Научная статья на тему 'ТАШКИЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ АРТЕЛИ “БОФАНДА” ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (1926 – 1943)'

ТАШКИЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ АРТЕЛИ “БОФАНДА” ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (1926 – 1943) Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
198
15
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТАЪРИХИ НАВИНИ ЧУМУУРИИ ТОЦИКИСТОН / УУНАРМАНДИ / САНОАТИ САБУК / САНОАТИКУНОНЙ / АРТЕЛИ “БОФАНДА” / УАРАКАТИ КООПЕРАТИВИ / КООПЕРАТИВИ “БОФАНДА”

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Исмоилов У. Ш.

Таърихи пайдоиш ва рушди нахустин артел дар ЧЩС Тоцикистон - артели “Бофанда”, ки ташаккули соуаи саноати сабуки мамлакат аз он огоз меёбад, мавриди барраси царор дода шудааст. Таъкид шудааст, ки артел цадами аввалин дар роуи саноатикунонии мамлакат мебошад. Роцеъ ба маруилауои ташаккули артели “Бофанда ” -аз ташкил шудани кооперативи нахустин дар ш.Хуцанд бо номи “Бофанда” (соли 1920), давраи инкишофёбии он (солуои 1926-1932)ва давраи ба фабрика табдил ёфтани он (солуои 1932-1943)- маълумоти муфассал оварда шудааст. Аксари додауои омории мацола, ки муаллиф аз бойгониуо гирд овардааст, бори нахуст ба муомилоти илми ворид карда мешавад. Хрйати кормандони артел аз руи цинс ва мансубияти милли таулил шудааст. Сауми артели “Бофанда ” дар ташаккул ва пешрафти ицтисодиёти мамлакат, аз цумла комёбиуои саноати сабук ва факту рацамуои омори исбот карда шудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ORGANIZATION OF ACTIVITIES OF “BOFANDA” ARTEL IN KHUJAND (1926-1943)

The article dwells on the history of upspringing and development of the first artel in the Tajik SSR - that of “Bofanda” since which there incepts the history of light industry evolution. It is underscored that “Bofanda” artel is considered to be the first step on the way to the country's industrialization. The detailed information is adduced about the period of “Bofanda” artel functioning - since the organization of the first cooperative in Khujand under the title of “Bofanda” (1920), the periods of its formation in the years of 1926 - 1932 and its transformation into a factory (1932 - 1943). The most part of statistical data collected in the archive is introduced firstly into scientific circulation. The author has adduced the analysis of artel's staff with the emphasis on sex and national appurtenance, as it was actual in the period investigated. Designing on the premise of statistical data and digital indices, the author has proved the role of “Bofanda” artel in the formation and development of the country's economy, the achievements of light industry inclusive.

Текст научной работы на тему «ТАШКИЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ АРТЕЛИ “БОФАНДА” ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (1926 – 1943)»

07 00 00 ИЛМ^ОИ ТАЪРИХ ва АРХЕОЛОГИЯ 07 00 00 ИСТОРИЧЕСКИЕ НАУКИ и АРХЕОЛОГИЯ 07 00 00 HISTORICAL SCIENCES and ARCHEOLOGY

07 00 02 ОТЕЧЕСТВЕННАЯ ИСТОРИЯ 07 00 02 HOME HISTORY

УДК 94 (100)65 ББК 63.3 (5Т)

ТАШКИЛВА ФАЪОЛИЯТИ Исмоилов Умедцон Шаробидинович, докторанти АРТЕЛИ "БОФАНДА" PhD, кафедраи таърихи Ватан ва археологияи ДАРШАХРИХУЦАНД МДТ "ДДХ ба номи академик Б. Гафуров", (1926 -1943) (Тоцикистон, Хуцанд)

ОРГАНИЗАЦИЯ И Исмаилов Умедджон Шаробидинович, докторант

ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ АРТЕЛИ PhD кафедры отечественной истории и археологии

"БОФАНДА"В ГОРОДЕ ГОУ «ХГУ имени академикаБ.Гафурова»

ХУДЖАНДЕ (1926 - 1943) (Таджикистан, Худжанд)

ORGANIZATION Ismailov Umedjohn Sharobidinovich, Doctoral student, OF ACTIVITIES OF PhD of the department of history and archeology under "BOFANDA" ARTEL IN the State Educational Institution (SEI) "Khujand State KHUJAND (1926 -1943) University named after academician B.Gafurov

(Tajikistan, Khujand) E- MAIL: [email protected]

Вожах,ои калидй: таърихи навини Цумуурии Тоцикистон, уунарманди, саноати сабук, саноатикунони, артели "Бофанда", уаракати кооперативы, кооперативи "Бофанда"

