ТАЪРИХИ ИЛМ ВА ТЕХНИКА - ИСТОРИЯ НАУКИ И ТЕХНИКИ - HISTORY OF SCIENCE AND TECHNOLOGY
УДК 556.3: 622.276 (571.13) "-06/20"
КОРЕЗ^ОИ ХУРОСОН1 ХДМЗА КАМОЛ,
Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Допиши АМИТ
Аз ахди бостон то кунун инсон оби мавриди ниёзи хешро ё аз манобеи обхои руи замин, мисли чашмахо, дарёча ва дарёхои дорои оби ширин ва ё аз обхои зеризаминй таъмин менамуд. Башар аз замоне ки хештанро шинохт, усу-ли истифода аз обхои зеризаминиро тачриба кард ва ин обхо аксар ба таври маснуи тавассути корез ё канот ва чоххо ба руи замин бароварда мешуданд.
Эрониён дар ахди бостон нахустин шуда таваччух ба обхои зеризаминй намуда, дар чандин хазор сол кабл ба сохтани чунин иншооти обрасон даст зада, онро корез ё кахрез ном ниходанд.
Х,арчанд аз корхои бузурги тамаддуни ниёкони мо дар мавриди эчоди шаба-кахои бузург ва гуногуни мураккабсохти обрасонй ва обёрй, монанди пул, пулбанд, оброха, сад(д) ва гайраро метавон бо ифтихор ёдрас шуд, аммо фанни корез - канотсозй ва ё ба истилох тамаддуни корезй, ки бештар вижагии мар-думй ва ичтимой дошт, баёнгари кобилиятхои офаринишгарй ва рухияи мубо-ризахохии ниёгони сахткуши мо дар баробари фишорхо, норасоихои мухит ва авзои номусоиди табиию иклимй мебошад, ки дар сахттарин шароити чугро-фиёй, бо камтарин имкониятхову абзорхо ба арзишмандтарин ихтироъ - фанни корез даст ёфтанд ва он баёнгари муносиботи фарханги созгори ниёгони мо бо табиати носозгор бидуни камтарин осебрасонй ба мухити зист мебошад [8, 8].
Корез - ин мачрое, ки дар зери замин барои чорй шудани об хафр мекунанд, то об дар он барои расидан ба сатхи замин чараён ёбад. Ин чуй ё канал дар умки замин барои пайванд додани силсилачоххое канда мешавад, ки аз чохи асосй сарчашма гирифта, чандин километр дарозй дорад. Корез аз як дахани руйбоз, як канали тулонии нишебдори зеризаминй ва аз чандин чохи амудй, ки канали зеризаминй саранчом онхоро ба сатхи замин пайваст месозад, иборат аст. Амиктарин чохи корезро, ки корез аз он чо шуруъ мешавад, модарчох ва хар як аз чоххои дигарро милачох мегуянд. Чоххо накши рохи иртиботй барои таъмир ва боздиди дохили корезро низ бозй мекунанд.
Равиш ё техникаи истихроч дар корез тавре хаст, ки об бидуни кумак ва харч факат бо истифода аз неруи гаронаш аз зери замин хорич мешавад.
1 Макола дар асоси лоихаи «Таърихи илм ва техникаи халки точик аз давраи кадим то замони хозира», раками кайди давлати 0121TJ1273 навишта шудааст.
Корезхо ончунон сохта мешуд, ки агар масири оби чохи корезе банд шавад ва оби корез аз дахонаи он берун ояд, ба атрофи хеш ва хамчунин ба деху калъае, ки пиромуни хар корез бино мешавад, зарар намерасонид. Дар ин ирти-бот муаллифи «Равзоту-л-чаннот» аз ин ачоиботи корезхои нохияи Зовули Исфизори Хуросон чунин менависад: «Ва баъзе канавот (канотхо, яъне корезхо) чунон аст, ки аз бисёрии об дар вай кор наметавон кард. Чунончи агар чойе банд шавад, об аз сари чоххои корез берун меояд ва ачаб он ки хеч як аз ин ка-навот зарар ва нуксон ба обу асбоби дигар намерасонад ва дар сари оби хар каноте карияест маъмура ва калъаи махруса, ки холо баъзе аз он калоъ вайрон ва баъзе обод аст» [15, 115].
Бояд гуфт, ки баъди ба охир расидани кандани корез ва омодасозии он, ба-рои ба дурустй ва муносиб будани нишеби поёнии корез мутмаин шудан, дар ибтидои корез микдоре кох мерехтанд, то бад-ин сурат суръати оби корезро ба даст биёваранд. Ба хамин сабаб чунин иншооти зеризаминиро кохрез номиданд ва бо гузашти замон ба номхои кахрез, корез, кохраз ва канот табдил шуд.
Назархои гуногуне дар мавриди решаи лугавии вожаи «канот» арза шуда-аст, ки баъзе «канот»-ро вожаи форсй медонанд ва муътакиданд, ки «канот» дар асл «канот» будааст, ки аз ду чузъ - «кана», яъне феъли «кандан», ки ба мурури замон хазф шудааст ва «от» (аломати чамъ) иборат аст. Ва баръакс баъзе онро калимаи арабй ва чамъи онро «канавот» медонанд [7, 1905; 23, 30].
Муайян кардани маконхое, ки дорои обхои фаровони зеризаминй мебо-шанд, дар натичаи тачрибаи чандхазорсолаи башар, аз чумла ниёгони мо ба даст омадааст. Меъмори Рими бостон Марк Витрувий Поллион дар рисолаи хеш «Дах китоб рочеъ ба меъморй» («De architectura libri decem»), ки байни солхои 16-13 то милод тадвин кардааст, пиромуни макони пайдоиши обхо ва чигунагии онхо навишта буд: «Об дар маконхои бисёр хосе ба вучуд меояд. Дар хоки гилй об кам, камёфт ва камумк аст ва тамъи хосе нахохад дошт. Инчунин дар шагали борик микдори каме аз он мавчуд аст, ки дар умки бештар карор до-рад ва гилолуду ширин нест. Таровишоти нозук ва чаккахои боронхои зими-стонй ба хоки сиёх нуфуз намуда, якчо шуда, дар хоки сахт чамъ мешаванд, тамъи олй доранд. Дар мергели (чинси кухии иборат аз гилу охак) ва рег об кобили итминон ва доимист, таъми хуб низ доранд. Дар санги сурх об фаровон аст ва хам хуб, магар ин ки аз чоххо таровиш намуда, пахн нашавад, дар дома-наи куххо ва дар сангхои рухомй (санги вулкании сиёх) фаровон ва сероб, хам-чунин хунук ва солим аст. Баръакс, дар даштхо чашмахо шур, сангин, ширгарм, ширин нестанд, ба истиснои чашмахое, ки аз куххо аз зери замин чорй меша-ванд, рохи худро дар миёни даштхо боз мекунанд ва дар он чо аз сояи дарахтон хифз шуда, ширинии чашмахои кухсорро меоварад» [13, 153-154].
