УДК 8т1 ВД.МУСОЗОДА
ББК 83.3(0)4
ТАРИКАТ ВА ^АРАЁН^ОИ ОН АЗ НИГО^И А^ЛИ ТАСАВВУФ
ВА ШОИРОНИ ОРИФ
Аксар фархангномахо ва луготи мавчуда зери мафхуми тарикат ё тарифа рохи ростро маънигузорй кардаанд. Аз чумла, дар "Фарханги забони точикй" зери мафхуми тарикат "роху равиш; мазхаб"(13, 330) ва дар «Лугатнома»-и Деххудо(2, 632) мазхаб, равиш, сиратро низ гуфтаанд. Аммо дар истилохи ахли тасаввуф тарикат, рохи ахли сулолаест, ки бо максади кашфи макомоти олй ва расидан ба ахдофи олй ба рох баромаданд. Ба ибораи дигар, рохест, ки орифонро ба суи хакикат мебарад. Дар "Фарханги забони точикй" тарикат хамчун истилох "дар тасаввуф — мархилаи дуйум дар расидан ба хак" (13, 330) маънй шудааст.
Дар таснифоти ахли ирфон се зина ё гохо чахор зина мукаррар шудааст, ки аввал шариат, дувум тарикат ва савум хакикат мебошад. Дар баъзе шарху таснифот дар макоми савум маърифатро низ гузоштанд. Аз нигохи гурухе аз ахли тасаввуф, хоса ахли тарикати накшбандй бошад, мачмуан тарикат дорои нишонахои се нишона аст: дам, ;адам ва карам. Мурод аз дам нафаси ахли тарикат аст, равандаи ин рох бояд, ки бетахаммул дам назанад ба гуфтор.
Шайх Саъдй дар ин маврид мегуянд:
Бе тщаммул ба гуфтор мазан дам, Дер гуиву неку гуй чи гам?(11,78)
Мурод аз ;адам устувор будан аст. Яъне барои солик илму маърифат, акидаи рост ва соби-щадамй басо мухим ва зарур ба шумор меравад Бояд харгиз кадами сохибони тарикат андар ин рох налагжад. Мурод аз карам иборати пайваста, сафои калб, зикри бардавом ва интизори карами илохист.
Аз сарчашмахои таърихии рочеъ ба тасаввуф иншогардида равшан маълум мешавад, ки таърих маълум аст, ки илми тасаввуф дар бадали карнхои XI-XY бо таълимот ва назарияи ичтимоии худ дар байни оммаи васеъ макоми шоистаеро сохиб гардид.
Таълимоти тасаввуфй бо чараёнхои ахлокию маънавии худ ва аз он сабаб, ки бахри тазкияи нафсу рух як омили хеле мухим буд зуд ба хар тараф густариш пайдо кард. Меёърхои фалсафй ва ахлокии илми тасаввуф дар пайванд бо ахкоми дини ислом аз мамолики Шарки Миёнаву Шарки Наздик то Африкову Индонезия, ин тараф то Мовароуннахру Хуросон густариш пайдо кард. Дар ин бора дар бисёр таърихномахо ва осори дигари тасаввуфии асри миёнаву замони муосир, аз чумла тазкирахои ирфонй иттилооти зарурй мавчуданд.
Аз чумла, Мавлоно Абдурахмони Ч,омй дар «Нафахот- ул- унс», Хусайн Воизи Кошифй дар «Ахлоки Мухсинй, Шайх Фаридуддини Аттор дар «Тазкират-ул-авлиё», Абдуллохи Ансорй дар «Кдиандарнома», Имом Хучвирй дар «Кашф-ул-махчуб» ва чанде дигарон дар бораи гуногунии назарияхо ва равияхои тарикати ахли тасаввуф мулохиза баён намудаанд. Масалан Мавлоно Мухаммад Ч,алолуддини Балхй, ки бо «Маснавии маънавй»-и худ оламу одамро мусаххар карда буданд, дар карни худ бахри сафои калби ахли имон хидмати шоиста ба сомон расонидааст. Дар олами ирфон дасти пир гирифтан, чанд муддат мурид будан, сохиби дуо ва сохиби маком гаштан Мавлоноро сохиби обруи хосе дар тасаввуфи исломй гардонд.
