Научная статья на тему 'ОКТЯБРЬСКАЯ РЕВОЛЮЦИЯ В СУДЬБЕ ТАДЖИКСКОГО НАРОДА'

ОКТЯБРЬСКАЯ РЕВОЛЮЦИЯ В СУДЬБЕ ТАДЖИКСКОГО НАРОДА Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
109
213
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
САМАНИДЫ / ГУРИДЫ / ПАТРИАРХАЛЬНО-ФЕОДАЛЬНЫЕ ОТНОШЕНИЯ / ОКТЯБРЬСКАЯ РЕВОЛЮЦИЯ / СОВЕТСКИЙ ПЕРИОД / ВОЗРОЖДЕНИЕ ТАДЖИКСКОЙ ГОСУДАРСТВЕННОСТИ / ТАДЖИКСКАЯ АССР / ТАДЖИКСКАЯ ССР / КОЛЛЕКТИВИЗАЦИЯ / ИНДУСТРИАЛИЗАЦИЯ / НАУКА / КУЛЬТУРА / ПЕРЕСТРОЙКА / НЕЗАВИСИМОСТЬ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Пирумшоев Хайдаршо

Статья посвящена краткому освещению исторического значения Великой Октябрьской Социалистической Революции в создании реальной основы для возрождения таджикской государственности. В ней последовательно изложены неопровержимые факты невиданного социально-экономического и культурного развития Советского Таджикистана.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE OCTOBER REVOLUTION IN THE FATE OF THE TAJIK PEOPLE

The article is devoted to the historical significance of the great October Socialist Revolution in creating a real opportunity for the revival of Tajik statehood. It consistently presented irrefutable facts of unprecedented socioeconomic and cultural development in Soviet Tajikistan.

Текст научной работы на тему «ОКТЯБРЬСКАЯ РЕВОЛЮЦИЯ В СУДЬБЕ ТАДЖИКСКОГО НАРОДА»

ИЩИЛОБИ ОКТЯБР ДАР ТАВДИРИ ХАЛЦИ ТО^ИК

^айдаршо ПИРУМШОЕВ,

узви вобастаи Академияи илмхои Ч,умхурии Точикистон, мудири шуъбаи таърихи кадим, асрхои миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмхои Ч,умхурии Точикистон. Телефон: 919-14-87-36; e-mail: pirumshoev. [email protected]

Таърихи башарият бисёр вокеахои кисматсозу кисматсузро аз сар гузаронидааст. Раванди ихтилофомези чомеаи инсонй дар мисоли таърихи халки точик возехан ба назар мерасад. Ин халки бостонию ачдодан бумии Осиёи Марказй дар таърихии тулонии худ борхо шахди давлатдорию захри бедавлатиро чашида бошад хам, вале хамеша рисолати пешсафии тамаддунофари худро нигох доштааст. Аввалин нишондихандахои давлатофарии гузаштагони нихоят дури мо, ки дар хафриёти Саразм пайдо шудааст, беш аз панчуним хазор сол пеш огоз ёфта, дар асрхои VII -VI то милод дар шакли давлатхои бо унвони иттиходияхои кабилавии Сугд, Бохтар, Хоразм ва гайра ташаккул ёфтааст. Ин мулкхои мустакили дар таърихи минтака маълумият пайдокарда, дар охири асри VI-и ибтидои асри V пеш аз милод ба доираи давлатдории империяи Хдхоманишихо кашида шуданд. Солхои 30-20 асри IV минтакаи осиёимиёнагии ин давлат ва баъди чанде кариб тамоми каламрави Хдхоманишхо аз тарафи лашкари Искандари Макдунй гасб карда шуд.

Баъди пош хурдани ин империяи бузург мулкхои Бохтар, Сугд Маргуш ва кисман Фаргона ба доираи давлатдории Юнону Бохтар (солхои 226141/128 пеш аз милод) кашида шуда, баъди аз байн рафтани он точикони минтака дар хайати давлати Кушониён ва аз он пас (миёнаи асри III - миёнаи асри VII милодй), кисмати таърихи онхо бо давлати Сосониён пайваст.

