Научная статья на тему 'ОБРАЗОВАНИЕ ГОСУДАРСТВА САРБАДАРОВ ХОРАСАНА И НАЧАЛО ПРАВЛЕНИЯ ЭМИРА ВАДЖЕХУДДИНА МАСЪУДА'

ОБРАЗОВАНИЕ ГОСУДАРСТВА САРБАДАРОВ ХОРАСАНА И НАЧАЛО ПРАВЛЕНИЯ ЭМИРА ВАДЖЕХУДДИНА МАСЪУДА Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
86
61
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
САРБАДОРЫ / САБЗАВОР / ШЕЙХ ХАЛИФА / ШЕЙХ ҲАСАН / ВОССТАНИЕ / БОШТИН / ЭМИР / АБДУРРАЗЗАК / ВАДЖЕХУДДИН МАСЪУД / ХАСАН ДЖУРИ / ВОЙНА

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Саидов Абдукахор

В статье рассматривается вопрос о создании государства Сарбадоров в Сабзаворе Хорасана и времени правлении эмира Ваджехуддина Масъуда. В последние годы правления Абусаъида в городе Сабзавор шиитские шейхи, среди которых росли антимонгольские настроения, во главе с шейхом Халифой и его заместителем шейхом Хасаном Джури подстрекали народ к восстанию. Их ученики и последователи также ждали подходящего момента для достижения этой цели. Однажды шейха Халифа нашли повешенным на колонне мечети, и его последователи подчинились воле шейха Хасана. Он подстрекал народ к восстанию против монгольских правителей и местных чиновников, которые поддерживали монголов. Это было массовое движение ремесленников, городской бедноты и крестьян, охватившее большие территории. В один из дней монгольские посланники прибыли в село Боштин для сбора налогов, и хотели изнасиловать женщин этого села, но были убиты. Для ареста виновных в Боштин были отправлены вооруженные монгольские воины, и население во главе с жителем села Абдурраззаком убили нескольких из них. Абдурразак сплотил жителей деревни для борьбы с монголами, заявив, что «..мы прекратим насилие и устраним тиранов, либо пусть наши головы будут на виселице («голова на виселице» - тадж. сарбадор). Отсюда они и получили прозвище Сарбадор. Сарбадоры выбрали своим центром город Сабзавор. Вскоре после этого между Абдурраззаком и его братом эмиром Ваджехуддином Масъудом вспыхнула ссора, в результате которой Ваджехуддин Масъуд убил своего брата и захватил власть Сарбадоров. Он захватил город Нишапур и двинулся на Герат, но потерпел поражение, позже был казнен в Мазандаране.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

FORMATION OF THE STATE OF SARBADORS OF KHORASAN AND BEGINNING OF REIGN OF EMIR WAJEHUDDIN MASUD

The article deals with the creation of the state of Sarbadors in Sabzavor of Khorasan and the time of the reign of Emir Vajehuddin Masud. In the last years of Abusayidkhan's rule in the city of Sabzavor, Shiite sheikhs, among whom grew anti-Mongol sentiments, led by Sheikh Khalifa and his deputy Sheikh Hasan Juri incited the people to revolt. Their disciples and followers also waited for the right moment to achieve this goal. Once Sheikh Khalifa was found hanged on a column of a mosque, and his followers obeyed the will of Sheikh Hasan. He incited the people to revolt against the Mongol rulers and local officials who supported the Mongols. It was a massive movement of artisans, urban poor and peasants, covering large areas. One day the Mongol envoys arrived in the village of Boshtin to collect taxes, and they wanted to rape the women of this village, but were killed. Several of them were killed in order to arrest those responsible for the management system with a resident of the village Abdurrazzak. Abdurrazak rallied the villagers to fight the Mongols, declaring that "... we will stop the violence and eliminate the tyrants, or let our heads be on the gallows." Hence they received the nickname Sarbador. The Sarbadors chose the center of Sabzavor as their city. Soon after, a quarrel broke out between Abdurrazzak and his brother, Emir Wajehuddin Masud, as a result of which Wajehuddin Masud killed his brother and seized power from the Sarbadors. He captured the city of Nishapur and moved to Herat, but was defeated and later executed in Mazandaran.

Текст научной работы на тему «ОБРАЗОВАНИЕ ГОСУДАРСТВА САРБАДАРОВ ХОРАСАНА И НАЧАЛО ПРАВЛЕНИЯ ЭМИРА ВАДЖЕХУДДИНА МАСЪУДА»

ТА ЪРИХИ ВА ТАНЙ-ОТЕЧЕСТВЕННАЯ ИСТОРИЯ-NA TIONAL HISTOR Y ♦-♦

УДК 9 (55)

ТАЪОТСТ ДАВЛАТИ САРБАДОРОНИ ХУРОСОН ВА ОFОЗИ Х,УКУМАТИ AMИP ВАЧ£Х,УДДИНИ MACЪУД

Абду^ахдор CAИДОB,

Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Дар солх,ои 30-50-уми асри XIV дар давлати Элхоних,о муборизах,ои дохилй шиддат ёфта, х,окимони мугул ва ашрофи махдллй ах,олиро берах,мона истисмор мекарданд, ки ин вазъи сиёсии мамлакатро хеле муташаннич гар-донид. Дар ин замон чагатоиён ба х,удуди Хуросон лашкаркаших,ои горат-гарона анчом медоданд, ки ин х,ам зиндагии мардумро мушкилтар мекард. Вазъи мамлакат, махсусан пас аз вафоти султон Абусаъид бухронй гашт, зеро гурухдои ^укмрони нисбатан пуркувват х,окимони дастнишондаи худро аз зумраи хонадони чингизй ба тахти элхонй менишониданд, ки онх,о аслан мустакил набуда, аз руйи дастур ва маслихдти ин ё он амир амал мекарданд. Чунин вазъияти номусоиди сиёсиву ичтимой ба зиндагии сокинони кишвар таъсири манфй расонд ва дар гушаву канори мухталифи мамлакат мардуми чабрдида ба мукобили ин зулму тааддй бархеста, норозигии худро изх,ор мекарданд.

Аксари минтак;ах,ои Хуросон аз чониби х,окими чагатой Ясавур ва х,о-кимони махдллй горату хароб гардида буданд. Лашкарх,ои элхонии бар зидди Ясавур фиристодашуда низ ба горати мардуми шах,ру вилоятх,о даст зада, ба души онх,о андозх,ои зиёдеро бор мекарданд [7,427-428].

