Научная статья на тему 'Academician Numon Negmatov and certain problems concerned with the exploration of the History of Sughd viloyat cities'

Academician Numon Negmatov and certain problems concerned with the exploration of the History of Sughd viloyat cities Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
1308
559
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
БОСТОНШИНОСӣ / САҳМИ АКАДЕМИК Н. НЕЪМАТОВ ДАР ИНКИШОФИ БОСТОНШИНОСИИ ТОҷИК / МАЗОРИ ЛАНГАРИ МОҳИЁН / КУРУШКАДА / МЕҳРОБИ АШТ / АРХЕОЛОГИЯ / ВКЛАД АКАДЕМИКА H.H. НЕГМАТОВА В РАЗВИТИЕ АРХЕОЛОГИИ ТАДЖИКИСТАНА / МАЗАР ЛАНГАРИ МОХИЁН / АШТСКИЙ МЕХРАБ / ACADEMICIAN N. NEGMATOV'S CONTRIBUTION INTO THE DEVELOPMENT OF TAJIKISTAN ARCHEOLOGY / ARCHEOLOGY / ZANGARI MOKHIYON MAZAR / KURUSHKADA / ASHT MEKHRAB

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Гайбуллаева Мохира Абдукаюмовна

В статье подчеркивается, что H.H. Негматов пришел в археологию в 1948 году, сразу после окончания Ленинабадского государственного пединститута им, С. М. Кирова. Под руководством известного археолога А.Ю. Якубовского Негматов Н. закончил аспирантуру в Ленинграде и в марте 1953 г. защитил диссертацию на соискание учёной степени кандидата исторических наук. Отмечается, что академику Н. Негматову принадлежат несколько исторических открытий, среди которых цивилизация Уструшаны, локализация в городе Худжанде античной Александрии Эсхаты на Яксарте, изучение культурных слоёв Исфары, Канибадама, а также городища эпохи поздней бронзы Нуртеппа в районе санатория Хаватаг и другие работы, получившие признание научной общественности.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The author of the article states that N. Negmatov came to archeology in 1948, just after the graduation of Leninabad Teachers’ Training Institute named after S.M. Kirov. Under the supervision of the well-known archeologist A.Yu. Yakubovsky Negmatov accomplished post-graduate studies in Leningrad and defended the dissertation being conferred a scientific degree “Candidate of History ”. Several historical discoveries belong to academician Numon Negmatov among which there are: Ustrushana civilization, localization of Alexandra Eskhata on Yaksart in Khujand; he studied also the cultural layers of Isfara, Kanibadam, the settlements of Nurteppa pertaining to the epoch of late bronze in the environs of Khavatag sanatorium; other works of his gained the recognition of wide scientific circles as well.

Текст научной работы на тему «Academician Numon Negmatov and certain problems concerned with the exploration of the History of Sughd viloyat cities»

116 -С НОМАИ донишгох _ .)

М. Райбуллоева

АКАДЕМИК НУЪМОН НЕЪМАТОВ ВА БАЪЗЕ МАРХДЛА^ОИ ОМУЗИШИ ТАЪРИХИ ШАХ.РХ.ОИ ВИЛОЯТИ СУБД

Вожщои калидй: бостоншиносй, са^ми академик Н. Неъматов дар инкишофи бостоншиносии тоцик, мазори Лангари Мо^иён, Курушкада, меуроби Ашт

