Научная статья на тему 'САНЪАТИ БИНОКОРИЮ МЕЪМОРИИ УСТРУШАНА ДАР ИЛМИ ТАЪРИХНИГОРӢ'

САНЪАТИ БИНОКОРИЮ МЕЪМОРИИ УСТРУШАНА ДАР ИЛМИ ТАЪРИХНИГОРӢ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
209
16
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
САНЪАТИ БИНОКОРӢ / МЕЪМОРӢ / ШАҲРСОЗӢ / БУНҷИКАТ / ТАЪРИХНИГОРӢ / қАСРИ АФШИНҲО / КИШВАРШИНОСОНИ РУС / ОСОРИ МУҲАққИқОН

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Шарипов Шавкат, Маҳкамов Саидқул Суярқулович

Мақола ба масъалаи таърихнигории санъати бинокорию меъмории яке аз вилоятҳои таърихии Мовароуннаҳр - Уструшанаи асримиёнагӣ бахшида шудааст. Қайд карда мешавад, ки дар бораи санъати бинокорию меъмории муаллифони сарчашмаҳои хаттии асримиёнагӣ, муҳаққиқони тоинқилобӣ ва замони шӯравии рус, муаррихони ватанӣ ва хориҷӣ маълумоти фаровон додаанд. Доир ба услуби шаҳрсозию меъмории Уструшана муаллифони сарчашмаву осор истифодаи маҳсулоти меъморӣ, тарзи иншоотсозӣ, сохти биноҳои истиқоматӣ, қасру кӯшкҳои афшинҳоро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Дар мақола зикр мегардад, ки агар доир ба масъалаи шаҳрсозию меъмории Уструшана муаллифони сарчашмаҳои таърихии хаттӣ маълумот дода бошанд, пояи дуюмини маълумоти ин ҳунару санъати уструшаниҳоро бозёфтҳои нодири археологӣ ташкил медиҳад. Дар бораи меъморию иншоотсозии Уструшана муҳаққиқони хориҷӣ низ маълумот дода бошанд ҳам, бештари масъаларо олимони ватанӣ дар осори худ матраҳ менамоянд. Қайд мегардад, ки аз се қисми шаҳрҳои асримиёнагӣ - кӯҳандиз, шаҳристон ва работ бештар кӯҳандиз ва работ омӯхта шудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ARCHITECTURAL ART USTRUSHAN IN HISTORIOGRAPHICAL SCIENCE

The article dwells on the issue concerned with historiography of art of construction and architecture of one of the historical regions of Maverannahr - medieval Ustrushan. It is underscored that written medieval sources, as well as pre-revolutionary and Soviet Russian researchers, home and foreign scientists provide valuab le information beset with art of construction and architecture. These sources and publications report on the use of building materials, methods of construction of buildings, dwellings, palaces of Afshins. They note that alongside with information from written historical materials, archaeological finds are an important source for studying the art of construction of Ustrushanians. It is noted that of the three parts of the medieval city kuhandiz (fortress), shakhristan (residential settlement) and rabat (bazaar and workshops), kuhandiz and rabat have been studied in details.

Текст научной работы на тему «САНЪАТИ БИНОКОРИЮ МЕЪМОРИИ УСТРУШАНА ДАР ИЛМИ ТАЪРИХНИГОРӢ»

ТКБ 9 (07) ТДУ 63.3

Шарифов Шавкат, н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи ватан ва археология; Ма^камов Саидцул Суярцулович, сармуаллими кафедраи умумидонишгоуии таърихи халци тоцики МДТ "ДДХ ба номи акад.Б.Гафуров"(Тоцикистон, Хуцанд)

Шарифов Шавкат, к.и.н. доцент кафедры истории отечества и археологии; Махкамов Саидкул Суяркулович, старший преподаватель общеуниверситетской кафедры истории таджикского народа ГОУ «ХГУ имени акад.Б.Гафурова» (Таджикистан, Худжанд)

Sharifov Shavkat, candidate of historical sciences, Associate Professor of the department of home history and archeology; Mahkamov Saidkul Suyarkulovich, senior lecturer of the all-university department of the history of the Tajik people under the SEI "KhSU named after acad. B. Gafurov" (Tajikistan, Khujand), Email: [email protected]

Вожа^ои калидй: санъати бинокори, меъмори, шаурсози, Уструшана, Бунцикат, таърихнигори, цасри афшищо, кишваршиносони рус, осори мууаццицон

Мацола ба масъалаи таърихнигории санъати бинокорию меъмории яке аз вилоятуои таърихии Мовароуннаур - Уструшанаи асримиёнаги бахшида шудааст. Цайд карда мешавад, ки дар бораи санъати бинокорию меъмории муаллифони сарчашмауои хаттии асримиёнаги, мууаццицони тоинцилоби ва замони шуравии рус, муаррихони ватани ва хорици маълумоти фаровон додаанд. Доир ба услуби шаурсозию меъмории Уструшана муаллифони сарчашмаву осор истифодаи маусулоти меъмори, тарзи иншоотсози, сохти биноуои истицомати, цасру кушкуои афшищоро мавриди барраси царор додаанд. Дар мацола зикр мегардад, ки агар доир ба масъалаи шаурсозию меъмории Уструшана муаллифони сарчашмауои таърихии хатти маълумот дода бошанд, пояи дуюмини маълумоти ин уунару санъати уструшаниуоро бозёфтуои нодири археологи ташкил медиуад. Дар бораи меъморию иншоотсозии Уструшана мууаццицони хорици низ маълумот дода бошанд уам, бештари масъаларо олимони ватани дар осори худ матрау менамоянд. Цайд мегардад, ки аз се цисми шауруои асримиёнаги - кууандиз, шауристон ва работ бештар кууандиз ва работ омухта шудааст.

Ключевые слова: строительное искусство, архитектура, градостроительство, Уструшана, Бунджикат, историография, дворец афшинов, русские краеведы, наследие исследователей

Статья посвящена проблеме историографии искусства строительства и архитектуры одной из исторических областей Мавераннахра - средневековой Уструшаны. Отмечается, что об искусстве строительства и об архитектуре ценные сведения дают письменные средневековые источники, а также дореволюционные и советские русские исследователи, отечественные и зарубежные ученые. В указанных источниках и публикациях сообщается об использовании строительных материалов, способах строительства зданий, жилищ, дворцов афшинов. В статье отмечается, что наряду со сведениями письменных исторических материалов важным источником изучения искусства строительства уструшанцев являются археологические находки. Отмечается, что из трёх частей средневекового города кухандиз (крепость), шахристан (жилой посёлок) и рабат (базар и мастерские) больше изучены кухандиз и рабат.

Key words: building art, architecture, urban planning, Ustrushan, Bunjikat, historiography, Afshins' palace, Russian local historians, researchers' heritage

The article dwells on the issue concerned with historiography of art of construction and architecture of one of the historical regions of Maverannahr - medieval Ustrushan. It is underscored that written medieval sources, as well as pre-revolutionary and Soviet Russian researchers, home and foreign scientists provide

САНЪАТИ БИНОКОРИЮ МЕЪМОРИИ УСТРУШАНА ДАР ИЛМИ ТАЪРИХНИГОРИ

АРХИТЕКТУРНОЕ ИСКУССТВО УСТРУШАНЫ В ИСТОРИОГРА ФИЧЕСКОЙ

НАУКЕ

ARCHITECTURAL ART USTRUSHAN IN HISTORIOGRA PHICA L SCIENCE

valuab le information beset with art of construction and architecture. These sources and publications report on the use of building materials, methods of construction of buildings, dwellings, palaces of Afshins. They note that alongside with information from written historical materials, archaeological finds are an important source for studying the art of construction of Ustrushanians. It is noted that of the three parts of the medieval city kuhandiz (fortress), shakhristan (residential settlement) and rabat (bazaar and workshops), kuhandiz and rabat have been studied in details.

