Научная статья на тему 'ИНЪИКОСИ ТАЪРИХИ НИҲОДҲОИ ОМУЗИШИИ ВАРОРУД ДАР ОСОРИ АКАДЕМИК В. В. БАРТОЛД'

ИНЪИКОСИ ТАЪРИХИ НИҲОДҲОИ ОМУЗИШИИ ВАРОРУД ДАР ОСОРИ АКАДЕМИК В. В. БАРТОЛД Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
125
10
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
БАРТОЛД В.В / ОСОР / ТАҲқЩОТ / ТАЪРИХ / ТАЪРИХНИГОРЙ / ИНЪИКОС / НИҲОДҲОИ ОМӯЗИШӢ / ДАБИСТОН / ДАБИРИСТОН / ДОНИШГОҲ / РАБОТ / КОРВОНСАРОЙ / ХОНАқОҲ / ТАДРИС / МУКРӢ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Убайдуллоев Насрулло Каримович

Мақола ба таҳлили инъикоси таърихи пайдоиш ва ташаккули ниҳодҳои омӯзишии Варорӯд (Осиёи Миёна) дар осори академик В.В.Бартолд бахшида шудааст. Академик В.В. Бартолд дар як қатор асарҳояш доир ба таърихи пайдоиш ва ташаккули муассисаҳои таълимию омӯзишии Варорӯд, ба мисли дабистон, дабиристон, донишгоҳ (академия), мадраса, мактаб, работ, корвонсарой, хонақоҳ ва амсоли инҳо маълумот додааст. Аз чумла аз таҳқиқоти академик В.В.Бартолд оид ба маънои луғавӣ, макон ва замони пайдоиши мадрасаҳо бармеояд, ки мадраса чун мактаби олии исломӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон пайдо шуда, баъдан ба қисмати ғарбии олами ислом паҳн гардидааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

REFLECTIONS OF THE HISTORY OF EDUCATIONAL INSTITUTIONS OF VARORUD IN THE WORKS OF ACADEMICIAN V. V. BARTOLD

The article is devoted to the analysis of the reflection of the history of the emergence and development of educational institutions of Varoruda (Central Asia) in the works of academician V.V. Barthold. Academician V.V. Barthold, in some of his works, covers in detail the history of the emergence and development of a number of educational institutions of Varorud, such as Dabistan, Dabiristan, academy, madrasa, maktab, rabat, caravanserai, honak, etc. Including on the basis of a comprehensive analysis of sources, place and time of appearance, Academician V.V. Bartold argues that madrasa as a higher Muslim educational institution originally arose in Maverannahr and Khorasan, and then spread to the western part of the Caliphate.

Текст научной работы на тему «ИНЪИКОСИ ТАЪРИХИ НИҲОДҲОИ ОМУЗИШИИ ВАРОРУД ДАР ОСОРИ АКАДЕМИК В. В. БАРТОЛД»

ТАЪРИХНИГОРИВА МАЪХАЗШИНОСИ-ИСТОРИОГРАФИЯИ ИСТОЧНИКОВЕДЕНИЕ-HISTORIOGRAPHY AND SOURCE STUDY

4-♦

УДК: 90 (092) (5)

ИНЪИКОСИ ТАЪРИХИ НЩОД^ОИ ОМУЗИШИИ ВАРОРУД ДАР ОСОРИ АКАДЕМИК В. В. БАРТОЛД

Насрулло УБАЙДУЛЛО, Институти таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии ба номи Ах,мади Дониш

Академик В.В. Бартолд аз зумраи он олимони шинохтаи чахонист, ки умри хешро сарфи омузиши таъриху фарханги халкхои Осиёи Миёна намудааст. Аз 502 асару маколахои руи чоп дидаи олим зиёда аз 480-тои он ба таърихи Осиёи Миёна бахшида шудааст. Омили асосии ба омузиши таърихи Осиёи Миёна машгул шудани худро В.Бартолд пеш аз хама аз чихати чугрофй ва таърихй наздик будани минтака ба Россия донистааст. Осиёи Миёна, ба акидаи у, барои шаркшинос-таърихчии рус бештар наздик аст ва дар ин чо зиёдтар маводу манбаъ пайдо мегардад, ки онхо ба шаркшиносони аврупой дастнорасанд [15,789-790].

Аз тарафи дигар, ру ба таърихи Шарк овардани В.Бартолд натичаи ташаккули мактаби мустакили таъриху шаркшиносии рус дар нимаи дуюми карни XIX низ мебошад.Зеро махз дар хамин давра, омузиш ва тахлили як катор осори хаттии форсию точикй, арабй ва туркй, маводи сиккашиносй аз чониби олимони шинохтаи рус боиси таъсису ташаккули мактаби мустакили шаркшиносии рус гардид, ки дере нагузашта дар ховаршиносии чахонй макоми хоса ва пешсафро касб намуд.

Академик В.В. Бартолд хамчун мухаккики асил баробари пажухиши дигар самтхои таърихи Осиёи Миёна ба омузиши таърихи фарханги он низ таваччухи чиддй зохир намудааст. Дар маркази тахлили илмии ин олими шинохта таъсири фархангхо чой гирифтааст ва у аз ин нигох ба тахкики таърихи ниходхои омузишй, муассисахои динй - маърифатй ва чамъиятие, ки тавассути онхо ташвику таргиби фарханг, мазхабу оин ва урфу одате, ки ба хукми анъана даромадааст, шугл варзидааст.