Аз руи эътирофи худи Н.Неъматов омузиши хаматарафаи шахрхои кадиму асримиёнагии Точикистон соли 1946 аз чониби хайъати бостоншиносии Точикистон тахти сарварии узви вобастаи АИ СССР А.Ю.Якубовский cap шуда буд (36,57). Дар мархилаи аввал бостоншиносон дар асоси манбаъхои хаттй санадхоро дойр ба чугрофияи таърихии махал, номхои таърихии шахрхо. дехахо ва мавкеи чойгирии онхо чамъ оварда, сипас бакайдгирии ёдгорихои бостонии махал, махалхои кухнаи шахрй. шумораи кургонхо. ёдгорихои меъмориро анчом доданд. Дар хамон солхо асосан манзараиумумии ёдгорихои шахрхои Душанбе, Х,исор, водии Вахш, Х,улбук, Хучанд, Конибодом, Фалгару Мастчох ва хам Панчакенти кадим тадричан амик гардиданд (6,8). Гурухи дигари хайъати бостоншиносй, ки ба он профессори Донишгохи давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносов, М.М.Дяконов сарварй менамуд бо омузиши ёдгорихои бостонй ва меъмории водии Х,исор, Кофарнихон (холо шахри Вахдат), водии Вахш, шахри Кулоб ва Бадахшон машгул шуданд. Чунончи, танхо як дастаи бостоншиносии Х,исор дар як мавсим 150 осори бостоншиносиро ошкор намуд ва соли 1954-1955 ба хафриёти калъаи Хисор пардохт.

Дастаи бостоншиносон бо сарварии М.М.Дяконов ба шахри Хучанд низ сафари корй ороста, аз кабатхои болоии дижи шахрй чанде аз осори асрхои II-I то замони милодро дарёфт намуданд. Аз махаллаи куххои Каромазори шахраки Табошар бошад осори мугхонахо дарёфт гардиданд. Ин гурух дар шахри Исфара, бидуни

гахкики кургонхои сершумор инчунин як кисми касри Калъаи Болоро (холо махалли истирохатгохи Зумрад) кофтуков намуд (6,10). Дастаи мазкур соли 1954 дар шахраки Шахристони имруза низ баъзе чустучуйхои бостонй гузаронида, чанд осори асрхои VII-VIII, аз он чумла чубхои кандакорй ва осори накшу нигори р^и девориро пайдо намуд (6,11).

Устод Н.Неъматов фаъолияти бостоншиносиро соли 1953 дар Панчакент огоз намуд. Якчоя бо бостоншиноси чавон О.Г.Болшаков як бошишгохи сах,роиро дар берунтари шахраки Панчакент хафриёт намуд (2,155-192). Пас аз соли 1954 Н.Неъматов бевосита пурра ба тахкики маданияти моддии Шимоли Точикистон машгул шуд. Вале у, чун дигар мухаккикони Панчакенти кадим, робитаи худро аз ин шахри бостонй канда накарда дойр ба маданият ва санъати кадими ин шахр пайваста асархои илмй меофарид (39, 97). Соли 1954 Н.Неъматов сарвари хайъати бостоншиносии Хучанду Кайроккум таъин шуд ва якчоя бо бостоншиноси маъруфи рус А.М.Манделштам дар махал, г и калъаи Махрами нохияи Конибодом хайма зада, ба хафриёти ин ёдгории бостонй пардохт. Дар натичаи хафриёт аз зери калъа як кисми девори кадими вохакй, ки он бо номи «Девори Колос» маъруф буда, аз канори шаркии Чочи кадим шуруъ шуда, то доманахои шимолии каторкухи Кашгару Давон мерасид, дарёфт гардид. Кисми дигари ин девор, худи хамон сол аз махалли дехаи кадимаи Сомгор кашф шуд (11, 43-50). Осори ин девор хануз хам махфуз мондааст. Осори онро соли 2005 бостоншиносон С.Марофиев ва А.Юсупов дар чараёни тачрибаомузии донишчуёни факултаи таърих ва хукуки ДДХ ба номи академик Б.Рафуров пайдо намуда, аксбардорй ва ба лентаи видео сабт намудаанд. Маълумот оид ба девори мазкур дар «Энсиклопедияи Конибодом» низ мавчуд аст (10, 208).

Дигар мавзеи мухим, ки академик Н.Неъматов муддати 50-сол дар тахкик ва баррасии он буд, Хучанди бостонй аст. Ба тахкики шахри Хучанд у соли 1954 шуруъ намуд.

