Научная статья на тему 'ТАВСИФИ БАЪЗЕ АЗ ШАҲРҲОИ МОВАРОУННАҲР ДАР "МУЛҲАҚОТУ-С-СУРОҲ"-И ҶАМОЛ КАРШИ (ИБТИДОИ АСРИ XIV)'

ТАВСИФИ БАЪЗЕ АЗ ШАҲРҲОИ МОВАРОУННАҲР ДАР "МУЛҲАҚОТУ-С-СУРОҲ"-И ҶАМОЛ КАРШИ (ИБТИДОИ АСРИ XIV) Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
77
7
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ҶАМОЛ ҚАРШӢ / МОВАРОУННАҲР / МУЛҲАқОТУ-С-СУРОҲ / ШАҲР / ХУҷАНД / ФАРГОНА / ШОШ / БОРЧКАНД / ҶАНД

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Саидов Абдуқаҳҳор

Дар мақола дар бораи маълумоти муаллифи ибтидои асри XIV Ҷамол Қаршӣ оид ба баъзе аз шаҳрҳои Мовароуннаҳр сухан меравад.Ҷамол Қаршӣ дар асараш «Мулҳақоту-с-Суроҳ» шаҳрҳоеро, ки худ ба он ҷойҳо сафар карда буд, тавсиф намуда, дар бораи мавзеъҳои ҷолиб ва машғулияти аҳолии он диққати хос медиҳад ва баробари он ашхоси маъруфи шаҳрҳои зикргардидаро ном мебарад. Аз ҷумла ҳангоми тавсифи шаҳри Хуҷанд муаллиф қайд менамояд, ки он замон идораи Хуҷандро Ҷамоли Содот ном шахс ба уҳда дошт ва бо ин шахс ду маротиба ҳамсуҳбат гашта буд. Дар “Мулҳақоту-с-Суроҳ” дар бораи баъзе шаҳрҳои Фаргона, Шош, Борчканд ва Ҷанд маълумоти нодир оварда шудааст. Тибқи ахбори муаллиф замони ба шаҳри Шош омадани идораи онро Паҳлавон Маҳмуд ном шахс ба зимма дошт, ки бо хоҳари Ҷамол Қаршӣ издивоч намуда, бо пайванди хешу таборӣ барқарор кардааст. Ҷамол Қаршӣ менависад, ки он замон дар ҳавзаи дарёи Сир шаҳрҳои Борчканд ва Ҷанд арзи ҳастӣ доштанд, ки дар он чойҳо олимону шоирон ва мутафаккирони барчаста умр ба сар мебурдаанд. Дар ин шаҳрҳо таълимгоҳҳое вучуд доштаанд, ки донишомӯзон аз шаҳрҳои дигар таҳсил намуда, санадҳои лозимаро соҳиб мегаштаанд. Пас аз ишголи мугулҳои истилогар ин шаҳрҳо тадричан рӯ ба таназзул оварда, дар охири асри XIV ба харобазор табдил гаштанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

DESCRIPTION OF SOME CITIES OF MAVERANNAHR IN "MULHAKAT AS-SURAH" BY JAMAL KARSHI (BEGINNING OF THE 14TH CENTURY)

The article provides information from the author of the early 14th century Jamal Karshi about some cities of Maverannahr. The author in his work "Mulhakat al- Surah" describes the cities he personally visited and mentions sights and celebrities of these areas. Thus, during the description of the city of Khujand, the author notes that at that time Khujand was ruled by a certain Jamal Sodot, whom he met twice. The Mulhakat al-Surah contains information about some cities of Fergana, Shash, Bar- chkent and Jenda. According to the author, during his stay in Shash, the city was ruled by Pahlavon Mahmud, who was married to Jamal Karshi's sister and had a family relationship with him. Jamal Karshi writes that in those times there were two cities on the bank of Sirdarya, Barchkent and Jenda where scientists, poets and famous thinkers lived. There were educational institutions in these cities who attracted young students from other cities who after graduation would receive graduate papers. After the arrival of the Mongol conquerors, these cities gradually fell into decay and at the end of the fourteenth century ceased to exist.

