Научная статья на тему 'Сахми донишмандони рус дар фарохам овардани мухити илмии Хучанд (нимаи дуюми асри Х1Х ва аввали асри ХХ)'

Сахми донишмандони рус дар фарохам овардани мухити илмии Хучанд (нимаи дуюми асри Х1Х ва аввали асри ХХ) Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
365
77
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТАЪРИХИ ТОЧИКИСТОН / ДАВРАИ МУСТАМЛИКАВИ / ИСТОРИОГРАФИЯ / ЧОМЕАИ ИЛМИ / ТАШАККУЛИ МУХИТИ ИЛМИ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Махмудов О.

The contribution of Russian scientists into the formation of scientific milieu in Khujandin the second half of the XIXth the early XXth centuries O. Makhmudov Key words:history of Tajikistan, colonial period, historiography, scientific society, industrial development The article notes that Khujand was one of the few cities in Central Asia where the first European scientific ideas were spread. A significant contribution into this noble cause was done by Russian researchers: A.A. Kushakevich, A.L. Kuhn, A.N Fedchenko, V.F. Oschanin, M.S. Andreev, A.A. etc. Kushakevich collected legends, stories, sayings among Khujand population in 1889, he organized an exhibition of handicrafts which attracted the attention of Russian entrepreneurs. A. Kuhn conducted the first archaeological excavations on the island of Aral situated among the waters of the Syr-Darya. He also composed a list of neighborhoods, mosques and cemeteries of Khujand. Another group of researchers led by Y.O. Romanovsky, I.V. Mushketova, V.N. Wind and others were engaged in search and study of natural stores nearby the surrounding mountains. They were actively helped by the local treasure seekers as the author of the article stresses. The well-known Russian geologist Romanovsky visited Khujand in 1873 and subsequent years. He discovered many deposits of mineral ores and mines on the territory of Khujand area (Konsoy, Fan, Koni Mansur). The activity of Russian scientists played an important role in an industrial development of Khujand. In 1867 businessman Hludov organized a silk winding factory, in the new part of the town merchant Ivanov founded an enterprise on glass wares, Russian businessman Kachalov adjusted the production of silk fabrics. There formed a social layer of townsfolk who launched wholesale trade in Russsia (moskovchi, vagonchi, moshinachi and others). Concurrently there was going the process of scientific study of Khujand history and productive power. The first scientific works were published in Khujand during 1870 1880. Due to the research and publications of Russian scientists in the late XIX-th early XX-th centuries a scientific milieu started to be formed.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «Сахми донишмандони рус дар фарохам овардани мухити илмии Хучанд (нимаи дуюми асри Х1Х ва аввали асри ХХ)»

О. Махмудов

САХМИ ДОНИШМАНДОНИ РУС ДАР ФАРОХАМ ОВАРДАНИ МУХИТИ ИЛМИИ ХУЧАНД (НИМАИ ДУЮМИ АСРИ Х1Х ВА АВВАЛИ АСРИ ХХ)

Вожахои калиди: Таърихи Точикистон, давраи мустамликави, историография, чомеаи илми, ташаккули мухити илми

Аз байни шахрхои имрузаи Точикистон шахри Хучанд аввалин шуда бо фарханг ва илми пешкадами аврупои ошно гардид. Кобили зикр аст, ки Хучанд то вокеахои соли 1878-и Андичон дар водии Фаргона ягона шахре буд, ки дар он шахраки руснишин ба миён омадааст.

Пас аз бахсхои тулони маъмурони рус ба кароре омаданд, ки шахраки руснишин дар сохили чапи руди Сир, дар шимолу шарктари калъаи шахр ва дар шимолии Боги хоким таъсис ёбад. Ин кисми ахолии руснишини шахр дертар номи "Шахри нав"-ро гирифт. Истифодаи номхои "Старый город" ва "Новый город" дар байни ахолии руснишини шахр то охирхои солхои 70-ми асри ХХ мавриди истифода буд.

