Научная статья на тему 'ВОПРОСЫ СОЗДАНИЯ ЕДИНОЙ ИСТОРИИ ТАДЖИКСКОГО НАРОДА И ПЕРИОДИЗАЦИИ НОВЕЙШЕГО ВРЕМЕНИ'

ВОПРОСЫ СОЗДАНИЯ ЕДИНОЙ ИСТОРИИ ТАДЖИКСКОГО НАРОДА И ПЕРИОДИЗАЦИИ НОВЕЙШЕГО ВРЕМЕНИ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
42
10
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
РЕФОРМА / ПЕРИОДИЗАЦИЯ / ЕДИНАЯ ИСТОРИЯ / ИСТОРИОГРАФИЯ / НОВАЯ ИСТОРИЯ / НОВЕЙШАЯ ИСТОРИЯ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Абдурашитов Фозил

В статье рассматриваются некоторые проблемы исторической науки и историографии Таджикистана. Автором на основе собственного анализа историографии разных этапов, имеющихся различных интерпретаций исторических событий и хронологии выдвинута идея создания единой истории таджикского народа. Кроме того в ней поднимается вопрос периодизации новой и новейшей истории таджикского народа.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ISSUES OF THE UNIFIED OF THE TAJIK PEOPLE HISTORY AND PERIODIZATION OF MODERN TIMES

This article discusses some of the problems of history and historiography of Tajikistan. The author, based on its own analysis of the historiography of the different stages with different interpretations of historical events and chronology put forward the idea of creating a unified history of the Tajik people. In addition it raises the issue of the periodization of modern and contemporary history of the Tajik people.

Текст научной работы на тему «ВОПРОСЫ СОЗДАНИЯ ЕДИНОЙ ИСТОРИИ ТАДЖИКСКОГО НАРОДА И ПЕРИОДИЗАЦИИ НОВЕЙШЕГО ВРЕМЕНИ»

РОЧ,ЕЪ БА МАСЪАЛАИ «ТАЪРИХИ ЯГОНАИ ХАЛЦИ ТО^ИК» ВА ДАВРАБАНДИИ ЗАМОНИ МУОСИР

Фозил АБДУРАШИТОВ,

доктори илмхои таърих

Яке аз талаботи асри XXI инкишоф додани раванди чахонишавии тамаддунхо мебошад. Вобаста ба ин барои мавкеи сазовор гирифтани таърих ва тамаддуни халки точик дар микёси умумичахонй дар назди илми таърих вазифахои нав ба миён меояд. Яке аз онхо тахкик ва омузиши таърихи халки точик аз мавкеи сохибистиклолии Точикистон мебошад. Дар замони муосир барои пайдо намудани мавкеи устувор дар тамаддуни чахонй дар назди таърихшиносон ва омузгорони фанни таърих вазифаи аввалиндарача ин пайдо намудан ва мутобики талаботхои эътирофшудаи умумичахонй инъикос намудани вокеахои мухими дорои арзиши таърих ва тамаддуни чахонй мебошад.

Дар охири асри XX ва огози асри ХХ1 дар дунё як идда тагйиротхои куллй ба амал омад. Аз ин ру дар давраи гузариш ва ислохотхо дар назди илми таърих вазифахои нав ба миён меояд. Барои ворид кардани таърих ва тамаддуни халки точик ба таърихи умумичахонй услубшиносй ва назарияи нави таърихнигории Точикистони сохибистиклолро мукаммал намуда, дар чараёни тахкикот бештар аз таърихи харруза (история повседневности), «таърихи шифохй» («устная история»), таърихи кучак (микроистория), таърихи гендерй (гендерная история) ва таърихи хусусияти хос (история ментальностей) истифода кардан такозои замон аст.

Дар мархилаи нави таърих ва тамаддуни халки точик, ки истиклолияти комили давлатиро сохиб гаштааст, яке аз масъалахои мухим тахияи «Таърихи ягонаи халки точик» мебошад. Вакти он расидааст, ки мо «Таърихи ягонаи халки точик»-ро дар асоси таърихнигории нав, ки ба Консепсияи миллии омузиши таърих, гояхои вахдати миллй, ягонагии механи точикон, гиромидошти мероси ниёгон чавобгу мебошад тахия намоем. Масъалаи мазкур ба хотири он бардошта мешавад, ки дар таърихнигории точик вобаста ба хама давру замонхо ва вокеахои таърихй тафовутхои зиёд чашмрас мебошад.

