B. Gafurov (Republic of Tajikistan, Khujand), E-mail: [email protected] Tel: 92788-34-45
Ganisoda Jamshed Shujoat, Rector Tajik State Institute of Fine Arts and Design (Republic of Tajikistan, Dushanbe), E-mail: [email protected] Phone: 918-17-11-17 Azizov Abdulatif Abuhalimovich, Doctor of Pedagogy, the Dean of the Faculty of Graphics and Technology, Khujand State University named after academician B.Gafurov (Republic of Tajikistan, Khujand), E-mail: [email protected] Tel: 918-47-41-15
Сведения об авторах:
Азизов Шерзод Юсуфович, старший преподаватель кафедры черчения, начертательной геометрии и методики преподавания Худжандского государственного университета имени академика Б. Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), E-mail: [email protected] Тел: 92-788-34-45 Ганизода Джамшед Шуджоат, ректор Государственного института изобразительного искусства и дизайна Таджикистана (Республика Таджикистан, г. Душанбе), E-mail: [email protected] Тел: 918-17-11-17 Азизов Абдулатиф Абдухалимович, доктор педагогических наук, декан факультета изобразительного искусства и технологии Худжандского государственного университета имени академика Б. Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), E-mail: [email protected] Тел: 918-4741-15
ТАВСИФИ БАЪЗЕ ША^Р^ОИ ХУРОСОН ДАР КИТОБИ РУИ ГОНСАЛЕС ДЕ КЛАВИХО "РУЗНОМАИ САФАРИ САМАРКАНД БА ДАРБОРИ ТЕМУР (1403-1406)"
Цонмуродов Ш.
Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи Садриддин Айни
Сайёхи испанй Руи Гонсалес де Клавихо (вафот соли 1412) солхои 1403-1406 хамчун рохбари хайати сафирони шохи Кастилия Генрихи Ш барои баркарор намудани робитахои дипломатй ва тичоратй ба дарбори Темур сафар карда буд. Клавихо мохи маи соли 1403 аз шахри Кадис баромада, ба воситаи шахрхои мухталифи Эрону Хуросон ба Самарканд расид. Клавихо баъди ба ватан баргаштан хотироти худро тахти унвони "Рузномаи сафари Самарканд ба дарбори Темур (1403 - 1406) " навишт. Клавихо дархотироти сафари хеш аз ин ё он ша%р, ки аз ощо убур мекард, дар бораи мавцеи цугрофии он, тарзи зиндагии мардум, касбу кор, тщорати дохиливу хорици, %унарманди, урфу одат, ёдгорщои меъмори ва амсоли ощо маълумоти муфасале додааст. Холо дар бораи васфи баъзе шщр^ои Хуросон, ки Клавихо дар бораи ощо маълумот додааст, таваццуф менамоем.
Яке аз шахрое, ки Клавихо дар бораи он маълумот додааст, ин шахри Табрез аст. Клавихо менависад, ки Табрез шахри хеле бузург аст ва дар байни ду кухи бедолу дарахт чойгир буд. Атрофи шахр девор надошт. Кухи аз тарафи чапи шахр буда ба он наздик ва оби аз он чо чорй шуда, хира буд. Кухи дигаре аз тарафи рост вокеъгашта аз шахр дуртар хама фаслхои сол барфпуш, оби аз ончо ба шахр чоришаванда хунук ва мусафо буд. Шахр кучахои нихоят зебои зиёд дошт, ки дар растахои он дуконхои зиёд мавчуд буданд ва онхо молхои гуногун мефурухтанд.
Дар шахр бинохи сершумори зебо, аз чумла масчидхо хеле зиёданд, ки бо сангхои киматбахо ва тило ороиш дода ёфтаанд. Мегуянд, ки шахсони сарватманд дар сохтани иморатхои зебо бо хам мусобика мекарданд ва дар ин кор тамоми дороии худро харч мекарданд.