Дар нимаи дуюми солхои 60-ум, аввалхои 70-уми асри Х1Х дар "Шахри нав" кулли унсурхои фархангии шахри, аз чумлаи калисои масехи, мактабхона, манзилхои истикоматии аврупоисохт беморхонаю амбулаторияхоро дар бар мегирифт. Кобили кайд аст, ки пизишкони амбулатория занони махаллиро низ кабул мекарданд. Дар фосилаи кутохтарин 28 адад манзил, бинои сардори уезд ва иншоотхои хаётан мухим бино шуданд (7,38). Дар хамаи ин корхо сахми нахустин сардори уезди Хучанд полковник А.А.Кушакевич (1827-1882) басо калон аст. А.А. Кушакевич аз афсарони пешкадами рус ва дар як вакт аз донишмандони сохаи энтомология махсуб мешавад (15,414). У пас аз таъин шудан ба мансаби сардории уезди Хучанд, дар солхои 1867-1868 бо тамоми шахру деххои уезд шинос шуда, ба тахкики захирахои истехсолии уезд пардохт (4,4). Гайр аз ин, у ба чамъоварии ривояту масалхои халки низ машгул шудааст. Бино бар маълумоти А.Кушакевич дар соли 1870 дар шахри Хучанд 8 устохонаи мисгари, 50 чувози равганкаши, хамин кадар дукони кассоби ва устохонахои хунарманди фаъолият менамуданд. Соли 1869 А.А.Кушакевич дар шахри Хучанд намоиши хунархои халкиро ташкил намуда, таваччухи сохибкорони русро ба он чалб кард.

Соли 1870 дар шахри Петербург намоиши хунархои халки доир гашт. Бо ташаббуси А.А.Кушакевич ба мазхари тамошобинон деги мис, чойникхои фулузи, шамъдонхо, офтобаи миси ва дастшуякхо, зини асп, нигинхои мухталиф, сангхои киматбахо намоиш дода шуданд. Тамошобинон, ба хусус, ба когази махалли эътибори чидди доданд (16, 216). Чунонки маълум аст, Осиёи Миёна яке аз марказхои кадимии истехсоли когаз махсуб мегардад. Истехсоли он дар охирхои асри VIII бори нахуст дар Самарканд ба рох монда шуд. Дар асри Х1Х истехсоли мунтазами когаз дар шахрхои Куканд ва Хучанд ба рох монда шуда буд ва он ба шахрхои Русия низ интикол меёфт. Масалан, чосуси Русия М.В.Виткевич, ки соли 1836 аз Бухоро дидан карда буд, навиштааст, ки "интиколи когаз аз Бухоро ба шахрхои Русия дар байни молхои интиколёбанда чойи аввалро ишгол менамояд"(3,110). Дар асри Х1Х молхои истехсоли шахрхои аморат аввал ба Бухоро расида, сипас ба Чину Хинд, Афгонистону Русия интикол меёфтанд.

Соли 1872 ба шахри Хучанд олими бостоншинос ва кишваршинос А.Л.Кун омада, дар чазираи Арал, хамон чое, ки Темурмалик бо дастаи мугулхо чангида буд, хафриёти бостони гузаронид. Бозёфтхое, ки А.Кун аз ин чо ба даст овард, холо дар бойгонии шуъбаи петербургии Пажухишгохи бостоншиносии Русия нигахдори мешавад. У дар Хучанд номгуйи махаллахо, мадрасахо, масчиду мазорхоро номнавис намуд, эчодиёти шифохии мардуми Хучанд, аз чумла масалхо, чистонхоро чамъовари кард. Эхтимол меравад, ки ёвари у дар ин корхо муаллифи "Рузномаи сафари Искандаркул" Абдуррахмони Мустачир буд (8). Дар хисоботи худи А.Л.Кун аз ин хусус ягон ишорае чой надорад. Мавсуф ёдгорихои бостони ва меъмории Хучанд ва Уротеппаро аксбардори намуд ва дар албоми худ чой дод. Ин албом бо унвони "Альбом А.Куна" маъруф буда, дар китобхонаи ба номи Салтиков - Шедрини шахри Санк-Петербург нигахдори мешавад. Яке аз мухимтарин корхое, ки А.Л.Кун ба ичро расонид, ин тахияи аввалин накшаи шахри Хучанди солхои 70-уми асри Х1Х мебошад. Дар он махалли чойгиршавии хамаи дарвозахои шахр, махаллахо, нахрхо, мазору масчид ва кабристонхои шахр нишон дода шудаанд. Амалиёти ин накша боз