Текст научной работы на тему «ТАВСИФИ БАЪЗЕ АЗ ШАҲРҲОИ МОВАРОУННАҲР ДАР "МУЛҲАҚОТУ-С-СУРОҲ"-И ҶАМОЛ КАРШИ (ИБТИДОИ АСРИ XIV)»

Key words: Ibn Batuta, Safar-nameh, Transoxiana, Khorasan, Khorezm, Kat, Bukhara, Samarqand, Nakhshab, Kesh, Termez, Balkh, Herat, Nishapur, Mashhad, Bastam, Kunduz, Baghlan. Panjshir, Parwan, Kabul.

Сведения об авторе: Хамза Камол (Камолов Хамзахон Шарифович) - Институт истории, археологии и этнографии имени А.Дониш НАНТ, доктор исторических наук, профессор, заведующий отделом древней, средневековой и новой истории. Адрес: 734025, Республика Таджикистан, г.Душанбе, пр. Рудаки, 33. Телефон: (+992) 934212844. E-mail: hamza Kamol@,mail.ru

About the author: Hamza Kamol (Kamolov Hamzakhon Sharifovich) - A.Donish Institute of History, Archeology and Ethnography of the Academy of Science of the Republic of Tajikistan, Doctor of Historical Sciences, Professor, Head of Department of Ancient, Medieval and New Histo^. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, 33 Rudaki Ave.Теlefon: (+992) 934212844. E-mail: hamza_Kamol@mail.ru

УДК: 9(575.3)

ТАВСИФИ БАЪЗЕ АЗ ША^Р^ОИ МОВАРОУННАХ,Р ДАР «МУЛ^АЦОТУ-С-СУРО^»-и ЧДМОЛ КАРШИ (ИБТИДОИ АСРИ XIV)

САИДОВ АБДУЦАВДОР, Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А^мади Дониш

Муаллифи охири асри XIII-ибтидои асри XIV Абулфазл ибни Мухаммад Чдмолиддини Каршй, ки бештар бо номи Чдмол Каршй маъруф аст, асареро бо номи «Мулхакоту-с-Сурох» таълиф намудааст. Ин ягона асари таърихиест, ки замони истилои мугулхо дар Мовароуннахр бо забони арабй навишта шудааст.

Ч,амол Каршй дар китобхонаи мадрасаи Масъудияи шахри Кошгар нусхаи комуси арабии Абунасри Чдвхариро, ки аз чор чилд иборат буда, бо номи «ас-Сихох» маъруф аст, дарёфт кард ва онро соли 1282 ба забони точикй тарчума намуда, ба он «ас-Сурох мин ас-Сихох» ном гузошт. То имруз нусхахои зиёди ин асар мавчуданд (дастнависи ин асар, ки аз руи нусхаи аслии он 23 зулкаъдаи соли 900х.к. /15 сентябри соли 1495 руйнавис шудааст, дар китобхонаи ба номи А.А. Семёнови Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ зери раками 83 махфуз аст).

Баъдтар Чдмол Каршй ба ин тарчумаи худ шарху эзох илова намуд, ки он баъдтар чун асари мустакиле бо номи «Мулхакоти Сурох» («Ило-вахо ба «ас-Сурох») маъруф гашт.

Дар ганчинаи дастхатхои шахри Санкт-Петербург ду нусхаи дастнависи «Мулхакоту-с-Сурох», яке зери раками В-514 ва дигаре С 286

махфуз аст. Дастхати аввал соли 1656 дар шахри Хучанд руйнавис шyдааст.

Нусхаи дастнависи сеюми ин асар дар солхои охир аз шахри Косонсои вилояти Намангони Ч,умхурии Узбекистон даpëфт гардидааст.

Дар «Мулхакоту-с-Сурох» илова ба инъикоси вокеахои таърихй, маълумоти чyFpофии зиëде мавчуд аст, ки аз арзиши мухими илмй бархурдоранд, зеро муаллиф ба шахрхои Мовароуннахру Туркистони Шаркй сафар намуда, мушохидаву дидахои худро оид ба мавзеъхо руи коFаз дарч карда, инчунин y бо ашхоси маъруфи ин шахрхо шиносо шуда, таассуроти худро дар бораи онхо баëн намудааст. Муаллиф дар бораи зиндагй, урфу одат ва машFyлияти ахолии шахрхо маълумоти фаровон меорад. Маълумоти y барои омузиши таърих ва маданияти халкхои сокини ин минтака аххдмияти муфид дошта, оид ба шахрхои Мовароуннахр хеле чолибанд.

