Научная статья на тему 'ПОСЛЕВОЕННОЕ ВОССТАНОВЛЕНИЕ В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН (1946-1950 ГГ.)'

ПОСЛЕВОЕННОЕ ВОССТАНОВЛЕНИЕ В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН (1946-1950 ГГ.) Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
275
31
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТАДЖИКИСТАН / ДОВОЕННЫЙ УРОВЕНЬ / ПОСЛЕВОЕННОЕ ВОССТАНОВЛЕНИЕ / ТОННА ХЛОПКА / СОВЕТСКИЙ СОЮЗ / ТАДЖИКСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ / ПРОИЗВОДСТВО ХЛОПКА

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Хотамов Н.

Как в масштабе Советского Союза, так и в Таджикистане 19461950 гг. являюся периодом послевоенного восстанавления. За этот период в республике промышленность и сельское хазяйство, а так же культура достигла не только довоенного, а во многих сферах перевозошли того уровня.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

POST-WAR RECONSTRUCTION IN THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN (1946-1950 YEARS)

As the rest of the Soviet Union, Tajikistan experienced a period of post-war reconstruction in the years 1946-1950. During this period, the republic's industry and agriculture complex, as well as its culture reached a high level of economic development.

Текст научной работы на тему «ПОСЛЕВОЕННОЕ ВОССТАНОВЛЕНИЕ В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН (1946-1950 ГГ.)»

АЗНАВБАРЦАРОРКУНИИ БАЪДИ^АНГЙ ДАР ШАРОИТИ ТОЧИКИСТОН (сол^ои 1946-1950)

НАМОЗ ^ОТАМОВ

доктори илмхои таърих, сарходими шуъбаи таърихи навтарини Института таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмхои Чумхурии Точикистон Тел.: 221 20 93

Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон дар Паёми табрикии худ бахшида ба 69-умин солгарди Рузи Галаба бар фашизм, 8 майи соли 2014 таъкид кардааст: Дар солхои Чанги Бузурги Ватанй (1941-1945) «Зарбаи асосии фашизми гитлерй ба мукобили халкхои собик Иттиходи Шуравй равона гардида буд. Аммо дар чавоб урдуи фашистй ба кахрамонихои беназир, далериву шучоат-мандй ва муборизаи беамони мардумй дучор гардида, дар натича дастгохи пуркудрати харбии фашизм шикаст хурд, сулху оромй дар чахон таъмин гардид ва рохи халкхои гуногуни чахон ба суи озодй ва зиндагии осудаву созанда кушода шуд.

Дар катори муборизони чабхахои ин чанги хонумонсуз садхо хазор фарзандони ватандусту шучои Точикистон низ кахрамониву диловарихои бемисл нишон дода, даххо хазор нафарашон ба хотири химояи ояндаи осудаи инсоният чони худро курбон кардаанд.

Мо чоннисорихои чанговаронро дар чабхахои набарди мардона ва захмати шабонарузии калонсолону модарону хохаронро дар акибгох хеч гох фаромуш намекунем.

Х,амаи онхо дар каблу хотири халки мо хамчун фарзандони дале-ру кахрамон ба таври хамешагй маъво гирифтаанд».

Азнавбаркароркунии баъдичангй барои Точикистон хам, гарчанде дар худуди он дар солхои ЧБВ амалиётхои чангй ва харобихои чангй ба амал наомадаанд, дахл дошт. Хусусиятхои хоси азнавбаркароркунии баъдичангии Точикистон (солхои 1946 - 1950) хам, нисбат ба он чумхурихои собик иттифокй, ки дар худудашон амалиётхои чангй ба амал омаду, дар натича, дар мулкашон харобихои зиёд рух додааст, дар он аст, ки дар Точикистон кафомонии иктисодиёт махз дар натичаи ба талаботи замони чанг мутобик намудани корхонахои ис-техсолй, сафарбар намудани кувваи асосии корй - мардхо ба фронти чангй, нарасидани техника ва тачхизотхои гуногун, нарасидани ну-рихои минералй ва маводхои кимиёвй ва гайрахо ба амал омадааст. Баъди ба итмом расидани чанг дигар зарурият барои зиёд истехсол намудани аслихаи харбй набуд. Бинобар ин зарурияти аз сари нав ба талаботи замони осоишта баргардонидани корхонахои харбикунони-да - шуда гузошта шуд.