дар он аст, ки А.Л.Кун бори аввал дар он бо аломати махсуси шарти чои дахмахои шахсии дар сахни хавлихои хучандиён чой доштаро низ сабт кардааст. Бино ба маълумоти А.Л.Кун дар Хучанд ба гайр аз 17 кабристони чамъияти, боз наздик 87-90 дахмахои работи дар хавлихои намояндагони табакаи ашроф, аз кабили эшонзодаву туразодахо вучуд доштанд. Ин гурухи ахоли мурдахои худро на дар кабристони умуми, балки дар як гушаи хавли дар дахма мегурониданд. Тарзи дафни мурдахо дар дахма аз гурхои лахаддор фарк мекард. Дар дахма, ки шаклан ба меъмории гумбази шабохат дошт, мурдахои кафанпечро руи суфа мегузоштанд. Дахмаро дар намуди чахортоки гумбаздор месохтанд. Аз руи анъана дахмаи мардон чудо ва дахмаи занон чудо буд. Байни дахмахо долон чойгир мешуд. Чунин меъмории дахма дар дехаи Понгози Ашт ва дар дахмахои макбарахои асримиёнагии Мовароуннахр ба чашм расидааст. Анъанаи дахмасози дар шахрхои Бухоро, Самарканд, Хирот роич буд. Аз чумла, дар Хирот чой доштани ин анъанаро сафири Чин Чэн Чэн, ки солхои 40-ми асри Х!У ба ин шахр омадааст, кайд кардааст. Бино ба шаходати мардумшиноси шинохта О.А.Сухарева ин одат дар Бухорои асрхои ХУП-ХГХ низ чой доштааст (12,194).

Лозим ба тазаккур аст, ки сафари А.Л.Кун ба Хучанд хамоно пас аз ба поён расидани экспедитсияи харбии Кухистон сурат шрифт.

Чунонки маълум аст, соли 1868 пас аз маглубияти аморати Бухоро дар чанг бо Русия, як силсила бекигарихои кухистони саргахи Зарафшон, аз чумла Могиён, Киштут, Фалгар, Фон, Масчох ва Ягноб истиклолияти худро нигох дошта, зулму истисморро бар халки худ идома медоданд. Чанги байни бекихо низ ахволи мардумро хароб месохт.

Губернатори вилояти Самарканд генерал Абрамов бахори соли 1870 амалиёти харбиро ба мукобили бекихои саргахи Зарафшон шуруъ намуд. Абрамов барои руйпуш намудани характери харбии ин амалиёт ба хайати ин экспедитсия гурухи калони донишмандони рус А.Л.Кун, А.Ф.Федченко, А.Д.Гребенкин, мухандиси кухкан Д. Мишенков, топограф А.Н.Собалев ва дигар мутахассисонро хамрох намуд.

Дар натичаи фаъолияти экспедитсия як силсила тадкикоти илмии мухаккикони рус, аз чумла, А.Д.Гребенкин "Мулохизахо дар бораи Кухистон", А.П.Федченко "Мулохизахо дар бораи болооби Зарафшон", тадкикоти А.Л.Кун руи кор омаданд. Асари хеле чолиби диккати Мустачир "Рузномаи Искандаркул" низ махз ба туфайли ширкати у дар ин экспедитсия арзи хасти намудааст. Ин "Рузнома" бо супориш ва зери назорати бевоситаи худи А.Л.Кун эчод шудааст (1,91).

Мутаассифона дар Точикистон дар бораи худи А.Л.Кун ва фаъолияти илмии у кам огахи доранд. Бинобар ин, дар поён рочеъ ба ин шаркшиноси барчаста маълумоти мухтасарро зикр мекунем.

Александр Людвигович Кун соли 1840 ба дунё омадааст. Пас аз хатми гимназияи шахри Ставропол дар соли 1859 ба Донишгохи давлатии Петербург дохил шуда, соли 1865 факултаи шаркшиносии онро хатм намуд. Забонхои араби, форси ва туркиро хуб медонист. Соли 1867 А.Л.Кун барои кор ба Осиёи Миёна равон гашта, дар дафтархонаи генерал-губернатори Туркистон дар вазифаи мухталиф хидмат кардааст. Соли 1873 А.Л.Кун генерал-губернатори Туркистон К.П.Кауфманро дар сафари у ба хонии Хева хамрохи намуд. Соли 1875 бошад А.Л.Кун дар юриши К.П.Кауфман зидди хонигарии Куканд ширкат кард. А.Л.Кун соли 1882 ба муносибати дар округи Велен ба кори таълиму тарбия таъин шуданаш Осиёи Миёнаро умрбод тарк кард. А.Л.Кун соли 1888 дар шахри Вилно вафот кардааст. Аз маколахои сершумори А.Л.Кун ба мавзуи тахкикоти мо "Тавсифи махалли чойгиршавии Хучанди кухан" ахамияти калон дорад, ки муаллиф онро соли 1871 дар заминаи хафриёти баъзе махалхои шахри Хучанд иншо намуда буд (5, 117).

