Научная статья на тему 'ЕЩЕ РАЗ О ГЕРОИЗМЕ АКАДЕМИКА Б.ГАФУРОВА'

ЕЩЕ РАЗ О ГЕРОИЗМЕ АКАДЕМИКА Б.ГАФУРОВА Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
68
15
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИСТОРИЯ / ИСТОЧНИКИ / ТАДЖИКИ / КУЛЬТУРА / ЛИТЕРАТУРА / ВОСТОКОВЕДЕНИЕ / ЦЕНТРАЛЬНАЯ АЗИЯ / АНТИЧНОСТЬ / МИДИИСТИКА / АРХЕОЛОГИЯ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Акрами З.

В статье раскрывается вклад академика Бабаджана Гафурова в изучении истории таджикского народа, исторических источников, в анализе историографии народов Центральной Азии. Так же отображается деятельность Б. Гафурова в развитии советской востоковедческой науки. В статье расматривается методика и методология исторического исследования истории народов Востока, а так же таджиков - как одного из древнейших этносов внесший весомый вклад в мировую цивилизацию.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

AGAIN ABAUT THE HEROISM OF ACADEMICIAN B.GAFUROV

In article the contribution of the academician Babadzhan Gafurov in studying of history of the Tajik people, historical sources, in the analysis of a historiography of the people of Central Asia reveals. Also B. Gafurov's activity in development of the Soviet vostokovedchesky science is displayed. In article the technique and methodology of historical research of history of the people of the East, and also Tajiks - as one of the most ancient ethnoses the made powerful contribution to a world civilization is considered.

Текст научной работы на тему «ЕЩЕ РАЗ О ГЕРОИЗМЕ АКАДЕМИКА Б.ГАФУРОВА»

БОРИ ДИГАР ОИД БА КДОРАМОНИИ АКАДЕМИК БОБОЧ,ОН ГАФУРОВ

З.И.АКРАМЙ

Директори Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмхои Чумхурии Точикистон, доктори илмхои таърих тел.: 2213742, адрес: Душанбе, хиёбони Рудакй 33.

Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон дар суханронии худ дар мачлиси ботантана ба ифтихори чашни 100-солагии зодрузи Бобочон Гафуров 24 декабри соли 2008 иброз намуд, ки «Фаъолияти илмии Бобочон Гафуров, ки аз омузиши таъриху фарханги миллати точик огоз шудааст, тадричан хеле густурда ва фарох гардида, масоили мухталифи таърихи кавму миллатхои машрикзамин, зиндагй ва осори мутафаккирони бузурги Шарк, рушди илми шаркшиносй ва амсоли онхоро фаро мегирад. Бобочон Гафуров хамчун ходими дурандеши давлатй, сиёсатмадори барчаста ва олими тавоно ба шарофати донишу хиради фавкулода, махорати баланди ташкилотчигии худ дар ташакку-ли хаёти нав ва пешрафти сохахои гуногуни иктисодиёт ва ичтимоиёти Точикистон хизмати бесобика кардааст».1

Чашни 100-солагии зодрузи академик, ^ахрамон Точикистон, ходими давлатию чамъиятй БобочониГафуров дар шароите чашн ги-рифта шуд, ки дар кишвари точикон рушди хама сохахои ичтимоиёт ва иктисодиёт пойдор гардида, вахдат ва ягонагии миллй ба амал омадааст.

Фаъолияти илмй-эчодии Бобочон Гафуров дар шароите огоз гар-дид, ки дар афкори чамъиятй зарурияти исботи сахми халки точик дар инкишофи тамаддуни чахонй аз даврахои кадим то кунун ба миён омада буд. Аз ин сабаб Бобочон Гафуров чун фарзанди фарзонаи миллат вазифа гузошт, ки дар асоси сарчашмахои муътамад мавкеи таърихии халки хешро дар пешрафти фарханги моддй ва маънавии инсоният аз чихати илмй асоснок намояд.

Чунон ки Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон дар суханронии худ иброз намуд: «Бобочон Гафуров хамчун шахси по-кзамир ва олими дурандеш аз таърихи гузаштаи халкхо пеш аз хама лахзахоеро мечуст, ки ба созандагй, дустй ва каробати миллатхову тамаддунхо мусоидат карда тавонанд».2

1 Суханронии Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон дар мачлиси ботантана ба ифтихори чашни 100-солагии зодрузи Бобочон Гафуров, ш.Душанбе соли 2008 //Чумхурият. - 2008. - 25 декабр.

