Научная статья на тему 'Khoja Abdullohh Ahror’s personality presented in the originals of the XV-th century and other historical and literary works'

Khoja Abdullohh Ahror’s personality presented in the originals of the XV-th century and other historical and literary works Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
235
57
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ХОДЖА АБДУЛЛОХ АХРОР / ДУХОВНЫЙ СТАТУС / ЛИТЕРАТУРА XV ВЕКА / НАКШБАНДИЯ / ДЖАМИ / KHOJA ABDULLOH AHROR / SPIRITUAL STATUS / LITERATURE OF THE XV-TH CENTURY / NAKSHBANDIYA / DJAMI

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Тураев Зиёдали Саидмаликович

В этой статье на основе трех источников: «Малфузот» Мир Абдулаввала, «Силсилат-ул-офарин» Козии Самарканди и «Рашахот» Алии Сафи сделаны научные изыскания о личности, жизнеописании, творчестве и духовном значении Ходжи Убайдуллохи Ахрора. Данные источники совпадают по времени и месту появления с биографическими фактами и хронологией жизни и творчества Ходжи Ахрора, что свидетельствуют о достоверности изложенных материалов и тесных отношениях авторов источников с героем описанных событий. Главной ценностью этой работы является то, что данная статья создана на основе первоисточников, авторы которых жили в одно время с Ходжой Ахрором общались с ним и непосредственно отражали свои наблюдения и впечатления в своих рукописях.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Designing on the premise of the three sources those of “Malfuzot” by Mir Abdullavval, “Silsilat-ul-orifin” by Kozi Samarkandi, “Rashahats” by Ali Safi the author made a scientific exploration concerned with the personality of Khoja Ubaydullohh Ahror, description of his life, creation and spiritual magnificence. The sources enumerated coincide with biographical facts of Khoja Ahror, chronology of his life and creation in time and place; it testifies to the authenticity of the expounded materials and close relations between the authors of the originals and the protagonist of the events described. The principal value of this work is its being based on primary originals whose authors being Khoja Ahror contemporaries communicated with him, so their observations and impressions were immediately reflected in their manuscripts.

Текст научной работы на тему «Khoja Abdullohh Ahror’s personality presented in the originals of the XV-th century and other historical and literary works»

Тураев Зиёдали Саидмаликович

ассистенти кафедраи забонуои хориции тахассусй (англисй-арабй)-и ДДХБСТ

ШAХСИЯТИ X04,A УБAЙДУЛЛОXИ A^POP ДAР МAНОБЕИ AСРИ XV BA ОСОРИ ИЛМИЮ AДAБИИ ДИГAP

Рочеъ ба шахсияти Хоча Убайдуллохи Ахрор хам сохибони куту6и адабй, ирфонй тазкирахо ва хам сарчашмахои таърихй иттилоъ додаанд. Ахли суфия ва хамзамонон низ дар манокиб ва хаворики одоти Хоча Ахрор бо камоли мухаббат сухан гуфтаанд. Аслан корномаи хаёти Хоча Убайдуллох шоистаи пайравй ва арчгузорист. Аз сарчашмахо пайдост, ки Х,азрати Эшон дар мактабу мадраса чандон тахсил накарда ё ба таъбири дигар аз улуми расмй кам огахй доштанд, ба кавли худи Хоча Ахрор «Мачмуи тахсили мо аз мисбохи нахв як ду варак беш нест» (1,87а).

Шайхй намекард, аммо муридони зиёде дошт. Сохиби хукумат хам набуд, вале подшохон ва хокимони вакт аз хайбат ва салобати у «арак аз чабин мерехтанд ва мутеи фармони у буданд». (2, 8)

Х,азрати Ч,омй дар маснавии «Тухфат-ул-Ахрор» перомуни макоми маъ-навии Хоча Ахрор бо унвони «Дар дуои додхохии чаноби иршодпанохй Хоча Носириддин Убайдуллох...» китъае сурудааст, ки шомили шонздах байт аст:

Зад ба цауон навбати шоуаншауй,

Кавкабаи фацри Убайдуллауй.

Он ки зи ууррияти фацр огау аст,

Хоцаи Аурор Убайдуллауаст.

Руи замин, к-аш на сару на бун аст,

Дар назараш чун руи як нохун аст.

Аз руи нохун чу ба даст оядаш,

Кай ба рауи фацр шикаст оядаш.

Луццаи баури ауадият дилаш,

Сурати касрат садафи соуилаш.

Хаст дар он луццаи нацаърёб,

Куббаи нууруи фалакяк уицоб... (10, 266).

Мавлоно Ч,омй, ки аз сарсупурдагони Хоча Ахрор буд, макоми маънавии Х,азрати Эшонро васф карда, ба натичае расидааст, ки Хоча Ахрор аз зумраи ашхосе аст, ки «огох аз хуррияти факр» буд. Хдтто Ч,омй бо ин кадар бузургй худро аз муридон ва дилбохтагони Хоча Ахрор донистааст.

Дарвокеъ, Хоча Убайдуллохи Ахрор дурахшонтарин чехраи силсилаи накшбандия аст, ки машоихи суфия уро ба унвони ифтихории «Х,азрати Эшон» ёд мекунанд.