Рочеъ ба тамаддуни замонхои кадимтарин дар худуди Осиёи Миёна таърихи халки точикро дар асоси хафриётхо дар худуди Точикистони муосир дар хамкорй бо бостоншиносони чахонй, дар асоси тахкик ва тахлили илмй инъикос намудани таърих, фарханг ва тамаддуни инсонй ва ворид намудани натичахои он ба таърихи умумичахонй яке аз дастовардхои назарраси илми таърих хохад шуд.

Дар замони истиклолият дар асархои таърихй, инъикоси раванди ба анчомрасии ташаккули халки точик ва созмони давлати муттамаркази миллии точикон, дар асоси дарёфт, тарчума ва баргардонии асархои муаррихон ва муттафакирони асримиёнагй бо максади равшан намудани накши калидии точикон дар инкишофи тамаддуни Осиёи Марказй кушишхои зиёде шудааст.

Аммо дар инъикоси таърихи асрхои миёна яке аз масъалахои асосй дар замони муосир, муайян ва бо далелхои раднопазир маънидод кардани мафауми "точик" пайдоиши номи миллат мебошад. Тахлили асосноки илмии таърихи инкишофи забони точикй ва мархилахои он, инъикоси таърихи адабиёт дорои ахамияти чахонй буда, таъсир ва накши он дар рушду нумуи фарханги маънавии олам ва тамаддуни Машрикзамин ахамияти умумимиллй ва чахонй дорад.

Давраи хукмронии Сомониён сарчашмахои зиёде далелнок дошта бошад хам, бо вучуди ин тафовутхо низ ба назар мерасад.

Гарчанде, ки мо соли 1999 1100-солагии Давлати Сомониёнро чашн гирифта бошем хам дар атрофи солномаи таъсиси он фикрхои гуногун мавчуд аст. Иддае аз мухаккикон таъсисёбии Давлати Сомониёнро аз соли 875, яъне аз замони хокими Бухоро таъин гардидани Исмоили Сомонй, бархеи дигар аз соли 892, яъне баъд аз вафоти Наср ва рохбари сулолаи Сомониён таъин гардидани Исмоили Сомонй арзёбй мекунанд. Аммо акидаи дигар он аст, ки Давлати Сомониён соли 899, яъне баъд аз шикаст хурдани саффориён ва шомил шудани худуди онхо ба Давлати Сомониён ва ба хокими ягонаи

сиёсии Мовароуннахр ва Хуросон табдил ёфтани Исмоили Сомонй таъсис ёфтааст. Оид ба ин масъала назари олимон, ки таъсисёбии Давлати Сомониёнро соли 819 мешуморанд, аз тарафи муаррихони зиёди муосири точик эътироф гардидааст.

Тафовутхо дар масъалаи таърихи сиёсии Осиёи Миёна дар таркиби империяи Россия низ вучуд дорад. Вокеияти таърихии он дар китобхои чопшудаи мухталиф, чун "забт шудан", "дохил шудан","шомил шудан" ва ё "пайвастан"оварда шудааст.

Омузиши сабабхои таърихии ба Осиёи Миёна рох ёфтани Русияи подшохй бо дар назардошти комёбихои илми таърихи замони сохибистиклол ба рох мондани баходихии назариявии давраи таърихи муосир бояд чунин масъалагузорй карда шавад, ки дар такдири халкхои Осиёи Миёна ва халки точик накши Россия чй гуна буд?

Даврони Шуравй яке аз даврахои бисёр хам барои тахкикот наздик ва пур аз мавод мебошад. Аммо дар омузиши таърихи баъд аз инкилоби Октябр, масъалаи макоми босмачиён дар хаёти точикон низ аз тафовутхо холй нест.