2 Суханронии Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон дар мачлиси бо-тантана ба ифтихори чашни 100-солагии зодрузи Бобочон Гафуров, ш.Душанбе соли 2008 //Чумхурият. - 2008. - 25 декабр.

Кулли тахкикотхои Бобочон Гафуров ба мероси фархангии халкхои Осиёи Миёна, сахми онхо дар рушди тамаддуни кадими осиёимиёнагй, хамгустурдагии хаёти иктисодй, фархангй ва сиёсии халкхои минтака бахшида шудааст. Дар ин масоили серпахлуи таърих мавкеи асосиро накши халки точик дар пешрафти чомеаи кадим ва асримиёнагй ишгол менамояд.

Бобочон Гафуров бе такрор манфиатхои маънавии точиконро аз ноадолатй ва хатонависии баъзе олимони хоричй хифз намудааст. Махсусан ба таърихи ташаккул ва инкишофи забони точикй диккат дода, дар асоси сарчашмахои таърихй исбот намудааст, ки адабиёти классикии точику форс махз дар манотики Мовароуннахр ба вучуд омадааст.

Дар асару баромадхои худ гаштаю баргашта исбот намудааст, ки забони адабии чунин шоирон ба монанди Рудакию Фирдавсй ба хо-нандаи муосири точик назар ба форсхо сахех ва фахмотар мебошад.

Дар охири солхои 30-юми асри ХХ Бобочон Гафуров дар вази-фахои хизбй фаъолият карда, сахех дарк намуд, ки барои худшиносии миллй омузиши таърихи ниёгон накши бузург мебозад. Соли 1940 зе-ри калами Бобочон Гафуров аввалин асари илмй-оммавй «Сарнагун шудани аморати Бухоро» ба табъ мерасад. Мохи апрели соли 1941 Бобочон Гафуров дар шахри Москва бо рохбарии олими шинохтаи арабшинос ва исломшинос Е.А.Беляев рисолаи номзадии худро оид ба таърихи исмоилия дифоъ намудааст.

Дар солхои Ч,анги Бузурги Ватанй баробари фаъолияти худ дар ва-зифахои масъули хизбй бо мехнати пурмашаккати тахкики сарчашмахои таърихй машгул буд. Асархои дар ин давра чопшудаи олим мархилаи мухими ибтидои тахкики таърихи халки точик ба хисоб рафта ин асархо хисси ватандустии миллиро афзуда, бахри галаба аз болои душман кумак менамуданд.

Аз ибтидои фаъолияти илмии худ Бобочон Гафуров мавкеи прин-сипиалй оид ба инъикоси таърихи этногенези халки точик баромад мекард. Дар ин чабха бо бостоншиноси маъруф профессор С.П.Толстов, ки дар Хоразм хафриётхо бурда, мукобили таълифи таърихи халки точик буд, мубохисахои часуронаи илмй мебурд.

Аз ибтидои фаъолияти илмии худ Бобочон Гафуров саъйю кушиш менамуд, ки ягонагии точикон ва мероси таърихии онро новобаста аз харитаи худуди маъмурй давлатии бамиёномада баркарор намояд ва накши точиконро дар инкишофи таърих, фарханг ва тамуддуни осиё-миёнагй дифоъ намояд.

Соли 1944 Бобочон Гафуров ва Н.Прохоров ба хукумати марказии Иттиходи Шуравй мактуби махсус навишта, зарурияти таълифи таърихи точиконро асоснок намудаанд.

Муаллифони мактуб бахои ба халки точикро додаи И.В.Сталин дар рузхои Дахаи адабиёт ва санъати Точикистон дар шахри Москва апрели соли 1941 дода буд ба асос гирифта, зарурияти омузиши таърихи халки точикро ба миён гузоштанд.

Таълифи таърихи халки точик дар солхои Чанги Бузурги Ватанй буд,ки дар натичаи он китоби Бобочон Гафуров «Таърихи мухтасари халки точик» соли 1947 дар шахри Душанбе чоп гардид. Минбаъд ин асар се маротиба ба забони русй - солхои 1949, 1952 ва 1955 чоп гар-дидааст.