Пас аз марги Абусаъид муборизах,ои байнихдмдигарй ва худсарих,ои амирон бештар шуд, ки дар натича вазъи мардуми Хуросон, токдтнопазир гардид.

Вазири Хуросон Алоуддин Х,инду, ки масъули сиёсати андоз дар Хуросон буд, чун амирони бодиянишини мугул дар истисмор ва горати мардуми махдллй даст дошт [7,428]. Зулми берах,монаи мугулон адовати ах,олиро нис-бат ба онх,о афзун карда, мачбур месохт, ки бар зидди истилогарон ба мубо-риза бархезанд.

Дар солх,ои охири х,укмронии Абусаъид дар баъзе шах,ру вилоятх,ои Хуросон, аз чумла, дар шах,ри Сабзавор шумораи шиамазхдбон зиёд гардида, шайхони ах,ли ин мазхдб ах,олиро ба к;иёми зидди мугулон таргиб менамуданд, аз ин ру дар байни онх,о рух,ияи зидди мугулй таквият ёфта буд.

Дар солх,ои охири салтанати Абусаъид яке аз дарвешони покизарузгори мозандаронй бо номи шайх Халифа, ки дар ибтидо ба толибилмй машгул буда, «^уръон»-ро х,ифз карда илми кироатро хеле хуб медонист, тарки тах,сил карда, муриди сокини Омул шайх Болуи Зох,ид шуд. Чанд муддате назди y иродати мулозиматй намуд ва окибат эътикодаш дар хдкди шайх нуксон ёфта, аз он чо ба Симнон ба хизмати шайхи маъруф хоча Рукниддин Алоуддавлаи Симнонй рафт. У равиши ин шайхро низ кабул накарда, аз он чо мутаваччех,и Хуросон шуда, ба Бах,робод назди шайх-ул-ислом хоча Fиёсyддин Хдбатул-

лохи Хамавй рафт. Дар он чо низ муроду максади у хосил нашуд. Пас ба Сабзавор рафта, дар масчиди чомеъ сокин гашта, дар он чо бо овози хушу баланд ба тиловати «^уръон» машгул шуд. Овози уро шунида, мардуми зиёде дар атрофи у чамъ омаданд ва у муридону муътакидони зиёде пайдо кард. Ч,амоате аз факехони суннимазхаб сукунати уро дар масчид манъ карданд, вале шайх Халифа сухани онхоро кабул накард. Пас фатво доданд, ки дар масчид шахсе сокин аст, ки дар мавъизааш аз хадиси дунё сухан мекунад ва чун манъаш мекунанд, кабул накарда амалашро давом медихад [2,78; 3, 174175; 6, 604-605; 9, 358-358; 1,467].

Олими маъруф И.П. Петрушевский кайд менамояд, ки дар маъхазхои хаттй дар бораи маънои ин мавъизаи шайх Халифа чизе ишора нагаштааст, вале аз руйи матни «Равзат-ус-сафо» («Шахсе дар масчид сокин аст ва хадиси дунё мекунад») [6,605] ва «Хабиб-ус-сияр» («Шахсе дар масчид сокин гашта, сухани дунё мегуяд») [9,359] маълум мешавад, ки шайх Халифа дар фатвои худ дар бораи ходисахои «дунявй» сухан мекунад. Вокеахои минбаъда аз он шахо-дат медиханд, ки маънои мавъизаи «дунявй»-и муридон ва пайравони шайх Халифа ин баробарии умумй ва муковимат ба зулм будааст [7,430].

Охируламр фукахо ба кароре омаданд, ки шайх Халифа бояд ба катл расонда шавад ва ин фатворо ба арзи султон Абусаъид расонданд. Султон Абусаъид чавоб дод, ки у даст ба хуни дарвешон олуда намесозад ва хоки-мони Хуросон тибки шариати ислом амал намоянд. Факехони Сабзавор ин чавоби хонро шунида, ба касди шайх Халифа камар бастанд. Байни тараф-дорони шайх ва факехон низои куллй сар зад.

Дар ин аём аз рустои Ч,урй шайх Хасан, ки аз тахсили илм фарогат ёфта, ба мартабаи мударрисй расида буд, аз накли яке аз шогирдонаш, ки мулозим ва муриди шайх Халифа буд, дар бораи каромоти шайх Халифа шунид ва ба назди у омада муриди у гардида, аз мартаба ва мазхаби суннии худ даст ка-шид. Шайх Халифа уро чонишини худ таъйин кард. Аз зиёд гардидани мури-ду муътакидони шайх Халифа ва афзудани шухраташ, душманонаш дар касди у шуданд. Баъдан пайкари шайх Халифаро дар сутуни масчид ба халк овехта ёфтанд ва дар зери сутун чанд хиште бар якдигар чида диданд, ки гуё ин шахс худро ба ресмон овехта бошад. Ин ходиса 22 рабеъ-ул-аввали соли 736/9 ноябри соли 1335 руй дода буд [2,79; 3, 175; 6, 604-605; 9, 359].

Пас аз ин ходиса муридон шайх Халифа дасти иродат ба шайх Хдсан доданд. Шайх Хасан баъд аз он дар Сабзавор таваккуф накарда ба Нишопур ва сипас ба Машхад, Абевард ва Хабушон рафта, ахолии он шахру вилоят-хоро ба тарикати шайх Халифа даъват намуд. Бисёре аз мардуми вилоёти Сабзавор ва кухпояи Нишопур мурид ва муътакиди у гашта, даъваташро кабул карданд. Хар касеро, ки даъвати уро кабул мекард, номашонро сабт мекарданд ва мегуфтанд, ки холо вакти ихтифост ва хар гох ишорати шайх ва вакти зухур расад, мебояд, ки олати харб бар худ гирифта, омодаи корзор гарданд. Холо ба корхои худ машгул бошанд. Ч,онибдорону пайравони шайх Хасан хеле зиёд шуданд ва у озими Ирок гардида, муддати якуним сол дар он чо монд ва хар чо ки маком мекард, чамъе муриду муътакиди хидматаш мешуданд. Пас аз он боз ба Хуросон баргашта, дар аввалхои мохи мухаррами соли 739/июли соли 1338 озими Мовароуннахр шуда, то Балху Тирмиз омада,

аз он чо ба Хирот рафт ва них,оят ба вилояти Нишопур баргашт. Аксари ахолии шах,ру дех,ах,ои Нишопур, ки аз зулму истибдоди х,окимони мугулу мах,аллй ба дод омада буданд, ба y х,амро^ шуда, рох,и халосй талабиданд. Мардум чунон ба y эътикод пайдо намуданд, ки агар чон лозим мешуд, месу-пориданд [2, 80; 3, 175-176; 6, 605-606; 9, 359].

