандаи хатти роич дар он замон аст. Ин навиштахо хам ба хатти юнонй ва хам ба хатти пахлавии ашконист. Ибтидои хатти пахлавии ашконй хатти оромй буд, ки тавассути дабирон нигошта мсшуд. Зарфхои сафолй, ки дар Нисо ёфт шудаанд, барои шинохти таъриху фарханги замони давлати Aшкoниён кумаки apзишмaндe кардаанд.

Дар ин мухтасар талоше дар чихати тахкики таърихи давлати Ашкониён шрифта шуд, ба ин умедворй, ки дар ояндаи наздик таърихи ин давлати ачдодии мо ба таври густурда ва бунёдй омухта шавад.

АДАБИЁТ

1. Абулкосим Фирдавсй. Шохнома. Ч,. VII. Тахияи К.Айнй, З. Ахрорй ва Б. Сирус. Душанбе: Адиб, 1989. - 656 с.

2. Абумансур Абдулмалик ибни Мухаммади Саолибии Нишопурй. Таърихи гуруру-с-сияр маъруф ба «Шохнома»-и Саолибй. Тарчума аз арабй ба форсй С. Рухонй. Баргардон ба расмулхати точикй Н.Зохидов. Душанбе: Бухоро, 2014. -444 с.

3. Абурайхон Берунй. Осору-л-бокия. Тахияи А.Девонакулов, М.Исо ва диг. Душанбе: Ирфон, 1990. - 432 с.

4. Абусаъид Абулхай ибни Заххок ибни Махмуди Гардезй. Зайну-л-ахбор. Тахия ва нашри электроник Алиризо Каёнй. Мунташиршуда дар торнамои www.TARIKHFA.COM.

5. Гафуров Б. История таджикского народа в кратком изложении. Т. I. С древнейших времён до Великой Октябрской Социалитической Революции 1917 г. Издание 3-е, исправленное и дополненное. / Б.Гафуров - М., 1955 - 544 с.

6. Гафуров Б. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. / Б.Гафуров Москва: Наука, 1972. - 658 с.

7. Fафуров Б. Точикон. Таърихи кадимтарин, кадим ва асри миёна. / Б.Гафуров Китоби якум.-701 с. Душанбе: Ирфон, 1983. - 701 с.

8. Дибвойз Н.К. Политическая история Парфии. Перевод с английского, научная редакция и библиографическое приложение В.П.Никонорова. / СПб.: Н.К. Дибвойз Филологический факультет СПбГУ, 2008. - 816 с.

9. Зарринкуб А. Рузгорон. Таърихи Эрон аз огоз то сукути Пахлавй. Чопи панчум, Техрон, 1383. - 1014 с.

10. История таджикского народа. Т. 1. С древнейших времен до V в. н. э. М., 1963. - 596 с.

11. Колледж М. Парфяне. Последователи пророка Заратустры. Перевод с английского Т.Л.Черезовой. М.: ЗАО Центрполиграф, 2004. - 190 с.

12. Масъудй Абулхасан Алй ибни Хусейн. Муручу-з-захаб. Ч. 1. Техрон: Илмй ва фархангй, 1357 х.ш. - 785 с.

13. Мухаммад ибни Чарири Табарй. Таъриху-р-русули ва-л-мулук. Китоби 1. Мутарчим Абулкосими Поянда. Бо тахрир ва тасхехи Н. Амиршохй. Душанбе, 2014. - 756 с.

14. Негматов Н. Н. Пласт парфяно-кушанского намадизма в среднеазиатской истории (к проблеме «Иран» -«Туран») // Мерв в древней и средневековой истории Востока. III: Мерв и Парфянская эпоха. Тезисы докладов научной конференции. Ответственный редактор М. А. Аннанепесов. Ашгабат, 1992. С. 41 - 42.

15. Хусайни Шахидии Мозандаронй. Рохнамои накшаи чугрофиёии «Шохнома»-и Фирдавсй. Чопи аввал Техрон, 1371 х.ш. - 41 с.

16. Фрай Р. Наследие Ирана. Перевод с английского В.А.Лившица и Е.В.Земаля. Издание второе. М.: Восточная литература РАН, 2002. - 463 с.

АРШАКИДЫ И ИХ УСИЛИЯ В ПРЕКРАЩЕНИИ ЧУЖЕЗЕМНОГО ГОСПОДСТВА НА АРИЙСКИХ ЗЕМЛЯХ

В данной статье авторы рассматривают вопросы этнического происхождения Аршакидов, время прихода к власти, вклад династии Аршакидов в освобождение исконных территорий Ирана от греко-македонских (селевкидских) завоеватели, а также наряду с этими вопросами, в статье изложены проблемы формы правления, развитие культуры, религиозная политика парфянов и взаимоотношения империи Ашканидов с другими странами.

Ключевые слова: Парни, Аршакиды, Ашк, Порт, Ниса, арийцы, империя, отношения, политика.

