5.8.2. [13.00.02] НАЗАРИЯ ВА МЕТОДИКАИ ОМУЗИШУ ПАРВАРИШ 5.8.2. [13.00.02] ТЕОРИЯ И МЕТОДИКА ОБУЧЕНИЯ И ВОСПИТАНИЯ 5.8.2. [13.00.02] THEORY AND METHODS OF TEACHING AND UPBRINGING ТДУ 37.0
DOI:10.51844-2077-4990-2023-2-138-142
ТАТБЩИ УСУЛХОИ ФАЪОЛИ ТАЪЛИМ ЧУН ОМИЛИ САМАРАБАХШИИ ФАЪОЛИЯТИ МАЪРИФАТЙВА ИНКИШОФИ МАЛАКАХОИ МУОШИРАТЙ
ВНЕДРЕНИЕ АКТИВНЫХ МЕТОДОВ ОБУЧЕНИЯ КАК ФАКТОРА ЭФФЕКТИВНОСТИ ПОЗНАВАТЕЛЬНОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ И РАЗВИТИЯ КОММУНИКАТИВНЫХ
НАВЫКОВ
IMPLEMENTATION OF ACTIVE Rabiev Sattorberdi Mavlonovich, candidate of TEACHING METHODS AS A FACTOR OF pedagogical sciences, associate professor of the EFFECTIVE COGNITIVE ACTIVITY AND Department of mathematics and natural science, DEVELOPMENT OF COMMUNICATION aesthetic education and its methods of teaching,
SKILLS SEI "KSU named after acad. B. Gafurov" (Tajikistan, Khujand),E-mail: rabiev0512@mail.ru Вожацои калидй: фаъолияти маърифати, усули фаъоли таълим, кори гурухи, нацшофари, омузиши интерактиви, хамкории мутацобила, муошират, муносибатхои салохиятноки
Дар мацола масъалахои ташкили раванди таълим бо истифодаи усулу тарзхои фаъоли таълим мавриди барраси царор дода шудааст. Муаллифи мацола моделхои гайрифаъол ва фаъоли ташкили раванди омузишро тахлилу барраси намуда, таъкид медорад, ки ташкили цараёни тахсилоти муосир ва талаботхои цомеаи имруза ба шахсият истифодаи усулхои хамкориро тацозо менамоянд. Муаллиф дар заминаи тахлили асархои олимони соха мохият ва самараи татбици фаъолияти муштараконаи омузишро тавзех бахшида, вазифаву шартхои педагогии истифодаи усулхои фаъоли таълимро ба цалам додааст.
Ключевые слова: познавательная деятельность, активный метод обучения, групповая работа, деловые игры, интерактивное обучение, взаимодействие, общение, компетентностные отношения В статье рассматриваются вопросы организации учебного процесса с использованием активных методов и приёмов обучения. Автор статьи анализирует и обсуждает пассивную и активную модели организации учебного процесса и подчеркивает, что организация современного образования и запросы общества требуют использования кооперативных методов. На основе анализа работ ученых в данной области автор подчёркивает сущность и эффективность осуществления совместной учебной деятельности, педагогических задач и условий использования активных методов обучения.
Key words: cognitive activity, active teaching method, group activity, role playing, interactive learning, interaction, communication, competence relations
The article discusses the issues of organization of educational process with the help of active teaching methods. The author of the article analyzes and discusses the passive and active models of organization of learning process. He emphasizes that the organization of modern education and the demands of today's society require the use of cooperative methods. Based on the analysis of the works of scientists in the field, the author explains the essence and effectiveness of implementation of interactive teaching activity and outlines the pedagogical tasks and conditions of using active teaching methods.
