Научная статья на тему 'ТАВСИФИ НУСХАҲОИ ХАТТИИ ДЕВОНИ БЕДИЛ ДАР КИТОБХОНАҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ'

ТАВСИФИ НУСХАҲОИ ХАТТИИ ДЕВОНИ БЕДИЛ ДАР КИТОБХОНАҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
53
12
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
Бедил / нусхашиносӣ / нусхаҳои хаттӣ / Девон / ғазалиёт / рубоиёт / Тоҷикистон / Ӯзбекистон / Афғонистон.

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Одинамуҳаммад Одинаев

Мақола ба таҳқиқу баррасии нусхашиносии Девони Бедил дар китобхонаҳои Осиёи Марказӣ ихтисос ёфтааст. Дар ҷараёни баррасиҳои хеш муаллифи мақала муқаррар сохтааст, ки ҳарчанд қадимтарин нусхаҳои хаттии Девони Бедил дар китобхонаҳои Ҳинд маҳфузанд ва яке аз онҳо нусхаи китобхонаи Ризо Ромпур мебошад, вале дар китобхонаи кишварҳои Осиёи Марказӣ низ нусхаҳое маҳфузанд, ки дар замони зиндагонии Бедил китобат шудаанд. Ба андешаи муҳаққиқи ҷавон яке аз сабабҳои аслии афзудани теъдоди нусхаҳои хаттии Девони Бедил дар китобхонаҳои Осиёи Миёна нуфузи маҳфилҳои бедилхонӣ дар шаҳрҳои қадимаи ин минтақа ба шумор меравад

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ТАВСИФИ НУСХАҲОИ ХАТТИИ ДЕВОНИ БЕДИЛ ДАР КИТОБХОНАҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ»

ИСТОРИЧЕСКИЕ НАУКИ

ТАВСИФИ НУСХА^ОИ ХАТТИИ ДЕВОНИ БЕДИЛ ДАР КИТОБХОНА^ОИ ОСИЁИ

МАРКАЗЙ

ОДИНАМУХДММАД ОДИНАЕВ

Докторант (PhD) ГОА "Худжандского государственного универститета им академика Б.Г.

Гафурова

Аннататсия: Мацола ба тауцицу баррасии нусхашиносии Девони Бедил дар китобхонауои Осиёи Маркази ихтисос ёфтааст. Дар цараёни баррасщои хеш муаллифи мацала муцаррар сохтааст, ки %арчанд цадимтарин нусхауои хаттии Девони Бедил дар китобхонауои Хинд мауфузанд ва яке аз онуо нусхаи китобхонаи Ризо Ромпур мебошад, вале дар китобхонаи кишваруои Осиёи Маркази низ нусхауое мауфузанд, ки дар замони зиндагонии Бедил китобат шудаанд. Ба андешаи мууаццици цавон яке аз сабабуои аслии афзудани теъдоди нусхауои хаттии Девони Бедил дар китобхонауои Осиёи Миёна нуфузи мауфилуои бедилхони дар шауруои цадимаи ин минтаца ба шумор меравад.

Вожагони калидй: Бедил, нусхашиноси, нусхауои хатти, Девон, газалиёт, рубоиёт, Тоцикистон, Узбекистон, Афгонистон.

ОПИСАНИЕ РУКОПИСЕЙ ДИВАНА БЕДИЛА ДЕХЛАВИ В БИБЛИОТЕКАХ СТРАН

ЦЕНТРАЛЬНОЙ АЗИИ

Аннотация: Статья посвящена изучению рукописей Дивана Бедиля в библиотеках Средней Азии. В ходе своих исследований автор статьи установил, что, хотя древнейшие рукописи «Дивана Бедиля» сохранились в индийских библиотеках, и одним из них является экземпляр библиотеки Резы Ромпура, существуют рукописи и в библиотеках стран Центральной Азии, скопированные во времена жизни Бедиля. По мнению молодого исследователя, одной из основных причин увеличения количества рукописей Бедильского Дивана в библиотеках Средней Азии является влияние кружков Бедилочтения в древних городах этого региона.

Ключевые слова: Бедил, рукописоведение, рукописи, Диван, газели, рубаият, Таджикистан, Узбекистан, Афганистан.