Бартолд В.В. барои чун шохаи мустакили илми шаркшиносй ифтитох ёфтани осиёимиёнашиносй, ё ба истилох «туркистоншиносй» ибтидо гузошта, дар ташаккули он макоми вижаро сохиб аст.Истифодаи истилохи таърихию чугрофии «Туркистон» ба чои «Осиёи Миёна» ё «Осиёи Марказй» махсули эчодии В. Бартолд набуда,ба андешаи худи у дар асри XIX бо ташаббуси мухаккикони англис ба ивази мафхумхои «Бухорои бузург» ва «Бухорои хурд» ба илм истилохи «Туркистони гарбй» ва «Туркистони шаркй» ворид гардид [2,273], ки вокеан ба

фахмиши вокеии чу^оФй пyppа мувофикат намекунад. Бинобаp ин ба андешаи инчониб ба чои «Тypкистон» бештаp истилохи «Осдаи Мдана»-pо мавpиди истифода бypдан ба максад мувофик мебошад.

Даp тули фаъолияти босамаpи худ В.Баpтолд пахлухои гуногуни таъpихи халку давлатхои Осиëи Миëнаpо ба pиштаи тахлилу тахкик кашидааст. Аз чумла даp доиpаи тахкики таъpихи фаpханги минтака академик В.Баpтолд ба таъpихи ниходхои омузишй, пеш аз хама мактабу мадpаса диккати чиддй додааст. Яке аз асаpхои комил, ки бештаp ба масоили умдаи таъpих ва pyшди фаpханги Осиëи Мдана, ба вижа халки точик бахшидаи академик В.В. Баpтолд «Таъpихи хаëти фаpхангии Тypкистон» мебошад. Асаpи мазкyp боpи нахуст соли 1927 [2,167-433] нашp гаpдида, давоми мантикии «Таъpихи Тypкистон» [2,107-166] аст. Даp он олим масоили гуногуни таъpих ва инкишофи фаpханг, бахусус таъpихи мактабхои махаллй ва таълиму тадpис чй даp асpхои миëна ва чй даp ^p-ни XIX, масъалахои дин ва дигаppо мавpиди пажухиши хаматаpафа каpоp додааст. Тахдикоти мазкyp, даp катоpи масоили умда, бештаp ба таъpихи пайдоишу шаpхи махфумхо ва истилоххои ичтимоию хочагидоpй ва хаëти мадании Осиëи Миëна ва умуман шаpки исломй бахшида шудааст, ки би-сëpе аз хулосахои олим имpyз низ аpзиши илмии хyдpо гум накаpдаанд. Даp асаpи мазкyp боби алохида (VII) [2,296-318] ба таъpихи мактабхои са-даи XIX Осдаи Миëна бахшида шудааст. Хдмчунон даp дигаp асаpхои худ В.В. Баpтолд оид ба масъалахои мактабу мадpаса ва умуман маоpиф боpхо таваччух зохиp намуда, хосатан таъpихи пайдоиш ва пахншавии ин ниходхои омyзишиpо мавpиди тахлил каpоp додааст.

То пахншавии ислом ва хатто муддати тулоние пас аз истилои аpаб низ даp Эpон ва Осиëи Миëна мактаби ибтидой, саводомyзиpо дабиpистон мегуфтанд. Ба акидаи академик В.Баpтолд ин мафхум аз заpдyштия ба Эpон меpос монда, баъдан даp Осиëи Миëна пахн шудааст [2,222]. Дам-чунон даp маъpyзаи худ «Вазифахои шаpкшиносии pyс даp Typ^d^m» низ В.Баpтолд боpи дигаp кайд менамояд, ки калимаи "мактаб" шакли фоpсишyдаи «дабиpистон» буда, даp Эpони тоисломй истифода мешуд ва аз он чо ба Осдаи Миëна воpид гашт ва он хатто даp асpи XII низ хануз мавpиди истифода каpоp дошт [14,532].

Азбаски академик В.Баpтолд то охиpи yмp таpафдоpи назаpияи таъсиpи фаpханг буд, далолат баp он дошт, ки мактаб махсули таъсиpи кисмати Fаpбии олами Эpон ба кисмати шаpкии он мебошад. Сабаби асо-сии даp давpаи аввал пешpав будани Эpони Fаpбиpо даp наздик будани он ба маpкази тамаддуни бобулй медонад [9,417]. Даp боpаи мадpаса, илм ва санъат В. Баpтолд даp аввал таъсиpи чиддй доштани Эpони Шаpкиpо ба Эpони Fаpбй таъкид менамояд.Вале y сабаби пешкадам будани Эpони Шаpкиpо даp баpхypди он аз анъанахои давлати Юнону Бохтаp, оини буддой ва монй дидааст [2,222]. Даp хамин замина олим инчунин наздик будани Диндyстонpо ба инобат гиpифта, баpтаpии шахpи Балхpо хамчун

маркази фархангй дар ибтидои давраи исломй бо далелхо собит месо-зад.Тибки хулосаи у нахустин намояндагони хонадонхои эронии Барма-киёну Сомониён чун эхёгарони фарханги эронй на аз шахрхои Форси Со-сонй,балки аз Балх баромадаанд [2,222] .

Мадраса низ ба акидаи В. Бартолд хамчун мактаби олии исломй бори нахуст дар кисмати шаркии Эрон пайдо шудааст. «Таъсири буддоияро боз далели дигар метавонад таквият дихад, ки мактаби динии исломй (мадраса) бори нахуст дар Хуросон ёдовар мешавад ва танхо баъдан ин мактаб ба кисмати Осиёи Пеш пахн мегардад» [10,372].