Яке аз шахрхое, ки Чдмол ^аршй ба он чо сафар карда, тавсифи онро дар асараш чой додаст, ин шахри бостонии Хучанд аст. Муаллиф менависад, ки Хучанд ба шарофати фаровонии меваю хушбуиаш чаннати рУи замин аст. Он макон бо растанихо ва гулхои хуш6уй ихота гардидааст. Дар Сайхун (даpëи Сир) киштихои зиëд шино менамоянд. Чуноне ки осмонро ситорахо ихота карда зеб додаанд, Хучандро ситорахои илм ва олимони маъруфи миллаташ оро медиханд [7, 58а].

Хучанди асpимиëнагй яке аз шахрхои Мовароуннахр ба шумор мерафт ва диккати муаррихон, сайëхон, чyFpофидонон ва олимони дигарро ба худ чалб намуда буд. Мувофики навиштаи муаллиф асри Х Ибни Хдвкал Хучанд аз чихати зебой дар байни шахру вилоятхои Мовароуннахр чои аввалро ишFOл менамуд [11, 391].

Истахрй, муаллифи дигари асри Х дар бораи Хучанд менависад, ки Хучанд яке аз шахрхои серахолии Мовароуннахр ба шумор мерафт ва дорои шахристон, кухандиз ва работ буд [6, 264]. Тибки ахбори Мукаддасй Хучанд шахрест халоватбахш ва дар он чойхо аз ин шахри гуворотаре нест [10, 272].

Дар бораи пуршукухии Хучанд, иклими муътадилу дилкаш ва фаровонии мевахои он дар маъхазхои хаттии дигари асpимиëнагй низ чунин маълумот оварда шудааст. Муаллифи «Хдфт иклим» Амин Ахмади Розй кайд кардааст, ки дар Хучанд мевахои здади гуногун парвариш карда мешаванд. Махсусан анорхои он баландсифатанд [2, 532].

Мукоисаи маълумоти "Мулхакоту-с-Сурох" дар бораи Хучанд бо навиштахои маъхазхои хаттии дигари асpимиëнагй аз дурустии маълумоти муаллифи он шаходат медиханд.

Аз ашхоси маъруфи Хучанд Чдмол ^аршй арбоби маъруфи стесй рамоли Содотро ном бурда, кайд менамояд, ки у хокими Хучанд ва навохии атрофии он будааст. Муаллиф кайд менамояд, ки у бо рамоли Содот ду маротиба хамсухбат гаштааст [7, 53а].Ч,амол ^аршй менависад,

ки падари Чдмоли Содот Бурхониддини Хучандй ном дошт. Дангоми сафари Чдмол Каршй дар соли 1270 ба Хучанд Бурхониддини Хучандй оламро тарк намуда буд. Муаллиф мегуяд, ки макбараи Бурхониддини Хучандй дар сорили дарёи Сир, аз чониби кухи Мевагул вокеъ аст [7, 58а].

Шахси маъруфи дигари Хучанд, ки Чдмол Каршй онро ном мебарад, ин мавлоно Начмиддин Садри Сохибй мебошад. Муаллиф соли 1270 хангоми дар Хучанд буданаш дар васфи ин шахс бо забони арабй рубоие навиштааст [7, 58а-58б]. Аз ишорахои муаллиф бармеояд, ки мавлоно Начмиддин яке аз ашхоси бонуфузи Хучанд ва дар он замон сохиби эътибори бузург будааст.

Чдмол Каршй дар асари худ номи шахси дигари маъруфи Хучанд Мачдиддини Хучандиро зикр намуда, уро чун амир ва вазир, такягохи дин ва шахси бохирад ном мебарад ва мегуяд, ки дар сухбати у хузур доштааст [7, 58б]. Аз маълумоти муаллиф бармеояд, ки Мачдиддин дар идоракунии шахри Хучанд фаъолона иштирок менамудааст.