Ба иттифоки ичмои тазокир Хоча Ахрор дар мохи рамазони 806х. / марти 1404м. дар дехаи Богистони Тошканд ба дунё омадааст: «Валодати Х,азрати Хочаи мо рамазони санаи ситта самона миа будааст ва муддати хаёти эшон хаштоду нух буд». Мефармуданд, кабл аз замони вафот, ки «панч мохи дигар хаёт бокй бошад, навад мешавем» Ин гуфтахои сохиби тазкираи «Силсилат-ул-орифин» кобили кабуланд. Бад-ин хотир, ки мусаннифи китоб - Мухаммад ^озии Самаркандй анкариб ба 12 сол (аз 885 то 895х. / 1480-1490м.) дар хидмати Хоча Убайдуллох будааст: «Муддате кариб ба 12 сол дар тарики кайюм ва сабили мустакими он хазрат бо муътакифони остони иродат ва мулозимони чаноби муваддат хамкоса... ва хушачини хирмани саодати у мекардам ва ба кадри кобилияту истеъдод маорифи тозаву аворифи беандоза иктибос менамудам ва осори вилоят ва хасоиси каромат аз он хазрат (Хоча Ахрор-Т.З.) мушохида мекардам» (2, 11).

Дигар ин ки хам Мир Абдулаввал дар «Малфузот» ва хам Алии Сафй дар «Рашахот» ин санадро овардаанд. Аслан ин се сарчашмаи мухим аз назари замон ва макони таълиф ба хам карибанд. Масалан, ^озии Самаркандй тазкираи хешро баъди 14 соли даргузашти Хоча Ахрор навиштааст (3, 28). Ё Мавлоно Алии Сафй баъди 16 соли фавти Хоча Убайдуллох «Рашахот»-ро бо силки тахрир кашидааст. Дар баробари ин, сохибони тазкирахо дар чахонбинй пайрав ва аз иродатмандону муридони Хоча Убайдуллох буданд. Аз ин нуктаи назар кавли ин муаллифон сахех аст ва гуфтахои эшон мавриди тардид нахохад буд. Аз санадхои сарчашмахои асри XV рушан аст, ки Хоча Убайдуллохи Ахрор хам аз лихози макоми сиёсию ичтимой ва хам аз назари макоми адабию ирфонй фариди рузгор буданд. Ин макоми шохис боиси он гардид, ки пас аз 20 соли даргузашти Хоча Ахрор перомуни кору пайкори маънавию адабии у чанд китоби вижае тасниф гардид.

Бино ба шохидии устод Навшохй нахустин манбае, ки рочеъ ба Хоча Ахрор маълумот медихад «Нафахот-ул-унс мин хазарот-ил-кудс»-и Мавлоно Ч,омй мебошад. Мо хам ба гуфтахои донишманди фавкуззикр хамоханг хастем ба далоили зерин:

1. Мавлоно Ч,омй китоби «Нафахот»-ро замоне таълиф кардааст, ки Хоча Ахрор дар кайди зиндагй будааст. Яъне ин китоб соли 883х. / 1476м. тасниф шудааст, ки дар он рузгор Х,азрати Эшон синнашон ба 74 расида буд. Ё ба таъбири дигар Мавлоно Ч,омй ин китобро 14 сол пеш аз вафоти Хоча Ахрор навиштааст.

2. Аз ахбори сарчашмахо, хусусан аз иттилооти Алии Сафй бармеояд, ки Мавлоно Ч,омй бо Хоча Ахрор чахор маротиба мулокоту вохурй анчом додааст. Ду маротиба дар шахри Самарканд, бори сеюм дар Х,ирот ва бори чорум дар Марв. (7, 241)

Бояд гуфт, ки «Нафахот-ул-унс» яке аз сарчашмахои мухими асри XV буда, дар бораи ахволу осори 616 нафар бузургони ирфон маълумот медихад, ки аз миён 34 - тояшон зан мебошанд (12, 8). Ё ба сухани дигар ин тазкира ихтисос ба холномаи авлиёуллохи даргузашта дорад. Аз мундаричаи китоб пайдост, ки Хоча Ахрор аз 456 - умин бузургворест, ки Мавлоно Ч,омй манокибу маорифи уро ба камоли ихлос зикр кардааст. Чунончи ишора рафт, мазияти китоби

«Нафахот» шархи холи суфиён аст, аммо Ч,омй ба забти ахволи Хоча Ахрор икдоме наварзидааст, зеро ин амалро назди Хдзрати Эшон беадабй тасаввур мекард: «Х,арчанд аз ин факир (Ч,омй - Т.З.) амсоли ин суханон сурати густохй дорад, аммо чандон, ки бо худ андеша кард, аз худ дарнаёфт, ки хотирро бар он карор тавонад дод, ки ин мачмуа («Нафахот»- Т.З.), ки максуд аз чамъи он зикри маориф ва нашри манокиби ин тоифа аст аз зикри Эшон (Хоча Ахрор-Т.З.) холй бошад» (11, 410).

Бинобар ин Ч,омй аз валодат, сигари син ва рузгори Хоча Убайдуллох сухан ба миён наоварда, танхо ишораи кутохе ба макому мартаба ва иродатмандону муридони Х,азрати Эшон намуда, сипас аз рисолаи «Фикрот» ва шунидахои хеш накл кардааст. Матлаб ин аст, ки Ч,омй факат манокибу маориф ва макоми волоии Хоча Ахрорро зикр кардааст: «Имруз мутаххари оёт ва мачмаи каромоту вилоёти табакаи хочагон ва робитаи илтиём ва воситаи илтизоми силсилаи шарифаи Эшон ...» (11, 410).