Дар байни ин бинохо ва сохтмонхо кохи бохашамате мавчуд буд, ки он бист хазор уток дошт. Ин холо бо номи Давлатхона маъруф аст. Муаллиф хабар медихад, ки бисёре бинохои мухташаму зебои Табрез бо фармони Мироншох - писари калонии Темур пурра ба харобй оварда шудаанд. Бояд гуфт, ки Мироншох, ки дар гарби сарзаминхои ишголии Темурланг хукумат мекард, хамаруза ба шикору айшу нуш шугл пайдо кард ва бозори масхарагарону
шохидбозон дар хукуматаш равнаки тамом ёфт ва дар тирамохи соли 798 х.к./ 1396 «дар хаволии Хуйй ба кур6и мазори Пирyмaри Нахчирбон нишоти шикор фaрмyдa 6уд ва дар аснои таку тоз ба куче боз хурд ва аз фарози зини дав ту (пойин) гашта:
Хост, ки он цучро зинда бигирад ба даст,
Даст надоду цазо нацши дигаргуна баст.» [10, 147].
Бар асари бaрхyрд ба замин магзаш садама дид ва бехуш гашт «то баъд аз дер вакт андак харакате кард ва филчумла асари хаёт дар y пайдо шуд ва то се шaбонaрyз чанд навбат гаш торй гашт» [10, 147]. Ба тайиди сарчашмахо табибоне, ки дар садади муоличаи Мироншох баромада буданд, амдан ва ё сахван ва ё касдан [10, 147; 12, 119; 17, 481] муртакиби иштибох шуданд «ва аз таъозиди ин асбоб халале фохиш ба димогаш рох ёфт» ва «аз осеби чашмзахм баъд аз вукуъи он ходиса чунон шуд, ки аксари афъол ва акволи y аз нахчи савоб инхироф дошт ва гох ба рохи исроф ва итлоф ганче пардохй ва ба тахриби иморат амр мефармуд ва басе корхоро, ки на дaрхyри чунон сарварй буд иртикоб менамуд.. .»[10, 147-148].
Табрез нихоят бузург ва аксари мардумаш сарватманд буданд, ки он аз хисоби хариду ФурУш ба даст меомад. Мегуянд, ки ахолии шахр аз дусад хазор хонавода ва аз он хам зиёдтар аст [15, 76-77].
Ин гуфтаи Клавихоро И.П.Петрушевский андаке муболига ва аз хакикат дур медонад зеро ахолии 200 хазор хавлй бояд беш аз 1 млн нафар бошад. У кайд менамояд, ки дар яке аз хуччатхои махфии Исмоили Сафавй (1501-1524) нишон дода шуда буд, ки ахолии Табрез 200300 хазор нафарро ташкил медод [14, 195-196].
Дар Табрез якчанд бозор мавчуд буд, ки дар онхо сокинони шахр хамеша масруфи савдо буданд. Анвои шираю шарбат, гушт ва хар гуна мевахо фурухта мешуд. Дар кучахои шахр манбахои зиёди об ва чоххо мавчуд буданд, ки тобистон бо онхо яхпорахо меандохтанд. Барои обнушй назди онхо косахои оханин ва мисй мегузоштанд.
Х,окими шахрро доруга меномиданд. Доруга - вожаи мугулй - хоким амалдори хон дар шахр буда, ба зимаи у идоракунии шахр, чамъ овардани бочу хироч ва андоз, ичро намудани дигар ухдадорихо дохил мешуд [15, 55].Дар шахр масчидхои зебо буданд, ки дар чахон шухрат доштанд.
Тибки маълумоти манбаъхои таърихй бунёди шахри Табрез ба даврони Ашкониён ва Сосониён бармегардад. Дар ахди мугул Табрез пойтахти сулолаи махаллии Атобекхо буд. Ёкути Х,амавй, ки соли 1213 дар Табрез буд, ин шахрро хамчун маркази бузурги саноатй тасвир менамояд ва мегуяд. ки молхои он ба мамолики дигар фиристода мешуд[8, 822].
