ТАЪРИХИ ВАТАНЙ - ОТЕЧЕСТВЕННАЯ ИСТОРИЯ - NATIONAL HISTORY ♦-♦
УДК 94 (575.3)
ТАЪСИСИ ДАВЛАТИ МУЗАФФАРИЁН ВА Х,УКУМАТИ МУБОРИЗИДДИН1
САИДОВ А.,
Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Яке аз хонадонхои точиктабор, ки пас аз нузули давлати Элхонихо арзи хастй карда буд, ин хонадони Музаффарихо мебошад, ки дар вилоятхои Язд, Кирмон, Форс, Исфахон ва Ирок хукмронй кардаанд. Бобокалони ин хонадон Гиёсуддин Хочии Хуросонй аз ахли Сачованди Хавоф буд. Баъзехо мегуянд, ки у зодаи дехи Наштакони [7, 94] Хавоф аст. У се писар дошт: Мансур, Мухаммад [11, 273] ва Абубакр. Замони хучуми мугул Гиёсуддин Хочии Хуросонй бо се писари худ ба вилояти Язди Хуросон рафт. Абубакр ва Мухаммад мулозими атобаки Язд Алоуддавла гардиданд. Абубакр дар лашкаркашии Хулоку ба Багдод иштирок намуда, пас аз тасхири Багдод Абубакр бо лашкариёни Хулоку ба худуди Миср рафт ва баъдан хангоми ба чониби Шом равон шудан, дар чанг бо аъроб халок гардид. Мухаммад дар хизмати атобаки Язд Алоуддавла карор дошт. Мансур бошад, то вафоти падараш уро хамрохй мекард [2, 187, 7, 94].
Абубакр ва Мухаммад фарзанд надоштанд. Мансур бошад, се писар дошт: Мухаммад, Алй ва Музаффар. Музаффар фарзанди хурдии Мансур ба шумор мерафт ва азбаски у шахси пахлавончусса буд, писари атобаки Язд Юсуфшох уро ба хизмати худ даъват намуда, хокими Майбуд таъйин кард. Музаффар баъдтар ба урдуи Аргун-хон шомил шуда, мартабаи ясовулиро сохиб гашт.
Музаффар то ахди Гайхоту (1291-1295) ва Гозонхон (1295-1304) дар урдуи эл-хониён хизмат кард. Дар ин айём атобаки Луристон Афросиёб бар зидди Гайхоту исён бардошт ва Гайхоту барои пахши он Музаффарро фиристод. Музаффар супо-риши Гайхотуро ичро намуд. Музаффар соли 1295 пас аз вафоти Гайхоту ба хизмати Гозонхон дохил шуда, сохиби обрую эътибори баланд гашт. Замони хукумати Улчойту (1304-1316) низ у ба вазифахои баланд сохиб гашт. Улчойту ба чуз аз хоки-мии Майбуд ба ухдаи Музаффар идораи вилоятхои байни Кирмоншоху Луристон то Марву Хиротро низ вогузор намуд. Музаффар соли 707 хк/1307-1308 ба Язд бар-гашт [11, 274]. Соли 711 хк/1311-1312 ба Музаффар маншур расид, ки ба рохи Ше-роз ба урдуи Улчойту ба Багдод ояд. Дар ин сафар у писараш Амир Муборизиддинро бо худ хамрох гирифт. Баъди ичрои ин маъмурият боз ба Язд баргашт. Баъдтар Музаффар ба бемории шадиде мубтало гардида, 13 зулкаъдаи соли 713/1 марти соли 1314 оламро тарк намуд. Насади уро ба Майбуд интикол дода, дар яке аз мадрасахое, ки худи у сохта буд, дафн намуданд [2, 188-189, 7, 97, 10, 890].
Пас аз вафоти амир Музаффар душманону мугризони хонадони у хостанд, ки онхоро аз хокимияти Майбуд барканор намояд. Писари амир Музаффар - Мубори-зиддин Мухаммад аз ин амал огох гардида, озими урдуи Улчойту гашт. Улчойту уро
'Макола дар асоси лоихаи «Таърихи халки точик» (асрхои III - аввали асри XX) раками кайди давлати 0121TJ 1211 навишта шудааст.
хуш пазирyфта, амлоки падарашро бо иёлоти Майбyд ба у вогузор намyд. Амир Му6оризиддин муддати чор сол, то вафоти Улчойту (1316), мулозими у буд. Дар замони хукмронии Абусаъид (1316-1335) низ амир Муборизиддин дар хамон маком бокй монд [4, 450-451, 11, 274].