^абл аз кофтани корез мухандисони корез, ки ба истилохи арабии «муканнй»1 зикр мешаванд ва ба форсй ин пешаро «корезгар» мегуянд [7, 1926] ва муаллифи «Равзоту-л-чаннот» истилохи «обшинос»-ро истифода кардааст
1 Муканнй - чо^кан, касе, ки корез меканад.
[15, 116], бояд вучуд доштан ва ё надоштани обро дар махалле, ки корез дар назар буд, ба таври дакик мушаххас мекарданд. Х,ануз муаллифи ахди бостон Марк Витрувий Поллион роххои мухталифи пайдо кардани оби зеризаминиро муайян карда буд. Рохи якум ба ин сурат буд, ки корезгар пару дароз кашида, то тулуи офтоб ба дурдастхо нигох намуда, саъй мекард бухори рутубатро биби-над. Дар он маконхое, ки мавчи бухор зохир мешавад ва ба хаво мебарояд, бояд ончоро кофт, зеро дар макони хушк ин падида наметавонад рух дихад. Рохи дувум хусусияти махалро ба мушохида гирифта, таркиби хокро тахлил мекарданд. Севум ба гиёххои руида таваччух менамуданд. Агар най, бед ва соири растанихое, ки бе рутубат наметавонистанд нуму кунанд, мавчуд мебуд, пас он аз будани оби зеризаминй дарак медод [13, 152-153; 18, 117-118].
Замчии Исфизорй дар зимни зикри корезхои нохияи Зовули Исфизори Хуросон аз Тохири обшинос ёд мекунад, ки хорикаи пайдо кардани обхои зери-заминро доштааст: «Чунон ки накл аст, ки дар сахрое, ки касро таваккуи об набудй, зарферо, ки танг мегуянд, пури об карда, дар он сахро пинхон карда бу-данд ва уро бад-он сахро оварда, гуфтанд, ки тафаххус ва тааммук фармой, ки дар ин сахро хеч об хаст, ки чохе фуру тавон бурд. Тохир бар сари пушта боло рафта ва баъд аз тафаххуси комил ва тааммул басазо гуфта, ки дар хамаи ин сахро як танг об аст. Ин Тохир рузе ба сари хадди он булук1 (яъне Зовул) расида гуфта, ки кавоими аспи ман то зону дар миёни об меравад ва чун наздик ба ва-сати он арса омада, гуфтааст: «ман дар дарё шино мекунам» [15, 116].
Агар баррасихои аввалия аз вучуди обхои зеризаминй хабар медод, ра-вишхои асоситаре барои тайиди нихой анчом мешуд, ки иборат аз панч бахш буд ва аз вучуди онхо дар ахди бостон корезканхо иттилоъ доштанд, ки Марк Витрувий Поллион онхоро аз чунин карор мебинад: Аввал чохе ба амикии 1.5-2 метр мекофтанд. Пас аз гуруби офтоб тагораи мисй ё сурбиеро, ки дохили он бо равган молиш дода мешуд, дар он гузошта, бо хок мепушониданд. Рузи баъд озмоиш мекарданд, ки дар тагора катраи об вучуд дорад ё не. Вучуди катра дар тагора ба ин маънй буд, ки дар ин чо зери замин об вучуд дорад. Дувум зарфи гилии напухтаро дар хамон чох мегузоштанд. Агар оби зеризамин вучуд ме-дошт, зарф на танхо мартуб мешуд, балки тахти таъсири рутубат аз хам мепо-шид. Севум, фардои он руз аз пашме, ки дар чох гузошта шуда буд, агар бо фи-шоридани он катари об берун мешуд, пас ин макон пуроб аст. Чахорум, чароги пурравганеро равшан карда, дар чох гузошта, болояшро мепушониданд. Агар рузи баъд комилан насухт ва мартуб мешуд, ин нишондихандаи мавчуд будани оби зеризаминй дар ин чой буд. Панчум оташе дар чох меафрухтанд ва агар ин оташ заминро гарм мекард ва саранчом буг бо мех (туман) аз худ берун меовард, ин нишонаи ошкоре аз вучуди об дар ин макон буд [13, 153-154]. Би-нобар ин, чуноне ки Хондамир мегуяд: «Ба воситаи хафри нахр ё берун оварда-ни корез музореъро захмати бисёр бояд кашид, то замин мазруъ гардад» [9, 177].
1 Булук - но^ияе, ки шомили чанд кария аст.
Зайниддини Восифй шохиди кандани ду корезе дар як фарсангии Сиброн (дар Туркистон) буд, ки ба ибтикори Мири Араб ва тавассути дусад гуломи хиндустонй корхои корезканй анчом ёфтанд [10, 271]. Корхои анчомшуда дар он корезхоро Восифй чунин тавсиф мекунад: Мири Араб «...бар сари он ду корез калъае бино кард. ва дар даруни он калъа чохе эхдос намуд, ки умкаш ба дувист газ расида буд. Аз руи замин то об панчох газ буд ва умки он яксаду панчох газ. ва далви1 азиме сохта буданд ва ба як чониб сардобае сохта. Як чуфт говро ба гирди он чох ба он далв мебастанд ва он говонро дар он сардоба меронданд. Чун ба нихояти сардоба мерасиданд, далв аз чох бармеомад ва об мерехт.. .Иттифокан он чох дам пайдо кард ва кор кардан мутааззир (душвор) шуд.як чониби чохро микдори чуйча то каъри чох канданд ва ба шакли остине аз чарм духта, дар он чуйча нихода, махкам сохтанд ва бар сари он дами охан-гарй низ тартиб намуданд ва медамиданд ва устодони накбкан ба кор машгул буданд ва хар кадом аз накбканон ду каду бар ду рони худ баста кор мекарданд, ки агар об ба як бор мунфачир (кушуда) гардад, дар зери об халок нашаванд» [10, 272-273].
