ТАЦРИЗ.КИТОБИЁТ ОБЗОРЫ.РЕЦЕНЗИИ SURVEYS.REVIEWS
ТДУ 8Т1 ТКБ83, (9)Т
МАРХИЛАИ НАВИ Тоцибоев Шарифцон Fайбуллоевич, н.и.ф., ШИНОХТИ дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоцик;
ВИЖАГИХОИ Азизов Сорбон Садуллоевич, н.и.ф., дотсенти ПОЭТИКИИ кафедраи адабиёти классикии тоцики МДТ FАЗАЛИEТИ БЕДИЛ "ДДХ ба номи акад. Б^афуров"(Тоцикистон,
Хуцанд )
НОВЫЙ ЭТАП В Таджибаев Шарифджон Гайбуллоевич, к.ф.н., ИЗУЧЕНИИ доцент кафедры таджикской классической ПОЭТИКИ литературы; Азизов Сорбон Садуллаевич, к.ф.н., ГАЗЕЛЕЙ БЕДИЛЯ доцент кафедры таджикской классической
литературы ГОУ, "ХГУ имени акад. Б.Гафурова" (Таджикистан, Худжанд)
A NEW STAGE AIMED Tojiboev Sharifjon Gaibulloevich, candidate of AT THE philological sciences, Associate Professor of the STUDY OF POETICAL department of Tajik classic literature(Tajikistan, PECULIARITIES Khujand) E-mail: [email protected]; Azizov Sorbon
OFBEDIL^S Sadulloyevich, candidate of philological sciences, GHAZALS Associate Professor of the department of Tajik classic literature under the SEI, KhSU named after acad. B.Gafurov' (Tajikistan, Khujand), E-mail: [email protected]
Вожа^ои калиди: Бедил, поэтика, газал, шеър, адабиёти форсизабони Хинд
Тацриз ба арзишдоварии китоби "Поэтикаи газалиёти Мирзо Абдулцодири Бедил"-и Н.Нуров ихтисос ёфтааст. Цайд мешавад, ки тауцицоти анцомёфта ба баррасии уунари шоирии Бедил, хоса поэтикаи газалиёти шоир, таъсири шоирони гузашта ба шеъри Абулмаони ва таасури Бедил ба суханварони баъд аз у бахшида шудааст.Муаллифони тацриз бар он кушиш намудаанд, ки бобу фаслуои китоби мавриди назарро уамацониба таулилу барраси намуда, арзишу ауамияти тауцицоти анцомёфтаро муайян созанд.Зимни баррасии китоб уамчунин баъзе таклифу мулоуизоти нигорандагон ироа гардида ва камбуду норасоиуои рисола ишора шудаанд. Муаллифон бар инанд, ки китоби мазкур маруилаи наве дар шинохти поэтикаи газалиёти Бедил буда, дар илми адабиётшиносии тоцик уамчун пажууиши бунёди ба уисоб меравад.
Ключевые слова: Бедиль, поэтика, газель, поэзия, персидская литература Индии
В рецензии анализируются концептуальные положения монографии Н. Нурова «Поэтика газелей Мирзо Абдулкадира Бедиля». Акцентируется внимание на то, что в рецензируемой книге впервые в истории таджикской литературы были подробно изучены вопросы поэтики, стилистики и языка газелей Мирзо Абдулкадира Бедиля, влияния ранних поэтов на поэзию Абульмаони и влияния Бедиля на последующих поэтов. Авторы постарались тщательно проанализировать главы и разделы данной книги и определить ценность и важность исследования. При рецензировании книги были внесены предложения и замечания авторов, отмечены недостатки и упущение в монографии. Авторы считают, что эта книга является новым этапом в изучении поэтики газелей Бедиля и рассматривается как фундаментальное исследование в бедиловедении.
Key words: Bedil, poetics, ghazals, poetry, Persian literature of India
The reviewers analyze the conceptual provisions of N.Nurov^s monograph entitled as "Poetics of Mirzo Abdulkadir BediVs Ghazals". Particular attention is focused on the fact that in the book under review, in the history of Tajik literature and the issues concerned with poetics, stylistics and language of Mirzo Abdulkadir BediVs ghazals; the influence of early poets over Abulmaons poetry and impact of Bedil upon
subsequent poets were studied in details, for the first time. The reviewers have made an endeavor to carefully canvass the book in questions chapters and sections and determine the value and importance of the conducting consideration. While reviewing the book, suggestions and comments of the reviewers were made shortcomings and omissions in the monograph were underscored. The reviewers believe that the mentioned book is considered to be a new stage in the study of poetics of BediVs ghazals and as a fundamental research in the field of Bedil studies.
Мирзо Абдул;одири Бедил аз зумраи маъруфтарин суханварони форсигуи Хиндустон мебошад, ки аз замони зидагияш то имруз таваччухи шоирону тазкиранигорон ва ахли тах;и;ро чалб намудааст. Дар баробари он чй дар тазкираву сарчашмахои замони Бедил ва асрхои баъд дар робита ба ма;ому манзалати шоир дар адабиёти форсй-точикй ибрози назар шудааст, дар давоми панчох соли охир баррасию тах;и;и рузгору осори шоир, махсусан тасхеху нашри осори у, вижагихои хунарию бадей, сабку услуб, забон ва тарзи баён, сохтору мундарича, таъсиргузорию таъсирпазирй ва амсоли ингуна масоил таваччухи муха;;и;они ватанию хоричиро ба худ чалб намудааст. Боиси ;айд аст, ки дар ин замина корхои арзишманде хам рочеъ ба бедилпажухй дар адабиётшиносии чахон ба амал омадаанд. Бо ин хама таваччух ва тах;и;и донишмандон рочеъ ба ахамияти адабии осори шоир ва ма;ому чойгохи суханварии у дар таърихи адабиёти форсй-точикй, бешак метавон гуфт, ки бо он хама густурдагй ва ма;ому чойгохе, ки дар адабиёти классикии мо дорад, то кунун масъалахои поэтикии ашъори шоир, махсусан чанбахои хунарию бадей ва мав;еи у дар газалсарой комилан баррасию тах;и; нагардидааст. Бояд таъкид дошт, ки омузишу тах;и;и чанбахои поэтикии ашъори шоирон аз рукнхои мухими шинохти вижагихои хунарии шеър ба шумор меравад. Аз ин ру, имруз замоне фаро расидааст, ки барои харчи бехтар тах;и; намудани чанбахои хунарй ва вижагихои бадеии ашъори шоирон масъалахои поэтикии ашъори онон ба доираи тах;и; кашида шаванд.