Яке аз сабабхои асосии пахншавии мадраса ва умуман фарханги шаркиэрониро ба Еарб В.Бартолд хизмати Салчукиён медонад.«Бо пахншавии империяи Салчукиён пахншавии таъсири фарханги шаркиэронй низ ба амал меояд» [11,286]. Махз бо васеъшавии ин империя мадраса тадричан ба Бай-наннахрайн, Сурия, Миср ва Африкои Шимолй пахн мегардад [11, 286;8]. Ам-мо дар маърузаи «Вазифахои шаркшиносии рус дар Туркистон» аз 29 декабри соли 1914 пешниход намудааст, ки шояд мадраса бо таъсири оини буддой ав-вал дар Туркистон пайдо шуда, сипас ба дигар вилоятхои исломй пахн гар-дидааст [14,532]. Барои таквияти фикр В.Бартолд онро асос менамояд, ки дар Туркистон баробари тарикатх,ои дарвешии зери таъсири харакатхои динии Осиёи Еарбй дар Бухорою Хоразм пайдо шуда, замоне тарикати дарвешони махаллй дар Тирмиз, ки пештар яке аз марказхои оини буддой ба хисоб ме-рафт, мавчуд будааст [14,532].

Академик В.В. Бартолд пурра дар он акида аст, ки яке аз сабабхои асо-сии пешравии фархангии Эрони Шаркй пахншавии оини буддой ва наздикии Диндустон мебошад. Дар асоси тахлилу омузиши сарчашмахои гуногун В.В. Бартолд собит менамояд, ки намунаи аслй барои пайдоиши мадрасаи мусул-монй вихари буддой мебошад [4,432]. Мактабхои насронй, ки хатто дар ибтидои давраи исломй дар шахрхои мусулмонй кушода мешуданд, ба мактабхои мусулмонй кам таъсир расонидаанд.Калимаи юнонии «школа», ки баъдан ба забони сурёнй ва хам забонхои Аврупои Еарбй ворид шуда буд, аз тарафи арабхои насронй дар шакли «искул» кабул гардид, вале арабхои мусулмон он-ро кабул накарданд.Танхо аз мафхумхои суриёнии насронй мафхуми «макре-ян»- устоди хониш дар арабй ба шакли «мукрй» ва дар Осиёи Миёна ба шакли "корй" кабул гардид [2,224].

Дар маколаи «Оид ба дафн кардани Темур» В.В.Бартолд нисбат ба мафхуми «хонако» ва "мадраса" менависад, ки харчанд калимаи «хонако» баромади ориёй дошта бошад хам, ба Осиёи мусулмонй аз Еарб ба Шарк пахн шуд, вале мафхуми мадраса баромадаш аз забони семитй буда, аз Шарк ба Еарб пахн гаштааст [4,430].

Аз ин лихоз акидаи академик В.Бартолд оид ба махсули шаркиэронй будани мадраса хамчун мактаби олии исломй чун хакикати вокей ба назар мерасад. Дарчанд маънии лугавии «мадраса» аз яхудиёну суриёнихо ва ё дарси арабхо реша гирифта бошад хам, хамчун ифодакунандаи макони

даpсхонй, тадpис даp шаpки Эpон пайдо шyдааст. Инpо таx,кикотxои охиpин ба куллй собит намyдаанд. То истилои аpабxо зеpи таъсиpи оини 6уддой даp кисми шаpкии Эpон чунин мyассисаxо вучуд доштанд ва ишоpаи В. Баpтолд ба виxаpаи буддой низ бесабаб нест. Даp шаpxи номи Бyхоpо муаллифони аксаpияти фаpxангxои адабиëти классикии точику фоpс эътимод баp он до-pанд, ки як маънои «бyхоp» ва ë «бyхаp» дониш, илм, мачмyи илмй, шаxpи уламову фузало мебошад [18,77-84]. Х,атто муаллифи «Бypxони котеъ» мео-pад, ки номи Бyхоpо бо pешаи «Бyхаp» аз калимаи санс^шии «виxаpа» - ба маънии дайp, маъбад бошад [16,156-157].

Кашфиëтxои бостоншиносии баъди солxои 50-уми асpи XX даp xyдyди Моваpоyннаxpy Хypосон ба даст омада, исбот намуданд, ки то паxншавии ди-ни буддой даp ин xyдyд мyассисаxои гуногуни шаxpвандию мазxабй вучуд доштанд [20,17].

Баpои xамин даp асоси таx,кикотxои охиpин метавон хулоса намуд, ки pУxониëни оини буддой тавонистанд маъбаду мyассисаxои динии Осиëи Маp-казиpо моxиpона ба оини буддой мувофик созанд ва даp сохтмони кушку маъбадаои нав аз санъати меъмоpии маxаллй эчодкоpона истифода баpанд.

Академик Б.Fафypов менависад,ки «даp саpзамини Бохтаp маданияти мyтаpаккии ба худ хоси маxаллй вучуд дошт, ки он аз каъpи асpxо ибтидо мегиpифт.Равобити тамаддуни Бохтаp бо маданияти бойи Х,индустон, бо маданияти юнондан ва бо маданияти шаpки эллинй самаpаи бyзypг дошт».Инчунин илова менамояд, ки маxз даp xамин давpа даp Осиëи Мда-на дини буддой паxн шуд [17,121]. Аз pyи хулосаи олим бо паxншавии буд-доия оини заpдyштй мавкеи хyдpо аз даст надод ва маpкази он шаxpи Бак-тypа яке аз маpказxои асосии заpдyштия xисоб меëфт ва аксаpи аxолии маxаллии бохтаpиxо ба заpдyштия эътикод доштанд [17,123].