Дар ин айём дар Язд байни ноиби амир Кайхусрав ва атобаки Язд Хрчишох ни-зое сар зад, ки сабаби катли ноиби Кайхусрав гардид. Амир Муборизиддин бо ичозати султон Абусаъид атобаки Язд Х,очишохро маглуб намуд ва у бо тобеони худ ру ба гурез овард [3, 7-8, 5, 56-57, 6, 424]. Дар натичаи ин галаба хукмронии дароз-муддати силсилаи атобакони Язд ба поён расид ва амир Муборизиддин ба урдуи султон Абусаъид рафт. Пас аз чанде идораи хукумати Язд ба ухдаи у вогузор гардид. Дар ин миён у ду маротиба хучуми накудариёни Систонро ба Язд боздошт. Амир Муборизиддин се нафар фарзанд дошт: Шохмузаффар, Шохшучоъ ва Шохмахмуд.
Пас аз вафоти Абусаъид (1335) авзои кишвар ру ба нооромй ниход ва дар хар гушаву канори мамлакат хокимон худро мустакил эълон карданд. Идораи Форс дар дасти писари калонии Махмудшохи Инчу - Ч^алолуддин Масъудшох карор дошт. Писари хурдии Махмудшохи Инчу шайх Абуисхоки Инчу соли 737 хк/1336-1337 бо максади гасби Язд бар зидди амир Муборизиддин лашкар кашид. Бо талошу миёнра-вии шайххои маъруф оташи чанг хомуш гардид ва шайх Абуисхок Яздро тарк намуда, рохи Шерозро пеш гирифт.
Баъди бозгашти Абуисхок ба Шероз амир Пирхусайни Чупонй дар соли 740 Х.к/1339-1340 ба назди амир Муборизиддин омада, мурочиат намуд, ки барои забти Шероз ба у мадад намояд. Тибки паймон онхо дар Истахр бо хам пайвастанд. Х,окими Шероз амир Масъудшох аз иттифоки ду амир ба харос афтода, ба суйи Го-зирун шитофт ва амир Муборизиддин бо лашкари худ уро таъкиб намуд. Пас амир Масъудшох рохи Багдодро пеш гирифта, ба амир Шайх Х,асани бузург пайваст. Муборизиддин ба урдуи Пирхусайни Чупонй баргашт ва онхо якчоя ба мухосираи Шероз шуруъ намуданд. Аз хар ду чониб мардуми зиёд кушта гардид ва чанд мавзеи девори шахр рахна гардид. Окибат Пирхусайни Чупонй Шерозро тахти тасарруфи худ дароварда, Кирмонро, ки тобеи у буд, ба ихтиёри амир Муборизиддин супорид [4, 455-458, 11, 277-278]. Ба амир Муборизиддин муяссар гардид, ки лашкари хокими Кирмон малик ^утбиддин Некрузро аз он чо берун кунад.
Баъд аз он амир Муборизиддин калъаи Бамро, ки яке аз калъахои мустах-ками Кирмон буд, ба даст оварда, хокими он Ахй Шучоуддини Хуросониро дастгир намуда, ба катл расонд [2, 223-226, 7, 155-157].
Дар ин миён байни амир Муборизиддин ва амир Пирхусайни Чупонй мухолифат сар зад ва амир Мубризиддин аз амри амир Пирхусайни Чупонй сарпечй намуд. Дар натича амир Пирхусайни Чупонй саъй намуд, ки бар касди Музаффариён хонадони Инчуро ба худ наздик намояд.
Хднгоми ин вокеахо шайх Абуисхок Шерозро зери итоати худ даровард. Дар он чо ба номи у хутба хонда, сикка заданд. У соли 748 хк. /1347-1348 ба Кирмон лашкар кашид ва вакти ба он чо наздик шудан фахмид, ки лашкари амир Муборизиддин сер-шумор аст, талаби сулх намуд ва ба Шероз баргашт. Абуисхок хднгоми ба Шероз омадан Шамсуддини Соин ва Сайид Fиёсyддин Алии Яздиро аз вазорати Шероз дур
карда, ин мансабро ба амир Захируддин Иброхим супорид. Азбаски Захируддин Иброхим рохи мудохила ва даромади аъёни мамлакатро баст, аз дасти авбошон кушта шуд ва он ду вазири собик боз мансаби вазоратро сохиб шуданд [4, 470-471].
Шамсуддини Соин бо амри шайх Абуисхок ба Хурмуз фиристода шуд. У дар он вилоят зулми зиёд намуда, пас ба Кирмон лашкар кашид ва кабоили кучии мугулии «авгонй» ва «чурмой»-ро мутеи худ сохт. Дар охир аз чониби Муборизиддин шикаст хурд ва ба катл расид [2, 234-235, 12, 316].
Амир Муборизиддин бар зидди кабоили кучии мугулии «авгонй» ва «чурмой» лашкар кашид. Амирони ин кабилахо дар калъаи Сулаймон, ки багоят мустахкам буд, пинхон шуданд. Дар набарди шадид амир Муборизиддин маглуб гардида, зах-мин шуд ва ба Кирмон баргашт. Дар ин набард зиёда аз хаштсад каси номдори у ба халокат расид [2, 245-24S].
