Научная статья на тему 'НУСХАШИНОСИИ ДАСТХАТҲОИ ДЕВОНИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ АЗ КИТОБХОНАИ АЁСӮФИЯ'

НУСХАШИНОСИИ ДАСТХАТҲОИ ДЕВОНИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ АЗ КИТОБХОНАИ АЁСӮФИЯ Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
87
8
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Камоли Хуҷандӣ / китобхонаи Аѐсӯфия / дастхат / Ҳофиз Ҳасани Шерозӣ / хусусиятҳои нусхашиносӣ / чопи девони Камол / нусха / Kamol Khujandi / Aya-Sofiya Library / manuscript / Hafiz Hasan Razi / codicological peculiarities / publication of Kamal’s divan / copy / Камол Худжанди / библиотека «Айя-София» / рукопись / Хафиз Хасан Рази / кодикологические особенности / публикация дивана Камола / копия

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Насриддинов Фахриддин

Панҷ дастхати нодири девони Камоли Хуҷандӣ, ки дар "Китобхонаи Аѐсӯфия" (Истамбул) таҳти рақамҳои 3857, 3945, 3946, 3962 ва 3963 нигаҳдорӣ мешаванд, муаррифӣ шудааст. Мухтасаран таърихи ганҷинаи ѐдшуда ва аҳамияти мероси хаттии он зикр гардидааст. Муҳимтарин хусусиятҳои нусхашиносии ҳар як аз панҷ дастхати мазкур ба таври муфассал баѐн шудааст. Таъкид гардидааст, ки нусхаи шумораи 3945, ки дар миѐнаи моҳи раҷаби соли 813/миѐнаи ноябри соли 1410 дар Шероз дар аҳди Искандармирзо ибни Умаршайх ибни амир Темур ҳамагӣ баъди даҳ соли фавти Камол аз ҷониби Ҳофиз Ҳасани Шерозӣ китобат шудааст, дастхатти аз ҳама қадимии имрӯз маълуми таърихдори шоир ба ҳисоб меравад.Аз рӯи баъзе қаринаҳо фарзияе баѐн шуааст, ки китобати дастхатти дувуми қадимтарини таърихдори Камоли Хуҷандӣ, ки таҳти шумораи 3857 дар ҳамин ганҷина маҳфуз аст, низ ба қалами Ҳофиз Ҳасани Шерозӣ тааллуқ дорад. Ҷойгоҳи нусхаҳои китобхонаи Абусуфия дар нашрҳои минбаъдаи девони шоир таъкид гардидааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

CODICOLOGY OF THE MANUSCRIPTS INCLUDED INTO KAMOL KHUJANDI`S DIVAN KEPT IN AYA-SOFIYA LIBRARY

Five rare manuscripts included into Kamol Khujandi`s divan kept in «Aya-Sofiya» Library (Istanbul) are presented under the numbers 3857, 3945, 3946, 3962 and 3963. There is given a brief history of the museum in question; the significance of its written legacy being emphasized. The most important codicological peculiarities of each of the five lists are expounded. It is underscored that list №3945 rewritten by Hafiz Hasan Shirazi in 813 hijra (the middle of November 1410) in Shiraz only in ten years after Kamol`s death for today is considered the ancientest dated list of the poet`s divan. Proceeding from certain signs, the author expresses a well-grounded supposition running to the effect that the second ancient dated lists of Kamol Khujandi`s works kept in the library in question under the number of 3857 also belongs to the pen of Hafiz Hasan Shirazi. The author marks the importance of the lists kept in «Aya-Sofiya» Library in subsequent publication of Kamol Khujandi`s divan.

Текст научной работы на тему «НУСХАШИНОСИИ ДАСТХАТҲОИ ДЕВОНИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ АЗ КИТОБХОНАИ АЁСӮФИЯ»

УДК821.21/22.0

DOI10.24412-2413-2004-2022-2-64-69

НУСХАШИНОСИИ ДАСТХА ТХрИ ДЕВОНИ КАМОЛИ ХУЦАНДИ АЗ КИТОБХОНАИ АЁСУФИЯ

КОДИКОЛОГИЯ РУКОПИСЕЙ ДИВАНА КАМОЛА ХУДЖАНДИ ИЗ БИБЛИОТЕКИ «АЙЯ-СОФИЯ»