Аммо дар мавриди шархи холи Мавлоно Яъкуби Чархй кайфияти сухбатхои Ахрор ва Яъкуби Чархиро аз кавли Ахрор накл кардааст. Дар зимни холномаи Алоуддини Гиждувонй ва Саййид ^осими Табрезй бошад бештар ба гуфтахои Хоча Ахрор эътимод кардааст (11, 404, 572). Мавлоно Ч,омй хамагй дар хачми 9 сахифа рочеъ ба манкабати Хоча Ахрор ва маърифатшиносии у суханоне накл кардааст: «Агар пурсанд: Вахдат чист? Бигу! Холисии дил аз илму шуур ба вучуди гайри Х,ак Субхонаху.

Агар пурсанд, ки: Саодат чист? Бигу! Халосй аз худ ба диди Х,ак Субхонаху.

Агар пурсанд: шаковат чист? Бигу бо худ дармондан ва аз Х,ак бозмондан» (11, 414).

Мунтахо Ч,омй доир ба тарикаи ахли Хочагон ва эътикоди онхо изхори назар намуда, доир ба макому манзалати силсилаи накшбандия китъае сурудааст, ки бо ин байт ба итмом мерасад:

Хама шерони цауон бастаи ин силсилаанд,

Рубах, аз уила чи сон бигсалад ин силсиларо (11, 418).

Аз сарчашмахо бармеояд, ки Мавлоно Ч,омй хангоми мулокот барои шарху тавзехи баъзе мушкилоти китоби «Футухоти Маккия»-и Ибни Арабй аз Хоча Ахрор кумак мепурсидааст. Хоча Убайдуллох хам нисбат ба Мавлоно Ч,омй эхтиром ва мухаббати зиёде арч мегузошта. Миёни ин ду кутби замон мукотиба низ будааст, ки рукъаи зерини Хоча Ахрор ба Ч,омй далели гуфтахои болоист: «Хидмати Мавлавй (Ч,омй)-ро бо чаноби Х,оча (Ахрор) хусни иродат ва робитаи тамом вокеъ буд» (2, 52).

Ч,омй на танхо дар «Нафахот», балки дар осори хеш мукаррар Хоча Ахрорро васф кардааст. Агар гуфтахои Ч,омиро дар хакки Х,азрати Эшон чамъ намоем, шояд як достоне шавад зери унвони «Авсофу ахлоки Хоча Ахрор дар осори Ч,омй». Бад-ин вачх, ки Ч,омй хам дар маснавихои «Х,афт авранг» ва хам дар газалиёту касоид ва китъаоту таркиббандхояш Хоча Убайдуллохи Ахрорро сутудааст:

Пирона сар кашидам сар дар рауи сагонат,

Муе сапед кардам цоруби остонат (13, 192).

Ё дар дафтари аввали «Силсилат-уз-захаб», Мавлоно Ч,омй манзумае дар хачми 65 байт зери унвони «Дар баёни он ки комилон ва орифонро мулохизаи сурати касрат аз мушохидаи сирри вахдат боз намедорад» суруда, ки дар он ходисаи истикболи Султон Абу Саид аз Хоча Убайдуллох дар шахри Марв баён шудааст:

Хоцаи бандагони корогоу,

Кцблаи муцбилон-Убайдуллоу... (13, 39-43).

Аз дигар манбаи мухиме, ки дар бораи Хоча Убайдуллох маълумот додааст, «Мачолис-ун-нафоис»-и Алишери Навой мебошад. Навой бо рутбаи вазирй бо Убайдуллохи Ахрор иродати комил дошт ва бо у мукотиба хам мекард. Дар тазкираи хеш рочеъ ба валодат, насабномаи модарй, хидмат дар назди машоихи суфия, нуфуз ва таъсири Хоча Ахрор ба подшохони Мовароуннахру Хуросон, Ироку Озарбойчон, Х,инду Миср ва таърихи даргузашти Хоча Ахрор иттилоъ додааст. Навой дар зимни шархи холи Хоча Убайдуллох андешахои чолибе баён намуда, уро бо камоли мухаббат «^утби вакт» гуфтааст. Х,амзамон китъае дар таърихи вафоти у суруда, ки бад-ин карор аст:

Хоцаи хоцагон-Убайдуллоу,

Муршиди соликони роуи яцин.

Шуд ба хулди барин, ки дар фавташ,

Соли таърих гашт «Хулди барин» (9, 109).

Моддаи таърихи «Хулди барин» ба соли 896х. / 1491м. рост меояд. Яъне мутобики гуфтахои Алишери Навой Хоча Ахрор соли 1491 аз ин олам гузаштааст. Ин санадро Хондамир хам чонибдорй намуда, ин китъаи Навоиро дар таърихи вафоти Хоча Убайдуллох накл кардааст. (9, 199). Бояд гуфт, ки кавли Навой ва Мирхонд чандон сахех нест ва иштибохи эшонро устод Навшохй хам таъкид кардааст.

