Научная статья на тему 'СТРУКТУРА И СОДЕРЖАНИЯ ГЛАВ ПЕРВОГО ТОМА "ТА’РИХИ ‘АЛАМАРАЙИ ‘АББАСИ"'

СТРУКТУРА И СОДЕРЖАНИЯ ГЛАВ ПЕРВОГО ТОМА "ТА’РИХИ ‘АЛАМАРАЙИ ‘АББАСИ" Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
31
7
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИСКАНДАРБЕКИ ТУРКМОН / СОБЫТИЯ / ВЕК / ТАБРЕЗ / МОВАРОУННАХР / ХОРАСАН / БУХАРА / ШАХ-АББАС / ГРУЗИЯ / ГЕРАТ / УБАЙДХАН

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Косимов Амрохон Джобирович

В данной статье расматривается структура первого тома сочинения Искандарбеки Туркмона «Та’рихи ‘аламарайи ‘Аббаси». Первый том сочинения состоит из двенадцати глав, которые были написаны в 1025/1616. Данное сочинения включает в себя события которые произходили в 907/1502 и 995/1587 годах. Большеннство тем данного сочинения посвешены событиям которые в XVI веке происходили в Мовароуннахре и Хорасане.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

CONTENT AND STRUCTURE OF THE CHAPTERS OF THE FIRST PART OF "TARIHI OLAMOROI ABBOSI"

N this article reviewed the first part of Iskandarbeki Turkmon’s work «Tarihi Olmoroi Abbosi». The first part of this work consists of twelve chapters, which were written in 1025/1616. This work contains events which happened in 907/1502 and 995/1587. Most of themes of this work devoted to events which happened in XVI century in Movarounnahr and Khuroson.

Текст научной работы на тему «СТРУКТУРА И СОДЕРЖАНИЯ ГЛАВ ПЕРВОГО ТОМА "ТА’РИХИ ‘АЛАМАРАЙИ ‘АББАСИ"»

5. Пален К.К. Городское управление. //Отчет по ревизии Туркестанского края, по Высочайшему повелению Сенатором Гофмейстером Графом К.К. Паленом. С.-Петербург: Сенатская типография. 1910. С. 4, С. 116, С. 122, С. 134-135,С 140, С. 144-145, С. 222, С. 152-153.

6. Положение об управлении Туркестанского края.- СПб., 1886. Ст. 247.

7. РГВИА ф. 400, оп. 1, д. 4770, л. 3.

8. РГВИА ф. 400, оп. 1, д. 4734, л. 12-13.

9. Тухтаметов Ф.Т. Правовое положение Туркестана в Российской империи (вторая половина XIX века). - Уфа: Б. и., 1999. - С. 180.

К.К. ПАЛЕН ОБ АДМИНИСТРАТИВНОМ УСТРОЙСТВЕ (НА ПРИМЕРЕ ХОДЖЕНТСКОГО УЕЗДА)

Рассмотрена проблема градостроительства и городской системы управления в Туркестанском крае в конце XIX - начале XX вв. Отмечены природные различия в системе урбанизации, градостроительства и административного устройства Запада и Востока, приверженность местного населения традициям собственной цивилизации. С использованием архивных источников раскрывается видение проблемы российским сенатором К.К. Паленом через описание им Ходжента и Ходжентского уезда. Показана роль уездного управления и уездного начальника в административном управлении городским поселением Туркестанского генерал-губернаторством, раскрыт круг его полномочий. Приведены данные о бюджете трёх основных городов уезда. Сделан вывод, что с приходом русских кардинально изменилась система градостроительства и административного управления в Туркестанском крае, присутствие при этом цивилизационной грани, которая ассимилировалась очень медленно.

Ключевые слова: Туркестанский край, генерал-губернаторство, Ходжент, Ходжентский уезд, урбанизационный процесс, градостроительство, городская система управления, колониальный период.

K.K. PALEN ON ADMINISTRATIVE ARRANGEMENT (ON THE EXAMPLE OF HOJENT COUNTY)

The article considers the problem of town planning and a system ofcity management in Turkistan region in the end of XIX - beginning of XX centuries. It notes the natural distinctions in the system of urbanization, town planning and the administrative structure of the West and East, commitment oflocalpopulation to traditions oftheir own civilization.

Russian senator K.K. Palen with use ofarchival sources reveals the vision ofa problem through his descriptions of Hodzhent and Hodzhent's district. It shows the role of district management and the district chief in administrative management of the city settlement of Turkistan general-governorship and discloses the circle of its power. Data on the budget of three main cities of the county are provided. It is concluded that with arrival ofRussians the system of town planning and administrative management in the Turkistan region cardinally changed, presence at the same time of a civilization side which assimilated very slowly.

Keywords: Turkistan region, general-governorship, Hodzhent, Hodzhent's district, urbanization process, town planning, the system of city management system, colonial period.