Аввалин корезхо ва тулонитарин корези дунё дар Эрон вокеъ шудааст ва бархе аз мухаккикон собикаи истифода аз корезро дар ин кишвар ба чахор хазор сол кабл аз милоди Масех расонидаанд [8, 13; 14, 97]. Дар Эрон худуди 50 хазор корез вучуд доштааст, ки дарозии баъзе аз онхо то 70 км мерасид [7, 1905]. Ахди Х,ахоманишиён, бахусус замони хукмронии Дориюши Бузург (521- 486 п.м.) авчи шукуфоии обрасонй, обёрй ва кандани корезхо дар сартосари ин сарзамин ба хисоб маравад. Дориюш замоне ки Мисрро ба даст овард, низоми обёрии Эронро ба василаи корезхо ба мисрихо омузонд [19, 567]. Ба фармони Дориюши Бузург ба он касе, ки корез меканд ва ё корезхои хушкро бозсозй ме-намуд, молиёти панч насл бар у бахшида мешуд [8, 13].
Масъалаи обёрй, ки асоси зироати шоханшохии Сосониён махсуб мешуд, дар ахди хукумати онхо рочеъ ба аксоми мухталифи корезхо ва чадвали об, услуби саддбандй, бозрасии корезхо, нигахдорй ва шароити истифода аз онхо ахком ва конунхои вижае вазъ шуда буд [12, 431]. Подшохони Сосонй, ки та-ваччухи хосе ба тавсиаи обёрй доштанд, дастае аз мардумро, ки хирфай буданд, масъули кандани корезхо мекарданд. Ин раванд мучиб гашт то бахрабардорй аз корезхо дар давраи исломй низ мавриди таваччух карор гирад.
Дар ахди Тохириён дар Хуросон ба низоми обёрй, ки асоси кишоварй буд, таваччух дода мешуд. Абдуллох ибни Тохир беш аз дигар намояндагони ин дудмон ба рафъи мушкилоти марбут ба обёрй дар замони хукумати хеш эхти-мом варзид. Чун дар он замон дар китобхои фикхй ва аходиси исломй дар бораи чигунагии идораи манобеи об, бавижа корезхо матолиби ихтисосй вучуд надошт ва ба ин далел мушкилоти идораи шабакахои обёрй ва корезхо ба андо-зае афзоиш пайдо кард, Абдуллохи Тохир факехони Хуросонро дастури навиштани китобе дар ахкоми обёрй ва корезхо дод. Дар зимн Гардезй менави-
1 Далв - зарфи филизи ё чарми, ки бо он аз чох об мекашанд.
145
сад: «Пайваста ахли Нишопур ва Хуросон назди Абдуллох хаме омадандй ва хусумати корезхо хамерафтй. Ва андар кутуби фикх ва ахбори расул (с) андар маънии корез ва ахкоми он чизе наёмадааст. Пас Абдуллох хама фукахои Хуро-сонро ва баъзе аз Ирокро чамъ кард, то китобе сохтанд (дар) ахкоми корезхо. Ва онро «Китоби каннй» ном карданд, то ахком, ки андар он маънй кунанд, бар хасби он кунанд ва он китоб то бад-ин гоят барчост ва ахкоми каннй ва канниёт, ки дар он маънй равад, бар мучиби он китоб равад» [4, 301-302]. Дар навиштани ин китоб, махсусан барои кандани чох ва корезхо ва бахрабардорй аз онхо ахком ва конунхое истифода гардид, ки дар давраи Сосониён тахия шуда буд [8, 22].
Икдоми Абдуллох ибни Тохир дар тадвини китоби зикршуда, ки ба ривояти Гардезй то дусад сол баъд аз у хамчунон мавриди истифода карор мегирифта-аст, нишондихандаи мавчудияти ташкилоти вижа ва конунхои муназзам дар мавриди оби корезхо будааст.
Абдуллохи Тохир хазинаи зиёде барои сохтани корезхо сарф мекард. «Ва дар «Таърихи Х,ирот» мастур аст, ки Абдуллох ибни Тохири зуляминайн, ки во-лии Хуросон буд, фармуд, ки чихати у он чо (Нишопур) корезе кананд ва хазор-хазор дирам дар вай харч карданд» [15, 250]. У бар хилофи майли халифа Муътасим, ки гуфт: «Эй Абуабдуллох, туро бо ман чй кор аст, ки моли маро барои мардуми Чочу Фаргона мегирй?», дар вилояти Чочи Мовароуннахр ду хазор дирам «барои хафри нахре, ки доштанд ва дар огози ислом пур шуда буд», кумаки молй намуд [16, 5958].
Корхои анчомдодаи Тохириён дар заминаи корез баровардан дар Хуросон ва таваччухи онхо ба кишоварзй ва обёрй боис шуд, то имруз низ дар каламрави Хуросони таърихй корезхои куханро «Канотхои Тохирй» ном баранд [5, 292] ва дар Хуросон кандани корезро бино ба ахбори муаллифи «Равзоту-л-чаннот» мансуб ба Тохири обшинос, ки дар маърифати оби зери замин бар руи замин назир надоштааст, бидонанд [15, 116].
Ба назар мерасад, ки Тохириён аз обхои корезхо барои рохандозии осиёбхо низ истифода мекарданд, зеро ин усули фаъол намудани осиёбхоро мардумони баъзе аз навохии Хуросон дар тачрубаи хеш истифода намуда буданд. Замчии Исфизорй ба хангоми тавсифи корезхои нохияи Зовули Исфизор таъбири «як осиёвор»-ро истифода кардааст: «Яке аз мустагработи1 он вилоят (Исфизор) бу-луки Зовул аст, ки арсаи у се фарсах бошад, хаштод корези чорй холо дар он булук аст, ки хеч кадом як осиёвор об кам надорад» [15, 115].
Дар ахди хукумати Сомониён талош барои бахрагирй аз донишхои марбут ба муайян кардани обхои зеризаминй, кандани корезхо, нигохдорй ва идораи онхо идома ёфт. Донишманди барчастаи охири садаи чахорум ва авоили садаи панчуми хичрй (охири садаи X ва ибтидои садаи XI) Абубакр Мухаммад ибни Х,осиби Карахй тамоми донишу фанни гузашта дар заминаи масоили марбут ба корезро то чое, ки барояш дастрас буд, гирди хам овард ва мухимтарин рисола-
1 MycTaFpa6 - ацибу Fap^.
ро бо номи «Истихрочи обхои пинхонй» навишт [6]. Шояд китобе, ки Х,осиби Карахй дар мавриди истихрочи обхои зеризаминй навишт, то хадде бо огохй аз навиштахои асри Тохириён дар бораи корезхо сурат гирифта бошад [5, 293]. Арзиш ва ахаммияти ин китоб то замони мо ба андозае хаст, ки яке аз па-жухандагони муосири Эрон Хушанги Соидлу менависад, ки дар ин аср хам агар бихохем, ки корез биканем, чизе изофа бар дониши ин китоб надорем, магар ки аз технологияи навин истифода намоем [20, 17].