Максади таргиботи шайх Халифа ва шайх Хасан аз он иборат буд, ки мардумро бар зидди х,окимони мугул ва мансабдорони махдллие, ки мугул-х,оро дастгирй мекарданд, ба исён даъват намоянд. Онх,о ин даъватро ба исён зери пардаи тасаввуфи мазхдби шиа амалй мекарданд, ки дар натича тоифаи дарвешх,ои шиа бо номи тарикати шайх Халифа ва Хдсани Ч,урй таъсис ёфт, ки он хдракати оммавие буд, иборат аз х,унармандон, камбизоатони шах,рй ва кишоварзон, ки х,удуди зиёдеро дар бар мегирифт [7,431]. Хдмин тарик, дар ин замон дар Нишопур ва навох,ии гирду атрофи он бо даъват ва таргиби шай-хони ах,ли шиа мардум омода буданд, ки хднгоми ишора аз чониби онх,о ба исёни зидди мугулй ва х,омиёни онх,о бархезанд.

Дар ин замон шух,рати шайх Хасан афзун гардида, факех,они суннимазхдби Нишопур ба тарс афтода, бар зидди y бархестанд. Шайх Хдсан мачбур шуд, ки боз ба Кух,истон равад ва пас аз чанде ба Машхдд баргашт. Факех,они суннимазх,аб ба амир Аргуншо^ Ч,уни ^урбонй, ки падари амирон Мух,аммад-бек ва Алибек буда, Нишопурро зери тасарруф дошт, арз карданд, ки шайх Хасан мазх,аби ах,ли ташайюъро таргиб намуда, максад дорад хуруч карда, х,окимиятро ба даст гирад. Окибат шайх Хасанро дастгир карда, дар вилояти Ёзар дар калъаи Ток (Ток) мах,бус гардониданд. Дар ин замон хукумат зери салтанати Таготемур буд.

Тибки маълумоти маъхазх,ои хаттй дар дех,аи Боштини (Поштин) Байбаки Хуросон шахсе бо номи хоча Ч,амолуддини Фазлулло^ зиндагй мекард, ки панч писар дошт: амир Аминуддин, амир Абдурраззок, амир Вачехуддини Масъуд, амир Насрулло^ ва амир Шамсуддин Аминуддин пахдавони пойтах-ти султон Абусаъид буд. Аз мулозимони подшо^ шахсе буд, ки уро Абумус-лим Алисурхи Хавофй меномиданд. У гуштигиру тирандозе буд, ки назир надошт. Рузе султон гуфт, ки дар каламрави мо касе бошад, ки бо Абумуслим гуштй гирад ва тир андозад? Аминуддин гуфт, ки у дар Хуросон бародаре бо номи Абдурраззок дорад ва шояд у бо Абумуслим муковимат карда тавонад. Элчй фиристода, Абдурраззокро ба назди султон оварданд. Симои зох,ирии у ба султон маъкул афтод. Рузе султон фармуд, ки Абдурраззок бо амир Абумуслим барои тирандозй мусобика намоянд ва дар он Абдурраззок голиб омада, эх,тироми у дар назди султон баландтар гардид. Абусаъид чанде пеш аз вафоташ Абдурраззокро масъули молиёт таъйин намуда, уро барои бакоёи вилояти Кирмонро чамъ кардан, ба он чо фиристод. У бояд саду бист х,азор динор аз молу чих,оти он вилоят накд карда, сад х,азор таслими девон менамуд ва бокй ба расми мух,ассилона мегирифт. Амир Абдурраззок ба Кирмон раф-та, маблаги мазкурро чамъ намуд ва онро ба мастиву айшу ишрат сарф кард. Вакте ки аз хоби мастй бедор гашт, фах,мид, ки х,атто як динор х,ам аз он маб-лаг бокй намондааст. Дар фикр афтод, ки чй гуна аз ин вазъ берун ояд. Ин замон хабари марги Абусаъид ба Кирмон расид ва хотири Абдурраззок осуда гашта, ба дех,аи Боштин баргашт.

Дар ин рангом косид (элчй)-и мугулй, ки барои чамъ кардани хироч ё маъмурияти дигаре ба дехаи Боштин омада буд, дар хонаи бародарон Хасани Хамза ва Хусейни Хамза карор гирифта, шаробу шохид (духтари зебо) талаб кард. Пас аз нушидани шароб y хост, ки ба хамсарони онхо дастдарозй кунад. Бародарон шамшерхо кашида, гуфтанд: «Мо сарбадорем ва тахаммули ин фазихат (шармандагй) надорем!» ва ба захми тег он косидонро куштанд.

Вазири Хуросон хоча Алоуддини Мухаммад, ки он замон дар Фармад (Фарюмад) икомат дошт, ин хабарро шунида, барои дастгир намудани бародарон Хасану Хусейн навкарони мусаллахи худро ба дехди Боштин фиристод [6,600; 9,357]. Тибки ахбори Давлатшохи Самаркандй хангоми ба Боштин баргаштани Абдурразок ба y гуфтанд, ки «хохарзодаи хоча Алоуддини Фарю-мадй омада, чанд руз аст, ки дар ин дех бедод ва чабр мекунад ва аз мо шаробу шохид металабад... Дар он шаб ба сари хохарзодаи Алоуддин Мухам-мад вазир рафтанд ва уро дастгир карда, ба катл расонданд» [4,267]. Дар деха шуру гавго сар зад. Дар ин хангом Аминуддин Абдурраззок, ки аз Кирмон ба ин деха омада буд, сабаби ин шуру гавгоро пурсид. Чун аз хакикати хол во-киф гашт, фармуд, ки бар мо ва хамаи мусулмонон вочиб аст, ки аз Хасану Хусейн пуштибонй намоем, зеро онхо мардуми богайрату бономусанд. Пас навкарони вазирро на бар вифки маром бозгардонид.Хоча Алоуддин Мухам-мад гурухи мусаллахи дигареро бо шуморае аз 50 кас барои халли ин масъала ба дехаи Боштин фиристод. Амир Абдурраззок бо фиристодагони вазир дага-лона ва бо дуруштй муомила намуд ва мухим бо низову хусумат анчом ёфта, чанд тан аз онхо кушта шуда, бокй баргаштанд. Амир Абдурраззок, ки бар фарти хунрезиву фитнаангезй иттисоф дошт, бародарон ва ахли дехаро чамъ оварда, гуфт: «Фитнаи азим дар ин маком падид омад, агар мусохила кунем, кушта шавем. Ва ба мардй сари худ ба дор дидан хазор бор бехтар, ки ба номардй кушта шудан!». Аз ин сабаб он табака мулаккаб ба Сарбадор шуд [6, 600-602].