Масъалаи дигаpе, ки диккати В.Баpтолдpо чалб каpдааст, замони пайдоиши мадpасаxо мебошад. Тибки шаpxи y мафxyми паxншyдаи мад-pаса даp адабиëти то асpи X умуман истифода нашудааст [2,225]. Мидpас, мидpаш, мадpаш даp забони аpабию ивpитй ва сypиëнй хеле пештаp ба маънои макони таълими ^ypъон, таълимот, шаpxи конун ва Fайpа, xатто пеш аз паxншавии ислом мавpиди истифода каpоp доштанд. Мафxyми «мадpаса» боpи нахуст даp «Таъpихи Бyхоpо»-и А.Наpшахй истифода шудааст. А.Наpшахй xангоми тасвиpи сyхтоpи соли 937 -и Бyхоpо даp бо-pаи мадpасаи Фоpчек низ ëдоваp мешавад. Ин маълумоти Наpшахиpо В.Баpтолд асос намуда, менависад, ки шояд ин мафxyм даp кисмати шаpкй то ин вакт истифода мешуд ва тащо даp нимаи дуюми асpи XI ба таpафи Fаpб паxн гаpдид [2,225].

Даp маpкази хилофат шаxpи БаFдод аввалин мадpаса бо ташаббуси вазиpи Салчукжн Низомулмулк даp нимаи дуюми асpи XI сохтаю фаъолият намудааст [4,431].

Диккати академик В.В.Баpтолдpо заминаxои таъpихии пайдоиши мад-pасаxо даp Хypосонy Моваpоyннаxp низ ба худ чалб каpдааст. Аз pyи акидаи

олим аввалин мадрасахоро на хакимону зимомдорони вакт, балки мухолифи-ни онхо бино намудаанд [2,225].Ин хулосаро шаркшиносони дигар аз кабили Н.П.Остроумов[24,113-163], А.Метс [21,103] низ чонибдорй менамоянд.Дамин тарик ташкилкунандагони аввалин мадрасахо шохахои гуногуни мазхабии ис-лом буданд.Максади асосии ташкил намудани мадрасахо аз нав эхё кардани анъанахои тоисломии дабиристонх,о,донишгоххои Искандария, Хирон, Гунди Шопур ва амсоли онхо, ки дар ибтидои давраи хилофати араб низ фаъолият доштанд [19,73] хисоб меёфт.

Аввалин маълумот оид ба мадрасахои алохидае, ки бевосита бо су-пориши хокимон бунёд шудаанд, ба ибтидои асри XI, ба давраи Еазнавиён рост меояд. Вобаста ба ин академик В. Бартолд мадрасахоро ба ду гурух -мадрасахои хусусй ва давлатй чудо менамояд [2, 225].

Аз тахкикоти академик В.В.Бартолд оид ба маънои лугавй, макон ва замони пайдоиши мадрасахо хулосае бармеояд, ки мадраса чун мактаби олии исломй дар Мовароуннахру Хуросон пайдо шуда, баъдан ба кисмати гарбии олами ислом пахн гардидааст.Ба фикри мо академик В.Бартолд нисбат ба таъсири чиддии оини буддой ва махз зери таъсири ин оин пайдо шудани мадраса каме ба муболига рох додааст ва шояд сабаби асосии он дар кам будани тахкикоти чиддии илмй оид ба масъалаи мазкур бошад.Чи тавре ки дар боло кайд намудем, то пахншавии оини буддой аллакай дар худуди эронзамин чунин муассисахои таълимй вучуд доштанд ва рухониё-ни оини буддой танхо онхоро мохирона ба манфиати мазхабии хеш исти-фода намудаанд.

То пахншавии дини ислом низ дар худуди Мовароуннахру Хуросон муассисахои таълимй амал мекарданд. Мэри Бойс низ кайд менамояд, ки тибки маълумоти сарчашмаи зардуштии асри VI «Дадестани-Меноги Храд» мактабхои гуногун ба монанди Фрахангистон - мактаби умумй, Эрбадестан - мактаби махсус барои муъбадон, дибиристон - мактаби дабирон амал менамуданд [22,166].

Баъд аз пахн шудани ислом дар Осиёи Миёна баробари мактабу мадрасахо дигар ниходхои динии фархангй ва чамъиятие низ амал мекар-данд,ки дар ташвику таргиби донишхои исломй ва илму адабиёт накши муассир доштанд. Ба чунин ниходхо хонако, корвонсарой, далоилхона, корихона, работ, хон, суфа ва х,оказо шомил мешуданд. Академик В.В.Бартолд ба таърихи пайдоиш ва вазифаю чойгохи чунин муассисахо низ диккати чиддй додааст.

Таърихи пайдоиши мадрасаю хонакоро В.В.Бартолд бо таърихи ислом ва зохидии мусулмонй зич алокаманд медонад. Вожаи "хонако" ба ан-дешаи В.В. Бартолд пайдоиши ориёй дошта, ба минтакаи Эрони Шаркй аз Еарб омадааст. Ин муассиса мувофики асноди сарчашмахои исломй бо таъсири зохидии насронй ва монй пайдо шудааст.Барои таквияти фикри худ В. Бартолд хикояи Абдурахмони Ч,омиро дар бораи сохтмони хонако аз та-рафи «амири торсой» дар шахри Рамли Фаластин оварда [4,430-431], хамза-

мон кайд кардааст, ки дар ягон маъхаз вожаи «хонако» барои ифодаи дайри насронй истифода нашудааст. Баръакс вожаи «хонакои монй» борхо кайд гардидааст [4,431].Хонако шакли сугдии калимаи форсии "хона" мебошад ва ин ибораро баъдан дарвешхои исломй низ кабул намудаанд.