Сахми муаррихон, ховаршиносон, бостоншиносон, муха;;и;они таърихи меъморй дар тах;и;у омузиши санъати бинокорию меъморй, рассомй, хунари на;;ошии бадеию ороишии руи чуб, девор ва зарфи рузгор, ороишоти занона ва дигар фарханги моддии Уструшана дар асрхои VIII-X бузург аст.

Санъати шахрсозию меъморй ва бинокории Уструшана пеш аз хама дар сарчашмахои таърихй, чугрофии таърихй инъикос ёфтааст. Муаллифи «Ашкол-ул-олам» Абул;осим Чдйхонй доир ба мулки Уструшанаи давраи истилои арабхо ва салтанати онхо, замони хамрох шудани он ба ;аламрави Сомониён маълумоти муфассали таърихию чугрофй овардааст. Муаллиф доир ба худуди чугрофй, вилоятхои хамчавори Уструшана, та;симоти маъмурии он, пойтахти вилоят - шахри Бунчикат ва се ;исмати он: кухандиз, шахристон, работ ва шугли мардуми он ахбори шав;овар медихад. Дизакро муаллифи «Ашкол-ул-олам» тавсиф намуда, ;айд мекунад, ки «шахрест дар замини нарм ва бад-он чо дарбанд нигох медоранд. Ва дар он чо работхо ва саройхои бисёр аст гузаронандагонро. Бузургтар работе Хддсер бошад аз он чо ба ду фарсанг. Ва ин работест машхуртар аз работхои Мовароуннахр. Ва онро Афшин сохтааст ва наздиктар работе ба душман он аст. Дар миёни работ чашмаи об аст. Ва Дизакро оби равон аст, бустонхо ва иморат ва зироат ва фарохии неъмат багоят» [1,с.66].

Абуисхо;и Истахрй дар асари худ «Китаб ал-масалик вал-мамолик» (соли китобати он 930933) маълумоти чолиби таърихию чугрофиро меорад. Бинохои Бунчикатро иборат аз махсулоти сохтмонии гилй ва чубй ;айд намуда, зикр кардааст, ки шахристон ва работи он бо деворхои алохида чудо шудаанд. Шахристони шахр ду дарвоза - Дари Болоин ва Дари Шахристон дошта, работи шахр тиб;и ахбори Истахрй аз чор дарвоза: Дари Зомин, Дари Марсманда, Дари Нучикат ва Дари Кахлобод иборат аст [2,с.26-27].

Ибни ^урдодбех аз мавчуд будани шахр - маркази маъмурй хабар дода, менависад, ки сарои амир дар аморат ва кохи амир, волй ё хоким маъмулан дар кухандиз ;арор дошт ва дар баъзе шахрхо дар беруни ;алъа чойгир буд. Хдмчунин Ибни ^урдодбех чунин менигорад: «Х^окимниши он (Уструшана) Бумичкат аст, дар худуди дах хазор тан сукунат дорад ва бинохояш аз гилу чуб аст» [31,с.173].

Бояд ;айд кард, ки ахбори овардаи муаллифони асримиёнагй доир ба Уструшана ба хамдигар шабохат дошта, маълумот такрори якдигаранд ва доир ба санъати шахрсозию меъмории он хеле кам ба назар мерасад. Муаллифони осори хаттии асримиёнагии арабу форсизабон маълумотро ба таври худ тавсиф намуда, доираи фахмишхои илмиашон дарки илми во;еии таърихй нестанд. Дар бораи санъати меъморию иншооти маишй маълумоти муфассали муаллифони осори хаттии асримиёнагй мушохида намешавад.

Доир ба Уструшана дар мархилахои хучуми арабхо ба Мовароуннахр, аз чумла давраи Сомониён ;айду ёддошт, асархо ва ма;олахои зиёди кишваршиносон, сайёхон, муха;;и;он, бостоншиносон, санъатшиносон, мардумшиносону шар;шиносони тоин;илобй мавчуданд. Аз чумла, П.И Лерх (соли 1867), А.А.Кушакевич (соли 1871), Н.С.Ликошин (соли 1890) ва В.В.Бартолд (солхои 1893-1894) ба нохияи Шахристон сафар карда, аз мавчудияти ёдгорихои бостоншиносй, ;асру кушкхо, шахри асримиёнагй ва иншооти меъмории он хабар додаанд. Минбаъд муха;;и;они маъруфи шуравй М.С. Андреев, О.И. Смирнова, Е.Д. Салтовская, О.Г.Болшаков, С.Г. Хмелнитский ва дигарон низ дар ин бора маълумоти бештар ва сахехро дар тад;и;оти худ овардаанд.

Соли 1890 яке аз муха;;и;они тоин;илобии рус Н.С.Ликошин дар Шахристон ба тах;и;и топографй машгул шуда, кушки Чилхучраро омухтааст. Таваччухи асосии Н.С.Ликошинро обёрии вохаи Шахристон, осори ёдгории дар ин чо махфуз буда, чалб намудааст. Дар ин бора у чунин менигорад, ки дар вохаи Шахристон ёдгорихои археологие вучуд доранд, ки аз хишти пухта сохта шудаанд [9,с.9-10]. Н.С.Ликошин аз мавчудияти ёдгорихои Шахристон маълумоти чолиб дода, ба аъзои "Махфили дусторони археологияи Туркистон" мурочиат менамояд ва таваччухи онхоро ба омухтани ёдгорихо мазкур чалб месозад.

Дар асоси ахбори Н.С.Ликошин солхои 1893-1894 яке аз ховаршиносони маърyфи рус B.B.Бартолд ба Осиёи Миёна, аз чумла ба Точикистони Шимолй сафар кардааст. Зимни сафараш олим мавчуд будани марказхои фархангй ва макони археологии нохияи Шахристонро муайян намуда буд [3,с.75-76]. Академик B.B.Бартолд дар нохияи Шахристон мавчуд будани маркази маъмурии Уструшана - Бунчикатро зикр намудааст.

Дар хусуси вусъати худуди ;асри Бунчикат яке аз ховаршиносони маъруфи рус О.И.Смирнова ;айд мекунад, ки он худуди калонеро фаро гирифта, дар он ;исман дукону иншоотхои маишй ва дар холатхои фав;улода чои гурези ахолии шахр будааст [29,с.194-195].

Дар тад;и;оти худ муха;;и;и сохаи меъморй, санъатшинос B.Л.Bаронина доир ба Калъаи Ках;аха 1, ки яке аз ;исматхои асосии Бунчикат махсуб меёфт, маълумот додааст. У ;айд мекунад, ки ;аср аз бинохои ёрирасон, суфа, айвон, рохрав иборат буда, масолехи сохтмон, аз хишту чу6 ва Fайра иборатанд [4,с.231-266].

Асару рисола ва ма;олахои олимони рус доир ба санъати меъморй, сохтмони бинохо ва на;шу нигори онхо ва умуман шахрсозии Мовароуннахру Хуросон, аз чумла Уструшана дар илми таърихнигорй ахамияти мухим доранд. Аз зумраи чунин ховаршиносон, санъатшиносон Л.B.Bоронина, Б.Н.Засипкин, B.Л.Лавров, А.М.Прибиткова, С.Г.Хмелнитский, А.М. Беленитский ва дигарон доир ба масъалахои дар боло зикр шуда таълифоти зиёд ва пурарзишеро ба нашр расонидаанд, ки ахамияти омузиш ва арзиши баланди илмиро моликанд.

