Научная статья на тему 'ТАТБИҚИ “СИЁСАТИ НАВИ ИҚТИСОДӢ” ДАР ШАРОИТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН (1925-1932)'

ТАТБИҚИ “СИЁСАТИ НАВИ ИҚТИСОДӢ” ДАР ШАРОИТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН (1925-1932) Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
97
16
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
иқтисодиёт / артел / завод / фабрика / “Сиёсати нави иқтисодӣ” / истеҳсолот

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Исмоилов Умедҷон Шаробидинович

Дар мақола масъалаи амалӣ намудани “Сиёсати нави иқтисодӣ” дар шароити вазнини иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои 1925-1932 нишон дода шудааст. Қайд карда шудааст, ки барои ба амал баровардани “Сиёсати нави иқтисодӣ” мувофиқи нақша артелҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ташкил ёфта буданд. Ҳамчунин дар ин давра барои ташкили заводу фабрикаҳо низ диққати махсус дода мешуд. Аз сабаби вазнин будани вазъияити иқтисодии мамлакат ва нарасидани мутахасисони баландихтисос татбиқи сиёсати мазкур аз ташкили артелҳо оғоз ёфта буд. Раванди муттаҳидсозии ҳунармандон ба ташаккули истеҳсолоти артелӣ мусоидат намуда барои рушди саноат заминаи мусоид фароҳам оварда буд. Дар ин ҷо масъалаи мазкур дар асоси маълумотҳои бойгонӣ ва адабиётҳои мавҷуда мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ТАТБИҚИ “СИЁСАТИ НАВИ ИҚТИСОДӢ” ДАР ШАРОИТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН (1925-1932)»

ТАТБЩИ "СИЁСАТИ НАВИ ЩТИСОДЙ" ДАР ШАРОИТИ ЩТИСОДИИ

ТОЧИКИСТОН (1925-1932)

ИСМОИЛОВ УМЕД^ОН ШАРОБИДИНОВИЧ

ассистенти кафедраи фанх,ои чамъиятй ва хукукшиносии МД "Филлиали донишгох,и

байналмиллалии сайёх,й ва сох,ибкории Точикистон дар вилояти Сугд" (шах,ри Хучанд)

Аннотатсия. Дар мацола масъалаи амалй намудани "Сиёсати нави щтисодй" дар шароити вазнини ицтисодии Тоцикистон дар сол%ои 1925-1932 нишон дода шудааст. Кайд карда шудааст, ки барои ба амал баровардани "Сиёсати нави ицтисодй" мувофици нацша артел%ои исте%соли ва хизматрасони ташкил ёфта буданд. Хамчунин дар ин давра барои ташкили заводу фабрика%о низ диццати махсус дода мешуд. Аз сабаби вазнин будани вазъияити ицтисодии мамлакат ва нарасидани мутахасисони баландихтисос татбици сиёсати мазкур аз ташкили артел%о огоз ёфта буд. Раванди мутта%идсозии %унармандон ба ташаккули исте%солоти артели мусоидат намуда барои рушди саноат заминаи мусоид фаро%ам оварда буд. Дар ин цо масъалаи мазкур дар асоси маълумот%ои бойгони ва адабиёт%ои мавцуда мавриди омузиш царор гирифтааст.

Вожахри калиди: ицтисодиёт, артел, завод, фабрика, "Сиёсати нави ицтисоди", исте%солот

Сиёсати нави иктисодй дар ИЧШС, хдмчун давраи гузариш аз сохтори капиталистй ба сотсиалистй маънидод карда мешавад. Дар зери сиёсати нави иктисодй Хукумати Шуравй мехост накшах,ои иктисодии худро амалй созад, ки ба он то хддди имкон ноил гардида буд. Бояд гуфт, ки баъди низои ичтимоии солх,ои 1918-1923 х,олати иктисодии мамлакат дар х,олати муташанич карор дошт, хочагии кишлок валач гашта корхонах,ои зиёди саноатй аз кор монда буданд. Сиёсати нави иктисодй, ки солх,ои 1921-1929 дар тамоми каламрави ИЧШС рохдндозй гардида буд, дар баланд гаштани дарачаи иктисодиёти мамлакат заминаи мусоид фарохдм оварда буд. СНИ дар катори дигар минтаках,ои ИЧШС ба шах,ри Хучанд ва гирду атрофи он барои ташаккул ва мутамарказ гардонидани системаи саноат таъсири мусбй расонида буд.

