Научная статья на тему 'ТАРЗИ БА РОҲ МОНДАНИ КОРИ ЛУҒАТОМӮЗӢ ДАР ТАЪЛИМИ МОРФОЛОГИЯ (СИНФҲОИ ИБТИДОӢ)'

ТАРЗИ БА РОҲ МОНДАНИ КОРИ ЛУҒАТОМӮЗӢ ДАР ТАЪЛИМИ МОРФОЛОГИЯ (СИНФҲОИ ИБТИДОӢ) Текст научной статьи по специальности «Гуманитарные науки»

CC BY
130
14
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
луғат / нутқ / тафаккур / грамматика / морфология / машқҳои луғавӣ / калимасозӣ.

Аннотация научной статьи по Гуманитарные науки, автор научной работы — Қаюмова Оминаҷон Эргашевна

Дар мақола оид ба масъалаҳои асосии ташаккули тафаккур ва нутқи хонандагони хурдсол дар раванди дарсҳои забони модарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Чи хеле ки қайд шудааст, мақсади асосии забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ инкишофи нутқ аст ва он ба маводи грамматикӣ, яъне имлоӣ такя мекунад. Аз ин рӯ, таълими забони модариро бидуни алоқамандии паҳлӯҳои гуногуни забонфонетика, лексика, морфология ва синтаксис тасаввур кардан имконнопазир, бахусус таълими аломатҳои морфологии ҳиссаҳои нутқро (исм, сифат, феъл), чунки аломату хусусиятҳои калимаҳо маҳз дар дохили ҷумла аёнтар гардида, ташаккули ҳусни баёнро сабуктар мекунад. Инчунин ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои синнусолӣ ва равонии хонандагони хурдсол ба риоя кардани принсипҳои педагогӣ: аз осон ба мушкил, аз содда ба мураккаб гузаштан, дар пояи илмӣ будан, пайдарҳамӣ муназзамӣ дар таълим, ба ҳаёти кӯдакон алоқаманд кардани таълим ва ҳанӯз аз қадамҳои аввалини таҳсил ба омӯзиш муносибати эҷодӣ кардан дар раванди омӯзиши маводҳои таълимиро тақозо менамояд, баён шудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ТАРЗИ БА РОҲ МОНДАНИ КОРИ ЛУҒАТОМӮЗӢ ДАР ТАЪЛИМИ МОРФОЛОГИЯ (СИНФҲОИ ИБТИДОӢ)»

ТКБ 74.20 (Я2) ТДУ 376 (03)

ТАРЗИ БА РО^ МОНДАНИ КОРИ ЛУГАТОМУЗЙ ДАР ТАЪЛИМИ МОРФОЛОГИЯ (СИНФ^ОИ ИБТИДОЙ)

ЦАЮМОВА ОМИНА^ОН ЭРГАШЕВНА

Сармуаллимаи кафедраи Н ва МТЗМ, МДТ "Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобочон Гафуров" Хучанд, Точикистон

Аннотасия. Дар мацола оид ба масъалщои асосии ташаккули тафаккур ва нутци хонандагони хурдсол дар раванди дарс^ои забони модарй мавриди баррасй царор гирифтааст. Чи хеле ки цайд шудааст, мацсади асосии забони модарй дар синфцои ибтидой инкишофи нутц аст ва он ба маводи грамматикй, яъне имлой такя мекунад. Аз ин ру, таълими забони модариро бидуни алоцамандии пщлууои гуногуни забон-фонетика, лексика, морфология ва синтаксис тасаввур кардан имконнопазир, бахусус таълими аломащои морфологии циссщои нутцро (исм, сифат, феъл), чунки аломату хусусиящои калимщо мщз дар дохили цумла аёнтар гардида, ташаккули %усни баёнро сабуктар мекунад.

Инчунин ба %исоб гирифтани хусусият^ои синнусолй ва равонии хонандагони хурдсол ба риоя кардани принсищои педагогй: аз осон ба мушкил, аз содда ба мураккаб гузаштан, дар пояи илмй будан, пайдарцамй муназзамй дар таълим, ба %аёти кудакон алоцаманд кардани таълим ва %ануз аз цадащои аввалини тщсил ба омузиш муносибати эцодй кардан дар раванди омузиши мавощои таълимиро тацозо менамояд, баёншудааст.