Чопи русии «Таърихи мухтасари халки точик» ба олимони рус низ писанд омад. Бостоншинос ва мардумшиноси маъруф, профессор С. Толстов чунин навишта буд: «Дар дасти мо нахустин асари яклухт ва чамъбасткунанда рочеъ ба таърихи халки точик аст. Муаллиф таъри-хи халки точикро аз тахрифахои шаркшиносии буржуазй покиза намудааст ва силсилаи проблемахои мухимро дуруст шарх медихад».

Б. Гафуров дар асари худ «Таърихи мухтасари халки точик» наза-рияи маъмул ва макбули мархилабандии чараёни инкишофи таърихи-ро дар Осиёи Марказй ва Шарки Миёна асоснок карда, манзараи фа-роху доманадори муборизаи чандинасраи халки точикро барои таъсис ва ташкили давлати миллй тасвир менамояд ва тавассути тахлили амики илмй, объективона окибат ва натичахои истилои арабро дар такдири таърихии халкхои Эрон, Афгонистон ва Осиёи Миёна бозгуй мекунад.

«Таърихи мухтасари халки точик» на танхо падидаи барчаста дар таърихшиносии точик гардид, балки дар илми таърихнигории СССР мавкеиро низ сазовор сохиб гашт. Бинобар ин соли 1952 Шурои ил-мии Институти таърихи маданияти моддии АИ СССР ба муаллифи ин асар унвони доктори илмхои таърихро муносиб дид.

«Таърихи мухтасари халки точик» тахкурсй ва барномаи тадкикотхо ва чустучухои ояндаи натанхо худи Б.Еафуров, балки ди-гар низ муаррихон гардид.

Миёнаи солхои 50-ум Б. Гафуров дар андешаи таълифи таърихи бисёрчилдаи халки точик афтод ва соли 1957 бо пешниход ва тавсияи у Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии АИ Точики-стон бо сарпарастии таърихшинос ва шаркшиноси барчаста, донандаи мохири китобхои каламии Шарк профессор А. А. Семёнов ба таълифи ин асар огоз ба кор намуд. «Таърихи мухтасари халки точик»,ки дар се чил (иборат аз панх китоб) солхои 1963-1965 ба табъ расид, Б. Еа-фуров аз чумлаи мухаррирони масъули асари номбурда буд. Таълифу тахияи ин асар тахти назорати у чараёнгирифта вай хамеша аз рафти кор огохй дошт ва хар чилду хар китобро мухокима мекард, хисобот ва гузоришоти ва муаллифон мухарриронро мешунид, ба халлу фасли

масвалах^и yмда кyмак мерасoнид. Бo ташаббyси yстoд Б. Fафyрoв хамаи панч китoби асари сечилда дар нашриёти «Адабиёти Шарк» дар Маскав ба таъб расид.

Дар миёнаи сoлхoи 50-ум дар таърихи шаркшинoсии шyравй мархилаи сифатан нав шуруъ гардид. Бoлoравии харакати миллии oзoдихoхй дар мамлакатхoи Шарк, пас аз чанги дуюми чахoнй ба вучуд oмадани давлатхoи сoхибихтиёр, афзудани накш ва ма^ми Шарк дар такдири иншният, кoмёбихoи бузурги ичтимoй-иктисoдй дар мамлакатхoи Осиё ва Aфрикo накш ва ахамияти илмй шаркшинo-сирo афзуданд ва дар назди oн вазифахoи мураккаб ва мухим гyзo-штанд.

Дар чунин шарoит шаркшинoсии шyравй аз халлу фасли мухимта-рин вазифахoи аён дар канoр буда наметавoнист.

Х,аёт масъалаи ба тарзу услуби нав ташкил намудани тамoми кoрхoи тахкикoтии илми шаркшинoсирo дар мамлакат, шмилан таFЙир дoдани мавзyъ ва самти пажухиш, ба таври катъй ру oвардан ба oмyзиши манили мубрами халкхo ва давлатхoи машрикзаминрo ба миён гyзoшт. Мархилаи сифатан нав дар инкишoфи илми хoваршинo-сии шуравй OFOЗ гардид. Ин мархила ба нoми Бoбoчoн Fафyрoв сахт пайванд аст.