Хучуми арабхо ба Мовароуннахру Хуросон, ки аз миёнаи асри VII огоз ёфтаву то пурра ба тобеияти худ даровардани Мовароуннахр (ибтидои асри VIII) идома ёфтааст.

Ба ин тобеияти тулонии сиёсй нигох накарда, дар тамоми пахнои Осиёи Миёна ва Хуросон шаклгирии забони точикй ва таъсири он ба дигар халку кабилахои хамчавор идома меёфт. Ин худ заминае буд барои худшиносию рох ба ташаккули халкияту давлатдории муттамаркази точикон. Давлати Сомониён намунаи баланди ташаккулёбии забон-омили мухимтарин дар раванди ташаккули давлатдории ин халки вохид хисоб меёбад.

Баъди бо такозои такдир соли 999 пош хурдани ин давлати абаркудрати асримиёнагии точикон, таърих боз чанд кушиши бобарори давлатдории точиконро бо унвони давлати Гуриён (1147-1215), Куртхои Хирот (1245-1381), Сарбадорон (1337-1381) медонад, ки чун дурахши ситораи пурчилое пайдо шудаву ба таври фочиавй аз байн рафтаанд. Ин давлатхо табиист, ки ба хадди меросбару идомабахши давлати Сомониён нарасида бошанд хам, чун

намунаи талошмандии кавии точикон барои хокимияти сиёсй ва давлатдории муттамарказ шинохта мешаванд.

Аз ин чост, ки амалан, баъди пош хурдани давлати Сомониён точикон харчанд дар хайати силсиласулолахои ачнабию кучй кариб хазор сол аз хокимияти сиёсй махрум шуда бошанд хам, вале рисолати пешсафии фархангии худро на факат идома мебахшиданд, инчунин аквоми сохибсалтанатро дар тобеъияти пурраи анъаноти таърихию фархангии худ нигох медоштанд. Шояд хамин рисолати фархангсолорй то дарачае майли муборизаи ин халки тамаддунофарро барои хокимият суст кардаву онро дар тобеъияти сиёсй ё зери хукми бедавлатй нигох медошт.

Факат вокеияти таърихии охири асри Х1Х-ибтидои асри XX, ки барои Инкилоби Бузурги Сотсиалистии Октябр заминаи мусоид фарохам оварда, билохира ба галабаи ин падидаи дар таърихи башарият нотакрор оварда расондааст, ба канорагии сиёсии ин халки бостонй хотима бахшида тавонист.

Галабаи Инкилоби Октябр дар такдири точикон ва дигар халкхои мазлуми империяи Русия барои эхё ва ташаккули давлатдории миллй заминаи мусоид фарохам овард. Махз ба туфайли ин инкилоб дар таърихи башарият аввалин шуда, дар халли масоили миллй кадамхои нисбатан устувор гузошта шуд. Эхёи давлатдории точик низ берун аз ин инкилоб сурат гирифта наметавонист.

Бо эхсоси хамин вокеият Президенти кишвар, мухтарам Эмомалй Рахмон таъкид намудаанд: "Чй чои пинхондорй? Дар арафаи инкилоб холати сиёсй ва ичтимоии мардуми мо ба харобй расида буд. Аз фишорхои берахмонаи бадхохони кудратманди дохиливу хоричй халки точик ру ба таназзул оварда буд. Мавкеи таърихию ичтимоии у аз хар чихат суст мешуд. Илму адабиёт ва забони пурмояву ширадори точикй дар шахрхои бостонй шукуху шахомати кадимаи худро аз даст медод. Чдбру ситами ачнабиён кишварро хароб, мардумро пажмурдаву ноумед сохта, косаи сабрашонро лабрез менамуд. Ба ин маънй метавон гуфт, ки Инкилоби Октябр ба мардуми мо умеду умри дубора бахшид. Халки точик баъди хазор соли аз байн рафтани сулолаи Сомониён боз сохибдавлат шуда, дар харитаи сиёсии чахон арзи вучуд кард"[С.103].