Пайдост, ки Пири Румй дар олами ахли тасаввуф сохиби тарикати хосе бо номи мавлавия буда, хамчун муриди Шамси Табрезй низ шухрати тамом касб намудааст. Гуянд, ки азбаски асоси таълимоти эшонро тавхид ва тасфияи калб ва ручуъ танхо ба Худои якто ба вучуд оварда буд, теъдоди муриду пайравонашон аз шумур берун буд. Тарафдорони андешаву оро ва мазхаби Мавлоноро пайравони тарикати мавлавия меномиданд. Асоси ин тарикатро мурокаба ва самоъ ташкил медод. Соликон аз рохи зикри бардавом ва талкину тахлил хастии худро фаромуш мекарданд ва калбу рухи онхо халоват мебурд. Пайравони тарикати мавлавия то хануз дар Эрону Ирок, дар Туркия ва Осиёи Миёна вучуд доранд. Храмин тавр хар он пире, ки тарикатеро ба рох монад ва муршиди он гардад, ин тарикат бо зикри номи хамон пир эълон мешавад. Тавре, ки пайравони тарикатеро, ки ба он Шайх Начмуддини Кубро асос гузоштааст, пайравони тарикати кубравия меномад ва хамин тавр пайравони Мансури Халлочро халлочия. Барои маърифати бештари фахмиши ирфонии тарикат тавзехи пиру мурид хамчун ду мафхуми мухими тасаввуфй ва хамзамон мукарраркунандаи аслу мохияти тарикат зарур аст.
Бузургии Мавлоно Ч,алолуддини Румй дар хамин аст, ки ишон пеш аз он, ки чун пири сохибкаромат маълум гарданд, сараввал домани пир гирифтанд ва дар хидмат афтоданд. Пасовандони Мавлоно ин макоми эшонро ба гунаи зайл шарх додаанд:
Х,ец кас аз пеши худ чизе нашуд, Хрц оцан ханцари тезе нашуд. Хец Мавлоно нашуд муллой Рум, То муриди Шамси Табрези нашуд (9, 45).
Дар Девони Шамс хам борхо худи Мавлоно макоми ирфонии пири худ Шамси Табрезиро дар гояти аслии ирфонй тафсир намуда, аз чумла фармудааст:
Пири ману муриди ман, дарди ману давои ман,
Фош бигуфтам ин сухан, Шамси ману Худои ман (9, 72).
Махмуд Аъзами Дахбедии Самарканда, ки яке аз орифони асри 16 ба шумор меравад, бо илхом гирифтан аз рубоии дар боло зикршуда менависад:
Хец касро аз худ ангезе нашуд,
Хрц кас аз хештан чизе нашуд.
Донам ангуру тухми харбуза,
То бари деццон нарафт, чизе нашуд.
То бурун н-оранд оцанро зи санг,
«Хрц оцан ханцари тезе нашуд».
Хрц цалвогар нашуд устоди кор,
То, ки шогирди шакаррезе нашуд.
Номи Мавлоно нашуд султони ишц,
«То муриди Шамси Табрези нашуд» (12, 60 ).