Мавкеи ин шахр дар ахди мугул боз хам ривоч ёфт ва он ба пойтахти Форс баргузида шуд[14, 232].
Дар давраи хукмронии Fозонхон (1295-1304) мавкеи Табрез боз хам афзуд. ^аблан атрофи девори шахр масохати 6000 кадамро ташкил мекард ва дар ахди Fозонхон он 25000 кадам расонда шуд[14, 204].
Табрез соли 1385 аз чониби Тухтамишхон ва соли 1386 аз чониби Темурланг ба сахтй горат гардид.
Сайёхи венисианй Винчентсо Алессандри, ки дар Табрез буд, менависад, ки ин шахр дар дашти пахновар вокеъ аст, ки дар наздикии чандин теппа карор дорад ва мучовири макони муртафеъ аст. Дар гузашта дар он чо калъае сохта буданд ва акнун вайронахояш барчой аст. Мухити шахр хисор надорад. Дар атрофи шахр богхои бешумор ва фазохои боз ба чашм мехурад. Теъдоди кучахои Табрез чихилу панч аст ва дар хар кадом сафе аз дарахтон дида мешавад. Чунон ки метавон гуфт, ки хар кадом куча боге аст. Х,авои шахр дар тобистон ва зимистон созгор аст. Мевахои Табрез аз хубй ва шодобй бехтар аз мевахои хар чойи дигар аст. Ин шахре аст бозоргонй, зеро аз саросари кишвар мох ва корвон ба он чо ворид мешавад [7, 475].
Тахлили маълумоти муаллифони асримиёнагй дар бораи Табрез аз он шаходат медихад, ки ахбори Клавихо доир ба ин шахр сахех буда барои муайян намудани мавкеи ин шахр ахамияти калонро дорост.
Шахри дигаре, ки Клавихо аз он ном бурдааст, ин Султония аст. Тибки ахбори муаллиф Султония дар хамворй чой гирифта, атрофаш девор надошт, вале дар он чо касре буд бо деворхои сангин ва манорахои баланд [15, 80] ва аз чихати шумораи ахолй аз шахри Табрез камтар буд. Дар он чо тичорат ривоч дошт. Ба ин шахр хар сол, хусусан дар моххои июн, июл ва август корвонхои зиёди шутурхо хар гуна мол меоварданд. Аз хисоби тичорат ин шахр ба шох даромади зиёд медод. Х,ар сол ба ин шахр аз Х,индустон бозаргонони зиёд меомаданд. Аз шахрхои гуногуни дуру наздик ба ин чо молхои гуногун меоварданд [15, 80].
Сохтмони шахри Султония дар охири асри ХШдар замони AрFyни элхонй OFOЗ гардида, дар ибтидои асри XIV дар ахдиУлчойту ба анчом расида буд. Тибки маълумоти Х,амдуллох ^азвинй Улчойту мехост. ки дар атрофии шахр девор сохта, масохати онро ба 30000 кадам расонад, аммо у инро ба охир расонида натавонист[16, 177].
Сайёхи венетсиягй Чузофо Борбору, ки аз шахри Султония убур карда буд, менависад, ки шахр девор надорад, аммо дар он чо касрест, ки ру ба харобй ниходааст. Атрофи каср як мил аст. Шахр нисбатан бузург аст ва мухиташ чахор мил ва дорои оби фаровон аст [19, 85-86].
Сайёхи дигари венетсиягй Амбрузио Канторини мегуяд, ки дар Султония касри бузурге вокеъ аст, ки бисёр кухан менамояд. Шахр дар даште ниходааст, аммо дар мучовирати баъзе аз куххои нисбатан баланд. Дар зимистон хавои он чо чунон сард мешавад, ки мардум ногузир ба чои дигар мераванд. Бозоре дорад, ки дар он чо амволи мухталиф мефурушанд [2, 150].