Гурухи дигар ва хеле пурарзиши тах;и;оти илмй ва манбаи таърихнигорй доир ба Уструшана асархо ва ма;олахои илмии оид ба таърих, мав;еи чyFyрофй, мансубияти ;авлй, мероси моддй ва маънавй, чойноми Уструшана таълиф намудаи олимони маъруфи точик Б. Fафyров, Н. Неъматов, А. Мухторов, У. Пулодов, А. Мирбобоев, С. Абдуллоев, Н. Турсунов, Пирумшоев, Н. Рахимовро ном бурдан мумкин аст.

Академик Б.Fафyров дар асари безаволи худ "Точикон" дар тавсифи масъалаи таърихи сиёсй, и;тисодй ва фархангии Уструшана аз мавчудияти ёдгорихои мухими археологй ва меъмории он дар нохияи Шахристон, аз чумла аз Калъаи Ках;аха I, II, кушкхои Урта;yрFOн, Чилхучра маълумотхои чолиб додааст. У ;айд мекунад, ки иншооти меъморй ва ;асри афшинхо дар коми оташ афтода, ми;дори хеле ками он то замони мо расидааст, вале на;шу нигори он ва ороишоти амалии он аз фархангу санъати баланди бинокорй гувохй медихад [6, с.328-329].

Сахми Экспедитсияи комплексии бостоншиносии Шимолй тахти рохбарии академик Н.Неъматов дар тах;и;у омузиши таърих ва фарханги Уструшанаи бостонй беандоза аст. Тули солхои 1955-1958 ва 1960-1961 дар ;асри афшинхои Уструшана Ках;аха I, II, III ва дар тули солхои 1960-1962 дар комплекси археологии Чилдухтаронр хафриёти бостоншиносй гузаронида шуда, санъати баланди бинокорй, меъморй ва шахрсозиии Усрушанаи асримиёнагй ошкор гардид. Дар ин бора осори сершумори олими сермахсул, академик Н.Неъматов маълумоти фаровон медиханд [17].

Академик Н.Неъматов доир ба таъриху фарханги Уструшана тат;и;оти силсилавй нашр намудааст, натичахои хафриётхои бостоншиносй пойтахти ин вилояти бонуфуз - Бунчикат, ;исмхои онро мавриди тахлил ;арор додааст [16,с.15-104]. Аз чумла, y ;айд мекунад, ки дар ин чо Калъаи Ках;аха I чойгир буда, марказ ва арк - ;асри афшинхо махсуб меёфт. Дар он тахти шох чойгир буда, дар дохили он хонаи хурди ;абули сафирон, шахрвандоне, ки бо мурочиат ба назди афшинхо меомаданд, мавчуд буд. Ин иншоот 95 метри мураббаъ аст ва доир ба ибодатхона, мехмонхона, хонахои исти;оматии афшинхо, курхона ошпазхонахо ва дар ;асри афшинхо будани зиндон маълумот дода мешавад [16,с.22]. Тах;и;у омузиши бостоншиносии ;исми шимолии Каср Ках;аха I нишон дод, ки он дар давоми асри VII-VIII сохта шуда, то ибтидои асри Х мавчуд буд ва минбад дар асрхои XI-XII аз нав бар;арор шудааст. Иншооти мазкур аз хиштхои одии андозаашон 49 Х 51 Х 24-25 Х 9 см сохта шудааст, ки маъмулан ба услуби меъмории асрхои VII-VIII хосанд. Кисман деворхои он бо гилхок ловида шудааст. Тиб;и маълумотхои археологии бадастомада, маълум гардид, ки мархилаи аввали бунёди он ба асрхои VII-VIII ва мархилаи дуюми бар;ароркунй ва меъмории он ба асрхои X-XII рост меояд [16,с.38].

Доир ба Калъаи Ках;аха II маълумот дода, академик Н.Неъматов зикр менамояд, ки он аз хонаи дохилии сеошёна иборат буда, бо деворхои камбар ;асри калонро нишон медод. Дар OFOзи асри IX вай аллакай хароб гардида, ба кухандиз - саройи ;аср табдил меёбад.

Калъаи Ках;аха II дар ибтидо аз мав;еи чойгиршавиаш маълум аст, ки шахр буд. Худи шахр - шахристон дар атрофи ;алъа мавчуд набуда, танхо шимоли онро дар бар мегирифт. Калъаи

Ках;аха II д ар чануби кух чойгир шудааст. Дар на;ша он шакли чоркунча ва андозаи 210x230 дорад, аз гарб ба чануб кух чун давра тул мекашад ва дар шар;у шимол деворхо кашида шудааст. Бо;имондаи девори шимолй дарёфт шудааст, ки бо хишти хом бардошта шуда, 6 метр баландй дорад. Дар ;исмати шимолу шар;й тал мавчуд буда, бо;имонадахои ;асрро пинхон мекард. Дар ;исми чанубии шахрак истгохе ба андозаи 55x140 метр сохта шудааст. Бо;имондаи худуди шахрак (65x95м) ягон иншоот сохта нашудааст [16,с.44; 21,с.118].

Деворхояш, - мегуяд, - академик Н.Неъматов, аз похсаю хишти хоми калон сохта шуда, сутуну са;фаш чубин аст. Хонахо паси хам сохта шуда, аз шар; ба гарб зина ба зина дар аз се ;абат чойгир шудаанд. ^абати якум аз дахлези даромад, толори чоркунчаи ;абулгох, хонаи хоб ва айвон иборат буд. Кдбати дуюм ва сеюм дар тахкурсии сунъй, аз похсаи зичи гилй сохта шудааст. Дар ин ;исматхо чор хона мавчуд буда, яке аз онхо хонаи асосии шох, дигар ошхона, хонаи хизматгорон мебошад, ки бо рохравхои алохида фар; мекарданд. Иморат бошукух ва калон буда, деворхои он бо хишт ва тарзи махсус ороста аст [18,с.10]. Умуман, ;асри Бунчикат нишон медихад, ки он аз руи услуби меъмории махаллй сохта шуда, намунаи санъати баланди меъмории бинокории дар Осиёи Марказй махсуб меёбад. Ин бино тайи асрхои VI-VII сохта шуда, хангоми забткории арабхо дар Уструшана соли 822 оташ зада шуда, баъзе намунахои гачкорй ва аз санъати баланди меъмории ;асри афшинхоро нишон медихад.

Аз санъати баланди бинокорй ва меъмории Кдлъаи Кдх;аха ш академик Н.Неъматов маълумот медихад, ки дар сари рох ва сохили рости Шахристонсой чойгир аст. Он дар макони зисти сокинони пештараи шахрак ба вучуд омада, бо деворхои алохидаи бурчдор ихота шудааст. Деворхо тамоми ;исми Шахристони болии гарбиро ихота кардааст. Аз тархи меъмории девор маълум аст, ки он се ;абата буда, дар асрхои IX-X бунёд шудааст. Девори шар;й ва ;исман чанубии ^алъаи Кдх;аха III бо;й мондааст. Ч,олиби таваччух аст, ки дар ;исми тали шимолй иншооти ;ушки исти;оматй (;аср) бо канали обй(обдузд) бо дарозии 140-145 см. бо хишти андозааш 49-50х24-25х9-10 см. бо;й мондааст. Ин системаи обгузаронй бо номи «обдузд» барои обёрии шахр дар асрхои миёна маъмул буд [16,с.15-89].

Академик Н.Неъматов шахраки ахолинишини Бунчикатро, ки ;исмати асосии шахр махсуб меёфт, бо чор сатхи исти;оматй: 1 - бо дарозй ва пахнои сохташудае, ки дохили онхо бо деворхои алохида ба се хучра - дарунй, миёна ва берунии айвондор та;сим мешуд; 2 - иборат аз долони канизони хона ва иншооти ошхона аст; 3 - ба се хучра та;сим шуда, бо тархи бана;шагирй; 4 - бо рохрави шонамонанд сохта шуда, бинои исти;омати сарбозон ба хисоб мерафт ва аз 20 хучрахои пештовдор, ки хар як он ба рохрав пайваст мебошад, бино ёфтааст, тасвир намудааст [16,с.23-39,с.106-115].