Дар амал татбик намудани СНИ (Сиёсати нави иктисодй) ва саноатикунонй дар х,удуди Точикистон дар шароити душвори иктисодиву сиёсй амалй мегардид. Бояд гуфт, ки ташкилотх,ои саноатие, ки дар давраи мустамликадорй ташкил карда шуданд заминаи асосии саноатикунонй дар мамлакат гардиданд. Ин х,олат танх,о ба Точикистони Шимолй хос буд. Дар чануб саноат кариб, ки вучуд надошт. Ин х,олат сабабх,ои худро дошт. Давом ёфтани низои ичтимой, набудани рохдо, ашёи хом, омухта нашудани минтака ва гайрах,о сабабх,ои асосии акибмонии минтаках,ои чануби кишвар гардида буданд. Набудани кадрх,ои махдллй ва вучуд доштани хдракати босмачигарй пеши рох,и тараккиёти саноатро дар минтака гирифта буд. Ин раванд ба накшах,ои Хукумати Шуравй низ таъсири манфй расониданд. Танх,о аз соли 1934 сар карда вакте босмачиён пурра торумор гардиданд, имконияти пурра ба миён омад, ки минтакаи чануби Точикистон омухта шавад.

Таъкид кардан зарур аст, ки аз бах,ори соли 1921 мамлакат ба шароити осоиштаи тарраккиёт гузашт. Санаи 20 апрели соли 1921 КМ ХК ЧМШС Туркистон карорро "Оид ба чори намудани андози натуралй" («О замене продовольственной фуражной и сырьевой разверстки натуральном налогом»)[4, 527] кабул намуд. Санаи 8 майи соли 1921 макомоти ичроияи шах,ри Хучанд карори тасдиккунанда кабул намуд, ки мувофики он дар шах,ри Хучанд ичроиши карори дар боло зикршуда хдтмй гардид[3].

Барои муфассалтар шарх додани сиёсати нави иктисодй хабарномаи В.И. Ленин, ки санаи 27 июни соли 1921 ба коммунистони Самарканд равон гардида буд ахамияти калон дорад. Дар ин хабарнома вазифа ва максадхои СНИ ва роххои тадбики он дар шароити кишвари Туркистон ба таври рушану возех шарх дода шуда буд[5, 238].

Саноати хунармандй (артелхо) дар шахрхои Хучанд, Истаравшан ва Конибодом дар Осиёи Мииёна мавкеи намоёнро ишгол мекарданд. Наххои абрешимй аз Хучанд ба дигар шахрхои Осиёи Миёна ва берун аз он интикол дода мешуданд. Матохои абрешимии истехсоли Хучанд шухрати чахонй доштанд. Дар катори саноатй бофандагй саноати коркарди метал аз чумла коркарди охан низ чойгохи намоёнро ишгол намуда буд. Дар хар як нохияхои атрофи шахри Хучанд аз як то панч артелхои охангарон ташкил карда шуда буданд. Ин артелхо дар таъмин кардани ахли захмат хоса дехконон бо лавозимоти корй накши аввалиндарача доштанд.

Саноати дастачамъонаи хунармандй дар он минтакахое рушд мекард, ки дар он чо базаи моддию техникии саноатй хануз то давраи инкилобй вучуд дошт. Коргарони ин минтакахо алакай бо технологияи нав шинос буданд ва малакаю махорати касбй доштанд.

Мавкеи иктисодй дар худ сиёсати иктисодиеро дар назар дорад, ки барои мухлати дароз тахрезй карда шудааст ва дар он вазифахои бузурги муайяни иктисодй гузошта шудааст, ки дар ин миён бояд ин масъалахо халли бевосита ва ё бавоситаи худро ёбанд[12, 30]. Моликияти чамъиятй дар чомеаи шуравй мавкеи марказиро ишгол менамуд, ки яке аз хусусиятх,ои махсуси чомеаи сотсиалистй ин ташкили коргоххои коллективй мебошад. Ин хусусияти чомеаи сотсиалисти асоси хаёти мардумро ташкил медод, ки мукобили конуниятх,ои капитализм аст, ки дар ин сохтор моликияти шахсй асоси хисобида мешавад. Коллективонй ин чорабинии хукумати Шуравй буд, ки ба таври васеъ ба рох монда шуд ва дар натичаи он мехнат, махсулот, бойгарихои табии умумй кунонида шуда ба моликияти чамъиятй табдил дода шуданд.