DESCRIPTION OF MANUSCRIPTS OF DIVAN BEDIL DEHLAVI IN LIBRARIES OF

CENTRAL ASIAN COUNTRIES

Abstract:

The article is devoted to the study of the manuscripts of Divan Bedil in the libraries of Central Asia. In the course of his research, the author of the article established that although the oldest manuscripts of the "Divan of Bedil" were preserved in Indian libraries, and one of them is a copy of the library of Reza Rompur, there are also manuscripts in the libraries of Central Asian countries, copied during the life of Bedil. According to the young researcher, one of the main reasons for the increase in the number of manuscripts of the Bedil Divan in the libraries of Central Asia is the influence of the Bedil Reading circles in the ancient cities of this region.

Key words: Bedil, manuscript studying, manuscript, divan, gazelle, rubaiyat, Tajikistan, Uzbekistan, Afghanistan.

Теъдоди нусхахои хаттии осори Мирзо Абдулкодири Бедил дар миёни мардуми форсизабон ва китобхонахои чахон ба хадде зиёд мебошанд, ки наметавон шумораи дакики онхоро зикр намуд. Ба кавли Бобобек Рахимй: "Чунончи, дар китобхонахои шахрхои Душанбе, Самарканд, Тошканд, Санкт Петербург, Ашкобод ва Боку беш аз хазор нусхаи хаттии осори шоирро дидан мумкин аст" (4, 364). Аксари ин нусхахоро гузидаи девони газалиёт хамрохи рубоиёти Бедил ташкил медиханд. Ин худ далел бар махбубият ва чой доштани ин шоири махбуб дар калби мардуми замонаш ва баъдиниён мебошад. Зеро шеъри Бедил чаззобият ва кашишеро дорад, ки хонандаро ба суи худ чалб мекунад. Шафеии Кадканй дар китоби "Шоири оинахо" мегуяд: "Бедил кишварест, ки ба даст овардани визои мусофират бадон, ба осонй хосил намешавад ва ба хар кас ичозаи вуруд намедихад, вале агар касе ин визоро гирифт, такозои икомати доим хохад кард" (107, 9). Бале, вокеан он касоне, ки мазомини олии шеъри Абулмаониро дарк карда буданд, пайваста дар шарху нашри осори гаронбахои у кушиш ба харч дода, умри азизи хешро вакфи ин кор намудаанд. Шеъри Абулмаонй на танхо калби мардуми форсизабони сарзамини Х,индро тасхир намуд, балки овозаву махбубияти у аз марзхои Шибхи ^ора убур кард. Бедил тавонист Фарорудро, ки махди шеъри форсист, бо сабки хосси худ зери таъсир карор дода, бештарин чойро дар калби мардуми ин сарзамин пайдо кунад. Ин махбубият ба хадде расид, ки хатто дар мадориси Бухоро, ки ^уббатулисломи замон буд, дарси чудогонаи Бедилхонй ташкил намуданд. Чуноне устод Айнй менависанд: "Бедил дар байни оммаи халки Осиёи Миёна, хусусан дар байни точикон ва узбекон, шухрати калон дорад. Аз вакте, ки нусхаи дастнависи асархои у ба ин сарзамин омадааст, мунтахаби газалиёт ва рубоиёташ ба мактабхои ибтидоии кухна даромадааст. Дар мактабхои кухна баъд аз ^уръон ва дарсхои динй аз адабиёти точикй якум хоча Х,офиз, дуйум Мирзо Бедилро мехонданд. Мунтахаби девони Бедилро дар мактабхо бо расми хатти худаш- бо хатти шикастаи бедилй хононда шогирдонро ба хонда тавонистани онгуна хат хам водор мекарданд" (1, 117). Х,амчунин дар чойхонахо, масочид ва мадрасахои ин манотик махофили бедилхонй баргузор намуда, ашъори Абулмаониро шарху тавзех мекарданд. Устод Айнй дар асари илмии худ "Мирзо Абдулкодири Бедил" ин холатро чунин зикр кардааст: "Дар мадрасахои Бухоро, Самарканд ва Хучанд аз хаваскорони бедилдуст даврахои алохида ташкил карда ва дар атрофи ягон бедилшинос гун шуда, дар шабхои таътил бедилхонй мекарданд. Дар Ленинобод (Хучанди пештара) хатто дар чойхонахо куллиёт ва девони газалиёти Бедил ёфт мешуд, ки босаводони бедилдуст дар давраи чойнушй бедилхонй мекарданд ва бесаводон ба онхо гуш дода, ба кадри фахмашон фоида мебурданд" (1, 117). Дар чунин махофил нафарони хушхатте вучуд доштанд, ки ашъори Бедилро рунавис мекарданд. Аксари ин нусхахои навишташуда, даст ба даст, то замони мо омада расидаанд. Аз сабаби зиёд будани ин нусхахо, мо наметавонем ба тавсифи хар кадом аз онхо пардозем. Ин чо танхо мехохем дар бораи он нусхахое, ки маълуму машхуранд, мухтасаран маълумот дихем. Аммо дар мавриди чанд нусхае, ки дар замони худи Бедил китобат шудаанд ва ё таърихи китобаташон ба замони у хеле наздик буда, маълумоти муфассалтарро пешниход менамоем.