Ташаккули тарзу усулхо ва шаклхои ташкили таълим дар баробари инкишофи чдмъияти инсонй ба амал омад. Шояд таълими фардй кадимтарин шакли ташкили раванди омузиш буд. радами навбатй дар ин самт усули омузиши инфиродй-гурухй буда, дар ибтидои асри XVII ин усулу тарзхои раванди таълим дигар ба талаботи ч,амъият ч,авоб намедиханд. Аввалин асосхои таълими гурухй пайдо шуданд, ки асоси низоми синфй-дарсй гардиданд, ки тахияву тасдикд онро ба педагоги бузурги чех Я.А. Коменский нисбат медиханд. Низоми синфии дарс ва усулу тарзхои анъанавии таълим, ки мацсади додани донишро мегузошт ба талаботи маълумот дар охири асри XIX ва асри XX чдвобгуй буд.
Рабиев Сатторбердй Мавлонович, н.и.п.,
дотсенти кафедраи табий-риёзй, тарбияи эстетики ва методикаи таълими ощои МДТ "ДДХ ба номи акад.Б.Гафуров" (Тоцикистон, Хуцанд )
Рабиев Сатторберди Мавлонович, доцент кафедры математики и естествознания, эстетического воспитания и методики преподавания ГОУ "ХГУ имени акад.Б.Гафурова" (Таджикистан, Худжанд)
Дар замони муосир тасаввуроти чомеа дар бораи xадафxои таxсилот ва роxxои татбици он ба куллй тагйир ёфта, мутобици он ташкили раванди таълиму тарбия дар мyассисаxои таxсилоти миёнаи умумй бо истифода аз робитаи равишxои анъанавй ва инноватсионии таълим сифатан нав карда мешавад.Баръакси дарси анъанавй, мацсади дарси муосир ба ташаккул ва рушди фаъолияти таълимии xамачиxата (универсалй) нигаронида шудааст. Натичаи дарси муосир на пешрафт ва xачми маводи омухташуда, балки фаъолияти таълимии xамачиxата (универсалй) бадастовардаи хонандагон, ба монанди цобилияти амал, цобилияти татбици дониш, амалй намудани лоиxаxои худ, цобилияти амали ичтимой мебошад, ки татбици усулу технологияxои фаъоли таълимро тацозо менамояд.
Педагогикаи муосир моделxои зерини таълимро нишон мед^ад, ки бо хyсyсиятxои хосашон аз xамдигар фарци куллй доранд:
1) гайрифаъол - хонанда xамчyн "объекти" омузиш амал мекунад (гуш мекунад ва нигоx мекунад)
2) фаъол - хонанда xамчyн «яке аз субъе^ои» таълим баромад мекунад (кори мустацил, сyпоришxои эчодй). Модели фаъоли таълимро дар замони муосир нисбатан такмил бахшида "интерактивй" низ меноманд, ки раванди таълим дар шароити xамкории доимии омузгору хонанда ва хонандаву хонандаро дар назар дорад. Дар ин раванд омузгору хонанда сyбъектxои баробарxyцyци таълим маxсyб меёбанд.
Модели фаъоли таълим истифодаи xамачонибаи тарзу равиш ва yсyлxои фаъолкунандаи раванди омузишро (симулятсияи компютерй, нацшбозй, та^лили xолатxои мушаххаси психологй ва Fайраxо) дар алоца бо корxои беруназсинфй дар назар дорад.
Фаъолияти муштараки хонандагон дар раванди омузиш ва азхудкунии маводи таълимй маънои онро дорад, ки xар як нафар саxми фардии худро мегузорад, байни иштирокдорони раванди таълим мубодилаи донишу афкор, рокдои фаъолият ба амал меояд. Гузашта аз ин, ин тарзи ташкили фаъолият дар фазои хайрхоxй ва дастгирии xамдигарй ба амал меояд, ки на тащо ба гирифтани донишxои нав имкон мед^ад, балки худи фаъолияти маърифатиро инкишоф мед^ад, онро ба шаклxои олии xамкорй мегузаронад.