Ба андешаи академик Н.Неъматов дар Бунчикат дар асрхои V-VI маркази шахр ба вучуд омад ва дар асрхои IX-XII бошад он ба се ;исм чудо шуд: Кухандиз (;алъаи Кдх;аха II), шахристон (;алъаи Кдх;аха I) ва ;исми хунармандию тичорат - работ [18,с.8].

Тархи масчиди бузурги Чилдухтаронро тасвир намуда, Н.Неъматов ;айд мекунад, ки боми толор мусаттах ва бар чандин сутуни чубй устувор аст. Толор ба се хонаи дигар ва хаёти кучак пайвата буда, меъмории масчиди бузург низ бо дигар бинохои динии Мовароуннахри асрхои X то XII шабохат надорад, яъне тархи бино шакли сахехе надорад. Маркази он хам мушаххас нест ва мехроб гуё тасодуфан сохта шудааст [20,с.166-167].

Калъаи Ках;аха 1 шакли номунтазам дошта, та;рибан 5 гектарро ташкил менамояд, дар атрофи он девор кашида шуда, бо тахтагилхо (85х65 см) ва хишт (50х25х10 см) ин деворхо бардошта шудаанд [21,с. 118].

Хдфриётхои харобаи Бунчикат нишон медихад, ки бинохои сангини ду ва се;абата дар ;алъаи Кдх;ахаи аввал ва Чилдухтарон мавчуданд.

Дар хама гуна ;асрхои асримиёнагй анборхои махсуси молу амвол ва ашёи зарурй мавчуд буда, аз чихати меъморй барои хуб нигохдорй шароит фарохам оварда шуда буд. Аз чумла, дар Калъаи ;ах;аха ;асри дуюми афшинхои Уструшана чунин анборхои нигахдории маводи хуроки мавчуд буд. Дар зери фарши хар ду девори даромадгохи ;аср, суфаи дарози рохрави марказй ва суфахои толори тахт ;атор-;атор хумхои калон гуронида ва болои онхо бо лой ловида шудааст. Аз тарафи бостоншиносон 43 намуди хум дарёфт шудааст. Хдчми хар як хум аз 158 то 295 литр аст. Хдчми умумии хамаи хумхо 9303 литр мебошад, яъне дар ;аср дар як ва;т ;ариб то 9 тонна хурокворй захира кардан мумкин буд [18,с.12-13].

Барои сохтани ;алъаву кушкхо ахамияти калон дода шуда, тиб;и лоихакашй ва меъмории биносозй сохта мешуданд. Хусусияти дигари бинохои кушкй аз он иборат аст, ки онхо ба таври

иншооти истехкомй бунёд шудаанд. Онхо дар асоси на;шаи муайяни меъморон бо девори Fафси баланди бурчдор, ки бо пойдевори баланд сохта шудаанд, аз тарафи бостоншиносон ошкор гардидаанд. Хдмзамон барои сохтмони ин гуна иншоот синфи хукмрони ташаккул ёфтаистодаи феодалй таъсир ва хокимияти худро нишон медод. Метавон гуфт, ки сохтмони му;аррарии дехахо, работхо ва кушкхои махфузмонда тачассуми намоёни ин хокимият аст.

Бинокории Уструшана дар якчанд самт инкишоф ёфтааст: истехкомй, иншооти меъморй, бинокории асосии исти;оматй ва иншооти обиёрй.

Истифодаи зинахоро дар иншооти меъмории Уструшана академик Н.Неъматов ду намуд: 1 -шакли одие, ки ду ;атор дорад (;асри Калъаи Ках;ахаи 1) ё се ;атор (кушки Урта;yрFOн ва Тирмизактеппа) борик ва гардишдор дар рохравхо бо фаршхо баробар; 2 - намуди мураккаб дошта, ки дар ;асри Калаи Ках;аха II ва кушки Чилхучра асосан аз хишти хом сохташуда, мехисобад [19,с.13].

Аз руи шакли умумии хама ёдгорихои Уструшана то хол гузаронида шуда, баъзеи он пурра ва ;исман хафриёт шуда ба ;исмхо та;сим кард мешавад: 1) бо тархбандии мураккаб (аз чумла хучрахои давлатй, хонахои исти;оматй, мехроб, ибодатгохи хурд, долонхои хочагй), бо ороишкории бисёр ва истехкоми пури;тидор (бинои Чилхучра), ё дар як хавлие, ки бо деворхо ихота шуда, дар бо сохтмони фархангии сунъй дорад (бинои Урта;УрFOн); 2) ;асри номураккаб ба номи Долонишона бо тархбандии беохири ороишёфта, во;еъ дар як теппакух (Тирмизактеппа) ё хусусияти кишоварзй дошта, бо деворхои ;алъамонанд ихоташуда(Тоштемиртеппа) навъи ;асабахои зич Каробуло; ва Хон-Яйлов мебошанд, ки дар натичаи хафриётхои археологй омухта шудаанд [21,с.119].

Дар сохтмони бино хунари на;;ошй дар девор, истифода шуда, устохои на;;ош, гачкорй ва дар хишти пухта шаклхои хандасиву табиии гуногунро истифода мебурданд [21,с.121 -122].

Тах;и;оти бостоншиноси маъруф, кашшофи нахустини фарханги моддй ва тамаддуни пурвусъати Уструшана академик Н.Неъматов махсуб меёбад, ки пояи маълумот ва таълифоти уро асосан натичахои хафриёти археологии бисёрсолаи муаллиф дар худуди Уструшана гузаронидашуда ташкил медиханд.

Муха;;и;и Уструшани чанубй академик Ю.Я;убов доир ба бинохои меъмории Буттам маълумот дода, ;айд мекунад, ки ;асабаи Kyм низ дар маркази вохаи Буттам ;арор дошта, он иборат аз 30 хучра аст. Дар натичаи хафриёти ;алъа аз он махсулоти хочагй, аз чумла анбори Fалла ва дигар макон барои махсулот дарёфт шуд. Девори Fарбии он мудофиавй буда, аз тахкурсй ва 3 метри он аён аст. Девор шояд панчара дошта бошад ва сангархо барои паронидани тир ва партофтани сангхо вучуд дошт. Дар ;алъа хучрае мавчуд буд, ки хокими Буттам дар он менишаст [32,с.48-49].

Тах;и;оти профессор У.Пулотов дар асоси бозёфтхои нодири археологй таълиф шуда, иншооти меъморй ва манзилхои исти;оматии уструшанихо во;еъ дар нохияхои имрузаи Шахристон ва Деваштич омухта шуданд. Профессор У.Пулодов дар нохияи Шахристон кушки Чилхучраро омухтааст. Дар натичаи хафриёти бостоншиносй кушки Чилхучраро У.Пулодов аз лихози сохтмони меъморй иборат аз се ;исмат нишон додааст. Аввалан, ;исми марказии ядроии бино; дуюм, ;исми Fарбй, шимолй ва шар;ии хонахои андарунии дар як ;атор сохташудаи дархои даромадашон дар як хат ;арордошта иборат аст; сеюм, ;исми чанубии хонахои андарунии дар як хати меъморй ;арордошта бо тамоми бинои ошёнаи якум ва тамоми ошёнаи дуюм бо пандус (остонаи васеъ) иборат мебошад. Дар мачмуъ, кушки Чилчучра аз чихати меъморй ба ёдгорихои дар худуди Уструшана ;арордошта, бо Тирмизактеппа, Калъаи Ках;аха I ва Мунчо;теппа шабохат дошта [24,с.155], яке аз ёдгорихе мебошад, ки аз чиахти услуби меъморй хеле мохирона бунёд шуда, хоси иншооти кушкии асримиёнагии ибтидой бо деворхои махсуси фортификатсионй (истехкомй) ва манзилиро дар бар мегиранд.