Коллективизм хамчун хусусияти асосии чомеаи сотсиалистй натанхо мехнатро балки кишрхои чомеаро муттахид намуд, ки ин бахри сохтмони чомеаи коммунистй кадами мухим ба шумор мерафт. Ин хамчун нишонаи демократия тобиш дода халкхои ИЧШС-ро муттахид намуд. Муттахидии халкхои ИЧШС хадафи асосии колективонй дар мамлакат ба хисоб мерафт. Мехнат, моликият, дастовард ва тамоми хушбахтихои инсонй умумй ва коллетивй яъне дастачамъй буданд. Шакли одии он хашар буд, ки дар наздик шудани халкхои Шуравй накши калон бозид.

Х,амаи ин чорабинихои хукумати Шуравй ба он мусоидат намуд, ки халкхои Шуравй ба хам наздик шаванд. Ин сиёсат хамчун сиёсати нави иктисодй тамоми халкхои ИЧШС-ро муттахид намуд[12, 103].

Давраи аввали саноатикунонй дар ИЧШС хамчун давраи сиёсати нави иктисодй маълум аст. Дар ин давра артелхои саноатй дар сар то сари мамлакати Шуравй ташкил ёфтанд. Бояд зикр кард, ки дар пешрафти саноати мамлакат ин кадами аввалин буд[11, 31].

Дар рафти сохтмони сотсиалистй бояд Точикистон ба чумхурихои пешрафта баробар мешуд. Вале дар амалй гаштани накщаи саноатикунонии Точикистон душворихо зиёд буданд. Пеш аз хама дар чумхурй набудани корхонахои саноатй, коргарони касбии миллй, чой надоштани роххо ва наклиёти боркаш, набудани дастгоххои баркй, умури алока садци рохи индустрикунонй ва ташкили сохдхои саноатй вазнин мешуданд.

Накшахои панчсолаи Точикистон кисми таркибии накшахои панчсолахои тараккиёти хочагии халки ИЧШС буданд. Танхо дар панчсолаи якум барои инкишофи хочагии халки Точикистон 518 миллион сум чудо карда шуда буд, ки 50 фисади он ба сохаи кишоварзй ва обёрй ва 20 фоизаш барои саноат пешбинй шуда буд. Дар азнавсозии сотсиалистии хочагии халки чумхурй ба бунёди корхонахои консервабарорй, шаробкашй, шохибофй, бофандагй, равганкашй, пахтатозакунй, истифодаи боигарихои зеризаминй, тадкикотхои геолога диккати калон дода мешуд. 10-16 апрели соли 1933 дар Ленинград конференсия доир ба омузиши нерухои

тавлидотии Точикистон шуда гузашт, ки масъалахои омузишу истифодаи захирахои табий, тараккиёти саноат, кишоварзй, обёрй, сохтмони роххо, инкишофи наклиёт, пажухиши илмй -тадкикотиро дар чумхурй дида баромад. Точикистон барои индустрикунонй маблагхои зарурй, тахкурсии моддй - техникй, кадрхои мухандисй - техникй надошт. Кадрхои сохибкасб ба Точикистон аз Федератсияи Русия, Украина, Беларус ва дигар чойхо меомаданд[7, 156].

Дар натичаи ичрои пурраи накшаи панчсолаи якум дар шахрхои Хучанд, Душанбе, ^ургонтеппа, Конибодом ва Исфара як катор корхонахои калони саноатй ва артелхои хунармандй ташкил ёфтанд. Дар охири панчсолаи якум дар мамлакат 25 корхонахои хурд кариб 300 корхонахои миёна ва хурд, такрибан 50 артелхои хунармандон фаъолият доштанд. Ин ташкилотхои саноатй барои дар оянда ташаккули синфи коргари точик мусоидат намуда иктидори иктисодии мамлакатро боло бардоштанд. Акнун сахми саноат зиёда аз 20%-и даромади умумии Точикистонро дар бар мегирифт.