Пас аз ба вазифаи директории Институти Шаркшинoсии AH СССР таъин гардидан, Б.Fафyрoв 6o Fайратy сyбoткoрй ва максаднoкии ба худ хoс ба кoри такмили шхтор ва самаранoк намудани фаъoлияти институти мазкур шуруъ намуд. Бинo ба сyханхoи худи Б.Fафyрoв бoзсoзй чунин самтхoи кoри тадкикoтй ва илмию ташкилирo дар назар дoшт:

- ба таври куллй таFЙир дoдани мавзуи кoрхoи илмию тадкикoтй;

- 6o максади самаранoк истифoда намудани имкoниятхoи мавчуда ва барoи бoз хам бехтар oмyхтани кишвархoи Шарк дигаргун намудани сoхтoри дoхилии институт;

- ба рoх мoндани рoбита ва хамкoрй миёни Институт ва муас-сисахoи илмй ва дoнишмандoни кишвархoи Шарки хoрича;

- таъсис намудани китoбхoнаи адабиёти Шарк, ки дoрoи фoнд ва хукуки мyбoдилаи байналхалкй китoб бoшад;

- таъсис дoдани нашриёти адабиёти Шарк 6o максади нашри oсoри шаркшинoсй шурави ва хoваршинoсoни хoричй ба забoни русй, ба забoнхoи хoричй, аз чумла ба забoнхoи Шарк;

Бoбoчoн Fафyрoв хамчунин ташаббyскoри интишoри силсилаи oсoри хаттии Шарк буд. Тахти рoхбарии y нашри ин силсила шуруъ гардид, ки дар натичаи oн oсoри зиёде аз хазинаи бoстoнй, oфари-дахoи бехтарини шoирoн, нависандагoн, дoнишмандoни Шарки кадим ва асрхoи миёна, дастраси чахoниён гардид.

Дере нагузашта, марказхои нави шаркшиносй ва мактабхои олй на танхо дар шахрхои марказй (Москва ва Ленинград), инчунин дар чумхурихои иттифокй низ таъсис ёфтанд.

Барои халли вазифахои масъул бо ташаббуси Б.Fафyров тобистони соли 1957 дар Тошкент конфенресияи илмии умумиттифокии шаркшиносон даъват гардид. Дар он устод дар мавзyи «Вазъият ва вазифахои шаркшиноси шyравй...» маърyза кард.

Нахустин конференсияи илмии умумииттифокии шаркшиносон бешубха, дар рохи инкишофи илми шаркшиноси кадами чиддие буд.

Сахми Б.Fафyров дар амри ривочу равнак ва тахкими робитахои байналхалкии шаркшиносони собик шyравй, баланд бардоштани о6руи чахонии он басо бузург аст. Дар ин чода y бо фаъолияти пурса-мару истеъдоди ташкилотчигии худ дар кори тайёр намудан ва гуза-ронидани Конгресси XXV байналхалкии шаркшиносни байналми-лаллй сахми арзандае гузоштааст.

Б.Fафyров вазифахои раиси Кумитаи Шyравй оид ба лоихаи асосии ЮНЕСКО тахти унвони «Шарк^арб» ва президенти Aсостиатсияи байналхалкй оид ба омузиши тамаддуни Осиёи Марказиро ба yхда дошт. Б^афуров дар конфронс ва конгрессхои байналмилалии шаркшиносони чахон дар мавзухои гуногуни илмй сухан карда, таърихи точикон, маданияти бой халкхои Осиёи Марказиро ташвику тарFиб мекард. У чанде аз рисолаву маколахои худро ба инъикоси сахми олимон, шоирон, адибон, арбобони сиёсиву чамъиятии Шарк ба бахшидааст. Таълифоти пурарзиш дар бораи Фирдавсй, Берунй, Форобй, Xyсрави Дехлавй, Икбол, Fолиб, Aхмади Дониш, Мехатма Гандй, Чдвохирълал Нехру ва ашхоси дигари муътабар аз чумлаи онхоянд, ки тарFиби меъроси эшон мухтавои ин асархо мебошанд. Бояд таъкид кард, ки хизматхои Б.Fафyров дар рушди илми шаркши-носии чахонй аз чониби ходимони илму фарханг чи дар дохили ки-швар ва чи дар хоричи он хеле хуб пазируфта шуданд.

