ТАЪРИХНИГОРЙ ВА МАЪХАЗШИНОСЙ - ИСТОРИОГРАФИЯ И
ИСТОЧНИКОВЕДЕНИЕ - HISTORIOGRAPHY AND SOURCE STUDY ♦-♦
УДК 94 (570)"899/999"
ТАЪРИХНИГОРИИ ВАЗЪИ КИШОВАРЗИИ АВДИ СОМОНИЁН1
Х,айдаршо ПИРУМШО, Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Масоили иктисодиву ичтимоии давлати Сомониён, хосатан нишондихандахои рушди кишоварзй дар давраи хукумати Исмоил ибни Ах,мад (892-907) ва Наср ибни А^мад ибни Исмоил (914 - 943) ва дигар намояндагони Оли Сомон дар мадди наза-ри муаррихони замони Сомониён ва пас аз сукути онхо хамеша чой доштааст.
Аз руйи маълумоти дар осори муаррихон чойдошта, минтакаи нихоят фарохи каламрави Сомониён аз хар чихат барои кишоварзй иклими мувофик буд. Х,осил-хезии хоки ин сарзамин сайёхони ба ин пахно сафар доштаро дар хайрат мегузошт. Дарёхои сероб - Чдйхуну Сайхун (Аму, Сир), Зарафшон, ки аз силсилакуххои Тяншон, Помиру Олой ва Х,индукуш сарчашма мегирифтанд, бо шохобхои худ ма-сохати калонеро фарогир буданд. Нахру корезхои бо захмати мардум руйикорома-да, замини зархези минтакаро шодоб мегардонданд.
Х,осилхезии замини Мовароуннахрро Чдйхонй (вафоташ 942) дар боби иклими бистуми «Ашколу-л-олам» (Зикри Мовароуннахр ва тавобеи он), чунин васф наму-дааст: «Мовароуннахр аз чумлаи вилоятхо хуштару бонеъматтар аст ва мардумони он босаломаттаранд. Ва он чи эшонро даст дихад, чавонмардтар ва мардумони да-лер бо олоти тамом аз асбу силох. Ва дар фарохсолй хеч иклим нест, ки ёд кардаем, ки дар ончо борхо кахт набудааст, магар Мовароуннахр, барои он ки агар офате ба зироати эшон расад, он галла, ки бокй монад, аз иртифои эшон тамом бошад ба са-баби бисёрй.
Ба хамаи Мовароуннахр мавзеъе холй нест, баъзе деххо ва шахрхо хаст ва баъ-зе зироати беоб ва баъзе маргзорхо. Ва хар таоме, ки аз он чора набошад, дар Мовароуннахр бошад... Ва чахорпоён аз гусфанду гов ва хару астар ва шутур чандон, ки эшонро кифоят бувад, аз замин хосил шавад» [16, 51-52].
Сайёх ва чугрофиёдони маъруфи эронй, Истахрй (тав. 849) дар китоби худ «Масолик ва мамолик» дар баробари тафсилоти чугрофй, ба табиати мафтункунан-да ва барои кишоварзй нихоят мувофики Мовароунахр ишора намуда, онро возехан васф намудаст. Аз руйи маълумоти у «иклими Мовароуннахр дар сабзй ва назохат ба гояте аст, ки дар шахрхои ислом мисли он кас нишон надодааст». Аз руйи му-шохидаю шуниди Истахрй дар ин чо мисли дигар мамлакатхо кахтй намешавад, чунки захираи як сол аз галла таом ва мева чамъовардаи мардум ба чанд сол мера-сад. Хрсили мева чунон зиёд аст, ки онро шутурону дигар хайвоноти хонагй
1 Макола дар асоси ioiivhii «Таърихи халки точик (асрхои III - аввали асри XX)», раками кайди давлати 0121TJ1211 таълиф шудааст.
мехуранд ва бокимондаашро ба дигар чойхо мебyрдaнд. Дар куххо ва сахрохо обхо фаровон ва шутуру дигар чахорпоён хеле зиёд бyдaaст [9, 226-226; 10, 87].
Мyaллиф ба такрор афзунии неъматро дар каламрави Сомониён мушохида намуда, чунин изхор доштааст: «Ва иклими Мовароуннахр дар сабзй ва назохат ба гояте аст, ки дар шахрхои ислом мисли он кас нишон надодааст. Ва хеч иклиме ва шахре дида ва шунида нашуд, ки дар сабзй ва назохат монанди Бухоро бошад, чихати он ки агар касе болои кухандизи он биистад, ба хар тараф, ки назар андозад, сабзиву оби равон Уро муояна ва мушохада афтад». Хамин тавсифро нисбат ба Самарканд гуфта, кайд мекунад, ки «дар Сугди Самарканд ва нафаси шахр чун ба кухандизи он касе биистад, тамомат хама сабзу хурраму назах бошад». Бо хамин маънй аз Фаргонаву Шошу Усрушана ва дигар шахру мавзеъхои Мовароуннахр ёдовар шуда, мегуяд, ки «дарахтон ба якдигар даромада ва мевахои бисёр. Ва марг-зорхо бо якдигар пайваста ва мусолик аст, чунонки дар тамоми офок мисли он нест» [10, 87-88].