Муаллифи "Х,афт иклим" Амин Ахмади Розй низ гуфтахои ин муаллифонро тасдик менамояд [3, 209-210].
Клавихо дар бораи Шероз менависад, ки он дар шафати Х,индустони хурд чойгир буд.Ба ин шахр ашёхои пашмин, коFaз, пояфзол ва дигар махсулотхо меоварданд. Шероз шахри асосии вилояти Форс буда, бори аввал соли 1387 ва бори дуюм соли 1393 ин шахр аз тарафи Темурланг забт гардида буд. Аз Яман ва аз махалхои Хуросон ба таври зиёд ба ин шахр пахтаи коркард нашуда матоъхои пахтагии гуногунранг, ки барои духтани либос мувофик буданд, оварда мешуд
[15, 81].
Сайёхи венетсиягй Чузофо Борбору менависад, ки Шероз шахри бисёр бузургест, ки мухиташ ба бист мил баробар аст. Шероз мардуми бешумор дорад. Он чо пур аз бозаргон аст, зеро тамоми касоне, ки аз навохии шимол, яъне аз Х,ирот, Самарканд ва Нисо меоянд ва рохи Форсро дар пеш мегиранд, аз Шероз мегузаранд. Воридоти ин шахр чавохирот, порчахои абрешимии бузург ва кучак, адвия ва Faйрa иборат аст. Шероз дорои теъдоди масчиди олй ва зебо вахонахои хуб ороста ба кошикорй ва дигар зевархои некуаст. Шумори хонахои Шероз дусад хазор ва шояд бештар бошад [19, 91].Ин гуфтахоро Амин Ахмади Розй низ тасдик менамояд [3, 180-181].
Шахре дигаре, ки Клавихо дар бораи он маълумот додааст, ин Нишопур аст. Тибки маълумоти Клавихо Нишопур яке аз шахрхои бузурги Хуросон ба шумор мерафт. Дар масофаи на чандон дур аз шахр хамвории калоне доман пахн карда буд, ки ба воситаи он каналхои сершумори обёрикунанда боFхои шахрро бо об таъмин мекарданд. Дар ин хамвории бузург кабилае сокин буд, ки асосан ба чорводорй шyFл доштанд. Онхорамахои зиёди гусфанд дошта, чорвои калон низ парвариш мекарданд. Ин кабиларо алавархо мегуфтанд. Онхо бист хазор шутур низ доштанд. Онхо бо чорвои худ дар заминхои Темур гашту гузор карда ба у хар сол барои хукуки дар ин чо чаронидани чорвосе хазор шутур ва понздах хазор гусфанд боч месупориданд.
Шахри Нишопур дар хамворй вокеъ гашта буд ва боFy хонахои зиёди зебое дошт. Ин шахрхеле бузург ва бой буда, пойтахти давлати Мидия (Модхо) ба шумор мерафт [15, 91-92].
Клавихо дар ин холат ба иштибох рох додааст. Шахри Нишопур дар Эрони Шаркй вокеъ буд, на дар Ироки Форсй (Мидияи кадим) Ин иштибохро В.В. Бартолд дар китоби худ ишора намудааст[6, 113-115].
Дар бораи шахри Нишопур Клавихо маълумот, инчунин кайд кардааст, ки дар ин чо лочувард хеле зиёд аст. Гарчанде дар дигар махалхо лочувард вохурад хам, аммо дар ин шахр он хеле фаровон аст, ва навъи он хам хеле олй аст. Онро аз зери замин берун меоранд. Инчунин аз
дарёдо, ки ондо аз куддо чорй мешаванд, коркард мекyнанд. Адолии канорадои шадр нидоят зич бyда, досилнокии замин зиёд аст [l5, 92].