Пиру муршид дар ташаккули маънавиёги инсон ба поксозии зохиру ботини он, умуман устувор бокй мондани он дар имону эътикод дар ичрои авомили илохй хамчун рахнамову хода макоми хосса доранд. Дар илми акоид меоранд: «Агар пурсанд, ки чумлаи пирон чанданд, чавоб биту, ки сиву хафтанд. Аввал чахор пири шариат, дуввум чахор пири тарикат, саввум чахор пири хакикат, чахорум, чахор пири ихлос, панчум, чахор пири аркон, шашум, чахор пири мазхаб, хафтум, панч пири маърифат, хаштум хашт пири муттакии мушфику рахнамо. Агар пурсанд, ки он чахор пири шариат кадоманд, чавоб биту, ки аввал, Одами сафийюллох, дуюм, хазрати Нухи набийюллох, саввум, хазрати Иброхими халилуллох, чахорум, хазрати Мухаммади мустафо саллаллоху алайхи ва саллам. Агар пурсанд, ки чахор пири тарикат кадоманд, чавоб биту, ки аввал, хазрати Абубакри Сиддик разияллоху анху, дуюм, хазрати Умари Форук разияллоху ъанху, сеюм, хазрати Усмони зин-нурайн разияллоху ъанху, чахорум, хазрати Алй каррамаллоху вачхаху. Агар пурсанд, ки чахор пири хакикат кадоманд, чавоб биту, ки аввал, хазрати Чдбраил алайхиссалом, дуюм, хазрати Азроил алайхиссалом, сеюм, хазрати Исрофил алайхиссалом, чахорум, хазрати Микоил алайхиссалом. Агар пурсанд, ки чахор пири аркон кадоманд, чавоб бигу, ки аввал, Султон-ул-орифин Хоча Ахмади Яссавист, дувум, Султон Шох Носир, саввум, Имом Мусои Ризо, чахорум, Шайх Низомуддини Вокиф, рахматуллохи алайхим. Агар пурсанд, ки чахор пири мазхаб кадоманд, чавоб бигу, ки аввал, хазрати Абу Хднифа, яъне имоми Аъзам дувум, хазрати имом Шофий, саввум, хазрати Имом Молик, чахорум хазрати Имом Ахмади ханбал рахматуллохи ъалайхим. Агар пурсанд, ки панч пири маърифат кадоманд, чавоб бигу, ки аввал, хазрати Шайх Шамсиддини Табрезй, дувум, Мавлоно Ч,алолуддини Румй, саввум, Шайх Саъдии Шерозй, чахорум, Шайх Фаридуддини Аттор рахматуллохи алайхим. Агар пурсанд, ки хашт пири муттакию мушфику рохнамо кадоманд, чавоб бигу, ки аввал, падару модар, дувум, падаркалон, саввум, падарарус, чахорум. Устоди илм, панчум устоди касб, шашум, устоди сартарош, хафтум, гассол, яъне покшу, хаштум, пири рохнамо. Валлоху аъламу бис-савоб».
Хусайн Воизи Кошифй дар «Футувватномаи султонй» андар баёни одоби ахли тарикат ва муносиботи пиру мурид як боби алохида чудо кардааст. Кошифй дар дебочаи сухан кавли Мавлоноро ёдрас мекунад, ки гуфтаанд: «Дар ин рох (яъне, тарикати ахли тасаввуф - ХД.М) иблиссифотони бисёре вомехуранд дар киёфаи адам. Модоме, ки чунин аст на ба хар кас метавон даст дод» .
Пиру муршид, яъне он касе, ки дар ин ё он тарикат рохнамой мекунад ва мардум ба он иродат кардаанд бояд, ки бо хислатхои зерин ороста бошад: Пири комил кабл аз хама бояд дар имону эътикод устувор ва сохиби илми расо бошад. Зеро хеч шуглу пеша ва хеч роху равиш бе илму маърифат арзиш надорад ва устувор нест. Пир бояд ба ахд устувор, сахию дасткушод ва рухан бошучоъ бошад. Пир бояд сохибтафаккур, хушгумон, мушфику мерубон. халиму хоксор, сохиби авфу карам, сохиби хулки хул ва сохиби руи ботабассум бошад. Пири тарикат бояд, ки хушмулохаза, ботамкину викор ва дар хама холати фавкулодда хотирчамъу осоишта бошад. Пири тарикат аз хама мухимаш бояд, ки ба пире хидмат карда ризоият ва дуъои уро барои идомаи сулукат гирифта бошад.
Муридро низ андар рохи тарикат шуруту одобест. Решаи калимаи мурид аз боби «арода-юриду»-и каломи араб аст. Мурид, бар вазни исми фоили ин боб аст. Ба маънои пайравшудан ва бо ихлосу ирода паи некон рафтан.
Мурид ва танхо мурид будан касро ба манзили мурод мерасонад. Муридро дар рохи расидан ба максади нихой танхо иродаи у кумакрасон аст. Ва танхо ирода мояи саодат аст. Бехуда нагуфтаанд:
«Иродат надорй, саодат мачуй».