Сведения об авторе:

Каримова Кумринисо Осимовна - ассистент кафедры международных отношений Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики

About the autor:

Karimov Kuminiso Osimovna - Assistant of the Department of International Relations Tajik State University of Law, Business and Politics

УДК 891.550 (091) (575.3)

СОХТОР ВА МАЗМУНИ БОБРОМ ЧИЛДИ ЯКУМИ «ТАЪРИХИ ОЛАМОРОИ АББОСЙ»

Крсимов А.Ч,.

Донишго^и давлатии омузгории Тоуикистон ба номи С.Айнй

Асари Искандарбеки Туркмон «Таърихи оламорои Аббосй» аз чумлаи асар^ое мебошад, ки дар нимаи аввали асри XVII, аниктараш, байни сол^ои 1616-1638 таълиф гардидааст. Асари мазкур дарбар-гирандаи ахвол ва кирдор^ои подшохони сафавй аз огози хукумати ин силсила то марги шох-Аббос ва зикри хаводиси мухими он ахд мебошад, ки дар се чилд таълиф ёфтааст.

Чцлди аввали он, ки дар соли 1025/1616 таълиф шудааст, бинобар он чй муллиф дар сахифаи панч менависад, шомили як мукаддима ва дувоздах, макола аст.

Барои муайян сохтани сохтори чилди якуми ин асар, тасмим гирифтем, ки мaвзyoти онро таксимбадй намуда доир ба ходисахое, ки дар худуди як сол рух додаанд, бобхо тартиб дихем, сохтори чилди якуми асарро бо чунин тарз муайян намуда, сипас мазмуни хар як бобро дар алохидагй зикр кунем. чИлди якуми «Таърихи оламорои Аббосй» аз дуводах боб иборат аст. Акнун ба баёни мазмуни бобхо мепардозем:

Дар боби аввал пас аз зикри мукаддима муаллиф ба баёни силсилаи насаби хонадони сафавй пардохта аз шох-Аббос ибни Cyлтoнмyxaммaд шуруъ намуда, онро тавассути Имом Чаъфари Coдик ба Мухаммад паёмбар мерасонад [1, с.6-24].

Cипac муаллиф ба баёни таърихи шох-Исмоили аввал пардохта ва доир ба забткорихои y дар мавзухои алохида маълумот медихад. Аввалин бархурде, ки шох-Исмоили аввал анчом додааст, ин мухорибаи y бо Мирзованди туркмон дар соли 907/1502 дар худуди Озарбойчон мебошад [1, с.28]. Дар худуди ин сол шох-Исмоили аввал боз ба суйи сарзаминхои Ирок, Форс ва Кирмон лашкар мекашад. Дар ин лашкаркашй хокими он сарзаминхо Cyлтoнмypoд баъд, аз бархурди сахт бо лашкари шох-Исмоили аввал шикаст хурда, py ба Шероз меорад. Пас аз баёни ин ходиса муаллиф ба ёдоварй аз танбехи мутамарридони Ирок аз чониби шох-Исмоили аввал мепардозад, ки бо рохнамой ва пешниходи Cyлтoнмypoд ба ин кор даст зада буданд. Мавзуи дигаре, ки муаллиф ба он ишора намудааст, ин бархурди шох-Исмоили аввал бо Мироудавла хокими Маргаш ва Олбистон бар сари казияхои диёри Бакр мебошад, ки он диёр хам дар худуди соли 908/1503 аз тарафи шох-Исмоили аввал забт мегардад [1, с.31-33]. Баъд аз ба даст даровардани диёри Бакр чй гунае, ки муаллиф кайд мекунад: «Таваччухи шох-Исмоили аввал ба суйи Ироки араб мешавад ва соли 914/1509 ба он диёр даст меёбад [1, с.34-35]. Дар аснои пирузй ба y лакаби Абумансур халифаи хулафо аз чониби мардуми он диёр дода мешавад.

Дар боби дуввум муаллиф дар бораи пирузихои пай дар пайи шох-Исмоил дар сарзамини Хуросон маълумот медихад. Аввалин лашкаркашии шох-Исмоил чониби Хуросон дар соли 913/1507 шуруъ мешавад. Хангоми лашкаркашии шох-Исмоили аввал ба ин сарзамин, хокимияти вилоятхои сарзамини пахновари Хуросон дар дасти фарзандони Cyлтoн Хусайнмирзо Бадиуззамон Мирзо, Музаффархусайн Мирзо ва Кипкмирзо буд [1, с.36-41].

Дар худуди соли 920/1514 Cym^ CaЛим подшохи усмонй ба шох-Исмоили аввал нома навишта аз лашкаркашиаш ба сарзаминхои зери нуфуз будаяш, хабар медихад. Дар ин асно шох-Исмоил дар Исфахон карор дошт, барои дур сохтани шари душман аз он чо ба Хамадон рафта дар сахрои Чолдарон ба лашкари Cyлтoн Caлим py ба py мегардад. Дар ин бархурд лашкари шох-Исмоили аввал шикаст хурда, умарои зиёде кушта мешавад. Дар соли 930/1524 бошад, шох-Исмоили аваал дар синни 37 солагй аз дунё дармегузарад [1, с.41-44].