Бахор ва тобистони соли 1954 оби руди Сир дамида кулли махаллахои сохил, аз чумла махаллахои Раззок. Сари Санг, Сари Чдр. Тапкок, Бешкаппа, Мирзоён ва дигархоро пахш намуд. Бо супориши рохбарони онвактаи хокимияти шахр, барои хифзи ахолй аз обхезй, дар сохили чапи дарё аз махалли купруки «Ч^ашнй» («Юбилейный») дар кисмати шимолу шаркии шахр ва то махалли

— 118- " НОМАИ донишгох )

чазираи Арал, бояд аз хоку санг дарготе бино мегардид. Зарурати дарёфти хок ба миён омад. Дар натича бо карори хукумати шахри Ленинобод (Хучанд) кисми шимолии калъаи шахрро вайрон намуда, хоки онро барои бардоштани даргот масраф карданд. Танхо дар натичаи дахолати Н.Неъматов истифодаи хоки калъа боздошта шуд.

Бояд зикр намуд, ки аз назари бостоншиноси гадки к кардани шахрхои Хучанд, Уротеппа, Конибодом, Исфара ва дигар шахру шахракхои муосир ва доимо фаъолияткунанда басо мушкил аст. Зеро, шахрхои номбурда дар гули зиёда аз ду-дуним хазор сол мавкеи худро дигар накарда, дар як чо мунтазам фаъолият доранд. Аз ин сабаб ошкор намудани кабатхои поёнии маданияти моддии чунин шахрхо басо мушкил ва истифодаи усулхои нави гадкикро такозо менамояд. Академик Н.Неъматов илочи инро дарёфт. Худи устод Н.Неъматов ва шогирдонаш тавонистанд, ки дар натичаи кофтани хафрияхо (шурфхо)-и сершумор чараёни рушди шахрхои номбурдаро амик намуда, хамчунин дар баробари муайян намудани синну соли шахрхо, топографияи махаллахои алохидаи онро дакик созанд. Чунончи, дардавомисолхои 1972-1974 дар шахри Хучанд -24, Уротеппа - 20, Конибодом - 22, Исфара - 23 хафрия-шурф кофта шуд (16, 319). Дар натичаи чунин корбарии илмй ганхо дар худуди девори асри ХУШ-уми шахри Хучанд аз соли 1954 то соли 1986 зиёда аз 54 шурф-хафрия канда шуд.

Чунон, ки академик Н.Неъматов дар асоси маълумоти чугрофи-донони асрхои 1Х-ХП аник намуд, Хучанди асримиёнагй аз се чузъхои алохида: диж, шахристон ва работ иборат буд (17, 103109). Хдфрияхои номбурда ва маводе, ки аз онхо ба даст омаданд, зинахои инкишофи шахри Хучандро аз аввалхои хазорсолаи I то мелод то асри XVIII ба пуррагй инъикос намуданд. Хдфрияхо собит намуданд, ки асосан махалхои самти чанубй ва шимолу-шаркии калъаи Хучанд ба даврахои кадиму кадимтарин махсубанд. Маса-лан, бостоншиносон Т.Беляева ва А.Билолов соли 1975 аз самти чанубу-шаркии девори берунии дижи шахр. аз кабагхои поёнии хафрия-шурфи №27 осори кабг хои У-1У пеш аз мелодро дарёфт карданд. Худи хамон сол аз кабатхои поёнии даруни девори шаркии дижи шахр чанд адад хиштхои калонхачми 43x32x13-16 см дарёфт гардиданд, ки бостоншиносон онхоро ба асрхои У-ГУ пеш аз мелод мансуб донистанд (1,291). Ин кашфиёт ахамияти мухими илмй дошт. Чунон, ки академик Н.Н.Неъматов кайд намуда буд, кашфиёти

мазкур ба бах,сх,ои тулонии 200- сола, ки дар илми таърихшиносй оиди маха, кг и чойгиршавии Искандарияи Ак,со мерафт, хотима бахшид (18, 15). Чунин осори кадима инчунин аз кабатхои поёнии хафрияи №29 низ ба даст омадааст (1, 294). Ин ва дигар кашфиёт тахти сарварии академик Н.Н.Неъматов дар солхои 1954-1985 зами-наи тачлили 2500- солагии шахри бостонии Хучанд дар соли 1986 гардид (31, 32, 73-81; 8, 19-49). Бояд тазаккур дод, ки мадракхои кадима аз махалхои дигари кухандиз низ ба даст омаданд.