Боиси фарахмандй ва нишот аст, ки чанде ;абл дар заминаи бедилпажухй, махсусан баррасии масъалахои поэтикии газалиёти Абулмаонй монографияи доктори илмхои филологй Нуров Нуралй Норович тахти унвони "Поэтикаи газалиёти Мирзо Абдул;одири Бедил"[1] тавассути нашриёти "Ношир"ба зевари табъ ороста гардидДобили зикр аст, ки муаллифи китоб солхои зиёд рочеъ ба вижагихои осори Бедил тах;и; анчом дода, натичахои пажухиши илмии худро дар чандин хамоиши байналмилалию чумхуриявй ироа намуда, дар шакли ма;олоту мачмуахо дар мачаллахои илмии ватанию хоричй ба нашр расонидааст. Мусаллам аст, ки Н.Нуров аз зумраи муха;;и;они хуби осори Бедил дар радифи бедилшиносони кишвархои форсизабон мебошад, ки тайи солхои зиёд бо таълифи осори илмии худ рочеъ ба пахлухои гуногуни осори Абулмаонй ин гуфтахоро ба субут расонидааст. Китоби "Поэтикаи газалиёти Мирзо Абдул;одири Бедил" натичаи тах;и;оти пурдоманаи муаллиф дар заминаи корхои бедилпажухияш мебошад, ки дар зарфи солхои зиёд таълиф шудааст. Аз ин ру, метавон изхор дошт, ки китоби "Поэтикаи газалиёти Мирзо Абдул;одири Бедил" дар мархилаи нави бедилшиносй як падидаи тозае дар шинохти вижагихои поэтикии газалиёти Бедил ба шумор меояд.Китоби мазкур аз мукаддима, панч бобу бист фасл, хулоса ва фехрасти адабиёт иборат аст. Дар му;аддима муаллиф зарурати тах;и;и чанбахои поэтикии газалиёти Абулмаониро дар натичаи баррасии корхои то кунун аз тарафи бедилпажухони ватанию хоричй ба анчомрасида ба миён гузошта, хадафу ма;сад ва тархи кори худро дар пажухиши масъалахои поэтикии газалиёти шоир баён доштааст. Дар ин замина муаллифи китоб таъкид намуда, ки харчанд дар давоми панчох соли охир пажухишхо дар кишвархои Хиндустон, Покистон, Афгонистону Эрон, Точикистону Узбекистан, Руссия ва хатто Итолиё дар робита ба афкору андеша ва хунарии шоирии Бедил ба миён омадаанд, вале то кунун масоили марбут ба поэтикаи ашъори суханвар дар сурати рисолаи чудогона тах;и; нашудааст. Аз гуфтаи муаллиф чунин бармеояд, ки китоби "Бути;ои Бедил"-и Абдулгафури Орзу хам ба кулли масъалахои поэтикии ашъори Бедилро фаро нагирифтааст ва хамчунин бахше аз матолиби китоби мазкур ба таъсири суханварони пешин ба шеъру андешаи Бедил бахшида шудааст. Аз ин ру, Н.Нуров ба баррасии масъалахои поэтикии газалиёти шоир пардохтааст. Дар робита ба фарогирии масъалахои поэтикй муха;;и; бахс ороста, таъкид мекунад, ки "мафхуми поэтика дар адабиётшиносии ватаниву хоричй аз доираи васеи фахмиш бархурдор аст"[1,с.4]. Дар идома Н.Нуров дар асоси гуфтахои донишмандон дар мавриди фарогирии масъалахои поэтикии осори адабй масоиле хамчун; поэтикаи сохтори асар, поэтикаи забони осори адабй, шевахои шоиронаи корбурди вожагони кухан, вежагихои сужаи асар, сабки нигориш, образ, тасвир, таъсири аносири поэтикии суханварони дигар ба эчодиёти як шоир ва амсоли ин таъкид доштааст.Дар заминаи
масъалахои поэтикии ёдшуда, муха;;и; газалиёти Бедилро аз назари корбурди шоиронаи вожаву мафохими мустаъмал дар фарханги мардумй ва ифодакунандаи суннату оинхо, зарбулмасалу ма;ол, шевахои корбурди саноеи бедей, тасвир ва тасвирсозй, мазмунофаринй, сабкшиносй ва усули хунармандонаи баёни мавзуоти гуногун, шарх ва маънигузории хос, таъсири эчодиёти шоирони гузашта ба Бедил, на;ши Бедил дар ташаккули мактаби хосаи шеърй дар ;аламрави адабиёти форсй-точикй дар бобу фаслхои китоб ба доираи тах;и; гирифтааст. Чизи дигаре, ки ;обили таваччух аст, ин ки муаллиф поэтикаи газалиёти Бедилро "бори нахуст аз назари татби;и меъёрхои балогати хиндй дар шеъри форсй ба риштаи тах;и; гирифтааст[1, с.16]. Хамчунин аз му;аддимаи муаллиф бармеояд, ки у дар баробари омузишу тах;и;и ами;и пажухишхои то кунун анчомдодаи муха;;и;они ватаниву хоричй, аз мухимтарин сарчашмахо рочеъ ба Бедил ва осори у, аз ;абили нусхахои хаттии осори шоир махфуз дар китобхонахои Ризо Ромпур, Алигарх, Патна, Аграи Хинд, Ганчбахш, Панчоби Покистон, Китобхонаи милли Точикистон, Китобхонаи ба номи А.Берунии Тошканд, нашрхои дар Точикистон, Эрону Афгонистон ва Холанд анчомёфта, ду нусхаи хаттии шархи девони Бедил ва сарчашмахои дигари илмии марбут ба мавзуъ истифода намудаст, ки аз як тараф дастрасии муаллифро ба сарчашмахои мухиму асили Бедил гувохй дихад, аз тарафи дигар метавон гуфт, ки тах;и;и масъалахои дар китоб баррасишуда бар пояи манобеи муътамади илмй ба амал омадааст.
Боби аввали китоб "Сохторшиносии газал ва тах,аввули он дар эчодиёти Бедил" унвон дорад, ки шомили чор фасл мебошад.
"Мирзо Бедил ва тахаввули сохториву мавзуии Fазал дар адабиёти классикии точик" унвон дорад фасли якуми боби аввал. Дар ин фасл муаллиф дар бобати сайри таърихии тахаввули газал дар адабиёти классикии форсй-точикй то замони Бедил, дар асоси китобу сарчашмахои илмй андешаронй намудааст. Ба андешаи муаллиф то замони Бедил аз назари сохтору мухтаво тахаввулоти чамрасе дар газал тавассути бузургтарин чехрахои адабй шуруъ аз устод Рудакй то Хофизу Камоли Хучандй ба ву;уъ пайваста буд. Бо овардани далелхои илмй муха;;и; ба субут расонидааст, ки Бедил дар газалсарой назар ба Аттору Саъдй, Мавлоною Хофиз ва дигарон дошта, дар осораш ба эхтироми хосае аз онон ёд намудааст. Муаллиф бар ин назар аст, ки махз эътирофи ма;оми шоирони бузурги газалсарои форсй-точикй ва таъсири афкору андешаи онон боис бар он шуда, ки Абулмаонй "дар кашфи рохи тоза ва ба ;авли худаш "борики сухансанчй" муваффа; гардида, бар ин;илоби фикрй ва хунарй дар шеър даст ёбад" [1, с.23]. Хамингуна муха;;и; ба натичае мерасад, ки Бедил дар натичаи огохии комил аз адабиёти классикии форсй-точикй дар тахаввули газал, чи аз назари сохториву чи мухтавой ва чи аз диди хунари шоирй ва сабкшиносй дошта, "мухимтарин вижагихои газали классикиро бо шевахои тоза такмил кардааст" [1, с.24].Муха;;и; бар ин назар аст, ки махз "сайди маънихои ноб" боис бар он гардида, ки Абулмаонй дар сохтори газали классикй "навъе тачаддуд ворид намуда, аз сархади бархе аз ;оидахои маъмули зохирии шеър дар пояи мурочиат ба маънй бурун равад" [1, с.25]. Яке аз дигаргунихои сохторй, ки муаллиф ба он ишора мекунад - "такрори ;офия ва нуфузи газалиёт бо радифхои хамгун" [1, с.25] мебошад, ки аз мухимтарин вежагихои сохторй дар девони Бедил махсуб меёфтааст. То замони Бедил такрори ;офия ;обили ;абул набудааст ва Бедил дар заминаи тамоюл ба маъниофарии хеш гохо ду ва ё зиёда аз он як вожаро ба хукми ;офия такрор мекунад, аммо калима дар коргохи тахайюли шоир маънии дигар касб мекунад. Инчунин дар фасли мавриди тахлил масъалахои теъдод ва хачми газалиёти Бедил дар му;оиса бо шоирони классик, махсусан Мавлоно, тахаввули авзони арузй, муси;ии дохилии газал, ибтикори Бедил дар исти;лоли мисраъ ва офаридани як ибора дар як мисраъ бо овардани мисолхо аз газалиёти шоир тах;и;у баррасй гардидаанд.