Аз ашхоси маъруфи дигари Хучанд Чдмол Каршй Бурхониддини Алой [7, 58а], Бурхониддин Тавили Хучандй [7, 58а], Бурхониддин Мукрии Хучандй [7, 53а] ва шайх Фахриддини Чдволикд [7, 58б] ном мебарад, ки у бо онхо шиносой дошта, борхо хамсухбат шудааст.

Гуфтахои фавкуззикр гувохй онанд, ки Хучанд дар охири асри Х111 -ибтидои асри XIV яке аз шахрхои шукуфон ва тараккикарда буда, ашхоси маъруфу донишманд дар он чо умр ба сар мебурдаанд. Маълумоти муаллифи «Мулхакоту-с-Сурох» барои мухаккикон аз ахаммияти илмй бархурдор буда, дар бораи вазъи Хучанди он замон маводи арзишманде медихад.

Чдмол Каршй ба водии Фаргона низ сафар карда буд. У менависад, ки Фаргона макони серхосил, сабзу хуррам ва ободон буда, он дорои богхои зебову дилкаш ва мазраахои беканор аст. Фаргона боду хавои хуб дошта, оби нушокияш аз хама бехтарин аст ва мевахо дар он чо зуд пухта мерасанд [7, 57б]. Дар «Дудуду-л-олам» омадааст, ки Фаргона вилояти бузург ва хуррам буда, неъматхои фаровон дорад. Дар он чо куххо, даштхо, шахрхо ва обхои чорй зиёданд [8, 71]. Истахрй менависад, ки Фаргона иклими фарох ва бонеъмат буда, русто ва ахолии бисёр дорад [6, 265]. Тибки ахбори муаллифи «Осору-л-билод ва ахбору-л-ибод» Закариё ал-Казвинй Фаргона макони галла ва мева аст [4, 235].

Аз мукоисаи маълумоти Чдмол Каршй бо ахбори муаллифони дигари асримиёнагй бармеояд, ки гуфтахои Ч,амол Каршй оид ба Фаргона сахеханд.

Чдмол Каршй баъзе шахрхои Фаргонаро, ки ба он чойхо сафар карда буд, зикр менамояд. Аз чумла, дар бораи шахри Ош маълумот дода, кайд менамояд, ки дар он чо ду кухи на он кадар бузург мавчуд аст, ки яке Барокух ва дигаре Данаф ном доранд [7, 58б]. У менависад, ки кабри Кутайба ибни Муслим дар дехаи Кулич вокеъ аст. Дар атрофи кухи Барокух бошад, кабри ашхоси мукаддас ва такводорон, аз чумла Осаф ибни Бархия, вазири Сулаймон ибни Довуд мавчуд аст. Сокинони ин

маxал xоло xам мегyянд, ки мазори Сулаймон дар ин чост ва ин кyxро «Тахти Сулаймон» меноманд.

Тибки ахбори Чдмол Каршй дар мавзеи Испид-Булон (xозира деxаи Мазори вилояти Оши Ч,умxурии Киргизистон) 2700 нафар xамсафарон ва пайравони пайгамбар (яъне Муxаммад), ки онxоро халифа Усмон ибни Aффон (644-656) бо сардории Муxаммад ибни Чдрир ба чанг фиристода буд, дафн шудаанд [7, 59а].

Aз ашхоси маъруфи Фаргона муаллиф шайх Бурxониддин Килич ва писари y Нусратуддинро ном мебарад ва мегуяд, ки Бурxониддин Килич шайхи донишманд буда, мударриси мадрасаи масчиди Узганд буд. Пас аз вафоташ Уро дар он чо дафн намуданд [7, 59 а,б]. Тибки ахбори муаллифи «Ч,омеъу-л-макомот» Aбулбако, падари Бурxониддин Килич шайхи маъруфи Фаргона султон Саид ва модараш духтари Илак ал-Мозии Кара-хонй (Наср ибни Aлй) будааст [1, 5а].