Дар худуди нохияи Деваштич Калъаи ^фар аз чониби профессор У.Пулодов хануз солхои 80-уми асри ХХ тах;и; гардида, санъати баланди меъморй, бинокорй, ороишоти амалй, хунари металлгудозй ва охангарию рехтагарии мардуми Уструшанаро ошкор намуд, ки дар омузиши ин мулк ахамияти калон илмй дорад [25,с.20-26].

Дар осори профессор А.КМирбобоев масъалахои мухими таърихи дину оин ва фарханги маънавии уструшанихо бештар ба назар расад хам, санъати меъморию шахрсозии Уструшана, роххо, ;убурхои обгузари шахрхои асримиёнагй, махсулотхои иншоотсозй ва шахрсозй низ инъикоси худро ёфтааст [13,с.267-426].

Дар тад;и;оти худ профессор Н.Рахимов ;айд мекунад, ки «раванди шахрсозй, дар асрхои миёна рушд ёфтааст. Дар ин муддат аксари шахрхои Осиёи Миёна ба раванди шахришавй мегузаранд. Ин чараён дар шимолу шар;й, ба хусус ба вилоятхои таърихию фархангии Осиёи Миёна хос аст» [27,с.4]. Дар ин минта;а вилояти Уструшана низ шомил буд, ки пештар аз ин тиб;и маълумоти профессор Н.Рахимов ба хазорсолаи якуми пеш милод ба вучуд омада, ибтидо ва миёнаи хазораи якуми солшумории мо инкишоф ёфта буд [27,с.62].

Профессор Н.Рахимов дар шахрсозии Асбаникат дар сохтмони иншоотхо истифодаи гилхок ва чубу похсахоро хабар додааст. Хдмчунин «хиштхои махсус дар истифодаи девори бинохо ба кор мерафт. Аз чумла, андозахои 40х20х10 см; 38х19х10; 37х18.5х10 см аз ;абили онхост, ки дар натичаи хафриёти бостоншиносй аз бинохои исти;оматй, хона ва танурхои нонпазй ва дигар намуди иншоот аз чумлаи онхост. Ин далел аз панч мархилаи сохтмони шахр гувохй медихад» [26,с.145].

Шахрдорй ва шахрсозй дар Уструшана ма;оми хосро ба худ касб карда буд. Аз чумла, «шахрсозони Уструшана ба ну;тахои асосй таваччухи махсус медоданд: обёрй, системаи обрез ё обу ташноб (канализасия), хизматрасонй ба точирон дар шахр. Ба системаи шабакаи обёрй ахамияти калон дода шуда, бо каналхои рукушову махкам (обдуд) ва дар холатхои зарурй он баста мешуд. Дар шахрхои дар водй чойгиршудаи Уструшана об аз каналхо ва хавзхо истифода мешуд. Дар шахрхои дар доманакуххо чойгиршуда обро ба воситаи корез истифода мебурданд» [26,с.187].

Яке аз муха;;и;они санъати меъморй ва бинокории Уструшана С.Мамадчонова мебошад, ки доир ба ин масъала рисолаи номзадй низ дифоъ намудааст [10]. У ;айд мекунад, ки дар ;исмати кухии Уструшана анъанахои меъмории осиёимиёнагии ;адима идома меёфт. Дар Уструшанаи асримиёнагй шахрхои Дизак, Зомин, Ховас, Собот, Вагат, Шавкат, Куркат ва дигарон аз чихати ёдгорихои фархангию меъморй бой буданд. Бунчикат аз чихати фарогирии ёдгорихои бостоншиносй ва меъмории зиёд чойи мухимро ишгол мекунад [10,с.9-10].

С.Мамадчонова менигорад, ки дизи шахри Бунчикат аз хонаи дохилии сеошёна иборат буда, бо деворхои камбар ;асри калонро нишон медод. Дар огози асри IX вай аллакай хароб гардида ба кухандиз - саройи ;аср табдил меёбад. Дар назди дарвозаи шимолй маркази савдо ривоч ёфта - мураббаъ бозор, на он ;адар дур аз шахр дахма чойгир шудааст. Дар ду сохили Шахристонсой бо рушди устувори и;тисодй, ичтимой ;аламрави шахр васеъ гашта буд. Ин минта;а тадричан ба ;исми таркибии маркази шахр табдил ёфта, дар назди шахр маркази хунарманди он, яъне ба работ табдил меёбад. Аз асри Х ;исми бештари он аз чониби девори махсус ихота шудааст, ки ин бештар ба Калъаи Ках;аха III шабохат дорад [10,с.10].

С.Мамадчонова истифодаи махсулоти бинокории Уструшанаро низ номбар карда, хамзамон хишти хом, пухта, чубу гилхок ва сангхои гуногунро серистеъмол мехисобад. Аз чумла, хишти хоми дорои хачми 55х25х9 см. аз дехаи Мадм ва истифодаи бана;шагирю изи даст дар замони сохтмон бо;й мондааст. Хишти пухта дар ;урахои махсус тайёр карда мешуд ва танхо барои пайвастану хамчоякунии бино, зинахо истифода мешуд, вале дарачаи корбурди он хеле кам буд. Дар нохияи Шахристон дар натичаи хафриёти Экспедитсияи комплексии бостоншиносй Точикистони Шимолй дарёфт шудани чунин хафт печи хиштпазй маълумот вучуд дорад. Истифодаи сангхо (вара;санг, регсанг, охаксанг, хоро) дар бинохо, бахусус дар рустохои кухй бештар ба назар мерасид. Дар Чилдухтарон, дар девори гарбии ;асри Кум (дар водии Зарафшон низ бо чунин ном ;асре мавчуд буд) 50 см аз санг ва пойдевор девори гилии Каробуло; аз санг иборат буд.

Тахкурсии бинохо чолиби таваччух буда, махорати меъморони Уструшанаро нишон медихад, ки тазйини махаллии хос дорад. Хдфриёти Калъаи Ках;аха II ба ин мисол шуда метавонад, ки бо сангхо тахкурсии деворхо то баландии 3 м. бардошта шудааст [12,с.227].

Яке аз чунин ёдгории бостоншиносии Мовароуннахр, ки манзилгохи исти;оматии устурушанихо махсуб меёбад, ин ёдгории Хон Яйлов мебошад. Он дар 22 километрии чанубии Шахристони имруза, дар наздикии дараи О;тангй ва нишебии ;аторкухи Туркистон чойгир буд. Он манзилгохи дех;оне мебошад, ки асосан аз санг сохта шудааст, бинобар он то замони мо омада расидааст. Манзили исти;оматии Хон Яйлов 500х140 метр масохатро дарбар гирифта, аз гузаргоххои хурд иборат аст. Он сад адад хучраи хурдро дар бар гирифта, дар мачмуъ аз 7 копллекс иборат мебошад. Аз руи бозёфтхои хафриёти бостоншиносй ва хоси хусусияти меъмории Хон Яйлов онро ба асрхои X-XII ва хатто пештар аз он мансуб дониста мешавад. На;шаи меъмории онро бо хусусиятхои меъмории он ба ду ;исми исти;оматй: макони

ташрехии маишии исти;оматй ва хонахои бисёрхучрагии алохида дар бар мегирифт. Манзили исти;оматии ахолй маълум мешавад, ки аз девори як;абатаи дар як ва;т сохташуда иборат буда, деворхои мухофизатй мавчуд нестанд [12,с.609].