Фасли дуюми боби аввал "Бозтоби афкори адабии Бедил дар газалиёти у" номгузорй шудааст. Масъалахои асосие, ки дар ин фасл аз тарафи муаллиф бештар бар он таваччух шудааст, назари донишмандон ба сабку услуби баёни Бедил ва навду назари шоир рочеъ ба шеъри худ мебошад. Аз баррасй ва далелхое, ки муаллиф дар фасли мазкур рочеъ ба ну;таи назари ахли адаб ба забони шеъри Бедил оварда, чунин бармеояд, ки аз замони зиндагии шоир то ба имруз ди;;ати ахли тах;и;ро забони баёни шоир ба худ чалб намудааст. Муаллиф бар ин назар аст, ки харчанд бештраи муха;;и;он забони шеъри шоирро ибхомофарин ва мушкилписанд мехонанд, вале худи Бедил нисбат ба тарзи баёни шеъраш таъкид намуда, ки: "Дар тааммул бештар дорад равонй шеъри ман" [1, с.49]. Бо вучуди ин аз баррасихои муаллиф бармеояд, ки дар мавридхое худи Бедил ибхомро дар суханаш эътироф намуда, барои дарки он
"фаxми тунд" лозим мешyморад ва гоxо изxори нигаронй намyда, ки "аз забони хаёли ман касе огоз нест"(53). Хамингуна муаллиф ба натичае мерасад, ки бо вучуди на;ду назарxои зидду на;ис аз тарафи донишмандон нисбати шеъри шоир, нигоxи махсуси худи y xам ба шеъру андешаш добили тавачч^ аст ва маxз бо xyзyри Абулмаонй дар ;аламрави адабиëти форсй-точикй "зyxyри шеъри ба истилоx тафаккур" ба вучуд омадааст [1, с.49].
Унвони фасли сеюми боби мавриди таxлил "Истиклоли мисраъ, такрори кофии ва радиф^ои нодир" мебошад. Таxлилy паж^иши ма;оми Бедил дар ташаккули исти^лоли мисраъ дар сабки xиндй, ба сурати такрор овардани вожаxо дар мав;еи ;офия ва касби маъноxои мухталиф, дигаргyниxо дар офариниши радиф дар газал аз масоили мyxими фасли мазкур мебошад, ки бо овардани санадxои здаде аз ашъори шоир муаллиф мушаххас намудааст. Дар натичаи таxк;ик;и масъалаи исти;лоли мисраъ дар сyрyдаxои Бедил мyxак;к;и; ба хулосае меояд, ки: "ду нуктаи мyxим мучиби арзëбй аст: аввал ин ки аглаби мисраъ дар Fазалиëти Бедил маънии муста;ил касб карда, як матлаб дар он тавзеx ëфта; дувум, xарчанд истиклоли мисраъ дар Fазалиëти y нуфуз ëфтааст, аммо дарунмояи ин ду мисраи муста;ил ба xамдигар пайванд доранд..." [1, с.60].
Такрор омадани як калима ба сурати ;офияро дар Fазалиëти Бедил мyxа;;и; аз мyxимтарин вижагиxои сохторй ба шумор меоварад, ки то замони Бедил дар адабдет навъе аз уюби шеърй ë xашв ба xисоб мерафт. Таъкид мегардад, ки xарчанд дар Fазали сабки xиндй, хоса Бедил "вожагон дар ма;оми ;офия такрор мешаванд, аммо маън^ои шоиронаи мухталиф касб мекунанд"(1, с.65). Дар баробари таxаввyлоти маъной дар такрори вожаxо дар ма;оми ;офия, ба андешаи муаллиф Бедил ба офариниши дигаргунщое дар радифи Fазалxои хеш даст ëфта, ки онро "радифxои нодир низ метавон унвон кард" [1, с.68]. Аз назари мyxа;;и; такрори ;офия ва радифофаринй тавассути калимаву таъбирxои мухталифи нодир Бедил ибтикороте xам дар "маъниофарй, xам дар калимасозиву таркибофаринй" намудааст.
Фасли охири боби аввал "Вежагих,ои корбурди авзони газал дар девони Бедил" номгузорй шудааст. Аз баррасиxои фасли мазкур чунин бармеояд, ки яке аз ибтикороти Бедил дар сохтори Fазал истифодаи авзони мухталиф ва камтачрибашуда мебошад. Ба андешаи муаллиф яке аз сабабxои истифодаи авзони мухталиф ва камтачриба дар девони шоир ба теъдоди здади Fазалxо дар девони Бедил марбут мебошад. Кайд мешавад, ки xанyз сарчашмаxои дар замони Бедил таълифшуда рочеъ ба корбурди вижаи авзони аруз ишора шудааст. Хамчунин баррасиxои пажyxишгарони муосир рочеъ ба муси;ии шеъри Бедил, махсусан корбурди вазни аруз дар девони шоир мавриди таxлили муаллиф ;арор гирифтааст. Дар натичаи таxлили ма;олаи бедилпажyxон Хабиб Ч,адидулислом ва Насрин Шафой зери унвони "Муси;ии берунии девони Бедили Деxлавй", андешаxои бедилшиноси точик Бобобек Pаxимй ва Аxмади Зокирй -"Муси;ии шеъри Бедили Деxлавй" ;айд мекунад, ки дар баррас^ои мазкур бештар корбурди теъдоди бyxyри аруз мавриди баррасй ;арор дода шудааст. Аз ин ру, муаллиф аз такрори корбурди омории авзони Fазалиëти шоир ичтиноб варзида ба таx;и;и вижагиxои корбурди баxри комил ва баxрxои мута;орибу мутадорик ва рачази шонздаxрyкна пардохдааст.
Чунонки ;айд гардид, муаллиф бар ин назар аст, ки яке аз мyxимтарин ибтикорот ва xyнари Бедил дар сохтори Fазал маxз дар истифодаи баxрxои камтачрибашуда, махсусан баxри комил мебошад, ки xанyз тазкиранигорони замони Бедил бар ин ишора кардаанд. Баxри мазкур аслан хоси шеъри арабй буда, дар адабдати форсй-точикй камтар мавриди истифода ;арор гирифтааст. Маълум мегардад, ки дар девони Бедил баxри комил, нисбат ба шоирони пешин здадтар ба кор рафтааст, ки мивдори он ба 60 Fазал мерасад. Дар идома муаллиф тачрибаxои Бедилро дар баxри комил аз ибтикороти мyxим дар сохтори Fазал ба шумор оварда, рочеъ ба сарчашма, таъсир ва сабабxои таваччуд ва корбурди здади баxри комил дар девони Бедилро мавриди таxлилy баррасии ами; ;арор медиxад. Ба андешаи муаллиф яке аз сарчашмаxо ва сабаби корбурди нисбатан здади баxри комил дар девони шоир таъсири шеъри ;адимаи xиндии ведой ва санскрит мебошад, ки Бедил ошноии комил бар ин забон дошт ва xатто дар сарчашмаxо ;айд мешавад, ки Бедил "Маxабxарата"-ро аз бар медонист.Дар асоси пажудишоти анчомшуда, муаллиф ;айд мекунад, ки "миëни сохтори шеъри ;адимаи xиндии санскрит, аз чумла авзони xичоии ин навъи шеър ва ;олиби мазкури баxри комил аз чанд ч^ат шабоxатxо ошкор мешавад" [1, с.83]. Хамчунин шеъри ;адимаи xиндй аз 21 xичо иборат аст, ки Fазалxои дар баxри комил сурудаи Бедил xам наздик ба ин ми;дор xичоxо мебошанд.