CODICOLOGY OF THE MANUSCRIPTS INCLUDED INTO KAMOL KHUJANDIS DIVAN KEPT IN AYA-SOFIYA LIBRARY

Насриддинов Фахриддин, д.и.ф., профессори ДДХ ба номи академик Бобоцон Fафуров (Тоцикистон, Хуцанд)

Насриддинов Фахриддин, д-р филол. наук, профессор ГОУ «ХГУ имени акад. Б.Гафурова (Таджикистан, Худжанд)»

Nasriddinov Fahriddin, Dr. of Philology, Professor of Khujand State University named after B. Gafurov (Tajikistan, Khujand) E-MAIL:fahr79@mail. ru

Калидвожа^о: Камоли Хуцанди, китобхонаи Аёсуфия, дастхат, Хофиз расами Шерози, хусусиятуои нусхашиноси, чопи девони Камол,нусха

Панц дастхати нодири девони Камоли Хуцанди, ки дар "Китобхонаи Аёсуфия" (Истамбул) таути рацамуои 3857, 3945, 3946, 3962 ва 3963 нигаудори мешаванд, муаррифи шудааст. Мухтасаран таърихи ганцинаи ёдшуда ва ауамияти мероси хаттии он зикр гардидааст. Мууимтарин хусусиятуои нусхашиносии уар як аз панц дастхати мазкур ба таври муфассал баён шудааст. Таъкид гардидааст, ки нусхаи шумораи 3945, ки дар миёнаи моуи рацаби соли 813/миёнаи ноябри соли 1410 дар Шероз дар ауди Искандармирзо ибни Умаршайх ибни амир Темур уамаги баъди дау соли фавти Камол аз цониби Хофиз Хасани Шерози китобат шудааст, дастхатти аз уама цадимии имруз маълуми таърихдори шоир ба уисоб меравад.Аз руи баъзе царинауо фарзияе баён шуааст, ки китобати дастхатти дувуми цадимтарини таърихдори Камоли Хуцанди, ки таути шумораи 3857 дар уамин ганцина мауфуз аст, низ ба цалами Хофиз Хасани Шерози тааллуц дорад. Цойгоуи нусхауои китобхонаи Абусуфия дар нашруои минбаъдаи девони шоир таъкид гардидааст.

Ключевые слова: Камол Худжанди, библиотека «Айя-София», рукопись, Хафиз Хасан Рази, кодикологические особенности, публикация дивана Камола, копия

Представлены пять редких рукописей дивана Камола Худжанди, хранящиеся в библиотеке «Айя-София» (Стамбул) под №3857, 3945, 3946, 3962 и 3963. Дана краткая история упомянутого музея и подчёркнута значимость его письменного наследия. Изложены важнейшие кодикологические особенности каждого из пяти списков. Подчеркивается, что список №3945, переписанный Хафизом Хасаном Ширази в середине месяца 813 г. (в середине ноября 1410 года) в Ширазе, всего через десять лет после кончины Камола, считается на сегодняшний день самым древним датированным списком дивана поэта. По некоторым признакам высказано обоснованное предположение, что второй древний датированный список произведений Камола Худжанди, хранящийся в указанной библиотеке под номером 3857, также принадлежит перу Хафиза Хасана Ширази. Отмечается значение списков библиотеки "Айя-София" в последующих публикациях дивана Камола Худжанди.

Key-words: Kamol Khujandi, Aya-Sofiya Library, manuscript, Hafiz Hasan Razi, codicologicalpeculiarities, publication of Kamal's divan, copy

Five rare manuscripts included into Kamol KhujandVs divan kept in «Aya-Sofiya» Library (Istanbul) are presented under the numbers 3857, 3945, 3946, 3962 and 3963. There is given a brief history of the museum in question; the significance of its written legacy being emphasized. The most important codicological peculiarities of each of the five lists are expounded. It is underscored that list №3945 rewritten by Hafiz Hasan Shirazi in 813 hijra (the middle of November 1410) in Shiraz only in ten years after KamoVs death for today is considered the ancientest dated list of the poet ^s divan. Proceeding from certain signs, the author expresses a well-grounded supposition running to the effect that the second ancient dated lists of Kamol KhujandVs works kept in the library in question under the number of 3857 also belongs to the pen of Hafiz Hasan Shirazi. The author marks the importance of the lists kept in «Aya-Sofiya» Library in subsequent publication of Kamol KhujandVs divan.