Таърихи пайдоиш ва рушди нахустин артел дар ЧЩС Тоцикистон - артели "Бофанда", ки ташаккули соуаи саноати сабуки мамлакат аз он огоз меёбад, мавриди барраси царор дода шудааст. Таъкид шудааст, ки артел цадами аввалин дар роуи саноатикунонии мамлакат мебошад. Роцеъ ба маруилауои ташаккули артели "Бофанда " -аз ташкил шудани кооперативи нахустин дар ш.Хуцанд бо номи "Бофанда" (соли 1920), давраи инкишофёбии он (солуои 1926-1932)ва давраи ба фабрика табдил ёфтани он (солуои 1932-1943)- маълумоти муфассал оварда шудааст. Аксари додауои омории мацола, ки муаллиф аз бойгонщо гирд овардааст, бори нахуст ба муомилоти илми ворид карда мешавад. Хрйати кормандони артел аз руи цинс ва мансубияти милли тащил шудааст. Сауми артели "Бофанда" дар ташаккул ва пешрафти ицтисодиёти мамлакат, аз цумла комёбщои саноати сабук ва факту рацамуои омори исбот карда шудааст.

Ключевые слова: новейшая история Республики Таджикистан, ремесленничество, легкая промышленность, индустриализация, артель, кооперативное движение, кооператив «Бофанда»

Рассматривается история возникновения и развития в Таджикистане первой ткацкой артели «Бофанда», с которой начинается история развития легкой промышленности. Подчеркивается, что артель «Бофанда» считается первым шагом на пути индустриализации страны. Приведена подробная информация о периодах функционирования артели «Бофанда» - от организации первого кооператива в г.

Худжанде под названием «Бофанда» (1920 г.), периоды его становления в 1926-1932 гг. и преобразования в фабрику (1932-1943 гг.). Большая часть статистических данных, собранных в архивах, впервые вводится в научное обращение. Проведён анализ состава работников артели по половой и национальной принадлежности, что было актуально в исследуемый период. На основе статистических данных и цифровых показателей доказана активная роль артели «Бофанда» в формировании и развитии экономики страны, в том числе в достижениях легкой промышленности.

Key-words: the newest history of Tajikistan Republic, artisanship, light industry,

industrialization, artel (cooperative association of workers), cooperative movement,

"Bofanda" cooperative ("Weaving")

The article dwells on the history of upspringing and development of the first artel in the Tajik SSR - that of "Bofanda" since which there incepts the history of light industry evolution. It is underscored that "Bofanda" artel is considered to be the first step on the way to the country's industrialization. The detailed information is adduced about the period of "Bofanda" artel functioning - since the organization of the first cooperative in Khujand under the title of "Bofanda" (1920), the periods of its formation in the years of 1926 - 1932 and its transformation into a factory (1932 - 1943). The most part of statistical data collected in the archive is introduced firstly into scientific circulation. The author has adduced the analysis of artel's staff with the emphasis on sex and national appurtenance, as it was actual in the period investigated. Designing on the premise of statistical data and digital indices, the author has proved the role of "Bofanda" artel in the formation and development of the country's economy, the achievements of light industry inclusive.

Артел ин иттифо^и сохибихтиёронаи одамон барои мехнати дастачамъона мебошад, ки махсули мехнати онхо байни хам баробар таксим карда мешавад. Артелхо дар сохахои истехсолот, хизматрасонй ва истеъмолй ташкил карда мешуданд. Х^адафи артелхо муттахид намудани коргарон ва баланд бардоштани сифату хачми махсулот мебошад.

Оид ба масъалаи пайдоиши калимаи артел ду нуктаи назар мавчуд аст. Ба а^идаи олимони гурухи якум ин вожа решаи туркию тоторй (орта-чомеа, ортак- умумй) дорад (ниг. 23, с.83).

Нукгаи назари дуюм аз чониби М. Фасмер ва академик Ф. Корш пешниход гардидааст, ки мувофи^и он артел аз калимаи итолиёвии — «urtigiano» гирифта шуда, маънояш хунарманд мебошад. Таърихи ворид шудани ин калима ба забони русй он кадар равшан нест[23]. Ин калима аз забони русй ба забони точикй дар охири асри XIX ворид гардидааст.

Артелхо дар асоси шартномаи байнихамдигарии аъзои онхо ташкил меёфт. Дар баъзе холатхо ин давраи дуру дарозро дар бар мегирифт, зеро расмигардонии он вакти зиёдро мегирифт. Ин холат ба шакл ва хачми артел вобаста буд. Артел маъмулан аз коргарони хамсинну сол ва баробархукук ташкил мегардид. Дар аввал артелхо дар асоси муносибатхои хешутаборй ва миллй ташкил меёфт. Бо гузашти ва^т артел бештар хусусияти иктисодй пайдо намуд. Идораи артел дар зиммаи сардор буд, ки дар чамъомади умумй интихоб карда мешуд. Fайр аз ин маъмулан ду ёвари сардор интихоб мешуд. Ёварон аксаран вазифаи нозиронро ичро мекарданд. Сардор унвони пешворо дошт ва дар фаъолияти артел на^ши марказиро ичро мекард[24].