Ин мавзуъ дар асари Хофизи Абру «Зубдат-ут-таворих» ба таври зайл оварда шудааст: «Дар хилоли ин ахвол дар карияи Боштин аз аъмоли Байхак, ки аксари ахолии он кария муриди шайх Хасан гашта буданд, амир Абдур-раззокро, ки аз акобири он навохй буд, бо омиле, ки раиси он дех буд, низое афтод ва раис кушта шуд ва амир Абдурраззок ба фарти тахаввуру фитнаангезй мумтоз буд ва ба фаври тахаттуку хунрезй мустасно, аз куштани раис хоиф гашт, бо асхоби худ машварат намуд. Гуфтанд: «холо ихтиёре намонд ва моро ба хуни раис бозхост хоханд кард. Салох нест, ки ихтиёри худро аз даст дихем ва мардуми он навохй ба чалодат ва мардонагй ва шучоат ва фарзо-нагй зарбулмасаланд. Ч,амъе аз чавонон ва баходурон, ки хар якро хаёли рустамй дар димог чой гирифта буд ва доияи хонакунии Афросиёб дар замир чойгир шуда бар худ гирд кард ва эшон уро ба сардорй кабул карданд ва ин хол 12 шаъбони соли 737/16 марти соли 1337 буд.

Муддаии эшон он ки чамъе мусаллат шудаанд, зулми бисёр мекунанд. Агар моро хак таборак ва таъоло тавфик бахшад, рафъи зулму дафъи золимон кунем ва илло сари худро бар дор ихтиёр дорем ва тахаммули чавру ситам надорем. Чун ин иттифок намуданд, эшон худро бад-ин ном хонданд ва сарбадорй пайдо шуд. Пой аз чодаи мутоваат берун ниходанд ва даст ба

атрофи мамлакат дароз карда ва ба эълони калимаи исён чуръат намуда, бо галабаи тамом мутаваччехи Сабзавор гаштанд ва Сабзаворро бигрифтанд» [2,81]. Ин мавзуъ бо хамин мазмун дар асархои Абдурраззоки Самаркандй «Матлаъ-ус-саъдайн ва мачмаъ-ул-бахрайн» ва Мирхонд «Таърихи Равзат-ус-сафо» низ оварда шудааст [3,176-177; 6,602]. Хамин тарик, тибки ахбори ак-сари маъхазхои таърихй, ба чуз аз Шабонкорай, ки таърихи ин шуришро рузи 13 марти соли 1337 мешуморад, [10,436] исёни ахолии Боштин рузи 16 марти соли 1337 сар зада буд.

Давлатшохи Самаркандй баромади вожаи «сарбадорон»-ро ба таври зайл шарх медихад: «Дар беруни дехи Боштин доре насб карда, дасторхо ва токихо бар дор карданд ва тиру санг бар он мезаданд ва номи худро сарбадол (сарбадор) ниходанд» [4,267]. Ба акидаи И.П. Петрушевский дар ин чо дастор ва токихои дар дар овехташуда шояд маънои сархои душманонро дошта бошад [7, 436].

Хоча Алоуддин Мухаммад хабари фавти Абусаъидро шунида, хост ба назди хокими Хуросон амир Шайх Алй, ки дар Астаробод буд, равад, то шуришу ошуб карору ором гирад. Бо ин максад у аз Фаромад берун омад. Амир Абдурраззок баъд аз машварат бо гурухе аз Сарбадорон аз акиби хоча Алоуддин Мухаммад ба харакат омада, дар дараи Шахраки Нав бо вай ру ба ру гашт. Байни онхо задухурди шадид сар зад. Дар ин мухориба хоча Алоуддин Мухаммад кушта шуд. Писари у бо хамрохонаш гурехта, ба Сорй раф-танд. Амир Абдурраззок бо ганимати фаровон баргашта хазинаи хочаро ба ёрони худ таксим намуда, хама якчоя ба Боштин баргаштанд. Пас такрибан 700 нафар дар атрофи у чамъ шуда, ба хизматаш хозир гаштанд [6,602; 9, 357].

Дар ин хангом хокими Кухистон амир Абдуллохи Мавлой духтари Хоча Алоуддин Мухаммадро хостгорй намуда, маблаг ва амволи зиёдеро ба расми чихоз ирсол дошт. Амир Абдурраззок аз ин хабар ёфта, Мухаммади Ойте-мурро бо дусад нафар ба сари рох фиристод. Мухаммади Ойтемур ба назди онхо расид ва байнашон чанг сар зад. Шумораи лашкари кухистониён кариб 700 нафарро ташкил мекард ва дар ин набард онхо голиб омаданд. Дар ин асно амир Вачехуддини Масъуди Сарбадор бо сесад нафар ба мадади у омада, бо лашкари амир Абдуллохи Мавлой ру ба ру гашта, 25 нафари онхоро ба катл расонд. Сипохи бокимонда ру ба гурез овард ва он моли бешуморро Сарбадорон назди амир Абдурраззок оварданд. Сарбадорон ба хулосае омаданд, ки барои дар ихтиёри худ нигох доштани ин амволи зиёд ба онхо калъа лозим аст ва машварат намуда, ба Сабзавор омаданд. Посбони калъаи Сабзавор калъаро ба онхо супорид ва онхо бо сардории амир Абдурраззок дар он вилоят карор гирифтанд [6, 602-603].