Баъд аз марги шох-Исмоили аввал муаллиф ба зикри ахволи шохзодаи хурдсол Шох-Тахмосб мепардозад. Шох-Тахмосб дар синни ёздахсолагй ба курсии шохй менишинад. Аз хурд будани синни шохзодаи хурдсол, истифода намуда, баъзе аз бузургони хокимият, нисбаташ тамаъ меварзанд. Аз тарафи дигар пай дар пай лашкар-кашихои султонхои шайбонй низ сурат мегирад.

Муаллиф дар боб сеюм, аз mam маротиба лашкаркашии Убайдхон ба сарзамини Хуросон маълумот медихад. Муаллиф доир ба ин лашкаркашй чунин фармудааст: «Убайдхон хамеша дар орзуи мулки Хуросон ва ба даст овардани ин сарзамин буд аз бими шуълаи шамшери шох-Исмоил аввал ва зухури вокеаи Шибкхон дар Бухоро хазида дам даркашида буд, баъд аз вокеаи марги шох-Исмоил ва ахбори мунозеаи умаро ба гумони он, ки мамолики Эрон бесохиб ва дар дасти чанд зуровар аст, дандони тамаъ ба мулки Хуросон тез кард, mam маротиба ба мулки Хуросон лашкар кашид [1, с.50].

Дар худуди соли аввали вафоти шох-Исмоил аввалин лашкаркашии Убайдхон ба сарзамини Хуросон чихати ба даст овардани Хирот шуруъ шуд, аммо ин лашкаркашй бенатича буд. Зеро Дурмешхон бекларбеки Хуросон бурч ва борахои калъаи Хиротро мустахкам карда буд.

Дар мархилахои дигар низ гарчанде Убайдхон ба баъзе сарзаминхои Хуросон амсоли Машхад, Истаробод, Нишопур ^бзавор даст меёбад, аммо бенатича буд, зеро баъд аз бархурд бо лашкари кизилбош, кам шудани озука, намондани тобу тавони чангй ва дурии рох намегузошт, то Убайдхон дар Хуросон муддати зиёд бокй монад, аз ин чихат баргаштанро суйи Бухоро бар истодан тарчех медод. Баъд аз лашкаркашихои номуваффакона соли 946/1539 Убайдхон дар Бухоро аз олам дармегузарад [1, с.51-68].

Дар боби чахоруми асар муаллиф ба тавзехи чахор мархила лашкаркашии Cyлтoн Cyлaймoн подшохи усмонй ба сарзаминхои зери нуфузбудаи шох-Тахмосб мепардозад. ^ли 941/1534 баъд аз оне, ки лашкари Убайдхон аз Хуросон берун шуд, шох-Тахмосб тасмим гирифт, то ба суйи Мовароуннахр лашкар кашад. Аз тасмими шох-Тахмосб, Cyлтoн Cyлaймoн подшохи усмонй итилоъ пайдо карда, фурсат ганимат донист ва мархилаи аввали лашкаркашихояшро ба Ироку Озарбойчон

шуруъ кард. Бо хамин максад, Филпошо яке аз умарои усмониро бо сипохи бузург ба суйи Тиблис равона сохт, хокими Тиблис бошад py ба фирор овард. Дере нагузашта шох-Тахмосб накшаи лa:mкapкamй суйи Мовароуннахрро аз сар дур карда, бо лашкари кизилбош аз Крхира ба суйи Филпошо харакат кард. Аммо Филпошо вакто дид, ки тавони муковимат бо ypo надорад, фирорро бар чанг тарчех дод. Дар худуди хамин сол подшохи усмонй вазири бузург Иброхимпошоро бо хаштод хазор нафар чангчу ба суйи Озарбойчон равона сохт. Иброхимпошо Озарбойчонро ба осонй ба даст даровард. Дере нагузашта лашкари кизилбош барои муковимат озими ин сарзамин шуд. Аммо сардии зимистон ва кам шудани газои истеъмолии лашкари усмонй сабаб шуд то сипохи Иброхимпошо ба Мавсил баргардад [1, с.66-68].

Мархилаи дуввуми лашкаркашии Cjot^ Cyлaймoн як сол баъд ба вукуъ пайваст. Дар ин мархила низ даргирии шадиде миёни тарафхо ба миён омад. Баъд аз шикаст хурдан ва кушта шудани Cинoнпoшo яке аз умарои номдори Cyлтoн Cyлaймoн, y Иброхимпошоро бо лашкари азиме ба мукобили лашкари кизилбош мефиристад, аммо баъд аз мухорибаи начандон тулонй ва забти калъаи Ирчис Иброхимпошо бозмегардад [1, с.68-69].