Дигар аз натичаxои муаллифи китоб аз баррасии баxри комил дар Fазалиëти Бедил ин аст, ки бештари Fазалxои дар ин баxр гуфтаи шоир чун Fазалxои Мавлоно дорои ;офияxои дарунй буда, дар сурати та;сим кардани як мисраъ ба ду, шакли рубой ва дубайтй ë сохтори
чахорпорае, ки дар шеъри муосир аст ба вучуд меояд. Муха;;и; ба хулосае мерасад, ки тачрибахои Бедил аз корбурди бахри комилро метавон яке аз заминахои шеъри нав ба шумор овард, ки навъе аз дароз шудани мисраъ худ тавсеа бахшидани сохтори газал, ки баъдан дар шеъри муосир сохторшиканй дар шеъри нимой ва исти;лоли хачми мисраъ дар шеъри сафед пайванд мегирад.
Боби дуюми китоб "Сабкшиносй ва поэтикаи забони Fазалиëти Бедил" унвон дорад, ки шомили шаш фасл мебошад. Метавон боби мазкури китобро аз пурбортарин ва арзишмандтарин бобхои он ба шумор овард, ки масъалахои мухими поэтикии газалиёти Бедил, ба монанди поэтикаи забони шеър ва забони бедилй, корбурди вожахои хос ва маъниофаринй тавассути онхо, воситахои тасвири бадей, вожасозй ва шевахои хоси таъбирофаринй, вожаву таркиб ва суннатхои мардумй, шарх ва маънигузории шоирона дар девони Бедил дар фаслхои он шарху тавзех гардидааст.
Фасли аввали ин боб "Поэтикаи забони шеър ва забони бедилй: сарчашмахои зухур ва омилхои интисоби печидагуй ба он" ном дорад. Дар натичаи омузиши сарчашмахо ва осори тах;и;й муаллиф ба ин натича мерасад, ки рочеъ ба масъалаи печидагуй ва ибхомофаринии Бедил дар шеър хануз дар замони шоир ду назари шинохт ба вучуд омада буд. Гурухи аввал ин печидагуй ва ибхомофаринии шоирро ма;оми хунарй ва тачаддуди у дар ;аламрави шеър унвон кардаанд. Аммо гурухи дуюм ин печидагуихои Бедилро нодида гирифта, хатто "гайрифорсй, ки та;лиди забони форсй кунад" гуфтаанд. Зимни му;оиса ва тахлили ин ду назар муха;;и; ;айд мекунад, ки назари аввал хамчун эътироф ва исти;боли сабки бедилй унвон гирифт ва заминахоро чихати ривочи ин сабк дар ;аламрави шеъри форсй эчод кард. Аммо ин хунари сухангустарии Бедилро тан;ид намуданд, ба андешаи муаллиф ноогохй аз аслу чавхар ва сарчашмахои аслии шеъри Бедил мебошад. Хдмин гуна Н.Нуров ;айд мекунад, ки харчанд тазкиранигорону муха;;и;он аз чунини шеваи баёни Бедил тан;ид намудаанд, вале то кунун рочеъ ба сабабхо ва заминахои ручуи шоир ба чунин тарзи баён изхори назар накардаанд.
Бо ин хадаф муаллиф дар фасли мазкур бештар ба сабаб ва сарчашмахои ручуи шоир ба печидагуй пардохтааст. Кдйд мешавад, ки Бедил дар баробари идомаи мухимтарин суннатхои шеъри классикии форсй-точикй инчунин аз тачрибахои нодир ва хунарваронаеро бо такая ба донишхои омухтаи худ аз шеършиносии а;воми дигар, махсусан шеъри ;адимаи хиндй ба кор бурдааст. Ба андешаи муаллиф "Бедил барои тахаввулоти шеваи баён ва забони газалиёти хеш аз унсурхои мухими балогати ;адимаи хиндй низ суд чуста, мухимтарин назария ва амалияхои онро шуру аз поэтикаи санскрит то назариёти ахли балогаи ;уруни вусто дар ;олиби шеъри точикй татби; намудааст" [1,с.97].
Дар во;еъ, бо овардани мисолу далелхои зиёди илмй ва назари донишпажухон муаллиф дар ин фасл яке аз мухимтарин масъалахои бедилпажухиро халлу фасл намудааст. Сарчашма ва зухури забони бедилй ва ё ба истилох сабки бедилиро муаллиф дар татби;и унсурхои поэтикаи хиндй дар шеъри фосрй-точикй тавассути Бедил унвон намудааст. Таъкид мекунад, ки махз татби;и мухимтарин унсурхои поэтикаи хиндй дар шеъри форсй-точикй боис бар он шуда, ки Бедил чун як шоири сохибсабку сохибмактаб дар ;аламрави шеъри форсй-точикй маъруфият пайдо намояд. Махз таъсири унсурхои поэтикаи шеъри ;адими хиндй ва татби;и он дар шеъри форсй-точикй боиси зухури як забони фав;улодда дар адабиёти форсй бо фарогирии шевахои хоси таркибсозиву вожаофарй гардидааст.
Бар асоси омузиши ;иёсии вижагихои поэтикаи ;адими хиндй дар шеъри Бедил муаллиф дар фаслхои баъдии боби дуюм ба баррасии масъалаи поэтикаи забони шеър пардохтааст.
"Вожахои хос дар коргохи хунари шоирй ва маъниофарихои Бедил" (дар мисоли вожаи нафас) унвон дорад фасли дуюми боби мавриди тахлил. Баррасии масъала дар фасли мазкур аз он чо шуруъ шуда, ки муаллиф зимни овардани вожахои нафас, мавч, вахтаду касрат, хайрат, ранг ва амсоли инхо таъкид мекунад, ки харчанд дар девони Бедил ингуна вожагон корбурди фаровон доранд, аммо бештари маврид шоир аз такрори маъно дурй чуста, бар он калимот маънии тозаи шоирона бахшидааст.Дар мисоли вожаи "нафас" муаллиф корбурди чунин вожагонро дар девони Абулмаонй ба доираи пажухиш гирифтааст, ки чолиби таваччух мебошад. Вожаи нафас дар девони Бедил ба таъкиди муаллиф аз басомадтарин вожагон мебошад, ки шоир тавассути он ба сохтани таркибхо, калимоти мураккаб ва тахаввули маонии мухталиф мушарраф гардидааст. Вожа ва таркибхои офаридаи Бедил тавассути вожаи "нафас" дар ашъори шуарои пешин ба назар намерасанд ва бештарашон офаридахои Абулмаонй Бедил мебошад. Дар идома бо овардани вожаву таъбирхои тавассути нафас офаридаи шоир бо зикри
мисолхо аз ашъори у муаллиф ба шарху тавзех ва баёни масъалаи мавриди тахлил пардохтааст. Зимни тахлилу баррасии калимахои мураккаб ва таркибхое амсоли "нафасозмо", "нафас дар хун тапидан", "нолаи хомушнафасон", "нафасе занг бурун омадан" "тозиёна доштани нафас",";иёмати туфоннафас", "фусуни нафас", "табу тоби нафас", омаду рафти нафас", "чома пушидани нафас" ва гайра муаллиф хунари маъниофаринии Бедилро дар мисоли як калима нишон дода, ба натичае мерасад, ки во;еан Абулмаонй Бедил тавассути як калима вожаву таркибхои зиёд офарад ва ба маонии мухталифе корбурд намояд, ки аз хунари волои шоирй ва ибтикороти у дар газал мебошад.