Боиси таассуф аст, ки иддае аз бо ном "чомеашиносону муаррихон"-и навбаромад баъди пош хурдани Иттиходи Шуравй аз эътирофи ин хакикати таърих фосила мечуянд. Дар байни ин тоифа хатто собик таргибгарони расмию касбии аз конунияти галабаи инкилоби ичтимой (сотсиалистй) чорзананда кам нест. Акнун он муборизони дар гузашта ба назарияи инкилобии марксизм-ленинизм содик дар катори баъзе аз шогирдони нисбатан чавони дар тахкикоти таърихй тачрибаи кофй надоштаи худ бо хар восита кушиш ба харч медиханд, ки инкилоб ва дастовардхои замони пойдории Хокимияти Шуравиро чун вокеаи тасодуфй зидди конунияти раванди таърих нишон диханд. Ин ашхос худро намоишкорона дар навиштахояшон чун "муаррих" ё "чомеашинос" муаррификунанда, ба дарки чунин хакикат рафта наметавонанд, ки тасодуф барои илми таърих бегона

аст. Хама хаводиси таърихй дар доираи конунияти муайян ва зарурияти замон сурат мегирад. Аз ин чост, ки дар Русия пайи хам сар задани се инкилоб (инкилоби аввал-солхои 1905-1907; дуюм-феврали 1917 ва билохира, Инкилоби Октябр, соли 1917), ки хадафхои худро доштанд, амри тасодуф буда наметавонист. Аз тарафи дигар хусусияти онхоро пешвои ин чунбишхои инкилобй - Владимир Илич Ленин каблан аз чихати илмй асоснок намуда буд.

Аз ин ру, Инкилоби Октябр, мавчудияти чомеаи сотсиалистй ва макоми созандагии онро дар таърихи халкхои мазлуми дар хайати собик империяи абаркудрат карордошта, эътироф накардан аз тангназарии таърихй ё гаразмандии сиёсй дарак медихад. Аз ин лихоз, ба кор бурдани мафхумхои мухталифи «табаддулот», «тасарруфи болшевикон»,«экспорти инкилоб», «заволи истиклолият», «аз даст рафтани арзишхои миллй» ва гайраю хоказо маънидод кардани Инкилоби Октябр ва дигаргунсозихою дастовардхои бесобикаи ба туфайли он ба даст омадаро эътироф накардан, маънии аз хакикати таърих касдан фосила чустан ё нишондихандаи батамом таърихноогахист.

Хамчунин пош хурдани Иттиходи Шуравиро низ набояд чун бепоя будани он шинохт. Ин шикаст низ тасодуфй набуда, омилхои ба худ хосро дорост. Вале дар байни онхо ноухдабароию хиёнати рохбарияти хизби хоким-Хизби коммунистй, ба карахтии идеявй кашидани таълимоти марксистй-ленинй ва дар ин замина дур шудан аз талаботи созандагии барои чомеаи сотсиалистй созгор, вобаста ба талаби вокеияти замон нагузаронидани ислохоти зарурй, пурра сарфи назар намудан аз иктисоди бозорй ва ракобатпазирии он аз як тараф, фишори муттасили давлатхои абаркудрати сармоядор, ки барои аз байн бурдани Иттиходи Шуравй тамоми имконияту воситахоро истифода мебурданд, аз тарафи дигар, ба пош хурдани он оварда расонд.

Бояд кайд кард, ки доир ба сабабхои шикасти давлати адолатпарвари Шуравй, садхо китобу хазорхо маколот руи чоп омада бошад хам, вале то имруз тахкикоти мукаммали вокеан илмию бунёдй таълиф нашудааст. Аксари муаллифон ба он падидаи беназири таърих аз назари гаразмандии идеологй бахо медиханд. Вале хакикатро бо осонй аз ёдхо рабудан ба касе муяссар нашудааст. Гардиши бузурги инкилобии асри гузашта бо хдр восита дар хама самтхо аз худ дарак медихад. Бо эътимоди комил бояд кайд кард, ки наслхои оянда ба он азнавсозию дастовардхои иктисодй, ичтимой ва фархангии замони Шуравй бахои муносиб хоханд дод.