Нишопур баъд аз сарнагyн шyдани сyлолаи Хулагидо дар солдои 30-юми асри XIVба дайати давлати дар Сабзавор таъсис ёфтаи Сарбадорон доxил шуд. Намояндаи оxирини ин сулола соли 1381 бе мукобилият ба Темурланг таслим шуд. Ин боиси он шуд, ки шадр аз xаробшавй начот ёфт. Дар атрофи шадри Нишопур мис, одан, нукра ва дигар маъдандо истедсол карда мешуд [5, 112].
Шадри дигаре, киКлавиxо дар бораи он маълумот додаст, ин Машдад аст. Дар ин шадр яке аз наберагони паЙFамбар Мудаммад, шудааст. Мегуянд, ки y мукаддас дониста шуда дар масчиддои калон дафн шудааст ва маркадаш бо нукра ороиш дода шудааст. Ин шадрчои зиёратгоди дочиён шуда, дар сол дазордо пешравони ин дин ончоро зиёрат мекунанд [15, 92-93].
Машдад - шадри асосии Хуросон, дар атрофи маркади имоми даштуми шиа Алй Ибни Мусо ар-Ризо ки соли 818 дар мадали Синобод вафот карда на чандон дуртар аз Тус дафн карда шудааст, чои мукаддас дониста мешавад ва дар Эрон шудрати беандоза дорад [6, 116-118].
Шадри дигаре, ки Клавжо дар бораи он маълумот додаст, ин Балx аст.
Клавжо дар бораи Балx менависад, ки «шадр xеле бузург аст ва атрофи он xокрезй аст, ки паднои ондо сй кадамро ташкил медод. Девори шадр, ки бар ин xокрез мушраф аст, инак дар бисёре аз нукот шикаста ва вайрон гаштааст. Аммо дар доxили ин девор ду девори дигар ба мувозоти аввалй вучуд, дорад, ки шадрро диросат мекунад. Дар фазои мавчуд байни xокрез ва аввалин девори шадр деч xонае нест, ки касе дар он xона дошта бошад. Замини он чо таксим шуда ва барои кишти пунба ба кор меравад. Дар фазои ин девори дуюм ва сеюм xонадое соxта шудааст, вале чамъияти он чандон нест. Дар фазои доxили девори сеюм, яъне дар маркази шадр чамъияти фаровон аст. Девори сеюм ё девори доxилии шадри Балx аз аз дама мадкамтар буд» [15, 98].
В.В.Бартолд оид ба ин шадр чунин навиштааст. Дар замони Чингизxон шадр кариб пурра xароб гашта, то чоряки якуми асри XIV дар ин долат бокй монд. Балx аз чониби xони ЧаFатой Кебек (вафот с. 1326) аз нав баркарор шуд. Соли 1368 амир Хусейн карор дод, ки калъаи Балxро аз нав баркарор намоянд. Бо ин максад y сокинони шадрро мачбурй ба ин чо ронда овард. Баъди аз тарафи Темурланг забт гаштани Балx соли 1370 сокинон аз нав ба шадр баргардонида шуданд [4, 42].
Дар «Худуду-л-олам» рочеъ ба Балx xабар дода мешавад, ки он шадри азиме ба дисоб рафта, тамоми докимон ин шадрро кароргоди xyд интиxоб менамуданд.Дар ончо мавзее буд, бокимондадои бинодои бодашамат мадфуз буданд ва инчоро Навбадор меномиданд.Ин чои зиёратгод буд.Дар ончо норинч, найшакар, нилуфар ва Fайра парвариш мекарданд. Дар Балx бозордои сершумор вучуд доштанд [18, 65].
Мувофики маълумотдои ЯкyбйБалx шадри аз дама калонтарин ва маркази Хуросон буда, дар ин чо шоди Хуросон Тарxон зиндагй мекард. Дедадои Балx, мулкдо ва киштзордои онро девордои азим идота намуда буданд. Аз девордо берун на мадалдои адолинишин, на мулкдо, на дедадо мавчуд набуда, тандо кумзордо мавчуд буданд. Девордои бузурги атрофи шадрро идота намуда 12 дарвоза доштанд. Девори дуюм работро идота намуда буд. Дар работ Навбадор чойгир шуда буд, ин чои зисти Бармакиён буд [1, 149].