Хусусияти мyxими омузиши интерактивй сатxи баланди фаъолияти мутацобил нигаронидашудаи сyбъектxои раванди таълим, ягонагии эмотсионалй ва маънавии иштирокчиён мебошад. Хднгоми истифодаи тарзу тарицаxои таълими интерактивй хонанда иштирокчии комили раванди идрок мегардад, тачрибаи xаётии у xамчyн манбаи асосии дарки асосxои дониши илмй хизмат мекунад. Дар ин маврид муаллим дониши тайёр намедиxад, балки хонандагонро ба чустучуй ташвиц мекунад. Дар муцоиса бо шаклxои анъанавии гузаронидани дарсxо, дар таълими интерактивй фаъолияти мутацобилаи омузгор ва хонанда тагйир меёбад, зеро фаъолнокии омузгор чои худро ба фаъолнокии хонандагон мед^ад, вазифаи у фароxам овардани шароит барои ташаббуснокии хонандагон мегардад. Омузиш тарици интерактивй як масъалаи мyxими дигареро мекунад. Сухан дар бораи истироxат, рафъи фишори асаб, иваз кардани диццат, тагйир додани шак^ои фаъолият ва гайра меравад. Он шакли махсуси ташкили фаъолияти маърифатй мебошад, ки xадафxои хеле мушаххас ва пешбинишаванда дорад. Яке аз ин мацсадxо фароxам овардани шароити мусоиди таълим, яъне шароите мебошад, ки дар он хонанда муваффацияти худ, цобилияти зеxнии худро ^ис мекунад, ки худи раванди таxсилро маxсyлнок мегардонад.
Б.Ц.Бадмаева чунин меxисобад, ки «омузише, ки ба психологияи муносибат ва амалxои мутацобилаи одамон асос ёфтааст» интерактивй маxсyб меёбад [1,с.74].
Ба андешаи Д. Махотин "фаъолияти интерактивй ташкил ва рушди муоширати муколамаро дар бар мегирад, ки боиси xамдигарфаxмй, xамкорй, xалли муштараки вазифаxои умумй, вале мyxим барои xар як иштирокчй мегардад"[7,с.39].
Е.В.Коротаева чунин мешуморад, ки омузиши интерактивиро бояд чун як падидаи бисёрчанба баррасй кард, зеро он дар як вацт се масъаларо мекунад:
таълимй ва маърифатй (н^оят мушаххас);
коммуникативй-инкишофёбанда (бо заминаxои умумй, эмотсионалй ва зеxнй алоцаманд аст);
ичтимой нигаронидашуда (натичахои он аллакай берун аз вацт ва фазой таълимй зохир мешаванд).
Хдмзамон муаллиф цайд мекунад, ки "омузиши интерактивй раванди маърифатиест, ки дар он дониш дар фаъолияти муштарак тавассути муколама, полилоги хонандагон байни худ ва омузгор ба даст меояд» [3,с.102].
Ташкили дарс бо истифодаи технологияхои фаъоли таълим дар асоси хамкории хамаи иштирокчиёни ин раванд амалй мегардад. Ин хамкориро омузиши интерактивй низ мегуянд, зеро дар чараёни он хамкории мутацобилаи омузгору хонанда, ва хонандаю хонанда сурат мегирад.
Хусусиятхои асосии ин хамкории мутацобила инхоянд: дар фазои ягонаи таълимй царор доштани субъектхои он;
якчоя чустучуй намудани рохи халли масъалаи гузошташуда, яъне, дохил шудан ба фазои ягонаи эчодй;
хамкорй дар интихоби восита ва татбици усулхои халли мушкилот; воридшавии муштарак ба холати эмотсионалии наздик, эхсосоти хамсадо, ки хангоми цабул ва татбици халли мушкилот хамрохй мекунанд.