Дар катори ташаккулёбии саноатй давлатй, бахши хусусй ва ташкилотхои саноатии дастачамъи низ инкишоф меёфтанд. Пеш аз хама ба хунармандон имконият ба вучуд омад, ки шумораи устохонахоро зиёд намоянд. Х,амчунин барои ташкили артелхо кадамхои аввалин гузоранд[1, 5].

Дар давоми солхои 1924 - 1928 асосан истехсолоти дастй инкишоф ёфта артелхои хурди хунармандону косибон ташкил ёфтанд. Дар баробари ташкили ташкилотхои хурди саноатй рохху пулхо азнавсозй гардида роххои нав сохта ба истифода дода мешуданд. Х,аммаи заминаи асосй барои тайёр кардани гурухи аввалини коргарони миллии точик гардида буд. Дар худуди мамлакат дар замони мухторият корхонахои хурди саноатй аз чумла пахтатозакунй, равганкашй, нонпазй ва гайрахо сохта мешуданд, ки дар онхо аз 20 то 30 нафар коргарон кор мекарданд. Роххои на он кадар калони афтомобилгард сохта мешуданд. Бо баистифода додани рохи Тирмиз - Душанбе тичоратро дар минтака афзоиш дод ва ба он мусоидат намуд, ки махсулоти артелхои саноатй дар бозори мавкеи худро ишгол намоянд. Сохтмони роххои охан ба он мусоидат намд, ки коргарони чумхурихои бародарй байни хам мубодилаи корй намоянд. Аз нохияхои марказии ИЧШС ба Точикистон барои кор коргарони касбй оварда мешуданд. Коргарони махаллй аз тачрибаи онхо истифода намуда малака ва махорати касбии худро боло мебардоштанд.

Коргари точик холо ба кори дастчамъона одат накарда буд ва назар ба коргарони рус тачрибаи кам дошт. Бинобар ин мухочират ба он сабаб гардид, ки коргарон аз малака ва махорати хамдигар огахй пайдо намоянд ва саноатро дар мамлакат инкишоф диханд.

^исмхои аввалини коргарони точик ба мушкилотхои гуногун дучор омаданд. Ба коргарон зарур буд, ки ин мушкилотх,оро паси сар намоянд. Коргари точик дар баробари коргар будан сарбоз хам буд. Дар шароити низои ичтимой ва хучуми пайвастаи босмачиён коргарон мачбур шуданд, ки санъати чангро низ аз худ кунанд. Максади асосии онхо ин химояи оилахои худ буд. Бояд кайд кард, ки дар шароити баамаломада коргарони точик аз нарасидани ашёи хом ва хурокворй азият мекашиданд. Халки захматкаши точик ба хама дардхо тоб оварда тавонист. Синфи коргари точик обутоб ёфт.

Барои саноати Точикистон коргарони касбй намерасиданд ва дар огози панчсолаи якум дар мамлакат коргари касбй барои саноат ва сохтмон кариб, ки вучуд надошт. Хамчунин техникхо ва мухандисон низ хело кам буданд. Мувофики накшаи панчсолаи якум бояд шумораи коргарони касбй зиёд карда мешуд. Ин холат пеш аз хама ба баланд шудани истехсолот ва сифати махсулот мусоидат менамуд.

Бояд гуфт, ки дар шаклгирии синфи коргари точик накши мухимро артехои хунармандй ва устохонахо хурд бозиданд. Дар ин ташкилотхо синфи коргари точик тарбия ёфта ба камол расид. Хунармандон аз истехсолоти фардй ба истехсолоти дастачамъона гузаштанд. Муттахидшавии хунармандон ба он мусоидат намуд, ки артелхои саноатй ташкил карда шаванд ва дар асоси онхо

коргарон тайёр карда шаванд. Истехсолоти дастачамъонаи хунармандон ва муттахидшавии онхо ба артелхои истехсолй ба он мусоидат намуд, ки дар оянда саноат босуръат инкишоф ёбад.