Ёкути Хамавй менависад, ки Балx яке аз шадрдои бузурги Хуросон ба шумор мерафт. Дар ончо мадсулотдои гуногун истедсол мешуд ва ба шадрдои мyxталифи Хуросон ва Хоразм содирот мекарданд [8, 713].
Ибни Батута, ки дар Балx буд, xабар медидад, ки дангоми дар Балx будани y «шадр пурра xароб ва беадолй буд. Вале дар шаxсе, ки шадрро медид, гумон мекард, ки он адолй дорад: соxтмондои он дар долати xyб бокй монда буданд. Ин шадр xеле бузург ва васеъ буд. Масчиду мадрасадои он пурра бокй монда, навиштачотдои девордои ондо, ки дар долати xеле xyб буданд, ба назар мерасиданд. ... Чингизи xyнxор шадрро xароб ва сеяки масчиддои онро дар чустучуи сарват нобут мекард. Ба y xабар дода буданд, ки дар зери ин масчиддо сарват пиндон карда шудааст. Ин масчддо зеботарин дар чадон ба дисоб мерафтанд» [9, 95].
Оиди ба шахри Балх яке аз муаррихони асримиёнаги Махмуд ибни Валй низ маълумоти муфид меорад.Аз чумла у менаависад, ки «Балх якеаз вилоятхои сокиннишини Хуросон ва яке аз мамлакатхои Эрон кисмати бехтарин ва мусоиди мамлакат ба хисоб меравад. Мувофики як гуфтор, Балх якумин, аз руи дигар гуфта дуюмин шахри Хуросон ба шумор мерафт. ... Обхои он самарабахш, иклимаш бошад, муътадил ва хуб буд. Чехраи одамонаш хеле хушсират, хушлибос, дилкаш буда, равияидинии ханафияро пайравй мекарданд» [11, 24-25].
Аз руи маълумоти бисёр муаррихон ва чугрофидонхои асримиёнагй Хуросон аз чор кисмат иборат буд: Нишопур, Марв, Х,ирот ва Балх. Махмуд ибни Валй сабзавот, мева, гулу растанихои дар Балх парваришмешударо тасвир кардааст. У менависад: «... Ба шарофати ... Нодир Мухаммадхон... холо тамоми мевачоти ин махал аз пештара дида хубтар шудаанд ва оне, ки аз хосили алафхои киштшаванда, гулхо, дарахтон ва дигар растанихо барои ичрои хатмии амр ба инчо аз махалхои гуногуни дурдаст харидорон меомаданд, кишти онхо афзоиш ёфта, барзиёд истехсол мешуд, талабот ва хохиш ба . харбузаи кукча аз Хуросон, муллопояндагй ва дарай аз Бухоро, харбузаи загорй ва гелоси самаркандй, шафтолухои аллохдодй аз баъзе махалхои ба вилояти Балх муттааллик дигар навъи шафтолухо аз Хитои Шимолй, навъи дарахтони тут аз Хоразм, навъи дигар аз Бадахшон, навъи шафтолу, ки чархй ном дошт аз Маргиён ва боз баъзе навъхои дигар, ки миршоххусайнй номида мешуданд, хайдарй, тарсунй, аламшохй аз вилоятхои гуногун, анори ширшакар аз вилоятхои зертобеи Балх ва як намуд аз Андхуд, навъхо аз ^абодиён, навъе вз ^ум, навъи харбуза, ки навишта ном дошт ва навъи дигаре бо номи дукдан маълум буд, аз мамлакатхои дурдаст, ангури кишмиш сиёх, сохибй ва окилии сафед аз кисматхои зертобеи Балх: олуи пайвандии турш аз баъзе мамлакатхо; себи сангак аз Самарканд; ношпотии муллохусравй ва як гурухи дигари нок аз махалхои ба Балх тобеъ. ... Аз галадонагихо биринчи навъи девзира ва баъзе намудхои дигари лубиё, каланфур аз Х,индустон меоварданд. Аз дарахтон: кипарис аз Хуросон, кипариси нукратоб аз Самарканд оварда мешуданд. Аз растанихо бошад, найшакар, боклачон, аз Х,индустон оварда мешуд» [11, 110].