Китобхонаи Аёсуфия аз мухимтарин махзанхои нусахи хаттии Туркия хисоб меёбад ва нафистарин дастхатхоро дар худ хифз намудааст. Дар ин китобхона, ки дар чомеи Аёсуфия чой дода шудааст, аз замони султон Мухаммади Фотех ва нахустин айёми фатхи Кустантания1 чамъи нусхахои нодир огоз гардид. Пас аз у бузургони хонадони усмонй низ бар ва^фи нусхахои нафис дар он эхтимом намуданд. Аммо таъсиси он ба тари^и расмй соли 1153 х./1740 м. аз чониби султон Махмуди Аввал сурат гирифт ва дар чамъомади бошукух бо иштироки хамин султон ифтитох гардид. Китобхонаи мазкур бештар бо нусхахои нафиси худ, ки аксар аз мав^уфоти салотини усмонианд, шухрат дорад. Имруз дар ин китобхона афзун аз 5 000 (панч хазор) нусхаи нодири хаттй махфуз аст. Дар замони чумхурият ин ганчинаро ба китобхонаи Сулаймония инти^ол додаанд. Алхол, ганчинаи мазкур бо хифзи ном ва мухру нишонахои худ бахше аз китобхонаи Сулаймонияро ба худ ихтисос додааст ва ба он шукухи хоса мебахшад.

Имруз кухантарин ва нодиртарин дастхатхои таърихдори девони Шайх Камоли Хучандй дар хамин ганчина нигахдорй мешавад. Камина, ки бештар аз дах руз дар Китобхонаи Сулаймония ва мачмуахои нусахи хаттии ба он чо инти^олёфта саодати иштигол ба нусхачуии ашъори Камоли Хучандиро доштам, бо чандин дастхатхои нодири ин суханвари номвари точик аз наздик ошной пайдо кардам. Ин чо бо зикри мухимтарин хусусиятхои нусхашиносй ба муаррифии онхо мепардозам:

1. Нусхаи шумораи 3945. Нусха комил ва бисёр нафис аст. Навъи хат насхи ^адими хуш мебошад. Нусха дорои 648 вара^ аст. Андозаи авро^ 28,7х19 см аст. Нусха тазхибкорй шудааст. Дар нусха мунтахаби девони бист шоир аз асрхои XI-XIV китобат гардидааст. Дар огози нусха фехристи он тахти унвони "Хрзо фихристу мо фи-л-китоби-л-мансуб би ъишрина дивон" оварда шуда, ки иборатанд аз Камолиддин Исмоил, Анварй, Хо^онй, Хдсани Дехлавй, Хусрави Дехлавй, Захири Форёбй, Абдулвосеи Ч,абалй, Асируддини Ахсекатй, Аттор, Мавлоно Румй, Саъдй, Иро^й, Имоди Фа^ех, Салмони Совачй, Хрфиз, Саййид Ч,алоли Азуд, Хочу, Низорй, Камоли Хучандй, Носири Бухорой.

Дар сарлавхи музайяни девони Камоли Хучандй бо хати сулс чунин навишта шуда: "Интихоби девони Шайх Камоли Хучандй". Дар нусха девони Камоли Хучандй дар шаст барг (511б-571б) байни девони Низории Кахистонй ва Носири Бухорой китобат гардидааст. Матн агарчи бо номи мунтахаб омада, аммо дар асл чомеъ аст ва аз аксари нусахи девонхои комили шоир ашъори бештарро фаро гирифтааст. Матн дар хар сахфа дар

1 Фат^и ^устантания (Истамбул) соли 1453 м. аз чониби султони усмонй Мухаммади Фоте^ сурат гирифт ва калисои Аясофя, ки дар тамаддуни исломй бо номи «Аёсуфия» ёд мешавад ва таърихи бинои он ба асри ча^оруми мелодй бозмегардад, ба масчиди чомеъ табдил дода шуд.

чахор сутуни 33-сатрй навишта шyдaaст. Мaъмyлaн, хар барг 7-8 Faзaлро фаро гирифтааст. Faзaлхо тахти хуруфи кавофй оварда шyдaaнд. Дар OFOЗи хар харф хамчун унвон номи он харф навишта шудааст. Тартиби доxилии Faзaлхо аксар хол тибки хуруфи тахаччй сурат гирифтааст. Матн босаводона навишта шуда, сахвулкалам андак аст.