Амир Муборизиддин пас аз шикаст аз чониби кабоили «авгонй» ва «чурмой» аз Абуисхок хост, ки ин тоифаро ба Шероз рох надихад ва барои ин яке аз амирони худ Хочй Дайламро назди Абуисхок фиристод.
Хочй Дайлам хангоми ба Шероз омадан фахмид, ки Абуисхок каблан бо авгониён ва чурмоиён барои бар зидди амир Муборизиддин бархестан ахд бастааст ва аз ин амал амир Муборизиддинро огох намуд. Чун Абуисхок фахмид, ки амир Муборизиддин аз хилаи у огох гардидааст, амир Чалолуддин Султоншохи Чондорро бо ду хазор савора ба ёрии авгониён ва чурмоиён фиристода, худ ба Язд лашкар кашид.
Дар ин хангом писари амир Муборизиддин, Шохмузаффар, ки дар Кирмон буд, дархол ба Язд шитофт ва девори калъаи Майбудро устувор намуд. Фатхи калъаи Майбуд ба Абуисхок муяссар нагашт ва пешниходи сулх намуд. Пас ба созиш омадан хар як ба чойи худ баргаштанд. Сипохиёни амир Чалолуддин Султоншохи Чон-дор низ, ки ба кумаки кабоили кучии мугулй омада буданд, ягон кореро анчом дода натавонистанд ва пас аз созишномаи Абуисхок бо Шохмузаффар ба Шероз баргаштанд [2, 251-257, 7, 201-207]. Дар натича кашмакашихои зиёд амир Муборизиддин кабоили мугулии «авгонй» ва «чурмой»-ро маглуб сохт ва амир Чалолуддин Султоншохи Чондор аз Абуисхок руй гардонда, ба чониби амир Муборизиддин гузашт.
Дар аввали мохи рамазони соли 751 хк/ноябри соли 1350 шайх Абуисхок ба Язд лашкар кашид. Шохмузаффар чонибдорони худро хамрохи писараш Нусратуддин Яхё аз калъаи Майбуд ба Язд фиристод. Абуисхок калъаи Яздро ба мухосира гирифт, вале онро фатх карда натавонист ва ба кафо баргашт. Дар натичаи баста шудани роххо дар Язд кахтиву гуруснагй сар зад [2, 265-266, 7, 223-225].
Соли 753 хк/1352-1353 шайх Абуисхок амир Бекчикозро аз Шероз барои фатхи Кирмон фиристод. Дар ин лашкаркашй бародарзодаи шайх Абуисхок - Кайкубод писари Кайхусрав ва писари Махмудшохи Инчу низ шомил буданд. Амир Муборизиддин бо писараш Шохшучоъ барои дафъи душман ба суйи Рафсанчон, ки дар сари рохи онхо карор дошт, равон гашт. Писари дигари у Шохмузаффар низ аз Язд ба у пайваст. Рузи 14 чумодиу-л-аввали соли 753 хк/28 июни соли 1352 дар сахрои Панчангушт байни ду лашкар набарди хунин сар зад, ки дар он амирони зиёде аз лашкари шерозиён ба асирй афтоданд. Ба Бекчикоз ва Кайкубод муяссар гашт, ки фирор намоянд. Дар ин набард лашкари амир Муборизиддин ганоими зиёд ба даст
овард [2, 277-279, 7, 243-247]. Пас аз ин амир Муборизиддин барои ба шайх Абуисхок зарбаи катъй расондан ва забти Шероз ва Форс омодагй гирифт.
Дар ибтидои соли 754 хк/феврали соли 1353 амир Муборизиддин озими Шероз шуд. Шайх Абуисхок аз лашкаркашии амир Муборизиддин огох гардида, ба харос афтод ва бо машварати наздикони худ козии маъруфи замон Иззуддин Абдур-рахмони Ийчиро барои гуфтушунид ба назди амир Муборизиддин фиристод. Амир Муборизиддин ^озй Иззуддинро бо эхтироми зиёд пазирой намуда, 50 хазор динор ба у ва 10 хазор динор ба мулозимонаш тухфа намуд. Пас ^озй Иззуддин ба самъи амир Муборизиддин арз намуд, ки шайх Абуисхок хохони сулху дустй бо онхост ва хамаи амрхои онхоро ичро менамояд. Амир Муборизиддин миёнравии уро напази-руфта гуфт, ки шайх Абуисхок хашт маротиба ахдшиканй намудааст ва ба кавли у эътимод надорад. ^озй Иззуддин барои розй кардани амир Муборизиддин кушиши зиёд ба харч дод, вале натича набахшид ва чорае чуз ба кафо баргаштан надошт.