Аз руи маълумотхои Амин Ахмад Розй хангоме ки истилогарони мугул ба Балх ворид шуданд, панчох хазор намояндаи амалдорон, шайххо ва ашрофи шахр ба истикболи онхо баромада, шахрро аз харобшавй начот додани шуданд, вале ин натича надод. Мугулхо шахрро пурра хароб карданд, ки он дар асри XVII аз нав баркарор шуд. Муаллиф менависад, ки дар шахри Балх ба таври зиёд ангур, харбуза ва тарбуз парвариш мекарданд. Тарбузхои инчо чунон калонхачм буданд, ки чор донаи онхо бори як шутурро ташкил медод [3, 41-42].
Тахлили ин сарчашмахо нишон медихад, ки маълумотхои Клавихо оид ба Балх дар аксар холатхо боварибахш буда, кобили таваччуханд.
Х,амин тарик, аз ахбори сафири испанй Клавихо маълум мешавад, ки хангоми аз ин ё он шахри Хуросон убур намудан, у бо хаёт ва зисту зиндагии ахолии он шиносой пайдо намуда, чихатхои назаррас ва фарккунандаи онхоро нисбат ба махалхои дигар зикр намудааст.
АДАБИЁТ
1. Ал-Яъкубй. Китоб ал-булдон // Материалы по истории туркмен и Туркмении. Т. I. М.; Л., 1939.
2. Амбрузио Канторини.Сафарнома // Сафарномахои винизиён дар Эрон. Тарчумаи Манучехри Амирй. Чопи аввал. Техрон, 1349 х.ш. С. 125-196.
3. Амин Ахмад Розй. Х,афт иклим. Ба чоп хозиркунанда Чаводи Фозил. Чилди I. Техрон, бе нишондоди соли нашр.
4. Бартольд В.В. Улугбек и его время//Соч. Т. 2. Ч. 2. М., 1964. С. 25-196.
5. Бартольд В.В. Историко-географический обзор Ирана// Соч. Т. 7. М.. 1971. С. 31-225.
6. Бартольд В.В. Хорасан // Соч. Т. 7. М.. 1971. С. 102-121.
7. Винчентсо Алессондри. Сафарнома // Сафарномахои винизиён дар Эрон. Тарчумаи Манучехри Амирй. Чопи аввал. Техрон, 1349 х.ш. С. 459-479.
8. Ёкути Х,амавй. Муъчаму-л-булдон. Ч,. I. Лейпциг, 1868.
9. Ибрагимов Н. Ибн Батута и его путешествия по Средней Азии. М .: Наука, 1988.
10. Мавлоно Шарафуддин Алии Яздй. Зафарнома. Чилди дувум. Ба тасхех ва эхтимоми Мухаммади Аббосй, Техрон, 1336.
11. Махмуд ибн Вали. Море тайн относительно доблестей благородных (география) / Введ., пер. сперс., примеч. и указ. Б. А. Ахмедова. Ташкент, 1977.
12. Мирхонд. Равзату-с-сафо. Чилди шашум. Лакхнав, рабеъулаввали соли 1322/ майи 1904.
13. Петрушевский И.П. Городская знать в государстве Хулагуидов // Советское востоковедение. Т, V. М., 1948.