Артелхо хам барои ичрои корхои мавсимй ва хам барои ичрои корхои доимй ташкил меёфтанд. Аз руи хусусияташон артелхо ба намудхои зерин чудо мешуданд: 1. Артелхои кишоварзй

2. Артелхои истехсолй (саноатй)

3. Артелхри хизматрасонй

4. Артелхо дар сохаи санъат [18]

Шакли одй ва огози истехсолоти артелиро кооперативхо ташкил медоданд, ки фар^ашон аз артелхо дар мутамаркиз набудани онхо буд.

Инак мехохем оид ба таърихи яке аз артелхои сохаи саноати сабук дар шахри Хучанд артели "Бофанда" маълумоти муфассал дода бошем.

Бофандагй яке аз сохахои мухимтарини саноати сабук ба шумор рафта, дар ташаккули и^тисодиёти хар мамлакат на^ши бузург дорад. Инкишофи ин соха ба рушди як ^атор сохахои саноат ва кишоварзй заминаи мусоид фарохам меоварад. Дар Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон раванди ташаккули ин соха аз ташкили нахустин артели "Бофанда" огоз ёфтааст.

Бояд зикр намуд, ки доир ба артели "Бофанда" дар тад^и^оти олимон F.XГ Хайдаров,[25, 23] НДакимов[27] ва Р.Набиева[22] каму беш маълумот оварда шудааст.

Инчунин баъзе аз фактхоро аз китобхои "Таърихи Ленинобод"[19] "Таърихи хал^и точик", Таърихи навтарин (1917 - 1941)"[20] ва "Таърихи синфи коргар"[21] дарёфт намудан мумкин аст.

Дар огози асри ХХ дар шахри Хучанд 4500 устохонахои хунармандй мавчуд буд, ки дар онхо асосан матоъ истехсол мекарданд. Бояд гуфт, ки дар ин соха 103 касб мавчуд буд. Масалан, танхо барои тайёр кардани гози пахта 3 мархиларо гузаштан лозим буд, ки дар хар яке аз онхо коргарони касбу кори алохида кор мекарданд. Мархилаи нахустин тайёр кардани ресмон буда, аз пиллакашй, аштобчигй, даврагарй, тоза кардани пахта, пахтакашй ва ресмонресй иборат буд.

Коркарди ресмон дар навбати худ ба 3 мархила - иш^оркунй, рангубор ва кабудгарй та^сим мешуд. Мутахасисони махсус ба корхои абрбандй, на^шандозй, тегбандй, гулбардорй машгул буданд.

Дар солхои 20-ум дар Осиёи Миёна асосан устохонахои хунармандй фаъолияти густурдаи худро ба рох монда буданд, зеро дар ин минта^а саноат талаботи мардумро пурра ^онеъ карда наметавонист. Дар баъзе махалхо хатто ягон корхонаи саноатй мавчуд набуд. Мардум аз хисоби хунари дастй зиндагй мекарданд.

Хунармандон мав^еъ ва ма^оми баланд доштанд. Онхо дар назди худ шогирдони зиёд тарбия мекарданд. Х^укумати Шуравй бо ма^сади зиёд кардани махсули мехнати хунармандон дар огози солхои 20-ум онхоро ба артелхо чалб намуд. Сиёсати мазкур ба ташаккул ёфтани синфи коргари точик мусоидат намуд.

Барои пурра дар амал татби^ намудани сиёсати нави и^тисодй дар шароити Точикистони Шимолй хукумат бо рохи мачбурй муттахид намудани хунармандонро низ огоз намуда буд. Барои хунармандон ду шакли артел артелхои мутамаркиз ва пароканда пешниход гардида буд. Онхое, ки мехостанд дар хонахояшон кор кунанд, ба артелхои пароканда чалб карда шуда буданд. Дар миёни хунармандон онхое низ буданд, ки мехостанд муста^илона фаъолият баранд. Махсулоти ин гурухи хунармандон дар бозор харидори кам дошт, зеро фишори хукумат барои амалй гардонидани сиёсати нави и^тисодй меафзуд. Дар натича онхо низ мачбур шуданд дар артелхо муттахид шаванд ва бо ин рох зиндагии худро пеш баранд.

Солхои 1923-1924 дар худуди Точикистон теъдоди кооперативхои хунармандй афзуда, шумораи зиёди хунармандонро муттахид намуда буданд. Бояд гуфт, ки артел дар

пешрафти саноати замони шуравй макоми хосро ишгол мекард. Артелро радами аввалин дар рохи саноатикунонии мамлакат номидан мумкин аст.