Х,осиби Карахй бино ба дониш ва фанни замони худ дар бораи муайян намудани заминхое, ки зерашон обхо равонанд, чунин менависад: «Муканнй, ки нишонахои обро нашносад, нокис аст. Замине обдор аст, ки хоки он халал1 ва фарач2 дошта бошад. Заминхое, ки дар субх бухори фаровон ё мех ё шабнам дошта бошанд ва низ дар руи он гиёхоне чун хирка, лух3, точрезй4, туршак, пунаи обй, карафси обй ва гиёххои шабех ба бунафша, гули говзабон, кангар5, газна ва ширинбиён меруяд, замини обдор аст» [6, 21-22].
Шабакаи обёрии корез тавонистааст ба таври пойдор амнияти гизо ва маишати хонаводаи кишоварзонро фарохам оварад. Дар манотики хушк таъми-ни доимии об аз рохи кандани корез манобеи фаровони обро барои кишоварзии суннатй фарохам овардааст.
Оби корез доимист ва дар мавкеъхои бисёр зарурии кишт ва зироат катъ намегардад, зеро манобеи оби зеризаминии корез дер тамом мешавад ва исти-фодаи тулонй дорад. Бо ин ихтироъ, ки дар навъи худ дар чахон беназир аст, кишоварзон микдори кобили таваччухе аз обхои зеризаминиро ба руи замин мерасониданд, ки монанди чашмахои табий оби он дар тамоми тули сол бидуни хеч василаи кумакй аз умки замин ба сатхи замин чорй мегардид.
Аз ахди бостон ва дар дарозои садахои миёна зироати обй дар Хуросон, шабакаи густурдаи корезхо ва марказият ёфтани идораи онхо боиси рушди кишо-варзй дар ин сарзамин гардид.
Кишоварзй дар даврахои мухталифи таърихи Хуросон асоси хукумат ва су-туни иктисоди чомеаро ташкил медод. Аксари мардуми Хуросон кишоварз бу-данд ва манбаи умдаи даромади онхо аз замин буд. Маргубият ва мавкеияти та-момии заминхои кишоварзии Хуросон вобастагй ба вучуди об дошт, зеро вазъи иклимии Хуросон, камобй ва мушкилоти он дар зироат аз рузгори кухан талаб мекард, ки ба об ва низоми обёрй ахаммияти хос дода шавад. Ба хамин сабаб дар ахди Сосониён барои истифодаи корезхо конуни хосе кабул шуда буд.
Бо иттико аз манобеи таърихй ба таври ичмол нахуст аз чугрофиёи Хуросон ва иклими он ибрози назар мекунем ва баъдан зикре аз корезхои он менамоем.
1 Халал - рахна.
2 Фарач - кушодагИ, сурох.
3 Лух - як кисм най, ки дар об меруяд.
4 ТочрезИ - гиёхест алафИ ва пуршоха ва дорои баргхои пахну дандонадор ва гулхои сафед, ме-вааш шабех ба донаи ангури рез ва сурхранг ва дар тибб ба кор меравад.
5 Кангар - гиёхест дорои баргхои бурида ва хордор ва соцахои сафеди кутох, ки дар пухтани баъзе хурокхо ба кор меравад.
Абуисхоки Истахрй (850-957-58) чугрофиёи таърихии Хуросони асри хешро чунин тавсиф мекунад: «Хуросон муштамил аст бар кура1 ва ин номи иклим аст ва он чи мухит аст ба Хуросон. Ва шарки Хуросон навохии Систон ва диёри Х,индустон бошад, ба хукми он ки мо Гуру диёри Хулч ва худуди Кобул хама аз шумори Х,индустон ниходем. Ва гарби Хуросон биёбони Газнй ва навохии Гургон ниходем. Ва шимоли Хуросон Мовароуннахр ва бахре аз било-ди Туркистон ва Хуттал ва чануби Хуросон биёбони Порсу ^умис» [2, 202].
Мукаддасй, ки Хуросонро ба нух хура (хисса, кисмат) ва хашт нохия бахш намудааст, менависад, ки «хангоми гузориш ба тартиби марзхояшон (Хуросон-ро) мураттаб намудаам. Масалан нахустини онхо (хурахо) дар самти Ч,айхун Балх аст ва аз назари андоза (пас аз онхо) Нишопур мебошад. Мухимтарин нохияхо: Пушанч, Бодгис, Гарчистон, Марвруд, Тахористон, Бомиён, Ганчи Ру-стон, Исфизор аст. Тус ва ду хохарашро хазина (анбор)-хои Нишопур ба шумор овардем» [1, 430].
Ин муаллиф аз Газнин чун хура ёд мекунад, ки Зова, Кобул, Ламгон (Лагмон) шомили он аст, Бустро касаба гуфта, Толикон, Хулм, Самангон, Баглон...ро марбути Тахористон карда, Сагистон (Систон), Чузчонон, Марви Шохчонро хура дониста ва дар бораи Х,ирот мегуяд, ки «номи касаба2 низ хамин аст» [1, 431-432]. Дар чойи дигар Х,иротро шахр ном мебарад [1, 447] ва дар мавкеи дигар мегуяд, ки «Х,ирот ободихои мухим ва диданихои зиёд дорад, ки зикраш китобро дароз мекунад» [1, 450].
Мукаддасй дар бораи иклими Хуросон менависад, ки ин «сарзамини сард-сер аст чуз Сагистон ва Буст ва Табаси Хурмо, ки гармии Шомиро доранд. Сар-мои Хуросон нармтар аз сармои Х,айтал аст. Ин сарзамин ба таври куллй хушк аст ва хушкии он хамсон нест, хар чояш, ки сармояш сахттар гармояш низ сахт аст» [1, 472].