Аз чумла бояд кайд намуд, ки дар пур кардани сафи коргарон сахми занон низ хеле калон буд. Дар солхои панчсолаи якум дар комбинати шохибофии Ленинобод ва фабриикаи ресмонресии шахри Душанбе кисмати асосии когаронро занхо ташкил медоданд. Хамчунин занхо дар артелхои бофандагй низ хеле фаъол буданд.

Шумораи коргарони сохибихтисос бо баробари инкишофи сатхи зиндагии мардум зиёд гардид. Муаррих Аличонов М., таъкид менамояд, ки "шумораи коргарони махаллй бомаром зиёд мешуд... Барои кор дар ташкилотхои саноатй занхои махаллй, асосан точикон ва узбекхо чалб карда мешуданд."[1, 6]

Синфи коргари точик рохи пурмашакатро тай намуда ба мувафакиятхои назаррас ноил гардид. Огози ин рох ташкили артелхои истехсолй буд, ки хунармандон дар онхо муттахид шуда якчоя махсулот истехсол мекарданд. Махс хамин якчоягй ва якдилй синфи коргари точикро таквият дод. Ин раванд барои пайдо шудани саноати гуногунсоха дар Точикистон шароити мусоид фарохам овард.

Шаклгирии синфи коргари точик бо ин хама мувафакиятхояш дорои хусусиятхои таърихй ва иктисодии ба худ хос буд. Бояд хотиррасон намоем, ки ин раванд пеш аз хама ба сиёсати ИЧШС дар самти тайёр кардани кадрхои миллй вобастагии зич дошт. Пайдоиш ва ташаккули синфи коргар дар Точикистон дорои хусусиятхои хоси худ мебошад[6, 3].

Махз сатхи инкишофи саноат дар чомеа даачаи тараккиёти ичтимой ва иктисодии ин ё он кишварро дар мачмуъ муайян менамояд. Тарафи заифии хар давлат ин набудани кувваи истехсолй дониста шудааст, ки дар натича иктисодиёти он дар сатхи поён карор мегирад ва халк ба душворихои гуногун дучор мегарданд. Давлате, ки дар саноат тараккй накардааст ба дигар давлатхо аз лихози иктисодй тобеъ гардида ба манбаи ашёи хом ва кувваи кории арзону бозори фуруши молхо табдил меёбад. Барои хамин аксари давлатхои дунё харакат мекунанд, ки саноати худро инкишоф диханд ва дар сатхи чахонй ба сафи пеш гузаранд[10, 13].

Дар чумхурй сохтмони заводхои пахтатозакунй огоз ёфт. Соли 1930 заводхои пахтай ^ургонтеппа ва Кулоб, соли 1932 заводи пахтаи Саройкамар (нохияи Панч) сохта шуданд. Заводи консерви меваи Хучанд (с. 1930), комбинати орди ^ургонтеппа, заводхои шаробкашии Хучанд, Уротеппа ва Панчакент (с. 1931), заводхои равганкашии Кулобу ^ургонтеппа (с. 1932), комбинати шохибофии Хучанд (с. 1932), фабрикаи шохибофии Душанбе (с. 1932) сохта шуданд. Дар комбинати шохибофии Хучанд 1300 нафар занону духтарони махаллй кор мекарданд.

Дар системаи муносибатхои иктисодй ва саноатй дар ин давра макоми марказиро артелхои саноатй ишгол мекарданд. Дар ин бобат гуфтан мумкин аст, ки ин сиёсат натичаи хуб ба бор овард. Дар натича тамоми сохахои саноат инкишоф ёфтанд.

Конхои ангишти Шуроб аз нав сохта шуда, истехсоли ангишт аз 13 хазор тоннаи соли 1929 дар соли 1937 ба 18 хазор тонна расид, истехсоли нафт таносубан аз 17 хазор тонна ба 26,3 хазор тонна расонида шуд. Кони нимфулузи Консой ва соли 1933 заводи механикии Душанбе, заводи таъмири автомобилхо ва гайра ба кор даромаданд. Махсулоти умумии саноатй фулузй соли 1937 - ум 7,5 фоизи хачми умумии махсулоти саноати чумхуриро ташкил дод. Заводхои пахта 31,4 хазор тонна махсулот истехсол карданд[9, 56].