Дар мархилаи сеюм сипохи Cyлтoн Cyлaймoн шахрхои Табрез, Хамадон, Кум ва Кошонро дар зери тасарруфи хеш медароранд. Аммо аз ин пешравии усмонихо лашкари кизилбош норохат шуда, барои бозпас гирифтани Табрез ва шахрхои дигар задухурдхои зиёде анчом медиханд. Лашкари кизилбош барои ба даст овардани шахри Табрез шахрро муддати зиёде мухосира менамоянд. Мухосираи тулонй ва дур будани рох ба Мавсил барои дастрасии озука ва тоб наёвардани умарои усмонй дар баробари умарои кизилбош дар шахрхои Хамадон, Кум ва Кошон ба Cyлтoн Cyлaймoн имкон намедихад, то вакти зиёде дар Хуросон бокй монад, аз ин чихат, Хуросонро тарк гуфта ба Мавсил бозмегардад [1, с.69-75].

Мархилаи чоруми лашкаркашии Cyлтoн Cyлaймoн подшохи Рум ба сарзамини Хуросон дар соли 961/1554 рост меояд. Дар ин мархила задухурди начандод шадиде рух медихад, аммо тарафайн ба дастоварди хубе ноил мегарданд. Чун Cyлтoн Cyлaймoн хуб андешид аз ин даргирихо фоиддае ба даст намеорад, бо шох-Тахмосб мусолиха намуд, аммо Cyлтoн Cyлaймoн соли 974/1566 аз дунё даргузашт. Чй гунае, ки муаллиф кайд мекунад: баъд аз марги Cyлтoн Cyлaймoн писараш Cyлтoн Caлим низ рохи падар пеш гирифта ба мусолихаи падар эхтиром нихода, задухурде байни y ва шох-Тахмосб сурат намегирад [1, с.75-79].

Боби панчуми асар ба шархи тасхири вилояти Шервон ва Шакй ва лашкаркашии шох-Тахмосб ба суйи Гурчистон бахшида шудааст. Муаллиф менависад, ки вилоятхои Шервон ва Шакй соли 958/1551 аз тарафи шох-Тахмосб забт гардидаанд [1, с.79-83].

Муаллиф дар ин боб аз чор мархила лашкаркашии шох-Тахмосб ба сарзамини Гурчистон ёдоварй намудааст, ки ду мархилаи он пеш аз забти виляти Шервону Шакй мебошад. Хангоми лa:mкapкamиxoи шох-Тахмосб ба сарзамини Гурчистон хокими он Лаворсоб ва ахолии он пайравони дини масехй буданд. Мархилаи аввали лашкаркашии шох-Тахмост ба Гурчистон соли 947/1541 рух дод. Дар ин мархила шох-Тахмосб кисмати зиёди Гурчистон аз чумла шахри Тифлисро дар зери тасарруфи худ даровард. Лаворсоб бошад, бо иддае аз лашкари Гурчистон ба куххои баланд панох бурданд [1, с.84].

Мархилаи дуюми лa:mкapкa:mии шох-Тахмосб ба Гурчистон соли 953/1546 мебошад. Ин мархила танхо барои танбехи иддае аз исёнгарони ин даёр буд.

Мархилаи саввуми лашкаркашии шох-Тахмосб ба Гурчистон соли 958/1551 баъд аз тасхири вилояти Шакй рух медихад. ^баби омадани шох-Тахмосб пайвастани баъзе аз мардуми ин диёр ба Лаворсоб ва тасхири баъзе минтакахои Гурчистон аз чониби y буд. Дар ин мархила низ Лаворсоб шикаст хурд ва ба чониби куххо панох мебарад [1, с.85-87].

Мархилаи чахоруми лашкаркашии шох-Тахмосб ба сарзамини Гурчистон ба соли 961/1554 рост меояд. Чй гунае, ки аз равиши мархилахои болои маълум аст, баъд аз ба даст оварани Гурчистон ва тарк намудани он аз чониби шох-Тахмосб ба хотири расидагй ба дигар манотики каламрави зери нуфузаш, Лаворсоб боз ба исёну шуриш даст мезанад. Дар ин мархила Лаворсоб ва лашкари y куллан шикаст хурда ва худи y кушта мешавад [1, с.87-90].

Дар ибтидои боби шашум муаллиф ба забти Кандахор дар соли 965/1558 аз тарафи шох-Тахмосб ишора намдуааст. Пас аз баёни забти Кандахор муаллиф ба тавзехи ахволи Хуросон баъд аз марги Убайдхон пардохта зикр мекунад, ки ин минтака то соли 957/1550 хело орому обод буд. Аммо дар худуди ин сол фарзанди Убайдхон, Абдулазизхон бо султонхои Тошканд, Caмapкaнд ва Хисори шодмон ба сарзамини Хирот хамлавар мешаванд. Хокими Хирот Шарофиддини Агалй калъаи Хиротро хуб истехком намуда, султонхои Мовароуннахр ноком бозмегарданд [1, с.90-94].