Мувофики ахбори Давлатшохи Самаркандй дар масчиди чомеи Сабзавор ба номи Абдурразок хутба хонда шуд [4, 268]. Амир Абдурраззок пас аз дар Сабзавор истикомат кардан, хост, ки духтари хоча Алоуддинро ба акди нико-хи худ дарорад. Он духтар аз ин кор хабардор шуда, аз Сабзавор ба суйи Нишопур фирор намуд. Амир Абдурраззок бародари худ амир Вачехуддини Масъудро аз кафои у фиристод, то уро дастгир намуда, биёрад. Амир Вачехуддини Масъуд ба назди у расид ва хост уро бозгардонад. Он духтар та-зарруи бисёр намуда, гуфт, ки шумо хамеша навкар ва хидматгори падари ман

будед, пеши Худои таборак ва таъоло чй чавоб хохед дод, ки бар ман чунин зулмро раво мебинед. Окибат амир Вачехуддини Масъуд аз суханхои ин духтар хулоса бароварда, уро рахо намуд ва ба назди бародараш ба Сабзавор баргашт. Бародараш ба газаб омада гуфт, ки чаро уро дастгир карда, на-овардй. Амир Вачехуддин вокеаи шударо ба y накл кард ва гуфт, ки пас аз суханхои духтар ба y рахм карда, уро рахо намуд. Амир Абдурраззок дар хашм шуда, уро дашномхои нохуш дод. Чун сахт гуфтан аз хадди тачовуз гузашт, газаби амир Вачехуддини Масъуд боло гирифта, охиста-охиста пеш-тар омад ва ханчари худро аз миён баркашида, ба шиками бародараш зада, уро ба катл расонд. Пас аз он хукумати Сарбадорон ба дасти амир Вачехуд-дини Масъуд гузашт. Ин вокеа рузи 12 зулхиччаи соли 738/1 июли соли 1338 руй дода буд [2, 81-82; 3, 176-177; 6, 603-604; 8, 920; 9, 357-358].

Тибки ахбори Давлатшохи Самаркандй Абдурраззок пас як солу ду мохи хукмрониаш дар мохи сафари соли 738/август-сентябри соли 1337 аз дасти бародараш Вачехуддин кушта шуд [4,268]. Ба кавли И.П. Петрушевский агар ба маълумоти Давлатшохи Самаркандй такя карда шавад, бармеояд, ки шуриши Сарбадорон тобистони соли 1336 сар задааст [7, 437, тавзех10].

Амир Вачехуддини Масъуд марди шучоъ ва далер буд. Пас аз ба даст гирифтани хукумати Сарбадорон барои мустахкам намудани иктидори хоки-мияти худ шайх Хасани Ч,уриро, ки дар ин вилоят муридону муътакидони зиёд дошт, аз банди асорат берун оварда уро дар киём бар зидди золимон пешвои худ хисобида, даъват кард, ки ба лашкаркашй киём намояд.

Ч,амоати муридони шайх Хасан, ки онхоро шайхиён низ меномиданд, муддати зиёде пинхонй ба исён тайёрй дида, интизори фурсати он руз буданд, ба Сабзавор омадани шайх Хасани Ч,уриро шунида, аз гушахо берун омаданд ва мардум аз атроф ва чавониб дар атрофи шайх чамъ шуданд. Дар муддати кутохе лашкари парешон гирд омада, бо иддату олоти харбй мусаллах гашта, ба суйи Нишопур, ки яке аз марказхои идории Элхониён ба шумор мерафт ва амир Аргуншох хокими он буд, рахсипор гардида, онро забт намуданд [2, 83-84;3,177-178; 6,608-609]. Тибки ахбори Ибни Батута Сарбадорон шахрхои Нишопур, Сарахс, Зова, Тус ва Ч,омро, ки аз бузургтарин шахрхои Хуросон буданд, зери тасарруфи худ дароварданд [5,465]. Вачехуддини Масъуд амир Аргуншохро маглуб сохт. У хафтсад гуломи турк ва 12 хазор марди сипохиро ба сафи лашкарони худ кабул намуд [4,270].

Ч,амъи навкарон ва мутаалликони амир Аргуншох, ки дар Нишопур буданд, гурехта, ба назди амир Мухаммадбек ба Тус ва Машхад рафтанд. Дар ин айём Амир Аргуншох дар мулозимати Таготемурхон ба Ирок рафта буд ва писари y амир Мухаммадбек ба забти баъзе аз вилоёти Хуросон машгул буд. Мардуми Аргуншох аз бими савлат ва овозаи кудрату шахомати Сарбадорон дар харос афтода буданд, пеши амир Мухаммадбек омада, арз карданд, ки ба Сарбадорон хамрох шудани шайх Хасани Ч,урй галабаи онхоро бештар на-мудааст ва ба кароре омаданд, ки бояд бо ягон рохе ин шайхро аз чамоати Сарбадорон берун созанд, зеро муридону муътакидони y хеле зиёданд. Пас амир Мухаммадбек ба номи шайх Хасани Ч,урй номае ирсол намуда, бо ко-сиде пеши шайх Хасани Ч,урй фиристод. Мазмуни рисолат аз он иборат буд,

ки шайх Хасани Ч,ури бояд аз чамоати Сарбадорон берун гардад [2, 83-84; 3, 177-179].

Шайх Хасани Ч,урй ба номаи амир Мухаммадбек чавоб навишта, фа-ъолияти худро аз ибтидо то ба имруз ба таври муфассал баён намуд. Маз-муни номаи шайх Хасани Ч,урй ба амир Мухаммадбек аз он иборат буд, ки ахолй аз чабру зулми мугулон ва хомиёни онхо ба дод омада, косаи сабрашон лабрез гардидааст ва онхо омодаанд, ки хар чи зудтар бар зидди истилогарон бархеста, аз зери юги онхо рахо ёбанд.