Амир Муборизиддин рохи Шерозро пеш гирифта, дар аввалхои мохи сафари соли 754 хк/марти соли 1353 бо лашкари анбух ба навохии Форс расида, дар мавзеи Хон Соин, ки панч фарсахи Шероз аст, карор гирифт. Шайх Абуисхок низ лашкари зиёде чамъ намуда, бо он чо омад. Байни ду лашкар набарди шадид сар зад ва шайх Абуисхок ба чониби Шероз фирор намуда, дар дохили калъа панох гирифт. Рузи ди-гар лашкари амир Муборизиддин ба Шероз расид ва байни онхо боз задухурди ша-дид барпо гардид.
Яке аз амирони шайх Абуисхок, Мачдуддини Сарбандй ба чониби амир Муборизиддин гузашта, тобеияти худро ба у изхор намуд. Амир Муборизиддин уро хуш пазируфта, кутволи калъаи Сарбанд таъйин намуд. Мачдуддин пас аз чанде бар зидди амир Муборизиддин исён бардошт. Амир Муборизиддин аз Шероз ба суйи калъаи Сарбанд рафта, онро мухосира кард ва Мачдуддин бо писари калонии худ ба Шероз фирор намуд. Пас аз тасхири калъа амир Муборизиддин боз ба Шероз барга-шта, калъаи онро ба мухосира гирифт.
Дар ин айём писари амир Муборизиддин Шохмузаффар дар мохи чумодиу-л-охари соли 754 хк/июли соли 1353 даргузашт ва худи амир Муборизиддин низ ба бемории сахт гирифтор шуд, вале бо вучуди ин у аз мухосираи калъа даст накашид. Часади Шохмузаффарро дар мадрасаи Майбуд ба хок супориданд.
Х,ангоми мухосира вокеахое руй доданд, ки ба нафъи амир Муборизиддин буд. Яке он буд, ки шайх Абуисхок ду тан аз бузургони Шерозро ба номи Сайидамир Х,очй Зарроб ва Кулу Шамси ^осимро беасос бикушт ва ин нафрати шерозиёнро нисбати шайх Абуисхок афзун намуд. Вокеаи дигар ин буд, ки мавлоно Иззуддини Ийчй аз у руй гардонда, ба урдуи амир Муборизиддин рафт. Илова бар он вазири у Х,очй ^ивомуддини Х,асан вафот кард ва Носириддини Умарро, ки марди шучоъ буд, аз худ ранчонид. Пас Носириддини Умар дарвозаи Мавридистони Шерозро ба руи Шохшучоъ кушод. Сипохиёни амир Муборизиддин рузи сеюми мохи шавволи соли 754 хк/1 ноябри соли 1353 ба воситаи он дарвоза вориди шахр шуданд. Дар муддати мухосираи Шероз шайх Абуисхок ба бодахуриву айшу ишрат машгул шуда, аз вазъи мамлакат гофил гашта буд.
Баъди ба шахр дохил гаштани амир Муборизиддин шайх Абуисхок Шерозро тарк намуда, озими Шулистон шуд ва дар калъаи «Сафед» панох бурд. У барои ёрй ба хокими Багдод Шайх Х,асани Элконй мурочиат намуд. Шайх Х,асан ба ёрии у ду
хазор савораро бо сардории Окбуко фиристод. Шайх Абуисхок ба дастгирии Бекчикоз ва Кулу Фахриддин умед баста, бо ин сипох ба суйи Шероз харакат намуд.
Амир Муборизиддин ба мукобили онхо писараш Шохшучоъро фиристод. Шайх Абуисхок дар харос афтода, ба Исфахон фирор намуд ва сипохиёни багдодй ба шахри худ баргаштанд. Амир Муборизиддин тамоми Форсро зери тасарруфи худ да-роварда, амирони чонибдорони шайх Абуисхокро дастгир намуда ба катл расонд [2, 2S3-292, 7, 254-266].
Соли 755 хк/1354 шайх Абуисхок барои забти Шероз яке аз амирони худ Ойте-мурро хамрохи домодаш амир Fиёсyддини Мансур бо лашкари зиёд ба он чо фиристод. Лашкари Шохшучоъ ба ёрии шерозиён омад. Дар ин набард лашкари шайх Абуисхок маглуб гардида, касони зиёде, аз чумла Ойтемур кушта гардиданд [2, 294297, 7, 267-272, 11, 289]. Пас аз ин чонибдорони шайх Абуисхок бо сардори Хоча Имодуддини Кирмонй ва хохарзодаи Абуисхок Сулгуршох дар навохии Доробчард чамъ гашта, бар зидди Шохшучоъ лашкар кашиданд, вале окибат маглуб гашта, фирор намуданд [2, 297-299, 4, 494].