Ч,орй гардонидани сиёсати нави иктисодй дар аввал ахволи иктисодии хунармандонро хеле бад кард. Аммо бо гузашти вакт кариб 90% - и хунармандон дар артелро муттахид карда шуданд, ки ин раванд ба афзоиш ёфтани истехсолоти артелй шароити мусоид фарохам овард.

Аз соли 1920 сар карда давлат фармоишгари асосии корхонахои хунармандй гардид. Агар хунарманд махсулоти истехсолкардаашро фурухта наметавонад, давлат онро мехарид. Ин икдом имкон дод, ки, аввалан, хунармандй аз байн наравад ва, сониян, дар солхои 1917 - 1924 он ба сохаи асосии бо махсулоти саноатй таъмин намудани талаботи шахру дехот гардад.

Бо ин рох Хукумати Шуравй хадафхои сиёсй ва иктисодии худро амалй мекард. Боварии коргарон ва дехконон сабаби асосии мустахкамшавии Хукумати Шуравй гардид. Аммо дар баробари хамаи ин чорабинихо ба бучаи давлат хисороти зиёд меовард. Хукумат мачбур шуд, ки молхоро дар шакли асл ба коргарон ба чои маош дихад.

Дар давраи омухташаванда тамоми хунармандони минтака аз истехсолоти хусусй, ки хоси шахрхои асримиёнагй ва феодалй буд, ба истехсолоти дастачамъона гузаштанд. Бояд ёдовар шавем, ки ин раванд барои ба воя расидани синфи коргари точик заминаи мусоид фарохам овард.

Дар ин самт махсусан карорхои зерини Хизби Коммунисти (б) ИЧШС накши мухим бозидаанд:

Санаи 11 майи соли 1927 карори КМ ХК (б) ИЧ,ШС оиди "Артелхои саноатй" баромад. Дар ин карор оид ба чоннок намудани корхо дар самти муттахид намудани хунармандон дастурхои муфид дода шуда буд.

Карори дигари КМ ХК (б) ИЧ,ШС аз 3 сентябри соли 1928 "Дар бораи андешидани чорахо оиди корхои дастачамъй ва ташкилотхои дастачмъй" баромад. Дар ин карор вазифагузорй карда шуда буд, ки корхои дастачамъй чоннок карда шуда, тамоми хунармандони мамлакат дар артелхо муттахид карда шаванд.

Карори КМ ХК (б) ИЧШС аз 23 июли соли 1932 дар бораи "Артелхои саноатй ва истеъмолй" дар ташаккули артелхои саноатй ва истеъмолй накши халкунанда бозид. Дар карор принсипхои асосии саноатикунонй ба назар гирифта шуда буд.

Чи тавре ки дар боло зикр шуд, яке аз аввалин кооперативхои истехсолй дар Точикистони Шимолй ин артели "Бофанда" ба хисоб мерафт. Таърихи ташаккул ва рушди артели "Бофанда" - ро ба се давра таксим кардан мумкин аст:

1. Солхои 1920 - 1926: давраи ташкилёбй.

2. Солхои 1926 - 1932: давраи инкишофёбй.

3. Солхои 1932 - 1943: давраи ба фабрика табдилёбй.

Дар давраи аввал яъне солхои 1920 - 1926 дар мамлакат заминаи мусоид барои ташкил ёфтани артелхои саноатй фарохам оварда шуд. Дар ин миён артели "Бофанда" низ ташкил ёфт.

Соли 1920 аввалин кооператив бо номи «Бофанда» дар шахри Хучанд ташкил ёфт. Кооператив ин иттиходи хунармандон буд, ки онхо якчоя мехнат карда, махсулот истехсол мекарданд. Артел низ айнан хамин хел иттиход ба хисоб мерафт. Иштибох нахохад шуд, агар артелро манафактураи олй номем. Кооперативи «Бофанда» - и шахри Хучанд зиёда аз 1000 нафар, музадузхои Хучанд 100 нафар, артелхои пахтатозакунй ва пахташоназанй 440 хунармандонро дар бар гирифта буданд[20, 243].

Давраи дуюм яъне солхои 1926 - 1932 мархилаи нави тара;;иёти артели "Бофанда" ба хисоб меравад. Дар ин давра пояхои моддй ва техникии артел мустахкам гардид.

Дар охири соли 1927 артели "Бофанда" зиёда аз 3500 нафар хунармандонро муттахид мекард, ки 1700 нафаршон хонакор буданд.

Соли 1927 дар шахри Хучанд фабрикаи бофандагй бо номи "Бофандаи сурх" аз нав ба кор огоз кард, вале талаботи ахолиро бо махсулоти саноатй, асосан матоъ, пойафзол, асбобу анчоми корй ва рузгор корхонахои хунармандй таъмин мекарданд. Дар Точикистон то охири соли 1929 зиёда аз 1300 хунарманд дар устохонахои давлатй ва та;рибан 4,5 хазор хунармандон дар корхонахои шахсй кор мекарданд. Бофандагй, ресандагй, рангуборкунй, кафшдузй, охангарй, заргарй касбхои асосии хунармандон буданд. Давлат ба муттахид намудани онхо низ шуруъ карда буд. Хукумати Шуравй дар маркази хамаи нохияхо яктоги артели хунармандй кушода, таъмини онхоро бо ашёи хом ба зиммаи худ гирифта буд. Баъзе аз ин артелхо то кунун хам вучуд доранд. Баъзеи онхо баъдтар ба фабрикахои давлатй табдил дода шуда буданд.