Ба шохидии Мир Абдулаввал, ^озии Самаркандй ва Алии Сафй Хоча Убайдуллохи Ахрор дар таърихи 895х / 1490м. дунёи фониро тарк кардааст. Дар ин маврид чои занну шубха нест. Мушкил он аст, ки таърихи руз ва мохи дар-гузашти Хоча Ахрор чандон дакик гуфта нашудааст. Ба кавли сохиби «Мал-фузот», «Интикол ба дорулкарор дар шаби шанбеи салхи рабеъулаввали санаи хамса ва тисъин ва самонумиа (895х. - 1490м. Т.З.) буд, баъд аз намози хуфтан ба ним соат пештар» (2, 238).

Мухаммад ^озии Самаркандй чунин гуяд: «Вафоти Эшон (Хоча Ахрор -Т.З.) дар шаби шанбе 29 рабеъулаввали санаи хамса ва тисъин ва самонумиа (895х. / 1490м. - Т.З.) буд». (4, 273)

Ин вокеаро Фахриддин Алии Сафй ба тарики зер шарху тавзех кардааст: «Санаи хамса ва тисъин ва самонумиа (895х. / 1490м. - Т.З.) буд ва интикол ба дорулкарор дар шаби шанбе бистунухуми салхи рабеъулаввали ин сол вокеъ шуда ...» (7, 655).

Аз гуфтахои болой метавон чунин натича гирифт, ки таърих ва мохи вафоти Хоча Ахрорро Мир Абдулаввал шаби шанбе салхи рабеъулаввал ва сохибони «Силисилат» ва «Рашахот» бошанд, бисту нухуми салхи рабеъулаввал гуфтаанд. Ба иттифоки устод Навшохй вафоти Хоча Ахрор «ба вакти намози

хуфтан рузи чумъа 29 рабеъулаввали 895х. / 19 феврали 1490м. дар дехи Камонгарон вокеъ шудааст» (2, 65).

Матлаб ин аст, ки дар бобати мохи вафоти Хоча Ахрор миёни ахли назар тафовут ба назар мерасад. Бад-ин хотир, ки 29 - уми салхи рабеъулаввал омада, ки мохи рабеъулаввал 29 руза буда, аввали рабеъулаввал ба рузи чумъа мувофик омада буд. Аз ин лихоз, устод Навшохй рузи чумъа 29 рабиъулаввал гуфтааст. Аммо тибки таквими татбикй рабеъулаввал ба рузи шанбе афтода, яъне рабеъулаввал 30 руза буда, аз ин хотир Мир Абдулаввал, ^озии Самаркандй ва Алии Сафй шаби шанбеи салхи 29 рабеъулаввал донистаанд. Аслан салх рузи охирони мохи камарй аст, ки дар бегохии он мохи нав дида мешавад, яъне мукобили гурра (8, 183).

Мавлоно Ч,омй хам дар таърихи вафоти Хоча Ахрор китъае суруда, ки бад-ин зайл аст:

Ба уаштсаду наваду панц дар шаби шанбе,

Ки буд салхи мауи фавти Мууаммади мурсал.

Кашид Хоцаи дунёву дин - Убайдуллоу,

Шароби софи айши абад зи цоми ацал.

К,ароргоуи дилаш бод дар мадорици цурб,

«Маорици дарацоту мушоуида мукаммал» (6, 584).

Х,амчунон ки ишора рафт шахсият ва макоми Хоча Ахрор дар китобхои таърихй низ ёд шудааст. Хондамир дар «Х,абиб-ус-сияр» аз бузургй, чоху чалол, маслихату машварати хокимони вакт зимни корхои давлатй бо Хоча Ахрор, писарони Х,азрати Эшон ва дар гузашти он кас сухан гуфтааст (9, 109-180).

Ин мухаккики таърихшинос нахуст аз дорандагй ва амволи Х,азрати Эшон сухан ороста, сипас аз чахонбинй ва ахволи ботинии Хоча Ахрор маълумот додааст: «Хоча Носириддин Убайдуллох аз тамоми машоихи Туркистон ва акобири Мовароуннахр ба мазиди чоху чалол ва афзунии иттибоъу амвол мумтоз мустасно буд ва дар чавонй аз Мавлоно Яъкуби Чархй ва Мавлоно Низомуддини Хомуш иршод ёфта, ба сулук машгулй намуд. Бо андак замоне партави анвори инояти илохй ботини фархундаи маёминашро ба ашиъаи фуюзоти номутанохй равшан сохта, чароги вилоят ва ба хидояти саргаштагони бодияи гавоят пардохта, хирмани арбоби бидъатро ба шаъшаъаи лавомеъи шариат бисухт ...» (9, 199).

Аз иттилои Хондамир пайдост, ки шохону амирони он замон дар зимни корхои сиёсиву ичтимоии давлатй бо Хоча Убайдуллох хамешагй машварат меоростанд. Ба таъбири дигар Хоча Ахрор мушовири подшохони он рузгор дар халлу баррасии хамагуна ишколи давлатй буда, аммо барои ин амри хайр музду подош намегирифт, танхо холисан лиллах ин корхоро ба субут мерасонид. Ин фазилати неки Хоча Ахрорро кулли сарчашмахои таърихию адабй ва тазкирахо ба такрор зикр кардаанд. Х,азрати Эшон борхо ба чангу чидолхои амирзода-гони Осиёи Миёна ва Хуросон дахолати фаъолона намуда, онхоро аз катлу горат ва хунрезй боздоштааст. Ин тарафи фаъолияти Хоча Ахрор дар оштй додани бародарони Султон Ахмад (хокими Самарканд) ва Султон Махмуд (амири Х,исор) зохир гаштааст. Ба вижа накши сиёсии Хоча Ахрорро дар таъмини сулху салохи байни Султон Ахмад, Мирзо Умар ва Шайх Махмудхон,