Амир Муборизиддин соли 755 хк/1354 хангоми ба фатхи Исфахон равон шу-дан, дар карияи Морвонон бо вакили халифаи Аббосй ал-Муътазид биллох, ки дар Миср икомат дошта, худро чонишини хулафои Аббосй медонист, мулокот кард ва ба воситаи у ба халифаи мазкур дасти байъат дод ва дар хутбахо ва сиккахо номи уро зикр намуд [2, 299-300, 7, 274-277, 11, 289].
Соли 756 хк/1355 амир Муборизиддин писараш ^утбиддини Махмудро бар зидди малик Ардашер, ки аз охирин бозмондагони мулуки Шабонкора буд, фиристод. ^утбиддини Махмуд калъаи Шабонкораро ба мухосира гирифта, малик Арда-шерро аз макарраш берун сохт ва Шабонкораро забт намуд [7, 278-279, 6, 425]. Пас аз фирори малик Ардашер аз Шабонкора ва тасхири пурраи он хукумати мулуки Шабонкора аз миён бардошта шуд.
Дар ин миён амирони авгонй ва чурмой бар зидди амир Муборизиддин исён бар-доштанд, ки он пахш карда шуд. Шайх Абуисхок аз фурсати муносиб истифода бурда, тавонист, ки боз Исфахонро зери тобеияти худ дарорад.
Амир Муборизиддин пас аз дафъи фитнаи амирони авгонй ва чурмой соли 757 хк/1356 бар зидди шайх Абуисхок ба Исфахон лашкар кашид. Шайх Абуисхок бо яке аз шахсони бонуфузи Исфахон Чалолуддин Мири Мирон дар калъаи Исфахон пинхон шуданд. Амир Муборизиддин Шохсултонро ба мухосираи Исфахон фири-стода, худаш бо Шохшучоъ ва Шохмахмуд барои тасхири Луристон, ки хокими он атобак Нурулвард ва хеши у Кайюмарс нисбати Музаффариён адовати зиёд до-штанд, фиристод. Ахолии Луристон аз чабри зулми ин хокимон зиндагии душворро аз сар мегузаронданд ва хангоми ба шахр омадани лашкари Шохсултон онхо фавч-фавч берун шуда, ба лашкари у таслим мешуданд. Фармондехи калъаи Табаррук, ки бо худуди Исфахон пайваст буд, ба Шохсултон пайгом дод, ки агар барои мухофи-зони калъа инъоме дихад, у аз мухосираи калъа даст кашида, ба лашкари онхо хам-рох мегардад. Шохсултон аз ин хурсанд шуда, ба онхо сад хазор динор фиристод ва амр намуд, хазони калъа низ ба онхо дода шавад.
Хамин тавр, ахли калъа берун омада, онро ба лашкари Шохсултон супориданд. Чалолуддин Мири Мирон ба Кошон фирор намуд. Шайх Абуисхок дар хонаи шайху-л-ислом Асилуддин, ки пешвои он диёр буд, пинхон шуд. Шохсултон Исфахонро
ишFOл намуда, шайх Абуисхокро дастгир кард ва ба Шероз фиристод. Амир Мубо-ризиддин уро ба дасти ворисони Хочй Зарроб, ки аз чониби Абуисхок нохак кушта шуда буд, супорид. Яке аз писарони Хочй Зарроб бо зарби шамшер сари уро аз тан чудо кард [2, 305-308, 7, 286-288].
Бино ба хабари Хофизи Абру катли шайх Абуисхок рузи чумъаи 22 чумодиу-л-аввали соли 758 хк. пас аз намоз/13 майи соли 1357 рух дод [5, 288], аммо тибки таквими хичрй он ба рузи шанбе мувофик меояд. Муаллифи «Матлаъу-с-саъдайн ва мачмаъу-л-бахрайн» менависад, ки ходисаи куштори шайх Абуисхок рузи чумъа баъд аз намоз бисту сеюми чумодиу-л-аввали соли 758 хк/14 майи соли 1357 руй дода буд [2, 308], вале ин руз тибки таквими солшумории хичрй ба рузи якшанбе рост меояд. Мирхонд менависад, ки ин вокеа рузи панчшанбеи охири мохи чумодиу-л-аввали соли 758 хк/панчшанбеи 18 майи соли 1357 руй дода буд [4, 500].
Шамсуддин Хоча Хофизи Шерозй, ки яке аз хамасрони шайх Абуисхок буд, дар бораи таърихи вафоти у чунин гуфтааст:
Ба рузи кофу алиф аз чумодиу-л-увло, Ба соли золу дигархо ва нун ало-л-итлок. Худойгони салотини Машрику МаFриб, Хадиви кишвари авфу карам ба истихкок. Сипехри хилму хаё, офтоби чоху чалол, Чамоли диниву дин шох шайх Абуисхок. Миёни хиттаи майдони худ ба теFи аду Ниход бар дили ахбоби хеш доFи фирок [7, 290].