Хдёти точикон дар шароити давлатдории Иттиходи Шуравй низ бо дар назардошти манфиатхои миллии давлати сохибистиклоли Точикистон арзёбй шуда, инъикоси накши он дар такдири точикистониён яке аз вазифахои мухим мебошад. Дар китобхо баъзе масъалахои Чднги Бузурги Ватанй ва ё Чднги Дуюми Чдхон хар гуна ва камарзиш тахрезй шудааст, ки ин тахкики чукур ва объективонаро талаб мекунад.Мухим он аст, ки сахми халки точик дар Еалаба дар миёни дигар халкхои собик Шуравй арзанда мебошад, пурра инъикос карда шавад.

Масъалаи дигар он аст, ки дар аксар китобхо, сохти ичтимой-иктисодии (форматсия) баъд аз пошхурии ИЧ,ШС чун "сармоядорй" номида мешавад. Ба назари мо форматсияи замони муосирро шояд "демократй" арзёбй кардан дурусттар бошад. Зеро ин мафхум асоси хукукй низ дорад. Дар Сарконуни Ч,умхурии Точикистон дакик нишон дода шудааст, ки "Точикистон давлати демократй [1]" аст. Аз нигохи дигар, чумхурихои собик Шуравй, аз он чумла як кисмати Точикистони муосир ин давраи таърихиро, яъне "сармоядорй"-ро баъд аз феодализм ва пеш аз сотсиализм (коммунизм) аз сар гузаронида буданд. Аз ин ру ба сохти ичтимой ва иктисодии навро чун "сармоядорй" кабул кардан бозгашти таърих, такрори форматсияро ифода менамояд. Гарчанде, ки дар таърихнигории дунёи тамаддун аз замонасозии ичтимой-иктисодй (форматсионй) таърихнигорон кайхо боз даст кашида замони муосирро "демократй" арзёбй мекунанд.

Дар халли масоили илми таърих, дар баробари тахияи «Таърихи ягонаи халки точик" мо бояд дар атрофи даврабандии таърихи навтарин низ андешаронй намоем. Мафхуми «Таърихи навтарин» барои инъикос намудани вокеа ва ходисахое, ки нисбат ба замони муосир ва оянда мутааликанд истифода бурда мешавад.

Дар замонхои гуногун мафхуми «Таърихи навтарин» аз мавкеи ичтимой-иктисодй истифода мешуд. Дар таърихнигории як кисми давлатхо «Таърихи навтарин» аз санаи озод шудан аз хукмронии ачнабиён ва дар дигар холатхо аз санаи ба даст овардани истиклолият огоз мегирад.

Аммо масъалаи мухим ва бахсталаб ин даврабандй мебошад. ^ануз дар асрхои XII даврабандии Таърихи навтарини юнонихо соли 1204 - ишгол намудани Константинопол аз тарафи салибчиён огози давраи таърихи навтарин буд [2]. Дар асри XVII огози таърихи навтарин хам аз чихати иктисодй ва хам ичтимой ва сиёсию инкилобии буржуазии Англия ба хисоб мерафт. Аз нигохи фархангшиносй бошад Давраи эхё (Эпоха возрождения) барои Аврупо огози таърихи навтарин ба шумор мерафт [3].

Умуман мафхуми «Таърихи навтарин» дар маънои таърихи солхои охирин, ки ахамияти мухимтарин дорад ва аз таърихи пештара фаркияти чузъй дорад, васеъ истифода бурда мешавад.Дар давраи ИЧ,ШС таърихи навтарин аз соли 1917 огоз меёбад [4]. Яъне ба огози ин давраи «таърихи навтарин» сад сол пур шудааст.

Дар даврабандии таърихнигории давлатхои гуногуни хоричй таърихи навтарин асосан бист-сй соли охирро дар бар мегирад. Як кисми таърихнигорони Россия огози ин давраро аз соли 1991 хисоб мекунанд [5], кисми дигар пурра асри ХХ-ро ба ин давра ворид мекунанд. Нуктаи назари олимони дигар оид ба ин масъала чунин аст, ки «Таърихи навтарин» аз соли 1945 [6], анчом ёфтани Чднги Дуюми Чдхон, огози чанги сард ва муборизаи ду системаи дунё - сотсиалистй ва сармоядорй огоз меёбад.