Истахрй ин диди худро таквият бахшида, доир ба иншооти обёрикунанда ва вазъи кишоварзии нохияву мулкхои дар итоати Сомониён буда, аз чумла Нишопур, Гургон, Рай, Тус, Хирот, Зобулистон, Faрчистон, Систон, Сарахс, Марв, Чоч, Усрушана, Фаргона, Хучанд, Хуттал, Чагониён, Шумон ва гайра маълумоти чолиб овардааст [10, 83-101].
Дар «Х,удуду-л-олам» аз Хуросон чунин васф шудааст: «Ва ин [Хуросон] нохи-ятест бузург бо хостаи бисёр ва неъмати фарох ва наздики миёнаи ободонии чахон аст. Ва андар вай маъданхои зар аст ва сим ва гавхархое, ки аз кух хезад. Ва аз ин нохият асп хезад ва мардуми чангй ва дари Туркистон аст. Ва аз у чомаи бисёр хезад ва зар ва сим ва пируза ва дорухо. Ва ин нохиятест бо хавои дуруст ва марду-мони ботаркиби кавй ва тандуруст» [15,53]. Муаллифи «Худуду-л-олам» Моваро-уннахрро чунин зикр мекунад: «нохиятест азим ва ободон ва бисёрнеъмат. Ва андар куххои вай маъдан сим аст ва зар, сахт бисёр бо хамаи чавхархои гудозанда, ки аз кух хезад, бо хама дорухо, ки аз кух хезад чун: зогу зарних ва гугирду навшо-дир» [15,62]. Дар китоби чугрофии номбурда доир ба табиату замини хосилхези хар навохии Мовароуннахру Хуросон маълумоти чолиб оварда шудаст [15, 53-70].
Ибни Хавкал, ки фарохнеъматии Мовароуннахрро хеле равшан шарху тавсиф менамояд, аз чумла доир ба Чочу (Шош) Фаргона кайд кардааст: «...Дар Чоч ва Фаргона созу барг чунон аст, ки дар хеч як аз марзхо дар замони мо монанд надо-рад, то он чо ки як тан раият дар худуди сад то панчсад то ду хазор раъс чорпо до-рад ва аз умарои султон хам нест. Мардуми Мовароуннахр бо он, ки аз Арабистон дуранд, пештар аз хама ва бо молу анбуху шутурони худ ба хач мераванд ва шумо-раи онон нисбат ба хочиёни навохии дигар бештар аст» [8,141].
Дар «Муъчаму-л-булдон»-и Ёкути Хамавй, гарчи хеле дертар, кариб ду аср (1224) аз «Ашколу-л-олам»-и Чдйхонй таълиф шуда бошад хам, доир ба ободии Мовароуннахр айнан тавсифи уро ба тарики зайл такрор кардааст: «Мовароуннахр аз чумлаи хуррамтарин, бонеъматтарин, пурбаракаттарин иклимхост. Мардуми он ба хайру сахо ва бахшиш ба мухточон рагбати тамом доранд... Аммо фарохии неъмати он аз хадди тавсиф бештар аст ва дар тамоми билоди ислом ва гайри он мислаш набошад, ки ахли он борхо дучори кахт нашудаанд, магар Мовароуннахр. Ва агар мардуми он гохе аз гармову сармо зарар бинанд ва ё офате ба зироати эшон
бирасад, хамон галлае, ки пас аз офат дар заминхояшон бокй монад, аз зиёдй эшон-ро басанда аст ва ниёзе ба накли он аз шахрхои дигар надоранд» [6, 289]. Ин маълyмоти худро бештар таквият дода, Х,амавй кайд кардааст, ки «дар тамоми Мовароуннахр мавзеи холй аз иморатхо, шахрхо, дехахо, обхо, киштзорхо ва чаро-гоххо нест. Ва хар чизе, ки мардумро аз он чора набошад, эшонро бошад - ба хадде бештар аз истеъмолашон... Чун ба Сугду Уструшана ва Фаргонаву Шош ворид шудй, хохй дид, ки мевахои эшон он кадар фаровон аст, ки аз хама офок зиёдат намояд» [6, 289-290].
Чи тавре маълум аст, дар Мовароуннахру Хуросон, ки махсулоти кишоварзй асосан аз хисоби обёрии заминхо гирифта мешавад, дар он замон бе сохтмони ин-шооти обёрикунанда пешбурди ин соха гайри имкон буд. Аз ин ру, дар замони Со-мониён ба ин масъала тавваччухи махсус дода мешуд. Чи тавре дар боло ишора рафт, идороти мутасаддии умури об ва обёрй амал мекард, ки сохтмону назорати иншооти мухимми обёрй ва даромади аз истифодаи онхо ба хазинаи давлат ворид-шавандаро таъмин менамуд. Махз хамин диккати махсус зохир кардани хокимияти марказии давлати Сомониён ба ин соха, баъзе аз мухаккиконро ба хулосае оварда-аст, ки дар низоми умури давлатй гуё девони дувоздахум - девони об амал мекард.
Бояд кайд кард, ки хилофат ха^з то замони Сомониён ба обёрии Хуросону Мовароуннахр диккати махсус медод, чунки даромади ба хазинаи халифа ворид-шаванда аз сохтмон, нигахдошт ва истифодаи самараноки иншооти обёрикунанда вобастагии мухим дошт.