Пас аз баёни ахволи Хуросониён муаллиф ба зикри бартараф намудани саркашон дар дорул-хилофаи Багдод ва Хузистон аз чониби шох-Тахмосб мепардозад [1, с.94-96]. Дар ин замон исёнхои хурд аз чониби меросбарони авлодии ин минтакахо рух медод. Баъд, аз баёни ин мавзуъ муаллиф ба зикри омадани подшохи хинд Мухаммадшох ва султонхои усмониву хонхои шайбонй ба сарзамини

Эрон ишора мекунад. As равиши таълифи муаллиф бар меояд, ки хадаф аз ин ташрифот, мустахкам намудани робитаи дустй мебошад. Зеро Мухаммадшох дар сафараш ба сарзамини Эрон аз мехмоннавозии шох^ахмосб бaрxyрдор гашта аз шахрхои Казвин, Хабрез ва Ирдбил дидан мекунад.Мавзуи дигар ин омадани Султон Боязид ба дорссалтанаи Казвин мебошад. Сабаби омаданаш ба доруссалтани Казвинро муаллиф дар дaрxоcги y аз шох-Taхмоcб ба мусоидат намудан дар сулх миёни бародари бузургаш Султон СаЛим подшохи усмонй каламдод намудааст. !ибки маълумоти муаллиф, шох^ахмосб дар ин казия мусоидат мекунад, аммо кабл аз баргаштанаш Султон Боязид бо фармони бародараш Султон Салим кушта мешавад [l, с.97-104].

Сипас муаллиф аз омадани xонхои шайбонй Динмухаммадкон ва бародараш Aлиcyлгон ба доруссалтанаи Казвин дар соли 943/l536 cyxaн меронад. Дар ин сол, шох-Taхмоcб мартабаи чахорум ба чихати дафъ намудани лашкаркашии Убaйдxон ба Хуросон меравад. Бо лутфи шох^ахмосб Динмyхaммaдxон ва бародараш A^cjira ба сарзаминхои Нисо ва Aбивaрд даст меёбанд. Aммо он ду бо ин лутф арч нагузошта соли 950/l543 ба вилояти Истаробод лашкар мекашанд [1,103-106].

Думболаи ин мавзуъ муаллиф ба баёни вокеахое мепардозад, ки дар Истаробод дар замони хукмронии шох-TaхмоCб руй. додаанд. Aз чумлаи чунин вокеахо ин лашкаркашии AuncyironH шайбонй ба ин сарзамин мебошад. Мавзуи дигаре, ки муаллиф онро зикр мекунад, ин тacxири вилояти Гейлон аз тарафи шох-Taхмоcб аст, ки соли 975/l567 руй. додааст. Пас аз забткорихои тулонй ва расидани синаш ба чое, шох-Taхмоcб дар синни 64 солагй бинобар сабаби беморй, аз дунё дармегузарад [l, с. 106-124].

Дар боби хафтум муаллиф, доир ба xонaдони шох^ахмосб ва aшxоcи баладпояву донишмандони замони хокимияти y маълумот медихад. Муаллиф дар ибтидо ба зикри номхои шохзодагон ва авлоди шох мепардозад [l, с.125-127]. Баъд аз зикри_xонaдони шох муаллиф ба зикри номхои амирони хокимияти сафавй ва тоифаи онхо мепардозад. У кайд менамояд, ки аз тоифахои Шомлу, Источлу, Tyркмон, Румлу, Зулкадр, Aфшор, Кочор, Tолиш, Хонуслу, Икрод, Чикнй, Чагатой, Шиxовaнд амирони зиёде дар рушду нумуи хокимияти сафавй накши муассире гузоштаанд [l, с.138-142].

Пас аз ёдоварии ин мавзуъ муаллиф ба зикри номхо ва тaъриxи мyxтacaре аз донишмандон ва вазирону ахли калам мепардозад. Сипас муаллиф дар ин кисмате аз китоб ба бaxши фарханг пaрдоxтa аз вазъи фарханг дар ахди шох-Taхмоcб ёдовар мешавад. Муаллиф аз муставфиёни бузург, арбобони калам, aшxоcи машхур ва коргузорони дaфтaрxонa, ки баъзеи онхо аз точикон буданд, ёдовар мешавад. У аз арбобони точик чун Кози Чахонсайфи Хуснунасаб, Aхмaдбеки Нуркамол, Хоча Fиёcиддини Ain, Мирзобеки Aбхaрй ва дигарон, ки хар кадоме аз онхо мансабхои мухими давлатиро бар ухда доштанд, ёдовар мешавад [l, с.143-170].

Боби хаштуми асар, бештар ба вазъияти сиёсии доxили хокимияти сафавиён дар Эрон бaxшидa шудааст ва аз ба шаходат расидани шохзода Хайдармирзо инчунин, ба сари кудрат омадани Исмоилмирзо ёдовар мешавад. Чунин ба назар мерасад, ки баъд аз вафоти шох-Taхмоcб шохзодагон ба xотири ба даст овардани зимоми шохй ба чони якдигар афтода якдигарро ба катл мерасонанд. Зеро муаллиф аз кушта шудани шаш шохзода тавассути Исмоилмирзо, ки аз наздиконаш буданд, ишора мекунад [1,192-209]. Исмоилмирзо баъд аз бартараф намудани бародарон ва амакзодахояш аз сари рох бар мухиммоти мамлакат пaрдоxтa инсонхои бовариноки xешро ба вазифахои мухими давлатй мегузорад. Муаллиф баъд, аз корнамоихои Исмоилмирзо дар айёми салтанаташ ба мавзуи марги y ишора намуда чанд сабабе барои вафоташ кайд мекунад, ки яке аз онхо истифодаи барзиёди афиюн мебошад [l, с. 128].