ки дар наздикии музофоти Шахрухия сурат гирифта буд, таъкид кардан зарур аст. Накл аст, ки дар ин мухориба сад хазор сарбоз мукобили хам карор ёфта, бо хидояту мавъизаи Хоча Ахрор аз куштори бехуда рахой ёфтанд ва Х,азрати Эшон бо тарики мусолиха ва гуфтушунид, бародарони ба хам душманро дуст гардонида, сулху субот ва амниятро дар кишвар таъмин намуд.

Хондамир хам аз ин мунокаша ёдовар шудааст: «Х,икоят машхур аст бар алсина ва афвохи мазкур, ки навбате Умар Шайх Мирзо ва Султон Махмуд Мирзо бо якдигар иттифок намуда, лашкар ба Самарканд кашиданд. Султон Ахмад Мирзо аз шахр берун рафта, мукобила ва мукотилаи бародаронро пеш нихода, химмат сохт ва дар рузе, ки харду сипох дар баробари якдигар сафи китол биёростанд, ногох хабар расид, ки Хоча Носириддин Убайдуллох бад-он маър, ки ташриф меоваранд. Он се подшох чихати хурмати он Х,азрат инон кашида дошта даст ба истеъмоли олоти катол набурданд, то маълум шавад, ки сабаби омадани Хоча чист ва хамон лахза Хоча Убайдуллох расида, ба зулоли мавъизаву насихат . хар се подшохро ба сулху сафо розй сохта, фармуд то дар майдон шомиёна барафроштанд. Мирзо Султон Ахмад, Мирзо Султон Махмуд ва Мирзо Умар Шайх аз суфуфи лашкари хеш чудо шуда, бад-он чо рафтанд . ва дар хузури Хоча ахду паймон дар миён оварданд, ки минбаъд ба якдигар ба макоми вафок буда, перомуни нифок нагарданд .» (9, 11).

Ин маънй дар китобхои дигар чун «Рашахот», «Силсилат» ва мунтахо рукаоти Хоча Ахрор хам тазаккур ёфтааст. Дар аксар мактуботи Х,азрати Эшон масоили муносибатхои ичтимой - сиёсии замон ба назар мерасад. Махсусан, мактубхои Хоча Ахрор ба Султон Махмуд сазовори ёдоварианд. Аз мазмуну мухтавои макотиби Х,азрати Эшон фаъолияти ичтимой ва шахсияти таърихии у бармеояд. Хоча Ахрор дар мактубхои хеш амирону шохони замонро ба адлу инсоф, сулху субот дар кишвар ва дар тарику хукмронй тибки шариати исломй амал кардан, даъват намудааст. Дар яке аз мактубхои худ ба Султон Махмуд менависад: «Баъд аз рафъи ниёз арздошти ин факир ба мулозимони Махдум-зодаи худ, он ки Самаркандро балдаи махфузи акобир гуфта ва навистаанд, касди Самарканд аз хидмати Шумо муносиб нест. Х,ак субхонаху ба ин нафар-мудааст, шариати Х,азрати Мухаммад мустафо инчунин нест. Ин факир аз гояти хавохохй нисбат ба хидмати Шумо, вазифаи хидматгорй пеш бурда, дархости бисёре кардам, дарачаи кабул наяфтод. Ба сухани мардум касди ин вилоят кардан ва хизмати ин факирро (яъне Хоча Ахрор - Т.З.) кабул накардан ачаб менамояд. Мабодо, ки диле дард кунад то дили дардманд чй кунад. Х,ама якдил ва якчихат шуда, корхо, ки дар макоми нукс аст, тамом (ислох) гардонед» (6, 15).

Хидмати дигари Хоча Ахрор, ки шоистаи арчгузорист аз байн бурдани андозхои вазнини аз давраи хукумронии Чингизхонй огоз шуда, ба вижа тамго мебошад. Масъалаи аз байн бурдани тамгоро Хоча Ахрор аввал ба Абусаид, сипас ба писари у Султон Ахмад борхо ба миён гузошта будааст. Дар робита ба ин масъала, яъне кушиши бархам додани тамго аз чониби Хоча Ахрор дар кутуби адабй зиёд сухан рафтааст: «Пеши Султон Абусаид гуфтем, ки тамгаи фалон касро маоф доранд, кабул карданд ва гуфтанд наталабанд ва баъд аз он гуфтем, ки муддатхост, ки ба Х,азрати Шумо мусохибат дорем, боисти химмати

Шумо бехудуд аст ... Мирзо гуфтанд чун сухан аз химмат гузашта буд, шарм доштам, ки пеши Эшон даъвои химмат кунам. Иншааллох аз сари тамоми тамго (андоз - Т.З.) ва баракаи илтифоти шарифи Эшон хохем гузашт ва баъд аз чанд руз аз тамомати он гузашт» (5, 114).

Мавлоно Ч,омй дар ин мазмун ишора намуда, ки:

Дода чун нам килки гууаррезро,

Шуста ситамномаи Чингизро.