Соли 1929 сиёсати нави и;тисодй бекор карда шуда ба чояш саноатикунонй чорй гардид. Аммо дар шароити Точикистон амалй гардонидани он гайриимкон буд. Бинобар ин якчанд дахсола зарур гардид, ки ин сиёсат пурра татби; гардад. Дар сохаи бофандагй дар шахри Хучанд то миёнахои солхои 40 - ум артелхо мавчуд буданд. Дар дигар шахру нохияхои шимоли кишвар ин ;абил артелхо то солхои 90 - ум хам вучуд доштанд.

Барои дар амал татби; намудани саноатикунонй дар мамлакат ;адамхои устувор гузошта шуд. Бо хамин ма;сад ба иттиходияхо муттахид намудани артелхо огоз гардид.

Санаи 1 январи соли 1930 ба хайати Иттиходи саноатии округи Хучанд 20 артел дохил мешуд, ки артели "Бофанда" бо 1355 нафар коргарон калонтарин ба хисоб мерафт[1]. Артел дорои як устохона буд, ки дар он 29 нафар кор мекарданд. Бо;имонда 1326 нафари дигар дар хонахои худ машгули кор буданд. Даромади солонаи артели "Бофанда" ба 484818 рубл баробар шуд[2]. Ин нишондиханда дар солхои минбаъда ба маротиб афзуд.

Бояд зикр намуд, ки дар натичаи зиёдшавии артелхо масъалаи муттахид кардани онхо ба миён омад. Санаи 19 январи соли 1930 комиссияи тафтишот дар хайати муовини чонишини Иттиходи саноатии округи Хучанд Бурибоев, сармутахассис А.Г. Некезаченко ва мухосиб И.М. Икнова артелхои "Бофанда" ва "Бофанди сурх"-ро тафтиш намуд. Дар натичаи тахлил муайян карда шуд, ки дар холати якчоя кардани артелхо суръати истехсолот суст мешавад. Бинобар ин тавсия дода шуд, ки фаъолияти артелхоро дар солхои минбаъда зери назорати сахт гирифта, ба онхо ;арзхои имтиёзнок чудо карда шавад[3].

Дар солхои 1926 - 1931 ;исмати зиёди коргарони округи Хучанд ба бофандагй машгул буданд. Та;рибан 48%-и тамоми коргаронро бофандахо ташкил медоданд. Артели "Бофанда" дар чалби занон ба кори дастачамъй на;ши калон мебозид. Дар ин бора хисоботи соли 1930 маълумоти муфассал медихад. Мувофи;и ин хисобот 52%-и коргарони артелро занон ташкил медоданд[4]. Барои ташаккули минбаъдаи артел соли 1930 ба маблаги 25000 рубл ;арзи давлатй (заём) чудо карда шуд. Ин маблагхо асосан барои дарёфти ашёи хом сарф карда шуд[5].

Фабрикаи "Бофандаи сурх" бошад дар соли 1930 ба маблаги 7575 рубл ;арзи имтиёзнок гирифт, ки онхоро мохи сентябр дар байни 243 нафар коргарон та;сим карда дод. Хар як коргар аз 25 то 250 рубл ;арзи имтиёзнокро сохиб гардид[6]. Ин ба фаъолияти минбаъдаи онхо таъсири мусбат расонид.

Дар соли 1931 аз фаъолияти артели "Бофанда" натичагирй карда шуд. Дар мохи ноябри соли 1931 дар артели "Бофанда" 960 нафар кор мекарданд[7]. Сабаби асосии кам шудани коргарон ин ба артелхои майда таксим шудани артели "Бофанда" буд.

Артели "Бофанда" дар соли 1931 ба маблаги 1 миллиону 315 хазору 800 рубл махсулот истехсол намуд, ки ин нишондиханда танхо 53,4%-и накшаро ташкил медод. Сабаби асосии ичро нагаштани накша дар он буд, ки дар огози сол шумораи коргарони артел ба маротиб кам шуд[8].

Дар баробари пешравихо дар артел камбудихо низ чой дошт. Мувофики аризаи раиси артели "Бофанда" В.П. Зайцов ба Комитети шахрии Хизби Комунистии (КШХК) Хучанд дар ибтидои соли 1931 дар артел се мушкилоти асосй мавчуд буд:

1. Тачхизоти кухна.

2. Нарасидани кувваи корй.