Дар фасли сеюми боби дуюм, ки "Васоити тасвири бадей дар Fазалиëти Бедил" унвон дорад, муха;;и; дар мисоли санъатхои киноя ва муаммо вижагихои корбурди санооти шеъриро дар газалиёти Бедил баррасй намудааст. Таъкид мегардад, ки санъати киноя дар шеъри форсй-точикй аз пуркортарин санъатхои адабй ба шумор меравад ва дар девони Бедил низ корбурди фаровн дорад. Ба андешаи муаллиф корбурди киноя дар шеъри Бедил ба хаддест, ки шояд дар ягон нафар аз шоирони дигар ба ин сурати истофадаро наметавон дарёфт ва ба дарачае аст, ки дар ашъори шоир абётеро ба нудрат пайдо намуд, ки холй аз истифодаи киноя бошанд. Хамчунин яке аз авомили мубхам гардидани маърифати шеъри Бедилро муха;;и; ба корбурди зиёди киноя марбут медонад. Дар идома муаллиф бо овардани абёти зиёд аз девони Бедил дараччаи корбурди ин санъати шеъриро дар коргохи офариниши шоир мавриди тахлил ;арор дода, вижагихои хосаи истифода аз ин санъати шеърй ва офаридани маънихои тозаро дар газалиёти Абулмаонй таъкид менамояд. Натичаи муха;;и; аз баррасии корбурди киноя дар шеъри Бедил ин аст, ки дар баробари корбурди фаровон, хамчунин дар тахаввули маъниофарй, зухури таркибу иборахои тозаи шоирона, ки гунаи онхоро камтар метавон дар адабиёти форсй-точикй пайдо намуд, таъсири зиёд гузоштааст. Кайд мешавад, ки кинояро хам дар ;атори тамсилу ташхис, ибхому истиора аз пуркортарин санооти адабй дар девони шоир номзад кард.
Дигар аз санъати бадей, ки муха;;и; ба баррасии он дар девони Бедил пардохтааст, вижагихои корбурди санъати муаммо мебошад. Корбурди санъати муамморо хам дар девони Бедил муха;;и; ба яке аз авомили мухими тахаввулоти маъной ва сохторй дар газалиёти шоир махсуб медонад. Чунин менамояд, ки дар ашъори шоирони то замони Бедил муаммо дар сурати фард, ;итъа ва ё дигар анвои шеърй ба кор равад, дар девони Бедил дар баробари абёти чудогона хамчунин газалхоеро метавон пайдо намуд, ки пурра дар шакли муаммо суруда шудаанд. Дигар ин ки бар асари ибхомот ва печидагуй дар шеъри Бедил муамморо аз мухимтарин вижагихои шеъри шоир дониста, "каломи Абулмаониро шеъри муаммой унвон кардаанд" [1, с.142]. Аз корбурди худи вожаи муаммо дар шеъри Бедил чунин менамояд, ки шоир тарзи гуфтори муаммогунаро меписандидааст ва хангоми зикри ин вожа дар шеъри шоир рамзе нухуфтааст. Бо овардани намунахо аз газалиёти Бедил мав;еи санъати муаммо ва вижагихои хунарию сохтории он дар идома аз чониби муаллиф тахлилу баррасй ёфта, дар охир як газали Абулмаонй, ки хар байти он дорои як муаммо мебошад, тавзех ёфтааст.
Дар таърихи адабиёти форсй-точикй Бедил аз зумраи маъруфтарин шоироне мебошад, ки бо офаридани вожа ва таъбирхои нодир дар ашъори хеш чойгохи баланд дорад. Дар баробари тахаввулоти фикрй ва хунарй дар шеър, дигар аз мухимтарин хусусияти забони шеъри Бедилро офариниши вожа ва таъбирхои тоза бар худ ихтисос додааст. Тамоми бедилпажухон ва муха;;ион, ки рочеъ ба Бедил тах;и;от анчом додаанд, яке аз вижагихои хунарй ва махсусиятхои шеъри уро дар офаридани вожа ва таркибхои тоза ;аламдод намудаанд. Аз ин ру, муаллиф боби чахоруми китобро "Вожасозй ва шева^ои хоси таъбирофаринй" унвон гузошта, ба баррасии масъалаи мазкур бо диду назари тоза пардохтааст.
Дар натичаи омузиши ин вижагии поэтикии газалиёти шоир муаллиф дар чор бахш вожасозй, таркибофаринию таркибсозй ва ибораороии Абулмаониро дар асоси санаду далехои мушаххас аз ашъори шоир ба доираи тах;и; гирифтааст. Шоистаи таъкид аст, ки во;еан муаллиф зимни омузиши кулли девони шоир ва интихобу гузиниши мухимтарин вожа ва таркибхои офаридаи Бедил, яке аз бехтарин тах;и;и;отро дар заминаи чойгохи Абулмаонй дар офариниши вожаву таркибхои шоиронаи нодир дар ;аламрави шеъри форсй-точикй анчом дихад.
Дар бахши аввал вожахои мураккаб ва иборахоеро аз девони Бедил барраси намудааст, ки ба шеваи хоси калимасозии Бедил барои ифодаи як маъно ва хатто теъдоди фаровони он дар тафсири як калима омадаанд. Мисолхои фаровоне дар ин бахш оварда шуда, ки аз чумла рочеъ ба холати ориф дар ма;оми хайрат аз девони Абулмаонй таркибхое чун хайраткамин,
хайр атр а фта , хайр атн аво, хайратогуш, хайратсучуд, хайратпараст, хайратд амида, хайратра;ам, хайратизхор, хайратфиреб,чунунхайрат, хайратматоъ, хайраторо, хайратзада, хайратсиришт барои мисол овардааст.
Дар бахши дуюм ибороти сечузъй ё серчузъии офаридаи Бедил, ки барои ифодаи маънии як мафхум бунёд шудаанд, мавриди тахлил ;арор додааст. Кайд мешавад, ки дар таркиби ин навъ иборахо бештари маврид вожахои бакоррафта аз маънои аслии хеш дур рафта, барои баёни матлаби мавриди назари шоир ба кор рафтаанд.
Таркибхое, ки аз чанд чузъ ё калима офарида шудаанд, дар бахши сеюм муаллиф баррасй кардааст. Таркибхое амсоли "то;и абруи осудагй", "димоги замзамаи бениёзй", кафили бурунхирозии ноз", "сандали дарди сари хар шуъла" ва гайра шарху тавзех дода шудааст.
Дар бахши чорум муаллиф ифодахоеро, ки дар ;олаби вохидхои фразеологй дар коргохи офариниши Абулмаонй сохта шудаанд, мавриди тахлил ;арор додааст. Дар ин замина муаллиф ;айд мекунад, ки Бедил дар зимни корбурди ингуна ифодахо пеш аз хама кушидааст, ки маъонии тозае офарад ва хамчунин барои офаридани таркибхои нодир бад-ин ;олиб тавфи; ёбад. То ба хадде дар ашъори шоир чунин таркибхо нуфуз ёфта, ки дар як газал аз 30 то 50 адад убур мекунад. Барои намуна таркибхои зиёде аз ашъори шоир, амсоли "тугма рехтан", "хумор шикастан", "гардан ба чайб духтан", "рах бурдан", "нигох дамидан" ва гайра оварда шудааст.