Х,амаи ин вазифахоро накшаи 5-солаи азнавбаркароркунй ва ин-кишофи хочагии халки мамлакат барои солхои 1946 - 1950, дар бар мегирифт.

Азнавбаркароркунй дар сохаи саноат маънои онро дошт, ки мувофики накша корхонахои саноатии дар солхои чанг, мувофики талаботи замони чанг харбикунонидашуда (яъне, ба чои махсулоти талаботи ниёзи мардум, махсулоти харбй мебароварданд), аз сари нав барои истехсоли махсулоти ниёзи мардум баргардонида мешу-данд. Инчунин, дар корхонахои саноатй мебоист мухити муътадили корй чорй мегардид. Зеро, дар солхои чанг на танхо вакти кориро зиёд карда, рузи истирохат ва рухсатии солонаро бекор карда бу-данд, балки аз мехнати наврасону муйсафедон низ васеъ истифода мебурданд. Акнун, мебоист корхонахои саноатиро ба холати пешта-ра баргардонида, онхоро бо мутахассисони зарурй таъмин намуда, фаъолияташонро аз руи накшаи давлатй ташкил мекарданд. Рузхои истирохат, рухсатии солонаро баркарор намуда, кори аз соати муа-йяншуда зиёдатиро манъ намуданд. Аввал кариб тамоми бучаи давлатй ва ашёи хом ба сохаи харбй равона карда мешуд. Акнун, харочоти харбиро кам карда, корхонахои саноатиеро, ки молхои ниёзи мардум истехсол менамуданд, бояд аз хисоби буча, бо маблаг ва ашёи хом таъмин менамуданд. Бо рохи ташкил намудани курсхои кутохмуддат, аз хисоби аз фронти чангй баргаштагон бояд мутахас-сисони заруриро тайёр мекарданд.

Мувофики накша дар Точикистон соли 1950 бояд истехсоли ан-гиштба 400 хаз. тонна, кувваи барк - 180 млн. кВт, семент - 15 хаз. тонна, матои пахтагй - 17800 хаз. метр, атлас - 5100 хаз. метр, пойафзол - 1370 хаз. чуфт расонда мешуд. Инчунин бояд истгоххои баркии нав ду заводи равган, заводи механикй, комбинати Такоб ва гайрахо ба кор сар мекарданд (5, - 171).

Дар Чумхурии Точикистон ба талаботи хаёти осоишта гузарони-дани саноат соли 1945 огоз гардида бошад, пас ин маъракаи мухим дар муддати хеле кутох, то сентябри соли 1946 ба итмом расид (1, -125). Минбаъд ин корхонахои азнавбаркароркардашуда фаъолияти худро ба он нигаронида буданд, ки истехсоли махсулоти худро ба дарачаи то чангй расонанд. Соли 1947 ин максади начиб хам амалй гардид. Истехсоли махсулоти саноатии чумхурй ба дарачаи то чангй асосан расид ва дар баъзе сохахо аз он хам гузашт. Соли 1948 баъзе корхонахои саноатии чумхурй хатто накшаи панчсоларо пурра ичро намуданд.

Махз дар хамин давраи аз нав баркароркунии баъди чангй дар Точикистон илова ба корхонахое, ки аз нав баркарор гардиданд, боз 14 адад корхонахои нави саноатй ва сеххо сохта ба кор дароварда

шyданд. Aз чумла заводхои пахта тозакунй Пролетар ва Уялй, заводи «Трактородетал» ва фабрикаи дyзандагй дар Сталинобод, комбината Такоб, неругохи баркй обй Варзоб - 2 (Варзоби поён, бо икти-дори 14 хаз. кВт соат) ва Fайрахо далели чунин мавафакиятхо мебо-шанд. Дар натича истехсоли барк дар чумхурй соли 195G ба 169,5 млн. расид, ки ин нисбат ба соли 194G 2,7 баробар зиёд аст (2, - 88).

Aлбатта бузургтарин дастоварди замони азнавбаркароркунй ин 29 марти соли 1949 ба истифода додани истгохи дуюми Нерyгохи баркии обии Варзобба хисоб меравад. Сохтмони он хануз дар солхои чанг OFOЗ гардида буд. Дар бунёди он дар баробари шахрвандони Душанбе ва атрофи он, инчунин фиристодагони куло6 ва Fарм низ зардолона мехнат карданд (7, - 6G).