Тибки хисоби «абчад» харфхои S=2^, 1=1, ¿=Y — , ^=Л, хастанд. Аз ин бармеояд,
ки Абуисхок рузи чумъаи 21 мохи чумодиу-л-аввали соли 758 хк/12 майи соли 1357 ба катл расонда шудааст ва ин сана ба таърих ба таквими хичрй низ мувофик меояд. Аз ин мукоисахо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки таърихи нишондодаи Хофизи Шерозй нисбат ба таърихи нишондодаи муаллифони дигар нисбатан сахехтар аст.
Хофизи Шерозй инчунин дар васфи Абуисхок мадхияву касидахо навиштааст. Дар яке аз касидахояш Абуисхокро чунин ситоиш намудааст:
Чамоли чехраи ислом шайх Абуисхок, Ки мулк дар кадамаш зеби бустон гирад [8, 440].
Дар ин солхо худудхои зертобеи Музаффарихо хеле васеъ гаштанд. Онхо та-моми сарзаминхои Кирмон, Форс ва баъзе минтакахои Ироки Ачам ва Луристонро ба худ тобеъ намуда буданд. Дар ин давра кисми зиёди худуди Эрон зери тасарруфи хонадони точикхо - Куртхо, Сарбадорон ва Музаффарихо буд, аммо хокимону ман-сабдорони ин хонадонхо манфиатхои шахсии худро аз манфиатхои давалатй боло медонистанд ва ин амали ночои онхо имкон намедод, ки бо хам муттахид гашта, як сохтори идориву давлатии мутамаркази точиконро таъсис диханд.
Амир Муборизиддин пас аз анчоми кори шайх Абуисхок ба Исфахон рафт. Хокими Исфахон Шохсултон хохарзодаи амир Муборизиддин дар тасхири Исфахон корнамоихои зиёд карда буд. Хангоми ба Исфахон омадани амир Муборизиддин ва-зир Хоча Бурхониддин ба у гуфт, ки Шохсултон маблаFи 700 тумонро аз моли Ирок
тасарруф кардааст. Аз ин хабар амир Муборизиддин хеле ба хашм омад ва муноси-бати онхо сард гардид [4, 502].
Дар ин миён амир Ахичук Табрез ва Озарбойчонро зери тасарруфи худ даровард. Амир Муборизиддин хабари аз чониби Ахичук забт гардидани Озарбойчону Табре-зро шунида, бо дах хазор савор аз лашкари Форсу Ирок ва ду хазор аз Луристон суйи Табрез равон шуд [7, 304, 2, 320].
Тибки ахбори Мирохонд шумораи лашкари аз Луристон хамрохшуда дах хазор нафарро ташкил мекард [4, 504]. Дар рох аз хар шахру вилоят ба лашкари амир Муборизиддин хамрох мешуданд. Ахичук аз омадани лашкари амир Муборизиддин огох гардида, бо сй хазор сипохй мутаваччехи лашкари онхо гардид. Хангоми аз Султония гузаштани лашкари амир Муборизиддин сипохиёни Ахичук аз Табрез бе-рун омаданд. Байни ду лашкар чанги шадид сар зад, ки дар натича лашкари Ахичук маглуб шуда, нафарони зиёде кушта гардида, кисми дигар асир афтоданд, бокимонда фирор намуданд.
Амир Муборизиддин пас аз фирори лашкари Ахичук Шохшучоъ ва Шохмахмудро аз дунболи онхо фиристод, ки лашкари фирориёнро то наздикии Нахчувон таъкиб намуданд, вале ба касе нарасиданд. Дар он мавзеъ чанд руз ба айшу ишрат машгул шуда, пас ба кароргоххои падар баргаштанд.
Амир Муборизиддин онхоро бо суханхои номуносиб ранчонида, дашномхои зишт дод ва айшу ишрате, ки карда буданд, маломат кард. Пас аз он дар фатхнома-номахое, ки ба атроф мефиристод, номи он ду писарро нанавишта, номи наберааш Шохяхёро, ки писари Шохмузаффар буд, зикр кард. Баъд амир Муборизиддин во-риди Табрез гардида, дар намози чумъа худаш имоматй намуд ва хутба хонда, дар он номи халифаи Аббосиро зикр кард [7, 304].
Дар ин айём хабар расид, ки султон Увайси Чалоир аз Багдод суйи Табрез рахси-пор шудааст. Амир Муборизиддин аз ин хабар ба вахм афтода, рохи Исфахонро пеш гирифт. Дар рох то ба Исфахон расидан бо писаронаш муносибати сардона намуда, ба онхо суханхои дурушту носазо мегуфт. Писарон аз суханхои падар сахт ранчиданд. Хангоми ба Исфахон расидан Шохшучоъ ва Шохмахмуд бо Шохсултон, ки у низ нисбат ба амир Муборизиддин дар дил кина дошт, забон як карда, карор доданд, ки падарро дастгир намоянд. Тибки накша субх хангоми ба мулозимати падар рафтан, Шохмахмуд бо навкарони худ дар берун карор мегирад ва Шохшучоъ ба дарун рафта, падарро дастгир менамояд. Хамин тарик, Шохшучоъ падарро дар болохонааш дастгир намуда, махбус сохт. Бегох уро ба калъаи Табаррук бурданд ва хамон соат Шохсултон чашмони уро мил кашид [2, 323-325, 9, 641].