Академик Н.Н.Неъматов хамчунин дар омухтан ва эхёи якчанд ёдгорихои меъмории асримиёнагии шимоли Точикистон, аз чумла макбараи Тубохон ва Хдзрати Бобо дар шахри Хучанд, мадрасаи Миррачаб додхох дар Конибодом ва хамчунин дар шахри Уротеппа сахмгузорй намудааст (19, 45-60; 20, 3-17).

Солхои 1962 ва 1965-1966 аспиранти чавон С. Марофиев тахти назари академик Н.Неъматов ба тахкики ёдгорихои меъморию таърихии шахри Конибодом, дертар бошад шахри Исфара пардохт. Хдмон солхо дар худуди шахри Конибодом 23 адад шурф-хафрия канда шуда, дойр ба даврахои таърихи асримиёнагй ва даврахои нави шахр маводи зиёде ба даст омаданд. Ин маводро С.Марофиев ба асрхои У-УП ва Х-ХУШ нисбат додааст. Дар як вакг у шахрчаи кадимаи Кандро, ки дар сарчашмахои сугдй низ дар бобати он ишора рафтааст, дар маркази шахр, дар хиёбони Машхад чой дода буд (21, 82).

Вохаи Ашт яке аз гушахои кадим ва ободи Осиёи Марказй махсуб мешавад. Табиати Ашт аз сарватхои зеризаминй, аз кабили сурб, рух, нукра, мисс, волфрам, намаки ош, ашёи бинокорй, навъхои гуногуни охаксанг, хамчунин рудхои кухй, ба амсоли сойи Ашт, Рудое. Мулломир, Ошоба, Пугаз, Дулона, Пунак фаровон аст ва бинобар ин ахолии чорводор ва зироаткор аз хазорсолаи II пеш аз милод ин чойро махалли зисти доимии хеш ихтиёр намуда, ёдгорихои сершумори таърихиро, аз кабили накшхои руи санг, мугхона, кургон, ва дигархоро мерос гузоштаанд. Ин ёдгорихо ва харобахои Тудаи Калон, Тудаи Хурд, 1^алъаи Афросиёб хама махсули ахолии бумии маздопараст аст. Фарзанди ин диёр муаррихи варзида М.Исоматов чунин мешуморад, ки истилохи «Ашт» ба номи олихаи зардуштии «Аштод» ё худ «Аршод» ва хам «Ашта-Авраунта»-и авастой марбут аст (7, 53).

Ёдгорихои бостонии Ашт, бахусус мугхона ва куршнхои дашти

—12°-< НОМАИ донишгох ,">

Ашт аз соли 1954 мавриди омузиши яке аз дастахои хайъати бостоншиносии Точикистон бо сарварии профессор, дертар академик Б.А.Литвинский карор гирифта буданд. Ёдгорихои маданияти кишоварзии Ашт -димнаи Калъаи Афросиёб, касабахои ТудаиХурд, Тудаи Калон ва дигархоро солхои 60-ми асри XX яке аз шогирдони бомахорати академик Н.Неъматов Е.Д.Салтовская тахкик намуд ва дар асоси ин мавод соли 1971 рисолаи номзадй дифоъ кард (38, 15).