Амир Вачехуддини Масъуд ва шайх Хасан сипохиёни амир Аргуншохро аз Нишопуру Сабзавор ва навохии гирду атроф он берун карда, онро зери тасарруфи худ дароварданд. Мугулон аз ин дар харос афтоданд ва хокими мугулй Таготемур бо машварати амиронаш аз Мозандарон ба назди амир Вачехуддин ва шайх Хасан намояндае фиристода, изхор намуд, ки онхо ба итоати Таготемур дароянд, вале чавоби рад шуниданд. Пас Таготемур бар зидди Сарбадорон лашкари 70 хазорнафараро бо сардории бародараш амир Шайхалии Говун аз Мозандарон ба суи Сабзавор равон намуд. Амир Ваче-худдин ва шайх Хасан аз ин бохабар шуда, бо сипохи 3700 нафара, ки аз Сар-бадорони шердил ва далер иборат буд, барои ба душман муковимат намудан омодагй гирифтанд. Чун лашкари Таготемур ба вилояти Байхак даромад, чамоати Сарбадорон низ бо истикболи онхо рафтанд ва байни онхо набарди шадид сар зад, ки дар он бародари Таготемур Шайхалии Говун ба катл расид. Дар ин задухурд лашкари мугул шикаст хурда, нафарони зиёде кушта гарди-данд. Аксари амирони Таготемур, мисли амир Аргуншох ва амир Абдуллохи Мавлой ба чониби мухталиф фирор намуданд ва лашкари Элхониён паро-канда гардид. Амир Мавлой пас аз чанд руз дар Кухистон вафот ёфта, писари калонии y Амир ба назди шайх Хасан омада, муриди y шуд [2,119-120; 3, 202203; 6, 613-614; 9, 360-361]. Пас аз галаба бар лашкари Таготемур Сарбадорон ганимати бисёре ба даст оварданд ва овозаи кудрати онхо ба гирду атрофи мамлакат пахн гардид. Акобиру ашрофи Хуросон ба амир Вачехуддин пай-васт шуда, ба итоати y даромаданд ва шумораи чамоати Сарбадорон афзоиш ёфт, ки аз ин хокимони мугул ва мамлакатхои гирду атроф ба тахлука афтоданд.

Амир Вачехуддини Масъуд ва шайх Хасани Ч,урй пас аз галаба бар лашкари Таготемур ба Сабзавор баргашта, баъди чанде ба Хирот, ки хокими он малик Муъиззиддин Хусайн буд, лашкар кашиданд. Малик Муъиззиддин Хусайн аз ин огох гардида, аз Хирот ба суи Нишопур харакат намуд. Ду лашкар дар худуди Зова бо хам ру ба ру гаштанд ва байни онхо набарди шадиду хунин сар зад. Хангоми набард шахсе аз миёни Сарбадорон шайх Хасани Ч,уриро захме зад, ки y аз он халок гардид. Дар ин набард лашкари амир Вачехуддин маглуб гардида, кисме ба асорат гирифтор шуданд, ки дар байни онхо шоири маъруф Ибни Ямини Фарюмадй низ буд, ки ба чуз y асирони дигар ба катл расонда шуданд. Ин ходиса 13 сафари соли 743 / 18 июли соли 1342 руй дода буд [2, 139-144; 3, 213-216; 8, 928].

Муаррих И.П. Петрушевский бархак менависад, ки агар Сарбадорон дар ин лашкаркашй муваффак мешуданд, тамоми Хуросон аз ашрофзодахои хар-бии бодиянишинони мугулу турк ва муттахидини онхо озод мегардид [7,444].

Доир ба кушта шудани шайх Хасан муаллифони маъхазхои таърихй мена-висанд, ки дар ин набард шайх Хасан бо дастури амир Вачехуддин аз чониби яке аз лашкаршони Сарбадорхо кушта шудааст. Аз чумла, Мирхонд менави-сад, ки «шайх Хасан ба ишорати амир Масъуд ба теги яке аз Сарбадория ша-ходат ёфт» [6,614], Хондамир мегуяд, ки «шахсе аз Сарбадорон ба фармудаи амир Масъуд... захме бар шайх Хасан зада, уро халок сохт» [9,360]. Тибки ахбори Давлатшохи Самаркандй хоча Масъуд шахсеро фармуд, то зарбате бар шайх Хасан зад ва шайх Хасан кушта шуд [4, 270-271].

Олим И.П. Петрушевский кайд менамояд, ки тибки ахбори маъхазхои хаттй чамоати Сарбадорон ба ду гурух чудо шуда буданд: яке пайравони шайх Хасан, ки онхоро шайхиён ё дарвешиён (ифротиву тундрав) ва дига-реро, ки пайравони амир Вачехуддини Масъуд буданд, сарбадор (эътидолй) меномиданд. Гурухи пайравони амир Вачехуддини Масъуд («сарбадор»-он) аз заминдорони хурду миёна иборат буд, ки онхо зидди хамагонй гардидани молу сарват буданд. Гурухи пайравони шайх Хасан («шайхиён»)-ро хунар-мандону дехконони бебизоат ташкил мекарданд ва онхо чонибдори ба хама баробар таксим намудани молу сарват буданд. Дар Сабзавор дар вакти хон-дани дуо аввал номи шайх Хасан ва пас аз он номи амир Вачехуддин зикр мегардид, ки дар давлати Сарбадорон вучуд доштани ду пешворо нишон медод. Яке пешвои рухонй-шайх Хасан ва дигаре, пешвои сиёсй - амир Вачехуддини Масъуд. Дар байни чамоа обрую эътибор ва нуфузи шайх Халифа нисбат ба амир Вачехуддини Масъуд бештар буда, хукумати мулкхои Сарба-доронро асосан шайхиён идора мекарданд, ки ин боиси бештар гардидани ихтилофи байни онхо мегардид. Хамин тарик, дар чамоати Сарбадорон ихтилофи дохилй ба амал омад, ки амир Вачехуддини Масъуд зохиран онро ошкор намекард, вале душманони онхо аз он огох гардида, вазъиятро ба манфиати худ истифода бурданй мешуданд [7,442].

Тахлили ин далелхо аз он гувохй медиханд, ки шайх Хасан бо дастури амир Вачехуддини Масъуд, ки мехост ракиби худро бартараф намуда, дар давлати Сарбадорон хокими ягона бошад, кушта шуд, ки натичаи он пурра бар зарари худи у равона гардида буд, зеро у бо ин амали зишти худ набарди мухим ва халкунандаро аз даст дод.

Набарди байни Сарбадорон бо Куртхои Хирот барои мардуми точик яке аз вокеахои фочеабор ба шумор меравад, зеро дар ин замон каламрави Хуросон ва Систон зери тасарруфашон карор дошт ва онхо метавонистанд, ки дар ин минтака як давлати пуркудрати точикро таъсис диханд, вале муно-сибатхои душманонаи пешвоёни ин сулолахо ва хирси шухратхохиву мансаб-талабй ба онхо имконият надод, ки ин фурсати муносибро истифода бурда, бо хам муттахид гарданд ва ин амали хайрро амалй намоянд.