Чдмол Каршй дар асари худ номи як катор ашхоси маъруфи Фаргонаро, аз кабили xокими шаxри Ош, шайх Мунир ибни Aбулкосими Ошй [7, 59а], шайхон ва донишмандони маъруф Шамсиддин Муxаммад ибни Муxаммади Кубовй [7, 59а], Точиддини Шаxристонй [7, 60а] ва дигаронро, ки аз xамасрони худи y буданд, зикр менамояд.

Шадри дигаре, ки Чдмол Каршй ду маротиба ба он чо сафар карда, тавсифи онро меорад, ин шаxри Шош аст. Муаллиф кайд менамояд, ки бо-ду xавои он чо муътадил буда, оби нушокии ширин дорад. Он ддари сер-бориш буда, замищояш серxосиланд [7, 60б]. Муаллифони «Осору-л-билод ва ахбору-л-ибод» [4, 538] ва «Дафт иклим» [2, 527б] низ гуфтаxои Чдмол Карширо тасдик менамоянд.

Чдмол Каршй кайд менамояд, ки аxолии Шош чонибдори мазxаби шофеиянд ва дар он чо чор xазор масчид вучуд дорад. Дар як маxалла аз шаст ë xафтод масчид иборат буд [7, 60б]. Aлбатта дар ин чо xангоми зикри адади шумораи масчидxо саxв чой дорад ва шояд ин хатои нусха-бардор бошад.

Муаллиф аз ашхоси муътабари Шош Aбубакр Каффоли Шоширо ном бурда, менависад, ки y шайхи маъруф ва муфассири Куръон буда, таф-сири y бист чилдро ташкил мекард [7, 60б]. Ёкути Дамавй [5, 333] ва Хай-риддини Зираклй [9, 159] хабар медщанд, ки Каффоли Шошй дар шаxри Шош таваллуд шуда, дар он чо мазxаби шофеиро паxн кард ва дар xамон чо фавтида, дафн гардидааст.

Чдмол Каршй xангоми ба шаxри Шош омадан макбари Каффоли Шоширо здарат карда, дар девори он ба забощои арабй ва точикй пор-чаxои шеърй навиштааст [7, 61а].

Чдмол Каршй xангоми бори аввал ба Шош омадан бо шайхи машxури он Чдлолиддин xамсуxбат мешавад. Шайх Чдлолиддин ду писар дошт: яке Aлоуддин ва дигаре Aвфак. Дар дуи онxо ба доираи ашхоси Xукмрони шаxр наздикй доштанд. Бори дувум ба Шош омадани Чдмол

Каршй бо ишFOли он аз чониби писари Алоуддин Пахлавон Махмуд мувофик омад.

Пахлавон Махмуд бо хохари Чдмол Каршй издивоч намуда, бо у пайванди хешу таборй дошт. Онхо писаре доштанд, ки Носир ном дошт. Чдмол Каршй дар бораи Пахлавон Махмуд ва писари у Носир бо забони точикй порчахои шеърй навиштааст, ки онхо дар "Мулхакоту-с-Сурох" оварда шудаанд [7, 61а,б].

Шахри дигаре, ки Чдмол Каршй дар бораи он маълумот медихад, ин Борчканд аст. Дар маъхазхои асpимиëнагй он бо номхои мухталиф чун Борчканд, Борчинликанд, Борчликанд ва Борчин зикр гардидааст. Шахри асримданагии Борчканд дар байни Ч,анд ва Сотнок дар хавзаи даpëи Сир вокеъ буд. Дар охири асри Х^ он хароб гашта буд. То замони мо сиккахои мисине расидаанд, ки онхо дар Борчин (Борчканд) зарб зада шудаанд [3, 230].

Чдмол Каршй менависад, ки у соли 672х.к./1273-74 ба ин шахр омада буд. Дар он чо туркманхо мезистанд. Дар назди шахр теппахо ва кумзорхои зиëд вучуд доштанд ва зимистони он чо сербарф буд.