Вокеан хам он вактхо дар байни ахолии калонсоли Хучанд рочеъ ба махалли чойгиршавии Хучанди бостони ривоятхои гуногун вучуд дошт. Баъзехо Хучанди бостониро дар махаллаи Арал чой медоданд, кисми дигар бошад иддао дошт, ки Хучанди кадима дар махаллаи Чорсу чойгир буд. Маколаи А.Л.Кун хамин ривоятхои халкиро кисман инъикос намудааст.

Донишмандони рус ба сарватхои зеризаминии вохаи Хучанд низ таваччухи махсус зохир кардаанд. Масалан, Г.О. Романовский ва И.В.Мушкетов солхои 1873-1874 харитаи геологии Осиёи Миёнаро мураттаб намуданд. Соли 1873 ва дертар Г.Д.Романовский борхо ба Хучанд сафар карда, дар худуди уезд чанд кони маъданро кашф намуд, ки дар байни онхо кони бойтарини металлхои рангаи Консой, конхои ангишти Фон-Ягноб ва Могиён буданд (2, 647).

Мохи июни соли 1881 В.Ошанин якчоя бо Г. Лопатин ба шахри Хучанд омада, ба тарзи парвариши пилла ошно шуданд. Шахри Хучанд чун яке аз марказхои маъруфи пиллапарвари шухрат дошт. Солхои 1871-1872 дар заминаи истехсоли пилла сохибкорони рус дар Хучанд фабрикахои пиллареси бино карданд. Яке аз чунин корхонахо ба Морозов ном сохибкори рус ва коргохи дигар ба точир Качалов тааллук дошт. Дар Хучанд соле то 32-34 пуд пилла истехсол мешуд (7,87). Хукуматдорони Русия ба афзун намудани

истехсоли пилла манфиатдор буданд. В.Ошанин дар доирахои илмии Русия чун донишманди сохаи муборизаи зидди хашарот шухрат дошт. Аз ин сабаб хам В.Ошанин дар уезди Хучанд маъракаи муборизаро бар зидди хашароти зараровар ташкил намуд. Сафари дуюми В.Ошанин ба Хучанд соли 1898 доир гашт. Дар давоми ин ду сафар В.Ошанин коллексияи сершумори хашаротро гирдовари намуда, онхоро дар асари бунёдии худ тавсиф кард (17,578).

Мардумшиноси шинохта М.С.Андреев соли 1914 пас аз бозгашт аз сафари хидмати ба Хиндустон нозири мактабхои уезди Хучанд таъин гардид. Дар ин вазифа то соли 1918 хидмат намуд ва сипас ба шахри Тошканд даъват шуд. Бино ба навиштаи худи М.С.Андреев дар он вакт дар уезд 9 мактаби руси, 2 мактаби русию махалли ва 90 мадраса, зиёда аз 700 адад мактаби кухна фаъолият мебурданд (10,9). Дар давраи дар Хучанд буданаш М.С.Андреев бо супориши Чамъияти чугрофидонони Туркистон ба дехахои Авлиёато, Оббурдон ва Масчохи болооби Зарафшон сафархои илми доир намуд.

Тирамохи соли 1918 М.С.Андреев бо фармони Комиссариати маорифи Чумхурии Туркистон барои кор ба шахри Тошканд даъват шуд. Ин чо олим ба дарсгуи дар факултаи шаркшиносии Донишгохи Туркистон пардохта, ба донишчуён аз забони форси ва точики дарс мегуфт. Олим бо Дорулмуаллимини точикии шахри Тошканд низ робитаи кави дошт. Чунонки нависанда Сотим Улугзода ёдовар шудааст: "Хамин, ки талаба номи вилояту дехаи худро мегуфт, Михаил Степанович бо шеваи махалли он талаба шуруъ ба гуфтугу кардан менамуд ва дар шева хеле покиза гап мезад"(14,269).