Мурид бояд, ки пеш аз хама болит бошад. Зеро ки хар касе ба синни балогат нарасида бошад, тавбаи у назди ахли тасаввуф тавба нест ва тавба хам кунад, тавбааш сазовори боварй нест. Сониян бояд окил бошад. Мурод аз ин шарт яъне у рухан солим бошад. Дигар ин, ки мурид бояд сохиби азм, сохиби майл ва ба тахкик толиби илм бошад. хамчунин мурид сохиби садокат, мутиу фармонбардор, сохиби фаросат, сохиби зехну идрок ва ба сабру каноъат бошад. Аз хама мухимаш мурид бояд, ки дар рохи тарикат танхо ба як пир дасти инобат дода бошад(6,37).
Дар «акоид» меоранд агар пурсанд, ки зиннати ахли ирода дар чист, чавоб бигу, ки дар зухду пархез. Агар пурсанд, ки вазифаи асосии мурид назди пир кадом аст, чавоб бигу, ки самъу тоъат, яъне шунидану аз худ кардан.Агар ба осору ашъори шоирони классикии форсу точик бо назари мушохада нигарем, пас мебинем, ки онон низ тибки нигоху меъёри худ пиру муршид доштанд. Хоча Хрфизи Шерозй бо интикод аз гуфтори ночуяи зохиди зохирпараст нохинчор шуда дар холе ки худро «Бандаи пири харобот» меноманд, мегуяд:
Зоциди зоцирпараст аз цоли мо огщ нест,
Дар цаци мо цар чи гуяд, цойи цец икроц нест...
Хрр чи цоцад, гу биеву щр чи хоцад, гу бигу,
Кибру нозу цоцибу дарбон бад-ин даргоц нест.
Бандаи пири хароботам, ки лутфаш доимист,
В-арна лутфи шайху зоцид гоц цасту гоц нест (15,95-96).
Хдмчунин яке аз орифон ва мутафаккирони бузурги мо, муаллифи «Авроди фатхия» Мир Сайид Алии Хдмадонй, чунин мегуяд:
Эй Али, рав назаре кун зи сари сидцу вафо, Ки ба цое нарасид бе назари пир мурид (7, 62 ).
Омузиши тарикат ва чараёнхои ахли тасаввуф нишон медихад, ки онхо бо мачмуъахо, бо макомот ва бо услубу оинхои худ аз хамдигар фарк мекунанд ва дар давоми хашт нух садаи охир шумораашон хеле зиёд гардидааст.
Мухаккики таърихи тасаввуф, олими точик МДазраткулов рочеъ ба чараёнхои тасаввуф ва шумори онхо навиштааст: «Дар бораи микдори силсилахо дар адабиёти суфия фикру мулохизахои гуногуне мавчуданд. Луи Масинон дар «Тарикат» ном маколаи дар «Доират-ул-маъориф» навиштааш фехристи зиёде аз 180 фиркаро меорад. Муаллифи «Тароик-ул-хакоик» низ баъди овардани «Силсилахои чахордахгонаи тасаввуфй аз хусуси дигар фиркахо низ маълумот медихад. Хдчвирй дар «Кашф-ул-махчуб» силсилахои то замонаш, яъне асри 12 мавчудро арзьёбй намуда, менависад, ки «Эшон дувоздах гуруханд ва дуи эшон мардуданд» ва дах макбул ва хар синферо аз эшон муомилоти хуб ва тарикати сутуда аст». (14, 135)
Пажухишгарони тасаввуф, инчунин як катор шаркшиносону мухаккикони муосири мо низ тарикатхои умда ва машхурро 12, 18, 24 ва аз ин беш медонанд. Дар ин макола асосан эхтимом бар шарху тавзехи ному муассисони хашт тарикати маъруфи олами тасаввуфро изхори назар шуда, дар мавриди чор тарикати асосй маълумоти бештар баён хохад шуд.