Бояд кайд кард, ки академик В. Бартолд оид ба пайдо шудани хо-нако ва пахн шудани он дар Осиёи Миёна маълумоти пурра надодааст. Ба ин масъала таърихшиноси хинд К.М.Паниккар бештар равшанй меандо-зад. Ба акидаи ин мухаккик, то пайдоиши оини буддой чунин муассисахо вучуд надоштанд [25,38]. К.М.Паниккар дар барои пайдоиши дайрхои мардонаю занонаи буддой муфассал маълумот дода, кайд намудааст, ки бошандагони аввалин дайрхо, шахсони бехона ва ё хонаи худро тарк намуда буда, либосхои нихоят одй доштанд. Чунин тарзи либоспушй дар бошандагони хонако низ мушохида шудааст.

Академик Мухаммад Осимй пажухиши олимони Диндустон С.Датт ва Р.К. Мукерчиро тахлил намуда, кайд менамояд, ки ин ду пажухишгар оид ба дайрхои Диндустон хамчун марказхои таълимй маводи фаровон чамъ овардаанд. Аз ин маълумот бармеояд, ки дар дайрхо баробари дин-шиносй, илми тиб, имло, мусикй, замину ситорашиносй низ таълим дода мешудаанд.Ба маълумоти ин олимон такя карда, академик Мухдммад Сайфиддинович Осимй ба хулосае омадааст, ки дар Осиёи Миёна низ дайрхо бешубха чунин вазифаро ичро мекарданд [23,22].

Ба пахн шудани оини буддой дар Шарк, махсусан дар Чин сокинони Осиёи Миёна, ба вижа сугдиён хиссаи арзанда гузоштаанд.Ин хулосаро бо-стоншиноси машхур В.А. Ранов низ дар пешгуфтори хеш ба рисолаи Ричард Фрай «Мероси Осиёи Марказй» таъкид намудааст [26,4]. Ричард Фрай муътакид бар он аст, ки буддоия хамчун аввалин оини нуфузманд дар Осиёи Марказй, бо мазхабу оинхои мавчудаи махаллй мухолифат накарда, баръакс хамчун як шохаи илми фалсафа ва ё як тарзи зиндагй дар баробари онхо амал намуда, бо онхо созиш кардааст [29,167].Мувофики хулосаи олим пас аз пахн шудани буддоия дар Осиёи Миёна муассисахои диннии он «ступа» ва «вихара» низ пахн гардидааст [29,170].

Масъалаи дигаре, ки таваччухи академик В. Бартолдро ба худ ка-шидааст, ин омехташавии мафхуми мадрасаю хонако дар сарчашмахои хаттй мебошад.У кайд менамояд, ки дар асархои Мук;аддасй (охири асри X), Чувайнй (асри XIII), Фосих ва дигарон як муассиса гох хонако ва гох мадраса номида шудааст. Аммо, мухаккик хикояи Абдурахмони Ч,омиро нисбати имом Еаззолй асос намуда, таъкид месозад, ки хонако ва мадраса аз хам фарки чиддй доранд ва дар алохидагй сохта мешуданд [4,430]. Шояд ин махлутшавй аз он реша дошта бошад, ки бисёр вакт мадрасаю хонако дар шафати хамдигар сохта мешуданд. Ин ду муассиса бештар дар назди мазорхо, ибодатгоххо, умуман маконхои парастишй бино меёфтанд. Ма-салан Низомулмулк мадрасаи худро дар назди мазори имом Абуханифа бунёд намуда буд. Дар Самарканд бошад дар назди мазори амакзодаи

паЙFамбаp Кусам ибни Аббос - машхyp бо номи Шохи Зинда хануз даp асpи XII мадpаса ва аз pyи шаходати ибни Баттута хонако хам вучуд дошт [4,432].В. Баpтолд ба «Асpоp-yт-тавхид»-и Ибни ал-Мyнавваp такя наму-да, менависад, ки даp назди шахpи Нисо кабpистоне буд, ки он мазоpи шайхон ва одамони бyзypг буд ва даp хамин кабpистон хонакои Соpавй вучуд дошт [5,128-129].

Даp та^изи худ ба асаpи Е. Блоше, ки ба Рашидаддин ва асаpи y «Ч,омеъy-т-тавоpих» бахшида шудааст, менависад, ки Fозонхон даp Fаpби шахpи Табpез баpои худ макбаpа бутед мекунад ва баъдан даp атpофи он иншооти зиëде, аз чумла, масчиди чомеъ, хонакох баpои даpвешон, ду мадpаса-яке баpои пайpавони мазхаби ханафй ва дигаpе баpои пайpавони мазхаби шофей, бемоpхона, китобхона, pасадхона ва даp назди он мактаби таълими фанхои дунявй (хукмият) бо мyдаppисонy муаллимон, бойгонии конунхо (байт-ул-конун), панохгох баpои сайидхо, хавзи об, хаммом, мак-таб баpои бачахои бепаpастоp бахpи азхудкунии Кypъон бо панч муалли-му панч назоpатчй ва панч хизматгоpзан ва дигаp муассисахо тадpичан бyнëд ëфтанд [13,294-295]. Даp катоpи дигаp муассисахо номбаp шудани хонакох боpи дигаp аз он шаходат медихад, ки ин муассиса аз аввал даp назди мазоpy паpастишгоххо сохта мешудааст. Пажухишхои баъдина низ ин акидаpо таквият медиханд.

Бояд тазаккyp дод, ки даp махалхои кухистони Точикистон, ба вижа болооби водии Заpафшон даp назди аксаpияти кабpистонхо хонакоххо вучуд доpанд ва хаpчанд онхо имpyз мавpиди истифода каpоp надошта бошанд хам, бинохои баъзе аз онхо то х,оло махфуз мондаанд.