Дар осори муаррихони замони Сомониён ва баъди он маълумоти хеле зиёд до-ир ба дар сохили рудхо мавчуд будани пойгохи шахру музофотхо ва истифодаи ва-сеи дарёхову шохобхои онхо мавчуд аст. Аз чумла Истахрй ба ин масъала таваччух намуда, кайд кардааст: «Ва дар Мовароуннахр чанд аз тавобеъ ва лавохик аст. Ва он чи аз ин диёр мулосик ва мусобики Чдйхун аст, мисли шахри Бухоро, ки дар маъбари Хуросон аст ва тамомат, ки ба Самарканд мансуб мебошад ва бад-он мут-тасил аст, мисли Шошу Ушрусанаву Фаргонаву Кешу Насафу Сагониён ва аъмоли хаволии он ва дигар Хуттал ва он чи ба канораи руд мекашад аз Тирмиз ва дигар -^уводиён ва Ахсисак ва Хоразм.
Ва аммо Порёб ва Испичоб то Тароз ва Элок, то Шош - тамомат аз хисоби са-дади Мовароуннахр мегирад, чихат он ки эшон дар миёнаи руди Вахшобу Чдрёб мавчуданд.
Ва Хоразм низ аз хисоби садади Мовароуннахр аст... ва аз эшон ба шахрхои Мовароуннахр наздиктаранд аз шахрхои Хуросон.
Аммо Бухорову Кешу Насаф - тамомат аз аз хисобу садади Сугд буданд, вале-кин аз эшон чудо карда шуд, то дар тафсил сабуктар ва осонтар шавад» [10, 89-90]. Х,амчунин Истахрй аз рудхои зиёде, ки шахру навохии минтакаро обёрй мекунанд, ёдовар шудааст [10, 84-101].
Дар мачмуъ Истахрй дар «Масолик ва мамолик» вазъи иктисодию ичтимоии шахру навохии Мовароуннахру Хуросонро хеле равшан инъикос намудааст. Дар ин асар, аз чумла доир ба холати рушди кишоварзй, хунармандй, тичорат, хунари меъмории шахрхои Мовароуннахр - Бухоро, Самарканд, Хучанд, Шош, Тирмиз, Уш, Х,улбук, ^убодиён, Чагониён ва гайра, ки шуморашон беш аз 120 аст, маълу-моти нихоят чолиб овардааст.
Дар «Таърихи Бухоро» зикри чунин рудхои шахри Бухоро ва атрофи он: Кармина, Шопурком, Харконату-л-улё, Харконруд, Ави Хитфар, Сомчан, Байконруд, Фаравезу-л-улё, Фаравезу-с-суфло, Арвон, Кайфар ва Руди Зар рафтааст [12, 6970].
Ибни Хавкал дар «Сурату-л-арз» аз чахордах чуйхои Бухоро ёдовар шуда, онхоро чунин ном бурдааст: Шофирком, Харгонруд, Наччорхитфар, Чарг, Навкан-да, Барахша, Кушиа, Ромитана, Фаровези Поён, Арвон, Фаровези Боло, Хома, Нав-кандаи дуюм, ки Навбоги амирро шодоб мекард ва Чуйи Зар. Ба гайр аз Чуйи Зар, ки аз дарёи Сугд чорй шуда, рабази (работ) Бухороро обёрй мекард, дигар хама аз дарёи Зарафшон саргах гирифта буданд. Хамчунин ин муаллиф чуйхоеро, ки аз шахр берун то Пайканду дигар чойхо мерасиданд, номбар кардааст [8,135-147;12, 276-277].
Албатта метавон чунин маълумотро аз осори муаррихону чугрофиёшиносони замони Сомониён ва чанде баъд аз онхо доир ба вазъи кишоварзй хеле зиёд овард. Вале онхоро бозгуйй накарда, вобаста ба мухтавои таърихнигории мавзуъ, факат бо овардани боз чанд мисол аз асархои муаррихини он замон иктифо мекунем.
Дар «Худуду-л-олам» маълумоти зиёде доир ба равнаки кишоварзй дар вило-ятхои Хуросон, аз чумла дар Балх зиёд коштани турунч, норанч, найшакар, нилу-фар, Тахористон макони асп, гусфанд, галлаи бисёру мевахои гуногун, дар Буст мевахои тару хушк ва гайра оварда шудааст [15, 58-59].
Чайхонй, ки ба бисёр мамлакатхо сафар доштаву мушохидоту мулохизоти худ-ро дар мукоиса баён доштааст, ба серобию иклими барои зироат нихоят мувофики он чунин бахо додаст: «Ба хамаи Мовароуннахр мавзеъе холй нест, баъзе деххо ва шахрхо хаст ва баъзе зироати беоб ва баъзе маргзорхо. Ва хар таоме, ки аз он чора набошад, дар Мовароуннахр бошад...
Мевахои эшон дар Сугд ва Уструшана ва Фаргона ва Шош чандон аст, ки аз хурдани эшон бокй мемонад ва чахорпоён мехуранд. Барда аз чумлаи Туркистон бад-он чо мебаранд. Ва он чи аз эшон зиёдат меояд, ба дигар вилоятхо мерасад» [16,51-52]. Муаллиф дар чойи дигари «Ашколу-л-олам» ин хулосаи мушохидаи худро таквият дода, овардааст: «Ва заминхои Бухоро ба об наздик аст, бад-ин сабаб дарахтони беховари баланд чун чанор ва чавз ва амсоли он набошад. Ва мевахои Бухоро хуштар ва созвортар, дурусттар аз мевахои Мовароуннахр бошад. Заминхои Бухоро чунон баруманд бувад, ки агар касе чизе дар замин бикорад ва иморат ку-над, дахли у ба харч баробар кунад ва маоши у аз он хосил ояд» [16,59].