Теъдоди корхонахои саноатй сол то сол зиёд мешуд, ин холат дар пойтахти чумхурй бештар ба назар мерасид. Дар Душанбе сохтмони комбинати бофандагй соли 1937 огоз ёфт. Заводи чарми пойтахт соли 1936 ба кор cap кард. Фабрикаи дузандагй бошад хануз соли 1933 ба истехсоли махсулот шуруъ карда буд. Заводи механикии нонпазии Душанбе, 18 заводхои нонпазии нохияхо, комбинатхои орди Кургонтеппаву Вахдат, комбинати меваи Хучанд, заводхои консерваи Исфара ва ^истакуз ба кор даромаданд.

Дар охири солхои 30-юм пешбинй шуда буд, ки конхои Консой, Такелй васеъ карда шуда, комбинати Такоб ба кор дароварда шавад. Сохтмони заводи сементи Душанбе, заводхои пахтай Чиликул, Ленинобод, Регару Мелниково, заводи механикии нонпазии Ленинобод, пивозаводи Сталинобод, заводхои равганкашии Регар ва Мелниково дар тули солхои 1938 -1940 дар назар дошта шуда буд. Дар ин давра тараккиёти саноатй вазнин, истифодаи маъданхои кухй, сузишворй, зиёд кардани хачми маснуоти бинокорй ва неруи барк вазифаи аввалиндарача дониста шуда буд[8, 391].

Пешрафти саноатро бе неруи барк тасаввур кардан мумкин нест. Биноан, соли 1931 КМ Х,изби Коммунисти Точикистон «Дар бораи сохтмони дастгохи обии баркии Варзоб» карор кабул карда, онро сохтмони зарбдор эълон намуд. Иктидори умумии ин дастгох 7,5 хазор киловатт -соатро ташкил медод. Сохтмони дастгоххои баркй дар Панчакент, Шуроб ва дигар чойхо шуруъ шуда буд.

Соли 1937 дастгохи баркии Варзоб ба кор даромад. Дар ин сол иктидори умумии хама дастгоххои баркии чумхурй 16,3 хазор киловатт - соатро ташкил медод. Дар панчсолаи дуюм дар Точикистон 24,3 млн кв - соат неруи барк истехсол шуда буд. Ин имконият дод, ки неруи барк дар саноат истифода шавад[8, 391].

Накшахои азими саноатиро бе сохтмони роххои наклиёти боркаш амалй кардан номумкин буд. Бинобар ин 5 августи соли 1931 Шурои Комиссарони Халк ва КМ Хизби Коммунисти Точикистон «Дар бораи сохтани роху наклиёти махаллй» карор кабул карданд. Дар асоси ин карор соли 1932 рохи охани Душанбе - Янгибозор ва Мелниково - Шуроб сохта шуд. Солхои 1931 -1932 рохи охани камбари Панчи Поён - Сарбанд (дарозиаш 125 км) ба истифода дода шуд.

Солхои 1930 - 1932 роххои мошингарди Душанбе - ^ургонтеппа - Чдликул, Душанбе - Оби Гарм, Уш - Хоруг сохта шуданд, ки дар онхо 550 мошинхои боркаш харакат мекарданд. Аз ароба ва уштурхо низ васеъ истифода мешуд. Соли 1933 рохи хавоии Душанбе - Хоруг кушода шуд. Сохтмони рохи наклиёти Душанбе - Саройкамар, Кулоб - ^изилмазор 1931 Норак -Орчоникидзеобод, Оби Гарм - соли 1933 ва соли 1935 рохи Душанбе - Уротеппа ба истифода дода шуданд. Соли 1937 дар чумхурй 4 хазор км роххо мавчуд буданд. Дар чумхурй 67 идорахои нохиявии алока ва 90 шуъбахои дехотии алока мавчуд буда, ба дехот бурдани шабакахои радио ва телефон давом дошт[8, 392].

Соли 1940 рохи автомобилгарди Сталинобод - Хоруг дар 105 руз бо захмати 22 хазор мехнаткашони чумхурй ба истифода дода шуд. Соли 1941 дарозии роххои автомобилгарди Точикистон ба 8203 километр мерасид. Соли 1940 сохтмони рохи охани камбари Сталинобод -^ургонтеппа cap шуд. Аз Сталинобод ба маркази вилоятхо телефон, телеграф гузаро гузаронида шуд. Соли 1940 дар Точикистон 263 муассисахои алока, телефону телеграф мавчуд буданд. Х,ачми умумии истехсоли саноатии Точикистон соли 1940 назар ба соли 1913 - ум 8,8 баробар афзуд ва Точикистон ба чумхурии индустриявй - аграрй табдил ёфт[8, 403].