Меъморй, хунари шахрсозй дар Уструшана яке аз пахлухои тад;и;оти муха;;и;они сохаи меъморй Р.Му;имов ;арор гирифта, оид ба ин масъала як ;атор рисолаву ма;ола руи чоп омадааст. Меъмории шахру навохии Уструшана осори зиёде бо;й гузоштааст ва дар асоси он доир ба пахлухои хунари шахрсозй, меъморй, сохтмони бинохо, истифодаи масолехи сохтмон, аз чумла хишту гилхок дар иншоот, чубу кандакорй ва ороишоти ;асру бинохо маълумот оварда шудааст [14]. Дар рисолаи дастчамъии «Шахрсозй дар кухистони Точикистон: анъана ва ва масоили имруза» [11,с.24] низ аз бинокории ;адима ва асримиёнагй доир ба шахрхои Осиёи Миёна маълумоти чолиб оварда мешавад. Зикр мегардад, ки пойтахти Уструшана шахри Бунчикат дар асрхои VIII-IX аз шахрхои се;исмата иборат буд, ки бо;имондахои он кухандиз (Калъаи Ках;аха II), шахристон бо ;асри хоким (Калъаи Ках;аха I) ва работ (Калъаи Ках;аха III) та;сим мешавад^ушки Урта;yрFOн дар наздикии нохияи Шахристони имруза чойгир аст. Санъати меъмории ин кушкро Р.Му;имов тах;и; намуда, ;айд менамояд, ки он иборат аз ду ;абат буда, андозааш 18х16 аст. Манзилгохи мазкур шояд ;аср бошад, ки бо деворхои ;асрмонанд ихота шудааст ва дар канори он бурч мавчуд аст. Бо на;шаи сохтори ;аср тархи манзилгохиро дар атрофи толор дар бар гирифтааст. Барчастагии толори ;абул андозаи калонро дар бар гирифтааст (9,55х7,90 м). На;шаи ин манзил бо он фар; дорад, ки дорои суфа буда, ба минта;аи шимолй сохта шуда, ба назар бо меъмории дузинадор катмонандро сохиб аст [15,с.55].Осори дастчамъии олимон ва муха;;и;они ватанй, аз чумла "Донишномаи Сомониён" [7], "Мачмуаи ёдгорихои таърих ва фарханги Чумхурии Точикистон" [28], "Таърих, меъморй ва фарханги Уструшана" [8,с.214-397] аз мухимтарин масъалахои мавриди омузиш ;арор гирифтаи моро баррасй ва тахлил намудааст.

Санъати бинокорию меъмории Уструшана таваччухи баъзе муха;;и;они хоричиро низ ба худ чалб сохтааст.Пеш аз хама муха;;и;он ва уструшаншиносони рустабори узбекистонй А.А.Гритсина [5] ва М. Пардаевро [23] бояд ном бурд, ки дар тах;и;оти худ чанбахои мухими хаёти ичтимоию и;тисодии Уструшанаро дар асоси бозёфтхои бостоншиносй мавриди омузиш ;арор дода, ба масъалаи шахрсозй ва меъмории Уструшанаи шимолй ва шимолу Fарбй маълумоти мухим ва шав;овар додаанд.Дар мавриди бо;имондаи ёдгорихо дар худуди Уструшана чигунагии маданият ва ба кадоме аз услуби меъмории махаллй шабохат ва тафовут доштани он зикр мегардад, ки амсоли маданияти ;айро;уммй бо чузъиёти худ фар; мекунад. Ба ин маданият хамчунин ёдгорихои Собот (Хонтеппа, Саганактеппа, Саганактерра 1) ;исми поёнии шахри МyFтеппа, Ширин ва Fайрахо дохил мешаванд [5,с.18-19].Бостоншиноси узбекистонй Б.Туйчибоев чунин мехисобад, ки барои сохтмони иншооти зикршуда мав;еи чyFрофй ва чойи муносиб аз чихати ичтимоию сиёсй чойи муносиб доштаро мухим мехисобиданд. Хднгоми сохтмони кушкхои Уструшана ботаваччух чои аз хама бехтарро интихоб кардаанд: ;алъаи Ках;аха II, Чилхучра ва Урта;yрFOн дар баландй чойгир шудаанд. Fайр аз ин, табиат, масъалаи бо об таъминкунй ба хисоб гирифта шуда буд. Урта;УрFOн аз Калъаи Ках;аха II дар сохили Шахристонсой, Чилхучра дар назди чашмаи калон ва Мунчо;теппа дар сохили дарёи Сир во;еанд [30,с.11]. Муха;и;и варзидаи эронй доктор Мухаммадризо Ночй дар рисолаи худ, ки бевосита ба таърих ва тамаддуни замони Сомониён бахшидааст, ба шахрсозию меъмории Уструшана низ маълумоти мухим додааст [22]. Мухаммадризо Ночй менигорад, ки аз руи манбаъхои таърихию чyFрофй маълум аст, ки шахрхо ва марказхои бузурги фархангй ба ;исматхои алохида та;сим мешуданд. Бахусус шахрхои бузург ва мухим аз шахристон ё шористон (дар арабй ал-мадинату-д-дохила) ба манзалаи аслии шахр; кухандиз (арабишудаи «кухандиж»)-;алъаи ;адим ва мустахкам, ки дарун ё беруни шахристон буд ва рабаз, ки ба ну;таи маскунии хавлу хуши шахр мегуфтанд [22,с.601]. Барои мисол марказ ва пойтахти Уструшана шахри Бунчикатро овардан мумкин аст, ки он аз се ;исм: кухандиз, шахристон ва рабаз иборат буд. Дар мачмуаи бинохои сангии Чилдухтарон, ки руи теппаи баланде дар чанубии харобаи Бунчикат (Калъаи Ках;аха) во;еъ шудааст, масчиди кучак ва бузурги сутундоре кашф шудааст, ки ба охири садаи IX ва XI тааллу; дорад [22,с. 629-630].Натичаи тах;и;и маълумоти сарчашма ва осори олимон нишон медихад, ки аксари ахбори сарчашмахо ва бозёфтхои бостоншиносии ёдгорихо бо;имондаи ;исми кухандиз ва работи шахри Уструшана махсуб ёфта, иншооти маишии ахолии махаллй кам ба назар мерасанд. Агар бо;имондаи хонахо исти;оматй махфуз монда бошанд хам, он дар ;исми работи шахрхо, дар

н азди дук о нхо и хун армандй, ё ин ки кушкхо ошкор шудаанд.Мавриди тазаккур аст, ки дар натичаи хафриёти харобахои Бунчикат ва ёдгорихои атрофи он бозёфтхои нодири меъморй, рассомй, санъати кандакории руи чуб, хунари гулканй кашф шуд. Хдмзамон ин амал нишон дод, ки шахри Бунчикатро яке аз марказхои калонтарини мадании Точикистон ва Осиёи Миёнаи асримиёнагй тавсиф додан мумкин аст. Хдфриёти якчанд бинои истщоматй, хунармандй ва ;асрхо дар Калъаи Кдхкаха I ва II, кушкхои Чилхучра ва Уртак;ургон, иншооти посбонии Тиримизактеппа, хонаи истщоматй, хонаи охангарй, бинохои хочагй, ду масчид ва ;ариб дах мак;бараи Чилдухтарон, тад;и;оти деворхои шахри Бунчикат аз санъати баланди меъморй, бинокорй, истифодаи анвои гуногуни масолехи сохтмон мушохида мешавад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Абул;осим, Ч,айхонй. Ашкол-ул-олам/Ч,айхонй А.// Сомониён дар оинаи таърих. - Ч,илди дувум. - Хучанд: Нашриёти давлатии ба номи Рахим Ч,алил, 1998. - C. 39-78.