Дар боби нухум зикр гардидааст, ки баъд аз марги шох-Исмоилмирзо фармонравоии Эрон ба дасти Султон Мухаммадпошо мегузарад. Aз ин чихат муаллиф дар ин боб ба зикри чи гуна ба сари кудрат омадани Мухаммадпошо ва баёни казияхое, ки дар замони хукмронии y руй. додаанд, ишора мекунад. Aз чумлаи казияхое, ки муаллиф дар ибтидои боб зикр мекунад, лашкаркашии Чaлолxони шайбонй ба сарзамини Хуросон ва ба катл расидани он аз чониби Мyртaзо-кyлиxони туркмон инчунин зикри вокеахои Озарбойчону Шервон ва лашкаркашии усмонихо ба ин минтакахо мебошад [l, с.129-135].

Мавзуи дигаре, ки муаллиф, ба он ишора мекунад, ин таваччухи Хамзамирзо ва дигар умарои кизилбош ба чониби Шервон мебошад. Чун казияи тасшри сарзаминхои Озарбойчон ва Шервон ба гуши Хамзамирзо ва дигар умарои кизилбош мерасад, онхо тасмим мегиранд, то ба мутахид шудан бо якдигар ба Шервон хамла намоянд. Лашкари кизилбош бо рохбарии Хамзамирзо дар канори махале бо номи Малохасн бо лашкари Шервон, ки иборат аз шонздах хазор чангчуи тотору лазгй буд ру ба ру мегардад. Баъд, аз як шабонаруз ва даргирии зиёде байни лашкархо Шервониён ру ба шикаст оварда, кисми зиёди он кушта шуда ва кисмате ба куххо панох мебаранд.

Баъд, аз баёни мавзуи Шервон муаллиф ба тафсилоти лашкаркашии Навоб Махдиулиё ба сарзамини Мозандарон ва баъзе ходисахое, ки дар мулки Хуросон ба вукуъ мепайвандад аз кабили даъвати шохи Хирот ба Казвин мепардозад. Натичаи лашкаркашй он шуд, ки хокими Мозандарон

Мирзохон ба катл расид ва Мозандарон ба зери нуфузи Махдиулиё даромад. Пас аз ин мавзуъ муаллиф ба исён бардоштани мухолифони Махдиулиё Caдpиддинхoни сафавй ва дигарон ишора менамояд, ки дар ин исён Махдиулиё ба катл мерасад. Мавзуи дигаре, ки муаллиф, дар охири ин боб ба он ишора мекунад, ин кушта шудани Мухаммад халифа дар чанги Шервон мебошад.

Дар боби дахум муаллиф ба казияхое ишора менамояд, ки дар худуди соли 988/1580 рух додаанд. Аз кабили чунин казияхо ин руйдод-хои Хуросон баъд аз интихоби Хусайнхони Шомлу ба хайси амири ин сарзамин мебошад. Дар худуди ин сол дар Хуросон миёни хокими Машхад Муртазокулихон ва волии Хирот Аликулихон задухурди шадиде рух медихад [1, с.256-258]. Аз хаводиси дигаре, ки дар ин сол рух дод, ин мухорибаи Cинoнпoшo вазири усмонй ва лашкари тотор бо лашкари кизилбош дар маконе ба номи Малохасн мебошад, ки баъд аз задухурди бе натича лашкари тотор ба Догистон ва лашкари усмонй ба кафо бармегарданд. Дар охири ин боб муаллиф ба кушта шудани Ч,амшедхон фарзанди Музафарсултон волии Гейлон ба дасти Мирзокомрони Кухдамй ишора мекунад.