Аз чумлаи ашхоси маъруфи ин ддар муаллиф олим ва шоир Дисомиддин Домид ибни Осими Борчкандлигиро ном мебарад ва менависад, ки шайхи факех буда, илмхои замонро аз худ карда, муфассири Куръон буд ва дар назму наср табъозмой мекард. Илова бар ин Дисомиддин хаттоти мохир буда, хатти нихоят зебое дошт. Чдмол Каршй дар назди у дарс хонд ва пас аз хатми тадрис Дисомиддин санади хатми уро бо дасти худаш навишт.

Ба кавли Чдмол Каршй Дисомиддин _олими тавоно буда, дар сохахои мухталифи илм куввасанчй намудааст. У дар сохаи наср бо забони арабй якчанд асархо офарида, асари Ч,оруллох "ал-Муфассал"-ро ба таври мухтасар шарх дода, ба он "ал-Мучмал" ном гузошт. Асари Бурхониддини МаpFинонй "ал-Дидоят фй фикх"-ро низ мухтасар намуда, онро "Дидоят ал-Мухдй мин хидоят ал-Мухтадй" номид. Дисомиддин ин асарро дар муддати ду мох таълиф намудааст [7, 61б].

Аз гуфтахои Чдмол Каршй бармеояд, ки Борчканд дар охири асри XIII яке аз марказхои фархангй дар хавзаи даpëи Сир ба шумор рафта, дар он чо олимону шоирон ва мутафаккирони барчаста умр ба сар мебурдаанд. Дар он чо инчунин таълимгоххое вучуд доштаанд, ки донишомузон аз шахрхои дигар тахсил намуда, санадхои лозимаро сохиб мегаштаанд. Пас аз истилои мyFyлхо ин шахр тадричан ру ба таназзул оварда, дар охири асри Х^ ба харобазор табдил гашт.

Шахри дигаре, ки Чдмол Каршй тавсифи онро меорад, Ч,анд аст. Шахри Ч,анд дар поëноби даpëи Сир вокеъ буда, ба кавли Ёкути Дамавй ахолии он пайрави мазхаби ханафианд [5, 137]. Чдмол Каршй менависад, ки Ч,анд шахри калон ва сеpFавFOвy серахолй буда, дар он чо бозори

калони серсавдо амал мекард. Ба он чо аз шахру мамолики мухталиф точирони зиёде меомаданд.

Тибки ахбори Чдмол ^аршй дар Чднд намояндагони зиёди илму фарханг умр ба сар мебурданд. Яке аз чунин ашхоси маъруфи Чднд Камо-лиддини Хоразмй ё Сигнокй буд. Муаллиф бо ин шахс шиносоии хуб до-шта, муддате дар хизмати у будааст. Туркманхо уро Шайх Бобо ном мебурданд. У устоди олими маъруфи он давр ал-Камолй ал-Музаффарй буд. Камолиддин яке аз дустони наздики шайхи маъруф Начмиддини Кубро буд. Шайх Камолиддин мохи ноябри соли 1273 дар синни 85-солагй олам-ро тарк намуд [7, 61б].

Дамин тарик, аз маълумоти Чдмол Кдршй дар бораи баъзе шахрхои Мовароуннахр ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки шахрхои ин мин-така то замони хучуми мугулхо ободу зебо буда, марказхои илму фарханг ба шумор мерафтанд. Пас аз тасхири онхо аз чониби мугулхо баъзе шахрхо, монанди Борчканд ва Ч,анд ру ба харобй оварда, аз байн рафтанд.

АДАБИЁТ

1. Абулбако ибни Хоча Бахоуддин Махмуди Аъзам. Ч,омеъу-л-макомот. Дастхати Китобхонаи миллии Точикистон № 904.

2. Амин Ахмади Розй. Дафт иклим. Дастхати раками 62 Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ.

3. Бартольд В.В. К истории орошения Туркестана // Сочинения. Т. III. Москва, 1965.

4. Закариё ибни Мухаммад ибни Махмуд ал-Казвинй. Осору-л-билод ва ахбору-л-ибод. Бейрут, 1960.

5. Ёкути Дамавй . Муъчаму-л-булдон. Ч,илди III. Ба чоп хозиркунанда Вюстенфелд. Т. I-VI. Лейпциг, 1866 - 1873.

6. Истахрй Абуисхок Иброхим. Масолик ва мамолик. Бо эхтимоми Эрачи Афшор. Техрон, 1340.