Таърих борхо исбот кардааст, ки рох ба суи эхёи давлатдорй хамеша нихоят сангину фочиабор сурат мегирад. Инро мисоли рохпаймоии точикон барои эхёи давлатдорй равшан собит намудааст. То ба дарачаи истиклолияти комил расидан ба ин халки бостонии тамаддунофар лозим омад, ки баъд аз галабаю мустахкам шудани Хокимияти Шуравй боз аз маъракаи мухиму такдирсоз-таксимоти миллй-худудии соли 1924, таъсисёбии ^умхурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Точикистон дар хайати

^умхурии Шуравии Сотсиалистии Узбекистон ва ташкилёбии ^умхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон (соли 1929) гузарад.

Ба хамаи нуксу беадолатихои нисбати точикон зохиршуда, ин ду зина падидаи олй асосе буданд, ки аз огози эхёи давлатдории точикон дарак медоданд. Ба туфайли хамон мухторияти махдуд, ба фишори пантуркизм нигох накарда, ба тафаккури озодандешй ва истиклолиятхохии вокей заминаи кавй гузошта шуд. Акнун точики сохибфархангу садсолахо бедавлати пештара бо назари нав ба макоми таърихии худ менигарист. Бешубха дар хамин давраи мухторият заминахои сиёсию иктисодй ва фархангй барои гузаштан ба зинаи нисбатан баландтари давлатдорй руи кор омад.

Акнун бо такозои замон ва ба бахти миллат дар яке аз гушахои кухистони давлати бузурги аздастрафтаи ачдодон-Давлати Сомониён, баъди талошхои хазорсола, бо номи поку муборак-Ч,умхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон ташкил ёфт. Ин навиди вокеие буд, ки аз эхёи давлатдории ин халки азияти тобеъиятиро бадушдошта дарак медод. Ин падидаи такдирсоз заминаи халкунандае гардид дар анчоми талошу орзухо барои эхёи кавии давлатдорй ва истиклолияти комил.

Инкилоби Октябр ва ба дасти шурохо гузаштани низоми давлатдорй барои бедор намудан ва ба мачрои зарурй сафарбар намудани неруи созандаи точикон тамоми шароитро мухайё намуд. Ин талоши созандагиро харобкорихои аксулинкилобиён-дастахои горатгари босмачиён, ки иддае аз "равшангарон"-и навини таърих онхоро "муборизони рохи адолат", "кахрамонони чунбиши миллй-озодихохй" мехонанд, халалдор карда натавонист.

Ба накши инкилоби Октябр ва дастовардхои Точикистон дар замони Шуравй Президенти мухтарами мо, поягузори истиклолияти комили чумхурй, Эмомалй Рахмон бахои нихоят вокеъбинона дода, аз чумла кайд менамояд: "Инкилоб Точикистонро сохиби худуд кард ва аз зери фишори бадхохонаш озод намуд. Барои мардум танг хам бошад, майдони кор ва эчоду фаъолият мухайё сохт. Охиста-охиста дар водихои нообод ва кухистонхои дурдаст дехахо ва шахру нохияхои обод бунёд гаштанд. Мактабу маориф ва илму фарханг босуръат инкишоф ёфт. Фарзандони халки точик бо мададу дастгирии бародаронаи олимони русу украин ва дигар халкхо дар кашфи нодиртарин сохахои илм ангуштнамо шуданд. Вале ба назари мо мухимаш он буд, ки дар ин давра забони точикй аз нав чон гирифт ва тавассути софкории адибону олимон, захмати пайвастаи зиёиён хеле суфтаву чолиб гашт. Эхсоси ифтихор аз худшиносии миллати точик кувват гирифт. Дар радифи дигар чумхурихо Точикистон дар тамоми сохахо ру ба таракй овард ва ба як мамлакати ободу зебо табдил ёфт"[ С.103].

Акнун биёед ба таври мухтасар хам бошад, ба чанде аз далелхое, ки Президенти мухтарами мо барои чунин хулосабандии нишонрас ба асос гирифтаанд, назар андозем.