Баррасихо нишон медиханд, ки дар манотике, ки дарё, дарёчахо ва чашмахо вучуд доранд ва мардум барои зироат аз онхо фаровон истифода менамоянд, корезхо вучуд надоранд. Ба ин сабаб корезхоро дар манотики камоби Хуросон бештар ба мушохида мегирем. Шавохиди таърихй нишон медихад, ки тагйиро-ти иклимй дар минтака ва хушк шудани обхои сатхи замин мучиби аз байн рафтани хаёт дар руи замин нашудааст ва сокинони ин манотик талош карда-анд, то равишхои дигари ба даст овардани обро дар мисоли корезхо пайдо намоянд.
Силсилакорезхои касабаи Гунободи Хуросон (шимолу гарби Тус), ки бо номи ^аноти ^асаба маъруф аст, бар асоси бозёфтхои бостоншиносй хадди аккал 2500 сол кидмат доранд. Носири Хусрав, ки мохи августи соли 1052 аз масири шахру касабахои Хуросон аз сафари хафтсолааш бармегашт, аз он ко-резхо дар «Сафарнома»-аш сухан гуфта, тулии онро аз кавли марди огох чахор
1 Кура - но^ия, шахр, шахристон.
2 Касаба ин ободихои бузург, ки аз чанд дех ва дехкада ташкил шуда бошад, яъне шахрак: Амид X,. Фарханги Амид. Ч,-3. Техрон: Муассисаи интишороти Амири Кабир, 1363 х.ш. С.1891.
фарсанг ва умки чохи аслии онро 700 газ зикр кардааст. Он корезхо дар замони Носири Хусрав Корези Кайхусрав ном доштааст [17, 758-759]. Коршиносон тули онро 131035 метр ва умки модарчохи онро 320 метр баровард карданд. ^аноти ^асаба дар шахри Гунобод яке аз кухантарин корезхои Хуросон аст. Пажухишхои бостоншиносй дар бораи сафолхои пароканда дар атрофии даха-наи чоххои он нишон медихад, ки кандани обрахаи аслии он худуди 2500 сол пеш дар замони Х,ахоманишиён огоз шудааст [14, 93].
Истахрй аз шахрхои зерини Хуросон, ки корезхо доштанд, чунин ёд меку-над: «Обхои Нишобур дар зери замин меравад. Чун аз шахр бигзарад, ба сахро афтад. Ва корезхо хаст, ки дар шахр пайдо гардад ва дар сарохо ва бустонхо меравад ва руде бузург хаст, ки шахру русторо об дихад - водии Саговар хонанд» [2, 204-205].
Замчии Исфизорй (1446-47-1498) менависад, ки: «Гуянд, ки чун Исмоил иб-ни Ахмади Сомонй ба Нишопур расид ва машоиху машохид1 ва канавоту ма-зороти он чоро дид, гуфт: «Дар хеч чо чун Нишопур шахре надидам, аммо обхои у бар руи замин боястй ва машоихи у дар зери замин, магар андаке» ва дар идома менигорад, ки «дар Нишопур корезхо бисёр аст» [15, 249-250].
Дар идома Истахрй аз корезхои шахрхои зерини Хуросон менависад: «Ва ^ойин чанди Сарахс бувад. Ва бинохо хама аз гил бувад. Ва кухандизе дорад ва гирди он хандаке хаст. Ва масчиди одина ва сарои аморат дар кухандиз бошад. Ва об аз корез хуранд ва богу бустон камтар бувад. Ва чойгохе сардсер аст» [2, 215]. «Ва Табасайн камтар аз ^ойин аст. Дарахти хурмо дорад ва дар шумори гармсер аст ва хисоре дорад, вале кухандиз надорад. Ва об аз корез бардоранд» [2, 216].
Мукаддасй рочеъ ба мавзуи мавриди назари мо, яъне корезхои Хуросон ин ахборро медихад: «Дар Нишопур корезхо доранд, ки дар зери замин равонанд ва дар тобистон сард хастанд. Бо пойин рафтан аз чахор то хафтод палла ба обхо мерасанд ва дар ободихо офтобй мешаванд» [1, 481]; «Нухатток касабаест дар Сагистон «боруе дорад, ки (масчиди) чомеъ дар он аст. Сохтмонхояш аз гил аст ва бештари обхояш аз корезхост» [1, 446]; «Бодгис бузургтарин шахрхояш Дехистон аст, ки ба андозаи ниме аз Пушанг аст, сохтмонхо аз гил дар болои теппа аст, обе андак равон ва бе бог ва киштзорхои даймй (лалмй) дорад. Корезхо зери замин низ дорад» [1, 449]; «Тус корезхо ва чоххои камгавд (сатхй) ва пуроб дорад» [1, 467]; «^оин аз корезхо меошоманд» [1, 471]; «Табаси Хурмо аз оби анборхо, ки аз корезхои рубоз пур мешавад, меошоманд» [1, 471]; «Табаси Унноб: дар Табас, ки наздики як мархала паймудам, хама деху нахлистону корез буд» [1, 471]; «Абулкосими Миколй дар наздикии Нисо чанд работ бо ан-борхое бисохт ва аз кухистон чанд корез барои дехахое, ки гузида буд, бика-шид» [1, 469].
Бино ба ахбори Байхакй яке аз солорони замони Масъуди Газнавй Булхаса-ни Ирокии дабир «корези Машхадро, ки хушк шуда буд, боз равон кард ва кор-
1 Машохид - чамъи машхад - шаходатгох, оромгох.
149
вонсарое бароварда, дехе мустагал(л)1 сабки хироч бар корвонсарой ва бар корез вакф карда» [3, 870].
Носири Хусрав, ки 12 мохи рабеулохири соли 444 хк/11 августи соли 1052 аз сафари хафтсолааш аз масири касабаи Рикка (дар 12 фарсангии шахри Табас) бо паймудани 20 фарсанг ба шахри Туни Хуросон расид, дар бораи ин шахр ме-нависад: «Шахри Тун шахри бузург аст. Аммо дар он вакт, ки ман дидам, аглаб хароб буд ва бар сахрое ниходааст ва оби равон ва корез дорад» [17, 758].