Натичаи пажухиши муаллиф аз фасли мазкур бозгуи он аст, ки Бедил дар шеваи сохтмони вожахои мураккаб ва таъбиру таркибхои шоирона дар ;аламрави адабиёти форсй-точикй тахаввулоти хунарие анчом дода, барои ганои таркиби лугавии забон сахми бориз гузоштааст. Хамчунин тавассути офаридани чунин вожа ва таркибхо Бедил аз такрори вожаву иборахо барои баёни маъно гурез намуда, аз тарафи дигар бо истифода аз хазинаи бойи таркиби лугавии забон иборахои нобу тозаеро хал; намудааст.
Масъалаи чойгох ва мав;еи Абуламонй дар корбурди вожаву таркибхо ва хифзи суннатхои мардумй дар фасли панчуми боби мавриди тахлил баррасй гардидааст. Зикри ин нукта мухим аст, ки муха;;и; бар ин назар аст, ки вожаву таркиб ва фарханги мардумии дар ашъори Бедил корбастшуда, имруз бештар дар ;аламрави забони форсии роич дар Фароруд, махсусан дар забони мардуми точик махфуз мондаанд. Аз ин чихат, муха;;и; яке аз сабабхои ношинохтагии Бедилро дар Эрон ба хамин унсури забонй марбут медонад. Хамчунин ;айд мешавад, ки харчанд бедилпажухони афгонй иддао мекунанд, ки забони шеъри Бедил бештар ба форсии роич дар Афгонистон марбут аст, вале аз мутолиаи пажухихи маъруфтарин бедилшиноси афгон Мухаммадкозими Козимй чунин бармеояд, ки оддитарин калимахое, ки имруз дар забони мардуми точик ба монанди "ганда", чахормагз" ба кор мераванд, дар шархи он душворй кашида, "ибхомофарин" гуфтааст. Дар идома низ вожаву таркибхои мудаддиде оварда шуда, ки бештарашон дар забони мардуми точик имруз хам ба кор мераванд, вале бедилпажухони Афгонистону Эрон дар шарху тавзехи он ба галат рох додаанд ва ё ба душворй маънии онро дарёфт кардаанд. Аз ин чихат Н.Нуров дуруст ;айд мекунад, ки огохи аз назокати забони форсии Фароруд ва ё ба истилох форсии точикй метавонад мачмуи тардидхоро дар вожашиносии шеъри Бедил аз миён бардорад[1, с.172].
Дар фасли мазкур Н.Нуров зиёда аз 70 вожаву таъбир ва таркибхоро аз девони Бедил оварда, дар му;оиса бо лугатномахо, махсусан "Лугатнома"-и Деххудо ба субут расонидааст, ки бештари ингуна вожаву таркибхо ва фарханги мардумй, имруз дар забону фарханги мардуми точик махфуз мондааст. Боиси ;айд аст, ки мутолиаи фасли мазкур, ки муаха;;и; дар таълиф он захмати зиёдро тахаммул намудааст, барои мушто;они шеъри Бедил дари ганчинаи маониро боз хохад намуд. Хунари Абулмаониро Н.Нуров хангоми корбурди вожаву тарокиб ва фарханги мардумй дар он дарёфта, ки шоир чунин вожагону таркибхоро хеле мохиронаву бамаврид ба кор бурдааст. Нихоят таъкид мекунад, ки харчанд имруз ин вожаву таркибхо дар шохахои мухталифи забони форсй асли маънои хешро аз даст додаву чойи онхоро муродифоди дигар сохиб шудаанд, вале Бедил тавассути ба кор бурдан дар осори хеш дар хифзи ганчинахои нодири забон сахми арзанда гузоштааст.
Аз мухимтарин масъалахое, ки то имруз дар бедилшиносй матрах мешавад, шарху тавзех ва бозкушоии гиреххои сурудахои Абулмаонй ба шумор меравад. Бо ин ма;сад масъалаи мазкур аз назари муаллифи китоб зимни барраси масъалахои поэтикии газалиёти Бедил дур намондааст. Дар поёни боби дуюми китоб масъалаи мазкур дар зери унвони "Шарх ва маънигузории шоирона дар девони Бедил" матрах шудааст.
Муха;;и; дар ин фасл нахуст мухтасар ба масъалаи шарху маънигузории шоирона ручуъ намуда, ;айд менамояд, ки Бедил низ аз зумраи он суханваронест, ки дар батни осори худ хеле аз мушкилоти шеъри худро бо гунахои мухталиф бо усули тафсири дохилй тавзех додааст.Муаллифи китоби ;айд мекунад, ки Бедилро метавон аз зумраи нахустин шорехи афкору андеша ва девони ашъораш ба шумор овард. Дар натичаи омузиши масъалаи мазкур муаллиф барои муназзам чараён гирифтани тахлили масъала андешахои худро дар се бахш изхор доштааст. Дар бахши аввал "истилохоти фалсафй ва ирфонй", дар бахши дуюм "авотиф ва холоти инсонй" ва дар бахши сеюм "вожагону таъбироти мухталиф" бо овардани мисолхои зиёд баррасй гардидаанд.
Дар бахшхои дигар низ хамин гуна мисолхо бо овардани абёт аз осори Абулмаонй дар му;оиса ва тахлил бо фархангномахо ва гохо шоирони мута;аддами Бедил тавзех дода шудаанд. Мутолиаи фасли мазкур бозгуи он аст, ки таммул дар девони Бедил хеле аз увдахои шеъри уро барои хонанда боз мекунад.
Боби сеюми китоби мавриди та;риз "Тасвирсозй, пппардхои маъниофарй ва мазмунсозй" унвон гузошта шуда, фарогири чор фасл мебошад.Дар фаслхои боби мазкур на;ш ва ма;оми Бедил дар офаридани газалхои тасвирй, вижагихои тасвири табиат дар ашъори у, тасвирхои парадоксй дар газалиёти шоир, маъниофаринй ва тавсеаи чанбахои мавзуии газал дар девони Абулмаонй мавриди тахлил ;арор дода шудааст.
Фасли аввали боб "Газали тасвирй ва шева^ои зухури он" унвон дорад, ки Н.Нуров дар он бахси кутох рочеъ ба тасвирпардозй дар адабиёти форсй-точикй ва девони Бедил намудааст. Муха;;и; дар ин замина ;айд мекунад, ки то замони Бедил тасвири манозири табиат дар ;исмати ташбиби ;асоид бештар ба назар мерасид, вале аз баррасии газалиёти Бедил чунин бармояд, ки дар бархе аз газалхои шоир тамоми абёти он аз тасвирхои мухталиф фарохам омадааст. Аз ин чихат, муаллифи китоб ингуна газалхои девони Бедилро шартан ба истилох "газали тасвирй" унвон гузошта, ин тачрибахои шоирро яке аз вижагии тозаи хунарии шеъри у ба шумор овардааст. Дар идома як газал аз девони шоир, ки саропо абёти онро тасвири манзарахои табиат, во;еиятхои зиндагй, тасвири равониву авотифи рухй дар бар гирифтааст, ба тафсил шарху тавзех додааст.