Донишмандони Русия аз давраи Петри 1 шуруъ намуда ба сарватхои зеризаминии Осиёи Миёна таваччухи махсус зохир менамуданд. Масалан, фиристодаи Петри 1 Флорио Беневени, ки солхои 17181719 ба Бухоро омада буд, ду дафъа таъкид сохтааст, ки дар Хучанд, дар руди Сир тилло мешуянд. Беневени намунаи тиллоеро, ки дар Хучанд истихроч мекарданд, ба Петербург равон карда буд. Сардори аввалини гарнизони харбии Хучанд полковник П.Г.Фавитский соли 1867 ба Петербург ба Чамъияти чугрофидонони Русия намунахои санги пирузаро, ки дар махалли Пирузаи кони Консой истихроч мекарданд, равон намуд. Кобили зикр аст, ки дар хусуси истихрочи фируза дар Консой хануз соли 1813 сайёхи рус Филипп Назаров ишора карда буд. Донишманди маъданшинос Г.Д.Романовский дар соли 1874 якчоя бо маъданшиносони махалли Мулло Сангин ва Мулло Азиз ба куххои Каромазор сафари кори ороста, накбхои кухнаи нукра ва тиллои он чойро тахкик намуд. Худи хамон сол Г.Д.Романовский бо дархости Фавитский ба Фирузакон сафар карда, бо захираи ин санг шинос гардид (7).

Зарурати дар фасли зимистон гарм кардани казармахои харбиёни рус Фавитскийро водор сохт, ки аз паси чустучуи ангиштсанг шавад. Бо нишондоди маъданкобони махалли у дар солхои 1868-1871 дар 40 км чанубу гарбтари шахри Хучанд, дар махалли кони ангишти Кокинасой (холо шахраки Сулукта) кони ангиштро дубора ба кор андохт. Соли 1868 ба Хучанд, ба казармаи харбиён 16000 пуд (1пуд-16 кг) ангиштсанг интикол дода шуд.

Соли 1869 бошад бо маслихати Фавитский барои эхтиёчоти куввахои харбии бахри Арал ба бандари Ирчар кариб наздик 18000 пуд ангиштсанг фиристода шуд (10,578).

Дар кони ангишти Кокинасой асосан точикони Хучанд ва камобеш киргизхои гирду атроф кор мекарданд. Дар давоми солхои 1868-1871 дар Кокинасой зиёда аз 105000 пуд ангиштсанг истехсол шуд. Маъданшинос И.В.Мушкетов конхои кадимии шахраки Консойро тахкик намуда, аз байни сангреза-шаголхои Тагояк кабатхои тиллоро дарёфт намуд. Солхои 1913-1914 дар накби Кони Мансур донишманди маъруфи рус, горшинос А.И.Кастанье тадкикот гузаронида, таърихи пайдоиши конхоро бо фаъолияти накбканони кадим алокаманд донистааст.

Фаъолияти мунтазами донишмандони Русия, бахусус А. Кушакевич, В. Ошанин ва дигарон барои шинохти шахри Хучанд дар доирахои саноатчиён ва сохибкорони рус хамчун манбаъи ашёи саноати хеле мусоидат намуд. Соли 1867, пас аз як соли ба Хучанд сар даровардани Русия, сохибкор Худов дар махаллаи "Шахри нав" фабрикаи ресмонреси, иттиходияи саноатии Маскаву Тошканд, дар кисми руснишини шахр фабрикаи пиллакаши, точири рус Качалов фабрикаи абрешимреси, Иванов ном сохибкор дар дехаи хушманзараи Дехмой дар заминаи реги сафеди дехи Кургонча коргохи зарфхои шишагиро ба кор андохтанд. Ин ва дигар падидахои иктисоди Хучандро бо тези ба мадори иктисодиёти капиталистии Русия даровард. Дар шахр гуруххои ичтимои, аз кабили масковчи, вагончи, пудратчи, мошиначи, самоворчи ва дигархо ба миён омаданд, ки ончо бо точирони Русия хамкори доштанд.

Русияи солхои 60-70 уми асри XIX дар чахони онруза аз руи афзоиши суръати саноат дар чои 10-12 карор дошта бошад хам, ба иктисодиёти кишвар ворид гаштани Русияро хамчун руйдоди мусби арзёби намудан мумкин аст.

АДАБИЁТ

1 .Афсахзод А., Муллоахмедов М. Дорога кухистана Шелковый путь.- Альманах. Вып.1-Душанбе, 1990. 2.Елизаров Б.И.Романовский Г.Д.// Худжанд.Энциклопедия.- Душанбе, 1999. З.Записка о Бухарском ханстве. - М., 1983.

4. Кушакевич А.А. Сведение о Худжандском уезде // Записки императорского русского общества. -Т.4-1871.