Боби ёздахуми асар, бештар доир ба казияхои Хуросон ва сарзаминхои Озарбойчон, Шервон ва Ирок бахс мекунад. Мавзуе, ки дар ибтидо муаллиф ба он ишора менамояд, ин руйдодхои Озарбойчон ва Шервон мебошад. Дар ин минтакахо байни лашкари кизилбош ва лашкари тотор бархурди шадиде рух медихад, ки ба пирузии лашкари кизилбош оварда мерасонад. Мавзуи дигар ин хуручи Каландар ба кухи Гелуя мебошад. У дар ибтидои хуруч идао мекунад, ки Исмоилмирзо аст ва вафот нанамудааст. Ва мегуяд: аз бими он, ки маро шохзодагон ба катл расонанд пинхон шудам, аммо чун имкон пайдо намудам, мехохам каламрави пеш зери сайтаратбудаи хешро бозпас гирам. Халилхони Афшор чун иттилоъ ёфт он дуруггуй мебошад, ба суйи y лашкар мекашад. Азбаски Каландар дар кухи Гелуя чойгир буд бо фиребу найранг Халилхонро ба худ наздик намуда ба суйи он тиру туфанг мендозад, ки ин амал боиси марги Халилхон ва парокандашавии гозиёни афшор гардид [1, с.272-274]. Чун хабари марги Халилхон ба гирду атроф ва ба самъи бародараш Искандархон расид, ба хотири ситондани касди бародар бо ёрии Умматхон бекларбеки Форс ва дигар умарои он диёр, ба суйи Каландар лашкар кашида онро ба катл расонд ва лашкарашро сарнагун сохт.

Мавзуи дигаре, ки муаллиф, ба баёни он мепардозад, ин нишастани шox-Cyлтoнмyxaммaд дар соли 989/1581 ба тахти салтанати Хуросон мебошад [1, с.278-282]. Пас аз зикри ин мавзуъ, муаллиф, ба баёни мавзуи таваччухи шox-Cyлтoнмyxaммaд ба Хирот ва мухорибаи байни лашкари Ироку Хуросон мепардозад, ки ин мухориба ба пирузии лашкари Ирок хотима меёбад. Думболаи ин мавзуъ муаллиф ба зикри казияхое мепардозад, ки дар сарзамини Озарбойчон ва Хуросон рух додаанд. Аз чумлаи чунин казияхо ин омадани дуввумин вазири усмонй Фарходпошо бо лашкари азим ба сарзамини Озарбойчон мебошад. Дар аснои ин лашкаркашй лашкари кизилбош тоб наовада шикаст мехурад ва сарзамини Ирвон ба тобеияти усмонихо медарояд Фарходпошо бошад, бо галаба ба сарзамини хеш бармегардад. [1, с.292-293].

Дар боби дувоздахуми асар муаллиф, бештар ба бархурдхои пайдарпай миёни лашкари усмонй ва кизилбош маълумот медихад. Аввалин мавзуе, ки муаллиф, ба он ишора менамояд, ин нобасомонихо дар Озарбойчон ва бар канор шудани Амирхони туркмон амирулумарои он диёр мебошад. Мавзуи дигар ин вазъияти Хуросон ва ходисахое, ки миёни амирони он диёр рух медихад, ба хисоб меравад.

Баъд, аз баёни ин мавзуъ муаллиф, ишора ба лашкаркашии Усмонпошо ба суйи Табрез мекунад. Тибки маълумоти муаллиф, дар аснои ин лашкаркашй Усмонпошо дар Табрез нобасомонии зиёде анчом медихад ва окибат низ ин сарзаминро дар зери тасарруфи худ медарорад. Лашкари кизилбош барои боз гардонидани Табрез ба мукобилият бархоста, ба сардории Кулибеки Курчибошй бо лашкари усмонй бархурд мекунад, аммо бенатича анчом меёбад. Бори дуввум ва саввум бошад, бо сардории шохзода Cyлтoнxaмзaмиpзo лашкари азиме аз кизилбошхоро гирдоварда барои бозпас гирифтани Табрез талош мекунанд. Ин лашкаркашй аз лашкаркашии аввал фаркият дошт, зеро гарчанде шахри Табрез хароб хам гардид, аммо лашкари усмонй баъд аз вафоти Усмонпошо тавони хубй бархурд надоштанд, аз ин чихат, баъд аз задухурди тулонй ва ба катл расидани теъдоди зиёде аз тарафхо Табрезро тарк менамоянд [1, с.305-332].

Пас аз зикри ходисахои Табрез муаллиф, ба баёни мавзуи бартараф намудани фитнаи Ирок аз чониби шox-Cyлтoнмyxaммaд дар соли 995/1587 мепардозад. Тибки ин маълумоти кабилахои теклу ва туркмон саркадахои фитнаи Ирок буданд. Аз ин чихат миёни ин кабилахо ва лашкари шох задухурди зиёде рух медихад, ки окибат ба шикасти онхо оварда мерасонад [1, с.332-342].

Мавзуи дигаре, ки муаллиф дар ин боб ба он ишора мекунад, ин таваччухи шохзодаи чавон Навобчахонбонй ба чониби Табрез ва ба катл расидани он аз чониби Худовирди Далок мебошад. [1, с.342-350]. Баъд, аз марги шохзода Навобчахонбонй муаллиф ба ходисахое ишора мекунад, ки дар худуди Хуросон ва Озарбойчону Ирок рух додаанд. Аз чумлаи чунин ходисахо ин валиахд интихоб шудани Абутолибмирзо бо кушиши Навобискандар ва умарои бузург Хуросон мебошад. Баъд аз он муаллиф ба баёни вокеахое, ки миёни умарои Ирок ва Озарбойчону Кирмон баъд аз марги шохзода

Навобчахонбонй рух додаанд, мепардозад. Дар охири ин боб бошад, муаллиф аз ахвол умарои давлати сафавй аз чумла Абутолибмирзо ва хамфикрони вай ёдовар мешавад.