Котиб "дол"-ро бо нукта дар боло, "гоф"-ро чун "коф" бидуни сарак, "син"-ро се нукта дар зер, "ë"-ро ду нукта дар зер, "алиф"-и калимоти "аз" ва "y" бо хамза (гохе), сараки "коф"-и арабиро барои фарк аз "коф"-и форсй бо хамза (гохе), "че"-ро ба сурати "ч" (гохе) китобат менамояд. Хамзаи пас аз алифи зоидаро (мисли калимахои "коил", "зоил", "моил" ва f.) аксар бо "ë" менависад. Харфи "т"-и калимахои "сурат", "закот", "хaëт" ва f. ба сурати арабии онхо (¿j^- '"¿ßj '¿jj^) китобат мефармояд. Аксар маврид касраи изофатро (бандаки изофиро) бо хамза менависад, на бо "ë". Баъзе aбëти арабй машкул аст. Гохе калимахои мyшкилxони форсиро низ харакат мегузорад.

Анчомаи девони Шaйx Камол чунин аст: "Тамма дивону aш-Шaйx Камолуддин ал-Хучандй би ъавниллохи ва тавфикихи" (571б). Агарчи ин чо аз соли итмоми китобат с^ан нарафтааст, аммо аз чойхои дигари нyсxa рочеъ ба ин матлаб асноди лозима ба даст меоянд. Масалан, котиб аз xyд дар мавриде бо лакаби "Хофиз" ëд менамояд ва xештaнро xоки пои фукаро меxонaд (155б). Дар фарчоми мyнтaxaби девони Низорй ному лакаб ва нисбаи xyдро ба сурати "Хасан ал-ХХофиз аш-Шерозй" (511а) зикр менамояд. Анчоми гузидаи девони Саййид Ч,алолро бо китьае аз xеш ба поëн мебарад (460б). Аз хама дакик, дар китьае, ки рочеъ ба таържи xaтми китоб аст, аз номи xy4, вазъи зиндагй ва ба кй бaxшидa шудани нyсxa дакик маълумот медихад. Чунончи омада: "Хатму китоб ва торжихи: Китоби хусрави олам ба хусрав хатм аз он кардам, Ки хатми хусравон у шуд ба фарру номи Искандар. Худовандо, хумоюн кун бад-у ин бист дeвонро, Ки дар дасти вай ояд зуд тахту цоми Искандар. Цалоли дунйиву динро хазорон царн боци дор, Ки ин тамкин намeгyяд касe з-айёми Искандар. Иёлони Хасан гуянд аз сахтиву бeбаргй, Мураффах гардад ин Хофиз магар з-инъоми Искандар. Ба соли "зод"-у "ё"-ву "цим", нисфe азрацабрафта, Навишта шуд, Худовандо, бидгх ту коми Искандар" (648а).

Аз "зод", "ë" ва "чим", ки моддаи тaъриx мебошанд, соли 813 берун меояд. Ба ин сурат, ки дар хисоби абчад харфи "зод" раками 800, "ë" раками 10 ва "чим" раками 3-ро ифода менамоянд. Яъне, китобати нyсxa пас аз дах соли даргузашти Шaйx Камоли Хучандй дар мданаи мохи рачаби соли 813/миëнaи ноябри соли 1410 дар шахри Шероз, дар ахди Искандармирзо ибни Умар Шaйx ибни Амир Темур ба итмом расидааст. Котиб Хофиз Хасани Шерозй нyсxaро ба султони мазкур, ки дар Шероз китобxонaи некуе бино намуда буд, такдим доштааст.

Пас, омузишу тахкики маълумоти таркимахо ба ин натича мерасонад, ки алхол ин нyсxa кадимтарин девони тaъриxдори Камоли Хучандист.