Чунайдия. Муассиси тарикати чунайдия, Абдулкосим Чунайди Багдодй аст. Ин чараён дар таносуб ба дигар силсилахо муътадил буда, барои пайдоиши дигар равияхои тасаввуф заминагузор шудааст. Азбаски таълимоти чунайдия дар доираи ахкоми дини Ислом шаклбандй шуда буд, дар замони худ дар Ироку Эрон ва нимчазираи араб пайравони зиёд дошт.
Кубравия. Асосгузори тарикати кубравия Шайх Начмиддини Кубро буда, таълимоти асосии ин чараён зикру тасбехи хуфёна аст. Соликони ин тарикат асосан таквою зухд ва хилватнишиниро ихтиёр мекунанд. Шугли асосиашон тиловати Куръон ва ибодати бардавом мебошад. Тарикати кубравия дар Ироку Эрон, дар мамолики Осиёи Миёна, хусусан да Хоразму Хонакох густариш пайдо карда буд. Асосгузори тарикати Неъматуллохия Шох Нематуллохи Валй буда, у баробари пиру муршид буданд таълифу эчод хам мекард. Назарияи амик ва ашъори суфиёнаи у ба он мусоидат намуд, ки дар Бухорою Самарканд ва дар Балху Хирот соликони зиёд ба у дасти инобат дароз кунанд. Ин тарикат дар асри 14 байни дигар фиркахои ахли тасаввуф нуфузи бештар дошт.
Каландария. Бунёдгузори тарикати мазкур Шайх Ч,амолиддни Совачй аст. Ин тарикатро аз он боис, ки дарвешию каландариро пеша кадаанд, тарикати каландария гуянд. Соликону пайравони ин тарикат асосан сафои руху калбро мухим дониста тарки хавою хавас мекарданд. Яке аз шоирони мутасаввифи маъруфи асри 11 Абдуллохи Ансорй бо таваччух ба ин тарикат асаре навишта буд, ки мусаммо ба «Каландарнома» мебошад ва чавхари таълимоти онро шарху тавзех медихад.
Хамин тавр, намояндагони ахди тасаввуф дар тазкирахо ва осори дигари худ номи даххо тарикату силсилахоро амсоли Ч,алолия, Акбария, Носирия, Ваххобия, Юсуфия, Хафифия, Шайхия, Хабибия, Бектошия, Захабия, Хайдария, Сухравардия, Сафовия, Хоксория ёдрас шуда ва дар мавриди накшу маком онхо дар хаёти ичтимой ва маънавии мардуми асрхои миёна мулохизаронй намудаанд, ки вокеан хар яке барои рушди тасаввуфи исломй таъсиргузор мебошанд.
Акнун назаре меандозем бар таркиби чахор тарикате, ки дар олами тасаввуф нисбатан маъмуланд. Муассиси тарикати Маломатия Хамхун Ибни Ахмад ибни Кассор мебошад. Аммо Кассорро дар баъзе тазкирахо бо номи Абу Солехи Маломатй ёд мекунанд. Пайравони ин силсиларо дар олами тасаввуф пайравони тарикати Кассория низ мегуянд. Таълимоти ахли ин тарикат асосан дар Ирок нуфузи зиёд дошт. Мувофики акидаи маломатиён бояд тамоми аъмоли хайри инсон танхо барои Худо ба чо оварда шавад ва он бояд аз риё дур бошад. Агар дар ибодат хулуси ният набошад ё солики рох бахри шухрат ёрй кадам занад, у ба максад намерасад. Fояи асосии онхо ба кибру гурур рох надодан буда, то хадди имкон кушиш мекунанд, ки аз шухратёру сарфарозшудан дар канор монанд. Агар мардум ба онхо таваччух кунанд, то ки авом аз онхо руйгардон шаванд, пеши назари мардум ба гунохе даст мезананд ё алфози кабехро ба кор мебаранд то худро ба маломат гирифтор кунанд. Аз хамин сабаб пайравони ин тарикатро маломатия номанд. Таълимоти суфиёна ва зухду таквои онхо имкон дод, ки ин тарикат дар саросари Мовароуннахру Хуросон доман пахн кунад.