Академик В.В.Баpтолд хаpчанд доиp ба вазифаи хонако ва бошандагони он маълумоти пyppа надода бошад хам, хангоми тасвиpи хонакои Тyман0F0 саpи ин масъала андеша pонда, ба фи^и А.И. Веселов-ский ва В.Л. Вяткин оид ба он, ки хонако даp ин давpа аллакай аз чихати мохият вазифахои аввалаи хyдpо гум каpда аст, мухолиф мебаpояд. В.Л.Вяткин менависад, ки даp ибтидо хонако хамчун дайp истифода мешуд ва даp ахди Темypy Темypиëн он баpои намозгyзоpй табдил ëфта буд. В. Баpтолд ин андешаpо ба куллй pад намуда, менависад, ки даp асpи XV низ хонако чун пештаpа панохгохи сyфиëн (даpвешон) буд [4,433].

Академик В. В. Баpтолд даp хонако дафн намудани созандагони он, шайхон ва уламои машхyppо pад накаpдааст. У ба маълумоти В. Л. Вяткин такя намуда, кайд мекунад, ки мазоpи Хоча Абди Диpyн даp наздикии ша^и бостонии Самаpканд, мазоpи Нypиддини Босиpа (кутби чахоpдахyм) хама даp аввал хонако буданд.Донишманди факид даp pисо-лаи «Тypкистон даp давpаи хучуми мyFyлхо» кайд менамояд, ки на танхо даp хонако, баъзан хатто шайхон ва бyнëдгyзоpони мадpасахоpо низ даp мадоpиси сохтаи эшон дафн менамуданд. Аз чумла Аpслонхони ^аpахо-ниpо, ки даp Балх фавтида буд, ба Маpв бypда, даp мадpасаи сохтааш дафн каpданд [1,382-384].

Хонако аз аввал то охиp макони зоxидони исломй, шайхxои калон, саpдоpони таpик;атx,ои суфия маxсyб меëфт.Даp ин муассиса сyxбатxои илмй, баxсy pивоятxо аз таъpихи таpик;атxо, максад ва маpоми онxо, таpчyмаи xоли шайхону суфдани калон ба миëн меомад. Умуман хонако xамчyн муассисаи динй - фаpxангй, ба сифати макон ва бошишгоxи даpвешон хизмат менамуд ва даp таpFибy паxншавии аxкоми дини ислом, макоми калон дошт. Пажyxишгаpи чаpаëни суфия Ч,.С. Тpилингем мена-висад, ки «Хонако, ки даp он таълим дода намешуд, бошишгоxи шакли фоpсй буда, ба шаxpxои олами аpаб оваpда шуд ва саpдоpи он аз таpафи XOкимон таъйин мегаpдид» [28,29].

Академик В.В.Баpтолд оид ба муассисаи дигаpи динию фаpxангй-коpвонсаpойxо низ маълумоти фаpовон додааст. Бояд кайд намуд, ки rap-вонсаpой бо номxои хон ва pабот низ оваpда мешавад.В.В. Баpтолд даp маколаи «Оид ба таъpихи обëpии Тypкистон» менависад, ки калимаи '^бад^о бо калимаи "pабот" омехта намудан мумкин нест. Академик доиp ба "pабот" маълумот дода, кайд менамояд, ки xаpчанд даp аввал pаботxо иншооти мудофиавй буданд ва даp маpзxо бушд мешуданд, тадpичан вази-фаи мудофиавии хyдpо аз даст медиxанд ва даp Осиëи Миëнаю Эpон ба макони зисти F0зиëнy коpиxо табдил меëбанд. Вале pаботxое низ буданд, ки аз аввал бо максади ичpои ягон маpосими динй ва ë таxсил бyнëд мешуданд. Ба-pои таквият В.В.Баpтолд таъкид менамояд,ки xанyз даp асpи VIII олими машxypи маpвазй Абдyллоx ибни Мyбоpак, ки даp фунуни xадис ва фикx уламои давp буд, даp Маpв баpои xаpдy шохаи улуми исломй pаботи алоxида бушд намудааст [2, 204]. Академик В. Баpтолд гypyxи сеюми pаботxоpо низ чудо менамояд,ки онxо асосан ба pасмy оини томусулмонй пайваст мебо-шанд ва номгуи бисëpи ощо xатто даp Ку^он оваpда шудаанд [2,204].

Яке аз шаxpxои кало^^ини онвакта, ки pаботи зиëд дошт, шаxpи Исфичоб буд. Даp ин шаxp тибк;и маълумоти Мукаддасй ^prá 1700 pабот (коpвонсаpой) мавчуд буд [1,233].Бештаpи pаботxо ба номи шаxpвандони шаxpxои калон, ба монанди pаботи нахшабиëн,самаpкандиxо,бyхоpоиxо номгyзоpй мешуданд.Ин таpзи номгyзоpй ба pаботxо то солxои наздик, масалан даp ша^и Самаpканд истифода мешуд.