Бо вучуди серкорй дар Институти шаркшиносии AИ Иттиходи Шуравй дар Москва БЛфуров таърихи халки худро пайгирона тадкику тахлил мекард. Натичаи ин буд, ки баъд аз 10 соли чопи таърихи сечилдаи халки точик аз тарафи кормандони Институти таърих ва дигар олимон, соли 1972 таърихшиносон ва мардуми боша-рафи Точикистон хадияи шоситаи ин фарзанди фарзонаи миллатро дарёфт намуданд. «Точикон - таърихи кадимтарин, кадим ва асрхои миёна» - шохасари устод Б.Fафyров дастраси точикон ва халкхои дигар гашт. Ин асар чамъбасти мархилаи нави инкишофи шаркшиносии шуравй ва комёбихои он дар сохаи тадкикот оид ба таърихи кадимтарин халки Осиёи Миёна - точикон буд.

Дар айни замон мухтавову мундаричаи китоби БЛфуров бо руху

FOяи дустию барoдарии халкх^и Осиёи Миёна саршoр аст. Дар сарсу-хани китоб дуруст хoтирнишин мегардад, ки oмyзиши таърихи тoчикoн сахми хoси oнхo ба ганчинаи тамаддуни иншнй 6o oмyзиш ва тахкики таърихи халкхoи Осиёи Миёна ва бoзёфти oн падидахo, ки oнхoрo мут-тахид менамуд, сахт марбут аст. Ин имшн медихад, ки сарчашмахoи равoбити анъанавии халкхoи сoкини Осиёи Миёна ва риштахoи амики таърихии хамкoрихoи барoдарoни oнхo кашф карда шаванд.

Мухаккик на танхo 6o як махoрати фавкyлoда манзараи дoманадo-ри таърихрo нигoштааст, инчунин хар як сoхавy пахлyхo чараён ва чyзъиётхoи oнрo бoрикбинoна ва 6o як тафсилoти хайратангез тасвир менамoяд. Ин аст, ки пеши назари мo на танхo тархи умумии таърихи чандинасра чилвагар мешавад, балки пайкараи зиндаи oн 6o тамoми мураккабию мyхoлифатхoяш арзи вучуд мекунад.

Б.Fафyрoв дар «Toчикoн» чунин масъалахoи нихoят мураккаб ба мисли масъалахoи этникй ва лингвистии кабилахoи кадимаи Осиёи Миёна, Х,индустони Шимoлй, AфFOнистoн, Эрoн, даштхoи байни Aврyпo ва Осиё, пайдoиши oриёиён ва масъали oриёй пайдoиш ва ин-кишoфи чамъияти синфй, зухур ва тахаввули oини зардуштй, будпа-растй, пайдoиш, ташаккул, хрoнoлoгия (сoлнoма) ва маданияти Кyшoн, oмезиш ва таъсири мута^билан тамаддуни Осиёи Миёна, хинду эрoнй ва мардуми Юнoни кадимрo ба риштаи тадкик кашида-аст. Сахми Б.Fафyрoв дар oмyхтан ва тадкики масъалахoи нoмбyрда басo бузург аст. Aфкoр ва хyлoсахoи y ахамияти калoни илмй ва наза-риявй дoрад. Б.Fафyрoв тавoнистааст мoхияти o^o вoзехy равшан баён намуда, мyлoхизахoи санчидашуда вабo далели хyдрo 6o як махoрати 6o худаш хoс пешнихoд сoзад. Маънидoд ва тавзехoти oлим дар бисёр мавридхo пардoзи нав дoранд ва бoри нахуст ба сахнаи мyбoхисахoи илмй кашида шудаанд.

Бo истифoда аз аснoди кадимтарин сарчашмаи таърихй «Aвестo», хатхoи мехй, сoлнoмаи чинй, матнхoи динии бyддoй, oсoри асримиё-нагй, асархoи мyаллифoни Юнoнy лoтинй, нoмахoи хoкими СyFд, навиштoри шoхoни Кyшoнй, рисoлахoи мyаррихoни арабу фoрсзабoн ва дигар маъхазхoи таърихй - муаллифи «Toчикoн» ба тадкики шхто-ри ичтимoй-иктисoдии Осиёи Миёнаи давраи бoстoн ва куруни ву-стoрo шукухи тозае бахшидааст.

Худи yстoд эътирoф мекарданд, ки бисёр кисматхoи «Toчикoн» ан-гезаи мyбoхисавй дoранд, зерo ба афшри гyнoгyн ва баъзан ба хам му^били дoнишмандoни мухталиф такя мекунанд ва им^н медихад, ки ихгосманди асар 6o акидахoи гушгун oид ба масъалаи тахкикша-ванда oгoх гардад ва yрo ба андешахoи тoза вoдoр намoяд.