Баъд аз ходисаи мугул, ки шахрхо ва нохияхои Хуросон ба харобй кашида шуданд, мусалламан корезхо низ зарар диданд. Аммо Х,амдуллохи ^азвинй (1281-1350) дар асари чугрофиёии худ «Нузхату-л-кулуб», ки пас аз итмоми ри-солаи дигараш «Таърихи гузида» соли 740 хк/1339-1340 навиштааст, истифода аз оби корезхоро дар шахру нохияхои зерини Хуросон: Нишопур, ^оин, Исфа-роин, Чувайн, Бодгис, Ч,ом ва Чурчон зикр мекунад. Аз чумла дар бораи ко-резхои шахру нохияхои мазкури Хуросон менависад: Нишобур «даври борааш понздах хазор гом аст ва бар шеваи рукъаи шатранч хашт китъа дар хашт китъа ниходаанд.. .Обаш аз канавот (канотхо-корезхо) ва баъзе канавот дар миёни шахр гузарад» [21, 182]. «^оин аз иклими чахорум аст... чанд корез об дар ан-даруни шахр дорад дар зери замин чунончи дар бештари хонахо сардобхо сохта бошанд» [21, 178]; «Исфароин аз иклими чахорум.. .вилоят ва тавобеи он канавот дорад ва хамаро махсул аст аз ангур ва мева ва галла» [21, 183]; «Чувайн вилоят аст ва пеш аз ин дохили тумони Байхак буд.Оби ин вилоят аз канавот аст ва хар мавзее як-ду корези муътабар дорад» [21, 184]; «Бодгис аз иклими чахорум аст. ва корез, ки макоми Х,акими Буркй, ки созандаи Мохи Нахшаб аст, хам аз тавобеи он чост» [21, 188-189]; «Чом аз иклими чахорум аст. Богистони бисёр ва меваи бешумор дорад ва оби шахру вилоят мачмуъ аз канавот аст» [21, 189]; «Чузчон вилоятест ва шахри Яхудия ва Форёб ва Ши-буркон аст. обаш аз канавот ва чиболе, ки дар он худуд бармехезад» [21, 191].
Корезхо на танхо чун абзори мухимми кишоварзй ва рузгори сокинони Хуросон дар дарозои таърих рисолати худро анчом медоданд, балки гоху гузоре чи ба сокинони ин ва ё он шахру нохияи Хуросон аз дасти дуздону горатгарони ачнабй ва чи ба мухочимини он низ чун паногох хидмат кардаанд. Дар ин ирти-бот Носири Хусрав аз ходисае хабар медихад, ки дар масири шахрхои Тун ва Гунободи Хуросон рух додаст: «Чун аз Тун бирафтем, он марди гелакй маро хикоят кард, ки вакте мо аз Тун ба Гунобод мерафтем, дуздон берун омаданд ва бар мо галаба карданд. Чанд нафар аз бим худро дар чохи корез афканданд, баъд аз он якеро аз он чамоат падаре мушфик буд, биёмад ва якеро музд гирифт ва дар он чох гузошт, то писари уро берун оварад. Чандон ресмон ва расан, ки он чамоат доштанд, хозир доштанд ва мардуми бисёр биёмаданд. Х,афсад газ расан фуру рафт, то он мард ба буни чох расид. Расан дар он писар баст ва уро мурда баркашид ва он мард чун берун омад, гуфт, ки обе азим дар он корез ра-
1 МyстaFaл (л) - Faллaхез.
вон аст. Он корез чахор фарсанг меравад ва онро гуфтанд Кайхусрав фармуда-аст кардан» [17, 758-759].
Муаллифи «Хулосату-т-таворих» аз муборизоти Шайбониён бо Сафа-виён барои Хуросон дар нимаи дувуми садаи XVI навишта, зикр мекунад, ки «дар ин сол (967 хк./1559-1560) Сорукургон бо чамъе аз узбакон бо фармони Алй сул-тон ба хаволии балдаи Нишопур омаданд, то он диёрро тохт намоянд. Будокхо-ни кочор... бо фавче аз гозиёни хеш ба дафъу рафъи он чамоат аз шахр берун омада, ... чанг карда, Сорукургон ва чамъе аз узбакон ба катл расиданд ва фавче дигар аз бими чон худро ба корезхои сахрои Нишопур андохтанд» [11, 412].
Нигахдории корезхо барои коршоям будани онхо бисёр мухим буд ва ин амр ба василаи вакф кардан бештар анчом мешуд. Аммо бисёр иттифок афтода-аст, ки дар асари бетаваччухй ва ё чангхо корезхо аз фаъолият боз мемонданд ва осори онхо дар харобахои ин ва он мавзеи Хуросон дида мешуд. Чарлз Эдвард Йейт (1849-1940), узви парламенти Британия (1910-1924), ки аз соли 1884 то соли 1886 шомили комиссияи сархади Афгонистон буд ва маъмурият доштааст, ки марзхои байни Афгонистон ва Русияро дар Осиёи Миёна таъйин намояд, аз тарики Хуросон ва Систон сафар мекунад ва марзи Хуросон бо Систонро мавриди омузиш карор дода, соли 1890 китоби сафарномаи хеш «Хуросон ва Систон» («Khurasan and Sistan^-ро ба нашр мерасонад. Муаллиф дар ин сафар-нома аз корезхои кадими Хуросон, ки бо чашми сар дидааст, ёд мекунад: «Дар ин нохия (Корези Нав, ки баъд аз сипарй намудани Турбати Ч,ом чойгир буд) вайронахои зиёд ва корезхои кадимии ба тул чандин мил ба чашм мехурад ва хикоят аз ин дошт, ки рузгоре дар ин дашт равнаки кору зиндагй хеле бештар аз оне будааст, ки мо дар он мавкеъ нозир будем» [22, 38].
Корезхо бар хилофи саддхо ва шабакахои бузурги обёрй танхо ба василаи ашхоси алохида ва моликони махаллй сохта ва бахрабардорй мешуд ва давлат дар умури тавзеи оби корезхо дахолат намекард. Аммо чуноне ки зикр шуд, танхо дар ахди Тохириён буд, ки аз фукахои Хуросон даъват ба амал омад, то рисолае дар бораи кавонини таксими об бинигоранд.
Хулоса, корезхо василаи бисёр мухимми обрасонй ва обёрй аз ахди бостон дар Хуросон будаанд, ки шароити хоси иклимй мучиб шудааст, ки сокинони он ба хафр намудани онхо пардозанд ва дар рафъи ниёзхои мухталифи худ ба об, аз чумла, дар кишоварзй ва богдорй дар шахру дехот аз корезхо бахрабардорй кунанд. Аз ахди Х,ахоманишихо ба баъд дар Хуросон бо ин шакли истихрочи обхои зеризаминй бештар ошно шуданд ва дар ташаккули ин низоми обрасонй талошхо намуданд. Бо афзоиши манотики хушк фан ва махорати созандагони корезхо равнаки бештар ёфт ва чойгохи хосе дар фарханги корезии Хуросон касб намуд. Донишу фанни бино намудани корезхо чун асосан бар бунёди тачриба ва корбурд буд, бинобар ин фанни корезй бештар дар андешаи дастан-даркорони он захира мешуд ва аз насл ба насли дигар интикол меёфт. Ба ин са-баб бахши андаке аз он тачрибахои гаронарзиш ба шакли катбй то ба имруз ба чо мондаанд.