Xомаи у кард зи масхи рицоъ,

Мауви хати номаи зулм аз бацо (1З, 160).

Хоча Ахрор талаботи ичтимоии худро аз дидгохи шариат, ки дар он рузгор, яъне дар асри XV тафаккури ягонаи умумй буд, ифода мекард. Шиори Хоча Ахрор он буд, ки: «Дини анбиёро бар сар бардошта пеши подшохон мебояд даро-мад, ки то дар чунби ин химмат тахту точи Эшон маълум ва ночиз намояд» (7, З01). Хоча Ахрор бар он бовар дошт, ки тавассути аркони шариат амирону шохонро ба рохи дурусту савоб хидоят кардан имкон аст, бад-ин хотир Эшон мефармоянд: «Чй амал бехтар аз он ки ба саъй ва эхтимоми касе муродот ва хочати мусалмонон ва дармондагон хосил кардан» (5,99а). Убайдуллохи Ахрор доир ба зулму ситами золимон нисбат ба мазлумон чунин фармудаанд: «Хукком ба масобехи тозиёнаанд. Эшон барои тааддиби раоёи (раият) муслимин хокиманд. Як асп бист тозиёнаро кухна ва тосида месозад, бояд, ки аз рузи завол андешид ва мулохизаи ахволи раоё кунанд, ки ба хасби хакикат сабаби вусули саодати салтанат ва хукумат раоё ва фукароанд» (5, 89а).

Санадхои болой гувохи онанд, ки дар бештари манбаъхои илмию адабй оид ба фаъолияти ичтимоии Хоча Убайдуллох сухан рафтааст, зеро эшон хакикатан хам аз шахсиятхои нотакрори асри худ будаанд, ки хамешагй аз факирону бенавоён пуштибонй мекардаанд. Дар корхои давлатдорй подшохону амирзо-дагонро ба адлу инсоф ва худотарсй даъват ба амал овард. Ин чанбаи фаъолият Хоча Убайдуллохи Ахрорро хамчун шахсияти маъруфи сиёсии замони худ муаррифй мекард. Аз мухтавои аглаби манокиб ва хаворики одот симои маънавии Х,азрати Эшон пеши назар меояд. Яъне, ин чо Хоча Ахрор хамчун ориф ва пешвои тарикати бузург шинохта шудааст. Манокиби Хоча Ахрор аз забони урафои маъруф чунин садо додааст, Хоча Алоуддини Fиждyвонй гуяд: «Ин на Хоча Убайдуллох аст, балки ин Хоча Бахоуддин аст, ки бори дигар ба дунё омада, ба хазор камоли зиёда» (2, 421).

Иродатмандону шефтагони Хоча Ахрор хатто перомуни тарзи зиндагй, таквою худотарсй, ахволи ботинй ва хусусияти ахлокии у ба касрат сухан гуфтаанд. Гуянд, ки осори саодат аз айёми туфулият дар чабини Х,азрати Эшон хувайдо буд. Он кадар ба тоъату ибодат ва зикри Худо иштигол дошт, ки дар синни 18 - солагй макоми «зикр», ки бунёди аслии чахоншиносии накшбандия аст, чунон бар у голиб омада буд, ки аз хама чиз: боду гарду барги дарахтон овози зикр ба гуши хушаш мерасид. Сохиби «Pашахот» менависад, ки хатто Хоча Убайдуллохи Ахрор дар мартабаи «зикр» вориди бозор хам мегардид, ба гушаш овози касе хам намедаромад. Аз Убайдуллохи Ахрор бисёр манкабат ва хаворики одот накл шудааст. Эшон холати кашфу муоина хам доштанд, аммо ба лафзи «хоб» таъбир мекарда. Замоне ба чилла ва эътикоф хам нишаста

будаанд. ^уввати ботинй ва рухии бисёр дошта. Аз боарзтарин мушаххасоти ахлокии Хоча Ахрор хамдардй ва гамхорагй бо мусулмонони замони худ будааст. Бино ба назари Х,азрати Эшон кумаку дилсузи ба мусулмонони бенаво аз шайхию иршодй ва гушанишинй бартар аст

«Агар мо шайхй мекардем дар ин рузгор хеч шайхе мурид намеёфт. Лекин моро кори дигар фармудаанд, ки мусалмононро аз шарри зулма нигах дорем» (7, 531). Марвй аст, ки Хоча Ахрор дар огоз факирона зиндагй дошт. Дар солхои зиндагиаш дар шахри Х,ирот хатто як фулус дар даст надошта. Сохиби асбу маркаб хам набуда, балки хидматгори мардум будааст. Дар як сол як чома мепушид, ки пунбахои он берун омада ва дар муддати се сол танхо як пустин пушида ва дар се сол як муза. Яъне, Хоча Ахрор дар огоз бисёр нодор ва тихидаст буда, бо сабру тахаммул Худованд дар молу амволи у баракати зиёде ато кардааст. Аз дигар одоти хуби Хоча Ахрор ба аёдати бемор рафтан, эхтироми саййидон, мехмондустй, мутоибагуй, китобдустию шеърхонй ва мисли ин будааст. Дар баъзе маворид бо муридон ва пайвандони хеш мутоиба мегуфтааст. Накл аст, ки рузе ачузаи солхурда, ки афту андоми бисёр зишт дошт, назди Хоча Ахрор омаду нишаст. Хоча Ахрор пурсид, коре дорй, бигуй. Пиразан гуфт: Омадам чамоли Шумо бинам. Хоча Ахрор ба тарафи яке аз асхоб нигариста, охиста гуфт, мо чй бинем! (3, 41).