Истифодаи технологияхои фаъоли таълим барои хавасмандсозй ва чалби хамаи хонандагон ба мухокимаи мавзуъ, ичрои супоришхо ва муаррифии натичахои кори мустацилона нигаронида шуда, барои ноил гардидан ба натичаи нихой равона мегарданд. Ин бо рохи ташкили кори гурухии хонандагон: кори дунафарй, кор дар дастахои хурд ё гуруххои хурд амалй мегардад. Самаранокии кори гурухй истифодаи усулу тарзхо фаъоли таълимро тацозо менамояд, ки барои рушди зехн ва фаъолнокии хонандагон мусоидат намояд.
Тарзу равишхои фаъолсозии таълим амали мушаххаси хамкории омузгор ва хонанда дар раванди татбици усулхои интерактивии омузишанд, ки туфайли онхо силсилаи цоидахои ташкили хамкории хонандагон бо хамдигар ва омузгор дар шакли бозихои таълимй, бозихои " фаъолияти корй",нацшбозй, мубохисахо амалй мешаванд, ки боиси рушди фаъолияти таълимии хамачихатаи (универсалии) хонандагон мегарданд.
Истифодаи усулхои интерактивии омузиш чузъи асосии дарси муосир махсуб меёбад.Татбици бомавриди равишу тарзхои гуногуни фаъолсозй мушкилоти зиёди раванди таълимро сабук гардонида, барои инкишофи шавцу хаваси маърифатй нисбат ба фан, равнаци фаъолияти таълимии хонандагон дар дарс, ташаккули шахсияти эчодии хонанда мусоидат мекунанд. Хдмчунин, онхо барои омузиши хамдигарй имконият медиханд, зеро шаклхои гурухии кор ва раванди машваратиро дар бар мегиранд. Зимни истифодаи усулхои фаъоли таълим омузгор нацши рахнаморо ичро намуда, фацат фаъолияти хонандагонро барои расидан ба мацсад равона мекунад.
Усулхои интерактивии таълимро метавон дар мархилахои гуногуни дарс истифода бурд: ба вучуд овардани рухияи эмотсионалй ва хавасмандкунй дар огози дарс, фаъолгардонии донишхои мавчуда ва азхудкунии донишхои нав, мулохизаву барцарорсозии робитаи мутацобила ва гайра.
Хонандагон тавассути иштироки фаъолона дар раванди таълим маводи омухтаашонро осонтар аз худ мекунанд, мефахманд ва ба хотир мегиранд. Дар ин замина, навоварихои асосии методии муосир бо истифодаи технологияхои интерактивии таълим марбутанд. Муносибат ба тахсилоти замони муосир бояд ба чорй намудани навгонихо дар раванди таълим равона карда шавад, ки ба вобастагии байнихамдигарии вижагихои динамикаи инкишофи хаёт ва фаъолият, хусусияти технологияхои гуногуни таълим ва талаботи шахсият, чомеа ва давлат ба рушди чомеаи ичтимоии дорои дониши муфид, эътицод, хислату характер, муносибат ва тачрибаи рафтор марбут аст. Омузгори замони муосир нацши як навъ филтрро, ки иттилооти таълимиро
ба воситаи худ мегузаронад, рад намуда, вазифаи маслихатдех дар ичрои кор, яке аз манбаъхои иттилоотро ичро мекунад.
Дар омузиши интерактивй ду вазифаи асосиро ичро кардан лозим аст, ки барои фаъолияти муваффац заруранд:
халли вазифахои пешбинишуда (таълимй, рафторй ва гайра); расондани кумак ба аъзои даста дар рафти фаъолияти якчоя.
Дар раванди тахсил омузгор асосан ба халли масъалаи таълимй эътибори хешро равона месозад. Чунин бартаригузорй дар фаъолияти мутацобилаи омузишй ба ташкили дарс бо
усулхои анъанавй хос ва нисбатан самарабахш буд. Аммо хангоми ташкили кори гурухй, самаранокии омузиш бештар аз фазои мусоиди эмотсионалии микрогурух вобаста аст. И.А. Зимняя инро алоцаи психологй ё умумияти холати равонй меномад, ки фаъолияти якчоя боиси ба миён омадани шавцу хавас, боварии тарафайн ва хамдигарфахмии иштирокдорон гардидааст. Ташаккули чомеаи гурухй аллакай дар мархилаи ба гуруххо муттахид намудани хонандагон огоз меёбад [2,с.310].