Пешрафти саноат, наклиёт ва сохтмон сабаби афзудани теъдоди коргарон гардид. Тайёр кардани рохбарони корхонахои саноатй, мухандисон, техникхо, кадрхои ихтисосманди миллй дар мадди аввал меистод ва зери шиори «Кадрхо хамаро хал мекунанд» ин максад амалй карда мешуд.

Коргарони касбй тавассути шогирдпешагй дар назди заводу фабрикхо, корхонахо, курсхо, махфилхо, мактабхои тачрибаи пешкадам, мактабхои фабрику заводй, омузишгоху хунаристонхо тайёр карда мешуданд. Асоси гуруххои корга- риро мардикорони собики Fарм, Дарвоз, Кулоб, Бадахшон, Мастчох ташкил медоданд. Бо усули шартнома аз колхозхои гирду атроф дехконон ба кори саноат, сохтмон ва наклиёт чалб карда мешуданд. Коргарони сохибкасб, мутахассисони баландихтисоси мухандисй - техникй дар шахрхои Москва, Ленинград, Киев, Минск, Иваново -Вознесенск, Тошканд ва дигар чойхо омода карда мешуданд.

Дар тайёр кардани коргарон сахми омузишгоххои фабрику заводй калон буд. Соли 1929 дар Хучанд чунин омузишгох кушода шуд, ки дар он 150 нафар занону духтарон касбу хунар меомухтанд. То соли 1932 ин омузишгох барои комбинат 2 хазор занону духтарони сохибкасбро тайёр карда буд. Танхо дар панчсолаи якум (солхои 1929 - 1932) теъдоди занхо дар саноат 14 баробар афзуд. Дар хамин давра сафи коргарон аз 1749 нафар ба 5653 нафар расид[8, 406].

Фаъолияти мехнатй ва сиёсии коргарони точик сол то сол баланд гардида, онхо барои пеш аз мухлат ичро кардани накшахои истехсолй ва хушсифат баровардани махсулоти саноатй мубориза мебурданд. Дар байни коргарон мусобикаи сотсиалистй барои баланд бардоштани хосилнокии мехнат, кам кардани арзиши аслии махсулот давом дошт. Шакли асосии мусобикаи сотсиалистй - мехнати зарбдор буд. Соли 1930 дар чумхурй зиёда аз ду хазор зарбдорони мехнат кор мекарданд. Натичаи мусобика буд, ки кухканони Шуроб соли 1930 накшаи истехсолиро 113 фоиз ичро карда, дар озмуни якуми Умумииттифокй барои корхонаи бехтарин чои аввалро ишгол карданд. Коргарони рохи охани Тирмиз - Янгибозор низ ба нишондодхои калони мехнатй ноил гаштанд[9, 64].

Солхои 1931 - 1932 заводхои пахтаи Кулоб ва Душанбе ва дар чумхурй 202 бригадахои истехсоли саноатй ба хисоби хочагй гузаштанд. Дар корхонахои Точикистон харакати навоварону ихтирокорон ривоч меёфт. Соли 1935 дар кишвари Шурохо харакати стахановчиён авч гирифт ва онро коргарони Точикистон комилан чонибдорй карданд. Дар сафи пеши стахановчиён коргарони коммунисту комсомолон буданд. Коргарони Консой, кухканхои Шуроб аввалин шуда ба харакати стахановй хамрох шуданд. Дар байни коргарони пешкадам ^аландар Толиббеков, Назаршо Назаршоев (кухканони Шуроб), Богомолов (коргарй заводи механикии ба номи Орчоникидзе), Дячев, Кузнесов (аз конхои нафти КИМ), Би- саро Мирачабова, Назокат Шокирова, Алибоева, Устобоева, Искандарова, Умарова (аз комбинати шохибофии Ленинобод) ва дигарон буданд.