Чайхонй дар «Иклими нуздахум»-и китоб, ки «Зикри Хуросон ва тавобеъ» ун-вон гирифтааст, доир ба навохии он маълумоти чолиб оварда, аз чумла аз Бадах-шон ёдовар шуда, кайд кардааст, ки дар он чо кони лаъл, бечода, лочувард ва мушки тар мавчуд аст.
Доир ба Мовароуннахр ва мулку нохияхои он дар «Иклими бистум» маълумоти нихоят зиёде ба чашм мерасад. Дар ин боб муаллиф аз ободии Мовароуннахр бо як самимияти хоса ёдовар шуда, чунин изхор доштааст: «Мовароуннахр аз чумлаи вилоятхо хуштару бонеъматтар аст ва мардумони он басаломаттаранд.Ва ончи эшонро даст дихад, чавонмардтар ва мардумони далер бо олати тамом аз асбу си-лох. Ва дар фарохсолй хеч иклим нест, ки ёд кардаем, ки дар он чо борхо кахт набудааст, магар Мовароуннахр, барои он ки агар офате ба зироати эшон расад, он
Fалла, ки бокй монад, аз иртифои эшон тамом бошад ба сабаби бисёрй... Мевахои эшон дар СyFд ва Усрушана ва ФарFOна ва Шош чандон аст, ки аз хурдани эшон бокй мемонад ва чахорпоён мехуранд... Аммо саховату чавонмардии асхоби Мова-роунахр, дар бештари вилоят ва шахрхои эшон чунин аст, ки гуй хамаи мардумон дар як сароянд ва хеши якдигаранд ва хеч кас ба хонаи якдигар наравад, ки напин-дорад, ки хонаи хеш аст... ба Мовароуннахр зиёда аз дах хазор работ бошад. Ва бештар чунин аст, ки хар ки фуруд ояд, он чи эхтиёч дорад аз таом ва улуфаи чахорпоён ба у бидиханд. Ва бар шахри Самарканд хеч куе ва махале ва бозоре ва корвонсарое нест, ки дар тобистон аз яхоби сабил холй бошад» [16, 51-53].
Чунин тавсифи авзои иктисодию ичтимой, ки дар ахбори кишоварзй, тичорату хунармандй инъикос ёфтаанд, хеле равшан ба назар мерасад. Аз хусуси маълумоти ЧyFрофй бошад, он дар маркази асар чой дошта, муаллиф мавкеи чyFрофии тамоми шахру навохии Мовароуннахр ва масофаи байни онхоро хеле сахех нишон додааст. Хамаи ин аз рушди хамачонибаи Мовароуннахру Хуросони замони Сомониён да-рак медихад.
Истахрй аз усули обёрй ва хосилнокии баланди замин дар Мовароуннахру Хуросони замони Сомониён, ки бевосита ба хунару Fайратмандии кишоварзон во-баста буд, таваччух намуда, кайд кардааст: «Ва икомати аморати Бухоро чунон аст, ки як мардро бо ахлу аёл ба хам ба як чариб замин, ки зироат кунад, каноат ме-афтад ва маоши у аз он мухайё мебошад» [10, 97].
Дар «Мучаму-л-булдон»-и Ёкути Хамавй аз неъматхои кишоварзии замони Сомониёни Мовароунннахр чунин ёд шудааст: «Мовароуннахр аз чумлаи хуррам-тарин, бонеъматтарин, пурбаракаттарин иклимхост... Фарохии неъмати он аз хадди тавсиф бештар аст ва дар тамоми билоди ислом ва Fайри он мислаш набошад... Ва агар мардуми он аз гармову сармо зарар бинанд ва ё офате ба зироати эшон бира-сад, хамон Fаллае, ки пас аз офат дар заминхояшон бокй монад, аз зиёдй эшонро басанда аст ва ниёзе ба накли он аз шахрхои дигар надоранд... Ва дар тамоми Мовароуннахр мавзеъе холй аз иморатхо, шахрхо, дехахо, обхо киштзорхо ва чаро-гоххо нест. Ва хар чизе, ки мардумро аз он чора набошад, эшонро бошад - ба хадде бештар аз истеъмолашон» [6, 289].
Дар осори муаррихони замони Сомониён доир ба махсулоти кишоварзй, кариб тамоми намуди анвои Fалладонавy полезй ва дигар Fизои ба мардум дастрасбуда, ёд мешавад. Тибки маълумоти онхо дар тамоми шахру навохии Хуросону Мовароуннахр боFхои мевачот, ки хосили баланди себ, анор, анчир, ангур ва анвои дигари мевачот истехсол мешуд, на факат талаботи парваришкунандахо, инчунин мардуми кучии атрофро таъмин мекарданд [ниг. 14, 553-575].