Фасли дуюми боби мавриди тахлил мусаммо бар "Тасвири табиат дар девони Бедил" мебошад, ки дар асоси шарху тавзехи як газали бахорияи Бедил, ки худ бо радифи "бахор" суруда шуда, ин вижагии хунарии газалиёти Абулмаонй баррасй гардидааст. Рочеъ ба масъалаи мазкур муаллиф ;айд мекунад, ки тасвири табиат, хоса бахор ва ситоиши назокату перостагихои он шуруъ аз устод Рудакй то замони Бедил хамеша аз мавзуоти мехварии адабиёти мо будааст ва хохад буд. Аз тахлилу тавзехи бахорияи Бедил, ки муаллиф дар заминаи он ма;оми хунарии Бедилро дар тасвири манзарахои табиат муайян намудааст, чунин бармеояд, ки дар радифи шуарои дигари адабиёти классикии мо Бедил низ дар тасвири манзарахои табиат, махсусан зебогихои фасли нозанин сол - бахор дар газалиёташ хунари волое нишон додааст. Хамчунин ;айд мешавад, ки Бедил дар заминаи тасвири зебоихои бахор дар хал;и маонии ноб ва офаридани тасвирхои тозаву нотакрор чирадасту беназир будааст.
Аз пахухишоти мухиме, ки то кунан рочеъ ба вижагихои хунарию бадеии ашъори Бедил аз чониби бедилшиносони ватанию хоричй ба анчом расидааст, яке аз хусусиятхои асосии сабки баёни шоирро тасвирхои парадоксй ;айд намудаанд. Албатта, масъалаи мазкур низ хангоми баррасии масъалахои поэтикии газалиёти шоир аз тарафи Н.Нуров дур намондааст ва дар фасли сеюми боби мавриди тахлил тахти унвони "Тасвирхои парадоксй дар Fазалиëти Бедил" мавриди баррасй ;арор дода шудааст.
Боиси ;айд аст, ки пеш аз баррасии бевоситаи тасвирхои парадоксй дар газалиёти Бедил, муха;;и; бахси мухтасар рочеъ ба зухури тасвирхои парадоксй дар ашъори шоирон, назари адабиётшиносон дар бобати истилохи тасвирхои парадоксй, аввалин бор хамчун санъати шеърй шинохта шудани он аз чониби адабпжухон бахсу баррасихое анчом додааст, ки чолиби таваччух аст. Н.Нуров дар заминаи баррасии андешаи адабпажухон бар ин натича мерсад, ки харчанд дар адабиёти классикии мо тасвирхои парадоксй ба нудрат ба чашм мерасиданд, вале бори аввал муаллифи китоби 'Тизоло-ул-Хинд" Озоди Балгиромй бар асоси тахлили му;оисавии балогати хиндй, арабй ва форсй мушарраф ба кашфи ин санъати шеърй гардидааст. Озоди Балгиромй бар асоси балогати хиндй сарчашмаи парадоксро ба санъате маъруф бо номи "вифо;" му;аррар намудааст [1, с.251]. Дар ин замина бедилшинос Н.Нуров ба натичаи дигари илмй мерасад, ки яке аз сабабхои зиёд ба кор рафтани тасвирхои парадоксй дар шеъри шоирони
сабки хиндй, м ахсусан Бедил таъсири поэтикаи ;адим ва асримиёнагии хиндй ба андеша ва шеъри онон мебошад. Кайд мешавад, ки тасвирхои парадоксй дар газалиёти Бедил нуфузи фаровон доранд ва метавон яке аз вижагихои хунарию сабкии ашъори шоир ба шумор овард, ки тавассути он шоир ба офаридани таъбиру ифодахои шоиронаи нодиру нотакрор дастёб гардидааст. Муаллиф таркибу иборахои зиёди парадоксиро аз ;абили "аз хеч пуршудан", "бо оби ру таяаммум кардан", "хушк шудан тар гирифтан", "Дар бахори нодамида хирман коштани дона", "зури нотавонй", "и;боли ачз" "баландии ачз", "дар беоромй ором доштан" ва гайра бо вардани абёт аз девони шоир шарху тавзех додааст.
Фасли охири боби сеюми китоб "Маъниофарй ва тавсеаи чанбахои мавзуии Fазал дар девони Бедил" номгузорй шудааст. Чунонки аз номи фасл хам маълум мегардад, муаллиф дар фасли мазкур рочеъ ба ма;ому манзалати Бедил дар тавсеа ва густариши мавзуи газал дар адабиёти классикии форсй-точикй пардохтааст. Дар ин замина муха;;и; ;айд мекунад, ки чун газал аз анвои гиноии шеър ба шумор меравад ва дар мехвари мавзуоти он иш;и заминиву ирфонй ;арор дорад, то замони Бедил доираи мавзуоти матрах дар газалро метавон баршумурд, аммо дар сабки хиндй, хоса Бедил ва пайравони у имкони хисоби мавзуоти он мавчуд нест ва хатто дар як газал бештар аз 10 мавзуъ бо шевахои хоси шоирона шарху тафсир шудааст. Хамчунин муха;;и; ишора мекунад, ки баррасии таснифоти мавзуии девони Бедил пажухиши ами;у доманадор ва чудогонаро та;озо мекунад. Аз ин ру, Н.Нуров дар ин замина аз девони шоир бозтоби мавзуоти ирфонй ва фалсафиро аз диди ма;оми хунарии шоир дар маъниофарй мавриди пажухиш ;арор додааст.Яке аз мавзуоти мухим, ки муаллиф бар он дар девони Бедил бештар таваччух намудааст "Фалсафаи вахдат ва касрат, сулхи кулл ва муколамаи фархангхо" мебошад.Дар ин замина Н.Нуров бо овардани мисолхо аз девони шоир ва му;оисаи он бо шоирону адибони дигар шевахои баён ва маъниофарии шоирро матрах намудааст.
Дар фаслхои боби чах,оруми китоб таассури поэтикии Бедил аз суханварони гузаштаи адабиёти форсй-точикй мавриди тахлил карор дода шудааст. Дар ин замина, муаллиф дар фасли аввали боби мазкур таъсири сабку андешаи устод Рудакиро ба ашъори Бедил баррасй намудааст. Ба андешаи муаллиф дар таъсири сохту мундаричаи рубоии маъруфи устод Рудакй (Омад бари ман. Кй? Ёр. Кай? Вакти сахар...), ки дар тазкирахо низ кайд шудааст, Бедил истикбол намуда, ду рубой суруда, ки ин худ далели таваччухи Абулмаонй ба сабки баёни Рудакй мебошад. Дигар аз чанбаи таъсиргузории шеваи баёни Рудакиро ба ашъори Абулмаонй мухаккик дар мисоли вежагихои бадеии каломи Одамушшуаро, махсусан тамсил ва ирсоли масал ба доираи бахс гирифтааст. Дар асоси як газали устод Рудакй (Дило, то кай хамечуй манеро) бо мукоиса ва тахлили исроли масалхое, ки дар ин газали Рудаки оварда шуда ва дар сабкхои ирокиву хинди баъдан роич гардидани ин санъати шеърй изхори назар шудааст. Дар баробари ин корбурди вожагони мураккаб ва таркибхое бо истифодаи "вобастахои ададй", истифодаи парадокс, чанбахои ахлокй дар ашъори Рудакй ва минбаъд ривоч пайдо кардани ин хусусиятхо дар шеъри сабки хиндй, хоса дар ашъори Бедил бо овардани мисолхо мукоиса ва тахлил карда шудааст.
Дар фасли "Чех,рах,ои асотири ва пах,лавонии "Шохнома" дар девони Бедил" муаллиф таъсири пахлавонхои асотирию афсонавй ва таърихии достонхои "Шохнома"-ро ба ашъори Бедил дар заминаи офаридани образхои хунарию бадей дар газалиёти шоир, дар мисоли Бежан, Рустам, Ч,амшед, Фаридун, ^айкубод ва гайра баррасию тахлил намудааст. Мухаккик дар омузиши бозтоби чехрахоии асотирй ва пахлавонии "Шохнома" бар ин натича мерасад, ки таъсири "Шохнома"-и Фирдавсй чихати маърифати шоир аз устура ва достонхои кадимаи кавмхои эронинажод назаррас мебошад. Дар баробари ин Абулмаонй дар таъсири достонхои Хакими Тус ба офаридани мазомин ва маънихои тоза муваффак гардидааст. Аз ин ру, мухаккик кайд мекунад, ки Бедил "дар заминаи асотири "Шохнома" ба офариниши устурахои хунарии шеъри форсй... даст ёфтааст" [1, с.328].