Дар охири панчсола, яъне соли 195G саноати чумхурй нисбат ба давраи то чангй 1,5 баробар зиёд махсулот истехсол кард. Махсусан дар сохаи саноати сабук пешравй назаррас буд. Aз чумла, нисбат ба замони то чангй, матохои абрешимй 3,8 баробар, махсулотхои нассочй - 6,7 баробар, матохои пахтагй - 5 баробар, пойафзол 1,7 баробар афзуд. Aммо истехсоли нефт дар чумхурй ба дарачаи то чангй нарасид (с, - 147-148).

Дар солхои 5 - солаи азнавбаркароркунии баъдичангй роххои нави автомобилгард низ сохта, ба истифода дода шуданд. Инчунин роххои нави хавой низ кушода шуданд. Aз чумла, соли 1948 рохи мунтазами хавоии байни Сталинобод - Москва аз нав баркарор гар-дид. Кашонидани мусофирон ва бор аз замони то чангй хам гузашт.

Умуман муваффакиятхои саноати чумхурй назаррас буданд. Онхо дар як муддати кутох на танхо вазифахои азнавбаркароркуниро ичро намуданд, балки ба пешравихои назаррас низ ноил гардиданд. Чунончй, хачми умумии махсулоти саноатии соли 195G, нисбат ба соли 1945 беш аз буд баробар ва нисбат ба соли 194G - 51% зиёд шуд (1, - 131)

Aзнавбаркароркyнй дар сохаи кишоварзии чумхурй бештар баркарор намудани сохаи пахтакориро дар бар мегирифт. Зеро, пахта гарчанде махсулоти стратегй ва барои замони чанг хам зарур хисоб мешуд, аммо чуноне таъкид шуд, бо сабаби нарасидани техника, кувваи кории мардхо, нарасидани нурихои минералй ва махсусан хароб гардидани системаи обёрй, бисёр китъахои заминхои пахта корношоям гардида, дар натича истехсоли пахта хело кам шуда буд. Aз ин ру вазифаи азнавбаркароркунй дар ин соха, пеш аз хама системаи обёрии кишоварзии чумхуриро аз нав баркарор намуда, каналу захбурхоро тоза карда, кишоварзонро бо техника ва нурихои ми-нералию дорухои кимёвй таъмин намуда, истехсоли пахтаро ба дарачаи то чангй расонида, минбаъд аз он зиёд кардан зарур буд. Дар

баробари баркарор намyдани хочагихои пахтакор, боз саршyмoри чорво, истехсоли пилла ва гайра низ бояд ба дарачаи то чангй расо-нида мешyд.

Пешравихо дар сохаи кишоварзй аллакай дар соли аввали панчсо-лаи аз нав баркароркунй маълyм 6уд. Масалан, дар соли 1946 ба чойи 130 хаз. тонаа пахта ба накша гирифта шуда, 136 хаз тонна ис-техсол карда шуд, ки ин аз хар гектар 13,6 сентнериро ташкил медод ва он нисбат ба соли 1945 ба хисоби миёна 5 сентнерй зиёд буд. Ё худ пахтаи истехолкардаи соли 1946 нисбат ба соли 1944 2 бароба зиёд буд (3, - l4l).

Соли 1946 кишоварзони чумхурй 250 адад тракторхо, мошинхои боркаш, нурихои минералй ва гайра гирифтаанд, ки ин хама ба пешравии минбаъдаи ин соха таккон бахшид (5, - 175). Махсусан, корхои обёрикунй, баркароркунии каналу захбурхо пеш рафт. Танхо дар солхои 1946-1947 да чумхурй 60 км коллекторхои нав сохта, 54 км хатти коллекторхоро аз таъмир бароварданд. Ин хама имконият дод, ки аллакай соли 1946 - 21 хаз. га заминхои аз кор баромада аз нав баркарор ва 24,6 хаз. га заминхои нав ба кор дароварда шаванд (3, - l4l). Дар натича, гарчанде соли 194В бо сабаби боронхои сели пай дар пай ва боридани жола, дар бисёр иайдонхо пахтаро ду-се маротиба аз нав кишт карданд, аммо чумхурй накшаи давлатй супо-ридани пахтаро бар зиёд ичро намуд ва хосилнокй пахтаро аз хар гектар кариб ба 19 сентнер расонид. Х,ол он ки хосилнокии пахта аз хар гектар дар охири панчсола, яъне соли 1950 бояд ба 18 сентнерй мерасид. Он сол дар баъзе хочагихо, аз чумла дар нохияи Сталино-бод, хосилнокии пахта ба 35,1 сентнер расида буд. Ин далелхо гу-вохи он аст, ки вазифахои дар асоси накшаи 5 - сола, оид ба афзун намудани истехсоли пахта гузошташуда, дар се сол, яъне соли 1948 ичро гардидааст.