Умуман «Таърихи навтарин» дар хама давру замон аз тагйиротхои фархангй (пайдоиши шаклхои нави тафаккури дунявй, ташаккули фарханги нав), иктисодй (ташаккули муносибатхои сармоядорй дар истехсолот) ва дар хаёти сиёсй бошад аз инкилобхо ва тагйиротхои куллй дар системаи сиёсй шуруъ мегарад.

Бояд кайд намуд, ки даврабандии таърихи навтарин на танхо дар таърихнигории Точикистон, балки дар даврабандии Таърихи навтарини дунё яке аз масъалахои нихоят бахсталаб мебошад.Дар таърихнигории чахонй оид ба ин масъала, яъне огози Таърихи навтарин фикру андешахои мухталиф мавчуд аст. Дар таърихнигории Аврупо ва Амрико ин сана аз соли 1898 - чанги испану амрикой, дар таърихнигории як катор мамлакатхо аз солхои 1914-1918 - огоз ва анчоми Чднги Якуми Чдхон хисобида мешавад [7].

Аксарият таърихнигорони Россия бошанд саршавии ин давраро аз соли 1945 - соли галабаи ИЧ,ШС дар Чднги Бузурги Ватанй мехисобанд. Аммо тавре, ки мебинем хамаи ин худудхо дар вакташ Таърихи навтарин буда, дар айни замон чун «Таърихи нав» истифода мешавад. Яъне ин хам конуни тамаддун буда, хар як тамаддун бояд даврабандии худро дошта бошад.

Дар масъалаи таърихнигории Точикистони муосир тазаккур бояд дод, ки Таърихи навтарин ин вокеияти ба даст овардани Истиклолияти давлатии Ч,умхурии Точикистон аст. Яке аз вокеахои мудхиши ин давра чанги шахрвандии солхои 1992-1997 буд, ки ин хам дар сахифахои Таърихи навтарин аз чихати таърихнигории сиёсй як мавкеи хоса дорад. Масъалаи ноил шудан ба Вахдати миллй - тачрибаи таърихии халки точик дар халли мусолихаи миллй барои тамоми чахониён як дарси ибрат шуда, вокеаи оламшумули Таърихи навтарин мебошад, ки ин хама ба меъёри (критерияи) даврабандии таърихи навтарин мувофик мебошад.

Дар охири асри XX ва аввали асри XXI дар хаёти сиёсиву ичтимой, иктисодй ва фархангии Точикистон ислохотхои куллй ба вукуъ пайваст.

Мухимияти ин сана дар он ки айнан дар ин давра на танхо дар таърихи чумхурихои миллй ва ё дар худуди собик ИЧ,ШС тагйиротхои куллй ба амал омад. Баъди аз байн рафтани ИЧ,ШС дар чахон сахифахои нави таърих кушода шуд. Чдхони сотсиалистй пароканда шуда, аксар мамлакатхои собик сотсиалистии Аврупо ва Осиё тамаддуни демократй ва ё сармоядориро ихтиёр намуданд.

Дар замони муосир таърихи Точикистони сохибистиклолро чун як узви чудонашавандаи таърихи чахон берун аз чараёнхои чахонишавй, ки аз аввали солхои 90-уми асри ХХ огоз шуда буд, омухтан маънои канорачуиро дорад. Аз ин ру огози давраи Таърихи навтарин аз соли 1991 ба хамаи талаботхои таърихи сиёсй, иктисодй, ичтимой ва фархангй чавобгу мебошад. Аммо ин маънои инкор намудани мухимияти вокеахои бузурги сиёсй -инкилоби Октябр ва хокимияти Шуравиро дар такдири точикон, ки даврабандии Таърихи навтарин аз он ибтидо меёбад, харгиз надорад. Зеро, айнан бо шарофати ин вокеахои мухими асри ХХ точикон сохиби давлатдории миллии худ гардидаанд.

Умуман, Таърихи навини Точикистон дар илми таърих мутаносибан як самти нав мебошад. Дар айни замон тамоюлхои асосии тахкикоти институтсионалии он, Консепсияи рушди илми таърих дар асоси идеологияи нави давлати сохибистиклол, назария ва услубшиносии тахкикот бояд ба рох монда шавад. Зиёда аз ин дар чоряк асри истиклолият Таърихи навини Точикистони сохибистиклол макоми фанни мустакили илмиро пайдо кардааст.