Аз омузиши фасли сеюми боби мавриди тахлил (Бедил ва Мавлоно Балхй) чунин бармеояд, ки Мавлоно дар чахони андеша ва сабки Бедил таъсири амик гузоштааст. Чунонки маълум аст, Мавлоно Балхй аз зумраи шоирони сохибсабку сохибмактаби адабиёти классикии форсй-точикй аст, ки дар таърихи адабиёти мо ба шоирони баъдии худ таъсири зиёд гузоштааст. Дар баррасии масъалаи мазкур мухаккик нахуст ба сарчашмахои замони шоир ва бедилшиносони маъруф таваччух намуда, кайд мекунад, ки хануз дар рузгори Бедил яке аз шогирдонаш тазкиранависи маъруфи Шибхи ;ораи Хинд Хушгу таъсири сабку андешаи Мавлоноро ба Бедил таъкид карда буд [1, с. 330]. Хамчунин андешахои бедилшиноси маъруфи афгонй Салохуддини Салчукиро дар робита ба иродати Бедил ба Мавлоно овардааст [1, с.330]. Дар
идома муаллиф бевосита ба баррасии пайвандхои мавзуию вижагихои сохторй ва хунарию фикрии Мавлоно бо Бедил дар мисоли иттиходи кавмию динй дар "Маснавии маънавй"-и Мавлоно ва зухури мактаби сулхи кулл дар Х,инд ва таблиги вахдати мазхабхо дар ашъори Бедил, андешахои ирфонию фалсафии Мавлоно, махсусан вахдати вучуд, бахси аклу ишк, адаму хастй, ва таъсири он ба афкори Бедил, бардошти Абулмаонй аз шевахои тасвирсозй ва ибораороии Мавлоно, таъсири чанбахои сохтории газалиёти Мавлоно ба газалхои Бедил пардохтааст, ки аз масъалахои мухим ва мехварии фасли мазкур аст, ки муаллиф бо овардани санадхои кофй аз ашъори хар ду шоир тахкик намудааст. Дар фасли охири боби чахоруми китоб таъсири вижагихои хунарии шеъри Толиби Омулй ба ашъори Бедил ба доираи тахкик гирифта шудааст. ^айд мешавад, ки Толиб аз шоирони саромади сабки хиндй ва хамасри Бедил мебошад, ки харчанд чойгохи у дар таърихи адабиёти форсй-точикй, махсусан сабки хиндй камтар шинохта шудааст, вале бо ин хама таъсири шеъру андешаи уро ба шоирони сабки хиндй, хоса Абулмаонй мушаххас метавон кард. Аз гуфтаи муаллиф чунин бармеояд, ки иродати Бедилро ба Толиб метавон аз мукаддимаи маснавии "Мухити аъзам" пай бурд, ки дар радифи суханварони номваре чун Х,илолй, Соиб исми Толибро хам ба забон овардааст. Тасирпазирии Бедил аз Толибро мухаккик дар мисоли авзони шеърй, кофияву радиф, пайвандхои маънавй, корбурди вожа, таркиботи нодир, тасвирхои парадокси, хиссомезй ва гайра ба доираи тахкик гирифтааст. Дар натича муахаккик ба натичае мерасад, ки бо вучуди макому манзалате, ки Абулмаонй дар сабки хиндй дошт, макому мартабаи хунарии Толибро эътироф менамуд ва равишхои хунарии уро истикбол ва пайравй намуд. Боби панчуми асар ба масъалахои таъсири Бедил ба суханварони адабиёти точикии Фароруд аз нимаи дувуми асри XVIII то аввали асри XX бахшида шуда, доир ба пайравони Абулмаонй дар адабиёти точикии Фароруд ва таъсири шоир ба суханварони давраи бозгашти адабй- дар мисоли Сабохии Бедгулй бахс мекунад.Дар во;еъ аз баррасии бобу фаслхои китоби "Поэтикаи газалиёти Абдулкодири Бедил" бармеояд, ки муаллиф тайи солхои зиёд бо истифода аз сарчашмахои хуби илмй тах;и;оти арзишмандеро дар заминаи поэтикаи газалиёти Бедил таълиф намудааст. Муаллиф бо омузиши мухимтарин манобеъ ва тахкикоти марбут ба мавзуъ заминаи хуби пажухишро фарохам овардааст. Китоб бо фарогирии тахкикоти хоса дар масоили поэтикии газалиёти Бедил холигохеро дар адабиётшиносии точик пур сохтааст.
Ишора ин нукта чоиз аст, китоб дар баробари муваффа;иятхо аз камбуду норасоихо орй нест, ки онхоро ба ин тари; шуморидан мумкин аст:1.Боби дуюми асар "Сабкшиносй ва поэтикаи забони газалиёти Бедил" ном гирифтааст, ки ба назари мо, дар ин унвон истифодаи вожаи "забон" зиёдатист, зеро бе истеъмоли ин калима хам маъно мафхум аст. Гузашта аз ин ташхиси забони шеър як чузъи сабкшиносй ба хисоб меравад; 2.Дар фасли сеюми боби дуюм -"Васоити тасвири бадей дар газалиёти Бедил", ки киноёту муаммои шеъри Абулмаонй мавриди тахлил ;арор гирифтааст, маълум нест, ки чаро муха;;и; тахлили ин ду воситаи тасвирро аз сойири саноеи шеърй ручхон додааст.Бояд иллати ин интихоб рушан мешуд; З.Рисола асосан бо сабки хеле корхурда ва матини илмй навишта шудааст, вале гохо имтизочи сабки илмй бо бадей ба мушохида мерасанд, ки як навъ ба зухури татвили калом мусоидат намудааст.
Фикр мекунем, ки ин эродхо харгиз ба арзиши илмии асар таъсиргузор нестанд, балки ба назари эътибор гирифтани онхо боиси хусни асар хохад шуд.
ПАЙНАВИШТ:
1. Нуров,Н.Поэтикаи газалиёти Мирзо Абдул;одири Бедил/Н.Нуров.-Хучанд,Ношир,2020.-444с.
2. Хамдам, Б.Савмаи маърифат[Андешахо перомуни ашъори Мирзо Бедил ва пайравони у]/БДамдам.^ончй, 1999.-170с.
3. Хамдамов, Б.Мирзо Бедиль и тематико-стилевые особенности таджикской поэзии XIX века: автореф. дис. на соиск. учен. степ. канд. филол. наук : 10.01.03/Б.Хамдамов.-Худжанд,1997.-27 с.
REFERENCES:
1. Nurov,N.Poetics of Mirzo Abdulqadir BediFs Ghazals/N.Nurov.-Khujand: Publisher,2020.- 444 p.
2. Hamdam, B. Savmai Marifat [Reflections on Mirzo BediFs Poetry and his Followers] / B. Hamdam. - Ghonchi, 1999. - 170 p.
3. Hamdamov, B. Mirzo Bedil and Thematico-Stylistic Peculiarities of Tajik Poetry Referring to the XIX-th Century: synopsis of candidate dissertation in philology: 10.01.03 / B. Hamdamov. -Khujand, 1997. - 27 p.