Дар аксар китобхонахо ва осорхонахои кишвархои Осиёи Миёна ва собик Иттиходи Шуравй нусхахои хаттии осори Бедил нигохдорй мешаванд. Аз руи таърихи китобати нусхахои дар Точикистон вокеъбуда, метавон дар чои аввал нусхаеро зикр намуд, ки тахти №715 дар китобхонаи факултети филологияи Донишгохи Миллии Точикистон махфуз аст. Нусха аз 414 сахифа иборат буда, бо хати настаълики моил ба шикаста навишта шудааст. Нусхаи мазкур дар худ 510 газал (4000 байт) ва 26 рубоиро чой додааст. Санаи китобате, ки дар охирин вараки нусха нишон дода шудааст, 1102 хичрй (1690-1691) мебошад ва нусха аз тарафи Мухиддин ибни мулло Мухаммадлатиф китобат шудааст.

Дуввумин нусхае, ки кобили зикр аст дар хамин китобхона тахти №592 махфуз мебошад. Номи котиби он дар хеч чое навишта нашудааст. Соли китобати он бошад дар ду чой 1151 (1738-

1739) нишон дода шудааст. Мутаассифона чанд вараки аввали газалиёт пора шуда, аз байн рафтаанд.

Нусхаи дигаре вучуд дорад, ки дар шахри Душанбе дар Институти шаркшиносии АИ Точикистон тахти №1145 махфуз аст. Нусхаи номбурда дар соли 1230 (1815) дар мадрасаи Бибихалифаи Бухоро руйнавис шудааст.

Нусхаи №2465 Институти шаркшиносии АИ Точикистон низ кобили зикр аст. Ин нусха соли 1259 хичрй (1843) китобат шуда, такрибан тамоми ашъори лирикии шоирро фарогир мебошад. Баъзе аз газалу касидаву китъахои нусхаи мазкур аз руи мазмунашон унвонгузрй низ шудаанд.

Дар Осорхонаи таърихии шахри Панчакент нусхае аз куллиёти Абулмаонй тахти № 186 махфуз аст. Нусха дар худ газалиёт, таркиббанд, тарчеъбанд, рубоиёт, "Никот", бахше аз "Чахор унсур", порае аз маснавии "Мухити аъзам" ва кисме дигар аз ашъори гуногунро чой додааст.

Аз нусхахои мавчудбуда дар Узбекистон метавон дар чои аввал нусхаи хаттии куллиёти осори Бедилро, ки дар китобхонаи Институти шаркшиносии АИ Узбекистон тахти №2858 нигохдорй мешавад, зикр намуд. Таърихи китобати нусхаи мазкур соли 1216 (1801-1802) буда, он дар худ девони ашъор, маснавихои "Тилисми хайрат", "Мухити аъзам", "Ирфон" ва хамчунин асархои насрии шоир "Чахор унсур" ва "Никот"-ро чой додааст (3, 368).

Дигар нусхае, ки дар хамин китобхона мавчуд аст, нусхаи №1880 мебошад. Ин нусха соли 1267 (1850-1851) китобат шуда, аз нигохи хачм нисбат ба нусхаи каблй комилтар мебошад. Мундаричаи нусхаи мазкур дарбаргирандаи девони газалу касида ва дигар ашъори лирикии шоир, маснавихои "Ирфон", "Тилисми хайрат", "Мухити аъзам", "Тури маърифат" ва асархои насрии "Никот"-у "Рукаот" мебошад (3, 368).