Хамин тариц, вазифахои омузиши интерактивй инхоянд: бедор кардани шавцу хаваси хонандагон; азхудкунии самараноки маводи таълимй; мустацилона чустучуй намудани рох ва тарзхои халли вазифаи таълимии пешниходшуда аз чониби хонандагон (интихоби яке аз тарицахои пешниходшуда ё дарёфти тарицаи хал ва асосноккунии он);
ба рох мондани хамкории байни хонандагон, омузиши кор дар даста, тахаммулпазирй нисбат ба хар як нуцтаи назар, эхтироми хуцуци хар кас ба озодии баён, эхтироми шаъну эътибори у; ташаккули афкор ва муносибати хонандагон; ташаккули малакахои зиндагй ва таълимй;
ноил гардидан ба сатхи салохияти бошууронаи хонанда.
Хангоми истифодаи усул ва тарзхои омузиши интерактивй сохтори дарс мархилахои зеринро метавонад дарбар гирад:
Хавасмандкунй. Хднгоми ташкили ин мархила усулхои хавасмандкуниро аз як дарс ба дигараш иваз кардан лозим аст.
Муцаррар кардани хадаф. Ибрози хадафу мацсадхо ба хонандагон имкон медихад, ки фаъолияти минбаъдаро мацсаднок ба рох монанд. Муаллим ба хонандагон пешниход ва ташаккул додани хадафхои дарсро меомузад.
Пешниходи маълумоти нав. Ин мархила имкон медихад, муайян карда шавад, ки хонандагон оиди мавзуи дарси имруза чиро медонанд ва чй барои онхо ношиносу нофахмост.
Ташкили фаъолият бо истифодаи усулу тарзхои интерактивй. Бачахо дар гурухои хурд кор карданро машц мекунанд. Хуб мешавад, агар хонандагони дорои сатххои гуногуни иттилоот дар хар гурух бошанд. Ин имкон медихад, ки худи бачагон дониши хамдигарро пурра ва ганй гардонанд. Хар як гурух бояд ба цадри имкон мухтасар ва иттилоотй сухан гуяд.
Пешниходи махсулоти нав. Бо назардошти мицдори маълумоте, ки хонандагон азбар кардаанд, ба онхо имконият дода мешавад, ки хулосахои худро баён кунанд ва нуцтаи назари хешро иброз намоянд.
Рефлексия (Робитаи мутацобила).Дар ин мархила бояд натичаи кори анчомдодаи хонандагон чамъбаст карда шавад. Ин мархила ба хонандагон имкон медихад, ки донишхои нави бадастомада ва мавриди татбици онхоро муайян кунанд .
Арзёбй. Мушкилии ин мархила дар он аст, ки арзёбй бояд хонандагонро барои кори минбаъда хавасманд кунад.
Супориши вазифаи хонагй. Супориш барои ичрои кор дар хона бояд чунин бошад, ки имкони татбици эчодкоронаи маводи дар дарс омухташударо фарохам орад.