Бо максади баланд бардоштани хавасмандй пахтакорон нархи хариди пахта аз тарафи давлат ду баробар зиёд карда шуд. Аз соли 1949 сар карда хочагихои пахтакор аз баъзе мачбуриятхои хатмй супоридани махсулоти чорво озод карда шуданд. Соли 1950 бошад чунин хочагихоро аз мачбурияти супоридани гала низ озод карданд.

Солхои 1946 - 1948 Хукумати Иттиходи Ш7равй муваффаки-ятхои пахтакорони Чумхурии Точикистонро махсусан кадр намуда, зиёда аз 200 нафари онхоро бо унвони баланд - ^ахрамони Мехнати Сотсиалистй сарфароз намуд, ки 41 нафари онхо занхо буданд. ^а-риб В хазор нафари дигар бо ордену медалхои давлатй мукофотони-да шуданд (3, - 141-142).

Мувофики карори хукумати Иттиходи Ш^равй оиди инкишофи пахтакорй, аз мохи марти соли l949, дар баробари баланд бардошта-

ни агротехника дар сохаи пахтакорй, инкишофи обёрии заминхо, азхудкунии заминхои нав, инчунин махсусан ба водии Вахш кучо-нида овардани 25 хаз. оилаи мохочирон дар назар дошта шуда буд.

Соли 1949 чумхурй накшаи давлатй пахтасупориро ичро карда натавонист. Яке аз сабабхои онро дар сустии идоракунии хочагихо дида, дар асоси карори кумитаи марказии хизби коммунистии (бол-шевикии) Умумииттфокй аз 30 майи соли 1950 ба муттахид намуда-ни хочагихои хурд шуруъ намуданд. Дар натича 2685 адад кол-хозхое, ки аввали он сол вучуд доштанд, то охори сол ба 1114 адад колхозхои нисбатан калон муттахид карда шуданд. Яъне, адади кол-хозхои чумхурй 2,5 баробар кам гардиданд (3, - 151).

Дар сохаи кишоварзй, чамъбасти 5 - солаи азнавбаркароркунй, нисбати пахтакорй мусбат буд. Соли 1950 хамагй 288,7 хазор тонна пахта истехсол карда шуд, ки ин ба хисоби миёна аз хар гектар 22,9 сентнерро ташкил медод. Нисбат ба соли 1941 (он сол 181,8 хаз. тонна пахта истехсол карда шуда буд) зиёда аз 100 хазор тонна бештар пахта истехсол карда шуд. Умуман истехсоли пахта дар 5 сола 3,3 баробар афзуд.

Чорводорй хам дар чумхурй инкишоф ёфт. Масъалан дар вилояти Кухистони Бадахшон саршумори чорвои калони шохдор нисбат ба замони то чангй 3,5 баробар, бузу гусфанд 11-14 баробар афзудааст. Аммо саршумори умумии чорвои калони шохдор дар чумхурй, дар панчсола, ба дарачае муайан шуда нарасид (3, - 152).

Пешравихо дар сохаи богдорй, истехсоли галла, мева, сабзавот, картошка парварй ва гайра назаррас буданд. Мардум талу теппахоро хар гуна галладона кишт менамуданд.

Умуман дар аксари сохахои кишоварзй бо зудй осори замони чанг бартараф карда шуд ва ба пешравихои назаррас ноил гардиданд.