THE ARSHAKIDIS AND THEIR EFFORTS IN TERMINATING THE ALIEN DOMINANCE IN THE ARYAN LANDS

In this article, the authors examine the issues of the ethnic origin of the Arshakids, the contribution of the Arshakids to the liberation of the ancestral territories of Iran from the Greco-Macedonian (Seleucid) invaders, and along with these issues, the problems of the form of government, the development of culture, the religious policy of the Parthians and the relationship of the Ashkanid empire with other countries.

Key words: Guys, Arshakids, Ashk, Port, Nisa, Aryans, empire, relations, politics.

Сведения об авторах:

Хамза Камол (Камолов Хамзахон Шарифович) - Институт истории, археологии и этнографии имени А.Дониш НАНТ, доктор исторических наук, профессор, заведующий отделом древней, средневековой и новой истории. Адрес: 734025, Республика Таджикистан, г.Душанбе, пр. Рудаки, 33. E-mail: hamza_Kamol@mail.ru Сайнаков Сайнак Парпишоевич — Институт истории, археологии и этнографии имени А.Дониш НАНТ, кандидат исторических наук, доцент, ведущий научный сотрудник Отдела древней, средневековой и новой истории. Адрес: 734025, Республика Таджикистан, гДушанбе, пр. Рудаки, 33. E-mail: saynakov2012@mail.ru; saynak rushon. saynakov@mail. ru

About the authors:

Hamza Kamol (Kamolov Hamzakhon Sharifovich) - A. Donish Institute of History, Archeology and Ethnography of the National Academy of Sciences of Tajikistan, Doctor of Historical Sciences, Professor, Head of Department of Ancient, Medieval and New History. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, 33 Rudaki Ave. E-mail: hamza_Kamol@mail. ru

Saynakov Saynak Parpishoevich - A. Donish Institute of History, Archeology and Ethnography of the National Academy of Sciences of Tajikistan, Candidate of Historical Sciences, Leading Researcher of the Department of Ancient, Medieval and New History. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, 33 Rudaki Ave. E-mail: saynakov2012@mail.ru; saynak. rushon. saynakov@mail. ru

ПРЕИМУЩЕСТВА НЕЗАВИСИМОСТИ И СУВЕРЕНИТЕТА ДЛЯ ТАДЖИКИСТАНА

Маликов М.Х., Хусайнов А.К.,

Таджикский государственный педагогический университет имени С. Айни

Самоопределение, независимость, суверенитет - это три единых термина политической борьбы любого народа, наука за достижение которой, народы мира боролись долгие века и тысячелетия, что относится и таджикскому народу. На самом деле, таджикскому народу надо отдать должное за его независимость и устойчивую борьбу за свободу и независимость. Тридцать лет независимости для Таджикистана оказались самим благополучными и удачными. Ибо, за кратчайший исторический период, объявленный 24-августа 1991 года, Независимость Таджикистана оказалась для Таджикского народа на политическом языке, весьма - необходимом, как воздух.

О причинах выхода республики из состава многонационального социалистического государства написано много, к числу которых следует отнести и тот важный факт, что замедленные темпы экономического развития СССР в 70-80 годах ХХ века оказались далеко не эффективными для дальнейшего ускорения темпов социально - экономического развития Таджикистана, и не оставили выбора таджикскому народу, как идти к независимости.

В конституционном документе, объявленном 9-сентября 1991 года указаны все правовые положения о входе и выходе республики в состав многонационального государства, больше объясняется причинами выхода Таджикистана из состава СССР. Далее, на XVI сессии Верховного Совета республики новый ее председатель Эмомали Рахмон объявил о построении демократического государства в Таджикистане[1, с. 27] а на практике - кратчайший исторический период независимости стал символом суверенитета и подлинного патриотизма, героизма и самоотверженности этого многострадального народа за решение судьбоносных проблем будущего демократического государства.

В данной статье освещаются лишь отдельные вопросы к портрету социально - экономического и культурного развития республики за годы независимости.

Конституционно - правовую основу переходного процесса от одной экономической политики к другой составил отказ таджикского народа от малоэффективной экономической политики советского периода, составляют решения XVI сессии Верховного Совета определенные основания параметров дальнейшего политического и экономического развития на переходный период.

Как известно, ценность любого народа на международной арене определяет её экономический потенциал. В этом плане ещё в огне межтаджикского конфликта новое правительство страны разрабатывало программу восстановления разрушенного хозяйства страны и её дальнейшее возрождение. Появились четыре единых программа: энергетическая, вывод страны из коммуникационной изоляции, продовольственная и программа индустриально - аграрного развития страны.

Тем временем, географические рамки республики, с начала независимости превратились в большую стройплощадку

При этом, старт выполнения задач всех названных программ начался по мере разрешения сложных процессов межтаджикского конфликта, когда страна находилась в сложных условиях политического и экономического кризиса.

Названные программы вывода страны из сложного кризиса заранее были обоснованны конституционным законодательством и миролюбивой внешней политикой. В статье 2 Конституции 1994 года отмечается, что «Таджикистан, осуществляя миролюбивую политику, уважает суверенитет и независимость других государств, определяет свою внешнюю политику на основе

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.