Номи академик Н.Неъматов хамчунин бо бозёфти боз як осори нотакрори санъат аз дехаи Ашти кухна алокаманд аст. Тобистони соли 1960 гурухи бостоншиносон дар хайъати тармимгар В.Соколовский ва бостоншинос Л.Пянкова бо сарварии академик Н.Неъматов озими дехаи Ашт шуданд ва дар собик масчид-мадрасаи «Хдгпт сахобагон» чанд руз гадки кот бурданд. Дойр ба таърихи ин масчид М.Исоматов як катор ривоятхоро гирд овардааст. «Бино ба ривоятхо,- меорад М.Исоматов, - дар асри VIII фотехони араб бо сарварии Кугайба ибни Муслим ба дехаи Ашт омада, дар деха кароргохе сохта, он чо зиндагонй карданд. Бо хатми чанг аксари фотехони араб ба Фаргона рафтанд, вале аз байни онхо хашт нафар мубаллигони дини ислом дар деха зиндагй ихтиёр карданд. Онхоро баъд аз вафоташон дар дехаи Ашт гурониданд. Баъдтар дар чойи кабри онхо мазори «Хдгпт сахоба» пайдо шуд, ки он алхол зиёратгохи мусулмонон аст» (7, 49). Дар асрхои IX-X аз пахлуи мазор масчиде обод гашт ва дар девори самти гарбии он мехроберо аз гач устувор карданд, ки тибки санъати хамонвакта хотамкорй шуда ва то соли 1960 омада расида буд. Ба мехроб хатари тамоман нобуд шудан тахдид мекард. Тармим ва мустахкамкунии мехробро тармимгар В.Соколовский (тармимгари шинохтаи осорхонаи машхури Эрмитажи давлатии шахри Ленинград) анчом д од ва сипас он ба Душанбе интикол дода шуд ва холо ин ёдгорй дар Осорхонаи давлатии Душанбе ба маърази тамошобинон гузошта шудааст (22, 314; 23, 192-202).

Сахми устод Н.Неъматов дар тахкики ёдгорихои бостонии Исфара низ басо назаррас аст. Махз бо имдоди у солхои 70-уми асри XX гурухи бостоншиносон бо иштироки С.Марофиев, А.Билолов, А.Мирбобоев ва дигархо ба омузиши осори кадимии шахри бостонии Исфара пардохтанд.

Диёри куханбунёди Исфара, аз солхои 50-уми асри XX, ибтидои кофтукобхои бостонй, бо бозёфтхои нодири хеш хамаро

ба хайрат мегузорад. Масалан, соли 1982 аз поёноби руди Исфарасой, андаке поёнтар аз дехи Нефтобод, аз даруни кони шагалгири, аз чукурии 3-4 м. ду адад мучассамаи гусфанди кухй дарёфт гардиданд. Ин бозёфти нодир, ки хдр кадоме 12-13 кг. вазн дошт, бо кушишхои бостоншиносон Н.Неъматов ва А.Мирбобоев ба Душанбе оварда, тахкик карда шуд (24, 501-507).

Сахми академик Н.Неъматов хамчунин дар тахкики кадамчой-мазори чашмаи Мохиёни дехаи Чоркух. (14, 139), ёдгорихои ба ном Шахрак дар махалли истирохатгохи «Зумрад» ва муайян намудани санаи ба миён омадани шахрчаи замони антикии сонии вохаи Исфара басо назаргир аст (25).

Устод Н.Неъматов ба омузиши харобахои шахри Уротеппа ва Ширини вокеъ дар дехи Куркат низ этибори хосса зохир намуд. Масалан, корхои мунтазами бостонй дар харобаи Муггеппа хануз соли 1959 огоз гардид. Бостоншинос Е.Д.Салтовская дар хафрияи №3 дар чукурии 6,5 м. баъзе осори замони асрхои IV-II-и пеш аз милодро дарёфт намуд (37,128). Солхои 1962-1963 бошад аспирант С.Марофиев хафриёт намуда, чанд осори меъмории бекхои асри XVIII ва XIX Уротеппаро ошкор сохт. Бостоншинос Х.Мухид-динов соли 1969 дар махалли хафрияи VIII чустучуй гузаронида, то худи каъри поёнии калъа, ки онро материк меномсанд, расид. Аммо осори кадим ба даст наомад. Солхои 1970-1974 ба чараёни хафриёти Муггеппа бостоншинос П.Самойлик сарварй намуд. Аз кисми чанубии хафрияи VIII Т.Самойлик осори девори замони антикаро ба даст овард. Аз соли 1981 тайи дах соли охир, яъне то соли 1990 ба хафриёти Муггеппа бостоншинос, яке аз шогирдони чавони устод Н.Неъматов Н.Т.Рахимов сарварй менамуд (15, 716-725).