Истифодаи усулхои фаъоли омузиш ба шароити ташкили таълим ва фаъолияти омузгор тагйироти муайян ворид месозад. Назди ин навъи ташкили фаъолияти таълимй як цатор шартхои педагогиву психологй меистанд, ки риояи онхо самараи хуб ба бор хоханд овард. Шартхои зарурии ташкили омузиши интерактивй инхоянд:
сатхи баланди касбии омузгор; муносибати хайрхохона байни омузгор ва хонандагон ва байни худи хонанадагон; риояи принсипхои баробариву хамкорй дар раванди муоширати омузгор ва хонандагон; гуногунии шаклу усулхои пешниходи иттилоот, шаклхои фаъолияти хонандагон, харакатнокии онхо; бедор намудани вачхи фаъолият, инчунин хавасмандии мутацобилаи хонандагон; истифодаи технологияхои мултимедй; ташаккули хисси боварй, хадди ацал муносибати мусбй байни омузгор ва хонандагон; ба рох мондани услуби демократй ва инсонгароёнаи тахсил; хамкорй дар раванди муоширати омузгор ва хонандагон; такя ба тачрибаи шахсии (педагогии) хонандагон, ворид намудани мисолхо, далелхо, тасвирхои чолиб дар раванди таълим; гуногунии шаклу усулхои пешниходи иттилоот, шаклхои фаъолияти
хонандагон, харакатнокии онхо; дохил намудани ангезаи берунй ва дохилии вачхи фаъолият, инчунин хавасмандии мутацобилаи хонандагон.
Истифодаи усулхои интерактивии омузиш имкон медихад, ки дар як вацт якчанд масъалахои раванди тадрис халли худро ёбанд. Татбици нн навъи муносибат ба ташкили раванди таълим, пеш аз хама ба инкишоф додани малакахои муоширатй, ки барои барцарор кардани робитахои эмотсионалии байни хонандагон мусоидат мекунад, равона гардида, дар як вацт вазифаи тарбиявиро ба сомон мерасонад, зеро он хонандагонро барои дар як даста кор кардан, гуш кардани фикру мулохизахои рафицонашон водор месозад. Чунон ки тачриба нишон медихад, истифодаи усулхои интерактивй дар раванди таълим ба фарохам омадани муносибати инсонгароёнаву хайрхохона ва бе харосу ихтиёронаи омузиш мусоидат намуда, имкон медихад, ки шаклхои фаъолияти таълимии хонандагон зуд-зуд тагйир дода шаванд ва диццат ба масъалахои асосии мавзуи дарс равона гардад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Асмолов, А.Г.Как проектировать универсальные учебные действия в начальной школе: от действия к мысли: пособие для учителя/ Асмолов, А.Г., Бурменская Г.В., Володарская И.А. -М.: Просвещение, 2010.-152 с.
2. Зимняя, И.А. Педагогическая психология: Учебник для вузов - изд. второе, доп., испр. и перераб/ И.А.Зимняя. - М.: Логос, 2002. - 384 с.
3. Коротаева, Е.В. Психологические основы педагогического взаимодействия/Е.В.Коротаева.-М.: Профит Стайл, 2007. - 224 с.
4. Кофанова, С.Л. Метод Case-study. [Электронный ресурс] URL: http://conseducenter.ru.
5. Матюхина, М.В. Мотивация учения младших школьников/М.В.Матюхина. - М., 1984
6. Мельникова, Е.Л. Проблемный урок, или, как открывать знания с учениками: Пособие для учителя/Е.Л.Мельникова.-М., 2006-168 с.
REFERENCES:
1. Asmolov, A. G. How to project universal educational activities in primary school: from action to thought: Teacher's manual / Asmolov A.G. Burmenskaya G.V., Volodarskaya I.A., - M.: Prosveshenie, 2010 - 152p.
2. Zimnyaya I.A., Pedagogical psychology: A textbook for higher-schools-second edition, I.A. Zimnyaya. - M.: Logos 2002, - 224p.
3. Korotaeva, E.V. Psychological basics of pedagogical interaction / E.V. Korotaeva. - M.: "Profit style",2007. - 224p.
4. Kofanova S.L. Case-study methodology. [e - resource] URL: http: // conseducenter.ru.
5. Matyukhina M.V. Study motivation of junior school-children/ M.V. Matyukhina. -M., 1984
6. Melnikova E.L. Problematic lesson or how to open knowledge to pupils: Teacher's Manual / E.L. Melnikova. - M., 2006.-168 р.