Нyсxa шомили касида (1 адад), Faзaл (840 адад), китьа (97 адад), маснавй (1 адад), рубой (17 адад), муаммо (11 адад) ва фард (4 адад) мебошад. Дар нyсxa ашьор ба ин тартиб омада: Касидаи ломия; Faзaлиëт: Алиф - 1-45, Бе - 4б-53, Те - 54-214, Ч,им - 215-216, Хо -217-218, Дол - 219-439, Ро - 440-461, Зо - 4б2-474, Син - 475-483, Шин - 484-509, Сод -510, Зод - 511, Иткй - 512, ИзFй - 513, Faйн - 514-516, Фо - 517-519, Коф - 520-522, Гоф -523-524, Коф - 525, Лом - 52б-535, Мим - 53б-633, Нун - б34-693, Вов - б94-711, Хои хавваз - 712-746, Ё - 747-840; Мукаттаот; Маснавй; Рубодат; Муфрадот; Мyaммaëт.

- бб -

2. Нусхаи шумораи 3857. Нусха чунгест бас нодир. Навъи хат насхи вддими хуш аст. Нусха "Хамса"-и Низомй ва чанд рисолаву гузидаи девони шоирони маъруфро шомил аст. Теъдоди авро^и нусха 754 аст. Дар нусха гузидаи газалуои Камоли Хучандй дар баргуои 736б-742а китобат гардидааст. Дар сарлавуи музаууаби гузидаи девон чунин навишта шуда: 'Тазалиёти Шайх Камоли Хучандй". Гузидаи газалиёти Камоли Хучандй байни мунтахаби газалиёти Амир Хусрави Деулавй ва Носири Бухорой китобат ёфтааст. Матн дар уар сауифа дар чауор сутуни 25-сатрй хушнависй шудааст. Дар охири гузидаи газалиёти Шайх Камол тар^имае наёмадааст. Ба он сабаб, ки охири нусха афтодагй дорад, тар^имаи нусха низ дастрас нест. Аммо тафаууус дар матни нусха равшан месозад, ки котиб дар фарчоми иддае аз мутуни мунтахаб соли китобатро сабт намудааст. Аз чумла, дар "Матлау-л-анвор" (282а), "Мачнун ва Лайлй" (295а), "Равзату-л-анвор" (412а) ва "Камолнома"-и Хочуи Кирмонй (498а). Дар тамоми ин мавридуо таърихи китобат бо уарф "ситта ъашара ва самонумиати" (яъне, 816 уичрй) навишта шудааст. Ин санад нишон медиуад, ки нусхаи мазкур алуол дуюмин дастхати ^адимтарини девони Камоли Хучандй мебошад. Расмулхат ва хусусиятуои нигориши баъзе уарфу калимоти нусха мисли нусхаи саблист. Котиб матнро огоуона ва хеле камгалат китобат намудааст.

Шеваи китобат, хусусиятуои нусхаорой ва аломатуои нусхашиносй бар ин далолат менамоянд, ки бояд котиби ин нусха низ Хофиз Хасани Шерозй бошад. Яъне, ин нусха низ дар мактаби хушнависии Шероз китобат гардидааст. Му^оиса ва татби^и нусхауо нишон медиуад, ки ин нусха аз асли дигаре навишта шудааст ва нусхаи дигаре низ мавриди истифодаи котиб будааст. Ба ин мучиб, дар забт ва чобачогузории матн гоу-гоу тафовут дида мешавад.

Нусха шомили 64 газали Шайх Камол буда, дигар анвои шеъриро надорад. Дар нусха газалиёт ба ин тартиб омадаанд: Алиф - 1-3, Бе - 4-6, Те - 7-33, Хо - 34, Дол - 35-42, Ро -43-45, Зо - 46-48, Син - 49-51, Шин - 52-54, Гоф - 55, Лом - 56, Мим - 57-59, Нун - 60-62, Вов - 63, Ё - 64.

3. Нусхаи шумораи 3946. Нусха мунтахаби девони Шайх Камол аст. Дар заурия номи нусха "Интихоботи давовину-л-фузало" сабт ёфтааст. Навъи хат настаъли^ аст. Нусха тазуибкорй шудааст. Дар ин нусха ашъори Шайх Камол дар баргуои 94б-128а китобат ёфтааст. Дар огоз гузидаи ^асидаи ломияи Шайх дар уачми 5 байт оварда шудааст. Дар идома тамоми газалиёти интихобгардида низ дар панчбайтй гузиниш ёфтаанд. Дар охир бо чауор байт нусха тамом шудааст (2 байт - матлаъ ва ма^таи газале, 1 байт матлаи газале, 1 байти чудогона аз газале). Ин нусхаро шартан "мунтахаби тахмисия" меномем. Зоуиран, ин нусха минбаъд асли дигар мунтахаботи тахмисия ^арор гирифтааст.