Бoбoчoн Fафyрoв тo вoпасин рyзхoи худ умри машFyли тавсехи ва такмили ин шoхасар буд. Дар бадали сй шли кoри эчoдии худ дар 6o-

бати таърихи халки точик, y хачми ин асарро се маротиба зиёд наму-да, аз як китоб ба ду китоб расонид. «Точикон» на танхо хачман, балки бештар мазмунан Fанй гардид. Худуди хронологии кисмати так-милшудаи асар давраи аз нимаи дуюми асри XVIII то Инкилоби Ок-тябрро дар бар гирифт.

Пас аз се соли фавти Б^афуров китоби басо чолиб бо номи «Ис-кандари Макдунй ва Шарк» аз чоп баромад. Ин тадкикоти пурар-зишро, ки охирин таълифоти илмии мухаккик метавон хисобид. Б^афуров бо хамклами таърихшиноси Юнон Д.И.Цибукидис ба анчом расонидааст.

Дар ин асар як катор проблемахои мухимтарин, аз кабили мохияти сиёсати истилогаронаи Искандари Макдунй ва окибатхои он, ру ба ру хамкорй ва таъсири мутакобилаи иктисодиёту ичтимоиёту маънавиё-ти Fарбy Шарк, макоми махсусе доранд. Aз асар манзараи доманадо-ри таърих пеши назар мерасад ва сабабхои ичтимой-иктисодие, ки юнонихоро макдунихоро ба юриш ба суи Шарк барангехт ва лахзахои асосии амалиётхои шаркии Искандар чун тадкикоти пурмухтаво шоё-ни тахсин аст.

^исмати калони асар ба баррасии масъалахои хаётан мухим, аз кабили таъсири акидахои Aрастy ба накшахои истилогаронаи Искандар дар Шарк бахшида шудаанд. Муаллифон дуруст хулоса мебаро-ранд, ки эхтиёчи вочиб ба кишваркушоихои Искандар ва андухтани сарватро на назариёти фалсафаи Aрасy, на даъвату такозои Сукрот, балки шароити ичтимой ва иктисодии Юнон муайян намуд.

Масъалахое, ки дар рисола мавриди тахкик карор гирифтаанд, ба-рои омухтани бисёр лахзахои таърихи халкхои Осиёи Миёна, аз чум-ла точикон, ки дар сарзамини онхо амалиётхои бузурги Искандар ба вукуъ пайвастааст, ахамияти калон доранд.

Муаллифон дар дебочаи китоби худ намехостаанд, ки «Искандари Макдунй пеш аз хама тачовузкор буд ва бо оташу шамшер мардуми Шаркро, ки аз ватану аз маъвои худ бо матонат дифоъ менамуданд, ба зери итоати худ дарорад».

Хамчунон ки аз суханони худи Б.Fафyров бармеояд, y ба гузашта на танхо ба хотири он таваччух менамояд, ки он моро мафтун ва Fанй мегардонад, балки боз аз он чихат, ки гузашта пандомуз аст ва моро водор месозад, ки ба имрузаи худ ба тарзи нав назар андозем ва инчу-нин барои фахмишу идроки конунхои инкишофи таърихй кумак ме-расонад.

Рохи тай кардаи «Точикон» барои муаллифи он осон набуд. У дар ин рох дахсолхо захмат кашида, дар дилу дидаи мардуми диёраш маъво гузоштааст.

Шохасари безаволи Бобочон Fафyров «Точикон» мехрномаи муал-

лиф ба халки азизаш аст ва хушбахтона, Хукумати кунунии Точики-стон ба кадри хизмати ин марди шариф расид ва дар радифи абармар-ди дигари точикон, устод Садриддин Айнй уро аввалин ^ахрамони Точикистон эълон дошт.1

Президенти кишвар мухтарам Эмомалй Рахмон ба сахми академик Бобочон Гафуров бахо дода иброз намудааст, ки «Агар рохи пурша-рафи тайкардаи ин олим ва сиёсатмадори барчастаро мухтасар чамъбаст намоем, метавон чунин гуфт, ки у дар хакикат ходими давлатии дар сатхи академй бомаърифат ва академики дорои тафак-кури давлатй буд. Гузашта аз ин, тамоми зиндагии у намунаи хизмати содикона ва фидокорона ба манфиати илм ва халку Ватани хеш аст».2

АДАБИЁТ

1. Суханронии Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон дар мачлиси ботантана ба ифтихори чашни 100-солагии зодрузи Бобочон Гафуров, ш.Душанбе соли 2008 // Чумхурият. - 2008. - 25 декабр.