7. Ч,амол Каршй. Мулхакоту-с-Сурох. Дастхати ганчинаи шахри Санкт-Петербург, раками В-514.

8. Дудуду-л-олам. Тахияи Н. Косимов. Душанбе: Дониш, 1983.

9. Хайриддин аз-Зираклй. Ал-Аълом. Ч,илди VII. Бейрут, 1969.

10. Descriptio imperii moslemici auctore Schamso'd-din Abu Abdollah Mohammed ibn Ahmed ibn abi Bekr al—Banna al-Basschari al-Mokaddasi . Ed. M. J. de Goeje, Lugduni Ba-tavorum, 1877; ed. 2; 1906 ( BGA, III).

11. Viae et regna. Descriptio ditionis moslemicae auctore Abu'I - Kasim ibn Haukal. Ed. M. J. de Goeje, Lugduni Batavorum, 1873 ( BGA, II).

ТАВСИФИ БАЪЗЕ АЗ ША^Р^ОИ МОВАРОУННАХР ДАР «МУЛ^АКОТУ-С-СУРОХ»-И ЧАМОЛ ЦАРШИ (ИБТИДОИ АСРИ XIV)

Дар макола дар бораи маълумоти муаллифи ибтидои асри XIV Ч,амол Каршй оид ба баъзе аз шахрхои Мовароуннахр сухан меравад.Чдмол Каршй дар асараш «Мулхакоту-с-Сурох» шахрхоеро, ки худ ба он чойхо сафар карда буд, тавсиф намуда, дар бораи мавзеъхои чолиб ва машгулияти ахолии он диккати хос

медихад ва баробари он ашхоси маъруфи шахрхои зикргардидаро ном мебарад. Аз чумла хднгоми тавсифи шахри Хучанд муаллиф кайд менамояд, ки он замон идораи Хучандро рамоли Содот ном шахс ба ухда дошт ва у бо ин шахс ду маротиба хамсухбат гашта буд. Дар "Мулхакоту-с-Сурох" дар бораи баъзе шахрхои Фаргона, Шош, Борчканд ва Ч,анд маълумоти нодир оварда шудааст. Тибки ахбори муаллиф замони ба шахри Шош омадани у идораи онро Пахлавон Махмуд ном шахс ба зимма дошт, ки у бо хохари Ч,амол ^аршй издивоч намуда, бо у пайванди хешу таборй баркарор кардааст. Ч,амол ^аршй менависад, ки он замон дар хавзаи дарёи Сир шахрхои Борчканд ва Ч,анд арзи хастй доштанд, ки дар он чойхо олимону шоирон ва мутафаккирони барчаста умр ба сар мебурдаанд. Дар ин шахрхо таълимгоххое вучуд доштаанд, ки донишомузон аз шахрхои дигар тахсил намуда, санадхои лозимаро сохиб мегаштаанд. Пас аз ишголи мугулхои истилогар ин шахрхо тадричан ру ба таназзул оварда, дар охири асри XIV ба харобазор табдил гаштанд.

Калидвожах,о: Цамол К^аршй, Мовароуннаур, Мулуацоту-с-Суроу, шаур, Хуцанд, Фаргона, Шош, Борчканд, Цанд.

ОПИСАНИЕ НЕКОТОРЫХ ГОРОДОВ МАВЕРАННАХРА В "МУЛХАКАТ АС-СУРАХ" ДЖАМАЛЯ КАРШИ (НАЧАЛА XIV в.)

В статье приводятся сведения автора начала XIV в. Джамаля Карши о некоторых городах Мавераннахра. Автор в своём труде "Мулхакат ас-Сурах" описывает города Мавераннахра, в которых он побывал лично и обратил внимание на их достопримечательности и приводит имена знаменитостей этих местностей. Так, во время описания города Ходжента автор отмечает, что в то время Ходжентом управлял некий Джамал Содот, с которым он встречался два раза. В "Мулхакат ас-Сурах" приводятся сведения о некоторых городах Ферганы, Шаша, Барчкента и Дженда. По словам автора во время его пребывания в Шаше городом управлял Пахлавон Махмуд, который был женат на сестре Джамаля Карши и имел с ним родственные отношения. Джамал Карши пишет, что в те времена в бассейне Сирдарьи существовали города Барчкент и Дженд в которых жили и творили ученые, поэты и известные мыслители. В этих городах существовали учебные заведения в которых обучалась молодёжь из других городов и областей и после их окончания получали соответствующие документы. После прихода монгольских завоевателей эти города постепенно пришли в упадок и в конце XIV в. перестали существовать.