Тарикати дигарро Кодирия гуянд. Асосгузори ин тарикат Шайх Абдулкодири Гелонист. У дар асри 12 ин тарикатро таъсис дода худ, ки сохиби илми расо ва фаросати амик буда, пайравони худро дар мархалаи аввал танхо ба тахсили илм даъват намуд. Шайх Абдулкодири Гелонй шухрати калон дошт ва миёни намояндагони ахли тасаввуф бо унвони «Шайх-ул-Машрик» ё «Гафс ул аъзам», маъруф буд. Худ чун пиру муршид захамоти зиёд мекашид ва ахли тарикаташро ба ибодати пайваста талкин менамуд Шайх Абдулкодири Гелонй аз тобеъини ахли суннати шахри Багдод буд. Минбаъд шухрати ин тарикат то ба Х,инд рафт ва хонаводаи шоири маъруф Мирзо Абдулкодири Бедил низ пайрави ин тарикат буда, номи Абдулкодирро падараш ба эхтироми асосгузори ин чараён гузоштааст.
Поягузор ва муассиси тарикати тайфурия яке аз суфиёни софи ахли тасаввуф Боязиди Бастомист. Ин тарикатро аз он боис тайфурия номанд, ки номи мукаммали Бастомй Боязид Тайфур ибни Исо Бастомист. Дар баъзе тазкирахо уро Бистомй номанд.
Боязиди Бистомй дар натичаи таълимоти зиёд ва риёзату мучохадат ба яке аз макомоти волои тасаввуфй - мастию бехудй расида буд. У кариб тамоми умри худро бо талаби илму риёзат гузаронд. у дар чараёни худ, ки асоси онро сукрон, яъне мастию бехудй ташкил медихад соликонро истикбол мегирифт. Ситораи дурахшони олами ахли тасаввуф, орифи бахакрасида Мансури Халлоч пайрави тарикати тайфурия буд.
Дар олами тасаввуф тарикате дигари маъруфе бо номи Накшбандия мавчуд аст. Асосгузори ин тарикат Бахоуддин Мухаммад ибни Мухаммади Бухороист. Ин тарикат барои он мусаммо ба накшбандия буд, ки худ Бахоуддин Мухаммади Бухорой баробари зикру фикри бардавом Худованд аз паси хунари накщ бастан ба матоъ рузгузаронй мекарданд. Дигар асосхои ин тарикатро зикри хуфёна ташкил медод. Шиори ахли ин силсила «Даст ба кору дил ба ёр» буд ва баробари ин чанд шарт ва рукни дигари маъруфе дошт, ки «дам дар нафас», «хуш дар кадам» ва амсоли ин аз чумлаи онхо мебошанд.
Азбаски ин тарикат соликони худро комилан аз хаёти ичтимой чудо намекард ва ба диди салотину хокимони давр созгортар буд аз Бухоро то Кафкозу Туркия ва то Кошгари Чин густариш пайдо намуд. Аз таърих ба мо равшан аст, ки Мавлоно Абдурахмони Ч,омй ва Алишер Навой пайрави тарикати накшбандия буданд. Таълимоти Накшбандия аз чониби бисёр уламою машоих аз асри ХХ то рузгори мо омада расидааст.
Хамин тавр, ба таври хулоса метавонизхор дошт, ки таълимоти тасаввуфй новобаста аз кадом силсилаву тарикаташ бо илму ирфон, бо таъсири рухй ва завки афкори олишони худ дар ташаккули ахлоки инсон ва солимгардии хаёти маънавй макоми муайянеро сохиб будааст. Дар баробари ин, агарчй бо тарикат ва чараёнхои мухталиф ру дар ривоч ва ташаккул доштааст, аммо ба назар мерасад, ки аслу мохияти хамаи ин тарикатхо расидан ба Худованд ва ташаккули инсони комил будааст ва аз хамин нигох метавон гуфт, ки миёни тарикатхои тасаввуф хамеша иродату садокат ва самимият нуфуз дошта, харгиз дар онхо вучуди ихтилоф ва тазод ба мушохида намерасад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Бертельс, Е.Э.Избранные труды.Суфизм и суфийская литература.-Москва, 1960.- 555 с.
2. Деххудо, Алиакбар. Лугатнома.- Техрон, 1363.- 1244- 15ч.