2. Академик Бободжон Гафурович Гафуров и его труды //В кН.: Б.Г.Гафуров. Избранные труды. -М.:Наука, 1985. -С.4-20.

2. Академику Бободжону Гафурову 85 лет., тезисы докладов научно-теоретической конференции/. -Худжанд, 1994. - 49 с.

3. Бабаев А.Д. Гозибеков А.Г. Достойный потомок Саманидов. -Худжанд, 1998. - 78 с.

4. Бободжон Гафурович Гафуров /библиографический указатель/. -Душанбе: Дониш, 1969. - 93 с. (Вступительная статья И.С. Брагинского. Библиография составлена З.М.Шевченко).

5. Гадоев Абдухамид. Ёднома //В кн.: Севги - сехро олами. -Худжанд, 1996. - С.9-13 бет.

6. Гафуров Б.Г. Тайна минарета кишлака Себзор /Повесть и рассказ/ -Душанбе: Адиб, 1989. - 70 с 2. Шаши Бушан. Академик Бободжон Гафуров. - Нью-Дели, 1977. - 201 с. (на англ.языке).

7. Гаффоров Усмончон. Равшангари таърих. -Душанбе: Ирфон, 1990. - 203 с.

8. Гаффоров Усмончон. Бобочон Гафуров фарзанди фарзонаи миллат. -Гафуров, 1996. - 56 с.

9. Ливинский Б. А. Бободжон Гафурович Гафуров и его труд //В кН.: Таджики: древнейшая, древняя и средневековая история. -Душанбе: Ирфон, 1989. -В 2-х томах. -Т.Н. -С.331-383.

1 С.А.Абдуллоев, Х.Х.Холджураев, О.К.Каримов. Академик Бободджон Гафурович Гафуров. _Худжанд, 1998. - С.151-157.

2 Суханронии Президенти Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмон дар мачлиси ботантана ба ифтихори чашни 100-солагии зодрузи Бобочон Гафуров, ш. Душанбе соли 2008 //^умхурият. - 2008. - 25 декабр.

10. Мухтаров А., Шарифов Ш. Академик Бобочон Тафурович. - Душанбе, 1979. - 34 с.

11. Мухторов А., Шарифов Ш. Академик Бободжон Гафуров. - Душанбе: Ирфон, 1989. - 206 с.

12. Мухторов Ахрор. Бобочон Гафуров (Хотирах,о). - Душанбе: До-ниш, 1992. - 149 с.

ЕЩЕ РАЗ О ГЕРОИЗМЕ АКАДЕМИКА Б.ГАФУРОВА

З.Акрами

Директор Института истории, археологии и этнографии им. А.Дониша Академии наук Республики Таджикистан, доктор исторических наук, профессор

В статье раскрывается вклад академика Бабаджана Гафурова в изучении истории таджикского народа, исторических источников, в анализе историографии народов Центральной Азии. Так же отображается деятельность Б. Гафурова в развитии советской востоковедческой науки. В статье расматривается методика и методология исторического исследования истории народов Востока, а так же таджиков - как одного из древнейших этносов внесший весомый вклад в мировую цивилизацию.

Ключевые слова: история, источники, таджики, культура, литература, востоковедение, Центральная Азия, античность, мидиистика, археология.

AGAIN ABAUT THE HEROISM OF ACADEMICIAN B.GAFUROV

Z.Akrami

Director of the Institute of History, Archaeology and Ethnography named after A.Donish, doctor of history

In article the contribution of the academician Babadzhan Gafurov in studying of history of the Tajik people, historical sources, in the analysis of a historiography of the people of Central Asia reveals. Also B. Gafurov's activity in development of the Soviet vostokovedchesky science is displayed. In article the technique and methodology of historical research of history of the people of the East, and also Tajiks - as one of the most ancient ethnoses the made powerful contribution to a world civilization is considered.

Keywords: history, sources, Tajiks, culture, literature, oriental studies, Central Asia, antiquity, midiistika, archaeology.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.