Шеваи имлои уарфуои "п", "ч", "г" ба сурати арабии "б", "ч", "к" аст. Харфи "дол" ну^та дар боло ва гоуе дар зер, "син" се ну^та дар зер аст. Котиб босавод аст, аммо дар нусха чанд чой афтодагии алфоз ба назар мерасад.

Аз заурия бармеояд, ки нусха аз мав^уфоти султон Маумудхони Усмонй будааст.

Дар тар^има номи котиб ба сароуат "Абдуррауим ибни Абдурраумони Хоразмии Султонй" ва таърихи китобат 879/1474 сабт ёфтааст (195а).

Тартиби ашъори нусха бо ин тари^ аст: Касидаи ломия; Fазалиëт: Алиф - 1-13, Бе -14, Те - 15-37, Хо - 38, Дол - 39-73, Ро - 74-79, Зо - 80, Син - 81, Шин - 82-86, Ищй - 87, Коф - 88, Гоф - 89, Лом - 90-91, Мим - 92-104, Нун - 105-114, Вов - 115, Хои уавваз -116-122,Ё - 123-132.

4. Нусхаи шумораи 3963. Нусха комил аст. Навъи хат настаъли^ аст. Хар сауфа 15 сатр дорад. Теъдоди авро^ 226 аст. Матн аз 1б огоз меёбад ва дар 226б анчом мепазирад. Нусха чадвалкашй ва тазуибкории сода дорад. Ч,ой-чой саувул^алам ба назар мерасад. Баъзе абёти афтода дар уошия китобат ёфтаанд. Чандин газал такроран навишта шудаанд.

Дар таркима рузу мохи итмоми тахрири нусха сабт ёфта, аммо соли китобат ва исми котиб наомадааст. Хусусиятхои нусхашиносй бар ин далолат менамоянд, ки нусха дар асри XV китобат ёфтааст.

Нусха касида (2 адад), газал (816 адад), китъа (73 адад), маснавй (1 адад), рубой (16 адад) ва муамморо (11 адад) шомил аст. Тартиби ашъори нусха ба ин карор аст: Касидаи ломия, касидаи мимия; Fазалиёт: Алиф - 1-44, Бе - 45-54, Те - 55-256, Ч,им - 257-258, Хо -259-261, Хо - 262, Дол - 263-500 (газали 279 дар 493; 282 дар 465; 288 дар 488; 283 дар 391; 284 дар 334; 281 дар 365; 288 дар 444; 287 дар 417 такрор), Ро - 501-521, Зо - 522534, Син - 535-542, Шин - 543-570 (газали 557 дар 560; 555 дар 558 такрор), Сод - 571, Зод - 572, Иткй - 573, Fайн - 574-576, Фо - 577-579, Коф - 580-581, Гоф-Коф - 582-585, Лом - 586-595, Мим - 596-682 (газали 596 дар 623; 597 дар 656; 598 дар 665; 599 дар 632; 600 дар 633; 603 дар 638; 604 дар 615; 611 дар 635; 609 дар 641; 612 дар 637 такрор), Нун

- 683-728, Вов - 729-738, Хои хавваз - 739-764, Ё - 765-816 (бо уазфи 20 газали такрори, 796 газал дорад); Мукаттаот; Маснавй; Рубоиёт; Муаммаёт.

5. Нусхаи шумораи 3962. Нусха комил аст. Адади аврок 211 аст. Матн аз 1б огоз гардида, дар 211а анчом меёбад. Хар сафха 15 сатр дорад. Дар сарлавхи мурассаь "Девони Камол" навишта шудааст. Нусха аз тазхиб холй буда, танхо ду сахифаи аввал (1б-2а) чадвалкашй шудаанд. Нусха аз руи девоне мураттабу муназзам истинсох гардидааст. Ч,ой-чой сахвулкалам ба назар мерасад. Котиб дар хошия баьзе алфозу абёти афтодаро китобат фармудааст. Дар хошия гохе тавзехот дида мешавад. Шеваи китобати харфхои "п", "ч", "г" ба сурати "б", "ч", "к", "син" се нукта дар поён, "ё" ду нукта дар зер аст. Аз матни вакфномае, ки дар захрия омадааст, бармеояд, ки нусха каблан аз чумлаи мавкуфоти султон Махмудхони Усмонй будааст. Нусха таркима надорад, аммо аломатхои нусхашиносй далолат менамоянд, ки дар асри XV китобат гардидааст.