Пас аз кур кардани падар, уро ба калъаи «Сафед»-и Форс фиристоданд. Амир Муборизиддин пас аз ду мох дар он чо бо чамъе аз чонибдоронаш фармондехии калъаро ба даст оварда, дар он чо панохгох гирифт. Писаронаш пас аз мукотибот бо хам омада, сулх карданд ва ба чунин карор омаданд, ки у ба Шероз меравад ва сик-каву хутба ба номи у карда мешавад. Инчунин дар кори танзими мамлакат бо у ма-шварат менамоянд. Писараш Шохшучоъ ваъдаи худро дар назди падар ичро намуд. Ин ба бадхохони Шохшучоъ маъкул нашуд ва онхо ба карор омаданд, ки хангоми ба назди падар рафтан, уро дастгир карда, ба катл мерасонанд ва султон Абу Язидро хоким таъйин менамоянд. Шохшучоъ аз ин дасисаи онхо огох шуда, он бадхохонро дастгир карда, ба катл расонд.
Баъди ин вокеахо Шохшучоъ падарашро ба яке аз калъахои Гармсери Форс фи-ристод, ки дар он чо у аз уфунати хаво бемор шуд. Пас бо амри Шохшучоъ уро аз он чо ба калъаи Бам бурданй шуданд ва у дар охири мохи рабеъу-л-аввали соли 765 хк/декабри соли 1363 дар рох вафот кард. Насади амир Муборизиддинро ба Майбуд бурда, дар мадрасаи Музаффария дафн намуданд [1, 424, 4, 509-510].
Хамин тарик, амир Муборизиддин дар таъсиси давлати Музаффариён накши хеле назарррас бозида, ба у муяссар гардидааст, ки дар муддати хукмрониаш бар зидди душманони хонадони худ кахрамонона мубориза бурда, онхоро маглуб созад ва худуди вилоёти чанубии Эронро зери тасарруфи худ дароварда, ба як марказ мут-тахид намояд.
АДАБИЁТ
1. Аббос Икболи Оштиёнй. Таърихи мугул ва авоили айёми темурй. Ч,. I-II. Чопи сейум. Техрон: Мохиманзар, 1386 х. - 652 с.
2. Абдурраззоки Самарканда, Камолуддин Абдурраззок ибни Исхок. Матлаъу-с-саъдайн ва мачмау-л-бахрайн. Ба кушиши дуктур Абдулхусайни Навой. Чопи дуввум. Техрон: Муассисаи мутолеот ва тахкщоти фархангй, 1372 х. -443 с.
3. Махмуд Катибй. Таърихи Оли Музаффар. Ба кушиши Абулхусайни Навой. Техрон, 1325 х.ш. -127
с.
4. Мирхонд. Таърихи Равзату-с-сафо. Ч. 4. Техрон, 1339 х. -709 с.
5. Муайануддин ибни Чалолуддин Мухаммад Муаллими Яздй. Мавохибу-л-хай. Мусаххех. Саид На-фисй. Чопи аввал. Техрон, 1326. -300 с.
6. Н.Н. Неъматов, Нурмухаммади Амиршохй, Мирбобоев А. К., Пирумшоев Х,айдаршо. Таърихи халки точик. Китоби дуввум. Муъчизаи классикии точикон. Хучанд: Ношир, 2008. -815 с.
7. Хофизи Абру, Шихобиддин Абдуллох ибни Лутфуллох ибни Абдуррашид. Зубдату-т-таворих. Ч. I. Мукаддима, тасхех ва таъликоти Сайид Чаводй. Техрон: Созмони чоп ва интишороти Вазорати фарханг ва иршоди исломй, 1380 х. -638 с.
8. Хофизи Шерозй. Девон. Тахияи матн аз Ш. Исрофилниё. Душанбе: Адиб, 2015. - 478 с.
9. Рене Груссе. Императории сахронавардон. Тарчумаи Абдулхусайни Майкада. Чопи сеюм. Техрон, 1368. -1016 с.
10. Фасехи Хавофй. Мучмали Фасехй. Мукаддима, тасхех ва тахкщи Сайид Мухсини Ночии На-срободй. Чилдхои I-III. Техрон: Асотир, 1386 х. -1472 с.