Академик Н.Неъматов дар кулли асархояш истинодан ба маълумоти муаллифони асрхои XVIII-XIX аврупой ва рус ибрози акида кардааст, ки Кирэсхата ё худ Курушкадаи муаллифони антикй дар махалли харобаи Муггеппа чойгир аст (26, 22; 27, 551-552). Аз зери кабатхои поёнии Мугтеппа, бидуни чанд сафолпорахои пароканда, ки эхтимоли дертар ба ин чо овардани онхо аз дигар ёдгорих мавчуд аст, ягон осори меъморй ва ё худ осори дигари барчастаи хунар ва санъати замони антика ба даст наомад. НРахимов низ дар харобаи Муггеппа, бидуни як бурчи вайрон, ки эхтимолан, осори маъбади худо мебошад ва сугдиён онро «Бага» ё худ «Фага» мегуфтанд, чизи дигаре ба даст наовард (33, 15; 35, 171).

Дар мероси пургановати устод Н.Неъматов харобахои Ширин ва Мунчокгеппа, ки наздикихои руди Сир дар фосилаи байни дехи Куркат ва шахрчаи кухнаи Бекобод замоне вок,еъ гашта буданд, чойи мухимро ишгол мекунад. Харобаи Мунчокгеппа дар сохили чапи руди Сир, наздикихои банди имр^заи Фарход чойгир буда, солхои 1943-1944 он ба муносибати cap шудани корхои сохтмонии НБО-и Фарход, бо маслихат ва икдоми А.Ю.Якубовский кофтукоб шуда буд (3, 98-99). Соли 1947 аз хамон чо, дар чараёни кандани руди сунъй, ки мебоист ба НБО-и Фарход оби руди Сиррро мерасонд, кургонхои сершумор ва ганче ба даст омада буд, ки бостоншинос С.К.Кабанов ин бозёфтхоро ба асрхои I-II милоди мансуб донистааст (9, 80). Ин ганч холо дар осорхонаи шуъбаи Шарки Эрмитажи давлатии шахри Санкт-Петербург нигахдорй мешавад. Ногуфта намонад, ки бостоншинос В.Ф.Гайдукевич, ки дар харобаи Мунчокдеппа хафриёт гузаронидааст, меъмории Мунчокгеппа ва як хумдони кулолии аз ин чо ба даст омадаро, хамчунин ба асрхои I-II милодй нисбат додааст (4,93).

Академик Н.Неъматов дар як маколаи хеш, ки соли 2002 нашр гардид, нихоят икрор шуд, ки Курушкадаи муаллифони антикй ин хамон Куркати имруза аст (28, 12). Вокеан хам дар рафти корхои бостонй, ки дар харобаи Ширини дехаи Куркат соли 1974 бо икдоми устод Н.Неъматов аз тарафи шогирди вай А.К.Мирбобоев ofo3 гардид, ба истиснои дахмакхои кухии дар синаи кухи Ширин канда шуда, боз осори меъмории асрхои III-IV милодй, бокимондаи меъмории маъбади оташ, намунахои барчастаи осори санъати заргарии кадима ва бозёфтхои дигар ба даст омаданд. Онхо ба кабатхои мадании Афросиёб-П-и Самарканд шабохат доранд (29, 292-307; 30, 569-570; 12, 486-487; 13, 480-481). Дар худи харобаи Ширин-1 бошад, аз фарши яке аз хонахо як чузъи зеби гардани нукрагй, ки дар он акси уштури нишаста тасвир ёфтааст ва ороиши сари синагии аз тилло рехтагарй гашта, ки дар як тарафи он акси тиллоии худой юнонии май ва дар тарафи дигараш акси олихаи дигари юнонй тасвир шу даст, дарёфт гардид. Ин ва дигар осори санъати бадеиро метавон ба садахои III-IV милодй нисбат дод.

Соли 1975 дар остонаи чанубу шаркии кухандизи Ширин чанд адад сиккахои хукумронии шохони К,ушонй. минчумла Вима Кадфиз ва Канишка ба даст омаданд (5,205). Аз доманаи шимолу гарбии кухандизи Ширин бошад, он чо, ки имруз майдони кишти

пахта аст, осори хумдони охангудози дарёфт гардид. Хдфриёт дар калъаи Ширин пас аз вокеахои соли 1991 катъ гардид.