Маълум аст, ки дар Точикистони тоинкилобй, агар аз чанд корхонаи хурди коркарди аввалияи махсулоти кишоварзй ва истехсоли ангишти то инкилоб дар нохияхои шимолии чумхурй сохташуда сарфи назар намоем, аз нишондихандаи корхонаю истехсоли махсулоти саноатй кариб батамом махрум буд. Бо ибораи дигар, Точикистон, ки дар худуди он муносибатхои феодалй ва хатто патриархалй хануз зерпояи мустахкам доштанд, то инкилоб оддитарин пойгох барои ба рох мондани истехсоли Шуравй,Точикистон дар солхои 30-юми асри гузашта ба доираи раванди саноатикунонию (индустриализатсия) коллективонии хочагии кишоварзии Умумиитифок кашида шуда, ба туфайли маблаггузорй аз марказ дар муддати кутох ба дастовардхои назаррас ноил гардид.

Албатта метавон доир ба чузъиёти раванди саноатикунонй ва рушди он дар замони Шуравй барои хонанда гузориши муфассале пешниход намуд, вале бо назардошти он, ки хачми як макола хатто номоварди оддии он дастовардхоро гунчонда наметавонад ва аз тарафи дигар, барои хонанда дастрас будани маълумоти омории хамасола ва таълифоти зиёди мухаккикони Шуравй дар ин чода, аз тахлили доманадор худдорй намуда, факат аз баъзе далелхои равшанкунандаи умумии ин раванд ёдовар мешавем.

Точикистони тоинкилобии аз корхонаю истехсолоти саноатй пурра дар канор монда, дар арафаи пош хурдани Иттиходи Шуравй ба 425 корхонахои бузургу миёна сохиб гардида буд, ки аз ин микдор 207-тоаш ба гурухи "А" (саноати вазнин) дохил мешуд. Дар чумхурй бо суръати нихоят баланд рушди комплекси саноати сузишворй-энергетикй, электроэнергетика, комплекси металлургй, комплекси мошинасозй, саноати химия ва нефтухимия, саноати маводи сохтмонй ва кариб тамоми намудхои саноати сабук ба рох монда шуда буд.

Бо назардошти хамин суръати баланди раванди саноатикунонй рушди бесобикаи он, дастовардхои бузурги истехсоли махсулоти саноатй ва кишоварзиро дар солхои Хокимияти Шуравй, Президенти кишвар, мухтарам Эмомалй Рахмон нихоят одилона ва вокеъбинона бахо дода, кайд менамоянд: "Вокеан Точикистон дар тули ин солхо ба кишвари зироатй ва саноатй мубаддал гашта, сохахои гуногуни саноату зироат, сохтмону наклиёт ру ба инкишоф ниходанд, пояхои иктисодии чумхурй устувор гардид. Саноат 55 фоизи тавлидот ва кишоварзй 45 фоизи махсулоти тавлидотиро ташкил медод. Саноати Точикистон зиёда аз сад сохаи саноат ва кариб 400 корхонахои азимро дар бар гирифт. Дар чанубу шаркии чумхурй бузургтарин корхонахо: корхонаи алюминии Регар, корхонаи электрохимиявии Ёвон, корхонаи нурихои азотии Вахш ба кор шуруъ карданд ва иктидори иктисодии мамлакатро афзун гардонданд.

Асоси тавлидоти кишоварзии чумхуриро заминхои обёришуда ташкил доданд, ки онхо ба бештар аз 650 хазор гектар расонда шуданд. Сохаи асосии кишоварзй пахтакорй гардид, ки майдони кишти он зиёда аз 40 фоизи тамоми заминхои корами обиро ташкил дод. Солхои охир дар чумхурй ба

хисоби миёна соле то 900 хазор тона пахта гунучин карда мешуд, ки сеяки онро навъи пахтаи махиннах ташкил медод" [С, 103].

Факат дар нимаи дуюми солхои 70-ум дар чумхурй 80 корхонахои калони саноатй ва сеххо сохтаю мавриди истифода карор гирифтаанд. Соли 1979 пеш аз мухлат Неругохи обию баркии Норак бо тамоми иктидор ба кор даромад. Дар ибтидои солхои 80-ум Неругохи обию баркии Бойгозй ба кор даромада, сохтмони Неругохи обию баркии Рогун, ки баъдтар бо касофати бозсозии горбачовй ва пош хурдани Иттиходи Шуравй корхои сохтмонй катъ гардиданд, босуръат пеш мерафт. Дар арафаи пош хурдани ИЧ,ШС дар Точикистон 980 самт ва шаклхои истехсолот фаъолият доштанд.