14. Петрушевский И.П. Государство Азербайджана в XV в. // Сборник статьей по истории Азербайджана. Вып. 1. Баку, 1949.
15. Руи Гонсалес де Клавихо. Дневник путешествия в Самарканд ко двору Тимура (1403-1406). - М., 1990.
16. ХамдуллохКдзвинй. Нухзат ул-кулуб. Чопи Дабири Сиёщ. Техрон, 1958.
17. Хондамир. Таърихи хабибу-с-сияр. Ч,илди севум, Техрон, 1362.
18. Худуд-ул-олам. Ба чоп хозиркунанда Н. Крсимов. Душанбе: Дониш, 1983.
19. Ч,узофо Борбору. Сафарнома // Сафарномахои винизиён дар Эрон. Тарчумаи Манучехри Амирй. Чопи аввал. Техрон, 1349 х.ш. С. 21-121.
ОПИСАНИЕ НЕКОТОРЫХ ГОРОДОВ ХОРАСАНА В КНИГЕ РУЙ ГОНСАЛЕС ДЕ КЛАВИХО "ДНЕВНИК ПУТЕШЕСТВИЯ В САМАРКАНД КО ДВОРУ ТЕМУРА (14031406)"
В статье согласно сведениям испанского посла ко двору Тамерлана Руй Гонсалеса де Клавихо приводится описание некоторых городов Хорасана, в которых он побывал во время своего путешествия в Самарканд. Автор, описывая тот или иной город, даёт интересные сообщения о его географическом положении, занятости населения, положении внутренней и внешней торговли, обычаях и архитектурных памятниках.
Ключевые слова: Клавихо, город, население, Табрез, стена, крепость, торговля, сведения, Шероз, Султания, Балх, Нишапур.
DESCRIPTION OF CERTAIN CITIES OF KHORASAN IN THE BOOK OF RUIS
GONZALEZ DE CLAVICHO "THE DIARY OF TRAVEL IN SAMARKAND TO THE
COURT OF THE TEMOUR (1403-1406)"
A description of some cities of Khorasan in which he visited during his trip to Samarkand is submitted according to the information of the Spanish ambassador to the court of Tamerlane Rui Gonzalez de Clavijo. An author, having described this or that city, gives interesting reports on geographical position, employment of the population, the situation of domestic and foreign trade, customs and architectural monuments.
Keywords: Clavijo, city, population, Tabriz, wall, fortress, trade, information, Sheroz, Sultania, Balkh, Nishapur.
Сведение об авторе:
Джонмуродов Шамшод, ассистент кафедры общая история Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни, тел:+992985735597, Е-mail: [email protected]
About the author:
Shamshod Jonmurodov, assistant of world history department of Tajik State Pedagogical University named after Sadriddnin Ayni, phone: +992985375597, E-mail: shamshod90.90@mail. ru
КАЛИМАИ «ЦИРГИЗ» ВА МУЛОХДЗОТ ДАР АТРОФИ ОН
Толипова С.Ш.
Донишгохц давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни
Калимаи «киргиз» ки имруз ба сифати этноним истифода мешавад диккати муттахасисони сохах,о гуногуни илмро чалб намудааст ва дар атрофии маънои он таткикотхо хело зиёд ва хамзамон гуногунанд. Дар сарчашмахои хитой калимаи «киргиз» ё «киркюс» хануз дар асрхои XVIII-П пеш аз мелод вомехурад. [1]
Мафхуми «киргиз» дар сарчашмахои юнонй ба шакли «хергис»; дар мугулй - «хирхис»; арабй ва форсй «хирхиз»; кошгарй- «кыркыз»; дар Ч,увайнй-«хырхыз» оварда шудааст.
Доир ба этимологияи киргиз мисолхо ва далелхо хело зиёд мебошанд.
Дар ривоятхои халкии киргиз, пайдоиши мафхуми «киргиз»-ро аз ду калима «кырк» (чил) -кыз (духтар) маънидод мекунанд.