Убайдуллохи Ахрор ба шеъру сухан хам робита дошт, яъне аз ахли мутолиа буд ва завки шеърхонию шеърдустии у аз осораш низ хувайдост. Беш аз хама «Маснавй»-и Ч,алолиддини Балхиро дуст медоштааст. Кутохи сухан ин ки азамату нуфузи Хоча Убайдуллох ба дарачае буд, ки шохону амирони темурй хавасманд ва хатто пайрави чахонбинии Хоча Ахрор буданд. Ихлосу иродат ва мухаббати Султон Абусаид то он чо буд, ки дар назди Хоча Ахрор аз асп фаромад хамрохи Хоча Ахрор пиёда кадам мезад. Ахмад Мирзо ибн Абусаид (хукумати у миёнахои солхои 873х. / 1461м. - 899х. / 1493м.) Хусайн Бойкаро (солхои хукуматдориаш 873х. / 1468м. - 912х. / 1506м.) ва Алишери Навой (841х. / 1436м. - 906х. / 1501м.) худро аз мухиббон ва пайравони Хоча Убайдуллохи Ахрор мешумориданд. Хоча Убайдуллохи Ахрор инсони комили замони хеш буда, бахри тарвичу такомули чанбахои ичтимоиву сиёсй, иктисодй, маънавй ва фархангии асри хеш хидмати мондагоре кардааст. Х,осили суханони боби аввалро метавон чунин баён кард:

1. Як зумра ховаршиносони давраи шуравй Веселовский Н.И., Вяткин В.Л., Сухарева О.А., Чехович О.Д., Бертелс Э.Е. ва Болдирев А.Н. фаъолияти ичти-моию сиёсй ва адолатпарварии Хоча Ахрорро мавриди пажухиш карор дода-анд. Аз миён нахустин ховаршиносе, ки зиндагиномаи Хоча Ахрорро бар пояи се сарчашмаи дарачаи аввал: «Силсилат-ул-орифин»-и ^озии Самаркандй, «Масмуъот»-и Мир Абдулаввал ва «Рашахот»-и Алии Сафй тахкик намудааст, Вяткин В.Л. мебошад. Ё ба таъбири дигар, ин мухаккик барои аввалин бор аз манобеи аввалия истифода ва бардошт кардааст. Дар солхои 90-уми асри гузашта хидматхои Болдирев А.Н. шоистаи арчгузорист. Ин донишманди рус симои мусбии Хоча Убайдуллохро ба оламиён барои аввал муаррифй намуд. Манзури мо бахсхое, ки то солхои 90-уми асри XX перомуни Хоча Ахрор ба вукуъ омада буданд, яъне яктарафа бахо додан ба фаъолияти он.

Адабиётшиносони дигар хам дар ин росто захмат кашидаанд, ба монанди Мухаммадхочаев А., Ботурхони Bалихоча (Самарканд), олимони урупой Ч,о-Анн Гросс ва ЮРаул. Аммо аз корхои чолиби таваччух ва мондагор дар зами-наи корномаи илмию адабй ва ичтимоию фархангии Хоча Ахрор аз чониби устод Орифи Навшохй сурат гирифтааст. Ё ба истилохи дигар ахроршиносй дар адабшиносй ба устод Навшохй ихтисос дорад.

2. Бархе аз манокибнависон Мавлоно Ч,омй, ^озии Самаркандй ва Алии Сафй бештар перомуни макоми маънавй ва дарвешии Хоча Убайдуллох сухан гуфтаанд. Аммо сохибони баъзе сарчашмахо хамчун Мирхонд, Хондамир фаъолияти ичтимой ва таърихии Хоча Убайдуллохро таъкид кардаанд.

3. Аз гуиши хамзамонон ва тазкиранигорон бармеояд, ки Хоча Убай-дуллохи Ахрор аз дурахшонтарин симои силсилаи накшбандия буда, бахри рушду инкишофи халкаи хочагон накши носутурданй гузоштааст. Дар дарозои умри пурбаракати хеш, ки ба хисоби хичрй 89 ва ба хисоби милодй 85 аст, ба хидмати 25 авлиёуллох Саид ^осими Табрезй, Шайх Бурхонуддини Обрез, Мавлоно Хисомуддини Порсо, Саъдуддини К^ошгарй ва монанди ин расида, касби тарикати хешро аз Мавлоно Яъкуби Чархй ва Низомуддини Хомуш дарёфтааст. Хазрати Ахрор шайхй намекард, аммо муридони зиёде, дошт, ки ба кавле теъдоди муридони бевоситаи Эшон 55 нафар будаанд. Х,амзамонон ва шуарои мутааххир дар васфи Хоча Ахрор ашъори зиёде сурудаанд, ба вижа Хазрати Чрмй дар манкабати Хазрати Эшон анкариб 2500 байт гуфтааст, ки метавон «Манокиб-ул-Ахрор»-и Ч,омй номид.