АДАБИЁТ
1. Абулфазл Мухаммад ибни Хусайни Байхакй. Таърихи Байхакй. Ч. 3. - Техрон: «Интишороти Махтоб», 1374 х.ш. - 1263 с.
2. Абуабдуллох Мухаммад ибни Ахмади Мукаддасй. Ахсану-т-такосим фи маърифату-л-аколим. Ч. 2. Тарчумаи А.Мунзавй. - Техрон, 1361 х.ш. - 729 с.
3. Абуисхок Иброхими Истахрй. Масолик ва мамолик. Ба эхтимоми Э. Афшор. -Техрон, 1340. - 234 с.
4. Абулфазл Мухаммад ибни Хусайни Байхакй. Таърихи Байхакй. Ч. 3. - Техрон: «Интишороти Махтоб», 1374 х.ш. - 1263 с.
5. Абусаъид Абулхайр ибни Махмуди Гардезй. Зайну-л-ахбор. Мухакдщ ва мусаххех А.Хабибй. -Техрон: «Дунёи китоб», 1363 х.ш. - 665 с.
6. Акбарй А. Таърихи хукумати Тохириён аз огоз то анчом. Чопи дувум. Машхад. 1387 х.ш. - 400 с.
7. Ал-Карахй Абубакр Мухаммад ибни ал-Хасан ал-Хосиб. Истихрочи обхои пинхонй. Тарчумаи Х.Хадивчам. - Техрон: «Бунёди фарханги Эрон», 1345 х. ш.
8. Амид X. Фарханги Амид. Ч. 3. - Техрон: «Муассисаи интишороти Амири Кабир», 1363 х.ш. -С.1689-2539.
9. Барахманд F. Дар омаде ба сайри таърихии падидаи канот ва накши тамаддунии он дар начди Эрон //Фаслномаи илмии «Мисквех». №8. Техрон, зимистони соли 1386, бахори соли 1387 х.ш. - С.7-32.
10. Fиёсиддин ибни Хумомиддин Хондамир. Хабибу-с-сияр фи ахбори афроди башар. Ч. 3. Чопи чахорум. - Техрон: «Хайдарй», 1380. - 759 с.
11. Зайниддин Махмуди Восифй. Бадоеъу-л-вакоеъ. Мухаккик ва мусаххех. А. Болдирев. Ч. 1. - Техрон: «Бунёди фарханги Эрон», 1349 х.ш. - 533 с.
12. ^озй Ахмад Шарафуддин ал-Хусайни ^умй. Хулосату-т-таворих. Мухаккик ва мусаххех Э.Ишрокй. Ч. 1. Чопи дувум. - Техрон: «Муассисаи интишорот ва чопи Донишгохи Техрон», 1383 х.ш. - 614 с.
13. Кристенсен А. Эрон дар замони Сосониён. Тарчума ба форсй Р. Ёсамй. Чопи шашум. - Техрон: «Дунёи китоб», 1368 х.ш. - 711 с.
14. Марк Витрувий Поллион. Десять книг об архитектуре. Книга восьмая / Перевод Ф.А. Петровского. Под общей редакцией А.Г. Габричевского. Москва: Из-во Всесоюзной академии архитектуры», 1936. -331 с.
15. Мирчаъфарй X., Аллахёрй Ф. Баррасии назарияи хостгохи канот дар Эрон // Таърихи ислом ва Эрон -Фаслномаи илмй-пажухишии улуми инсонии Донишгохи Аз-Захро. -№2 (77). -Техрон, 1388 х.ш. -С.79-102.
16. Муинуддин Мухаммад Замчии Исфизорй. Равзоту-л-чаннот фй авсофи мадинати Хирот. Ч.1. - Техрон: «Интишороти Донишгохи Техрон», 1338 х.ш. - 636 с.
17. Мухаммад Чарири Табарй. Таърихи Табарй. Тарчумаи А. Поянда. Ч14. Чопи панчум. - Техрон: «Асо-тир», 1375 х.ш. - С.5949-6366.
18. Носири Хусрав. Сафарнома // Куллиёт. Ч 2. Осори мунтахаби фалсафй ва динй. Душанбе: Ирфон, 2003. С. 622-761.
19. Петрушевский, И.П. Земледелие и аграрные отношения в Иране XIII-XIV веков. Москва-Ленинград: Из-во Академии наук», 1960. - 492 с.
20. Пирниё X. Таърихи Эрони бостон. Ч.1. - Техрон: «Дунёи китоб», 1375 х.ш. - 907 с.
21. Соидлу X. Об дар тамаддуни Эрон ва ислом // Мачаллаи «Рохнамои китоб». Техрон 1353 х.ш. - № 6. -С.12-24.
22. Хамдуллохи ^азвинй. Нузхату-л-кулуб. Ба кушиши М.Сиёкй. -Техрон, 1336 х.ш. - 245 с.
23. Чарлз Эдвард Йейт. Хуросон ва Систон. Тарчума аз англисй Рушанй ва М. Рахбарй. - Техрон: «Интишороти Яздон», 1365 х.ш. - 461 с.
24. Шохободй А.З. Баррасии канотхо, калъахо ва осиёбхо аз дидгохи чугрофиёи экологй //Фаслномаи па-жухишй - чугрофиёии инсонй. - Техрон, 1388 х.ш. -№3. - С.27-38.
КОРЕЗ^ОИ ХУРОСОН
Муаллиф дар ин макола рочеъ ба корезхои Хуросон, ки таърихи хеле кадим доранд ва бахши мухимми тамаддуни кишоварзии сокинони он мебошанд, сухан меронад. Башар аз замоне ки хештанро шинохт, усули мухталифи истифода аз обхои зеризаминиро тачриба кард ва тавассути яке аз онхо - корезхо ин обхо ба таври маснуй ба сатхи за-мин бароварда мешуданд.