Хулоса, чилди аввали асари Искадарбеки Туркмон «Таърихи оламорои Аббосй» дарбагирандахои ходисахое мебошад, ки байни солхои 907/1502 ва 995/1587 рух додаанд. Омузиши асари мазкур аз ахамияти зиёде бархурдор аст. Дар ин асар забти вокеахои марбут ба таърихи миллатхои гуногун монанди: усмонихо, гурчихо, султонхои темурй, туркманони Мовароуннахр мебошад, ки баъзеи ин вокеахо дар чойи дигар кайд нашудаанд. Ахамияти дигари ин китоб вучуд, доштани бисёре аз лугатхо ва истилохотхои дурафтода ва нодир аст, ки дар ахди мо ба кулли фаромуш шуда ва ба василаи чунин китобхо забту махфуз мондаанд.

АДАБИЁТ

11. Искандарбеки Туркмон.Таърихи оламорои Аббосй. -Техрон, 1387.

2. Озартоши Озарнуш. Фарханги муосири арабй-форсй.-Техрон, 1379.

3. Сайфиддин Н., Мирзо Хдсани С., Саид К., Ахмадчон С. Фарханги тафсирии забони точикй. -Душанбе, 2008.

СТРУКТУРА И СОДЕРЖАНИЯ ГЛАВ ПЕРВОГО ТОМА «ТА'РИХИ 'АЛАМАРАЙИ 'АББАСИ»

В данной статье рассматривается структура первого тома сочинения Искандарбеки Туркмона «Та'рихи 'аламарайи Аббаси». Первый том сочинения состоит из двенадцати глав, которые были написаны в 1025/1616. Данное сочинения включает в себя события которые произходили в 907/1502 и 995/1587 годах. Большеннство тем данного сочинения посвешены событиям которые в XVI веке происходили в Мовароуннахре и Хорасане.

Ключевые слова: Искандарбеки Туркмон, события, век, Табрез, Мовароуннахр, Хорасан, Бухара, шах-Аббас, Грузия, Герат, Убайдхан.

CONTENT AND STRUCTURE OF THE CHAPTERS OF THE FIRST PART OF «TARIHI OLAMOROI ABBOSI»

In this article reviewed thefirst part ofIskandarbeki Turkmon 's work «Tarihi Olmoroi Abbosi». Thefirst part of this work consists of twelve chapters, which were written in 1025/1616. This work contains events which happened in 907/1502 and 995/1587. Most of themes of this work devoted to events which happened in XVI century in Movarounnahr and Khuroson.

Keywords: Iskandarbeki Turkmon, event, century, Tabrez, Movarounnahr, Khuroson, Bukhoro, shoh -Abbos, Georgia, Hirot, Ubaidkhon

Сведения об авторе:

Косимое Амрохон Джобирович, докторант 2-го курса факултета истории, Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, тел: +(992) 985244404

About the author:

Kosimov Amrokhon Dzhobirovich, post-graduate student of the second year of the faculty of history, Tajik State Pedagogical University named after S. Aini, tel: + (992) 985244404

УДК 9 (092) (575.3)

ЁДГОРЩОИ АСРИ БИРИНЧИ ВОДИИ ХДСОР

Сангинов

Донишго^и давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айнй

Ёдгорихои давраи биринчй дар Точикистони чанубй ва дар водии Х,исор дар миёнахои хазорсолаи II п.аз.м. пайдо шудаанд. Аз руи маълумотхои бостоншиносон дар ин худудхо ворид ва пахншавии се маданият ба тарзи истехсолоти хочагии заминдорй ва чорводор ба мушохида мерасад.

Аз чониби бисёр мухакиконе, ки дар бошишгоххои давраи биринчй корхои бостоншиносиро анчом додаанд, чунин кабул шудаанд, ки вилояти Сурхандарё дар нимаи дуюми хазорсолаи II п.аз.м ба маркази чамоахои заминдории «Иттиходияхои Бохтарй» табдил ёфта, махз аз хамин минтака маскунгоххои доманакуххии водии Х,исор ва Точикистони чанубй ба амал омад, омили дигари харакати заминдорон аз он иборат буд, ки онхо ба чорводории шугл доштанд. Махз дар хочагй баркарор шудани ин навъи шугл дар чустучуи чарогох ва минтакахои заминдорй боиси харакати онхо ба нохияхои Точикистони чанубй гардид. Кабилахои зироаткори мархилахои Муалалинй ва Бустонй, фархангй сафолини асрхои XIV - XIII п.аз м. ба ин худудхо рох ёфта дар болообхои хавзхои калонтарин дарёхо маскун шудаанд. Осорхои ин фарханг дар гуристонхои Тандириюл, Кумсой ва Заркамар дар нохияи Турсунзода ба кайд гирифта шудаанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.