Охири солхои 30-юм мусобикаи сотсиалистй барои пеш аз мухлат бо харчи ками мехнат ва хушсифат баровардани махсулоти саноатй огоз гардид. Пешкадамони ин мусобика коргарони заводи пахтай Сталинобод, конхои ангишти Шуроб, кухканхо Н.Ашуров, ХДурбонов, К.Агеев, А.Почукаев ва дигарон буданд.

Барои баланд бардоштани фаъолияти мехнатй ва сиёсии коргарон ва ташаббусхои ихтироъкорй ва навъоварии онхо 27-уми декабри соли 1938 бо Укази Президиуми Шурои Олии ИЧШС таъсис намудани унвони баланди ^ахрамони Мехнати Сотсиалистй накши бузург бозид. Чуноне, ки арзёби гашт, дар давраи сохтмони сотсиалистй дар Точикистон сафи синфи коргарй гуногунмиллати точик дар натичаи сохтмон ва тараккиёти корхонахои саноатй, иншоотхои азими фабрику завода, конхо, роххои накдиёти боркаш ва гайра афзуд, савияи маданй - техникиашон инкишоф ёфт ва фаъолияти мехнатию сиёсиашон баланд гардид.

Саноатикунонй ва колективонии хочагии кишлок асоси сиёсати иктисодии хукумати Шуравиро дар солхои 20-ум ва 30-юми карни ХХ ташкил медод, ки дар амалй гаштани онхо артелхо ахамияти хосаро доро буданд. Чи дар сохахои алохидаи саноат ва чи дар хочагии кишлок артел хамчун як шакли кооператив маъмул буд. Бояд ёдовар шуд, ки ин сиёсати иктисодии хукумати Шуравй хануз аз соли 1918 огоз ёфта буд.

Хамин тавр кайд кардан зарур аст, ки "Сиёсати нави иктисодй" заминаи асосй барои саноатикунонии мамлакат гардида буд, ки мо инро аз факту далелхо ва тахлилхои дар боло овардашуда дида метавонем. Дар асоси ин заминахо гуфтан мумкин аст, ки Хукумати Шуравй кадамхои устувори худро барои расидан ба хадафхои иктисодй дар солхои 20-ум гузошта буд ва инро дар ташаккули системаи саноат диданамон мумкин аст.

РУЙХАТИ САРЧАШМА ВА АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА

1. Алиджанов, М. Рабочий класс Таджикистана в годы второй пятилетки (1933 - 1937 гг.) М.Алиджанов. - Душанбе, 1965. - 127 с.

2. Бабаджанова, М.М. Изучение истории и проблем рабочего класса Таджикистана М. Алиджановым/М.М.Бабаджанова//Вестник Киргизско-Российского (славянского) университета.- 2015. - т.14, № 11.- с. 58-65.

3. БДВС., Хазинаи №370. Руйхати №7, Парвандаи №23, в. 158.

4. История коммунистических организаций Средней Азии, Ташкент, изд. «Узбекистан», 1967, 684 с.

5. История Ленинабада (Научно-популярный очерк) Душанбе: Ирфон, 1986. С. 380 с.

6. Иномов, М. История формирования и развития рабочего класса Таджикистана (1917 - 1945 гг.) // Автореф. дисс... докт. ист. наук/М.Иномов.-Душанбе,1997. -43 с.

7. Рахимбаев А., Таджикистан. Социально-экономический очерк. М., 1936., 328 с.

8. Рах,матуллоев А.З., Сатторов Х.С., Точов Н.Т., Таърихи халки точик. - Душанбе, «ЭР-граф», 2011, 427 с.

9. Файзуллоев А., Исоматдинов Ч,.,Таърихи навини Точикистон.Хучанд - 2005., 284 с.

10. Хоналиев, Н. История развития и размещение промышленности Таджикистана в 19242005 гг.:автореф.дис...на соиск.ученой степени доктора эконом.наук. 08.00.01-экономическая теория (эконом. история)/Н.Хоналиева.-Душанбе,2009.-52 с.

11. Экономическая стратегия социализма (актуальные очерки) - М, Наука, 1988.-152 с.

12. Экономическая политика КПСС. Учебное пособие /Рук. авт. колл. Л.И. Абалкин. - М.: Политиздат, 1981. - 367 с.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.