Коpвонсаpойxо (pаботxо) Fайp аз маpзи давлатxо ва шаxpxои калон даp pоxxои коpвонгyзаp ва тичоpатй низ сохта мешуданд [6,262]. В.В.Баpтолд даp яке аз маъpyзаxои хеш,ки ба тасвиpи pоxxои коpвонгyза-pи байни Бистом ва Уpганч бахшида шудааст, кайд менамояд, ки даp охи-pи xаp як фосилаи pоxи тичоpатй pабот-коpвонсаpойxо мавчуд буданд [6,262-263].Ба масаъалаи pоxxои тичоpатй ва коpвонсаpойxо академик В. Баpтолд даp асаpи бyнëдии хеш «Тypкистон даp давpаи xyчyми мyFyлxо» низ бештаp диккат додаст.Даp такpиз ба китоби «^аpоpxои чаласа ва гу-зоpишxои аъзои «Маxфили тypкистонии дyстдоpони бостоншиносй»,ки соли 1910 нашp шуда буд, маъpyзаи А.Д. ^алмиковpо оид ба сохтмони му-ассисаxои динй, ба вижа масчид, мадpаса ва макбаpа мавpиди омузиш каpоp дода, андешаи мyаллифpо оид ба он ки то давpаи Темypланг даp

мулкхои паси Амударё хишти пухтаро истифода намекарданд, мукобил мебарояд. Барои исботи фикрхои хеш далелу сарчашмахои зиёдеро пеш оварда, кайд менамояд, ки дар вилояти Бухоро хануз дар асри XI аз хишти пухта иморати бохашмати Работи Малик сохта шуда буд [7,198-199].Дарчанд баъдан академик А.А.Семёнов мушаххас намуд, ки маълумо-ти сарчашмахо оид ба ин сохтмони бохашамат ба Работи Малик алокае надоранд [27,21-27].

Сохтмони муассисахои динй, ба вижа хонакох ва работ (корвонсарой) аз вазъи сиёсии чомеа, пойдорй ва мустахкамии хокимияти хонадонхои хук-мрон, муносибати эшон ба илму фарханг вобастагии зиёд дорад.Барои хамин микдори чунин муассисахо дар давраи давлатдории Сомониён нихоят зиёд буд, зеро муддати кариб як аср Мовароуннахру Хуросон дар холати оромии сиёсй буданд. Дамчунон хонадони Сомониён низ барои пешрафти илму фарханг корхои зиёдеро ба анчом расониданд. Аз тарафи дигар хона-донхои эронии ба сари кудрат омада, ба вижа Тохириёну Сомониён тавони-станд фарханг ва русуми махаллиро аз нав эхё намоянд. Ричард Фрай кайд менамояд, ки бо шарофати хонадони Сомониён «Ч,омеаи кухна мавчудияти хешро идома медод, вале бо хилъати мусулмонй» [29,264].

Академик В.В.Бартолд оид ба инкишофи минбаъдаи мактабу мад-расахо низ диккати махсус додааст. Олим то чое маъхазхо имкон дода-анд,мадрасахои алохида, таърихи пайдоиш ва сохтмони онхо, санъати меъмории бинохои мадрасахоро мавриди тахкик карор додааст. Аз тахдикоти кавии олим бармеояд, ки фарханги волои мардуми Мовароун-нахру Хуросон дар тули таърих борхо ачнабиёни омадаро тасхиру тобеъ намудааст. Барои таквияти фикри худ у шахри Балхро чун мисол оварда менависад, ки баъди аз нав баркарор гаштани ин шахр хокими араб шахри арабии Боруконро нест намуда, хама ахолии онро ба Балх овард. Ин яке аз ходисахои нодир дар таърихи ислом аст, ки госибон ба хотири эхёи шахри тоисломии Балх шахри худро вайрон намуданд [12,367].

Дамин тарик, аз руи тахлилу тахкики таърихи ниходхои омузишй ва динию мазхабй, хулосахои илмии академик В.В. Бартолд то ба имруз кавияту намунавй будани худро нигох доштаанд.

АДАБИЁТ

1. Бартольд В.В. Туркестан в эпоху монгольского нашествия// Бартольд В.В. Соч. Т.

I.-М. 1963.

2. Бартольд В.В. История культурной жизни Туркестана// Бартольд В.В. Соч. Том.

II, ч. 1.-М., 1963.

3. Бартольд В.В. История Туркестана//Бартольд В.В. Соч. Т.II, чХ -М.1963.

4. Бартольд В.В. О Погребении Тимура// Бартольд В.В. Соч. Т. II. ч. II. -М. 1964.

5. Бартольд В. В. К истории орошения Туркестана// Бартольд В.В. Соч. Т. III. - М.,

1965.

6. Бартолд В.В. Дорожник от Бистама до Куня - Ургенча// Бартольд В.В. Соч. Т. III.

М., 1965.

7. Бартольд В.В. Протоколы ТКЛА, год XIV, 1910 // Бартольд В.В. Соч. Т. IV. - М., 1966.

8. Бартольд В.В. Ислам// Бартольд В.В. Соч. Т. VI.- М.1971.

9. Бартольд В.В. Восточноиранский вопрос // Бартольд В.В. Соч. Т.VII. -М., 1971.

10. Бартольд В. В. Рыцарство и городская жизнь в Персии при Саманидах и при исламе// Бартольд В.В. Соч. Т. VII. -М.1977.

11. Бартольд В.В. Иран. Исторический обзор. - Соч. Т. VII.- М.1971.

12. Бартолд В.В. Персидская шуубийя и современная наука// Бартольд В.В. Соч. Том VII. - М., 1971.

13. Бартольд В.В. Рецензия на книгу Е.Блоше// Бартольд В.В. Соч. Т.VIII.

14. Бартольд В.В. Задачи русского востоковедения в Туркестане// Бартольд В.В. Соч.Т.К. - М.1977

15. Бартольд В.В. Автобиография// Бартольд В.В. Соч. Т.IX.- М., 1977.

16. Бурхон Мухаммадхусайн. Бурхони к,отеъ.-Душанбе, 1993.

17. Еафуров Б. Точикон. Таърихи кадимтарин, кадим, асрхои миёна ва давраи нав. -Душанбе: «Ирфон», 1998.