Аз руи накщаи расман кабулшудаи "Роххои асосии рушди иктисодию ичтимоии ИЧ,ШС барои солхои 1986-1990 ва дар давраи то соли 2000" дар Точикистон дар панчсолаи нимаи дуввуми солхои 80-ум бояд хачми махсулоти саноатй то 23-26 фоиз меафзуд.

Аз дарачаи баланди рушди кишоварзй таъминоти баланди техникии соха дарак медод. Аз соли 1959 то соли 1970 бештар аз 200 хазор гектар заминхои нав обёрй карда шуд. Соли 1958 дар хачми умумии тракторхои дар доираи хочагихои сохаи кишоварзй буда ба 9006 трактор мерасид, соли 1983 ин нишондиханда ба 33 519 трактор расида буд. Шумораи мошинахои пахтачинй бошад дар ин фосила аз 23 то ба 4422 афзуд. Микдори харсолаи мошинахои пахтачинии барои сохаи кишоварзй чудо гардида, дар солхои 80-ум ба 2000 адад мерасид. Хамаи ин табиист, ки ба рушди бемайлони соха мусоидат мекард.

Солхои 1976-1980 нисбат ба солхои 1961-1965 хачми умумии махсулоти кишоварй 2,2 баробар афзуд. Дар дахсолахои баъдичангй доир ба халли масоили ичтимой корхои зиёде ба анчом расидааст. Аз руи нишондихандаи шумораи умумии ахолй соли 1989-5108,6 хазор нафар, ашхоси кобили мехнат 2,4 миллион нафар ё 46 фоизро ташкил мекарданд. Аз ин микдор шумораи умумии коргарону хизматчиён-1251 хазор, теъдоди мутахассисони сохахои хочагии халк, ки сохиби маълумоти олй ва миёнаи махсус буданд, соли 1989 ба 175,2 хазор мерасид.

Маоши миёнаи коргарону хизматчиён соли 1988 188,1 сум (беш аз 200 доллари амрикой), сохаи истехсолоти саноатй 213,7 сум ва кормандони сохаи кишоварзй ба 160,1сум баробар буд. Бо иловаи даромад аз хисоби фондхои чамъиятй музди миёнаи маоши кормандони сохахои дар боло зикршуда 279 сумро ташкил мекард.

Аз вазъи ичтимой ва кобилияти харидории мардум чунин далел шаходат медихад, ки соли 1989 маблаги миёнаи сарикасии дар кассахои амонатй нигох доштаи ахли мехнат ба 1299 сум мерасид.

Чунин дастовардхо дар сохаи таъминот ба манзил, ройгон будани хифзи саломатии мардум, рушди маориф ва гайра бараъло ба назар мерасид. Соли 1989 дар чумхурй 3 101 мактаб, ки 1258 хазор хонандагон ва 92,7 хазор омузгоронро фаро гирифта буданд, фаъолият мекарданд. Дар хизмати ахолй 940 муассисахои томактабй ва 59,9 хазор муассиссахои кудаконаи

берун аз мактабй карор доштанд. Дар 10 мактабхои олии чумхурй соли 1989 зиёда аз 65686 донишчуён тахсил мекарданд, 1707 китобхона бо теъдоди умумии 16 149 хазор нусха китоб ва мачаллахо, 22 осорхонахои ахамияти чумхуриявй дошта, 1 429 муассисахои толорхои маданй-равшаннамой, 13 театрхои касбй, 614 осорхонахо, 1 359 нуктахои кинонамоишдихй ва гайра дар хизмати мардум буданд. Китобу нашрияхои факат соли 1989 ба табъ расида 870 номгуйро ташкил мекарданд. Хамон сол дар чумхурй 14,9 хазор табибони баландихтисос ва 41,5 кормандони тахассуси миёнаи тиббй дошта, дар 347 касалхонахо дар хифзи саломатии мардум буданд. Ба хисоби миёна дар осоишгоххои санаториявй ва дигар намуди осоишгоххо бештар аз 355 хазор нафар намояндагони гуногуни ахли захмат саломатии худро баркарор мекарданд.