Хулоса тахти назари академик Н.Неъматов аз соли 1954 то соли 1991 кулли нохияхо ва шахрхои маъруфи Шимоли Точикистон ба тахкики бостоншиносон фаро шрифта шуданд ва дар онхо осори маданияти кишоварзй, иншоотхои обёрй, шахрсозй, хунармандй, санъат ва дигар фаъолияти одамон ошкор гардиданд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Билалов А.И., Беляева Т.В. Исследование цитадели Ходжента в 1975 г.// Археологические работы в Таджикистане. Вып. ХУ (1975).-Душанбе, 1980.

2. Большаков О.Г., Негматов H.H. Раскопки в пригороде древнего Пенджикенга// Труды Таджикской археологической экспедиции Института истории материальной культуры АН СССР- M.-JL, 1958.-Т.З.

3.Гайдукевич В.Ф. Работы Фархадской археологической экспедиции в Узбекистане//1943-1944гг.//КСИИМК. - Вып.14.-1947.

4. Гайдукевич В.Ф. Керамическая обжигательная печь на городище Мунчактеппа//КСМИИМК. - Вып.28.-1949.

5. Довутов Д. Новые монетные находки на территории Таджикской ССР.// APT. - Вып. 15. - Душанбе, 1980.

6. Дяконов М.М. Маданияти кадими точикон. - Сталинобод, 1959.

7. Исоматов М. Ашт. Очерки таърихи,- Душанбе, 2001.

8. ИсторияЛенинабада.-Душанбе, 1986.

9. Кабанов С.К. Археологические находки в Фархадстрое //Изв. АН Уз.ССР. - 1948.

10. Конибодом//Энсиклопедия,- Хужанд, 2006.

11. Мандельштам A.M., Негматов H.H. Предварительный отчет о работах Кайраккумского отряда в 1954г.//Труды АН Таджикской ССР. Институт истории, археологии и этнографии. - Сталинабад, 1956.

12. Мирбобоев А. Новые открытия Куркатского отряда//АО,1981 -М„ 1981.-М., 1983.

13. Мирбобоев А. Раскопки на городище Ширин//АО, 1984.-М„ 1986.

14. Мирбобоев А. Мазори лангари мохиён//Чахордах мазор. -Душанбе, 2001.

15. Мукимов Р., Мамаджанова С., Н.Рахимов, С.Марофиев. История и зодчество Истаравшана средних веков//Древняя Уструшана: города, их локализация и хронология. - Душанбе, 2003.

16. Негматов H.H. Некоторые итоги и перспективы археологии Северного Таджикистана в связи с созданием СТАКЭ //Археологические работы в Таджикистане.- Вып. Х1У (1974). - Душанбе, 1979.

17.Негматов H.H. Географы IX-XII вв. о Ходженте и его области // Известия АН Таджикской ССР. Отдел. Общественных наук. - 1956, вып. 8.

18.Негматов H.H. Об исследованиях СТАКЭ в 1975 году // Археологические работы в Таджикистане. Вып. ХУ( 1974).- Душанбе, 1980.

19.Негматов H.H.Мавзолей Тубахан//Известия АН Таджикской ССР.-1957.-№14.

20.Негматов H.H., С.Г.Хмельницкий. К истории архитектурного комплекса Хазрати Бобо//Там же.- 1960,- №1.

21.Негматов H.H. Исследования в Северном Таджикистане в 1970г./ /Археологические работы в Таджикистане в 1970 г.-М„ 1973.

22.Негматов H.H., Соколовский В. Аштскиймихраб и мусульманские легенды//Коммунист Таджикистана.-1970.-4 фев.; Древности Таджикистана.-Душанбе, 1985.

23.Негматов H.H. Хмельницкий С. Михраб в селение АппУ/Советская археология. - 1963, №2.

24.Негматов Н.Н.,Мирбобоев А.К. Бронзовые скульптуры из Исфаринской долины Таджикистана//Памятники культуры: Новые открытия. Ежегодник 1983. - Д., 1985.

25.Негматов Н. Мирбобоев А. Город из легенды: открыть археологами в районе санатории Зумрад// Коммунист Таджикистана.-1990.-19 мая.