3. Нарасидани ресмон барои бофандахо[9].

Мохи ноябри соли 1931 "Иттиходи истехсолии артелхои бофандагй" ташкил ёфт, ки ба хайати он артелхои "Бофанда" ва "Занони озоди Шарк" дохил мешуданд. Ба ин иттиход 1288 нафар хунармандон муттахид карда шуданд, ки 960 нафарашон коргарони артели "Бофанда" ва бокимонда 368 нафари дигарашон аз артели "Занони озоди Шарк" буданд.

Дар огози соли 1932 шумораи аъзои артели "Бофанда" 1240 нафарро ташкил медод, ки аз онхо 1138 нафарашонро точикону узбекон ва 102 нафари дигарашонро намояндагони халкиятхои гуногун ташкил медоданд[10].

Дар истехсолот хам пешравихои чашмрас ба назар мерасиданд. Аз чумла дар ду мохи аввали соли 1932 аъзои артел ба маблаги 293 хазор рубл махсулот истехсол карданд, ки ин нишондиханда нисбат ба хамин давраи соли 1931 171 хазор рубл зиёд аст[11].

Дар артели "Бофанда" соли 1929 1232 нафар коргарон кор мекарданд. Соли 1930 бошад микдори коргарони артел 123 нафар зиёд шуда, ба 1355 нафар расид. Ин ракамхо шохиди онанд, ки артели "Бофанда" руз то руз инкишоф меёфт. Дар соли 1931 шумораи коргарони артел аз хисоби ташкилёбии артелхои майдаи бофандагй камшуда 960 нафарро ташкил медод[12].

Дар баробари зиёд шудани микдори коргарони артели "Бофанда" даромад низ афзуд. Масалан агар соли 1930 даромади мохонаи артел ба хисоби миёна 53 018 рублро ташкил намояд, пас дар соли 1931 даромади мохонаи он ба 78 513 рубл баробар гардида, даромади умумй дар хачми 44,1% зиёд шуд[13].

Барои соли 1932 Комитети махаллии нохиявй дар назди артели "Бофанда" вазифахои зеринро гузошт:

1. Ичрои пурраи накшаи соли 1932.

2. Ичрои накшаи панчсола дар асоси карордоди шурои артел.

3. Ичрои амру фармонхои Иттиходи саноатии Хучанд.

4. Мусобикаи фуруши молхои истехсолшуда.

5. Сохтани барномаи истехсолй[14].

Соли 1932 артел дар суратхисобаш 148 хазору 366 рубл маблаги иловагй дошт, ки онро барои пешрафти худ истифода намуд[15]. Дар охири соли 1932 артели "Бофанда" бо артели "Бофандаи сурх" муттахид карда шуд, ки он номи артели "Бофандаи сурх"- ро гирифт. Сабаби асосии муттахид карда шудани ин артелхо кам шудани аъзои онхо ва кохиши махсулнокии мехнат буд.

Дар давраи сеюм (1932 - 1943) артел пуркувват гардида, шумораи коргарон ба маротиб афзуд. Дар ин давра заминахои бунёди фабрикаи калони бофандагй ба вучуд омад.

Соли 1932 фабрикаи "Бофандаи сурх" фаъолияти худро катъ кард ва ба чойи он артели "Бофандаи сурх" таъсис ёфт. Баъд аз натичабардорй дар соли 1931, ки нишондихандаи гайриканоатбахш ба хисоб мерафт, аъзои артел ба хулосае омаданд, ки бояд самараи корро баланд бардоранд. Ин аст, ки дар таи чанд соли минбаъда артел ба мувафакиятхои калон ноил гашт. Дар ин давра бо рохи додани мукофотпулй хачм ва сифати махсулотро баланд бардоштанд. Инчунин бо рохи бастани шартнома бо сохаи кишоварзй ашёи хомро таъмин намуданд.

Бояд кайд кард, ки дар инкишофи хунармандй ва саноат дар нохияи Хучанд харакати стахановчигй ахамияти калон дошт. Артели шохибофии «Бофандаи сурх» дар соли 1935 барномаи квартали дуюмро пурра ва барзиёд ичро намуд. Накша 118,6% ичро гардид. Танхо истехсоли шохй дар артели мазкур 27 хазор метрро ташкил дод. Дар артел 132 нафар занхо дар ин самт кор мекарданд, ки 66 нафарашон хеле фаъол буданд. Номи пешкадамони истехсолот аз кабили Ф. Крбилова, и. Раупова, И. Осимова, Рахматова ва дигарон дар тамоми чумхурй машхур буд.