Азнавбаркароркунии баъдичангй дар шароити чумхурии мо сохаи фархангро низ фаро гирифта буд. Дар ин соха вазифахои замони азнавбаркароркунй, аз чумла дар сохаи маориф: ба талаботи замони осоишта аз сари нав ташкил намудани низоми таълиму тарбия; ба низоми таълим фаро гирифтани тамоми чавонони синни мактабй, махсусан духтарон; бо бинохои таълимй ва омузгорон таъмин наму-дани мактабхо; бо маводхои таълимй, аз чумла китобхои дарсй таъмин намудани мактабхо ва гайрахо дар назар дошта мешуд. Ха-рочоти бучаи давлатй дар ин соха хело зиёд кардид. Инчунин аз хисоби бучаи давлати нашри китобхо, рузномахо, мачалахо, ташки-ли китобхонахо, клубхо, хонахои фарханг, инекишофи театрхо, кино, таъмини саломатии одамон, дар ин чода сохтани беморхонахо ва хонахои истирохат дар назар дошта мешуд. Дар худуди колхозхо бисёри аз чорабинихо аз хисоби бучаи худи хочагихо амалй мегар-

диданд. Он мактабхое, ки бинохояшон дар замони чанд ба госпитал табдил ёфта буданду, таълим дар се бахш мегузашт бояд ба таълими холоти муътадил гардонида мешуданд.

Гуфтан лозим аст, ки дар худуди Точикистон чорабинихои азна-вбаркароркунй дар сохаи маориф хануз пеш аз галаба, соли 1944 огоз гардида буд. Зеро, баробари аз хоки Шуравй баровардани фа-шистон, кисме аз собик омузгорон аз фронтхои чангй чавоб дода шуданд, то ин ки онхо ба ватанашон баргашта, корхои таълиму тар-бияро ба рох монанд. Аз хамон давр захмдорон аз фронтхои чангй дигар ба чумхурии мо кариб фиристода намешуданд. Ин имконият дод, ки дар соли таълимии 1945/1946 бинои он мактабхое, ки ба госпитали харбй табдил ёфта буданд, аз сари нав ба таълимгох гардо-нида шаванд.

Умуман соли 1946 дарачаи ба таълимгоххо чалб намудани чаво-нон, таъмини онхо ба чои нишаст ва омузгорон ба дарачаи то чангй расида, дар баъзе нохияхо вазъият боз хам бехтар гардида буд. Аммо таъмини онхо бо китобхои дарсй хануз чавобгуи талабот набуд. Ин-чунин дарачаи маълумотнокии худи омузгорон хело паст буд. Аз чумла, дар хамон сол аз 13169 нафар омузгорон танхо 11% маълумо-ти олй ё олии нопурра, 45% маълумоти миёна доштанд (3, - 178). Соли 1950 шумораи мактабхо дар чумхурй ба 2769 адад расида буд, ки 1854 ададашон мактаби ибтидой, 807 ададашон мактаби хафтсола ва 108 ададашон мактаби миёна буданд. Танхо он сол барои чумхурй дар донишгоху донишкадахо 2182 нафар омузгорон тайёр карда шуданд (1, - 197).

Бо максади бо омузгорони баландихтисос таъмин намудани мак-табхои чумхурй донишкадахои омузгории Сталинободу Ленинобод махсусан фаъолияти худро пурзур карданд. Мохи январи соли 1947 донишкадаи муаллимтайёркунии точикии Самарканд хам фаъолияти худро аз сари нав огоз намуд. Хатмкунандагони он асосан ба Точикистон фиристода мешуданд. Соли 1948 бо карори хукумати Иттиходи Шуравй (Шурои вазирони ИЧШС меномиданд) дар Ста-линобод (яъне хозира Душанбе) Донишгохи давлатии Точикистон (он вакт Университети давлатии Точикистон) ташкил карда шуд ва аввалин сарвари (ректори) он таърихшинос, академик З.Ш. Рачабов таъин гардид.

Дар соли аввал донишгохи давлатии Точикистон аз се факултет: геологй ва хокшиносй, табиатшиносй ва таъриху филология иборат буд. Шумораи умумй донишчуён 252 нафар буданд, ки аз онхо хамагй 72 нафаранонро точикон ташкил менамуданд. Дар ибтидои ташкилшавй ба ин донишгох донишгоххои шахрхои Москва, Ленинград (хозира Санкт-Петербург) Тошканд ва дигар мактабхои олй со-

бик Иттифок кумаки бародарона расониданд. Онхо донишгохи чаво-ни Точикистонро бо кадрхои баланд ихтисос ва асбобу ашёхои таълимй таъмин намуданд (5, - 179).