5. Лунин Б.В. Средняя Азия в дореволюционном и советском востоковедения.- Ташкент, 1965.

6. Материалы для статистики Туркестанского края. Вып.1.- Петербург, 1973.

7. Мирбобоев А. Историческое наследие Худжанда.-Душанбе,1995.

8. Мустачир. А. Рузномаи сафари Искандаркул.- Душанбе, 1989.

9. Негматов Н., Мельцев Ю. Из истории добычи каменного угля в Худжандском уезде // История и перспективы развития горнорудной промышленности Средней Азии. - Тезисы докладов. - Худжанд, 1994.

10. Памяти Михаила Степановича Андреева.- Сталинабад, 1960.

11. Посланник Петра 1 на востоке. Посольства Флорио Беневени в Персию и Бухару в 1718-1725 гг. -М., 1986.

12. Сухарева О.А.Квартальная община познефеодалного города Бухары.-М.,1976.

13. Туркестанские ведомости.-1872. № 21-7.

14. Улугзода. Субхи чавонии мо. Осори мунтахаб. Ч.1.-Душанбе, 1982 .

15. Юсупов Ш. Кушакевич Апполон Александрович.- Худжанд. Энциклопедия.-Душанбе, 1999.

16. Юсупов Ш. Всерассийская политехническая выставка 1870г. // Худжанд. Энциклопедия.- Душанбе, 1999.

17. Юсупов Ш. Ошанин Василий Федорович \\ Худжанд. Энциклопедия.-Душанбе, 1999.

Пу contrn^tion of Кгssian sciуntists into h foкmation of sciуntific miliуг in Khгjandin h sуcond

half of h ЧШЛ - h уaкly ЧЧ.th cуntгкiуs O. Makhmгdov

K}!y wo^s^istoKy of Tajikistan, colonial pyKiod, histoKiogKaphy, sciyntific sociyty, indгstкial dyvylopmynt

Thy aKticly notys that Khejand was ony of thy fyw citiys in CyntKal Asia whyvy thy fiKst YeKopyan sciyntific idyas wyKy spKyad. A significant contKiuetion into this nouly caesy was dony uy Kessian KysyaKchyKs: A.A. Keshakyvich, A.L. Kehn, A.N Fydchynko, V.F. Oschanin, M.S. AndKyyv, A.A. ytc. Keshakyvich collyctyd lygynds, stoKiys, sayings among Khejand popelation in 1889, hy oKganizyd an ynhiuition ofhandicKafts which atKactyd thy attyntion ofKessian yntKypKynyeKs. A. Kehn condectyd thy fiKst aKchayological yncavations on thy island of Aml siteatyd among thy watyKs of thy SyK-DaKya. Hy also composyd a list of nyighuoKhoods, mosqeys and cymytyKiys of Khejand. AnothyK gKoep of KysyaKchyKs lyd uy Y. O. Komanovsky, I. V. Meshkytova, V.N. Wind and othyKs wyKy yngagyd in syaKch and stedy of nateKal stoKys nyaKuy thy seKKoending moentains. Thyy wyKy activyly hylpyd uy thy local tKyasevy syykyKs as thy aethoK of thy aKticly stKyssys. Thy wyll-known Kessian gyologist Komanovsky visityd Khejand in 1873 and seusyqeynt yyaKs. Hy discovyKyd many dyposits of minyKal oKys and minys on thy tyKKitoKy of Khejand axya (Konsoy, Fan, Koni ManseK).

Thy activity of Kessian sciyntists playyd an impoKtant Koly in an indesKial dyvylopmynt of Khejand. In 1867 uesinyssman Hledov oKganizyd a silk winding factoKy, in thy nyw paKt of thy town myKchant Ivanov foendyd an yntyKpKisy on glass waKys, Kessian uesinyssman Kachalov adjestyd thy pKodection of silk fauKics. ThyKy foKmyd a social layyK of townsfolk who laenchyd wholysaly tKady in Kesssia (moskovchi, vagonchi, moshinachi and oЛу^).

ConceKKyntly thyKy was going thy pKocyss of sciyntific stedy of Khejand histoKy and pKodectivy powyK. Thy fiKst sciyntific woKks wyKy peulishyd in Khejand deKing 1870 - 1880.

Dey to thy KysyaKch and peulications of Kessian sciyntists in thy laty ЧЧ-th - yaKy ЧЧ-th cynteKiys a sciyntific miliye staKtyd to uy foKmyd.

ПЕДАГОГИКА

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.