Бобобек Рахимй дар китоби "Ошной бо Бедил" дар маколае тахти унвони "Чанд сухан дар бораи баъзе нусхахои хаттии осори Бедил" чунин менависад: "Чандин нусхаи хаттии девони Бедилро дар китобхонаи Донишгохи давлатии Самарканд низ дидан мумкин аст. Дар фехристи мухтасари нусхахои хаттии ин донишгох, ки бо номи "Список восточных рукописей фундаментальной библиотеки Самаркандского университета имени Алишера Навои" (составители А. Пулатов, Х. К. Ахроров. Самарканд, 1977) ба табъ расидааст, аксари онхо бо санахои китобаташон зикр гардидаанд. Яке аз нусхахои ин донишгох нусхаи карни XVII каламдод шудааст. Гумони голиб бар он аст, ки санаи китобат дар худи нусха сабт наёфтааст ва ин фикр тахмини мураттибони фехрист аст. Аз ин ру худи нусхаро надида, ба акидаи онхо хамрох шудан душвор аст. Зохиран, кадимтарин нусхаи девони Бедил дар ин китобхона нусхаи соли 1184 (1770-1771) аст, ки дар шахри Бухоро китобат шудааст. Бо истиснои ду нусхаи мазкур нусхахои дигари девон, ки наздик ба 50 адад хастанд, хама дар асрхои 13-14 хичрй руйнавис шудаанд" (3, 379).

Аз гуфтаи устод Бобобек Рахимй маълум мегардад, ки танхо дар китобхонаи Донишгохи давлатии Самарканд наздик ба панчоху ду нусхаи хаттии девони Бедил махфуз аст. Бобобек Рахимй дар чои дигари хамин макола мегуяд: "Дар Институти осори хаттии АИ Чумхурии Узбекистон низ чанд нусхаи кадимаи девони Бедил махфуз будааст. Дар чилди дуввуми фехристи ин муассиса, ки аз тавсифи нусхахои форсй иборат аст, се нусха аз девони Бедил кайд гардидааст, ки дутои онхо, гуё, дар замони зиндагии шоир китобат шуда бошанд. Яке нусхаи №3797\1 аст, ки санаи китобаташ 1125 хичрй (1713 милодй) нишон дода шудааст. Дигаре №3473, ки соли 1133 хичрй (1720 милодй) руйнавис шуда будааст" (3, 381).

Абулмаонй дар миёни мардуми афгон низ аз шухрату макоми волое бархурдор аст. Аз ин лихоз дар китобхонахои кишвари Афгонистон нусхахои хаттии зиёде аз Бедил вучуд дорад, ки ба бархе аз онхо ишора мешавад. Серж Буркуй дар асари худ "Нусхахои хаттии Афгонистон" аз чанд

нусхаи хатти девони Бедил ном бурдааст, ки яке аз онхо тахти №225 дар Музеи Кобул нигохдорй мешавад. Нусхаи мазкур соли 1120 хичрй (1708-1709) китобат шудааст.

Нусхаи №117\14 Архиви милии Афгонистон низ зикраш аз ахамият холй нест. Танхо газалиёти дар ин нусха мавчудбуда бисту хашт хазор байт мебошанд. Гайр аз газалиёт дар ин нусха боз мукаддима, таркиббанду тарчеъбанд, касидаву мухаммас, китъахо ва маснавиёти шоир низ чой доранд. Аз ин лихоз ин нусхаро ба гурухи комилтарин нусхахои Бедил метавон шомил кард. Нусхаро солхои 1241-1242 (1825-1827) Мухаммадлатиф ибни мулло Мухаммадшарифи Шахрисабзй китобат кардааст.

Дигар нусхае, ки ин чо зикрашро мухим мебинем, нусхаи хаттии куллиёти Бедил мебошад. Ин нусха тахти №52\22 дар Архиви миллии Афгонистон махфуз буда, аз комилтарин нусхахои куллиёти маълум дар ин кишвар махсуб меёбад. Нусхаи мазкур дар худ газалиёт, мухаммасот, касидаву китъа, маснавихои шоир, асархои насрии "Никот", "Чахор унсур", "Рукаот" ва хамчунин худуди дусад рубоиро дар худ чой додааст. Ин нусха солхои 1245-1247 хичрй (1829-1832 милодй) аз тарафи Мухаммадкосим ибни мулло Шафеъулло ном шахсе китобат шудааст.