Амир Вачехуддини Масъуд пас аз шикаст хурдан аз чониби малик Муиз-зидини Хусайн ба Сабзавор баргашт ва лашкари зиёде чамъ намуда, озими Мозандарон шуд. Хокими он вилоят Ч,алолуддавла Искандар бо бародараш Фахруддавла Шохгозй машварат карда, ба чунин карор омаданд, ки барои дафъи шарри амир Вачехуддин баъзе вилоёти Мозандаронро ба Сарбадорон вогузоранд ва хамин ки онхо ба Рустамдор, ки дар он чо чангалхо зиёданд, дохил гарданд, ба онхо хучум менамоянд [9,361; 8,42].

Амир Вачехуддини Масъуд рузи 13 зулкаъдаи соли 743/9 апрели соли 1343 вориди Омул гардид ва дар сахрои он лашкаргохи собите сохт. Сипохиёни Искандар ва Шохгозй шабона бо сипохиёни савора ба лашкаргохи Сарбадо-рон хучум карда, онхоро горат карданд ва баъзеяшонро ба катл расонданд. Онхо ин корро чандин маротиба анчом дода, пояи лашкаргохи Сарбадоронро хароб намуданд. Амир Масъуд ба холати ногувор афтода, ба чониби Рустам-дор харакат намуд. Дар рох сипохиёни Рустамдор аз як чониб ва лашкариёни Мозандарон аз чониби дигар ба сипохиёни Сарбадорон хучум намуда, сафи онхоро кам мекарданд. Окибат лашкари амир Вачехуддини Масъуд маглуб гардида, худи у аз дасти мардуми Рустамдор дар мохи рабеъу-л-охари соли 745/август-сентябри соли 1344 ба катл расонда шуд [9, 361-362; 8, 934].

Хамин тарик, аз гуфтахои фавкуззикр бармеояд, ки дар натичаи зулми истилогарони мугул ва хокимони махаллй мардуми чабрдида ба дод омада, ба мукобили зулму тааддй сар бардошта, норозигии худро изхор мекарданд ва максади таргиботи шайх Халифа ва шайх Хасан махз аз он иборат буд, ки мардумро бар зидди хокимони мугул ва мансабдорони махаллие, ки мугул-хоро дастгирй мекарданд, ба исён даъват намоянд. Онхо ин даъватро ба исён зери пардаи тасаввуфи мазхаби шиа амалй мекарданд. Исёни Сарбадорони Сабзавор на бар зидди ахли тасаннун, балки он эътирози мардуме буд, ки бар зидди зулму истибдоди мугулон ва хокимони махаллй равона гардида буд.

АДАБИЁТ

1. Аббос Икболи Оштиёнй. Таърихи мугул ва авоили айёми Темурй. Ч,илди аввал ва дуввум. -Техрон, 1376 х. -654 с.

2. Абдуллох ибни Лутфуллох Хрфизи Абру. Зубдат-ут-таворих. Ч,. I. Мукаддима ва тасхехи Сайид Чдводй. Техрон: Созмони чоп ва интишороти Вазорати фарханг ва иршоди исломй, 1380 х. -638 с.

3. Абдурраззоки Самаркандй. Матлаъ-ус-саъдайн ва мачмаъ-ул-бахрайн. Ба эхтимоми дуктур Абдулхусайни Навой.-Техрон: Муассисаи мутолеот ва тахкикоти фархангй, 1372. -443 с.

4. Давлатшохи Самаркандй. Тазкират-уш-шуаро. Дастхати китобхонаи ба номи А.А. Семёнови Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ, № 84. -537 с.

5. Ибни Батута. Сафарномаи Ибни Батута. Ч,илди аввал. Тарчумаи доктор Мухаммад Алии Муахид. Техрон, 1370 х. -645 с.

6. Мирхонд, Мирмухаммад ибни Сайид Бурхониддини Ховандшох. Таърихи Равзат-ус-сафо. Ч,илди 5. Техрон, 1339 х. -628 с.

7. Петрушевский И.П. Земледелие и аграрные отношения в Иране в ХШ-Х^ веков. Москва-Ленинград, 1960. -492 с.

8. Фасехи Хавофй. Мучмали Фасехй. Мукаддима, тасхех, ва тахкики Сайид Мухсини Ночии Насрободй. Ч,илдхои 1-3. Техрон: Асотир, 1386 х. -1472 с.

9. Хондамир, Гиёсуддин Химомуддин ал-Хусайн. Таърихи хабиб-ус-сияр. Ч,илди саввум. Зери назари доктор Мухаммад Дабири Сиёкй. Техрон, 1353 х. -759 с.

10. Шабонкорай Мухаммад ибни Алй ибни Мухаммад. Мачмаъ-ул-ансоб. Ба тасхехи Мир Хошими Мухаддис. Техрон: Амири кабир, 1363 х. -376 с.

ТАЪСИСИ ДАВЛАТИ САРБАДОРОНИ ХУРОСОН ВА ОБОЗИ ХУКУМАТИ АМИР ВАЧЕХУДДИНИ МАСЪУД

Дар макола масъалаи таъсиси давлати Сарбадорон дар Сабзавори Хуросон ва за-мони хукмронии амир Вачехуддини Масъуд мавриди баррасй карор гирифтааст. Дар сол-хои охири хукмронии Абусаъид дар шахри Сабзавор шайхони ахли мазхаби шиа, ки дар байни онхо рухияи зиддимугулй афзун гардида буд, бо сардории шайх Халифа ва чони-шини у шайх Хасани Ч,урй мардумро ба киёми зиддимугулй таргиб мекарданд. Муриду