2. Ал-Истахри. Книга путей и стран/Истахри А.// [Китаб] Масолик ал- мамолик: пер. З.Н. Ворожейкиной, Я. Крапольского. Материалы по истории киргизов и Киргизии. - М.: Наука, 1973. - 280 с.

3. Бартольд, В.В. Отчет o поездке в Среднюю Азию c научной целью: 1893-1894 гг./В.Бартольд. - Петербург, 1897. - 151 с.

4. Воронина, В.Л. Архитектура дворца Калаи Кахкаха I/В.Воронина// История, архитектура и искусство Уструшаны. Составитель Р. Мукимов. Отв. ред. А.Раджабов - Душанбе: Контраст, 2013. - C. 231-266.

5. Грицина, A.A. Северная Уструшана в середине I тысячелетия до н.э. - начале XIII в.н.э. (археолого-топографическое исследование): автореф. дис. ... кан. ист. наук: 07. 00. 06/Грицина Аликсей Андреевич. - Самарканд, 1990. - 24 с.

6. Fафуров, Б. F. Точикон. Таърихи ;адимтарин, ;адим, асрхои миёна ва давраи нав/Б. F. Fафуров. - Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. - С. 328-329. - 976 с.

7. Донишномаи Сомониён. - Ч,илди 1-2. - Хучанд: Нури маърифат, 2008-2009.

8. История, архитектура и искусство Уструшаны. Составитель Р. Мукимов. Отв. ред. А.Раджабов - Душанбе: Контраст, 2013. - 588 с.

9. Лыкошин, Н.С. Очерк археологических изысканий в Туркестанском крае до учреждения Туркестанского кружка любителей археологии/Н.Лыкошин// Среднеазиатский Вестник, июль и сентябрь. - Ташкент, 1896. -169 с.

10.Мамаджанова, С. Архитектурные памятники Уструшаны VI-X вв: исследование и реконструкция: автореф. дис. ... кан. архит. наук: 18.00.01/Мамаджанова Салия. - Мocквa, 1983. - 19 с.

11.Мамаджанова, С. Градостроительство горного Таджикистана: традиции и современные проблемы/С.Мамаджанова, Р.Мукимов,М.Шерматов.-Душанбе:Дониш-Мерос,1997.- 132 с.

12.Мамаджанова, С. Архитектура средневековой Уструшаны/С.Мамаджанова/История и зодчество Истравшан средних веков//Древняя Уструшана: города, их локализация и хронология. Материальная культура Уструшаны. Вып. 8. - Душанбе: Ому, 2003. - 790 с.

13.Мирбобоев, А. Дахмаки Курката: раскопки и исследования. Материальная культура Уструшаны. Вып. 6/А.Мирбобоев//Древняя Уструшана: города, их локализация и хронология. (Материальная культура Уструшаны. - Вып. 5-8. - Душанбе: Ому, 2003. - 790 с.

14. Мукимов, Р. Кирополь - Истаравшан - Ура-Тюбе: памятники средневекового зодчества Ура-Тюбе и его округи/Р.Мукимов, С.Мамаджанова. - Душанбе: Мерос, 1993. - 144 с.; Мамаджанов, С. Традиции и современность в архитектуре Истаравшана/С.Мамаджанова, Р.Мукимов // Дарё. - № 1. - Душанбе, 2002. - С. 28-33.

15.Мукимов, Р.С. Зодчество Таджикистана (история архитектуры и строительного дела Таджикистана)/Р.С.Мукимов, С.М.Мамаджонова. - Душанбе: Маориф, 1990. - 176 с.

16.Негматов, Н. Средневековый Шахристан/Н.Негматов, С.Хмельницкий. Материальная культура Уструшаны. - Вып. 1. - Душанбе: Дониш, 1966. - 200 c.

17.Негматов, Н. Ураткурган и Тирмизактеппа/Н.Неъматов, У.П.Пулатов, С.Г Хмельницкий: материальная культура. - Вып. 2. - Душанбе: Дониш, 1973. - 144 с.; Негматов, Н. Археологические памятники Шахристанской котловины // История, архитектура и искусство Уструшаны; отв. ред. А.Раджабова.-Душанбе:Контраст,2013. - С. 28-51.

18.Неъматов,Н.Н.Асрори Истаравшан- [Загатка Истаравшан]/Н.Н.Неъматов.-Душанбе: Ирфон, 1972. - 51 c.

19.Негматов, Н. Уструшанский компонент Среднеазиатской культуры раннего средневековья/Н. Негматов//Раннесредневековая культура Средней Азии и Казахстана:

тезисы Всесоюзной научной конфренции в г. Пенджикенте Таджикской ССР, 26-31 августа 1977. - С. 13.

20.Неъматов, Н.Н. Давлати Сомониён: точикон дар асрхои lX-X/Н.Неъматов. - Душанбе: Ирфон, 1989. - 304 c.

21.Негматов, Н. Уструшана/Н.Негматов//Археология Средней Азии и Дальний Восток: Средняя Азия в раннем средневековье. - М: Наука, 1999. - C. 114-130.

22.Ночй, Мухаммадризо. Фарханг ва тамаддуни исломй дар ;аламрави Сомониён/М.Ночй: баргардон Л.Бойматов. - Душанбе: ЭР-Граф, 2011. - 1295 с.

23.Пардаев, М. Х. Северо-Западная Уструшана в эпоху раннего средневековья: по материалам нижнего течения р.Сангзар: автореф. дис. ... кан. ист. наук: 07.00.06/Пардаев Мухтаркул Хасанович. - Ташкент, 1995. - 21 с.

24.Пулатов,У.П. Чильхудржра/У.Пулатов//Материальная культура Уструшаны. - Вып. 3. -Душанбе: Дониш, 1975. - 200 c.

25.Пулатов, У.П. "Дом огня" в Уструшане/ У.Пулатов// Раннесредневековая Средняя Азии. -Душанбе, 1973; Пулатов, У.П. Работы Дахкатской группы в 1984 г.// Археологические работы в Таджикистане. - 1993. - Вып. 24. - С.20-26.

26.Рахимов, Н.Т. Урбанизация средней части бассейна Сырдарьи (I тыс. до н.э. - I тыс. н.э.)/Н.Рахимов. - Худжанд: Меъроч, 2015. - 268 c.

27.Рахимов,Н.Т.Урбанизация Средней части бассейна Сырдарьи: 1 тыс. до н.э.-середина II тыс.н.э:дис....д-ра ист.наук:07.00.06/Н.Т.Рахимов.-Душанбе, 2007. - 352 с.

28.Свод памятников истории и культуры Республики Таджикистан. - Книга первая: Согдийская область; под общей редакцией академика Р.Масова. Авторы - составители Рустам Мукимов, Сайёра Мукимова. - Душанбе: Дониш, 2013. - 665 с.

29.Смирнова, О.И. Археологические разведки в Уструшане в 1950 г./О.Смирнова// Материалы и исследования по археологии СССР. № 37. Труды таджикской археологической экспедиции. -М., - Л.: Наука, 1953. - С. 189-230.

30.Туйчибаев,Б.Б.Уструшана в древности и раннем средневековье (по археологическим материалам): автореф. дисс. кан.ист.наук: 07.00.06/Б.Б.Туйчибаев. - Самарканд, 2004. - 24 с.

31Дудуд-ул-олам. Ибни Хдв;ал Сурат-ул-арз. Мухаммад Обиди Иршод. Чахорбоги гулхo.Тaхияи Зариф Шариф. - Душанбе: Адиб, 2008. - 212 c.

32.Якубов, Ю. Раннесредневековые сельские поселения горного Согда: к проблеме становления феодализма/Ю. Якубов. - Душанбе, 1988. - 286 с.

REFERENCES:

1. Abulqasim, Jayhoni. Ashkol-ul-Alam / Jayhoni.A // Samanids in the Mirror of History. -V.2. -Khujand: Rahim Jalil State Publishing-House, 1998. - P. 39-78.