Калидвожах,о: лугат, нутц, тафаккур, грамматика, морфология, машц^ои лугавй, калимасозй.

Маълум аст, ки тараккиёти маорифи чумхурй аз бисёр чихатхо ба ташаккулу гузориши дурусти чараёни таълиму тарбия дар мактабхо вобаста аст.

Солхои охир бо максади такмили таълиму тадрис дар синфхои ибтидой бо барномаву накшаи таълимй, китобхои дарсй, усули таълими фанхои чудогона тагйиротхои чиддй дароварда шудаанд.

Фанни педагогика собит менамояд, ки дар самарабахшии таълим нутки хаматарафа инкишофёфтаи талабагон багоят ахамиятнок аст. Аз ин ру, хануз дар таълими ибтидой ба кори инкишофи нутк эътибори чиддй доданд, ки дар фаъолияти донишандузии хонандагон мавкеи калон дорад.

Маълум аст, ки нутки хдматарафа инкишофёфта боиси дуруст аз бар намудани дониш аст. Нутки кудакон хар чй кадар инкишофёфта бошад, вай фикрашро хамон кадар осон ва озодона баён карда метавонад ва фикри дигаронро бе душворй дарк менамояд.

Тачрибахо нишон медиханд, ки дар кори лугатомузй ва умуман дар кори инкишофи нутк накши грамматика беандоза аст. Дар дарсхои забони точикй на факат донишхои грамматикй - имлой дода мешаванд, инчунин ба шаклхои грамматикй ва хосиятхои маъновии онхо эътибор дода мешавад ва замини онхо нутки кудакон ташаккул ва инкишоф дода мешавад.

Дар ин хусус Н.И. Рождественский чунин мегуяд: «Инкишофи нутки хонандагон на факат тавассути азхудкунии донишхои грамматикй ба рох монда мешавад, инчунин бо рохи дарккунй ва истифодаи донишхои грамматикй бо рохи дарккунй ва истифодаи лугат ба рох монда мешавад.

Кори лугатомузй нисбат ба омузиши грамматика камтар таваччухро талаб намекунад, зеро он барои аз бар намудани махорати инкишофи аклй ва фахмидани зухуроти грамматикй зарур аст.»[5.39]

Барои инкишофи нутки хонандагон, инчунин, барои лугатомузй мавзуъхои морфологй имкониятхои калон доранд. Дар таълими мавзуъхои мазкур муаллим имконият дорад аз намудхои гуногуни машкхои лугатомузй истифода кунад. Бошуурона аз бар намудани коидахои грамматика ва имло дар ташаккули инкишофи кобилияти фикрронии кудак бе таъсир намемонад. Бахусус, кисмати морфология дар инкишофи нутк ва тафаккури кудакон ахамиятнок аст.

Морфология яке аз кисматхои калону мураккаби забоншиносй буда, дар синфхои ибтидой дар тули чор сол таълим дода мешавад, ки барои инкишофи нутки мураттаби хонандагон имкониятхои калон дорад.

^исмати морфология бо лугат, хусусиятхои маъногии калимахо сарукордор мешавад. Дар забони точикй махз бо рохи калимасозй калимахои нав ба нав сохта мешаванд, ки ин яке аз воситахои мухими инкишофи нутки кудак аст.

Дар таълими ибтидой асосан се х,иссаи нущ-исм, сифат ва феъл таълим дода мешавад. Дар яки онхо аз руи хусусиятхои маъновии худ барои бой намудани захираи лугавй ва фаъолонидани он имконияти калон дорад.

Вале афсус мушохидахо нишон медихад, ки муаллимони мо хангоми таълими морфология ба таълими хусусиятхои морфологии хиссахои нутк махдуд шуда, ба хусусиятхои лугавию маъновии онхо кам эътибор медиханд. Машкхое, ки доир ба мавзуъхои морфологй гузаронида мешаванд, бештар хусусияти грамматикй - имлой дошта, кисми зиёди дарс ба фахмонидани хусусиятхои морфологии он сарф мешавад ва кор бо хусусияти маъновии онхо ба накшаи дуюм гузошта мешавад.