Бо шарофати харакати стахановчигй артели «Бофандаи сурх» накшаи нухмохаро 127% ичро намуд. Артели «Бофандаи сурх»-и шахри Хучанд дар ракобат аз артели «Озодии занони Шарк»-и шахри Душанбе кафо намемонд. Дар панч сехи артел мусобикаи мехнатй мерафт, ки дар ин мусобика 200 нафар иштирок мекарданд. Дар натичаи истифодаи методхои стахановчигй артел 6 ноябри соли 1935 накшаи солонаро 106% ичро кард.[20, 81-82]

Монанди дигар артелхо, артели "Бофанда" (баъдтар "Бофандаи сурх") низ дорои низомнома буд. Артел дар таърихи мавчудияташ се маротиба низомнома кабул кардааст:

1. Низомномаи якум соли 1924.

2. Низомномаи дуюм соли 1928.

3. Низомномаи сеюм соли 1932.

Чуноне ки ба мо маълум аст барои созмон додани артел аввал бояд самти фаъолияти онро муайян намуд ва онро аз нуктаи назари хукукй конунй гардонид. Низомномаи ташкилотхои истехсолй 15 феврали соли 1927 аз чониби КМ ХК Ч,ШС Узбекистан тахти №2 кабул гардида буд[16]. Ин низомнома ба округи Хучанд низ тааллук дошт, зеро дар ин давра Хучанд ба хайати Ч,ШС Узбекистон дохил мешуд. Ин низомнома "Нормальный устав промысловой кооперативной артели (товарищество) под наименованием" (Низомномаи меъёрии артели истехсолй (рафокат) зери номгузорй) ном дошт. Низомнома аз 10 бобу 98 модда иборат буд.

Якумин низомномаи "Трудовой кооперативный артель (товарищество)" (Артели мехнатии кооперативй - рафокат) соли 1925 кабул гардид. Ин низомнома аз 9 бобу 87 модда иборат буд[ 16].

Низомномаи дигар бо номи «Устав промыслового кредитного товарищество» (Низомномаи рафокати истехсолии кредитй) соли 1924 кабул шуда, аз 9 боб в 152 модда иборат буд[15].

Дар низомномахои мазкур масъалахои ташкил, фаъолият, тафтишот ва тартиби бархам додани ташкилотхои истехсолии саноатй ва кооперативхои истехсолию кредитй матрах гардидаанд.

Аз соли 1928 сар карда байни саноат ва дехконон шакли нави муносибати моливазкунй контрактатсия (шартнома) ба вучуд омад. Корхонаи саноатй бо дехконон шартнома мебаст, ки дар асоси он дехконон махсулоти истехсолкардаашонро бо нархи бозор ба корхонахо мефурухтанд. Дар байни артели "Бофанда" ва хочагихои дехконй низ айнан хамин хел

шартномахо баста шуданд. Масалан артел бо тамоми кооперативхои пахтакории Хучанд шартномахои корй баста, ашёи хомро бо нархи давлатй харидорй менамуд.

Ин шакли шартнома то ба дарачае дех;ононро хавасманд кард, ки то миёнаи соли 1929 57,6%-и хочагихои дех;онй ба он дохил гардида буданд. Пахтакорй тамоман шартномавй шуда буд.

Дар натичаи чунин сиёсати дуруст ва сарива;тй хам саноат ва хам кишоварзй баробар инкишоф ёфтанд. Дар амалигардонии ин сиёсат сахми артелхои кипшоварзй ва хунармандону косибон хеле калон буд.

Дар солхои пешазчангй артел ;ариб 50%-и махсулоти бофандагии Точикистони Шимолиро истехсол мекард. Дар ин давра пояхои моддй ва техникии артел пур;уваттар гардид. Соли 1943 артели "Бофанда" ба фабрикаи бофандагй табдил дода шуд.

Хамин тавр, артели "Бофанда" аз чумлаи аввалин артелхои саноатй дар Точикистони Шимолй ба хисоб рафта, дар ташаккул ва пешрафти и;тисодиёти мамлакат сахми бузург гузоштааст. Артели мазкур дар асоси "Сиёсати нави и;тисодй" ташкил ёфта буд. Махз хамин артел заминаи асосии ташкилёбии фабрикахои бофандагй гардидааст.

Пайнавишт:

1. Бойгонии давлатии видояти Сугд. Хазинаи №172. Руйхати №1. Парвандаи №55. В. 35.

2. БДВС. Хазинаи №172. Руйхати №1. Парвандаи №56. В. 5.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

3. БДВС. Хазинаи №172. Руйхати №1. Парвандаи №52. В. 20.

4. БДВС. Хазинаи №172. Руйхати №1. Парвандаи №56. В. 76.

5. БДВС. Хазинаи №172. Руйхати №1. Парвандаи №59. В. 6.

6. БДВС. Хазинаи №172. Руйхати №1. Парвандаи №71. В. 75-84.

7. БДВС. Хазинаи №172. Руйхати №1. Парвандаи №52. В. 5.

8. БДВС. Хазинаи №172. Руйхати №2. Парвандаи №52. В . 5.