3. Гулпинорлй, Абдулбокй. Тасаввуф дар сад пурсишу посух. Техрон :Дарё.- 1387. - 116 с.
4. Зарринкуб, Абдулхусайн. Чустучу дар тасаввуфи Эрон. Душанбе:Ирфон,1992. - 396 с.
5. Зиёев Х.М.Суфийский орден "мавлавия".-Душанбе: Хумо, 2007.- 216 с.
6. Кошифй, Хусайн Воиз. Футувватномаи Султонй. Душанбе:Адиб, 1991.- 320с.
7. Кодиров, К.Шеъри ирфонии Мир Сайид Алии Хамадонй/К.Кодиров, М.Муллоахмад.- Душанбе: Ирфон, 2015.- 256 с.
8. Навой, Алишер. Мачолис ун-нафоис. Бо эхтимоми Алй Асгари Хикмат. Техрон, 1363.- 387 с.
9. Румй, Ч,алолуддин.Девони кабир.- Душанбе, 1993.- 345с.
10. Румй, Ч,алолуддин.Маснавии маънавй.- Техрон, 1375.- 402 с.
11. Саъдй. Куллиёт: иборат аз 4 ч.- Душанбе:Адиб, 1990.-322с.
12. Тазкираи Кдйюмия. Тошканд, 1998. - 62 с.
13. Фарханги забони точикй.Дар ду чилд.-М: Советская энциклопедия, 1969.- 952 с.- 1 ч.
14. Хазраткулов М. Тасаввуф. Душанбе, Маориф, 1988. - 256 с.
15. Хофиз.Девон- Душанбе: Адиб, 2015.-480 с.
REFERENCES:
1. Bertels, E.E. Selected Works. Sufism and Sufi Literature.-Moscow, 1960.- 555 p.
2. 2. Dehudo, Aliakbar. Luzatnoma .- Theron, 1363.- 1244-15.
3. 3. Gulpinorl, Abdulboe. Tasawwuf gift garden purish dry. Theron: Daryo .- 1387. - 116 p.
4. 4. Zarrink, Abdul-Ushain. The gift of tasawfufi Aaron. Dushanbe: Irfon, 1992. - 396 s.
5. 5. Ziyoyev Kh.M. Sufi order "mawlavia" .- Dushanbe: Humo, 2007.- 216 p.
6. 6. Koshifi, Ousain Voiz. Futuvvatnomai Sulton. Dushanbe: Adib, 1991.-320s.
7. 7. Kodirov, K.Sheri of the Irfonia World Sayyid Aliyah Kamadon / K. Kodirov, M.Mulloahmad .- Dushanbe: Irfon, 2015.- 256 p.
8. 8. Navoi, Alisher. Ma'olis un-nafois. Bo etimimi Alji Askari ikkmat. Theron, 1363.- 387 p.
9. RumM, 4,aloluddin. Devoni Kabir .- Dushanbe, 1993.-345 p.
10. RumM, 4,aloluddin.Masnavii manaw .- Theron, 1375.- 402 p.
11. The sad. Kulliet: iborat Az 4 ч .- Dushanbe: Adib, 1990.-322s.
12. Tazkirai, the nation. Toshkand, 1998. - 62 p.
13. Fahrangi zaboni toiik.Dar do Wild-M: Soviet Encyclopaedia, 1969.- 952 pp. - 1 ч.
14. Kasratulov M. Tasawwuf. Dushanbe, Maorif, 1988. - 256 p.
15. The biosphere. Devon- Dushanbe: Adib, 2015.-480 p.
Тарицат ва цараёнх,ои он аз ниго^и а^ли тасаввуф ва шоирони ориф
Вожа^ои калиди: тарщат, пир, мурид,таълимоти тасаввуф, шоирони суфи, аули тасаввуф
Мацола ба тадцицу баррасии истилоуи тарщат ва рукнуои он аз нигоуи аули тасаввуф ва шоирони суфи, цамчунин дар бораи чанде аз цараёнуои маъруфи тасаввуф, ки ба унвони тарщат маъруфанд, ихтисос ёфтааст. Муаллифи мацола бар асоси омузиши сарчашмацои илмиву адаби кушидааст оид ба пацнаи густариш ва теъдоди цараёнцои нисбатан маъруф изцори назар намуда, андешауояшро оид ба ном ва асосгузорони чацор тарицати асоси баён намуда, оид ба ин чацор цараёни тасаввуф маълумоти бештар овардааст.