Аз тарафи дигар китоби дарсии «Забони модарй» низ барои машкхои лугавй -семантикй дар таълими хиссахои нутк маводи кофй дода наметавонад. Дар рафти дарсхои забони модарй бо баробари аломатхои морфологй бояд хусусиятхои маънавии онхо: сермаъногй, гуногунмаъной, зидмаъной ва ба маънои мачозй омадани калимах,о мавриди тах,лил карор ёбад, вагарна таълими он ба инкишофи нутк ва тафаккури кудак дуруст мусоидат намекунад.

Як катор олимон ва муаллимони пешкадам дар корх,ои тадкикотй ва макола^ои методии худ рох, ва восита^ои ташкили лугатомузй, умуман кори инкишофи нуткро нишон медиханд. Дар ин хусус М.Р. Львов дар асари худ «Речь младших школьников и пути её развития» ба таври умумй бошад хам, маълумот медихад. Мувофики акидаи у «кори инкишофи нутк - чараёни мураккаб ва эчодист. Он бе хиссиёту шугли мунтазам гайри имкон аст. Фикри кудакро бо микдори муайяни калима, ибора ва чумлахо бой намудан кофй нест. Инкишофи нутк дорои усулхои махсуси худ, намудхои машк, барномаи махорати худ мебошад, ки онро фанни методика таъмин менамояд.»[4.78]

Вай дар асари мазкур алокаманд намудани корхои лугатомузиро ба машкхои ибораю чумласозй махсусан таъкид менамояд ва ба тарики умумй намудхои машкро нишон медихад.

Мо дар асоси гуфтахои болой барои инкишоф ва ташаккули нутки хонандагони синни хурди мактабй машкхои махсус тартиб додем ва онро пеш аз хама ба се гурух таксим намудем.

1. Машкхои характери тахлил дошта:

а) Аз матни махсус тартиб додашуда, чудо карда тавонистани калимахои хаммаъно, наздикмаъно ва мукобилмаъно.

б) Аз матн ба гуруххо чудо карда тавонистани харакат, амал, холат ва муносибатхои гуногунро ифодакунанда, ба ба гуруххо чудо кардани исм, калимахои аломатро ифодакунанда.

в) Аз матн чудо карда тавонистани иборахои устувори забони точикй ва бо воситаи овардани синонимхои он эзох додани маънои аслии онхо.

г) Аз чихати маънои лексикй ба гуруххо чудо кардани калимахои тавсияшуда: хаммаъно, зидмаъно ва наздикмаъно.

д) Аз матн чудо кардани калима ва иборахои ба маънои мачозй омада, эзохи он тавассути овардани синоними онхо.

2. Машкхои характери синтетикй (таркибй) дошта.

а) Тартиб додани чумлахо бо калимахои хаммаъно, наздикмаъно ва зидмаъно.

б) Тагийр додани чумла бо воситаи иваз кардани исм, сифат ва феъл, чумла бо синонимхо.

в) Пурра намудани чумла бо интихоби яке аз калимахои хаммаъно ва ё наздикмаънои дар кавсайндодашуда.

г) Ба чои нуктахо гузоштани калимхои мувофик.

д) Ба номи ашё гирд овардани амалу харакат, аломату хусусияти хаммаъно ё наздикмаъно.

е) Ба номи ашё овардани феъли мувофик ва ба он интихоб намудани калимаи зидмаъно, сипас ба онхо овардани феълхои наздикмаъно.

ё) Накли мазмуни матн бо иловахои эчодй: тагийр додани замон, шахсу шумора, давом додани хикоя ва гайра.

ч) Тартиб додани чумлахо бо калимахои тавсияшуда ва воситахои образноки забон.

2. Машкхои характери тахлилу таркиб дошта.