18. Девонакулов А. Асрори номхои кишвар. - Душанбе: «Ирфон», 1989.

19. Мирбобоев А. Ученные и научные центры ближнего и среднего Востока в древности. - Душанбе, 1983.

20. Мирбобоев А. История мадраса Таджикистана (часть первая). - Душанбе, 1994.

21. Мец А. Мусульманский Ренессанс. - М.: Наука, 1973.

22. Мэри Бойс. Зорастрийцы. Верования и обычаи. - М.1987.

23. Осимй Мухаммад. Авроки рангин. -Хучанд, 2005.

24. Остроумов Н.П. Мусульманская высшая школа (мадраса).ЖМНП, 1906 -№10,отд.3.

25. Паниккар К.М. Очерки истории Индии. - М.,1961.

26. Ранов В.А. Предисловие редактора в кн. Р. Фрайя. Наследия Центральной Азии от древности до тюркского нашествия. - Душанбе, 2000.

27. Семёнов А.А. К вопросу о датировке Рабат-и Малика в Бухаре.// Труды САГУ. Кн 4.- Ташкент, 1951.

28. Трилингем Дж.С. Суфийские ордены ислама. - М., 1989.

29. Фрай Ричард. Наследия Центральной Азии. От древности до тюркского нашествия. - Душанбе, 2000.

ИНЪИКОСИ ТАЪРИХИ НЩОД^ОИ ОМУЗИШИИ ВАРОРУД ДАР ОСОРИ АКАДЕМИК В. В. БАРТОЛД

Макола ба тахлили инъикоси таърихи пайдоиш ва ташаккули ниходхои омузишии Вароруд (Осиёи Миёна) дар осори академик В.В.Бартолд бахшида шудааст. Академик В.В. Бартолд дар як катор асархояш доир ба таърихи пайдоиш ва ташаккули муассисахои таълимию омузишии Вароруд, ба мисли дабистон, дабиристон, донишгох (академия), мадраса, мактаб, работ, корвонсарой, хонакох ва амсоли инхо маълумот додааст. Аз чумла аз тахкикоти академик В.В.Бартолд оид ба маънои лугавй, макон ва замони пайдоиши мадрасахо бармеояд, ки мадраса чун мактаби олии исломй дар Мовароуннахру Хуросон пайдо шуда, баъдан ба кисмати гарбии олами ислом пахн гардидааст.

Калидвожа^о: Бартолд В.В.,осор, та^цицот, таърих, таърихнигори, инъикос, ниуодуои омузиши, дабистон, дабиристон, донишгоу, мадраса, мактаб, работ, корвонсарой, хонацо^, тадрис, школа, ишкул, макреян, мукри.

ОТРАЖЕНИЯ ИСТОРИИ ОБРАЗОВАТЕЛЬНЫХ УЧРЕЖДЕНИЙ ВАРОРУДА В ТРУДАХ АКАДЕМИКА В. В. БАРТОЛЬДА

Статья посвящена анализу отражения истории возникновения и развития образовательных учреждений Вароруда (Средней Азии) в трудах академика В.В. Бартольда. Академик В.В. Бартольд в некоторых своих работах подробно освещает историю возникновения и развития ряда образавотельных учреждений Вароруда, как дабистана, дабиристана, академии, мадраса, мактаба, рабата, караван-сарая, хонака и т.д. В том числе на основе всестороннего анализа источников, место и время появления академик В.В.Бартольд утверждает, что мадраса как высшее мусульманское учебное заведение первоначально возникло в Маверан-нахре Хорасане, а затем распротранилось на западную часть халифата.

Ключевые слова: Бартольд В.В., труды, исследования, история, историография, отражения, образовательные институты, дабистан, дабиристан, академия, мадраса, мактаб, рабат, караван-сарай, хонака, школа, ишкул, макреян, мукрй.

REFLECTIONS OF THE HISTORY OF EDUCATIONAL INSTITUTIONS

OF VARORUD IN THE WORKS OF ACADEMICIAN V. V. BARTOLD

The article is devoted to the analysis of the reflection of the history of the emergence and development of educational institutions of Varoruda (Central Asia) in the works of academician V.V. Barthold. Academician V.V. Barthold, in some of his works, covers in detail the history of the emergence and development of a number of educational institutions of Varorud, such as Dabistan, Dabiristan, academy, madrasa, maktab, rabat, caravanserai, honak, etc. Including on the basis of a comprehensive analysis of sources, place and time of appearance, Academician V.V. Bartold argues that madrasa as a higher Muslim educational institution originally arose in Maverannahr and Khorasan, and then spread to the western part of the Caliphate.

Key words: Bartold V.V.,works, research, history, historiography, reflections, educational institutions, dabistan, dabiristan, academy, madrasa, maktab, rabat, caravanserai, honaka, school, ishkul, makreyan, mukri.

Сведения об авторе: Убайдулло Насрулло Каримзода-доктор исторических наук, профессор.Адрес: Институт истории, археологии и этнографии им. А.Дониша Академии наук Республики Таджикистан. Адрес: 734025, г. Душанбе, проспект Рудаки, 33. Телефон: (+992 37) 2213742, (+992) 938500010, E-mail: [email protected]

Information about the author: Ubaydullo Nasrullo Karimzodа-Doctor of Historical Sciences, Professor, Address: Institute of History, Archeology and Ethnography named after A. Donish of the Academy of Sciences of the Republic of TajikistanAddress: 734025, Dushanbe, Rudaki Avenue, 33. Telephone: (+992 37) 2213742, (+992) 938500010.E-mail: [email protected]

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.