Дар асоси манобеи таърихй мyаллиф усули пайдо намyдани обхои зеризаминиро, ки башар тачруба карда буд ва аз зери замин ба сатхи он кашидани обро тавассути корезхо тавсиф карда, Хуросонро яке аз сарзаминхое медонад, ки корез ва усули кандани он аз ахди бостон барои сокинони он ошно буд. Силсилакорезхои шахри Гунободи Хуросон (шимолу Fарби Тус), ки бо номи Каноти Касаба маъруф аст, бар асоси па-жухишхои бостоншиносй хадди аккал 2500 сол таърих доранд. Бинобар ин, аз ахди Хдхоманишихо ба баъд дар Хуросон бо ин шакли истихрочи обхои зеризаминй бештар ошно шуданд ва дар ташаккули ин низоми обрасонй талошхо намуданд. Бо афзоиши манотики хушк фан ва фанноварии сохтани корезхо равнаки бештар ёфт ва чойгохи хосе дар фарханги корезии Хуросон касб намуд.
Корезхо бар хилофи саддхо ва шабакахои бузурги обёрй танхо ба василаи ашхоси алохида ва моликони махаллй сохта ва бахрабардорй мешуд ва давлат дар умури таксими оби корезхо дахолат намекард.
Нигахдории корезхо барои коршоям будани онхо бисёр мухим буд ва ин амр ба василаи вакф кардан бештар анчом мешуд. Aммо бисёр иттифок афтодааст, ки дар асари бетаваччухй ва ё чангхо корезхо аз фаъолият боз мемонданд ва имруз осори онхо дар харобахои ин ва он мавзеи Хуросон дида мешаванд.
Kалидвожаxо: Хуросон, корез, щнот, Эрон, Тоуириён, Абдуллоуи Тоуир, Сомониён, Хосиби Кaрaхй, Зaйниддини Восифй, Сиброн, Мири Арaб, Хрхоминишиён, Дориюши Бузург, Нишопур, пушрнц, Бодгис, Цойин, Тaбaсaйн, Maрврyд, Тaхорисmон, Бомиён, raнци Рустон, Исфизор, Faзнин, Буст, Гунобод.
КАРИЗЫ ХОРАСАНА
В данной статье автор рассказывает о каризах Хорасана, имеющих очень древнюю историю и являющихся важной составляющей земледельческой культуры его жителей. С тех пор, как человечество познало себя, оно экспериментировало разные методы использования подземных вод, при одном из которых эти воды выносились на пониженную поверхность при помощи ка-ризов.
На основе исторических источников автор статьи описывает испытанный человеком способ обнаружения подземных вод и вытягивания воды из-под земли на поверхность через каризы, а также рассматривает Хорасан как одну из стран, где каризные сети и способ их рытья были знакомы ее жителям с древних времен. Согласно археологическим исследованиям, каризные сети города Гунабад в Хорасане (к северо-западу от Туса), известного как Канат-и Касаба, имеют историю, насчитывающую не менее 2500 лет. Поэтому со времен Aхеменидов в Хорасане стали ближе знакомиться с этой формой добычи подземных вод и предпринимали усилия по развитию этой системы водоснабжения. С ростом засушливых регионов техника и технология строительства каризов получили дальнейшее развитие и заняли особое место в каризной культуре Хорасана.
Каризы, в отличие от плотин и крупных оросительных сетей, строились и использовались только отдельными лицами и местными собственниками, и государство не вмешивалось в дела водораздела каризных вод.
-МУАРРИХ - ИСТОРИК - HISTORIAN-
Обслуживание каризов было очень важно для их функционирования, и в основном это осуществлялось за счет пожертвований. Однако часто случалось так, что из-за пренебрежения к их эксплуатации или войн каризы переставали работать и их следы сегодня можно увидеть в руинах того или иного места в Хорасане.
Ключевые слова: Хорасан, кариз, Иран, Тахириды, Абдуллах Тахир, Саманиды, Хасиби Ка-рахи, Зайниддин Васифи, Сибран, Мири Араб, Ахемениды, Дориюш Великий, Нишапур, Пу-шандж, Бадгис, Кайин, Табасайн, Марвруд, Тахаристан, Бамиян, Ганджи Рустан, Исфизар, Газнин, Буст, Гунабад.
KARIZES OF KHORASAN
In this scientific paper, the author mentioned about the karizs of Khorasan, which have a very ancient history and are an important component of the agricultural culture of its inhabitants. Since humanity has known itself, it has experimented with different methods of using groundwater, one of which carried these waters to a lower surface with the help of karises.
Based on historical sources, the author of the article describes a human-tested method of detecting underground water and drawing water from underground to the surface through karizas, and considers Khorasan as one of the countries where kariz nets and the method of digging them have been familiar to its inhabitants since ancient times. According to archaeological research, the kariz networks of the city of Gunabad in Khooroson (northwest of Toos), known as Kanat & Qasaba, have a history of at least 2,500 years. Therefore, since Achaemenid times, Khorasan became more familiar with this form of groundwater extraction and made efforts to develop this water supply system. With the growth of arid regions, the technique and technology of constructing karizes received further development and occupied a special place in the kariz culture of Khorasan.
Karizas, unlike dams and large irrigation networks, were built and used only via individuals and local property owners and the state did not interfere in the affairs of the Kariz watershed.
Maintenance of the karizes was very important to their functioning and this was mainly done through donations. However, it often happened that due to neglect or wars, the Karizes stopped working and their traces can be look today in the ruins of one or another place in Khorasan.
Keywords: Khorasan, kariz, Iran, Tahirids, Abdullah Tahir, Samanids, Khasibi Karahi, Zainiddin Vasifi, Sibran, Miri Arab, Achaemenids, Doriyush the Great, Nishapur, Pushanj, Badghis, Kayin, Tabasain, Marvrud, Takharistan, Bamiyan, Ganji Rustan , Isfizar, Ghaznin, Bust, Gunabad.
Сведения об авторе: Хамза Камол (Камолов Хамзахон Шарифович) - Институт истории, археологии и этнографии имени А. Дониш НАНТ, доктор исторических наук, профессор, заведующий отделом древней, средневековой и новой истории. Адрес: 734025, Республика Таджикистан, г.Душанбе, пр. Рудаки, 33. E-mail: [email protected]
About the author: Khamzakhon Sharifovich Kamolov - A. Donish Institute of History, Archeology and Ethnography NAST, Doctor of Historical Sciences, Professor, Head of the Department of Ancient, Medieval and Modern History. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Rudaki Ave., 33. E-mail: [email protected]