Дастовардхои нихоят бузурги Точикистони Шуравй дар сохаи илм ба касе пинхон буда наметавонад. Дар солхои 80-ум харочоти солонаи бучаи давлатй барои илм 20 млн сумро ташкил мекард. Соли 1989 шумораи муассисахои илмй дар якчоягй бо мактабхои олии чумхурй 58-то буда, аз ин микдор 28 институтхои тадкикотй бо 10 филиали онхо ва 6 пойгоххои илмию тачрибавй дар хизмати илми чумхурй карор доштанд.

Аз дастовардхои илмию фархангии замони Шуравй ёдовар шуда, табиист, ки чунин хулосаи вокеъбинонаи Президенти мухтарам Эмомалй Рахмон пеши назар меояд: "Дастовардхои навини моро дар сохаи адабиёт ва илмхои дакик дар саросари дунё эътироф кардаанд. Адибону олимони асили мо бо офаридахои чолибашон исбот карданд, ки ворисони арзандаи гузаштагони бузурги худ мебошанд" [С,103]. Аз хамин эътироф бармеояд, ки бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат поягузорони огози эхёи давлатдорй, асосгузорони равнаки илмию фархангии замони Шуравй Нусратулло Махсум, Шириншох Шохтемур, Садриддин Айнй, Бобочон Гафуров, Мирзо Турсунзода бо унвони олй ва мубораки Кахрамони Точикистон сазовор дониста шуданд.

Яке аз нишондихандахои мухими дастовардхои замони Шуравй дар чумхурй рушди шахрдорию шахрсозй хисоб меёбад. Дар Точикистони тоинкилобй ба чуз Хучанду Уротеппа ва боз чанд шахрчахои назарногири маркази бекигарихои Бухорои Шаркй, шахрхое чун маркази тамаддуни точикон эътирофгардида, набуданд. Кариб тамоми шахрхои Точикистон аз чумла пойтахти он, ки дар замони мустакилияти чумхурй бо шукуху шахомати нав дар доираи байналмилалй шинохта шудаанд, дар тахкурсии муътамади замони Шуравй бино ёфтаанд.

Албатта он мисолхои чузъии дар боло ба тарики намуна овардашуда ва боз садхо далел аз комёбихои сиёсию иктисодй, ичтимоию фархангие, ки тахлили мухтавояшон дар даххо тахкикоти бунёдй гунчида наметавонад, аз шукуху шахомати созандагии замони Шуравй дарак медихад. Дар мачмуъ ин дастовардхоро аз кадом самте, ки нанигарем дар тасаввур берун аз доираи галабаи Инкилоби Октябр ва дахои созандагии халк дар замони Шуравй гунчида наметавонанд.

Вале аз тарафи дигар хамаи ин дастовардхо наметавонанд, он гардиши кисматсози таърихии расидан ба истиклолияти комилро зери пардаи губор нигох доранд. Дар пош хурдани низоми Шуравй Точикистон дар катори чумхурихое чой дошт, ки харгиз хавасмандй зохир накарда буданд. Он чй такозои такдир буд дар марказ бо айби сарварони хизбию давлатй, чудоихохони худи Русия сурат гирифта буд. Натичааш барои Точикистони акнун ба фазои истиклолияти комил воридгардида ба таври фочиавй огоз ёфт.

Вабои даргирихои сиёсй, курситалабию махалгарой, эътимод бастан ба куввахои иртичоии дохилию хоричй, ба чанги шахрвандй кашидан ва хавфи аз байн рафтани давлатдории акнун ба пуррагй эхёшудаи точиконро ба миён овард. Вале халки садсолахо захри бедавлатй кашида,бо баробари ба арсаи сиёсат омадани фарзанди ватандуст, кавииродаю хирадманд дар шахсияти Президенти мамлакат Эмомалй Рахмон ва хамсафону пайравони эшон бо захмати сангин тавонистанд чумхуриро, ки ба остонаи гумномии нави давлатдорй расида буд, начот бахшанд.