а) Тартиб додани чумла аз калимахои пароканда ва эзох додани калимахои сермаънои таркиби он (хондан - мутоила намудан, хонадн - тахсил кардан, хондан -даъват намудан, сабз - ранг, сабз - феъли фармоиш)

б) Тартиб додани матни алоканок аз чумлахои пароканда ва иваз кардани феъли хамаъно ва наздикмаъно.

в) Пурра кардани чумлахои феълие, ки дигар хиссаи нутки онхо дода нашудааст.

г) Тартиб додани чумлахо дар асоси мушохида ва тачрибаи хаётй ва кор аз болои хусусиятхои маънавии калимахои таркиби чумла.

д) Накл бо иловахои эчодй, ки хусусиятхои маънавии калимахо дар мадди аввал гузошта мешаванд.

е) Кор бо лахчаю шева ва машкхои бартарафкунандаи диолектизмхо дар нутки хонандагон тавассути истифодаи синоними онхо.

ё) Кор бо феълхои ба маънои мачозй омада ва истифодаи онхо дар нутки зинда.

Нафахмидани маънои калима ва мавриди истифодаи он ба фаъолияти донишандузии хонандагон низ таъсири манфй мерасонад ва дар ин хусус гуфтахои К.Д. Ушинский чоизанд: «Кудаке, ки ба дуруст дарк намудани мохияти калима одат накардааст, маънои калимаро норавшан ва ё тамоман намефахмад, махорати дар нутк озодона истифода намудани онхоро намедонад, зимни камбудихои мазкур дар омузиши фанхои дигар низ мушкилй мекашад» [8.65]

В.И. Тихеева дар ин хусус чунин мегуяд: «....иваз намудани як калима бо калимаи дигар бештар мувофик,....рох надодан ба такрори калимахо. таъкид намудани калимаи «муваффакиятноку нишонрас» интихобшуда асоси кори инкишофи нутк ва ташаккули хусни баён аст»[7.22]

Максади асосии таълими ибтидоии забони модарй дар синфхои ибтидой инкишофи нутк ва тафаккури хонандагон аст ва таълими грамматика дар он мавкеи махсус дорад.

«Вазифаи таълими ибтидой бо додани микдори муайяни донишхо махдуд намешавад. Мактаб мунтазам хиссаи донишандузии хонандагонро инкишоф медихад, нисбати хониш, онхоро шавкманд намуда, кобилияти фикронии онхоро инкишоф медихад»[7.26]

Барномаи таълимии синфхои ибтидой дар дарсхои забони модарй таълими назарияи лексикаро дар назар дорад. Талабагон аз лексика маълумотхои оддитаринро зимни машкхои амалй мегиранд.

Кори лугатомузй дар асоси маводи китоби дарсй гузаронида мешавад. Тахлили китоби «Забони модарй» нишон медихад, ки аксарияти феълхои таркибии он ба талабагон шиносанд. Лекин дар баробари он дар китоби дарсй калима ва иборахое чой доранд, ки маънои онхо барои бачахо норавшананд. Ба монанди «кор чушидан», «деги

нафас чушидан», «ханда кардани офтоб», «андешидан» феълхои сермаънои «андохтану фишурдан» ва гайрахо.

Албатта аксар маънои лугавии калимахои ношинос дар мазмуни чумла ё матн равшан мешавад. Лекин калимаю иборахое чой доранд, ки маънои онхоро дар матн низ равшан кардан душвор аст. Дар ин сурат шархи муаллим ё гузаронидани ин ё он намуди машкхои лугавй - маъной ногузир аст.

Дар китоби забони модарии синфхои ибтидой жанрхои гуногуни асархои бадей оварда шудаанд, ки аз воситахои образноки забон саршоранд ва кор аз болои маънои онхо барои ташаккулу инкишофи нутки маданй кумак мерасонад.

Аз мисолхои болой бармеояд, ки эзохи ин калимаву ибораи мачозии феълй муаллимро хоху нохох бо машкхои лугатомузй ру ба ру месозад, зеро барои эзох он ногузир синонимхо ва ё амалхои хоси он оварда мешаванд. Китоби забони модарии синфхои ибтидой дар кори машкхои лугатомузй маводи фаровон дода метавонад ва ба хамин восита алокаи дарси хониш бо забони модарй таъмин кардан мумкин аст.