26.Негматов H.H. Уструшана в древности и раннем средневековье.-Сталинабад, 1957.

27.Негматов Н. Курукада//Энциклопедияи Советии точик,- Ч.З-Душанбе, 1981.

28.Неъматов H.H. Истаравшан дар давраи бостон ва асрхои миёна / /Макоми Истаравшан дар таърихи тамаддуни халкхои Осиёи Марказй. - Душанбе, 2002.

29.Неъматов Н. Мирбобоев А., Абдурасулов М. Начало раскопок городища Ширин //APT.- Вып. 16,-Душанбе, 1982.

30.Негматов Н. Мирбобоев А., Абдурасулов М. Работы Уструшанского отряда в 1975г.//АО.-1975,- М., 1976.

31 .Негматов H.H. Ходжент. Основные этапы истории //Исследования по истории и культуре Ленинабада.- Душанбе, 1986;

32. Пьянков И. Александрия крайняя в известиях античных авторов / /История и культура Ленинабада. - Душанбе, 1986.

33.Рахимов Н.Т. Очерки средневековой истории Вагата-Уратюбе (X - XVIbb.). - Худжанд, 2004.

34.Рахимов Н.Т. К локализации средневекового Вагата//Города и каравансараи на Великом шелковом пути,- Самарканд, 2001.

35.Рахимов Н.Т. Археологическая стратиграфия Ура-тюбе// Древняя Уструшана: города, их локализация и хронология. - Душанбе, 2003.

36.Ранов В.А., Неъматов H.H., Мухторов А. Асрори замони кухан. -Душанбе 1974.

37.Ранов В.А., Салтовская Е.Д. О работах Уратюбинского отряда в 1959 Г.//АРТ,- Вып. VII,- Душанбе, 1961.

38.Салтовская Е.Д. Северо-Западная Фергана в древности и раннем средневековье. Автореф. канд.дис . - Душанбе, 1971.

39.Халилов А., Неъматов Н. Кашфиёти Панчакенти кадим.-Душанбе, 1969.

Академик Нумон Негматов и некоторые проблемы исследования истории городов Согдийской области

М. Гайбуллаева

Ключевые слова: археология, вклад академика H.H. Негматова в развитие археологии Таджикистана, мазар Лангари Мох йен, Курушкада, Аштский мехраб

В статье подчеркивается, что H.H. Негматов пришел в археологию в 1948 году, сразу после окончания Ленинабадского государственного пединститута им. С.М.Кирова. Под руководством известного археолога А.Ю. Якубовского Негматов Н. закончил аспирантуру в Ленинграде и в марте 1953 г. защитил диссертацию на соискание учёной степени кандидата исторических наук. Отмечается, что академику Н. Негматову принадлежат несколько исторических открытий, среди которых цивилизация Уструшаны, локализация в городе Худжанде античной Александрии Эсхаты на Яксарте, изучение культурных слоев Исфары, Канибадама, а также городища эпохи поздней бронзы Нуртеппа в районе санатория Хаватаг и другие работы, получившие признание научной общественности.

— 126~c homah aoHHiurox )

Academician Numon Negmatov and certain Problems Concerned with the Exploration of the History of Sughd Viloyat Cities

M. Gaybulloyeva

Key words: archeology, academician N. Negmatov s contribution into the development of Tajikistan archeology, Zangari Mokhivon mazar, Kurushkada, Asht mekhrab

The author of the article states that N.Negmatov came to archeology in 1948, just after the graduation ofLeninabad Teachers 'Training Institute named after S.M.Kirov. Under the supervision of the well-known archeologist A.Yu.Yakubovsky Negmatov accomplished post-graduate studies in Leningrad and defended the dissertation being conferred a scientific degree "Candidate of History". Several historical discoveries belong to academician Numon Negmatov among which there are: Ustrushana civilization, localization of Alexandra Eskhata on Yaksart in Khujand: he studied also the cultural layers oflsfara, Kanibadam, the settlements of Nurteppa pertaining to the epoch of late bronze in the environs of Khavatag sanatorium: other works of his gained the recognition of wide scientific circles as well.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.