Маълум аст, ки яке шохисхои мухимми вазъи зиндагии мардуми шахру дехот сохаи чорводорист. Иклими Хуросону Мовароуннахр, ки дар ин пахно мардуми бодиянишин ё кучй як кисми ахолиро ташкил мекард, барои рушди ин самти шyFли мардум хеле мувофику созгор буд. Вале чорвопарвариро пурра шyFли кучиён хисоб кардан низ ба хакикат рост намеояд. Чорводории хонагй пурра хам набошад, то андозае талаботи ахолии мукимиро конеъ мекард. Дар осори муаррихони замони Сомониён ва асрхои баъдин маълумоти зиёде доир ба ин самти шyFли мардум маълумоти зиёде бокй мондааст.
Дар «Худуду-л-олам», муаллиф аз нохия ва шахрхои Хуросон мисли Нишопур, Сабзавор, Нисо, Бовард, Тус, Харй, БодFиз, Сарахс, Марв, Гузгонон, Толикон, Балх, Тухористон, Самангон, Faрчистон, Бадахшон ва Faйрa, хамчунин аз шахру мавзеъхои Мовароуннахр: Бухоро, Самарканд, СyFд, Кеш, ЧaFOниён, Шумон, Ваш-гирд, Хучанд, ФaрFOнa, Сурушана, Бутамон, Хатлон ва Faйрa ёдовар шуда, онхоро чун макони кишоварзиву боFдорй ва чорвопарварй нишон додааст [15, 53-61].
Бояд кайд кард, ки низоми обёрии замони Сомониён дар асоси маълумоти хат-тй ва маводи хангоми ковишхои бостоншиносй ба даст овардаи бостоншиносон, нисбатан мукаммал омухта шудааст. Дар ин чода бамаврид аст, ки аз хизмати мухаккикони асри XX - ибтидои асри XXI дар баррасии ин масъала аз бардошти В. В. Бартолд ва боз чанде аз мухаккикон доир ба вазъи обёрии замони Сомониён ёдовар шавем.
«Сулолахои Тохириён ва Сомониён (асрхои IX-X) нисбат ба худи арабхо, - ме-нависад В. В. Бартолд, - бо мувафаккияти калон исломро пахн карда, хифзи сархадхои худро аз хучуми бегона хифз менамуданд. Онхо бо рохи осоишта намо-яндагони сулолахои томусулмониро дур карда, доир ба муттахид намудани он ба як давлати вохид, ки ба хайати он дар баробари Мовароуннахр Хуросон низ ворид мешуд, чорачуйй мекарданд. Дар замони Тохириён пойтахти хамаи давлати Хуросон - шахри Нишопур ва дар замони Сомониён бошад, Бухоро хисоб меёфт. Мут-тахидшавии сиёсй, мисли харвакта доир ба бехдошти низоми обёрй (ирригатсия) имкон дод; мо мебинем, ки ба мубтакири Хуросон, Абдуллох ибни Тохир (830844), сохтмони як катор иншооти обёрикунандаро дар моварои вилояти Каспй нисбат медиханд. Хатто хукумати дурдасти БaFдод дар ин корхо иштирок дошт ва хамзамони Абдуллох, халифа Муътасим (833-842) барои сохтмони нахри атрофи Тошканд ду миллион дирхам (кариб 500 ООО пули русй) чун хадя бахшид» [1,107].
Низоми обёрии замин дар замони Сомониён бештар ривоч ёфт. Ба ин В.В. Бартолд марок зохир намуда, кайд кардааст: «Аз низоми обёрикунии давлати Сомониён, аз хама мукаммал МyрFоб хисоб меёфт... ^айд кардан чоиз аст, ки дар баъзе чойхо, монанди хавзахои МyрFоб ва Зарафшон, дар боробари заминхои обй, замини зиёди лалмй низ буд. Хосили аз ин заминхо ба даст омада, барои таъмини як шахри калон мерасад» [1, 109].
Тибки тахкикоти олимони Шуравй, ки асосан ба маъхазхои хаттй ва маводи бостоншиносй такя доранд, сохтмони дaрFOтy корезхо дар замони Сомониён хеле ривоч ёфт. Чунин дaрFOтy обанбори бузург дар Хоразм сохта шуда буд, ки мyFyлхо онро вайрон карданд. Аз чумла, бокимондаи чунин дaрFOти дар асри X сохташуда, дар куххои Нурато пайдо шудааст. Чунин мисолхо кам нест [2, 67-70]. Табиист, ки сохтмони чунин иншооти азими обёрикунанда, дониши баланди гидротехникиро талаб мекард.
Бояд кайд кард, ки низоми мукаммали обёриро дар минтакаро на хама вакт дар холати шукуфоиву рушд нигох доштан муяссар мегардид. Борхо ба аз хучуми ачнабиён ва хаводиси табий вайрону валангор гардида, боз бо захмати мардум сохта мешуданд. Бояд кайд кард, ки на хама вакт ин азнавсозй ба иктидори пешта-ра расонда мешуд. Масалан дар замони Сомониён ба хамаи кушиш нигох накарда, дар водии Вахш низоми обёрии кадимаро пурра баркарор карда натавонистанд [7, 44-46].