9. БДВС. Хазинаи №172. Руйхати №1. Парвандаи №53. В. 3.

10. БДВС. Хазинаи №172. Руйхати №2. Парвандаи №52. В. 7.

11. БДВС. Хазинаи №172. Руйхати №2. Парвандаи №52. В. 5.

12. БДВС. Хазинаи №172. Руйхати №1. Парвандаи №55. В. 21.

13. БДВС. Хазинаи №172. Руйхати №1. Парвандаи №50. В. 44.

14. БДВС. Хазинаи №172. Руйхати №2. Парвандаи №52. В. 8.

15. БДВС. Хазинаи № 172. Руйхати №1. Парвандаи №1. В. 3.

16. БДВС. Хазинаи №172. Руйхати №1. Парвандаи №13. В. 1.

17. БДВС. Хазинаи №172. Руйхати №1. Парвандаи №14. В. 43.

18. Биржевые артели // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.

19. История Ленинабада (Научно-популярный очерк). - Душанбе: Ирфон,1986. - 380 с.

20. История таджикского народа. Том 5. Новейшая история (1917-1941). - Душанбе, 2004. - 477 с.

21. История рабочего класса. Том 1.- Душанбе, 1978.

22. Набиева Р. Женщины Таджикистана в борьбе за социализм. - Душанбе, 1973.

23. Новиков И.А. «Артель»: этимология слова и термин в русском дореволюционном законодательстве (рус.) / Томский государственный университет // Научная редакция "История ". — 2009. — 20 июля.

24. Толковый онлайн-словарь Д.Н. Ушакова. www.dict.t-mm.ru. (Дата обращения: 6 сентября 2019 г.).

25. Хайдаров Г.Х. Очерки истории социалистического строительства в Северном Таджикистане (1917-1937).-Душанбе, 1974. - 197 с.

26. Хайдаров Г. История Таджикской ССР.-Душанбе: Маориф, 1991.- 176 с.

27. Цакимов Н. Таърихи халци тоцик. - Душанбе: Маориф, 2017. - 288 с.

Reference Literature:

1. Sughd Viloyat State Archive. Fund 172. Inventory 1. Case 55. Sheet 35.

2. SVSA (Sughd Viloyat State Archive). Fund 172. Inventory 1. Case 56. Sheet 5.

3. SVSA. Fund 172. Inventory 1. Case 52. Sheet 20.

4. SVSA. Fund 172. Inventory 1. Case 56. Sheet 76.

5. SVSA. Fund 172. Inventory 1. Case 59. Sheet 26.

6. SVSA. Fund 172. Inventory 1. Case 71. Sheets 75 - 84.

7. SVSA. Fund 172. Inventory 1. Case 72. Sheet 5.

8. SVSA. Fund 172. Inventory 2. Case 52. Sheet 5.

9. SVSA. Fund 172. Inventory 1. Case 55. Sheet 3.

10. SVSA. Fund 172. Inventory 2. Case 52. Sheet 7.

11. SVSA. Fund 172. Inventory 2. Case 52. Sheet 5.

12. SVSA. Fund 172. Inventory 1. Case 55. Sheet 21.

13. SVSA. Fund 172. Inventory 1. Case 50. Sheet 44.

14. SVSA. Fund 172. Inventory 1. Case 52. Sheet 8.

15. SVSA. Fund 172. Inventory 1. Case 1. Sheet 3.

16. SVSA. Fund 172. Inventory 1. Case 13. Sheet 1.

17. SVSA. Fund 172. Inventory 1. Case 14. Sheet 43.

18. Stock-Exchange Artels // Encyclopedic Dictionary by Brokgauze and Efron in 86 Volumes (84 volumes + 4 supplementary ones). - SPb., 1890 - 1907.

19. The History of Leninabad (Scientifico-Popular Essay). - Dushanbe: Cognition, 1986. - 380pp.

20. The History of the Tajik Nation. Volumes 5. The Newest History (1917 - 1941). - Dushanbe, 2004. - 477pp.

21. The History of the Working Class. Volume 1. - Dushanbe, 1978.

22. Nabiyeva R. Women of Tajikistan in Fight for Socialism. - Dushanbe, 1973.

23. Novikov I.A. "Artel" Word Etimology una Term in Russian pre-Revolutionary Legislation (Russian) // Tomsk State University // "History" Scientific Editorial Office. 2009-July 20.

24. Online Dictionary. Interpretation Dictionary by D.N. Uskakov. (Date of request: 06.09.2019).

25. Khaydarov G.Kh. Essays on the History of Socialist Building in Northern Tajikistan (1917 -1937). - Dushanbe, 1974. - 97pp.

26. Khaydarov G.Kh. The History of the Tajik SSR. - Dushanbe: Enlightenment, 1991. - 176pp.

27. Khakimov N. The History of the Tajik Nation. - Dushanbe: Enlightenment, 2017. - 288 pp.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.