11. Хондамир, Еиёсуддин Хдмомуддин -ал -Хусайн. Таърихи хабибу-с-сияр. Чилди саввум. Зери назари доктор Мухаммад Дабири Сиёкй. Техрон: Гулшан, 1353 х. -759 с.
12. Шабонкорай, Мухаммад ибни Алй ибни Мухаммад. Мачмаъу-л-ансоб. Ба тасхехи Мир Хошими Мухаддис. Техрон: Амири кабир, 1363 х. -376 с.
ТАЪСИСИ ДАВЛАТИ МУЗАФФАРИЁН ВА ^УКУМАТИ МУБОРИЗИДДИН
Дар макола таъсиси хонадони Музаффарихо ва хукумати Муборизиддин мавриди баррасй карор ёфтааст. Муборизиддин яке аз амирони маъруфи ин хонадон буда, барои тахкими ин су-лола чонбозихои зиёд намудааст. Бисёре аз душманони ин хонадон аз чониби Муборизиддин аз миён бардошта шуда, худудхои зертобеи Музаффарихо хеле васеъ гаштанд. Вилоятхои Кирмон, Форс ва баъзе минтакахои Ироки ачам ва Луристон тобеи онхо гаштанд. Ба Муборизиддин муяссар гардид, ки Табрез ва Озарбойчонро аз тасарруфи амир Ахичук озод намуда, онхоро тобеи худ гардонад.
Пас писарони Муборизиддин чашмони уро нобино намуданд ва у дар охири соли 1363 аз олам гузашт. Муборизиддин дар таъсиси давлати Музаффариён накши хеле назарррас бозидааст. Ба у муяссар гардид, ки дар муддати хукмрониаш бар зидди душманони хонадони худ кахрамо-нона мубориза бурда, онхоро маглуб созад. У худуди вилоёти чанубии Эронро зери тасарруфи худ дароварда, ба як марказ муттахид намуд.
Калидвожахо: Музаффариён, Муборизиддин, Шоушуцоъ, мубориза, амир, Майбуд, Абу-саъид, Шероз, цалъа, лашкар.
СОЗДАНИЕ ГОСУДАРСТВА МУЗАФФАРИДОВ И ПРАВИТЕЛЬСТВА
МУБОРИЗИДДИНА
В статье рассматриваются история династии Музаффаридов и создание правительства Муборизиддина. Одним из знаменитых эмиров Музаффаридов являлся Муборизиддин, который приложил немало усилий для укрепления этой династии. Многие враги династии были устранены Муборизиддином, и подчиненные им территории значительно расширились. Их подданными стали все территории Кирмана, Персии и некоторые регионы Ирака и Луристана. Муборизид-дину удалось освободить Тебрез и Азербайджан из-под контроля эмира Ахиджука и сделать их своими подчиненными.
В результате интриг своих сыновей он ослеп и умер в конце 1363 года. Муборизиддин сыграл важную роль в образовании государства Музаффаридов. Во время своего правления ему удалось активно бороться с врагами своей династии и нанести им поражение. Он подчинил под свой контроль обширные области южного Ирана и создал централизованное государство.
Ключевые слова: Музаффариды, Муборизиддин, Шохшуджо, борьба, эмир, Майбуд, Абу-саид, Шираз, крепость войска.
CREATION OF THE MUZAFFARIDI STATE AND GOVERNMENT OF MUBORIZIDDIN
The article discusses the history of the Muzaffarid dynasty and the creation of the government of Muboriziddin. One of the famous Muzaffarid emirs was Muboriziddin, who made a lot of efforts to strengthen this dynasty. Many of the dynasty's enemies were eliminated by Muboriziddin, and the territories under their control expanded significantly. All territories of Kirman, Persia and some regions of Iraq and Luristan became their subjects. Muboriziddin managed to free Tabrez and Azerbaijan from the control of Emir Ahijuk and make them his subordinates.
As a result of his sons' intrigues, he became blind and died at the end of 1363. Muboriziddin played an important role in the formation of the Muzaffarid state. During his reign, he managed to actively fight the enemies of his dynasty and defeat them. He brought vast areas under his control and created a centralized state.
Key words: Muzaffarids, Muboriziddin, Shokhshujo, struggle, emir, Maybud, Abusaid, Shiraz, military fortress.
Сведения об авторе: Саидов Абдукахор - доктор исторических наук, главный научный сотрудник отдела древней, средневековой и новой истории Института истории, археологии и этнографии имени А. Дониша Национальной академии наук Таджикистана. Адрес: 734025, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. ак. Раджабовых, 7. E-mail: [email protected].
Information about the author: Saidov Abdukakhor - Doctor of Historical Sciences, Chief Researcher of the Department of Ancient, Medieval and Modern History of the A. Donish Institute of History, Archeology and Ethnography of the National Academy of Sciences of Tajikistan. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, st. ac. Radjabovs, 7. E-mail: [email protected].