Вобаста ба мазмуни супориш ва дарачаи донишу инкишофи хаматарафаи шахс он дар шакли амалй ва хам дар шакли чамъбасткунии амалхои фикрй зухур меёбад. Шакли амалии тахлилу таркиб бештар дар синфи 1-2 чой дошта, талабагони синфи 4 бештар ба тахлилу таркиби фикрй машгул мешаванд.

Чизи дигар дар самаранокии фаъолияти фикрии кудак бедор намудани шавку хавас, майлу хохиш ва ичрои супориш мебошад. Аз мушохидахо бармеояд, ки хангоми бо шавку хавас ба ичрои супориш даст задани хонанда, кори вай махсулнок мешавад ва ба тезй хаста намегардад.

Яке аз шартхои таълими самарабахшии таълим дар синфхои ибтидой то хадди имкон ба муддати дароз чалб намудани диккати талаба ба ичрои супориш мебошад ва восита ба он ба вачх овардани хонандагон мебошад. Ба вачх овардан, бедор намудани шавки хонанда ба нисбати ичрои супориш барои ташаккули диккати у кумак мерасонад.

Таълим ин мехнат аст ва диккати талаба хамон вакт мустахкам мешавад, кувват мегирад, агар мехнати у фаъолияти фикрии тезро такозо намояд.

Яке аз хусусиятхои асосии фаъолияти аклии хонандагони синни хурди мактабй характери амалй доштани фаъолияти дарккунй, донишандузии онхо мебошад. Агар хонандагони синфи болой фикран чумлахоро тахлил намуда, хусусиятхои морфологии ин ё он хиссахои нуткро чудо карда эзох дода тавонад, барои хонандагони синфхои ибтидой ин кор душвор аст, барои ин фаъолияти амалй лозим аст. Масалан: ба гуруххо чудо кардани калимахо аз руи маъно, ичрои машкхои лугавй - мантикй ва дигархо. Тахлилу таркиби хонандагони синфхои ибтидой характери амалй дорад. Аз ин ру, тадричан супоришу маводи таълимиро мураккабтару васеъ намудан хонандагонро аз фаъолияти амалй ва тахлилу таркиби фикрй гузоштан омода намудан зарур аст.

Хулоса, дар хонандагони синфхои ибтидой махорати аз бутун чудо кардани чузъхои якумдарачаву мухим ва фарк карда тавонистани он аз фикри дуюмдарача, муайян намудани алокамандии онхо, равон карда тавонистани фаъолият мувофики супоришоти муаллим, махорати аз як система ба системаи дигар равон кардани амалро таълим дихад.

АДАБИЁТ:

1. Эмомалй Рахмон. Паёми Президенти Чумхурии Точикистон «Дар бораи самтхои сиёсати дохилй ва хоричии Чумхурии Точикистон». - Душанбе, 26-декабри с. 2018. - С.

2. Барномаи таълимии синфхои ибтидой. -Душанбе: ЧДММ Офсет, 2012.-111 с.

3. Выготский, Л.С. Проблема возрастной периодизации детского развития/ Л.С. Выготский. - М. : Просвещение, 2013. - 286 с.

4. Львова С.И. Словообразовательная модель как объект анализа на уроках русского языка // Русский язык в школе. - 1993. № 3. - С. 10 - 11.

5. Рождествеский Н.С. Кустраева В А «Методика начального обучения русскому языку». М.1965.

6. Стандарти зинаи тахсилоти ибтидой.- Душанбе: Маориф. 2016.-156с

7. Тихеева Е.И. Родная речь и пути её развития. - Петроград, 1923. - с.90-104.

8. Ушинский К.Д. Избранные произведения. - Вып.2. Родн.яз. в нач. школе. Издание АПН РСФСР, 1964. - с.695. Шарифов Э. Методикаи инкишофи нутки мактабиёни хурдсол», Хучанд: «Хуросон», 2008. - 271с.

9. Шарифзода Ф., Сабуров Х.М., ^аюмова О.Э. Фикр карданро бояд омухт.-Хучанд: «Меъроч», 2022. - 296 с.

26.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.