Чунин маълумот доир ба баркарор нашудани корезхои болооби Зарафшон ва Истаравшан бокй мондааст. Аз хафт корезхои нихоят азими ин минтака, ки дар давраи хучуми арабхо вайрон шуда буданд, дар замони Сомониён низ ба дарачаи каблй баркарор нашуданд. Вале бояд кайд кард, ки дар ахди Сомониён аз корезхои машхури гузашта, Кофиру Таги Камар баркарор шудаву корези нав - Форметан сохта шуд, ки мислаш на то асри X ва на пас аз он дар тамоми Мовароуннахр ба назар намерасад. Дарозии ин корез ба 3,2 км, аз хама чои чукуриаш ба 40 м мера-сид [17, 572-573; 18, 16-17]. Дар Истаравшан нисбат ба минтакаи болооби Зарафшон корезхо камтар осеб дидаанд. Аз ин иншоот бештар корезхои азим - ТаFO-яккуркат ва Каллахона хисоб меёфтанд [3, 73,83, 92-95; 4, 43-45].
Аз руйи хулосаи мухаккикони Шуравй, ки ба сарчашмахои хаттй ва хафриёти бостоншиносй асос ёфтаанд, дар Хуросони асри IX то 42 хазор корезхо муайян шудаанд. ^исми зиёди онхо дар Нишопур ва мавзеъхои кухй дар истифодаи умум карор доштанд. Дар Кухистони Хуросон манбаи болоизаминии об кариб мавчуд набуд. Аз ин ру, дар низоми обёрй корезу чоххо мавкеи халкунанда доштанд [11, 359-359].
Аз ахаммияти хосаи низоми обёрикунй чунин далел шаходат медихад, ки ба-рои самаранок истифода бурдани об конуни расмй муайян шуда буд. Хануз Абдул-лохи Тохир ба донишмандони соха ва олимони Хуросонро супориш дода буд, ки хамаи конунхои каблиро чамъ оварда, дар асоси онхо мачмуаи коидаи истифодаи обро тартиб диханд. Натичаи кори онхо дар мачмуае бо унвони «Китобу-л-Куний» чамъбасту пешниход гардид. Ин амал то андозае зиддияту мунокишаи мулкдорону сохибзаминонро кам карда, онро ба танзим даровард [13, 75; 11, 39].
Ин худ далелест, ки барои халли масъалаи обёрй, хосатан сохтмони иншооти зарурй бе чалби донишмандони соха ва олимон халли худро ёфта наметавонист. Аз ин чост, ки барои тартиби накшаи асосноки илмй дар сохтмони корезхои Нишопур олими машхури табитшинос Абурайхони Берунй даъват шуда буд.
Чи тавре аз маълумоти дар осори муаррихони асримиёнагй ва мухаккикони ба омузиши рушди кишоварзй ва низоми обёрии замони Сомониён бармеояд, ин сохаи хаётан мухимми иктисодиву ичтимой дар замони Сомониён ба авзои мурак-каби сиёсй нагох накарда, нисбат ба дигар давлатхои минтакаи Осиёи Марказй ва берун дар сатхи пешрафта карор дошт.
Табиист, ки ахаммияти калидии низоми обёрикунй барои рушди сабзавотпар-вариву боFдорй ва чорводорй низ бетаъсир буда наметавонист. Тибки хулосаи аз маълумоти маъхазхо бардоштаи мухаккики муосири Эрон М. Ночй «Ба рузгори Сомониён кишти анвои махсулоти зироатй ва кошти дарахтони гуногуни мева, вучуди чарогоххо ва маротеи васеъ, ин минтакаро аз хар чихат бениёз ва афзун бар ин, таъминкунандаи ниёзи дигари манотик сохта буд» [14, 554].
Муаллифи номбурда, доир ба сохтмони иншооти обёрикунанда дар хавзаи да-рёхои манотики Хуросону Мовароуннахр сохташуда ёдовар шуда, ба даст овардани навъхои махсулоти кишоварзии хатто беш аз меъёри ниёзи мардум, аз кабили зи-роати гуногуни Fалладона, биринчу Fалла, пахта, махсулоти полезй ва Fайра, инчу-нин доир ба рушди боFпарварию чорводории замони Сомониён бо такя ба маълумоти аз манобеи боэътимод ва хулосахои аз осори мухаккикон бардошта, далелхои зиёде овардааст [14,553-575].
М. Ночи маълумоти дар осори Мукаддасй, Ибни Хавкал, Истахрй ва хулосахои мухаккикони муосирро доир ба вазъи чорвопарварй дар ахди Сомониён мавриди омузиши мукоисавй карор дода, кайд кардааст, ки дашту даман ва чарогоххои ва-сеи Хуросону Мовароуннахр барои парвариши чорпоён хеле мусоид буданд. Беса-баб набуд, ки шутурхои бузурги хуросонии дар Самарканд парвариш ёфта, аспони чолоку бодпойи хатлонй, гусфандони Леваканди Вахш, гусфанду аспхои Фаргона ва Туркистон, хайвоноти муйинадехи Хоразм мисли самур, санчоб, кокум, рубох, дала, шутурхои хуросонй, шутурхои бахтии Балх ва гайра дар тамоми Осиёи Мар-казй ва кишвархои дур маъруф буданд.
Чи тавре аз далелхои дар боло ишораёфта, бармеояд, доир ба кишоварзй ва чо-рводории замони Сомониён маълумоти зиёде бокй мондааст. Дар асоси тахлили мукоисавии онхо, мухаккикон то андозае тавонистаанд, ба вазъи соха чун шохиси мухимми хаёти иктисодй-ичтимоии замон ва макоми созандагии точикон равшанй андозанд.