2. Al-Istakhri. Book of Ways and Countries / Istakhri A.// [Kitab] Masolik al-mamolik: trans. Z.N. Vorozheykina, Ya. Krapolsky. Materials on the history of Kirghiz and Kirghizia. - M.: Science, 1973. - 280 p.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

3. Bartold, V.V. Report on a Trip to Central Asia for Scientific Purposes: 1893-1894 / V. Bartold. -SPb., 1897. - 151 p.

4. Voronina, V.L. Architecture of the Palace of Kalai Kaxkaxa / I.V.Voronina// The History, Architecture and Art of Ustrushan. Compiled by R. Mukimov: under the editorship of A.Radjabov - Dushanbe: Contrast, 2013. - P. 231-266.

5. Gritsina, A.A. Northern Ustrushan in the Middle of the 1-st Millennium BC - the Beginning of the XIII-th Century AD. (archaeological and topographical research): synopsis of candidate dissertation in history: 07. 00. 06 / Gritsina Alixei Andreevich. - Samarkand, 1990. - 24 p.

6. Gafurov, B.G. Tajiks: The Ancientest, Ancient, Mediaeval and New Period / B.G. Gafurov. -Dushanbe: Modern, 2020. - P. 328-329. - 976 p.

7. Somoniyon Encyclopedia. - V.1-2. - Khujand: Light of Enlightenment, 2008-2009.

8. History, Architecture and Art of Ustrushan. Compiled by R. Mukimov: under the editorship of A. Radjabov - Dushanbe: Contrast, 2013. - 588 p.

9. Lykoshin, N.S. Essay on Archaeological Research in Turkestan Region before the W Establishment of Turkestan Circle of Archeology Lovers / N. Lykoshin // Central Asian Bulletin, July and September. - Tashkent, 1896. - 169 p.

10. Mamadzhanova, S. Architectural Monuments of Ustrushan Referring to the VI-th - the X-th Centuries: research and reconstruction: synopsis of candidate dissertation in history: 18.00.01 / Mamadzhanova Saliya. - Moscow, 1983. - 19 p.

1 1. M amadzhanov a , S . Urban Planning of Mountainous Tajikistan: traditions and modern problems / S. Mamadzhanova, R. Mukimov, M. Shermatov. - Dushanbe: Meros, 1997. - 132 p.

12. Mamadzhanova, S. Architecture of Medieval Ustrushan / S. Mamadzhanova / History and architecture of Istravshan in the Middle Ages // Ancient Ustrushan: cities, their localization and chronology. Material culture of Ustrushan. Issue. 8. - Dushanbe: Omu, 2003. - 790 p.

13.Mirboboev, A. Dahmaki Kurkata: excavations and research. Material culture of Ustrushan. Issue. 6 /A.Mirboboev//Ancient Ustrushan: cities, their localization and chronology. (Material culture of Ustrushana. - Issue 5-8. - Dushanbe: Omu, 2003. - 790 p.

14.Mukimov, R. Kiropol - Istaravshan - Ura-Tyube: monuments of medieval architecture of Ura-Tyube and its environs / R. Mukimov, S. Mamadzhanova. - Dushanbe: Meros, 1993. - 144 p.; Mamadzhanov, S. Traditions and Modernity in the Architecture of Istaravshan / S. Mamadzhanova, R. Mukimov // Daryo. - No. 1. - Dushanbe, 2002. - P. 28-33.

15.Mukimov, R.S. Architecture of Tajikistan (history of architecture and construction of Tajikistan) / R.S. Mukimov, S.M. Mamadjonova. - Dushanbe: Enlightenment, 1990. - 176 p.

16.Negmatov, N. Medieval Shakhristan / N. Negmatov, S. Khmelnitsky. Material culture of Ustrushana. - Issue. 1. - Dushanbe: Knowledge, 1966. - 200 p.

17.Negmatov, N. Uratkurgan and Tirmizakteppa / N. Nematov, U.P. Pulatov, S.G. Khmelnitsky: material culture. - Issue. 2. - Dushanbe: Knowledge, 1973. - 144 p.; Negmatov, N. Archaeological monuments of the Shakhristan basin // History, architecture and art of Ustrushan; resp. ed. A. Radjabov. - Dushanbe: Contrast, 2013. - P. 28-51.

18.Nematov, N.N. Mystics of Istrushan / N.N. Nematov. - Dushanbe: Cognition, 1972. - 51 p.

19.Negmatov, N.N. Ustrushan Component of the Central Asian Culture of the early Middle Ages / N.N. Negmatov // Early Medieval Culture of Central Asia and Kazakhstan: Abstracts of the AllUnion Scientific Conference in Penjikent, Tajik SSR, August 26-31, 1977. - P. 13.

20.Nematov, N.N. Samanids State: Tajiks in the IX-th - the X-th Centuries / N.N. Nematov. -Dushanbe: Cognition, 1989. - 304 p.

21.Negmatov, N.N. Ustrushan / N.N. Negmatov // Archeology of Central Asia and the Far East: Central Asia in the early Middle Ages. - M.: Science, 1999. - P. 114-130.

22.Noji, Muhammadrizo. Islamic culture and civilization in Samanid territory / M. Noji: transferred by L. Boymatov. - Dushanbe: ER-Graph, 2011. - 1295 p.

23. Pardaev, M. Kh. North-Western Ustrushan in the early Middle Ages: based on materials from the lower reaches of the Sangzar river: synopsis of candidate dissertation in history: 07.00.06 / Pardaev Mukhtarkul Hasanovich. - Tashkent, 1995. - 21 p.

24.Pulatov,U.P.Chilkhudrzhra/U.Pulatov//Material culture of Ustrushan.-Issue.3.-Dushanbe: Knowledge, 1975. - 200 p.

25.Pulatov, U.P. The House of Fire in Ustrushan / U. Pulatov // Early Medieval Central Asia. -Dushanbe, 1973; Pulatov, U.P. Works of Dahkat Group in 1984 // Archaeological work in Tajikistan. - 1993. - Issue. 24. - P. 20-26.

26.Rakhimov, N.T. Urbanization of the middle part of the Syr Darya basin (I millennium BC - I millennium AD) / N. Rakhimov. - Khujand: Meroq, 2015. - 268 p.

27. Rakhimov, N.T. Urbanization of the Middle part of the Syrdarya basin: 1000 BC - middle of II millennium AD e: doctoral dissertation in history: 07.00.06 / Rakhimov Nabidzhon Turdialievich. -Dushanbe, 2007. - 352 p.

28. Code of historical and cultural monuments of Tajikistan Republic. - Book one: Sughd region; under the general editorship of Academician R.Masov. The authors are compilers Rustam Mukimov, Sayyora Mukimova. - Dushanbe: Knowledge, 2013. - 665 p.

29.Smirnova, O.I. Archaeological exploration in Ustrushan in 1950 / O. Smirnova / / Materials and research on archeology of the USSR. No. 37. Proceedings of the Tajik archaeological expedition. -M., - L.: Science, 1953. - P. 189-230.

30.Tuychibaev, B.B. Ustrushan in antiquity and the early Middle Ages (based on archaeological materials): synopsis of candidate dissertation in history: 07.00.06 / Tuychibaev Bakhodir Bosimovich. - Samarkand, 2004. - 24 p.

31. Hudud-ul-olam. Ibni ^av;al Surat-ul-arz. Muhammad Obidi Irshod. Chahorbogyi gulho.Tahiyai Zarif Sharif. - Dushanbe: Man-of-Letters, 2008. - 212 p.

32. Yakubov, Yu. Early medieval rural settlements of the mountainous Sughd: to the problem of the formation of feudalism / Yu. Yakubov. - Dushanbe, 1988. - 286 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.