Донишгоххои тиббй ва кишоварзии Точикистон низ фаъолияти худро пурзур намуданд. Умуман соли 1950 дар чумхурй 8 адад мак-таби олй ва 32 адад техникумхо фаъолият мекарданд, ки дар онхо кариб 18 хазор нафар донишчуён тахсил мекарданд.

Дар солхои баъдичангй филиали Точикистонии Академияи илмхои Точикитсон хам фаъолияти илмии худро инкишоф дод. Соли 1946 бо ташаббуси шаркшиноси машхури Шуравй А.Ю. Якубовский ба омузиши мунтаззами бостоншиносй худуди Точикистон ибтидо гузошта шуд. Соли 1947 бори аввал дар шакли китоби алохида «Таърихи мухтасари халки точик» нашр гардид, ки он ба калами олими маъруф Бобочон Гафуров тааллук дошт ва он вокеахоро аз замони кадим то инкилоби Октябрии (соли 1917) Русия дар бар мегирифт. Бо ташаббуси олими хокшинос И.Н. Антипов - Каратаев пеши рохи шуршавии заминхои водии Вахш гирифта шуд. Олими селиксионер В. П. Красичков навъи нави пахтаи махиннахро ихтироъ карда, соли 1948 сазовори мукофоти Давлатии ИЧШС гардид.

Соли 1950 дар хайати филиали Точикистонии Академияи илмхои ИЧШС 6 пажухишгох, се шуъба ва 11 адад ташкилотхои дигари илмй мавчуд буданд. Бо якчоягии дигар мактабхои олии чумхурии он сол микдори умумии кормандони илмии 715 нафар, аз он чумла докторони илм - 20 нафар ва номзадхои илм 155 нафарро ташкил медоданд.

Муваффакиятхои шоирон ва нависандагони чумхурй хам назаррас буд. Аз чумла С. Айнй асари машхури худ «Ёддоштхо», М. Турсун-зода мачмуаи шеърхои «Ман аз Шарки озод», достони «^иссаи Х,ин-дустон», Ч. Икромй романи «Шодй», Р. Чалил романи «Пулод ва Гулру»., М. Миршакар достони «Панчи ноором», Ф. Ниёзй романи «Вафо»-ро навиштанд. С. Айнй, М. Турсунзода ва М. Миршакар са-зовори мукофоти Давлатии ИЧШС гардиданд.

Дастовардхои театр ва филмбардорони чумхурй хам намоён буд. Соли 1949 ба сахнагузорони балети «Лайлй ва Мачнун» (бастакор С. Баласанян), ки дар сахнаи театри опера ва балети Точикистон гузо-шта шуда буд, низ сазовори мукофоти Давлатии ИЧШС гардиданд.

Дар чумхурй шумораи театрхо, кинотеатрхо, клубхо, хонахои фарханг, китобхонахо магозахои китоб ва гайра хело афзуд. Аз чумла, соли 1950 дар чумхурй шумораи клубхо, хонахои фарханг ба 971 адад расид, ки ин нисбат ба соли 1940 ду бароба зиёд буд. Аз ин микдор 465 клубхо ва 366 чойхона - кироатхонахо аз тарафи кол-хозхо сота шуданд. Соли 1950 дар чумхурй 10 адад театрхо фаъоли-

ят мекарданд. Дар он сол 7 номгуй рyзнoмахoи чумхуриявй ва 6 номгуй мачаллахо нашр мегардиданд. Инчунин шумораи зиёди рузномахои вилоятию нохиявй низ вучуд доштанд (3, - 176-17В).

Умуман дар тамоми сохахои фарханги чумхурй инкишоф ва пешравихо эхсос карда мешуд. Зеро, ба инкишофи фарханг пешра-вии саноату кишоварзии чумхурй таккони бузург доданд.

Дар давраи азнавбаркароркунии баъдичангй аз тарафи Хокимияти Шуравй дар рохи бехтар намудани дарачаи некуахволии мардум баъзе чорахои зарурй андешида шуд. Aз чумла, дар мамлакат корга-рон ба рузи кории В соата ва хафтаи кори шашруза гузаштанд. Дар баробари рузи истирохат рухсатии мехнатй баркарор гардид.