АДАБИЁТ
1. Бартольд В.В. К истории орошения Туркестана//Сочинения. - Т. III. - М.: «Наукам», 1965.
- С. 95-233.
2. Билалов А.И. Научные основы ирригационной практики X-XI вв//Абуали ибн Сино и его эпоха. Сб. Статей (К 1000-летию со дня рождения). - Душанбе: «Дониш», 1980. - 64-70.
3. Билалов А.И. Из истории ирригации Уструшаны//Душанбе, 1980. - 103 с.
4. Билалов А.И. Каризы Уструшаны//Материалы по археологии и истории Таджикистана. -Душанбе, 1977. - С. 43-55.
5. Fафуров Б^. Точикон. Таърихи кадимтарин, кадим ва асри миёна. Китоби якум. - Душанбе: «Ирфон», 1998. - 704 с.
6. Ёкути Х,амавй. Мучам-ул-булдон//Сомониён дар масири таърих. - Чилди дуввум (муту-ни арабиасл). - Хучанд: Нашриёти давлатии ба номи Рахим Чалил, 1998. - С. 279-301.
7. Зеймаль Т. И. Древание и средневековые каналы Вахской долины//Страны и народы Востока. - М., 1971. - Вып. Х. - С. 33-70.
8. Ибни Хавкал. Сурат-ул-арз//Сомониён дар оинаи таърих. - Чилди дуввум (мутуни арабиасл). - Хучанд, 1998. - С. 135-147.
9. Истахрй Абуисхок. Масолик ва мамолик (Ба чоп тайёркунанда Эрачи Афшор). - Техрон, 1340. - 234 с.
10. Истахрй Абуисхок. Мамолик ва Масолик. Тарчумаи Абдуллохи Тустарй//Сомониён дар оинаи таърих. - Чилди дуввум (мутуни арабиасл). - Хучанд, 1998. - С. 79-101.
11. История таджикского народа. - Т. II. Эпоха формирования таджикского народа. - Душанбе - ИР Иран: «Алхудо», 1999. - 791 с.
12. Наршахй Абубакр. Таърихи Бухоро. Мураттибон F. Fоибов, К. Олимов, Н. Амиршохй.
- Душанбе: «Пайванд», 2012. - 736 с.
13 Неъматов. Н. Давлати Сомониён: точикон дар асрхои IX-X. - Душанбе: «Ирфон», 1989 -304 с.
14. Ночй М. Фарханг ва тамаддуни исломй дар каламрави Сомониён. - Душанбе: Ройзании фархангии Ч И Эрон дар Точикистон, 2011. - 1295 с.
15. Худуду-л-олам мина-л Машрик ила-л Магриб. Тахияи матн ва муаллифи пешгуфтор А. Хасанов. Аз силсилаи точикон дар масири тамаддун. - Китоби XI. - Душанбе: Бухоро, 2014. -588 с.
16. Чайхонй. Ашколу-л-олам. Тарчумаи Абуссаломи Котиб//Сомониён дар оинаи таърих. Чилди дуввум (мутуни арабиасл). -Хучанд, 1998. - С. 39-78.
17. Эшонкулов У. История ирригации Верхнего Зарафшана//Археологические открытия в СССР. 1983. - М., 1985. - С. 569-575.
18. Эшонкулов У. История ирригации Верхнего Зарафшана. Автореферат дисс. канд. ист. наук. - Самарканд. -23 с.
ТАЪРИХНИГОРИИ ВАЗЪИ КИШОВАРЗИИ АХДИ СОМОНИЁН
Ма^ола ба раванди омузишу тахкщи кишоварзии Хуросону Мовароуннахр дар ахди Сомониён бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба ин сохаи мухимми хаёти ичтимоию щтисодй дар осори муаррихону чугрофиёшиносони замони Сомониён ва баъди су^ути давлатдории онхо, Наршахй, Ч,айхонй, Ибни Хдв^ал, ал-Истахрй, Ё^ути Хамавй, асари чугрофии муаллифи номаълум «Худуд-ул-олам», ки ахаммияти мухим-ме доранд, оварда шудааст.
Муаллиф дар заминаи омузиши му^оисавии чунин маъхазхо ба рох мондани тах^и^оти ба вазъи кишоварзии замони Сомониён бахшидаи олимони Шуравй ва му-осир, аз чумла, В.В. Бартолд, Б. Fафуров, Н. Неъматов ва дигаронро дар маърази тах-лил гузошта, дарачаи сахми онхоро дар халли во^еан илмии ин масъала во^еъбинона муайян намудааст.
Калидвожа^о: Сомониён, Мовароуннахр, Хуросон, Бухоро, Самарканд, Нишопур, Сугд, Кеш, Чагониён, Шумон, Вашгирд, Хуцанд, Фаргона, Хатлон, Исмоил Наср, корезхо, кишоварзи, галлакорй, богдорй чорводори.