муътакидони онхо зиёд шуданд ва барои амалй гардидани ин максад фурсати муносибро интизор буданд. Рузе шайх Халифаро аз сутуни масчид ба халк овехта ёфтанд ва муридон шайх Халифа дасти иродат ба шайх Хасан доданд. У мардумро бар зидди хокимони мугул ва мансабдорони махаллие, ки мугулхоро дастгирй мекарданд, ба исён даъват мекард. Ин харакати оммавие иборат аз хунармандон, камбизоатони шахрй ва кишоварзон буд, ки худуди зиёдеро дар бар мегирифт. Дар ин айём фиристодагони мугулии барои чамъова-рии молиёт ба дехаи Боштин омада ба занхои ин деха дастдарозй карданд ва ба катл расонда шуданд. Барои дастгир намудани гунахкорон навкарони мусаллахи мугулй ба Боштин фиристода шуданд ва мардум бо сардории Абдурраззок ном сокини ин деха чанд тан аз навкарони мугулиро сар заданд. Абдурраззок ахли дехаро чамъ оварда, ба мубо-ризаи зидди мугулон даъват намуд ва гуфт, ки мо ё ба зуроварй хотима дода, золимонро нест мекунем, ё сари мо дар сари дор монад. Аз ин сабаб онхо лакаби Сарбадорро ги-рифтанд. Сарбадорон Сабзаворро марказ интихоб намуданд. Баъди чанде миёни Абдур-раззок ва бародараш амир Вачехуддини Масъуд низоъ сар зад, ки дар натича Вачехуд-дини Масъуд бародарашро ба катл расонида, хукумати Сарбадоронро сохиб гашт. У шахри Нишопурро ба даст оварда, ба Хирот лашкар кашид, вале маглуб гашт ва баъди чанде дар Мозандарон ба катл расид.

Калидвожа^о: Сарбадорон, Сабзавор, шайх Халифа, шайх Х,асан, исён, Боштин, амир, Абдурраззок,, Вачехуддини Масъуд, Х,асани Цурй, мухориба.

ОБРАЗОВАНИЕ ГОСУДАРСТВА САРБАДАРОВ ХОРАСАНА И НАЧАЛО ПРАВЛЕНИЯ ЭМИРА ВАДЖЕХУДДИНА МАСЪУДА

В статье рассматривается вопрос о создании государства Сарбадоров в Сабзаворе Хорасана и времени правлении эмира Ваджехуддина Масъуда. В последние годы правления Абусаъида в городе Сабзавор шиитские шейхи, среди которых росли антимонгольские настроения, во главе с шейхом Халифой и его заместителем шейхом Хасаном Джури подстрекали народ к восстанию. Их ученики и последователи также ждали подходящего момента для достижения этой цели. Однажды шейха Халифа нашли повешенным на колонне мечети, и его последователи подчинились воле шейха Хасана. Он подстрекал народ к восстанию против монгольских правителей и местных чиновников, которые поддерживали монголов. Это было массовое движение ремесленников, городской бедноты и крестьян, охватившее большие территории. В один из дней монгольские посланники прибыли в село Боштин для сбора налогов, и хотели изнасиловать женщин этого села, но были убиты. Для ареста виновных в Боштин были отправлены вооруженные монгольские воины, и население во главе с жителем села Абдурраззаком убили нескольких из них. Аб-дурразак сплотил жителей деревни для борьбы с монголами, заявив, что «..мы пре-кратим насилие и устраним тиранов, либо пусть наши головы будут на виселице («голова на виселице» - тадж. сарбадор). Отсюда они и получили прозвище Сарбадор. Сарбадоры выбрали своим центром город Сабзавор. Вскоре после этого между Абдурраззаком и его братом эмиром Ваджехуддином Масъудом вспыхнула ссора, в результате которой Вадже-худдин Масъуд убил своего брата и захватил власть Сарбадоров. Он захватил город Ни-шапур и двинулся на Герат, но потерпел поражение, позже был казнен в Мазандаране.

Ключевые слова: Сарбадоры, Сабзавор, шейх Халифа, шейх Х,асан, восстание, Боштин, эмир, Абдурраззак, ВаджехуддинМасъуд, Хасан Джури, война.

FORMATION OF THE STATE OF SARBADORS OF KHORASAN AND BEGINNING OF REIGN OF EMIR WAJEHUDDIN MASUD

The article deals with the creation of the state of Sarbadors in Sabzavor of Khorasan and the time of the reign of Emir Vajehuddin Masud. In the last years of Abusayidkhan's rule in the city of Sabzavor, Shiite sheikhs, among whom grew anti-Mongol sentiments, led by Sheikh

- МУАРРИХ-ИСТОРИК-HISTORIAN -

Khalifa and his deputy Sheikh Hasan Juri incited the people to revolt. Their disciples and followers also waited for the right moment to achieve this goal. Once Sheikh Khalifa was found hanged on a column of a mosque, and his followers obeyed the will of Sheikh Hasan. He incited the people to revolt against the Mongol rulers and local officials who supported the Mongols. It was a massive movement of artisans, urban poor and peasants, covering large areas. One day the Mongol envoys arrived in the village of Boshtin to collect taxes, and they wanted to rape the women of this village, but were killed. Several of them were killed in order to arrest those responsible for the management system with a resident of the village Abdurrazzak. Abdurrazak rallied the villagers to fight the Mongols, declaring that "... we will stop the violence and eliminate the tyrants, or let our heads be on the gallows." Hence they received the nickname Sarbador. The Sarbadors chose the center of Sabzavor as their city. Soon after, a quarrel broke out between Abdurrazzak and his brother, Emir Wajehuddin Masud, as a result of which Wajehuddin Masud killed his brother and seized power from the Sarbadors. He captured the city of Nishapur and moved to Herat, but was defeated and later executed in Mazandaran.

Key words: Sarbadors, Sabzavor, Sheikh Khalifa, Sheikh Hasan, uprising, Boshtin, emir, Abdurrazzak, Wajehuddin Masud, Hasan Juri, war

Сведения об авторе: Саидов Абдукахор - доктор исторических наук, главный научный сотрудник отдела древней, средневековой и новой истории Института истории, археологии и этнографии имени А. Дониша Национальной академии наук Таджикистана. Адрес: 734025, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. ак. Раджабовых, 7. Teлeфoн: (+992) 919-13 41 84. E-mail: Saidov.45@mail.ru.

Information about the author: Saidov Abdukakhor - Doctor of Historical Sciences, Chief Researcher of the Department of Ancient, Medieval and Modern History of the A. Donish Institute of History, Archeology and Ethnography of the National Academy of Sciences of Tajikistan. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, st. ac. Radjabovs, 7. Telefon: (+992) 919-13 41 84. E-mail: Saidov.45@mail.ru.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.