4. Перомуни шахсияти Хоча Ахрор хам сохибони кутуби адабию ирфонй ва хам ахли фан бо иродату эхтиром сухан гуфтаанд. Аз иттилои сарчашмахо пайдост, ки Хоча Ахрор дар мактабу мадраса бо шоистагй тахсил накардаанд, яъне аз улуми расмй чандон огахй надоштанд. Ё сохиби хукумат хам набуданд, аммо аз хайбату салобаташон подшохону амирони он рузгор: Султон Абусаид, Ахмад Мирзо ибни Абусаид, Хусайни Бойкаро аз чабинашон арак мерехт ва ба эхтироми Хоча Ахрор аз асп поён шуда, пой ба пойи у кадам мемонданд. Зеро Хоча Убайдуллох дар хама чанбахои он замон таъмини сулху субот ва адлу дод дар кишвар, хидмат ба дину мазхаб, адабиёту таърих ва фархангу оини асри XV ба шоистагй ранч кашидаанд, ки ин захамот ва ранчхои фаровон дар хофизаи таърих ба некй сабт шудааст.

Калидвожа^о: Xоца Aурор, мацоми маънавй, адабиёти асри XV, нацшбандия, Нафауот, Чомй

Пайнавишт:

1. Aбдулуай ибни Aбдулфату Силсилаи хонаводаи Xоцагон. Дастхати Институти шарцшиносй ва осори хатти A И Ч Т. Шумораи 146, 13. 87а

2. Aувол ва суханони Xоца Убайдуллоуи Aурор / Ба тасуеу ва бо муцаддимаву таълицоти Орифи Навшоуй. - Теурон, 1380.- 746 с.

3. Валихоца, Ботурхон. Xоца Aурори Валй. - Самарцанд: Сугдиён, 1992. - 61с.

4. Набиев A. Aдабиёт ва нацди адабй. Валихоцаев Б. Рашуаи цалам. - Душанбе. Aдиб, 1993.

З. Маноциби Хазрати Эшон. Нусхаи хаттии Институти шарцшиносй ва мероси хаттй. № 4125. В.114а

6. Осори мунтахаби Xоца Aурор ва пайравонаш / зери назари Aумадцон Мууаммадхоцаев.

- Душанбе: Империал групп, 2004.- З94с.

7. Сафй. Фахриддин Amu. Рашауоту айнилуаёт / Бо муцаддима ва тавзеуоту таълицоти дуктур Aлиасгари Муиниён. Дар ду цилд.-Теурон: Бунёди нурёнй, 1356.

8. Фаруанги забони тоцикй. Дар ду цилд. Чилди II - Москва, 1969.

9. Xондамир. Хабиб-ус-сияр. Чилди IVум. - Теурон: Хайдарй, 1362. - 79Зс.

10. Чомй. Aбдураумон. Осор. Дар 8 цилд. - Чилди II. - Душанбе: Aдиб, 1987.

11. Чомй. A. Нафауот-ул-унс мин уазароти-л-цудс. Тасуеу ва таълицоти Маумуд Обидй.

- Теурон: Иттилоот, 1370. - 864с.

12. Чомй. Aбдураумон. Осор. Дар 8 цилд - Чилди VIII. - Душанбе: Aдиб, 1989. - 49Зс.

13. Чомй. Aбдураумон. Осор. Дар 8 цилд. - Чилди III. - Душанбе: Aдиб, 1987. - 286с.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Тураев Зиёдали Саидмаликович,

ассистент кафедры иностранных языков по специальности (англо-арабский)ТГУПБП

Отражение личности Ходжи Убайдулло Ахрора в источниках ХV века и других научно-литературных трудах

Ключевые слова: Ходжа Абдуллох Ахрор, духовный статус, литература XV века, накшбандия, Джами

В этой статье на основе трех источников: «Малфузот» Мир Абдулаввала, «Силсилат-ул-офарин» Козии Самарканди и «Рашахот» Алии Сафи сделаны научные изыскания о личности, жизнеописании, творчестве и духовном значении Ходжи Убайдуллохи Ахрора. Данные источники совпадают по времени и месту появления с биографическими фактами и хронологией жизни и творчества Ходжи Ахрора, что свидетельствуют о достоверности изложенных материалов и тесных отношениях авторов источников с героем описанных событий.

Главной ценностью этой работы является то, что данная статья создана на основе первоисточников, авторы которых жили в одно время с Ходжой Ахрором общались с ним и непосредственно отражали свои наблюдения и впечатления в своих рукописях.

Z. S. Turayev

Khoja Abdullohh Ahror’s Personality Presented in the Originals of the XV-th Century and

other Historical and Literary Works

Key words: Khoja Abdulloh Ahror, spiritual status, literature of the XV-th century, nakshbandiya, Djami

Designing on the premise of the three sources - those of “Malfuzot” by Mir Abdullavval, “Silsilat-ul-orifin” by Kozi Samarkandi, “Rashahats” by Ali Safi - the author made a scientific exploration concerned with the personality of Khoja Ubaydullohh Ahror, description of his life, creation and spiritual magnificence. The sources enumerated coincide with biographical facts of Khoja Ahror, chronology of his life and creation in time and place; it testifies to the authenticity of the expounded materials and close relations between the authors of the originals and the protagonist of the events described.

The principal value of this work is its being based on primary originals whose authors being Khoja Ahror contemporaries communicated with him, so their observations and impressions were immediately reflected in their manuscripts.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.