ИСТОРИОГРАФИЯ ПОЛОЖЕНИЯ СЕЛЬСКОГО ХОЗЯЙСТВА В ГОСУДАРСТВЕ САМАНИДОВ
В данной статье проведен историографический анализ положения сельского хозяйства в Мавераннахре и Хорасане в эпоху Саманидов (899-999). Автор, следя за содержанием историко-географических сочинений современников периода правления Саманидов и после падения их державы, таких как Наршахи, Джайхони, ибн Хавкал, Истахри, Якута Хамави, и географического сочинения «Худуду-л-олам» (Границы мира), оценивает их источниковую ценность.
Эти данные, вместе с археологическими материалами, лежат в основе исследований советских и современных ученых, занимающихся историей государства Саманидов. Автор выделяет заслугу таких ученых, как В.В. Бартольд, Б. Гафуров, Н. Негматов и др. в изучении данной проблемы.
Статья подчеркивает важность сведений, представленных указанными авторами, в исследовании состояния сельского хозяйства в период Саманидов, и выделяет их вклад в формирование научного представления о социально-экономическом положении той эпохи.
Ключевые слова: Государство Соманидов, Мавераннахр, Хорасан, Бухара, Самарканд, Нишапур, Согд, Кеш, Чаганиян, Шуман, Вашгирд, Худжанд, Фергана, Хат-лан, Исмаил, Наср, карезы, зерноводство, садоводство, животноводство.
HISTORIOGRAPHY OF RURAL ECONOMY IN THE SAMANID STATE
This article delves into the historiographical analysis of the rural economy in Maveran-nahr and Khorasan during the Samanid era (899-999). The author, tracing the contents of historical and geographical works by contemporaries of the Samanid rule and those following the decline of their powerful state, such as Narshakhi, Jayhoni, Ibn Hawqal, Istakhri, Yaqut al-Hamawi, and the geographical treatise «Hudud al-Alam» (The Regions of the World), evaluates the reliability of the information they provide about the state of rural economy during that period.
The data from these sources, along with archaeological materials, form the basis of research conducted by Soviet and contemporary scholars involved to varying degrees in the history of the Samanid state. In this regard, the author particularly emphasizes the contributions of V.V. Bartold, B. Gafurov, N. Negmatov, and others in studying this issue.
Key words: Samanid State, Maverannahr, Khorasan, Bukhara, Samarkand, Nishapur, Sogd, Kash, Chaghaniyan, Shuman, Vashgird, Khujand, Fergana, Hatlan, Ismail, Nasr, karez (underground aqueducts), agriculture, horticulture, animal husbandry.
Сведения об авторе: Хайдаршо Пирумшо - доктор исторических наук, профессор, главный научный сотрудник отдела древней, средневековой и новой истории Института истории, археологии и этнографии имени А. Дониша Национальной академии наук Таджикистана. Адрес: Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Ак. Раджабовых, 7. E-mail: pirumshoev/[email protected]. Тел.: 919148736.
Information about the author: Khaidarsho Pirumsho - Doctor of Historical Sciences, a professor, and the chief research fellow at the Department of Ancient, Medieval, and Modern History of the Institute of History, Archaeology, and Ethnography named after A. Donish of the National Academy of Sciences of Tajikistan. Address: Republic of Tajikistan, Dushanbe, Ak. Radjabov Street, 7. E-mail: [email protected]. Phone: 919148736. ♦-♦
УДК 93 (581.6)"09":930.1
«^ИДОЯТУ-Л-МУТАЪАЛЛИМИН ФЙ-Т-ТИБ»-И АХАВАЙНЙ-ЦАДИМТАРИН АСАРИ ТИББЙ БА ЗАБОНИ ФОРСЙ-ТО^ИКЙ1
ШАРИФЗОДА А.,
Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Таърихнигорон пизишкй ва дорусозиро аз кадимтарин улум дониста, зухури онро ба асри санг мансуб медонанд [1,8]. Бо пешрафти чамъияти инсонй дар даво-ми хазорсолахо тачрибаи амалии инсон дар пизишкй афзуд ва бо пайдо шудани хат ин тачриба сабт шуд. Осори бокимондаи хаттй аз он гувохй медихад, ки тибби ниёгони точикон монанди тибби хинду юнонй ва чинй, аз чумлаи кадимтарин илмхо мебошад.
Авасто кухантарин сарчашмаи хаттист, ки дар он чойгохи чамъиятии пизишк ва анъанахои дармондихии ниёгон ба таври равшан инъикос шуда, хатто номи пи-зишки нахустин - Срайт хам зикр шудааст[2,33]. Дар «Авасто» ба масъалахои по-кии хуроку нушокй, тоза нигох доштани мухити зист, аз чумла, назофати хонаю хавлй, замини кишт ва оби дарёю захбурхо диккати чиддй дода шудааст. Китоби «Авесто» кадимтарин сарчашмаи тибби гиёхй буда, дар он зиёда аз сад намуд гиёххои шифобахш, мисли хаома, коху, хум (бандак), сипанд, зира, кунчит, сир, пиёз, сабзй, шалгамча ва гайрахо оварда шудаанд. Аз ин растанихо дорухои гуно-гун омода мешуд. Тибки талаботи зардуштия дар аввал дорухои омодашударо дар шахсони бенавои ба катл хукмшуда санчида, баъд ин дорухоро барои табобати бе-морони ашроф тавсия менамуданд [3, 422].
1 Макола дар асоси ioiivhii «Таърихи илм ва техникаи халки точик аз давраи кадим то имруз», раками кайди давлатй 0121TJ1273 навишта шудааст.