Пешравии иктисодиёт имконият дод, ки дар соли l947 дар мамла-кат системаи карточка бекор карда шавад. Дар давоми солхои 194В-1950 нархи махсулотхои хурокворй ва саноатй, аз чумла либосворй се маротиба арзон карда шуд. Музди мехнати коргарон, дехконон ва хизматчиён зиёд гардид. Ба нафакаи маъюбони чанг диккати махсус медоданд. Шумораи муассисахои табобатй ва истирохатй зиёд гардид. Соли 1947 дар мамлакат ислохоти пулй гузаронида шуд, ки он курбй сум - рубли шуравиро нисбатан баланд бардошт. Зеро, дар солхои ЧрВ, бо сабаби хело афзудани харочотхо Бонки Давлатии ИШИС барориши пулро зиёд намуд, ки он нисбат ба талаботи мукаррарй 4 маротиба бештар буд. Бинобар хамин хам мувофики ин ислохотхои пулй пулхои пештара бо пули барориши нав 10 бар l иваз карда шуд. Дар соли 1950 даромади коргарон хизматчиён ва дехконо нисбат ба соли 1940 дар хачми умумии 62% зиёд шуд. Оиди бехтар гардидани дарачаи некуахволии халк чунин далел гувохи он аст, ки кобилияти харидкунии мардум нисбат ба замони то чангй хело пеш рафт. Масалан, соли 1950 нисбат ба соли 1940 фуруши молхои ниёзи мардум 24 фоиз, аз чумла молхои Fайрихyрoквoрй -62%, молхои пашмй - зиёд аз ду баробар, матоъхои абрешимй - 2,В баробар, молхои трикотажи - 71% зиёд шуд (6, - 157).

Aз тарафи хукумат хам барои бехтар намудани дарачаи некуахволии халк чорахои зарурй андешида шуд. Хизматрасонии тиббй хело бехтар гардид. Барои инкишофи Варзиш диккати махсус медоданд.

Умуман, дар натичаи бо муваффакият ичро гардидани вазифахои 5-солаи азнавбаркароркунии баъдичангй ва пешравии истехсолот дар зиндагии тамоми табакахои ахолии чумхуриамон бехтаршавй эхсос карда мешуд. Симои шахру шахракхо, нохияю дехахо ба бехбудй ру оварда буданд.

Адабиёт:

1. История таджикского народа. Т. VI. Под общ. редак. академика Р.М. Масова

2. Народное хозяйство Таджикской ССР в 1974 г. Стат. сборник -Душанбе, 1975.

3. Очерки истории коммуникастической партии Таджикистана. Т. II (1938-1983 гг.). - Душанбе, 1984.

4. Рах,мон Э. Паёми табрикй бахшида ба 69-умин солгарди Рузи Галаба бар фашизм. 8.05.2014 // «Садои мардум». 2014. 13 май.

5. Рах,матуллоев А., Мухторов С. Очеркх,ои таърихи Точикистони Советй. - Душанбе, 1989.

6. Таджикистан за 40 лет. Стат. сборник. - Душанбе, 1964.

7. Юнусов Б.В. Электроэнернгетика Таджикистана. -Душанбе, 1975.

ПОСЛЕВОЕННОЕ ВОССТАНОВЛЕНИЕ В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН (1946-1950 гг.)

Н.ХОТАМОВ

доктор исторических наук, главнйй научнйй сотрудник Института истории, археологии и этнографии Академии наук РТ Тел.: 221 20 93

Как в масштабе Советского Союза, так и в Таджикистане 19461950 гг. являюся периодом послевоенного восстанавления. За этот период в республике промышленность и сельское хазяйство, а так же культура достигла не только довоенного, а во многих сферах пе-ревозошли того уровня.

POST-WAR RECONSTRUCTION IN THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN (1946-1950 years)

NAMOZ KHOTAMOV Doctor of historical sciences, Chief researcher A. Donish Institute of History, archeology and ethnography Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan Tel.: 221 20 93

As the rest of the Soviet Union, Tajikistan experienced a period of post-war reconstruction in the years 1946-1950. During this period, the republic's industry and agriculture complex, as well as its culture reached a high level of economic development.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.