Нусха шомили касида (2 адад), газал (840 адад), китьа (65 адад), рубой (16 адад) ва муаммо (10 адад) мебошад. Тартиби ашъори нусха ба ин карор аст: Касидаи ломия; касидаи мимия; Fазалиёт: Алиф - 1-44, Бе - 45-52, Те - 53-238, Ч,им - 239-240, Хо - 241243, Хо - 244, Дол - 245-456 (газали 274 дар 452 такрор), Ро - 457-481, Зо - 482-487, Син

- 488-495, Шин - 496-518, Сод - 519, Зод - 520, Иткй - 521, Изгй - 522, Fайн - 523-525, Фо

- 526-528, Коф - 529-530, Коф - 531-534, Лом - 535-543, Мим - 544-646, Нун - 647-700, Вов - 701-717, Хои хавваз - 718-749, Лом алиф - 750-751, Ё - 752-841 (бо щзфи 1 газали такрори, 840 газал дорад) ; Мукаттаот; Рубоиёт; Муаммаёт.

Метавон натичаи нусхашиносиеро, ки ин чо болои дастхатхои ашъори Камоли Хучандй аз "Китобхонаи Аёсуфия" сурат гирифт, дар чунин нуктахо чамъ намуд:

а) «Китобхонаи Аёсуфия» таърихи кухан дошта, бо дастхатхои асилу нафиси худ дар байни марказхои мероси хаттии чахон макоми хоса дорад;

б) Дар «Китобхонаи Аёсуфия» панч дастхати нодири девони Камоли Хучандй махфуз аст, ки хама дар садсолаи аввал пас аз даргузашти шоир китобат гардидаанд;

в) Дастхатхои девони Камоли Хучандй, ки дар "Китобхонаи Аёсуфия" нигахдорй мешаванд, аз чумлаи кухантарин нусхахои хаттии ашъори шоир мебошанд. Дар ин дастхатхо асолати шеъри Шайх Камол ва намунахои нави ашъори у махфуз мондааст;

г) Бо асноде, ки аз нусхашиносии дастхатхои девони Камоли Хучандй аз "Китобхонаи Аёсуфия" ба даст меояд, метавон дар матншиносии ашъори шоир кадами устуворе пеш гузошт;

f) Тахкике, ки ин чо аз дастхатхои ашъори Камоли Хучандй сурат гирифт, дар нусхашиносии осори шоир кушиши судманд мебошад. Ин амр метавонад ба рушди нусхашиносии ашъори Шайх Камол мусоидат намояд;

д) Бояд аз дастхатуои девони Камоли Хучандй, ки дар "Китобхонаи Аёсуфия" мауфуз мебошанд, дар омузиши минбаъдаи ауволу ашъори шоир истифода намуд.

Пайнавишт:

1. Девони Камоли Хуцанди, нусхаи хаттии шумораи 3945 аз Китобхонаи Аёсуфия.

2. Девони Камоли Хуцанди, нусхаи хаттии шумораи 3857 аз Китобхонаи Аёсуфия.

3. Девони Камоли Хуцанди, нусхаи хаттии шумораи 3946 аз Китобхонаи Аёсуфия.

4. Девони Камоли Хуцанди, нусхаи хаттии шумораи 3963 аз Китобхонаи Аёсуфия.

5. Девони Камоли Хуцанди, нусхаи хаттии шумораи 3962 аз Китобхонаи Аёсуфия.

6. Шайх Камоли Хуцанди. Девон (матни илмй-интицодй)/Муцаддима, тасуеу ва таълицоти Фахриддин Насриддинов.- Ц.1.-Хуцанд: Ношир, 2020. - 716 сау.

Reference Literature:

1. Kamol KhujandVs Divan, manuscript 3945from Aya-Sofiya Library

2. Ibidem. №3857

3. Ibidem. №3946

4. Ibidem. №3963

5. Ibidem. №3962

6. Shakh Kamol Khujandi. Divan (Scientifico-Critical Text). Preface, text preparation and notes by Fahriddin Nasriddinov. Volume 1. - Khujand: Publisher, 2020. - 716pp.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.