Дамин тарик, масъалаи даврабандии Таърихи навтарин, ки дар ин макола баррасй карда шудааст барои боз хам дакиктар инъикос намудани яке аз мухимтарин давраи таърихи халки точик - даврони Истиклолияти давлатии Ч,умхурии Точикистон мусоидат хохад намуд. Тахияи Таърихи ягонаи халки точик бошад на танхо барои имрузиён, балки барои насли оянда чун мероси хакикй хизмат мекунад.

Ислохоти илми таърих такозо дорад, ки аксар масъалахои тахкики таърих ва тамаддуни халки точик аз нав, аз нигохи таърихнигории давлати сохибистиклол, аммо бо риоя намудани талабот ва тамоюлхои асосии институтхои чахонии омузиши таърих ба рох монда шавад. Дар ин радиф Институти таърих,бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи Ахмади Дониши Академияи илмхои Ч,умхурии Точикистон чун маркази хамохангсозй масъул мебошад. Зеро Институти таърих чун маркази илмй ва тадкикотй

дорои захираи бузурги зехдиву кадрй, маълумоти бойгониву таърихй ва адабиёти васеи илмй мебошад. Аз ин ру х,амаи китобх,оро доир ба таърихи халди точик дар Институти мазкур аз экспертизаи илмй (бах,огузорй) гузаронидан лозим аст.

Умуман инъикоси таърих ва тамаддуни точикон новобаста ба он, ки манфй ва ё мусбй мебошад мутладо ба манфиати миллати точик ва истифодаи тачрибаи таърихй бояд ба пешрафти чомеаи имруза хизмат кунад.

САРЧАШМА^О

1. Сардонуни Ч,умх,урии Точикистон. Моддаи 1.

2. Сомонаи pena.do.am. Понятие, предмет и периодизация новой и новейшей истории. 23.09.2016.

3. Маныкин А. С. Новая и новейшая история стран Западной Европы и Америки. — М.: Эксмо, 2004. — С. 4-6.

4. Жуков М.Е. О периодизации всемирной истории//Вопросы истории. 1960. N 8;его же. Очерки методологии истории. М., 1980. Периодизация всемирной истории. Уч. пособие. Казань, 1984; Поршнев Б. Ф. Периодизация всемирно-исторического прогресса у Гегеля и Маркса // Философские науки. Научные доклады высшей школы. N 2. М., 1969. - С. 56 - 64.

5. Новейшая история России (1990-2008 гг.): учеб. пособие для студ. высш. учеб. заведений / Под ред. Г.В. Чумакова. Петрозаводск, 2010

6. А.В.Филиппов. Новейшая история России (1945-1991). М.: Просвещение, 2007.

7. Кредер, А. Л. Новейшая история зарубежных стран. 1914-1997:М., 1998.

ВОПРОСЫ СОЗДАНИЯ ЕДИНОЙ ИСТОРИИ ТАДЖИКСКОГО НАРОДА И ПЕРИОДИЗАЦИИ НОВЕЙШЕГО ВРЕМЕНИ

Фозил АБДУРАШИТОВ,

доктор исторических наук

В статье рассматриваются некоторые проблемы исторической науки и историографии Таджикистана. Автором на основе собственного анализа историографии разных этапов, имеющихся различных интерпретаций исторических событий и хронологии выдвинута идея создания единой истории таджикского народа. Кроме того в ней поднимается вопрос периодизации новой и новейшей истории таджикского народа.

Ключевые слова: реформа, периодизация, единая история, историография, новая история, новейшая история.

ISSUES OF THE UNIFIED OF THE TAJIK PEOPLE HISTORY AND PERIODIZATION OF MODERN TIMES

Fozil ABDURASHITOV,

doctor of historical sciences Department of modern history, A. Donish Institute of history, archaeology and ethnography, Academy of sciences of the Republic of Tajikistan

This article discusses some of the problems of history and historiography of Tajikistan. The author, based on its own analysis of the historiography of the different stages with different interpretations of historical events and chronology put forward the idea of creating a unified history of the Tajik people. In addition it raises the issue of the periodization of modern and contemporary history of the Tajik people.

Keywords: Reform, periodization, a single history, historiography, a new history, recent history.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.