Муаллиф ба хулоса омадааст, ки таълимоти суфия новобаста аз гуногунии цараёну гуруццои худ, ба воситаи дониш ва маърифат, таъсири маънави ва асосцои цацонбинии худ нацши муциме дар шаклгирии ахлоц ва сицатии цаёти маънавии цомеа бозидаст Харчанд суфия дар шакли цараёну гуруццои мухталиф ташаккулу тацаввул ёфт, вале бо моцият ва мацсади умумии худ - цурбат ба Худо ва то ба инсони комил расидан, ацли тасавввуфро ба цам муттацид менамояд. Мумкин ба цамин цицат дар муносибати байни цараёну гуруццои суфия мухолифат вуцуд надошт, баръакс, байни онцо самимият ва таацуд цамеша пируз мешуд.
Тарикат и его течения с точки зрения последователей суфизма и поэтов-суфиев
Ключевые слова: тарикат (орден), пир, мурид, учение суфизма, поэты-суфии, последователи суфизма
В статье рассматривается термин тарикат и исследуются основы этого явления с позиций последователей суфизма и поэтов-суфиев, а также приводятся сведения об известных суфийских течениях. Автор статьи на основе изучения научных и литературных источников говорит о диапазоне распространения и количестве наиболее известных течений, высказывает собственную точку зрения относительно названия и основоположников четырех известных орденов суфизма, и в том числе, приводит более подробные сведения о четырех основных тарикатах.
Автор приходит к выводу, что суфийское учение, независимо от разнообразия своих орденов и групп, благодаря своим знаниям и просвещенности, духовному влиянию и мировоззренческим установкам сыграло определенную роль в формировании нравственности и оздоровления духовной жизни общества. И хотя суфизм формировался и развивался в виде ордена и разнообразных течений, он объединяют их общей сутью и целью - приближение к Богу и становление совершенного человека. Ввиду этого, можно утверждать, что в отношениях между орденами суфизма не было противоречий и противостояния, а наоборот, всегда преобладали искренность и приверженность.
Tarikat and its Grounds under the Angle of Successors of Sufism and Poets-Sufiev
Key words: tarikat (orden), feast, murids, Sufism tenet, Sufi-poets, successors of Sufism
The article dwells on the term linked with tarikat and considers the grounds of the relevant phenomenon from the standpoint of Sufism successors and Sufi-poets, he adduces the information concerned with the well-known Sufism tenets as well. Designing on the premise of the study of both scientific and literary sources, the author of the article speaks about the range of distribution and the number of the most famous tenets, he expresses his own viewpoint in reference to the name and founders of the four outstanding orders of Sufism and conducts more detailed information on the four main tarikats inclusive.
In a nutshell, the author comes to the conclusion that the Sufi tenet irrespective of the diversity of its orders and groups, owing to its knowledge and enlightenment, spiritual influence and ideological attitudes played a certain role in the formation of morality and improvement of the spiritual life of society. Although Sufism was formed and developed in the form of an order and various tenets, they unify them with a common essence and purpose - approaching God and becoming a perfect person. Hereby, one can confirmed that in the relations between Sufi orders there were no contradictions and confrontations, on the contrary, they always prevailed sincerity and adherence, upon the whole.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Мусозода Хрци Хусайн, номзади илмцои филологи, сархатиби Масциди Шайх Муслициддин(Цумцурии Тоцикистон, ш.Хуцанд ), E-mail: [email protected] Сведения об авторе:
Мусозода Хочи Хусайн, кандидат филологических наук, главный хатиб Мечети Шейха Муслихиддина(Республика Таджикистан, г.Худжанд), E-mail: [email protected] Information about the author:
Musozoda Hoji Husain, candidate of philological sciences, main Khatib of
Sheikh Muslihiddin Mosque(Tajikistan Republic, Khujand), E-mail: [email protected]