Дигар нусхае, ки дар Архиви миллии Афгонистон махфуз аст, нусхаи №137/7 мебошад. Ин нусха дар соли 1246-1247 хичрй (1830-1832) аз тарафи Мухаммадюнусхоча ибни Бобохоча ном шахсе китобат шудааст. Ин нусха дар худ мукаддимаи девон, газалиёт, зиёда аз сесад рубой, тарчеъбанду таркиббанд, касоид, мухаммас, китъа ва маснавихои шоирро фаро гирифтааст. Ин нусха дар мачмуъ 31535 байтро дар худ чой дода, аз чумлаи комилтарин нусхахои девони шоир махсуб мегардад.

Дар Архиви миллии Афгонистон нусхаи дигар тахти №164\22 махфуз аст. Ин нусха аз мукаддима, газалу касида ва маснавии "Танбехулмухаввисин" иборат мебошад. Нусха соли 1275 (1858-1859) тавассути Мухаммадхусайн ибни мулло Мухаммадазим дар Еиждувон китобат шудааст. Тибки навиштаи худи котиб, у нусхаи мазкурро аз руи нусхаи асл китобат кардааст.

Аз нусхахое, ки дар Архиви миллии Афгонистон вучуд доранд, нусхаи №83\23 низ шоёни зикр аст. Ин нусха, ки "Девони Бедил" ном дорад, яке аз бузургтарин нусхахои девони Абулмаонй махсуб мегардад. Девон аз 1670 сахифа иборат буда, дар хар сахифаи он бистогй байт чой дода шудааст. Теъдоди абёти он наздик ба сию чахор хазор аст. Дар кайде, ки дар нусха вучуд дорад, шумораи газалхои онро 3087 адад зикр кардааст. Тибки ин маълумот нусхаи мазкур аз комилтарин нусхахои девони газалиёти Бедил ба хисоб меравад. Нусха дар ибтидои асри 20 китобат шудааст.

Дар мачмуъ, аз бахсу баррасихои анчомёфта дар мавриди нусхахои хаттии Девони Бедил, ки дар китобхонахои Осиёи Миёна, аз чумла Точикистону Узбекистон, Афгонистон ва дигар кишвархои ин минтака махфузанд, бармеояд, ки харчанд кадимтарин нусхахои хаттии бозмонда аз Девони Бедил дар Х,инд бокй монданд, вале дар кишвархои мавриди назари мо низ чанд нусхае хифз мешаванд, ки дар замони зиндагонии Бедил китобат шудаанд. Аз чумлаи онхо яке аз дар китобхонаи маркази мероси хаттии ба номи Шарифчон Хусейнзодаи Донишгохи миллии Точикистон нигахдорй мешавад. Нуфузи махфиххои бедилхонй дар шахрхои Самарканду Бухорову Хучанд низ аз чумлаи омили мухиме ба шумор меравад, ки ба китобати рузафзуни нусхахои хаттии Девони Бедил омил омадааст. Х,арчанд бештари ин нусхахо сурати комил нестанд ва баргузидаи Девони Бедил ба шумор мераванд, вале ин нукта аз махфуз мондани нусхахои зиёди мунтахаби газалиёти Бедил дар китобхонахои шахсй паём мерасонад.

РУЙХАТИ АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА

1. Айнй, Садриддин. Куллиёт. 4,11. китоби якум. / Садриддин Айнй.-Душанбе: Нашриёти давлатии Точикистон, 1963.- 507 с.

2. Кадканй, Мухдммадризо Шафей. Шоири оинах,о [баррасии сабки х,индй ва шеъри Бедил] / Мухдммадризо Шафеии Кадканй.-Техрон: Огох, 1366.-338 с.

3. Рахимй, Бобобек. Ошной бо Бедил / Бобобек Рахимй.-Душанбе: Ирфон, 2009.-568 с.

4. Рахимй, Бобобек. Зиндагиномаи Бедил / Бобобек Рахимй- Душанбе: Эр-граф, 2017.- 496 с.

5. Рахимй, Бобобек. Тавсифи осори Бедил / Бобобек Рахимй.- Душанбе: Эр-граф, 2018.- 208с.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.