Ключевые слова: Джамал Карши, Мавераннахр, Мулхакат ас-Сурах, город, Ходжент, Фергана, Шаш, Барчкент, Дженд.

DESCRIPTION OF SOME CITIES OF MAVERANNAHR IN "MULHAKAT AS-SURAH" BY JAMAL KARSHI (BEGINNING OF THE 14TH CENTURY)

The article provides information from the author of the early 14th century Jamal Karshi about some cities of Maverannahr. The author in his work "Mulhakat al-Surah" describes the cities he personally visited and mentions sights and celebrities of these areas. Thus, during the description of the city of Khujand, the author notes that at that time Khujand was ruled by a certain Jamal Sodot, whom he met twice. The Mulhakat al-Surah contains information about some cities of Fergana, Shash, Bar-

chkent and Jenda. According to the author, during his stay in Shash, the city was ruled by Pahlavon Mahmud, who was married to Jamal Karshi's sister and had a family relationship with him. Jamal Karshi writes that in those times there were two cities on the bank of Sirdarya, Barchkent and Jenda where scientists, poets and famous thinkers lived. There were educational institutions in these cities who attracted young students from other cities who after graduation would receive graduate papers. After the arrival of the Mongol conquerors, these cities gradually fell into decay and at the end of the fourteenth century ceased to exist.

Key words: Jamal Karshi, Maverannahr, Mulhakat al-Surakh, city, Khujand, Fergana, Shash, Barchkent, Jend.

Сведения об авторе: Саидов Абдукаххор-Институт истории, археологии и этнографии им. А. Дониша НАНТ, главный научный сотрудник. Адрес: 734025. Республика Таджикистан, г. Душанбе, пр. Рудаки, 33. Телефон: (+992) 919 13 41 84. E-mail. saidov.45@mail.ru

Information about the author: Saidov Abdukahhor-Institute of History, Archeology and Ethnography named after A. Donish NAST, Chief Researcher. Address: 734025. Republic of Tajikistan, Dushanbe, Rudaki Ave., 33. ТеЫш: (+992) 919 13 41 84. E-mail. saidov.45@mail.ru

УДК: 342.3 (5 75.3)(09)+9 (575.3)

ИНЪИКОСИ МАСОИЛИ СУЛДУ ВАДДАТИ ТОЧИКОН ВА ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯИ ОШТИИ МИЛЛИ ДАР ТАЪРИХНИГОРИИ ВАТАНИ ВА ХОРИЧИ

МИРЗОЕВ Ч. А., Институти таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии ба номи

А^мади Дониш

Яке аз масъалахои мухим, ки дар солхои 90-уми асри ХХ диккати муа-ррихон ва умуман ахли чомеаи чахониро ба худ чалб карда буд, раванди гуфтушуниди миёни точикон дар солхои 1994-1997 ба хисоб меравад. Ин ра-ванд пеш аз хама аз он чихат чолиб аст, ки нахустин тачрибаест дар таърихи чахонй, ки бо миёнаравии созмонхои бонуфузи байналхалкй ва ширкати давлатхои кафили минтака муваффакона анчом пазируфт.

Дар давоми солхои 1994-1997 байни хукумати расмии Точикистон ва иттиходи мухолифин 8 даври мулокот ва якчанд вохурй дар сатхи олй-миёни Президенти Чумхурии Точикистон - Эмомалй Рахмонов ва рохбари иттиходи мухолифин С.А.Нурй баргузор шуданд. Ин гуфтушунидхо тахти назари СММ ва бо ширкати давлатхои кафил - Россия, Эрон, Казокистон, Киргизистон, Покистон, Туркманистон ва Узбекистан сурат гирифта, натичаи мусбат доданд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.