Акнун, ки чумхурй пурра соли 2000-ум ба мачрои бебозгашти созандагй ворид гардида тавонист, дар ин муддати каме беш аз якуним дахсолаи асри навин дар хама соха комёбихо ба назар мерасанд. Барномаи рушди дурнамои он низ, ки аз тарафи Асосгузори сулху Вахдати миллй,Пешвои миллат, мухтарам Эмомалй Рахмон тархрезй шудааст, аз як тараф аз ояндаи нек дарак дихад, аз тарафи дигар моро водор месозад, ки нисбат ба гузаштаи на он кадар дури таърихи шукухманди худ беэътиной зохир накунем.

Маколаи мазкур ба инъикоси накши Инкилоби Кабири Сотсиалистии Октябр дар поягузорй ва эхёи давлатдории точик бахшида шудааст. Дар он муаллиф дар асоси далелхои муътамад раванди рушди иктисодию ичтимой ва фархангии Точикистони Шуравиро муфассал инъикос намудааст.

Калидвожахо: Сомониён, Гуриён, муносибат^ои патриархалию феодалы, Инцилоби Октябр, давраи Шурави, э^ёи давлатдории тоцик, ЦМШС Тоцикистон, Ч,ШС Тоцикистон, коллективикунони, индустрикунони, илм, фар^анг, бозсози, истицлолият.

ОКТЯБРЬСКАЯ РЕВОЛЮЦИЯ В СУДЬБЕ ТАДЖИКСКОГО НАРОДА

Хайдаршо ПИРУМШОЕВ,

доктор исторических наук, профессор, зав. отделом древней,

средневековой и новой истории Института истории, археологии и

этнографии им. А. Дониша.

Телефон:919-14-87-36; e-mail: pirumshoev. [email protected]

Статья посвящена краткому освещению исторического значения Великой Октябрьской Социалистической Революции в создании реальной

W "П W

основы для возрождения таджикском государственности. В ней последовательно изложены неопровержимые факты невиданного социально-экономического и культурного развития Советского Таджикистана.

Ключевые слова: Саманиды, Гуриды, патриархально-феодальные отношения, Октябрьская революция, Советский период, возрождение таджикской государственности, Таджикская АССР, Таджикская ССР, коллективизация, индустриализация, наука, культура, перестройка, независимость.

THE OCTOBER REVOLUTION IN THE FATE OF THE TAJIK PEOPLE

Khaydarsho PIRUMSHOEV,

doctor of historical sciences, professor, head of department of ancient, medieval and modern history of the A.Donish Institute of History, archaeology,

ethnography.

Tel.: 919-14-87-36; e-mail: [email protected]

The article is devoted to the historical significance of the great October Socialist Revolution in creating a real opportunity for the revival of Tajik statehood. It consistently presented irrefutable facts of unprecedented socioeconomic and cultural development in Soviet Tajikistan.

Keywords: Samanids, Gurids, patriarchal-feudal relations, October revolution, Soviet period, revival of Tajik statehood, Tajik ASSR, Tajik SSR, collectivization, industrialization, science, culture, prestroika, independence.

НАЗАРИ НАВ ДОИР БА ЯК САРЧАШМАИ ХАТТИИ МУСИЦИИ ДАВРАИ АШТАРХОНИ

Аскаралй РАЧДБОВ,

доктори илмхои таърих, профессор

Баъд аз сари кудрати сиёсии Вароруду Хуросон рафтани хонадони шайбонй (1500-1599) ва ба сари хукумат омадани хонадони дигари биёбонгард аштархонй (1601-1756) вазъияти сиёсию ичтимой боз хам бадтар шуд. Ин хонадон аз ибтидо бо чангу куштор, горату харобкорй, беназмй ва низоъхои тахту точталалабии байни хамдигар шуруъ карданд. Низом ва кудрати ин хонадон асосан дар замони Имомкулихон ( 1611-1642) каме ба тартиб омад ва у дасти горатгарии дигар кабоили биёбонгардро ба Вароруд кутох намуд. Имомкулихон то чое низоъхои дохилии

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.